Главная страница
Навигация по странице:

  • Кайхоншиноси ва хастишиноси дар мархилаи аввали фалсафаи юнони. Фалес

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница14 из 41
    1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   41

    Пайдоиши фалсафа дар Юнони Қадим. Фалсафаи ахди бостони Юнон аз асрхои VII-VI пеш аз милод оѓоз ёфта, ибтидо дар шахр-давлатхои юнони, яъне ќисмати ѓарбии Осиёи Хурд (дар полиси Иония), баъд аз он дар шахрхои Италияи Чануби, чазираи Ситсилия ва охирон дар худи Юнон, дар шахри Афина (а.V) арзи хасти намудааст. Фалсафаи антиќии Юнон, ин мачмўи таълимоти фалсафиест, ки давраи хеле хам тўлони, яъне аз асри VII пеш аз мелод то асри VI-и милодиро дар бар мегирад. Омўзиши таърихи фалсафа нишон медихад, ки пайдоиши он дар Юнонзамин ба илму фалсафаи Шарќи ќадим робитаи ногусастани дорад. Хусусан, пайдоиши тамаддун, хат, асотир, баъзе нишонахои илм оид ба табиат ва фалсафа дар Мисру Бобулистон ва Хинду Чину Эрон ба ташаккули илму фалсафаи Юнони ќадим таъсири амиќ расонидаанд. Ва ќобили ќайд аст, ки баъзан дар ташаккули илму фалсафаи Юнон ва Шарќ як хамохангию мувофиќат ба чашм мерасад. Масалан, чунин мувофиќатро дар инкишофи софистика ва мантиќ дар фалсафаи асри IV пеш аз милоди Юнон ва ташаккули мантиќ дар фалсафаи Чини ќадим мушохида кардан мумкин аст. Равобити иќтисоди, тичорати ва сиёсии юнонихо бо мардуми Шарќ, ки нисбатан дар зинаи баланди тамаддун ќарор доштанд ва хамчунин, истеъдоди фавќулодда баланди худи онхо (яъне юнонихо) боиси дар шахрхои юнони, пеш аз хама дар Милет ба вучуд омадани донишхои илми оид ба физика, риёзиёт, астрономия ва ѓайра гардиданд. Дар айни замон асотир дар санъату шеър дар шакли нав тачассум ёфта, фалсафа бошад, аз банди тасаввуроти асотирию дини дар бораи одаму олам рахои пайдо мекард. Бояд гуфт, ки ин гузариш ончунон тез ба вуќўъ пайваст, ки аллакай дар асри V пеш аз милод дар ин чо системахои фалсафию космологие ба вучуд омаданд, ки асотир дар муќоиса ба онхо мавќеи тамоман ночизро ишѓол мекард (масалан, системахои фалсафии Эмпедокл ва хусусан, Анаксагор, атомизми Левкипп ва Демокрит ва ѓ.).

    Чихати фарќкунандаи фалсафаи Юнониќадим робитаи бевоситаи он бо табииёт мебошад, ки дертар дар заминаи ин илмхои физика, астраномия ва биология ба вучуд омаданд. Дар асрхои VI-V пеш аз милод фалсафа ва табииёт ханўз дар шакли алохида вучуд надоштанд. Чунин чудоинопазири ба даврахои пеш, аз он чумла ба афкори фалсафии Мисру Бобулистони ќадим низ мутааллиќ буд. Файласуфони Юнони ќадим физику риёзидон ва астраному физиологхои аввалин ба шумор рафта, инчунин аз аввалинхое буданд, ки дар заминаи илмхои табиатшиноси ба халли масоили фалсафи кўшидаанд. Ва тарафи мухим дар инкишофи минбаъдаи фалсафаи антиќи он чиз буд, ки вай аз худи ибтидо хусусияти материалисти дошт. Файласуфоне, ки дар асри VI умр ба сар бурдаанд, масалан Фалес, Анаксимандр, Анаксимен дар Милет, Гераклит дар Эфес ва Ксенофан дар Колофан бо хама гуна тафовуте, ки миёни афкори онхо вучуд дошт, нигох накарда, як хулосаи умуми доштанд. Тибќи таълимоти онхо тамоми ашёхо, ки бо роху тариќи мухталиф ба вучуд омадаву нест мешаванд, махсули як мабдаъ буда, асоси модди доранд. Чунончи, Фалес-об, Анаксимен-хаво, Гераклит-оташ ва Ксенофан-хокро нахустасоси олам мешумориданд. Хамин тариќ, фалсафае, ки дар Юнони ќадим ба вучуд омад, сарфи назар аз чихатхои соддалавхонааш, фалсафаи материалисти буд.

    Дар асрхои V-IV пеш аз милод дар фалсафаи Юнони ќадим таѓйироти кулли ба вучуд омад. Ин дигаргуни бо номи мутафаккирони бузурги ин давра Суќрот ва Афлотун, ки дар ташаккули афкори фалсафии ахди бостон сахми босазое гузоштаанд, мансуб мебошад. Суќрот ва Афлотун бунёд­гузорони фалсафаи идеалисти буда, дар муќобили таълимоти материалисти ва хусусан, назарияи атомисти ќарор дошта, нисбати ин таълимот муносибати оштинопазир доштанд. Аз хамин давра сар карда, дар таърихи фалсафаи антиќа муборизаи кушоду равшани ду тамоил – идеализм ва материализм оѓоз меёбад.

    Таърихи фалсафаи Юнони ќадим на танхо бо айёнию амиќии афкор ва тамоюлоти мухталиф, балки бо усулхои тафаккури диалектики ва метафизики аз фалсафаи пешин фарќ дошта, шакли олии он ба шумор меравад. Унсурхои диалектика дар фарзияхои мутафаккирони Милет, ки доир ба мабдаи ягонаи ашъёхо, таѓйирпазири ва табдилёбии ходисахо пешниход мекарданд, аллакай намоён буданд. Дар таълимоти Гераклит бошад, ин заминахо ба таълимот ва чахонбинии тому такмилёфта табдил ёфтаанд. Умуман, инкишофи фалсафаи Юнони ќадим ин таърихи муборизаи байни материализм ва идеализм, диаллектика ва метафизика мебошад.

    Ташаккули фалсафа тамоми манотиќи Юнони ќадимро дар як ваќт фаро нагирифта буд. Барои пешрафти фалсафа дарачаи баланди инкишофи маданият, донишхо оид ба табиат, чамъият ва инсон заруранд. Чунин дарачаи тараќќиёт бошад, махз дар зинаи муайяни инкишофи иќтисодию сиёсии чамъият муяссар мешавад. Аз ин рў, фалсафаи антиќи низ на дар байни чомеахои юнони, ки дар нимчазираи Балкан ба кишоварзи машѓул буданд, балки дар марказхои тичоратию саноатии шахрхои Иония, дар Милет тавлид ёфтаанд. Шиносои бо маданият, илму фарханг ва афкори фалсафии Шарќ дар ин кишвар заминахои даркориро ба вучуд овард ва ќобилияти баланди фикрии юнонихо бошад, ба инкишофи босуръати фалсафа мусоидат намуд. Ин пешрави ѓайр аз файласуфони материалисти Милет, инчунин ба сокинони Эфес, материалист ва диалектик Гераклит ва Пифагор низ таъсири бузург расонда буд. Лекин чараёни воќеахои сиёси дар хаёти иќтисоди ва илмию фархангии Юнони ќадим таѓйироти кулли ба вучуд овард. Баъди чанги юнону форс маркази Юнон ба Афина кўчид ва ин шахр ба яке аз марказхои пуриќтидори иќтисоди, сиёси ва фарханги табдил ёфт ва барои инкишофи илму фалсафа дар ин чо шароитхои мусоид ба вучуд омад. Аввалин файласуфи материалист, ки дар Афина фаъолият кардааст, Анаксагор мебошад. Баъд аз он давраи фаъолияти Суќрот (асри V п.аз м.) оѓоз меёбад, ки ў зодаи Афина буда, дар атрофи худ пайравони зиёдеро чамъ карда буд. Инчунин асосгузори таълимоти идеалисти дар таърихи фалсафаи Юнони ќадим, шогирди Суќрот Афлотун низ зодаи Афина буд. Хамзамон бо инкишофи фалсафа дар Афина дар шимол ва дар Абдера, ки дар рохи калони тичоратии Юнону Форс ќарор дошт, мактаби бузурги материализми атомисти, яъне мактаби Левкипп ва Демокрит ба вучуд омад. Лекин диќќати сокинони Афинаро ашхоси наве бештар ба худ чалб мекарданд, ки одатан аз шахрхои Италия (масалан, Протагор аз Абдера) ба ин чо омада буданд. Чунки инкишофи институтхои демократи аз ќабили мачлиси халќи, суд, характери интихобии мансабхои давлати дар асри V пеш аз милод зарурияти тайёр намудани шахсонеро пеш овард, ки дорои дониши сиёси, суди ва санъати хуби суханвари бошанд. Муаллимони нахустини чунин шакли дониш аз макотиби Ситсилия, ки файласуф Эмпедокл таъсис дода буд, баромада буданд. Ин муаллимони ситсилияги ва дигар муаллимони хоричиро «софист» меномиданд. Устодони машхури таълими «софистика» мунтазам ба Афина омада, шунавандагони зиёдеро чалб намуда, дар назди онхо вазъ мегуфтанд. Чунончи, Протагор, Горгий, Гиппий, Продик аз чумлаи онхо буданд. Хулоса, «софистика» дар ин давра (а. 5 пеш аз милод) дар Юнон хеле пеш рафта, «софистхо» миёни мардум ба эътибору нуфузи калон сохиб гардида буданд.

    Лекин ба хама комёбихо нигох накарда, софистхо ба муќобилияти сахт дучор шуданд. Мубориза алайхи таълимоти «софисти» аз чониби файласуфони гуногунаќида дастгири ёфта, пурќувват мешуд. Дар муќобили мактаби «софисти», пеш аз хама материализми атомистии Демокрит ва баъд аз он илеализми объективии Афлотун ва шогирди ў Арасту ќарор доштанд. Бояд гуфт, ки назарияи атомисти дар Афина ханўз пояи устувор надошт ва бинобар ин, нерўхои мухолифи «софизм» асосан, дар атрофи мактаби Афлотун (дар Академия) ва мактаби Арасту (дар Ликей) муттахид шуда буданд. Вале аллакай дар асри IV пеш аз милод материализми атомисти дар шакли наву такмилёфтаи он, яъне назарияи атомистии Эпикур арзи хасти намуда, дар Афина ва баъдтар ба дигар марказхои фархангии Юнон ва хатто ба Рим интиќол ёфт. Осори Левкипп ва Демокрит бар асари воќеахои таърихи несту нобуд шуданд ва оиди таълимоти онхо бошад, аз асархои нависандагон ва дигар мутафаккирони Юнони ќадим маълумот пайдо кардан мумкин аст. Лекин бар хилофи ин осори Афлотун, асосгузор ва классики идеализми объективи дар шакли пуррааш боќи мондааст ва ин асархо имконият медиханд, ки ба чахонбинии файласуф, ба мероси фалсафии ў аз наздик ошно шавем. Чихати хоси таълимоти Афлотун аз он иборат аст, ки дар он идеализми объективи ба методи идеалистии диалектика пайваст карда шудааст. Хусусан, Афлотун диалектикаи фарду кулл, айнияту тафовут ва харакату оромиро возеху рўшан нишон додааст. Ў фалсафаи табиатро ба илми риёзиёт алоќаманд намуда, махз дар заминаи чунин пайвастаги таълимоти худро оид ба хасти, оид ба олам ва рўхи чахони, оид ба инсон ва чомеаи инсони, оид ба маърифат офаридааст. Махз дар зери таълимоти Афлотун ва мактаби ў Арасту, ки аз Стагир ба Афина омада буд, ба камол расид, ки вай баъдтар дар осмони илму фарханги Юнони ќадим чун ситораи рахшоне чилвагар шуд. Ў дар Академияи Афлотун таълим гирифт, аммо системаи аќоид ва тафаккури фалсафии он хилофи талимоти устодаш ташаккул ёфта, аслан дар муќобили он ќарор доштанд ва ў дар ин бора чунин гуфта буд: «Афлотун пеши ман азиз аст, лекин хаќиќат азизтар аст». Нуќсони асосии таълимоти Афлотунро Арасту дар «идея»-хои вай, яъне аз ашёхои фардии хисси чудо будани онхо медид. Ў «идея»-хои Афлотунро хамчун як чизи номуайяне, ки заминаи моддие надоранд, ќаламдод намуда, ба зери танќид гирифтааст. Арасту соли 335 пеш аз милод дар Афина мактаби фалсафии худро таъсис дод, ки бо номи Ликей маълум аст. Дар Ликей силсилаи илмхои табиатшиноси ва чомеашиноси таълим дода мешуд ва хадафи асосии он мураттаб сохтани донишхои илмию фалсафи буд.

    Хамин тариќ, омўзиши мероси фалсафии Юнони ќадим моро ба олами беканори илму фарханг ва афкори безаволи мутаффакирони он ошно месозад, ки мо иддае аз онхоро мавриди барраси ќарор хохем дод.

    Кайхоншиноси ва хастишиноси дар мархилаи аввали фалсафаи юнони. Фалес яке аз аввалин файласуфони мактаби Милет ба шумор меравад. Ў дар охирхои асри VII ва аввалхои асри VI-и пеш аз милод умр ба сар бурдааст. Тибќи маълумотхо ачдодони вай аз Финикия буда, худи ў бошад, дар Юнон ба воя расидааст. Фалес ба маданияти Шарќ ошнои дошт, зеро ки ў як замоне дар байни мисриён зиста, илми хандасаро дар хамон чо аз бар карда, сонитар онро дар Юнон ривоч дода буд. Ў як муддате ба тичорат низ шуѓл варзида, хангоми сафар ба кишвархои гуногун аз илму фарханги ќавмхои мухталиф бархўрдор гардида, далелу санадхои илми чамъ мекард. Фалес аз илми мухандиси хам огохи доштааст. Мувофиќи ривоятхо дар муборизаи зидди форсхо бо маслихат ва рохнамоии ў канале кофта шуд, ки ба воситаи он рўди Галис ба дигар тараф чори карда шуда, сатхи об паст шуд ва киштихои форсхо аз харакат бозмонданд. Фалес як ќатор асархои фалсафи низ таълиф карда буд, аммо аз онхо то имрўз чизе боќи намондааст. Фалес дар Юнони ќадим хамчун астроном ва риёзидони аввалин маъруфият ёфта буд. Чунончи, Демокрит ўро фаќат хамчун астрономе мешинохт, ки ходисаи гирифтани офтобро пешгўи карда метавонист. Лекин ў (Фалес) низ ба мисли мардуми Бобулистону Миср ба асли воќеа сарфахм намерафт, яъне намедонист, ки дар ваќти гирифтани офтоб дар осмон чи ходиса рух медихад. Тасаввуроти ў доир ба осмон аслан нодуруст буданд. Фалес пешгўии ин ходисаро аз ќохинони Аккаду Шумер ва Миср омўхта буд, лекин аз шархи илмии он дур буд. Ў ба комёбихои илмии бобулиён такя намуда, кўшиш кардааст, ки сохти Коинот ва тартиби чойгиршавии чирмхои осмони - Моху Офтоб ва ситорахоро нисбат ба замин муайян намояд. Лекин дар тасаввуроти ў воќеият баръакс инъикос ёфтааст. Мувофиќи фахмиши ў, ситорахо аз хама бештар ба замин наздик ва офтоб аз хама дуртар чойгир шудаанд. Хамин тариќ, Фалес донишхои чуѓрофи, астрономи ва физиологии худро ба фахмиши фалсафии олам, мабдаи моддии он алоќаманд намуда, тасвири илмии оламро хосил кардан мехост.

    Фалес хамчун файласуф нахустин бор дар асари Арасту «Метафизика» ёдрас шудааст. Ў Фалесро асосгузори материализм ва аввалин муначчим, риёзидон ва табиатшинос номидааст. Дар масъалаи офариниш Фалес бар он аќида буд, ки олам асоси модди дорад. Мувофиќи аќидаи файласуф асоси пайдоиши хамаи мавчудот об ба шумор меравад. Ў обро хамчун асос, мабдаъ доими шуморида, ашёву ходисахоеро, ки аз он ба вучуд меоянд, муваќќатию гузаранда хисоб мекунад. Хамаи ашёхо аз як шакл ба шакли дигар гузашта, ба якдигар мубаддал мешаванд. Ин фахмиши материалистии таѓйирпазири ва табдили ашёхо буда, бевосита тамоили диалектикии маърифати оламро пайгири мекард.

    Дар баробари ин дар таълимоти Фалес унсурхои асотир, политеизм (бисёрхудои) ва баъзе падидахои идеализм низ чой доранд. Чунончи, ў коинотро пур аз худохо тасаввур карда, хамаи ашёхоро сохиби чон, рўх медонист. Ќувваи кашиши оханраборо ў чун ќувваи ашёи зинда шарх медод. Ў исбот мекард, ки чазб шудани охан дар муќобили оханрабо ин хосияти ботинии хамаи ашёхост, яъне кулли ашёхо дорои рўх ва ќувваи хаёти хастанд ва ќодиранд, ки худ пайдо шуда инкишоф ёбанд ва ба хеч гуна мухаррики беруна эхтиёч надоранд.

    Анаксимандр (610-540 пеш аз милод) дуюмин файласуфи мактаби Милет буда, шогирд ва дўсти Фалес ба шумор мерафт. Ў низ чун муаллими худ ба масоили марбут ба сохти олам, чуѓрофия, физика, пайдоиши хаёт ва худи инсон таваччўх зохир намуда буд.

    Анаксимандр муаллифи аввалин асари фалсафиест, ки он бо номи «Пери фюсеос», яъне «Доир ба табиат» маълум аст. Худи номи ин асар ва даххо асари мутаффакирони дигар аз он шаходат медиханд, ки файласуфони нахустини Юнони ќадим бар хилофи файласуфони Хинду Чини бостон бештар ба табииёт майл доштаанд. Анаксимандр ин асари худро дар миёнахои асри VI пеш аз милод таълиф намуда буд ва дар айни хол бидуни баъзе порчахои пароканда аз он чизе боќи намондааст. Асархои дигари файласуф бо номи «Харитаи замин» ва «Глобус» маълуманд, ки бар асари воќеоти замонхои мухталиф нобуд шудаанд.

    Анаксимандр нахустасоси оламро як чизи номуайне мешуморад, ки он ба фикри ў апейрон ном дошт. Апейрон, ба гуфти ў на ранг дорад, на шакл ва на оѓозу на анчом, хамеша, беохир ва муттасил таѓйир ёфта, ашёву ходисахои мушаххасро ба вучуд меорад.

    Аксари муаллифони давраи ќадим бар он аќидаанд, ки апейрони Анаксимандр характери модди, чисмони дорад. Лекин касе аниќ гуфта наметавонист, ки ин чист. Баъзехо апейронро хамчун мимга, ё худ омехта (замин, об, хаво ва оташ), иддаи дигар онро чун метакс, яъне ким- кадом чизе байни ду ходиса-байни оташу хаво маънидод мекарданд. Гурўхи сеюми бошад, тахмин мекарданд, ки апейрон чизи тамоман номаълум аст. Лекин хаминаш маълум, ки апейрон абади, чи тавре ки худи Анаксимандр таъкид мекунад, он (апейрон) кўхнашавиро намедонад ва «махвнашаванда» аст.

    Анаксимандр доир ба пайдоиши коинот низ факрхои чолиби диќќат дорад. Мувофиќи аќидаи ў, апейрон хамаи чизро худ аз худ меофарад. Апейрон дар харакат ва гардиши доими буда, зимни ин гардиш тазодхои нами ва хушки, сарди ва гармиро хосил мекунад. Гардиши мутаносиб ва чуфти ин хосиятхои асоси-замин (масалан, якчояшавии хушкию сарди), об (рутубату сарди), хаво (рутубату гарми) ва оташ (хушкию гарми)-ро ба вучуд меоранд. Баъд аз ин замин хамчун чисми вазнин дар марказ чой гирифта, атрофи онро бошад, ќабатхои об, хаво ва оташ мепўшонанд. Дар байни обу оташ ва хавою оташ таъсири мутаќобила ба вуќўъ меояд. Аз таъсири гарми як ќисми об бухор шуда, замин аз зери уќёнус ќисман озод мешавад ва хамин тариќ? хушки ба вучуд меояд. Хамин тавр, Анаксимандр асоси оламро аз чор унсур: об, оташ, хаво ва хок иборат медонад.

    Доир ба масъалаи пайдоиши хаёт Анаксимандр чунин аќида дорад, ки мувофиќи он гўё нахустин мавчудоти зинда дар сохилхои бахр, яъне дар сархади обу хушки, аз таъсири гарми ба лойќа падид омадааст. Мавчудоти зинда ибтидо дар об зиндаги мекарданд ва баъдтар як ќисми онхо ба хушки баромада, пулакчахои баданашонро партофта, худро ба хаёти берун аз об мутобиќ намуданд. Баъдтар аз ин хайвонот ва одам ба вучуд меоянд. Лекин дар фахмиши Анаксимандр инсон на аз хайвоноти хушки, балки аз хайвоноти бахри ба вучуд омадааст. Инсон аз нигохи ў, дар дохили мохии бузурге пайдо шуда, инкишоф ёфта баъд ба хушки баромадаст.

    Материализми Анаксимандр хусусияти монисти (монизм – таълимотест, ки пайдоиши хамаи ашёхоро ба як мабдаъ мансуб медонад) дошт. Чахонбинии ў хатто мутафаккирони Юнони ќадимро ба хайрат гузошта буд. Муаллифи давраи антиќи Псевдо-Плутарх ќайд кардааст: -«Анаксимандр тасдиќ мекунад, ки апейрон сабабгори ягонаи тавлиду марг аст». (А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии, с. 131).Илохиётшиноси насрони ќайд кардааст, ки ў (Анаксимандр) барои хиради илохи чой намондааст. (Ниг.: Хамон чо). Диалектикаи Анаксимандр бошад, дар таълимоти ў доир ба абади будани харакати апейрон, дар тавлиди тазодхо, дар пайдошавии чор унсур аз тазодхо зохир мешавад ва таълимоти ў доир ба кайхон, яъне аз мавчудоти ѓайризинда ба вучуд омадани мавчудоти зинда, пайдо шудани инсон аз хайвон дар мачмўъ ѓояи эволютсияи табиати зинда мебошад.

    Анаксимен охирин намояндаи мактаби фалсафии Милет ба шумор меравад, ки дар давраи аз тарафи форсхо забт шудани Милет ба воя расида, доир ба олам тасаввуроти навинро инкишоф додааст. Анаксимен, чун дигар файласуфони Милет олим буд ва ба илмхои биология ва риёзиёт (бар хилофи гузаштагонаш) чандон мароќ зохир намекард. Ў бештар ба астраномия таваччўх зохир намуда, дар асараш «Доир ба табиат» аслан масоили марбут ба олами коинотро барраси кардааст. Ба аќидаи ў на «апейрон»-и Анаксимандр ва на «об»-и Фалес нахустасоси олам буда наметавонанд. Ў ба сифати нахустасосхаворо ќабул намуда, чунин аќида дошт, ки дар протсесси ѓафсу тунук шудани ќабатхои хаво хамаи ашёхои дигар, аз ќабили об, хок, маъдан ва оташ ба вучуд меоянд. Агар хаво тунук шавад, ба оташ ва агар ѓафс шавад, вобаста аз дарачаи ѓафсияш аввал ба об, баъд ба хок ва нихоят ба маъдан табдил меёбад. Яъне, ба гуфти мутафаккир хамаи ашё ва ходисаи олам аз хаво пайдо шуда, боз ба он табдил меёбанд ва иллати асосии таѓйироти мавчудотро дар мутахаррикии хаво медид. Дар замоне, ки Анаксимандр мавќеи чойгиршавии чирмхои осмони-Моху Хуршед ва ситорахоро барѓалат нишон дода буд, Анаксимен ин хаторо ислох намуда, тасвири воќеии чойгиршавии онхоро муайян намуд, ки мувофиќи он аз Замин дар масофаи аз хама наздик Мох, баъд Офтоб ва аз хама дуртар ситорахо чойгир шудаанд. Ќобили ќайд аст, ки файласуфони хамин давра ва баъдинаи Юнони ќадим нисбат ба дигар файласуфони Милет ба Анаксимен таваччўхи бештар зохир кардаанд. Масалан, пифагорчиён баъзе унсурхои таълимоти ўро доир ба хаво (ё ки хало) ва дар бораи нурхои осмони аз худ карда буданд.

    Анаксимен нисбат ба масоили физики дар сохаи астрономия пешгўихои амиќ ва бочуръатона дошт. Чунончи, мувофиќи аќидаи ў чирмхое, ки дар осмон медурахшанд, аз рўи табиати худ ба замин монанд мебошанд. Файласуфони он давра ин аќидаро ба хаќиќат наздик мешумориданд ва ин баъдтар аз тарафи материалистони атомист инкишоф дода шуд.

    Хамин тариќ, дар ибтидои асри V пеш аз милод дар натичаи хучумхои пай дар пайи форсхо Милет муста­ќилияти сиёсии худро аз даст дода, заволи гулгулшукуфи ва оѓози таназзули фалсафаи он фаро расид. Лекин таълимоти материалистони Милет дар шахрхои дигари Юнони ќадим боќи монда, мутафаккирони он замон онро идома ва такмил медоданд. Масалан, Гиппон аз Самоса, ки аз таълимоти Фалес пайрави мекард, Диоген аз Аполлон (а. V пеш аз милод), ки назарияи Анаксименро оид ба «хаво» пайгири мекард ва дигарон аз ќабили онхоанд.
    1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   41


    написать администратору сайта