Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 6. Фалсафаи классикии немисСарчашма ва заминахои фалсафаи классикии немис. Мафхуми «фалсафаи классикии Олмон»-ро аввалин бор Ф. Энгелс истифода бурдааст. Дар асархои марксисти ин мафхум дар маънои самти фалсафии нисбатан мустаќилеро, ки аз нимаи дуввуми асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX ташаккул ёфта, таълимоти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербахро дар бар мегирад, мавриди истифода ќарор дорад. Ба андешаи намояндагони фалсафаи марксисти, новобаста аз фарќияте, ки дар таълимоти ин мутафаккирон мавчуд аст, ин андешахои фалсафи бо риштаи муттасили ба хам пайванданд. Баъд аз Кант хар яке аз ин мутафаккирин аз таълимоти пеш аз ў мавчудбуда истифода бурдаанд. Дар фалсафаи марксисти чунин аќида роич аст, ки дар таълимоти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербах ѓояхои асосии фалсафаи Олмон чамъ омадаанд. Ба ѓайр аз ин аќидаи дигаре низ пойбарчост, ки мувофиќи он дар охирхои асри XVIII таълимоти Кант, Фихте ва Шеллинг дар фалсафаи Аврупои Ѓарби маќоми хосаеро сохиб гаштааст ва баъдан пас аз фалсафаи Гегелу Фейербах рисолати таърихии худро ёфтааст. Дар муќоиса бо таълимоти фалсафии англис ва фаронсавии асри XVIII, ки онхо харчи бештар кўшиши оммафахмгардонии фалсафаро доштаанд, файласуфони олмони бошад, баръакс, саъй намудаанд, ки бо тариќи академияви сухан гўянд ва андешахои онхо танхо мавриди таваччўхи мутахассисини файласуф ќарор дошта бошанд. Аз ин хотир, фалсафаи донишгохи ва академияви бо мураккабии забон ва гуфтори худ, ки бо мафхумхои абстракти оро дода мешуд, аз доираи шуури омма берун буд.То хатто худи Гегел дар ин хусус чунин гуфтааст: «Дар бораи мо чун шўхратдоштагон дар пурмаъноги (чуќурфикри) харф мезананд, вале бештари ваќт моро мутафаккирони норавшанбаён мехисобанд».8 Фалсафаи классикии олмони дар шароите ташаккул ёфта буд, ки дар хаёти иќтисоди, сиёсию ичтимои ва фархангии Аврупо дигаргунихои назаррасе ба амал омада буданд. Чунин дигаргунихо ба хаёти сиёсию идеологии давлати Олмон таъсири хамачониба расонида, онхо боиси андешаронии файласуфони дар боло зикргардида гаштаанд. Пас аз тахаввулоти чахонбинии чараёни маорифпарвари тахаввулоти бузурги фаронсави (1789-1794) ба амал омад, ки худ ангезаи умумичахониеро мемонд. Ин ангеза, пеш аз хама, давлатхои феодалии хамсоя, аз он чумла Олмонро дар раванди чанги 1792-1815, ки аввалин дар шакли чанги тахаввулоти ва баъдтар чанги наполеонии Фаронса сурат гирифта буд, ором нагузошт. Дар ин давра муборизахои мафкуравию назарияви байни озодандешию шуури дини сурат гирифт. Махз дар хамин давра аз Кант як ќатор мутафаккирон сарчашма гирифта,фалсафаи Олмонро то ба дарачаи камолоти ѓояви расонидаанд.Чунин камолоти ѓояви, пеш аз хама, тахаввулоте дар чодаи андешаронии фалсафи гардид, ки мутафаккирон навовариро дар эчодиёти худ эътироф намудаанд. Тахќиќотчиёни эчодиёти Кант бар чунин аќидаанд, ки баромади ин мутафаккир ба сахнаи фалсафа тахаввулоте буд, ки онро дар муќоиса хамчун тахаввулоти кооперники дар ин самти дониш номид. Бояд ќайд намуд, ки фалсафаи классикии олмони аз Кант оѓоз гардида, мутафаккирони зиёдеро дар бар мегирад, вале, чуноне ки дар боло зикр гардид, дар зери мафхуми «фалсафаи классикии Олмон», мутаассифона, дар адабиёти марксисти танхо панч нафар файласуф нисбат дода мешавад. Бинобар ин, дар ин гузориш низ хамчун анъана арзишгузори аз эчодиёти Кант, Фихте, Шеллинг, Гегел ва Фейербах оѓоз мегардад. Фалсафаи Кант. Иммануил Кант (1724-1804) дар шахри Кёнигсберги Пруссияи шарќи таваллуд ёфтааст. Падари Кант аз диди иќтисоди то андозае таъмин буд ва метавонист барои писари худ шароити таълими фарохам оварад. Падари Кант орзу дошт, ки писараш баъд аз таълим ихтисоси дини, яъне пасториро интихоб мекунад. Вале Кант пас аз хатми факултети фалсафаи донишгохи Кёнигсберг, ки шавќу раѓбаташ ба фалсафа хеле зиёд буд, нахост, ки тахассуси ходими калисоиро бипазирад. Муддате чанд машѓули дарс гуфтан ба сифати муаллими хонаги буд ва хамзамон тахќиќотро дар самти масоили фалсафи идома дод. Натичаи захмати зиёде дар анчом расонидани ду рисола ва дифои онхо буд, ки Кантро дар донишгохи номбурда ба хайси приватдотсент ба кор ќабул намуданд. Дар баробари хондани лексияхо аз фанхои метафизика, мантиќ ва ахлоќ, вай аз математика, физика, чуѓурофияи физики ва антропология низ дарс мегуфт. Чунин фаъолияти таълими гуногунсамт дар донишгох боиси он гашт, ки дар натича Кант ба яке аз машхуртарин мутафаккири замони хеш табдил ёбад. Дар рисолаи доктории Кант, ки хамчун «Фалсафаи танќиди» машхур гашт, бунёди фалсафаи навин гузошта шуд. Баъдтар дар асоси ин фалсафа асархои муназзами ў «Танќиди хиради ноб» (1781), «Танќиди хиради амали»(1788) ва «Танќиди ќобилияти мулохиза»(1790) ба миён омаданд. Асархои номбурда заминае бахри ба анчом расонидани консепсияи «идеализми трансендентали», гардиданд. Дар навбати худ, консепсияи «идеализми трансендентали» асоси ташаккулёбии фалсафаи классикии Олмонро фарохам овард. Аќидаи дар асархои номбурда баёншуда дар муддати 20 сол ба тамоми Аврупо маълум ва машхур шуданд. Ба вазифаи декани факултети фалсафа ва баъдтар ректори донишгохи Кёнигсберг (1786-1790) таъин шудани Кант, натичае аз шўхратманд гардидани ин мутафаккир буд. Масъалаи синнусол ва саломати Кантро мачбур намуд, то ки аз вазифаи раиси донишгох ва фаъолияти омўзгори худдори намояд. Умуман, хама умри сермахсули Кант дар чодаи тахќиќ ва тахлили масоили асосии фалсафа гузаштааст. Дастхатхои боќимонда ва корхои илмии то ба анчом нарасондаи Кант далели чунин умри пурбаракатест. Консепсияи хастишиноси ва маърифатшиносии Кант. Яке аз андешахои абадзиндаи Кант, ин чудо намудан ё шинохтани тафовути байни «ашё дар худ» ва «ходисоти ашё» ба шумор меравад. Дар баробари ин андеша Кант равшан намуд, ки байни ашёхо ва мо – одамон хирад чойгир аст. Чунин вазъият сабаби он гаштааст, ки мо хаќиќати олами атрофро дар хаќиќат чи буданашро дарк карда наметавонем. Кант дар асоси омўзиши асархои Чон Локк ба ин аќида омада буд (ниг. ба асари Кант «Пролегоменхо барои хар як метафизика»). Локк бар чунин аќида буд, ки сифатхои дуввумини ашёхо, ба монанди садо, бўй, ранг, мулоими ва ѓ. аз сабаби он ки аз дарки хиссии мо сарчашма мегиранд ва аз чунин дарк вобастаанд, наметавонанд ба «ашё дар худ» нисбат дошта бошанд. «Ашё дар худ», ба андешаи Локк, танхо дорандаи сифатхои нахустин, ки ин сифатхо аз фазо ва ногузари (ношаффофи) иборатанд, вобаста мебошад. Ба ќатори сифатхои нахустин дарози, шакл, чафси, шумора ва мутахаррики дохиланд. Вале чунин шинохти сифатхо, ки дар ашёхо мушохида мешаванд ва диќќати Локкро ба худ чалб намуда буданд, дар муќоиса бо дарки Кант хеле сатхи ба назар мерасад. Дар навбати худ, Кант исбот намуд, ки сифатхои нахустини «ашё дар худ», ки Локк мушохида намуд, дар хаќиќат на ба «ашё дар худ», балки ба ходисоти ў, ки аз ќобилияти дарки мо вобастаги доранд, мансубанд. Чунки мухити ин сифатхо фазо, ваќт ва сабабият буда, аз чониби мо (то ба холати пешазтачрибави) даркшаванда мебошад. Бо хамин тариќ, Локк аз «ашё дар худ» чузъиётеро чудо намуд, ки ин чузъиётро танхо хиссиёти мо ба «ашё дар худ» вобаста намуда буд. Кант бошад, ин чузъиёти аз хисси мо ба болои «ашё дар худ» боркардаро низ берун намуд ва бо ин андешаи худ ба тафовути байни «ашё дар худ» ва «ходисоти ашё» боз бунёди ќавии мохияти бахшид. Бо ин хадаф Кант мебоист кори мушкилеро дар чудо сохтани чузъиёти тобатачрибавии маърифатии мо аз чузъиёти пасазтачрибави анчом дихад. То ба давраи Кант чунин кореро дар фалсафаи Аврупо ба сомон нарасонида буд. Чунин натичагири махсули беназири андешаронии Кант дар фалсафаи навини Аврупо гардид. Аз ин меъёр, фалсафаи Кант дар доираи се муносибат дар муќоиса ба фалсафаи гузаштагон ќарор дорад: (1) фалсафаи Кант андешахои Локкро асоснок карда, онро мохиятан арзишгузори намуд; (2) фалсафаи Давид Юмро аз андешахои нолозим тоза намуда, ба иштибохоти ў хотима бахшид (дар сарсухани Пролегоменхо ин масъала равшан матрах шудааст); (3) фалсафаи Кант ботилсозандаи низоми фалсафии Лейбнитс - Волф гардид. Аз ин рў, пеш аз омўзиши фалсафаи Кант, бехтар мебуд, агар хонанда бо андешахои фалсафии ин се чараёни номбурда ошно мебуд. Агар шинохти тафовут байни «ашё дар худ» ва «ходисоти ашё» ё худ тафовут байни реалияти объективи ва идеали дастоварди беназири Кант ба шумор равад, пас андешаи баъдина, ки «ашё дар худ» ва «ходисоти ашё» мутааллиќан аз якдигар фарќе надоранд, камбудии бузурги назариеро дар фалсафаи баъдазкантии Аврупо бояд эътироф намуд. Дар хаќиќат Кант мустаќилона ва бо усули ба худ хос ба чунин натичае расида буд, ки Афлотун низ дар асри худ ва бо усули ба ў хос ба чунин натича ноил шуда буд. Аз забони Афлотун нисбат ба ин масъала чунин андешахоро мехонем: ин чахони дар хиссиёти мо даркшаванда хастии мутлаќе надорад. Вай танхо ташаккули бефосилаеро мемонад, ки хам замон хаст ва хам замон нест, фахмиш, дониш дар бораи ў на дониши хаќиќи, балки дониши фиребандаест. Ин андешаро Афлотун дар ниќоби устурави дар аввали дафтари XII-уми китоби худ «Чумхурият» чунин баён намуда буд: Одамон ба монанди махбусонеанд, ки дар маѓоре рўй ба тарафи девор нишастаанд, ки на рўшноии хаќиќи ва на ашёхои хаќиќиро, ки дар пушти онхо пайдост, дида наметавонанд ва танхо сояи ашёхои реалиро, ки дар девори маѓора пайихам пайдо мешаванд, мебинанд. Онхо гумон доранд, ки ин сояхо ашёи хаќиќи буда, дидани бефосилаи онхо хикмати асил аст. Ин андеша дар таълимоти Кант бо як намуди нотакрор бо тафаккури нозукбинона то ба дарачаи хаќиќати собитшуда расонида шудааст. Ин андешаи собитшуда асоси фалсафаи Кантро ташкил медихад. Кант исбот намуд, ки ќонунхои дар олами хастии модди хукмронбуда, бо хеч вачх барои фахмиши худи хасти басанда ва эътиборнок нестанд ва хастии олам ва инсонро шарх нахоханд дод. То ба давраи Кант чунин андеша хукмрон буд, ки гўё ќонунхои алоќамандии ходисот ин ќонунхо мутлаќе мешаванд, ки худ бевоситаанд ва худи олам тавассути онхо пойдор аст ва ба воситаи фахмиши чунин ќонунхо асрори хастиро инсон хохад фахмид. Ихтирооти чунин андешахо ба он оварда расонд, ки «ходисоти ашё» ба чои «худи ашё», «олами соягон»-и Афлотунро ба чои «ашёи хаќиќи» эътироф намуданд. Кант нишон дод, ки ин ќонунхо ва чахони модди аз тарзи фахмиши субъект вобастаанд. Харчи бештар тахлилу тахќиќ дар ин чода, (яъне такя ба ин ќонунхо) моро ба хадаф ё худ фахмиши хаќиќати асли расонида наметавонад. Аз ин чост, ки файласуфони догматикиро метавон бо чунин ташбех ифода намуд. Мардумоне, ки ба як самти рост харакат мекунанд, орзуманди онанд, ки ба канораи олам мерасанд. Кант бошад, саёхати даври оламро ба анчом расонида, нишон дод, ки аз сабаби курашакл будани замин бо харакат ба самти уфуќ ба охири замин наметавон расид. Таълимоти Кант нишон дод, ки аввал ва охири оламро на берун аз мо, балки дар ботини мо бояд дарёфт. Чунин фахмиш аз тафовут байни фалсафаи догматики ва фалсафаи трансендентали бармеояд. Кант исбот намуд, ки олами модди хам ба субъект ва хам ба объект вобастаги дорад. Вай шаклхои умумии ходисоти оламро нишон дода, таъкид намуд, ки ин ходисотро бапурраги хам аз тарафи субъект ва хам объект фахмидан мумкин аст, чунки муносибати субъект ва объект мохиятан ду ќутби бо якдигар алоќамандро мемонанд. Вале бо шаклхои ин ходисот мо харгиз ба ботини субъект ва объект ворид нахохем гашт ва мохияти «ашё дар худ»-ро нахохем фахмид. Кант дар тинати «ашё дар худ» ягон ќувваи дигареро эътироф накард, вале дар ин самт хамчун нахусткашшоф мохияти ахлоќии кирдори инсонро, ки аз ќонунхои «ходисоти ашё» бо тафовути худ бартарият дорад, дарёфт. Дарёфти чунин мохият нишон дод, ки ахлоќ хамчун феномен (падида) дар тинати «ашё дар худ» маќомеро сохиб аст. Чунин фахмиш хизмати дуввумини Кант дар таърихи фалсафаи Аврупо буд. Хизмати сеюмини Кант дар таърихи фалсафаи Аврупо аз он иборат аст, ки ў фалсафаи схоластикиро, ки аз Августин эхё шудаву то ба замони худи Кант идома меёфт, бо далелу бурхони зиёде махкум намуд. Мохияти фалсафаи схоластики, пеш аз хама, дар таъмини амнияти дини давлати зохир мегашт. Одатан чунин мешуморанд, ки фалсафаи схоластики то замони Декарт хукмрон буда, аз Декарт инчониб оѓози тахќиќоти озодфикррони дар фалсафа ба вуќўъ пайвастааст. Кант бо кўшишу ѓайрати зиёде тафаккурро аз шакли догматикии он озод намуд. Теология ё худ илохиётшиносии спекулятиви ва равоншиносии ратсионалии бо он пайваста аз дасти Кант ба зарбаи халокатоваре дучор омаданд. Аз хамон ваќт пояи бинои ин ду самти фалсафи дар Олмон хароб гашт ва ба нобуди расид. Бахои созовор додан ба хизматхои шоёни Кант дар ин давра ба шахсе муяссар мегардад, ки таъсири аќоиди догматикиро ба раванди табиатшиносии он замон бифахмад. Хизмати Кант боз дар он зохир мегардад, ки раванди эътирофи ќонунхои «ходисоти ашё»-ро бар болои «ашё дар худ» пешгири намуда, нагузошт, ки реализми бехирадона, ки дар фалсафаи ќадим, асрхои миёна ва замони навин хукмрон буд, боз салтанати худро дар тафаккури фалсафи идома дихад. Файласуф Беркли ва баъдан Малбранш махдудияти реализмро дарк намуданд, вале дар мубориза ба ин чараёни фалсафи ќобилияти лозимаро сохиб набуданд. Танхо Кант тавонист, ки фахмиши трансенденталии оламро дар Аврупо ба миён оварад. Бесабаб нест, ки мегўянд: то ба Кант мо дар ваќт вучуд доштем, холо бошад, ваќт дар ботини мост. Маълум аст, ки ахлоќ то замони Кант бо кўшиши фалсафаи реалисти аз диди ќонунхои «ходисоти ашё» шарх дода мешуд ва ин ќонунхо барои фахмиши «ашё дар худ» низ мавриди истифода ќарор доштанд. Аз ин рў, таълимоти ахлоќи гохе ба аќоиди эвдемонисти такя мекард ва гохе хамчун натичаи иродаи Кирдгор шуморида мешуд. Дар ин самт ба маъно ва мохияти мафхуми «мукаммалкуни» низ такя менамуданд. Дар асрхои пеш аз эчодиёти Кант, чи тавре ки маълум аст, мафхуми «мукаммалкуни» дар таълимоти ахлоќи ва илохиётшиноси хеле зиёд истифода мешуд. Танхо Кант хаќиќати амали ахлоќиро аз ќонунхои «ходисоти ашё» чудо намуда, мохияти онхоро наздик будан ба «ашё дар худ» асоснок намуд, ки ин кашфиёти бузурге дар илми ахлоќ буд. Чунон ки маълум аст, ќисми аввали фалсафаи танќидии Кантро консепсияи гносеологи (маърифати)-и ў номидан мумкин аст. Ќаблан зикр гардид, ки камбудихои метафизикаи кўханро ёфтан ва дар ин асос кушодани рох барои метафизикаи навин асоси консепсияи гносеологии Кантро ташкил менамуд. Барои фахмидани мохияти усули метафизика ва истифодаи он, Кант дар нисбати Юм чунин мехисобид, ки на танхо натичахои математики, балки натичагири аз илмхои табиатшиноси низ мувофиќи маќсад аст. Азбаски хулосабарорихо дар илмхои табиатшиноси кори хирадро металабанд, онхо барои асоснок намудани метафизика маълумоти лозими ба хисоб мераванд. Дигар дастоварди илмии Кантро дар шаклгирии консепсияи маърифатшиносии ў назарияи априористиаш ташкил медихад. Ба аќидаи Кант, мо бояд мавчуд будани асоси тобатачрибавиро на танхо дар хирад, балки дар хиссиёт низ эътироф намоем. Андешаи дар хаќиќати илми мавчуд будани холати тобатачрибави бесабаб нест. Кант мутмаин буд, ки аз дониши муќаррари сарчашма гирифтани хирад харгиз басанда нахохад буд. Ў чунин мехисобид, ки зарурат ва умумият нишонахои боварибахши дониши тобатачрибави ба шумор мераванд. Ин андешахои Кант дар таърихи фалсафаи нави Аврупо дар бахши табиатшиносию гуманитари сабаби табадуллоти фикрии зиёде гардидаанд. Консепсияи метафизикии Кант. Файласуф дар асари худ «Танќиди хиради ноб» чун пешгузаштагони худ, (яъне тарафдорони фалсафаи догматики) бар он аќида буд, ки: (1) метафизика илмест дар бораи хар ончики берун аз хамагуна тачриба бошад; (2) хар ончики берун аз тачриба ќарор дорад, хеч гох бо принсипхое, ки худ махсули тачрибаанд, дарёфт намешавад; (3) дар хиради мо дар хаќиќат принсипхое мавчуданд, ки вазифаашон ташкил намудани дарк аз хиради ноб аст. Дар хар яке аз ин се андеша Кант бо файласуфони гузашта хамфикру хамаќида мебошад. Вале минбаъд ў дигар бо файласуфони пешин хамфикр нест. Зеро онхо бар чунин аќида буданд, ки ин принсипхо ё худ фахмиш аз хиради ноб, ин ифодаи имконоти ашёст. Имконоти ашё хамчун хукмрон дар низоми олам монанди сарнавиште бар болои фариштагони дунёи атиќа мебошад. Кант бошад, дар навбати худ мегўяд, ки онон шаклхои хиради мо ва ќонунхои хастии ашё набуда, танхо ќонунхои тасаввуроти мо дар бораи ашёхо ба хисоб мераванд. Аз ин чост, ки онхо фаќат дар раванди дарки ашё ќувват доранд ва берун аз тачрибаи имконпазир хастие надоранд. Танхо дониши тобатачрибави будани ин шаклхои маърифати, ки худ дар асоси субъективият ба вуќуъ пайвастаанд, моро хамеша аз фахмиши мохияти ашёхо чудо намуда, дониши моро дар атрофи танхо ходисоти олами модди махдуд сохтаанд. Бинобар ин, мо хеч гох на танхо дар намуди тобатачрибави, балки дар шакли пасазтачрибави низ дар бораи хастии ботинии ашёхо донише ба даст нахохем овард. Аз ин сабаб метафизика наметавонад пойдор монад ва зарур аст, ки чои онро танќиди хиради ноб гирад. Кант бо ин андеша хамчун азбайнбарандаи догматикаи кўхан гардид, аз ин рў, догматикхои навине зарур буданд, ки рохи наверо дар ин чода чустучў намоянд. Кант дар зербоби аввали асари худ «Пролегоментхо», менависад: «Сарчашмаи дониши метафизики набояд аз олами эмпирики (муќаррари) бошад. Принсип ва мафхумхои асосии метафизика набояд аз дониши тобатачрибави мавод ба даст оваранд, агарчи чунин дониш дар асоси тачрибаи ботини ва зохири хам бошад».9 Аммо, мутаассифона, барои исботи ин андеша Кант ягон мисоле ба ѓайр аз истилохи мафхуми «метафизика» наовардааст. Дар хаќиќат фахмиши масъала чунин аст: Олам ва хастии худи инсон барои ў асрори фалокатоваре ба хисоб меравад. Бе мухокимаронии дигаре гуфта мешавад, ки халли ин муаммо хеч гох бо усули фахмиши олами модди ба даст нахохад омад ва ин муамморо дар чиз ва чои дигар, ки берун аз олами модди бошанд, чустучў бояд кард (чунки маънои мафхуми «берун аз хар як тачрибаи имконпазир» низ хамин аст). Баъдан аз халли ин масъала мебоист хар ончики дониши бевоситае, ки мо ба даст меоварем, бояд сарфи назар кунем ва дар охир чавоб ба ин муамморо мо бояд танхо дар ончики бавосита, яъне бо усули хулосабарори аз андешахои тобатачрибави бадастомада чустучў кунем. Бо хамин тариќ, бо далели инкор намудани манбаи асосии маърифат ва аз ин чо манъ намудан рохи пешгирии расидан ба хаќиќат буд, чои тааччубе нест, ки кўшишхои догматики муваффаќият пайдо накарданд ва ба Кант муяссар гардид, ки сабаби чунин бемуваффаќиятиро исбот намояд. Бояд гуфт, ки пеш аз ин, ягонагии метафизика ва маърифати тобатачрибави эътироф шуда буд. Вале бахри ин далел мебоист, пеш аз хама, маълум шавад, ки дониши барои халли муаммои олам лозимро дар дигар макон чустучў бояд кард. Рохи дурусти халли ин масъала дар он буд, ки аввалан фахмиши олам ба мо муяссар гардад. Аз ин рў, вазифаи метафизика на дар он аст, ки аз тачриба сарфи назар кунад, (чунки айнияти олам бевосита ба мо ошкор аст), балки аз тачрибаи ботини ва зохири дуруст истифода барад. Танхо бо усули ягонагии дониши аз тачрибаи ботиниву зохири хосилшуда фахмиши асрори олам ба мо муяссар мегардад. Вале дар ин самт мо бояд хамеша дар назар дошта бошем, ки дониши мо хадду худудеро дорост ва берун аз он чахидан хатост. Аз ин чо, рохи дурусти халли ин масъала рохи мобайнист, ки дар як тарафаш рохи «хамадони»-и догматики ва дар тарафи дигараш «танќиди хиради ноб»-и Кант чойгиранд. Консепсияи зебошиносии Кант. Зебошиносии трансендентали яке аз кашфиётхои дар самти метафизики анчомдодаи Кант мебошад, ки кас назирашро дар таърихи фалсафа нахохад ёфт. Тахќиќотчиёни осори Кант бар ин аќидаанд, ки агар ў ба ѓайр аз ин асар, асари дигаре эчод наменамуд, зебошиносии трансендентали кифоя мебуд, ки номи Кант дар таърихи фалсафа човидона бимонад. Дар хаќиќат асари номбурда, яке аз нодиртарин асари мутафаккир ба хисоб меравад. Дар ин асар Кант андешаеро баён менамояд, ки мувофиќи он як ќисми маърифати инсони аз тарафи мо то ба холати тачрибави даркшаванда аст. Ин андеша далолати он аст, ки чунин маърифат шакли бевоситаи хиради мо ба шумор меравад. Чунки мафхуми «тобатачрибави» («априорное») чунин маъноро дорост: «на бо рохи тачриба бадастомада ё дониши на азберуномада». Агар чунин дониш хоси хиради мо бошад, пас вай тарзи маърифатомўзии инсон будааст. Аз ин рў, «маърифати то ба хирад тааллуќдошта» мафхумхои муродифианд. Зебоишиносии тарнсендентали маълумоти зиёдеро оид ба шаклхои умумии хадс (интуитсия) дар бар мегирад. Асоси назариёти Кантро дар ин асар андешахои дар «Танќиди хиради ноб» овардашуда ташкил медиханд. Дар ин асар, аз он чумла гуфта шудааст, ки «маърифати мо ду манбаро дорост», яке дарки таассурот ва дигаре худфаъолиятии мафхумхост. Якумаш тарзи дарки тасаввурот буда, дуввуми он ќобилияти фахмиш бо воситаи чунин тасаввурот мебошад. Бо ёрии ќобилияти якум ашё ба мо дода мешавад ва бо ќобилияти дуввум ашё дар намуди фикршакл тасаввур мегардад.10 Чунин аќидаи Кантро на хама тахќиќотчиён пазируфтаанд, чунки дар чунин холат таассуроте, ки худ барои мо хамчун объекти ќобилияти дарки мо аз олами берун бевосита дода шудааст, мебоист тасаввурот ё предмете мебуд. Вале дар асл таассурот худ хиссест дар узви хискунанда ва бо воситаи истифодаи хуш ва шакли хадс (ваќт ва фазо) хиради мо онро аз хис ба тасаввур мубаддал мегардонад ва баъдан хамчун ашё (предмет) хувайдо мегардад. Бо ин амал кори хуш ва дарки хадси ба анчом мерасад. Барои чунин фаъолият на мафхум ва на тафаккур лозим аст. Аз ин сабаб чунин ќобилияти тасаввуриро хайвонхо хам доранд. Хангоме ки мафхум ва тафаккур ба сахна ворид мешаванд, ќобилияти дарки тасаввури айёният сахнаро тарк мекунад ва дар шуур як ќатор мафхумхои ѓайриинтуитиви ва абстракти пайдо мешаванд. Дар ин холат фаъолиятро хирад ба дасти худ мегирад ва маводи тафаккурро аз андешахои пешин ва муќоисаи худи мафхум чамъовари менамояд. Зебошиносии трансенденталии Кант барои математика асоси тобатачрибави медихад. Зебошиносии трансендентали чунин асосро барои мантиќ низ мухаё месозад. Дар натича зебоишиносии трансендентали дар симои мантиќи трансендентали анчоми худро ёфт. Пас аз ин анчомпазири Кант на хамчун мухаќкиќ, балки хамчун мушохидачи ба назар мерасад. Агар хонанда аз андешахои хастишиноси, маърифатшиноси, метафизики, зебоишиноси, антропологи ва табиатшиносии Кант маълумоте ба даст оварад, пас дар бораи хусусияти умумии фалсафаи ў ба чунин хулоса омаданаш аз эхтимол берун нест. Фалсафаи Кант дар муќоиса бо фалсафаи гузаштагон ва баъдина фалсафаи трансенденталист, амиќтарин идеализми трансенденталист. Дар ин маъно мафхуми «трансендентали» хусусияти на матиматики, балки фалсафиро дорост, чунки ин мафхум кайхо боз дар фалсафаи схоластики мавриди истифода ќарор дошт. Дар математика ин мафхумро аввалин бор Лейбнитс истифода бурдааст. Бо ибораи дигар, трансендентали гуфта дарачаи «тобатачрибави»-ро дар назар доранд. Мутобиќ ба ин андеша Кант метафизикаро хамчун фалсафаи трансендентали мехисобад. Вале дар асархои ў на хамеша мафхуми «трансендентали» ва мафхуми «метафизика» мафхумхои муродифанд. Дар хаќиќат асари ў «Танќиди хиради ноб» дар худ мазмуни трансенденталиро дорост. Андешахои метафизики бошанд, бештар хоси асари «Асосхои табиатшиноси»-и мутафаккиранд. Ба асари метафизики хама андешахои Кант дар боби ахлоќ низ дохиланд. Анъанаи асосии фалсафаи Кант фахмонда додани тафовут байни реалиёт ва идеалиёт мебошад. Яке аз дастовардхои дигари Кант дар фалсафа андешахои ў дар бахши диалектикаи трансендентали ба шумор меравад. Хизмати Кант дар шарх ва тафсири теологияи назари низ кам нест. Дар ин бахш хама кўшиши файласуфони баъд аз Кант натичаи дилхохе надодаанд. Бо хадафи махдуд намудани ќувваи танќиди дар теологияи назари, Кант андешахоро дар бораи теологияи ахолќи бештар матрах намудааст. Ба тариќи хулосави бояд ќайд намуд, ки эчодиёти фалсафии Кант табаддулоти бузургеро дар илм ва фарханги Аврупо ба миён овард. Илмшиносии Фихте ва натурфалсафаи Шеллинг. Иоган Готлиб Фихте (1762-1814) намояндаи фалсафаи классикии немис дар шахри Берлин ба дунё омадааст. Тахсилро аввал дар донишгохи Йен ва баъдан Лейпсиг ба итмом расонидааст. Дар зери таъсири табаддулоти фаронсави асархоеро дар мавзўи озодии фикррони ба табъ расонид. Солхои 1794-1799 профессори донишгохи Йен махсуб мешуд. Соли 1810 нахустин ректори интихобии донишгохи Берлин таъин гардид. Соли 1791 ба хадафи вохўри бо Кант, Фихте ба Кёнигсберг омад. Пас аз шиносои бо Кант, Фихте асаре бо номи «Тачрибаи танќиди хар як вахй»-ро эчод намуд, ки аз тарафи Кант пазируфта шуд. Асари асосии Фихте «Таълимот дар бораи илм» мебошад. Асоситарин андешахои фалсафаи Фихтеро метавон чунин шарх дод. Фихте фалсафаро хамчун илми бунёди (фундаментали) мехисобид. Илм, ба аќидаи ў, дониши танзимшудаест, ки аз сарчашмаи боэътимод бояд бурун ояд. Ба хотир овардан зарур аст, ки нисбат ба дониши илми ратсионализми классики низ бар чунин аќида буд. Дар пайравии Кант, Фихте фалсафаи худро хамчун фалсафаи танќиди мухолифи фалсафаи догматики мегузорад. Ба андешаи Фихте, догматикхо дар тахлили хасти аз ашё ё субстансияи ашёхо оѓоз менамоянд. Фалсафаи танќиди бошад, аз шуур оѓоз намуда, чахони моддиро бо хама чузъиёташ аз судури хирад бармеоварад. Асоси андешахои фалсафии Фихтеро бовари ба он далел ташкил медихад, ки гўё муносибати амалии инсон ба ашё нисбат ба муроќибаи назари бо вай аввалиндарача мебошад. Чунин фахмиш дар арзишгузории табиати худшиноси, ки хамчун нахустасоси басанда аст, Фихтеро аз пешгузаштагонаш фарќ мекунонад. Шуур, мувофиќи фахмиши Фихте, дода нашудааст, балки азали бо мо пайваст аст ва худ офарандаи худ аст. Яќинан шуур на дар муроќиба, балки дар амал намудан пайдост. Ба андешаи Фихте, яќинан шуур на аз тарафи хирад, балки аз тарафи ирода тасдиќ мегардад. Табиатан фард, мегўяд Фихте, якхела, якнавохт ва поянда нест: хиссиёт, майл, хохиш ва димоѓи ў хамеша аз чизе ва касе таѓйирёбандаанд. Аз таъсири ин холатхо инсон танхо хангоми худшиноси озод мегардад. Бо воситаи худшуури инсон рўх ва озодии худро хифз мекунад. Худмуайянкуни хамчун талабот ва вазифа хамеша водор месозад, ки субъект бояд хамзамон кўшиш ба харч дихад. Дар ин чо мо ба тазоде рў ба рў мешавем. Худшиноси хамчун ибтидо ва бунёди танзимшуда хамеша хадафи аз худ дар масофа нигохдорандаи «ман»-и инсон аст. Фихте ин тазодро ќабул намуда, онро асоси низоми худ ќарор медихад. Ба тариќи пайдарпай густурдани вай системаро бо воситаи истифодаи усули диалектики ба миён овард. Низоми Фихте шакли доираро мемонад: дар оѓозаш анчом низ дида мешавад. Харакати ба анчомрасонанда худ бозгашт ба оѓоз аст. Принсипи худмухтории ирода, ки ба Кант тааллуќ дорад ва хиради амали барои худ ќонун меофарад, бо кўшиши Фихте, ба бунёди тамоми система табдил ёфтааст. Бо хамин тариќ Фихте санавияти дар фалсафаи Кант мавчудбударо аз байн бурда, маќсад гузошт, ки аз принсипи хиради амали «озоди» ва хиради ноб «табиат»-ро бароварад. Ба аќидаи Фихте, маърифат холати вобастаги аз харакати амали-ахлоќиро мемонад. Хар як реалияти объективи, ба андешаи ў, натичаи фаъолияти «ман»-и инсон аст ва вазифаи «Таълимот дар бораи илм» аз нишондоди он ки чигуна ва барои чи фаъолият хатман шакли ашёро мегирад. Мавчуд будани «ашё дар худ»-ро, ки бидуни шуур аст, Фихте напазируфта мачбур шуд, ки ду «ман»-и аз якдигар тафовутдошта- якеаш «ман» бо шуури фарди дар вахдат ва дигари он дар мухолифат ќарордоштаро ихтироъ намояд. «Ман»-и фарди (индивидуали) ва «ман»-и мутлаќ дар таълимоти Фихте гохе бо хам муродифанд ва гохе бо хам мухолиф. Ин «тапиш»-и ягонаги ва бегонаги чавхари диалектикаи Фихте буда, принсипи харакатдихандаи тафаккурро ташкил медиханд. Дар якчояги бо худшиносии «ман хастам» мухолифи ў – «ман нестам» дар назар дошта мешавад. Хамзистии ин ду мухолифият дар як «ман» танхо бо рохи махдудсозии якдигар, яъне якдигармахкумкуни муяссар мегардад. Агар «Ман» тавассути «ман нестам» муайян шавад, пас субъект хамчун назарияви, агар баръакс бошад – хамчун амали сурат мегирад. Ба аќидаи Фихте, хар ончи нисбат ба шуури назарияви хамчун мухит истифода бурда мешавад, ин махсули фаъолияти бешууронаи хаёлот дар хисоб аст ва онхо барои шуур хамчун хиссиёт, муроќиба, хуш, хирад ва ѓ., то ба фазою ваќт ва системаи маќулахои «ман»-и назари шакл мегиранд. Дар назар доштани ин махдудиятхо ва хатто «ман»-и назари хам аз он сабаб лозим аст, ки «ман»-и амали пойдор буда, хадаф гузорад ва бахри ичрои хадафхои худ кўшиш намояд. Фаъолияти «ман», аз диди Фихте, дар шакли мутлаќ аст. Вай ќодир аст худ барои худ вазифа гузорад ва ин вазифагузори аз тарафи ў одатан бешуурона сурат гирад. «Ман»-и мамоният эчодкунанда ва «ман»-и мамониятро аз байнбаранда аз хамдигар бехабаранд. Чахон, ки махсули тахтулшууронаи «ман»-и мутлаќ аст, мустаќилиятро сохиб нест. Табиат танхо объект, мавод ва мамониатест барои аз байн бурдани чунин мамоният. Вай хастии мутлаќ нест ва арзиши мустаќиле низ надорад. Субъекти амали пайи хамдигар мамониатхоро бартараф намуда, худ дар аввал нафахмида, ба ягонаги бо худ меояд. Барои Фихте хама харакат ва ташаккулёбии чамъият, мувофиќати «ман»-и фардиву «ман»-и мутлаќ ва фахмиши онки хама мухити моддии инсонро ихотанамуда ин махсули амали худи «ман» аст, ки аз худи ў бегона шуда, дар сифати олами беруна омадааст. Вале ба хадафи идеали расидан ѓайриимкон аст, чунки ба бархам хўрдани фаъолият оварда мерасонад. Фаъолият бошад, мутлаќ аст ва таърихи башарият худ кўшиши ба ин идеал расидан аст. Дар фалсафаи Фихте андешахои дигаре низ ба чашм мерасанд. Дар «Асосохои хуќуќи табии» бо усули аз кулл ба чузъ Фихте амали «ман»-и дигареро ичро менамояд, ки мувофиќи чунин фахмиш, мавчуд будани фардхои зиёди озод далели имкониятхои худи «ман», яъне махлуќи озод аст. Дар ин чо маќулахои хуќуќии аз чониби мутафаккир эътирофшуда хамчун асоси холатхои равонии инсонро ташкил медиханд. Баъдтар Фихте ба назарияи фаъолият дигаргунии зиёде ворид сохт. Бо ин дигаргуни ин назарияро аз хусусияти универсалидошта пок намуд. Агар то ба ин пок гардонидан, мутафаккир байни амал ва ахлоќ тафовуте намегузошт ва хамчунони дигар, ў фаъолиро мутобиќи ахлоќи протестанти хамчун амали хайр мешуморид. Холо бошад, вай тайёр буд, ки ахлоќро аз амал бутунан чудо созад. Дар масъалаи алоќаи «ман»-и мутлаќ бо фардияти фаношаванда низ Фихте андешахои худро такмил дод. Пештар аз ин «ман»-и мутлаќ хамчун хадафи барои субъект дастнорас, манбаи беохирии амал дониста мешуд. Акнун хаќиќати мутлаќ хамчун хастии хатми, офаридгор ва хар ончики берун аз вай, аз он чумла, амали «ман»-и нисби, танхо хамчун образи хасти, ки худ дар худ хаќиќати реали набуд. Аќоиди ичтимоию сиёсии Фихте низ такмил ёфтанд. Замони муайяне мутафаккир саргарми андеша ва натичахои тахаввулоти бузурги фаронсави буд. Андешаи интихоби миллати чудогона дар фалсафаи таърихи Фихте ба анчом расид. Таърихи башарият, ба андешаи Фихте, ин раванди ташаккулёбии аз холати бегунохи ба ба холати вайроншави афтидан мебошад. Бо хамин тариќ, фалсафаи Фихте барои эхё ва такомули идеализм ва эчодиёти Шеллинг ва Гегел дар фалсафаи классикии немис мусоидат намуд. Баъд аз ин Шеллинг ва Гегел идеализми субъективии Фихтеро бартараф намуда, андешахои фалсафии ўро зери интиќод ќарор доданд. Фридрих Вилгелм Йозеф Шеллинг (1775-1854) дар шахри Рагатси Швейтсария таваллуд ёфтааст. Аз соли 1790 дар Институти илохиётшиносии Тюбинген бо хамрохии Гегел тахсил намудааст. Шеллинг солхои 1798-1803 бо ў дар раванди махфил бо романтикхо аз наздик шиносои пайдо намуд. Шеллинг дар давоми фаъолияти эчодии худ маќоми профессори донишгохи Мюнхен (1806), Эрлинген (1820-1826) ва Берлинро ишѓол менамуд. Фалсафаи Шеллинг дар давоми ташаккули чахонбинии ў якнавохт ва бо як принсипи фахмиш боќи намондааст. Аз ибтидои фаъолияти фалсафии худ Шеллинг ба тахќиќи фалсафаи табиат (натурфилософия) (1790) пардохт. Баъдтар таваччўхи ўро фалсафаи трансендентали ё худ зебошиносии идеалисти (1800-1801) ба худ чалб намуд. Замоне ў масоили «фалсафаи айният» ва «фалсафаи озоди»-ро (1800-1813) мавриди тахлил ќарор дод. Дар охир майли мутафаккир ба тахќиќи «фалсафаи вахй» бештар гардид. Асосан Шеллинг муддати дароз дар зери таъсири андешахои фалсафии Фихте ќарор дошт. Фахмиши масоили фалсафаи табиат сабаби аз хамфикри бо Фихте даст кашидани Шеллинг шуд. Чунон ки маълум шуд, табиат дар фалсафаи Фихте танхо воситае барои ба хадаф расидани андешахои ахлоќи, ба ибораи дигар, маводе барои хиради амали истифодашуда хисобида мешуд. Хиради амали ба воситаи табиат мебоист ќувваи худро бисанчад. Шеллинг дар назди худ вазифа гузошт, ки дарачахои тахаввулоти табиатро нишон дода, вайро хамчун омили ба маќсади оли расидани хасти барраси намояд, ки вазифааш тавлид намудани шуур буд. Масъалаи таносуби шуур ва бешуури хамеша объекти тахќиќи Шеллинг ќарор дошт. Усули диалектикие, ки Фихте дар тахќиќи фаъолияти «ман» истифода мебурд, ин усулро Шеллинг дар тахлили равандхои табиат ба кор бурд. Хар як чисми табиат хамчун махсули фаъолияти динамикии ќуввахои мутаќобила шарх дода мешуд. Кашфиётхои Волт, Лавуазе дар физика ва кимиё, Браун, Галлера дар биология Шеллингро ба ин андешахо водор сохтанд. Принсипи маќсадноки, ки дар бунёди чисми зинда сабт шудааст, барои Шеллинг принсипи умуми барои шарх додани табиат истифода шуд. Фалсафаи табиати Шеллинг ба андешахои табиатшиносони замони ў бетаъсир намонд. Шеллинг дар ин давра ба аќоиди навафлотуния нисбат ба идеализми Фихте наздиктар буд. Шеллинг фалсафаи табиатро хамчун ќисми чудонашавандаи идеализми трансендентали мехисобид. Фаъолияти «ман», тибќи андешаи Шеллинг, ба фаъолияти назарияви ва амали таќсим мешавад. Фаъолияти назарияви аз хиссиёт шурўъ шуда, ба муроќиба, тасаввур, мухокимарони ва дар охир, дар дарачаи хирад, ба нуќтае мерасад, ки «ман»-и назарияви худро хамчун мустаќил, худфаъол, яъне «ман»-и амали, ирода мебинад. Ирода, дар навбати худ, якчанд зинахои инкишофро тай менамояд, ки баландтараш фаъолияти ахлоќи мебошад, ки худ худхадаф аст. Агар дар мухити назарияви шуур бо фаъолияти тахтулшуурии «ман» муайян шавад, пас дар мухити амали, баръакс, бешуури аз бошуури вобаста аст. Аз Фихте ин ду раванди гуногунсамт танхо дар беохири хамчоя мешаванд. Шеллинг ба тахлили чадиди «Танќиди ќобилияти муроќиба»-и Кант, дар санъат мухити мухолифии назария ва амалияро мебинад, ки ин мухит бартарафшаванда ба назар мерасад. Дар фаъолияти бадеи ва асархои бадеи беанчомии идеал дида мешавад, вай дар маърифати назари ва амали мушохиданашаванда аст. Рассом, ба андешаи Шеллинг, ин «интеллигенсия»-е хаст, ки хамчун табиат амал мекунад. Аз ин рў, фалсафаи санъат, мегўяд Шеллинг, ин органони фалсафа, чамъбасти он аст. Ин андешахоро Шеллинг дар асари худ «Фалсафаи санъат» (1802-1803) баён намудааст. Масъалаи хадси интеллектуали, ки яке аз намудхои хадси санъати мебошад, таваччўхи Шеллингро ба худ чалб намуда буд. Дар фалсафаи Вахй Шеллинг хадси интеллектуалиро чун пештара на хамчун муроќибаи «ман», балки чун худмуроќибаи хаќиќати мутлаќ, ки ягонагии объект ва субъектро фаро гирифтааст, медонад. Ин андешахои Шеллинг бештар ба натурфалсафаи Бруно шабохат дорад. Ба аќидаи Шеллинг, кайхон хамчун ягонагии мутлаќ ва ягонагии асари санъат аст. То хамон дарачае, ки рассом кайхонро меофарад, то хамон дарача судур ва офариниш ба хамдигар мухолифии бетафовутро меофаранд. Дар ин системаи пантеизми эстетики, ки аз навафлотуния сарчашма мегирад, Шеллинг ба пантеизми ирфонии Экхарт наздик мешавад. Дар асари худ «Фалсафа ва дин» Шеллинг саволхоеро ба миён мегузорад, ки онхо ўро аз андешахои фалсафаи айнияташ берун намуданд. Дар натича андешаи офариниши олам аз чониби хастии мутлаќ хаќ буда, андеша дар бораи мутавози будани идеали ва реали иштибох мебошад. Дар «Тахќиќоти фалсафи дар бораи озодии инсон» Шеллинг бар чунин аќидааст, ки ба тариќи ратсионали исбот намудани офариниши олам ѓайриимкон аст. Дар ин чо Шеллинг аз офаридгор худи офаридгорро чудо месозад, ки асоси он иродаи бешуур аст. Тавассути дар вай мавчуд будани ќувваи зулмот хастии мутлаќ ба санавият табдил меёбад ва лахзаи худтаъинкунии иродаи озод ба миён меояд, ки ба тариќи ратсионали ин раванд ќаламдод нахохад шуд ва бо ќонуни хирад ва табиат исбот нахохад гашт. Амали гунахкоршави амали аз ваќт берун аст. Иродаи бешуур то холати худшиноси амал мекунад. Зеро инсон хангоми таваллуд ёфтанаш аллакай гунахкор ба дунё меояд. Чуброни ин гунахкории пешина ва ба хам пайвастани он бо хастии мутлаќ, ба аќидаи Шеллинг, хадафи таърих будааст. Аз сабаби он ки ирода худ хохиши нахустини ирратсионали ва омили аввалини даркнашаванда мебошад, вай наметавонад мавзўи тахлили фалсафи ќарор дошта бошад. Ин фалсафаи ирратсионалиро Шеллинг мехохад то фалсафаи позитивисти пурра гардонад. Дар фалсафаи вахй Шеллинг мохиятан аз фалсафаи ратсионали ба теософияву ирфон мегузарад. Бо хамин тариќ, фалсафаи Шеллинг ба андешахои фалсафии асрхои XIX-XX-и Аврупо бетаъсир намонд. Асосан дар асри ХХ идеяхои ирратсионалии Шеллинг дар фалсафаи экзистенсиализм чадидан эхё шуданд. Идеализми мутлаќи Гегел. Георг Вилгелм Фридрих Гегел (1770-1831) намояндани фалсафаи классикии Олмон, эчодкунандаи назарияи диалектикаи муназзами чанбаи идеализми объективидошта мебошад. Ў солхои 1788-1793 дар донишгохи илохиётшиносии Тюбинген хамрохи Шеллинг тахсил намудааст. Аз соли 1808-1816 дар вазифаи директории гимназияи Нюренберг фаъолият кардааст. Аз соли 1816 то охири хаёти худ хамчун профессори фалсафа дар донишгохи Гейделберг ва Берлин кор кардааст. Фаъолияти фалсафии Гегел дар аёми тахсил ва минбаъд асосан дар доираи тахќиќи фалсафаи танќиди хамчун пайрави Кант ва Фихте гузаштааст. Вале дере нагузашта Гегел бо таъсири фалсафаи Шеллинг аз системаи фалсафаи танќиди ба самти идеализми трансендентали мегузарад. Ба хар хол дар фалсафаи классикии Олмон Гегел дар муќоиса бо дигарон ба таърихи фарханги маънави бештар диќќат дода буд. Гегел дар оѓози эчоди фалсафи худ зухуру ташаккулёбии динхои яхудия, атиќа ва насронияро хамчун дарачахои ташаккули рўх шарх дода буд. Дар асари «Фалсафаи рўх» (1807)-и худ маданияти маънавии башариятро хамчун ташаккулёбии бонизоми ошкорсозандаи ќувваи «хиради чахони» нишон додааст. Ба андешаи Гегел, ташаккули маънавии фард такрори худшиносии рўхи кайхонист. Аз амали хис намудани ашёхо то ба дониши мутлаќ, яъне дониши шакл ва ќонунхое, ки аз ботин тамоми раванди маънавиро рохбари менамояд, дар бар мегирад. Тасвири умумие, ки фаъолияти эчодии «рўхи умумичахони»-ро нишон медихад, дар фалсафаи Гегел хамчун «идеяи мутлаќ» номгузори шудааст. Илми мантиќ бошад чун назарияи илми «худшиноси»-и «идеяи мутлаќ» ба хисоб меравад. Ин андешахо дар асари ў бо номи «Илми мантик» машхур аст. «Идеяи мутлаќ» дар мазмуни умумии худ хамчун системаи маќулахо кушода шуда, муайянкунандахои зиёдеро ба монанди хасти, нести, хастии наќд, сифат, шумора, меъёр, хаќиќат, кимиёи чисм ва ѓайраро дар худ гирифтааст. Ба аќидаи Гегел, ташаккули маънавии фард такрори худшиносии рўхи кайхони мебошад. Аз амали хис намудани ашёхо то дониши мутлаќ, яъне дониши шаклу ќонунхое, ки аз ботин тамоми раванди маънавиро рохбари менамояд, дар бар мегирад. Манзараи умумие, ки фаъолияти эчодии «рўхи умумичахони»-ро нишон медихад, дар фалсафаи Гегел хамчун «идеяи мутлаќ» номгузори шудааст. Илми мантиќ бошад, чун назарияи илми «худшиноси»-и «идеяи мутлаќ» ба хисоб меравад. Ин андешахо дар асари «Илми мантиќ»-и ў баён ёфтааст. «Идеяи мутлаќ» дар мўхтавои умумии худ хамчун низоми маќулахо (категорияхо) ифшо шуда, мафхумхои зиёде, ба монанди хасти, нести, хастии наќд, сифат, шумора, андоза, хаќиќат ва ѓ.-ро фаро гирифтааст. Тафаккурро хамчун субъекти офарандаи тамоми сарватхои маънави ва хамчун тасвири фаъолияти эчоди барраси намуда, Гегел кўшиш намуд, ки мафхуми идеяро бо мафхуми офаридгор наздик гардонад. Вале дар муќоиса бо офаридгори теисти, идея барандаи шуур, ирода ва шахсият дар симои инсон гардид. Тибќи баёни Гегел, «рўх» дар инсон дар дарачаи худшиноси, аввалан дар намуди калима, нутќ ва забон зухур мекунад. Хамаи олами ашё, маданияти модди, тамаддун ва ѓ. чун шаклхои баъдинаи ќувваи рўхи ба миён омадаанд. Нахустини ќадами инкишоф бо хамин тартиб дар ќобилияти инсон бахри дарки худ, ки хамагуна образхоро тачассум намудааст, хувайдо мегардад. Маќулаи тазод хамчун барандаи маънои «хамдигарро истиснокунанда» ва «бо хам робита доштан» дар диалектикаи Гегел мавќеи хосеро сохиб аст. Тазод дар ин чо хамчун «мухаррик»-и ташаккули рўх дониста мешавад. Харакат ин сайр аз холати «абстракти ба конкрети» мебошад, ки хар лахза бештар бо гуногуншаклии худ ба натичае мерасад. Ба аќидаи Гегел, кифоя нест, ки тазодро мо дар шакли антиноми пазируфта бошем ва онро бояд амиќтару мушаххастар бифахмем. Тахлили танќидии холати илмии замони хеш Гегелро ба андешахои догматики оварда расонд. Ин тазод на танхо мантиќ, балки ќисмхои дигари фалсафаи табиат ва фалсафаи рўхи ўро низ фаро гирифт. Андешахои доир ба «фалсафаи рўх» ва «фалсафаи хуќуќ» иброздоштаи мутафаккир идома ёфтаанд. Чунончи, Гегел дар фалсафаи табиат аз назари танќиди андешахои дар илм пайдошударо тахлил намуд, ки ин пешгўии ў дар раванди ташаккули минбаъдаи табиатшиноси собит гардид. Гегел фалсафаи таърихро бо ситоиши монархияи конститутсиони ба анчом расонид. Кўхнапарастии системаи Гегел бархилофи усули ба корбурдаи вай сурат гирифт. Андешахои «фалсафаи хуќуќи»-и Гегел дар бораи «рўхи объективи» барои рушди чомеашиноси мусоидат намуд. Махз таъсири хамин асар буд, ки баъдан таълимоти Маркс дар бораи фархмиши материалистии таърих ба миён омад. «Рўхи объективи» дар хуќуќ ва ахлоќ зохир гардида, дарачахои объективияти озодии инсонро дар шакли оила, чамъияти шахрванди ва давлатро низ дар бар мегирад. Ба андешаи Гегел, таърих хамчун «пешрафти рўх» дар шуури озоди дониста мешавад. Ин пешрафт бо рўхи халќхои алохида, ки хамдигарро иваз намудаву рисолати худро ба чо меоранд, амали гардонда мешавад. Дар чодаи зебоишиноси бошад, Гегел масъалаи зебоишиносиро хамчун «падидаи идея» шарх додааст. Чунин муносибати ў дарачахои ташаккули минбаъдаи идеяро хам муайян менамояд. Андешахои Гегел доир ба раванди мунтазами таърих ва хаќиќати мутлаќ низ зиёданд. Диалектикаи Гегел дар рушду ривочи фалсафаи экзистенсиалисти наќши мухимеро доро буд. Антропологияи Фейербах. Людвиг Фейербах (1804-1872) дар шахри Рехенберги Олмон таваллуд ёфта, баъди хатми гимназия ба факултети илохиётшиносии донишгохи Гейделберг (1823) дохил шуд. Дере нагузашта аз андешахои догматики ва ортодоксали даст кашида, ба шахри Берлин омад ва дар машѓулиятхои тадрисии Гегел ширкат варзид ва дар хамин замина андешахои фалсафии Фейербах сурат гирифтааст. Пас аз хатми донишгохи Берлин (1828) дар мавзўи «Оид ба ягонаги, умумият ва беинтихоии хирад» рисолаи доктории худро дар донишгохи Элан дифоъ намуд. Вале пас аз мўхлате андешахои фалсафии Фейербах бо фалсафаи Гегел созгор наомаданд. Асоситарин ихтилофи мафкуравии Фейербаху Гегел дар муносибати гуногуни онхо ба дин зохир мегардид. Ба андешаи Фейербах, аќоиди дини ба хаќиќат ва хирад рост намеояд. Фейербах пас аз дифои рисола приват-дотсенти донишгохи Эрланген таъин гардид. Соли 1830 бе зикри номи муаллиф ў бо номи «Андешахо дар бораи марг ва бемарги» асаре ба табъ расонд, ки дар он масъалаи човидона будани рўхро инкор намуд. Баъдан аз ошкор гаштани муаллифиаш Фейербахро аз хуќуќи омўзгори дар донишгохи номбурда махрум сохтанд. Вале Фейербах хамчун пазирандаи андешахои Гегел боќи монда, хамзамон фалсафаи материалисти ва атеистиро хаматарафа дастгири менамояд. Хадафи асосии Фейербах дар фалсафа ин мубориза бар зидди андешахои дини буд. Дар муќоиса бо фахмиши фалсафаи динии Гегел, Фейербах фалсафа ва динро мухолифи якдигар мехисобид. Вай сабаби асосии баќопазир будани динро на танхо дар нодонию нотавонии омма, балки дар табиати худи инсон ва мухити зисти ў медонист. Нахустасоси фиребу найранги диниро Фейербах дар хисси махдудияту тобеияти инсон медид. Офаридгор, ба назари Фейербах, хамчун проексияи рўхи одамист, ки аз рўх бегона шуда, шакли объективиро мегирад. Дин, ба андешаи ў, инсонро барои зиндаги шикастабол мегардонад. Фейербах парастиши рамзхои диниро ба парастиши инсон табдил дод ва таъбири «Одам барои одам Худо»-ро шиори худ гардонид. Танќиди дин Фейербахро тадричан ба танќиди фалсафаи идеалисти оварда расонид. Бовари ба ягонагии дин ва идеализм Фейербахро мачбур сохтанд, ки муќобили идеализми аз хама ташаккулёфтаи он замон, хусусан, идеализми классикии Олмон дар симои Гегел, муборизаро пурзўртар намояд. Ба андешаи Фейербах, камбудии асосии идеализм дар махлут сохтани хасти ва тафаккур зохир мешавад. Асоси фалсафаи Фейербахро принсипи «…Хасти-субъект, тафаккур-хабари мантиќи» ташкил медихад. Дар назарияи маърифат Фейербах самти материализми сенсуалистиротаќвият бахшидааст. Вале нуктаи мобайнии фалсафаи Фейербахро масъалаи инсон ташкил медихад. Ба аќидаи ў, инсон объекти ягона ва универсалии фалсафа мебошад. Материализми антропологии Фейербах инсонро хамчун махлуќи психофизиологи медонад. Инсон, мегўяд Фейербах, объекти материали ва хамзамон субъекти тафаккур аст. Аз ин нукта бармеояд, ки антропологияи Фейербах дар илми биологи асос ёфтааст. Чунин фахмиши антропологи ба он оварда расонд, ки таълимоти ахлоќии Фейербах аз шиори ягонаги ва ба хам алоќамандии «ман» ва «ту» сарчашма мегирад. Муносибатхои чамъияти, аз диди Фейербах, ба мафхумхои «чинс» ва «муоширати байнихамдигари» табдил ёфтаанд, чунки агар «ту» набуди, «ман» харгиз наметавонад хушбахт бошад,. Кўшиши расидан ба хушбахтии фарди доираи худбиниро махдуд сохт, зеро беягонагию вахдати инсон хадафе ба даст нахохад омад. |