Главная страница
Навигация по странице:

  • Метафизикаи А. Шопенгауэр.

  • Маърифати олам.

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница23 из 41
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   41

    Боби 7. Ташаккули фалсафаи ирратсионали

    Бунёдгузори ирратсионализм файласуфи маъруфи фалсафаи ѓайриклассикии ќарни 19 Артур Шопенгауэр (1788–1860) мебошад ва тавассути ў ин равияи фалсафи ба як низоми муайян ва мукаммали фалсафи ворид гардид. Калимаи лотинии irratsionalis – ѓайриќобил ба хирад, бешуурона тарчума шуда, ба маънои васеаш таълимоти фалсафиест, ки имкониятхои маърифати аќлониро махдуд сохта, наќши муроќибаю мушохида, интуитсия, ѓариза (инстинкт), эътиќодро (чун маърифати ѓайриаќли) ба он муќобил гузошта, «эхсос», «фахмиш» – ро ба тарзи муайяну махсус шарх дода, ин ќобилиятхои маърифатиро дар доираи проблемахои назарияи маърифат арзёби менамояд. Ба хамин маъно он аз фидеизм, ки эътиќоди фитрии диниро дар рохи маърифати «хаќиќат» ягона шуморида ва агноститсизм, ки маърифати «чизхои дар худ» – ро ѓайриимкон мехисобад, фарќ мекунад. Ба маънои махдудаш ирратсионализм номгўи консепсияхою мактабхои мухталифи фалсафиест, ки аввали асри 19 то замони муосир тахия шуда, як таассуру аксуламалест ба назарияи ратсионализм ва андешахое, ки имкониятхои хиради инсонро номахдуду мутлаќ мехи­собанд.
    Ирратсионализм робитаи мантиќиро дар табиат инкор намуда, муроќибаи олами атрофро хамчун системаи кулл ва ќонунии идеяи инкишофу диалектикаи Гегел танќид мекунад. «Заифии мавќеи фалсафаи классикии немисро дар он мебинад, ки протсесси таърихиро дар инкишофи идеяи мутлаќ ќаблан муайян сохта, инсон, чомеа, таърихро танхо шакли дигаргуншудаи он медонад».11 Чунон ки болотар зикр намудем, намояндаи шинохтаи фалсафаи ѓайриклассики Артур Шопенгауэр мебошад, ки ўро хамчун бунёдгузори фалсафаи ирратсионали дар анъанаи фалсафаи аврупои ном мебаранд. Ў ќисмати бештари хаёташро дар Франкфурти назди Майне гузаронида, дар ин чо ба навиштани асархои худ шурўъ мекунад ва зимни он шўхрати олимони муосирашро сатхию ноустувор бахогузори карда, аз эътирофи хатмии шўхрати хеш изхори нигарони мекунад. Ин мархилаи фаъолияти эчодии ўро файласуфи британияги Б. Рассел чунин арзёби менамояд: «Асари асосии ў «Олам хамчун ирода ва тасаввурот» соли 1818 нашр шуд. Шопенгауэр ахамияти хоссаи ин китобро таъкид намуда, хатто то хадде ба он дода мешавад, ки гўё хукми навиштани баъзе аз бобхои онро рўхи муќаддас шунавонда бошад».12 Мутаассифона нашри аввали ин китоб аз сабаби ба фурўш нарафтанаш, ба нуќтахои хариди коѓазкўхнахо (макулатура) супорида шуд. Китобхои дигари ў, аз ќабили «Оид ба ирода дар табиат», «Ду проблемаи этика» ва «Пандхою одобномахо» («Афоризмы и максимы») низ паихам нашр шудаанд, ки дар ин асархо идеяи ирратсионализми ў таќвият меёбад. Шопенгауэр дар такомули идеяхои хеш мусоидату таъсири фалсафаи Хиндустони ќадим, Афлотун ва Кантро ба эътибор мегирад. «Иддае аз андешахои ман, - менависад Шопенгауэр, – новобаста бо фарќияташон аз андешахои Кант, комилан тахти таъсири ў ќарор дошта, мутлаќан вобаста ва аз он бармеояд ва ман эътироф мекунам, ки дар такомули шахсиятам баъд аз таассуроти дунёи равшан, аз офаридахои Кант, инчунин аз навиштачоти муќаддаси хиндуён ва Афлотун сипосгузорам»13.

    Метафизикаи А. Шопенгауэр. Метафизика ба сифати «илм» доир ба принсипхои фавќулхиссии хасти то асри 17 ханўз хам ба сифати методи махсуси фалсафи пойдор боќи монда бошад хам, тадричан аз фунуни табиатшиноси дур мегардад ва ба ќавли Рене Декарт предмети онро масъалахои худованд ва «рўху чон» ташкил медихад. Агар табиатшиноси, физика дар ниходи мантиќи тахияи тадќиќоту кашфиёти хеш аз метафизика хамчун илм «дар бораи сабабхои аввал ва ва мохиятхои аввал» (Арасту) берун шудаю мустаќил гашта бошад хам, донишхои мантиќии илми баръакс дар доираи тахлили метафизикии равандхои табии ќарор мегирад. Ханўз хам ба ќавли Фрэнсис Бэкон метафизика ба хайси ифшокунандаи ќонуниятхою маърифати сабабхои амалкунандаю таѓйирёбанда, шинохта шуда дар рохи маърифати ходисоти табиат хамчун методи тахлили эътироф мешавад. Иммануил Кант метафизикаро хамчун бунёди андешахои догматики ва методи ноустувор ба он маъно бахогузори мекунад, ки он на ќобилияти маърифат ва на имконияту сархади маърифат, балки чунин мафхумхои ѓайриќобил ба исботи мавчудияти он, аз ќабили чон, олам куллан, худованд ва ѓайраро ба мехвари тадќиќот мегузорад, ки хеч наметавонад фарогири тачриба бошанд. Дар «Пролегоменхо» (Кант И. Пролегомены. М., 1937, сах. 120 – 121) чунин мулохизагузорию андешарониро хаёхўи бехуда ва сафсатае арзёби мекунад, ки баёнкунандаи он бо иллати исбот надоштани ин хукмхо аз дурўѓгўию муболиѓасози рахо меёбад. Вале Кант харгиз зарурияти метафизикаро хамчун илм дар бораи худованд, озодии ирода ва абадияти рўх аз мадди назар дур намесозад ва ў метафизикаро хамчун низоми хиради холис, хамчун дониши кулли фалсафи (ё хаќиќи ё ботил) ки аз хиради холис дар доираи робитахои муназзам бармеояд ва чамъбасти ногузири тамоми фарханги хиради инсони аст, эътироф мекунад. Ў байни татбиќи хиради спекулиятиви ва хиради холиси амали фарќ гузошта, метафизикаи табиат ва метафизикаи хулќиятро ном мебарад, ки дар ин бахогузори метафизикаи табиат хамчун метафизикаи спекулятиви иборат аз фалсафаи трансденталиест, ки чунин сохахои фалсафа, аз ќабили онтология, физиологияи ратсионали ва космология, физиологияи имманентии хиради холис таркиб ёфтааст ва тибќи он табиат чун мачмўи предметхои хиссиест, ки ба физикаи ратсионали ва психологияи ратсионали фарогир хохад буд. Кант воќеан эътироф мекунад, ки метафизика аз лихози предмети тадќиќоти хеш аз донишхои воќеии илми дуртар аст ва аз ин хотир халлу фасли антиномияхои хиради холисро ба сохаи хиради амали тела медихад. Дар хамин рўхия ва ба хамин усул Артур Шопенгаузр назарияи «Олам хамчун ирода ва тасаввурот» - ро ба маъзару тасвири таълимоти фалсафиаш гузошта, мутазодии проблемахои метафизикиро хамчун васоити хирад ва хиради холис тахлил мекунад.

    Ирода хамчун бунёди хасти дар мехвари метафизикаи Шопенгауэр ќарор дорад. Хар чизе, ки хамчун ирода мавчуд аст, ирода ба хаёт аст. Ирода чун зухури универсалию кайхони буда, хар нерўе, ки дар табиат аст, ирода мебошад. Ў ба таълимоти Кант такя намуда, далел меорад, ки олами дар тасаввуроти мо зохиршаванда, ба шакле баромад мекунад, ки аз ќобилияти маърифатии субъект вобаста аст. Олам, он чуноне ки худ ба худ, чун «чизи дар худ» вучуд дорад, набояд чизе бошад, ки мутлаќан маърифат нашавад. Вобаста ба ќазовати зухурёбии он дар чахони дидашаванда, олам худ ба худ чизи дигаре нест, чуз иродаи чахони. Шопенгауэр оид ба олам чун ирода хукм намуда, зимни он ягонагии ирода ва харакатро асоснок мекунад. «Хастии материя – ин амали он аст; хастии дигареро ў наметавонад хатто андеша кунад. Танхо амал намуда фазоро пурра месозад ва ваќтро фаро мегирад; таъсири ў ба объекти бевосита (ки худаш низ материя аст) шарти хамон андешаест, ки дар худи хамон андеша чой дорад… Хамин тавр, сабаб ва амал – ин аст мохияти материя, хастии он - амали он аст…»14 Хама гуна амали чисм ин иродаи объективатсияшуда (дар объект тачассумшуда) буда, тамоми чисми ў низ иродаи объективатсияшуда аст. Ирода ба сифати мохияти ботини на танхо дар зухуроти психологи, чи дар инсону чи дар хайвон, балки дар рўйдодхои олами ѓайриорганики низ зухур менамояд. Нерўе, ки ќувваи чозибаро ташкил дода, сангро ба Замин ва Заминро ба Офтоб бармекашад, низ метавонад хамчун ирода бахогузори шавад ва на танхо он, балки ќуввае, ки дар магнит хувайдо мешавад ва нерўе, ки кристаллро эчод мекунад ва хамагуна амали чисм ин иродаи объективатсияшудаи растанию хайвонро ба харакат меорад - тамоми ин нерўе, ки ба тарзи мухталиф зохир мешавад, дар асл ва мохияташон хамчун ирода ахёнан падидор хоханд гашт. Ќаблан, агар иродаро тахти мафхуми нерў тавзех медоданд, пас Шопенгауэр хамагуна нерўро хамчун зухуроти ирода барраси мекунад. Ирода, аз нигохи Шопенгауэр, чизи дигаре нест, чуз «чизхои дар худ» - и Кант ва низоми фалсафии Шопенгуэрро Б. Рассел хамчун мутобиќшавию мувофиќатёбии низоми фалсафии Кант мехисобад. Олам ин «чизи дар худ» ва ин «ирода ба хаёт аст», ки дар хадди беохиру гуногуни «объективатсия» парокандаю парешон мегардад. Дар бунёди мафхуми нерў зухуроте, тасвири равшану возехи олами объективи нухуфтааст, ки ончо сабаб ва амал хукмрон аст. Ирода чун «чизи дар худ» комилан аз хамагуна тарзи зохиршавии худ тафовут дорад ва аз хамагуна шакл озод аст. Хар холати объективтсияи ирода ба хотири салтанати мутлаќ, ки хамеша ба «чанги хама ба муќобили хама» меорад, мекўшад. Ирода берун аз сохаи ќонуни бунёди ќарор дошта, бевосита ва номахдуд, беасос ва бидуни сабабе чой гирифтааст, дар сурате, ки материя - куллан ва ба тамом сабабият аст. Кашиш, чозиба, инертсия, устуворию ќоими нерўхои ибтидои ва тавзехшаванда буда, аз ќувваи материя бармеояд. Ба хеч нафаре муяссар нахохад шуд, ки амали магнитро дар материя ифшо созад. Хамон ваќте ки тамоми ин нерўхоро тааллуќ ба иродаи чахони бахогузори мекуни, -таъкид мекунад Шопенгауэр, -тавзеху шарх меёбанд. Хар рафтори чузъиро ногузир бояд аз манфиате чўст ва чараёни дигаргуншавии чисми хайвон, ки вобаста ба сабабхои амалкунандае (метавонад муассирият бошад) сурат мегирад ва чи рафтори мачмўи ва чи чузъиеро, ки ончо пойдор аст ва чисме, ки хамин рафторхоро анчом медихад ва хамон чараёне, ки ачсоми дар боло зикршудаю ончо мавчуд будаю аз он таркиб ёфтааст, метавон танхо зухури ирода ва хамчун холати объктивияти ирода бахогузори кард,15 ба хулоса меояд Шопенгауэр. Ин ирода вохид аст, харчанд, ки зухуроти он дар ваќту фазо номахдуд буда, дар материя худро ба иродаи кулл ва чузъ зохир сохта, муборизаи беохири зидди якдигарро идома медиханд. Хамагуна нерўи табиат танхо зухури иродаи чахони аст, ки хар чою хамачо, берун аз макону замон арзи хасти доранд ва ба назар мерасад, ки шароитеро интизоранд, то материяро тавонад сохиб гашта, нерўхои дигарро танг созад. Хазор сол галванизм (чараёни пасти энергия) метавонад дар мису рух (синк) нухуфта бошад ва инсон шароитеро мухайё созад, ки ин нерўи бузурги энергия озод гардад. Мо хамеша дар табиат раќобат, зиддият ва ноустуворию пирўзихоро мебинем. Ду таќсим шудани иродаро мебинем, ки танхо бо сохибияташ ба материя худро дармеёбад. Таќсимоти кантиании олам ба ду ќисмат: ба олами зухурот ва «олами чизхои дар худ» - ро Шопенгуэр ба эътибор гирифта, таъкид мекунад, ки олами зухурот ин тасаввуроти мо дар бораи олам аст ва асоси онро иродаи чохил ташкил мекунад. Ваќту фазо низ ба зухурот таалуќ доранд ва дар ин масъала Шопенгауэр пайрави Кант аст. «Чизхои дар худ», яъне ирода танхо дар фазою ваќт побанд нестанд. Хам фазо ва хам ваќт предметхоро махдуд сохта, ё алохидаю чудо карда ба ин ё он мархилаи таърихи ворид месозад: азбаски фазою ваќт танхо зухурот хастанд, ирода танхо дар тасаввурот метавонад аз далелхои ирода иборат бошад ва танхо дар тасаввурот метавонад оѓозу анчомро сохиб гардад. Манбаи гуногунияти фазою ваќт танхо хамчун тасаввурот ва хамчун зухурот ба назар мерасанд. Дар воќеият онхо танхо чавхари (субстансияи) вохиду таќсимнопазир - иродаро муаррифи мекунанд. Ирода ягонаю бидуни замон аст. Дар сутўхи поёнии инкишофи табиат ирода хамчун нерўи торику ноаён, ношунавою нобино зухур мекунад. Ва тадричан дар раванди ба нуќоти оли рафтану объективатсия шудани ирода ў худро чун идея истиќрор карда, хастии он олами идеяхои Афлотунро ба хотир меорад. Шопенгуэр иродаро ба иродаи тамоми Олам айният медихад. «Мустаќилияти фардии ман, – тахаюлотест, ки махсули муроќибаи маконию замонии дастгохи субъективии ман аст. Он чизе, ки воќеист - ин як иродаи азимест, ки дар тамоми чараёни фалак (дахр) мутаносибан дар табиати зиндаю ѓайризинда зухур мекунад»16. Ин ирода нобино, бехадаф, ирратсионали (ѓайриоќилона) ва озод аст. Ирода хамчун «чизи худ ба худ» озод буда, мундаричаи хама зухурот мебошад. Дар хадди охир, яъне дар зинаи инсони фард идеяро муаррифи намуда, манфиату бахраёбиро ба рохбари мегирад. Танхо дар озодии иродаи инсони бебунёдии ирода то дарачае аз худ дарак медихад. Аммо озоди дар олами зухурот, очилан ба зарурият табдил меёбад, чунки хамагуна амали алохидаи инсон аз таъсири манофеи ў ба характераш дарак медихад. Хар иродаи зухурнамудаи инсон - ин ирода ба чизе буда, объекти худ ва хохишоти худро дорад. Ирода, чун нерўи бешууре мутлаќан ба офаридахояш дар олами ашёхо, ба мавчудоти зинда, ба ихтиёри холату шароитхои тасодуфи хавола гардидаанд. Дар ин олам иродаи чахонии берун аз хирад, бидуни хадаф ва иродаи зарире (кўр-кўронае) хукм дорад, ки на ба маърифати ратсионали ва на ба дарки эмпирики метавон онро фахмид ва на ба васоити илми онро ифшо сохт. Дар бунёди аќл, ки функсияи маѓзи сар аст, ирода ќарор дорад. Ирода аќлро эчод карда, мундаричаи онро тахия сохта, ба фаъолият хидоят мебахшад. Ирода дар бунёди хама мавчудот нухуфта, хамаро - хам чисм, хам хирад, хам материя ва хам шуурро тавлид месозад. Ин иродаи алохидаю чузъие нест, балки иродаи зариру бешууронаи кулл аст, ки вохидияти хамин куллро баён месозад. Ирода - манбаи бузурги хама чизи зинда, нерўи ботинии хаёт аст, ки узвхои хиссиро низ эчод карда, ба шароит мутобиќ сохта, шаклхои нави хаётро дар раванди меросияташ, татбиќ месозад. Кашфиётхои биологхои бузург, дар назар дошт Шопенгауэр, фахмиши ўро оид ба инкишофи олам ва мавчудоти зинда ќави мегардонад. Ирода на ба мачмўи кўшишоти чузъие айният дорад ва на ба ќисмхои гуногун пора мегардад, балки ягонагии кулл, ки аз сабабияту аз фазою ваќт мустаќил аст, пойдор мегардад. Аз ин чи хулоса меояд? Танхо моро ба назар мерасад, ки гўё мо фардхои парокандаем ва хар касе сирф барои худ хузур дорад. Дар амал хамаи мо - инсоният мавчуди ягонаем, ки худхохию худпарасти, хамагуна иродаи фардиро пахш кардаю дар худ чаббидаю чогах месозем. Хамин тавр, Шопенгауэр принсипи универсалии фалсафаашро волюнтаризм номидааст, ки мувофиќи он ќувваи асосии харакатдиханда, ки хама чизро дар олами мухит муайян месозад, ирода мебошад. Дар асараш «Олам хамчун ирода ва тасаввурот»17ќонуни мантиќии бунёди мукаммал (ё бунёди кофи) - ро пешниход мекунад, ки мувофиќи ин ќонун фалсафаи хаќиќи набояд аз объект (чун материалистон) ва на аз субъект (чун идеалистони субъективи), балки бояд аз тасаввурот, ки зухури шуур аст, натичагири намояд. Ў дар асоси тасаввуроти объект ќонуни бунёди мукаммалро чой дода, вобаста ба он чахор ќонуни мустаќилро пешниход менамояд: ќонуни хасти - барои фазо ва ваќт; ќонуни сабабият - барои олами модди; ќонуни бунёди мантиќи - барои маърифат; ќонуни мотиватсия (бахрабардори) - барои олами инсон ва Шопенгауэр иродаро тобеъ ба ќонуни бунёди мукаммал надониста, таъкид мекунад: «Ирода чун чизи дар худ, берун аз сохаи хамаи шаклхои ќонуни бунёдист ва он аз ин рў комилан бебунёд аст, харчанд, ки хар як зухуроти он ногузир ба ќонуни бунёди ( ќонуни бунёди мукаммал) тобеъ аст», - зикр мекунад ў. (Антология мировой философии. т. 3, с. 686.) Зухурот дар андешаи Шопенгауэр ин тасаввурот аст. Хамагуна тасаввурот, кадом навъе, ки набошад зухурот буда, олам хам ба сифати тасаввурот ва хам ба сифати чизхои дар худ вучуд дорад. «Тамоми ин олам, танхо объект аст дар нисбати субъект, манзараест барои назаркунанда - мухтасар гўем, тасаввурот аст. Табиист, ки хам хозир, хам ба хамагуна гузашта ва ба хамагуна оянда тааллуќ дорад ва ба дуртарину наздиктарин мутааллиќ аст ва ба фазою ваќт пахн мегардад, ки танхо ончо чунин фарќиятхо чой дорад. Хар чизе, ки ба олам тааллуќ дорад ва метавонад тааллуќ дошта бошад, ногузир дар нисбият ба субъект махкум буда, танхо барои субъект мавчуд аст. Олам – тасаввурот аст»18.

    Маърифати олам. Олам хамчун тасаввурот – ин оламест, ки ба инсон мохияти оламро чун «чизхои дар худ» ба шакли априории эхсосу фахм чилвагар месозад. Дар тафсири олам Шопенгауэр комилан пайрави Кант буда, хулосахои таълимоти ўро оид ба хассосият ва зехн пазируфта, дувоздах категорияи ўро ба як категорияи каузали (сабабият) чамъ оварда, дар рохи маърифати зухурот ќобили ќабул мехисобад. Воќеияти кулли объект махз тавассути сабабият эчод мегардад, ки ончо иродаи объективатсияшудаи муайяншаванда ва иродаи объективатсияшудаи муайянкунанда дар назар дошта шудааст. Инчо тамоили сабабияту натичаи он хамчун чихати хоси ирода тавзех меёбад. Шопенгауэр принсипи сабабиятро тахлил намуда, чанд шакли онро, ки хусусияти предметхои маърифатшавандаро муайян месозад, таъкид мекунад. Масалан, хузури сабабии ќонуни бунёдиро дар робитаи байни амал ва манфиатхои он зикр намуда, дар сохаи маърифат танзими робитаи байни мухокимаю хукмхоро хамчун натичаи чараёни сабабии он шарх медихад. Дар самти барќароршавии предметхои маърифатшаванда ќонуни бунёди мукаммал ин сабабият аст, ки объектхои табииро пайваст сохта, муносибати байни фазо ва ваќтро низ ќонуни бунёди мукаммал идора мекунад. Гуногунии фазою ваќт танхо хамчун тасаввурот ва зухурот ба назар намоянд хам, дар воќеъ онхо танхо чавхари вохиду таќсимнопазир - иродаро муаррифи месозанд. Ирода ба тарзи аќлнорас «тасаввуротро» эчод месозад. Хамзамон дар баробари тасаввурот ва бо таносуби якдигар «объект» ва «субъект» пайдо мешавад. Олам объекти маърифати субъект гашта, комилан тасаввуроти он мегардад. Хамин тавр, Шопенгауэр баъзан дар мавќеи идеализми субъективи ќарор мегирад, дар сурате, ки солипсизмро (як майлони идеализми субъективиро) «фалсафаи аблахон» бахогузори мекунад. Бештаре аз волюнтаристон мустаќилияти иродаи инсониро нисбат ба воќеияти мухит таъкид ва бартарияти субъектро дар баробари олами объективи чонибдори карда, дар мавќеи идеализми субъективи ќарор мегиранд. Вале Шопенгауэр оид ба объективияти ирода харф мезанад, ки ончо ирода болотар аз ходисоти олам ва инсонхо ќарор дорад ва ин андеша ўро ногузир ба сўи идеализми объективи мебарад. Дар робита ба назарияи маърифат Шопенгауэр илмро фаъолияте медонад, ки на ба сўи маърифат, балки барои хидмат намудан ба ирода нигаронида шудааст. Маърифати муроќибавие, ки ба илм муяссар намегардад, ба маърифати бадеи дастрас аст ва он на ба интеллект, балки ба интуитсия, ки дастоварди нобиѓа аст, такя мекунад. Фалсафа низ мохиятан санъат аст ва ба илм хамон ваќт наздик мешавад, ки маърифати бадеии оламро тавассути мафхумхо ба танзим дарорад. Дар тавсифу тавзехи фалсафа Шопенгауэр тафовут доштани назари худ ва Кантро таъкид намуда, менависад: «Фарќияти мухими байни методи Кант ва методи ман дар он аст, ки методи Кант аз маърифати ѓайримустаќиму бавосита, маърифати рефлективи бармеояд ва методи ман бошад, аз маърифати бевосита ё ин ки интуитиви. Кантро метавон ба одаме мушобех сохт, ки баландии манораро аз рўи сояааш чен мекунад, ман бошам андозбандро ба даври манора чафс карда, чен мекунам. Аз ин рў, барои ў фалсафа илмест иборат аз мафхумхо, барои ман бошад фалсафа илмест дар мафхумхо, ки мундаричаи онро метавон аз маърифати аёну возех, манбаи ягонаю яќин бардошт, ки дар мафхумхои умуми устувор гаштааст». Донишхои интуитиви аз нигохи Шопенгауэр, шакли аввал ва мухимтарини маърифат буда, тамоми олами рефлексхо дар хадди охир дар олами интуитсия нухуфтаанд. Интуитивизм таълимотест асосан дар фалсафаи идеализм, ки бештар дар эстетика, этика ва фалсафаи математика пахн гашта, яке аз шаклхои ирратсионализм ба шумор меравад. Интуитивизм интуитсияро манбаи бунёди хамагуна донише медонад, ки гўё воќеиятро ба таври боэътимод маърифат месозад. Интуитивизм интуитсияро ба тадќиќотхои мушаххаси тачрибави муќобил гузошта, наќши тахлили назарияви, муроќибаи хисси, тафаккури мантиќиро дар маърифати олам махдуд месозад. Дар таълимоти Шопенгауэр низ интуитсия маќоми хоссае дошта, бартарияти донишхои интуитиви таъкид мегардад. «Интуитсия, ки тавассути фахмиш ва барои фахму зехн пайдо шуда, дар баробари мо бо тамоми комилияташ ќарор дорад, ба хеч як шубха ва иштибохе мутааллиќ нест ва аз ин рў тасдиќу инкорро нахохад донист: зеро, ки худ шохиди хеш аст ва мисли маърифати мавхуму мучарради хирад нерўю маънои хешро аз робитахое, ки берун аз он - тибќи ќонуни бунёди маърифат аст, ба худ нахохад гирифт»,19- идома медихад ў. Маърифати муроќибавию мушохидавие, ки барои илм дастнорас аст, ба маърифати бадеие, ки на ба интеллект, балки ба интуитсия такя мекунад, дастрас аст. Ва ин маърифати интуитиви дастоварди танхо нобиѓа мебошад. «Инсони муќаррари, ин моли фабрикавии табиат, ки хама рўз хазорхои он тавлид мешавад, чуноне ки ман гуфтам, комилан ќобил нест, дар хадди охир ба мушохидаи давомдор ва ба тамоми маънояш бетафовут ба ў, машѓул бошад, дар сурате, ки муроќибаю мушохидаи воќеист он: ин инсони муќаррари метавонад таваччўхи хешро танхо ба чизе, ки то кадом хадде ба иродаи ў нисбатан вобаста бошад, равона созанд. Вале, нобиѓа (гений), ки нерўи маърифатсозандаи ў аз хизмати иродааш озод шудааст, дар мушохидаи худи хаёт таваќќуф менамояд, мекўшад дар хар ашё идеяи онро маърифат созад, на робитаи онро ба дигар ашёхо: ана аз ин сабаб бештар ба рохи хаётии хеш таваччўх надорад ва аз ин рў, рохи хаётии ў комилан ѓайримохирона мегузарад»,-таъкид мекунад ў (сах. 693).
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   41


    написать администратору сайта