Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 5. Инкишофи фалсафаи Аврупои Ѓарби дар асрхои XV - XVIIФалсафаи Эхё. Аз асри XIV сар карда, дар Аврупо равандхое дар чомеа сурат мегиранд, ки дар хаёти ичтимои, сиёси ва фарханги сабаб мешаванд. Кўшиши чиддие барои озод шудан аз хукмронии калисо дар хаёти маънави, сиёси ба амал меояд, таъсири калисоро дар чомеа хеле кохиш медихад. Яъне, ба таври кулли дар чомеа харакатхои секуляристи дар хамаи сохахои хаёти мадани, ичтимои мушохида мешаванд. Дар хамаи кишвархои Аврупо ин раванд ба вучуд меояд, харчанд, ки амали он дар кишвархои чудогона ба тарзи гуногун, дар баъзе чо заифу суст, дар чои дигар босуръат ба мушохида мерасад. Дар чомеа мустаќилияти иќтисоди, сиёсии берун аз таъсири калисо ќувват гирифта, таъсири худро ба хаёти маънави, илм, санъат мегузорад. Давраи нав худро эхёгари тамаддуни ќадима ё худ тамаддуни атиќа шуморида, ба асримиёнаги муќобил мегузорад. Давраи Эхё ин давраест, ки арзишхо дигар мешаванд, ќимати онхо аз нав бахогузори мегардад. Он тарзи зиндагии атиќа, тарзи тафаккур, эхсосоти онро ќабул мекунад ва онхоро аз нав дар хаёт чори месозад. Ба хамин маъни хам онро Эхё, Ренессанс меноманд. Ренессанс ба маънии «аз нав зинда кардан», «эхё сохтан» аст. Аммо дар асли хаёти ренессанси, фаќат дубора такрор намудани он чизе, ки дар гузашта буд, нест. Балки бо вучуди инкораш давраи асримиёнаги натичаи инкишофи дастовардхои он аст. Дар муносибат ба давраи атиќа, хатто, наметавон гуфт, ки асрхои миёна тамаддуни атиќаро пурра рад карда бошад. Анъанахои мухими он дар асрхои миёна идома ёфта, ѓани ва мушаххас гардиданд. Бинобар ин бо ин хама муќобилгузори давраи Эхё хусусиятхое дорад, ки давраи атиќа онро надошт, аз бисёр чихатхо такмили минбаъдаи дастовардхои асримиёнаги мебошанд. Агар фаќат фалсафа барои мисол гирифта шавад, мо мушохида намудем, ки чи гуна ба фалсафаи асримиёнаги фалсафаи платонизм ва дар асрхои охир, яъне дар давраи схоластика, аристотелизм таъсири бонуфуз доштанд. Инчунин метавон нуфузи Вергилий, Тситсерон, Сенека ва дигар мутафакирони асрхои охири давраи атиќаро мисол овард. Албатта, муносибат ба давраи атиќа дар давраи Эхё нисбат ба асрхои миёна хеле фарќ мекард, зеро агар осори атиќа дар асрхои миёна фаќат аз рўи зарурат ва ба манфиати дин ва калисо истифода шуда бошад, дар давраи Эхё арзишхои он ба хадафи Эхёи хамачонибаи онхо хамчун идеал истифода шудаанд. Мутафакирони давраи Эхё аз он арзишхо ба вачд меомаданд ва кўшиш мекарданд, ки дар шакли бехтаре онхоро мавриди омўзишу пайрави ќарор диханд. Мухимтарин чихати чахонбинии давраи Эхё рў овардан ба санъат аст. Агар асрхои миёна «давраи диндори» номида шавад, пас давраи Эхёро метавон давраи бадеи-эстетики номид. Агар дар маркази чахонбинии асрхои миёна Худо ва ѓояи начотбахши дин ќарор дошта бошад, пас дар маърази таваччўхи давраи Эхё инсон ќарор дорад. Аз ин чо тафаккури фалсафии ин давраро антропосентрики (инсонмехвари) меноманд. Маънии антропос-инсон, сентризм- марказ, яъне дар маркази диќќат инсон аст. Вобаста ба рў овардан ба инсон хусусияти дигари фалсафа ва санъати ин давра ва тамоюли ѓоявии давра Эхё ба вучуд меояд, ки он гуманизм аст. Гуманизм, ќабл аз хама, тарбия ва таълими инсон, ки онро дар сатхи баланд бардорад, бар дигар унсурхои табиат авло гардонад, мебошад. Фахмиши инсон дар фалсафаи Эхё ба кулли аз давраи атиќа фарќ мекунад. Дар фалсафаи атиќа инсон мавчуди табиат аст ва худудхои фаъолияти ўро табиат муайян мекунад, то чи андоза аз рўи маќоми худ дар табиат амал мекунад, ў фаъол мебошад, яъне инсон аз табиат вобаста буд ва ахлоќи ин давра низ хусусияти ратсионали дошт. Барои намуна Суќротро метавон мисол овард, ки мегуфт, дониши мохияти хайр ба инсон имконият медихад, ки ў кори хайро анчом дихад. Дар давраи Эхё бошад, инсон фаќат мавчуди табии нест, балки ў офарандаи симои худаш аст, ў хукмрони табиат аст. Агар дар асрхои миён инсон бо сабаби табиати «гунахкор» - и худ наметавонист мустаќилона камбудихои худро бартараф созад, дар тафаккури давраи Эхё ў офаридаи худ аст ва образи рассоми офаридгор рамзи даврии Ренессанс шуд. Мехнат аз давраи атиќа хоси ѓулом бошад, фаќат фаъолияти фикри инсонро ба чизхои абади -назарияви бурда, хаќиќатро ошкор созад, дар асрхои миёна бошад, тасаввур дар бораи он буд, ки инсон ба сабаби гунахгор буданаш бояд аз тахти дил мехнат кунад, то гуноххои худро рафъ созад, дар тафаккури даврии Эхё фаъолияти эчодкорона хусусияти ќудсият, бошарафонаро мегирад, ки ба воситаи он инсон на танхо талаботи худро ќонеъ мегардонад, балки ў чахони нав месозад, зебои меофарад ва ба ин восита вучуди худро сайќал медихад. Аз хамин сабаб дар давраи Эхё худуди илм ва фаъолияти амали васеъ мешавад, онхо ба хам мепайванданд. Шахсияти инсон, чахони ботинии ў арзиши бузурге касб мекунад. Хусусиятхои мухими антропосентризми Эхё парастиши зебоии инсон буд. Махз зебоии рўху чисми инсон дар санъати тасвирии ин давра инъикоси худро ёфта, бехтарин шохкорихои санъатро ба вучуд меорад, шохкорихои Ботичели, Леонардо да Винчи, Рафаэл ва ѓ. аз хамин чумлаанд. Дигар чихати антропосентризми ин давра дар он зохир мешавад, ки ба ѓайр аз васфи инсон, шахсияти ў, хусусияти фардии инсон мавриди барраси ќарор гирифтааст. Антропосентризм бо индивидуализм зич пайваст аст, мохият ва хусусиятхои фардии инсонро ифода мекунад. Антропосентризм заминаест, ки ба пантеизми фалсафии натурализми давраи Эхё мебарад. Ваќте дар давраи Эхё муносибат ба табиат, хамчун сохаи ѓайримустаќил мавриди мухокима ќарор мегирифт, тасаввуроти фалсафаи асрхои миёна шарху тафсири нав пайдо мекард. Худо, ки ба таври фавќуттабии тасаввур мешуд, вориди табиат мегардид ва тамоми табиат хислати илохи пайдо мекунад, табиат ба тарзи пантеисти тахќиќ карда мешавад. Пантеизм истилохи юнони буда, ба маънии «хамахудои» аст. Табиат дорои чон, чун мавчуди зинда тасаввур мешавад. Он ягона ва комил аст. Он таќрибан ба мафхуми «афлотунии «чони чахон» наздик буда, ба ин восита онхо ѓояи офаринишро зери шубха мегузоштанд. Мохияти умумии таълимоти фалсафаи Эхёро гуманизм, инсондўсти ва инсонпарвари ташкил медихад. Истилохи «humanitas» (инсонгари) калимаи лотини буда, хамчун истилох онро Ситсерон (106-43 то мелод) истифода бурдааст. Барои ў ин мафхуме буд, ки бахри рушди инсон ба воситаи таълиму тарбия равона шудааст. Фанхои гуманитари низ ба хамин истилох нисбат доранд. Шоир ва файласуф Франческо Петраркаро (1304-1374) асосгузори гуманизм медонанд. Ў дар асари худ «Доир ба чахолати худ ва бисёре аз дигарон» донишмандии асримиёнагиро зери танќид мегирад ва чунин донишмандиро барои даври худ нозарур медонад. Ба фикри ў, мазмуни фалсафа бояд аз илм дар бораи инсон иборат бошад ва фалсафа ба ин кор бояд машѓул шавад, зеро инсон бузургтарин арзиш аст. Гуманизм тарзи фикре аст, ки ѓамхори ба инсонро маќсад ва хадафи инкишофи тамаддун ва чомеа медонад. Фалсафаи давраи Эхё ин хадафи олиро дар маркази таълимоти фалсафии худ ќарор дод. Аз хамин чихат хам, онро фалсафаи гуманизм меноманд. Гуманистони ин давра тарзи нави фахмиши инсонро ба миён гузоштанд, ки ба фаъолияти эчодкоронаи инсон алоќаманд аст. Ба инсон на аз рўи мансубияташ ба гурўхе, балки аз рўи сифатхои шахсияш, фаъолияти босамараш бахо дода мешавад. Петрарка донишмандии схаластикиро зери танќид гирифта, хатто, чахолати худро эътироф карда, чунин донишмандиро бе фоида ва чизи бехуда барои инсони замонаш донистааст. Ба ќавли ў, илм дар бораи инсон бояд мазмуни фалсафаи хаќиќиро ташкил кунад. Нуќтаи хеле баланди фикри гуманистии ин давраро фикри Пико делла Мирандола (1463-1494) дар бораи арзиши воќеии инсон будани озодии ў ташкил дод, ки мутафаккирони ин давра ба он хамрох шуда, инсонро ба Худо наздик карданд. Андешаи ќаробати инсону Худо дар осори Чонатсо Манинити (1396-1472), Марсилио Фичино (1433-1499), Таммазо Кампанелла (1568-1639) ва дигарон ифодаи худро пайдо кардааст. Набояд тасавур кард, ки гуманистхо атеист ё бедин буданд. Онхо хамаашон диндор буда, аз ситоиши инсон ба васфи Худо мегузаштанд. Вале нисбати калисо назари манфи доштанд, яъне чахонбинии гуманистии онхо аќидаи зиддиклерикализмро бо худ хамрох дошт. Зиддиклерикализм (аз лотини anti- зид, clericalis-калисои) аќидае буд, ки бар зидди хукмронии калисо дар чомеа нигаронида шуда буд. Онхо ошкоро аќидахои зиддиклерикалии худро изхор карда метавонистанд, зеро то замони реформатсия калисо онхоро таъќиб намекард. Баъд аз оѓози реформатсия калисо ба хучум гузашта, ба таъќиби озодиашон шурўъ намуд. Норозигии мардум аз калисои католики дар авали асри ХVI ба харакати ислохгарои – реформатсия овард. Харакати реформатсия ба бунёди протенстатизм овард. Рохбари харакати протестанти монахи августини Мартин Лютер (дар Германия 1483-1546) буд, ки бар зидди индулгенсия бо тезисхои эътирози баромад кард. Ў 95 тезис барои барќарории хаќиќат пешниход кард ва онхоро дар дархои калисохои Витенбург 31 октябри соли 1517 часпонд. Дар тезисхо асосан хусусияти ботинии эътиќод на зохири таъкид карда мешуд. Соли 1519 Лютер изхор намуд, ки калисо бе папа низ метавонад вучуд дошта бошад. Ў миёнаравии калисоро дар байни инсон ва Худо рад намуд. Инсон танхо бо имонаш начот ёбад, инро танхо аз рўи рахмату шафќати Худо дарёбад, на ба воситаи хизматхои шахсии папа, авторитети ягон Катибаи Муќаддас дорад. Харакати дигари реформатсиониро Томас Мюнсер рохбари мекард. Ў чанги дехќононро бар зидди зулми калисо ва феодалхо рохбари намуд. Соли 1525 княз тавонист шўриши дехќононро фурў нишонад ва Мюнсерро ба ќатл расонад. Вале ба вучуди ин баъзе князхо реформатсияро дастгири намуданд ва лютеранчигиро ќабул карданд. Соли 1555 «Эътиќоди Аугусбург» ќабул шуд, ки таълимоти Лютерро фаро мегирифт. Соли 1648 ќарордоде ба имзо расид, ки баробархуќуќии католикхо ва пратестантхоро эътироф кард. Лютеранчиѓи холо яке аз равияхои пурќуввату сернуфузи протестантизм аст. Дар Аврупо он дар Германия ва кишвархои Скандинавия равияи аз хама бонуфуз аст. Тарафдорони ин равия таќрибан 80 миллионро нафарро ташкил медиханд (дар охири асри XX). Протестентизм дар Аврупо бо зуди пахн гашт. Дар Шветсария он дар шакли англиканчиги (Уилдрих Свингли (1484-1531) ва калвинизм - Жак Калвин) пахн шуд. Онхо нисбат ба лютеранчиги мохияти иртичоии реформатсияро бехтар ифода карданд. Бисёр маросимхоро Свингли ба тарзи нав маънидод кард. Масалан, дар ѓусли тамъид маросими соддаю одди ба хотири марги Исои Масехро медид. Нон ва шароб рамзи чисм ва хуни Исо шуморида мешавад, хар чомеаи дини рўхониёнашонро худашон интихоб мекунанд. Жак Калвин дар асари худ «Таъкидхо доир ба динни насрони» таълимоти калвинизмро асос гузошт. Дар маркази таълимоти ў таќдир чой дорад. Хеч кас наметавонад таќдири муайянкардаи Худовандро таѓйир дихад. Сарнавишт азали аст. Соли 1536 тарзи хаёти калвини ба ќонун дар Женева табдил ёфт, ки харгуна хашамат, сархуши, бозихо, суруду мусиќиро манъ мекард. Хама чизхои зохири иконхо, либосхои махсус, шамъхо ва ѓ. манъ карда шуданд. Силсиламаротиб (иерархия)-и калисои аз байн бурда шуд. Ба корхои хаёти дини консистория, яъне просвитрхо-воизон машѓул шуданд. Масъалахои халталаби конгрегатсияро мачлиси воизон хал мекард. Пртестантизм дар шакли калвинизм дар Англия низ нуфуз пайдо кард. Калисои протестанти пурра ба шох тобеъ гардид ва соли 1571 парламенти Англия вачхи дини англиканиро ќабул кард. Мутобиќи он шох хокимияти олиро дар калисо дар даст дорад. Харчанд, ки хаќќи рохбарии маросимхои диниро надорад. Дигар равияи протестантизм баптизм аст. Дар оѓози ташкули ин равия баъзе тарафдорони Томас Мюнстер ќарор доштанд ва худро анабаптист (салибкашони нав) меномиданд. Онхо соли 1533 шахри Мюнсерро ба ихтиёри худ гирифтанд, сохти хукмронро мехостанд бархам зананд. Воситахои истехсолотро ба дасти устохо (мастерхо) доданд, заминхоро байни мардум таќсим карданд, чизхои ќиматбахоро барои истифодаи умум аз сохибонашои кашида гирифтанд, пул бекор карда шуд, истеъмолот дар асоси баробари ба рох монда шуд. Баъди 11 мохи мудофиа Мюнстер таслим шуд. Коммунаи анабаптистхо бархам хўрд. Калисои католики бар зидди протестантизм муборизаи беамон мебурд. Аз чумла, дар Франсия шаби 24 августи 1572 куштори омавии калвинистхо (гугенотхо) дар рўзи бахшида ба Варфолемеи Муќаддас ба амал омад. Дар муддати чанд соат дар Париж бештар аз 2 хазор гугенот кушта шуданд ва ду хафта дар тамоми Франсия куштор идома ёфт. Гугенотхо аз Франсия ва Нидерландия гурехтанд. Дар натича дар Англия дар асри XVII баптизм ба вучуд омад. Баптистхо ѓусли тамъиди католикхоро эътироф накарда, аз нав пайравонашро тамъид мекарданд. Аввалин чамоаи онхо соли 1633 пайдо шуд. Масъалаи давлат, назарияхои сиёси дар фалсафаи Эхё маќоми хос пайдо мекунад ва як гурўх файласуфон, махсусан, ба ин масъала машѓул мешаванд. Яке аз хамингуна файласуфон Николо Макиавелли буд, муаллифи асархои машхур «Давлатдор», «Мухокима оид ба дахаи аввали Тит Ливий» мебошад. Ў ба назарияи таќдири асрхоимиёна ѓояи фортунахо, яъне таъсири шароитро илова карда, нишон дод, ки таќдир бар инсон фаќат то ба андозае хукмрон аст, шароит низ таъсир дорад, ки инсон бояд ба шароит мубориза кунад. Барои хамин хам Макиавелли нерўи харакатдихандаи таърих вирту (virtu) –ро хисоб мекард. Вирту аз кўшишу махорат, истеъдоди инсон иборат аст. Сиёсат, ба аќидаи Макиавелли, иродаи озоди инсонро ифода мекунад. Дар он хам сабабхои табии ва хам ќоидахои муфид, ки имконият медихад, равиши ходисахоро муайян карда, ќарори мувофиќ ќабул кард. Макиавелли ба сиёсат на аз нигохи ахлоќ, балки аз нигохи фоида ба чамият менигарист. Реализми воќеии Макиавелли дар нисбати муќаррар намудани шаклхои давлат низ намудор аст. Ў харчанд тарафдори чумхурияти Итолиё бошад хам, аз рўи зарурат шаклхои дигари давлатро низ рад намекард. Ба фикри ў, шахси хукмрон (давлатдор) бояд хусусиятхои хам рўбох ва хам шерро дошта бошад, чун рўбох аз макри ќапќонхо гурезад ва чун шер душманро дар набарди ошкор маѓлуб созад. Ин навъ мухокимахо бисёрихоро ба хулосае оварданд, ки Макиавелли тарафдори салтанат аст ва хадаф воситаро сафед кунад. Яъне фишору зўрии сиёси асоси таълимоти Макиавелли аст. Вале маќсади Макиавелли озод сохтани сиёсат аз ахлоќ бар зидди фишору таадии калисо нигаронида шуда буд. Ў сиёсатро аз сохтакори, бехудагихо озод карда, заминае барои тахлили илмии он эчод намуд ва санъати идоракуниро чузъи сиёсат ќарор дод.(Макиавелли.Государ// Избранные сочинение.-М., 1982, с.373). Назарияи сотсиализми хаёлии Т.Мор ва Томаззо Кампанелла дар таълимоти ичтимои ва фалсафаи таърихи давраи Эхё маќоми хос дорад. Томас Мор (1478-1535) дар асари худ «Утопия» сохти нави ичтимои хаёлиро ба тасвир мегирад, ки дар он адолат ва баробари хукмрон аст ва вобаста ба тасвири ин сохт шароити онрўзаи зиндагии Англияро зери танќид мегирад. Дар ин чазира, ки мехнат на мехнати мачбури, балки хамчун талаботи табиии инсон ќарор гирифтааст, кўтохтарин рўзи кори вучуд дорад ва хама онро софдилона ва барои фоидаи худ ичро мекунанд. Сатхи фархангии ин чазира, ки бо номи рохбарашон Утоп марбут аст, ба андозае баланд аст, ки назираш дар дигар кишвархо мушохида намешавад. Дарачаи маърифатмандиву маълумотнокии бошандагони он низ хеле вусъатнок мебошад. Дар он аз байни худ донишмандон, сафирон, рўхониён, амалдорон ва рохбари давлаташонро интихоб мекунанд. Тасвири сохти нави ичтимои, дар шакли ормони бошад хам, нишон медод, ки чомеаи онрўзаи кишвархои аврупои ба ислохоти чидди ниёз дорад, адолат, баробари, рушди фархангу саноат, бехтар сохтани тарзи зиндагии мардуми одди маќсади ояндаи чомеа ќарор гирад. Томаззо Кампанелла низ дар асари худ «Шахри офтоби» чунин ѓояи хайёлии чамъияти навро тасвир намудааст. Кампанелла доир ба сохахои гуногуни илми замонааш низ асархо эчод кардааст. Ў асоси маърифатро тачриба мехисобад ва усули индуктивиро воситаи пайдо кардани дониши нав медонад. Вале ў дар Аврупо асосан ба туфайли асари худ «Шахри офтоби» шўхрат пайдо кард, ки дар он сохти нави ичтимоии комунистиро васф кардааст. Рохбарии ин чомеаро Офтоб чун файласуф- метафизик бар ўхда дорад ва дар ин кишвари афсонави адолати ичтимои, баробарии хама гурўххои ичтимоии ахоли вучуд дорад. Тасвиру тараннуми чомеаи ормонии адолатпеша дар осори мутафаккирони форсу точик низ сарехан мушохида мешавад. Намунаи он «Искандарнома»-и Низомии Ганчави ва «Хирадномаи Искандари»-и Абдурахмони Чоми аст. Вале дар Аврупо осори Т.Мор ва Кампанелла наќши муассире ба афкори ичтимои –сиёсии он расонид ва заминаи мусоиди назариву амали барои пайдоиши сотсиализми илми фарохам овард. Николаи Кузани ва асли айнияти зиддиятхо. Николаи Кузани (14011-1064) яке аз намояндагони машхури фалсафаи замони Эхё махсуб мешавад. Николаи Кузани ба анъанахои фалсафаи навафлотуниён таваччўх зохир намуда, таълимоти онхоро дар барои вохид таѓйир дод. Агар дар фалсафаи Афлотун ва навафлотуния вохид тавассути ѓайривохид муайян карда шавад ва чун вохил ба касрат, худуд ба бехудуд муќобил гузошта шавад, пас Николаи Кузани аз рўи асли вахдонияти масехи, формулаи атиќаро рад карда нишон медихад, ки ба фардият чизе муќобил нест ва «фард (вохид) хама аст». Ин гуфтахои Н.Кузани ба тезиси масехи низ мувофиќ нест, зеро масехият махлуќро аз холиќ (Худо) фарќ мекунонад, ки бо навафлотуния низ мувофиќ нест. Чунки навафлотуния хеч гох «фардро ба хама» як намедонист. Аз рўи аќидаи он, ки фард зидди худро надорад, Николаи Кузани хулоса мебарорад, ки он ба «беинтихо», «бехудуд» айният дорад. «Беинтихо» чизе аст, ки аз он бештар чизе нест, пас «беинтихо-максимум ва фард минимум» аст. Хамин тавр, ў принсипи айнияти ба хамзидхо (cincidentiu oppositarum) максимум ва минимумро асос гузошт ва ин аќидаро дар мисоли доира ва секунча исбот кард. Масалан, агар яке аз тарафхои секунча беохир бошад, пас дуи дигари он низ беохир мешавад. Аз ин чо айният доштани бахамзидхо асли мухими фалсафаи Николаи Кузани мегардад. Таълимоти Николаи Кузани дар бораи бенитихо будани кайхон аќоиди диниро оид ба кайхон зери шубха ќарор дод. Худо дар фалсафаи Николаи Кузани чун максимуми мутлаќ тасаввур мешавад, ки ў берун аз олам вучуд надошта дар вахдат бо он ќарор дорад. Худо хама чизро ба худ гирифта, оламро дар худ нигох медорад. Аз таносуби Худо ва олам метавон фалсафаи Н.Кузаниро хамчун пантеизм (аз лотини рan-хама Тeоs-Худо) донист. Ба аќидаи Николаи Кузани, олам берун аз Худо вучуди мустаќил надорад ва он комилан ба Худо вобаста аст. Олам «дар хама чо марказ дорад, вале дар хеч кучо худуд надорад, зеро худуд ва маркази олам Худо аст, ки дар хама чо ва дар хеч кучо нест». Олам беинтихо нест, агар беинтихо мешуд, ба Худо баробар мегашт, вале онро боинтихо низ наметавон тассавур кард, зеро худуде, ки бо он баста гардад ва охир шавад, вучуд надорад.2 Николаи Кузани заминро дар харакат медонад. Ў тасаввуроти анъанавиро то андозае халалдор сохта, барои кам шудани таъсири тасаввуроти диннии кайхон мусоидат намуд. Натурфалсафаи Эхё. Ба чуз Николаи Кузани дар манзараи олам ва назарияи фалсафии табиат осори файласуфон Пиратселе (1493-1541), Бернардио Телезио (1509-1588), Франческо Патритси (1524-1597), Чордано Бруно (1548-1600) наќши баѓоят бузург гузоштанд. Махсусан, дар осори Чордано Бруно натурфалсафа инкишофи бештар касб кард. Асоси таълимоти космологии Чордано Бруноро ѓояи беинтихои кайхон ташкил медихад. Ў дар аќидахои худ оид ба кайхони бехудуд ва космосентиризм на фаќат ба Н.Кузани, балки ба Николай Коперник (1473-1543) низ такя мекард. Николай Коперник дар асоси принсипи нисбият низоми нави астрономиро асоснок намуд. Мувофиќи ин низом маркази системаи офтоби на замин, балки офтоб буда, дигар саёрахо дар атрофи он давр мезананд. Аз хамин чо, маънии гелиосентризм офтобмехвар аст. Коперник тасаввуроти анъанави, аз чумла физика ва космологияи аристотелиро ба кулли таѓйир медихад. Ў нишон дод, ки замин дар атрофи мехвари худ ва офтоб давр зада, он саёраи чандон бузург нест. Кайхон бошад бехудуд аст. Бруно кайхони бехудудро бо Худои бехудуд айният дода, худуди байни офаридгор ва махлуќро аз байн мебарад. Бруно ба табиат он чизеро, ки дар асрхои миёна ба Худо нисбат медоданд, инчунин фаъолиро низ ба табиат медихад. Ў дар ибтидо фаъолиро ба модда, ки дар фалсафаи арастуи ѓайрифаъол тасаввур мешуд, интиќол медихад. Табиат, ба аќидаи Бруно, Худо дар чизхост. Ў бехудудии кайхонро эътироф карда худро, фарзанди кайхони бехудуд медонист. Маълум аст, ки баъдтар калисо аќидахои Бруноро бидъат эълон карда, аз ў талаб намуд, ки аз аќоидаш даст кашад. Фйласуф ин дастурро напазируфта маргро афзалтар донист ва дар хиёбони Гулистонбоѓи Рим бо амри инкивизитсия дар ќурраи оташ сўзонида шуд. Метавон гуфт, ки таълимоти Бруно дарачаи олии инкишофи тасаввуроти пантеистии давраи Эхё мебошад. Фалсафаи давраи Эхё заминахои мусоид барои табиатшиносии тачрибави, пайдоиши механикаи Нютон ва фалсафаи асрхои XVII-XVIII фарохам овард. |