Главная страница
Навигация по странице:

  • Тахаввули тасаввурот оид ба фанни фалсафа.

  • Мафхуми чахонбини, чихатхо, зинахо ва шаклхои таърихии он.

  • Сохтори фалсафа.

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница2 из 41
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   41

    БОБИ 1. МУЌАДДИМА. ФАЛСАФА: ДОИРАИ ПРОБЛЕМАХО ВА НАЌШХОИ МУБРАМИ ТАЪРИХИВУ МУОСИРИ ОН ДАР ЧОМЕА



    Тахаввули тасаввурот оид ба фанни фалсафа. Фалсафа хамчун шакли фаъолияти маънави ба гузоришу тахќиќ ва халли мухимтарин масъалахои чахонбини нигаронида шуда, хадафи нихоийи он кор кардан ва ба танзим даровардани дониши мукаммал дар бораи инсон ва чахон мебошад.

    Пайдоиши фалсафа хамчун шакли махсуси фаъолияти маънави таќрибан ба ибтидои хазорсолаи якуми ќабл аз мелод рост меояд. Аввалин бор истилохи «фалсафа»-ро мутафаккири Юнони бостони Пифагор (миёнахои асри VI то мелод) ба кор бурдааст. Аммо таърифи нахустини нисбатан муфассал ва даќиќи ин мафхум ба ќалами Афлотун тааллуќ дорад. Афлотун зимни шарх додани мафхуми фалсафа, инчунин тафовути мазмунии ин мафхумро аз ду мафхуми дигари бо он аз лихози маъно хеле наздик, яъне аз «дониш» ва «хирад» ба таври возех нишон додааст. Хамчунин дар тахќиќу маънидод кардани мазмуну мундаричаи мафхуми фалсафа олими дигари Юнони бостони – Арасту низ сахми бузург гузоштааст.

    То замони Афлотун ва Арасту фалсафа ѓолибан аз донишхое иборат буд, ки онхоро одамон дар мактаби хаёт ва тачрибаи рўзгор андўхта фарохам оварда буданд. Ин донишхо хеле мармузу номуназзам буданд ва дар шакли бадеи, ба таври хеле образнок ифода меёфтанд. Аз замони Афлотуну Арасту сар карда тадричан дар фалсафа чои донишхои шаклан образноку бадеи (асотири)-ро донишхое мегиранд, ки шакли ифодаи онхо бо мохияташон, яъне бо шакли мантиќиашон мувофиќ буд. Аммо, новобаста аз ин таѓйирот, услубхои мармуз ва бадеиву образноки ифодаи мазмуни донишу тачрибахо, на танхо тўлони дар фалсафа боќи монданд, балки дар як бахши бузурги фалсафаи муосир, яъне фалсафаи Шарќ ханўз хам ба сифати услубхои хукмрон наќш мебозанд.

    Бояд хотиррасон намуд, ки фалсафа асосан вобаста аз рўи се таъиноташ бештар мавриди истифода ќарор мегирад: а) фалсафа хамчун чахонбини; б) фалсафа хамчун илм; в) фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти. Ин чанбахои зухурёбии донишхои фалсафи дар шакли «соф» муќаррар набуда, балки хамдигарро печидаанд. Дар сатхи илми-маърифати зарурати фарќ кардани ин чанбахо мувофиќи матлаб аст.

    Мафхуми чахонбини, чихатхо, зинахо ва шаклхои таърихии он. Истилохи «чахонбини» дар мархилаи таърихии Замони Нави Аврупои ѓарби пайдо шуда, ба фалсафа аз нимаи дуюми асри XIX ворид гашта, мавриди истифодаи васеъ ќарор гирифт.1

    Чахонбини хамчун мафхуми фалсафи мачмўи аќидахои умуми рочеъ ба воќеият, табиат, чамъият, маќоми инсон дар чомеа ва тазохури аќидахои мазкур дар рафтору амалиёти одамонро ифода мекунад.2

    Аз ин рў, чахонбини барои хамагуна маслак, афкори ичтимои, дини, фалсафи, сиёси ва хуќуќи хамчун зерниход хизмат мекунад. Ин зерниход ду сатх ё чихат дорад: яке хисси-равони ва дигаре маърифати-аќлист. Чихати хиссиву равонии чахонбини рўхияву хиссиёти инсонро ба хадаф гирифта, дар он хурсанди, рўхбаланди, саодатманди, маъюси, рўхафтодаги ва ѓ.-ро ба вучуд меоварад.Чихати маърифативу аќлии чахонбини бошад, дар шакли донишхо ва арзишхо ба идроку аќли инсон нигаронида шуда, онро тасхир мекунад ва робита бо эхсосу иродаи худи инсон дар шуури ў дар шакли эътиќод наќш мебандад.

    Инчунин чахонбини омили мухими бамиёноварандаю муайянкунандаи сифати ахлоќ ва муносибати инсон бо хаёт, бо талаботу ниёзхои гуногуни нафси худ, бо хамчинсон, бо мехнат, бо илму дониш, бо дину давлат ва дигар падидахои хаётии ў низ мебошад.

    Хамин тариќ, мачмўи хамагуна бинишу нигариш ба олам, ба хаводиси табиат ва чамъият, назария ва дидхои фалсафи, ичтимоиву сиёси, ахлоќиву зебоишиноси, илми аз чахонбини маншаъ гирифта, онро ифода мекунад.

    Чахонбини дар се зинаи ба хам алоќаманду пайванди назариву амалии шинохти маънавии робитахои дохилии табиат, чамъият ва инсон ташаккул меёбад ва амал мекунад, ки инхо зинахои: 1) маърифат ё шинохт (худшиноси, чахон­шиноси), 2) арзёби, 3) натичагири (ѓоягири, идеология) мебошанд. Бисёр хусусиятхои чамъиятиву таърихи, навъхои гуногун ва таркиби чахонбини инсон махз дар хамин зинахои шинохти олам ва раванди маърифати маънавии он ошкор мегарданд.

    Хусусияти мухими чахонбини аз он иборат аст, ки он сатхи олии худидоракунии инсони чамъияти буда тамоми фаъолияти маънавию амалии ўро фаро мегирад.

    Дар чахонбини шинохти воќеият, инъикоси он аз мавќеи хостхо, хадафхо ва ормонхои субъект сурат мегирад. Чахонбинии инсон ифодакунандаи вахдати дониш, арзёби ва ѓоятпазирии ў мебошад. Ин падидаи махсуси шуури инсон аст, ки ба хеч яке аз шаклхои шуури чамъияти, аз чумла фалсафа айният надорад. Илму хунар, адабиёт, фалсафа, ахлоќ, инсон, чамъият, табиат ва хатто хасти хангоме маъни пайдо мекунанду чихат мегиранд, ки бар асос ва муттакои як чахонбини устувор бошанд ва бо меъёрхои он санчида шаванд.

    Дар раванди инкишофи таърихии фарханги башари, ки дар такомули худшиноси ва чахоншиноси пайдарпай, аз насл ба насл ва давра ба давра сурат мегирад, чахонбини низ аз лихози хачм, сифат ва сатх такмил меёбад. Чахонбини дар оѓози пайдоиши худ эътиќодеро ифода мекунад, ки дар заминаи тахлил ва арзёбии аввалин донишхои хосилшуда рочеъ ба мохияти хасти дар шуур инъикос меёбад. Ин гуна донишхоро асотир (мифология) меноманд. Чахонбинии асотири инъикоси афсонавию хаётии мохияти хасти мебошад. Ин чахонбини хоси инсонест, ки ў ханўз чун тифли кўчак дар оѓўшу парвариши модаронаи табиат беѓаму бепарво ва бедарду беташвиши аёми балоѓат мезияд. Инсони асотири (примитиви) мисли инсони мутамаддину муосир азоби рўхи намекашад. Чунки ў, ба ќавли Гегел, «рўхи мустаќил ва озоди инсони» надорад. Ў ханўз инсони табии ва чамъиятист. Вобаста аз ин хусусиятхои чахонбинии асотири чамъияти инсони низ аз ќайду басти ќонунхои табиат озод нест. Ин чомеа мисли «галаи бешўбон» аст. Ќонунхои хукмрони зиндаги бар он чомеа махсули шуур ва тафаккури чамъияти нест, балки ин ќонунхоро табиат ба «аќли хайвони» ва бетафовути инсону чомеаи асотири ироа мекунад.

    Эътиќоди чахонбинии чунин инсонро барои он асотири номидаанд, ки он чахонбини аз нигохи мантиќи –илми асоси воќеи надорад, инъикоси дурусти мохияти хасти нест. Он махсули тахайюлоти бофтаи ноби инсон, ки дар бораи ончи бояд бошад ва ончи хаст, мебошад.

    Инсони асотири дар муносибат бо худу хамрохонаш ва мухити атроф дар маърифати онхо танхо олатхои хис ва идрокро ба кор мебарад ва бо таъсири онхо тибќи ниёз­мандихои аќли хайвонии худ муносибат мекунад. Барои ў хатову савоб, неку бад, росту дурўѓ ошкор нест. Чунки зътиќоди инсони асотири эътиќоди бетафовути фарќият­нопазири ў хамчун як хайвони табии мебошад. Вай хуќуќи озоди надорад, чунки дорои шуури сайќалёфта нест.

    Чахонбинии дини –ин эътиќоди инсонист, ки мохияти фавќуттабиати доштани асрори он чи хаст ва он чи бояд бошадро ифода мекунад. Бо тавассути чунин эътиќод инсон ба маърифати худ ва чахон на аз чашми сар, ки махлуќу зохирбин аст, балки аз мавќеи рўхи бошуури инсон, рўхе ки аслан аз хок нест, мепардозад.

    Хамин тавр, вижагихои чахонбини ва дониши фалсафиро муайян карда, зимнан дарк кардан мумкин аст, ки чахонбинии фалсафи, баъдан, фанни фалсафа ва доираи мавзўъхои он, дар раванди тўлонии тадричан бартараф шудани махдудиятхое ташаккул ёфтааст, ки он махдудиятхо ба чахонбинии асотири ва дини-табии (анимизм, тотемизм, политеизм ва ѓ.) хос буданд. Сониян, набояд фаромўш кард, ки донишхои фалсафи худ ба худ ё ба таври стихияви пайдо нашуда, балки дар натичаи кўшишу фаъолияти муназзами илмиву маърифати фарохам оварда мешуданд. Хадафи фалсафа, дар бартари аз асотир, анимизм, тотемизм, политеизм ва дигар шаклхои бостонии чахонбини, ба омўзишу тафсири озодонаву танќидии олам ва хаёти инсон нигаронида шуда буд. Агар дар асотир ва динхои табии вижагии антропоморфизм (ба ачсому падидахои табии нисбат додани феълу сифатхои инсони) хос бошад, дар фалсафа, баръакс, олам хамчун як майдони амали ќуввахои айнии ѓайриинсони ва ѓайришахси маънидод карда мешуд.

    Дигар бартарияти чахонбинии фалсафи аз дигар анвоъи зикршудаи чахонбинии асотири аз он иборат аст, ки, чахонбинии фалсафи бо бурхони аќливу мантиќи мучаххаз буда, дар заминаи шинохти назариявии воќеият асос меёбад, чахонбинии асотири бошад, танхо бар пояи маърифати мушохидавию тачрибавии воќеият устувор аст. Яъне хар он чизе ки инсони ќадим ба василаи чашми худ медид ва онро дар хаёти рўзмаррааш воќеан мушохида мекарду ба кор мебурд - асоситарин хусусияти чахонбинии асотирист.

    Фалсафа хамчун чавхари назариявии чахонбини аст.

    Умуман маънои луѓавии фалсафа хикматдўсти мебошад. Чавхари хикмати фалсафи иборат аз он аст, ки мохияти асливу хаќиќии мавчудияти равандхо, нахустсабабхо ва ќонуниятхои инкишофи олам дарёфт шавад. Арасту ќайд кардааст, ки «фалсафа ба ошкор сохтани нахустсабабу нахустасос равона карда шудааст, файласуф бошад-ин хамон кас аст, ки метавонад ошкор кардани сабабхоро хубтар омўзонад».

    Фалсафа хамчун замонаи дар андешахо фарогирифта (К.Маркс) фахмида мешавад ва онро барои он арчгузори мекунанд, ки хамчун мактаби инкишофи тафаккури назарияви баромад мекунад. Масъулияти файласуф – таваччўх зохир кардан ба хаводиси замона, фахмида гирифтани шароити номуайян ва муайян кардани ќонуниятхои падидахо бавуќўъоянда мебошад. Бинобар ин, дар бораи фалсафа мегўянд, ки он мохияти маънавии замони худ мебошад. Фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти ба коркарди аќидаи комил дар бораи олам ва мавќеи инсон дар он равона шудааст.

    Фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти ба саволхои: олам аз рўи табиати худ чи гуна аст; оё чизи умумие вучуд дорад, ки ба хамаи ашёву падидахои воќеи хос бошад ва агар ин гуна чизи умуми мавчуд бошад, пас хаќиќат чист? ва ѓ. чавоб медихад. Мохияти хаќиќии масоили фалсафа хам аз гузориши хамин саволхо бармеоянд. Масъалахои фалсафи – муносибати инсон ба олам, маќому рисолати ў дар он, чигунагии донисташавандагии олам, амалу фаъолияти инсон дар олам ва ѓ. мебошад.

    Аз ин чост, ки фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти вазифаи нихоят мухим – вазифаи худшиносии ичтимоиро ба чо меорад.

    Яке аз хусусиятхои назарраси фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти аз он иборат аст, ки хаќиќатро меомўзад ва маърифат мекунад. Оё масъалаи маърифат ба хаќиќат иртиботе дорад ё онхо масъалахои гуногунанд? Вобаста ба ин савол бояд гуфт, ки хаќиќат ва маърифат ду пахлўи хамон як масъала – масъалаи гносеологи ё донисташавандагии олам мебошад. Хаќиќатро фаќат ба василаи маърифат ошкор сохтану дарёфтан мумкин аст. Фалсафа хеч гох дар тамоми давру замон аз ошкор сохтани хаќиќат сарпечи намекард. Барои файласуфон донистани хаќиќат хама ваќт маънои ба даст овардани донишхои воќеи дар бораи хастии олам ва инсон, маќсади хаёт, хадафхои инсон, мохияти бадию неки ва ѓ.-ро дорад.

    Барои он ки фалсафа мунсибатхои куллии инсониро ба олам ва оламро ба инсон омўзад, робитаи байни шуур ва хастиро дарк намуда, ба саволхои рўзмарра чавоб гардонад, ба он лозим аст, ки усул ё методи махсуси маърифати худро кор карда барояд. Ин метод тафаккури назариявиест, ки табаќ­бандии назарияви, хулосахои мантиќию ратсионали, хулоса­барорию ќиёси падидахои гуногун ва чустучўи равобити онхоро дар бар мегирад.

    Дигар хусусияти мухими фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти аз он иборат аст, ки он чахонбинист. Доир ба хасоиси асосии чахонбинии фалсафи ќаблан дар хамин мавзўъ маълумот дода будем.

    Фалсафа хамчун шакли шуури чамъияти бо илм робитаи чудонопазир дорад. Донишхои илмию фалсафи мураттаб ва мутасл буда, хар як нуќоти онхо мантиќан аз мохияти дигар нуќоташон сар мезанад. Хам донишхои илми ва хам донишхои фалсафи дорои бурхони ќотеъ буда, собитшавандаанд. Ин донишхо на ба эътиќоду тасаввуроти ошкоро, на ба табъу эхсосот, балки ба далоилу бурхони мантиќиву асоснок такя мекунанд. Фалсафа ва илм барои дарёфту ошкор сохтани хаќиќат пайваста чахду талош мекунад. Аз ин гуфта бармеояд, ки миёни онхо робитаи узвию чудонопазир мавчуд аст.

    Дар айни замон, донишхои фалсафи хусусиятхои хоси худро доранд, ки онхоро ягон илми дигар доро нест. Он дар баробари ичрои мухимтарин вазифахо, аз ќабили чамъбастгардони, муттахидсозии донишхои мухталиф, кашфи ќонуниятхои умумитарин, муайян намудани робитамандии олами хасти,маќоми назариявии фалсафа ва ѓ. имконият медихад, ки он вазифаи пешгўикуни ё эвристики яъне пешниходи фарзияхои пешаки рочеъ ба принсипхои умуми, тамоили инкишоф, инчунин тахминхои пешаки дар бораи падидахои мушаххаси олам, ки ханўз бо усулхои махсуси илми омўхта нашудаанд, ичро намояд. Ин ба фалсафа имконият медихад, ки норасоиву иштибохоти маърифатии манзараи оламро рафъ созад. Фалсафа ин камбудихоро ба василаи тафаккури мантиќи ислох ва пурра мегардонад.

    Муносибатҳои маърифатӣ, арзишӣ, ахлоќӣ ва эстетикии инсон ба олам, ки аз гуфтаҳои боло бармеоянд, фалсафа меомўзад. Фанни фалсафа «муносибати инсон-олам мебошад, ки аз нуќтаи назарҳои гуногун барраси шудааст. Ҳам олам ва ҳам инсон таѓйир меёбанд, бинобар ин, фаҳмиши фанни фалсафа падидаи мушаххаси – таърихӣ мебошад.

    Аз чунин фаҳмиши фалсафа таъиноти замонавӣ ва робитаи он бо ҳаёт, эҷоди манзараи ҳаќќонии замона ва дарки маънову моҳияти ҳастӣ бармеояд.

    Ҳамчунин фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бо муносибатҳои ҷамъиятӣ низ робитаманд аст. Зеро фалсафа чӣ аз ҷиҳати пайдоиш ва чӣ аз рўи таъиноташ ба муносибатҳои ҷамъиятии инсону башарият, ба воќеияту муносибатҳои байни одамон алоќаи канданашаванда дорад. Ба муносибати инсон ба олами беруна ва дарки маърифатию диалектикии ҷамъият низ сарукор дорад. Чунки муносибати эҷодӣ ба олам метавонад танҳо ҳамчун муносибати иҷтимоӣ ба хубӣ дарк карда шавад.

    Фалсафа дар тўли таърихи мавҷудияти худ чор марҳилаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст. Дар марҳилаи аввал – Давраи Ќадим (асрхои VI то мелод – III мелодӣ) масъалаи асосии мавриди назари файласуфонро кайҳон ва асрори пайдоиши он ташкил медод. Бинобар ҳамин фалсафаи давраи ќадим, хусусан, мактаби фалсафии Миллети Юнони Бостонро фалсафаи космосентрӣ (кайҳонмарказӣ) меноманд. Намоян­дагони бузургтарини фалсафа дар аҳди бостон – Фалес ва Гераклит, Левкипп ва Демокрит, Суќрот, Афлотун, Арасту, ҳамчунин, мактабҳои қалбиён, эпикуриҳо, равоќиён, шак­кокиён ва навафлотуния ба шумор мераванд. Дар марҳилаи дуввуми ташаккули фалсафа – Асрҳои Миёна (асрхои IV-XIV мелоди) масъалаи асосии фалсафа – шинохти Худо мебошад, бинобар ҳамин фалсафаи асримиёнагиро фалсафаи теосентрӣ (Худомарказӣ) меноманд. Ин марҳила, алалхусус, марҳилаи рушди бесобиќаи фалсафаи илоҳиётшиносӣ, илмҳои шаръи, ирфону адаб ва дигар илмҳо ба шумор меравад. Марҳилаи саввуми ташаккули фалсафа, ки дар тўли он масъалаи асосии фалсафа инсон ва ҷомеа маҳсуб мешуд, Замони Нав (асрхои XY-XIX)-ро дар бар мегирад. Ниҳоят, аз асри XX сар карда то замони ҷори марҳилаи чаҳоруми ташаккули фалсафа идома дорад, ки мавзўи асосии таҳќиќоти онро проблемаи забон, алалхусус, забони илм ташкил медиҳад.

    Нахустин мактаби фалсафи, ки дар Юнони Қадим ташаккул ёфтааст, фалсафаи табиат (натурфилософия) мебошад. Машҳуртарин намояндагони ин мактаб Фалес, Гераклит, Левкипп, Демокрит ва Пифагор мебошанд. Фалес ва Гераклитро масъалаи мабдаъи моддии олам ба худ ҷалб намуда буд ва онҳо он мабдаъро моддӣ мешумориданд. Левкипп ва Демокрит аввалин бунёдгузорони назарияи атомистӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо атомҳо (хурдтарин заррачаҳои таќсимнопазир)-ро нахусаносири олами моддӣ мепиндоштанд. Пифагор ва шогирдони ўро бошад, ҷиҳати миқдории масъалаи пайдоиш ва инкишофи олами моддӣ ба худ саргарм намуда, онҳоро ба кушодани муаммои ададҳо машѓул медошт.

    Мактаби дигари фалсафии Юнони ќадим – мактаби аќлгароӣ мебошад, ки маъруфтарин намояндагони он Суќрот, Афлотун ва Арасту мебошанд. Суќрот ва Афлотун асосгузорони фалсафаи идеалистӣ маҳсуб мешаванд ва нахустин бор дар таърихи фалсафа таълимот дар бораи идеяро кор карда баромадаанд. Арасту бошад, бунёдгузори материализми метафизикӣ ва мантиќи шаклӣ мебошад. Муҳимтарин маќулаи низоми фалсафии Арасту – маќулаи шакл аст.

    Чаҳор мактаби дигари фалсафаи замони бостон дар давраи эллинистӣ ташаккул ёфтаанд. Ин мактабҳо –мактабҳои қалбиён, эпикуриён, равоќиён ва шаккокиён буданд. Масъалаи асосии фалсафаи қалбиёнро – масъалаи худкифоягии инсон, масъалаи асосии мавриди баҳси Эпикур ва пайравони ўро – таносуб ва айнияти миёни хушбахтӣ ва лаззати зиндагӣ, масъалаи асосии мавриди назари равоќиёнро – инсон ва сарнавишти кайҳонии ў, ҷавҳари таълимоти шаккокиёнро бошад, таълимот дар бораи фазилати хомўшӣ ё сукути хирадмандона ташкил медоданд.

    Охирин мактаби фалсафии замони бостон – мактаби навафлотуния мебошад, ки маѓзи таълимоти онро ѓояи ваҳдати вуҷуд ва аќида дар бораи силсиламаротиби ҳастӣ ташкил медиҳад.

    Фалсафа дар асрҳои Миёна асосан дар ду минтаќаи бузурги чуѓрофиёи – Аврупои насронӣ ва Шарќи исломӣ рушд менамуд. Дар ин давра фалсафа дар Аврупо ду давраи инкишофро тай намудааст: 1) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи мадраси (схоластики), рушди миститсизм, илму хикмат ва донишу эътиќодхои дини. Машхуртарин намояндаи ин давра Августини Муќаддас мебошад; 2) давраи рушди муносибати мўътадилонаи байни имон ва аќл. Намояндаи маъруфи ин давра Фомаи Аквини мебошад. Чи тавре ки ќаблан зикр кардем, масъалаи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупо – масъалаи маърифати Худо, ѓояхои асосии он бошад – яккахудои (монотеизм), офариниши олам (креатсионизм), имон ба Худо, ишќи илохи, умеди начот, иродаи нек, вичдони пок, одамияту нексиришти ва амсоли онхо ташкил медоданд.

    Дар давраи мазкур фалсафа дар Шарќи исломӣ низ роҳи мураккаб ва пуршебу фарозеро тай намудааст. Низоми фалсафи, доираи мавзўъ, масъалахо ва умуман мазмуну мундаричаи афкори фалсафии Шарќи исломи нисбат ба фалсафаи асримиёнагии Аврупо хеле бой ва рангинтар буд. Барои исботи ин фикр фаќат як сайри кўтох ба таърихи афкори илмиву фалсафии форсу точик дар давраи салтанати Сомониён кофист.

    Таърихи ташаккулу такомули афкори илмиву фалсафии форсу точик дар давраи салтанати Сомониён ва баъди онхо дар адабиёти илми то хадди назаррас мавриди тахќиќу барраси ќарор гирифтааст. Бисёр мухаќќиќон мунсифона ин давраро хамчун даврони тиллоии инкишофи илму фарханг дар Хуросону Мовароуннахр тавсиф кардаанд. Пуштибониву ѓамхории амирони Сомони, аз як тараф, тарѓибу ташвиќи мучаддади илму хикмат дар китоби муќаддаси дини мубини ислом ва хадисхои Паёмбари он, аз тарафи дигар, барои тавсиъа ва рушди хамачонибаи илму фарханг тамоми шароиту авомили созандаро фарохам оварда буданд. Ба раванди ташаккулёбии илму фалсафаи исломии форсу точик густариши забони араби дар хавзахои интишори забони форси – точики низ таъсири самароваре дошт: мутафаккирону олимони форсу точик, аз чумла Абўали ибн Сино, махз ба тавассути забони араби бо осори фалсафи, тибби, дидактикиву адабии юнонихо, хиндихо, суриёнхо ва дигар халќиятхои бостони шинос шуда ва аз онхо бахрабардори кардаанд. Гузашта аз ин, хатто шиносоии олимону мутафаккирони форсу точик бо осори пахлави ва таъсирпазирии онхо аз анъанахои илмии даврони Сосониён низ ба воситаи забони араби сурат мегирифт.

    Мархилаи асосии ташаккули фалсафаи асримиёнагии форсу точик аз замони таълифи «Донишнома» оѓоз меёбад. Ибни Сино бо навиштани ин асари мукаммали фалсафи бори аввал асоси илохиётнигориро дар услуби забони форси – точики татбиќ карда, тамоюлоти ташаккули лексикаи онро ба воситаи истилохоти араби муайян кард. Ин ибткору иќдоми Ибни Сино хеле созанда буд, зеро дар пояи лексикаи арабии ба забони форси – точики воридгардида рохро барои забони фалсафаи форсу точик боз кард. Истилохоти бешумори илми ва фалсафие, ки Ибни Сино матрах карда буд, дар рушди минбаъдаи афкори илмиву фалсафии форсу точик наќши арзандаву мусбатеро бозидаанд ва ханўз хам забони илм ва фалсафаи форсу точик аз истифодаи онхо бархўрдор аст. Аз чумлаи ин иќтибосот чунин истилохоти холо хам дар фалсафаи точику форс маъмулро зикр кардан мумкин аст: ќазия, муќаддима, арўз, араз, хитоба, шеър, муѓолата, тамсил, толи, муќаддам, изофа, хамли, мавзўъ, мобаъдаттабиъа, фалсафа, хикмат ва ѓ.

    Гуфтан мумкин аст, ки рушди илму фалсафаи форсу точик баъди таназзули давлати Сомониён низ дар Хуросону Мовароуннахр бедаранг идома ёфта, танхо баъди ба истилои муѓулхо гирифтор шудани ин сарзамин ба бўхрону таназзул мубтало гаштааст. Чуноне ки мадракоти таърихи шаходат медиханд, аз замони салатанати Сомониён то истилои муѓулхо, яъне дар давраи салтанати сулолахои турктабори Ѓазнавиён, Салчуќиён ва Хоразмшохиён, хаёту фаъолияти илмиву фарханги дар Хуросону Мовароуннахр ба таври муттасилона чараён дошт. Аз осори пурарзиши дар ин даврахо навишташуда осори дини – фалсафи ва ашъори пурхикмати Носири Хусрав (1004 – 1088), асархои фалсафии Афзалиддини Кошони (нимаи дуввуми а. XII – авали а. XIII) аз ќабили «Созу перояи шохони пурмоя», «Ал-муфид ли-л-мустафид», «Таърихи Байхаќи» - и бузугтарин муаррихи давраи Ѓазнавиён – Абулфазли Байхаќи (995 – 1077), «Cиёсатнома» - и Абўали Хасан ибни Али ибни Исхоќ, мулаќќаб ба «Низомулмулк» - вазири донишманди дарбори Салчуќиён дар боби давлатдори ва сиёсатшиноси, «Хадоиќ – ус – сехр» - и Рашидаддини Ватвот дар назмшиноси, «Маќомоти Хамиди» - и Хамидаддини Балхи дар адабиётшиноси, «Чахор маќола» - и Низомии Арўзии Самарќанди ва «Синдбоднома» - и Захирии Самарќанди дар боби фархангшиноси, «Кимиёи саодат» - и Абўхомид Мухаммади Ѓазоли (1958 – 1111) дар боби ирфон ва тасаввуф, ё ин ки асари дахчилдаи тиббии Зайниддин Исмоили Чурчони (ваф. 1135/1137) бо номи «Захираи Хоразмшохи», инчунин, асархои ба сарфу нахв бахшидашудаи Абулќосим Махмуд Замахшарии Рози (1074 - 1143) ва Абўбакр Абдулќохир ибни Абдуррахмони Чурчони ва амсоли онхоро ном бурдан мумкин аст.

    Як хусусияти бисёр хам чолиби забони илму фалсафаи асримиёнагии форсу точик ин буд, ки он дар ду ќолаб – ќолаби манзуми шеъри ва ќолаби мансури мантиќи ташаккул ёфта, нобиѓахои илми форсу точик дар хардуи ин ќолабхо маънихои фаровонеро рочеъ ба мохияти мавчудоту падидахои олами моддиву маънави тасвир карда тавонистаанд. Баъди истилои муѓулхо фаъолияти олимони точик дар самти кашфи асрори олами модди аз сабаби инќирози шароитхои сиёсиву ичтимои ва иќтисоди, хамчунин аз сабаби ба инкишофи улуму фунуни табиатшиноси майл надоштани хокимони аз фарханг фарсаххо дури муѓулнажод рў ба инќироз ниход. Вале фаъолият дар кашфи мохияти табиати равонии инсон, ки то хадде бо шароити моддиву иќтисоди вобаста нест, мисли пештара идома ёфта, дар ин чода мутафаккирони форсу точик ба дастовардхои оламшумул ноил гаштанд. Аз ќабили ин гуна дастовардхо - рубоиёти фалсафии Умари Хайём, ѓазалиёти Хоча Хофиз, «Гулистон» - и Саъди, «Маснавии маънави» - и Чалолуддини Руми, ашъори ирфонии Абдулќодири Бедил буда метавонанд, ки дар тўли асрхо аќлу дили оламиёнро тасхир карда меоянд.

    Ба хамин тариќ, метавон гуфт, ки инќирози хаёти илмиву фарханги дар Шарќи асримиёнагии исломи, бархилофи аќидахои дар байни аѓлаби мухаќќиќон роич бо таълимоти исломи ноб, идеологияи мазхаби ханафи ва чараёнхои эътидолии ирфон ва тасаввуф, аз чумла бо идеологияи тариќати наќшбандия, ки дар шуур ва чахонбинии мардуми точик асрхои аср инчониб хукмрони мекунанд, аслан хеч гуна робитае надорад. Баръакс, хамаи ин омилхо инсонро ба кашфи асрори табиат, ба тасхир ва идораи оќилонаи олам хидоят мекунанд. Як нуктаи дигари мухимро низ набояд фаромўш кард, ки дар Асрхои Миёна инќирози илмхои табиатшиноси танхо махдуди чахони исломи набуда, балки тамоми чахонро фаро гирифта буд. Бинобар хамин сабаби ин инќирозро дар дигар омилхо чустан лозим аст.

    Чои шак нест, ки яке аз омилхои асосии инќирози фалсафаи аќлони ва илмхои табиатшиноси дар чахони исломи - махз гирифтории сарзаминхои исломи ба чанголи муѓулхои сахронишин буд.

    Омили дигари инќирози фалсафаи аќлони ва илмхои табиатшиноси дар Шарќи исломи ва умуман дар чахони асримиёнаги – адами усулхои даќиќу тачрибапазири омўзиши ќавонини табиат ва маърифати олами модди мебошад. Махз кашфу татбиќи чунин усулхои даќиќи омўзишу маърифати олами табии, ки дар оѓози Замони Нав ба олимони ѓарби даст дода буд, барои илмхои табиатшиносиро аз вартаи инќироз начот додан ва рох кушодан ба инќилобу кашфиётхои нав ба нави илмиву техники шароит фарохам овардааст.

    Дар хаќиќат, имконияти рахо кардани илмхои табиатшиноси ва риёзи аз бўхрони чандсадсолаи асримиёнаги аз асри XVII, баъди кашфи мантиќи риёзи, ё ин ки коркарди усулхои нави тахќиќоти илми аз тарафи Ф. Бэкон (1561 – 1626), Р. Декарт (1596 – 1650), Б. Спиноза (1632 – 1677) ва дигар олимони ѓарби имконпазир гаштааст. Ф. Бэкон, барои он ки илмхои тачрибавиро аз вартаи бўхрон начот дихад, назарияи хаќиќати дугуна ё дучихатаро кор карда баромада буд. Ў дар ин назарияи худ байни усулхои маърифати хаќоиќи дини (аз тариќи вахй илќошуда ё тавассути хадс (интуитсия) эхсосшаванда, фавќулаќлони) ва маърифати фалсафи (аз тариќи олатхои маърифат- хавоси панчгона, идрок ва тафаккур касбшаванда ва тачрибапазир) як навъ «девори Чин» гузошт. Бэкон чунин аќида дошт, ки мавзўи илохиётшиноси – шинохти Худо буда, вазифаи он асоснок кардан ва хифз намудани эътиќоду имони дини, аммо мавзўи фалсафа - табиат буда, вазифааш омўзиши ќонунхои табиат ва коркарду татбиќи усулхои маърифати олами табии мебошад. Хамин назарияи Бэкон баъдан аз тарафи дигар мутафаккирони ѓарби пазируфта шуда, ба шарофати татбиќи он дар чомеаи аврупои инќилобхои бесобиќаи илми – техники ба вуќўъ пайвастанд ва олимони табиатшиноси ѓарби ба кашфиётхои бузург ноил гаштанд.

    Ба хамин тариќ, метавон хулоса кард, ки дар Асрхои Миёна фалсафа бештар дар Аврупои насрони ва Шарќи исломи рушд намудааст. Мавзуи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупои насрони - масъалаи шинохти Худо буд. Ин мавзўъ дар фалсафаи асримиёнагии исломи низ хеле мубрамият ва маќоми воло дошт. Дар фалсафаи асримиёнагии Аврупо аз замони Августини Авлиё то Фомаи Аквини дар байни имон ва аќл хамоханги вучуд надошт ва донишхои эътиќоди бидуни истидлоли мантиќи пазируфта мешуданд. Аз замони Фомаи Аквини дар байни имон ва аќл созиш ба амал оварда мешавад ва барои ворид шудани истидлоли мантиќиву аќлони ба нохияи фалсафаи мадрасии Аврупо шароит фарохам меояд. Аммо файласуфон ва мутафаккирони мусалмон, алалхусус Ибни Сино ва дигар мутафаккирони бузурги форсу точик, танхо ба масоили илохиётшиноси махдуд нашуда, балки ба тамоми масъалахои илмиву фалсафии замони худ таваччўх зохир менамуданд. Дар Асрхои Миёна Бухорову Самарќанд, Марву Хирот ва дигар шахрхои бузурги Хуросон ва Мовароуннахр аз замони салтанати Сомониён то истилои муѓулхо аз чумлаи мухимтарин марказхои илмиву фархангии Шарќи исломи махсуб мешуданд.

    Дар Замони Нав, ки аз асри XYII оѓоз меёбад, илмхои табиатшиноси аз фалсафа чудо мешаванд. Ин илмхо дар баробари рушди тачрибави пайдо карданашон, аз лихози назарияви низ асосноку мукаммал ва барои мустаќилона тафсир кардан тавонистани мохияти ходисахои физики, кимиёи, биологи ва дигар мавзўъхои мавриди тахќиќашон мутобиќ мешаванд. Дар натичаи чунин тахаввулоти илмхои табиатшиноси, онхо дигар ба химоят ва сарпарастии фалсафа эхтиёч надоштанд. Акнун вазифаи анъанавии фалсафа дар таърихи илм ба хайси «шохи илмхо» поён пазируфта буд. Дар паёмади ин дигаргунихо талабот барои аз нав муайян ва даќиќ кардани вазифахо ва доираи мавзўи фалсафа ба миён омад. Дар ин чода алалхусус Ф.Гегел ва К.Маркс сахми хеле бузург гузоштаанд. Хар яки ин файласуфони бузурги аврупои мўътаќид буд, ки махз низоми фалсафии ў тачассумгари мохият ва мазмуну мундаричаи фалсафаи нобу хаќиќи мебошад. Зимнан, хам Гегел ва хам К.Маркс барои афкори пешинаи фалсафи, алалхусус фалсафаи Юнони Бостон ва Ѓарби асримиёнаги низ арзишеро ќоил буданд ва аз он барои танзими афкору низоми фалсафии худ ба таври фаровон сўистифода бурдаанд.

    Ба хамин тариќ, дар миёнаи асри XIX дар афкори фалсафии Аврупои Ѓарби мухимтарин таѓйироти кулли дар таърихи фалсафа ба амал омад. Мутобиќи ин таѓйирот таърихи фалсафаи Аврупо ба ду давраи асоси чудо карда мешавад: 1) давраи пайдоиш ва рушди фалсафаи анънавии классики; 2) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи муосири ѓайрианъанави, ки аз нимаи дуввуми асри XIX сар шуда то имрўз идома ёфта истодааст.

    Фалсафаи ѓайрианъанавии муосири Аврупо бархилофи фалсафаи анъанави-классики дигар даъвои пурра ифода карда тавонистани мазмуни асосии масоили бунёдии маърифати фалсафиро надорад. Фалсафаи муосир масъалаи маърифати пурраи мавзўъхои фалсафиро халнопазир мешуморад. Барои даст кашидани фалсафа аз даъвои мутлаќияти донишу маърифати фалсафи чунин далел оварда мешавад, ки худи маърифати инсони мохиятан махдуд ва интихопазир мебошад. Илова бар ин, тахќиќотхое, ки тўли ду асри охир гузаронида шудаанд, собит менамоянд, ки хар як амали маърифати бо шароити мавчудаи чамъиятиву таърихи ва фархангиву маънави сахт вобаста мебошад. Яъне раванди тафаккур ва маърифати инсони хамеша махдуд буда, тахти таъсири омилхо ва шароитхои мушаххаси ичтимоиву таърихи ва фарханги сурат мегирад. То он замоне, ки харакат ва инкишофи чамъияти инсони вучуд дорад, типхои таърихии чомеа, фарханги башари, низоми мавчудаи донишхо, аз чумла, тасаввуротхо дар бораи амиќтарин мабонии мавчудияти аносиру падидахои олами модди ва хаёти инсони низ доиман таѓйир ва тахаввул меёбанд.

    Бо эътирофи ин хаќиќат, дар фалсафаи ѓайрианъанавии муосир хатто имкониятхои маърифатии аќл ва тафаккури мантиќиро, ки барояш хамчун як «асос ё заминаи худкифоя» хидмат мерасонад, низ махдуд, таѓйирёбанда ва муассири шароити чамъиятиву таърихи мешуморад. Яъне, дар баробари таѓйироти миќдориву сифатии хаёти ичтимои, иќтисоди ва фархангии чомеаи башари имкониятхои маърифати ва доираи мавзўъхои тафаккури фалсафи низ таѓйир меёбанд. Хамчунин, дар мачмўи захирахои маърифатии фалсафаи ѓайрианъанавии муосир низ таѓйирот ба амал омада, дар он на танхо унсурхои зехни ва аќлони, балки унсурхои марбут ба эътиќоди дини, эхсосоту холатхои равонию ќалби, хадсу фаросат ва ирфон низ фарохам оварда мешаванд. Умуман, метавон гуфт, фалсафаи ѓайрианъанавии муосир тафаккури аќлониро аз он маќоми волое, ки дар фалсафаи классики дошт, маъзул карда, хамзамон ба чустучўи чунин як асли вучуди инсони пардохтааст, ки он асл дар байни хастии объективии универсали ва тафаккури инсони наќши миёнаравро бозида, ба тамоми саволхои тафаккури инсони посух гуфтаву онро ќонеъ карда тавонад.

    Дар фалсафаи муосир наќши чунин аслро забон ичро карда истодааст. Аммо ин чо тахти мафхуми «забон» танхо забони гуфтугўи не, балки тамоми воситахои равобиту муошират: тамоми анвои забонхои риёзиву мантиќи, воситахои забонии баќайдгири ва танзими нишондодхои тачрибахо ва дастгоххои илми, воситахои гуногуни сабту пахши иттилоот, забони технологияи компютери, воситахои бадеиву рамзи ва ѓ., низ дар назар дошта мешавад. Ба ин чихати масъалаи маърифат ва тафаккур, алалхусус, дар мактабу чараёнхои мухталифи тахлиливу структурали, аз ќабили фалсафаи лингвисти, постпозитивизм ва герменевтика таваччўхи фаровон зохир карда мешавад.

    Дар баробари забон, фарханг низ барои дар байни хастии объективи ва тафаккури инсони эчод кардани «хусни тафохум» наќши хеле мухимро мебозад. Дар ин маврид мафхуми «фарханг» низ ба маънои васеъ дар назар дошта шуда, хамаи он чизхоеро фаро мегирад, ки он чизхо аз ашёву падидахои табии фарќ мекунанд. Дар ин гуна чизхо наќши таъсири бевоситаи инсон ё таъсири офаридахои инсони ба олами табии, ки арсаи зиндаги ва фаъолияти иродиву аќлонии инсон мебошад, баръало ба назар мерасад. Яъне, фарханг гуфта дар забони фалсафаи муосир хамаи он чизхо ва ходисахои аслан табии ифода карда мешаванд, ки аз тарафи инсон таѓйир дода шуда ё аз нав истехсол карда шудаанд, мисли корд, табар, арра хона, либос, технологияи саноати, воситахои наќлиёту алоќа, асбобхои ченкунандаи илми ва ѓ.

    Аз ин нуќтаи назар, мавзўъи фалсафаи муосир тахќиќи универсалияхои фарханг, яъне ќонунхои умумии пайдоиш ва рушди фарханги башари мебошад. Мавзўи мазкур, ки ханўз дар мархилаи ташаккулёбист, алъон чандон низомнок ва асоснок карда нашуда бошад хам, уфуќхои наверо барои рушди инкишофи афкори фалсафи мекушояд. Инчо мебояд тазаккур дод, ки чахони фарханги башари, новобаста аз вижагихояш, як фаръ ё болосохте дар фавќи олами табиист, дар оѓўши хамин олам сабзида ва аз он ѓизо мегирад. Аз инчо маълум мегардад, ки фалсафаи муосир низ мисли фалсафаи анъанави аз ковишу тахќиќи нахустаносири хасти, пеш аз хама, хастии инсони фориѓ буда наметавонад. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки мавзўи фалсафаро танхо бо тахќиќи фарханги башари махдуд сохтан мувофиќи матлаб нест. Чунки, агар олами табии, ки асоси моддии пайдоиш ва рушди инсоният ва фарханги башари мебошад, аз маърази фалсафа хорич карда шавад, дар он сурат фалсафа ногузир аз илми чавхаршиноси ба илми суваршиноси табдил хохад ёфт.

    Хулоса, фалсафаи ѓайрианъанавии муосир, новобаста аз баъзе тафовутхо ва вижагихояш, мисли фалсафаи анъанавии классики, шакли махсуси фаъолияти маънавии инсон буда, ба маърифату тасвири манзараи умумии олам нигаронида шудааст.

    Мундарича, вазифахои асоси, метод ва принсипхои фалсафа. Барои тасаввуроти пешаки хосил кардан дар бораи мундарича ва вазифахои асосии фалсафа, таърифе, ки онро яке аз асосгузорони фалсафаи классикии немис Иммануил Кант дар шархи фалсафа гуфтааст, зикр кардан бамаврид аст. Ба аќидаи ин файласуфи бузург, фалсафа мебояд ба саволхои зерини инсон чавоб дихад: Ман чиро дониста метавонам? Ман бояд чи кор кунам? Ман ба чи умед баста метавонам? Инсон чист ва мохияту рисолати зиндагии ў аз чи иборат аст? Саволхои додашуда мундарича ё масоили асосии фалсафаро хеле даќиќ муайян мекунанд. Дар баробари ин, И.Кант мухимтарин масъалаи бунёдии фалсафаро, ки хамеша пешорўяш меистад, хотиррасон накарда, ба хукми фаромўши супурдааст. Манзури мо – амиќтарин аслхои мавчудияти хастии универсали, яъне масъалае мебошад, ки фаъолияти маърифати ва умуман, фаъолияти хаётии инсон, дар замина ва чахорчўбаи он доир мегарданд. Ба аќидаи И.Кант, хар чизе, ки инсон бо он рў ба рў мешавад, инсон он чизро аввал аз ѓалбери аќлу тафаккур гузаронида, баъд дар хотираи худ сабт мекунад. Барои хамин мо оламро на дар он шакле, вучуд дорад, балки дар он шакле дарк мекунем, ки онро тафаккури мо тасвир мекунад. Инсон барои озод шудан аз ин хидмати миёнаравии аќл илоче надорад ва наметавонад оламеро, ки новобаста аз инсон ва тафаккури ў худ ба худ ба таври объективона вучуд дорад, бидуни миёнаравии аќл фахму дарк намояд.

    Аммо нодурустии ин нуќтаи назари Кант дар раванди муосири инкишофи афкори фалсафи харчи бештар собит шуда истодааст. Дар хаќиќат, барои инсон имконияти воќеи барои озод шудан аз тобеияти аќлу тафаккур вучуд дорад. Чунин имконият дар заминаи фаъолияти азнавсозандаи инсон ва махсули чунин фаъолият мухайё мешавад. Инсон ба тасаввуроти худ дар бораи олам такя карда, ашёхои моддиеро месозад, ки онхо на танхо дар тасаввуроти ў, балки дар олами беруна, дар радифи дигар чизхову равандхои олами объективи арзи вучуд мекунанд. Чунончи, инсон телевизионро сохта истода, ба тасаввуроту донишхои муайян рочеъ ба ќувваи барќ, анвои мухталифи мавчхо ва нурафканихои электромагнити, вижагихои идроки самъи (шунавои) ва басари (биниши), хосияти маводе, ки аз онхо ќисматхои гуногуни ин дастгохи мураккаб тайёр карда мешавад ва дигар донишхо такя мекунад. Ин дастгох махз бо шарофати ба мохияти ходисахои физики, кимиёи, биологи ва ѓ. сарфахм рафтани инсон вазифаи худро ичро мекунад, яъне он садо медихад ва тасвир мекунад. Ба хамин тариќ, маълум мешавад, ки телевизион махсули танхо тасаввуроту тахайюлоти инсон ё коркарди фикри набуда, натичаи ба мохияти ашёву ходисахои объективи сарфахм рафта тавонистани инсон низ мебошад.

    Хамин тавр, зарур аст, ки ба чахор масъалаи асосии фалсафа, ки онхоро Кант зикр карда буд, боз як масъалаи дигар – масъала дар бораи хусусиятхои куллии хастии айни илова карда шавад. Яъне, мундаричаи фалсафа аз мачмўи посуххо ба ин масоили панчгона фарохам меояд.

    Фалсафа хамчун шакли олии фаъолияти маънави дар чомеа вазифахои гуногунеро ичро мекунад, ки хар кадоми онхо барои такомули фарханги башари хеле мухим ва мубрам мебошанд. Ин вазифахо аз инхо иборатанд: вазифаи чахонбини; вазифаи методологи; вазифаи маърифати; вазифаи фикри – назарияви, вазифаи интиќоди, вазифаи бахамовари (интегратсиони); вазифаи ичтимои-таърихи; вазифаи арзиши; вазифаи ояндабини.

    Ба мачмўи принсипхои фалсафа – принсипи объективият, принсипи низомноки, принсипи таърихи, принсипи мантиќи, принсипи герменевтики ва ѓ. дохил мешаванд.

    Аз чумлаи методхое, ки дар тўли инкишофи таърихии афкори фалсафи таррохи шудаанд, методи диалектики, методи метафизики, методи догматики, методи герменевтики, методи эклектикиро зикр кардан мумкин аст. Алхол бояд таъкид намоем, ки методи диалектики, ки бештар ба донишхои илми такя дорад, аз методхои метафизики, догматики ва эклектики тафовут дорад. Тавассути методи диалектики воќеият, объектхо, падидахо ва равандхо дар таѓйирёбию инкишоф ва дар робитаю алоќаманди тахќиќ карда мешаванд. Чунин талабот дар методхои ѓайридиалектики ба таври зарури риоя карда намешаванд. Аз ин рў, методи диалектики нисбат ба методхои ѓайридиалектики дар тадќиќоти илми бештар бартарият касб менамояд.

    Сохтори фалсафа. Сохтори илми фалсафа хеле мураккаб буда, якчанд ќисмхоро шомил аст: онтология (таълимот дар бораи хасти; хастишиноси); гносеология (таълимот дар бораи маърифат; маърифатшиноси); аксиология (таълимот дар бораи арзишхо; арзишшиноси); праксиология (таълимот оид ба фаъолияти амалии инсон).

    Мазмун ва мундаричаи илми фалсафа дар доираи фанхои зерин хувайдо мешавад: илми мантиќ; антропологияи фалсафи; илми ахлоќ; фалсафаи ичтимои; илми эстетика; фалсафаи забон; фалсафаи дин; фалсафаи хуќуќ; фалсафаи сиёсат; фалсафаи фарханг; фалсафаи таърих; таърихи фалсафа ва ѓ. Дар бобхои минбаъдаи китоби мазкур доир ба хар кадоми ин илмхои фалсафи ва мавзўоти фарогирифтаи онхо маълумоти муфассал дода мешавад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   41


    написать администратору сайта