Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Исмоилия яке аз чараёнхои бонуфузи мазхаби-фалсафи дар кишвархои Осиёи Маркази хисоб мешавад, ки дар ќарни VIII-и милоди ба вучуд омадаст. Муассиси чараёни исмоилия Исмоил ибни Чаъфари Содиќ –хафтумин имоми ахли шиа мебошад. Дар тахаввулу ташаккули низоми фалсафаи исмоилия, мазмунан наќши назариёти навафлотуни, тавхиди ислом бо омезиши аќоиди мазхабию фалсафии халќхои бостонии форсиюласл хеле калон аст. Тибќи таълимоти исмоилия, мабдаи ягонаи ходисахои бешумори олам Худои Таъоло мебошад. Вай хеч гуна сифат надорад ва барои одамон номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рў, ба ў ибодат кардан лозим нест. Тавре ки дида мешавад, исмоилия на танхо ба ислом, балки бо навафлотуниён ва тасаввуф ихтилоф дорад, чунки инхо имкони робитаи шахси алохидаро бо Худо эътироф мекунанд ва ба он мўътаќиданд, вале исмоилия имкони хар гуна шинохтро инкор мекунад. Мувофиќи назарияи исмоилия, Худо Зоти Кулл дар холати оромии абадист. Вай (Худо) холиќу офаридгори олам нест.Худо - Зоти Кулл бо иродаи азалии худ чавхари созанда Аќли Куллро xудо мекунад. Ин нахустин файзи Худост. Аќли Кулл, тибќи ин таълимот, дорои хама гуна сифати илохист ва яке аз аломатхои асосии он илм аст. Ибодатро ба ў бояд кард. Вай дорои исмхои зиёд аст. Аќли Кулл зинаи поёнии Фаязон-Нафси Куллро эчод кард. Он ноќис аст ва сифати асосиаш хаёт мебошад. Нафси Кулл бо эхсоси ноќиси худ майл ба камол мекунад ва аз худ файзони тозае эчод мекунад ва моддаи аввал-хаюлоро падид меорад. Аз хаюлло замин, саёрахо махлуќоти зинда ба вучуд меоянд. Пайдоиши инсон аз майли Нафси Кулл ба сўи камол вобаста аст. Хамин тариќ, исмоилия хафт зинаи файзон (эманатсия) Зоти Кулл, Аќли Кулл, Нафси Кулл, хаюло, Макон, Замон ва Инсони комилро муќаррар кардааст. Дар таълимоти исмоилия байни Аќли Кулл ва башар тафовут чой надорад, онхо яксону хамоханганд, яъне тачаллии Аќли Кулл дар чахони хисшаванда- Инсони комил мебошад. Дар таълимоти мазкур адади хафт маќоми хосе дорад. Он ба ѓайр аз хафт зинаи файзон, хафт даври анбиёро низ муќаррар кардааст. Чунон ки Носири Хусрави Ќубодиёни фармудааст: «Хамчунон, ки ба осмони дунё хафт нур машхур аст (Шамс, Ќамар, Зухал, Муштари, Миррих Зўхра ва Аторуд) дар осмони дин низ хафт нур аст, машхур ба Одам, Нўх, Иброхим, Мўсо, Исо, Мухаммад» (Носири Хусрав. Мунтахаби осор, х.1. сах 87). Давраи хафтум бо зухури пайѓамбари бузург ал-Ќоим (писари Исмоил Мухаммад) анчом меёбад. Аќли Кулл дар олами зохир ба пайѓамбарон, ки нотиќ номида шудаанд, инъикос меёбад ва хар нотиќ дар назди худ ёваре дорад, ки гуфтахои ўро ба мардум бо рохи таъвил мефахмонанд. Вайро чун худ аз пеши худ чизе намегўяд, хомўш меноманд. Чунон ки Мўсо нотиќ буд, бародараш Хорун дар назди ў хомўш, Мухаммад нотиќ ва Али дар назди ў хомўш буд. Дар фосилахои танаффус, ки то пайдоиши нотиќи баъди эчод мешавд, Зоти Илохи ба имомон хулул мекунад ва онхо низ хафт нафари дар хар давраанд. Барчастатарин намояндагони фалсафаи исмоилия Ќози Нўъмон (ваф. 974), Абдуллох Мухаммад ибни Ахмади Насафи ё Нахшаби (ваф. 942), Абўхотам Ахмад ибни Хамдони Рози (ваф. 933), Абўяъќуб Исхоќ ибни Ахмади Сичистони (ваф. 971), Хамидуддин Абулхасан Ахмад ибни Абдуллохи Кирмони (ваф. 1019), Абўнаср Хибатулло ибни Аби Имрон Мусо ибни Довуд Муайяд фи-д-дини Шерози (ваф. 1077) ва Носири Хусрави Ќубодиёни (ваф. 1089) аз зумраи онхоанд. Абўхотами Рози (ваф. 933) назариёти навафлотунии Насафиро дар бораи офариниши олам ќабул кард, вале баъзе гароишхою тамоюлоти ихтилофангезро, ки Насафи дар масъалаи нубувват ва шархи даврахои таърихи инсоният рох дода буд, зери танќид гирифт. Абўхотам зинахои судури оламро аз зоти Худованд тасаввур мекунад ва натичаи аввалин офаридаи ўро таваххум медонад. Агар Худованд чизеро таваххум кунад, онро меофарад, ки пеш аз тазохураш дар ѓояи латофат аст. Таваххум вазну рангу харакат надорад, шунида намешавад ва махсус нест. Офаридаи дуюм хуруф аст, ки он низ бевазну ранг аст, дида намешавад, вале шунида мешавад ва бар забон чори мегардад. Офаридаи сеюм хамаи чизхоест, ки бо хуруф васф мешаванд, малмусу махсус ва вазндор буда, дида мешаванд. Худованд аз таваххум пеш аст ва таваххум аз хуруф. Хуруфе, ки худованд бо онхо сухан гуфтааст, ѓайри мўхдасанд ва хуруфи мўхдас ѓайри хуруфи каломуллоханд. Мутобиќи назарияи навафлотуни, ки Абўхотам пайрави он буд, нахустин мавчуде, ки пайдо мешавад, аќл (мабдаъи аввал) аст. Аз аќл нафс падид меояд ва аз таркиби нафсу аќл «олами латиф» хосил мешавад. Пас аз он «олами касиф» ё олами модди арзи вучуд мекунад. Болотарин мартаба бошад, дар ин олам хаюло ва сурат аст, ки онхо аз нафс ба вучуд наомадаанд, балки танхо осори тафаккури он мебошанд. Абўхотам се навъи моддаро-он ки сирфан «вахми» аст ва ба холати нафс иртибот дорад; он ки «афрод ё чахор табъ»; он ки аносир ё уммахот, ки аз таркиби чахор табъ ходис мешаванд ва аз омезиши онхо чавхархои чахоргона падид меоянд эътироф намудааст. Инсон натичаи куллии харакати олам аст ва мавчудияти олам барои ўст. Одам шабехи олами том аст ва хеч чузъи ачзои олам ба ў монанд нест. Ў тамоми чавохири оламро дар худ чамъ овардааст ва аз ин сабаб олами саѓир номида мешавад. Лекин ба сабаби чавхари латифе, ки дар зоташ хаст (нафси нотиќа), бар кулли олам фазилат дорад. Хам Насафи (ваф. 942) ва хам Абўхотам ба таърихи мухаддас аз назари тархи исмоилии хафт давр менигаристанд, ки хар яке бо зухури паёмбар ё нотиќи оварандаи шариат ва дини нав оѓоз меёбанд. Аммо дар ташрехи чузъиёт онхо бо якдигар ихтилофи аќида доштанд. Аз назари Насафи нахустин нотиќ аз чумлаи нотиќони хафтгона-Одам шариате ба вучуд наовардааст, чунки дар давраи ў хеч инсоне ѓайр аз худаш дар чахон намезист, аз ин рў шариат амалан зарур хам набуд. Нахустин нотиќе, ки шариатро чори намудааст, Нўх буд, чунки дар оѓози давраи ў инсонхои дигар низ пайдо шуданд ва ба мавчудияти дину шариат ниёз афтод. Мисли хамин нотиќи хафтум - Мухаммад бинни Исмоил низ шариатеро эълон намекунад, зеро ў вазифаи ошкор сохтани маънои ботинии хамаи шариатхои пешин ва барќарор кардани холати вазъу бешариати буд, ки дар давраи Одам вучуд дошт. Мухаммад бинни Исмоил монанди нотиќи панчум – нопадид шудааст, аммо ба зуди бозмегардад. Насафи инчунин мўътаќид буд, ки даври ислом бо омадани Мухаммад бинни Исмоил дар мархилаи аввал хотима ёфтааст. Ба ибораи дигар, хафтумин давр, ки даври бешариати хисоб мешавад, акнун оѓоз шудааст. Дар ин давр бар хилофи шаш даври пешин ва имомон, балки фаќат лавохиќи дувоздах чазираи Замин ба фаъолият машѓуланд. Он гироишхои озодандешонаи Насафи, ки ба мухолифати сахти Абўхотами Рози рўбарў шуд, бо шархи хамин масъала иртибот дорад, зеро Аўхотами Рози мўтаъќид буд, ки тамоми хаќиќати ботини хатман ба шариати зохири ниёз дорад. Абўхотам далелхои зиёд оварда аќидаи Насафиро дар бораи он ки Одам шариатеро эълон накарда буд, рад намуд. Харчанд худи ў низ Одамро аз зумраи паёмбарони улулаъзм намешумурд, зеро ў шариати хеч як нотиќи хафтум, ки шариати нав намеорад, шариати исломро мансух эълон накарда, танхо маънои ботинии онро ошкор месозад. Аммо Абўхотам мўътаќид аст, ки дар дар даври хафтум амал вучуд надорад, аз ин рў барои ислохи хулосаи Насафи, ки давраи хафтуми бешариати акнун бо зухури аввали Мухаммад бини Исмоил оѓоз ёфтааст, мафхуми давраи муваќќатро ба низоми адвори таърихи муќаддас дароварад. Ин давр, ки хусусияти он ѓоиб шудани имомон буд, дар поёни даври хар паёмбаре дар мобайни ѓоиб шудани имоми хафтуми он давр ва омадани наттоќи даври оянда чой мегирад. Дар муддати ин даври муваќќат хукм дар дасти дувоздах лавохиќ аст, ки яке аз онхо ба хайси халифаи имоми хафтуми ѓоиб амал мекунад ва дар чунин маќом хаќќи хокимияти (машрўъ) ќонунро дорад. Ба аќидаи Абўхотам, хамин гуна даври муваќќати пас аз нопадид шудани Мухаммад бини Исмоил рўй дода будааст. Ин нишонаи ба поён нарасидани даври шашум, яъне давраи ислом аст. Абўхотам мехохад исбот кунад, ки нотиќи хафтум - Мухаммад бини Исмоил се мартаба дорад, ки нотиќи хафтум, яъне хотимабахшандаи даврахои пешин, мартабаи ѓайбат ва мартабаи зухур мебошад. Ў инчунин, дар миёни ѓайб задании нотиќи хафтум ва нопадид шудани нотиќи панчум, яъне Исо мутобиќат ва мушобехатеро намебинад, зеро рисолати Исо бо рехлаташ аз ин чахон ба поён расид, аммо маъмурияти Мухаммад бинни Исмоил бо нопадид шуданаш ба поён нарасидааст. Дар хаќиќат нотиќи хафтум бояд аз нав зухур кунад ва ба мартабаи аслии худ сохиб шавад. Абўхотам тасаввур мекард, ки чун имомони хар давр аз авлоди нотиќ ва асоси он давр хастанд, мартабаи лохиќ махз барои баќияи халоиќ муайян шудааст. Агар ин воќеият ба назар гирифта шавад, ки Абўхотам пас аз ба сари ќудрат омадани фотимиён низ бозгашти ќарибулвуќўи ќоимро таблиѓ намуда, робитаи наздики худро бо ќарматиёни Ироќу Бахрайн ќатъ накарда буд, хулоса баровардан мумкин аст, ки ў доъии Рай-Убайдуллох ал-Махдиро на ба сифати имом ва на ба сифати ќоими мунтазир эътироф мекардааст. Илова бар ин, далеле мавчуд аст, ки Абўхотам худро воќеан халифаи имоми ѓоиб мепиндоштааст. Тибќи аќоиди Насафи, инсон аз махлуќоте, ки шуури хисси доранд (хайвон), падид омадааст. Ин махлуќот дар навбати худ аз мавчудоте, ки дорои ќувваи нумў хастанд (растанихо) пайдо шудаанд. Бо хамин тартиб аз таркиби рукнхо, рукнхо аз таркиби табоеъ (сифати унсури), табоеъ аз харакати чирмхои самови ва онхо аз нафси кулли, нафси кулли аз аќли кулли ва аќли кулли аз амри бори ба вучуд омадаанд. Амри бори чизе чуз асари офаринанда нест мисли аз шамси мунир пайдо шудани нур ё асари мўхр бар мум. Аз амри бори аќл ба вучуд меояд. Аќлро исмоилиён аввал мешуморанд, зеро дар сисиламаротиби мавчудот худи амрро ба шумор намеоварад, харчанд вучуди он бар аќл муќќадам аст ва онро навъе миёнчи ва воситаи офаридгору аќл медонад. Сипас аќл нафсро, ки онро сони ё тали меноманд, ба вучуд меорад. Аз чунбишу харакати нафс ачроми самови падид меояд. Аз харакати нафс дар ачроми самови табоеъ , яъне гарми, сарди, рутубат ва хушки падид мешавад. Ин кайфиёт дар миёни ачроми самови , ки дар атрофии онхо чарх мезананд, ќарор мегиранд. Туфайли гардиши ачром табоеъ дар марказ чамъ шуда шакли курраро мегирад. Сарди ва хушки дар марказ бо хам даромехта дар он чо чойгир мешаванд. Рутубат дар чустучўи макон боло рафта ба сарди меомезад ва заминро чун пўшише аз об фаро мегирад. Он гох гарми аз об бармехезад ва бо рутубат меомезад. Аз таркиби онхо хаво падид меояд ва мухиту заминро об фаро мегирад. Ба ин тартиб фалаке падид меояд, ки хаворо дарбар мегирад. Ин фалак фалаки оташ аст, ки исмоилиён онро фалаки асир меноманд. Ваќте, ки афлок ба гардиш медароянд, аз кайфиёти унсури ё табоеъ аркони арбаа падид меояд ва аз онхо гиёххо пайдо мешаванд. Аз тасфияи гиёххон ва шираи онхо чонварон ба вучуд меоянд, ки дорои шуури хисси хастанд, дар натичаи тасфияи баъдинаи онхо мавчудоти дорои аќл пайдо мешаванд, ки охирин халќаи силсилаи махлуќотанд. Аќидаи Насафи дар бораи офариниши олам аз пайдоиши аќли кулли то зоиши инсон ба сурати як нардбони нузули баён шудааст. Кеши исмоили ба сифати илова бар шабехи ин нардбони нузули тархи як нардбони суудиро низ пешниход намудааст, ки тибќи он нафси инсони дар бозгашт ба сўи офаридгори хеш бояд дар сари сууди аз паллахои он боло рафта, аз пайвастаги бо олами модди рахо гардад ва растагор шавад. Носири Хусрави Ќубодиёни (1004-1088) аз бузургтарин шоир ва барчастатарин файласуфи исмоилимазхаби точик ба шумор меравад. Мухимтарин осори фалсафиаш: «Зод-ул-мусофирин», «Чомеъ-ул-хикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва рахоиш», «Вачхи дин», «Далел-ул-мутахайирин», «Сафарнома», «Рўшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд. Носири Хусрав аз мавќеи исмоилия бар он аќида будааст, ки Худо сарманшаи нахуст аст. Ў Аќли Кулл ва нафсро офаридааст. Худо аз назари файласуф яккаю ягона аст, ибтидою интихо надорад, аз вахм, фикр ва аќлу андешаи инсони берун аст, ломакон аст ва аќли инсон дар шинохти он дар тахайюр аст. Ба аќидаи Носири Хусрав, Худо офаридгори олами модди набуда, балки эчодкори Аќли кулл ва рўхи умумичахонист. Аќидааш рочеъ ба хилќати олам ин будааст, ки аз ачрому афлок унсур ба вучуд омадааст, ки дар онхо табъхо (хушки, тари, сарди ва нарми), аз табъхо рохату ранч, дарду тансихати, хамчунон аз чахор унсур се олами модди-чамодод (чамъи чамод-санг, минерал, чизи бечон), наботот ва хайвонот падид омадааст. Эчоди табии инсон аст, ки чисми ў низ аз унсурхо таркиб ёфтааст. Хамин тариќ, Носири Хусрав назарияи офаринишро аз шакли чисмони, ки хоси таълимоти исломи ибтидоист, берун оварда, ўро аз корхои дуняви ба олами рўхонии аз аќлу вахм берун расонида, Аќли Куллро офаридгори чахони модди донистааст. Худо ба ќавли ў, танхо Аќли Куллро офаридааст ва Аќли Кулл дар миёни Худову олами модди чой дорад. Аќли Кулл хам бо вучуди офаридгориаш хокими мутлаќи модди нест, вай онро бархам низ намедихад. Бинобар ин, олами модди ва хафт саёраву Офтобу Мохтоб, ки дар фалак човиданд, фанонопазиранд. Дигар масъалаи мухиме, ки мавриди тахќиќи файласуф ќарор гирифтааст, ин масъалаи инсон мебошад. Ба андешаи Носири Хусрав, инсон чисми аз хок офаридаву аз чони атокардаи Худо нест, балки падидаи табиист, ки аз таркиби унсурхо ва табъхо дар батни модар аз хуни сурху сафед офарида шудааст. Яъне, тибќи андешаи мутафаккир, инсон ин хилќати моддию табии аст, вале чисми ўро мохияти инсониаш намехисобад, чунки ба аќидаи ў, чони вай-рўхи абадиаш, ки аз олами рўхони падид омадааст, дар чон асос аст ва чисми ў фонист. Пас чисми инсон дар ин дунё падидоварандаи нерўи нотиќаи ўст, ки аввал ба рўхи вай дода мешавад, зеро вай аз олами ќудси аст, мартабаи худои дорад. Носири Хусрав мартабаи инсониро ба дарачаи Худои боло мебардорад ва ба ин муносибат масъалаи маъод (бозгашт)-ро ба миён мегузорад. Бозгашти рўхи инсон ба олами ќудси бозгашти оддию муќаррари нест. Вай бояд аз олоишоти дуняви комилан пок шавад. Бозгашти инсон ба рўхи илохи вобаста ба худшиноси пок гардонидани ахлоќ аст. Аз рўи аќидаи мутафаккир, чаннат ин ахлоќи нек доштан ва бо Худо васл шудани рўх аст. Дар фалсафаи Носири Хусрав назарияи маърифат низ мавќеи мухимро ишѓол менамояд. Доир ба ин масъала дар асархояш «Зод-ул-мусофирин», «Чомеъ ул-хикматайн», «Вачхи дин» ва «Хон ул-ихвон» изхори андеша крдааст. Ба аќидаи ў, «чавхари илм хамон низоми олам аст, ки аз Аќли кулл бархоста, хамаи мавчудотро фаро мегирад ва чараёни хастиро маърифат кардани инсон барќарор намудани иртибот дар миёни аќли фардии инсони ва ахтари хаќиќии олам иборат мебошад» Файласуф хамчунин доир ба маърифати хиссию аќли низ бисёр аќидахои чолиб иброз доштааст, ки инсон ба василаи он аз сирру асрори нихонии олам бархурдор мегардад. Носири Хусрав рочеъ ба масъалахои ахлоќи ва ичтимоиву сиёси низ як силсила фикрхои бикру ноб баён кардааст. Мувофиќи аќидаи ў, хулќи баду нек ба нафс алоќаманд мебошад. Агар бадиву зишти аз нодонию очизи ба миён ояд, пас накўиву хайрот аз покизагии хулќи инсон бармеояд. Аз ин рў, аќл меъёри асосии ахлоќ аст. Мутафаккир бар зидди хама гунна чабру ситам баромад карда, одамонро ба мехнаткашию дўсти ва рафохияти байнихамдигари тарѓиб намудааст. Ихвон-ус-сафо (Бародарони пок). Дар садаи чахоруми хичрии ќамари гурўхе аз донишмандони мусулмон, махсусан дар Эрон ва Ироќ анчумане таъсис доданд, ки бо номи Ихвон-ус-сафо машхур шудааст. Намояндагони асосии ин ташкилот Абўсулаймон Мухаммад ибни Маъшар Басати ал-Муќаддаси, Абулхасан Али ибни Хоруни Зинчони, Абўхамиди Мўхрчони, Абулхасан Али ибни Ромис Авфи, Зайнуддини Рифоа будаанд. Усули фалсафаи Ихвон-ус-сафо чунин аст: Чахон, дар назари онхо хаќиќати вохид аст, ки табаќоту ќисматхои мухталифи он дар натичаи иштибохе, ки байни онхо вучуд дорад, ба хам пайваста аст. Ба ќавли ихвон, «чунон ки як шахр як, хайвон ё як инсон вохид аст, олам низ вохид аст». Табаќоти поёнии олам монанди узве ба табаќоти оли пайваста аст ва хама ба калимаи илохи боќиянд ва хастии худро аз он касб мекунанд. Забоне, ки тавассути он ихвон монанди байни маротиби олам ва пайвастагии табаќоти он ва робитаи байни холиќу махлуќро баён кардаанд, забони тамсил ва ташбех аст. Калиди асрори чахон ва ходии инсон дар маърифати олами хасти адад аст, ки монанди нури хуршед торикии чахлро аз миён бармедорад ва бо партави олами маќулот чахони эхсосшавандаро мунаввар месозад. Ихвониён худро пайрави Фисоѓурас донистаанд. Онхо воќеан дар таълимоти хандаси ва риёзии хасти аз маќом ва усули эшон чонибдори кардаанд. Онхо дар халли масъалахои ичтимои мавќеи маърифатгароёна дошта, ба он аќидаанд, ки оммаро ба теѓи дониш ва огохи мусаллах созанд ва ба ин васила ба сари ќудрат омадани шахсони бофазл ва доноро таъмин намоянд. Ихвониён таассуби мазхабиро инкор карда, ба он умед бастаанд, ки чун кори олам ба маротиб ва хоса ададист, ин маротиб навбати шарро паси сар хоханд кард ва кори олам ба дасти хайр хохад расид. Тасаввуф яке аз машхуртарин таълимотхои фалсафии форс-точик махсуб мешавад. Ин чараён дар асрхои авали густариши дини ислом дар мамолики Шарќи Наздику Миёна пайдо шудааст. Баъди ба фирќахо чудо шудани мусалмонон хар даста ба худ номи махсусе гирифт зохидоне, ки дар аъмолашон муносибати ифроти пайдо шуда буд, «суфи» ё худ «мутасаввиф» ном гирифтанд ва дар авали асри VIII алакай истилохи «тасаввуф» ва дигар калимахои аз ин реша баромада ба таври васеъ истифода мешуданд. Рочеъ ба истилохи «тасаввуф» дар байни мухаќќиќон назархои мухталиф чой доранд. Гурўхе онро аз калимаи «суф» (матои пашмин), ќисме аз «соф» (покии ќалб), дастаи дигар аз «суфа» ва бархе аз «софия» (хикмати юнони) гуфтаанд. Дар китоби «Кашф-ул-истилохот ул-фунун» омадааст: «Аммо тасаввуф дар луѓат суф пўшидан аст ва ин асари зўхд ва тарки дунёст ва дар истилохи ахли ирфон покиза кардани дил аст аз мухаббати мо сўи Аллох ва рост кардани зохир аст ва дур будан аз манъиёт (корхои дар шариат инкор кардашуда) ва мувозибат (саъю кўшиши доими дар коре) намудан ба фармудаи расули Худо ва ин чамоат мутасаввифаи мухаќќанд ва баъзе мутасаввифаи мубталанд, ки худро суфия мешуморанд ва ба хаќиќат суфия нестанд ва инхо чанд фирќаанд...» (Ал-Тахови Мухаммади Али. Кашф ул-истилохот ул-фунун. Тавзехи Мухаммади Возех, Абдулѓани ва Ѓуломќодир. Иборат аз ду чилд.-Хиндустон, 1346, чилди 1,сах, 841). Бояд ќайд кард, ки дар суханони суфиёни асрхои VIII-IX инкишофи чиддии фикри ба вучуд омад. Фаъолияти амалии зохидон ба риёзати нафс, мучохида, мукошифа ва тасфияи (поксози) ќалб табдил ёфт. Ин фаъолият дар тасаввуф мазмуни тозаи назариро ба вучуд овард. Масъалахои ишќу мухаббат, таносуби орифу маъруф ва матолиби фалсафаи илохи ба миён омад, ки якчоя бо истилохоти нави ирфони- ишќ, ирфон, маърифат, фано, баќо ва ѓ. сирри мазхари илохи ва асоси офариниши оламро шарх медоданд. Акнун ба чои «тасаввуф» ва «суфи» бештар «ирфон» ва «ориф» истифода мешуд. Аслан, «ориф» ва «суфи» муродифи хамдигаранд ва аксаран як маъноро ифода мекунанд. Калимаи «ирфон» аз решаи арабии «арафа» гирифта шуда, маънои шинохтанро дорад ва он ба равиши мутасаввифин мувофиќат мекард. Дар адабиёти тасаввуфи маъмулан мутасаввифонро ба ахли маърифат ва ахли мухаббат чудо мекунанд. Албатта, чунин таќсимбанди комилан шартист, зеро дар бисьёр маврид онхо ба хам меомезанд. Ба хар хол вобаста ба мохият ва хусусияти назарии таълимоташ Ќушайрию Ѓазоли, Сўхравардию Ибни Араби ва Чомию Насафиро ахли маърифат мехонанд. Дар хаќиќат ин бузургони тасаввуф бештар ба чанбаи маърифатии масъала ахамият дода, роху усулхои маърифати маънави ва худшиносии инсонро тадќиќу тахќиќ намудаанд, робитаи олами кабиру саѓир, масъалаи инсони комил, вахдаи вучудро ба як консепсияи томи фалсафию ирфони расондаанд. Робиаи Адвия, Абўбакри Шибли, Боязиди Бистомию Мансури Халлоч, Абўсаиди Абулхайру Шамси Табрезиро ахли мухаббат медонанд. Онхо асосан ташнаи ишќи илохи буданду назар ба чанбаи маърифати ба чихати ахлоќии тасаввуф, ба хусну камоли холиќ (чихати этикию эстетики) таваччўхи бештар ба харч доданд. Байни ин ду гурўхи зикрьёфта тариќаи мобайние низ вучуд дошт, ки онхоро ахли футувват номиданд. Назарияи маърифати тасаввуф ба шинохти хаќиќати мутлаќ ва ё хаќиќати азали равона шудааст. Шинохти ин хаќиќат дар адабиёти тасаввуфи иборат аз се зинаи махсус- шариат, тариќат ва хаќиќат ифода мегардад. Шариат аз мачмўи ќоидаву ќонунхои дини, ахлоќи ва сиёсие иборат мебошад, ки барои хамаи мусулмонон вочиб буда, муминонро аз рохи шарр ва гумрохи эмин медорад. Аз ин рў соликони рохи тариќат низ мисли дигар мўъминон бояд шариати ислом, махсусан аркони асосии онро риоя намоянд. Махз аз хамин сабаб дар бисёр маъхазхои тасаввуфи шариатро зинаи авали рохи солик мешуморанд, зеро он заминаи амали барои мархалаи баъди- тариќат мебошад. Тариќат дар луѓат ба маънии «рох» меояд. Он дар тасаввуф мархилаест, ки хадафаш поксозии ќалб ва такмили нафс мебошад. Соликони тариќат дар ин мархала тавассути чахду талош ва кашфу мушохида камол ёфта, ба мархилаи хаќиќат мерасанд. Вале ќабл аз он,ки солик ба хаќиќати азали бирасад, дар мархилаи тариќат зинахои махсуси равониро бояд гузарад, ки онхо «маќомот» номида шуда, дар натичаи кўшиши солик ба даст меоянд..Дар мачмўъ тариќат сайри махсуси мурод аст, ки соликонро сўи хаќ мебарад, аз тариќи тарки дунё, давоми зикру тавба ба мабдаъ (асос), инзиво (гўшанишини), сидќу ихлос ва назири инхо. Мархалаи хаќиќат сарманзили маърифат ва натичаи сулук дар тариќат аст. Агар дар мархалаи тариќат исму сифатхои илохи барои солик муайян гардад, дар мархалаи хаќиќат худи зоти илохи дарк мешавад. Чуноне ки зикр шуд, тасаввуф аз зўхду таќво оѓоз гардида, дар фаъолияти хар як суфии муайян ба шаклу намудхои ба худ хосе зухур меёфт. Хамин тавр, аввал мачмўи кирдору аъмоли зохидон тасаввуфи амалию ахлоќиро созмон дод, баъд чанбаи назарию илмии он дар доираи ишќи маънави падид омада, шохахои гуногуне, аз ќабили асхоби сахву сукр, ахли маърифат ва ахли мухаббат, тамоюлхои мўътадилонаю ифроти арзи вучуд карданд. Суфиёни ахди аввал гурўхи зохидоне буданд, ки дар талаби начоти шахсии худ аз беадолатихои ичтимои канора чуста, гўшаи узлат интихоб намудаанд. Намояндагони тасаввуфи ин давра Мусо Ансории Марви, Абўхошими Куфи, Хасани Басри,Чунайди Баѓдоди ва дигарон буданд, ки аслан ба тафсири суфиёнаи Ќуръону хадис ва тарѓиби зиндагии одилонаи пайѓамбар ва асхобаш шуѓл варзидаанд. Суфиёни мархилаи баъди- Робияи Адвия, Боязиди Бистоми, Мансури Халлоч, Ахмади Ѓазоли, Айнулќузоти хамадони, Санои, Аттор, Чалолиддини Балхи, ва дигарон бошанд, масоили кашфу шухуди орифонаро тариќи ишќ ва самоъи ирфони мавриди барраси ќарор доданд. Робиаи Адвия (713-851)аввалин зани орифест, ки дар бораи ишќу мухаббати хаќиќи сўхбат кардааст. То зухўри Робиа тасаввуф хамчун зухду зохиди ва мактаби тарбиявии исломи фахмида мешуд. Яъне ханўз ба масъалахои аслии тасаввуф диќќати чидди дода намешуд. Бо ба арсаи ирфон ворид гаштани ин зани сохибандеша, тасаввуф, ки хамчун зухди хушк барои тавбаи гунохон фахмида мешуд, ба маърифати дардноки ишќу мухаббат табдил ёфт ва масъалаи ишќи илохи ба миён гузошта шуд.Ў дар таълимоташ ишќи бевоситаи маънавиро ќоил буда, бо холиќ васл шуданро маќсади нихоии худ ќарор медихад. Аз назари Робиа маќсаду мароми инсон дар зиндаги танхо расидан ба висоли маъшуќи азали ва пайвастан бо ў мебошад. Боязиди Бистоми (ваф.874)намояндаи дигари тасаввуф, ахли раъй ва орифи озодандеш аст, ки масъалаи «фано»-ро дар ирфони амали ба миён гузоштааст. Тибќи таълимоти ў, агар солики тариќат ба шавќи тамом чониби хадафи дар пешгузоштаи худ рахсипор гардад, ба сарманзили фанофиллох мерасад ва баќои човидони меёбад. Боязид дар таърихи тасаввуф ва ирфони эрони орифи шаттох меноманд. Зеро дар андешахои ў шатхиёт, ки зохиран ба шариати исломи муќобил буд мавќеи намоён дошт. Аз он сабаб, ки чахонбинии Боязиди Бистоми аз доира ва чорчўбаи таассуби дини берун буд, барои ў вучуддошти дузаху бихишт ва осоиши дунёи дигар арзиши асли надошт. Яъне дар таълимоти мутафаккир бузургдошти чахони модди ва тариќи чидду чахд ва шинохти воќеии он расидан ба дарачаи фано, ё ин ки дарёфти хаќиќати мутлаќ чойгохи махсус дорад. Боязид озодии андешаи инсонро воситаи асосии камолот медонад. Асоси таълимоти ўро тавхиди тасаввуфи ташкил медихад. Тавхиди тасаввуфи иборат аз эхтироми самими ба кулли ашёву мавчудоти олами модди мебошад. Зеро тамоми мавчудот аз як сарчашма маншаъ мегиранд ва ба хамдигар пайвастагии узви доранд. Хусайн Мансури Халлоч (857-922) аз зумраи он шахсиятхои номдорест, ки дар таърихи афкори фалсафи ва озодандешаи Шарќи исломи маќоми шоиста дорад. Замони зиндагии ў ба охирхои асри IХ ва ибтидои асри Х рост меояд, ки мухаќќиќони таърихи фалсафа ин асрро асри «тиллои»-и тафаккури исломи номидаанд ва аз хамин чихат ба инкишофи андешахои ирфони ва ташаккули шахсияти ў таъсир расонд. Падараш, ки пешаи халлочи (пахтазани)-ро дошт ва аз ин сабаб Мансур бо тахаллуси Халлоч машхур шуд. Дар чавони шавќу алоќаи фавќулодда ба зўхду риёзат дошт. Аввал муриди сахли Тустари буд ва хамрохи устодаш ба Басра омада, аз дасти Умари Макки ва Чунайди Нахованди хирќаи дарвеши пўшид. Баъд мусофират кард ва дар мулки Форсу хинду Чин мазхабхои гуногунро омўхт ва даъвои хулулу иттиход кард. Фаридиддини Аттор Мансури халлочро нуќтаи олии инкишофи афкори тасаввуфи меномад. Аксари хакимон, аз ќабили Абўсулаймони Мантиќи, Абўхайёни Тавхиди, Абулхасани Дайлами тозагии аќидахои ирфонии Мансури халлочро дар осорашон оварданд. Рочеъ ба таълимоти халлоч баъди маргаш низ байни мутасаввифон аќидахои гуногун ба вучуд омаданд. Баъзехо ўро пайрави таълимоти «вахдати вучуд» хисобиданд. Бино ба маълумоти маъхазхо Чалолиддини Руми ва баъди ў Алоуддавла Симнони, Алии хамадони, Махмуди чахониён, Ахмади Сархинди ва Абулќодири Бедил мўътаќиданд, ки халлоч дар таълимоташ «вахдати шухудро»-ро ќоил аст. Аз осори гаронќадри Халлоч миќдори каме то замони мо боќи мондааст ва ин миќдори кам аз навиштахо ва суханони ўро хам дўстон ва хам душманонаш дар нигоштахои худ овардаанд, ки ахиран тавассути донишманди фаронсави Луйи Масиниюн гирдовари ва нашр шудаанд. Осори мавчуди ў алъон ба таври зайл аст: «Ашъори Халлоч», ки ба забони араби навишта шудааст ва муштамил бар 349 байт аст; «Тосин-ул-азал» рисолаи ирфони бо лафзхову ибороти печида, ки ин китобро Рубехонии Буќли аз араби ба форси тарчума карда ва бар он шархе навиштааст. Суханони Халлоч ва ривоте дар бораи ў аз сарчашмахои таърихи. Баъди Мансури халлоч то ахли туркони салчуќи сўфиёни зиёде буданд, ки шархи хол ва орояшон дар тазкирахо ва дигар адабиёти сўфия омадаанд, вале эчодииёти хеч яке аз онхо ба пояи таълимот нарасид. Воќеаи чолиби таваччўхе, ки дар ин давра рух дод, тахти химояи сомониён дар Бухоро ва хилофати Баѓдод ривочи афкори илмию фалсафи мебошад. Аксари файласуфон, монанди Форобию Ибни Сино ва Закариёи Рози ба тахќиќи далелу бурхон рочеъ ба хаќиќати ашё пардохта, бахсу тадќиќотро идома доданд, ки ин бешубха ба инкишофи чанбаи назарии афкори тасаввуфи бетаъсир намонд. Тасаввуфи исломи дар асри XI низ хеле доман густурда буд, вале аз сабаби бисьёр номуайян будани мухити илмию маънави намояндагони тасаввуфи ин давр аз якдигар дар орою салиќа фарќ мекарданд. Вобаста ба самти андешаашон мутасаввифини ин асрро хар хел ном мениходанд. Масалан, Абулхасани Хараќониро орифи шаттох ва сўфии шўридахоли маст, Абўсаиди Абулхайрро аз зумраи орифони ифротии вахдати вучуд, Бобо Тохирро чун ошиќ ва сарояндаи пурсўзтарин дубайтихо ва Ахмади ѓазолиро чун гўяндаи завќу шўри хол ва вассофи ишќ ба ќалам додаанд. Аз миёни орифони зикршуда Абдулфутўх Ахмад ибни Мухаммади Ѓазоли (1064-1126) дар тасаввуфи исломии асри XI мавќеи намоён дорад. Ў мутафаккирест, ки бори аввал чандин масоили суфияро пешниход намуда, барои орифони баъди ба хайси пешвои тариќат ва хамчун пири маънави хизмат намудааст. Ахмади Ѓазоли яке аз орифони сермахсул дар таърихи тасаввуфи исломи махсуб мешавад. Рисолахои «Савонех-ул-ушшоќ», «Бахрулхаќиќа», «Айния», «Мачолис», «Рисолат-ут-тайр», «Мактубот» ва ғайрахо ба ќалами ў тааллуќ доранд. Ахмади Ѓазоли аввалин мутафаккирест, ки рисолаи ишќии ирфониро ба забони форси навиштааст ва хамчунин бори нахуст хафт мархилаи тариќати тасаввуфро муайян кардааст, «ва акнун бигўем: бахри аввал- маърифат аст ва гавхари вай яќин аст, бахри дуввум- чалол аст ва гавхари вай хасрат аст, бахри сеюм- вахдоният аст ва гавхари вай хаёт аст, бахри чорум- рубубият аст ва гавхари вай баќо аст, бахри панчум- вахият аст ва гавхари вай висол аст, бахри шашум- чамол аст ва гавхари вай риоят, бахри хафтум- мушохида аст ва гавхари вай фаќр аст» (Ахмади Мучохид. Мачмўаи осори форси Ахмади Ѓазоли.-Техрон 1370. - сах.13). Абулмачд Мачдуд бини Одам Саноии Ѓазнави (тав.1080) намояндаи машхури тасаввуфи асрхои XI-XII мебошад. Ўро дар тариќат пайрави Ахмади Ѓазоли ва Юсуфи Хамадони медонанд. Хизмати асосии Санои аз он иборат аст, ки бори нахуст масоили ирфониро ба адабиёт ворид намуда, дар дар ќолабхои гуногуни шеъри, ба мисли маснави, ќасида ва ғазал таълимот ва дарёфтхои ирфониро баён кард. Асли таълимоти ин мутафаккирро шинохти хаќиќати мутлаќ ташкил медихад. Хаќиќати мутлаќ аз назари Санои хамон офаридгори азали аст, ки вучуди он ба кулли мавчудот алоќаманд аст. Яъне ў ибтидои хасти ва ќувваи харакатдихандаи тамоми ашёву ходисахо мебошад. Барои исботи ин ва дар мачмўъ шинохтани хаќиќати мутлаќ, нахуст чахони модди бо чузъиёташ бояд пурра омўхта шаванд. Пайвастагихо миёни олами набототу хайвонот ва олами инсони муайян гашта, нахуст мавќеи худи инсон, сабаби пайдоиш, вазифаи ў дар зиндаги, маод ва ё марг ва баъдан наќши он дар инкишофи чахон тадќиќу барраси карда шавад. Аз ин нуќтаи назар Хаким Санои инсон, махсусан рўхи онро инъикоси Худо ва ќодир ба дарки кули мавчудот гуфтааст. Дар фалсафаи Санои ба сифати имкон-ул-вучуд ходисахои олами модди, рўхи чахони ва Аќли Кулл ќисмхои таркибианд. Онхо дар натичаи хости Худо пайдо шуда, сабабхои олами модди хастанд. Аќли Кул мохияти мутлаќ дошта, новобаста ба инсон вучуд дорад. Тадричан аз Рўхи Кулл ва Аќли Кул шакл ва материя пайдо мешаванд, ки пайдоиши олами модди низ ба шакл ва материя вобаста аст. Материя ба аќидаи мутафаккир омезиши чор унсур – об, хаво, замин ва оташ аст. Санои оламро ба ду ќисм: олами лохут ё Илохи ва носут ё модди таќсим намудааст. Яке аз масъалахои дигари фалсафаи ў таносуби чисм ва рўх аст. Санои рўхро ба се навъ: одами, хайвони ва растаниги чудо кардааст ва хар яки онро шарху эзохи зиёд додаст. Назарияи маърифати Санои ба масъалаи шинохтани вочибалвучуд ё худ Худо ва инчунин роххои донистани олами модди бахшида шудааст. Худо ба гуфти ў махз бо воситаи инсон объекти маърифат дониста мешавад ва маќсади асосии маърифат ин расидан ба шинохти илохи аст. Масъалахои ахлоќи ва тасаввуфии баёнкардаи Санои ахамият ва арзишхои зиёдро дар ташаккули чахонбини ва маънавиёти шахс, хусусан касби ахлоќи хамида доро мебошанд. Осори ў аз: «Девони ашъор», «Хадиќат-ул-хаќиќа», «Сир-ул-ибод илал маод», «Корномаи Балх ё Мутоибанома», «Тахримат-ул-алам» ва «Макотиби Санои» иборат аст. Намояндаи дигари тасаввуфи ин давр Абулмаоли Абдуллох ибниМухаммад ибни Али Миёнчии Хамадонимаъруф ба Айнулќузот (1099-1131) мебошад. Ин мутафаккир яке аз шогирдони фозилу заккии Ахмади Ѓазоли ба хисоб меравад. Тариќати баргузидаи ў тараннуми ишќи ирфони, дарки мохияти он ва бад-ин васила кашфи чамоли Хаќ аст. Айнулќузот ишќро ба се мартаба- бузург, кўчак ва миёна таќсим мекунад. Рисолахои «Лавоех», «Зубдат-ул-хаќоиќ фи кашф-уд-даќоиќ», «Зубдат-ул-маони» ва ғайрахо ба ќалами ў тааллуќ доранд. Фариддудин Аттори Нишопури (1140-1221) дар асри XIII тасаввуфи исломиро хамачониба инкишоф додаст. Атторро дар тариќат увайси дар чахонбини пайрави вахдати вучуд аст, ки соликони он баъд аз гузаштани пояхои шариат ва тариќат, бо рўхи мутлаќ, яъне Худо як мешавад. Масъалаи мазкурро мутафаккир дар маснавии «Мантиќ-ут-тайр» дар хикояти сафари мурѓон ва расидани онхо ба кўхи Ќоф ва бо Симурѓ як шуданашон хеле равшан ифода кардааст. Ин косепсия агарчи рамзист, вале тариќи он ќобилият ва дарачоти инсонро, ки махлуќи оли ва точи офариниш дониста шудааст, метавон сарехан дарк намуд. Таълимоти Атторо тасвири сайру сулуки солик дар рохи расидан ба дарачаи камолоти маънави ташкил медихад. Ў масъалаи мазкурро тариќи офаридани асархои рамзи матрах намуда, таъкид месозад, ки инсон чун майл ба камолоти маънави кунад ва чиддан чахду талош намояд, хатман ба маќсад мерасад. Мархалахое, ки ў барои сайр ва сулук, яъне расидан ба дарачаи камол ва шинохти хаќиќати мутлаќ баршумурдааст аз талаб, ишќ, маърифат, истиѓно, тавхид, хайрат, фаќр ва фано иборатанд. Хар кадоми мархилахои зикршударо мутафаккир вобаста ба маќом ва чойгохи солик матрах намуда, риояи одот ва тариќи гузазшти онхоро аз дидгохи ирфон тахлил намудааст. Дар таърихи фалсафа ва ирфони исломи осори гаронќадри Аттор чойгохи махсус доранд. Намоёнтарин осори ў иборатанд аз «Тазкират-ул-авлиё», «Илохинома», «Асрорнома», «Чавохирнома», «Хусравнома», «Шарх-ул-ќалб», «Мусибатнома», «Мантиќ-ут-тайр», «Мухторнома» ва ғайра иборатанд. Абўбакр Мухаммад Мухиддин Ибни Араби (1165-1240) аз намоёнтарин орифони чахони ислом мебошад. Ин мутафаккир кўшиш намудааст, то масъалаи «вахдати вучуд»-ро, ки дар таълимоти мутасаввифини пешин дар хар сурат чилва мекард, ба як низоми мувофиќ дарорад. Тибќи таълимоти ў вахдати вучуд бо вахдати воќеъият умумият дошта, асоси онхо айни як чизанд. Яъне Худованд аз чахон комилан чудо нест. Чахон ба сурати асроромез дар Худованд аст. Олам ва ашёе, ки дар он аст, Худо нест, вале хаќиќати онхо чизе чуз хаќиќати ў нест. Худованд аз хамаи сифот бартар аст ва дар айни хол аз онхо холи нест ва аз хамин чо ин каломи маърифати суфиёна пайдо шудааст, ки сифоти хаќ «На ба Ўст ва на чуз Ў». Fарази Ибни Араби баёни назаре аз воќеъият аст, ки даст ёфтани он боиси истифода аз равишхои хоси андешидан аст. Сифоти Хаќ ба сурати як даста исмхо (номхо) як зумра номхо ба худ касб кардааст. Ин номхо имконоти илохии чоришаванда дар чахон аст; асхобе, ки Худованд ба василаи онхо худро дар чахон мутаччали месозад. Ба ин тартиб, исмхои илохи боис мешавад, ки ба василаи онхо одами метавонад ба маърифати вахдонии хаќиќати илохи бирасад. Чун номхо, аслу асоси маърифат ва низ решаи асосии мавчудот аст, бинобар он худро дар чахон ва дар хаёти маънави ба таччали дармеоварад. Инсони комил, ки калима низ хаст, таччалии томи номхои Хаќ аст ва намунае аз чахон ва хам аз инсон мебошад. Инсон, ки олами саѓир аст тавассути он хамаи имконияти мавчуд дар чахонро доро мешавад. Олами асѓар ва олами акбар, хамчун ду оина рўбарўи якдигар ќарор гирифтаанд ва дар хар як дигаре мунъакис мешавад ва хар як аз он ду дар навбати худ намунаи муштараки худро, ки инсони комил аст, мунъакис месозад. «Фусус ул-хикам» дар воќеан васиятномаи рўхонии Ибни Араби ба шумор меравад, ки бисту як (21) - фасли он ба арзёбию тавзехи аќоиди ботинии асосии инсон бахшида шудааст. Чалолуддин Мухаммади Балхи(1208-1273) идомадихандаи таълимоти тасаввуфи мебошад. Таълимоти Мавлавиро метавон аз чихати фалсафи сазовори бахои баланд донист, зеро дар он чандин масоили бахсталаби фалсафи мавриди баррасии олимона ќарор гирифтаанд. Наќши Мавлави дар рушду такомули ирфони исломи хеле назаррас аст. Масъалаи хасти, асрори офариниш, инсон ва монанди инхо дар таълимоти мутафаккир мавќеи намоён доранд. Дар консепсияи чахонбинии Мавлави идтиходу вахдат ва дури аз чахолату таассуб чойгохи махсусро ишѓол менамоянд. Вахдати талаќќинамудаи Чалолуддини Руми, сарманшаъ аз чомеаи инсони гирифта, то дарачаи вахдати вучуд, яъне Хаќиќати мутлаќро дар бар мегирад. Мавлави оламро тачассуми Аќли Кул дониста, аќли инсони ва мавчудоти олами моддиро тачассуми он медонад. Ў дар шинохти асрор ва дарки мохияти вахдати вучуд мартабаи инсонро хеле баланд бардошта, онро чузи пайвастшавандаи асли кул медонад. Мавзўи марказии таълимоти Мавлави Чалолиддини Балхиро тарбияи «Инсони комил» ташкил медихад. Инсони комил аз назари мутафаккир онест, ки хама пахлўхои чахони моддиро дарк намудааст. Масъалаи мазкур дар таълимоти ахлоќии Мавлави аз он шурўъ шудааст, ки инсон дар содир кардани тамоми афъол озод аст. Озодии иродаи инсон метавонад бадиро ба неки табдил дихад ва нафси разиларо саркўб намояд. Нафсро омили бади эълон кардани мутафаккир аз он чо Сар задаст, ки моликияти хусуси ва манфиатхои шахси касро ба бадтарин кирдору аъмол водор мекунад. Дар рохи комёбихои шахси ва бехбудии зиндагии шахси ва бехбудии зиндагии фарди, бухлу хасад, кинояву адоват ва монанди ин хислатхои хабис ривоч ёфта, бештар дар ахлоќи табаќаи ашроф ифода меёбанд. Ў пайрави ахлоќи ахли футувват ва оини чавонмарди буд. Аз назари мутафаккир омили аслии камолот чустучўи хамешагии илму маърифат ва инсодустии хаќиќи мебошад. Тавассути офаридани асари безаволи хеш - Маснавии Маънави тавонист, таълимоти ќуръониро бо тобишхои аќлониву ирфони тасвир намояд. Осори Мавлави «Девони ғазалиёт», «Маснавии Маънави», «Фихи мо фихи» ва «Мачолиси сабаа» буда, мавзўоти мухталифи чахони модди, тарғиби маънавиёт ва тараннуми инсони озодандешу кашшофро дарбар мегиранд. Мафхуми «Марди Худо» дар таълимоти Мавлави инсонеро ифода менамояд, ки аз чихати маънавиёти воќеи мусаллах шуда, некиву бади, асрори вучуд ва дар мачмўъ нафси худро ба таври кули шинохтааст. Дар мачмўъ таълимот ва чахонбинии Мавлави Чалолуддини Балхиро метавон тараннумгари футувват, чавонмарди, озодандеши, вахдат ва худшиносиву дар заминаи ин худошиноси номид. |