Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Маорифпарвари чараёни ичтимоию сиёси ва адабию фархангиест,ки бо усули таблиѓ ва ташвиќи ѓояхои хайрияти умум, адолат, илму хирад нуќсонхои сохти муайяни чамъиятиро рафъ кардану анъанаю тарзи хаёт ва сиёсати онро таѓйир дондан мехост. Маорифпарварон маънавиётро омили асоси ва халкунандаи рушду ривочи чамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллату нуќсонхои ичтимои медонистанд. Тарвичи маориф ва маърифатнок намудани мардумро мухимтарин рохи растагори аз зулму истибдод мехисобиданд. Ѓояхои маорифпарвари дар байни халќхои Шарќи Наздику Миёна, аз чумла халќи точик низ инкишоф ёфтанд. ќафомонии иќтисодию мадани, ќашшоќию бенавоии омма, бесаводи, хукмронии мафкураи феодалию дини дар хаёти маънави, махрумияти сиёси, истибдоди феодали, истисмори мустамликадори дар аморати Бухоро, ошноии зиёиёни пешќадами кишвар бо тамаддуни рус заминахое буданд, ки маорифпарваронро ба исён оварданд. Барои халли масъалахои хаёти дар байни нерўи пешќадам, унсурони демократи ва маорифпарварон аз як чониб, ќуввахои феодалию дини аз чониби дигар, муборизаи тезу тунд мерафт. Дар ин мубориза мутафаккирони маорифпарвари точик-Ахмади Дониш, Савдо, Шохин, Хайрат, Асири ва Мирзосирочи Хаким фаъолона ширкат намуданд. Мазаммати сохти феодали аз тарафи мутафаккирони точик сурату сирати маорифпарварона дошт. Онхо хокимонро сабаби асосии бадбахтихо, бемаърифатии омма, бехтарсозии сифати таълиму тарбияро омили асосии аз муносибатхои феодали начот ёфтани мардум медонистанд. Бинобар ин чори кардани маърифат, рафоќат, бархам додани зулму истибдод маќсаду мароми нихоии онхо буд. Аслан, ѓояхои тамаддунхохию ислохталабии онхо, аз доираи мафкураи расмии ислом берун намебаромаданд. Вале афкори пешќадами маорифпарварони точик, сарфи назар аз он ки на хама дар амал татбиќ гардиданд, ахамияти бузурги ичтимои ва фарханги доштанд. Аз ин хотир метавон бартарияти онро бо чанд далел баён кард: - маорифпарвари дар шароити тартиботи ќафомондаи иќтисоди ва ичтимоию сиёсии асримиёнаги, афзудани нуфузи мафкураи феодалию дини ифодаи эътирози намояндагони пешќадами зиёи нисбат ба сохти мавчуда буд; - маорифпарварони точик барои ќатъиян таѓйир додани низоми маориф, махдуд кардани доираи таъсири дин ва чори кардани таълими илмхои дуняви мубориза мебурданд; - маорифпарварони точик омўзиши илм, тарзи хаёт, низоми маорифу тамаддуни дунявиро низ таќозо мекарданд. Бо ин иќдом маорифпарварон ба мавќеи таассуби дини, мафкураи феодалию динии табаќахои хукмрон зарба зада, ба инкишофи озодандеши, худшиносии милли, мустахкамшавии робита ва хамкории халќхои Осиёи Миёнаю Россия шароит фарохам оварданд. Нихоят, муборизае, ки онхо бар зидди тартиботи феодалии аморат бурданд, барабас нарафт. Аз гуфтахои фавќ бармеояд, ки чараёни чадиди маорифпарварии точик дар заминаи бўхрони шаддиди сиёсиву ичтимои ва маънавию мадании аморати Бухоро аз як чониб ва аз чониби дигар, ошноии зиёиёни маърифатхохи точик ба тамаддуни мутараќќии аврупои сурат гирифта будааст. Дар натичаи мушохидаву муоина ва тачрибаандўзии тамаддуни аврупои ва дигар кишвархои пешрафтаи Шарќ дар онхо бедории фикри ба вучуд омад ва дар муќоисаи тамаддуни мамлакатхои зикршуда бефарханги ва бемаърифатии халќи худро мушаххасан дарк намуда, ба тафаккури эхёи фарханги ачдодии худ фурў рафтаанд ва дар асоси ин тафаккури амиќ як чараёни тамадунхохи ва ислохталаби ба амал омад. Воќеан нимаи дуюми асри XIX дар таърихи афкори ичтимои-сиёсии халќи точик комилан мархилаи сифатии гузариш ва сарнавиштсоз махсуб мешавад, ки хаёти моддию маънави ва фархангии он дар заминаи интиќол аз хавзаи асримиёнаги ба даврони навин чараён кардааст. Дигаргуни ва тахаввулоти афкори фалсафи ва ичтимои-сиёсии халќи точик дар заминаи хамин ќонунияти замонию маконии таърих сурат гирифта, чараёни фархангии хоси ин давр такомул ёфтааст. Чунин самти хоси фарханги давраи гузаришро дар осори Ахмад Махдуми Дониш (1826-1897) ва пайравони ў сарехан мушохида мекунем. Ахмади Дониш хамчун саромади чараёни маорифпарварии точик ва шахиртарин мутафаккири он, дар асархои пурарзиши худ - «Наводир-ул-ваќоеъ», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манѓития», «Меъёр-ут-тадайюн» ва ѓайра дар зимни баёни масъалахои хикмати ичтимои-сиёсияш ба арзёбию масоили умумифалсафи, аз ќабили пайдоиши олам, хилќат ё худусияти олам, назарияи судур, ќазову ќадар, маќому манзалати инсон ва дигар пахлўхои хикмати хастии инсони низ рўй овардааст. Асосан, дар шароити нимаи дуюми асри XIX мавзўъ ва масъалаи асоси ва тахќиќталаб барои мутафаккирони точик, аз чумла Ахмад Махдуми Дониш на арзёбию халли масъалахои хастии инсонию маърифатпазирии олам, балки баррасиву тахлили хаводиси ичтимоиву сиёси, пажўхиши роху усулхои начотёби аз зулму истибдод, чахолату бемаърифати ва растагори аз тасарруфи асорати кишвархои хорич равона шуда буд. Аз ин рў, агар аз хамин меъёр ба тавсифи чахонбинии Ахмади Дониш назар кунем, натичагир мешавем, ки тамоми масоили фалсафии мавриди арзёби ќарордодаи ў дар атрофи як мехвар - ташаккули камолоти инсони ва ворастани мардум аз асорат, интиќоди шадиди зулму истибдод чарх мезанад, ки дар онхо авомили асоси ахлоќ ва маънавиёт мебошанд. Барои намуна метавон ба яке аз масъалахои хастишиноси-«худусият» (офарида будан) ва ё «ќидамият» (адабият)-и олам дар осори Ахмади Дониш нигарист. Ў ба халли ин масъала, асосан аз мавќеи талаботи ахлоќию амалии низоми фалсафии худ нигариста, дар рисолаи «Меъёри тадайюн» шарти зеринро чихати муайян намудани масъалаи оё «ин олам ќадим бошад ё ходис» пеш мегузорад. Ба аќидаи мутафаккир бояд дарк карда шавад, ки «исботи ќадим чи истихола орад ва бар таќдири худус чи нафъ дихад» (Меъёри тадайюн, дастхати зах. даст. АИ РСС Точикистон, раќами 383, сах. 8б). Яъне исботи ќадимият ва азалият хамчунин адабияти олам, хамчун худуси он чи арзишу суди маънавию ахлоќи бо худ дорад? Масъалаи мазкур дар «Наводир-ул-ваќоеъ»-и ў низ мавриди бахс ќарор гирифтааст. Тавре аз гузориши масъала бармеояд, мутафаккир аз аќоиди файласуфони машхури хинд, Чин ва Эрони ќадим ба хуби огох будааст. Бояд тазаккур дод, ки Ахмади Дониш аќидахои ин файласуфонро дар бораи ќадимияти олам инкор мекунад. Мутафаккир пас аз батафсил баён намудани нуќтаи назари онхо дар мавриди даври будани «мурури солхои олам» мефармояд, ки «мабнои ин эътиќодот дар муддати таърихи олам хама вобаста ба ќидами олам аст ва ќиёс аз хозир ва ѓоиб». Ва чун диданд, ки харакати афлок даври аст, гуфтаанд: Бояд, ки на ибтидо ва на интихо дар он бошад, аз он ки агар харакат мустаќим буди, мазаннои ибтидоию интихо дар ў мутасаввир шуди» (Наводир-ул-ваќоеъ, кит., 1., сах. 90). Дар танќиди назарияи ќадим Ахмади Дониш чунин мегўяд: «Бинои хамаи ин ќиёсот бар вахму гумон аст, лузуми вуќуи онро дар хорич хеч ифода намекунанд» (Дар хамон чо). Дар ин чо мутафаккир тибќи анъанаи як ќатор мактабхои фалсафии Шарќи исломи худуди имконияти аќлро низ махдуд мекунад, харчанд, ки дар дигар мавридхо наќши аќлро дар маърифат инкор накардааст. Дар хар сурат ў дар мавриди маърифати хаќиќат доир ба ќидам ва ё ходис будани оламро тавассути аќли одами ѓайриимкон мехисобад. «Масъалаи худусу ќидам ва илм ба ахволу кайфияти олам на аз он чумла аст, ки аќли ноќиси башари, ки мамзуч ба ѓубори имкон аст, хаќиќати онро дарёбад ва ибтидою интихои онро ташхис кунад, ки аќли махдуд ба ќолиби унсури ва дарёфтани басоити мураккаботи суфлия, камохия очиз аст, то ба интихои басоити мучаррадоти улвия чи расад » (Наводир-ул-ваќоеъ сах.90). Ахмади Дониш ба хамон таълимоти диние, ки дар китобхои муќќадас доир ба пайдоиши олам омадааст ва аз он пайѓамбарон хабар додаанд, мўътаќид аст, ки «…агар мухбири содиќ ба хаќ он эълон дихад ва китоби вахй ва илхом бад-он нотиќ бувад, ба хамон тамассук ва эътиќод бояд кард ва мозодае аз онро пучу музахраф бояд ангошт» (Наводир-ул-ваќоеъ сах. 90). Мутафаккир барои он назарияи ќидами оламро инкор мекунад, ки аз диди ў ин назария дар чомеа наќши созандаги ва маънавию ахлоќи бозида наметавонист. Хамчунин дар шароите, ки ў мезист тасаввури мабдаъ маншаи ахлоќии дигаре ба чуз дин имконнопазир буд. Ин аст, ки Дониш мегўяд: «Оре, агар ќидами олам собит шавад, ба аксари мизочхо мулоим ва мувофиќ аст, хосса ба касоне, ки ѓараз аз зиндаги хўрду хоб ва чимоъ манзур доранд. Аз ин чихат бештари салотин ва хукком ин мазхабро пазируфтанд» (Наводир-ул-ваќоеъ, сах. 27). Ба хамин васила мутафаккир кўшиш дорад, ки султонхо ва хокимонро ислох созад ва онхоро ба риояи адолати ичтимои даъват кунад. Дигар масъалаи мухими фалсафи, ки Ахмади Дониш мавриди бахс ќарор додааст, масъалаи ќазову ќадар аст. Бахси ў дар ин мавзўъ ихтилофнок аст. Аз ибтидои бахси мутафаккир бармеоя, ў комилан чонибдори чабария мебошад. Мувофиќи сарсухани боби «Дар тахќиќи чараёни ќазову ќадар…» ба ќавли худаш вай аз чахду кўшишхои зиёде дар рохи мувофиќ ба донишу фахмиши худ ба мартабае расидан, хаста шуда, аз саъйю тараддуд даст мебардорад ва таќдири худро ба ќазову ќадар хавола мекунад ва то ин ки «дигарбора нафси аммора маро ба саъйю кўшиши бефоида дарнаёрад,- мегўяд Дониш,- муќќаддимае дар чараёни ќазо ва рафтани хукми илоху дар бораи бандагон ба хотири тахмид ниходам ва дар сатр кашидам…»( хамон чо, сах.258). Аз ин гуфта бармеояд, Дониш ин муќаддимаро барои таскини хотири ранчидаи худ аз такопўи бесамар ва хатто чилавгири аз «саъйю кўшишхои бефоида» навиштааст. Агар амиќан назар карда шавад, Ахмади Дониш дар оѓоз назарияи маъмули замонаащро дар ин мавзўъ баён кардааст «…бандагонро пеши фармони ќазою ќадар чун ризо ва таслиму таваккал ва тафвиз (ваколатро вогузор кардан) чора набувад. Ва назди зухури ходиса ва вуќўи балво хеч чазаъу фазаъ (тарсу харос) суд надихад ва ончи шуданист ва будани ба саъйю тадбир пешу пас наравад. Ва ончи набуданист ва нашудани, ба макру хиял буд нашавад» ( хамон чо, сах. 258). Баъдан, бархилофи ин назарияи маъмули чабарию каломи бо усули сўхбат назарияи хилофи онро матрах карда ва фахмиши худ, ки табиати ислохотхохи дорад, баён мекунад. Вай худ аз номи шахси дуюм ба ин тариќ масъала мегузорад: «Агар гўйи : « Найли маром ва тахсили ком мавќуфи талабу тараддуд аст ва ризќ аз осмон наборад, то дехќон накорад ва набарорад ва луќма ба дахон наёяд». Дар чавоби ин матлаб Ахмади Дониш мегўяд, ки маош бе «касбу тараддуд» ба даст намеояд ва барои ба даст овардани он саъйю таваччўх намудан аз бузургтарин хукми масолехи тамаддун ва таовун аст ва банни одамро муфид аст. Гузашта аз ин таъкид мекунад, ки агар касе дар ин рохи «кохили ва эхмол раво дорад» аз назари мурувват ва футувват мавриди муохиза ва дар забони омма мавриди накухиш ва сарзаниш бувад. Ў дар мавриди зарурияти саъйю кўшиш барои обу дон, либос ва масканро барои инсон таъкид намуда, зиёдахохи, пурхўри ва тачаммулхохиро танќид мекунад. Масъалаи ќазою ќадар аз назари Ахмади Дониш на он аст, ки инсон дар зиндаги даст аз фаъолият кашида пурра ба Худо таваккал кунад ва интизор дошта бошад, ки хама умури зиндаги тибќи сарнавишт ва таќдир худ аз худ амали хохад гашт. Аз назари Дониш он касе, ки «нишаста нон мехохад ва хобида фароѓат мечўяд, аблаху нодон ва кохилу чохил бошад ва фалак бар фалокат ва накобати ў хукм кунад» ( хамон чо, сах. 264-265). Инсон аз назари Ахмади Дониш чун «халифат-ул-лох фи-л-арз муваззаф аст, ки «умр ба таътил нагузаронад ва ба яке аз умур, ки масолехи халќро муфид аст, ќиём кунад. Дониш масъалаи касбу амалро танхо бо маќсади манфиатчўии фаври ба миён намегузорад, балки фаъолияти ичтимоии инсонро яке аз заруриятхои тамаддун ва таовун медонад. Масъалаи таносуби касбу тарадудди инсон бо ќазову ќадари илохиро Ахмади Дониш ба амали кишту кори дехќони ба умеди самар ташбех медихад. Яъне дехќон сарфи назар аз он, ки шароити боду хаво чигуна хохад шуд, ба умеди самару хосил рўёндан кишт мекунад ва хосил гирифтан ё нагирифтани ў аз шароити боду хаво вобастааст. Хамчунин инсон дар хар сурат бояд барои расидан ба хадафхои олии инсони химмат гузорад ва саъйю кўшиш кунад, харчанд «расидани самар мавќуфи иродаи халќ аст» (хамон чо, сах.267). Ин назарияи Донишро метавон сарчашмаи назариёти ислохотии минбаъдаи ў дар масъалахои ќазову ќадар хисобид. Ахмади Дониш инсонро дар интихоби касб сохибихтиёр мехисобад «хар кас медонад, ки ин рох ба нозу наим меравад ва ин рох ба ќахри чаъим» (хамон чо, сах.271). Ахмади Дониш дар асархояш доир ба масъалаи инсон, сабаби хилќати он, маќому манзалат ва масъулияту ўхдадорихои ў аз мавќеи ислом баромад кардааст. Вале дар тахќиќи ин масъала тамоюли озодандеши ва ихтилофи назари ў бо илохиёти расмиву суннати ба мушохида мерасад. Мохиятан ихтилофи нуќтаи назари Ахмади Дониш бо хикмати суннатии исломи пиромуни масъалахои ичтимои, асолат ва рисолати инсон ва наќши бунёдкориву созандагии он мебощад. Ў монанди маънавиёти таќлидпешаву хурофотпарасти Бухоро дар мадди аввал масъалаи ибодат, зўхду таќво, тарки дунё ва дарвешпешагиро не, балки масоили адолати ичтимои, ташаккули инсони комил ва фаъолмандиву тавонои, суботќадамию ибтикороти ўро ба миён мегузорад. Мутафаккир дар иртиботи хамин масъала мегўяд: «Бидон, ки зоти аќдаси вочибулвучуд дар азал ба илми ќадими хеш донист, ки манбаъ ва мазхари камолот аст. Ва ин хама ачоиб ва ѓароиб, ки дар олами улви ва сифли ба тариќи кашф ва илм уќало ва хукаморо хосил шудааст ва ба баён ва изхор расида ва харчи баъд аз ин аз наводири саноеъ ва фароиди бадоеъ, ки дар аќли азкиё ва авлиё мерасад, хост то ин хамаро зохир гардонад. Тамхиди муќаддамоти бисёр кард аз халќи нуфуси уќул ва афлоку анчум. Ин арвох ва ачсоми басита ва нуронианд ва ба воситаи ин олами унсур ва маволидро мавчуд гардонид. Инхо арвоху ачсоми касифа ва зулмонианд. Аз рух ва чисми латиф ѓайр аз чизе зохир нагардад ва аз рух ва чисми касиф ѓайризулмат чизе изхор нашавад. Пас кашфи нур ва зулмат боќи монд. Таќозо хубби изхор хост, ки ин хаќиќати нур ва зулмат низ зохир гардад «(Рисола дар назми тамаддун ва таовун, сах.4). Дар ин мулохизахои Ахмади Дониш хамон фахмиши фалсафии асрхои миёна баён шудааст. Тибќи он Оллох, ки «вочибулвучуд» аст, яъне «вучуди он вочиб аст дар вучуди хеш» (Абуали ибни Сино. Осори мунтохаб,ч.2,сах.188) ифода мекунад, ки зухур кунад ва зухури вай бо осоре, ки аз вай содир шавад, муяссар бувад, чунон, ки сонеъ пайдо бувад ба маснўъ. Инсон дар фалсафаи Ахмади Дониш чун маърази муборизаи нуру зулмат аст. Дар дигар осори динии ин давра чунин масъалагузори ба мушохида намерасад. Дар хар сурат Дониш сабаби офаридани инсонро аз чониби Худо дар зарурияти зохир кардани хаќиќати нур ва зулмат медонад. Бинобар ин мегўяд: «Пас, лозим омад, вучуди шахсе, ки мураккаб бувад аз нуру зулмат. Ва он шахсе инсони комил аст, хувайдосозандаи хаќоиќи нур ва зулмат аст. Инсони комил дар шархи Ахмади Дониш як вахдати ду нерўи бо хам зич мебошад» Ва зоти инсон мураккаб аст аз аќли шарифа ва нафси касифа ва куфр лозимоти зоти ўст ва аз заруриёт ва адавоту олоти ў ва хар кадом дар ваќте ѓолиб ва дар махале маѓлуб аст» (Рисола,сах.4). Таваччўховар он аст, ки Дониш куфрро зарурияти ибтидои барои тахќиќи олами модди медонад ва имон низ дар фалсафаи ў эътиќод ба Худост. Дар фалсафаи Ахмади Дониш «тантанаи куфр бар имон», яъне рушди чанбаи куфр дар табиати инсон як навъ зухури ќонунмандии чараёни чадиди маорифпарвари дониста шудааст. Аз ин рў дар маърази тафаккури Ахмади Дониш масъалаи тамоюли куфр ва наќши он мавќеи умда пайдо карда, ба сифати назариёти алохида хувайдо мешавад. Мутафаккир доир ба таназзули тамаддуни исломи ва тарвичи тамаддуни аврупои амиќан таваччўх намуда, номураттабии тараќќиёти тамаддуни инсониро дар мачмўъ иброз доштааст, аз як чониб, таназзули имон, яъне бўхрони маънавият ва аз дигар чониб, рушди куфр ба хадди ифрот расида буд. Ин холат нуќтаи замони гардиш, табаддулоти ичтимои ва давраи фочиаи маънавии инсон аст. Эътидоли куфру имон, ба аќидаи Ахмади Дониш, мавќуф бар имони махз намебошд, зеро инсони комил зотан дар «тарки дунё» зохир мегардад ва «тарки дунё» харчанд мадори начоти инсон аст, вале дар он хикмати тамаддуну муовинат бархам хўрад ва олам хароб гардад. Бинобар он эътидоли куфру имон дар куфри махмуд муясар гардад, зеро куфри махмуд харчанд ба «хубби дунё» асос ёфтааст, вале ин амр ба хотири аён кардани имон сурат мегирад ва хикмати амали ба он вобастааст. Пас, камоли маънавияти инсон, ба андешаи мутафаккир, метавонад дар майлу мароми табии ва саъйу кўшишхои хаётии ў хувайдо гардад ва саодати воќеии вай дар ин замина ба вуќўъ ояд. Ахмади Дониш ба тамадуни аврупои асосан аз мавќеи тамаддуни умумибашари наздик шуда, унсурхои фархангии суннатии аздастрафтаро дар ин тамаддун дарёфт кардааст. Бинобар он дар афкори маорифпарваронаи Ахмади Дониш ва пайравони ў мавриди таваччўх ќарор гирифтани воќеияти халќхои русу фаронсави ба он хотир буд, ки дар назари мардумашон ќудрати аќлу хирад ва тавоноии башарият возехан зохир мешавад ва ба худшиносии онхо мусоидат менамояд. Абдулќодирхочаи Савдо (1823-1873) хикояи маъруфаш -«Музхика»-щоир-мутафаккири намоёни чараёни маорифпарварии точик ба хисоб меравад. Осори адабии ба мерос мондаи ў-порчахои манзум, ќасоид, марсияву ғазал, маснавиву ќитъа, рубиву хикоятхо ва дигар жанрхои шеъри мебошанд. Ба лирикаи ишќи ва хачву мутоиба чудо мешавад. Дар лирикаи давраи аввали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Вале мутафаккир дар пайравии Ахмади Дониш ва пайравони ў ба зуди аз доираи ин таъсир баромада, соддабаёниро пеш мегирад ва ба таъсири мавзўъхои тозаи замони худ рўй меорад. Баъзе абёти хачви ва мутоибаомез Савдо хазлу зарофати зохиран беозордошта, баъзан тахќиди сохти хукумронони замонро дар бар гирифтааст. Шоири мутафаккир дар мутоибаву хачвиёт ва бисёр шеърхои дигараш «Бепул» тахаллус кардааст. Шикоятхои ў низ як навъ эътироз бар зидди сохти ичтимоии замон мебошад. Мутафаккир ба чои мазмуну ғояи адабиёти дарбори мавзўъхои хаёти ва ба халќ наздикро ворид намуд. Ў ,ки худ,аз чумлаи мардуми захматкаш буд, дар осораш орзуву ормони халќи одди инъикос ёфтааст. Савдо ба таъсири масъалахои мухими замон рў оварда, дар эчодиёташ нуќсонхои чамъияти феодалиро танќид кардааст. Мазмуни хаётии осори ба шоирон-муафаккирони минбаъдаи равияи маорифпарварии нимаи дуюми асари XIX таъсири зиёд расонд. Шамсиддини Шохин (1857-1894) шоир-мутафаккири намоёни маорифпарвари точик махсуб мешуд. Осори Шохин аз девони ашъор, маснавихои «Лайли ва Мачнун», «Тўхфаи дўстон», «Бадеъ-ус-саноеъ» иборат аст. Ў дар осораш аз носозгории рўзгори худ ва ситами замона шикоятхо карда, чахлу разолат ва фасоди ахлоќи ашроф ва табаќаи хукмронро танќид намудааст. Шохин дар идораи давлати чори намудани тартиботи одилонаро тарғиб мекард, ривочи илму маърифат ва донишхои дунявиро омили рушду равнаќи чамъият медонист. Чахолату нодонии табаќаи хукмрон ва таассубу хурофотпарастии уламои дин, тарзи кўхнаи тахсили мактабу мадрасаро танќид мекард ва хамаи инро сабаби пасмондаги ва ғафлатзадагии мардум мехисобид. Ин афкори пешќадамонаи Шохин дар «Тўхфаи дўстон» ва «Бадоеъ-ус-саноеъи»-ў сарехан ифода гардидаанд. Шохин дар ин асари худ афкори маорифпарваронаи Ахмади Донишро ривоч додаст. Азбаски ин асари охирини мутафаккир аст, дар он рушду тахаввули афкори ў ба назар мерасад. Худи Шохин онро чун як навъ шикоятнома аз рўзгор ба ќалам медихад. Дар ин тартиботи чамъияти саркардагони давлат мазаммат шудаанд. Мухаммадсиддиќи Хайрат(1878-1902) ба таъбири Садриддин Айни, ў аз камоли истеъдод ва ишќи адабиёт дар хурдсоли ба мартабаи устоди расида буд. Ѓазалиёти Хайрат, умуман ашъори ишќии давраи камолоти эчодии ў, аз бехтарин намунаи назми он давра бахисоб меравад. Ѓазалиёти ў бо рўхи некбинона, хурсанди ва хазлхои чавони бо зиндадили ва хаётдўстии худ хеле муассиранд. Вале ин хушхолию зиндадилии ўро ғаму кулфати зиндаги, мухити тираю тори он давр фурў нишонда буд. Мутафаккир дар мубориза ба муќобили разолати замонаш ачзу нотавонии худро хис мекард. Бисёр шеърхои охири умри Хайрат пур аз оху фиғон ва шиквахои чонсўз мебошанд. Вале ў танхо бо шикояту эътироз махдуд нашуда, ба масъалахои ичтимоии замон низ диќќат медод ва чихатхои ќабехтарини аморати Бухороро зери тозиёнаи танќид мегирифт. Тошхочаи Асири(1864-1916) маълумоти ибтидоиро дар Хучанд гирифта, соли 1882 барои такмили дониш ба Хўќанд меравад ва дар мадрасаи он чо тахсили илмро идома медихад. Вай хангоми тахсил дар мадрасаи Хўќанд забони русиро омўхта, аз матбуоти даврагии русию туркзабонии Осиёи Миёна ва Кавказ бахравар гардидааст. Ошнои бо матбуоти руси чахонбинии Асириро хеле васеъ намуд ва аќидахои маорифпарварии ўро тахким бахшид. Акнун вай ба масъалахои мухими ичтимои, ривочи илмхои дуняви, тараќќиёти техники, таълиму маориф чиддитар диќќат медодаги шуд. Хамаи ин дар осораш хеле возех ифода ёфтааст. Мутафаккир рўхониёни иртичоиро, ки монеи пешрафти ичтимои буданд, беамон танќид мекард. Вай дар шеъри «Одамият чист?» онхоро «чинси начосаттинат» ва душмани ќаттоли мазлумон номида, ниќоб аз рўяшон бардошта, чехраи хаќиќиашонро ошкор сохтааст. Дар ин шеър аќидахои инсондўстии Асири, консепсияи башарпарварии ў мўъчаз ифода ёфтааст: Одамият чист?-худро дур аз шар доштан, Хайрхохи халќ будан, нафъи безар доштан… Мутафаккир образи мардуми захматкашро ба сифати ормони нави зебоишиносии давр васф намудааст. Мутафаккир «Дар баёни чўи нави Бекобод» масъалаи обу обёри-аз дарёи Аму ба Бухоро об оварданро ба миён гузошта буд. Асири мўътаќид буд, ки барои ободдонии кишвар ва некуахволии мардум даштхои лабташнаро обшор кардан зарур аст. Вай дар хамин асар доир ба дўстии халќхо сухан ронда, аз мухандиси русе, ки чўи Бекобод бо рохбарии ў бунёд шудааст, бо эхтироми зиёде ёд кардааст: «Дар он санъат зи аввал то ба охир, мухандис буд русе-марди фохир». Мутафаккир дар шароити хаёти феодалии сарзамини худ техника ва илму маданияти пешќадами халќи русро васф ва тарғиб намудааст. Асири яке аз ташвиќкунандагони илмхои дуняви буд. Вай дар ин масъала илму техникаи русро намуна оварда, барои аз худ намудани илмхои дуняви омўхтани забони русиро зарур шумурдааст. Мирзосирочи Хакими Бухорои(1877-1914) тахти таъсири афкори мутараќќии Россия,Осиёи Миёна ва Кавказ пайрави фикрхои маорифпарвари шуд. Азми сафар ба кишвархои Россия, Аврупои Ѓарби ва Шарќи Миёна кард. Сафархои ў то соли 1909 давом ёфт. Мирзосироч Коллечи тиббии америкоиро хатм намуда, сипас дар Бухоро табобатхонаи навъи аврупои кушода ба муоличаи беморон пардохтааст. Дар рўзномахои «Бухорои Шариф», «Тўрон» ва мачаллаи «Ойина» доир ба тиб маќолахои илми дарч кард. Аз осори адаби ва илмии Мирзосироч девони ашъор дар шакли дастнавис ва сафарномаи «Тухафи ахли Бухоро» ва якчанд маќола ба мерос мондааст. Осори ў дар мавзўъхои бедории фикрии халќи точик ва ободии кишвар хидмати босазое доранд. «Тухафи ахли Бухоро» танхо аз тафсили ачоиботи сафархои мутафаккир иборат набуда, бисёр мулохизахои чиддии ичтимоиро низ дар бар гирифтааст. Мирзосироч инкишофи санъату маданият ва иќтисодиёти кишвархои сафаркардаашро дида, онхоро бо Бухорои харобу нотавон ќиёс намуда, роххои аз ғафлату ноогохи начот додани мардуми азияткашидаи кишварашро чўё шудааст. Мирзосироч дар ин осор пешрафти мамлакатро дар равнаќи илму техника ва корхонахои саноати дидааст. Дар «Тухафи ахли Бухоро» таъкид шудааст, ки сабаби бадбахтии халќи кишвар сохти ичтимоии аморати Бухорост ва як рохи аз варта начот ёфтан чунбиши озодихохист. Сайид Чамолуддини Афѓони (1838-1897) аз намояндагони машхури маорифпарварии Шарќ махсуб мешавад. Ин мутафаккир озоди ва донишро сарчашмаи кулли муваффаќиятхои инсони медонад. Хамин аст, ки ў дар осори худ «Мухтасаре аз холи Афѓонистон», «Таълим ва тарбия», «Фавоиди фалсафа», «Дар чахолат ва нодони», «Рисолаи ќазо ва ќадар», «Навовари ва таќлид», «Хизбхои сиёсии Шарќ», «Фалсафаи саноат», «Масъалаи Шарќ», «Инсон ва хаќоиќи коинот», «Фалсафаи тарбия», «Тасввуф», «Хокимияти замона рухи», «Таассуб», «Ислохоти дини», «Вахдати исломи», «Миллат ва дини ислом», «Маќоми зан дар чамъият», «Мубориза барои зиндаги», «Зебо ва ќабех», «Гуманизм, натсионализм ва демократия», «Fарб ва Шарќ» ва ѓайрахо масоили марбут ба озодии инсон ва маърифати воќеиро мавриди баррасии васеи илми ќарор додаст. Дар чахони сиёсат ва илм эътироф шудааст, ки Сайид Чамолуддини Афѓони бузургтарин ислохотчии дини ислом дар асри XIX мебошад. Нахзати ў хам фикри буд ва хам ичтимои. Мутафаккир мехост, тахавуле хам дар андешаи мусалмонон ба вучуд биоварад ва хам дар зиндагии онхо. Ў мўхимтарин ва ќадимтарин дарди чомеаи исломиро истибдоди дохили ва истеъмори хоричи ташхис до два бо ин ду дард ба шиддат мубориза кард. Дар мубориза бо ин ду омили фалачкунанда, мутафаккир огохии сиёси ва ширкати фаолонаи мусалмононро дар сиёсат вочибу лозим шумурд ва барои ба даст овардани мачду азаммати аз дастрафтаи мусулмонон ва ба даст овардани маќоме дар чахон, ки шоистаи он хастанд, бозгашт ба исломи нахустин ва дар хаќиќат хулули мучаддади рўхи исломи воќеиро дар колбади нимамурдаи мусалмонон бозгашт мешумурд ва иттиходи исломро таблиѓ мекард. Сайид Чамолуддини Афѓони тавхиди исломиро бо бурхону далел, ки решасузи хамаи аќоиди ботила аст, тарѓиб менамуд ва мўътаќид буд, ки агар чомеа асоситарин мўътаќидоташро ба нерўи бурхон ва яќин, на гумону тахмин, на эътиќоди хушк ва на таќлид ба даст оварад, басандааст, ки ба рохи хурофоту гумрохи наравад ва озоду осуда зиндаги намояд. Пас бояд мардумро ба тавхиди бурхони даъват кард, то эхтирому эътибори аќл аз назари дини барои онхо мусаллам гардад. Ба хамин чихат Сайид Чамол барои фалсафаи илохии исломи арзиш ќоил буд. Фалсафа дарс медод ва найравони худро ба омўхтани Мухаммад Иќбол (1877-1934) олим, мутафаккир ва донишманди сохибзавќи фалсафа Машриќзамин дар асрхои XIX-XX аст. Омўзиши пахлўхо мухталифи хаёту фаъолият ва чахонбинии аллома Мухаммад Иќболи Лохури дорои ахамияти зиёде буда, илова бар ин барои тарсими даќиќтари пешрафти аќоиди фалсафи, ичтимои ва ахлоќии мардумони Шарќ дар охири асри XIX ва авали асри XX мусоидат хохад кард, чунки онхо бар аќидаи тачдиди афкори дини асос ёфтаанд. Таълимоти аслии худро Иќбол ба ислохи шуури дини ва бедории мардум равона карда, дар тамоми эчодиёташ кўшиши аз чахолат берун овардани чомеаро ва ба зиндагии озодонаву бошуурона равона кардани онро намудааст. Фаъолияти пурчанбаи Иќбол пайваст бар ахкоми дини ислом буда, он ба сифати асоси ичтимоъ ва василаи халли масоили зиёди хаёти ичтимои, сиёси, маънави, ахлоќи ва ѓайра шинохта шуда буд, ки таѓйироти хаёт танхо дар сурати тачдиди назар кардани аќоиди дини ва ислохи он имконпазир мешавад. Дар фалсафаи Иќбол масъалаи мохият ва рисолати инсон хеле хуб мавриди барраси ќарор гирифтаааст. Тахлили осори ў аз он шаходат медихад, ки мутафаккир тархрезии масъалахои марбут ба инсон ва чамъияти исломро яке аз масъалахои заруртарину мухимтарини замони худ медонистааст. Иќбол халли ин масъаларо зимни баррасии маданияти маънави мавриди назар ќарор додаст. Дар ашъори мутафаккир чунин кўшиши дарёфти чавоб ба саволхои инсон кист?, ў чи гунна ќобилияту истеъдод дорад?, ситоиши ў аз чи чиз иборат аст?, оё ў сазовори лаќаби ифтихории «точи офаринишот» хаст ё не?, оё ў сазовори номи Ифтихории «халифаи илохи» дар замин хаст ё не? ва ѓ. ба таври ошкор эхсос мешавад. Иќбол хамеша даъва бар он дорад, ки инсон сараввал ба шинохти нафси худ ва ислохи нуќсу заъфи он майл намояд. Худшиноси дар таълимоти мутафаккир мавќеи намоён дорад ва ў ин маъниро бо истилохи «худи» баён месозад. Осори Иќбол, ки бозгукунандаи таълимоти ичтимоиву сиёси ва фалсафиву ирфонии ўянд, аз «Асрори худи», «Румузи бехуди», «Хизри рох», «Паёми машриќ», «Бонги дифоъ», «Забури Ачам», «Човиднома», «Боли Чабраил», «Зарби Калим», «Мусофир», «Пас чи бояд кард эй аќвоми Шарќ», «Амуѓони Хичоз» ва дигар маќолаву рисолахои бедоркунандаву ба худшиноси хидояткунандаи чомеаи шарќи иборатанд. |