Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 3. Фалсафаи ахди бостонФалсафаи Хиндустони бостони Хиндустон дар таърихи башарият бо тамаддуни бою кўхан ва макотиби гуногуни фалсафии худ маъруфият ёфтааст. Тибќи сарчашмаву маъхазхо мардуми хинду аз даврахои ќадим ба фалсафа ва табииёт ошнои доштанд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар риштахои дигари фалсафа, хусусан дар он риштахое, ки ба мушохида ва тачриба иртибот доранд, дар ин сарзамин пешрафти назаррасе хосил нагардид. Дар илми илохиёт ва риёзиёт бошад, баръакс, ба комёбихои бузурге ноил шуданд, зеро дини Брахма, яъне дини хиндуёни ќадим, ба чуз аз масоили дини чизи дигареро намеандешид, аммо ба гуногунандеши дар чомеаи Хинд мусоидат менамуд. Ќобили зикр аст, ки афкори фалсафии мардуми хинду боиси таваччўхи чахониён гардида буд ва хатто донишмандони Юнон баъзе афкору аќоиди худро аз ин сарзамин ба даст оварданд. Чунончи, истилохи ќувва ва феъл, хаюло ва сурат аввалин бор дар фалсафаи няя ба забон оварда шуданд ва таълимоти атомистии Демокрит низ аз фалсафаи Хинд – вайшешика об мехўрад. Инчунин раќамхои хандаси ва илми хандаса (хандаса аз калимаи Хинд гирифта шудааст) ва илми риёзиёт маъруф бо хамин ном аз ин чо ба дунё пахн шуданд. Оѓози фалсафа дар Хиндустони ќадим ба миёнахои хазораи якуми пеш аз милод рост меояд ва ин давра дар таърихи ќавмхои хинди хамчун давраи пайдоишу ташаккулёбии давлат ва нашъу намо ёфтани он маълум аст. Дар ин давра идоракунии давлат дар ихтиёри роча ќарор дошта, хокимияти ў бошад, асосан ба табаќахои аристократияи заминдор ва кохинони сарватманд, яъне ба брахманхо такя мекард. Чамъияти Хинди ќадим ба чор варна чудо мешуд, ки ин чихати мухим ва фарќкунандаи он ба шумор меравад: брахманхо (дар забони санскрити вожаи «брахма» ба маънии дуо ва «брахман» ба маънии дуогўй омадааст),кшатрихо (Кшатри аз феъли «кши», яъне доштан, хокимият доштан, хукмрон будан, куштан, задан гирифта шудааст), вайшихо (вайши аз вожаи «вайшя» гирифта шуда, маънии садоќату тобеиятро дорад) ва шудрахо (пайдоиши калимаи «шудра» номаълум аст). Калимаи санскритии «варна» маънои «ранг, парда, тобиш» - ро дорад, вале дар Аврупо ба маънии «каста» (табаќа) истеъмол мешавад. Хар як табаќаи зикршуда ранги хоси худро дошт: брахманхо-сафед, кшатрихо-ќирмизи, вайшихо -зард, шудрахо – сиёх. Ин табаќахо аз гурўххои муайяни одамон иборат буда, хар яке дар чамъият мавќеи муайяни худро доштанд. Дар хамаи табаќахо муносибати эндогами хукмрон буд, ки мувофиќи он никохи байни табаќахои бегона манъ карда мешуд. Мансубияти табаќави модарзоди буда, хусусияти мероси дошт. Мехнати фикри мутааллиќ ба табаќаи оли, яъне брахманхо буда, сохаи харби ба табаќаи кшатрихо, зироаткори, хунарманди, косиби, савдо ба вайшихо ва мехнати аз хама вазнину токатфарсо ба шудрахо мансуб буд. Се табаќаи аввал ориёнажод буда, аз табаќаи чорум шудрахо, ки аслан аз мардуми буми буданд, фарќ мекарданд. Рўхонияти Хинд низ фаќат табаќоти сегонаро мўхтарам мешумурд ва мўътаќид бар он буд, ки онхо чандин зинаро паймуда, акнун дар зинаи такомул ќарор доранд. Аммо табаќаи охир, яъне сиёхон ва ашхоси ноќисулаќлро мардуми начис шумурда, даъвои онро дошт, ки сиёхон ва ашхоси ноќисулхилќа ханўз по ба мархалаи сайри такомул наниходаанд ва рўхи шар дар тани онхо чой гузидааст. Тай намудани зинахои тукомул барои мардони гурўхи чорум ва занхои хамаи табаќахо мамнўъ буд, зеро ки мувофиќи ќонуни мавчуда онхо аз хайвон хеч фарќе надоштанд. Брахманхо дар идоракунии давлат таъсиру нуфузи зиёде доштанд, лекин хокимияти воќеи аслан дар дасти кшатрихо буд. Танхо онхо донандагони асили матнхои дини ва расму оинхое, ки ќасдан аз тарафи худи онхо мураккаб карда мешуданд, ба хисоб мерафтанд. Брахманхо ба чахонбинии дини ва асотирие, ки дар Ҳинд хукмрон буд, такя намуда, миёнравии байни олами табии ва ѓайритабии, байни одамон ва худохоро ичро намуда, ба идеологхои расмии ориёихо табдил ёфта буданд. Адабиёти дини. Доир ба чахонбинии дини ва фалсафии мардуми Хинд асархои зиёде вучуд доранд. Осори ќадимтарини адабиёти Хинд «Веда» (Веда калимаи санскрити буда, маънии донишро далолат мекунад) ном дошта, дар охири хазорсолаи II ва хазорсолаи I пеш аз эраи мо ба забони ќадимаи хинди (яъне веди) эчод шудааст. «Веда»-хо аз чор ќисм: «Ригведа», «Самаведа», «Ячурведа» ва «Атхарваведа» иборат буда, мачмўи гимнхо, муночот ва дуохои маросимиро дар бар мегирад. Мураттабсози ва тафсири «Веда»-хо дар нимаи якуми хазорсолаи пеш аз эраи мо анчом пазируфтааст. Хондан ва аз худ кардани онон танхо ба мардони се варнаи (табаќаи) аввал раво буду халос. Занхо ва шудрахо аз ќироату азбар кардани ин махрум буданд. Бояд гуфт, ки аз чихати мазмуну мундарича «Веда» - хоро ба чор гурўх чудо мекунанд: якум-самхита, ё ки худи «Веда»-хо, дуюм-Брахманхо, сеюм - Аранякхо, чорум – Упанишодхо. «Веда»-хо, ки асосан аз мачмўи чахонбинии ќабоили ориёи бармеоянд, хусусияти асотири ва бисёрхудои доранд. Чунончи, танхо дар «Ригведа» номи зиёда аз се хазор худоён зикр ёфтаанд. Дар ибтидо онхоро миранда мешумурданд, аммо баъдтар онхо хислати намирандаги ва абадиятро гирифтанд. Худоёни веди аслан тачассуми ходисот ва равандхои табиат буда, офаридгор ва содиркунандагони онхо хисоб мешуданд. Зинаи ќадимаи ривоятхои ориёи ба сўи давраи модаршохи (матриархат) майл мекард. Дар ин давра мавќеи асосиро дар пантеони (Пантеон – номи умумии хамаи худоёни динхои политеисти буда, инчунин маъбади ќадимаи худоёнро низ ифода мекунад) ориёи Адита-Притхива- «Модар-худои беинтихо», ки 12 писар дошт, ишѓол мекард. Худои Варуна тачассуми осмони ситоразор ва хамзамон хокими шаб ба шумор мерафт. Митра, Суря, Пушан, Савитар бошанд, тачассумгари Офтоб буданд. Аз хамин сабаб, Митра хокими рўз хисобида мешуд. Варуна ва Митра (аввал шаб, баъд рўз) одамонро назорат карда, ба онхо чазо таъин мекунанд ва чазо медиханд. Арянам-хокими рўхи ачдодони фавтида ва ѓайра ба шумор мерафт. Баъдтар ба ин пантеон Индра ва Вишну илова шуданд. Хамаи ин худохо аслан, тачассуми хаводиси табиат буда, хар кадом ба андозае кўшидааст онро ба таври худ шарх дихад. Масалан, кусуфу хусуф чунин шарх дода мешуд, ки гўё азозил Раху гох Офтоб ва гох Мохтобро фурў мебурда бошад. Пайдарпай омадани субх ва баромади Офтоб чунин шарх дода мешуд, ки гўё худои Офтоб Суря худои субх Ушасро таъќиб мекарда бошад. Ваќте ки ќабилахои ориёи дар Хинд маскан ихтиёр кардаанд, аз шуѓли чорводори ба зироаткори гузаштанд. Онхо аз чангалзорхо заминхои киштбоб тайёр мекарданд. Чи хеле ки маълум аст, зироаткори аз боронгарихои пайдарпай ва хушксолию беборони вобастаги дорад, ки ин дар асотири ин давра бевосита инъикос меёфт. Махз аз хамин чо давраи дуввуми мифологияи (асотири) ориёи оѓоз мешавад. Дар мадди аввал худои оташ Агни, худои Офтоб Суря-Савитар, худои тўфон, раъду барќ Индра арзи хасти карданд. Махз худои Индра осмонро аз замин чудо кард. Ў доимо бо худои хушксоли Вритра дар набард буд. Хулоса, давраи дуввуми ташаккули мифологияи Хинд дар алоќамандии зич бо ходисахои табиат ва таъсири онхо ба тарзи истехсолот ба вучуд омаданд ва махз бо хамин хусусиятхо чахонбинии ин давра аз чахонбинии пешин фарќ мекунад. Хусусияти хоси чахонбинии Хинди ќадим дар он аст, ки дар ин давра дар сохаи маънавиёт пешрафти назаррасе мушохида мешавад ва он, бешубха, гузариш аз асотир ба оѓози фалсафа мебошад. Чунин гузариш ханўз дар Ригведа мушохида мешуд, аммо танхо дар ќисмати Упонишодхо он ба ќуллаи баланд мерасад. Дар байни гимнхои зиёди Ригведа, ки дар ситоиши худои Индра суруда мешуданд, ишорахое вучуд доштанд, ки мавчудияти Индраро инкор мекарданд. Ба ин мазмун чунин саволхо буданд: «Касе ўро дидааст?» ё ки «Вай дар кучост?» ва ѓайра. Дар гимни дигар бошад оиди ягонагии худоён ишорахо ба чашм мерасанд. Худохои Агни, Индра, Яма, Варуна ва номгўи гуногуни онхо аз тарафи донишмандон хамчун «хастии ягона» тавсиф шудаанд. Дар гимни «Пуруша» бошад, асоси антропоморфи (антропоморфи ба чизхои бечон, чисмхои осмони ва хайвонот нисбат додани хислатхои одами, хамчунин худоро ба шакли одами тасаввур кардан) доштани чахонбинии асотири баръало намоён мешавад. Чунончи, Пуруша («мард») айни Коинот шумурда мешуд: «Охир Пуруша ин коинотест, ки аз ќадим вучуд дорад ва хохад дошт», омадааст дар яке аз гимнхои Ригведа. Чахонбинии веди аслан динию асотири буд ва махз аз хамин чихат пайдоиши олам аз Пуруша хамчун маросими дини чилвагар шудааст. Мувофиќи ин ривоятхо аспу гов, гимну сурудхо, Офтоб, фазо, бод, осмон, замин ва хатто худохои Индра ва Агни офаридаи Пуруша мебошанд. Дар гимни «Пуруша» лахзаи ѓоявии он, нобаробарии ичтимоии одамон, низоми варнагии Ҳинди ќадим асосонок карда мешавад: брахманхо аз дахони Пуруша, кшатрихо аз бозувон, вайшихо аз миён ва шудрахо бошанд, аз пойхои он пайдо шудаанд. Бояд гуфт, ки дар маъхазхои Ҳинди ќадим доир ба варнахо аввалин маротиб дар хамин чо ишора рафтааст. Дар ќатори гимнхои «Пуруша» ва «Гармои кайхони» дар ќисмати охирини Ригведа гимнхои дигаре дучор мешаванд, ки дар он масъалаи офариниши олам мавриди таваччўхи бештаре ќарор гирифтааст. Чунончи, дар ќисмати «Гимн доир ба офариниши олам» масоили хусусияти чахонбини дошта, аз ќабили пайдоиши олам, хушки, нами, гарми, пайдоиши хаёт ва ѓ. гузошта шудаанд ва боз дар худи хамин гимн ба хулосае меоянд, ки дар ибтидо хеч чиз вучуд надоштааст. Маргу зиндаги, намию хушки, шабу рўз вучуд надоштанд ва тамоми фазоро пардаи торики пўшонда буд. Танхо мавчудияти кадом як навъи гармие, ки манбаи он номаълум буд, эътироф мешуд ва такони аввалинро низ ба он нисбат медоданд. Зинаи дуввуми чахонбинии асотирии ориёи дар адабиёти дигари веди-Брахма инъикос ёфтааст. Таълимоти Брахма, ки тўли ќарнхо дар ин сарзамин ташаккул ёфтааст, аз мачмўи дуохое иборат аст, ки зимни онхо тавсияхои динию мазхаби ва андарзхои ахлоќи ифода ёфтаанд. Сабаби Брахма ном гирифтани он низ дар хамин аст, ки таълимоташ аслан дар шакли муночот ва суруду доухо баён шудаанд. Мабдаи нахустини олам аз нигохи брахманхо рўхи ягонаи човид буда, рўхи инсон чузъи таркибии он аст. Брахманхо чунин мепиндоштанд, ки рўхи одами фавтида ба чисми дигари тавлидшаванда мегузарад. Чунон ки онхо гумон мекарданд, рўх пас аз марг ва нестшавии часад дар олами малакути ё дўзаххои бистухаштгона сукунат кардан боз ба замин фуруд меояд. Агар аз олами малакути омада бошад, ба чисми одамони нек, яъне брахманхо ва худоён ва агар аз дўзах баргашта бошад, ба чисми сифлагону табохкорон дохил мешавад. Брахманхо офарида шудани оламро инкор мекарданд. Онхо коинотро айни Брахма ва Брахмаро айни Коинот медонистанд. Мувофиќи аќидаи брахманхо, Майя, яъне тарсу харос, вахму хаёл онхо (Коиноту Брахма)-ро аз хам чудо карда, якеро холиќу дигареро махлуќ, якеро сабабу дигареро оќибат мепиндорад, холо он ки харду як вучуду як хаќиќатанд. Брахма идора кардани Коинотро ба салохияти ду худои дигар, ки дар пояи арши ў меистоданд, супурдааст: Яке вишнуи валинеъмат, яъне худои неки ва дигаре Шиваи дахшатангез, яъне худои бади. Ба чуз инхо боз се худои бузурги дигар мавчуданд. Мухимтаринашон инхоянд: Индра – худои осмон, Агати – худои оташ, Яма – худои дўзах, Суря – худои хуршед (Офтоб). Зарурати диниро брахманхо дар тиловати дуохо, ибодати доими, риёзат кашидан, ба даргохи Брахма ќурбони кардан, рўза доштан, садаќа кардан, мехмоннавози ва тарбияи фарзандон медиданд. Хислатхои золими, чохили, дурўѓгўи, дузди, зинокори, таносои, бадгўию бадандеши харом шумурда мешуданд. Брахманхо нобаробарии ичтимои, ба кастахо чудошавии чомеаро аз мавќеи дини шарх медоданд ва асоснок мекарданд. Тобеияти бечунучаро ба брахманхо, эътирофи хукумати шохи, ичроиши брахмахои (ўхдадорихои динию шахрванди) варнаи худ накўкорихои мухимтарин хисоб мешуданд. Ба аќидаи онхо, ичрои расму оинхои муайян воситаи покшави аз гунох ба хисоб мерафт. Дар муносибати оилави мард мавќеи фахри дошта, барои завча хамчун чизи муќаддас хисоб мешуд ва пас аз марги шавхар зан бояд худкуши мекард, то дар он дунё низ хизмати ўро ба чо орад. Зан бо рўи кушод мегашт ва дар муомилоту хуќуќ бо мард баробар буд. Брахмания ба пайдоиши макотиби мухталифи фалсафии Ҳинд аз ќабили будоия, чайния, хиндуия ва ѓайра замина гузошт. Холо брахмания дар шакли хиндуизм, яъне дини давлатии Хиндустон вучуд дорад. Бо мурури замон брахманхо китоби дигареро, ки мазмуну мундаричааш аз таълимоти брахмания фарќ мекард, ба вучуд оварданд. Ин таълимот бо номи «Дастури бешаги» маълум буда, ин ќисматро асосан, Аранякхо меномиданд. «Дастури бешаги» барои зохидоне, ки дар чангалхо гўшанишини ихтиёр карда буданд, таъин шуда буд. Гузариш аз холати гўшанишинии хонаги бо риёзаткаши хамчун пеш гирифтани «рохи дониш» фахмида мешуд. Дар шароити чангал ичро намудани расму русуми хонаги ѓайриимкон буд ва ин шакли риёзат барои ташаккули порсоёна мутобиќат мекард ва имкон медод, ки Аранякхо нисбат ба брахманхо дорои идроки баландтар гарданд. Ќисмати хотимавии «Веда»-хоро «Упанишодхо» ташкил мекунанд, ки дар он аслан рисолахои мазмуни фалсафидошта гирд оварда шудаанд. Упанишад калимаи санскрити (упа – ни – шад) буда, маънояш дар назди устод нишаста таълим гирифтан мебошад. Воќеан, дар ин асар панду андарзхо кам нестанд. Аз ин рў, дар байни ном ва мохияти ин мафхум пайвастагии ногусастание вучуд дорад. «Упанишодхо» аз 108 матни хачман гуногун (аз як то сад сахифа) иборат буда, ќисмати аввали он дар асрхои 6-3 пеш аз милод ва ќисмати охири он дар асрхои ХIV-ХV эраи мо офарида шудаанд. Теъдоде аз файласуфон «Упанишодхо» - ро хамчун асари фалсафи ќаламдод кардаанд. Чунончи, олими аврупои П.Дейсен, муаллифи «Фалсафаи Упанишод» таълимоти «Упанишодхо» - ро ба назарияхои Афлотун мусови донистааст. Илова бар ин, дар «Упанишодхо» гўё таълимоти (доктринаи) Кант эхсос карда мешавад. Олими Хинд С. Чакраборти бошад, дар «Упанишодхо» «авчи аълои фалсафаи Хинд» - ро мебинад. Гўё махз ташаккули афкори аќлгароёна (ратсионалисти) дар таълимоти «Упанишодхо» муаллифро ба чунин андеша водор карда бошад. Бояд гуфт, ки «Упанишодхо» таркибан хело хам мураккаб буда, асосан аз мачмўи гуфторхо, андарзхо, муночот, дуою гимнхо, маросимхо, истиораю муаммохо иборат аст. Маросимхо дар «Упанишодхо» нисбат ба «Брахманхо» хеле кам дучор мешаванд. Лекин бо вучуди ин унсурхои динию асотири дар «Упанишодхо» афзалият доранд. Дар «Упанишодхо» миќдори худохо хеле зиёданд. Пеш аз хама номи худои Прочапати ва баъд Брахма, яъне офаридгори варнахо ва дхармахо дучор мешаванд. Дар яке аз ривоятхо омадааст, ки чи тавр аз торикии кулл худои Прочапати ва аз заррахои он Шива, Вишну ва Брахма пайдо шуданд. Аз ин рў, асотири «Упанишодхо» ба расму оин сахт марбут аст. Ќобили тазаккур аст, ки дар ќисматхои минбаъдаи «Упанишодхо» аз бисёрхудои ба яккахудои рў оварда шудааст. Чунончи, шумораи худохо аз 3306-тои аввал ба 33 ва нихоят танхо ба Брахма омада ќарор мегирад. Аз хамин чо шурўъ карда, дар таълимоти «Упанишодхо» гузариш ба фалсафа оѓоз мешавад. Мафхуми Брахма акнун на танхо хамчун Худо, балки хамчун мабдаи (субстансияи) ягона тачассум меёфт. Баъзан Брахма айни Атман доиниста мешуд ва дар чахонбинии онхо омезиш ва тачассуми субъекту объект ба назар мерасад. Дар таълимоти «Упанишодхо» аломатхои диалектика (ба маънии таълимот дар бораи ягонагию муборизаи ба хам зидхо) низ дучор мешаванд. Чунончи, дар он омадааст: «Дар асл Брахман ин Атман аст, ки … аз гармию сарди, аз хостану нахостан, дхарма ва ѓайридхарма таркиб ёфтааст». Нисбати Атман гуфта мешавад, ки ў аз донаи биринч хурдтар ва аз Замин бузургтар аст. Ё худ Шива нисбати худ мегўяд: «Ман аз хама хурд хастам ва аз хама бузург менамоям» ва ѓ. Дар «Упанишодхо» масъалаи мавќеи намоёнро ишѓол мекунад. Назарияи маърифати он ба тачассуми Брахман-Атман нигаронида шудааст. Мувофиќи таълимоти он, «агар Атман дониста шавад, пас хама чиз дониста мешавад». Маќсади оли дар зиндаги, тибќи ин таълимот, ин якшавии Брахман ба Атман хангоми зиндаги, аз сансара начот ёфтан ва баъди марг ба «олами Брахма» мушарраф шудан ба шумор меравад. «Упанишодхо» «чобуки, саховатманди, софдили, хаќиќатпарасти» - ро тарѓиб мекарданд. Прочапати ба фарзандонаш се васият карда буд. Васиятхои ў хомўш кардани шахват, садаќа ба бечорагон, хамдарди ба наздикон мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ташаккули афкори аќлгароёнаи (ратсионалистии) Хинди бостон «Веда»-хо, хусусан ќисматхои «Ригведа» ва «Упанишодхо» наќши мухим доранд. Махз дар хамин ќисматхо мафхумхо ва таълимоти асосии веди, аз ќабили брахман, атман, рита, дхарма, карма, мокша ва ѓ. баён шуда, масъалахои чахоншиносиву илохиёт, таълимот дар бораи охират ва начот, назарияхои хасти ва маърифат, манбаъхои асосии он барраси шудаанд. Дар «Веда»-хо роххои амалии бартараф кардани шар, ранчу азоб, инчунин роххои дарёфт кардани саодату озоди нишон дода шудааст. Ќобили ќайд аст, ки «Веда»-хо дар таъсису ташаккули макотиби гуногуни фалсафии Хинд, алалхусус будоия ва чайния маќоми мухим дорад. Унсурхои фалсафи. Дар миёнахои хазораи якуми пеш аз эраи мо дар Хиндустон дар заминаи чамоаи дехоти шакли нави муносибатхои истехсоли ташаккул ёфт, ки ба чудошавии косиби аз хочагии ќишлоќ, ба вучуд омадани марказхои тичоратию косиби, ибтидои асри санг ва инкишофи муносибатхои пулию моли алоќаманд буд. Бўхрони низоми кастаги дар ин давра боло гирифта, муборизаи кшатрихо ва вайшихо ба муќобили брахманхо шиддат меёфт. Дар Хиндустон дар ин давра давлатхои зиёде вучуд доштанд, вале Магадха нисбат ба хамаи онхо афзалият дошт ва ќуллаи баланди тараќќиёти он ба давраи салтанати Ашокхо (273 - 232) рост меомад. Дар чунин шароит нахустин мактабхои фалсафии Хинд ба вучуд омаданд, ки доир ба баъзеи онхо мухтасар маълумот хохем дод. Мактабхои фалсафии Хинд гуногунанд, лекин мухимтаринашон фалсафаи Буддо, чайния, чорвакхо, веданта, вайшешика, няя, санкхя ва йога ба шумор мераванд. Буддоия. Таълимоти Буддо дар асрхои VI-V пеш аз милод ба вучуд омада, асосгузори он писари шохзодаи Хинд мулаќќаб ба Сидхартха, ки падараш хокими Банорас буд, ба шумор меравад. Тибќи ривоятхо гўё вай дар 29-солаги аз кохи падар фирор карда, рў ба биёбон меорад ва ба риёзату ибодат машѓул мешавад. Ў чанд муддате кўшиш мекунад то хаќиќатро дарёбад, вале ин ба вай муяссар намешавад. Дар охир зери дарахте мешинад ва ахд мекунад, ки то хаќиќатро дарк накунад, аз чой барнамехезад ва нихоят рўзи чорум ба маќсадаш ноил мешавад, яъне «хаќиќат»-ро дарк мекунад ва аз хамин чо ба таблиѓи он мепардозад. Ќобили ќайд аст, ки ин таълимот, бо вучуди дар Хинд зухур карданаш, дар ин чо чандон густариш наёфта, балки он дар Чину Чопон бештар ривоч ёфт. Тибќи маълумотхо пайравони мазхаби Буддо 15 миллионро ташкил мекунанд, ки аз он танхо дусад хазораш сокини Хиндустон мебошанд. Боќимондаашро аслан сокинони Чин, Чопон ва Сейлону Тибет ташкил медиханд. Оид ба буддоия матнхои ќадимаи буддои, ки бо номи «Типитака» .маъруфанд, маълумоти даќиќ медиханд. Матнхо бо хати пахлави навишта шуда буданд (ёдовар мешавем, ки кулли адабиёти веди бо забони санскрити навишта шуда буд), аз ин рў, онхоро «ќонунхои пахлави» низ меноманд. Азбаски ин мантхо дар рўи баргхои палма навишта шуда буданд ва ин навиштахо се сабадро ташкил медоданд, онро «Типитака», яъне «Се сабад»(се сабади хирад) ном гузоштаанд. Буддоия дар ибтидои ташаккулёбияш хамчун таълимоти ахлоќи зухур намуд. Аз рўи ривоятхо Буддо аз масоили оид ба Коинот, чон ва алоќамандии он ба тан ва ѓайра ќасдан дури чустааст. Тахмин меравад, ки ў ба масоили абадияту фони будани олам, беинтихо ё боинтихо будани он, айнияти нафсу тан сарфахм рафтааст, лекин дар ин бора чизе нагуфтааст. Чунончи, ба суоли шогирдонаш рочеъ ба асрори Коинот чунин гуфтааст: «Маро ба олами Коинот ва асрори печидаи он чи кор? Ман фаќат барои он омадаам, то аз ранчхои зиндаги бикохам». Фалсафаи Буддо асосан дар чор мавзўъ бахс мекунад: аввал, дар бораи дакха, яъне муносибатхои зиндаги; дуввум, дар бораи самудая, яъне нокомихо; саввум, дар бораи марка, яъне рохи покии (тозаги, тазкия) нафс ва растагори; чахорум, нирвана, яъне тариќаи хомўш намудани шахват. Мавзўи охири дар таълимоти Буддо мавќеи хос дорад ва махз барои хамин баъзе мухаќќиќони Ѓарб хикмати Буддоро хикмати нирвана, яъне хикмати хомўши номидаанд. Маънии хаќиќии нирвана фурў нишондани оташи шахват, нафрат ба чахолат аст. Нирвана хоби амиќест, ки таи он одами аз шарри фардият рахои ёфта, ба кулл мепайвандад. Буддо ба салтанати хурофот хотима гузошта, фалсафаеро ба вучуд овард, ки он ба хиради мутлаќ такя мекард. Ў аз шогирдонаш хамеша талаб мекард, ки бо ў бахс кунанд ва сухани ўро харгиз бе далелу исбот, яъне бе чуну чаро ќабул накунанд. Тибќи таълимоти буддоия дах гунохи азим вучуд дорад. Аз ин се гунох ба чисм марбутанд ва иборатанд аз зўровари, дузди ва зино кардан. Чахор гунох вобаста ба забонанд ва аз дурўѓ гуфтан, тўхмат задан, дашном додан, бад гуфтан иборатанд. Се гунохи дигар ба зехн марбутанд, ки аз тамаъ, нафрат ва иштибох иборатанд. Буддо риёзаткаши ва азият додани чисмро сахт махкум мекунад. Танро бо рўзадори ва ранч озор додан нашояд. Аз нигохи Буддо зохид он касе нест, ки бадани худро бо воситахои гуногун танбех мекунад, балки зохид он касе аст, ки ба тарбияи нафс мепардозад ва худро ба ганчинае аз афкору амоли некў мубаддал мегардонад. Мувофиќи таълимоти Буддо, вучуди одами ба шўълае монанд аст, ки на танхо месўзад, балки доиман дигаргун мешавад. Аз ин сабаб, хеч кас наметавонад он одаме бошад, ки чанд лахза пеш буд. Хар инсон дар хар лахза инсони дигар мегардад, лекин ин таѓйиротхо бидуни сабаб набуда, хама тавассути сабабу оќибат бо хам мепайванданд. Ба аќидаи Буддо, хама чизе, ки чашм мебинад месўзад ва хатто худи чашм дучори сўхтор аст. Ва ў рохи гурезро аз ин сўхтор дар ноил шудан ба нирвана мебинад, яъне бо оби аќлу хирад оташи шахватро бояд хомўш намоем ва коре кунем, ки дигар дучори мусибати хасти нагардем. Буддо тавлиди наслро бузургтарин чинояте мешуморад, ки шахс нисбати худ содир мекунад. Зеро ки бо тавлиди насл одами боз ба хасти майл мекунад. Бинобар ин дар буддоия тавлиди насл бадтарин гунох аст. Маргу зиндаги аз нигохи Буддо, ду ранги вучуд (хасти) мебошанд, аз ин рў, харду шарранд ва он чи хайр аст, нестии мутлаќ аст. Барои дарки сабаби ин, ки чаро бояд аз тавлиди насл худдори кунем, Буддо савол гузошта худ посух медихад: Савол: Марг чаро вучуд дорад? Чавоб: Барои он ки мо ба дунё омадаем ва бояд бимирем. Савол: Чаро ба дунё омадем? Чавоб: Барои он ки хостем аз хасти бархўрдор шавем. Чун тавлиду марг ду чанбаи вучуданд ва марг моро ба хаёт ва хаёт моро ба марг хидоят мекунад. Бинобар ин сабаб, решаи маргу зиндагиро, ки тавлиди насл мебошад, бояд ќатъ кард, то аз мусибати хаёту марг рахои ёбем. Буддо хеч гох аќидаи худро хаќиќати комил ва пурра намехисобид. Чунончи, ў боре панчаашро пури барги хушк намуда, аз шогирдаш мепурсад, ки оё ѓайр аз инхо барги дигаре вучуд дорад. Шогирдаш посух медихад, ки баргхои хазон зиёданд ва шумораашон беохир аст. Буддо чавоб медихад: «Ман хам ба хамин монанд муште аз хаќиќатхоро ба шумо додам ва ба замми инхо хазорон хаќиќати дигаре хаст, ки шумурданашон ѓайриимкон аст»( Ниг.: Мехрдоди Мехрин. Фалсафаи Шарќ// Рўзномаи «Точикистони шўрави».- 1991. -№155). Зухури буддоия ин инкори диалектикии брахмания ба шумор меравад. Буддо бештар мекўшид, ки мардумро аз зери бори гарон ва тоќатфарсои дини Брахма рахо созад. Ў зидди тафовути кастави, ки брахмания онро ќонуни гардонида буд, баромада, онро махкум кардааст. Чунончи, ў гуфтааст: «Хамон тавре, ки брахман аз шиками модаре берун омада, як сиёхи хинди низ аз модаре мутавваллид шуда, пас ба чи иллат аввалиро асилзода ва дуввумиро ноаслу бадниход мехохем?». Лекин лахзахои ошўфтахолию дунёбезори (пессимисти) дар буддоия нисбат ба брахмания бештар дучор мешаванд. Масалан, дар таълимоти Брахма ранчу азоб хамчун чазо барои гуноххо дониста шуда, рохи начоти онро дар накўкори мебинанд. Аммо Буддо хаётро мачмўи ранчу азоб мешуморад ва дар сансара мавчудияти шодиву сурурро рад мекунад. Умуман дар сансара чараёни беохири тавлиду марг инкор карда мешавад. Чавхари таълимоти Буддо тарѓиби «чор хаќиќати начиб» - азоб, сабаби азоб, рахои аз азоб ва шартхои рахо ёфтан аз азоб мебошад. Мувофиќи хаќиќати аввал: ба дунё омадан-азоб, бемори-азоб, марг- азоб. Хулоса, мавчудияти инсон ин сар то по ранчу азоб аст. Хаќиќати дуввум сабабхои ранчу азоби одамро шарх медихад, ки онхо аз рохат, хохиши хушбахт будан, майли зиндаги доштан иборат мебошанд. Хаќиќати саввум рохи начот ёфтан аз азобро нишон медихад. Барои ин дар худ майли рохат, сурур, ташнагии хаёт, хокимиятхохи, бадзабони, маѓрури ва ѓайраро хомўш сохтан зарур аст. Хаќиќати чорум барои аз азоб рахои ёфтан ичроиши шартхои зеринро тавсия медихад: эътиќоди ќави ба Буддо; пайравии ќатъи ба дин ва тахќир накардани он; кирдору муносибати нек ба одамон бе куштору зўровари; хотираи ќави, ки доим худоро дар ёд дорад; афкори хаќ. Дар буддоия азоб ва озоди холатхои гуногуни хастии ягонаанд: азоб – холати хастии воќеи (билфеъл), озоди – холати имкони(билќувва) ба шумор меравад. Дар асри III пеш аз эраи мо шох Ашока таълимоти Буддоро чун идеологияи расми ќабул намуд. Баъдтар буддоия ба ду равия: хинаяна ва махаяна чудо шуд. Маънии хинаяна «рохи кўчаки начот» ва махаяна «рохи васеи начот» мебошад. Махаяна махдудиятхои шохаи хинаянаро бартараф намуда, бархилофи он таблиѓ мекард, ки хар як фард метавонад ба нирвана мушарраф шавад. Махз хамин имконият дод, ки дини буддои васеъ пахн шавад ва ба дини чахони табдил ёбад. Лекин зикр кардан зурур аст, ки буддоия дар худи Хиндустон худро нигох дошта натавонист. Брахмания, ки акнун дар шакли нав, яъне хиндуия зухур мекард, мавќеи буддоияро танг сохта, онро аз миён рабуд ва худи Буддо ба гурўхи хиндуия дохил шуда, хамчун тачассуми Вишну арзи вучуд мекунад. Таълимоти Буддо аз чанд чихат пешќадам хисоб мешуд. Чихати хуби ин оин аввалан, пойбанди олами ѓайб набудани он мебошад. Тарафи дигари афзалиятнокаш аз он иборат аст, ки Буддо дар чорчўбаи одоб ва русуми мазхаби махдуд нагардидааст. Бузургии Буддо дар он аст, ки ў харгиз даъвои пайѓамбари накарда, тасдиќ намуд, ки мумкин аст иштибохе рух дода бошад ва аз шогирдонаш талаб мекард, ки хеч кадом аќидаи ўро бечунучаро ќабул накунанд, балки худашон хам ба кашфи хаќиќат пардозанд ва кўшиш намоянд иштибохоти ўро бартараф созанд. |