Главная страница
Навигация по странице:

  • Хикмати мутаолия

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница8 из 41
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   41

    Ишроќ вожаи араби буда, маънии он дурахшидан, равшан шудан, баромад ё тулўи офтоб мебошад. Ба маънии истилохи бошад, номи чараёни фалсафии асримиёнагии форс-точик аст, ки мохияти он шарху тавзех ва шинохти олам дар шакли нур аст. Ишроќиён ё ишроќиюн пайравони фалсафаи ишроќро гўянд. Дар Ѓарб саромади ишроќиён Суќрот ва Афлотунро мегўянд. Дар Шарќи исломи Шахобиддини Сўхраварди (1155-1191), ки бо лаќаби «Шайхи Маќтул» маъруф аст, забардастарин намояндаи он мебошад. Хикмати ишроќ яке аз мактабхои махсуси фалсафаи Шарќ аст. Асоси ин назарияро ду поя-завќ ва истидлол ташкил медихад. Мурод аз ин хикмат ошнои ба завќи фитриву покии замир мебошад. Пайдоиши хикмати ишроќ ба замони эхёи фалсафа, хикмати хусравони-пахлавии Эрони бостони, хикмати ирфонии Юнон ва хикмати исломи рост меояд. Чунончи, яке аз намояндагони мумтози ин равия Шахобуддини Сўхраварди, ки худро вориси ду суннати фикри-юнони ва эрони медонад, мебошад. Вай кулли хакимони ќадимро тафсиргари хаќиќати маънави мехисобид. Хикмати ишроќро метавон омeзиши маърифати Эрони Бостон ва ирфону хикмати ислом номид. Хакимони ин мактаб (аз чумла Сўхраварди) чунин аќида доштанд, ки нури Мухаммади дар асоси хаќиќати малакути, паёми чамъи динхо, хикмати пешиниёни олами модди, аз хакимони юнони то Зардушту хакимони Форс буда, дар холи як нури равшанкунандаи торикихо фарохам омадааст ва манбаи хамаи онхо Ќуръони карим мебошад. Хикмати ишроќ як хикмати рамзист, ки фахмиши он завќи хос мехохад ва тавассути истидлол нофахмиданист. Инсон то натавонад ба олами ботини худ сафар кунад, ба таъвили рамузи вучуди даруни худ сарфахм равад, наметавонад дарки хикмати ишроќ намояд.

    Навиштахои Сўхраварди, зиёда аз панчох китобу рисоларо ташкил медиханд, ки ба масоили фалсафиву чахоншиноси ва хикмату ирфон бахшида шудаанд. Таълифотхои Сўхравардиро метавон ба чор гурўх таќсим кард:

    1.Китобхои сирфан фалсафии ў, ки ба забони араби навишта шуда ва иборатанд аз: «Талвихот», «Муќовимот», «Маторихот» ва «Хикмат-ул-ишроќ». Ў дар се китоби нахуст, масоили фалсафиро аз дидгохи машшоиён матрах намуда ва дар мавридхои зиёде ба шеваи худи онхо ба эшон интиќод кардааст. Ин китобхо бартарияти комили Сўхравардиро ба хикмати машшоия ошкор месозанд. Китоби чорум ё «Хикмат ал-ишроќ», мухимтарин асари фалсафии ў ба шумор меравад ва фалсафаи чадидеро шомил мешавад. Сўхраварди дар ин китоб аз усули машшоиён фаротар меравад ва ба орзуи Ибни Сино дар заминаи тахаќќуќ бахшидан ба хикмати машриќи чомаи амал мепўшонад.

    2. Рисолахои ирфонии ў, ки ба забонхои форси ва араби таълиф шуда ва фарогири хикоятхои пуррамзу розе хастанд, ки дар онхо мархилахои сайру сулук аз олами табиат то бартарин мартабахои хаёти ва майл ба растагори ба тариќаи ишроќи тавсиф шудааст. Ин рисолахо иборатанд аз: «Аќли сурх», «Овози тири чабраил», «Луѓати муѓон», «Сафири симурѓ», «Хаёкил-ан-нур», «Алвохи омоди», «Калимат-ат-тасаввуф» ва ѓайра.

    3. Тарчума ва шарххое, ки Сўхраварди бар китобхои пешиниёни худ, Ќуръони Мачид ва хадисхо навиштааст, монанди тафсирхое бар чанд сураи Ќуръон ва баъзе хадисхо, тарчумаи форсии «Рисолат- ат-тайр»-и Ибни Сино, шархе ба «Ишорот ват-танбехот» ва ғайра.

    4. Дуохо ва муночотномахое ба забони араби ки «ал-Воридот ва ат-таќдисот» номида шудааанд.

    Хикматал-ишроќ навъи бахс аз вучуд аст, ки танхо ба нерўи аќл ва тартиби бурхони иктифо намекунад, балки усули истидлолии махзро бо сайру сулуки ќабли хамрох месозад. Файласуфи ишроќи мекўшад хар ончиро дар маќоми бахсу назар ва бар пояи бурхонхои ќавии аќли устувор мекунад, ба тачрибаи даруни дарёбад ва ба зоиќаи дил низ бирасонад.

    Наќшбандия яке аз чараёнхои маъруфу сернуфузи тасаввуф мебошад, ки ибтидои асри XIV зухўр карда, асосгузори он Шайх Бахоуддини Наќшбанд (1318-1389) мебошад.

    Наќшбандия (ё «хочагон» низ мегўянд) аз фаъолияти Абў Яъќуб Юсуфи Хамадони (соли ваф.1140) ибтидо мегирад. Халифи ин марди бузург Абдухолиќи Fиждувони (ваф. 1220) бунёдгузори тариќати хочагон –наќшбандия аст. Аз ёздах асли тариќати наќшбандия хаштоашро вай эчод кардааст, ки чунинанд: хуш дар дам; назар бар ќадам; сафар дар ватан; хилват дар анчуман; ёдкард; бозгашт; ёддошт ва нигахдошт.

    Аз Абдухолиќи Fиждувони занчири тариќат ба тариќи зайл идома меёбад: Орифи Ревгари (ваф.1251ё 1259); Хоча Махмуди Анчири Фаѓнави (ваф.1272); Шайх Азизон Алии Ромитани (ваф. 1321); Мухаммад Бобои Самоси (ваф.1354); Сайид Амири Кулол (ваф.1371) ва Мухаммад Бахоуддини Наќшбанд.

    Бояд тазаккур дод, ки хамаи ин хочагони тариќат дар дехахои гирду атрофи Бухоро таваллуд шудаанд.

    Асосгузори силсилаи наќшбандия, ки бо номхои «Хочаи бузург» ва «Шохи Наќшбанд» низ маъруф аст, Бахоуддин Мухаммад ибни Мухаммади Бухорои соли 1318 дар дехаи Орифони Бухоро ба дунё омадааст. Падараш бофанда ва наќшбанд буд. Бахоуддин дар чавони ба касби падар шуѓл варзида, ба матоъ ва фулўзот наќшбанди кардааст. Аз ин рў номи наќшбанд дар ин тариќат аз хамин чо пайдо шуда, худи ў бо лаќаби Наќшбанд машхур гардид.

    Дар рушди чахонбинии Бахоуддини Наќшбанд хизмати бобояш, ки бо ахли тасаввуф ошнои дошт, хеле бузург аст.

    Бахоуддинро дар рўхияи силсилаи наќшбандия Хоча Бобои Самоси ва сипас Сайид Амири Кулол тарбия намудаанд. Хусусан, таъсири таълимоти Абдухолиќи Fиждувони ба афкору аъмоли ў беназир аст. Чуноне, ки ќаблан зикр кардем, чавхари таълимоти наќшбандияро хашт усуле, ки Абдухолиќи Fиждувони пешниход намудааст, ташкил медихад. Бахоуддини Наќшбанд боз се усули дигар – вуќуфи замони, вуќуфи адади ва вуќуфи ќалбиро ба ин таълимот илова намуд.

    Оид ба хаёту фаъолияти «Хочаи бузург» боз илова бояд кард, ки ў солхои зиёд ба омўзишу тахќиќ ва даъвату мавъиза машѓул гардида, ду маротиба зиёрати Хонаи Каъба намудааст ва дар сини 73-солаги аз олам гузаштааст. Оромгохи ин бузургвор дар зодгохаш дехаи Орифони Бухоро мавчуд аст.

    Аз Бахоуддини Наќшбанд таълифоте боќи намондааст. Шархи хол ва таълимоти ўро аз асархои шогирдону пайравонаш Хоча Мухаммади Порсо, Мавлоно Яъќуби Чархи, Хоча Ахрор ва Мавлавии Чунуни дарёфт кардан мумкин аст.

    Шохи Наќшбанд худопарастии зохири, урфу одатхои зиёдро миёни сўфиён, узлатнишинии чихилрўза ва зикри чахрро махкум сохта, ќабл аз хама, покии рўх ва зиндагии ихтиёрии фаќиронаро талќин менамояд.

    Наќшбандия аз пайравони худ мутобиќати кулли ќонуну ќоидахои шариат ва хадисхои пайѓамбарро талаб карда, риояи онхоро яке аз шартхои хатмии маслаки худ медонад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки Абдухолиќи Fиждувони чонибдори зикри хуфия буд ва наќшбандия низ ѓояхои асосии худро аз таълимоти ў гирифтааст. Наќшбандия солики тариќатро водор месозад, ки бештар миёни мардум бошад, ѓарќи хамешагии зўхду таќво набуда, бо ќувваи худ кор кунад ва бо мехнати халол зиндаги намояд.

    Дар баробари ин, дар рафти кор, сўхбат ва рохгарди зохиран бо халќ ва ботинан бо Хаќ бошад. Шиори асосии ин тариќат «даст ба кору дил ба ёр» хамин чизро таќозо мекунад.

    Чунон ки таъкид шуд, ѓояи асосии таълимоти наќшбандия бар ёздах усул устувор аст. Агарчи ин шартхоро пайравони хамин силсила ва олимину мухаќќиќони ин соха шарху эзохи мухталифе намудаанд, чавхари хамаи гуфтахои онхо хулосахои зеринро дар байн мегирад: хуш дар дам, яъне солик барои маърифати Хаќ бояд як лахза аз ёди Худованд ѓофил набошад ва пайваста ба ёди ў бошад; назар дар ќадам, яъне равандаи ин рох хар ќадами худро бояд ахамият дихад ва назорат созад, ки дар амалу рафтор ба ќурби Худованд ноил шавад; сафар дар ватан, яъне дар тасаввуф «сафар дар ватан» маънои сафар дар вучуди хеш аст. Ватани асосии инсон ва шавќи бозгашт ба он мебошад. Ин таълимоти наќшбандия Аслан талош, захмат, ранч ва риёзати соликро барои поку беолоиш сохтани вучуди худ аз олоишхои дуняви фаро мегирад; хилват дар анчуман, яъне пайрави ин тариќат метавонад хамеша бо халќ, дар миёни мардум бошад, вале зохиран бояд бо онхо бошад ва ботинан бо Хаќ. Ин чихати таълимоти наќшбандия гўшанишиниву узлатро манъ менамояд то ки мехнату ранч мояи ризќи халоли ў гардад, аммо дар хама холат хушу хаёли худро чониби Худованд ќарор бидихад; ёдкард, ин талаби таълимоти наќшбандия соликро ба он хушдор месозад, ки хамеша дар зикри Худо бошад; бозгашт – мазмуни ин рукни таълимоти наќшбандия ин аст, ки солик дар чараёни зикри бисёр харчи бештар ба шинохти Худованд ноил гардад ва зикри асосии солик дар ичрои латифахо, ки пир ба ў месупорад амали мегардад; ёддошт, ин чихати таълимоти наќшбандия бештар ба рукни панчум (ёдкард) шабохат дорад. Маълум аст, ки инсон дар бораи зиндагии хушу гуворои олами хасти хамеша фикр карда, дар гирдоби ранчу ташвишхои рўхи ќарор дорад, вале бояд хиссиёти худшиносиаш авлотар аз ин бошад ва нигахдошт, инчо таъкид мешавад, ки солик бояд ба нигахдошти зикр хамеша ноил гардад ва ин нигахдошти доими дар хама холат пойдор бимонад ва лахзае дуривуѓафлат аз ин амал аз хатохои азим аст.

    Се рукни дигаре, ки Бахоуддини Наќшбанд ба таълимоти Абдухолиќи Fиждувони хамрох кардааст, вуќуфи замони, вуќуфи адади ва вуќуфи ќалби мебошанд. Маънои вожаи вуќуф яке таваќќуф ва дигаре огохи аст, маънои дуюм ба маќсад мувофиќтар аст ва он дархури мохияташ мебошад, чунки хадафи олии хар тариќати тасаввуф дар натичаи тай кардани зинахои муайяншуда огохии комили солик аз тачалии шухуди мебошад.

    Пас вуќуфи замони, адади ва ќалбии таъкидкардаи Бахоуддини Наќшбанд низ ба хамин чиз вобастаги доранд. Вуќуфи замони, яъне сўфи бояд ваќтро бишносад ва ин огохи ўро ба зикри харчи бештар ва ичрои муназзами он далолат мекунад. Вуќуфи адади, яъне зикри рўз ба рўз аз чихати миќдор зиёдтар, чуноне, ки дар ичроиши латифахо хувайдо мегардад. Вуќуфи ќалби, ин огохи ба бархурдагии ќалби солик аст, ки дар натичаи риояи хатмии ваќти зикри бардавом, хамешаги ва адади он вучудаш мазхарои тачаллиёти нури Худованд мегардад.

    Дар таълимоти наќшбандия ба шахсияту тарбият ва масъулияти муриду муршид низ диќќати махсус дода мешавад. Эхтирому садоќат ва ичрои амру гуфтахои пир барои солик хатми буда, хизмат дар хаќќи ў шарафу ифтихор хисоб меёбад.

    Маќому мартабаи Бахоуддини Наќшбанд дар байни пайравон ва оммаи мардум беандоза бузург аст.

    Баъди Бахоуддин дар даврони шогирдони ў Алоуддини Аттор (ваф.1400) ва бахусус, Хоча Мухаммади Порсо мавќеи силсила дар чомеаи исломи тахким ёфт ва нохияву минтаќахои зиёдеро дарбар гирифт. Асри XV дар замони Хоча Убайдуллох ибни Махмуди Шоши, ки бо номи Хоча Убайдуллох Ахрор ё Хоча Ахрори Вали (1414-1490) маъруф аст, наќши тариќати наќшбандия дар хаёти сиёсии мамлакат бештар афзуд. Ин замон дар тарѓибу ташвиќи таълимоти наќшбандия хизматхои шахсияти машхури исломи Мавлоно Яъќуби Чархи (ваф.1447) низ калон аст. Дар асрхои XV-XVI нуфузу манзалати наќшбандияро дар симои шайхи бузург Махдуми Аъзам (1461-1549) ва авлоди шайхони чўйбори мебинем. Аз обрў ва эътибори тариќати мазкур ин нукта шаходат медихад, ки бузургоне чун Хусайн Воизи Кошифи, Мавлоно Абдуррахмони Чоми ва Алишери Навои ба он пайрави кардаанд.

    Чихатхои пешкадамонаи ин тариќат боиси он шуд, ки дар байни мардум нисбат ба дигар шохахои тасаввуф таъсиру нуфузи бештар пайдо намуд ва дар кишвару мамолики мухталифи дунё пахн гардид

    Абдуррахмони Чоми (1414-1492) дар таърихи афкори чамъияти сиёси, фалсафи, ахлоќи ва адабии точик яке аз мутафаккирони шахиру чирадаст маъруфият дорад. Ќобилияту истеъдоди Чоми чунон бузург буд, ки хатто баъзе устодон ўхдаи дарс додани ў баромада наметавонистанд. Вай дар сини бистсолаги доир ба нучум шарх навишта ба расадхонаи дар шахри Самарќанд воќеъбудаи Улуғбек фиристод. Муначчими машхури давр Ќозизодаи Руми ва Фазлуллохи Абўлайси сабаќи илм гирифт ва дониши худро аз нучум, хайъат, фалсафа ва хисоб такмил дод. Вай баъди хатми мадраса чанд муддате дар самарќанд монда, соли 1452 ба зодгохаш шахри Хирот баргашт. Дар ин чо ба тахсили илмхои шеъру арўз машғул гардид. Ин айём Чоми бо яке аз бузургони тариќати наќшбандия Саъдуддини Ќошғари шинос шуда, ин тариќатро пазируфт. Пас аз марги устоди маънавии худ рохбари тариќати наќшбандия гардид. Вале ў бо мардум аз тариќати худ сухан намегуфт ва ахкоми тасаввуфро низ тарғиб намекард. Чоми хафт бор ба сафар баромада, шахрхои Самарќанду Тошканд ва Форобу Марвро дид. Хамчунин шахрхои Нишопур,Сабзавор, Бастом, Домғон, Ќазвин, Хамадон ва Бағдодро саёхат карда, бо арбобони илму фарханги ин кишвархо вохўрд. Ин сафархо ба чахонбинии Чоми таъсири бузург расонданд.

    Осори Абдуррахмони Чоми се девон-(«Фотихат-уш-шубоб», «Воситат-ул-иќд» ва «Хотимат-ул-хаёт»); «Хафтавранг»-(«Силсилат-уз-захаб», «Саломон ва Абсол», «Тўхфат-ул-ахрор», «Сабхат-ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайли ва Мачнун» ва «Хирадномаи Искандари») ; «Бахористон»; ќасоид-(«Луччат-ул-асрор», «Чило-ур-рўх» ва «Рашхи бол ва шархи хол»); рисолахои илми-(«Рисолаи арўз», «Рисолаи ќофия», «Рисолаи мусиќи», «Рисолаи кабир дар муаммо», «Рисолаи асғари манзума дар муаммо»; илми сарфу нахв- «Фавоиди Зиёия»; «Нафахот-ул-унс», «Наќд-ун-нуфус фи шархи «Наќш-ил-фусус»», «Лавомеъ», «Шархи ќасидаи тоия», «Шархи рубоиёт», «Ашшиат-ул-ламаот», «Суханони Хоча Порсо», «Рисолаи шароити зикр», «Шархи «Фусус-ил-хикам»); мактубот ва ғайраро дар бар мегиранд.

    Дар ғазалиёти Чоми аксар маънихои ошиќона ва матолиби орифона дарч ёфта, масоили тасаввуфу ирфон дар пардаи ишќу ошиќу маъшуќ баён гардидаанд. Хамчунин дар ғазалиёти ў баъзан мазаммати ахли чоху риё, ахлоќи разилаи ашхоси манфур, ситоиши бархе аз подшохони замон, панду насихат ва марсия низ ба мушохида мерасанд. Дар ќасидахои мутафаккир аз тавхиду наът ва муночот, ирфону хикмат, панду андарз, шархи хол, шиква, васфи табиат, мадху чавоби мактуботи подшохони муосири ў сухан рафтааст. Муаммохои Чоми дар шакли дубайти, рубои ва байт навишта шудаанд. Мутафаккир дар девони якум доманаи мавзўъро фарох гирифта, анќариб ба хама масоили хаёт дахл кардааст. Дар ду девони дигараш бошад, мавзўи онон нисбатан махдуд шуда, бештар чихатхои таълимоти тасаввуфию ирфонии ў арзёби шудаанд.

    Масъалахои вахдати вучудро Чоми дар асараш «Наќд-ан-нусус» шарх додаст. Мувофиќи аќидаи ў хаќиќати вочибтаъоло айни вучуди вай буда, хастии Худои таъоло пайдотар аз хама хастихост, зеро ки ў ба худ пайдост ва пайдоии соири хастихо бад-ўст. Аммо ин хастии мутлаќ дар шаклхои гуногун зухур карда, аслу манша ва мабдаъи чумлаи махлуќот як хаќиќат буда, вучуд-ал-хаќ ба панч навъ хозир буда метавонад: аввал, хазрати зотаст, ки онро ѓайби мутлаќ гўянд, ки аз он хеч кас хикоят натавонад кард, зеро ки он чо исму расм наѓунчад ва иборат чун ишорат мачол надорад. Инчунин вучуд-ал-хаќ дар асмо(номхо) ва афъол, яъне дар олами арвох, мисолу хаёл ва хиссу мушохида шухуд мекунад. Чоми мегўяд, ки айни вучуд, ки зот аст, яке беш нест, хама мавчудот мазохир ва мачолии чамолу камоли ўянд: «Хама партави чамоли хазрати ўст ва хама аз ўст ва хама бад-ўст, балки худ хама ўст, ки хеч чизро чуз вай хастие ба хаќиќат нест, балки хастии хама чизхо партави нури хастии ўст». Мутафаккир дар такя ба оятхои ќуръони инсонро бехтарин, мукаррамтарин ва хубтарин махлуќоти Офаридгор ќаламдод карда, аќлро дар кафи ў чароѓ ва хавоси панчгонаро рахшиносони панчгона меномад ва зарурати наззораи чамоли илохиро дар хама маврид чун талаби маънавии инсон ба ќалам медихад. Маќсад аз ин гуфтахои ў худшиноси ва худогохии инсон дар зиндаги ва шинохти маќом ва манзалати хеш дар олами вучуд аст.

    Абдурахмони Чоми чихатхои пешќадами таълимоти тариќати наќшбандияи тасаввуфро хуш пазируфта, аз он пайрави кардааст ва яке аз шахсиятхои маъруф ва сохибэхтиром дар байни тарафдорони ин чараён махсуб меёбад.

    Мирмухаммад Боќири Астарободи машхур ба Мирдомод (ваф. 1041) олим, мутафаккир ва барчастатарин намояндаи фалсафаи асрхои XVI-XVII-и точик мебошад. Номи аслии Ў Мир Бурхониддин Мухаммад Боќир буда, бо номи Мирдомод машхур шудааст. Мутафаккир дар таълимоташ ба аксари масоили илми ва фалсафи даст зада, ќариб тамоми сохахои илмхои замонаашро фаро гирифтааст. Аз чумла, мантиќ, илохиёт, илмхои табии, риёзиёт, назарияи фиќх, илми хадис ва илми тафсир сохахои мавриди тахќиќбудаи ўро ташкил медиханд. Назариёти мутафаккир дар асархои «Ас-сирот-ал-мустаќим ва вофиќ-ул-мубин», «Равоших ас-самовия», «Хулќ-ул-аъмол», «Ал-ќабасот», «Мантиќи мабохиси алфоз», «Ал-музоч-ул-улум» ва ѓайрахо баён намудааст. Нисбат ба улуми дигар дар эчодиёти Мирдомод илми мантиќ мавќеи намоёнро ишѓол менамояд ва аз ин чихат мутафаккирро дар таърихи фалсафаи точик бо унвони «Муаллими сеюм» ном мебаранд. Таълимоти мантиќии ў дар китоби «Мантиќи мабохиси алфоз» гирдовари шудаанд, ки рочеъ ба тасаввуру тасдиќ, махмул (предикат) ва мавзўъ (субъект) ва масоили дигари вобаста ба ин изхори андеша намудааст. Фалсафаи Мирдомодро мухтасаран метавон фалсафаи гностики номид, зеро дар он ќобилияти фикрии аќлу хирад барои дарки диди нафс равона шудааст.

    Хикмати мутаолия яке аз мактабхои намоёни фалсафаи точик махсуб мешавад. Асосгузори мактаби мазкур мутафаккири оздандеш Садруддин Мухаммад ибни Иброхим ибни Яхёи Шерози, маъруф ба Садрулмутааллихин ва Мулло Садро (1561-1050) мебошад. Мулло Садро дар тахсили улум истеъдоди фавќулода дошт ва аз даврони чавони ба омўзиши чиддии улуми замонаш камари химмат баста буд. Ў нахуст бо Шайх Бахои ошнои пайдо намуда, илмхои наќлиро назди ў ва улуми аќлиро бошад, аз Сайид Амир Мухаммад Боќир ибни Шамсуддин, машхур ба Мирдомод фаро гирифт. Баъд аз касби пурраи улуми роичи замон ва таълимотхои пешин, мутафаккир аз талфиќи ќисмати машшову ишроќ ва баъзе андешахои каломи аз як тараф ва бахшидани суръати мантиќи ба кашфу шухуди орифону суфиёни бузург, махсусан Ибни Араби ва шарху тафсири фалсафи-ирфонии таълимоти имомони шиа, аз тарафи дигар, мактаби наве дар хикмат таъсис дод, ки то рўзгори мо мавриди тахќиќу тадрис ќарор дорад. Худи Мулло Садро фалсафаашро «хикмати мутаолия» номидааст. Бартарии мактаби ў аз он иборат буд, ки ба осони тавонист байни ду мактаби зид ва мухолиф, яъне фалсафаи машшои ва ишроќ ошнои дихад ва он дуро ба вахдат бирасонад. Мутафаккир ин бартариро бо калимаи «муталоия» нишон медод. Дакр низоми комили мактаби мутаолия хама бахшхо ва фаслхои мухими фалсафаро метавон пайдо намуд, ки як низоми системанокро ташкил медихад. Масоили вучудшиноси ва мовароуттабиа аз хама бештар ва баъдан батартиб бахсхои нафсшиноси, илохиёт, маодшиноси, шинохтшиноси, ахлоќ, зебоишиноси ва мантиќ дар он илова мешаванд. Ин фаслхо агарчи ба хам омехта хастанд, вале хамон гуна, ки шарт як низоми фалсафии комил аст, хама бахсхои он ба тартиб аз бахси вучудшиноси ба хайси поя барои исботи дигар матолиб ва мавзуот истифода мешавад. Мохияти асосии ин мактаб аз он иборат аст, ки далелу бурхон барои тасдиќи хама назару андеша ва таълимотхо васеъ истифода мешуд. Мутафаккир харгиз бе далелу бурхон сухан намегуфт. Ќавли мазкурро ў дар «Асфор» меоварад, ки аз одати суфиён аст, ки дар ахком танхо ба завќу вичдон иктифо меварзанд, лекин мо ба он чи бурхон надошта бошад, эътимод надорем.(Садруддини Шерози. Ал-асфор-ул-аќлий-ил-арбаа.Дарнўх чилд. Интишороти «Доиратулмаорифи исломия». Ч.1. сах.21).

    Равиши фалсафии Мулло Садро равиши хосса ва мувофиќ ба худи ўст. Нубуѓи хоси ў ин буд, ки се рохеро, ки ба хаќиќат мерасанд, яъне вахй, бурхони аќли ва тахзиби нафс бо якдигар таркиб кард ва ба сурати ягона даровард. Ба хамин далел осори Мулло Садро таркибе аз ќазоёи мантиќи, шухуди ирфони ва оёти Ќуръониву аходис аст. Вай муваффаќ шуд ба хадафе, ки Фаробиву Сино ва файласуфони мутакаллим дар таи асрхо дунболаш буданд. Он тавфиќи байни дин, бурхон ва ирфон аст, ки Мулло Садро онро амали сохт. Мутафаккир чахор рохеро интихоб кард ва онхоро ба хамдигар омехта сохт, ки ин роххои чахоргона машшоъ, ишроќ, ирфон ва калом мебошанд.

    Дар низоми аќоиди Садруддини Шерози чанбаъхои машшои бештар мушохида мешаванд. Унсурхои завќиву ишроќи дар таълимоти ў, асосан, дар масъалаи нафс назарияи маърифат ва унсурхои машшоиву мантиќи дар масъалахои умури омма, вучуд, вучуди зехни ва ѓайра ба назар мерасанд. Дар низоми фалсафии Мулло Садро масъалаи вучудшиноси мавќеи хосса дорад. Масъалаи асолати вучуд яке аз кашфиётхои мухими мутафаккир мебошад. Ин аз масъалахои асосии ихтилофи байни мутафаккирон ва мутаккаллимони исломи аст, ки вучуд асил бошад ё мохият. Машшоиёну суфиён ба асолати вучуд, яъне ба воќеияти айни ва хоричи доштани вучуди мустаъќил ќоил буданд ва мохиятро чизе чуз аъроз намедонистанд. Мулло Садро дар ибтидои фаъолияти хеш дар пайравии устодаш Мирдомод ќоил ба асолати мохият буд, вале тадричан аз ин аќидааш даст кашида, назарияи асолати вучудро эътироф намуд. Аммо назарияи асолати вучуди ў аз назарияи машшоиён фарќ мекунад. Тибќи таълимоти машшоияи шарќи вучуди хар чиз зотан мутафовит ва мутамойиз аз вучудхои дигар аст, харчанд нисбат ба мохияти худ асолат дорад. Вале аз нигохи Садруддини Шерози, вучуд дар тамоми ќаламрави хасти чуз як чиз нест хаќиќати ягонаест, ки дорои силсилаи маротиб, шиддат ва заъф мебошад. Маслан, вучуди офаридгор, инсон, дарахт ва ѓайра хама як вучуд ва як воќеияти хоричианд, вале дарачахои заъфу шиддати зухури онхо, аз якдигар фарќ мекунанд. Садруддини Шерози мўътаќид аст, ки вучуд зотан таќсимнопазир, вале мантиќан таќсимпазир аст.Ў вучудро ба вучуди иртиботи ва вучуди нафси чудо мекунад. Вучуди иртиботи вучудест, ки мавзўъро ба махмул пайваст месозад. Вучуди нафси бошад, мустаъќил ва ќоил ба зот буда, дар навбати худ ба се ќисмат- оне, ки дар олами хорич сифати чизи дигар намебошад ва он чавхар номида мешавад, навъе, ки сифати чизи дигар аст ва он аъроз номида мешавад ва навъе, ки ба чуз худ иллате надорад ва он вучуди офаридгор аст чудо мешавад.

    Дар низоми фалсафии мутафаккир таќсимоти вучуд дар услуби машшои низ ба назар мерасад. Мулло Садро вучудро аз ин лихоз ба вочиб, мумкин ва мумтанеъ ќисмат намуда, хар якеро таъриф медихад, ки шабехи таърифхои пайравони машшоъ аст.

    Масъалаи дигаре, ки дар таълимоти Мулло Садро мавќеи хос дорад ва низоми аќоиди ў дар ин замина асос ёфтааст, масъалаи харакати чавхари мебошад. Харакат ин хуручи шайъ аст аз ќувва ба феъл ба таври тадрич. Агар ин амр ба таври дафъи анчом пазирад, онро тачаддуд ё худус мегўянд на харакат. Аз назари Мулло Садро чавхар аз чавхарият харакат мекунад, то ки комилтар гардад. Ў имкони таѓийри дафъии як чавхар ба чавхари дигарро, ки машшоиён бо таѓийри тачриди эътироф доштанд, рад мекунанд. Мутафаккир хама гуна таѓийротро шаклхои харакат медонад ва чахонро мисли дарё мепиндошт, ки хамеша дар харакату дигаргуни аст. Хамчунин харакатро тачдиду тачаддуди доими дар хар лахза медонад. На танхо аразхо, балки худи чавхари олам низ дар харакат ва навофарини мебошад. Аразхо барои вучуди худ ба чавхар ниёз доранд.

    Дигар ин, ки хамаи мавчудоди олам дар ташаккулу такомуланд. Моддаи хар мавчуд хар лахза бидуни берун кардани либоси кўхна либоси тозае ба бар мекунад ва ин амр ба сурати тез амали мегардад, ки чашму хисси инсон ќобили дарки он нест. Ин таѓйиру навшави давомияту хуввияти хар мавчудро дар сайри доимии харакати чавхарии он хифз менамояд.

    Садруддини Шрози дар заминаи назарияи харакати чавхари як ќатор масъалахои мухими фалсафи, аз ќабили худуси замонии олам, чисмони будани рўх хангоми офариниш ва рўхони гардидани он дар анчоми кор, робитаи миёни суботу таѓйир, маоди чисмони ва ѓайраро халлу фасл намуд. Воќеан, назарияи харакати чавхари яке аз бозёфтхои мухими мутафаккир мебошад. Мавзўи дигар, ки Мулло Садро вобоста ба харакати чавхари мавриди тахќиќ ќарор додаст, ин мавзўи чисмонияти нафс (рўх) дар оѓоз ва рўхонияти он дар анчом мебошад. Яъне ў нафсро «чисмоният-ул- худус ва рўхоният-ул-баќо» (Баррасихо аз таърихи фалсафаи точику форс. –Душанбе, 2002,-сах 140) медонад.

    Мулло Садро ба таснифоти улум низ даст задааст. Дар таълимоти ў таснифи илм ду навъ аст. Яке дар пайрави ва услуби машшоиён, ки он дар китоби «Асфор» ба хуби мушохида мешавад. Мутафаккир дар ин асар илмхоро ба назари: мантиќ, риёзиёт, табииёт, иллохиёт ва амали: ахлоќ, тадбири манзил ва сиёсати мудун чудо мекунад. Аммо дар рисолаи «Иксир- ул-орифин» бошад, услуби дигареро пеш гирифта, илмхоро ба дуняви ва ухрави таќсим менамояд. Ў илмхои дунявиро дар навбати худ боз ба ба се гурух: илми аќвол, илми аъмол ва илми ахвол чудо мекунад. Илми аќвол иборат аст аз: алифбо, сарфу нахв, арўз маони, баён ва илми хад. Илми аъмол бошад, иборат аст аз илмхое, ки ба ашёи гуногуни модди марбутанд. Аз онхо санъатхои бофандаги, кишоварзи ва меъмори ба вучуд меоянд. Мартабаи болотари онхо санъати китобат, илми хиял ва кимиё мебошанд. Ќисмате аз он илмхо барои хаёти фард ва чомеа заруранд, ба мисли илми хонавода, хухуќ, сиёсат ва шариат. Нихоят ба ин гурўх илми касби фазилату ахлоќ ва илми тариќат, яъне тасаввуф низ дохил мешаванд. Илми ахвол ва ё афкор иборат аст аз: илми бурхон, илми риёзи, хандаса, ки шомили илми нучум, улуми табиёт, ки шомили илми пизишки ва илмхои дигар, ки ба тахќиќи маъдан, наботот ва хайвонот машѓул мебошанд.

    Илмхои ухрави аз назари мутафаккир он илмхое мебошанд, ки дастраси аќлхои одди нестанд ва онхо иборатанд аз: фаришташиноси, шинохти чавхархои ѓайримодди, шинохти ќалами аъло, яъне шинохти олами амр ва нахустин тааюн ё тачаллии зоти Илохи, ки мутафаккир дар пайрави ба ахли тасаввуф онро «Хикмати Мухаммадия» меномад.

    Ба аќидаи Мулло Садро дар ин олам хеч коре волотар аз машѓул шудан ба хикмат нест ва дар байни шохахои хикмат мухимтару асоситарин фалсафаи уло ё илм ба мабдаи нахустин мебошад.

    Ходии Сабзавори (1797 - 1876), маъруф ба Хочи Мулло Ходи файласуф, мантиќшинос ва шахиртарин орифу барчастатарин намояндаи мактаби фалсафии Исфахон ё худ хикмати мутаолия махсуб мешавад. Осори фалсафиаш иборатанд аз: «Асрор-ул-хикам», «Манзумаи хикмат», «Манзумаи мантиќ», «Шархи «Маснави»-и -и Чалолиддини Балхи», «Дуои сабох», «Дуои чавшани кабир», «Набарос-ул-худо», «Ходий-ул-музалийин фи усул-ид-дин», «Ал- Мухокамот вал муќовамат», «Олам-ул-мисол», «Ал-Миќёс фил-фиќх», «Шарх-ул-абхосил муфийда», «Рох-ул-афрох», «Рахиќ» ва ѓайра. Мулло Ходи дар ин осор таълимоти худро доир ба худошиносии асил, ки комилан як сохтори фикрии устуворе мебошад ва дар натичаи шухуди ирфонии кулли воќеият ба миён омадааст баён месозад, ба асрори хасти рох ёбад ва бо назари рўхонии худ онро дарк намояд. Вай хамчун хаким тавонист тачрибаи илохиётшиносии худро дар шакли мафхумхои санчидашуда тахлил намояд ва баъдан ин мафхумхоро дар низоми фалсафиаш муттахид созад.

    Назарияи вучуди Мулло Ходи дорои низоми даќиќи маъниву мафхумхои эчодшудае мебошад, ки фарќу таќсими вучуд ба мафхум ва хаќиќати он асос ёфтааст. Нахустин масоили мавриди бахс дар таълимоти худшиносии Ходии Сабзавори, масъалаи «бадохати вучуд» мебошад, яъне вучуд ба хеч гуна шарху тавзех ва таърифи муаян эхтиёч надорад. Аз ин рў, ба ќавли ў, он чизхое, ки файласуфони пешин нисбати таърифи вучуд гуфтаанд, «таърифи лафзи» мебошад, ки мавчудияти хар чиз ба вучуд марбут аст ва хар навъ мохият барои тахаќќуќи худ ба он эхтиёч дорад ва он чо чизе маълумтару маъруфтар аз вучуд нест, ки тавассути он идроки вучуд мумкин бошад. Тибќи ин бурхон таърифи вучуд ба чуз тарчумаи як мафхум аз як забон ба забони дигар ё табдили як лафз бо лафзи дигар нест ва он мохияти вучудро ошкор намесозад. Аз ин рў, Мулло Садро натича мегирад, ки мафхуми вучуд аз маъруфтарини ашёст ва вучуди он, ки хаќиќати баситаи нурия мебошад ва хайсияти зоташ хайсияти имтиноъ аз одам ва маншаияти осор аст, дар ѓояи ноаёни мебошад.

    Аз назари Сабзавори он чизе, ки ба мафхуми вучуд дар олами воќеии хоричи мутобиќу мувофиќ аст, ин мохияти мавчуда набуда, балки хаќиќати вучуд мебошад, ки дар шакли мавчудияти махсус мохиятан махдуд аст. Ин мавчудиятхои махсус манбаъхое мебошад, ки аз онхо мафхуми мувофиќи вучуд берун омадааст. Дар олами мафхумхо «мохият» бар «вучуд» муќаддамтар буда, дуюми дар аввали хувайдо мешавад, вале дар олами воќеи, баръакс, вучуд бар мохият муќаддам аст ва мохият дар вучуд зухур мекунад. Ин ба он маъност, ки мохият чизе чуз шаклхои мухталифи муайянияту махдудияти хаќиќати вучуд нест.

    Мувофиќи таълимоти мутафаккир вучуд дар мартабаи мафхумии ба зохиромада дар мавќеи дур аз хаќиќати вучуд ќарор дорад ва охири барои аќли оддии одами дастрас нест. Он барои зехни одами танхо дар мартабаи фавќулхиси ошкор мегардад, яъне оќил пас аз интиќол аз хиссу идроки маъмули ба худшиноси, хаќиќати вучудро маърифат мекунад. Махз ин тарзи маърифатро дар таълимоти ирфони завќ меноманд.

    Мулло Ходи дар «Асрор ул-хикам» масъалаи мохият ва вучудро барраси намуда, ба баёни «завќи таркибия» бармегардад. Хар як мавчуди мумкин завќи таркиби аст, вучуде дорад ва мохияте. Ва он вучудро ду вачх аст: вачхе илал Лох ва вачхе ба мохияти имкония. Ва хар вучуде мабдаи натича аст хох натичаи хоричи ва хох натичаи зехни. Ва аз ин чост, ки мафхуми вучудро тафсир кардаанд ба ин ки вай хамонест, ки тавассути он шайъ фоил ва мунфаил мешавад. Ва натича низ ду чихат дорад: чихати нурония (вучуд) ва чихати зулмония (мохият). Пас, чихати нуронии натича мустанадаст ба вачхул Лох дар мабдаи натича ва чихати зулмонии натича мустанад аст ба вачхи мохият дар мабдаи натича, яъне оли ба оли ва дони ва дони.

    Асоси чахонбинии илохиётии Мулло Ходиро худшиносии ирфони ташкил медихад. Махз дар хамин чорчўбаи фалсафи масоили хасти–вучуд, аз ќабили бадохати вучуд, чанбахои мафхуми ва хаќиќии вучуд, аз вучуди махз ва мутлаќ (яъне Офаридгор), вучуди мунбасит, нисбат ва таносуби мохият ва вучуд, модда ва сурат, вахдат ва касрат, мучаррад ва мушаххас, ташкики вучуд ва маротиби он, тахаввули олами модди, нафс ва бадан, хамчунин масъалахои вочиб ва мумкин, ходис ва ќадим, иллат ва маъмул, чавхару араз ва нисбати онхо, ки ба зохир монанд ва ба ботин мутазод фарќ мекунад, барраси гаштанд.

    Худшиносии ирфонии мутафаккир ба заминаи устувори тавхиди исломи асос ёфтааст, ки бидуни он мавчудияти таълимоти илохиётии ирфони имконнопазир аст. Аммо аз рўи мохият ва чахонбинии умуми таълимоти худшиносии ирфонии Сабзавори таклифи чахонфахмии исломи нест. Вучуди мутлаќ ва хаќиќи – Офаридгор дар таълимоти ў нисбатан мучаррадтар аст ва он натанхо нахустмабдаъ ва нахустсабаби тамоми мавчудот, чи мучаррад ва чи модди, балки иллати доимии мавчудияти онхо низ мебошад. Агар дар тавхиди исломи ягонаги ва вахдати табиату Холиќ инкор ва фавќулвучудии мутлаќи Сонеъ тасдиќ карда шавад, пас дар низоми илохиёти ирфонии мутафаккир, аз чумла дар таълимоти ирфони – вахдати вучуди мушохида мешавад.

    Дар таълимоти маърифатии мутафаккир масъала нисбатан мураккабтар аст. Ин масъала дар таълимоти ў ба ду ќисмати асоси таќсим мешавад: маърифати ашё ва зухуроти олами модди ва маърифати Офаридгор. Мулло Ходи дар маърифати олами модди дар мавќеи донисташавандагии он ќарор дорад ва барои ин ќисмати низоми ў эътирофи вахдат ва ягонагии маърифати хисси ва аќли хос мебошад. Ин шаклхои маърифатро мутафаккир дар ќисмати табииёт, он чое, ки масъалаи нафсхои наботи, хайвони ва нотиќаи инсони барраси мешавад, тахќиќ менамояд. Махз дар чунин масоили назари-маърифати, аз ќабили мохияти илм-дониш, ќобилиятхои маърифатии инсон, маърифати хисси ва анвои он, маърифати аќли ва шаклхои он, наќши ќуввахои нафсони дар чараёни маърифати олами модди, масъалахои тачдид, донишхои хусули ва хузури, тафсили ва ичтимои, феъли ва инфиоли, мохият ва ахамияти хадс, шухуд ва мартабаи он, вале масоили хаќ ва ботил будани дониш бошад, дар асархои ба мантиќ дахлдоштаи ў тахлилу тахќиќ шуданд.

    Мирзо Абдулќодири Бедил (1644-1721) мутафаккири озодандеш ва донишманди машхури фалсафаи исломии машриќзамин аст. Ў дар шахри Азимободи вилояти Банголаи Хиндустон ба Дуне омада, дар шахри Дехли аз олам гузаштааст. Бедил аз овони навраси ба хикмату фалсафа ва ирфони озодандешонаи Шарќ ошнои пайдо намуда, кўшиш кардааст, ки дар пайравии орифони машхури Хуросон- Аттори Нишопури ва Мавлави Чалолиддини Балхи ба масоили шинохти оламу инсон бипардозад. Осори Бедил «Девони ѓазалиёт», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нуќот», «Чор унсур», «Мухити аъзам», «Тилисми хайрат», «Ишорот ва хикоёт», «Руќаот» ва ќасоиду рубоиёт баёнгари вусати назар, андешаи амиќ, тахќиќи шоиронаву файласуфонаи олами моддиву маънави ва мухаббати саршор ба инсон мебошад. Мутафаккир дар таълимоти фалсафии хеш масоили хастии мутлаќ, пайдоиши оламу одам ва маќсади зиндагии инсонро мавриди шарху барраси ќарор додааст. Назари Бедил ин аст, ки дар ибтидо хастии мутлаќ вууд дошт ва ин хасти аз тамоми асмо ва сифот озод буд. Вай дар худ ва барои худ буд, яъне асмо ва сифот ханўз аён нашуда буданд. Дар ин давра хасти ва нести аз хамдигар тафовут надошт ва шуур ба чизе вобаста нагардида буд. Нихоят хаќиќати мутлаќ натавонист хамеша худро дар олами асрори доими нигох дорад ва таќозои табиати худи ў воситаи аз холати вахдоният берун омадан ва ба олами касрат табдил ёфтан шуд. Баъдан дар чараёни судур аз нести хасти, нафс ва баъдан ба тартиб падидахои дигар пайдо шуданд. Бедил чунин мешуморад, ки хамаи падидахои олам, ѓайр аз инсон аз аёнияти хаќиќат шаходат диханд хам, лекин онхо ќобилияти дарк надоранд. Бинобар ин танхо бо пайдоиши инсон дарку фахмиш ба миён меояд. Дар фасли «Чоми одам» мутафаккир маќсади пайдоиши одамро аз аз фош кардани рози нихон медонад. Рози нихон ин аст, ки Хастии Мутлаќ дар чахони аъён ба воситаи исму сифот ва кайфиятхои мухталиф зохир мешавад ва одам он розро аз ручуъ ба гузаштаи худ мехохад бикушояд. Дар натича инсон дарк мекунад, ки чахони модди натичаи дуи ва аз вахдат дур будан аст. Ин дуи идея ва ашё мебошанд, ки аз лихози онтологи ба хам айният доранд. Маърифати асрори чахон танхо ба души инсони такомулёфта аст, ки он аз тааллуќот ва таассубхои динию мазхаби дур бошад.
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   41


    написать администратору сайта