Главная страница
Навигация по странице:

  • Фалсафаи точик дар даврони муосир ва истиќлол

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница10 из 41
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   41

    Чадидия вожаи араби буда, маънои нав ё тозаро далолат мекунад. Он чараёнест, ки пахлўхои ичтимои, сиёси ва фархангиро бештар фаро гирифта, дахсолахои охири асри XIX дар ќазон ба вучуд омада, сипас дар охири асри XIX дар Осиёи Миёна роич гардида, арзишхои зиддифеодали ва зиддимустамликави касб намудааст. Умурронии муносибатхои феодали, заъфу фалач будани аморати Бухоро, муфлисиву нодории мардум, бемаърифатии аксарияти ахоли ва зимни ин мавчуд набудани тафаккури сиёсию махрумият аз хуќуќу имтиёзхои инсони таваччўхи истиќлолхохону озодандешони аморати Бухоро ба сўи нахзати чадид кашид. Онхо дар асоси чадидияи ќазони чараёни тамоман наверо сурату сирати тоза бахшиданд, ки хадафи вучудан нав намудан, комилан дигаргун сохтани муносибатхои мавчудаи чамъиятиро назди худ гузоштанд. Чонибдорони он дар оѓоз мурод ва вазифахои худро танхо ба василаи тарѓибу ташвиќи аќида ва афкори маорифпарвари пиёда кардани буданд. Вале баъдтар мўътаќид шуданд, ки танхо бо ба чо овардани вазифахои маърифатию тарѓиботи наметавонанд авзои умумии Бухороро таѓйир диханд. Аз ин рў, дар назария ва амалияи фаъолияти худ ба масъалахои хаёти ичтимою сиёси ва харчи зудтар ислохот даровардан дар он камари химмат барбастанд. Давраи чанбаи сиёси касб намудани ин чараён аслан ба мархилаи авч гирифтани холати инќилобии Россия ва Туркистону Бухорои шариф рост меояд.

    Ташаккулу тарвичи чадидияро бояд чун ифодаи дигаргунии ичтимоию сиёси пазируфт, ки дар фазои ичтимоии аморати Бухоро ба зухур омада буданд. Пас аз соли 1905 аз дохили чадидия ду тамоил-буржуазию демократи ва буржуазию миллатгарои чудо шуд. Ин тамоилхо бо якчанд хасоисаш аз хамдигар тафовут мекарданд. Ин чараёнхо маќсад ва усулхои мухталифи ба он муваффаќ шуданро доштанд ва мавќеъ ва рисолати гуногунро дар хаёти чомеа ноил гардида буданд.

    Бамиёноии тамоили буржуазию демократи ба ташаккули буржуазияи махаллии Бухоро алоќаманд буд. Бухоро, ки ниммустамликаи Россияи буржуази буд, саъй менамуд, ки сохибихтиёрии худро пойдор намояд.

    Асоси бунёдии мафкураи тамоили буржуазию демократиро ѓояхои маорифпарвари, ки зухури норизогию эътирози ичтимоии табаќахои поёнии ахоли буд,ташкил медод. Чадидия хамчун махсули мархилаи мустамликадори хасоиси зиддифеодали ва зиддимустамликавиро низ доро буд. Онхо сохт ва усули салтанатдории аморати Бухоро, низоми таълиму тарбия ва самтхои дигари хаёти ичтимоию фархангии чомеаро мазаммату накухиш карда, барои дигаргунии куллии онхо тадбирхои амали меандешиданд. Равияи буржуазию милатгарои манфиатхои ашрофони махаллиро химоя мекарданд. Ин тамоил бештар ѓояхои иртичоиро чонибдори намуда саъй ба дигаргун намудани сохти чамъияти надошта, мунасибатхои чамъиятии мавчударо хифз карда, танхо шакли хокимияти навро мехостанд. Онхо таълимоти сохтакоронаи «муттахидии милли»-и худро амали кардани шуда, ба сиёсати мустамликавии рус муќобилияти бечуръатона нишон медоданд.

    Рушди минбаъдаи тамоили демократии чадидия бештар дар зери таъсири хаводиси ичтимоию сиёси ва муборизаи халќхои Россия ба муќобили хукумати подшохи сурат мегирифт. Баъди вожнун кардани он дар гўшаю канорахои Россия ва мустамликахои он харакатхои миллию озодихохи авч гирифтаанд. Чунончи, дар аморати Бухоро низ чадидхо бо унвони чавонбухориён ба мубооризаи беамон барои хаёти нав бархоста буданд. Намояндагони чараёни чадидияи точик Садриддин Айни, Хамза Хакимзода Ниёзи, Ачзи, Абдулвохид Мунзим, Ахмадчон Хамди, Абдуррауфи Фитрат, Махмудхочаи Бехбуди, ва дигарон буданд.

    Садриддин Айни(1878-1954) адиби барчаста, олими маъруф ва арбоби намоёни давлати ва чамъиятии Точикистон мебошад. Асархои шоиставу пурмазмуни ў на танхо дар самтгириву тахкими раванди худшиноси ва ѓояи милли, хамчунин дар рушди чахонбини ва афкори ичтимои-сиёсии халќи точик низ беназир аст. Садриддин Айни хамчун муборизи фидоии зиёиёни точик барои исботи хастиву баќопазирии халќи худ ва суботу пойдории он чахду талошхои нотакроре кардааст. Вай бо дарназардошти фазои бўхронии сиёси ба исботу

    хифзи фахангии хасти, ќадимият, ѓановат ва азамати таърихи илму тамаддун ва адабиёту маънавиёти точикон пардохтааст. Асари маъруфу пурарзиши устод Айни «Намунаи адабиёти точик» мебошад, ки дар хастиву баќопазири ва асолату хуввияти халќи шарифи точик сахми бузурги таърихи ва фарханги гузоштааст. Устод Айни тавассути ин асараш доир ба таърихи афкори ичтимои-сиёсии халќи точик ва кишвархои хамзабону хамчувори он маълумоти пур арзишу хамачониба додаст. Хамчунин устод ба воситаи асархои маъруфи худ сохти давлатдории аморати Бухороро сахт танќид намуда, таназзул ва чахолатмандиву истибдодпешагии амирони манѓитиро ќотеъона махкум менамояд. Вай мўътаќид буд, ки дастбакорони амир, ашрофон ва тамоми зимомдорони хукумат набояд ба айшу ишрат ва зулму истибдоди омма мубтало бошанд. Хукуматдорон бояд афроди одилу оќил ва раиятпарвар бошанд.

    Фаќат дар чунин маврид давлат рушд мекунад ва кишвар обод мешавад.

    Масъалаи тарѓиби илму дониш ва мактабу маориф низ дар афкори ичтимои-сиёсии Садриддин Айни маќоми хоса дорад. Вай илму донишро мухимтарин воситаи рушди чомеа медонист. Бинобар ин, аз давлвтдорон талаб менамуд, ки ба тараќќиёти бемайлони илму маориф бештар рў биоранд.

    Устод Айни тавонистааст иллатхои зулму асорат, чахолату таассубзадаги, зиддияту муќовиматхои байни табаќахои гуногуни ичтимоиро сарехан ишфо созад ва саъйю ибтикор барои дарёфти роху воситахои аз байн бурдани чунин низоъхо намудааст. Вай доир ба роху воситахои фатхи масъалахои пурихтилоф ва муќовиматомези ичтимоии чомеа андеша намуда, муборизаи фаъоли сиёсиро фатхсозандаи халли мушкилот хисобида, инќилобро рохи нихойии комилан бартараф сохтани зулму чахолат медонад.

    Устод Айни, ки дар даврони салтанати аморати Бухоро азобу шиканчахои зиёд кашида буд, бо тамоми хастиаш истиќрори сохти нави чамъитиро чонибдор буд. Вай тарафдори сохте буд, ки аз зулму асорат ва чахолату истибдод озод бошад.

    Гузашта аз ин мутафаккири маорифпарвар инќилобро рохи асосии тантанаи аќлу адл ва меъёри адолатманди дониста, мардуми бенаворо барои музаффариятхо дар инќилоб сидќан истиќбол менамуд. Шеъри «Марши хуррият»-и ў далели возехи ин гуфтахост.

    Абдуррауфи Фитрат(1886-1938) яке аз адибони хушсалиќа ва мутафаккирони забардасти маорифапарвари точик ба шумор меравад. Ў ба гуфтаи устод Айни аз мухассилони истеъдодноку нихоят фозили Бухоро махсуб мешавад. Таво­ноиву сохибназарии мутафаккирро таълифоти зиёда ва хусусан, асари тадќиќотии пурарзиши ба тозаги нашркардаи устод С.Ш.Табаров «чахони андешахои Абдуррауфи Фитрат» собит менамояд. Аз ин тадќиќот бармеояд, ки аз Фитрат асархои пуарзишу камназир, аз ќабили «Мунозира», «Сайха», «Баёноти саёхи хинди», «мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мухтасари таърихи ислом», «Рахбари начот», «Оила», тарчимаи «Мусулмонони Доруррохат»-и Исмоили ѓаспари» ва шеъру маќолахои бисёре ба мерос мондааст.

    Дар осори зикршудаи ў доир ба мухимтарин пахлўхои таърихи фархангу тамаддуни бостонии точик, таърихи дини мубини ислом ва пайѓамбари он, масъалахои мубрами адабиёти чадидияи точик, фалсафаи ичтимоиву сиёси, ахлоќу маънавиёт, иќтисод, таълим, тарбия ва умуман илму маориф сухан рафтааст.

    Рисолаи «Рахбари начот» аз пурмўхтавотарин асархои ўст, ки дар он мавзўву масоили асосии илму хикмат мавриди арзёби ќарор гирифтааст. Масъалахои маќому мартаба ва наќши муассири аќлу хирад дар шинохти худ (инсон), Худо, олам ва хаводиси гуногунранги он, ѓояи хаёт ва самараи зиндаги, ахлоќи солеха ва хамидаву хасанаи инсони, мохияти илм ва табаќабандии он, инсони комил, фазилати фитрат, иффат, ќаноат, пархезкори, адл, усулхои рушду тараќќии чамъият ва наќши бунёдкорию созандаги дар он ва ѓ… фаро гирифта шудааст, ки ин масоили фалсафии Фитрат ба тахќиќи алохида ва хосаву хамачониба ниёз дорад.

    Ачзи Сайидахмадихочаи Сиддиќи (1865-1926) аз мутафаккирони равияи чадидия аст, ки баъди хатми тахсил ба саёхат баромадааст. Вай аз рохи Ироќу Миср ба Россия омада, дар Боку ва Тифлис муддате таваќќуф намуда, бо эчодиёти адибони озари ошнои пайдо мекунад. Баъди баргашт ба ватан дар Самарќанд мактаб кушода, аз фанхои дуняви ва забону адабиёти рус дарс гуфтааст. Дар рўзномаву мачаллахои давр-«Бухорои Шариф» ва «Ойина» шеъру маќолахо чоп мекунад. Осори адабии ў «Айнуладаб», «Ганчинаи хикмат», «Анчумани арвох», «Миръоти ибрат» ва ғ. мебошанд, ки дар онхо аќидахои ичтимои-сиёсии мутафаккир ифода ёфтаанд. Баъди пирўзии Инќилоби Октябр Ачзи ба иттифоќи мехнаткашони мусулмон, ки бо ташкилоти Шўрои исломи мубориза мебурд, хамрох шуд. Бо ашъори хачвиаш душманонро фош ва мазаммат мекард. Ачзи аз нахустин мутарчимони осори адибони рус бо забони точики низ буд.

    Бехбуди Махмудхоча(1875-1919) яке аз рохбарони чадидони Туркистон ва мутафаккирони намоёни он равия буд. Ў мадрасаро хатм намуда, вазифаи муфтиро ба чо меовард ва ба Миср,Туркия, Ќазону Уфа сафар кардааст. Бехбўди барои мактабхои чадиди китобхои дарси ва дастурхои «Мунтахаби чуғрофияи умуми», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Мадхали чуғрофияи имрони», «Мухтасари чуғрофияи Россия»-ро таълиф намуд.Вай мураттиби «Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива», мухарриру ношири рўзномаи «Самарќанд» ва мачаллаи «Ойина» низ буд. Бехбуди дар китобу рисолахо ва махсусан, песаи «Падаркўш», ки, асосан, ба инъикоси хаёти точирони буржуазии навхез бахшида шудаанд, манфиати табаќотии буржуазияи тичоратии махаллиро химоя менамуд. Бехбуди собит кардани мешуд, ки аморати Бухороро на вожгун, балки дар асоси маърифати буржуази ислох бояд кард. Ў халќро ташвиќ менамуд, ки обрўю эътибори хукумати подшохиро дар кишвар хамчун парастори омма химоя кунад. Бехбуди Инќилоби буржуазию демократии феврали соли 1917-ро бо хушнуди истиќбол намуда, умед дошт, ки он ба буржуазияи махалли хуќуќи калони сиёси медихад. Вай мохияти инќилоби Октябрро дарк карда натавонист.

    Мунзим Мирзо Абдулвохид Бурхонзода(1877-1934)-мутафаккири маорифпарвари точик ба хисоб меравад. Давраи наврасиву чавониаш дар хонаи Садри Зиё гузоштааст ва дар он чо бо Садриддин Айни дўсти пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ахмади Донишро китобат намуда, соли 1902 дар ду девон ашъори Хайратро чамъ овардааст.

    Ин фаъолияти амали дар ташаккули аќидахои демократи ва маорифпарварии Мунзим мусоидат намуд. Пас аз хатми мадраса дар таъсиси мактабхои усули нав ширкат варзида, соли 1908 хамрохи Садриддин Айни дар хонаи худ мактаби усули чадид кушод, «Рахбари хат»-ном аввалин дастурамали дарси тартиб дод. Соли 1917 хангоми шиддат гирифтани табаддулот ва таъќиб шудани озодихохону равшанфикрони Бухоро Мунзим ба Тошканд рафта, дар идораи рўзномахои «Учќун» ва «Ќутулуш»(«Начот») кор кард. Пас аз ташкили Чумхурии Халќии Шўравии Бухоро муовини раиси он ва чанд муддате вазири тандурусти буд. Соли 1922 Шўрои вазирони ЧХШСБ ўро ба Берлин барои ба хондан бурдани кўдакон фиристод. «Холида ва ќизбола»-и Садриддин Айниро соли 1924 дар Берлин бо алифбои арабиасос чоп кард. Аз Берлин баргашта, дар аввалин нашриёти точикии шахри Самарќанд ба сифати ходими адаби кор кард. Соли 1927 ба Душанбе омад ва муовини раиси Комитети хуруфоти лотини таъин шуд. Чанд муддат муаллими омўзишгохи занон ва солхои 1930-1933 дар рўзномаи «Точикистони сурх» ходими адаби буд.

    Нахустин ашъори инќилобии Мунзим соли 1920 дар рўзномаи «Ќутулуш» бо унвонхои «То ба кай»? ва «Баёни хол» чоп шуданд. Мунзим муаллифи достони «Инќилоби холи дехќонон-зафари пахтакории онон» низ мебошад. Аз осори адабии Мунзим ғайр аз ашъор баъзе маќолахои илми, ба монанди «Дар бораи забони точики», «Даркору нодаркор», хитобаи «Эй Шарќи мазлум» ва ғ. боќи мондаанд.

    Хамди Ахмадчон-махмуди Абўсаидзода(1875-1946) дар мархилаи аввали фаъолияти чамъиятии худ хамчун маорифпарвар интишори илму донишро тарғиб намуда, нашри китобхо ва бунёди мактаби усули чадидро химоя кардааст. Баъдтар дар фарохамоварии шароит бахри амали гардонидани Инќилоби халќии Бухоро сахми калон гузоштааст. Соли 1907, пас аз воќеаи чадидкуши ба фирор мачбур шуда, ба Тошканд рафта, дар рўзномаи «Ќутулуш» («Начот»), ки соли 1920 мухочирони бухорои дар он чо таъсис дода буданд, шеърхои инќилоби ба табъ расондааст. Хамди чи дар рўзхои инќилоб ва чи баъди он бар зидди душманони беруниву дохили фаъолона мубориза бурдааст. Вай баъди пирўзии инќилоб чанд муддат нозири таъминоти модди, сипас вакили ЧХШБ дар Москва будааст. Соли 1935 аз Тошканд ба Душанбе омада, мушовири адибони чавон таъин гардид. Вай тароннумгари ашъори инќилоби ва ичтимои буд. Шеърхои инќилобии Хамди бештар хусусияти тарғиботи доранд. Шоири маорифпарвар кўшидааст, ки мохияти инќилоб ва рўйдодхои замонро ба омма фахмонад ва онхоро ба тарзи хаёти нав омода созад.

    Хамза Хакимзода Ниёзи(1889-1923) дар мадраса тахсил карда маърифат андўхтааст. Барои оммаи камбағал мактаб ташкил дода, худ дар он дарс гуфтааст. Аз соли 1899 тахти тасири маорифпарварон ба шеъргўи пардохтааст. Мунтахаботи Хамза, ки ашъори ўзбекию точикии ўро фаро мегирифт, пас аз вафоташ ба табъ расид. Ў дар ашъораш нобаробарихои ичтимоиро танќид карда, илму маорифро чонибдор шудааст.
    Фалсафаи точик дар даврони муосир ва истиќлол

    Давраи минбаъдаи рушди фалсафа дар Точикистон ме­бошад, ки он ба замони шўрави ва пасошўрави рост меояд. Дар хаќиќат, пас аз вожгун гаштани чахолат, фисќу фучури замони салтанати манѓития даврони шўрави мархилаи камолоти нуру маърифат ва рушди бемайлони илму фарханг буд. Инкишофи фалсафа ва илмхои фалсафи дар заминаи вусъати тамоми сохахои илмхои замонави сурат мегирифт. Ин камолот тавассути мададу хамкорихо ва хамгироихои халќи шўрави амали мешуд. Наќши хамохангсозию ёрмандихои молиявию модди ва тахассусмандии халќи бузурги русро низ набояд фаромўш кард. Ин тачрибаи таърихиро, сарфи назар аз баъзе камбудихояш, беэтибор донистан аз рўи инсоф нахохад буд. Мо бояд чахд намоем, ки дастоварду комёбихои беназири он замонро дар заминаи хамкорихо, равобити байнихамдигарии илмию фарханги ва арзишхои умумиинсони чадидан тахким бахшем.

    Сарфи назар аз он ки фалсафа ва густариши он дар тамоми чумхурихои собиќ шўрави барои замина фарохам овардан ба мафкураи коммунисти ва нашри фалсафаи марксисти-ленини зарур буд, вале бо вучуди ин, барои ошноии зиёиёни мо бо фалсафаи муосири аврупои аз манфиат холи набуд. Феълан, чи дар тадрису таълим ва чи дар маърифати илмиву тадќиќоти ин мархилаи наве буд, ки дар бисёр холатхо аз замонхои гузашта бартарият дошт ва тадричан ба ташаккули чахонбинии илмии ахли маърифат ва мухаќиќони точик мусоидат кард.

    Дар солхои баъдичанги корхои илми-тадќиќоти дар сохахои гуногуни илмхои ичтимоиву гуманитари сурат мегирифт. Аз чумла, дар сохаи фалсафа низ асархои назаррас таълиф гардидаанд. Дар рушди донишхои чамъиятию сиёси ва фархангии давраи мазкур наќши Бобочон Fафуров (1909-1977) хеле калон аст. Вай кўшишхои зиёде барои хифзи фарханги милли ба харч дода, маќому мартабаи чахонии тамаддуни точикро хеле баланд бардоштааст. Махсусан, тадќиќотхои Б.Fафуров дар бораи таърихи халќи точик ва фарханги он ахамияти бузургро касб намуда буд. Соли 1947 нашри авали китоби ў тахти унвони «Таърихи халќи точик» дар матбааи «Наука»-и шахри Маскав ба табъ расид, ки он ќадами чидди дар сарнавишти шинохти илмиву фархангии халќи точик гардид. Солхои минбаъда Б.Fафуров тадќиќоти худро фарохтар гардонида, ба навиштани маъруфтарин асари илмии худ «Точикон» машѓул шуд. Нашри ин китоб харчанд мубохисахоро дар атрофи хастиву баќопазири ва асолати таърихиву фархангии халќи точик ба охир нарасонида бошад хам, вале асари мазкур чун муаррифномаи сарнавишти халќи точик рисолати бузурги мадании худро бачо овард. Муаллиф бо нашри асари «Точикон» на танхо халќи точик, балки тамоми форсизабонони оламро бо як сарчашмаи мўътамаду пурарзиш таъмин сохт.

    Дар ин китоб доир ба мухимтарин масоили таърихи Шарќ, аз чумла баъзе масъалахои методологияи тахќиќи илмии он – ориёихо ва бунёди нажодию забонии ќавмхои бостонии Осиёи Маркази, Эрон, Афѓонистон, Хиндустони Шимоли; ташаккул ва тахаввули зардуштия; тартиби анъанахои фархангии эрониву хинди ва юнони; пайдоиши ќушониён ва таърихбандии давлатдорию тамаддуни онхо; сохтори ичтимоию иќтисоди; ташаккули таърихии халќияти точик; маданияти асримиёнагии точику форс ва ахамияти чахонии он инъикос ёфтаанд. Хамчунин дар он ба масъалахои этногенез низ диќќати махсус дода шуда, ташаккули халќияти точик дар раванди алоќамандии этникию фархангии он бо халќиятхои хамсоя тадќиќ гардидаанд. Дар асрхои VII-VI-и то милод дар Осиёи Маркази халќхои эрониасл – суѓдиён, бохтарихо, марѓиёнихо, хоразмихо, фарѓонагихо ва тоифахои саккоихо мезистанд, ки аз чихати маданият, урфу одат ва забон ба хам хеле наздик буданд ва дар заминаи аќвоми мазкур халќияти точик ташаккул ёфтааст. Ин чараёни этногенетики дар охири асри V сар шуда, дар асрхои IX-X – замони ташаккулу тараќќиёти нахустин давлати точикон анчом пазируфтааст.

    Илова бар ин дар китоби «Точикон» мархилахои ташаккулу рушди тамаддуни точикон, аз чумла адабиёту санъат ва илму фалсафаи он мавриди тахлил ва арзёбии хамачониба ќарор гирифтааст. Афкори илмиву фалсафии ќавмхои эрониасл, ки маншааш аз манобеи Авесто (асрхои IX-VI-то мелод) об мехўрад, дар асрхои миёна (X-XV) ба авчи камолот расидааст. Инкишофи илму фалсафаи халќи точик хусусиятхои ба худ хосе дорад ва он аз ибтидо як низоми якчинсаву махдуди аќидахое набуд, ки аз доираи танги маданияти анъанавии эзотери намебаромада бошад. Тамаддуни точик дар чоррахаи Шарќу Fарб, дар бурришгохи роххои харби, иќтисоди ва мадании таърих ташаккул ёфт. Бинобар ин таърихи афкори илмию фалсафии точикон- таърихи таркибии анъанахои мухталифи мадани, таърихи таъсири мутаќобил ва бахраваршавии дутарафаи тамаддунхо, халќхо ва даврахои гуногун аст. Хамин тавр, таъсири мутаќобили тамаддунхои Шарќу Fарб суннати дерин ва ѓании таърихи доштааст, вале дар сарчашмахои таърихи басе тафсири ину он воќеахои сиёси ба мадди назар баромада, раванди файзбардории мадании халќхои мухталифро пинхон кардааст. Дар «Точикон» бошад, оќибатхои таърихии воќеахои сиёси, аз чумла ба хайати империяи юнонию маќдуни даромадани Турон тачдиди назар шудаанд.

    Бобочон Fафуров дар китоби «Точикон» силсилаи масъалахои мухиму мубрами точикон ва халќхои хамчаворро ба доираи тахќиќ кашида, онхоро мавриди мухокимаву мулохизахои доманадоре ќарор додаст. Натичагирихо ва андешахое, ки дар ин китоб зимни тахлилу таркиби бисёрчихатаи сарчашмахои таърихи ва тадќиќотхои муаррихони ватанию хоричи баён намудааст, ба вусъати минбаъдаи афкори чамъияти ва фалсафии ховаршиноси хуб мусоидат кард.

    Ташаккул ва рушди фалсафаи муосири точик асосан аз солхои 40-50- уми садаи XX оѓоз гардида буд. Нахустин чехраи барчастаи фалсафаи муосири точик Баховаддинов Аловуддин Махмудович (1911-1970) зодаи шахри бостонии Самарќанд буд, ки аз соли 1934 ба Сталинобод (холо Душанбе)-и Точикистон омада, то охири умр барои ривочу равнаќи илму фарханги точик, хусусан, фалсафаи он сидќан хидмати беназир кардааст. «Аќидахои фалсафии Ибни Сино дар китоби «Донишномаи ў» аввалин рисолаи илми-тадќиќотии А.М.Баховаддинов буд. Ў тайи солхои тўлони ба тахќиќи таърихи афкори фалсафи ва чамъияти-сиёсии халќи точик машѓул шуда, дар адабиёти фалсафии замонаш аз нахустин олимони тавоноест, ки аќоиди фалсафии Ибни Синоро ба таври амиќу хамачониба тахлилу барраси гардонидааст. Тарчима ва нашри ягона асари ба забони точики навиштаи Ибни Сино «Донишнома» аз чониби ў ба чо оварда шудааст, ки дар хамон солхо дар илму фарханги точик сахифаи наву тоза ва падидаи нодир буд.

    Рисолаи илмии дигари А.М. Баховаддинов «Аз таърихи афкори ичтимоию сиёсии халќи точик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» мебошад, ки яке аз тадќиќотхои бунёди буда, солхои 1949-1950 рўи кор омадааст. Вай дар пояи хамин рисолаи илмии худ сазовори дарачаи илмии доктори илмхои фалсафа гардидааст.

    Натича ва самароти баррасихо ва тадќиќоти илмии чандинсолаи А.М.Баховаддинов дар маъруфтарин китоби чомеи ў «Очеркхо оид ба таърихи фалсафаи точик» инъикос ёфтаанд. Файласуф дар ин китоб, рочеъ ба таърихи фарханги бостонию пурѓановати точик дар муттако бо нодиртарин ва ќадимтарин сарчашмахои адабию таърихи ва тадќиќотхои илмии мавчуда сухан ронда, авзои таърихи ва мухити чуѓрофии точиконро аз марохили пайдоиш то ибтидои асри XX муайян кардааст. Хусусиятхои умдаи афкори тоисломии точик-зардуштия, монавия, маздакия ва фалсафаи асримиёнагию мактабу равияхои гуногуни аќидатии онро сарехан ошкор сохтааст. Китоби мазкури ў то кунун арзиши худро аз даст надода, хамчун манбаи мухим барои мухаќќиќон мавриди истифода аст.

    Хамчунин китоби «Очеркхо оид ба таърихи фалсафаи то­чик», воќеан, нахустин ва барчастатарин баррасихои илми-фалсафии ў мебошанд, ки дар он пайдоиш, ташаккул ва такомули бархўрдхои мафкуравии мактабу равияхо ва тавзехи мо­хияти таълимоти намояндагони макотиби гуногуни фасафи арзёбиву бозтоби шудаанд. Сахми А.М. Баховаддинов дар ба ни­зом даровардани таърихи фалсафаи точику афкори фалсафи ва ичтимои-сиёсии намояндагони чудогонаи он низ беназир аст.

    А.М.Баховадинов нахустин мудири кафедраи фалсафаи Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин (холо ДМТ) низ будааст. Ў дар ин муддат тавонист дар атрофи мактаби фалсафии худ як зумра мухаќќиќони намоёни ояндадори точик-М.Н.Болтаев, М.Д.Диноршоев, Ѓ..Ашуров, М.Рачабов, К.Олимов ва дигаронро гирд оварад.

    Дастовардхои А.М.Баховадинов оид ба масъалахои умумифалсафи, М.Н.Болтаев доир ба мантиќ, М.Д.Диноршоев рочеъ ба натурфалсафа, У.Султонов дар бораи таълимоти фалсафи ва ичтимои-ахлоќи, Ф.Сирочов оид ба хикмати хастишиносии Ибни Сино ва дигарон заминаи мусоиде барои таъсиси мактаби синошиноси дар чумхури гардид.

    Тўли хамин солхо дар Точикистон як ќатор корхои хеле чолиб дар атрофи масъалахои фалсафаи табиатшиносии муосир аз чониби барчастатарин файласуфони табиатшиноси точик М.С.Осими, А.Турсунов ва дигарон анчом дода шуданд, ки чунин дастовардхо дар таърихи илму хикмати точик падидахои нодир буданд.

    Мухаммад Осими (1920-1996) рочеъ ба масъалахои фалсафаи табиатшиноси, фалсафаи марксисти-ленини, таърихи илм, адабиёт ва фарханги точик як ќатор асархо навиштааст. Ў дар таълифоти худ дар баробари тахќиќи ќонунхои инкишофи таърихи фалсафа раванди ташаккулу такомули афкори илмию фалсафии халќхои Шарќро тахлилу тахќиќ намуда, натичахои назаррас ба даст овардааст. Аз чумла, дар Шарќ вучуд доштани мактаби атомизми материалистиро собит карда, чихатхои нави робитахои дерини фархангии Шарќу Ѓарбро ошкор сохтааст. Таълифоти ў «Дар бораи асари барчастаи В.И.Ленин «Материализм ва эмпириокритсизм»», «Материя ва манзараи физикии олам» ва «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафи» мебошанд.

    Сохаву равияхои асосии тадќиќоти Акбар Турсунов (1939) фалсафаву методологияи табиатшиноси ва таърихи илму фарханги асримиёнагии Шарќ мебошанд. «Проблемахои фалсафи ва методологияи табиатшиносии муосир», «Проб­лемахои таърих ва методогияи маърифати илми», «Чихатхои методологии тадќиќи биосфера», «Бунёди фалсафии фанхои табиатшиноси», «Проблемаи фалсафии астрономияи асри XX», «Астрономия, методология, чахонбини», «Принсипи симметрия», «Назарияи физики», «Чихатхои ичтимои, гносеологи ва аксиологии илм», «Фалсафа, табиатшиноси ва замони хозира», «Диалектика дар илмхои табиат ва инсон», «Турфа кайхоне» ва «Эхёи Ачам» мухимтарин таълифоти ў мебошанд.

    Мўсо Диноршоев (1934) солхои 60-70-уми асри XX ба чодаи пажўхишу тахќиќи афкори фалсафи дар илм ворид шуда, то кунун ба хадди олими тавонои соха ва файласуфи сохибмактаб расидааст. Доираи мавзўъхои силсилавии таълифоти илмии тайи солхои гуногун иншонамудаи ў хеле фарох буда, асосан ба тахќиќи масъалахои таърихи фалсафаи точиќ - фалсафаи ќадим (зардуштия, манавия, маздакия, зурвония, дахрия, табоия); мактабхои фалсафии асрхои миёна (фалсафаи асхоби хаюло, фалсафаи машшоия, фалсафаи калом, исмоилия, ихвон-ус-сафо, тасаввуф, хикмати ишроќ); фалсафаи точик дар асрхои XVI-XIX- (Ахмади Донишу пайравони ў, чадидия ва дурнамои таърих, фалсафа, мантиќ, кайхоншиноси дар Осиёи Марказии асрхои XVI ва нимаи асри XIX); таълифоти илми доир ба масоили фалсафаи ичтимои, сиёси ва ѓ.-ро дар бар мегиранд.

    Мўсо Диноршоев бо таълиф намудани асархои сегонаи худ- «Фалсафаи Насириддини Туси», «Натурфалсафаи Ибни Сино» ва «Аз таърихи фалсафаи точик» як самти муайяну мактаби комилан нави муназзами афкори фалсафии точикро ба вучуд овард ва онро бо усулхои пешќадами илмию назарияви устувор сохт.

    Хамчунин сахми Диноршоев дар навиштани китобхои дарсии «Фалсафа», «Очеркхои таърихи фалсафа», тахрири Доиратулмаорифи точику фархангномахои сохавию тахассуси, тарчумаи осори файласуфону шоирони адабиёти классики точику форс ва ба камол расонидани кадрхои илмии сохаи фалсафа хеле бузург мебошад.

    Солхои 70-90-уми асри XX ва давраи истиќлолият самтхои фалсафаи ичтимои ва чомеашиноси низ яке аз чабхахои пешрафтаи фалсафаи муосири точик махсуб мешавад. Донишмандони ин соха С. Наврўзов, И. Шарифов, Ш. Шоис­матуллоев, А. Самиев, М. Музаффари, А. Саидов, Х. Идиев, П. Шоазимов ва дигарон мебошанд.

    Султон Наврўзов (1939) мухаќиќќи варзидаву пухтакори ин сохаи фалсафа ба хисоб меравад. «Инќилоби илми-техники ва оќибатхои ичтимоии он », сил- силакитоби «Ќобилияти инсони » бо дарназардошти таносуби чанбахои ичтимои-биологи; ичтимои-фалсафи, чаъияти-хаёти ва воќеияти шайъии нерўи инсони ва «Хамоханги ва нохамохангии ќобилияти инсони ва талабот» мухимтарин тадќиќоти илмии ў мебошанд. Хамчунин якчанд китобхо доир ба шаффофияту арзишмандии илму маорифи точик низ навиштааст.

    Шоназар Шоисматуллоев (1946) дар чомеашиносии муосири точик намоёнтарин донишманди соха махсуб мешавад. Самти тадќиќоти илмии ў асосан ба тахќиќќи ташаккулу такмили шакли нави чомеа ва масъалахои чомеашиносии низоми маълумоту маорифи Точикистон равона шудааст. «Зўровари дар муносибат бо занон:гузашта ва хозира», «Маълумоти духтарон», «Зан ва маводи мухаддир», «Точикистон дар ойинаи мероспазири ва ивазшавии наслхо» ваѓ. асоситарин тадќиќоти илмии ў мебошанд.

    Мухаммадали Музаффари (1947) яке аз донишмандони маъруфи фалсафаи инсоншиноси дар Точикистон мебошад. «Фардияти инсони», «Мадхали инсоншиноси», «Инсоншиноси » ва «Антропологияи ориёи» намоёнтарин асархои илми-тадќиќотии ў ба шумор мераванд, ки дар онхо доир ба мухимтарин пахлўхои гуногуни хикмати инсоншиноси сухан рафтааст.

    Дар ин солхо хамчунин тамоюли омўзиш ва баррасии таърихи фалсафаи точик, хусусан, корхои илмии олимони кишвар доир ба хикмати тасаввуф-М.Рачабов, Ѓ.Ашўров, Н.Одилов, К.Олимов, А.Мухаммадхочаев, М.Султонов, М.Хазратќулов, Б.Исматов, И.Зиёев, Х.Зиёев, И.Саидов, Я.Одинаев, Н.Содиќова, М.Махмадчонова; калом-З.Вазиров, А.Шамолов, К.Бекзода; машшоия Н.Идибеков, Ф.Сирочов, У.Султонов; Х.Шоихтиёров,Н.Рахматуллоев, З.Диноршоева; исмоилия - Х.Додихудоев, F.Ашўров, Н.Арабзода, Т.Муродова, А.Шохуморов; онтология, назарияи маърифат ва мантиќ- М.Fафорова, М.Болтаев, Н.Сайфуллоев, Ч.Шамсиддинов; диншиносиву фалсафаи дин, ахлоќ ва эстетика-О.Бозоров, Р.Мачидов, С.Ахмадов, Ш.Абдуллозода, М.Давлатов, М.Мирбобоев, Х.Элбоев, С.Рахимов ва оид ба тахќиќи афкори сиёсиву ичтимоии халќи точик- Р.Комилов, Н.Саидов ва дигарон ба миён омадаанд. Донишмандони зикршуда сохибкитоб ва дорои маќолахои зиёде мебошанд, ки хонандагон метавонанд осори онхоро аз фехрастхои китобхонахои донишгохиву чумхурияви пайдо кунанд.

    Дар солхои охир якчанд китобу воситахои илмию таълими рочеъ ба фалсафаи сохави навишта шуданд.«Фарханги мухтасари чахонбини», «Фалсафаи хуќуќ»(муаллифи он Р.С.Комилов ва «Фалсафаи илм» (муаллифонашон Р.Комилов ва М.Назаров) намунаи онанд. Ин китобхо барои гузаронидани дарсхои назариявию амалии донишчўён ва самараноку босифат пеш бурдани корхои илми-тадќиќотии аспирантону унвончўёни кишвар хуб мусоидат менамоянд.

    Бояд зикр намуд, ки тайи дах-понздах соли охир дар кишвар теъдоди устодони чавони дарачаи унвонхои илмидоштаи номзадиву доктории сохаи фалсафа хеле афзуд, ки аксарияти онхо дар донишгоху донишкадахои чумхури аз фанни фалсафа содиќона дарс мегўянд. Ин падидаи матлуб бори дигар собит менамояд, ки илми фалсафа дар кишвари сохибистиќлоли Точикистон дар холате вусъату рушди тоза ќарор дорад.

    Имрўз мухаќиќќони точик оид ба масъалахои гуногуни сохахои дар боло зикршудаи фалсафа босамарона фаъолияти илми-тадќиќоти ва таълимии мебаранд, наќши хеле барчастаи фарханги дар чомеа мебозанд.


    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   41


    написать администратору сайта