Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Чайния. Чайния таълимоти динию фалсафиест, ки дар асрхои VI-V пеш аз милод зухур карда, бо мурури замон ба яке аз динхои Хиндустони ќадим табдил ёфт. Асосгузори он Вардхамана ба шумор меравад, ки бо лаќаби Махавира («Ќахрамони бузург») ва Чина («Ѓолиб») маъруф буд. Ин таълимот аслан дар ќисмати шимолу шарќии Хиндустон арзи хасти намуда, баъдтар дар саросари ин кишвар густариш ёфт. Мувофиќи таълимоти чайнихо, Махавира ба шогирдонаш 14 китоб ба мерос мондааст, ки онхо мачмўи аќидахои ўро фаро мегирифтанд. Дар асри III то милод дар шахри Пачалипутра чамъомади умумии чайнихо баргузор мегардад. Дар он чамъомад таълимоти чайнихоро бо номи «Сиддханта» мураттаб месозанд. Бояд гуфт, ки Чайния асосан дар муќобили брахмания ќарор гирифтааст ва аз ин рў, ќисмати мухими матнхои «Сиддханта» - ро мазаммати таълимоти Брахма ташкил мекунанд. Чунончи, дар яке аз матнхо омадааст: «Агар тавассути ѓусл кардан дар оби хунук ба зинаи такомул расидан мумкин бошад, он гох ќурбоќа, сангпушт ва мор ба зинаи такомул мерасиданд ва агар об корхои бад ва начосатро мешуста бошад, пас корхои некро низ мешўяд». Дар ќонунхо (Сиддханта) инчунин оид ба астрономия, чуѓрофия, кайхоншиноси, меъмори, мусиќи ва ѓ. маълумотхои хусусияти илмию амалидошта низ чой доранд. Ин аз он шаходат медихад, ки барои чайния маърифати илми чандон бегона набудааст. Чайния ќурбони кардани хайвонро махкум менамуд ва хисси тараххумро нисбати хамаи мавчудоти чондор таблиѓ мекард. Бархилофи брахмания, ки занхо ва шудрахоро ба хайвон баробар медонист ва онхоро аз хуќуќи тиловати китобхои муќаддас махрум сохта буд, чайния ба занхо зохиди ва хондани китобхои муќаддасро раво медонист. Чайния худохоро не, балки тиртхингерхо ва чинро парастиш мекарданд. Ѓайр аз ин ихтилофот дар байни чайния ва брахмания умумиятхо низ вучуд доранд. Чунончи, сансара, карма, мокша ва маќсади он, яъне начот ёфтан аз зиндаги, ки хамчун ранчу азоб ва мусибат дониста мешуд. Чайния хамчун чахонбини аслан дар атрофи ду мавзўъ, яъне табиат ва илохиёт бахс ба миён мегузошт. Тибќи фалсафаи чайн акаша (алога) фазои холиест, ки як ќисми онро олами модди, яъне лока фаро гирифтааст. Олами модди аз заррахои хурди чондор ва харакаткунанда иборат аст, ки ин заррахо чамъ омада, бо хам часпида чун пардае тамоми оламро фаро мегиранд. Аз нуќтаи назари онхо ин заррахо аз ќадим вучуд доранд ва хеч гох нест намешаванд. Ќувваи харакатдихандаи ин заррахо ба берун не, балки ба дохили онхо мансуб дониста мешавад, ки онхо бо мафхумхои дхарма (ќувваи мухаррика) ва адхарма (ќувваи монеъшаванда) ифода ёфтаанд. Хама чиз баъди он, ки шакли муайянеро сохиб шуд, тавассути чор чиз -дхарма-он чи ки ба он харакат мебахшад, адхарма-нерўе, ки онро дар маконе нигох медорад, пудгала-он чи ки ба чисм тамъ ва рангу бўй мебахшад ва кала-он чи ки имконияти таѓйиру табдилрофарохам меорад, вучуд дошта метавонаду халос. Азбаски ин заррахои хурд аз ќадим вучуд доранду абади мебошанд, чисмхое, ки аз ин заррахо пайдо мешаванд низ абади буда, баъди марг боз ба заррахои хурд чудо шуда ва боз дар шакли чисми дигаре зухур мекунанд. Фалсафаи чайния чун таълимоти Буддо зиндагиро мусибат ва ранчу азоб мешуморад. Онхо инчунин бар он аќидаанд, ки мусибат на танхо мансуби одамон, балки домангири тамоми мавчудоти зинда мебошад. Ба аќидаи чайнихо, хаёт хориќаи абади аст, пас мусибат хам азалию абади мебошад. Хеч чизеро аз ин имконият халоси нест, ба чуз худоёнро, ки онхо аз шарри мусибат эмин мебошанд. Лекин ин рохи начот барои инсон хам дастрас шуморида шудааст, ба шарте, ки ба воситаи таќво ва риёзат нафси худро ба мартабаи худоён бирасонад. Дар таълимоти чайния «се чавхар» василае хисоб мешуданд, ки барои начот ёфтан аз мусибат хангоми зиндаги риояи онхо хатми шумурда мешавад. Аввал, рафтори нек, дуюм, пиндори нек ва сеюм, эътиќоди нек. Эътиќоди дуруст-ин эътиќод ба нуфузи тартхингерхо, рафтори нек-ин риояи панч савганд, яъне ахимса-беозори, сатя-рости, астея-дузди накардан, апариграха-гушанишини (дунёбезори, зохиди) ва брахмачаря-аз никох худдори кардан. Чавхари сеюм, яъне маърифати дуруст, назарияи дониши чайнихо ба шумор меравад. Дар таълимоти чайния бадтарин хислатхои инсони крудха – кина, мана – ѓурур, майя – чахл, лодха – хирс ба шумор меравад. Чайния ба ду равия - дигамбархо ва шветамбархо таќсим мешавад. Шветамбархо равияи нисбатан мўътадил буда, онхоро «сафедпўшон» низ меноманд. Дигамбархо равияи оштинопазир (даѓал) ба шумор рафта, пайравони он баъзан тани урён мегаштанд. Онхо ќонунхо, яъне «Сиддханта» - ро эътироф намекарданд, аз истеъмоли хўрок то хадди нихои худдори мекарданд ва бар чунин аќида буданд, ки занхо ќобилият надоранд ба мокша, яъне комилан начот ёфтани рўх ноил шаванд. Низоми каставиро махкум мекарданд: аз оиладоршави дури чўстан, мўи сарро гирифтан ва дар ибодатгох бо садаќа зистан. Шудрахо аз риёзат махрум буданд. Риёзати дигамбархо бошад, чандон талаботи чидди надошт. Онхо фаќат либоси сафед пўшида, одатан дар як макон сукунати зиёд надоштанд ва аксаран дар саёхат буда, хаёти ќаландари мегузаронданд. Лекин онхо фаќат рўзона харакат мекарданд, то ки дар торики ягон чонзодеро осеб нарасонанд. Чайнихо имрўз хам дар Хиндустон вучуд доранд ва шумораи онхо хамаги 0,5 фоизи ахолиро ташкил мекунад. Таълимоти чорвакхо. Фалсафаи чорвакхо, ки бо номи локаята .низ маъруф аст, таълимоти материалистии ахди бостони Хинд ба шумор меравад. Локаята-аз калимаи санскритии «лока» гирифта шуда, маънии «макон, кишвар, мамлакат, олам, Коинот, замин, хаёт»-ро ифода намуда, дар шакли чамъ ба маънии «халќ, мардум, одамият» фахмида мешавад. Баъзехо мафхуми «локаята»-ро дар шакли «локаятама» пазируфтаанд, ки маънии «нуќтаи назари мардуми одди»-ро дорад. Синоними мафхуми «локаята» калимаи «чарвака» мебошад, ки маънояш нисбатан норавшан аст. Аз рўи баъзе тахминхо «чарвака» ибтидои номи асосгузори ин таълимот аст. Мувофиќи аќидаи дуюм, ин калима аз феъли чар - хўрдан, хойидан гирифта шудааст, зеро пайравони ин таълимот «хўрдан, нўшидан, хушхоли» - ро таблиѓ мекарданд. Гурўхи сеюм бошад, бар онанд, ки мафхуми «чарвака» аз калимаи «чару» - форам, хуш ва «вак» - калима гирифта шудаанд, ки хамчун «каломи хуш» фахмида мешавад. Муассиси онро Берхесити (Брахаспати) меноманд, ки яке аз пайравони намоёни мактаби настика буд. Настика-мактаби фалсафиест, ки бо тамоми маъниаш дахри мебошад. Тибќи таълимоти он, дар олам харончи хаст ва узвхои хис онро эхсос мекунанд ва берун аз он чизеро эътироф намекарданд. Зиндагиву маргро шаклхои тавофутноки модда медонистанд. Бархилофи дигар макотиби фалсафии Хинд равияи чорвакхо «Ведахо» - ро эътироф намекард, ба зиндагии баъди марг бовар надошт, мавчудияти худоро куллан инкор мекард ва чахонбинии он бошад, аслан ба нахустин будани модда ва дуюм будани шуур асос ёфтааст. Чорвакхо дар муќобили чахонбинии веди ќарор гирифта, адабиёт, таълимот ва дини онхоро хадафи танќиди сахт ќарор додааст. Онхо чунин аќида доштанд, ки нуќсони асосии «Ведахо» сохтакори, зиддиятноки ва пургапи буда, касоне, ки худро донандаи «Ведахо» мешумориданд, ќаллоб ва фиребгари гузаро мебошанд. Умуман, «Ведахо» ба фикри онхо «сергапии беаќлона буда, маросимхои он бошад, воситаи шикамсеркунист». Лахзаи мухими таълимоти материалистии чорвакхо ин назарияи онхо оид ба пайдоиши шуур ба шумор меравад. Онхо ба дарки он омада расиданд, ки шуур ин хосияти материяи олиташкил аст. Шуур аз махабхут (яъне модда) – об, оташ, хок ва хаво ба вучуд оварда шудааст ва хангоми муттахид шудани онхо чисми зинда тавлид мешавад. Худ аз худ ваю – хаво, агни – оташ, ап – об ва кшити - хок шуурро ба вучуд оварда наметавонанд. Мадхавачоря дар бораи мактаби чорвакахо менависад: «Дар ин мактаб танхо чор унсур эътироф мешавад: хок, об, оташ, хаво. Ва махз хамин чор аслро асоси пайдоиши шуур медонанд». Мувофиќи аќидаи онхо бо фасод шудани тан нафс хам нест мешавад. Аз гуфтахои боло бармеояд, ки мувофиќи таълимоти чорвакхо, танхо олами воќеи ва хаёти воќеи вучуд дораду халос. Онхо худоёнро эътироф надоранд ва аз ин рў, дахри (атеист) мебошанд. Ахлоќи чорвакхо хусусияти гедонисти дошт. Онхо маќсаду мароми зиндагиро дар хушбахти медиданд, хушбахтиро бошад, чун халовату фарах мефахмиданд. Дар ин масъала онхо ќатъиян дар муќобили буддоихо ќарор доштанд, ки онхо зиндагиро танхо аз ранчу азоб иборат медонистанд ва бояд гуфт, ки гедонизми чорвакхо ба муќобили хаќири ва худро махкуми марг сохтани буддоихо дар нирвана нигаронида шуда буд. Чорвакхо дар назарияи маърифат дар мавќеи сенсуалисти меистоданд. Онхо хама гуна хиради фавќулоддаро мачмўи эхсосот медонистанд. Бояд гуфт, ки чорвакхо дар замони худ, яъне дар ахди бостон шўхрату нуфузи зиёдеро касб карда буданд. Лекин бо мурури замон ин мактаб таъсири худро гум кард ва асархои онхо бошад, нобуд шуданд, ё ки ќасдан аз тарафи брахманхо, ки бештар хадафи мазаммати чорвакхо гашта буданд, сўзонда мешуданд, ки имрўз чизе аз онхо боќи намондааст. Санкхя. Санкхя - яке аз макотиби ќадими фалсафии Хиндустон ба шумор меравад, ки дар асри VII пеш аз мелод ба вучуд омадааст. Санкхя калимаи санскрити буда, маънояш адад, хисоб, хисобдон, хисоб кардан мебошад. Аќидае вучуд дорад, ки ин таълимот барои он чунин ном гирифтааст, ки пайравони он бо маќсади маърифати дурусти воќеият объектхои асоси ва воситахои онро аз нав дида баромаданд. Фикри дигаре низ вучуд дорад, ки тибќи он мафхуми «санкхя» аз калимаи самяг-чаняна, яъне такмилёфта, асил гирифта шуда, маънии «дониши асли» - ро дорад. Асосгузори санкхя хокими афсонави Капила ба шумор меравад. Осори ќадимтарине, ки оид ба ин таълимот хабар медихад, асари Ишвара-Кришна «Санкхя - карика» мебошад. Санкхя Ведахоро эътироф мекунад, лекин таълимоташ дар асоси матнхои он не, балки дар асоси тачриба ва чахонбинии хоси худ ташаккул ёфтааст. Таълимоти Санкхя асосан дуалисти мебошад. Вай кўшидааст, ки оламро аз мавќеи ду воќеияти ибтидои-пракрити ва пуруша шарх дихад. Тибќи маълумоти баъзе мухаќќиќон, сарчашмаи ин таълимот афкори Зардушт мебошад. Зеро, хамон тавре ки Зардушт ба ду ќувваи хайру шарр мўътаќид буд, фалсафаи Санкхя низ ба ду ќувва: модди (шарр) ва маънави (хайр) мўътаќид аст, ки бо номхои Пуруша ва Пракрити маъруфанд. Пуруша дар оини Зардушт бо Спантомину (рўхи хайр) ва Пракрити бошад, бо Анграмину (рўхи шарр) баробарандва рохи начот аз ранчу азобро дарёбад. Лекин бояд ёдовар шуд, ки фаќат санкхяи классики хусусияти дуалисти дорад. Шаклхои дигари он материалисти ва атеисти мебошанд. Санкхяи классики, чи хеле дар боло зикр шуд, хусусияти дуалисти дорад. Чахонбинии ин шакли санкхя аз тасаввурот оиди мавчудияти ду мабдаи мустаќил, яъне пракрити (иллати модди) ва пуруша (ман, рўх, шуур, субъект) маншаъ мегирад. Таносуби пракрити ва пуруша чун таносуби сабабу натича чилвагар шуда, хамчун ду лахзаи (феъл ва ќувва) як чавхар дониста мешаванд. Прокрити нисбат ба пуруша фаъол ва дар харакат буда, онро аз сукунату карахти рахо месозад ва ба дониста гирифтани олами модди водор мекунад. Олам бошад, махз ба шарофати таъсири пуруша ба пракрити зухур мекунад. Санкхя аз тарафи худоён офарида шудани оламро инкор мекунад. Аз ин лихоз, вай дахри мебошад. Мавчудияти худоро инкор карда, умуман хастии онро исботнашаванда мешумориданд. Муассиси Санкхя таълим медод, ки олам офарида нест ва офаридагор хам надорад. Няя. Тамоили дигари фалсафии Хинди ќадим мактаби няя ба шумор меравад. Няя калимаи санскрити буда, маънояш ќоида, мухокима, тадќиќот, мантиќ мебошад. Асосгузори он мутаффакири Хинд Готама - муаллифи рисолаи «Няя - сутра» мебошад, ки тахминан дар ибтидои эраи мо умр ба сар бурдааст. Няя нуфузи Ведахоро эътироф дошта бошад хам, таълимоташ мутобиќ ба матни он не, балки дар заминаи тачриба ва тафаккури мустаќили худ асос ёфтааст. Мувофиќи таълимоти няя роххои дарки дурусти маърифатро танхо илми мантиќ ва ќонунхои он муайян мекунанд. Барои маърифати олам чор манбаъ - идрок, ќиёс, исбот ва хулосаро эътироф мекард. Маќсади нихоии хаётро дар ноил шудан ба мокша (озодшави) хисоб мекард ва дар донистани олами воќеи сабру тахаммулро афзал медонист. Бархилофи дигар равияхои фалсафи няя брахмаро бо модда (материя, чахон) айниятдор намедонист. Балки онро хаќиќати алохидае медонист, ки бо ќувваи чахони хамрох шуда, боиси ба чунбиш даромадани он гаштааст. Мувофиќи таълимоти няя инсон аз ду ќисм- чисм ва манас, яъне нафси нотиќа ва атман (рўх) иборат аст. Вайшешика. Фалсафаи вайшешика (аз калимаи санскритии вашеша – тафовут, хусусият) бошад, дар асри V пеш аз эраи мо ба миён омада, асосгузори он Канада, ки бо номи Улука низ маъруф аст, ба шумор меравад. Таълимоти вайшешика дар китоби «Вайшешика - сутра» гирд оварда шудаанд. Фалсафаи вайшешика аќлгароёна (ратсионалисти) буда, бо няя ќаробат дошт. Барои маърифати олами воќеи ба донишхои аќли эътимод доштанд. Ведахоро инкор намекард, лекин таълимоташ дар асоси заминахои махсуси назарияви ва амалии худ ташаккул ёфтаанд. Фалсафаи вайшешика чахонро пур аз заррахои хурди ба чашм ноаён ва номутахаррик иборат медонист, ки тамоми чисмхои дигар аз ин заррахо ба вучуд меоянд. (Чи хеле ки мебинем, аз ин таълимот бўи назарияи атомисти меояд). Дар масоили ахлоќ вайшешика дар муќобили таълимоти анъанавии макотиби дигари фалсафаи Хинд меистод. Чунончи, ба аќидаи он, инсон дар фаъолияти хеш озод буда, табиатан на нек мешавад ва на бад. Инро ба рафтори шахс ва мухит вобаста медонад. Лекин агар ба бади майл кунад, ба дарачаи пасти хайвони мерасад ва агар ба неки гарояд, ба зинаи малакути мерасад. Йога (калимаи санскрити буда, маънояш фикри амиќ, иштирок, якшави, риёзати фикриву чисмони мебошад). Фалсафаи йога низ мансуби мактабхои ќадими фалсафии веди буда, аввалин бор дар «Упанишодхо» ёдрас шуда буд, ки йогаро воситаи асосии дарки асрори ботини ва ба даст даровардани донишхои хаќиќи мешумориданд. Лекин баъдтар (яъне дар асри II милоди) ин таълимот дар шакли мукаммалтарин аз тарафи Патанчали тахия карда шуд, ки он асосан аз мачмўи машќхои фикри ва чисмони иборат буда, хадафи асосии он хосил намудани холати махсуси рўхи мебошад. Ба аќидаи йога, инсон ќодир аст, ки бидуни ёрию мадади хис хаќиќатро дарк намояд ва онро ошкоро мушохида намояд. Узвхои хис, ки воситаи хосилшавии аќли инсони мебошанд, метавонанд ба хато бираванд ва хаќиќатро сарозер (чаппа) нишон диханд. Барои дарёфти хаќиќати асли инсон бояд ба олами атроф аз равзанаи дил нигох кунад ва он гох муваффаќ мешавад, ки ашёхоро дар шакли асл дарк намояд. Лекин дарки хаќиќат ба хама муяссар намешавад. Барои ин йога таълим медихад, ки инсон бояд аз олоишоти дуняви ва асирии шахват дилро рахо кунад ва бо риёзату ранчу азоб нафси саркашу хукми шахватро занчир занад. Танхо дар чунин сурат дили инсон бо нури илохи равшан мешавад ва хаќиќатро ба он сурате ки хаст, дарк мекунад. Вобаста ба хислати одамон Йога се рохи ба озоди расидани инсонро нишон дода аст: 1) йога – чняна, яъне рохи маърифату дониш; 2) йога – бхакати, яъне рохи мухаббат ба худо; 3) йога – карма, яъне рохи накўкории беѓаразона дар хаёт. Барои покшавии ботадричи бадан ва тафаккур йога дар ибтидо силсилаи 8-гонаро талаб мекард, лекин баъдтар аз тарафи мутафаккири бузурги Хинд Шанкара боз хафт зинаи дигар илова карда шуд ва ба хамин тариќ, барои покшави сисилаи иборат аз 15 зина, яъне ичроиши 15 шарт муќаррар шуд. Бояд гуфт, ки дар байни риёзаткашони Хинд риёзати йога аз хама вазнин ва тоќатфарсо ба шумор меравад. Навъхои он хаштоду панчто буда, пайрави йога бояд оддитарин ќоидахо аз ќабили хўрдан, хобидан, нафас кашидан, нишастан, бархостанро даќиќкорона риоя намояд. Маќсади асосии йога ба дарки асрори худи инсон расидан аст. Таълимоти йога дар китоби «Йога - сутра» гирд оварда шудаанд. Бояд гуфт, ки йога хамчун чузъи фалсафаи ќадими мардуми Хинд имрўз хам дар сайри такомул аст ва дар байни халќхои гуногун низ маъруфият пайдо карда истодааст. Ташаккули фалсафа дар Чини Қадим. Пайдоиши афкори фалсафи дар Чин ба даврахои нихоят кўхани таърихи тааллуќ дорад. Ханўз дар асрхои VIII-VI пеш аз милод дар чахонбинии мардуми ин кишвари мутамаддин ду тамоил арзи вучуд карда буд. Яке консерватививу дигаре прогрессиви (мистики)-ву атеисти аст. Дар чараёни муборизаи байни ин тамоилхо ѓояхои соддалавхонаи материалисти оид ба панч мабдаи пайдоиши ашё бештар инкишоф ёфта буд. Лекин ба вучуд омадани тамоилхои фалсафи асосан ба асрхои VI-V пеш аз мелод рост меоянд. Бояд гуфт, ки дар таърихи илму фарханги умумибашари ходисахои нодире вучуд доранд, ки онхо ба тамаддуни Чини ќадим робитаи зич доранд. Чунончи, илми хисоб, кашфи ќутбнамо, харитахои чуѓрофи, кашфи борут, ихтирои коѓаз ва ѓайра аз ќабили онхоанд. Дар баробари падидахои фарханги дар Чини ќадим тасаввуроти динию асотири низ ташаккул ёфта буд. Лекин бархилофи ќавмхои дигар чинихо рўх ва маънавиёти диниро асоси зиндагии худ ќарор надода, балки танхо тарафхои модди ва арзишхои дунявии онро ќабул карданду халос. Пешвоёни адёни хешро на хамчун пайѓамбарон ва фариштахои осмони, балки чун афроди оддию заминие мешумориданд, ки аз дигарон бо донишу заковат ва хулќу фазилати хеш бартари доштанд. Оѓози фалсафа дар Чин бо китобхои ќадимае алоќаманди дорад, ки онхоро дар мачмўъ «Панчкитоб» меноманд. Аксари ин китобхо, аслан тачассуми чахонбинии асотири ва то андозае мунъакиси ѓояхои мактаби фалсафии конфутсийчиги ба шумор мераванд. Дар чахонбинии анъанавии динию асотирии чинихо он масоиле ќарор доштанд, ки хар лахза дар зиндагии хеш ба он дучор мешуданд. Ќабл аз хама барои чинихои ќадим масъалаи чахолату зулм, манбаъхо ва офарандагони он, инчунин роххои бартараф намудани он мароќангез буд. Дар китоби «Ши Сзин» («Китоби сурудхо») муаллифи номаълуме оид ба ин масъала ба худ савол медихад, бахс мекунад ва дар охир ба хулосае меояд, ки офарандаи кулли мусибату бадбахти ва чахлу зулмот худи инсон аст ва ў худоро хамчун офаридгору танзимгари хаёти одами инкор кардааст. Дар китоби дигари ин давра «Шу Сзин» («Китоби таърих») дар бораи мавчудияти панч мабдаъ -об, оташ, дарахт, фулузот ва замин сухан меравад. Илова бар ин, дар бораи панч ходисаи табиат - борон, нури офтоб, гарми, сарди ва бод низ дар он маълумот дода шудааст. Сариваќти ва мўътадилии онхоро асоси некўахволии мардум медонистанд ва инчунин мекўшидаанд, ки сабабхои мусоиди ва номусоидии онхоро низ шарх диханд. Шархи ин ходисахо хеле соддалавхона буда, хусусиятхои хоси шуури ибтидоиро инъикос менамуданд, ки он пеш аз хама дар алоќаманд намудани ходисахои табиат ба ахлоќи чомеа ва ходисоти ичтимои зохир мешуданд. Чунончи, боронхои мусоид, нури офтоб, гармию сарди ва бод ба аќидаи онхо, аз рафтори шоистаи хокимон, аз тартибу низом дар мамлакат, аз хирадмандии сарварони давлат вобаста буда, бепарвогию сахлангори, хатокорию чохилии хокимон боиси боронхои тўлони, офтоби сўзон, гармои тафсон ва хунукию тўфони сахт мегарданд. Баъдтар барои чиниёни ќадим чахонбинии хеле мухим- «Дао» («рох») ба вучуд омад. Он ќонуни чахоние хисоб мешуд, ки хам табиат ва хам инсон ба он итоат мекард. «Дао» - ин ќонуни хам кайхони ва хам ахлоќи буд. Ахлоќ дар Чини ќадим аз меъёрхои таркибии он- «Ли» - «боэхтиром будан», «Сяо» - «парастиши волидайн», «Ди» - «парастиши бародари бузург» сахт алоќаманд буд. Сароѓози фалсафаи Чин дар худ аллакай чанини илмхо, аз он чумла риёзиёт, ситорашиноси, тиб ва ѓайраро гузошта буд. Лекин бо вучуди ин, дар ин давра дар Чин илм ханўз дар сатхи паст ќарор дошт, ки ин, бешубха, ба фалсафа низ таъсири худро расонда буд. Фалсафаи Чини ќадим дар давраи Чжанго, ки бо номи «асри тиллоии фалсафаи Чин» низ ёдрас мешавад, ба вучуд омадааст. Таърихи онро ба даврахои Тсин ва Хан чудо мекунанд. Фарќияти ин даврахо аз он иборат аст, ки дар давраи Тсин гуногунии макотиб, муборизаи аќоид ва дахолат накардани хукуматдорон ба фалсафа маъмул буд. Дар фалсафаи Чини ќадим шаш мактаби асоси - Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, легизм, ин-ян (файласуфони табиатшинос) ва софистхо вучуд дошт. Ќисми асосии ин макотиб ахлоќию сиёси буда, ќисми хурди онхо характери метафизики доштанд. Дар макотиби Чини ќадим фалсафаи амали, масоили идороти халќу мамлакат афзалият доштанд. Тарафи чахонбинии он бошад, хеле суст инъикос ёфта буд. Умуман, фалсафаи Чини ќадим ба низоми муайян надаромада буд, зеро ки бо илмхои мавчудаи замон алоќа надошт ва сабаби ин, пеш аз хама дар он буд, ки илми мантиќ ханўз дуруст ташаккул наёфта буд. Бояд гуфт, ки миёни макотиби номбурда оид ба масоили гуногун аќоиди мухталиф вучуд доштанд, лекин хадафи ягона ва нихоии онхо начот додани ќавму мамлакати худ аз холати чохилию ќашшоќи буд. Таълимоти Конфутсий. Бунёдгузори фалсафаи ќадими Чин Кун-фу-сзи (дар забони аврупои Конфутсий) соли 551 пеш аз милод дар иёлоти Шан-Тунѓ дар оилаи ашрофи махалли таввалуд ёфтааст. Конфутсий аз оилаи ашроф ба дунё омада бошад хам, хаёти камбаѓалонаро аз сар гузаронидааст ва аз ин рў, дар хурди чўпонию фарроши низ карда буд. Ў дар синни 50 – солаги мактаби худро таъсис дода, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Маъхази асоси дар омўзиши таълимоти Конфутсий мероси хаттии худи пайравони Конфутсий ва дар мадди аввал «Чахоркитоб» ба шумор мераванд. «Чахоркитоб» инхоро дар бар мегирад: 1) «Да - сюэ» - рохнамо барои амалдорон; 2) «Чжун-Юн»; 3) Лун- юй («Мусохибот ва мулохизот»); 4) «Мэн - Сзи» (китоби пайрави Конфутсий Мэн - Сзи). Таълимоти Конфутсий, инчунин дар «Панчкитоб», ки зикраш дар боло рафта буд, низ инъикос ёфтааст. Дар байни китобхои мансуб ба таълимоти Конфутсий мухимтаринаш «Мусохибот ва мулохизот» («Лун-Юй») ба шумор меравад. Ин китоб дар давраи империяи Тсин сўзонда нест карда шуда, баъдтар аз сари нав дар се шакл барќарор карда шуд, ки онро хар як чиноии сохибмаълумот аз ёд медонист ва тамоми умр рахнамои худ мехисобид. Давраи аввали пайдоиш ва барќароршавии Конфутсийчиги ба фаъолияти худи Конфутсий мансуб аст. Дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба табиати маънавии инсон, ахлоќу одоб, оиладори, идоракунии давлат мавќеи марказиро ишѓол мекунанд. Тибќи таълимоти Конфутсий дар чомеа ќонуни «Жен» («инсондўсти») амал мекунад, ки он лахзахои асосии таълимоти ахлоќии ўро дар бар гирифта, ќонуни олии муносибати тарафайни одамон дар оила ва чомеа ба шумор меравад. Асоси инсондўсти аз «парастиши волидон ва эхтироми бародари бузург» ва умуман, аз «одамро дўст доштан» («Жен») иборат аст. Афроде, ки банди тахайюлоти инсондўсти мебошанд, ин ѓояхо чун ришта онхоро печонда асири худ месозанд ва аз содир намудани чиноят ва хислатхои чохили эмин медоранд. Конфутсий дар боби ахлоќ ба мафхумхои «тарафайн» (яъне «мухаббати тарафайн») ва «инсондўсти», ки ба фикри ў чавхари «рохи дуруст», яъне «Дао» - ро ташкил мекунад, такя намуда таълим медихад, ки касоне хохиши зиндагии хушбахтона доранд, зарур аст, ки аз ин пайрави кунанд. Аз ин рў, Конфутсий пайравони худро даъват мекард, ки зимни гуфтор самимияту рости ва дар кирдор хаќиќату назофатро риоя кунанд, аз нодори шарм надоранд ва хамеша бахри расидан ба рохи рост, яъне ба «Дао» чадал кунанд. Мохияти гуманисти ва ахлоќии таълимоти Конфутсий дар посухи ў ба пурсиши шогирдонаш низ хувайдост: «Он чиро нисбати худ раво намебини, ба дигарон хам раво мабин» ( А. Н. Чанышев. Начало философии. -М., 1982,с.67). Бояд гуфт, ки «инсондўсти» аз нигохи Конфутсий хоси хамаи одамон нест. «Инсондўсти» хусусияти табаќави дошта, ба фикри ў махз хоси ашрофон мебошад. Аз ин бармеояд, ки ў асосан ба табаќаи хукмрон такя мекунад, на ба мардуми одди. Ў одамонро ба «асилзода» ва «авом» чудо намуда, хислатхои шоистаро махз мансуби гурўхи аввали медонад. Чунончи, ў гуфтааст: «Марди асилзодаеро ёфтан мумкин, ки хислати инсондўсти надошта бошад, лекин авомеро, ки инсондўст бошад, ёфтан номумкин аст»( А. Н. Чанышев. Хамончо, с.69). Мардуми асилзода на танхо инсондўст, балки хушахлоќ низ мебошад, таъкид мекунад ў. Аз гуфтахои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки Конфутсий чонибдори аристократия (ашрофсолори) буда, тафовути синфию табаќавиро аз чихати ѓояви асоснок намудааст. Чи хеле ки дар боло ќайд намудем, дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба давлатдори ва идора намудани мардум чои намоёнро ишѓол мекунанд. Оид ба ин масъала низ Конфутсий аз мавќеи ахлоќ ва расму оини анъанави муносибат кардааст. Тибќи таълимоти ў калиди асосии идоракунии мардум дар афзалияти ахлоќии табаќаи болои нисбат ба поёни мебошад. Агар «болои»-хо «Дао» ( рохи рост)-ро риоя кунанд, он гох халќ шиквае нахохад кард. Ў, инчунин хамзамон пахн намудани «Сяо» ва «Ди»-ро гарави асосии тобеияти раият ба хукумат мешуморад. Зеро ў муддаи буд, ки ашхосе, ки волидонро мавриди парастиш ќарор дода, нисбати бародарон хисси эхтиром доранд, наметавонанд, ки алайхи хукумат тазохур кунанд. Аз ин рў, таъкид мекунад, ки агар хокимон ба неки майл дошта бошанд, он гох мардум низ ба неки мегаравад. Шох барои чори намудани низом набояд касеро чазо дихад, зеро агар худи ў хуб бошад, мардум низ хуб хоханд шуд. Ахлоќи марди асилзода бодро мемонаду ахлоќи марди авом майсаро. Бод ба хар сўе вазад, майсахо низ ба хамон сў майл мекунанд. Конфутсий парастиши император-«фарзанди осмон»-ро тарѓиб намуда, онро татбиќкунандаи «иродаи осмон» эълон мекунад ва мардумро дар рўхи вафодории мутаассибона ба император даъват мекунад. Ў чонибдори пойдори ва баќои сохти мавчуда буда, ба гузашта ва арзишхои он таваччўхи хоса дошт. Аз ин рў, таъкид мекард, ки ашёхои олам дар робита бо якдигар вучуд доранд ва ин хамоханги ваќте баќо дошта метавонад, ки кулли ашёхо дар маќоми пешин ва аслии худ бошанд, яъне «падар – падар бошаду писар – писар, шўй шавхари кунаду зан шавхардори. Император фармонравои кунаду раият итоат» (Ниг.: А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии. –М., 1981, с.35). Конфутсий дар таълимоти худ ба назарияи дониш низ таваччўх зохир кардааст. Донистан аз нигохи ў, ин донистани инсон аст. Дониши оли дониши модарзоди ба шумор мерафт, лекин он тасодуфи ва хеле кам ба назар мерасид. Тибќи таълимоти Конфутсий шахсе, ки дорои дониши модарзоди буд, шахси аз хама оли буда, баъд аз он ашхосе меистанд, ки бо рохи таълим дониш андўхтаанд. Омўзишиаќоиди нодурустро зарарнок мешуморид. Хондану фикр накардан, ин бехуда гузаронидани ваќт аст, - таъкид мекард ў. Конфутсий ва пайравони ў ба илмхои табиатшиноси ва риёзиёт шуѓл надоштанд ва таваччўх низ зохир накардаанд. Онхо асосан, дар атрофи масоили хукуматдори ва шаклхои махсуси рафтору муносибати байни одамон меандешиданд. Ин буд, ки таълимоти Конфутсий дар тўли зиёда аз ду хазор сол дар ин сарзамин арзи хасти намуда, дар зери таъсири он шаклхои хоси сохтори ичтимоию оилави, низоми сиёсию маъмури, инчунин арзишхои ахлоќию шаклхои устувори рафтор, тарзи зист ва ѓайра ташаккул ёфта, то имрўз боќи мондаанд. Конфутсий соли 479 пеш аз милод дар 72 – солаги вафот намуд. Баъди вафоташ таълимоти ў ривочу равнаќ ёфта, пайравони зиёде пайдо намуд, ки намоёнтарини онхо Мэн-сзи ва Сюн-сзи ба шумор мераванд. |