Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Мэн-сзи тахминан дар солхои 372-289 пеш аз милод умр ба сар бурда, шогирди Сзи-Си, яъне набераи Конфутсий ба шумор меравад. Китоби «Мэн-Сзи» ќисмати охирини «Чахоркитоб»-ро ташкил мекунад. Китоби «Мэн - Сзи» дар шакли диалогу сўхбатхои файласуф бо шогирдону хакимон мураттаб шудааст. Чахонбинии Мэн-Сзи оид ба осмон хамрадифи таълимоти Конфутсий буда, осмонро ба сарнавишт ва сарнавиштро ба зарурияти объективи ва зарурияти объективиро бо иродаи мардум наздик мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар таълимоти Конфутсий осмон ќувваи бешахс, таќдир, ќонун, дао, яъне чун рохи дуруст ва принсипхои ахлоќие ба шумор мерафт, ки инсон бояд онро пайгири мекард. Тибќи таълимоти Мэн- Сзи осмон манбаи сифатхои ахлоќии инсон ба шумор рафта, зарурияти воќеи бошад, дар сохаи ичтимоиёт чун иродаи халќ зухур кардааст. Мэн-Сзи иродаи осмонро ба иродаи мардум тавъам шуморидааст ва таъкид мекунад, ки осмон тарзе мебинад ва мешунавад, ки худи мардум мебинад ва мешунавад. Ў таълимоти макотиби дигарро дар хусуси он ки инсонро табиатан чохил ё оќил мешумориданд, инкор кардааст. Тибќи ин таълимот табиати инсони оби пуртуѓёнро мемонад, ки тафовути ѓарбу шарќро намедонад ва ба кадом самте рох кушои, чори мешавад. Табиати инсон хам ба хамин монанд аст ва ба неку бад чудо намешавад. Дар чавоби ин Мэн-Сзи менависад, ки об ба кадом самте чори нашавад, хатман сўи пастиро интихоб мекунад ва табиати инсони хам чунин аст, яъне танхо ба неки майл дорад. Дар ин чо дар таълимоти Мэн-Сзи ва Конфутсий дуршави аз якдигар ба назар мерасад. Масоили гносеологи ва онтологи дар таълимоти Мэн-Сзи аслан дар таркиби масоили антропологи, ахлоќи ва ичтимои омадаанд. Касе, ки табиати худро дониста мегирад, осмонро низ дарк мекунад. Ибодат кардан ба осмон ин нигох доштани ќобилияти фикрии худ, ѓамхори нисбати худ ба шумор меравад. Дар масоили хукуматдори Мэн-Сзи пайрави Конфутсий буда, муносибати аъзои давлатро чун муносибати фарзандону волидон шарх додааст. Император бояд раияташро чун фарзанд ва раият ўро чун падар дўст дорад. Мэн-Сзи зидди диктатураи ќонун буд ва мўътаќид буд, ки агар хокимият дар итоати шахси инсондўст бошад, ќонуншикани кам рух медихад. Сюн-Сзи (тахминан солхои 313-238 пеш аз милод) хангоми вафоти Мэн-Сзи 24 сола буд, лекин дар бораи вохўрии онхо маълумоте вучуд надорад. Сюн-Сзи аз оилаи сарватманд буда, маълумоти хуб гирифта буд. Китоби ў бо номи «Сюн-Сзи», ки аз 23 боб иборат аст, то имрўз пурра боќи мондааст. Махз дар боби 23 – юм, ки «Оиди табиати инсон» ном дорад, Сюн-Сзи таълимоти Мэн-Сзиро дар масъалаи мохияти инсон хадафи танќид ќарор медихад. Ў на танхо Мэн-Сзи, балки кулли макотиби фалсафиро, ки аллакай дар ин давра вучуд доштанд, зери танќид мегирад ва таълимоти онхоро барои халќу мамлакат зарарнок эълон менамояд. Бояд гуфт, ки Сюн-Сзи охирин намояндаи «Асри тиллои»-и фалсафаи Чини ќадим (ў дар давраи охирини Чжанго зиндаги карда буд) ба шумор меравад ва ў ба маънии пуррааш мутафаккири асил буд. Чун дигар пайравони мактаби Конфутсий масъалаи инсон ва чамъияти инсони дар маркази диќќати Сюн-Сзи ќарор дошт. Ў таъкид мекард, ки тамоми умр, то нафаси охирон омўхтан лозим, лекин аз баски теъдоди ашёхои омўхташаванда беинтихоянд ва инсон дар тўли умри худ ба ин муваффаќ шуда наметавонад, бояд, ки усули омўзишро амиќ кард. Тибќи он, одамони одди принсипхои умумии рафтори одами ва ашрофон бошанд, барпо намудани низоми такмилёфтаи ичтимоиро бояд омўзанд. Лекин ин харгиз маънои онро надорад, ки Сюн-Сзи омўзиши коинотро сарфи назар карда бошад. Баръакс, тасвири олам асоси таълимоти ахлоќию сиёсии он ба шумор меравад. Масъалаи асосии чахонбини дар таълимоти ў дар шакли талаботи ахлоќи ва мутобиќ ба сохтор ва сифати худи коинот пешкаши одамон гардонда шудаанд. Лекин бинобар дар сатхи паст ќарор доштани илм дар Чини ќадим Сюн-Сзи дар бораи табиат маълумоти умуми дошту халос. Олами воќеи барои вай танхо аз осмон ва дао иборат буду бас. Сюн-Сзи мўътаќид буд, ки осмону замин ашёхоро ба вучуд меоранд. Мухимаш он аст, ки ў одамонро бовар мекунонд, ки осмон аз рўи ќонунхои худ вучуд дорад ва харакати ў абадист. Дар табиат хама чиз аз рўи ќонунхои худ амал мекунад. Аз ин гуфтахо Сюн-Сзи ду хулосаи мухим мебарорад. Аввалан, хеч чиз аз рўх пайдо намешавад ва дар ин чо ў дар мавќеи материалисти ќарор дорад. Сониян, ин ки доимияти осмон ва номўътадилии хаёти чомеа аз он шаходат медихад, ки осмон бо он чи ки дар хаёти одамон рух медихад, хеч гуна иртиботе надорад ва хамаи он чи ки сар мезанад, махз натичаи фаъолияти худи инсон мебошад. Тавре ки дар боло зикр намудем, Сюн-Сзи исбот мекунад, ки инсон табиатан чохил аст. Ќимати фалсафаи Сюн-Сзи низ дар он аст, ки ў бахри асоснок намудани аќоиди худ кўшиш кардааст. Тибќи таълимоти файласуф, одам ваќте ба дунё меояд, на танхо ќобилияти шодию ѓам, балки рашку хасад ва чохили низ дорад. Дар ин масъала ў мутлаќо дар муќобили таълимоти Мэн-Сзи ќарор дошт. Сюн-Сзи донисташаванда будани оламро эътироф дошт ва мўътаќид буд, ки инсон ќобилияти донистани онро дорад. Ќобилияти маърифати олам ин хосияти модарзодии инсон аст, имконияти донисташаванда будан, ин ќонунияти ашёхост– гуфта буд ў. (Ниг.: А.Н.Чанышев. Курс лекций по древней философии, с.40). Таълимоти Мотсзи. Тавре ки медонем, дар Чини ќадим макотиби гуногуни фалсафи арзи хасти мекарданд ва байни онхо оиди чахонбини муборизаи ѓояви идома дошт. Таълимоти Конфутсий ханўз ба ѓояи хукмрони давлати табдил наёфта буд ва хар лахза аз чониби равияхои мухталиф хадафи танќид ќарор меирифт. Яке аз мунаќќидони он Мотсзи ва пайравони ў ба шумор мерафтанд. Мотсзи дар соли вафоти Конфутсий ба дунё омада дар охири асри IV пеш аз милод аз олам гузаштааст. Доир ба зиндагии ў чизе маълум нест. Китобе, ки бо номи «Мотсзи» боќи мондааст, ба гурўхи муаллифон мансуб буда, дар тўли фаъолияти дусадсолаи мактаби мазкур таълиф шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки «Инќилоби мадани» - и якум дар Чин ба мавчудияти ин мактаб хотима гузошт. Пайравони Мотсзи дар чахонбинии худ ахамияти осмон ва иродаи онро инкор накардаанд. Онхо аз бузургии нуфузи он дар байни чинихо истифода бурда, ѓояхои худ, хусусан, гуманизми худро ба он нисбат медоданд. Осмон хамчун намуна барои идораи давлат ќабул мешавад ва бояд хокимон амали худро ба иродаи осмон мутобиќ созанд. Мотсзи мегуфт, ки зери гунбази лочварди хокимон зиёданд, лекин одамдўсташ дар байни онхо кам аст. Аз ин рў, зарур мешуморад, ки танхо аз рўи иродаи осмон бояд амал намуд. Чунончи, ў иродаи осмонро ёдовар шуда, муќоиса мекунад, ки он чиро мехохаду чиро намехохад: «Осмон намехохад, ки давлати бузург ба давлати хурд хучум кунад, оилаи тавоно оилаи заифро танг кунад, зўр нотавонро ѓорат кунад, маккор содаро фиреб дихад, ашроф дар назди фаќир такаббур кунад». Баръакс, осмон мехохад, ки «одамон дастгири якдигар бошанд, тавонманд нотавонро ёри дихад, одамон якдигарро омўзанд, хирадманд нодонро таълим дихад, бойигариашонро бо хам бинанд» ( Ниг.: А.Н. Чанышев. Хамончо, с.90). Дар фахмиши мухаббат низ Мотсзи ва пайравонаш аз мактаби Конфутсий фарќи чидди доштанд. Пайравони Конфутсий мухаббатро дар маънии танги он, яъне мухаббат ба падару модар, ба сарварони хукумат ва баъд аз он ба дигарон мефахмиданд. Чунин шакли худпарастонаи мухаббат, ба аќидаи Мотсзи, на танхо беифода, балки зарарнок ва хатто манбаи чахолат ба шумор меравад. Мотсзи мухаббатро ба «алохида» (чудогона) ва «кулл» (умуми) чудо мекунад. Харду ќисм таркибан ягона набуда, балки оштинопазиранд. Иродаи осмонро пайрави кардан, ин маънии пайрави аз мухаббати куллро дорад. Мотси мафхуми «одамони чохил» - ро васеътар кор фармуда, ба он на танхо ашхосе, ки касеро дўст намедоранд, балки онхоеро низ мансуб мешуморад, ки хайрхохи хама нестанд ва хамаро дўст намедоранд. Танхо мухаббати кулл метавонад манфиати умуми биёрад. Зеро зиндаги, агар сўи мухаббат майл дошта бошад, натоичи некўтаре ба бор меорад. Агар бо касе аз рўи мухаббат суде расад ў хам дар чавоб ба аввали суде мерасонад. Аз ин рў, таълим медихад Мотсзи, хуб мешуд мансабро ба мафхуми мухаббат ва ичборро ба ихтиёр табдил кунем. Ў набудани мухаббати баробар миёни хамаи одамонро сабаби мухимтарини рух додани бенизоми дар мамлакат мешуморад. Манфиати мардум, аз нигохи Мотсзи арзиши олиест барои хокиме, ки дар фаъолият пайрави осмон бошад. Ў хама гуна амалеро, ки майли осмон ва манфиати мардуми авомро ифода мекард, хаќ мешумурд ва ичроиши хатмии онхоро таќозо мекард. Мардуми авомро пайваста се мусибат думболагир аст: гуруснаги ва танќисии хўрок, хунукию набудани либос, хастагию набудани фароѓат. Аз ин се фалокат мардуми одди пайваста дар азоб аст, лекин айни замон ванхо, гунхо ва дигар ашрофон бо хузуру халоват зиндаги ба сар мебаранд. Мотсзи чунин тарзи зиндагиро дар шароити асорати табаќавии асри V пеш аз мелоди Чин махкум намуда, ба кулли нест кардани онро талаб намудааст. Ў фарќи инсонро аз хайвон дар мехнат медид. Танхо тавассути мехнати пурмахсули худ халќ метавонад ба сарнавишт, яъне ба он чи ки аз худи инсон вобастаги надорад, муќобилият намояд. Оид ба масъалахои идораи давлат ва мардум Мотсзи бар он аќида буд, ки хокимон бояд пайваста бахри некўахволии мардум кўшиш намоянд. Бунёди идоракунии мамлакат-парастиши хирад аст. Хокими оќил, ба фикри ў, бояд аз субх то шом миёни мардум бошад, арзу доди онхоро шунида чорахои таъчили бинад. Ин гуна ашхосро дар хама чо, аз хамаи табаќахои чомеа чустан лозим. Беэхтироми нибати хирад ва ашхоси бехирадро мансаб додан боиси бенизоми ва рух додани фалокат дар чомеа мегардад. Хулас, Мотсзи дар сохаи идоракунии мамлакат фаќат таѓйир ва такмил додани усулхои идоракуниро талаб мекунад. Мотсзи чанг ва оќибатхои онро тахлил намуда, бо рохи зўроварию хунрези хал намудани масоили сиёсиро махкум мекунад. Зеро, ваќте лашкар ба замини бегона даромад ѓаларо поймол, чангалзорхоро несту нобуд ва шахру дехотро хароб мекунад. Барои ѓосибон низ чанг оќибатхои нохуш дорад, зеро бар асари он хазорон оилахо бесаробон мемонанд. Холо он ки «мухаббати кулл» таќозо мекунад, ки инсоният ва кулли кишвархо якдигарро дўст доранд. Лекин, мутаассифона, ѓояхои ичтимоии Мотсзи ва пайравонаш дар хаёти воќеии Чин амали нагардиданд. Таълимоти Мотсзи оид ба дониш низ аз таълимоти Конфутсий ќатъиян фарќ мекард. Мактаби Мотсзи хамагуна дониши модарзодиро инкор мекард. Онхо донишро махсули фаъолияти амалии инсон медонистанд. Дониши халќ ин меъёри хаќиќат аст. Дониш бояд ќимати амали дошта ба мардум нафъовар бошад. Мотсзи махз ба санъати мухокимарони ва мантиќ диќќати чидди медод. Бархилофи Конфутсий, ки ба мардуми авом эътимод надошт, Мотсзи ба донишу заковати онхо бахои баланд медод. Инчунин таќсимоти мехнатро аз рўи ќобилият чонибдори мекард ва бар он буд, ки хар кас бояд аз рўи истеъдод шуѓле интихоб кунад. Онхо нобаробарии ќобилият ва манфиатхо, тафовути касбии одамонро чун пайравони Конфутсий нобаробарии табаќави надониста, балки зухуроти адолати ичтимои ва омили пешравии чомеа шуморидаанд. Мотсзи ба хаќќоният ва асоснокии таълимоти худ эътиќоди ќави дошт ва ба он бахои баланд медод. Ва агар таълимоти Мотсзиро ба дигар макотиби фалсафии Чини ќадим муќоиса кунем, дар асл мебинем, ки ў барои чунин хукм асоси басанда доштааст. Таълимоти Лаотсзи (даосизм).Таълимоти Лаотсзи дар ќатори хикмати Конфутсий яке аз равияхои асосии фалсафии Чини ќадим ба шумор меравад, ки дар нимаи 2-юми хазорсолаи якум таъсис ёфтааст. Баъди ба Чин сар даровардани буддоия ин се мактаби динию фалсафи дар раќобат ба якдигар ташаккул ёфта, то асри 20-ум хаёти маънавии онро муайян мекарданд. Низоми фалсафии Лаотсзи дар китоби «Даодетсзин» инъикос ёфтааст. Бар хилофи макотиби Конфутсий, Мотсзи ва «Ќонунпарастон», ки асосан ба масоили ахлоќ ва чомеаи инсони сару кор доштанд, дар таълимоти Лаотсзи тасвири воќеии олам, масоили хастию нести, фарду кулл ва ѓайра мавќеи асосиро ишѓол мекунанд. Асосгузори даосизм файласуфи Чини ќадим Лаотсзи ба шумор меравад. Лаотсзи тахминан хамзамони Конфутсий мебошад, вале бар хилофи Конфутсий оид ба хаёти Лаотзси дар маъхазхо ягон маълумоти амиќе вучуд надорад ва бинобар ин, баъзе муаллифони муоссир ўро хамчун шахси афсонави ќаламдод кардаанд. (Ниг.: А.С. Васильев. История религий востока. –М., 1983, с.311). Мувофиќи ривоятхо ўро модараш солхои зиёде дар батни худ нигох доштааст ва хангоме, ки таваллуд мешавад, аллакай ў пир шуда буд. Аз ин рў, ўро «Кўдаки пир» меномиданд ва азбаски нишонаи «тсзи» хамзамон маънии «хаким»-ро низ ифода мекунад, бинобар ин онро хамчун «Хакими пир» низ тарчума кардаанд. Умуман, шахсияти Лаотсзи чандон аниќ нест ва ин масъала мавриди бахси олимон ќарор дорад. (Донишманди эрони Мухаммад Рашшод Лаотсзиро чун шахсияти таърихи муаррифи кардааст. Мувофиќи аќидаи ў, Лаотсзи соли 604 пеш аз милод дар хонаводаи гумноме дар иёлоти Чу таваллуд ёфтааст. (Ниг.: М.Рашшод. Фалсафа аз оѓози таърих. –Душанбе, 1990, с.52) Мазмуни асосии таълимоти Лаотсзиро «дао», ки чун мохият, нахустасос ва сабабгори кулли олам ќаламдод шудааст, ташкил мекунад. Дар бораи «дао» дар фалсафаи Конфутсий, Мотсзи ва «Ќонунпарастон» (легистхо) низ гуфта шудааст, лекин бояд гуфт, ки агар «дао» барои онхо пеш аз хама рохи ташаккули Чин ва чахонбинии ахлоќию сиёси бошад, пас барои пайравони Лаотсзи «дао» мафхуми чахонбинии хамаро фарогиранда мебошад. Ѓайр аз ин, «дао» на танхо нахустсабаб, балки ќонуни умумии коинот хам мебошад. Муаллифони рисолаи «Даодетсзин» решахои чуќури пайдоиш ва мавчудияти тасаввуротро оид ба «дао» ќайд намуда таъкид мекунанд, ки аз замонхои ќадим то замони мо номи он нест намешавад. Оид ба субстанция ва нахустасос будани «дао» дар рисолаи номбурда ба такрор омадааст, ки: «дао» - модари кулли ашёхо …, «дао» тавлид мекунад…, ба шарофати он кулли мавчудот пайдо мешаванд…» ва ѓайра. Дар рисола таъкид карда мешавад, ки «дао» асоси пайдоиши хамаи ашёхост ва нисбат ба онхо на танхо хамчун чанин, балки аз чихати ибтидои замони доштан хам пеши дорад. Дар ин ќисмат лахзахои материалистии он бештар ошкор гардида, «дао» нисбат ба худо хам хукми муайянкунандаги мегирад. Илова бар ин, зимни шархи «дао» элементхои антропоморфизм низ дучор мешаванд ва борхо «дао» чун мавчудоти зинда ёдрас шудааст. Дар таълимоти Лаотсзи унсурхои диалектика дучор шуда, мафхумхои фалсафии «хасти» ва «нести» низ барраси шудаанд, ки тибќи он ин мафхумхо дар алоќаманди бо якдигар вучуд дошта, баъзан бо «дао» айният дода мешаванд. Чунончи, дар рисолаи «Даотсензин» омадааст: «…хасти ва нести якдигарро тавлид мекунанд», «…дар олам хама аз хасти пайдо мешавад ва хасти бошад аз адам пайдо мешавад» ва ѓ. (Ниг.: А.Н. Чанышев. Начало философии, с.107).Диалектика бошад, дар таълимоти Лаотсзи дар шакли ихтилоф ва муборизаи бохамзидхо чилвагар шудааст. Чунончи, муќобилгузории мафхумхои «пирию чавони», «устуворию заифи», «бисёрию ками», «хушбахтию бадбахти» ва ѓайра. Баъзан андешахое дучор мешаванд, ки диалектикаи бе ин хам содалавхонаи Лаотсзиро халалдор месозанд. Масалан, ў муддаи буд, ки «ороми ин асоси харакат мебошад» ва бешубха, ин тезис хилофи диалектикаи ўст. Назарияи маърифати Лаотсзи ба онтологияи он пайвастаги дошт. Ў донишро дастраси хамаи одамон надониста, балки танхо хоси мардони оќил медонист. Ба фикри ў, ин гуна одамон дар паси муборизаи ашёхо мутобиќшави, баъди харакат ороми, баъди хасти нестиро дарк мекунанд. Он кас ба ин муваффаќ мешавад, ки аз тарсу харос озод бошад ва касе аз тарс озод аст, ба дидори «дао» муваффаќ мешавад ва «дао» дар шакли нихоияш ин «олами ашёхо» мебошад. Ѓояхои ахлоќии Лаотсзи-«Марди оќил» (Шен-жен) бо ѓояи ахлоќии Конфутсий «марди асил» ( Сзюн - Сзи) муќобил гузошта шудааст. Онхо арзишхои ахлоќии Конфутсий, аз ќабили инсондўсти, адолат, эхтиромпазирии фарзанд, мухаббати падарона ва ѓайраро инкор карда, онхоро мохиятан нодаркор мешумориданд. Ба аќидаи Лаотсзи ва пайравонаш инсони дорои ахлоќи оли (дэ) барои амали хайре кўшиш намекунад, зеро ки ў худ табиатан накўкор ва хайрхох аст. Дар масоили идороти давлат Лаотсзи бар он аќида буд, ки хоким набояд ба фаъолияти рўзмарраи раият дахолат кунад. Хокими оќил шароит фарохам меорад, ки хама бо рохи табиии худ, яъне «дао» харакат кунанд ва он набояд «дао» - ро халалдор созад. Ѓояхои ичтимоии Лаотсзи чихатхои реаксиони(иртичои) доштанд, зеро ки онхо дуршави аз «дао»-ро бо маданият марбут медонистанд. Онхо бар он аќида буданд, ки дар ќадим пайравони «дао» мардумро маърифатнок не, балки чохил намуданд. Халќе ки дониши зиёд дорад, идора карданаш душвор аст. Аз ин рў, ба гуфти онхо идора кардани халќ тавассути дониш ба мамлакат хушбахти меорад. Онхо бозгашт ба даврахои пешинро зарур мешумориданд. Пайравони Лаотсзи дар муќобили Конфутсий ва Ќонунпарастон ќарор доштанд ва муддаи буданд, ки мавчудияти ќонунхои манъкунанда дар мамлакат халќро ба хароби меорад. Лаотсзи чонибдори сулх буд ва онро таблиѓ мекард. Рохи «дао» ин рохи сулх аст. Онхо хокимеро ситоиш мекарданд, ки доимо нисбати хамсояхо гузашт кунад ва хеч гох аввалин шуда хучум накунад. Аз ѓалаба ифтихор кардан, маънии аз марги одамон шоди карданро дорад. Хулоса, дар таълимоти Лаотсзи лахзахои торик ва зиддиятнок зиёданд. Лекин ба ин нигох накарда хадафхои асоси амиќанд. Тибќи он «дао» якум, нахустасос ва осмон, ки дар таълимоти Мотсзию Конфутсий аввалин шуморида мешуд, дар муносибат ба «дао» дуюм шумурда мешавад. Замин дар муносибат ба осмон дуюм буда, нисбат ба инсон якум аст. Замин ќонунхои осмонро пайрави менамуд, осмон бошад, ќонунхои «дао»-ро ва «дао» бошад худашро. Чунин аст халли масъалаи асосии чахонбини, яъне масъалаи муносибати инсон ва коинот дар таълимоти Лаотсзи. Ќонунпарастон (легистхо)Таълимоти Конфутсий ва Мотсзи бо хама фарќияту гуногунии худ якдигарро инкор намекарданд. Чунончи, хар дуи онхо аз эътирофи арзишхои накўкори, адолат, инсондўсти маншаъ гирифтаанд, лекин дар фахмиши онхо дар мавќеи мухталиф ќарор доштанд. Аммо таълимоти дигари фалсафию сиёсие вучуд дошт, ки хамаи инро инкор мекард. Ин равия бо номи «Мактаби ќонун», яъне «Фа - сзя» маъруфият ёфта буд. «Ќонунпарастон», ки дар Аврупо бо номи «легистхо» маълуманд, дар муќобили таълимоти Конфутсий «ќонун» - хои худро гузоштанд, ки мохиятан зидди якдигар буданд. Дар риштаи идороти давлати онхо аз ишорахои ахлоќи ќатъиян даст кашида, сиёсати мачбуриятхои хуќуќи ва чазоро пеш гирифтанд. Инсофу вичдонро ба тарсу харос иваз намуданд ва фишанги асосии идоракуниро низ махз дар хамин медиданд. Онхо тасаввуроти содалавхонаро оид ба давлат хамчун оилаи бузург бартараф сохта, дар риштаи идоракуни чои оќилону донишмандонро бо амалдорони зинахои гуногун иваз менамуданд. Хокимиятро дохи идора мекард, ки он манбаи ќонунхо шумурда мешуд ва барои ў чизе болотар аз иродаи худаш вучуд надошт: на иродаи осмон, на мероси ачдодон ва на майлу хохиши мардум. Дохи рамзи ягонагии давлат ба шумор мерафт, ки ба хотири якпорчаги ва муттахиди хамаро дар атрофи худ чамъ месохт, мардумро аз хаёти маънави барканор мекард ва шакли сахттарини идоракунии мутамарказро чори мекард. Асоси иќтисодии давлатро дар зироаткори медиданд. Хунарманди, хусусан савдоро махдуд мекарданд. Зироаткори ва чангро омили асосие мешумориданд, ки давлат бояд ба он такя мекард. Нахустин назариётчи ва рахнамои «Ќонунпарастон» Гунсун Ян ба шумор мерафт. Ў баъди вафоти Мотсзи ба дунё омада, хамзамони Мэн Сзи буд ва соли 338 то эраи мо кушта шуда буд. Ќобили ќайд аст, ки аксари «Ќонунпарастон»-и машхур ба таври фочиави халок шуда, ќурбони назарияи эчодкардаи худ гаштаанд. Гунсун Ян як муддат дар шохигарии Син мушовир шуда хизмат кард ва баъдтар ба ивази ин хокими вилояти Шан таъин гардид, ки аз хамин чо номи Шан Ян-ро гирифт ва дар таърих низ бо хамин ном маълум аст. Соли 356 – 350 пеш аз милод дар шохигарии Син ислохоте гузаронида шуд, ки бо номи «ислохоти Шан Ян» маълум аст ва он масоили иќтисодиёт ва идоракуниро дар бар мегирифт. Баъди ин давлат хуќуќ дошт, ки хам ба иќтисодиёт ва хам ба хаёти шахсии одамон дахл кунад. Ба номи Шан Ян китобе бо номи «Шан – сюн - шу» («Китоби хокими вилояти Шан»), ки аз 26 боб иборат буд, мансуб аст. Бар хилофи хамаи файласуфони пешин, яъне Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, Сюн Сзи ва дигарон, ки нисбати табиати инсони аќоиди гуногун доштанд, Шан Ян ва дигар пайравонаш мўътаќиди табиати бад ва таѓйирёбандаи инсони буданд ва нигох доштани онро бидуни чазодихи ва тарсу харос номумкин мешумориданд. Шан Ян хаёти чомеаро ба се давра чудо мекунад: 1) нафъчўи, 2) инсондўсти ва 3) ќонунпарасти. Давраи аввал замонест, ки одамон модарони худро шинохтанд ва падарони худро не ва кўшиш мекарданд, ки худию бегонаро фарќ кунанд. Давраи дуюм, давраи шуру балво ва раќобати хирадмандон. Давраи сеюм бошад, давраи зухури махдудиятхои иќтисоди, ќонунхо, манъкунихо буда, амалдорон бошанд сарварони давлат ба шумор мерафтанд. Бо ташаккулёбии чомеа на танхо худи чомеа, балки одамон низ таѓйир меёбанд. Чунончи, дар ќадим одамон одди буданд, бинобар ин онхо пок буданд ва имрўз, ки одамон маккор шудаанд, нопоки низ содир мекунанд. Аз ин рў, агар пештар одамонро аз мавќеи хайрхохи ва накўкори идора кардан мумкин бошад, пас имрўз бо ин амал идора кардан номумкин аст, зеро холати кунуни ќабл аз хама «ќонун дар бораи чазо» - ро талаб мекунад, - таъкид мекард Шан Ян. ( Ниг.: А.Н.Чанышев. Начало философии, с.101). Бояд гуфт, ки ислохоти Шан Ян чомаи амал напўшид, зеро ки раияти шохигарии Син усулхои идоракунии онро напазируфтанд ва баъди вафоти Син Шан Ян ба ќатл расонда шуд. Ќобили ќайд аст, ки хикмати Чини ќадим дар тўли садсолахо бегазанд аз офатхои сиёсию ичтимои то рўзхои мо омада расидаанд ва он то имрўз ва аз ин пас хам арзиши аслии худро гум накарда, чун ситораи рахшоне дар ганчинаи маънавии башарият абади нурпоши хохад кард. |