Главная страница
Навигация по странице:

  • Левкиппу Демокрит

  • Материализми атомисти

  • Зарурат ва тасодуф .

  • Назарияи маърифат

  • Ѓояхои ахлоќи ва ичтимоию сиёси

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница16 из 41
    1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   41

    Тавзехи материалисти ва идеалистии хасти дар фалсафаи атиќа. Дар нимаи 2-юми асри V пеш аз милод дар ќатори манбаъхои дигари инкишофи илму фалсафаи Юнони ќадим маркази илмию фархангии дигаре ба вучуд омад, ки дар рушду такомули минбаъдаи фалсафа ва умуман, хаёти маънавии ин сарзамин наќши мухим гузошт. Чунин маркази нави илму фалсафа шахри Абдера буд, ки хаёту фаъолияти як ќатор мутафаккирон, аз он чумла Левкиппу Демокрит дар хамин шахр сипари шудааст.

    Доир ба хаёти Левкипп маълумотхои амиќ каманд. Чои таваллуди ўро тахминан шахрхои Абдера ва ё Милету Элей мехисобанд. Айёми зиндагии ў ба давраи Филолай, Эмпедокл, Анаксагор ва Зенон (муаллими Левкипп) рост меояд. Эпикур бошад, мавчудияти файласуферо бо номи Левкипп умуман инкор мекард. Инро асос намуда Эрвин Родэ дар охири асри XIX Левкиппро хамчун шахсияти воќеи рад намудааст. Бояд гуфт, ки тадќиќотхои олимони зиёде ботил будани ин аќидаро собит намудаанд.

    Доир ба хаёт ва фаъолияти Демокрит низ фикрхои мухталиф вучуд доранд. Лекин мувофиќи маълумоти аксари муаллифон давраи зиндагии Демокрит солхои 460-370 пеш аз милод ќабул шудааст. Падари Демокрит шахси сарватманд буда, баъди маргаш ба писаронаш мероси калоне гузошт, ки як ќисми хурди онро Демокрит сохиб шуд ва ин ба файласуф имконият дод, ки ба сайёхати дарозмуддат барояд.

    Маъхазхои антиќи шаходат медиханд, ки Демокрит ба мамолики Шарќ сафар карда, хангоми сафархояш дар Мисру Бобулистон ва Хинду Эрон бо олимону фузалои ин кишвархо вохўрда, аз илму фалсафаи онхо бархўрдор шудааст.

    Демокрит баъди сафархои тўлони ба Абдера баргашта, то охири умраш дар хамин чо мемонад. Ѓайри Демокрит ва Левкипп, инчунин софист Протагор ва олими табиатшиносу табиби машхур Гипократ низ хаёту фаъолияти худро дар хамин чо сипари кардаанд. Номи ин се мутафаккири бузург, яъне Демокрит, Протагор ва Гиппократ аз он шаходат медиханд, ки Абдера дар нимаи дуюми асри V п. аз милод ба маркази илму фалсафаи Юнон табдил ёфта будааст.

    Доир ба зиндагии Демокрит ривояте вучуд дорад, ки мувофиќи он гўё Демокрит сарвати ба мерос мондаи падарашро зимни сафархояш пурра харч менамояд. Тибќи ќонунхои ондавраи Абдера харчи бехудаи мероси падар чиноят хисоб мешуд ва барои содир намудани чунин амал шахси гунахкор аз хуќуќи дафн шудан дар ин шахр махрум мегардид. Мувофиќи ин ќонун Демокритро ба суд кашиданд. Демокрит дар назди суд баромад карда, доир ба хадафхои сафар ва натичахои он, доир ба асархои илмие, ки хангоми сафархояш таълиф кардааст, маълумот дода худро сафед мекунад. Ин ривоят аз он шаходат медихад, ки Демокрит дар хаќиќат ташнаи илм буда, дар ин рох хамаи дороияш, хатто мероси падарашро дареѓ надошта сарф кардааст.

    Бархилофи Гераклит-«файласуфи гирён» Демокрит дар таърихи фалсафа хамчун «файласуфи хандон» маълум аст. Ў ба хама гуна кор бо ханда ва истехзо нигох мекард, зеро, ба гуфти ў, хамаи кори инсон сазовори ханда аст.

    Демокрит дар мавзўи ахлоќ, табииёт ва ѓ. ќариб хафтод асар таълиф намудааст, ки ягонтои он то имрўз боќи намондааст. Инро, бешубха, фочиаи бузурги материализми антиќи номидан мумкин аст. Тахмин меравад, ки сўзонда нест намудани асархои Демокрит амали дасти идеалистон мебошад. Мувофиќи шаходати маъхазхо, ханўз худи Афлотун ба ин кор даст зада будааст, зеро ў дар шахси Демокрит душмани пурќувват ва ашаддии ѓоявии худро медид. (Ниг.: А.Н. Чанышев. Курс лексий по древней философии, с.182).

    Материализми атомисти. Номи ин таълимот-«материализми атомисти» аз он шаходат медихад, ки асоси чахонбинии илми-фалсафии Левкипп ва Демокритро фарзия оид ба мавчудияти заррахои хурди таќсимнашаванда, яъне «атом»-хо ташкил медихад. Онхо асоси оламро аз атом ва хало иборат медонистанд. Атомистхо таълимоти файласуфони Элейро оид ба хало инкор карда, нахустин шуда мавчудияти онро асоснок намуданд.

    Чи тавре ки маълум аст, файласуфони Элей мавчудияти ха­лоро инкор мекарданд. Левкипп дар муќобили таълимоти онхо аќидаеро баён кард, ки тибќи он мавчудияти хало дар баробари хасти, яъне атомхо тасдиќ карда мешуд. Аз нигохи Левкипп, хало хамчун фазои холие фахмида мешуд, ки хамаи чизхои дигар метавонистанд дар он сокит ё дар харакат бошанд.

    Хасти ва хало мафхумхои зиддиятноке мебошанд, ки ба аломатхои гуногуни фарќкунанда дар муќобили якдигар ќарор доранд. Чунончи, хало зичи надорад, хасти бошад, тамоман зич мебошад. Агар хало бешаклу беинтихо бошад, хасти бо хамаи ашёхои алохидааш дорои шакл мебошад. Ва нихоят, зиччии мутлаќе вучуд дорад, ки дар он хало умуман вучуд надорад ва аз ин рў, вай таќсим намешавад. Бинобар сабаб онро «таќсимнашаванда» ё худ дар забони юнони «атом» меноманд. Хасти ин мачмўи атомхои сершумору беинтихо мебошад ва ин хулосаи дуюми атомистхо хилофи таълимоти элейихо мебошад. Бояд гуфт, ки мушохидаи ходисоти муќаррарию харрўза атомистхоро мачбур кард, ки мавчудияти чунин чисми хурди таќсимнашаванда, яъне атомро эътироф кунанд. Масалан, хўрдашавии тангахои тилло ва зинапояхои мармарин, пахншавии бўй, хушкшавии чизи намнок ва дигар ходисахо аз он шаходат медиханд, ки ашёхо аз заррахои хурде иборатанд, ки эхсосоти мо ќобилияти дарки онхоро надоранд.

    Атомхо он хосиятхоеро дар худ доранд, ки файласуфони Элей ба хасти мансуб мешумориданд. Вай таќсимнашаванда, абади, таѓйирнаёбанда буда, дар дохили он хеч гуна харакат вучуд надорад. Инхо хосиятхои дохилии атомхо мебошанд. Дар баробари ин атомхо нишонахои зохири, яъне шакли муайян низ доранд. Чуноне ки атомистхо тасдиќ мекунанд, атомхо куррашакл, кунчдор, печутобдор, чангакмонанд, фурўхамидаю барчаста ва ѓайра мешаванд.

    Таълимоти Левкипп ва Демокрит дар бораи хосияти чисмхо назарияи наве ба шумор мерафт, ки нахустин бор дар илму фалсафаи Юнони ќадим ворид шуда буд. Вай дар инкишофи минбаъдаи фахмиши физики, химияви ва фалсафии табиат наќши мухим гузошт.

    Назарияи атомистии Демокрит дар якчояги бо таълимот оид ба абадияти ваќт, яъне ибтидо ва интихо надоштани он ташаккул ёфтааст. Ходис набудани ваќт барои Демокрит воситаи исботи ходис набудани олам аст. Азбаски ваќт ходис нест, яъне касе онро наофаридаст, -таъкид мекунад Демокрит, - пас ходис будани ашёхои дигар низ ѓайриимкон аст.

    Ба ѓайр аз шакли зохири, тартиб ва бузурги атомхо инчунин таѓйирпазир буда, дар фазо харакат мекунанд. Харакат-хосияти мухимтарини на танхо атом, балки кулли олами воќеи мебошад. Атомистхо халоро тавсиф намуда, мўътаќид буданд, ки харакат бидуни он (яъне хало) вучуд дошта наметавонад. Атомхо дар фазо ба мисли заррачаи хурде, ки мо дар рўшноии офтоб мушохида мекунем, парвоз мекунанд ва хангоми парвоз ба якдигар бархўрда, самти харакати худро иваз мекунанд. Лекин маълум нест, ки атомистхо харакати атомхоро натичаи ба хам бархўрдани онхо мешуморанд, ё ки ба хам бархўрдани онхоро натичаи парвози озодонаи атомхо. Ба хар хол, сабаби харакати атомхо номаълум мемонад. Онхо харакатро хосияти абадии атомхо шуморида, ба масъалаи манбаи пайдоиши он таваччўх зохир накардаанд.

    Атомхоаз нигохи Левкипп ва Демокрит ранг, бўй, тамъ ва ѓайра надоштанд, яъне онхо аз хамаи хосиятхои ба хисхои инсон таъсиркунанда махрум буданд. Хамаи ин хосиятхо дар субъект дар натичаи таъсири мутаќобилаи атомхо ва органхои хис ба вучуд меоянд. Хамин тариќ, атомистхо дар таърихи фалсафаи ќадим нахустин шуда, хусусияти субъективи доштани эхсосотро таълим доданд. Онхо мўътаќид буданд, ки атомхо тамъи муайян, масалан, ширини ё турширо ифода намекунанд, балки эхсосоти мо онхоро чунин ќабул мекунанд.

    Атомхо ба якдигар табдил намеёбанд. Олами ашёхо ва ходисахо барои атомистхо воќеи буд ва он аз атому хало иборат буд. Пайдошави ва нестшавии ашёхоро атомистхо хамчун чудошави ва чамъшавии атомхо, таѓйирёбии ашёхоро бошад, чун таѓйирёбии тартиб ва чойгиршавии атомхо шарх медоданд. Тасвири олам дар фахмиши онхо тарзе сохта шудааст, ки дар он имконияти пайдошави, нестшави ва харакат вучуд дорад.

    Коинот ва масоили кайхоншиноси дар таълимоти атомистхо дар мавќеи мухталиф ќарор доштанд. Онхо доир ба масъалахои кайхоншиноси аз илми замони худ пеш гузашта буданд ва доир ба баъзе илмхои дигар бошад, ќафо мемонданд ва дар он сатхе меистоданд, ки мактаби Милет ва намояндаи охирини он Анаксимен ќарор доштанд.

    Комёбихои тозаи атомистхо дар омўзиши коинот аз он иборат аст, ки: 1) онхо оламро беинтихо мешумориданд ва 2) дар фазои беканори коинот мавчудияти якчанд оламро эътироф мекарданд. Атомистхо ба сабабхои пайдоиши олам таваччўх зохир накардаанд.

    Олам, ба аќидаи онхо фазои беинтихоест, ки ашёхои гуногун ва бешуморе онро пур кардаанд ва ин ашёхо мачмўи атомхои бешумор ва гуногуншакл мебошанд. Фазо аз атомхо пур буда, онхо бетартибона чойгир шудаанд. Зичии атомхо дар фазо гуногунанд. Ваќте ки дар ягон ќисмати фазо атомхо бештар чамъ мешаванд, онхо бо хам бархўрда, охиста-охиста гирдбод, яъне харакати даврашакли атомхоро ба вучуд меоранд ва дар натича, атомхои нисбатан вазнинтар дар марказ ва атомхои хурду лаѓжонак дар канорахои он чойгир мешаванд. Хамин тариќ, замин ва осмон пайдо шуданд.

    Атомистхо, асосан геосентрист буданд. Мувофиќи аќидаи онхо, Замин маркази ягонаи коинот буда, дар як нуќта бехара­кату сокит меистад ва ситорахо дар атрофи он чарх мезананд.

    Таълимоти Демокритро дар бораи абади будани коинот ба фахмиши абади будани ашёхо айният додан лозим нест. Ў танхо коинотро хамчун мачмўи атомхои абади медонист. Ашёхои чудогонаро баръакс, муваќќати медонист: онхо тавлид мешаванд, як муддате арзи хасти намуда, баъд аз он пароканда ва ба атомхои алохида чудо мешаванд.

    Дар космологияи атомистхо мафхумхои «Кайхони кабир» ва «Кайхони саѓир» дучор мешаванд. «Кайхони кабир» гуфта, атом ва хало хамчун нахустасоси олам фахмида мешаванд. «Кайхони саѓир» бошад, табиати зинда дар мачмўъ ва табиати инсонро ќисман дар бар мегирад.

    Космологияи атомистхо характери дугона дошт. Левкипп ва Демокрит дохиёна ба таълимот дар бораи беинтихо будани олам асос гузоштанд. Онхо пешгўихои Анаксагорро дар хусуси на мохияти илохи, балки мохияти табии (физикави) доштани нурхо ва хамаи ходисоте, ки дар осмон мушохида мешаванд, давом додаанд.

    Лекин дар шархи тартиби чойгиршавии чирмхои осмони дар муносибат ба Замин онхо ба аќидаи кўхнашудаи юнониён баргаштанд. Атомистхо хамаи ситорахоро аз чихати масофа ба Замин дар байни Моху Офтоб тасаввур мекарданд.

    Дар масъалаи пайдоиши хаёт Демокрит рохи материа­листонаи Анаксимандр ва Эмпедоклро пайгири намудааст. Мувофиќи аќидаи ў, мавчудоти зинда аз мавчудоти ѓайри зинда, аз рўи ќонунхои табиат бе дахолати ягон офаридгор пайдо шудаанд.

    Зарурат ва тасодуф.Атомистхо аз ќадиму абади будани ваќт ва кулли мавчудоте, ки асоси модди доранд, зарурати хамаи равандхо ва ходисоти табиатро натичагири кардаанд. Демокрит таъкид мекард, ки ягон чиз бесабаб пайдо намешавад. Хамаи ашёхо дар ин ё он замина ва бо амри зарурият ба вучуд меоянд. Зарурат, ба аќидаи ў муќовимат, харакат ва таъсири модда (материя) мебошад. Ба ибораи дигар, зарурат дар таълимоти Демокрит маънии физики, механикиро мегирад. Ва дар алоќаманди ба ин Диоген Лаерсий таъкид мекунад, ки Демокрит зарурат гуфта, «гирдбод»-ро дар назар дошт, ки он аз нигохи ў сабабгори пайдоиши хама чиз хисоб мешуд. Дар баробари ин, Левкипп ва Демокрит таълимоти амиќи фалсафиро, дар хусуси он ки кулли мавчудоти олам тобеи хукми заруратанд, инкишоф додаанд.

    Таълимоти атомистхо ба муќобили фахмиши антропоморфи, асотири ва фалсафи-идеалистии мафхуми зарурат нигаронда шуда буд. Демокрит таълимоти идеалистиро дар хусуси офариниши олам ва мавќеи хирад дар он рад намуда, таъкид мекунад, ки бе рахнамоии хама гуна хирад мумкин аст, ки чизхои начиб ба вучуд оянд.

    Бархилофи асотир ва идеализм Левкиппу Демокрит заруратро хамчун сабабият, хамчун тавлиди сабабу натича шарх додаанд. Хеч чиз бо худии худ, бесабаб пайдо намешавад. Масалан, атомхо хеч гуна харакати озодона ва худ аз худ надоранд. Харакати атомхо натичаи бо хам бархўрдани онхо мебошад, - таъкид мекарданд атомистхо.

    Атомистхо ба чои он ки сабабиятро асоси зарурат шумо­ранд, баръакс, заруратро асоси сабабият донистанд. Зеро ба аќидаи Демокорит зарурат характери кулли дошт. Албатта, кулли хаводис, ки бо амри зарурат ба вуќўъ меоянд, дар худ сабабе доранд. Аммо ин харгиз чунин маъноеро надорад, ки сабаби мазкур хатман бояд натичаи пешбини кардаи моро ба вучуд орад. Барои чунин натича хосил кардан, шароити мусоид лозим аст, ки он дар навбати худ аз сабабхои дигар вобастаги дорад. Аз ин рў, алоќамандии сабабу натича муќаррари набуда, он дар алоќаманди бо холатхои номусоид ва ѓайричашмдошт амали мешавад. Хар ќадар таъсири мухит, яъне таъсири беруни камтар бошад, хамон ќадар сабабият низ аз рўи зарурат натича медихад ва наќши тасодуф хам махдудтар мешавад. Лекин чунин муносибат дар алоќамандии зарурат танхо дар шароити эксперимент, дар лаборатория имконпазир асту халос. Умуман, Демокрит дар халли масъалаи робитаи зарурату тасодуф ба бесуботи рох дода, тасодуфро бо мафхуми бесабаби омехта, хусусияти объективии тасодуфро инкор мекард. Демокрит таъкид карда буд, ки одамон мафхуми тасодуфро барои он бофта баровардаанд, ки нотавони ва заифии дониши худро дар чустучў ва дарки сабабият пинхон доранд. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Хамон чо, с.99).

    Дар хусуси робитаи тасодуф ва бесабаби ривояте вучуд дорад, ки мувофиќи он гўё аз Демокрит мепурсанд: - Шахсе дар биёбон мегашт ва нохост сангпуште аз осмон ба сараш афтода, ўро халок сохт. Оё ин тасодуф аст ё не? Не,- посух мегардонад Демокрит. Зеро ки сангпуштро уќоб ба осмон бардошта мехост ба рўи санге хаво дихад, то ки косаи он пора шавад ва аз баски рохгузар сари тос дошт, уќоб аз баланди онро санг гумон карда сангпуштро хаво дод… ва натичаи зерин хосил шуд. Дар ин чо хеч гуна тасодуф вучуд надорад, -таъкид мекард Демокрит, -зеро ки ходисаи мазкур сабаби муайян дорад. Барои атомистхо тасодуф характери субъективи дошт. Тасодуф, аз нигохи онхо сабабест, ки инсон онро дарк накардааст.

    Бояд гуфт, ки дар таълимоти атомистхо унсурхои фатализм дида мешаванд. (Фатализм (аз лотини, яъне сарнавишт, таќдир) – чахонбиниест, ки кулли хаводиси табиату чамъиятро ба сарнавишт вобаста намуда, мавчудияти хамагуна тасодуф ва озодиро дар чараёни маърифат рад мекунад). Чунончи, аз мисоли дар боло оварда метавонем хулоса барорем, ки дар он фатализм нест. Лекин агар хисоб кунем, ки махз хамин уќоб, махз хамин сангпуштро бардошта, бо амри зарурат, махз ба сари хамин одам хаво дода бошад, он гох ин фатализм мебошад. Лекин, аз афташ худи Демокрит низ махз дар хамин аќида буд.

    Назарияи маърифат. Дар робита ба атомизми Левкипп ва Демокрит оид ба маърифати олам масоили наве ба миён омадаанд, ки дар халли онхо таълимоти мазкур наќши мухим гузоштааст.

    Дар назарияи маърифат атомистхо дар муќобили файласуфони Элей ќарор доштанд, ки онхо донишхои хиссиро беэътимод шумурда, барои дарки олами воќеи танхо ба дониши аќли такя мекарданд. Атомистхо барои хосил кардани дониш ба хисхо ва аќл рў меоваранд. Лекин донишхои хиссиро барои дарки хамачонибаи ашёхо, яъне атомхо нокифоя мешумориданд. Файласуфони Элей мўътаќид буданд, ки донишхои тавассути аќл хосилгардида мутлаќо хилофи идроки хисси мебошанд. Атомистхо бошанд, баръакс, донишхои аќлиро на хилофи донишхои хисси, балки давоми онхо, такмилу амиќии онхо мешумориданд. Идроки хисси, ба гуфти онхо, манбаи пайдоиши

    донишхои аќли мебошанд. Лекин бояд гуфт, ки дар таълимоти Демокрит оид ба маърифати олам фикрхои хилофи ягдигар низ вучуд доранд. Масалан, маълумоти хисхоро аз як тараф хаќиќи мешуморад ва аз тарафи дигар таъкид мекунад, ки на хамаи он сифатхое, ки тавассути хисхо ба мо маълум мешаванд, дар худи ашёхо вучуд доранд. Чунончи, ранг, бўй, овоз, гармию сарди ва ѓайра ба фикри Демокрит дар асл вучуд надоранд, яъне онхо сифатхои аслии чизхо набуда, балки мачмўи эхсосхо мебошанд.

    Демокрит маърифтро ба ду навъ чудо мекард: маърифати хаќиќи ва маърифати хира (ноќис). Маърифате, ки ба воситаи тафаккур хосил мешавад, эътимоднок буда, воќеиятро дуруст инъикос мекунад ва он маърифати хаќиќи (ё худ зотан ќонуни) мебошад. Маърифатеро, ки аз тариќи хисхо хосил мешавад, маърифати хира (ё худ зотан ѓайри ќонуни) номидааст ва онро дар дониста гирифтани хаќиќат ношоям шумурдааст.

    Мувофиќи таълимоти Демокрит, атом ва хало хамчун нахустасоси олам берун аз худуди донишхои хисси ќарор доранд ва дониста гирифтани онхо фаќат аз тариќи донишхои аќли муяссар мешавад. Лекин барои ин донишхои аќли ба мушохидаи эмпирики такя мекунанд. Дар ин чо, тавре ки маълум аст, Демокрит кўшиш намудааст хисхоро ба аќл созиш дихад. Зеро ки аќл ба фикри ў чи ќадаре, ки мохияти ашёхоро чуќуртар дарк накунад, он пеш аз хама ба маълумоти хисхо эхтиёч дорад.

    Атомистхо нафсро дорои хосиятхои физики медонистанд. Мавќеи материалистии яктарафаи онхо дар ин масъала нодуруст буд, чунки шуур на худи материя, балки хосияти материяи олиташкил мебошад. Материализми онхо характери соддалавхона дошт. Мувофиќи аќидаи онхо, нафс аз мачмўи атомхо иборат аст. Мухимтарин шарти зиндаги нафас гирифтан аст, ки он ба аќидаи атомистхо ивазшавии мўътадили атомхои нафс бо табиат мебошад.

    Аз нигохи Левкипп ва Демокрит, нафс миранда аст. Нафасгири ва нафасбарори зиндаги ва маргро ифода мекунанд. Марг, ба фикри онхо навъи атомхое мебошад, ки чисмро тарк мекунанд. Хамин тариќ, нафси инсон пайваста атомхои худро бо мухити табии иваз карда меистад. Нафас баровардан маънии онро дорад, ки нафс кўшиш мекунад чисмро тарк кунад ва нафас кашидан, яъне атомхо ба нафс бармегарданд. Нафас баровардан ва нафас нагирифтан ин аллакай марг аст. Атомхои нафс чисмро тарк намуда, дар осмон пароканда мешаванд. Хеч гуна хаёти баъди марг вучуд надорад ва буда хам наметавонад. Ба аќидаи атомистхо, нафс миранда буда, якчоя бо чисм нест мешавад. Хулоса, тамоми ривоятхои дини доир ба зиндагии баъди марг, ки юнонихо ва аз он чумла файласуфони идеалист аз ќабили пифагориён ва Афлотун ба он эътиќод доштанд, барои Демокрит гапи бехуда буданд.

    Ѓояхои ахлоќи ва ичтимоию сиёси. Дар таълимоти Демокрит ахлоќ мавќеи намоён дорад ва ќобили ќайд аст, ки таълимоти ахлоќии ў лахзахои асосии ѓояхои сиёсиашро ташкил мекунад.

    Демокрит демократияро шакли бехтарини давлатдори мешуморид. Афзалиятхои сохти демократи назар ба сохти монархи то дарачае бузурганд, ки ба фикри ў зиндагии ќашшоќона дар шароити демократия аз зиндагии сарватман­дони сохти монархи болотар меоистад.

    Демокрит ба оила, занон ва кўдакон назари нек надошт. Ба аќидаи ў ба занхо умуман наздик шудан лозим нест. Лекин, агар ташкили оила зарур шавад, он гох зани одди, хурдакак ва камгапро интихоб кардан лозим. Таваллуд ва тарбияи фарзандонро кори бехуда мешумурд, зеро он захмати зиёд ва манфиати ночиз дорад.

    Бояд гуфт, ки Демокрит ба масъалаи дўсти диќќати махсус додааст. Дар интихоти дўстон боэхтиётиро таъкид мекард. Дўсти ба як нафари бохирад ќиматтар аст аз дўсти бо сад нафари бехирад.

    Мувофиќи аќидаи ў, асоси тарбияро бедор кардани хисси шарм ва вичдон ташкил медихад. Аз муошират ба ашхоси бетарбия канорачўи бояд кард, чунки ахлоќи хуб дар натичаи омўзиш ва захмати зиёд ба даст меояд ва ахлоќи бад бошад, худ аз худ ва безахмат.

    Ў таълиму тарбияро дар пайвастаги бо якдигар тасаввур мекард. Ќобилияти дарк намудани шарму хаё хангоми таълим пайдо мешавад. Нотавони ва камдонишии худро хис карда, одам шарм мекунад ва дар фикри ислохи он мешавад.

    Бояд гуфт, ки хамаи нишондодхои ахлоќи ба ашхоси бохираде нигаронда шудаанд, ки бо ќонунхои ахлоќ зиндаги мекунанд. Агар чомеа танхо аз донишмандону оќилон иборат мебуд, зарурате ба ин намемонд. Лекин оќилон аз мардум дар каноранд. Зеро онхо бори фалсафаро мекашанд. Онхо зиндагии фаќирона доранд,- таъкид мекард Демокрит. Марди оќил аз фаъолияти сиёси бояд худро канор гирад. Донишмандонро шахрвандони кулли олам мешуморид. Барои оќилон тамоми олам ватан аст. Хамаи ин шохиди он аст, ки Демокрит худ ташнаи илму дониш буд ва чи тавре ки медонем, ў дар ин рох хамаи дороияшро сарф карда буд ва нисбат ба оќилону донишмандон эхтироми бепоён дошт.
    1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   41


    написать администратору сайта