Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Пифагор, ки дар таърихи илм хамчун падари риёзиёт маъруфият ёфтааст, соли 532 пеш аз милод дар чазираи Самоса ба дунё омадааст. Ў дар синни чавони ин чазираро тарк гуфта, муддати дуру дарозе дар мусофират умр ба сар бурда, зимни ин мусофиратхо аз мамолики Миср, Аккад ва Шумер, Хинду Эрон дидан карда, бо ахли илми ин кишвархо ошнои пайдо намуда, аз афкори онхо огох гардид ва сипас ба Юнон баргашта, дар шахри Кротон чомеаи динии худ (иттифоќи пифагориён )-ро таъсис дод. Дар ин мактаб, ки асосан заминаи дини дошт, барои шогирдон (онхо аз 600 нафар зиёд будаанд ) муќаррароте вучуд дошт, ки риояи он барои хамаи таълимгирандагон хатми буд. Дар он хуќуќи зану мард баробар ва амволи онхо умуми буда, хўроки якхела хўрда, либоси якхела мепўшиданд. Барои шогирдон интизоми сахт чори буда, ба монанди риёзаткашони Хинд аз истеъмоли гўшт пархез карда, зери тобеияти пурраи устод ќарор доштанд. Чихати дигари таълимоти динии Пифагор аз он иборат буд, ки ў ба рехлати нафс аз як чисм ба чисми дигар эътиќод дошт. Дар сиёсатбошад, ў ва шогирдонаш тарафдори аристократия (тарзи давлатдории хокимияти асилзодагон, яъне табаќаи олии синфи давлатмандон буда, душмани хукумати омма мебошад). Ваќте ки шогирдони ин мактаб дар Юнон нуфузу эътибор пайдо карданд, дар чунбишхое, ки бар зидди хукумати мардуми равона мешуданд, ширкат меварзиданд. Аз ин рў, мардум онхоро чашми дидан надошт ва замоне, ки дар Кротон дохиёни чомеаи пифагориён ба сари хокимият омаданд, мардум бар зидди онхо шўрида, хукуматашонро сарнагун сохтанд. Бояд гуфт, ки худи Пифагор асаре таълиф накардааст, лекин таълимоти ў барои асрхои V-IV пеш аз милод табаддулоти бузурге дар сохаи илм ба шумор мерафт. Ба чахонбинии фалсафи бошад, ў тавассути риёзиёт ворид шудааст. Азбаски ў мудом бо ададхои риёзи сарукор дошт, дар байни раќамхои риёзи ва ашёхои конкрети шабохате медид ва дар охир ба хулосае омад, ки тибќи он ададхои риёзи асли ашёхо буда, осмон хам ба чуз як адад чизи дигаре нест. Лекин ѓофил аз он ки адади бевазн наметавонад маншаи чисми вазндор бошад. (Ниг.: М. Рашшод. Хамон чо, с. 200). Ќобили тазаккур аст, ки то хол мохияти афкори фалсафии Пифагор пурра аниќ нашудааст ва маълум нест, ки ў ба чи маќсад ададхои риёзиро асли чахон пиндоштааст. Ин холат аз он сабаб рух додааст, ки мактаби ў дар шароити махфи амал карда, аз асрори таълимоти он касе огохи намеёфт ва дуюм ин ки, чи тавре дар боло ёдрас шудем, худи Пифагор чизе таълиф накардааст ва афкори ў асосан тавассути шогирдон гирд оварда шудаанд. Аз ин рў, муайян кардан душвор аст, ки ин аќида аслан мансуби худи ўст ё ки тахрифи шогирдон. Таълимоти Пифагор доир ба олам бо тасаввуроти асотири омехта буд. Мувофиќи аќидаи ў, олам ин чисми зинда ва оташини куррашакл мебошад. Олам аз фазои беканор халоро нафас мегирад. Хало, ки аз берун ба олам ворид мешавад, ашёхоро ташкил медихад. Ќобили ќайд аст, ки дар таълимоти пифагориён нисбат ба пешгузаштагони онхо, яъне мактаби Милет масоили фалсафи рўшантар зохир шудаанд. Агар дар таълимоти Фалес «нафс як чизи берун аз тан», аз нигохи Анаксимен «хаво» бошад, вале аз нигохи пифагориён «нафс» човидони буда, аз як чисм ба чисми дигаре мегузарад ва тан барои нафс хусусияти тасодуфи дорад. (Ниг.: К. Маркс., Ф. Энгельс. Соч. Т.1, с.500).Дар охир хамаи ин гуногунандеши ба пайдоиши идеализм ва оѓози муборизаи бепоёни материализму идеализм оварда мерасонад. Бояд ёдовар шуд, ки шогирдони Пифагор баъди марги ў низ як муддате мактаби ўро нигох дошта, таълимоти устоди худро такмил додаанд. Аз он чумла, муайян намуданд, ки замин куррашакл буда, маркази олам нест. Балки сайёраест, ки хамрохи Моху Хуршед ва Аторуду Зўхра, Мирриху Муштарию Зўхал, ки чамъашон нўхро ташкил мекунад, дар атрофи як курраи оташин чарх мезананд. Дар давраи шогирдони Пифагор илмхои мухталиф аз ќабили хандаса, хисоб ва мусиќи ривоч ёфта, илми ситорашиноси низ ба пояи баландтаре расид. Масалан, то ин дам назарияи геосентризм хукмрон буда, курраи замин маркази олам хисоб мешуд ва нахустин бор ин таълимоти анъанави шикаст хўрда, замин хам ба соири сайёрахо дохил шуд. Албатта, ин аќида дар он замон ќобили ќабул набуд, лекин дар ќарнхои охир он чихати илми гирифт. Ќобили ќайд аст, ки дар мактаби пифагориён илми тиб низ мавќеи асоси дошт. Онхо танро аз тариќи варзиш ва дорухои молидани ва рўхро бошад, ба воситаи мусиќи табобат мекарданд. Онхо аз эхсосоти манфи: доду фиѓон, безобитаги, бадзабонию даѓали худро канор мегирифтанд. Барои ин онхо аз равонпизишки (психотерапия) истифода мебурданд. Инчунин ба масъалаи таваллуд ва парвариши тифлон таваччўхи хос зохир мекарданд. Яке аз шогирдони Пифагор Демокед, ки дар сохаи тиб истеъдоди беназир дошт, хангоми чанг асири форсхо мешавад. Азбаски ў табиби машхур буд, аз ќатли ў худдори мекунанд ва ў подшохи форс Дороро табобат мекунад ва подшох аз дониши ў ба хайрат афтода, дар ивази ин занчирхои оханини дасту пои ўро ба занчирхои тиллои иваз мекунад. Яке аз пайравони дигари мактаби Пифагор, ки дар сохаи тиб шўхрат ёфта буд, Алкмеон мебошад. Таваллуди ў ба давраи пирии Пифагор рост меомад. Табиб ва файласуф бо сабабхои умумии сар задани бемори диќќат медод. Алкмеонро асосгузори анатомия меноманд. Ў яке аз аввалинхо буд, ки функсияи маѓзи сарро муайян карда, онро органи тафаккур номидаст. Алкмеон ба фарќи эхсосу идрок сарфахм мерафт. Ў мегуфт, ки хайвон эхсос мекунад, аммо фикр намекунад. Ў нафсро абади ва мутахаррик мешумурд. Зодгохи Гераклит шахри Эфес мебошад, ки он баъди Милет дуюмин макони пайдоиш ва рушду такомули фалсафаи Юнони ќадим ба шумор меравад. Файласуфи бузург тахминан дар солхои 530-470 пеш аз милод умр ба сар бурда, аз табаќаи аристократия буд. Баъди аз сари хукумат дур шудани аристократхо Гераклит ба сарзамини форсхо хичрат накарда (бар хилофи аристократхои дигар), балки дар танхои ва ќашшоќона дар зодгохаш умр ба сар бурдааст.Ба Гераклит асархои фалсафие мансубанд, ки ў низ чун Анаксимандр ва Анаксимен онхоро дар мачмўъ «Доир ба табиат» номидааст. Тибќи маълумотхои Диоген Лаэртсий асархои файласуфи эфеси аз се ќисм иборат буданд: оид ба давлат, оид ба коинот ва оид ба худо. Лекин асархои ў пурра то замони мо нарасидаанд. Ба аќидаи баъзе муаллифон 130 ва баъзе дигараш 150 порча аз мероси фалсафии Гераклит боќи мондааст. (Ниг.: В.Ф. Асмус. История античной философии; А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии;Философский энциклопедический словарь). Ва бояд гуфт, ки дар асархои ў нисбат ба материалистони Милет аз илм дида асотир мавќеи васеътар дорад. Дар сиёсат чонибдори аристократия буда, нисбат ба хокимияти демократи назари душманона дошт. Масалан, дар яке аз порчахои асари ў «Доир ба табиат», ки то имрўз боќи мондааст, дар бораи пешвоёни демократхои Эфес менависад, ки онхо (яъне демократхо) хиради солим надоранд, зеро ба гўяндагони халќи бовар мекунанд ва тўдаро пешвои худ мешуморанд. Онхо дарк намекунанд, ки аблахон зиёданду оќилон кам. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Хамон чо, с.24). Ё ин ки дар чои дигар нисбати хамшахриёнаш навиштааст: Мардуми Эфес сазовори он аст, ки бояд тамоми мардони болиѓ якдигарашро ба дор овезанд ва шахрро ба ноболиѓон вогузоранд, чунки онхо фарди бехтарини шахри худ, яъне Гермодорро аз ин чо рондаанд. Бахона, шиори: «Бигузор дар байни мо бехтаринхо набошанд. Модоме, ки аллакай пайдо шудаст, пас бигузор дар мулки дигар бо дигарон зиндаги кунад». (Хамон чо, с. 25). Гераклит дар гуфтугў нихоят даѓал ва тундхў буда, ба хама кас хисси бадбини дошт, нисбати муосиронаш ба тахќир ва бади ёд мекард. Ў, азбаски ба хукумати омма (яъне демократи) душмани дошт, дар асоси хамин аќида зўриро муфидтарин воситаи тарбия мешумурд. Гумон меравад, ки махз очизии ў дар муќобили хукумати мардуми ва дар хаёти чамъияти-сиёсии Эфес таъсире расонда натавонистанаш, ўро ба рўхафтодагию ноумеди водор сохтааст. Аз ин рў, баъзе муаллифони ќадим бар хилофи Демокрит (материалисти а . V-IV пеш аз милод), ки бо лаќаби файласуфи «хандон» маълум буд, ў яъне Гераклитро бо лаќаби файласуфи «гирён» ёдрас шудаанд. Аз нигохи Гераклит таваллуд ин бадбахти аст. Чунончи, ў навиштааст. «Таваллуд шуда, онхо (яъне одамон) мехоханд зиндаги кунанд ва бимиранд, ё хар чи тезтар мемиранду атфолро мегузоранд, то ки онхо низ бимиранд». (В.Ф. Асмус. Хамон чо, с.26). Лекин бояд тазаккур дод, ки на рўхафтодаги (пессимизм) ва на аристократизм наметавонистанд ба он мушохидакории амиќе, ки файласуф оид ба табиат ва хаёти чомеа дошт, садди рох шаванд ва онро халалдор созанд. Гераклит дигаргунихо, таѓйирпазири ва тазодхоро дар хаёти инсон ва дар табиат амиќ ва хеле чуќур дарк намуда буд. Таълимоти Гераклит оид ба мохияти ашёхо ва манбаи пайдоиши олам комилан тоза ва бесобиќа мебошад. Лахзаи асосии таълимоти ў дар он аст, ки файласуф хама чизро дар харакат ва дар чараён мешуморад. Чун файласуфони Милет ў низ таъкид мекард, ки пайдоиши хамаи ашёхо асоси модди доранд. Ин нахустасосро Фалес дар «об», Анаксиманд дар «апейрон», Анаксимен дар «хаво» медиданд. Гераклит бошад, ба хайси нахустматерия, яъне мабдаи асоси «оташ» - ро ќабул кард. Оташро нахустасоси олам интихоб кардани Гераклит тасодуфи набуд. Ин натичаи донишхои астрономи ва мушохидаю нигохи ў ба характери табиати зинда ва ѓайризинда мебошад. Ба фикри файласуф олам, ё худ табиат доим дар харакату таѓйирёби мебошад, лекин оташ нисбат ба кулли мавчудоти табии ба таѓйирёбию харакат моилтар аст. Дар яке аз порчахои матне, ки то имрўз расидааст, Гераклит тасдиќ мекунад, ки олам ягона буда, онро на ягон худо ва на ягон инсон наофаридааст, вай аз ќадим буд, хаст ва чун оташи човидон, ки гохе ба андозае хомўш ва ба андозае шўълавар мешавад, боќи хохад монд. (Материалисты древней Греции. –М.,1955, с. 44). Ба гуфти ў, харакатин чихати умумитарини равандхои олам буда, тамоми табиат, ашёхо ва ходисахоро фаро мегирад. Хукм дар бораи умумияти харакат ба ашёхои абади, ки дар харакати абади мебошанд ва ашёхое, ки дорои харакати муваќќати мебошанд, як хел тааллуќ дорад. Харакати абади хамзамон таѓйирёбии доими низ мебошад, гуфта буд Гераклит: «Офтоб на танхо хар рўз, балки хар лахза, муттасил иваз шуда меистад». (В.Ф. Асмус. Хамон чо, с.26). Дар таълимоти Гераклит на танхо материализми стихияви, балки элементхои диалектика(албатта, шакли соддалавхонааш) низ баръало инъикос ёфтаанд. Ў ба мисли баъзе файласуфони муосири худ мўътаќид буд, ки дар олам ягон чиз бетаѓйир намемонад ва таъкид мекард, ки хама чиз дар чараён аст («панта рей»). Олам аз нигохи файласуф чун дарёест, ки ба он ду маротиб даромадан номумкин аст, зеро рўде, ки мо ба он медароем, доим дар чараён буда, оби он пайваста дар таѓйирот аст. Дар олам хама чиз нотакрор ва даргузар аст. Ќобили ќайд аст, ки дар таълимоти Гераклит оид ба диалектика, дар шакли хира хам бошад, ќонуни ягонаги ва муборизаи ба хам зидхо инъикос ёфтааст. Ў ќайд мекунад, ки худи як чиз дар як ваќт метавонад гуногун ва хатто ихтилофнок бошад. Масалан, оби бахр дар як ваќт хам тоза аст ва хам ифлос: барои мохи – воситаи начот ва манбаи хаёт, барои инсон, беморию марг. Ё худ зеботарин маймун дар муќоиса ба насли инсон хеч аст, аммо дар муќоиса ба зоти худ зеботарин аст. Яъне дар як ваќт маймун метавонад хам зебо ва хам зишт бошад. Аз ин чо хулосае бармеояд, ки як чиз дар айни хол метавонад дар муносибат ба ашёхои гуногун (дар муносибат ба мохи, дар муносибат ба инсон, дар муносибат ба маймунхо ва боз дар муносибат ба инсон) дорои хосиятхои гуногун (оби тоза ва оби ифлос, зеботар ва баднамо) ва ихтилофнок бошад. Гераклит ба таѓйирнопазири таваччўхи бештар зохир карда мегўяд, ки таѓйироти кулли ин таѓйироти дохили тазодхост (масалан, чизи гарм сард ва сард гарм мешавад) ва як тазод арзиши тазоди дигарро ошкор мекунад (масалан, бемори арзиши сихати ва бади арзиши некиро). Ва бояд гуфт, ки мутафаккир дар ин чо дар бораи ягонагии бахамзидхо хулосаи часурона ва то андозае содалавхона баровардааст. Ќобили ќайд аст, ки Гераклит айнияти тазодхоро на дар алоќаманди, балки дар муборизаи байни онхо медид. Ин мубориза ќонуни асосии олам ба шумор меравад. Вай сабабгори пайдоиши хама чиз аст. Ў гуфта буд, ки мубориза-падари кулл ва шохи хамаи мавчудот аст, тамоми ходисот дар натичаи мубориза аз рўи зарурат ба вучуд меоянд. Гераклит аз нахустин мутафаккирони ќадим ба шумор меравад, ки матнхои марбут ба назарияи маърифати ў то кунун боќи мондаанд. Бояд гуфт, ки дар фалсафаи Фалес, Анаксимандр ва Анаксимен масоили дониш ва дарки олам барраси нашудаанд. Аз муосирони Гераклит танхо Ксенофан ба ин масъала дахл намуда, ќобилияти инсонро дар дониста гирифтани мохияти ашёхо инкор кардааст. Ва умуман, худи Ксенофан ба масъалаи маърифати олам чандон таваччўх зохир накарда буд. Бар хилофи файласуфони Милет Гераклит ба масъалаи дониш ва дониста гирифтани табиат мароќи калон дошт. Ў ду шакли дониш- хисси ва аќлиро эътироф мекард. Мутафаккири бузург проблемаи хосил шудани дониши хаќиќи, хусусан донишхои доир ба табиатро эхсос карда, таъкид мекунад, ки дарки олам ба хама муяссар намешавад ва он дар ашёхо не, балки дар ќаъри табиат воќеъ аст. Ў муќобили донишандўзии кўркўрона буда, таъкид мекард, ки дониши бисёр ханўз нишонаи хирадманди буда наметавонад ва хадафи нихоии маърифат донистани «логос» мебошад, ки он дар айни хол маънии донистани табиат ва ноил шудан ба хиради оли (логос)-ро дошт. Гераклит барои хосил кардани дониши воќеи наќши хис, хусусан, биноию шунавоиро мухим медонист. Лекин ба фикри ў донишхои хисси дар бораи табиати ашёхо дониши аслиро дода наметавонанд. Танхо тафаккур ќодир аст, ки чунин донишро хосил намояд. Лекин ба ин нигох накарда, тафаккур дар тасаввуроти ў чун фаъолияти маърифатие, ки аз донишхои хисси чудо не, балки дар пайвастаги бо онхо ва хамчун зинаи охирини маърифати олам вучуд дорад, чилвагар шудааст. Ба хамин маъни ў гуфтааст, ки тафаккур нисбат ба эхсосот афзалияти бузург дорад ва хирад он аст, ки воќеиятро инъикос намуда, ба хукми табиат гўш кунад ва мувофиќи он амал кунад. (Ниг.: В.Ф. Асмус. Хамон чо, с.33). Мувофиќи аќидаи Гераклит хамаи одамон ќобилияти донистани олам ва хосил кардани донишро доранд. Аз ин рў, таъкид намудааст, ки хама метавонад худро бишносад ва бохирад бошад. Муносибати тафаккур ва хисро, чи тавре ки хал накарда бошад хам, лекин файласуф рўхро ба асоси моддии он алоќаманд кардааст. Аз нигохи Гераклит чунин асоси модди оташ ба шумор меравад. Ў тасдиќ мекунад, ки рўхи бехтарину бохирад рўхест, ки табиати хушк дорад ва рўхи харобу заиф табиати рутубатнок дорад. Чунончи, одами маст ба хар тараф мекалавад ва ба мисли тифлон харакати худро идора карда наметавонад. Зеро ки дар ин холат рўхи ў рутубатнок шудааст. (Хамон чо, с.34). Ќобили ќайд аст, ки дар таърихи фалсафа таълимоти Гераклит, ќабл аз хама диќќати он файласуфонеро ба худ чалб кардааст, ки ба диаллектика таваччўхи хос доштанд. Чунончи, Гегел ба фалсафаи Гераклит таваччўхи хосса доштааст. Тавре ки худи ў ќайд мекунад, хеч як масъалаи таълимоти Гераклит намондааст, ки ў дар «мантиќ» - и худ истифода набурда бошад. Албатта, дар байни фалсафаи Гераклиту Гегел тафовути чидди вучуд дошт. Зеро ки Гераклити материалист ба сифати нахустасос оташро ќабул карда буд, ки он асоси модди дорад ва Гегели идеалист бошад, рўхи мутлаќро асоси олам медонист. Лекин, чи тавре ки набошад, ин гуфтаи Гегел аз он шаходат медихад, ки ў ба диалектикаи Гераклит таваччўхи зиёд доштааст. Хусусияти диалектикаи атиќа. Апорияхои Зенон. Мактаби фалсафии Элей аз охирхои асри VI оѓоз ёфта, то нимаи дуюми асри V пеш аз милод арзи хасти намудааст. Намояндагони асосии он Ксенофан, Парменид, Зенон ва Мелисс ба шумор мераванд. Аз инхо ду нафар, яъне Пармениду Зенон зодагони шахри Элей, Ксенофан аз Колофан ва Мелисс бошад, аз шахри Самоса буданд. Азбаски асоси чахонбинии ин мактаб ба Парменид ва Зенон-шахрвандони Элей тааллуќ дошт, вай бо хамин ном, яъне мактаби Элей маъруфият ёфт. Таълимоти элейихо дар ташаккули фалсафаи Юнони ќадим, дар инкишофи категорияхо, хусусан категорияи субстансия (мабдаъ, чавхар, нахустасос) ќадами тозае ба шумор мерафт. Зеро ки дар таълимоти файласуфони Милет чисмхои физики, дар пифагориён адади риёзи мабдаи ягона хисоб мешуд. Аммо дар таълимоти элейихо бошад, мафхуми фалсафии хасти нахустасоси олам шуморида мешуд. Ба замми ин, махз мутафаккирони Элей масъалаи асосии фалсафа, яъне таносуби хасти ва тафаккурро ба миён гузоштанд. Аз ин рў, гуфтан мумкин аст, ки ташаккули фалсафаи антиќи дар мактаби элейихо анчоми худро меёбад. Ксенофан аз мутафаккирони асри VI пеш аз милоди Юнон буда, соли 569 дар шахри Колофан таваллуд ёфта, охирхои умрашро дар Элей гузаронидааст. Ў хаёти ќаландари дошт ва аз шахре ба шахре сафар карда, дар байни мардум ашъори шоиронаи худро ќироат мекард ва аз ин хисоб зиндаги мекард. Ксенофан муассиси мактаби Элей буда, дар шеърхои ў чахонбинии динию асотири, ки дар шуури мардум мавќеи хукумрон доштанд, хадафи танќид ќарор гирифтаанд. Ў аз нахустин ашхосе буд, ки чуръат карда худоёнро махсули фикри одамон номидааст. Мувофиќи аќидаи ў одамон худохоро ба монанди худ тасаввур мекунанд. Масалан, худои эфиопиягихо ба монанди худашон сиёху чингиламўй ва аз фракиягихо чашмкабуди малламўй тасвир шудаанд. Одамон гумон мекунанд, ки худохо низ тавлид мешаванд, либос мепўшанд ва умуман шаклу хислатхои одами доранд. Ў шоирон Гомер ва Гесиодро барои он масхара мекард, ки онхо хамаи хислатхои одамиро ба худоён низ мансуб мешумориданд. Агар аспу гову шер, низ истеъдоди расмкаши медоштанд, худоёнро монанди худашон тасвир мекарданд. Хамин тариќ, Ксенофан тавонистааст, ки манбаи «антропоморфи» -и динро ошкор созад. Атропоморфи – ба чизхои бечон, чисмхои осмони, хайвонхо нисбат додани хислатхои одами, инчунин, худоро ба шакли одами тасаввур кардан мебошад. Ба аќидаи Ксенофан, дар ибтидо рўи заминро об пўшонида буд ва бо мурури замон сатхи об паст шуда хушки пайдо шуд ва хамаи мавчудот аз он, яъне аз хок пайдо шудаанд. Пас хок мабдаи ягона аст. Об, ба фикри мутафаккир, ќисми таркибии хок буда, асоси пайдоиш ва нашъу намои чизхои дигар мебшад. Хатто рўх, ба аќидаи ў аз обу хок пайдо мешавад. Ва бояд гуфт, ки Ксенофан низ чун файласуфон ва олимони пешин ба ходисахои кайхони ва метеорологи (метеорология илм дар бораи обу хаво) дуруст сарфахм намерафт. Ба фикри ў, офтоб хар рўз нав мешавад. Бо фаро расидани субх фурўзон шуда, ба ваќти шом хомўш мешавад. Офтоб мачмўи заррачахои оташин мебошад ва худи ин заррачахо бошанд, аз оби бухоршуда ба вучуд меоянд. Бояд тазаккур дод, ки дар чахонбинии Ксенофан низ анъанаи файласуфони табиатшинос тачассум ёфтаанд. Ў низ яке аз чор унсурро, ки асоси модди доранд, нахустмодда ё худ субстансия шуморидаст. Хамин тариќ, Фалес – об, Анаксимен – хаво, Гераклит – оташ ва Ксенофан – хокро ба сифати нахустасос интихоб намудаанд. Танќиди бисёрхудои (политеизм) дар таълимоти Ксенофан на аз мавќеи атеизм, балки аз мавќеи яккахудои (манотеизм) сурат гирифтааст. Дар танќиди ў махдудият ва бесуботи вучуд дошт. Худое, ки Ксенофан тасаввур мекард, чисман вучуд надошт, лекин ќобилияти хамаро дидан, шунидан ва дарк кардан дошт. Аз ин рў, «худо»-и ў низ чихатхои антропоморфи дошт. «Худо»-и Ксенофан ин шуури муќаррарии юнонихо ва арзишхои онро хадафи танќид ќарор дода, таъкид мекунад, ки хирад басо некўтар аст нисбат ба ќувваи одаму асп. Аз ин рў, ба гуфти ў як файласуф барои чомеа нисбат ба чандин чемпиони олимпи зарур ва фоиданоктар аст. Дар маърифати олам Ксенофан ба донишхои хисси эътимод надошт. Ба аќидаи ў, хисхо ба мо маълумоти аниќи боварибахш дода наметавонанд. Ў ба донишхои аќли такя мекард, лекин барои дарки хаќиќат инро низ басанда намедонист. Аз нигохи ў, дарки хаќиќат ин тасодуфист. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки Ксенофан дониста гирифтани оламро инкор накардааст. Ў маърифати оламро аз тариќи дониш шубханок шуморида, аз рохи тасодуф онро имконпазир мешумурд. Чихати характернокаш он аст, ки файласуф дарёфти хаќиќатро вахйи илохи не, балки махсули чустучўи худи инсон мешуморад. Парменид. Асоси фалсафии мактаби Элейро таълимоти Парменид ташкил мекунад. Ў ѓояи худои ягонаи Ксенофанро инкишоф дода, онро ба мафхуми мабдаи ягона табдил дод ва масъалаи муносибати тафаккур ва хастиро ба миён гузошт. Илова бар ин, Парменид метафизик буда, хамаи ашёхоро таѓйирнопазир мешумурд. Агар Гераклит хамаро дар чараёну таѓйирот мепиндошт, Парменид бар хилофи он хамаро орому сокит хисоб мекард. Парменид соли 540 пеш аз милод таваллуд ёфта, шогирди Ксенофан ва хамзамони Гераклит буд. Парменид дар ибтидои фаъолияташ нисбат ба Ксенофан ба доираи пифагориён наздики дошт. Лекин, ваќте ки ба зинаи камолот мерасад, таълимоти томи фалсафии худро ба рох мемонад, ки баъзе ќисмхои он бар зидди пифагориён нигаронда шуда буд. Аммо ќисмати асосии он ба танќиди Гераклит ва Анаксимен, яъне материаслитони Иония бахшида шуда буд. Асари мухимтарини Парменид «Доир ба табиат» ном дошта, аз он порчахои пароканда ва гуногун боќи мондаанд. Ин асар аз дебоча ва ду ќисмати дигар иборат аст. Дебочаи он аслан махсули чахонбинии асотирию бадеи буда, гузариш ба ќисматхои асосии он зухуроти ошкорои фалсафа мебошад. Мувофиќи аќидаи баъзе файлсуфон Парменид идеалист буд. Чунки худи мантиќи инкишофи мактаби Элей аз материализм ба идеализм моил буд. Чи хеле ки рафти таърихии инкишофи фалсафа нишон медихад, дар таълимоти Пармениду Афлотун як хамоханги ва пайвастаги ба чашм мерасад. Намояндаи чоруми мактаби Элей Мелиси самоси аллакай ба идеализм рў оварда буд. Инчунин, дар таълимоти Парменид ва шогирди ў Зенон низ дар масъалаи назарияи маърифат муќобилгузории донишхои аќлию хиссиро дучор мешавем. Албатта, ин муќобилгузори ханўз маънои исботи идеализмро надорад, лекин он, бешубха, ба тамоили идеалистии фалсафаи элейихо метавонад мусоидат кунад. Парменид бар он аќида буд, ки асоси ашёхоро хастии ягонаи таѓйирнаёбандае ташкил мекунад, ки он ягона, таѓйирнаёбанда, якчинса, бехаракат, бефосила, муттасил буда, пайдо ва нест намешавад. Дар маркази диќќати Парменид ду масъалаи мухимтарини фалсафи ќарор дошт: аввал оид ба масъалаи муносибати хасти ва нести ва дуюм доир ба таносуби хасти ва шуур. Ў таъкид мекунад, ки харду масъаларо низ махз тавассути аќл хал намудан мумкин аст. Мувофиќи аќидаи ў фикр ва ашёи фикр харду як чизанд. Парменид тасдиќ мекунад, ки хама гуна фикр ба ивази мавчудияти ашёи он вучуд дорад. Хар як фикр хамеша мансуби мавчудият мебошад ва бинобар ин, чизи мавчуд набударо тасаввур кардан ѓайри имкон аст. Ин хукми Парменид хулосаи физики, космологи дорад. Ба аќидаи мутафаккир нести маънии хало, яъне фазои холиро дорад. Модоме ки дар табиат хало, яъне фазои холи вучуд надорад, пас олам якчинса буда дар байни ашёхо хеч гуна фосилае вучуд надорад ва аз ин рў, ашёхои алохида низ наметавонанд вучуд дошта бошанд. Ин таълимоти Парменид, асосан ба муќобили пифагориён нигаронида шуда буд. Зеро ки махз Пифагор ва шогирдони ў мавчудияти халоро тасдиќ намуда буданд. Мувофиќи аќидаи онхо махз мавчудияти хало ашёхоро аз якдигар чудо мекард ва боиси хастии онхо мегардид. Элейихо барои ботил сохтани хамин тасаввурот мавчудияти халоро инкор мекарданд. Парменид мавчудияти халоро инкор карда, дар масъалаи маърифати олам ба хулосае меояд, ки агар дар хаќиќат олам ягона ва якчинса буда, чизхои чудогона вучуд надошта бошанд, пас мачмўи ашёхое, ки мо мушохида мекунем, дар асл аз фиреби хисхои мо сар мезананд. Тасвири олам, ки мо эхсос мекунем, хаќиќат набуда, балки хаёлоти дурўѓанд. Ба хамин тариќ, Парменид ба таълимоти худ дар масъалаи айнияти хасти ва нести дар остонаи идеализм меистод. Бояд гуфт, ки Парменид на танхо дар муќобили пифагориён, балки бар зидди Гераклит низ дар мавќеи ихтилофнок ва шадиди ѓояви ќарор дошт. Гераклит тасдиќ мекард, ки чихати характерноки табиат харакати абадии он меошад. Илова бар ин, ў мўътаќид буд, ки манбаи ин харакат мавчудияти бахамзидхо мебошад. Парменид ин таълимотро танќид намуда, мавчудияти ашёхои алохида, таѓйирпазирии онхоро рад карда, дар айни хол тасдиќ мекард, ки олам пайдо ва нест нашуда хамеша бехаракату ором аст. Ќобили ќайд аст, ки таълимоти Парменид аввалин кўшиши фалсафиест, ки ба фахмиши метафизикии табиат нигаронида шуда буд. Агар Гераклит диалектики бузурги фалсафаи антиќи бошад, пас Парменид нахустин метафизик, нахустин антагонисти диалектика ба шумор мерафт. Зенон. Намояндаи сеюми мактаби Элей Зенон мебошад. Ў шогирди Парменид буда, дар таърихи фалсафа бо афкори тозаи худ шўхрат ёфтааст. Зенон тахминан дар солхои 490 – 430 пеш аз милод зиндаги кардааст ва дар бораи хаёти ў маълумоти даќиќ ва муфассал вучуд надорад. Ў асархои зиёде таълиф карда буд (масалан, «Бахсу мунозирот », «Бар зидди файласуфон», «Оид ба табиат» ва ѓайра), ки аз онхо ба чуз порчахои алохида чизе боќи намондааст. Ягона манбае, ки маќоми Зенонро дар илму фалсафаи Юнони ќадим нишон медихад, «Физика» - и Арасту мебошад. Таълимоти Зенон пеш аз хама ба химояи аќидахои Парменид, асоснок намудани таълимоти он дар хусуси таѓйирнопазири, номутахаррики ва абадияти ашёхо ва ходисахо нигаронда шуда буд. Арасту усулхои мантиќии бахс ва мухокимаронии Зенонро ба инобат гирифта, ўро асосгузори диалектика номида буд. Лекин бояд гуфт, ки он диалектикаи субъективи, яъне санъати мубохиса аз тариќи истифода кардани тазодхои дохилии фикри хариф мебошад. Зенон мавчудияти хало ва харакатро инкор мекард. Мувофиќи аќидаи ў, олам тому якчинса буда, дар он чои холи вучуд надорад. Аз баски хало вучуд надорад, пас мавчудияти харакат низ ба аќл созгор нест. Зенон дар таърихи илму фалсафа бо аппорияхои худ шўхрат пайдо кардааст, ки онхо асосан, ба инкори мавчудияти харакат нигаронда шудаанд. Аппорияхои Зенон то замони мо тавассути «Физика»-и Арасту расидаанд, ки баъдтар бо номхои «Дихотомия» (дутаќсимкуни), «Ахиллес ва Сангпушт», «Тир» ва «Стадион» маъруфият ёфтаанд. Ў мавчудияти харакатро бо ин далелхо, яъне чор муаммо инкор кардааст. Мувофиќи аппорияи якум, яъне «Дихотомия», ки харакатро имконнопазир мешуморад, чисм хангоми харакат бояд масофаи муайянеро тай кунад. Барои аз нуќтаи А то нуќтаи В расидан лозим аст, ки аввал ними ин масофа тай карда шавад. Барои нимаи аввалро тай кардан, бояд ними он ва барои ин нима боз нимаи дигарро тай кардан лозим ва ин дутаќсимкуни беохир идома меёбад. Дар натичаи чунин таќсимкуни чисм на танхо масофаи байни А ва В-ро тай карда наметавонад, балки аз нуќтаи А берун намешавад. Хамин тариќ, харакат аз нуќтаи А ба нуќтаи В на танхо анчом, балки оѓоз хам намеёбад. Ѓайри имкон будани харакатро файласуф бо далели дигар инкор кардааст, ки «Тир» ном дорад. Аз рўи тасаввури мо,- мегўяд Зенон, тир парвоз мекунад, яъне дар фазо харакат мекунад. Лекин дар айни хол бояд эътироф кард, ки он дар хар лахзаи парвоз фазои муайянеро ишѓол мекунад, ки ба дарозии худи он баробар аст ва дар муносибат бо хамин масохати ишѓолкардааш дар холати ороми, бехаракати ќарор мегирад. Дар ин чо гумони номуайяне хосил мешавад, ки тир харакат мекунад ва тир харакат намекунад. Бояд гуфт, ки Зенон дар аппорияхои «Ахилл ва сангпушт» ва «Стадион» низ кўшиш кардааст, ки мушкилоти харакатро инъикос намояд. Лекин хадафи асосии ў на танхо инкори харакат, балки исбот намудани он буд, ки фа зои холи вучуд надорад ва тасаввурнашаванда аст. Аппорияхои Зенон дар ташаккули минбаъдаи риёзиёт, мантиќ ва диалектикаи антиќи таккони бузургеро ба вучуд овардаанд. Ин муаммохо мавчудияти тазодхои доир ба фазо, фард ва кул, том ва чузъ, харакат ва оромиро дар илмхои замони Пармениду Зенон ошкор намуданд. Ва бояд гуфт, ки масоиле, ки онхо оид ба ягонагиву гуногуншакли, харакату ороми ба миён гузошта буданд, то имрўз халли пурраи худро наёфтаанд. Илова бар ин, дар таълимоти Пармениду Зенон мо нахустин бор ба ќонуни мантиќии истиснои салоса (сеюм) рў ба рў мешавем. Мелисс. Намояндаи охирини мактаби Элей Мелисс ба шумор меравад. Мелисс фармондехи ќушунхои бахрии Самоса буда, дар чанги Афинаю Самоса (соли 440) бевосита ширкат варзида буд. Фаъолияти ў ба миёнахои асри V мансуб аст. Тахмин меравад, ки ў дар оѓоз аз файласуфони Иония сабаќ гирифта будааст. Мувофиќи маълумотхое, ки вучуд доранд, ў таълимоти Парменидро дар хусуси ягонаги, дар бораи абадият ва таѓйирнопазирии ашёхо такрор кардааст. Лекин дар таълимоти Пармениду Зенон ў навоварии дигарро зам кардааст. Парменид тасдиќ мекард, ки олам радиуси муайян дорад. Мелисс бошад, бар хилофи он исбот мекард, ки олам танхо дар сурате абади буда метавонад, ки беинтихо бошад. Дар масъалаи назарияи маърифат бошад, ў дар мавќеи Парменид меистод. Мелисс мўътаќид буд, ки хисхо дар маърифати олам моро фиреб медиханд ва тасвири хаќиќии оламро танхо донишхои аќли дода метавонанд. |