Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Идеализми Афлотун. Таълимоти фалсафии Афлотун системаи идеализми объективи мебошад. Идеализми объективи чунин таълимотест, ки тибќи он рўх, тафаккур, идеяхо дар муносибат ба табиат якум буда, новобаста аз шуури инсони ба таври объективи вучуд доранд. Бояд гуфт, ки Афлотун идеалисти босубот буда, ин равияро бошуурона инкишоф додааст. Пеш аз Афлотун танхо баъзе нишонахои идеализми фалсафи дар таълимоти Гераклит, Пифагор, Филолай, Парменид, Эмпедокл ва мафхумхои ахлоќии Суќрот зохир шудаанду халос. Умуман, материализми стихияви то замони Афлотун дар чахонбинии фалсафии он давра афзалият дошт. Материализми атомистии Левкипп ва Демокрит дар муќоиса бо материализми антиќи мукаммал ва хеле бошуурона хисоб мешуд. Лекин идеализми объективии Афлотун низ бошуурона буда, дар муќобили материализм ва атеизми антиќи ќарор дошт. Афлотун аввалин файласуфест, ки муборизаи байни ду равияи фалсафи будани таърихи фалсафаро дарк намуда буд. Ў дар бораи муборизаи байни ин равияхо мегўяд, ки гурўхи аввал файласуфонеанд, ки мавчудияти чизеро бидуни ашёхо эътироф надоранд ва гурўхи дигар бошад, чисмро ба сифати хасти ќабул надоранд. Дар ин замина миёни харду тараф муборизаи шадид сурат мегирад. (Ниг.: Платон. Софист 246 В С // Платон. Соч. в 3-х т.). Афлотун дар мавќеи гурўхи дуюм ќарор дошт. Ў муќобилгузории файласуфонро давом дода менависад: аввалихо (материалистхо) таълим медиханд, ки «хама чиз аз табиат пайдо мешавад», «ба оташ, об, хок ва хаво хамчун нахустасос нигох карда, онро табиат номиданд. Нафсро бошад, баъди онхо мегузоранд». (Платон. Законы, 889 С). Гурўхи дигари файласуфон бошанд (идеалистон), муддаиянд, ки «он чи ки дар табиат вучуд дорад, махсули хирад ва дар вобастагии он аст. Аз ин рў, нахустасосро нафс (чон) ташкил медихад, на оташ ва на хаво. Тан дар муносибат ба чон дуюмин аст». (Хамон чо, с. 896). Хамин тариќ, мувофиќи аќидаи Афлотун, рўх (чон) дар муносибат ба ашёхо якумин буда, ашёхо махсули рўх мебошанд. Афлотун олами моддиро, ки ашёхои гуногуни хисшавандаро дар бар мегирифт, олами хаќиќи ва воќеи хисоб намекард, зеро ки вай мутахаррик ва таѓйирёбанда мебошад. Олами идеявии Афлотун абади ва бетаѓйир буд. Аз ин рў, идеализми ў характери метафизики дошт. Мувофиќи таълимоти Афлотун, сабаб ва мохияти хаќиќии ашёву ходисахои алохидаи хисшаванда як зоти ѓайричисмонии хиснашаванда аст. Ин сабабият ё шаклро Афлотун идея, эйдос ё навъ номидааст. Эйдос ё умуман, идеяи Афлотун ин «мавчудияти бо худии худ» мебошад. Ба хар як ашёи хисшаванда идея ё «эйдос» - и хос мувофиќ меояд, ки вай сабаб ва дар айни замон тимсоли ашёи хисшаванда мебошад. Дар назари Афлотун идея нисбат ба ашёву ходисахои олами модди нахустин ва хаќиќи ба шумор меравад. Бархилофи таълимоти мегариён, ки танхо мавчудияти кулро эътироф мекарданд, Афлотун кўшиш кардааст, ки коинот, яъне олами хисшаванда, чисмониро шарх дихад. Барои чунин ташрех, як худи идеяхо басанда нестанд, зеро ки идеяхо сабабхои гуногуншакли, сабабхои ходисот, таѓйирпазири ва ѓайраро шарх дода наметавонанд. Чунин сабабиятро Афлотун дар материя, ки баъди идея дуюмин буд, мушохида мекард. Хамин тариќ, материя – манбаи гуногуншакли, ягонаги, таѓйирпазири, маргу зиндаги ва ѓайра хисоб мешуд. Дар ин чо Афлотун дар мавќеи дуалисти меистад. Чунки дар баробари идея ў мавчудияти мабдаи мустаќили дигар, яъне материяро эътироф мекунад. Ашёхо - сояи идеяхо, акси онхо, тачассуми онхо мебошанд. Идеяхо намуна, образи ашёхо мебошанд. Тан ва нафс. Идеализми фалсафии Афлотунро мафхумхои бо хам зидди материя ва идея, тану нафс пурра мекунанд. Аз нигохи Афлотун тан миранда буда, нафс намиранда аст. Тани мавчудоти зинда аз заррачахои оташ, хок, об ва хаво таркиб ёфтаанд, ки онхо бо тани коинот робита доштанд ва ин заррачахо бояд ба сохибашон (яъне ба коинот) бозгардонда шаванд. Вазифаи тан аз он иборат аст, ки муваќќатан нафсро дар худ чой дихад, яъне оромгохи он бошад. Тан ва нафс хар ду офаридаи худо мебошанд. Афлотун нафсро ба хирадманду бехирад чудо мекунад, яъне онро аз ду ќисм иборат медонад. Бо ёрии аввали, инсон метавонад фикр кунад, мухокима ронад, ки ин нафси хирадманд аст. Бо ёрии дуюми бошад, одам дўст медорад, гуруснагию ташнагиро эхсос мекунад ва майлу хохиши шахват ўро фаро мегирад. Бинобар ин дуюмиро нафси бехирад ё ки шахвони номидааст. Афлотун ривоятхои ќадимаро дар бораи рехлати нафс такмил дода, онро ба таълимоти худ мутобиќ намудааст. Тибќи он худоён нафсро офарида дар ситорахо чой додаанд. Хар як нафс ситораи худро дорад. Шумораи нафс ба шумораи ситорахои осмон баробаранд. Пас, шумораи нафс хеле зиёд, лекин ба замони гузашта мансуб буда, баъди он фаќат аз як тан ба тани дигар рехлат мекунад. Афлотун барои намирандагии нафсро асоснок кардан, чунин далел меорад, ки агар нафс миранда мешуд, то имрўз аллакай аз он ягонто боќи намемонд. Хамин тариќ, мувофиќи таълимоти Афлотун инсон миранда буда, нафси он намиранда мебошад. Нафси инсон тани ўро тарк намуда, як муддат дар олами ќудс сайругашт мекунад ва баъд аз он ба тани дигаре ворид мешавад. Мувофиќи ин назария, нафси одамони доно дар тани хирадмандон ва нафси одамони бехирад дар тани одамони одди маскан мегиранд. Назарияи маърифат. Доир ба масъалаи маърифати олам дар фалсафаи антиќи, хусусан, дар замони Афлотун ду равия вучуд дошт. Равияи аввал хисро маншаи пайдо шудани дониш ва дарки олам мешуморид ва равияи дуюм бошад, бар он аќида буд, ки аќл ягона манбаи илм ва маърифати олам аст. Пайравони равияи аввал иддао доштанд, ки то инсон чизеро бо яке аз узвхои зохирии худ эхсос накунад, дар бораи он маълумоти амиќ хосил карда наметавонад. Пас, хис ягона воситаи хосил кардани дониши воќеи мебошад. Пайравони равияи дуюм, ки Суќрот низ дар мавќеи онхо ќарор дошт, хисро хамчун манбаи боъэтимоди хосил намудани дониш инкор намуда, барои маърифати олам танхо аќлро ќодир мешумориданд. Афлотун дар муколамаи «Теэтет» тасдиќ карда буд, ки хисхо наметавонанд манбаи дониш бошанд. Хамаи нишондодхои органхои хисро боъэтимод мешуморид. Дар ин муколама Афлотун аз забони Суќрот тамоми донишхои тачрибави, яъне донишхоеро, ки тавассути хисхо хосил мешаванд, инкор ва танќид кардааст. Аз ин чо ба хулосае омадан мумкин аст, ки Афлотун бо таълимоти худ дар муќобили сенсуализм меистод ва аслан ба донишхои априори такя мекард. Мувофиќи аќидаи ў «навъхо» ё ки «идеяхо» новобаста аз дарки хиссии олами модди тавассути интуитсия дониста мешаванд. Ходисот ва ашёхои воќеи, ки дар фикр инъикос мешаванд, ба фикри ў дониши хаќиќи нестанд. Тавре ки Афлотун тасдиќ мекунад, дарки аќлии олами идеяхо дониши навъи якум, яъне дониши хаќиќи ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки мохияти назарияи маърифати Афлотун аз «назарияи тазаккур» иборат аст. Мувофиќи ин назария, дониш ин ба хотир овардани он чизе аст, ки нафс кадом ваќте медонист ва бо гузашти айём фаромўш шудааст. Дар муколамаи «Менон» омадааст, ки Суќрот бо писарбачае, ки савод надошт ва хеч гох илми риёзиётро наомўхта буд, хал намудани масъалаи геометриро пешниход мекунад ва писарбача тавассути саволхои пайдарпайи мантиќии Суќрот онро дуруст хал мекунад. Афлотун аз ин далел чунин хулосаи фалсафие мебарорад, ки агар одам ягон чизро надонистанашро фахмад дар ў тасаввуроти дурусте хосил мешавад, ки ў дар хаќиќат хамин чизро намедонад. Акнун онхо чун дар хоб ба хотири ў омаданд. Аз ин рў, аз касе наомўхта ў ба саволхо чавоб медихад, яъне чавобхо худ аз худ пайдо мешаванд. Агар чавобхо худ аз худ пайдо шуда бошанд, пас ин ба хотир овардан аст. Яъне донишест, ки кайхо хосил шуда, бо гузашти ваќт фаромўш шудааст. (Ниг.: В.Ф. Асмус. История античной философии, с.147). Назарияи «тазаккур»-и Афлотун бо таълимоти ў дар бораи баќои нафс пайвастагии зич дорад. Дониши тайёр дар нафси одам, чуноне ки дар мисоли боло дидем, ба фикри ў нишонаи абади будани нафс мебошад ва он ваќте хосил шудааст, ки нафси мазкур (яъне нафси писарбача) дар тани шахси дигар маскан дошт. Диалектика. Азбаски истилохи мантиќ дар замони Афлотун вучуд надошт, бинобар ин, ў калимаи диалектикаро васеъ истифода бурдааст, яъне хам дар чои худаш ва хам дар чои мантиќ. Афлотун диалектикаро хамчун санъати мунозира таъриф додааст. Дар муколамаи «Кратил» Афлотун аз забони Суќрот (Афлотун дар муколамахои худ аксари андешахои худашро аз забони ў баён мекунад) шахсеро диалектик номидааст, ки «ќобилияти савол гузоштан ва чавоб гуфтанро дорад». (Платон. Кратил, 390 С). Дар асари дигараш «Давлат» диалектикаро ба эристика, яъне санъати бахс муќобил гузоштааст. Ќобили ќайд аст, ки Афлотун душмани ашади ва мунаќќиди тавонои софистхо буд ва санъати бахси онхоро пургапии бехуда меномид ва аз хамин хотир дар ин асараш махз диалектикаро дар муќобили таълимоти онхо, бахусус, дар муќобили эристика мегузошт. Ў таъкид мекунад, ки эристикхо (бахсчиён) ашёро, ки дар бораи он сухан меравад, нигох намекунанд. Онхо танхо ба нутќи мусохибашон диќќат дода, дар он тазодхоро мечўянд ва бо ў сўхбат не, балки дар бахс мусобиќа ташкил мекунанд. Хаќиќат барои онхо мухим нест. Хатто ба мохият ва худи чизе, ки дар хусуси он бахс меравад, таваччўх надоранд. Диалектик бошад, баръакс, ба сўи хаќиќат майл дошта, барои дарки мохияти ашёе, ки мавриди мухокима ќарор ёфтааст, чадал мекунад. Аз ин рў, Афлотун диалектик гуфта шахсеро дар назар дорад, ки ў аз ўхдаи исботи мохияти хар як ашё баромада тавонад. Ў таъкид мекунад, ки барои исбот намудани мохияти ашёхо фикри солим ва мухокимаронии дуруст зарур аст. Афлотун дар ин чо ба кашфи ќонунхои тафаккур наздик шудааст. Хусусан, дар муколамаи «Софист» ин наздикшави бештар хис карда мешавад, чунки дар он доир ба ќонуни айният ишорахо вучуд доранд. Дар «Давлат» бошад, нишонахои ќонуни «зиддият» бештар ба назар мерасад. Афлотун дар диалектика (мантиќ) усули тафаккури мучаррад(абстракти), тарзу роххои хосил шудани донишро мебинад. Ба хар хол, диалектикаи Афлотун аз диалектикаи муосир фарсаххо дур буд. «Диалектика»-и ў идеалисти, метафизики буда, мафхумхоро бе харакату бе таѓйирот медонист ва аз дарки ягонагии зидхо дур буд. Лекин бояд ёдовар шуд, ки ба хама камбудихояш нигох накарда, «диалектика»-и Афлотун дар ташаккули илм наќши мухим гузоштааст. «Диалектика»-и Афлотун дар инкишофи мантиќ, таълимот оид ба категорияхо, оид ба чинсу навъи мафхумхо, оид ба усулхои таъриф, индуксия ва чудокунии мафхумхо ва ѓайра ќадами мухиме ба шумор мерафт. Ахлоќ ва сиёсат. Дар чахонбинии Афлотун масъалахои марбут ба давлат ва чомеа мавќеи мухимро ишѓол мекунанд. Афлотун мутафаккирест, ки ба хаёти чомеа ва созмонхои сиёси муносибати бетарафона надошт. Ў бо идеализми фалсафии худ дар боби сиёсат ва оини давлатдори фикрхои баѓоят чолибе дорад. Бояд тазаккур дод, ки аќоиди сиёсии ў ба таълимоти ахлоќияш робитаи ногусастани доранд, зеро ки файласуфи бузург аз боби сиёсат, тарзу усулхои давлатдори харф зада, хамзамон масоили марбут ба тарбия ва наќши он дар идоракунии давлатро барраси намудааст. Давлат шабехи инсон ва инсон шабехи давлат мебошад, - таъкид мекунад Афлотун. Зеро ки адолат, чи дар давлат ва чи дар инсон як чиз аст. Бинобар ин, одам танхо дар сурате ахлоќан такмил меёбад, ки давлат комилан ташаккулёфта бошад. Давлат, мувофиќи аќидаи Афлотун, ин махсули талаботхои мухталифи инсони мебошад. Таълимоти Афлотун дар масъалаи таќсимоти мехнат характери прогрессиви дошт. Таќсимоти мехнат дар чомеа зарур аст, - таъкид мекард ў. Чунки одамон табиатан барои дар сохахои махсус шуѓл варзидан офарида шудаанд ва инро пеш аз хама дар талабот ва истеъдоди фардии онхо медид. Афлотун ба сохти мавчудаи давлатдори, яъне демократияи чомеаи ѓуломдори хисси бадбини ва душманона дошт. Ў бархаќ ќайд мекунад, ки дар ин давлатхо нобаробарии моликият вучуд дорад ва танхо дар хамин замина мардумро ба ду гурўхи бо хам душман- ќашшоќону сарватмандон чудо мекунанд. Лекин Афлотун аслан муќобили нобаробари набуд ва танќиди ў хамчун намояндаи идеологияи аристократияи антиќи пеш аз хама бар зидди демократия равона карда шуда буд. Хукумат шаклхои мухталиф дорад, - ќайд мекунад Афлотун. Хукумати аристократи барои манфиатхои аќаллият, яъне ашрофон, хукумати демократи барои омма ва хукумати диктатори ба ќудрати фард чадал мекунанд, вале хар яки онхо ба иллати муболиѓа дар хамон асос ва шакл, ки буд, мемонанд ва таназзул меёбанд. Чи тавре ки маълум аст, демократия дар асоси принципи тобеияти аќалият ба аксарият бунёд меёбад ва Афлотун махз ба «кўтохандешии издихом», яъне аксарият танаффур дошт. Афлотун иллати сари ќудрат омадани хар яке аз шаклхои хукуматро аз таѓйиротхое вобаста медонад, ки дар сохаи иќтисод ва тарзи таќсими сарват зухур мекунанд. Агар сарват дар дасти ашроф бошад, хукумати аристократи хокимияти мутлаќ мегардад ва агар сарват ба дасти нафари дигаре аз мардуми авом афтад, хукумат низ ба дасти онхо мегузарад ва сохти демократи мешавад. Афлотун, ки душмани демократия буд, принсипхои онро зери танќид гирифта ќайд мекунад, ки маънии сиёсат аз хамоханг сохтани нерўхои мухталифи чомеа бахри рушду тараќќи иборат аст, лекин дар байни мардуми авом сиёсат маънои дигар мегирад ва табдил меёбад ба гурўхбози ва фирќабози бахри ноил шудан ба маќому мансаб. Мардуми авом, чи тавре ки дар нўшидани асал харис хастанд, ба шунидани суханони ширини нотиќон низ харисанд. Пас, як забонбоз метавонад бо чанд ибораи ширину дилфиреб одамонро ба худ чалб кунад ва нихоят рўи мансаб ояду диктатор шавад. Аз ин рў,- таъкид мекунад Афлотун, - ба мо зарур аст, ки ба рохбарии чомеаи худ бояд оќилтарин ва донишмандтарин одамро интихоб кунем, на нотиќтаринро. Афлотун ба донишу хиради мардуми авом эътимод надошт ва аз ин рў, ин ќавмро дар сиёсат ноустувору рахгум мешуморид. Ў барои сохтани хукумати комилан пешќадаму намунави, ќабл аз хама савияи баланди донишу заковати мардумро зарур медонист. Зеро ки хар хукумат шабех ба афроди хеш аст ва бурду бохти он аз инхо вобаста аст. Агар ки мо афроди хуб парвариш накардаем, пас, набояд хукумати хуберо интизор бошем. Афлотун чомеаро ба бадани инсон, ки дорои се узви асоси, яъне сару синаву шикам аст, ташбех дода таъкид мекунад, ки хакимону файласуфон ба мисли сари чомеа мебошанд ва онхо бояд дар хайати хукумат ќарор бигиранд, зеро ки то фалсафа ба маќоми салтанат нарасад ва салотину умаро файласуф нашаванд, чинси башар рўи хуши нахохад дид. Давлати идеалие, ки Афлотун тасаввур мекард, махз чунин аломатхоро дошт, яъне дар он се табаќа вучуд дошт ва табаќаи оли хакимону файласуфон ба шумор мерафтанд. Барои он давлати идеали буд, ки онро донишмандон идора мекарданд. Табаќаи дуюм сипохиён буданд, ки вазифаи онхо химояи давлат буд. Ва табаќаи сеюм хунармандону кишоварзон. Дар ин давлат хар кас аз рўи лаёќати худ шуѓле дорад ва мувофиќи аќидаи Афлотун, машѓул шудан ба кори худ ва дахолат накардан ба кори дигарон – ин худ адолат аст. (Ниг.: Платон. Государство, 433 Л). Дар чомеа хар кас агар аз рўи истеъдоду лаёќат мавќеъ наёфт, он гох чомеа бебунёд ва махви бенизомию анархия мегардад. Арасту: ташаккули таълимот оид ба инсон, нафс ва хирад. Арасту яке аз шогирдони бехтарини Афлотун ба шумор меравад. Ў соли 384 пеш аз милод дар шахри Стагир ба дунё омадаст. Падари Арасту Никомах табиби дарбори шохони маќдуни буд. Арасту аз падар барваќт чудо шуд ва то хабдахсолаги зери сарпарастии яке аз дўстони падараш ќарор дошт ва баъди ин, яъне соли 367 пеш аз милод барои тахсили илм ба Афина рафт ва шунавандаи мактаби Афлотун гардид. Ў бо истеъдод ва зехни тезаш аз дигар шогирдон бартари дошт. Арасту дар Академияи Афлотун бист сол, яъне то вафоти устодаш (с. 347) ба омўзишу тадќиќот машѓул буд. Баъди марги Афлотун сарварии Академия ба дасти Спевсипп гузашт ва шогирдони Афлотун Арасту ва Ксенократ аз Академия баромада, Афинаро низ тарк намуданд. Ў дар тўли чанд соли мусофират дар шахри Асеос ва баъд дар Митилен зиндаги ихтиёр кард. Дар соли 343 ё 342 пеш аз милод Арасту ба дарбори шохи муќдунихо даъват шуда, мураббии писари ў Искандар (Александр) таъин гардид. Искандар дар ин давра сездах сол дошт. Дар бораи самту воситахои тарбия ва таълими ў хеч гуна маълумоте вучуд надорад. Лекин хаминаш маълум, ки Искандар хеле хам писари саркашу душвортарбия буд. Арасту чор солро дар тарбияи Искандар сипари намуд, вале тарбияи ў чандон натичаи дилхох надод. Умуман, байни устоду шогирди саркаш муносибати гарм вучуд надошт ва аз ин рў, баробари ба тахт нишастани Искандар Арасту ба зодгохаш, ба шахри Стагир бармегардад ва се соли дигар дар ин чо зиндаги мекунад. Соли 338 пеш аз милод, яъне дар синни чилушашсолаги Арасту аз Стагир ба Афина меравад. Ваќте ки Арасту дуюмбора вориди Афина шуд, ўро аллакай хамчун файласуфи намоён ва устоди Инскандари Маќдуни хама мешинохт. Ў ба Афина баргашта, аз замини назди ибодатгохи Апполон Ликей порчаеро харидори кард ва дар ин чо мактабе таъсис дод, ки он бо номи мактаби Ликей маъруфият ёфт. Ќобили тазаккур аст, ки мактаби навтаъсиси Ликей дар муддати кўтох пайравони зиёде пайдо кард ва дар муќобили Академияи Афлотун, ки акнун онро Ксенократ сарвари мекард, ба раќобат бархост. Тибќи маълумотхо, таълим дар Ликей ба ду ќисмат чудо мешуд: риторика (суханвари ё худ илми баён) ва эсотерика (физика, метафизика ва диалектика). Таълими эсотерика, яъне масоили назари ва истилохоти илми аввали рўз ва таълими хикмату суханвари бошад, ваќти шом таъин шуда буд. Азбаски атрофи Ликейро дарахтзори серсоя ихота карда буд, аксари ваќт дарсхо дар боѓ хангоми сайру гашт ва ќадамзани сурат мегирифтанд. Бинобар ин, мактаби Арастуро машшоъ (калимаи юнонии перипатетикос-ќадамзан) ва пайравонашро машшоиён (перипатетикхо) меномиданд. Арасту дар Ликей дувозах сол ба таълиму тадрис машѓул шуда, садхо шогирд тарбия намуда, инчунин пайравони зиёде дошт. Бо вучуди он ки Арасту бо шогирдаш Искандари Маќдуни чандон муносибати хуб надошт, лекин баъди марги Искандар (с. 323) ў дар вазъияти хатарнок ќарор гирифт. Чунки дар ин давра дар Афина шўриши зидди маќдунихо сар зада буд ва Арастуро якбора ба ду масъала муттахам карда буданд. Аввал, бо гумони он, ки хамчун устоди Искандар бо маќдунихо робита дорад ва дуюм, барои суруде, ки ба Гермий бахшида ўро хамчун худо ситоиш карда буд, Арастуро бехудо эълон карда буданд. Тавре ки ба Анаксагор ва Суќрот рўй дода буд, Арастуро низ ба суд кашидад. Лекин Арасту судро интизор нашуда рохбарии Ликейро ба Теофраст супурда, Афинаро тарк намуд. Ў соли 323 ба чазираи Эвбей рафта, дар он чо зиндаги ихтиёр кард ва соли 322 пеш аз милод дар хамон чо вафот кард. Арасту аз худ мероси баѓоят бузурги илми ва фалсафи боќи гузоштааст, лекин на хамаи он то рўзхои мо расидаанд. Дар сохаи фалсафа бошад, асархои ў асосан, иборатанд аз «Категорияхо», «Аналитикаи якум», «Аналитикаи дуюм», «Топика», «Рисолаи нафс», «Физика» ва «Метафизика». Бояд гуфт, ки «Метафизика» аз асархои мухимтарини фалсафии Арасту ба шумор меравад. Истилохи «Метафизика» ба замони баъдтар, ба Андроники Радоси мансуб аст. Ў хангоми ба тартиб даровардани китобхои Арасту асархои доир ба табииёт, яъне физикаро аз аввал чой дода, асархои боќимондаашро баъди физика чой медихад. Калимаи юнонии «мета» маънии баъд, яъне аз пас ояндаро дорад. «Метафизика»-он чи, ки баъд аз физика меояд. Хамин тариќ, истилохи мазкур ба вучуд омад ва бо мурури замон дар фалсафа мазмуни дигар гирифта васеъ пахн шуд. Арасту ва Афлотун. Чи хеле ки дар боло зикр кардем, Арасту яке аз шогирдони бехтарини Афлотун буд ва ў низ дар навбати худ ба устодаш эхтироми беандоза дошт. Лекин чахонбини ва таълимоти онхо куллан хилофи якдигар буд. Арасту ханўз хангоми таълим дар Академияи Афлотун идеализми ўро пайхас намуда, онро барои худ номаќбул мешуморид. Дертар Арасту дар ин хусус гуфта буд, ки «Афлотун бароям азиз аст, лекин хаќиќат пеши ман азизтар аст». Бояд ќайд намуд, ки таълимоти худи Арасту низ материализми яклухт нест. Чахонбинии ў аслан дар байни идеализм ва материализм мекалавид. Падидахои материализм дар таълимоти вай асосан хангоми танќиди идеяхои Афлотун зохир мешаванд. Мазмуни асосии танќиди идеяхои Афлотун аз он иборат аст, ки ў, чи тавре ки Арасту дар «Метафизика» таъкид кардааст, мавчудияти идеяхои худро бо ягон далел асосонок накардааст, яъне мавчудияти идеяхои ў беисботанд. Аз нигохи Арасту, нуќсони асосии фалсафаи Афлотун аз он иборат аст, ки ў идеяхои худро аз ашёхои чудогонаи хисси чудо кардааст. Аз ин рў, идеяхои Афлотун робитаи «идеяхо»-ро ба ашёхои фардии хисшаванда муайян намекунад. Идеяхо, таъкид мекунад Арасту, нусхахои муќаррарии ашёхо буда, бо худии худ барои маърифат чизе намедиханд. Дар «идея»-хо хеч гуна мазмуни наве вучуд надорад, ки онхо дар ашёхо набошанд. Масалан, идеяи одам мохиятан аз мачмўи нишонахое, ки мансуби хар одами алохида мебошанд, фарќе надорад. Олами идеяхои Афлотун аз олами ашёхо чудо мебошад ва аз хамин сабаб, «идеяхо» дар хусуси мавчудияти ашёхо хеч гуна маълумот намедиханд ва наметавонанд, ки омили маърифати ашёхо ва ходисахои мушаххас бошанд. Ба аќидаи Арасту, «идеяхо»-и Афлотун як чизи мучарраде (абстракте) мебошанд, ки заминаи модди надоранд. «Идеяхо»-и Афлотун мохиятро аз ашёхо чудо мекард. Арасту зидди ин таълимоти ў баромада, таъкид мекунад, ки агар «идеяхо» мохияти ашёхову ходисахоро ифода кунад, он гох вай бидуни онхо (ашёхо ва ходисахо) вучуд дошта наметавонад. Илова бар ин, «идеяхо» иллати ба вучуд омадан, гуногуни, мавчудият ва инкишофи табиат ва чомеаро шарх дода наметавонанд. Чунки мохият бидуни ашёхое, ки мохият доранд, мустаќилона вучуд дошта наметавонад. Арасту таъкид мекунад, ки агар идеяхо абадию таѓйирнопазир буда, бо худии худ, яъне мустаќилона вучуд дошта бошанд, пас бо чизхое, ки доимо дар инкишофу дар таѓйиротанд, робитае дошта наметавонанд. Таълимоти Афлотунро доир ба «идеяхо» танќид намуда, Арасту ба хулосае меояд, ки иллати асосии бенизомию берабти дар назарияи идеяхои ў (яъне Афлотун) мутлаќо инкор намудани робитаи кул ва чузъ, аз хам чудо кардани онхо мебошад. (Ниг.: Аристотель. Метафизика. –М.-Л., 1934, с. 30). Назарияи хасти (онтология)- и Арасту. Арасту мавчудияти олами моддиро эътироф мекард ва онро мачмўи ашё ва ходисахо медонист. Наќши материя дар чахонбинии Арасту баѓоят мухим аст. Хамаи он чи ки дар табиат вучуд дорад, аз материя ва шакл иборат аст. Бе материя на табиат буда метавонад, на ашёхо. Арасту материяро субстрат(чавхар), яъне асоси хар як ашё медонист. Ашё хамчун «мохият - фард» дар муносибат ба материя дуюм хисоб мешавад. Ашё, - таъкид мекунад Арасту, - дар натичаи ба материя ворид шудани шакл ба вучуд меояд. Дар таълимоти Арасту вобастагии материя ва ашёхо хамчун вобастагии чинсу навъ чилвагар шудааст. Агар материя чинс бошад, ашёхои воќеи навъи он хисоб мешаванд. Арасту таъкид мекунад, ки мавчудияти абадии нахустмодда хастии воќеи нест, балки хастии имкони мебошад. Яъне мавчудияти материя ин ханўз воќеият набуда, танхо имкониятест, ки аз холати имкони ба холати воќеи мегузарад. Материя хамчун имконият зохир мешавад, - менависад Арасту, зеро ки он метавонад ба шакл табдил ёбад ва замоне ки дорои шакл гардид, он гох ба воќеият табдил меёбад. Лекин воќеияти асли воќеияти ашёхо не, балки воќеияти шакл ба шумор меравад. Аз ин чо хулосае хосил мешавад, ки материя дар хар як пайдоишу таѓйирёби имконият буда, шакл воќеияти он мебошад. Арасту воќеиятро нисбат ба имконият пеш гузошта, бо ин шаклро аввал ва материяро дуюмин хисоб кардааст ва дар халли ин масъала дар мавќеи идеализм ќарор гирифтааст. Мафхуми имконият дар таълимоти Арасту рохе буд ба сўи диалектика ва материализм. Мувофиќи ќонун дар бораи хасти Арасту мавчудияти тазодхоро дар ашёхо инкор мекард. Лекин ин ќонун дар муносибат ба имконият ба эътибор гирифта намешуд. Мохияти имконият дар он аст, ки он дар худ тазодхоро нигох медорад. Ў ќайд намудааст, ки дар имконият метавонанд тазодхо вучуд дошта бошанд, лекин дар хастии воќеи ин ѓайри имкон аст. Умуман, дар таълимоти Арасту оид ба материя ва шакл нишонахои материализм ва диалектика вучуд доранд. Инро пеш аз хама дар он дидан мумкин аст, ки ў мавчудияти моддии ашё ва ходисахои табиатро эътироф намуда, онро дар инкишофу таѓйирот мебинад. Лекин дар айни хол дар баъзе мавридхо дар байни материализму идеализм ва метафизикаю диалектика калавидани ў ба чашм мерасад. Чунончи, хангоми шарх додани таносуби материя ва шакл ин чиз баръало мушохида карда мешавад. Материя, аз нигохи Арасту мабдаи ѓайрифаъол ва шакл бошад, мабдаи фаъол ба шумор меравад. Ў аз фахмиши диалектикаи материя ва шакл ва материяи мутахаррик будани табиат ханўз дур буд. Ў худоро хамчун нахустсабаб ва мухаррики аввал ва хамчун шакли шаклхо ќаламдод кардааст. Физика ва космология. Чихатхои фалсафии таълимоти Арасту оид ба хасти дар физика ва космологияи ў низ тачассум ёфтаанд. Арасту кўшиш намудааст, ки физикаро аз метафизика ва аз риёзиёт чудо намояд. Умумияти метафизика ва риёзиёт, ба аќидаи Арасту дар он аст, ки онхо ашёхои номутахаррикро меомўхтанд. Физика бошад, бар хилофи метафизикаю математика чисмхои мутахаррикеро меомўзад, ки онхо берун аз табиат вучуд дошта наметавонанд. Арасту мафхуми харакатро ба тариќи зайл муайян кардааст: 1) зиёдшави ва камшави; 2) таѓйиротхои сифати ё худ табдилёби; 3) пайдошави ва нестшави; 4) харакат хамчун чойивазкуни дар фазо. Аз ин чо маълум мешавад, ки миёни мафхумхои номбурда ва категорияхои Арасту пайвастагии муайяне вучуд дорад. Чунончи, категорияи мазкур ба навъи якуми харакат, ки он камшавию зиёдшави номида шудааст, мувофиќат мекунад. Категорияи сифат ба таѓйиротхои сифати, категорияи мохият ба пайдошави ва нестшави ва нихоят, категорияи макон ба харакат дар фазо мувофиќат мекунанд. Арасту ќайд мекунад, ки дар байни ин намудхо харакати макони аз хама мухимтар буда, он шарти мавчудияти хамаи шаклхои боќимонда мебошад. Зеро ки мувофиќи аќидаи ў, камшави ва зиёдшавии ашёхо, таѓйиротхои сифати ва пайдошавию нестшавии онхо махз дар дохили фазо (макон) ба вуќўъ меояд ва берун аз он вучуд дошта наметавонад. Арасту дар пайвастаги бо таълимоти Эмпедокл ва Анаксагор таъкид мекунад, ки мафхумхои пайдошави ва нестшави ба маънои аслии калима вучуд надоранд. Чунки «шакл» абади аст ва наметавонад, ки пайдо шавад ва «материя» низ ба мисли хамин пайдо ва нест намешавад. Он чи ки одамон барѓалат «пайдошави» ва «нестшави» номидаанд, махз таѓйирот ва гузариши як хосият ба дигараш мебошад. Арасту харакати макониро дар баробари хасти абади ва муттасил мешуморад. Ў харакати макониро тахќиќ намуда, навъхои онро шарх медихад. Харакат дар фазо, ба аќидаи вай дар се шакл сурат мегирад: 1) даврашакл; 2) ростхата; 3) пайвасткунандаи харакати ростхата бо даврашакл. Шаклхои дуюм ва сеюм, аз нигохи файласуф, харакати муттасил набуда, танхо шакли якум, яъне харакати даврашакл такмилёфта ва муттасил хисоб мешавад. Таълимоти Арасту доир ба харакати макони ба пояи материализми атомисти расида наметавонист. Новобаста аз он, ки харакати макони дар космологияи Арасту дар кадом мавќеъ ќарор дорад, асоси физикаи ўро таѓйиротхои сифати ташкил мекунанд. Арасту воќеи будани тавофутхои сифати ва табдили сифатии ашёхоро тасдиќ мекард. Дар муќоиса бо атомистхо ва элейихо ў ба маълумоти хисхо бештар эътимод дошт. Физикаи Арасту, ки асоси онро таълимоти фалсафии ў доир ба имконият ва воќеият ташкил медод, дар муќобили назарияхои физикии атомистхо ва элейихо ќарор дошт. Ў баъзе аќоиду фарзияхои оид ба физикаи атомистхоро танќид ва инкор кардааст. Масъалаи якуме, ки мавриди бахси Арасту бо атомистхо ќарор гирифтааст, масъалаи теъдоди шакли атомхо мебошад. Чи хеле ки медонем, атомистхо мўътаќид буданд, ки теъдоди атомхо аз чихати шакл низ беинтихо мебошанд. Агар чунин бошад, - ќайд мекунад Арасту, - пас миќдори гуногунии хосиятхое, ки дар чисм вучуд доранд ва миќдори тарзхои харакат низ бояд беинтихо бошад, ки ин хилофи тачриба мебошад ва ба аќидаи файласуф, хам миќдори хосият ва хам миќдори тарзхои харакат интихо доранд. Дуввум, физикаи атомистхо атомхоро табиатан таѓйирнопазир мешумориданд. Лекин ин фарзия, мувофиќи аќидаи Арасту, ба таълимот оид ба таъсири мутаќобилаи чисмхо мухолифат мекунад. Агар таъсири мутаќобилаи ашёхо имконпазир бошад, пас таѓйирпазирии худи атомхо низ хатми аст. Саввум, Арасту таълимоти атомистхоро доир ба сабаби харакати атомхо инкор кардааст, ки мувофиќи он атомхо ба худии худ харакат мекарданд ва манбаи он номуайян буд. Тахлили ин хукм чунин хулосаеро ба вучуд меорад, ки чисмхо аз ду элемент, яъне харакатдиханда ва харакаткунанда таркиб ёфтаанд. Агар чунин бошад, он гох дар атомхо низ бояд ду элемент вучуд дошта бошад, ки мувофиќи ин атом наметавонад зарраи таќсимшаванда бошад. Чахорум,атомистхо низ чун Афлотун хосияти вазниниро ба таври возех шарх надодаанд. Мувофиќи фарзияи онхо атомхо дар ибтидо ба поён майл доштанд. Суръати афтиши хар атомро вазни он муайян мекард ва вазн бошад, аз андозаи он вобаста буд. Атомхои нисбатан вазнинтар бо суръати баланд афтида бо атомхои хурд бархўрда, онхоро аз поён ба боло тела медиханд. Ба хамин тариќ, мувофиќи таълимоти атомистхо гирдбоди атомхо бархост, ки он баъдтар Замин ва дигар чирмхои осмониро ба вучуд овард. Бояд ёдовар шуд, ки назарияи оид ба маќсаднокии табиат ва тамоми равандхои табии дар физика ва космологияи Арасту мавќеи хукмрон дорад. Космологияи Арасту ба телеология (таълимоти идеалистиест, ки мувофиќи он дар табиат хама чиз гўё аз азал мувофиќи маќсад буда, ба ягон ќонуният тобеъ нестанд) пайвастагии зич дорад ва он дар муќобили телеологияи атомистхо ва Анаксагор ќарор дошт. Таълимоти Арасту оид ба нафс дар ташаккули телеология ва то ба принсипхои космологии ў расидани он наќши баѓоят бузург доштааст. Чунки нафси инсон барои Арасту, пеш аз хама воќеиятест, ки тан хамчун имконият дар он вучуд дорад. Ва дигар ин ки, Арасту функсияи маќсаднокии нафсро ба тамоми ашёхои олам мансуб медонист. Ба фикри ў кулли олами хайвонот ва чирмхои осмони дорои нафс мебошанд. Ѓояи маќсаднокии Коинот ханўз дар заминахои онтологии таълимоти ў мушохида мешуданд. Арасту мохияти хастиро дар он медид, ки ашёхо хамчун имконият ба сўи шакли худ майл мекунанд. Махз амали шудани хамин кўшиш маќсади асосии харакат мебошад. Телеологияи Арасту на танхо характери маќсадноки раванди чахони, балки инчунин ягонагии ин маќсадро низ муайян мекунад. Ин ягонаги дар таълимоти космологи ва телеологии ў асоснок карда шудаанд. Сабаб ва манбаи харакат, ба аќидаи ў худои ягона хисоб мешавад. Ба аќидаи файласуф, худо худ бевосита дар чараёни харакат ширкат надорад, лекин харакати мўътадил ва бефосилаи даврашаклро таъмин мекунад. Космологияи Арасту дар масъалаи интихои олам бо космологияи атомистхо дар раќобати шадид ќарор дошт. Материализми атомисти дар таърихи илм таълимоти аввалинест доир ба беинтихо будани олам ва бешумор будани чирмхои кайхони. Левкипп ва Демокрит нахустин мутафаккироне буданд, ки беинтихо будани фазоро дар афкори юнони ворид сохтанд. Таълимоти Арасту дар бораи олам дар муќоиса бо атомистхо ќадаме ба ќафо хисоб мешуд. Ба аќидаи Арасту олам куррашакл буда, радиусаш нихоят васеъ аст, лекин интихо дорад. Дар бораи куррашакл будани олам Анаксимандр, Парменид ва Зенон хам ишорахо доштанд, лекин дар хусуси он ки берун аз худи олами куррашакл хасти чи гуна зохир мешуда бошад, чизе нагуфтаанд. Доир ба ин масъала Арасту таълим медихад, ки дар ќабати охирини олам танхо худо хасту халос. Берун аз оламе, ки моро фаро гирифтааст, хеч гуна хасти вучуд надорад. Арасту хатто мавчудияти худоро низ берун аз худуди олам рад кардааст. Ба аќидаи ў, Замин маркази олам буда харакат намекунад. Бо тасдиќи ин фикр космологияи Арасту дар муќоиса ба космологияи Афлотун ва пифагориён низ як ќадам аќиб меистад. Чунки хам Афлотун ва хам пифагориён Заминро дар харакат мешумориданд. Бояд гуфт, ки Арасту бо ин аќидааш назарияи гелиосентризмро ба муддати тўлони ба аќиб партофт. Мутахаррик будани Заминро ў ќатъиян рад мекард. Сарфи назар аз хамаи ин, дар космологияи Арасту аќидахои чолиби диќќат низ вучуд доранд. Лекин комёбии бехтарини космологияи ў исботи амиќи куррашакл будани Замин аст. Назарияи маърифат. Масъалаи маърифати олам дар таълимоти Арасту мавќеи мухимро ишѓол мекунад. Арасту доир ба маърифат асари алохида надорад, лекин дар асархояш доир ба метафизика, физика, мантиќ ва ѓайра ин масъаларо барраси намудааст. Кўшиши инсон бахри маърифат, мухаббат ба дониш, - таъкид мекунад Арасту, ин хислати модарзоди ў мебошад. Арасту дар назарияи маърифати худ дар байни сенсуализм ва ратсионализм мекалавид. Ў донишхои хисси ва аќлиро бо хам муќобил нагузоштааст, чи хеле ки Парменид ва Афлотун чунин карда буданд. Ў бештар ба ягонагии хисхо ва аќл майл дошт. Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи таносуби донишхои хисси ва аќли баъди масоили таносуби фарду кул ва нафсу тан масъалаи сеюм ба шумор меравад, ки Арасту дар халли онхо очиз мондааст. Дар назарияи маърифати Арасту таълимоти сенсуалисти мавќеи бештар ва устуворро ишѓол намудааст. Файласуф бар он аќида аст, ки хама гуна дониш аз дарки эхсосот, яъне аз зинае оѓоз мешавад, ки он ба инсону хайвон як хел мансубият дорад. Арасту дар ин чо ба хисхо бахои баланд медихад, зеро ки ба аќидаи ў махз онхо донишхои мухимтарини моро доир ба ашёхои фарди ташкил медиханд. Зинаи дуюми дониш, баъди идроки хисси тачриба мебошад, ки он ба инсон ва як ќисми хайвонхо мансубият дорад. Тачриба, мувофиќи аќидаи ў, натичаи такроршавии идроки хисси ва захира шудани он дар хотира мебошад. Тачриба низ ба мисли зинаи якум ба мо доир ба ашёхои фарди маълумот медихад. Арасту ба тачриба хамчун манбаи асосии дониш бахои баланд додааст. Хамин тариќ, ду зинаи аввал фаќат дар маърифати ашёхои фарди хиссагузор мебошанд. Зинаи дигари такомули дониш зинаи «санъат» мебошад. Ин санъати тасвири ё зебои набуда, балки зинаи махсуси маърифат аст, ки дар заминаи тачриба зухур кардааст. Чи тавре ки Арасту ќайд кардааст, тачриба «санъат»-ро офаридааст. Агар тачриба маърифати ашёхои фарди бошад, пас «санъат» ин маърифати кул ва сабабият мебошад. Ва нихоят, зинаи охирин зинаи илм ба шумор меравад, ки ба аќидаи Арасту, шакли олии он фалсафа аст. Илмхо аз «санъат» бо хусусиятхои гносеологи ва бо аломатхои ичтимои тафовут доранд. Арасту дар «Рисолаи нафс» дар баробари нишон додани наќши идроки хисси ва тачриба дар раванди маърифат, инчунин кўшиш намудааст, ки роху тариќи онро низ кушода дихад. Ў дар ин асар таъкид мекунад, ки кулли хайвонот дорои хис, алалхусус, хисси ломиса мебошанд. Арасту масоили хисхо – ломиса, тамъ, шунавои, босира ва шомеаро муфассал барраси намуда, наќши онхоро дар раванди маърифат амиќ намудааст. Мувофиќи таълимоти Арасту наботот эхсос намекунанд, зеро ки онхо таъсири мухитро якчоя бо материя ќабул мекунанд ва онхо ќобилияти аз материя чудо кардани шаклро надоранд. Хайвонот бошад, аз наботот бо он фарќ мекунанд, ки онхо ќобилияти дарк намудани шакли эхсосро бидуни материя доранд. Воќеан, дар таълимоти Арасту мо мебинем, ки хар як узви хис ашёи худро бидуни материя дарк мекунад. Ин чунин маъни дорад, ки идроки хисси ба мо нусхаи ашёхоро медихад, ки онхо новобаста ва берун аз шуур вучуд доранд, лекин чунин нусхахо модди нестанд. Аз ин рў, Арасту узвхои хис ва ќобилияти эхсос карданро айният, яъне як чиз мешуморад. Донишхои хисси комилан дуруст ва объективи мебошанд. Тавассути онхо мо доир ба рангоранги ва хосиятхои гуногуни ашёхо маълумот пайдо мекунем. Чунончи, бо узви босира рангхои мухталифро дарк мекунем ва хоказо. Лекин ѓайр аз ин, хосиятхои умумие вучуд доранд, ки аз тариќи чамъи хисхо дарк карда мешаванд, чунончи, бузурги, адад, ягонаги, харакат, ороми ва ѓайра. Дар баробари нафси наботию хайвони Арасту навъи сеюми нафсро эътироф мекунад, ки он нафси аќлони буда, танхо мансуби инсон аст. Ў нафси аќлониро мустаќил, яъне новобаста аз тан тасаввур мекард, зеро ки вай абади хисоб мешуд ва он хамаро фарогиранда буд. Мантиќ. Арастуро падари илми мантиќ меноманд, зеро ки ў аввалин шахсе хисоб мешавад, ки масоили мантиќро васеъ ва харчониба мавриди тадќиќот ќарор додааст. Аз нигохи Арасту мантиќ илми алохида не, балки калиди хамаи фанхо ва аслихаи дониш аст. Арасту мантиќро анатилика номидааст ва дар рисолаи махсус, ки номи «Аналитикаи якум» ва «Аналитикаи дуюм»-ро гирифтаанд, таълимоти асосии худро доир ба хулосабарори ва исботкунихо ќаламдод намудааст. Омўзиши асархои Арасту, ки ба масоили мантиќ бахшида шудаанд, шаходат медихад, ки дар тахќиќи мантиќ ў ба се масъала бештар таваччўх зохир кардааст: 1) масъалаи усули дониши эхтимоли, ки ин ќисматро Арасру «диалектика» номидаст ва шархи он дар китоби «Топика» омадааст; 2) масъалаи ду тарзи асосии шархи дониши боэътимод: таъриф ва исбот; 3)масъалаи усулхои дарёфт кардани далелхои илми, яъне индуксия. Арасту ќонунхои асосии тафаккур, яъне ќонуни айният, зиддият ва истиснои салоса (сеюм)-ро тадќиќ намуда, муайян намудааст, ки хиќиќат чист ва фикри дурўѓ чист. Хаќиќат, ба аќидаи ў мувофиќ омадани фикр ба воќеият мебошад. Фикри дурўѓ бошад, инъикоси ѓалати воќеият мебошад. Ин таърифи Арасту таърифи материалистии хаќиќат буда, ба таърифи семантикии он замина гузошта буд. Ќайд намудан зарур аст, ки ќонуни зиддият дар таълимоти онтологии Арасту низ хамчун ќонуни асосии хасти омадааст, ки он дар шакли мухтасараш чунин ифода меёбад: «дар як ваќт хам будан ва хам набудан мумкин нест» ё ин ки «номумкин аст, ки худи хамон чиз дар худи хамон ваќт хам бошаду хам набошад». Дар «Метафизика» бошад, чихати мантиќии ќонуни зиддият нишон дода шудааст, ки он дар чунин шакл ифода ёфтааст: «гапи рост гуфта, дар айни замон чизи дигареро тасдиќ ва ё рад кардан номумкин аст». Мувофиќи таълимоти Арасту, ќонунхои мантиќи зоти ё априори набуда, балки инъикоси робитаю муносибати ашёхову ходисоти воќеи мебошанд. Хусусияти хоси мантиќи Арасту аз он иборат аст, ки ў тафаккурро дар алоќаманди бо олами модди ва ашёву ходисахои он медид. Бояд гуфт, ки Арасту дар тадќиќи усули донишхои эхтимоли, донишхои боэътимод, таърифу исбот ва усули донишхои дедуктиви хеле пеш рафта буд. Чи тавре ки Б.Ф. Асмус навиштааст:«Муќоисаи таълимоти Арасту дар бораи дониш бо таълимоти баъзе аќлгароёни (ратсионалистон) намоёни асри ХVII, масалан, Декарт, нишон медихад, ки дар яке аз масоили фавќулодда мухими назарияи маърифат ва мантиќ Арасту нисбат ба файласуф ва олими машхури франсави дуртар ва рўшантар фикр кардааст. Ин доир ба масъалаи донишхои эхтимоли буд». (В.Ф. Асмус. Хамон чо, с. 242). Лекин бояд ёдовар шуд, ки Арасту ба масъалахои зиёди маърифат ва мантиќ аз нигохи материалисти бахо дода бошад хам, ба диалектикаи шаклхои дониши хисси ва мантиќи сарфахм нарафтааст. Ў дар ин масъала низ дар байни материализм ва идеализм мекалавид ва умуман, назарияи маърифати Арасту, чи хеле ки Асмум В.Ф. ќайд кардааст, ба мисли назарияи «шаклхо»-и ў, назарияи идеализми объективи мебошад. (В.Ф. Асмус. Хамон чо, с. 263). Таълимоти ахлоќии равоќиён ва Эпикур. Навафлотуния. Дар охири асри IV пеш аз милод нишонахои бўхрони сохти демократияи ѓуломдории Юнон рўшантар ба чашм мерасиданд. Болоравии бўхрон ба аз даст рафтани мустаќилияти сиёсии як ќатор шахрхои юнони оварда расонд. Лекин дар як империяи бузург муттахид намудани ин халќхо аз тарафи Искандари Маќдуни ба хаёти ичтимои- сиёси ва фархангии ин кишвар бетаъсир намонд. Ин пеш аз хама дар болоравии эллинизм тасири мусбат гузошт. Баъди марги Искандар империяи ў завол ёфт ва ин ба шиддат ёфтани бўхрон мусоидат кард, ки он дар хаёти маънавии чомеаи Юнони ќадим таѓйироти кулли ба вучуд овард. Дар ин давра чараёнхои гуногуни фалсафи ба вучуд омаданд, ки мухимтаринашон спектитсизм ва эпикуризм ба шумор мераванд. Скептицизм. Пайдоиш ва мавчудияти скептитсизм ду давраро дар бар мегирад: давраи якум аз асри IV-и пеш аз милод то асри III-и пеш аз милод ва давраи дуюм аз асри I-и пеш аз милод то асри II-и милоди. Бояд гуфт, ки мохияти асосии таълимоти спектикхоро шакку шубха ба имконияти маърифати олами воќеи ташкил медод. Ин таълимот дар заминаи ѓояхои дигар пешгузаштагони фалсафа ба вучуд омад. Ханўз дар диалектикаи соддалавхонаи макотиби нахустини юнони оид ба таѓйирпазири ва дар чараён будани ашёхову ходисахо, оид ба нисби будани маълумоти хисхо ва ѓайрахо гуфта шуда буд. Чунин аќидахо ханўз дар таълимоти элейихо, софистхо ва Афлотун инкишоф ёфта буданд, лекин танхо дар давраи эллинизм ин ѓояхо ба пайдоиши скептитсизм чун равияи махсуси фалсафи оварда расонд. Асосгузори скептитсизм Пиррон (тахминан солхои 365 – 275 пеш аз милод) ба шумор меравад. Мувофиќи аќидаи ў, файласуф шахсе мебошад, ки ба саодат майл дорад ва ашхосе, ки мехоханд ба саодат ноил шаванд бояд, се чизро бидонанд: 1) ашёхо аз чи таркиб ёфтаанд; 2) мо (инсон) бояд ба онхо (ашёхо) чи хел муносибат дошта бошем; 3) аз муносибати мо ба ашёхо чи манфиат хосил мешавад. Файласуф таъкид мекунад, ки доир ба саволи якум мо чизе гуфта наметавонем, зеро ки мо нисбат ба ягон ашё хукм бароварда наметавонем, ки он аз чи таркиб ёфта ва мохияти онро чи ташкил мекунад. Бинобар ин, хеч як усули маърифатро мо гуфта наметавонем, ки он хаќиќи аст ё ки дурўѓ. Чунки дар муќобили хама гуна тасдиќ боз фикри мухолифе ќарор дорад, ки он аввалиро инкор мекунад. Азбаски дар бораи ашёхо хукми даќиќ баровардан ѓайриимкон аст, Пиррон хангоми ба саволи дуюм чавоб додан ба хулосае меояд, ки усули асосии фалсафии муносибат ба ашёхо худдори кардан аз мухокимаи онхо мебошад. Инро ба он маъние фахмидан лозим нест, ки гўё хеч чизе сахех ва амиќ вучуд надошта бошад, - таъкид мекунад Пиррон. Ба аќидаи ў, идроки хисси ва тасаввуроти мо, бешубха, дурустанд, лекин саргумии мо махз хангоми мухокима рух медихад, ки хар мухокимакунанда аќидаи худро доир ба ин ё он ашё хамчун хаќиќати воќеи ќаламдод мекунад. Ба гуфти файласуф халли масъалаи дуюм ба саволи сеюм низ пайвастаги дорад. Яъне он манфиате, ки бар ивази худдори кардан аз хар гуна хукмхо хосил мешавад, ин оромиву тамкин ба шумор меравад, ки ба ќавли скептикхо ин зинаи олии фароѓат барои файласуф мебошад. Ва хамин скептитсизм таълим медод, ки дар хеч мавриде, аз ягон мавќеъ набояд даъвои илм ва хукми ќатъие зохир кард, балки баръакс, хамеша ва дар хама чиз бояд шубха кард. Аз ин рў, Пиррон таъкид мекард, ки : «Оќил касе аст, ки харгиз сухане аз худ нагўяд ва сухане хам аз ѓайр тасдиќ накунад ва низ оќил касе аст, ки дар муќобили хар гуна исбот бигўяд: на ин асту на он». (М. Рашшод. Хамон чо, с. 386). Лахзахои асосии фалсафаи Пиррон дар таълимоти пайравону шогирдони ў Тимон, Энесидем ва Секст Эмпирик инкишоф ёфтаанд. Эпикуризм. Таълимоти фалсафии Эпикур зинаи баландтарини инкишофи материализми атомистии Юнони ќадим ба шумор меравад. Эпикур соли 341 пеш аз милод дар чазираи Самос аз оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Ў дар назди яке аз шогирдони Демокрит Навсифон таълим гирифта, баъди чанд соли омўзиши фалсафа ба Афина сафар мекунад. Эпикур дар канори Афина боѓеро харидори намуда, дар он чо мактаби худро таъсис дод, ки он хам ба монанди Академияи Афлотун ва Ликейи Арасту шўхрат пайдо карда, бо номи «Боѓи Эпикур» муъруфият ёфт. Бояд гуфт, ки Эпикур то охири умр, яъне то соли 270 пеш аз милод дар Афина дар боѓи номбурда умр ба сар бурдааст. Вазифаи мухимарини фалсафаро Эпикур дар ба вучуд овардани ахлоќ, яъне мачмўи рафтору кирдоре медид, ки инсонро ба сўи саодат рахнамуди кунад. Лекин бунёди ахлоќ танхо дар сурате имконпазир аст, ки инсон хамчун чузъи табиат дар он мавќеи муайян дошта бошад. Аз ин рў, ба аќидаи файласуф ахлоќ, ќабл аз хама бояд ба физика, ки масъалаи инсонро низ дар бар мегирад, такя кунад ва физика бошад, дар навбати худ бояд ба тахќиќи маърифат ва меъёри он машѓул шавад. Эпикур асосан, материализми сенсуалистиро инкишоф додааст. Хамаи он чи ки мо эхсос мекунем, хаќиќи мебошад ва хисхо хеч гох моро фиреб намедиханд, - таъкид мекард ў. Бар хилофи Демокрит Эпикур дарки эхсосотро дуюмдарача ва барои илм бегона хисоб намекард. Ў фаъолияти асосии тафаккури мантиќиро дар индуксия ва умумиятдихи медид. Агар идрок меъёри ягонаи хаќќоният бошад, - таъкид мекунад файласуф, он барои хулосабарори доир ба чунин ашёхое, ки мо бевосита дарк карда наметавонем, низ бояд меъёри асоси хисоб шавад, то ин ки миёни хулоса ва маълумотхои идрок тазоди мантиќи ба вучуд наояд. Аз ин рў, Эпикур асоси мантиќи доштани фикрро шарти мухими хаќиќат шуморидааст. Эпикур ѓайр аз олами чисмони олами дигареро эътироф намекард. Мувофиќи таълимоти ў, тамоми мавчудот аз атом, яъне аз заррачахои хурди таќсимнашаванда иборатанд. Ў лахзахои асосии таълимоти Демокритро ќабул намуда, кўшиш намудаст исбот кунад, ки эътирофи сабаби зарури доштани хамаи ходисоти табиат набояд ба махдуд кардани озодии инсон бурда расонад. Дар чорчўбаи зарурат бояд, ки масъалаи озоди низ ба эътибор гирифта шавад. Эпикур таълимоти Демокритро такмил додааст. Мувофиќи таълимоти Демокрит, харакати атомхо дар хало ба таври механики аз рўи зарурате, ки манбаи он номаълум буд, сурат мегирифтанд. Эпикур бошад, муайян намуд, ки харакат ин натичаи хосиятхои дохилии атом, яъне вазн доштани онхо мебошад. Ба аќидаи Эпикур атомхо танхо дорои харакати ростхата набуда, балки метавонанд аз хатти рост бароянд ва качхата низ харакат кунанд. Эпикур мавчудият ва харакати атомхоро азалию абади шуморида, мавчудияти халоро эътироф мекард. Ба гуфти ў, агар хало вучуд надошта бошад, харакату чойивазкунии атомхо имконнопазир мегардад. Назарияи ахлоќии Эпикур асосан, зидди хурофоти дини, ки ба аќидаи ў эътибори инсонро паст мекунад, равона шуда буд. Ў сарнавиштро инкор намуда, худоёнро хамчун офаридгор ва хамчун идоракунандаи олами кул эътироф намекард. Файласуф меъёри ягонаи саодатро дар халоват ва хушихои дунё медид ва барои мушарраф шудан ба он бартараф намудани хама гуна монеахо, яъне тарсу харос аз дахолати худо ба хаёти инсон, тарсу харос дар назди марг ва зиндагии охиратро зарур мешуморад. Эпикур беасос будани хамаи ин тасаввуротро исбот намуда, таъкид мекард, ки рахо ёфтан аз зери фишори тарсу харос ин рохест ба сўи саодату хушбахти. Файласуф лаззатхои дунёиро ба се гурўх чудо кардааст: 1) табии ва барои зиндаги зарур; 2) табии, лекин барои зиндаги нозарур; 3) ѓайритабии ва барои зиндаги нозарур. Ў фаќат ба гурўхи якум майл дошта, аз боќимодааш худдори мекард. Натичаи чунин худдори кардан ва дури чустан, ин ороми ва фароѓати том мебошад, ки аз нигохи Эпикур саодати файласуф махз хамин ба шумор меравад. Бояд ёдовар шуд, ки таълимоти Эпикур мактаби охирини материалистии Юнони ќадим ба шумор меравад. Мутафаккирони минбаъда ба таълимот, афкор, хислат ва тарзи зисти Эпикур бахои баланд дода, онро нихоят гироми медоштанд. Навафлотуния. Макотиби фалсафии ин давра, аз чумла таълимоти Эпикур ва равоќиён, ки то асри III дар империяи Рим ба таври васеъ пахн гардида буданд, ба истиснои таълимоти Афлотун, баъди шикасти империя пурра аз миён рафтанд. Ѓояхои ирфонии пайравони файласуф ва риёзидони Юнони Қадим Пифагор, баъзе ѓояхои Арасту ва дигар афкори фалсафиро дар худ гирифта, ин мактаб дар давраи охири фалсафаи атиќи бо номи навафлотуния ворид гардид. Намояндаи асосии ин таълимот Плотин (204-269) ба шумор меравад. Ў зодаи Ликопол (Миср) буда, дар бистухаштсолаги ба Искандария рафт ва дар тўли 11 сол дар ин чо, дар назди асосгузори мактаби навафлотуния Аммониус Саккаси таълим гирифт. Плотин бо маќсади шиносои пайдо намудан ба таълимоти ирфонии Шарќ дар юришхои императори Рим Гардиан ба сарзамини Форс ширкат варзида, дар он чо бо пахлавиён, пайравони макотиби Монию Маздак ва афкори зардуштиён ошнои пайдо намуд. Пас аз кушта шудани императори Рим аз чониби эрониён хамрохи артиши шикастхўрдаи римиён рахсипори Рим гардид ва дар он чо сукунат ихтиёр кард. Ў дар ин чо баъди муддате ба таълими фалсафа машѓул гардида, шогирдони зиёде пайдо намуд ва маъруфияти он то чое расид, ки бо император Галиенус дўсти пайдо кард. Пас вафоти император ў дар гўшаи замини шогирдаш Компаниа мактаберо таъсис дод, ки он дар пайрави аз фарзияи Афлотун оид ба мадинаи фозила асос ёфта буд. Плотин бо таъсиси ин мактаб мехост ѓояхои Афлотунро оид ба чумхури аз мархалаи тахайюл ба мархалаи озмоиш ворид созад, вале умри файласуф барои амали намудани он кифоят накард ва соли 269 фавтид. Ў марди нексиришту хушахлоќ ва хоксору шикастанафс буда, дунёро хаќир мешуморид. Махз хамин фазилатхояш мунъакиси осору афкор ва таълимоти фалсафии ў гардиданд. Плотин дар ибтидо танхо ба таълим ва тарѓиби шифохии аќоиди худ иктифо мекард. Вале баъдан бо хохиши шогирдон ба таълифи афкори фалсафии худ шурўъ намуд. Тибќи маълумоти мухаќќиќон ў осори фалсафии худро дар панчоху чахор рисола таълиф сохта буд. Шогирд ва мухаррири асархои Плотин Порфирий баъди вафоти устодаш рисолахои ўро тарзе чобачо намуд, ки он аз шаш боб таркиб ёфта, масоили ахлоќ, табииёт, илохиёт, илми нафс, аќл ва вахдатро дар бар мегирифтанд. Ба аќидаи файласуф, асли вучуд ва он Вохид (офаридгор) як буда, ў асли коинот аст ва аќли инсони аз дарку эхсоси мохияти ў очиз мебошад. Ў масдари кулл аст, вохидест якто, вале на бо адад, балки бо вахдаташ мутлаќ аз теъдоду миќдор ва таркибу таќсим ба тамоми неку бади башари мебошад. Аз ин рў, наметавон Ўро бо сифатхои зебои, донои ё бузурги васф намуд, зеро хамаи онхо айни зоти Ў хастанд ва Ў айни онхост. Аз нигохи файласуф, Ў вучуд аст, вале на вучуде, ки дастраси хиссу аќли башари бошад. Мушохида ва идроки Ў фаќат ба аќлхое имконпазир аст, ки бо сайру сулук ба дарачаи малакути расидаанд. Ў офарандаи хамаи мавчудот аст, вале онхоро аз рўи майлу ирода интихобан наофаридааст, балки онхо аз вучуди файзи Он зухур намудаанд, чунон ки хуршед бидуни майлу ирода нур мепошад ва бо нури худ оламро мунаввар месозад. Тибќи таъкиди файласуф, ќисмати аввалине, ки аз файзи Ў чудо гардид, аќли кулл мебошад. Аќли кулл, ки файзи аввал аст, нафсро падид овард ва нафс дар дарку донистани хаводиси олам ба тахлилу тачзия мўхточ аст ва аќл чароѓи рахнамои дарки олами кулл мебошад. Нафси кулл файзи дуввум буда, ба чисм ворид мегардад, ба он хаёту харакат мебахшад ва нафсхои чузъиву алохидаро падид меорад. Ин нафсхо дар танхои вучуди алохида бошанд низ, вале бо нафси кулл муттахиданд. Аз нигохи Плотин, олам аз ду ќисм иборат аст, яке олами лохут ва дигаре олами носутанд, яъне ончи ки дар боло ќарор гирифта ва ончи ки дар поён ќарор дорад. Худо бо аќли кулл ва нафси кулл дар олами лохут, яъне олами улвиву нафсхои чузъи ва чисмхо дар олами носут, яъне дар олами зери Қамар сукунат доранд. Сокинони олами лохут, яъне Худо, аќли кулл ва нафси кулл се зоте мебошанд, ки дар холати касрати теъдод вохид ва дар айни вахдат бисёранд. Ба аќидаи файласуф, пайвастшавии аќли кулл ба Худо тавассути аќл ва пайвастшавии нафсхои чисмони ба олами лохут тавассути нафси кулл сурат мегирад. Хамин тариќ, тамоми мавчудот ба Худо пайвастаги дошта, ба зоти кибриёии Ў муттахиданд. Тибќи таълимоти Плотин, нафси инсони, ки аз олами лохут ба носут омадааст, дар ин чо ба зиштихову палидихо олуда мегардад. Он хар ќадар, ки ба модда майлу наздики пайдо кунад, хамон ќадар дучори сифлаги ва таназзул хохад гашт. Барои ин бояд ботадрич худро аз олоишоти дуняви ва шахватхои фиребандаи он рахо созад, вучуди худро аз начосатхо пок созад ва бо ин васила мархалахоеро, ки барои бозгашт ба олами лохут ва расидан ба висоли мабдаи нахустин вучуд доранд, тай намояд. Ба аќидаи ў, дар ин сайру сулук нахустин мархала хунар мебошад ва ин хунар иборат аст аз садоќату дурусти ва покии ботин. Мархалаи дуввум мархалаи ишќ аст, аммо ишќ на ба зебоихои дуняви, балки ишќ ба камолу зебоии рўхони равона шудааст. Инсон дар паси зебоихои зохири бояд зебоихои рўхониро чўяд ва дар ин мархала чашми сарро баста, чашми дилро хатман кушояд ва бо ин васила рохи пайвастшавиро ба Зоти оли боз намояд. Хамин аст мўхтавои мухтасари хикмати навафлотуниён, ки он мархалаи охири фалсафаи ахди бостон буда, ќисмате аз афкори фалсафии Афлотуну Арасту ва дигар файласуфони Юнони Қадимро бо аќоиди мутасаввифони Шарќ омезиш дод ва таълимоти наверо ба вучуд овард. Ин таълимот зиёда аз се ќарн дар Шарќу Ѓарб густариш ёфта, пайравони зиёде пайдо намуд. Навафлотуния ба фалсафаи насрони, фалсафаи давраи Эхё, Замони Нав ва хусусан, ба хикмати тасаввуфии асримиёнагии форсу точик таъсири бузургу файзбахше расонидааст. |