Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 8. Фалсафаи марксисти: идеяхои асоси ва тахаввули онФалсафаи классикии марксизм. Карл Маркс симои барчастаи фалсафаи умумичахони буда, таълимоти ў сахифаи равшан ва мунаќќаши фарханги умумибашарист. Баъд аз заволи низомхои коммунистии чахон бояд ба таълимоти К. Маркс аз нигохи нав, аз мавќеи бахогузори на ба дохии пролетариати чахони ё «паёмбари» муќаррароти хизбию сиёси, балки аз мавќеи омўзиши яке аз файласуфоне, ки осори гаронмояи ў таккондихандаю таќвиятбахшандаи анъанаи фалсафагароии чахон аст, бахо дихем. Дигаргунихои амиќ, таѓйиротхои кулли ва бебозгашти сиёсии чахонро, ки баъди солхои 90-уми ќарни гузашта ба амал омад, метавон хамчун лахзаи гардиши ќатъи дар таърихи муосир арзёби кард. Инсоният имрўзхо талаботу фаъолият, эхсоси озодию масъулият, ташаккули ќобилият ва умуман тамоми нерўхои мохиятии хешро дар доираи инкишофи босуръати шакли имрўзаи чамъияти постиндустриали, ки худ эчодгари он аст, симои инсонии худро дигар сохта ба ояндаи боз хам мураккабу умедбахш бочуръатона ќадам мезанад. Инќилоби саноати, ташаккули гўшношуниди технологияи муосир, аз як тараф, проблемахои хазорсолаи халношудаи инсониятро рафъ карда бошад, аз тарафи дигар, даххо ва садхо проблемахоеро эчод кард, ки нерўи бемислу монанди интеллектуалию таќвияти иродаи хастанопазир ва тахияи ислохоти нозуку дурнамои сиёси ва иќтисодиро таќозо дорад. Инкишофи капитализми муосир ва тамоми самтхои фаъолияти хаётии инсон тобеи мачрои пешравандаи прогресси чамъияти аст, ки инчо ногузир сохаи хаёти иќтисоди ба мавќеи аввал ќарор мегирад ва инкишофи истехсолоти модди, тараќќиёти ќуввахои истехсолкунанда хоху нохох дар муайян намудани муносибатхои истехсоли, муќаррароту меъёрхои хуќуќию сиёси, наќши афзалиятиро мебозад ва вусъат ёфтани ин чараён новобаста аз иддаои мухолифони идеявии Маркс, ки хеч намехоханд ба ин масъалагузории ў рози бошанд, ин мухолифонро дар хичолат хохад монд. Карл Маркс аз зумраи он мутафаккироне мебошад, ки капитализми ќарни 19-ро бо тамоми чузъиёташ тахлил намудааст ва назарияи Маркс барои тахлилу фахмиши мохияту аслияти чамъияти постиндусриалию ахбори, дар муќоиса ба бисёре аз таълимотхои дигар, бехтарин усули тавзехдихии ходисоти чахони глобализатсияшудаи муосир хохад буд. Аз тарафи дигар омўзиши таълимоти фалсафии Маркс бояд аз ќолабхои идеологию догматики озод бошаду ба чи гуна самт гирифтани раванди барпо шудану фано ёфтани сотсиализми шўрави пайваст карда нашавад. Ин чо месазад, суханхои яке аз маъруфтарин мухаќќиќони фалсафаи Карл Маркс, профессори Донишгохи Дюкенс ва Питсбург (ИМА) Том Рокморро иќтибос биёрем, ки дар чодаи шинохти имрўзаи Маркс, аз ахамият холи нест: «Агар Марксро хукми нигох доштани ахамияташ ба сифати манбаи нодири маърифати чахони имрўза насиб шуда бошад, пас ўро мебояд ногузир аз нав кашф намуд. Марксро хамеша аз лихози ќолаби марксизм меомўхтанд, ки ба чунин тарз аслияту мохияти идеяхои фалсафии ўро тахриф месохтанд. Агар мо ин полоиши марксизмро рафъ намоем, пас тамоман Маркси дигар - нисбатан мутафаккири файласуфгаро, шогирди шўхратманди Гегел, намояндаи хаќиќатан пурарзиши фалсафаи олмониро мебинем, ки ба маърифати табиати чахони индустриалии муосир дар ќиёси дигарон бештар наздик омадааст… Гурўхи одамон, ки инќилобро доир сохтанд, албатта, бештар ба амалияи сиёси таваччўх доштанд, на ба омузиши даќиќназаронаи асархои Маркс. Таачубовар нест, Ленин ки таъсири халкунандаро ба марксизм дар тули давраи болшевизм дошт, асосан дар осори худаш на ба Маркс, балки ба Энгелс бештар истинод мекард. Марксистони шўрави, аз ќабили сиёсатмадороне чун Сталин ва намояндагони «расмии» фалсафаи шўрави хатти расмии марксистиро, ки ба тафсиру тавзехи ленини ва мутобиќсозии Энгелс ба вазъияти Россия асос ёфта буд, идомаю инкишоф дода, мохиятан аз ин хат дур намерафтанд».58 Дар мавзўи тахияшуда, таваччўхи бештар ба назарияи фахмиши материалистии таърих, назарияи форматсионии чомеа, амалия - хамчун принсипи бунёдии низоми фалсафаи марксисти равона шуда, фалсафаи ичтимоии озодкунии инсон, гуманизм ва танќиди бегонашави дар мероси фалсафии Маркс, таърихият - чихати мухими консепсияи марксистии ташаккули инсон ва нерўхои мохиятии он, инчунин сахми Ф.Энгелс дар ташаккули марксизм, хусусан тахлили проблемахои диалектика дар асари Ф. Энгелс «Диалектикаи табиат» ва ѓайра арзёби гаштаанд. Таълимоти К.Маркс дар асри 19 пайдо шудааст, ки маданият ва замони эчодшудани он дар ин таълимот баръало наќш гузоштааст. К. Маркс дар баробари Ф. Нитсше ва С. Кёркегор дар ќатори он мутафаккирони бузургест, ки гузаришро аз фалсафаи классики ба фалсафаи муосир анчом дода, дар инќилоби бузурги маънавию идеологии замони муосир таъсири бузурге расонидаанд. Ба андешаи Карл Ясперс омўзиши хар кадоме аз ин мутафаккирон ба тадќиќи амиќи зухуроту хаводисоти замони муосир хидоят намуда, « хар нафаре, ки аз назди онхо гузашта рўй мегардонад, хар касе ки захмати омўзиши онхоро бар душ нагирифта, ба умќи мохияти таълимоти онхо сарфахм намеравад - ў хеч гох мохияти хештанро маърифат накарда, барои худ шабахи тирае боќи хохад монд ва тахти салтанати нерўхои номаълуме буда, бехимояву урён дар баробари замони муосир ќарор хохад гирифт».59 Марксизм солхои 40-уми асри 19 ба вучуд омад. Марксизм низоми мураккаби чахонбиниеро муаррифи месозад, ки ќисматхои асосии он таълимоти фалсафи, иќтисоди ва ичтимоию сиёси мебошад. Фалсафаи марксисти ин мачмўи аќидахои фалсафии К.Маркс ва Ф.Энгелс, инчунин андешахои пайравони онхоро муаррифи мекунад. Ба хамин маъно мафхумхои «материализми диалектики» ва «материализми таърихи» истифода мегардад, ки солхои 90-уми асри XIX тахия шуда буд. Баъдтар фалсафаи марксисти ба сахнаи шарху тавзехи хизбию идеологи табдил ёфта, хамчун бунёди назария, идеология ва амалияи дигаргунихои сотсиалисти ќарор гирифт. Тавзеху тафсири фалсафаи классикии марксисти ва фалсафаи ѓайриклассикии марксисти вучуд дорад. Муайянияти аввал идеяхои худи Маркс ва Энгелс, нигохи дуюм бошад тавзеху ташрехи мухталифи ин идеяхоро дар назар дорад. Карл Маркс (1818-1883) дар шахри Трири Пруссия таваллуд шудааст. Дар факултаи хуќуќшиносии университети Бонн, сипас университети Берлин тахсил намуда, асосан ба омўзиши фалсафа ва таърих машѓул мегардад. Соли 1841 рисолаи докториашро, ки тахлили муќоисавии натурфалсафаи Демокрит ва Эпикурро фаро гирифта буд, дифоъ намуд. Дар аввалин маќолахояш муќаррароти хуќуќии низоми давлатии Пруссияро танќид намуда, мундаричаи бисёре аз ќонунхои ќабулшударо ѓайримардуми бахогузори мекунад. «Ќонуне, ки барои усули андеша чазо медихад, ин ќонуне нест, ки давлат барои шахрвандони худ ба табъ расонидааст, ин ќонуни як хизб ба муќобили хизби дигар аст. Ќонуне, ки барои фикру ѓоя таъќиб мекунад, ќонунест, ки баробарии шахрвандонро дар назди ќонун махв месозад. Ин ќонун - на ќонуни иттиход, балки ќонуни чудоиандоз аст ва хамаи ќонунхои чудоиандоз иртичои мебошанд. Ин ќонун набуда, имтиёз аст».60 То ин замон гегелчиёни чавон, ки барои онхо принсипи моликияти хусуси хамчун принсипи комилу бебахси «озодии ташаббуси шахси» дар хама сохахои хаёт эътироф мегашт, коммунизм хамчун кўшиши иртичоии ичборан бор кардани «принсипи корпоративи», хамчун идеали Афлотун инкор мегардид. Гегелчиёни немис бо сарварии Б.Бауэр «философияи худшиносиро» инкишоф дода, фалсафа ва динро муќобил гузошта, хама муќаррароти мавчударо зери танќиди назарияви мегирифтанд. Ин фалсафа комилан дар чахорчўбаи парадигмаи маорифпарвари ташаккул меёфт ва тамоми чомеаро ба тарбиякунандагон ва тарбиягирандагон таќсим менамуд. Агар тарбиякунандагон мубаллиѓини шуури мутлаќи воќеи, боаќлонаю бохирадона ва аз чизе вобастанабудае бошанд ва хамчун мунаќќидони олами муносибатхои мавчудаи ичтимои муаррифи шаванд, тарбиятгирандагон шунавандагони ѓайрифаъоли ин танќид арзёби мегаштанд. Маркс ханўз солхои тахсил дар университети Берлин ба омўзиши фалсафаи Гегел таваччўх дошт. Ў кўшиш мекард дар фалсафаи Гегел ба саволе чавоб ёбад, ки чи тавр фарќияти идеал ва воќеиятро, ки хоси фалсафаи кантиани аст, бартараф созад. Чавоби Гегел, ки идеалро мутобиќи воќеият тавзех медод ба Маркс яќину равшан чилва медод ва инкишофи диалектикию мутазоддии онро пайравони чапгарои Гегел - чавонгегелчиён Б.Бауэр, А. Руге, М. Штирнер ва дигарон пешниход менамуданд, ўро мутмаин месохт. Мохияти ин тавзехдихи чунин аст, ки ончо идеал татбиќшавии хирад аст ва на монархияи хозираи Пруссия, балки чумхурии ояндаи демократи ифодаи хамин татбиќшавист ва ба хотири он ќабл аз хама танќиди фалсафии дин бояд чараён гирад, ки такягохи мутлаќият аст ва сипас танќиди худи давлати Пруссия анчом дода шавад. Аммо Маркс аз идеалхои ислохотии чомеаи демократи дилсард шуда аз мавќеи гегелчиги ба мавќеи фейербахи (Л.Фейербах, 1804-1872, файласуфи материалисти немис) мегузарад. Дар фалсафаи Фейербах инсон хамчун мавчуди олимаќоме тасвир мешавад, ки муносибатхои чамъияти ўро мавчуди тахќиршуда, истисморгашта гардонда, ўро заифу нафратзада мегардонад. Фалсафаи Фейербах аз хамин лихоз фалсафаи «тассалидиханда» тавсиф мегардад, ки мохияти асосии бегонашавии инсон бояд аз осмон пас гирифта шуда, ба инсон баргардонда шавад. Ин маънои онро надорад, ки аз дин даст кашид. Дин бояд бошад, вале хамчун дини инсоният муќаррар гардад. Инсон бояд Худое барои инсони дигаре бошад. Имони инсон бояд дар «диалектикаи Ман ва Ту» зухур карда, табиати авлодии инсонро ифшо созад. Ў ба мухаббат ахамияти бунёдиро нисбат дода, аќида баён мекард, ки мухаббат хамчун эхсоси асоси бояд ба мохияту маънои хаёт табдил ёбад. Хадафи фалсафаро дар он медид, ки он на китоб офарад, балки одамонро эчод созад. Ин рўхияи оштинопазири Фейербах дар баробари муќаррароти масехи ва калисои католики, ки озодии инсонро пахш месохт, Марксро низ фаро мегирад ва ў дар яке аз аввалин навиштахояш хело хам суфтаю борикбинона таъкид менамояд: «Тахти рахнамоии кохинонамон мо одатан дар чомеаи озоди танхо як дафъа ќарор мегирем - рўзи чанозаи он».61 Аммо Маркс нисбат ба дигар пайравони Фейербах дар доираи андешахои ў махдуд нашуда, ба фалсафаи ў назари хоси худро равона месозад. Бегонашавии диниеро, ки гегелчиёни чавон дар пайравии Фейербах муќобили он пайгирона мубориза мебурданд, Маркс хамчун бегонашавии дуюмдарача медонад. Ў зарурати пайдо кардани бунёди объективии онро ба миён мегузорад. Ва хамин тавр, Маркс тадричан ба хулосае наву ќатъие меояд, ки мархилаи таърихиро наметавон сирф аз меъёри шуури чамъияти, харчанд хар ќадар тунд ва бошиддат танќидгаронае хам бошад, шарх дод. Идеяи маорифпарвари, ки мувофиќи он азнавсозии олам бо ёрии пахн сохтани ѓояхои хирад ва таблиѓи арзишхои инсонпарварона бояд ба даст меомад, Марксро харгиз ќонеъ намекунад ва ў омили бехтар сохтани чомеа ва азнавсозии оламро дар муттахид намудани кўшишхои одамон, зарурати модди, шароитхои стихияви, фаъолияти бошууронаи дар заминаи амалия татбиќшаванда, медид. Аз лихози хамин мавќеъ ва бо таъсиру дастрасии хамин андеша асари ў «Танќиди фалсафаи хуќуќи Гегел» эчод мегардад. Ва дар хамин асар чихати бартариятию афзалиятии иќтисодиётро нисбат ба сиёсат таъкид карда, назари Гегелро нисбат ба инсон танќид намуда менависад: « …ў фаромўш месозад, ки мохияти «махсуси шахс» - ро на риши ў, на хуни ў, ё на табиати абстрактии чисмонии ў, балки сифатхои ичтимоии ў ташкил мекунад».62 Баъд аз пурзўр шудани сензураи хукумати К.Маркс фаъолиятро дар «Рўзномаи Рейн» хотима бахшида, ба Париж- маркази хаёти сиёсию интеллектуалии Аврупо меравад. Инчо ў ба тадќиќи таърихи инќилоби франсави, материализми франсави, назарияи сотсиализми утопияви, тачрибаи харакати коргари машѓул шуда, бо таваччўхи хоссае осори Л.Фейербахро мавриди танќид ќарор медихад. Бахори соли 1845 дар робита ба таълимоти Фейербах тезисхои машхури худро менависад, ки ончо назари Фейербахро нисбати мохияти инсон чунин арзёби мекунад: «Фейербах мохияти динро ба мохияти инсон муштаракулмаъно медонад. Вале мохияти инсон ин мавхуме нест, ки хоси фарди алохида бошад. Дар воќеияти хеш он мачмўи хама муносибатхои чамъияти аст».63 Тобистони соли 1844 дар Париж бо Фридрих Энгелс вохўрда, бо сабаби айнияти андешахо рафоќат пайдо мекунанд, ки натичаи ин рафоќату хамкории хамешаги эчод кардани таълимоти нав буд. Вале новобаста аз оѓози муштараку хамбастагии аввалаи андешахо, аќидахои Маркс ва Энгелс ба самтхои гуногун ташаккул ёфта, сахми интеллектуалии онхо дар эчоди фалсафаи марксизм фарќ мекунанд. Фридрих Энгелс (1820-1895) дар оилаи фабриканти нассочии шахри Бармени Пруссия таваллуд ёфта, пас аз чандин муддате озими шахри Лондон шуда, ончо дар фабрикаи падараш кор мекунад. Махз дар хамин давра муносибатхои ичтимоию иќтисоди ва сиёсиро дар кишвари инкишофёфтаи хамон замон меомўзад. Ба хаёти табаќаи коргар ошно шуда, асари худ «Ахволи синфи коргар дар Англия» - ро менависад, ки маводи зиёди ѓуншуда ба муаллиф имкон медиханд, то ба хулосахои хуби назарияви биёяд. Энгелс ба хулосае меояд, ки пролетариат на танхо синфи азияткашида, балки синфи муборизабаранда буда, сотсиализм хамон ваќт ба нерўи воќеи табдил меёбад, ки агар ба хадафи муборизаи сиёсии синфи коргар табдил ёбад. Энгелс тамоми хаёт, суботкоронаю собитќадамона ба худомўзи машѓул шуда, дониши амиќи энсиклопедиро на танхо дар илмхои чамъиятшиноси, балки дар илмхои табиатшиноси, инчунин илми харби ва чанд илми даќиќ низ дарёфт мекунад. Энгелс диќќати зиёдеро ба бунёд гузоштану инкишофи марксизм сарф мекунад. Ба ѓайр аз асархои муштаракан бо Маркс навиштааш, ў муаллифи асархое аз ќабили «Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис», «Анти-Дюринг», «Диалектикаи табиат» ва ѓайра мебошад. Маркс ва Энгелс аз чунин мавќеъ баромад карданд, ки тавассути идеяхо наметавон оламро дигаргун сохт. Дар «Тезисхо оид ба Фейербах» тамоми материализми кўханро барои характери муроќибавию ѓайрифаъол доштанаш ва идеализмро барои фаъолнокии инсонро танхо дар фаъолияти маънави маърифат намуданаш, танќид мекунанд. Хам ба ину хам ба он мафхуми амалияро чун фаъолияти моддию шайъи муќобил мегузоранд. Аз нигохи Маркс хаёти чамъияти «мохиятан амали» ба шумор меравад. Фахмиши материалистии таърих. Тахияю танзими идеяхои фахмиши материалистии таърих кўшиши аввалини Маркс ва Энгелс дар рохи эчод намудани илми позитиви дар бораи чамъият буд, ки муќобили фалсафаи пешин ќарор дошт. Чавхари дигаргунсозихои таърихи тарзи истехсоли боигарихои модди буда, ба сифати майлони пешбари таърих инкишофи тадричи, прогреси чамъияти баромад мекунад. Мохиятан прогресси чамъияти - ин харакат ба сўи озодист, ки ончо афзоиши боигарихои маънавию модди бо гуногунию хамохангиаш ва боло шудани имкониятхои гуногуни интихоби тарзи хаёт дар назар дошта шудааст. Асоси ин прогресс инкишофи истехсолоти модди аст, ки нерўхои табиатро аз худ намуда, ваќт ва воситаро барои инкишофи маънави ва мехнати эчодкоронаи инсон таъмин менамояд. Инкишофи талаботхои инсон низ мувофиќ ба ќуввахои истехсолкунандаи чамъият шакл мегирад. Хамин тавр, омили модди дар хадди охир омили муайянкунандаи низоми ичтимои ба шумор рафта, чихати мухими фалсафаи таърихи Маркс мебошад. Дар заминаи бозёфти Гегел манзараи бо хам мувофиќ наомадани маќсаду хадафхои бошууронаи фаъолияти одамон бо оќибатхои ичтимоии ин амалхо Марксро ба хулосаи назариявие овард, ки ќонунхои объективии инкишофи чамъияти дар барномаи субъектхои эчодкунандаи таърих гузошта нашудаанд. Ин идеяи махсуси ќонуниятхои ичтимои аст, ки дар фаъолияти одамон ќарор дорад. Тасдиќи ин бартарафсозии ду камбудии чиддии материализми кўхан - зиддитаърихият ва фахмиши натуралистии инсон ва чомеаро дар назар дорад. Идея ва муќаррароти фахмиши материалистии таърихро К. Маркс якчоя бо Ф.Энгелс дар асари муштарак эчод кардаашон «Идеологияи немис» тархрези намудаанд, ки он самти мехварии фалсафаи марксисти ба хисоб меравад. Бехтар аст, оид ба мохияти ин фахмиш аз худи муаллифони он пурсон шавем: «Ин фахмиши таърих дар муќоиса ба фахмиши идеалисти дар хар мархила ин ё он категорияеро чўё намешавад, балки хама ваќт дар заминаи таърихи воќеи ќарор гирифта, амалияро на аз идея, балки маърифати идеявиро аз амалияи модди шарх медихад… На интиќод, балки инќилоб нерўи харакатдихандаи таърих, дину фалсафа ва инчунин дигар назарияхо ба хисоб меравад».64 Мундаричаи мукаммали фахмиши материалистии таърихро К. Маркс дар сарсухан «Оид ба танќиди иќтисоди сиёси» баён мекунад: «Дар истехсолоти чамъиятии хаёти хеш, одамон ба муносибатхои муайяну зарурии ба иродаашон вобастанабудае ворид мешаванд, ки ин муносибатхои истехсоли ба зинаи муайяни инкишофи ќуввахои истехсолкунандаи моддии онхо мувофиќ меояд, мачмўи ин муносибатхои истехсоли сохтори иќтисодии чамъият, базиси воќеиеро, ки ба он надстройкаи хуќуќию сиёси гузошта шудааст, ташкил медихад, ки он бошад ба меъёрхои муайяни шуури чамъияти мувофиќанд. Умуман тарзи истехсоли хаёти модди равандхои ичтимои, сиёси ва маънавии хаётро мусоидат менамояд. Шуури одамон на хастии онхоро, балки баръакс хастии чамъиятии онхо шуури онхоро муайян мекунад». Ба назари Маркс ин фахмиши таърих хамеша дар заминаи таърихи воќеи ќарор дошта, амалия на аз идеяхо, балки таркиботи идеяви аз амалияи материали бармеояд. Чи тавре, ки фаъолияти хаётии фардхост, худи онхо хам хамон тавранд. Он чи ки тасвиру ифодаи онхост, хамин тавр ба истехсолоти онхо, ба он ки онхо чи истехсол мекунанд ва ба он ки чи тавр истехсол мекунанд, мувофиќ аст. Фардхо дар хеш чиро ифода мекунанд - ин бешубха вобаста ба шароитхои моддии онхост. «Одамонро аз хайвонхо бо шуурашон, бо динашон, умуман ба хар чизе, ки хохед метавон фарќ кард. Худи онхо бошанд аз хайвонхо хамон замоне, ки нав ба истехсол намудани воситахои зарурии хаётиашон шурўъ менамоянд, хешро фарќ мекунонанд. Воситахои зарурии хаёти хешро истехсол карда, одамон ѓайримустаќим хаёти моддии худро низ тавлид месозанд», - онхо таъкид менамоянд дар «Идеологияи немис». Дар таърих ва чомеа таѓйиротхо, умуман аз моддиёт ба сўи идеалиёт, аз бунёди иќтисоди ба рўбинои идеологи чараён гирифта, хастии чамъиятии одамон шуури онхоро муайян мекунад. Аз лихози назарияви чомеаи нав аз зиддиятхои худи чамъият, ќабл аз хама аз зиддиятхои байни ќуввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсолии мавчуда дар мархилаи мазкур шакл мегирад. Дониш дар бораи чамъият на тавассути мухокимахои спекулиятивии фалсафи, балки ба таври эмпирики, мисле ки онро «илми позитиви» анчом медихад, тахияву эчод мешавад. Хадафи онхо, зикр мекунанд бунёдгузорони ин фалсафа, эчод намудани таълимот дар бораи чамъият ва таърихи он хамчун илм аст, ки мустаќиман зидди тамоми фалсафаи гузашта бошад. Ва ин илм на танхо таърихи чамъиятро ба форматсияхо ва хар форматсияро ба элементу синфхои он чудо мекунад, балки шархи онро, ки чаро ин ё он форматсия чунин шакл гирифтаю, мухимаш - чаро чамъият инкишофи худро дар гузариш аз як форматсия ба форматсияи дигар дармеёбад, ба миён мегузорад. Гузаштан аз як форматсия ба форматсияи нави дигар, ки ќобил аст нерўи мустахаками истехсоли, муносибатхои комилтари низоми иќтисодию сиёси ва идеологиро эчод созад, мундаричаи прогресси таърихи мебошад. Албатта доир ба назарияи форматсионии Маркс ва Энгелс мубохисахои гуногун авч гирифтаанд ва аксари мухаќќиќони муосир бар он аќидаанд, ки ин назария омилхои фарханги, тамоили анъанаю одатхои милли, таъсири шиддатноки тасаввуроти динию мазхаби ва чанд омили дигарро дар ташаккули инкишофи чомеа камтару заифтар ба эътибор гирифта, ин назария татбиќи амалии худро дар чараёни таърих пайдо накардааст. Бехтарин чавобро ба ин посух мебояд аз осори худи бунёдгузорони фалсафаи марксисти чўст, ки онхо хеч ваќт таълимоти худро догма (дар муќоиса ба пайравони баъдиашон) эълон надошта, хама гуна назарияро бозгўи талаботу таќозои замон ва инъикоси хаёти чамъиятии воќеиашон арзёби кардаанд. «Барои мо хама гуна андешае, ки файсалахои хотимави ва хаќиќатхои абадиро таќозо мекунад, холо ва хамеша гум хохад шуд; Мо хеч гох фаромўш нахохем кард, ки донишхои аз худ намудаи мо ногузир вобаста ба шароитхое, ки мо онро дарёфт кардем, махдуд ва шарти мебошанд», - менависад Ф. Энгелс дар асараш «Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис» (Соч., том 21, с. 302.). Иловатан бояд гуфт, ки махз фалсафаи марксисти таърихро хамчун чараёни табиию таърихи тасвир сохта, механизми табдилу таѓйири истехсолоти модди ва муносибатхои чамъиятиро илман исбот намуд. Маркс собтит кард, ки чамъият на агрегати хаотики ва на «кристали сахту ќоим», балки куллиятест, ки ќобил ба худинкишофёби буда, чузъиёти гуногуни он бояд ба якдигар мутобиќат дошта бошанд. Чунин мутобиќат метавонад байни ќуввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли бошад. Робитаи диалектикии ќуввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсолиро тавсиф дода, Маркс зикр мекунад, ки муносибатхои истехсоли бояд ба зинаи муайяни инкишофи ќуввахои истехсолкунанда мувофиќат дошта бошад. Аммо ин мувофиќати набояд статики бошад, хамчун унсури нисбатан фаъолу динамикии тарзи истехсолот-ќуввахои истехсолкунанда дар ин ё он мархилаи инкишофи худ ба муносибатхои аќибмондаи ичтимои дар холати зиддиятнок ќарор мегиранд. Он ваќт муносибатхои истехсоли аз шакли инкишофи ќуввахои истехсолкунанда ба монеа ё фашанги боздошти он табдил меёбад. Диалектикаи ќуввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли манбаи дохилии худхаракатии тарзи истехсолот, дар хадди охир тамоми организми чамъият ба хисоб меравад. Ахамияти хосаро дар материализми таърихи зимни форматсияхои чамъияти-иќтисоди чунин муќаррарот касб кардааст: «Хеч як форматсияи чамъиятие ќаблан фано нахохад шуд, агар ќуввахои истехсолкунандаи барои ў худуди васеъро муайянсозанда, вожгун нагардад ва муносибатхои нисбатан наву баландтари истехсоли пайдо нахохад шуд, агар ќаблан шароитхои моддии мавчудияти он дар ниходи чомеаи кўхна пухта нарасад. Аз ин рў инсоният хамеша пеши худ хамон вазифахоеро мегузорад, ки агар аз ўхдаи хал кардани он барояд»65 Назарияи ба чамъият тааллуќдоштаи таълимоти Маркс ва Энгелсро материализми таърихи ном мебаранд. Истилохи материализми таърихиро ба фалсафа Ф.Энгелс ворид сохтааст. Материализми таърихиро ханўз замони зинда будани бунёдгузорони он ба фатализм, провиденсиализм, эсхатологияи ботили дини ва ѓ. айбдор месохтанд. К. Маркс дар яке аз мактубхояш эътироз ба он мекунад, андешахои ўро «ба назарияи таърихи - фалсафи доир ба рохи умумие, ки ба таври фалокатбор тамоми халќхо бояд онро новобаста аз шароитхои таърихие, ки онхо хузур доранд, тай намоянд, табдил медиханд. Набояд хеч гохе халли проблемахоро бо истифода аз ќулфкушоии умумие, ки ин ё он назарияи таърихию фалсафи, ки шучоати олии он фавќултаърихияти он аст, халлу фасл сохт».66 Чунон ки мебинем, К.Маркс ба муболиѓаю мутлаќ гардондани хама гуна назарияи таърихию фалсафи муќобил аст ва хосатан агар ин муболиѓа ба идеяхои ў дахл дошта бошад, ў ќатъиян норозист. Наќши на камтареро аз нигохи фалсафаи марксизм омили субъективи мебозад, аз чумла, хислату хусусияти одамоне, ки рохбари давлат, харакат, хизб ё ѓайраро ба ўхда доранд. Омили субъективи ба рафти ходисот унсури тасодуфиро ворид месозад, ки онро набояд нодида гирифт. Таърих хело хам хусусияти ирфониро мегирифт, агар «тасодуфхо» ягон наќшеро намебозиданд, зикр мекунад Маркс. Ин «тасодуфхо» худ ба рафти ходисот дохил шуда, дигар тасодуфхоро ба мувозинат меоранд. Вобаста ба он, бисёр ваќт суръати чараёни ходисоти таърих меафзояд ё заиф мегардад. Вале, аз тарафи дигар набояд наќши омили субъективиро дар ташаккули чамъият мутлаќ ва халкунанда тасвир сохт. Инкишофи чомеа дар шакли раванди табиию таърихи, ба назари Маркс чараён дорад. Ќонунхои инкишофи чамъият объективи буда, аз хамин мавќеъ ба ќонунхои табии монанди доранд. Онхо новобаста аз шуури инсонхо, бо зарурати ичбори амал мекунанд ва онхоро наметавон таѓйир дода, нобуд сохт. Ин на ќонунхои оддии табии, балки ќонунхои табиию таърихи мебошанд. Онхо дар хаёт танхо ба воситаи фаъолияти одамон татбиќ мешаванд ва ба маънои дигаре одамон таърихи худро худашон меофаранд. Вале одамон аз тарафи дигар наметавонанд ин ќонунхоро дигар кунанд. Ин ќонунхоро маърифат намуда, метавонанд ба он таъсир расонанд, ё чараёни харакати онро заиф созанд ё баръакс тезонанд. Ин хусусияти раванди таърихиро Маркс чунин баён мекунад: «Чамъият наметавонад аз болои ин ё он мархилахои инкишоф чахида, ё онхоро ба воситаи декретхо дигар созад. Аммо метавонад азияти тавлидшавиро ё кўтох ё нарм созад»- зикр мекунад Маркс дар чилди аввали «Капитал» (Том 23, с.10) Ба хулоса омадан мумкин аст, ки характеристикаи чомеаи капиталисти, ки дар заминаи воќеияти охири асри 19 ва аввали асри 20 тахия шуда буд, табиист, ки дигар гаштаю таѓйир ёфта ва бахогузории наву хулосабарории фарќкунандаро мехохад. Симои ичтимои, идеяви, ахлоќи ва психологии табаќаи коргар хамчун пешбарандаи прогресси чамъият ва ќуввахое, ки дар шароити таърихии замони муосир чунин наќшро ичро мекунанд, ба кулли таѓйир ёфтааст. Аммо, хатто сахифахои кўхнашудаи китоби бузурги Марксро набояд барканд. Осори Маркс абади ба таърихи фарханги аврупои ва чахони сабт шуд. Мухаќќиќине хастанд, ки ба назарияи тамаддуни такя карда, дар амал татбиќ нашудани назарияи форматсионии Марксро хамчун чихати ноустувории назариявии он бахогузори мекунанд. Хаминро бояд гуфт, ки шикасти низоми сиёсию иќтисодии Шурави харгиз маънои ноустувории назарияи форматсионии Марксро надорад. Чомеаи капиталисти, ки Маркс онро тахлили амиќу илми кардаю чихатхои характернок, асрори инкишофи онро ифшо кардааст, ханўз побарчой боќи мондааст. Вале ин сохти чамъияти, ки имрўзхо рў ба инсон овардааст, дар бештаре аз самтхои хаёти чамъиятии хеш аз барномаи ичтимоии марксизм бахрабардори намудааст. Ѓайр аз ин Маркс дар осори баъдии худ аз роххои осоиштаи гузаштан ба коммунизм харф мезанад, ки дар ин чомеа озодии инсон, хуќуќи инсони коргар хифз мешавад. Вазъияти синфи коргар дигар шуда, симои ичтимоии ў низ таѓйир ёфтааст. Прогресси чамъияти инсони захматкаши чомеаи постиндустриалию замони технологияи ахбориро эчод кардааст. Вале дар хар сурат таълимоти ичтимоии Маркс, самтхои асосии назарияи чомеаи капиталистиро, ки Маркс анчом додаст, ахамияти худро гум накардааст. |