Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Таълимоти ирратсионалии Ф. Нитсше. Яке аз чехрахои шинохтаи фалсафаи охири асри 19 - и Аврупо, ки ирратсионализм ва «фалсафаи хаёт»-ро муаррифи мекунад, Фридрих Нитсше мебошад. Фаъолияти эчодии ўро одатан ба се давра чудо мекунанд. Ба давраи аввал асархое дохил мешаванд, ки ба фарханги юнони ва умуман фалсафаи атиќа алоќаманди доранд, ки «Тавлиди фочиа аз рўхи мусиќи», «Фалсафа дар мархилаи фочиавии Юнон», «Андешахои бемахал» мебошанд. Дар мархилаи дуюми фаъолияти эчодии ў, ки солхои 1876-1882-ро фаро гирифтаанд, асархои: «Одамият, бехад одамият», «Шафаќи субх», «Илми сурурбахш» навишта шудаанд. Аз мўхтавои асархои эчодкардаи мархилаи дуюми фаъолияти Нитсше бармеояд, ки ў хамчун философ, скептик, мунаќќиди фархангу санъати аврупои ва дини масехият баромад мекунад. Асархои асосии фалсафии ў, ки дар мархилаи сеюми эчодиёташ навишта шудаанд, инхоанд: «Чунин гуфта буд Зардушт», «Дар фаросўи неку бад», «Доир ба насабшиносии (генеалогияи) ахлоќ», «Шоми бутхо, ё ин ки чи тавр хирманкўбона фалсафагарои мекунанд», «Антихрист», «ECCE HOMO. Чи тавр дар хештан ќарор гирифт» ва «Ирода ба хокимият» ( «Ирода ба ќудрат» низ номгузори кардаанд). Нитсше новобаста аз мундаричаи мухталифи асархои худ дар хамаи мархилахои эчодиаш таълимоти ирода ба хокимиятро инкишоф медихад. Ба сифати манбаи бевоситаи ин таълимот волюнтаризми Шопенгауэр хизмат мекунад. Ирода - бунёди хаёт, оѓози инстинктии (ѓаризаи) ирратсионали аст, ки дар хама зухуроти хаёт ќарор дорад. Олам абадияти беоѓозу беанчом дар таълимоти Нитсше тасвир шуда, хамчун ташаккул ё барќарор шудан аст, ки ончо муборизаи нерўхо ва хузури ирода чой дошта раванди ташаккул ба хеч ќонуне ё хадафу самте нигаронида нашудааст. Он чо на вохидият, на низом ва на маъноест. Ин равандест, ки «ба хеч кучое» нахохад бурд. Олами тахаввулёбандаю ташаккулгирифта ќобил ба хирад нест ва онро метавон хамчун натичаи задухўрди иродахо ба хотири бартарият ќаламдод кард. Ташаккул, аз нигохи Нитсше, набояд чун чизи воќеи, ё ин ки ботил, нек ё бад, ягонаю бомаќсад бахогузори шавад. Хаёт хамчун харакати абади, чараёни доимию ташаккулёбандаест, ки аз атрибутхои «хасти» холи буда, хамаи равандхо, чи рўхонию чи чисмони хамчун шакли мухталифи «ирода ба хокимият» арзёби мешаванд. Андешаи фалсафаи классики, ки ончо «хасти» ягонаю хаќиќи, мутобиќ ба хирад ва нерўи муназзаму тобеъ ба ќонунхои инкишоф тасвир мешуд, аз чониби Нитсше хамчун зухури берун аз хирад, инкишофи бенизому бетартиб тавзех меёбад. Ирода, ки онро Шопенгауэр ирода ба хаёт меномад, дар осори Нитсше на хамчун иродаи ягонаи олам, балки иродаи мушаххас ба ќудрату ба хокимият бахогузори мегардад. «Мубориза ба хотири зиндаги танхо истисно ва махдудияти муваќќатии ирода ба хаёт аст: муборизаи бузургу хурд хамеша ба хотири бартарият, барои инкишоф ва таќсимот, барои ќудрат, мутаносибан ирода ба хокимият аст, ки айнан хамин ирода ба хаёт хохад буд».29 Агар дар низоми фалсафии Шопенгауэр зиддияти байни иродаи абарќудрат ва этикаи узлатнишини чой дошта бошад, дар консепсияи Нитсше чунин тазод чой надошта, таълимоти ирода ба хокимиятро собитќадамона ва устувортар ба пой мегузорад. Хаёт дар раванди абадии ташаккул буда, муборизаи хамешагии иродаи заифу иродаи тавоно мохияти он аст. Мафхуми хаёт ќабл аз хама ба маънои кўшише ба худсозию худтахкимёбию нерўманди-ирода ба хокимият аст, ки хамагуна тавзеху ишораро ба раванди пайдошавии он сарфи назар мекунад. Идеяи ирода ба ќудрату ба хокимият, чунонки хамшираи ў Элизабет Фёрстер - Нитсше ёдовар мешавад, хамон ваќте ба сари Нитсше омад, ки ў хучуми ќўшунхо, ќадамзании ќотеъу бардам, хурўчи муштараки хангома, ѓалаёну садои тахлукаангез, худфидосозии комил, омодаги ба зарба ва хатто ба маргро боре ў мушохида намуд. Хар чизе, ки зинда аст, бояд дар ниходи нерўмандии хеш барќарор гардад, бояд ба хотири мавќею маќоми хеш, барои дарёфти чое дар зери офтоб мубориза барад. Ирода ба хокимияту ќудрат ин ба маънои хештанро муќаррар сохтан, худро тахияю лоиха кашидан ва мавчуди хешро таъсис додан аст. Инчо сухан дар бораи нерўи худсозандаю худмуќарраркунандае меравад, ки харакати ўро метавон ба сўи эътибору шаъну шараф ва арзишхои хама мавчудоти зинда, таъмин месозад. Ирода ба хокимият, иродаи бартарафкунанда - иродаест, ки иродаи дигареро маѓлуб сохтаю аз миён мебардорад. Ѓолибият ва холати иртифою болошавиро Нитсше тараннум мекунад. Ирода ба хокимият харгиз ба сўи холиги самт нагирифтааст ва нерўи соддае нест, ки барои ў муќовимату муќобилият фарќияте надошта бошад. Ирода ба хокимияту ќудрат хамон ваќт зухур мекунад, ки муќобилияту муќовимати дигареро дучор меояд. Аммо ирода хамчун оѓози худсозандаю бебунёд, на танхо тавассути муќобилияту муќовимате, ки аз иродаи ѓайр бармеояд, авч мегирад, балки аз шиддати муќовимати хештан низ суръат мегирад, ки он бартараф намудани монеахои хувияти хештан аст. Ирода ба ќудрат, ќабл аз хама ба маънои худро ѓолиб гаштан ва ќобилият ба бартараф намудани иродае дигареро дар назар дорад. Ирода ба хокимият зухури дар ботини инсон панохёфтаи кўшиши худмухофизати буда, ќувваи харакатдихандаи бисёре аз рафтору амалхои инсон аст. Хамин тавр дар замони вусъат ёфтани тамоилхои ирратсионали, позитивисти ва релявистии фалсафаи нимаи дуюми ќарни 19 таълимоти волюнтаристи - ирратсионалии Фридрих Нитсше эчод шуд, ки то имрўз таваччўхи мутафаккирон, олимони сохахои мухталифи илм ва эчодкоронро бо чаззобияти хосааш ба худ мекашад. Идеяхои хешро дар шакли истиораю мачоз, панду хикмату андарзхо чомапўш карда, мафхумхои асосии фалсафаи ў «олам», «хаёт», «ашё», «инсон», «ташаккул» ва ѓайра дар барномахои мучтамеъ ва бонизоме тахия шудаанд. Таваччўхи Нитсшеро на дуализми зухуротхо ва «ашёхои дар худ» - и И. Кант, ки он хам идомадихандаи анъанаи ратсионализми асри 17-18 буд, балки фалсафаи тосуќротия чалб мекард, ки он чо андеша ва хасти ба хам комилтар мувофиќат доштанд ва ханўз гирифтору побанди майлонхои тахлили ва низоми мухокимахои абстракти нагашта буданд. «Хаёт» - мафхуми марказии фалсафаи Нитсше буда, махз тавассути тахлили мохияти хаёт, ў хамчун бунёдгузори «фалсафаи хаёт» эътироф шудааст. Хаёт - дар фалсафаи ў оламест, ки ончо субъекти маърифаткунандаро фарогир аст, оламест, ки чун узве арзёби гашта, ахиран ин хаќиќат ва воќеияти ягонаест, ки ба он бояд оѓози рўхонияти инсон тобеъ бошад. Инсонро Нитсше чун узви биологие медонад, ки дар раванди инкишофи хеш шаклхои мухталифи мутобиќшавиро бо олами мухит коркарду тахия месозад. Инсон ин ќабл аз хама чисм, ин то хадде сохтори зинаворест, ки дар ў интеллект ќабати олию зарурии нигахдошти хаёт ва ѓаризаи хаётиро ташкил мекунад. Вобастагии генетикии сутўхи мухталифи психикаи инсонро зикр намуда, Нитсше хузур доштани хама сатххои эволютсияро дар инсони алохида таъкид мекунад. Албатта Нитсше биологиятро дар баробари арзишхои масехият, ки ачсоми инсонро ба хеч баробар сохтаанд, арзёби мекунад. Аммо хузури пешбарандаи ичтимоиятро низ дар осори Нитсше бисёр дидан мумкин аст, ки далели мутлаќ гардонидани чанбаи биологиро аз чониби ў, ба шубха мегузорад: «Ёздах нафаре аз хамаи дувоздах одами бузурги таърих сирф намояндаи ин ё он кори бузурге будаанд».30 - менависад ў ва чунин андешахоро метавон хело зиёд аз осори Нитсше пайдо кард, ки аз афзалият шуморидани мухити ичтимои ва фаъолияти хаётии инсон дар таълимоти ў, дарак медихад. Хар инсон, хох бошуурона ва хох бешуурона ба васеъ шудани таъсири «Ман» ба олами беруни кўшиш мекунад ё ин ки мисли давлат мехохад, ба тасарруфи худуди беруна даст занад. «Бетолеъон низ хокимият мехоханд ва хокимонро мачбур мекунанд, ки ќотилони онхо бошанд»31, - мегўяд Нитсше. Инсоният, хусусан, инсонияти мутамаддун, аз нигохи Нитсше, дар мархилаи таназзул, декаданс- ноумедию рўхафтодаги ќарор дорад. Ба ин мархила инсон хело хам барваќт, бо роххои гуногун ворид шудааст. Ва мархилаи замони муосир ва хусусан дахсолахои баъдиро Нитсше бо эхсоси ѓамоварона посух медихад. «Замоне, ки хаќиќат ба дурўѓи хазорсола ба мубориза бармехезад, дар мо чунбишу чонгудозию заминларзае хохад шуд,ки кўххою водихо чой дигар мекунанд, ки хатто дар хоб надаромада …тамоми шаклхои хокимияти чомеаи кўхна, ки ба дурўѓ бунёд ёфтаанд, ба хаво бармехезанд; чангхое мешаванд, ки ханўз дар замин хеч гохе набуда…».32 Мутаассифона, чунин пешгўии баённамудаи Нитсше тасдиќи таърихии худро пайдо кард ва баъд аз чахордах соли фавти ў чангхое дар саёраи Замин ба амал омаданд, ки мислашро инсоният надида буд. Ханўз соли 1903 файласуфи рус Е.Н.Трубетской менависад, ки «Дар хадду сархади ду садсола фалсафаи Нитсше чун пайѓоми пурѓуссаю ѓамгинонае садо медихад. Шахсиятхои пайѓомоваранда (пайѓамбархо) ќабл аз хама мохияти шахсиятхои дилсўзу чафо кашидаанд: истеъдоди ояндаро пешгўи кардани онхо манбаи азияти онхост». Ва гўё ба тасдиќи хамин бошад, ки Нитсше менависад: « Дер боз инкишофи фарханги аврупоии мо дар миёни шиддат ва шиканчае, ки хар дахсола авч мегирад, ташаккул меёбад…мисле, ки фалокат наздик омада бошад».33 Воќеан, андешахои хело хам ќотеона, нешзанандаю ба изтироб оварандаро дар асархое, ки як-ду сол пеш аз мубталои бемории рўхи гаштанаш, навишта буд, мо дучор меоем. Ин хамон асари «Антихрист» ва «ECCE HOMO» мебошанд, ки баъзе фаслхои ин асархоро хатто чанд рўзе пеш аз гирифтори бемории рўхи шуданаш, тахрир карда буд. Мухаќќиќон бар хамин андешаанд, ки нишонахои парешонии иллати рўхи дар баъзе навиштахои охирини Нитсше наќши худро гузоштаанд. Дар хар холат хам пешгўихою пайѓомоварихои Нитсше оид ба фалокатхои хунинбори ќарни 20 тасдиќи худро ёфтанд. Ин ходисахои драмави баёнгари мохияти таълимоти ирратсионалии Нитсше ба шумор рафта, тасвири чараёну инкишофи хирадхохонаи (ратсионалии) оламро ба шубха гузоштаанд. Хаётро, хамчун зухури ирратсионали муайян сохта, Нитсше ба хотири дарёфти тасдиќи бахогузории хеш ба фочиаи (трагедия) аттиќа мурочиат менамояд ва махз дар ин осори асотирию адаби манбаи нерўманди, хўшхолихои масткунандаи хаётро пайдо месозад. Эчодиёти мутафаккирони фалсафаи классикии Юнонро аз ќабили Суќрот, Афлотун, Арасту, фочианависон ва хусусан файласуфони тосуќротияро тахлил намуда, ба мутафаккирони тосуќротия (мархилаи аввали фалсафаи атиќа, ки онро «токлассики» ё «тосуќротия» меноманд, асрхои 6-5 то милод) таваччўхи хосса зохир мекунад ва ончо «рўхи диониси»-ро,ки он ифодаи хавасхои хисси,саломати, туѓёну нерўи эчоди ва татбиќи шахсият аст, пайдо мекунад. Рўхи «диониси» комилан аз рўхи «апполони», ки сарояндаи он фалсафаи ратсионали, фалсафаи классикии Юнон дар симои Суќрот буд, фарќ мекунад. Ба андешаи А. Ф. Лосев «Дар Суќрот ва диалектика, Нитсше оптимизми (андешаи некхохона) сард ва маѓруру худписандро мебинад, ки аз хаёти зинда дур буда, танхо дар ќарни таназзул ва суќути хикмати ќадим имкон дорад».34 Суќротро ў аввалин инсони замони таназзул, аввалин декадент ва нахустин баёнгари рўхи апполони бахо гузошта, дар аксари асархояш ёдовар мешавад. Аз як тараф, ќобилияти мутаяќин сохтани мусохиб, малакаи ба инсони зарури сохибият ёфтани Суќротро, ки тавонист дар Афина маќоми баланд пайдо кунад, таърифу тавсиф менамояд, аз тарафи дигар фалсафаи ўро баёнгари таназзулу пастравии эллинизм маънидод мекунад. Оѓози таърихи масехиятро ў барваќтар, аз андешахои Суќрот медонад. Дар осори Афлотун назарияи мукаммали «тўхмат ба олам» - ро, ки аз хаёт хама зухуроти ѓайриаќлонаю (ирратсионали) бидуни хирадро сарфи назар мекунад, Нитсше дармеёбад. Фарханги хаќиќиро Нитсше дар Юнони тосуќротия, ки аз нигохи ў он ваќт баробарии ду оѓоз: диониси (титанизм, бозии озодонаи нерўхои хаёти) ва аполлони (мувозиннату муназзамияту тартиб) эътироф мешуд, дидан мехохад. Аполлонизм, дини Аполлон, ин кабл аз хама кайфияти хоббини аст, ки очилан бояд ба кайфияти экстаз (чунунию вачд), ки ончо хеч хаёлу шабахе ва хеч мадхушию сархўшию бехуди нест, муќобил гузошт. Аполлонизм - «тахаюли зебои рўъё, асрори оѓозу мабдаи шоири» буда, он «зарурияти хушхолонаи манзарахои хоб» - халоватест дар фахмиши бевоситаи образхо, мусаввараест,ки дар хама шаклхои он чизи нодаркор ва бетафовуте чой надорад. Дионисизм - дини Дионис муќобилу акси аполлинизм аст. Ба чои хамохангию мутаносиби ва мавзунию мунтазамии мушохидаю мулохизаи аполлони, инчо мо шубхаро пайдо карда, хатто фаноёбфии манзарахои хушхолонаю бомухаббати ин тахаюлоту хоби аполлониро дар андешаи диониси дучор мешавем. Зимни ба шаклхои маърифат шубха пайдо намудани инсон, ўро вохимаи пурдахшате фаро мегирад, ки чунин холат хоси андешаи диониси аст ва сипас дионисизм он муттахиди ва он хадду миёндевореро, ки байни инсону мухити ў ќарор дорад, аз даст медихад. Инсон инчо ба вачд омада, мутаассири халовату рохати бехудонаю фидокорона ва рахои ёфтан аз чахони мавзуну мунтазам ва муќарраршуда мегардад. Дионисизм - ин вачди хушхолона аст, ки ба хувияти инсон ва умќи табиат боло мешавад, холати сайру самоъ, раќсу нишот аст, ки фарорасии бахорро мужда медихад, таронахои вакхиналии юнониёну бобулистонихоро хотирмон сохта, тавассути он инсонро ба инсон ва бо табиат дар заминаи берун шудан аз хадди фардияташ, мепайвандад. Бо афсуну дилрабоии Дионис, аз нав инсонхо муттахид гашта, табиати бегонашудаю азияткашида аз нав ба писари саркашу фосиќи хеш - инсон ошти мегардад. Аполлон ва Дионисе, ки Нитсше дар назар дорад, бешубха мухру наќши чахонфахмии аврупои аст, ки дар зухури «романтизм» ва «класситсизм» баён мешавад. «Романтизм» ин кўшиши беохиру ташаккули идея аст, ки дурихои ноаён рахсипор буда, таскинияту тасаллиро дар ноаёнию ѓафлати пурасрор мечўяд, дар сурате, ки «класситсизм» идеяест, ки атрофии маънои хеш давр зада, дар мехвари хеш ќарор дошта молики абадияти саодатманду халоватбахшандаест. Бешубха дар тамоми консепсияи Нитсше ворид шудани хамин «романтизм» - ро дидан мумкин аст. Маълум аст, ки фалсафаи классики ба сифати нерўи созандаю эчодкунандаи инсон хирад, хулќият, мубодила, мехнат, инчунин фаъолияти маќсаднок ва арзишхои фархангию таърихиро эътироф намуд. Идеали гуманизмро, ки инкишофи озодии хар як нафарро шарти озодии хамагон медонист, боло бардошт. Мохияти ахлоќро дар озодии шахси дида, ќарзи инсониро хадафи этика ва маќому таъиноти хаётии санъату фархангро дар таќвияти арзишхои инсони мутараќќи, медид. Охири асри 19 таѓйиротхои куллии хаёти чамъияти, прогрессии илмию техники, раванди зиддиятноки муносибатхои чамъияти, хатари ба сари чомеаи инсони омадани рўйдодхои фалокатовар ва яккаю танхо мондани фарди алохида, ин арзишхои анъанавиро халалдор сохт. Инкишофи илмхои чамъияти аз ба вучуд омадани тамаддуне дарак доданд, ки ончо арзишхои дигари ахлоќию ичтимои амал мекунанд. Пешрафти илми психология назарияеро ба миён гузошт, ки мувофиќи он рафтори инсон ба сабабхое алоќаманд аст, ки ончо холатхои ѓайриихтиёри ва бешуури бештар сурат мегиранд. Хадди зухуротхои бешуурият нисбати худуди шуур ва сархади хирад, аќл хело васеътар буда, шуур ва хирад наметавонанд, бахогузори ягонаю дурусти воќеият бошанд. Ва дар заминаи ин зухуротхо бояд меъёрхои сифатии муносибати инсон ба олам таѓйир ёбад. Таѓйирёбии ин тахаввулоти фикру андешаро аввалин шуда, бунёдгузори «фалсафаи хаёт» Фридрих Нитсше дарк намуд. «Магар мо дар оѓози даврае нестем, ки онро метавон ќабл аз хама бо истилохи манфии беруназахлоќи ном гирифт».35 Ирратсионализм робитаи мантиќию хузури хирадро дар табиат низ инкор намуда, муроќибаи олами атрофро хамчун системаи кулл ва ќонунии идеяи инкишофу диалектикаи Гегел танќид мекунад. Идеяи асосии ирратсионализм дар он зухур меёбад, ки олами атроф, хамчун мавчуди кулл эътироф нагашта, аз ќонуниятхои дохили, ќонуни инкишоф махрум буда, тахти назорати хирад нест ва вориди як чараёни бенизому парокандаю печида (хаос) аст ва ба нерўхои харакатдихандае аз ќабили беихтиёри (аффект), ирода итоат мекунад. Аз нигохи принсипи нав,- мегўяд Нитсше,-мебояд ба чои назарияи маърифат «таълимоти перспективи оид ба аффект» - ро гузошт. Махз бо таъсири хавасу талаботхо инсон оламро аз нав шарх медихад, зеро ки хама гуна раѓбату хавас ин «намуди маълуми хокимиятхохи» буда, ба хотири ояндаи хешро бо меъёрхои ин хавасу раѓбатхо алоќаманд сохтан, нигаронида шудааст. Беадолати, монеият, истисмор наметавонад дар баробари шаклхои дигари хаёти ичтимои имтиёз дошта бошад. Фарханги аврупои дар инкишофи баъдии хеш бо рохи пахш намудани оѓози диониси аз чониби «хирад» ё ин ки «хаќиќат» сурат гирифт. Хаёти муќаррари, ќотеона ботартиб тасвир шуда, ончо барои ќахрамонию худсози чой намонда, маъмулияту муќаррарият тантана пайдо намуд. Фалсафаи спиритуали (фалсафаи идеализми объективи, ки рўхро ба хайси бунёди воќеият, хамчун чавхари бе чисми бидуни материя ва новобаста ба он медонад), дини масехият ва ахлоќи зохидона (аскети), инсонро аз бунёди мавчудияти хеш - яъне аз «хаёт» дур сохта, мачбур месозад ў «сарро ба анбўхи корхои осмони халонад» («Зарыват голову в песок небесных дел»). «Инак, хеч кас то хол ханўз ќадршиносии шўхратёфтаеро аз чамъи давохо, ки ахлоќ ном дорад, санчидаю тасдиќ накардааст: барои ин бояд, аввалан ин арзишро ба шўбха гузошт. Хайр чи хам мебуд! Ин албатта кори мо хохад буд»,36- менависад Нитсше. Дар асари «Дар фаросўи неку бад» («По ту сторону добра и зла») Нитсше оид ба ахлоќ харф зада, таъкид мекунад, ки дар тамоми таърихи мутамаддуни инсоният, на худи ахлоќро, балки нияти некеро, ки ба сўи ахлоќ барад, тавсиф намудаанд. Дар асари «Ирода ба хокимият» бошад, аз нав ба масъалаи таъиноти ахлоќ баргашта инчо андешаи хело хам нешзанандаеро баён мекунад, ки наметавон ба он рози шуд. «Ахлоќ - ин махсули бадахлоќию фосиќист, зеро ки : 1.Ба хотири он ки арзишхои ахлоќи тавонанду хукмфармо бошанд, онхо бояд ќатъиян ва фавќулодда ба нерў ва аффектхои хусусияти бадахлоќи дошта, такя кунанд. 2. Пайдо шудани арзишхои ахлоќи кори мулохизаю аффектхои бадахлоќист».37 Умуман, наметавон хар матни навиштаи ўро фориѓболонаю бепарвоёна хонд. Хонандаро андешаи мухталифе аз ќабили напазируфтани фикри Нитсше ё баръакс бо шавќу ба вачд омадан, зимни тахаюлу парастиши баёнияи ў, фаро мегирад. Баъзан ѓазаб низ ваќти тахлили осори Нитсше чойгири андешаи солим мегардад. Дар хама холат ва ба хар маъное набошад, Нитсше касро «мубтало» месозад, зеро ки ў бехавсалагию бепарвои ва тамаллуќкорию чоплусиро тоб надорад ва хама чизро бахшиш нахохад кард. Дар асари «Шомгохи бутхо…» оид ба баробарии ичтимои харф зада, онро падидаи харобкоронае тавсиф медихад: «Таълимот дар бораи баробари!? Аммо захри захрогунтаре аз ин нест, ки бо он адолатро тарѓиб мекунанд, дар сурате, ки он хотимаи адолат аст…».38 Сарахбори асосии эчодиёти Нитсше, назари нав ба анъанахои пешин ва кўшиши бахогузори ба арзишхои ба ќавли ў, фарсудашудаи миёни садсолахост. Тарошидану сабти арзишхои нав ва кандану буридану мўхрзадан дар лавхаи чадид кори сахл нест. Арзишхое, ки ба «пўсти» тафаккуру тахаюли инсон давоми муддатхои тўлони, чун «тан» рўстаанд, хело хам ќоиму устуворанд. Ин арзишхо фармонравою омиронаю хукми ичбори доранд ва итоату тасмимоти бечунучарою бидуни шартеро таќозо доранд. «Туро мебояд!», ё ин ки «Ту муваззаф хасти!» ва ё « Ќарзи туст!» иборахое хастанд, ки хамчун амри ичрошаванда ба ту нигаронида шудаанд. Вале ту аз ки ќарздору барои чи муаззафи? Хамин амру фармону супоришхоро мутафаккири олмони мехохад сару кор гирад ва системаи нави арзишхоро пешбини кунад. Карл Лёвит менависад, ки аз нигохи Нитсше « Ахлоќ муќобили хаёт аст. Он аз тарс дар муќобили нерўманди пайдо шудааст ва бар зидди ирода ба хокимият равона гардидааст».39 Албатта, арзишхои ахлоќие, ки Нитсше дар назар дорад ба арзишхои анъанавии чомеаи аврупои номувофиќ ва дар тасаввури анъанави оид ба ахлоќ ѓунчоишнопазиранд. Мисли он ки нигилизми нерўманд ва нигилизми заифу суст вучуд дорад, арзишхо хам аз якдигар фарќ доранд. Арзишхое хастанд, ки ба «иродаи ќудрату хокимият» созгор буда, баръакс арзишхое мавчуданд, ки ба татбиќу амали шудани хамин «ирода» монеият доранд. Табиист, ки арзишхои ба хаёт татбиќшавандае, ки дар мохияташон нерўи ѓолибияту пазируфтанро доранд, зарурати бахогузории нав надоранд. Азнавбахогузори хамон арзишхое доранд, ки тамоилу харакат ба сўи заволу таназзуланд ва холати декаданс (холати ноумедию рўхафтодаги, дунёбезори) онхоро ба вучуд овардааст. Ин арзишхо иродаи хаёти, ирода ба хокимиятро шиканчаю зулм карда, на ѓаризаи ќобил ба хаётро, ки хоси фавќулодам аст, балки ѓаризаи ќасосхохонаю интиќомгиронаи издихомро тахким мебахшад, ки махз тавассути бартарияти теъдодашон аз болои арзишхое, ки воќеан бояд муќаррар бошанд, хоким гаштаанд. «Чизи хубе дар издихом (толпа) нест, хатто ваќте, ки аз дунболи ту медаванд»40- дар истиорахои асари ў «Хикмати талх», чунин суханони нешдорро мехонем. Хамин тавр, арзишхое хастанд, ки аз нигохи Нитсше бояд аз нав тархрези ё тачдиди назар гарданд. Ин хамон арзишхоест, ки издихоми авомунноси фаттоху нусратёфта зўран овардаанд. Ин арзишхо мохияти «ќоидаи бози», сотсиум, тўдахо, «охирин одамон», ахлоќи онхое, ки идораи мўътадили «пода» - ро таъмин сохта, хама фардхоро, ки аз суфуфи онхо берун мешаванд, пахш менамояд. «Дар масехият, - зикр мекунад Нитсше, - дар наќшаи аввал ѓаризаи мазлумону ѓуломон меистад. Ончо начоти табаќахои поёниро мечўянд» (Ницше Ф. Воля к власти. М., 1994, с. 139) Масехият-ин адёни хидматгузорон, ѓуломон ва ахлоќи ў бошад - ќасду интиќом ба зухури нерўмандию солимии авлоди саодатманди инсон аст. Психологияи насоро - ин психологияи ѓулом, чамъан психологияи кохинон аст. Мафхумхое, ки кохинони яхуди бофтаю баровардаанд,-ин гунох, чазо, азият, сазою ќасос на ба созандаги,балки ба тахкими туфайлихўрию муфтхўри мебарад. «Наздиктарини худро дўст бидор»- ин ќабл аз хама чунин маъно дорад: «наздиктарини худро ором гузор». Ва ин айнан чузъи чунин неккирдориест, ки ба мушкилихои бештар алоќаманд аст».41 Андешахои то андозае нешзанандаю барќосоро, ки Нитсше оид ба ахлоќу анъанаи издихом баён мекунад, мутафаккирони ўро тахлил кардаро ба норохати тела медихад. Ин чихати таълимоти ўро ханўз аввали асри 20 файласуфи рус Е.Н.Трубетской дар маќолааш «Фридрих Нитсше. Очерки танќиди», ки дар журнали «Вопросы философии и психологии» соли 1903 ба табъ расида буд, мавриди танќид ќарор медихад ва аз тарафи дигар шиддати баёнияхои тундравои Нитсшеро то хадде, чомаи мусолихат мепўшонад. Хадафи ташаккули инсоният, чун дигар намуди хайвон ё рўстани на дар оммахо ифода меёбад, шарх медихад Е.Н. Трубетской андешахои Нитсшеро, - балки дар он нусхахои нодиру ягонаанд, ки нисбат ба сатхи умуми болотар баромада, пешраву рахнамои гузаштан ба типи олии хаёти инсонианд… Оммахо хамчун нусхаи одамони бузург, мисли он ки дар коѓази матбаа, наќши хираи лавхаи дастгохи харфзани базўр намудор аст, тасвир шуда, муќобилиятро ба одамони бузург анчом медиханд ва дар хадди охир яроќу воситаи одамони бузург мегарданд.42 Матнхои навиштаи Нитсше халандаю нешдору талх ва ѓавѓоангезу нохинчору захмзанандаанд ва хонандаи захмгирифта танхо «тасвири хунини» зиндагии ин бузургвори «сарнагунсозандаи бутпарастон»-ро такрор мекунаду халос. Бале, матнхои Нитсше захми месозанд. Ба ќавли мухаќќиќи шинохтаи осори Ф. Нитсше Б.Г. Соколов, ин танхо хуни худи Нитсше аст. Зеро, ки ў бо хуни хеш ва хаёти хунборонаи худ навиштааст. Тамоми зиндагии ў чараёни пурѓалаён, ошуфтагию азияту дарди бошиддате буд, ки комилан нерўи хаётии ўро вожгун сохт ва ўро ба партовгохи «чунунияту девонаги» тела дод. Мавчуди чисмонии ўро машаќќату азоби чонгудозу чонкохе фарогир буд ва худи ў дусад рўзи як солро мешуморад,ки он рўзхо ўро бехузурии меъда, заиф шудани чашм ва дарди тоќатнопазири сар то хадде азоб медоданд,ки омадани маргро рахои аз азияту шиканчаи дард мебинад. «Мо файласуфон, ихтиёр надорем байни рўху чон хад бигузорем, чуноне ки инро мардум анчом медиханд… мо бояд андешахои худро аз дардхоямон тавлид сохта, модарона ба онхо хар чизе ки дар мо хаст: хун, ќалб, оташ, хушхоли, хавас, азият, вичдон, сарнавишту таќдири сиёхро бидихем».43 Хамон рўзхою хафтахои камшумори солими Нитсше фидокоронаю хунсардона, хамчун эчодкори воќеию самими, андешахои худро ба ќоѓаз меандохт. Асари «ECCE HOMO. Чи тавр дар хештан ќарор гирифт» - ро 15 октябри соли 1888 оѓоз кард (рўзи таваллудаш) ва 4 ноябр дастхатро ба анчом расонд. Тасаввур кунед, то сактаи майнаи ў (зарбаи апоплекси), ки 3 январи соли 1889 рух дод, танхо ду мохе мондаасту халос. Навиштахою матнхои ў ба мо дарду азияти ўро, муборизаи ўро ба хотири хаёт, муборизаи ў ба хотири салтанат ёфтан ба хешро гувох аст. «Мухаббат ба хаёт - ин таќрибан мутаззоди мухаббат ба дарозумрист. Хама гуна мухаббат, оид ба лахзаи човидону абадият андеша дорад - на хеч гохе дар бораи «бардавомият».44 Набояд фориѓболона ва бе шавќу раѓбат оид ба Нитсше навишт. Наметавон ўро яктарафаю бе завќ, илмию кабинети хонд. Нитсше файласуфест, ки услуби адабиётнигори дорад, на академики. Дар консепсияи фалсафии ў амалан ба онтология ва гносеология чои камтаре чудо шудааст. Этика ва танќиди динро афзал донист. (Инчо бояд таъкид сохт, ки ў догмахои дини насрониро оиди табиати пургунохи инсон ва ба худо табдил додани Исои масехро танќид мекунад. Ба анъанахои исломи ва ахлоќи мухаммаддия, ки бевосита аз рўзгори инсони солех бармеоянд, таваччўхи эхтиромона дошт, ки мо баъдан бо иќтибосхо аз худи Нитсше ин андешаро тасдиќ менамоем). Махз хамин фаслхои фалсафааш ўро машхур сохт ва наќши ўро дар таърихи фалсафа муайян намуд. Омўзиши Нитсше ва навиштан дар бораи ў эхсоси бархурди тарафайн ва сўзиши аксро талаб мекунад. Нитсше ба хамэчодию хамандешеги даъват намуда, хонандаро ба худ мекашад, мачбур месозад, ки на танхо «чашмандози» кунед, балки онро амиќан назар кунед. Хонанда эхсос мекунад, ки Нитсше хар андешаю идеяи ба ќалам додаашро бо азияту шиканчаи тоќатфарсое тавлид месозад. Ва бехуда нест, ки раванди тавлиди андешахоро ў холати хомилагии эчодкор медонад. «Чи чизе манро такягоху мададгор аст? Танхо хамеша хамл. Ва хар ваќт, бо пайдоиши (зухури) таълифоте ба олам, хаёти ман дар ќили мўе овезон меистад».45 Маърифат сохтан ё пазируфтани андешаи муаллифе чун Нитсше хонандаро ба сўи хамфикрию эчодкорию шарики ба хамин эчодиёт рахнамун месозад. Мухаќќиќин ба он аќидаанд, ки мухим нест Нитсше чи гуфтааст, балки он аст, ки ў инро чи тавр гуфтааст. Инчо чанд истиораи ўро аз асари «Хикмати талх» меорем, ки ќобили таваччўх аст: «166. Ба хар кас хостаашро додан, чунин маъни дорад: адолатхохи ва ноил шудан ба бесарусомони; 250. Камбўдихои мо бехтарин устодони моанд: аммо ба устоди бехтарин хамеша носипос хохи монд; 254. Барои каси танхо хатто ѓавѓою маѓал хам таскинию тасаллият меорад; 304. Фарханг - ин танхо пўсти тунуки себеро мемонад, ки бесарусомонии тафсону доѓгардидаро печонидааст». Ба ин ва даххо андешахои Нитсше метавони мувофиќ набоши ва хато ўро ќабул накуни. Вале инкори Нитсше харгиз наметавонад мухимтарин чузъиёти хаёти ўро - яъне холиси, оштинопазири, воќеъбини, хохиши то хадди охир рафтанро, мавриди беэътирофию напазируфтан созад. Чодае,ки ў рахсипор буд, рох ба сўи хадди интихо буд ва тасодуфи нест, ки то хадди нихоии имкониятхои нерўи инсони мехнат карда ба хадди хавфноки нихои меравад ва ўро дах соли чунуни дар охири хаёташ интизор аст. Яке аз симохои шинохтаи фарханги Россия П.Струве оид ба хамин масъала менависад: «Нитсше хиради часур ва бошучоат аст ва ман фикр мекунам, ки ба ў даст задан ва аз ошнои ёфтан ба бехтарин рангинкамони андешахои ў набояд хавф бурд. Ў танхо одамони хело хам заифро, ки тиннату аслияташон аллакай ба декадент ва бандагию ѓуломи махкум шудаанд, гумрох месозаду халос».46 Фридрих Нитсше файласуфе дар шеър ва шоире дар фалсафа, шоири хакими шайдою мачнунгашта, ки дар осораш нидохои шатхгўёнаю ошуфтанаворо тараннум мекунад, набояд мавриди истехзо ё хўрдагирие ќарор гирад. Хатто мунаќќиди ў Е.Н.Трубетской, дар маќолаи болотар зикршуда захмати воќеии ўро ќадр карда, таъкид мекунад: Нитсше дар фалсафа ќабл аз хама хаќ баровардани фард ё ширкати фаъолиятноки ўро дар раванди таърихи мечўст. Ва гўё ба тасдиќи ин Мирзо Бедил «узри харзадароён бипазир, бар ѓафлаткаломон хўрда магир»-ро гуфта бошад. Нитсше тавассути истеъдоди беназири хеш ќабатхои ирратсионалии ѓанабрафтаи фарханги аврупоиро ба изтиробу хаячон овард.Ў хамон мутафаккирест, ки дар эчодиёт ва таќдири шахсии ў ходисоти драмавии «давраи гузариш»- охири ќарни 19 ва арафаи ќарни 20 наќш гузоштааст. Аз тарафи дигар Нитсше идомадихандаи мустаќилназари фалсафаи классики Ѓарб аст, ки эчодкорона ва комилан сохибкасбона манобеъ ва оѓози фарханги Ѓарбро (чи замони аттиќа ва чи асрхои баъди) амиќтар мулохиза карда, мархилахои мухими ташаккули масехият, Замони Эхё ва Замони Навро ба назари хоси хеш арзёби кардааст. Бархўрди ин тамоилхои мухталифбунёд баёнгари офаридахои гуногунсамт ва мутазодди эчодиёти худи Нитсше ва аз тарафи дигар боиси таъсири ихтилофангези он аст. Андешахои Нитсше тахаввули хешро аз мархилаи эстетизатсияи романтикии «азнавбахогузории тамоми арзишхо» ва интиќоди «нигилизми аврупои» ба сўи консепсияи хамаро фарогирандаи волюнтаризм ва перспективизм тай намудааст. Карл Лёвит менависад: «Нитсше танхо як рохи муборизаро мебинад, яъне ќабули он. Танхо нигилизмро танќид намуда, хама зинахои онро пушти сар намуда, аз он боло шуда ва танхо ин рохро тай намуда, метавон ба бартараф намудани он ноил гашт».47 Ў шохиди бевоситаи пайдо шудани ин падида - «нигилизми аврупои», ки нимаи дуюми ќарни 19 авч гирифт, мебошад. Нитсше онро «мантиќи то охир фикр намудаи арзишхо ва идеалхои мо» меномад. Мавзўи мухимтарини он арзёбии чунин мафхумхое аз ќабили маќсад, ягонаги ва хаќиќат аст, ки хамчун хосияти асосии «хасти» баромад мекунанд. Ѓайр аз ин Нитсше оид ба нигилизме харф мезанад, ки ногузири, хамаро фарогири ва мутлаќ будани он чун тарафи баръакси он муборизаи хамешагии инсони аврупои ба хотири озоди- аз маќому таъсири рўхониён ва сохторхои ичтимои, зухур мекунад. Аз ин мавќеъ Нитсше нигилизмро ихтиёрона, хамчун таќдири шахсии хеш ќабул намуда, кўшиш дорад онро хамчун «фалсафаи минбаъда» бартараф созад. Ќобили зикр аст, ки бахогузории нигилистию риндии Нитсше оид ба баъзе сахифахои таърихи фарханги аврупои ва ришханд задан ба соире аз мутафаккирони гузашта хонандаро ба холати раъшаю ларзишонае гирифтор месозад. Андешахои нигилистии ў иборахое дорад, ки ончо ахлоќ ва гуманизми классики мавриди тамасхўр ќарор мегирад. А.В. Персев асаре дорад бо номи «Андешахои махзунонаи файласуф» ва ончо андешахои нигилистии Нитсшеро, ки ахлоќ ва гуманизми классикиро мавриди тамасхур ќарор медихад, тахлил мекунад. Яке аз бобхои ин китобро паёми мохвораи Донишгохи Москва ба номи М. В.Ломоносов нашр кардааст, ки андешахои нигилистии Нитсшеро иќтибос меорад: «Назарияи ахлоќи - сафсатаи Канти пиронсол…», «Ох, Волтер! Ох инсонпарвари…ох заифаќли!» ё ин ки «Ин рондашудахои чамъият, ин таъќибшудагони хамешаги, бадќахрони захрзананда… ин Спиноза ва Чордано Бруно дар хадди охир ќасосгирандаю захрзананда мешаванд».48 Хатто Афлотуну Суќрот, Августину Гегелро, ки чараёни ба хирад бунёдёфтаи ташаккули оламро таъкид мекунанд, мавриди интиќод ќарор медихад. Ба хирад мувофиќ будани рўйдоду хаводиси оламро, ки асосгузорони адёни маъмулии олам ва хакимони бостонию баъди таъкид мекарданд, Нитсше танхо чун дурўѓ ва хукми ботил арзёби мекунад. Ва табиист, ки хар муќаррароту лоихасозие, ки хаёли бофтаю тахмини беасосу дурўѓ аст, аз нигохи Нитсше наметавонад ба ахлоќ созгор бошад. «На Ману (Мони- бунёдгузори монавия), на Афлотун, на Конфутсий, на муаллимони яхудияву масехи хеч гохе дар хуќуќу хаќонияти хештан ба дурўѓ шак надоштанд. Онхо ба хуќуќхои тамоман дигар низ шубха надоштанд… Инро (хамин андешаро. Ф.А.) ба тасвиб расонида, мумкин аст чунин гуфт: тамоми воситахое, ки то хол мебоист инсонро хушахлоќ созад, комилан берун аз ахлоќ буданд».49 Таваччўх кунед, ки Нитсше афкори конфутсиони, яхудияю масехият ва аќоиди Афлотун-бузургтарин файласуфи аттиќаро хамчун таълимоти дур аз воќеияту хаќиќат бахогузори мекунад, вале ба муќаррароту низоми таълимоти исломи дар хеч кучое хўрдагириеро раво намебинад. Ба тахаввули чомеаи инсони ва маданияти чахони назар андохта Нитсше интеллект ва тахаюлро хамчун хосияти асосии «намуди чисман заифи биологи» (яъне инсон) тавсиф мекунад, ки инсон онро инкишоф дода, вазифхои амалиеро, ки бунёди онро ќобилият ёфтан ба хаёт ташкил мекунад, ўхдабарои кунад. Рў овардан ба хирад ва хаќиќатро танхо мачбурсозии чисмони ва таъсиррасонии як шакли ирода ба иродаи дигар медонад. Далеловарии ратсионали, умуман хама гуна мулохизакори, мувофиќи андешаи ў хамон ваќт ахамият доранд, ки ба хотири зухури иродае сафарбар шуда, барои васеъ шудани нерўи хеш нигаронида шудааст. Хама мубохисаю мунозирахои фалсафи на ба хотири хаќиќат, балки барои тобеъ сохтани иродаи ѓайрие ба иродаи хеш кўшиш ба харч медихад. Ин ба мулохизахо оид ба арзишхо, хукмхо доир ба олами объективи дахл дорад. Хамаи ин мохияти «тавзехдихиест», ки дар паси он кўшиши нигох доштани шакли муайяни хаёт ќарор дорад. Нитсше танќиди метафизикаро ба танќиди забон алоќаманд месозад. Тахияи «воситахои фарханг», аз ќабили забон ва мантиќ ба тахрифу ѓалатсозии принсипхои воќеият мебарад, ки ба мушобехияту айнияти хаводисот асос ёфтааст. Харчанд, тафаккур аз забон чудонопазир хам, ки бошад, вале забон ноилоч воќеиятро тахрифу ѓалат месозад. Воќеиятро хамчун чараёни бенизоми ташаккул барраси намуда, Нитсше беќиёсии схемахои категориалии эчодшудаи образи забонии оламро бо вазъи воќеии мавчуда ифшо сохта, ноќобилии забонро, инчунин тафаккурро зикр мекунад, ки берун аз забону тафаккур донише дода наметавонанд. Итминони Нитсше ба табиати сохтакоронаю ќалбакии забон ва тафаккури бохирадона, дар бунёди назарияи ў оид ба афзалияти амал ва ирода бар хамаи сифату хосиятхои дигар ќарор дорад.Бо ёрии сухан-истиорахо одамон аз аввал бенизомиеро, ки дар тасаввуроти тачрибаи хому нимкола наќш гузоштаанд, ба муназзамият медароранд. Истиорахои тасодуфии тадричан «шахшуда»-ю ќолаби гашта, манбаи пайдоиши он фаромўш мегардад ва дар рафти истифодаи бенихоят зиёд ба «мафхумхо» табдил меёбанд. Ин мафхумхо берун аз фард шуда, хамчун мафхумхои кулл (универсалияхо) пазируфта мешаванд ва гўё кафили мавчудияти чомеа гашта, имконияти «муохидаю мусолиха» - ро ба аъзоёни чомеа фарохам меоранд. Тафаккури инсон тамоили мачози дошта, рамзиёт инсонро ба воќеият алоќаманд месозад. Дар заминаи хамин андеша Нитсше ноќобил будани мафхумхои илмиро дар алоќаманди ба воќеият барраси мекунад. Мувофиќи андешаи ў сабаб, муназзамият, нисбият, шумора, ќонун, озоди, асосу бунёд, маќсад ва дигар категорияхо мохияти харзагўи буда, ба олам пайванд сохтани он танхо асотире асту халос. Ташаккули ирратсионалии олам, ки чараёни бехадафу бесабабу бемаќсад аст, ногузир дар таълимоти Нитсше ин мафхумхои фалсафаи классикиро сарфи назар мекунад. Дар назарияи маърифат Нитсше идеяи «перспективизм» - ро инкишоф медихад, ки ба хамин маъно шарх меёбад: бо таъсири хавасу талаботхо инсон оламро бо тарзи муайян шарх медихад, зеро ки хамагуна хавас «намуди маълуми хокимиятхохи» аст, ки дурнамои (перспективаи) худро ба болои дигар хавасу завќхо бор кардани мешавад. Инчунин, субектхои гуногун ба як чиз бахогузории зиёде медиханд, ки хеч кадоми онхо нохаќии хешро ќабул надоранд ва хаќќонияти танхо худро эътироф мекунанд. « Хар як маркази нерўю ќувва, тамоми олами боќимондаро аз мавќеи хеш тархрези кардаю лоиха месозад.» Нигилизми Нитсше мавќеъ ва идеяи умумии Шопенгауэр - «бемаънои»-и оламро пуштибони кардаю идома дода, муќобили ѓурубу хомўш сохтани «ирода ба хаёт» исён бардошта, нигилизмро хамчун «аз нав бахогузории хамаи арзишхо» тахким бахшида, онро яке аз роххои рафъи ахлоќи «ноќобил ба хаёти» масехият ва хамчун мархилаи рахои аз тахаюлоту образхои маъмулии гуманизм дар чараёни харакат ба сўи «фавќулодам», ки «дар он тарафи некию бади»меистад, арзёби мекунад. Хамин тавр дар фалсафаи Нитсше идеяи «Фавќулодам» намоён мегардад, ки махз хамин идея, баъдтар ва хатто имрўзхо хам мавриди мубохисахои мухталифохангу ихтилофмазмун аст. Ў дар асари «Чунин гуфта буд Зардушт»-и худ менависад: «Инсон-ресмонест, ки байни хайвон ва Фавќулодам кашида шудааст, ресмонест, ки болои вартаи бетаге ќарор дорад».50Ин рохест, ки хавфнок, рохест, ки ба аќиб назар натавонист кардан, хатто тарсидану истодан хавфнок аст. Инсон танхо пулест ва наметавон гуфт, ки ў маќсад аст. Инсонро ба хотири он бояд дўст дошт, ки ў хам гузаштан асту хамзамон халокат. Нитсше ба аксари ќахрамонхои асотирию дини, таърихи ва симохои фарханги умумичахони шинос буд, вале ў махз ба хотири тавзехи идеяи «фавќулодам»-и хеш Зардуштро интихоб мекунад. Дар миёни хазорон ќахрамонхои гузаштаи инсоният интихоби Зардушт ва зардуштия – ин оини форсиёни ќадим бесабаб набуд. Усули имон доштан ва таълимоти Зардушт дар робита ба маќоми инсон дар кайхон комилан чавобгўи андешахои Нитсше буд. Худи Нитсше зикр мекунад, ки ибораи Зардушт «малакаи камондори ва рост гуфтан»-хамчун ифодаи мардию мардонаги таваччўхи ўро чалб кардааст. Зардушт шучоатро дар чанг, хаќгўиро новобаста ба талху вохиманок буданаш, тарѓиб мекунад. Дар мактубаш ба Э. Роде менависад, ки дар навиштани китобаш оид ба Зардушт ў хамчун мутахасиси филологияи классики аз тамоми нозукихои забони олмони истифода бурда, хатто ин забонро такмил сохтааст. «Ба назарам чунин менамояд, ки бо ин Зардушт ман забони олмониро комилтар сохтам. Услуби ман-раќс аст; бозии таносуби мухталиф, дар айни хол тамасхуру рафъи хамин хамохангию мутаносибист».51 Албатта Зардушти воќеи аз Зардушти Нитсше, ки хакими форсро мунодии хаќиќатнигории хеш пазируфтааст, фарќ дорад. Зардушти Нитсше ин муждадихандаю пайѓомовари идеяхо ва хамсафарест, ки ба самти сайре мебарад, ки истгохи нихоияш – фавќулодам аст. Бояд гуфт, ки Зардушт на фавќулодам, балки хидояткунандае ба сўи фавќулодам аст. Гумон меравад, ки Зардушт ѓолибан ба фавќулодам боло хохад шуд, вале ин берун аз сархади китоб аст, хамон замон аст, ки хаким охирин дилбастагию ихлосу мухаббаташро, охирин «одамият, бехад одамият»-ро бартараф сохта, ба сўи фавќулодам гом менихад. Дар тасаввури Нитсше ин чодаи бисёр мутазод аст ва метавонад ботилу тахаюли намояд. На хамаи бузургон ба сўи фавќулодам бочуръатона ќадам зада, ќуллаи нихоии онро фатх мекунанд. Одамони тасодуфи низ мехоханд, дар сафи бузургон бошанд. Баъзан ин бузурманишон худро ќалбаки ба хисоби фавќулодам дохил месозанд. Дар робита ба омўзиши равонияту хуввияти ин одамон, Нитсше бархаќ хешро равоншинос арз медорад ва майлони андешахои ў аксаран бозгўи воќеии итминони ўст. Ў зикр мекунад, ки дар рохи дарёфти бузурги бештаре аз одамон сифатхои бузургии худро аз даст дода, побанди хаёлоти ботил мегарданд. Ба тавсифхои маддохона чунон одат мекунанд, ки хатто хамеша интизории хамин мадхияхоро мекашанд. Хело хам мушкил аст, барои онхое, ки чунин одамонро сарфахм рафтани мешаванд. «… аз дасти маддохони сармаст хўрдани «эътиќод ба хештан»; чи азиятест барои онхое, ки танхо як маротиба мехоханд ин эчодкорони бузург ва умуман одамони бузургро пай баранд».52 Ё ин ки дар рохи иртиќои бузургии хеш дигаронро зери пой гузошта, ба таќдиру ќисмати онхо бепарвою бетарафанд. «Инсоне, ки ба бузурги талош дорад, ба хар нафари дар рохи ў дучоромада чун воситае, ё чун таваќќуф ё монеият - ё ин ки чун бистари муваќатие барои рохат назар меандозад.»-таъкид мекунад Нитсше. Бехтарин тахлили равонияти бузургманишону мансабталошонро Нитсше анчом дода, харакат ба сўи фавќулодамро, ин харакат ба сўи худмуќаррарсози, харакат ба сўи танхои медонад, ки ончо дўстону пайравон нест. Дар «Чунин гуфта буд Зардушт» мо ибораи зайлро аз Зардушт мешунавем: «Агар хохед, ки маро дарёбед, бояд манро аз даст дихед». «Сароѓози ман аз анчом хезад» - гуфтани Зардушт низ ба хамин маъност. Сарояндаи фавќулодам на дар бораи зўровари, балки дар бораи худмуќаррарсози харф мезад. Рох ба сўи фавќулодам – ин на рохи худсози бо истифода аз заифону бечорагон, балки рохи мубориза ба харифи ягонаю сазовор - бо хештан аст. Одамони пастфитрат мехоханд бузургии хешро дар тасарруфи иродаи дигарон чўянд. Онхо ќасосгиру интизори лахзаи муносибанд. Рўзхои муќаррари аз дигарон фарќ намекунанд, вале хамон ваќте, ки устувории «иродаи» муќарраргаштаи мухиту замонашон «ба хокимият» заиф гашт, ё итминон ёбанд,ки чинояту амали нопокашонро касе намефахмад, тинати бадкирдории хешро барќвор нишон медиханд. Вале хушбахтона хар ќадаре, ки онхо берахманд, хамон ќадар онхо тарсўю вахмгирифтаю дар харосанд. «Бисёранд одамони берахме, ки барои берахми тарсўю буздиланд».53 Нитсше рох ба сўи фавќулодамро бо тарзи тамсилу аллегори ба ќалам медихад. Рўх дар аввал шутур мегардад ва шутур бидуни шубха хама вазнинихоро бар дўш дорад. Хар ќадаре бор вазнин бошад, хамоно бехтар аст. Чунки нерўи шутур махз ба хотири бурдани вазнинихост. Агар дар назарияи маърифати Френсис Бэкон таассуб хамчун монеаи маърифат дар шакли шабахи бозор тасвир шавад, дар андешаи Нитсше таассубу вахм, ана хамин вазнинии бору боѓоч аст. Табиист, ки бори шутур-бори худи ў нест. Балки борест, ки ба ў мегузоранд. Тасаввур кунед, ки бар души инсон чи азиятхою машаќќатхое гузошта мешаванд, ки махсули гузаштаю имрўза буда, аслан фарохам омадани он ба инсони мушаххас хеч алоќамандие надорад. Танхо азияту шиканчаи сарбориест, ки мавчуди инсонро пахш мекунад ва мохияти ўро фано месозад. Зинаи дигар тавлиди шер аз рўх аст ва хадафи он кўшишест ба хотири дарёфту запти озоди. Дар ин чодаи дарёфти озоди мубориза ба муќобили аждахои бузурге идома меёбад. Дар хар пулакчанаќши пўсти аждахо навишта шудааст: «Ту муаззаф хасти!» Аждахо ин рўхи вазнини хамон борест, ки ба шутур мегузоранд. Вале шер танхо сарбоз аст ва сарбоз хамон ваќт мохияте дорад, ки муќобилият ва душмане ончо бошад. Ба пирўзии шер душман нобуд мешавад ва агар шер хамчун шер боќи монад, чизи созандаю тавсиъадихандае нахохад эчод кард. Ў танхо метавонад харобу вайрон созад. Дар сатху зинаи охирин, рўх ба тифли кўчак табдил меёбад. Хадафи фавќулодам - ин на мубориза ба «муќобиле», балки тавлиди нав аст. Рамзи тифл на танхо фаромўш кардани вазнинихо, азияту шиканчахо, балки тавлиди наву чадид аст. Яъне тавлиди арзишхои нав - дар лавхаю манзараи нав. Тифл - ин «Бале» - и муќаддас аст, бидуни инкору иштибох. Нерўи нави тасдиќу муќаррар ва хоким. Рохи мушкил ва пуразоб ба сўи фавќулодам пайдархам хама вазнинихоро, ки ба сўи машаќќатхо моро тела медихад, бартараф кардан аст. Дар ин чода фард бояд «таассуби» хирад ва шаклхои хаётро, ки чихати априори ва ичбори доранд, рахна созад. Дар хамин чараён идеяи «бозгашти абади»- Нитсше аз худ дарак медихад, ки ба ногузирии азнавтаваллудёбии ин ё он шакли хаёт ва тачриба далолат мекунад. Ин идеяи фаталисти дар чахонбинии Нитсше ба идеяи фавќулодами ў то андозае муќобил истода, ќабл аз хама ба зарурати рафъи (аз чумла ба воситаи низоми муайяни тарбия) бештаре аз сифатхои инсони, аз ќабили хусусиятхои эхсоси, тавассути «аниќ» сохтани муроќиба барои эчод намудани шаклхои комилтари хаёт, ишора мекунад. Олам дар чараёни ташаккул бехадаф муќаррар шуда, идеяи «бозгашту даврзании абадии хамон як чизе» - ро мушаххас месозад. Идеяи «бозгашти абади» - ро метавон ханўз дар андешахои пифагорихо дарёфт намуд, вале Нитсше ин идеяро дар робита бо «ирода» тахлил мекунад. Ирода дар бунёди олам ќарор дорад, ки ба маънои гуногун -хамчун теъдоди нерўи харакатдихандаи «ташаккул», воќеияти имманенти, хамчун «мавчуде» («сущее») дар рафти камолоташ, хамчун хавас, эхсос, аффект бо чилвахои гуногун; хамчун «ирода ба хокимият», ирода ба васеъ шудани пахноияти худи «Ман», ирода ба дахолату ирода ба дохилшави ва ѓ. тавзех меёбад. Дар хуввияти инсон «ирода ба хаёт» ин хамон «ирода ба хокимият», инстинкти (ѓаризаи) худнигахдори дар мубориза ба хотири мавчудияту хузур доштан аст. Идеяхои Дарвинро ба чомеаи инсони низ нисбат дода, муборизаи инсонро ба хотири мавчудияташ дар рўхияи интихоби табии тасвир месозад. Бартараф намудани арзишхои кўхан, ки тобеъу тасарруфи мафтунияти издихом аст, амали ќотеонаю часуронаро таќозо дорад. Амали беиштибохи фавќулинсон фавќулаќлона аст, ки дар баъзе осори Нитсше ин фавќулоќили ба инстинкт (ѓариза) ва савќи табии табдил меёбад. Беиштибохияти ѓариза, ки инсон онро гум кардааст, бояд дар фавќулодам аз нав барќарор гардад. Фавќулодам, ки фавќулоќилиятро сохиб аст, аз низоми арзишхои кўхан берун шуда, дар лавхаи чадид арзишхои навро хохад навишт. Арзишхои фавќулодам - ин хамон арзишхоест, ки харакатро ба пеш таъмин намуда, инсонро мутобиќ ба баланд шудани ирода ба сўи салтанат ё ин ки мувофиќи таъиноти воќеияш хидоят месозад. Хамин тавр, ханўз дар ибтидои анъанахои навини аврупои, аз замони Рене Декарт инчониб, тамоили назари шубха гузоштан ба арзишхо ва аз сари нав дида баромадани бисёре аз муќаррароти фарханги ичтимои, мавзўи мубохисаи системахои фалсафи буд. Агар Огюст Конт анъанаи гузаштаро манфи, теологи ё метафизики арзёби кунад, Людвиг Фейербах бошад, дини наверо тархрези мекунад, ки ба кулли арзишхои анъанавиро ба шубха мегузорад. Карл Маркс дар «Тезисхо оид ба Фейербах» баёнияи машхури худ : «Файласуфон танхо бо тарзхои гуногун оламро шарх медоданд, вале гап сари он аст, ки ин оламро таѓйир бояд дод»- ро дар рохи вайрон сохтани «олами кўхан» пешниход мекунад. Фалсафаи Нитсше бошад, ба ќавли Е.Н. Трубетской даъвати тундгаронае ба замони муосир буда, эътирози сахте ба муќобили хамаи он чизе ки инсони муосирро ихота кардааст, инчунин муќобили эътиќоди дини ва идеяхои фалсафи, муќобили илму санъати муосир аст. «Фалсафаи ман,-мегўяд ў,-дар худ андешаи зафаровареро фаро гирифтааст, ки бояд хама дигар образи андешахоро вожгун созад».54 Ў зикр мекунад, ки фалсафаи ў на ба хама, балки танхо ба интихобшудагон – «фавќулинсонхо» нигаронида шудааст. Ваќти худро барои «коркарди оммахо» сарф накарда, хама гуна популизмро. (шўхратхохиро) бо истифода аз «хаќиќатхои» анъанавии масехи, сарфи назар мекард… Мавзўе, ки таваччўхи хамагонро чалб намуда, дар робита ба он осори Нитсшеро «харобсозандаи эътиќод ба худованд» эълон мекунанд, муносибати нисбии ў ба масехият аст. Ва ибораи «худо фано шуд», ки Нитсше борхо таъкид мекунад, боиси маломатхои чи ахли дин ва чи эчодкорон гаштааст. Бояд зикр намуд, ки ибораи «худо фавтид» - и Нитсше харгиз ба худованди ягонаю тавхидии мо, ки ахли муваххид мепарастанд, алоќаманд нест. Баръакс Нитсше хама хаёлоти соддалавхонаро оид ба мавчудияти худо, ки ахли адёни ѓайриисломи боло бардоштаанд, мавриди тамасхур ва интиќод ќарор медихад. Аввалан, назари ахли масехиро, ки аз пайѓамбар Исои Масех худо оростанд ва мафхуми «падархудою писархудо» - ро бофта баровардаанд, билкулл ќабул надорад. Хамон андешаеро, ки ханўз баъзе аз мутафаккирони асримиёнагию баъди, хусусан Пийер Абеляр дар сўхбаташон бо архидиакони реймси Алберик (дар асари «Таърихи мусибатхои ман») ва иќтибосу далели овардаи Абеляр аз «Троитса» - и Августини муќаддас, ки ончо боэхтиёт ва пардапўшона оид ба шўбха гузоштани назарияи вохиди салоса («сегона будани худованди вохид» дар «Пролог» к «Да и Нет») харф мезанад ва Гегел дар осори ба масехият бахшидааш баён доштанд, аз чониби Нитсше хело бочуръатона ва рахшандаю оштинопазирона садо медихад. Ибораи ў ба ин маъност, ки андешаи устуворгаштаи масехият оид ба худо, тасаввуроти издихом дар бораи ахлоќу арзишхои масехи танхо далолати он аст, ки чунин тахаюлот фано ёфтааст ва худое, ки онхо дар назар доранд, мурдааст. Дар робита ба фано шудани тасаввуроти ботил оид ба худои худсохт Нитсше доир ба «сояи Буддо» дар ѓоре наќл мекунад, ки чанд садсолае эътиќодмандонро ба тарсу вахм меовард. Дар рафти андешааш оид ба хаёли вахмангез будани ин соя, таъкид мекунад, ки чунин худо танхо хаёлоти вахмангезест ва баъди рафъи тасаввурот инчо хам «худо»- албатта худое, ки дар тахаюлоташон одамон бофтаанд, фано хохад ёфт. Дар чои дигар ў аз саргузашту саргардонии чавони чунуние хикоят пеш меорад, ки дар ин ривоят чавони аќлгумкарда ба сўи издихом рафта, бозпурси худояшро мекунад, ки ўро бо тамоми дарду ранчхо ва мушкилихояш танхо гузоштаю рафтааст. Издихом ба чавон чавоб мегўяд, ки «худо инчо буд ва холо рафтааст» ё «худо мурдааст» ва ѓайра. Нитсше хикоят мекунад, ки чавон ба дурўѓи одамон бовар карда, фиѓон мебарорад, ки онхо худои ўро куштаанд ва бори чунин гунохи вазнин бар дўши онхост. Масъалаи дар миёни инсонхо чустани нури худованди хоси анъанаи тасаввуроти шарќи буд, ки Нитсше аз он хело хуб огох буд ва дар баёни хамин ривоят оид ба хира шудани тачаллии нури худованди миёни издихоми чохилу якхелу якнавохт посух медихад. Ё ин ки дар «Чунин гуфта буд Зардушт» парастиши худо дар образи хар аз чониби пирамарде, ки ўро Зардушт хело сарзаниш мекунад, тасвир мешавад ва тасаввуроти соддаю «худои худсохти» одамонро, Нитсше мавриди интиќоди хеш ќарор медихад. Муносибати Нитсше ба анъанаю таълимоти исломи хело чолиб аст ва бехтар мебуд аз чониби худи Нитсше наќл кунем. Таваччўхи ўро маданияти тараќќикардаи исломии то хучуми муѓулхо (хусусан дар манотиќи Осиёи Саѓир) чалб мекунад, ки борхо хадафи хамлахои харобкоронаи салибдорон гашта буд. Хамин тавр дар асари «Антихрист» чунин мулохизаю хукмхоро мехонем: «Масехият хосили фарханги аттиќаро, баътар бошад хосили фарханги исломиро нобуд сохт. Фарханги муъчизаосо ва хайратангези мавритани (исломи - А. Ф.), ки мохиятан ба мо бештар ќаробат дорад ва дар муќоиса ба Рим ва Юнон, аз эхсосу завќи мо харф мезанад, помол гардид. (Ман нахохам гуфт, ки бо чи пою ќадаме…). Салибдорон баъдхо он чизеро нобуд сохтанд, ки бехтар мебуд, пеши он дар турбате мехобиданд, - маданиятеро нобуд сохтанд, ки дар муќоиса ба он ќарни нўздахи мо хело хам ѓарибонаю фаќирона, бисёр хам «дермондаю таъхиркарда» аст, …албатта онхо ѓанимате мехостанд: Шарќ хело сарвате дошт… Аммо хичолат набояд кашид (яъне аз ин хукм - Ф. А). Походхои салиби танхо рохзании усули олие буд, на чизи дигаре!» Ў даъват ба амал меорад, ки олмонихо бояд ба олами ислом дўсти кунанд ва таъкидхои Фридрихи бузургро, ки мехост бо ахли ислом дўстиро ќоим бахшад, ба неки ёд мекунад: «Чангу хусумати теѓзане ба Рим! Сулху дўсти бо ислом: чунин эхсос мекард ва чунин амал мекард, хамон рўхи бузургу озод, нобиѓае миёни императорхо - Фридрихи дуюм». Исломро ў дини покизакорону равшанзамироне медонад, ки ба воќеияти ачсоми инсони муносибати махсуси эхтиромонаеро раво мебинад. Рўхи мардиятро, ки ончо идомаи наслхо дар чои аввал аст, тавсиф мекунад. Дар сурате, ки масехият хувияти мардиро пахш сохта, нафси чисмонии инсонро ба хеч баробар мекунад. «Дар масехият самимияту ошкор гуфтан ками мекунад: махали торик ва паскўчаю тангкўча - ин мувофиќи рўхи ўст. Чисм инчо хаќиру нафратомез буда, бехдошти озодаги (гигиена) хамчун зхсосият инкор мешавад; калисо хатто ба назофату покизаги карохату бадбини дорад аввалин иќдомоте, ки масехиён баъд аз ронда шудани маврхо (яъне, мусулмонхо. Ф. А.) анчом доданд, ин баста шудани хаммомхои чамъияти буд, ки танхо дар як худи Кордова то ба дусаду хафтод мерасид», - менависад Нитсше. (Ф. Ницше. Соч. Том 2, с.689 – 690.). Мавзўи дигаре, ки борхо мавриди мубохисаю мунозираи мухаќќиќон гаштааст, ин мавзўи ба яроќи идеологии фашизм табдил ёфтани фалсафаи нитсшеани аст. Дар адабиёти фалсафии шўрави ба Нитсше ва осори ў аз мавќеи муносибати синфи ва идеологияи ленинизм бахои ѓайриодилона гузошта, фалсафаи ўро хамчун таълимоти инсонбадбинона, буржуазию реаксиони тавзех доданд. Масалан, назарияи «ирода ба хокимият» - и ўро, ки сирф тавсифи воќеъбинонаи табиату хувияти инсон ва дигар ачсоми зинда буд, намунаи идеологияи синфи истисморгар бахогузори карданд: «Нитсше боќатъият муќобили демократия ва сотсиализм ба хотири химояи «ахлоќи чанобон» мубориза мебурд. Идеали Нитсше «фавќулодамест», ки иродаи ў «ирода ба хокимият» аст дар рохи истисмори мехнаткашон. Идеяхои инсонбадбинона, вахшиёнату хунхўронае, ки бо ирфон ва чахолатхохи таркиб ёфтааст, аз чониби фашизми хунхори Германия васеъ истифода шуда, дар дасти фашистон шакли ба чахолатпарасти теладихандаро сохиб гаштааст».55 Аввалан, ба як нуќтае, ки ўро айбдор мекунанд, яъне аз ирфон таркиб ёфтани андешахои Нитсше, ба хеч як шаку шубхае рози набояд шуд. Бехтар аст аз осори худи ў чавоб мечўем: «Шархи ирфони. Шархи ирфониро тавзехи чуќур мехисобанд; хаќиќат дар он аст, ки онхо хатто рўяки хам нестанд» - менависад дар асараш «Илми сурурбахш».56 Чуноне ки мебинем, Нитсше андешаи ирфониро дар таълимоти фалсафиаш намепазирад. Магар месазад, мутафаккирро мутолиа накарда, дар бораи ў хукми бебунёдро ба тасвиб расонд? Дуруст аст, адолате, ки Нитсше дар назар дорад батамом аз «баробарии ичтимоие», ки ончо хама гуна ташаббусу ибтикору ѓайрате ба хотири бех сохтани шароити хаёти «оммахо» пахш карда шуда, ба ифшои ќобилиятхои дигаргунсозандаи инсон монеият гузошта мешавад, фарќ дорад. Вале ў харгиз ба тараннуми чомеаи сармоядори даст назадааст. Ба хамагон маълум аст, ки хар як матн, хар асару хар таълимот дар дасти наслхои баъди, бе химоят аст. Фашизм хар чиро, ки хост дар осори Нитсше пайдо кард ва хар чизе, ки ба ў зарур буд, ончо диду дарёфт. Аз Гёте, аз Гегел ва аз Кант низ идеологхои фашизм «бахрабардори» мекарданд, вале ин хеч маънои онро надорад, ки наќши бузургони зикршуда дар ташаккулу такомули фарханги чахони кам шудааст. Яке аз самтхои муборизаи идеологии фашизм ба хотири махви яхудиён - ин миллате, ки гўё ба харобии хувияти аврупоихо, махсусан олмонихо овардааст, равона шуда буд. Дар асл муносибати Нитсше ба яхудиён чавобгўи эхтиром ва муносибати неки ў ба ин мардум аст. Ў менависад: «Дар омади гап бояд гуфт: Аврупо муаззаф аст яхудиёнро дар ќисмати мантиќшиноси ва хислати бештари покизакорию назофати майна сипосгузори кам набошад; ќабл аз хама олмонихо, таасуфангез аст, ки нажоди (ирќи) deraisohhable (беандешаю бемулохиза-фр), ки имрўз хам бад намебуд «сарзанишу танбех» дода шавад. Хар кучое, ки яхудиёнро таъсир расонидан муяссар шудааст, онхо фарќ гузоштани бонафосату боназокатиро таълим дода, натичагирии бурротар ва навишти равшану пухтакоронаро анчом доданд: вазифаи онхо хамеша мардумро «k raisoh» (ба сўи хирад) бурдан буд».57 Баъд аз вафоти Нитсше тамоми осор ва архиви ў хамчун мерос ба ихтиёри хохараш Элизабет Фёрстер - Нитсше гузашт. Рохбарии архивро Элизабет ба ўхдаи худ гирифт. Акнун таќдири таърихии осори безаволи мутафаккир ба дасти фрау Фёрстер - Нитсше, ки худро «хохари дўстдошта», «хамаќидаю хамфикр», «конфидентка», ќариб ягона «шогирд» муаррифи мекард, вогузор шуд. Элизабет - хохари Нитсше, завчаи Бернгард Фёрстер – хамон муаллими шовинисти гимназия буд, ки антисемитизмро хадафи худ ќарор дода, хатто дар кўчахо яхудиёнро дошта мезад. Юлиус Ленгбен ва Алфред Шулер - саромадони миллатчигии немис ба воситаи хохари Нитсше Элизабет ба архиви Нитсше рох ёфта, кўшиш карданд фалсафаи Нитсшеро ба хидмати идеологияи натсионал - сотсиализм вогузор созанд. Ин хамон Шулер аст, ки лексияхои ўро, ханўз соли 1922 Адолф Гитлер ташриф меовард ва ў яке аз падарони маънавии гитлеризм, эътироф шудааст. Антисемитизмро Нитсше чашми дидан надошт ва сабаби канда шудани робитахои дўстиаш бо Вагнер (Рихард Вагнер илхомбахши асархои аввалааш буд.) низ хамин аст. Дар мактубхояш аз хулќияти хамширааш Элизабет шикоят мекард. Ва хатто хохарашро «антисемити ќасосгири аблах» (дар мактубаш ба М. фон Мейзенбуг, мохи майи соли 1884) меномад. Танхо соли 1956 Карл Шлехт асари «Ирода ба хокимият» - ро аз нав нашр намуд ва мундаричаи воќеии асар, ба нитсшеании тобиши миллатгарои дода шуда, зарбаи халокатовар зад. |