Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Масъалаи шуур, назарияи маърифат ва мантиќ. Бунёди методологии халли масъалаи шуур ва консепсияи «масъалаи асосии фалсафа»-ро метавон дар осори муштаракан навиштаи К.Маркс ва Ф.Энгелс Идеологияи немис», «Хонадони валиён…» ва ѓайра дарёфт намуд. Ташаккули инсон ба мархилаи аз худ намудани предметхои тайёр ва гузаштан ба мехнат, алоќамандии зич дорад. Дар чараёни мехнат таназзули инстинктивии бунёди психикаи хайвон сурат гирифта, механизмхои фаъолияти бошуурона эчод мешаванд. Дар ниходи мехнат шуур пайдо шудаю инкишоф ёфта, ончо татбиќ гашта, олами табиати инсони ва олами маданиятро ба вучуд меорад. Аз нигохи марксизм шуур метавонист танхо хамчун функсияи майнаи мураккабсохтае бо андозаи боз хам мураккаб гаштани таркиботи хиссию предметии фаъолият ва муносибатхои ичтимои дар чараёни шаклхои мухталифи мубодилаю муносибату муованат, пайдо шавад. Махз дар хамин раванд инсон бо ёрии олот предметхоро ба шаклхои сунъии робитаи мутаќобила чалб месозад. Истифодаи олот ва низоми нишонахои нутќ дар шакли ишора, садою савтхо, яъне гузаштан ба фаъолияти на танхо амали, балки фаъолияти рамзи дар шароиту мухити муќарраршудаи тўдахои чомеаи ибтидои ва баъд чомеаи авлоди тамоми сохтори рафтори инсонро дигаргун сохт. Мантиќи фаъолияти эхсоси-предмети ва системаи ишорахо дар амалхои коммуникатсионии онро эчодкунанда, ки зарурати мехнати муштаракро таќозо дошт, ба холати интериоризатсия, яъне ба наќшаи ботинии фаъолияти фикри табдил ёфтанро, мусоидат намуд. Хамчун олоти фаъолияти ботини ва усулу воситаи низоми ишораю нишонахо- забон баромад мекард. «Забон танхо аз талабот, аз зарурати ногузири муносибат бо одамони дигар пайдо мешавад. Шуур низ аз аввал махсули чамъият аст ва хамин тавр хохад монд то замоне, ки одамон мавчуданд. Шуур, албатта, аз аввал маърифати мухити наздиктарини эхсосан муроќибашаванда ва дарки робитаи махдуди фардхои акнун ба дарки хештан сарфахм раванда - бо шахсону ашёхои дигар, мебошад»75 Соли 1886 Ф.Энгелс асари «Л. Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис» - ро навишта ончо ба мавзўи шуур таваччўхи махсус медихад: «Масъалаи бузургу асосии хама фалсафа, хусусан фалсафаи навтарин, менависад, ў- ин масъалаи муносибати тафаккур ба хасти мебошад». Мундаричаи мухими онро алтернативаи «чи аввал меистад: рўх ё табиат» ташкил мекунад. Дар робита ба халли ин масъала проблемахои боќимонда, ки ба майдони фалсафа ворид мешаванд, аз ќабили худи хамин проблемаи шуур, фахмиши он ва дигар проблемахое, ки аз хамин проблемаи асоси бармеояд, арзёби мегашт. Энгелс танхо фахмиши проблемаро, ки мундаричаи онро ханўз К. Маркс дар осори аввалаи худ тархрези карда буд, устувортар муќаррар месозад. Хасти аввал буда, шуур дуюм аст - ин принсипи фахмиши монизми материалисти хамзамон принсипи фахмиши марксистии шуур ба шумор меравад. Мухимтарин мафхуми назарияи марксизм оид ба шуур ин мафхуми «инъикос» мебошад. Дар раванди фаъолияти хаётию таърихи, дар рафти амалияи таърихи ташаккул ёфта, инсон шуури хешро тахия сохтааст, ки малакаю тарзхои фаъолияти чамъиятии инсонхоро дар шаклхои махсуси инъикос фаро гирифта, хамчун функсияи хотираи ичтимоии инсон баромад мекунад. Характери фаъоли шуур, ќувваи идеяхое, ки «оммахоро сохиб шудааст», таъкид намуда марксизм шуурро хамчун инъикоси маќсадноки воќеият бахогузори мекунад. Энгелс таъкид менамояд, ки набояд «шуур» ва «тафаккур» - ро сирф натуралистона, оддиёна, ќаблан мутазоди хастию табиат арзёби кард. «Масъаларо тавре гузорем, ки тафаккур ва шуур чист, аз кучо онхо бармеоянд, он ваќт мебинем, ки онхо-махсули майнаи инсон ва худи инсон бошад махсули мухити муайянест ва бо он муштаракан ташаккул меёбад».76 Хамчун яке аз бунёдгузорони марксизм Ф. Энгелс ва пайравони ў ба муќобили скептикхо ва агностикхо, ки мекўшиданд хадди касногузареро барои тафаккур ва маърифат бунёд созанд, баромад карданд. Материализми диалектики хаќиќатро хамчун хаќиќати объективи дониста, шаклан онро субъективи хисобад хам, мундаричаи онро объективи медонад ва наќши объективи будани онро муайянкунанда бахогузори мекунад. Мундаричаи хамаи назарияхои хаќиќи ба ин маъно объективианд, ки аз инсону инсоният новобастаанд. Назарияи маърифати марксизм аз материализми муттасилу собитќадам манша гирифта, дар баробари он аз анъанахои назарияи маърифати диалектикии фалсафаи классикии немис интиќодона истифода мебарад ва наќши фалсафаи классикии немисро дар такмили назарияи маърифат ќадр мекунад. «…тадќиќи шаклхои тафаккур, категорияхои мантиќи вазифаи хело хам начибу бошарафонаю заруриест, ки барои халлу фасли системавии он баъд аз Арасту, танхо Гегел даст зад»- зикр мекунад, Энгелс дар хамон ќисмати ба маърифат бахшидаи «Диалектикаи табиат». Назарияи маърифати марксизм диалектикаи субъективи ва диалектикаи объективиро дар назар дошта, диалектикаи субъективи ё ин ки диалектикаи маърифат, диалектикаи олами объективиро бо шаклхои хоси он инъикос менамояд. Аммо ин инъикос механикию оинави набуда, балки робитаи фаъолонаю мутаќобилаи субъекти маърифаткунанда ва объекти маърифатшаванда аст. Дуюм, ѓайр аз ќонунхои умуми, дар чараёни маърифат ќонуниятхои махсуси диалектики ва усулхои хоси маърифатие амал мекунанд, ки наметавон онро ба чизи баробарќиёси моддие пайваст кард, таъкид мекунанд Маркс ва Энгелс. Маърифати хаќиќат ё ин ки инъикоси дурусти олами объективи, аз нигохи онхо раванди мутазоди диалектики аст. Хаќиќат бошад нисби ва мутлаќ буда, материализми диалектики хаќиќатро хамчун раванди инъикоси мутаносибан таърихии воќеият медонад. Нисби будани хаќиќат ба он хотир аст, ки дар хар мархилаи инкишофи таърихи объектро сирф дар хадди маълуме, шароиту муносибатхои таѓйирёбандае мавриди омўзиш ќарор медихад. Бо андозаи прогресси маърифат инсоният нисбияти хаќиќатро бартараф намояд хам, вале комилан онро бартараф карда наметавонад. Вале дар хар хаќиќати нисби ба хотири он ки он объективи аст, ќисман хаќиќати мутлаќ нухўфта аст. Ва бехуда нест, ки Энгелс ќабл аз хама зиддияти байни хаќиќати мутлаќ ва хаќиќати нисбиро зикр мекунад. Агар тахти хаќиќати мутлаќ маърифати комили хама мавчудотро фахмем, дар ин холат табиист, ки на инсон ва на инсоният ба он ќобил нест. Зеро олам бехудуд пахною васеъ ва беохир амиќ буда, хамеша таѓйир меёбад. Маърифати пурраи он дар кадом як лахзае, агар чунин як холати ѓайриэхтимолие рух дихад хам, лахзаи дигар алаккай кўхна шудааст. Агар тахти хаќиќати мутлаќ хаќиќати объективие, хаќиќате, ки дуруст буда, инъикоси кадом чузъиёте, порчаи раванди воќеияти аз инсон новобастае бошад, он ваќт маърифат имконпазир аст. Аз нигохи Энгелс хадду сархади касногузари байни хаќиќати чузъию нисбию нопурра ва хаќиќати пурраю мутлаќ вучуд надорад. Раванди маърифат ба андешаи бунёдгузорони марксизм, диалектики буда, хаќиќат- натичаи шахшудаю карахтгашта нест, балки раванди муттасилу бехудудест ва чараёни хамешагию пай дар паи гузаштан аз як хаќиќати нисби ба дигаре буда, хар дафъаи гузариш хиссаи бештари хаќиќати мутлаќро дар худ мегирад. Маърифат нисби аст, вале набояд онро ба релятивизми холису урёну бехудуде айният донист. Назарияи маърифати материализми диалектики нисбияти хаќиќатро ба маънои бартараф нашудани гумрохи таќдирсозандае, ки гўё дар нокомилии биопсихологии инсон ё табиати антропологии ў нухўфта бошад, инкор мекунад. Маърифат зиддиятнок буда, ягонагии мутазодхоро, яъне оѓози нисбият ва мутлаќро ифода менамояд. Масъалаи чиддии назарияи маърифат ин асоснок намудани меъёри хаќиќат аст. Бунёдгузорони марксизм дар рохи халли ин масъала, консепсияи амалияи чамъиятию таърихиро тахия сохтанд. Дар фахмиши онхо амалия ин фаъолияти модди, эхсоси, предмети, хадафнигоронаи инсони чамъияти аст. Ханўз дар «Тезисхо дар бораи Фейербах» амалияро хамчун «фаъолияти эхсосии инсони», «фаъолияти предмети» тасвир сохта, нишонаи асосии онро фаъолияти амалию бевоситаи дигаргунсози дар раванди робитаи мутаќобилаи инсону табиат медонад. Амалия заминаи хамаи шаклхои фаъолияти хаётии инсон буда, «Одамон истехсолоти модди ва муносибатхои моддии худро инкишоф дода, хамзамон бо ин воќеияташон, инчунин тафаккур ва махсули тафаккури хешро таѓйир медиханд»77 Мундаричаи маърифатро аз худ намудану омўхтан ва дигаргун сохтани объектхою низоми табиию ичтимои ташкил мекунад. Шакли асосии амалия аз нигохи бунёдгузорони марксизм истехсоли боигарихои модди ва олоти мехнат, фаъолияти ичтимоие, ки ба таѓйироти воќеии муносибатхои чамъияти, низомхои сиёси меорад, инчунин экспериментхои илмие, ки бо истифодаи тачхизоту асбобхо сурат мегирад, ба хисоб меравад. Мустаќилияти нисбии фаъолияти маънавиро, ки Маркс ва Энгелс дар «Капитал», дар мактубхо ва ѓайра зикр мекунанд, харгиз маънои мустаќилияти назарияро надошта, маънои онро дорад, ки робитаи онхо мустаќиму ростхата набуда, балки мураккабу мухталифест дар шаклхои гуногуни шуур ва мархилахои гуногуни таърих. Амалия ба чунин категорияхо аз ќабили фаъолият, мехнат, истехсолот алоќаи ногусастани дорад. Аммо дар низоми ин категорияхо амалия маќоми махсусро ишѓол карда, фаъолияти чамъиятро аз мавќеи махсус ифшо месозад. Агар мехнат фаъолияти фардро хамчун субъекти муносибатхои иќтисоди дар назар дошта бошад, амалия бошад фаъолияти хисси – моддии фарогири шаклхои мухталифи муносибатхои чамъиятист, ки ончо маќсад, воситахои фаъолият, предмет ва махсули фаъолияти амалии инсон ва худи раванди фаъолият хузур дорад. Дар таркиби амалия бунёдгузорони марксизм талабот ва дар заминаи он пайдо шудани маќсад ва хавасмандии фаъолият, худи фаъолияти маќсаднок, воситахои татбиќи он ва натичахои ба даст омадаро чудо мекунанд. Бартарияти бевоситаро сохиб шуда, амалия аз нуќтаи назари онхо хамчун меъёри олии хаќиќат баромад мекунад. Хамин тавр амалия дар марксизм на танхо меъёри хаќиќат, балки нерўи харакатдиханда ва дар дарачаи муайяне - маќсади маърифат баромад мекунад. Хусусияти мухими фалсафаи марксизм ин ягонагии диалектика, назарияи маърифат ва мантиќ мебошад. Тахти мафхуми мантиќ, Маркс ва Энгелс (чун Гегел) на мантиќи шакли, балки мантиќи диалектикиро, яъне диалектикаи субъективи, диалектикаи тафаккурро мефахмиданд. Ягонагии диалектика, мантиќ ва назарияи маърифатро набояд мутлаќ хисобид. Диалектика ќонунхои умумитарини инкишофро новобаста ба сохаи амали он омўхта, назарияи маърифат - амали ин ќонунхоро дар раванди маърифат тадќиќ мекунад, ки онхо хусусияти хоси хешро сохиб мешаванд ва мантиќи диалектики бошад, диалектикаи объективиро инъикос намуда, таълимотест дар бораи амали ќонунхои диалектики дар тафаккур, дар бораи усулхои тафаккур, ки дар заминаи ин ќонунхо тахия мешаванд. Аз нуќтаи назари мантиќи диалектики, шаклхои тафаккур, категорияхо шаклхои умумитарини фаъолияти предметии инсони ичтимои, воќеияти дигаргункардашуда дар шуур аст, ки Ф.Энгелс хело чолиб тасвир мекунад: «…мухимтарин ва наздиктарин бунёди тафаккури инсон ин махз таѓйир ёфтани табиати инсон ва на танхо сирф табиати он, балки хиради инсон аст, ки вобаста ба омўхтани дигаргунсозии табиат аз чониби инсон, он низ инкишоф меёбад». Субъекти тафаккур на фард, балки шахс дар низоми муносибатхои чамъияти аст. Хама шаклхои фаъолияти хаётии инсонро табиат надода, балки инсон ин шаклхои фаъолиятро дар чамъият, дар раванди ташаккули маданияти инсони сохиб мешавад. Принсипхои мухимтарини мантиќи диалектики ин тасдиќи робитахои умумитарин ва ба хамалоќамандии зухуротхо ва инкишофи он аст, ки тавассути зиддиятхо амали мегардад. Ба ќавли яке аз марксистони шинохта В. И. Ленин мантиќи диалектики таќозо дорад, ки предметро дар рафти инкишофи он, «худхаракатию» таѓйироти он бояд дар назар дошт. Ленин шонздах унсури диалектикиеро, ки тасвири мантиќи диалектики аст, ном мебарад. Ин унсурхои тасвири мантиќи инхоянд: объективият, куллият, инкишоф, зиддияти дохили, чиз хамчун ягонагии мутазодхо, мубориза, пайвасти анализ ва синтез, робитаи универсали, ки на танхо ягонагии мутазодхоро, балки алоќамандии хар ашёро бо дигараш дар назар дорад, ифшои беохири раванди муносибатхои нав - аз зухурот ба мохият, аз мавчудият ба сабабият, такрори сифату хосиятхои сатхи поёни дар инкишофи сатхи оли, баргаштан ба шакли кўхна, муборизаи мундарича бо шакл ва баръакс, гузаштани миќдор ба сифат ва ѓ.(Соч., т. 38, с. 213 – 225) Сохтори мантиќии диалектикаи марксисти бо фарогирии чихатхои умумии хеш манзараи воќеии инкишофи маърифати инсони, ки раванди харакати онро аз хастии бевоситаи чиз ба мохияти он мехисобад, инъикос мекунад. Таълимоти иќтисодии Карл Маркс дар тўли 40 соли фаъолияти эчодиаш навишта шуда, анчому хотимаи назариявии он навиштани китоби бузурги «Капитал» аст. Асосхои назарияи арзиши изофаро Маркс солхои 50-уми асри XIX баъди ба Лондон омаданаш мегузорад. Солхои 1857-1858 Маркс дастхатхои зиёди ба мавзўъхои иќтисоди бахшидаашро тахия менамояд, ки ба забони асл «Чихатхои асосии танќиди иќтисоди сиёси» номгузори мешаванд. Дар он Маркс характери дучихатаи мехнат, ќувваи коргари хамчун мол, капитали доими ва таѓйирёбандаро тахлил намуда, тавзехи илмии пайдо шудани арзиши изофаро шарх медихад. Дастхатхои солхои 1857-1858 варианти аввалаи «Капитал» ба хисоб мераванд. Соли 1859 Маркс китоби «Доир ба танќиди иќтисоди сиёси» - ро ба сифати барориши аввали асари асосии худ нашр месозад. Мавзўи танќиди иќтисоди сиёсиро идома дода, Маркс дастхатхои соли 1861-1863- ро эчод мекунад. Дар ин дастхатхо чанд проблемаеро тахия месозад, ки ба мундаричаи се чилди «Капитал» хос буда, дар ќисматхои баъдии дастхатхо тахлили танќидии муфассали таърихи арзиши изофаро анчом медихад. Хамин тавр дастхатхои иќтисодии 1861-1863 ќайдхои аввалини ба низом дароварда шудаи хамаи чахор чилди «Капитал» аст. Идеяи таќсимоти тамоми ин асар ба чахор чилд тахти унвони «Капитал» дар протсесси кор бо ин дастхатхо ба вучуд омад. Чилди аввал ваќти зиндагии ў соли 1867 ба нашр расид. Солхои баъди ( то соли вафоташ – 1883) Маркс ба тахияю тартиб додани чилдхои баъдии «Капитал» машѓул шуда бошад хам натавонист чилдхои сеюму чахорумро ба нашр расонад. Чилдхои дуюму сеюмро Ф. Энгелс 1885 ва 1894 ба нашр расонид. Дар мактубхои солхои 1883-1895 навиштааш Энгелс дар бораи нашри чилди хотимавии «Капитал» бо номи «Назарияи арзиши изофа» ёдовар мешавад, вале баъди вафоти ў (1895) Карл Каутский солхои 1905-1910 ин чилди хотимавиро ба нашр мерасонад. Дар чилди аввал Маркс раванди бевоситаи истехсолоти капиталистиро тадќиќ мекунад. Маркс тадќиќи худро аз мол хамчун хучайраи иќтисодии чамъияти сармоядори шурўъ мекунад. Яъне мархилаи аввал, оѓози тадќиќот барои Маркс тахлили шакли оддию муќаррарии боигарии буржуази - мол хизмат мекунад ва мол хамчун предмети зохиршаванда, чизи муфиде, ки ин ё он талаботи инсониро ќонеъ мекунад, арзёби мегардад. Хамин талабот арзиши истеъмолии молро хамчун тачассуми ваќти зарурии чамъияти муќаррар месозад. Талабот эътирофи чамъиятии молро муайян сохта, ба мол арзиши онро медихад. Хар як мол ду тараф, ду сифат дорад: арзиши истеъмоли ва арзиш. Хар яке аз ин ду сифат мутобиќи ду тарафи мехнат мебошанд: муфидияти мушаххаси навъи мазкури мехнат, ки ба шарофати он махсулоти истехсолшуда ба арзиши истеъмоли табдил меёбад ва характери абстрактии сарфи нерўи инсони, ки тавассути он махсулоти судманд ба раванди мубодила ворид мегардад. Ва ба воситаи муносибатхои бозори истеъмолкунандаи худро дарёфта, эквиваленти (хамарзиши) худро дар тархи моли дигар, дар сатхи инкишофёфтаи мубодила -– пул пайдо мекунад. Инкишофи табиати духелаи мол ва духела будани мехнати онро эчодкунанда, кашфи принсипиалииМаркс аст. Назарияи арзиши изофаро мухаќќиќин ва пайравони марксизм бунёди назарияи иќтисодии Маркс бахогузори кардаанд. Ба Маркс муяссар шуд, ки дар «Капитал» раванди воќеии ташаккули арзиши изофаро бо тамоми чузъиёташ ба дастгохи мафхумию категориалии илми иќтисоди ворид сохтани «ќувваи коргари» тасвир созад. Арзиши молро хамчун «маркази устуворе», ки атрофи он нарххои чори таѓйир меёбанд, эътироф карда ва баъдан арзиши асосии харочоти истехсоли мол - масрафи мехнати инсони барои истехсоли онро низ эътироф намуда, илми иќтисодии томарксисти натавонист ба саволе чавоб дихад, ки фоида аз кучо меояд, агар «мехнат», мисли дигар мол дар хадди охир мутобиќи сарфи мехнат фурўхта шавад. Чавоби Маркс хело хам муќаррари буд, ки мохиятан кашфиёти гениали аст: коргар мехнати худро намефурўшад, балки ќувваи коргариеро мефурўшад, ки мисли хар як мол пардохт карда мешавад, аммо аз лихози ќиммату арзише, ки бо андозаи харочоти зарурии чамъиятии истехсоли он - вобаста ба раќобат ва вазъи бозор пасту баланд мегардад, вале хамеша поёнтар аз арзиши муштараки махсулоти истехсолкардаи коргар аст. Дар махсулоти зиёдатии пардохтнашуда арзиши изофа хамчун манбаи фоида ва шаклхои дигари даромади ѓайримехнати тачассум мегардад. «Молхо дар шакли арзиши истеъмоли – мисле, ки охан, катон, ѓалла ва ѓ. ба вучуд меоянд. Аммо онхо танхо ба хайси характери духелаи худ мол мегарданд, сирф аз лихози он, ки хамзамон хам предмети истеъмолкунанда ва хам пешбарандаи арзишанд. Пас, онхо мол хоханд гашт ё шакли молро хоханд гирифт, ба андозае, ки шакли духела – шакли табии ва шакли арзиширо сохиб мегарданд… Муносибати оддии арзиш аз муносибати арзишии мол фарќ надорад, махз кадом мол - ба ин ё он як моли навъи дигар аст. Муносибати арзишии ду мол, хамин тавр баёни оддии арзиши моли мазкур аст». Маркс духелагии табиати молро тавассути духелагии характери мехнат муайян сохта, шаклхои арзишро тадќиќ менамояд. Ин ба ў имкон медихад, ки чи тавр дар шакли арзиш мехнати ашёгашта дар молро тавзех дихад. Ў нишон медихад, ки арзиш ва шакли молии махсули мехнат танхо барои истехсолоти моли хос аст. «… шакли мол ва он муносибати арзишии махсули мехнат, ки ифодаи он аст, хеч як умумияти ќатъие ба табиати чисмонии ашёхо ва муносибатхои ашёии аз он беруншаванда надорад. Ин танхо муносибатхои муайяни чамъиятии худи одамон аст, ки дар чашми онхо шакли фантастикии муносибати байни ашёхоро ќабул кардааст». Зимни истехсолоти моли мехнат хам характери чузъи ва хам чамъияти мегирад. Аз як тараф, хар истехсолкунандаи мол протсесси мехнати худро дар алохидаги аз мехнати молистехсолкунандагони дигар ба амал меорад. Аз тарафи дигар, раванди мехнати молистехсолкунандаи алохида як занчире дар низоми таќсимоти чамъиятии мехнат аст. Умуман раванди чамъиятии мехнат дар истехсолоти моли аз равандхои чузъии мехнат, ки дар низоми чамъиятии таќсимоти мехнат бо хам алоќаманданд, бо хам чамъ меоянд. «Муомилоти моли ин нуќоти заминавии капитал аст. Заминахои таърихии пайдоиши капитал истехсолоти моли ва инкишофи мубодилаи моли ва савдо ба шумор меравад. Тичорати чахони ва бозори чахони дар ќарни XVI таърихи нави капиталро ифтитох мекунад».78 Аз ин рў омўзиши истехсолоти моли шарти зарурии тадќиќи харакати капитал мебошад. Тахлили формулаи умумии капитал (П-М-П) нишон медихад, ки капитал арзиши худбаландшавандаест. Раванди худбаландшавии арзиш дар худ зиддиятро чой додаст: арзиш наметавонад дар мубодила пайдо шавад, харчанд, ки он ба воситаи мубодила ба вучуд меояд. Ин шаходати он аст, ки дар мубодилаи капитал моли махсус, сохиби арзиши истеъмолие ширкат меварзад, ки ќобил ба истехсол намудани арзиш, хусусан арзиши бузург дар нисбати худи он аст. Чунин мол ќувваи коргари мебошад. Истифодаи чунин моле аз ќабили «ќувваи коргари», ба худбаландшавии арзиш алоќаманд буда, ана хамин раванди истехсолоти капиталисти аст. Маркс нишон медихад, ки истехсолоти капиталисти, аз як тараф, раванди мехнати арзиши истеъмолии мол, аз тарафи дигар, раванди афзоиши арзишро ба вучуд меорад. Дар заминаи ифшои духелагии характери мехнат ба Маркс муяссар шуд, ки наќшхои мухталифи ду чузъи капиталро нишон дихад: ќисме, ки дар воситахои истехсолот тачассум ёфтааст ва ќисме, ки барои хариди ќувваи коргари дар раванди худафзуншавии капитал нигаронида шудааст. Воситаи истехсолот шарти зарурии истехсоли махсулотест, ки арзиши он ба моли мушаххаси мехнати коргар интиќол мешавад. Ин ќисми капитал, ки бузургии худро таѓйир намедихад, капитали доими номида мешавад. Ќисми дигари капитал, ки барои хариди ќувваи коргари дар раванди истехсолоти капиталисти таѓйир меёбад, капитали таѓйирёбанда ном мегирад. Коргар арзише баробари арзиши ќувваи коргари, инчунин чанд миќдори иловагие зиёдтар аз бузургии капитали байъона (аванс) - арзиши изофа истехсол менамояд. Капитал ин муносибати махсуси истехсолии истисмор аст, ки шакли ашёии капитали истехсоли, моли ва пулиро дар худ фаро гирифтааст. Маркс дар чилди дуюми «Капитал» раванди мубодилаи капитал, хусусан раванди бевоситаи истехсолотро хамчун лахзаи харакати капитал тадќиќ менамояд. Харакати гирдгардони капитали пули ва мархилахои он, гардиши капитали истехсоли, гардиши капитали моли, вакти мубодила, харочоти мубодила, харочоти холиси мубодила, пул, пешбурди хисоби бухгалтери, масрафхои нигохдори, харочоти наќлиёти, назарияи капитали асоси ва дар гардиш буда, таъсири ваќти гардиш ба бузургии капитали байъона, гардиши капитали таѓйирёбанда, гардиши арзиши изофа, такрористехсолкуни ва мубодилаи тамоми капитали чамъияти, ѓуншави ва васеъшавии такрористехсолкуни ва даххо масъалахои хаётан зарури истехсолоти капиталистиро тадќиќ мекунад. Инчунин ў се ќонуни мубодилаи ќисматхои асосии капиталро (c, m, u) дар дохили хиссахои он ва байни онхоро кашф кард. Дар чилди сеюми «Капитал» («Раванди истехсолоти капиталисти») масъалахои таќсими фоида ба фоизноки ва даромади сохибкори, капитале, ки фоизноки ба даст меорад, чузъиётхои асосии капитали бонки, капитали пули ва капитали воќеи, табдил ёфтани пул ба капитали ќарздихи, воситахои мубодила зимни низоми кредити, рентаи мутлаќи замин, тахаввули рентаи капиталистии замин, даромад ва манбахои он, холати вонамуду зохирие, ки раќобат эчод мекунад, барраси гардидаанд. Дар чилди 4-уми «Капитал» («Назарияи арзиши изофа») масъалаи тахлили танќидии иќтисоди сиёсии буржуази ба миён гузошта мешавад. Тахлили илмии капитализм шароитхои заруриро барои дида баромадани тасаввуроту таълимотхои пештара дар бораи истехсолоти капиталисти мухайё месозад. Танхо дар заминаи назарияи нав, ки мохияти предмети тадќиќшавандаро фош мекунад, имкони бахогузори ба таълимотхои пештараро имконпазир месохт. «Капитал» хамчун модели мантиќии протсесси харакаткунандаи сармоя нахуст имкон дод, ки назарияи илмии инкишофи тасаввурот дар бораи истехсолоти капиталисти эчод гардад. Маркс таърихи капитализмро дар «Капитал» тавассути тахлили мантиќии эволютсияи мол ва истехсолоти моли дар худуди чамъият, тахлили арзиш, арзиши изофа, капитал ва категорияхои дигарро анчом медихад. «Хатто категорияхои мухими абстракти махсули шароитхои таърихи буда, ахамияти пурраи худро барои хамин шароитхо сохиб мешаванд».79 Аз ин бармеояд, ки масалан категорияи абстрактие чун арзиш, баёну ифодаи хамагуна истехсолоти моли, шакли инкишофёфтаи он - муносибати истехсолоти капиталисти мебошад. Атрибутхои арзиш аз муносибатхои муќаррарии молие бароварда мешаванд, ки дар шакли холиси капиталистии он пахн намегардад. Айнан хамин тавр хосиятхои моли капиталисти наметавонанд аз нав истехсолкунии шафофе зимни муносибатхои нисбатан баландтари чамъияти бошанд. Инкишофи капитал, ки фоида ба даст меорад чунин шаклхои мушаххаси он мисли низоми бонкию низоми ќарздихиро ба вучуд меорад. Карл Маркс ахамияти онро барои татбиќу амали шудани раванди истехсолоти капиталисти зикр мекунад. Аммо мавчудияти кредит ва банк тазодхои дар ниходи капитал нухуфтаро хал насохта, сирф шаклхои нави харакати капиталро эхё месозад. Капитал дар шаклхои инкишофёфтаи худ капитали саххомиро меофарад. Пайдо шудани чамъиятхои аксионери ба ташаккули шаклхои наву мушаххаси арзиш меорад, ки он аксияхо буда аз пул фарќ дошта, сирф унвони моликият ба даромади муайян мебошанд. Раванди капиталистии истехсолот дар баробари харакати воќеии капитал инчунин дар шакли дигари он ки инъикоси сохтаи капитал - аксия ва облигатсияхост, инкишоф меёбад. Хамзамон капитал аз муносибати махсуси капиталисти ба порчахои оддии коѓаз табдил ёфта, капиталист аз агенти протсесси худафзоишёбии арзиш - ба сохиби коѓазхои ќимматнок табдил меёбад. Ин бошад тазодхои нави фаъолияти тарзи истехсолоти капиталистиро эчод мекунад. Раванди инкишофи капитали саххоми замони хаёт будани Маркс ќадамхои аввалро мегузошт. Вале дар хамин сатх Маркс, раванди ба монополияхо ва идоракунию ба танзимдарории ин монополияхоро хамчун инкишоф ёфтани капитализм шарх медихад. «Дар чамъиятхои аксионери вазифа ва ўхдадорихо аз моликият ба капитал чудо мегардад. Хамин тавр мехнат низ комилан аз моликият ба воситаи истехсолот ва мехнати изофаги алохидаю чудо мешавад. Ин натичаи инкишофи олии истехсолоти капиталисти, лахзаи зарурии гузариш аз мубаддалшавии баръакси капитал ба моликияти истехсолкунандагон, аммо на ба моликияти хусусии истехсолкунандагони чудогашта, балки ба моликияти бевоситаи чамъияти мебошад. Аз тарафи дигар чамъиятхои саххоми – нуќтаи гузариши хамаи функсияхои протсесси такрористехсолкунии то ханўз алоќаманд нисбати моликият ба капитал, ба функсияи истехсолкунандагони муттахидгашта, ба функсияи чамъияти табдил ёфтан аст»80 Чунон ки мебинем дар чилдхои охири «Капитал» Карл Маркс дар бораи пайдо шудани моликияти чамъияти дар ниходи худи чамъияти капиталисти харф мезанад ва хеч ягон ишорае ба «миссияи таърихии пролетариат» ё инќилоби хуниновари пролетари, ки ба нест кардани як табаќаи чамъияти меоварда бошад, инчо мушохида намегардад. Гузариши осоишта ба чомеае, ки ончо моликияти хусуси ва капитал дар инкишофи худ ба ихтиёри чамъият - бидуни таркишхои тахлукаовари сиёсию ичтимои мегузарад дар чомеахои тараќкикардаи кишвархои шимоли аврупои дидан мумкин аст. Ба инкишофи истехсолоти моли ва вусъат ёфтани муфидияти он пеш аз хама бояд бехатарии ичтимоиро сохиб гарданд. Аз тарафи дигар рохбарони корхонахо, сохибони аксияхо низ бехтар шудани шароити маишии кормандонро гарави пешрафти иќтисоди мебинанд. Дар охир давлат низ таваччўх ба он дорад, ки истехсолоти корхонахо харчи бештар пеш рафта, низоми хуби андозбанди ва осоиштагии давлат таъмин бошад. Давлат барои тавсиаю тахкимияти истехсолот кўшиш мекунад, то махсулоти кишвараш ба бозорхои чахони харчи бештар барояд. Яъне моликияти хусусие, ки як замон сирф ба хотири ѓуншавии танхо боигарии капиталист нигаронида шуда буд, акнун бо сабаби он ки ба тараќќии он гурўххои мухталифи ичтимои таваччўх доранд, ба моликияти чамъияти табдил мегардад. Албатта табиист, ки хиссаи даромад аз ин моликият барои ин гурўххо фарќ мекунад, вале бидуни он харгиз наметавонад истехсолот моли пеш равад, зеро ки адолати мутлаќу пурра хеч замоне вучуд дошта наметавонад. Ба ќавли Ф. Нитсше хохед, ки баробариро таъмин созед ва ба хамагон чизи мехостагиашро дихед, хаосро интизор шавед. Хуб мебинем, ки Маркс ташаккули баъдии чомеаи капиталистиро ва ба функсияи чамъияти табдил ёфтани функсияхои истехсолкунандагони муттахидгаштаро чи тавр тасвир мекунад: «Ин – бархамдихии тарзи капиталистии истехсолот дар худуди худи тарзи истехсолоти капиталисти буда, аз ин рў худ ба худ махв шудани зиддиятест, ки, пеш аз хама, нуќтаи гузариши муќаррариро ба шакли нави истехсолот ифода мекунад. Ба шакли чунин зиддият истехсолкунандагони одди - коргарону кормандон ва хизматчиёни хамон корхона таваччўх доранд, то ки дар заминаи ин пешрави сатхи баландтари маош дар ошкору намоён шуданаш низ зохир мегардад. Дар сохаи маълуме он ба муќаррар шудани монополия оварда мерасонад ва дахолати давлатро таќозо дорад. Ин аристократияи молиявии навро, навъи нави паразитхоро (туфайлихўрхоро) дар симои прожектор (ба маънои амалдори танхо дар хаёл буда), муассисон ва директорони сирф номиналиро аз нав эчод мекунад; низоми кулли ќаллобию фиребгариро дар сохаи таъсис, барориши аксияхо ва тичорати аксияхоро аз нав таваллуд месозад. Ин–истехсолоти хусуси бидуни назорати моликияти хусуси аст».81 Карл Маркс ханўз дар ниммаи дуюми ќарни XIX чараёни инкишофи чомеаи сармоядориро бо тамоми чузъиёташ тасвир сохта, хамчун бузургтарин мутафаккири таърихи афкори маънавии инсоният аз худ дарак медихад. Тахлили илмии капитализм шароитхои заруриро барои дида баромадани тасаввуротхою таълимотхои пештара дар бораи истехсолоти капиталисти мухайё кард. Танхо дар заминаи назарияи нав, ки мохияти предмети тадќиќшавандаро ифшо месохт, имкони бахогузори ба таълимотхои пештара имконпазир гашт. «Капитал» хамчун модели мантиќии протсесси худхаракаткунандаи сармоя нахуст имкон дод, ки назарияи илмии инкишофи тасаввурот дар бораи истехсолоти капиталисти эчод гардад. Мухолифони Маркс ханўз асри XIX таъкид мекарданд, ки Маркс дар «Капитал» танхо ахкому назарияи Гегелро бо далелхои иќтисоди тачхизонида аст ва бо маълумоту далелхои мушаххас мохирона ва ба таври сунъи ба «бистари» тахтабанди («бистари Прокрустово» - ишора ба ривояти асотирии юнони) хикмати сегонаи фалсафаи классикии олмони, хамчун гегелчии хаќиќи чой кардааст. Ба ин хамлахо худи Маркс чавоби ќатъи медихад. «Дар таќриз ба чилди якуми асари «Капитал» доктор Дюринг зикр мекунад, ки дилбастагии хамешагии ман ба скелети диалектикии Гегел чунон дур меравад, ки хатто ман дар шаклхои мубодила суроби хулосабарорихои гегелиро ифшо месозам. Муносибати ман ба диалектикаи Гегел бисёр содда аст. Гегел муаллими ман аст ва серчоѓии таќлидкорони махмаддоною аќлак, ки гумон мекунанд онхо ба ин мутафаккири барчаста хотима бахшида бошанд, барои ман хандаовар аст. Аммо ман ба худ раво донистам, ки ба устоди худам интиќодона муносибат карда, аз диалектикаи ў пўсти ирфониашро барканда ва бо хамин онро мохиятан таѓйир дихам».82 |