Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 9. Фалсафаи ќарни ХХ: чихатхои асоси ва хусусиятхои онАз асри Х1Х инчониб дар андешаронии фалсафии аврупои насими тозае ворид мешавад, ки онро дар баробари фалсафаи классики азамату шукўхи хос мебахшад. Фалсафаи ин даврон бо диди нав ба сахнаи андешаронии илми ворид шуда, дар халли мавзўъхои баррасишавандаи фалсафи усул ва шеваи куллан фарќкунандаро нисбати суннати фалсафаронии классики интихоб намуд. Чуноне ки маълум аст, фалсафаи классики аслан ба пайрохаи низомманди ва куллигарои рафтанро меписандид. Заминаи чунин тамоюлро касб намудани орои фалсафаи классики аз он иборат буд, ки он аз рўи бовари ба мунтаззамии табии низоми олам, ки бо хамин назму тартиб мавриди маърифати аќлони ќарор мегирад, ќомат афрохта буд. Яъне тасаввури он мабни ба мавчудияти хамохангии тартиби хасти ва ташаккули субъективии инсон буд. Эътимод ба мохияти хирадпешагии инсон, ки мехвари тамоюлоти фикрии фалсафаи классикиро ташкил медод, дар навбати худ эътимоди росихро ба ќудрати бепоёни ў дар амалияи ба худ мутеъ сохтани табиат, расидан ба зиндагии шоистаю пешрафта, тантанаи озодию адолати ичтимоиро ба вучуд овард. Барои рохандозии ин орзую омоли мохиятан начиби инсонпарварона дар заминаи фалсафаи классики як ќатор лоихахои барои инкишофи инсоният ва чомеаи ў мусоидаткунанда пешниход гардиданд. Масалан, рўхи гуманизми И. Хердер зарурияту арзиши муколамаи инсонхо, дўсти ва ба хам пайвастани халќияту миллатхои гуногунро арч мегузошт. Барои ин мебоист инсон аз илм, бахусус илмхои табиатшиносию даќиќ, пайрави намояд. Инхо тамоюлоти фикрие буданд, ки дар умќи андешаронии фалсафаи классики зоида шуданд ва дар даврони маорифпарвари ба шиори рахнамунсози пешрафти чомеахои аврупои табдил ёфтанд. Бо хамин суннати илмгаройи (сийентизм) харчи бештар ба рўзгори ин чомеахо рох меёфт ва меъёри мутлаќи санчиши донишхои инсон ќарор мегирифт. Инсон танхо дар сурати ба кор гирифтани дастовардхои улуми даќиќу табиатшиноси метавонист чавобро ба кулли саволхои бунёдии хастии олам пайдо намояд ва рафторашро дар чомеа танзим кунад. Баробари дастовардхои беназир натичаи пайравии чунин орои фикрии илмгароёна чомеаи аврупои ба мартабаи нерўи аќлонию созандаи хиради инсони онро тадричан бо як ќатор мушкилоти фаннию фарханги ва ичтимоию сиёси рў ба рў сохт. Зеро дигаргунихои куллии хаёти чамъиятии охирхои асри Х1Х ба шиддатёбии зиддиятхои муносибатхои чамъияти, ба миён омадани хаводиси фалокатбор, аз чумла чанги чахони, ба мушкилот мувочех шудани идеяи сохибихтиёрии инсон ба табиат бунёди эътимодро ба мутлаќияти арзиши орои илмгароёна заиф намуда, дарки зарурияти чустучўи шевахои нави андешарониро ба миён гузошт. Дар хамин замина тадричан чараёнхои навини фалсафи, аз ќабили фалсафаи хаёт ва экзистенсиализм (вучудгаройи) ташаккул ёфтанд. Фалсафаи хаёт ва экзистенсиализм: тавсифи умумии чараёнхои фалсафи ва намояндагони онхо. Фалсафаи хаёт хамчун равияи мустаќил аслан охири асри Х1Х дар Олмон ва Фаронса дар заминаи таълимоти Нитсше, Бергсон, Дилтей, Зиммел ва Шпенглер ташаккул ёфт. Намояндагони ин мактаб хаётро хамчун воќеяти ибтидоии олам, ки пеш аз чудошавии материя ва рўх, хасти ва шуур ќарор дорад, эътироф менамуданд. Аммо дар таърифи мафхуми хаёт назари мутафаккирони ин равия хеле гуногун аст. Мўхтавои он бо мазмуни мафхуми «хасти»- и роич дар фалсафаи классики муќобил гузошта мешавад. Бинобар ин таваччўх бештар ба хусусияти мутазоду таѓйирпазир ва эчодию ѓайриќобили пешбини доштани хаёт дода мешавад, ки ин дар навбати худ ба он сабаб мегардад, ки маърифати хаёт дар шакли ѓайриаќлони, хадси ва рамзи сурат гирад. Хаёт хамчун падидаи рамзи наметавонад тавассути мафхумхои фалсафаи классики, ки аслан барои дарки падидахои устувору таѓйирнопазир нигаронида шудаанд, ифода ёбад. Инро мо метавонем дар заминаи тахлили мухтасари баъзе аз намояндагони барчастаи ин мактаби фалсафи бештару равшантар мушохида намоем. Чуноне ки ёдовар шудем, дар саромади зухури ин нахзати фикри таълимоти Фридрих Нитсше ќарор дорад. Барои дарки мохияти таълимоти Нитсше шархи мухтасари тарчумаи холи ў аз манфиат холи нест. Ў дар донишгохи Лейпсиг забоншиносии таърихиро фаро гирифтааст. Дар айёми донишчўи тахти таъсири афкори Юнони бостон, аз чумла Гераклит, Суќрот, Афлотун ва хамчунин таълимоти Монтен, Спиноза, Фуко ќарор дошт. Муддате дар донишгохи Баден ба таълими фалсафа пардохт, вале бар асари бемории шидид донишгохро тарк гуфт. Соли 1889 куллан аз пой меафтад ва пас аз як сол вафот мекунад. Ба андешаи Нитсше, инсон хайвонест, ки пурра натавонистааст ба камолот бирасад. Аз ин рў ўро лозим меояд, ки пайваста барои худро болотар бурдан аз ин оламе, ки дар он умр ба сар мебарад, сайъ намояд. Ин ба инсон имкон медихад, ки худро аз банди ранчхои хасти рахои бахшад. Яъне инсони ба камолот сайъкунанда набояд хамеша дар як холати муќаррари боќи монад, зеро ўро дар ин рох расидан ба маќоми абаринсони интизор аст. Бар дўши абаринсон рисолати аз байн бурдани хамагуна кирбу дурўѓ ва падидаю омилхои барои хаёт ногувор вогузор шудааст. Дар ин замина имконияти озод шудани инсон аз бори гарони арзишхои бемояи гузашта фарохам меояд. Зеро дар гузашта ва имрўз башарият арзишхои худро даруни дин, ќонунхои ахлоќию ичтимои ва фаъолияти амали нихон кардааст ва ба ин сабаб ба иштибох гирифтор аст. Асари «Чунин гуфт Зардушт» бо пардохтан ба ин бахсхо мархилаи нихойи андешаи Нитсшеро нишон медихад, ки мўхтавои мафхумхои ирода ба ќудрат, нигилизм, такрори човидона ва бегонагии вучуди дар он равшантар зохир мешаванд. Дард, ранч, зиддиятхо дигар эътирозхо нисбат ба вучуд нестанд, балки баёни танишхои билфеъли он ба шумор мераванд. Ин амр фардро аз ранч кашиданхояш халоси намебахшад, балки арзёбии вайро аз он мутахаввил мекунад. Дар тафаккури Нитсше ахамияти фарди халлоќ, созанда дар он нухфтааст, ки ў тачассуми раванди таѓйирпазирии хаёте аст, ки шуданро(Werden) медихад. Яке аз чехрахои дигари намоёни «фалсафаи хаёт» Вилгелм Дилтей (1833-1911) ба шумор меравад. Дилтей бештар ба далели тахлили маърифатшинохтиаш аз таърихнигори ба унвони риштае аз дониш, ки дарбагирандаи навъи хосе аз амалиёти зехние, ки фахм (Verstehen) хонда мешавад, шинохта шудааст. Бо назардошти он ки таърих ва масоили марбут ба нигориши таърихи барои ў беандоза боахамият буд, фалсафаи вай бисёр куллитар аз он чизе ќаламдод карда мешавад, ки он дар асл хаст. «Наќди хиради таърихи», ки вай дар андешаи худ онро тархрези карда буд, мебоист хамаи илмхои инсониро дарбар мегирифт. Дилтей бо чунин далеле, ки воќеияти таърихи ба дасти ононе, ки сайъ мекунанд улуми инсониро мачбуран дар ќолаби илмхои табии дароранд, «ноќис» шудааст, кўшид барои илми таърих равишшиносии чадиде ба вучуд оварад. Вай хусусияти куллигаройии таълимоти Кантро рад кард ва чунин андеша дошт, ки муаррихон фаќат метавонанд ба ангезахо ва аъмоли афрод бингаранд. Ба назари ў, фард хамеша чузъе аз фарханги муайян аст ва фахми фард низ ба маънои фахмидани он фарханг аст. «Фалсафаи хаёт»-и Дилтей баёне аз боварии вай ба ин аст, ки мо бояд худро чузъе аз кулли бузургтаре бидонем, ки сохтаи мавчудоти башари аст ва воќеияти ичтимоию таърихии моро шакл медихад. Илова бар ин «баёне аз хаёт то он чо маъно дорад, ки нишонае бошад барои баёни чизе, ки чузъе аз зиндаги аст. Зиндаги маъное чуз худаш надорад. Хеч чизе дар он нест, ки ба маъное дар фаросўи он ишора кунад». Намудхо ва баёнхои зиндаги мавзўи илмхои инсониро ташкил медиханд. Ба андешаи Дилтей, харчанд мумкин аст даврахо ва афроди мухталифе бо фархангхои комилан бегона нисбат ба фарханги мо вучуд дошта бошанд, мо метавонем равандхои таърихи ва ичтимоии онхоро бифахмем, зеро мо афроди зиндае хастем, ки «равандеро, ки тамоюл дорад, худро дар баёнхо ва намудхо айни созад» мешиносем ва медонем. Фахм раванди ягона ва алоќаманд ба фард аст. Фахмро дар ин маврид Дилтей хамчун «бозёфти ман дар ту» ё ба сурати шакле аз шинохт, ки бо равандхои фикри сарукор дорад, шарх медихад. Дар Фаронса ба густариши ѓояхои марбут ба фалсафаи хаёт осори Анри Бергсон заминагузори ва мусоидат намуданд. Дар аксари тахкиќотхои ба хаёт ва осори Бергсон бахшидашуда аввалан ба лаёќати фавќуллодаи аз овони чавони насиби ў гардида маълумот дода мешавад. Ин маълумотхо аз зиндагиномаи ў барои бехтар шинохтани чехраи илмияш низ то андозае кўмак менамоянд ва мо хам ин равишро пайрави хохем кард. Завќи чашмгири Бергсон дар овони мактабхонияш нисбат ба илми риёзиёт, пеш аз хама, таваччўхи атрофиёнро ба худ мутамоил гардонида буд. Вай дар хафтдахсолаги ноил ба дарёфти чоизаи ифтихори барои дарёфти рохи халли як масъалаи риёзи гашта, дар хамон сол масъалаеро хал кард, ки Паскал дар замони худ оид ба халли хеш аз он маълумот дода буд, вале он нашр нагашта буд. Поённомаи тахсилии Бергсон дар бораи назарияи Арасту дар боби макон ба забони лотини анчом дода шудааст. Вай илова бар мавзўоти дигар инчунин фалсафаи Арасту, Афлотун ва Фулотинро низ тадрис мекард. Хамзамон мутолиаи комиле дар адабиёти фанни ва тахассусии марбут ба наќши маѓзи сар дар робита бо забонпареши анчом дод. Ў дар фалсафа сохиби сабки махсуси баёни андешаи илми ба шумор меравад. Осори ў дар замони зиндагияш пурра ба забони англиси тахти назари бевоситаи худаш ба нашр расида буд. Ў дар ин бора чунин фикри чолиб дорад: «Чизе дар фалсафа вучуд надорад, ки натавон онро бо забони рўзмарра баён кард». Вай чун Бертран Рассел маќсади бо амал пайвастани фалсафаро дошт. Истилохи «экзистенсиализм» (вучудгаройи) маъмулан барои ишора ба нахзати густурдаи фалсафие ба кор бурда мешавад, ки Мартин Хайдеггер ва Жан Пол Сартр поягузорони он махсуб мешаванд. Вучудгаройи чун равияи фалсафи аз солхои 20-уми асри XX инчониб ташаккул ёфт. Таълимотхои фалсафии тамоюли вучудгаройидоштаро аслан ба ду даста чудо мекунанд. Ба дастаи якум хамаи он таълимотхои фалсафие мансубанд, ки дар онхо ба масъалаи инсон ва мавчудияти ў таваччўх зохир шудааст. Ба ин маъно чунин иддао шудааст, ки шахсиятхои аз назари замони дур чун Августини Мукаддас ва Б.Паскал аз чумлаи ниёгон ва бунёдгузорони фикрии вучудгаройи хастанд. Вале хамчун орои фалсафии махсус ин нахзати фикри дар солхои пас аз чанги дуввуми чахони дар Фаронса ба авчи худ расид. Ба ташаккули ѓоявии вучудгаройи хамчун равияи мустаќили фалсафие, ки масъаларо дар бораи инсон нуќтаи мухими худмуайянсозияш дар баробари фалсафаи классики ќарор дод, се равияи фалсафи таъсири халкунанда расонидаанд. Аввалан таъсири таълимоти вучудгароёнаи файласуфи данияги Сёрен Киркегорро (1813-1855), ки дар он ѓояи худкифоятмандии инсони чудогона бо таќдири шахсии ў ва рўёрўи таърих ќарор гирифтани хаќиќати зехни матрах гардидааст, дар ин чо зиёд аст. Махз Киркегор ба мафхуми «экзистенсия» он маъниеро ворид сохт, ки минбаъд он бо ин мўхтаво дар орои вучудгаройи истифода бурда шуд. Экзистенсия ё вучуди воќеи махсули худи худ, хуввияти нодири хешро интихоб кардани инсон буда, мубталои ноустувории бо мафхумхои «тарс», «шубха» ва «изтироб» баёншаванда мебошад. Таълимоти вучудгаройиро метавон вокунише аз андешаронихои мактаби «фалсафаи хаёт» номид, ки нахустин бор ба ќудрати тафаккур шубха варзиданд ва онро барои кашфи маънии мохияти инсон нокифоя донистанд. Билохира ба ташаккули орои фалсафии вучудгаройи наќши падидашиноси хеле назаррас аст, зеро он имконияти ба силсилаи хиссиёти равонии инсон, ба мисли «тарс», «ноуммеди», «ѓамхори», «изтироб» ва ѓ. маќоми онтологи бахшиданро фарохам овард. Харчанд бештари намояндагони ин равия, аз чумла М. Хайдеггер ва А. Камю мансубияти худро ба вучудгаройи инкор намуда, вижагию нотакрории таълимоти худро мукараран таъкид доштаанд, вале бо вучуди ин метавон дар заминаи мушаххас намудани усулхои умумие, ки хоси диди вучудгаройи мебошанд, умумияти андешаронии намояндагони барчастаи ин мактабро пайдо намуд. Пеш аз хама, таваччўхи вучудгаройи ироаи шарху тафсире аст, аз ин ки вучуд доштан дар маќоми инсон дар чахон чи гуна аст ва ба чи мемонад? Хеч андешаи умуми дар бораи он, ки ин шарху тафсир бояд чи гуна бошад ва чи мўхтавое дошта бошад, вучуд надорад; хам бехудойии Сартр ва хам тафаккури динии Марселу Бубер дар андешаронии вучудгароёна чой дода шудаанд. Вале бо вучуди ин баъзе хусусиятхои умумии ин таълимотхоро метавон дарёфт. Вучуди айни ва мутлаќи чахон он гуна, ки хаст, бидуни дахолати инсони инкор мешавад. Чахон чизи «додашуда» аст ва хеч гуна шубхаи маърифатшиноси оид ба вучуди он дар миён нест; чахон бояд дар нисбат бо худамон тавсиф шавад. Мохияти собите вучуд надорад, ки мавчудот барои ба шумор омадан ба манзалаи инсон бо он мутобиќат дошта бошад. Мо он чизе хастем, ки тасмим мегирем. Огохии башари холати хастии мутафовуте бо чараёнхои модди дорад. Инсон на фаќат дар маќоми шайъи, балки хамчунин дар маќоми «ношайъи» вучуд дорад, яъне дар маќоми огохи, шуурноки, ки шарти лозим барои интихоби он чи одами мехохад анчом дихад, бошад. Мо наметавонем байни интихоб кардан ва интихоб накардан якеро баргузинем; хатто агар фикр кунем, ки метавонем аз интихоб кардан канора чўем, худи хамин амр навъе аз интихоб аст. Бо такя аз усулхои фавќуззикр барои хамаи вучудгароён тафсири мохияти инсон чун экзистенсия, чун намуди хоси хасти «ин чо –хасти», «барои худ-хасти» умумист. Вучудгароён бозкушодаги ва номуайянии хастии инсониро таъкиду тасдиќ мекунанд, ки хамеша аз хадди худ мебарояд ё ин ки «хастии оли мегардад». Вучуд як чизи томшаванда ва ба андешаронии аќлони дастнорасест, ки аз муќобилгузории субъект ба объект маншаъ мегирад. Хастии инсони, ба монанди мафхумхои мантиќи «дастгирнашаванда» аст, азбаски, ба ќавли Хайдегер, он маќсаднок, «ана-хасти» мебошад, ки дар бораи он гуфтан мумкин нест, ки он «иборат аст аз…», балки гуфтан мумкин аст, ки «метавонад». Имкониятхо аз вучуд ё хастии наќд ѓанитаранд, аз ин рў, фаќат тавассути одам мукаммалияти хасти амали мегардад. Моро хасти фаро мегираду худро бозмекушоем. Ба андешаи вучудгароён, инсон аз ягон хел сиришти ќаблан додашуда ва ё муайяншудаи хастии шахси бархурдор нест. Ў бо ягон чизе муайян нашудааст ва «ба чуз лоихаи худи худ дигар чизе нест»(Сартр). Вазифаи инсон тавассути саволдихи дар хусуси маънои хасти, тавассути таассуроти хиссии алоќаи худ бо олам инсони хаќиќи шудан аст. Бинобар хамин хам масоили озоди ва интихоб дар вучудгаройи ахамияти бузург доранд. Сартр чунин меандешад, ки интихобхои асил комилан номуайян хастанд. Агар мо барои ичрои як наќши ичтимои амал кунем, – барои мисол, як пешхизмат ончиро, ки тасаввур мекунад, вазоифи аз пеш муќарраршудаи хирфаияшро ба анчом расонад ё ошиќи ноком ба гунае рафтор кунад, ки фикр мекунад, бояд чунин кунад – дар он сурат мо ба далели надоштани асос барои интихоб гунахкорем. Агар мо тасмимхои худро дар асоси муќаррароти беруни, мачмўи ќоидаю тартиботи беруни ќабул кунем, мо ба интихоби асил намерасем. Интихоби асил дар вазъиятхои сархади – холати бемори, гунахкори, фалокат, марг ва ѓ. пайдо мешавад. Махз дар вазъиятхои сархади шуур худро чун шуури азияткашида, хискунанда, миранда, мушавваш ва чун шуури озод, на ин ки мавчудияти бесимо пайдо менамояд. Сартр эълом дошта буд, ки: «Мо хеч гох чунин озод, ба мисли он, ки дар давраи истилои фашистии Фаронса буд, набудем». Вале Бубер ин ќазовати Сартрро оид ба интихоби асил инкор мекунад ва мегўяд, ки интихоби асил барои он аст, ки одами метавонад арзишхои кашфшуда ва на ибдоъшударо барои зиндаги ихтиёр кунад. Баъзе аз масоили марбут ба инсонро вучудгаройи дар заминаи алоќамандии инсон ва чомеа матрах менамояд. Дар ин замина вучудгароён таъкид менамоянд, ки инсон махсули офаридаи таърих нест, балки ба мачрои он партофта шудааст, лихозо ниходу ташкилахои ичтимоиро фаќат дар маънои шароитхо, на ин ки хамчун маќсаднишондихихо ќабул кардан зарур аст. Инсон бояд дар мачрои таърих чустани рисолат ва бегунохбарорихои худро бас кунад. Инсон хамчун офарандаи ягонаи арзишхо ба озоди «махкум шудааст», озодии инсон дар ин маврид чун озодии ботинии мутлаќи интихоб фахмида мешавад. Инсон худаш барои худ арзишхоро муайян мекунад, рамзхоро бозмекушояд, ахамиятнокии эхсосоташро аён месозад, яъне интихоби ў хамеша фардист, хатто агар ба кулли башарият дахл кунад. Дар ин маъно Сартр инсонро чун «хасти барои худ» арзёби мекунад. Мувофиќан фаќат худи инсон куллияти масъулиятро барои интихоби худ ба дўш дорад. Чомеаро вучудгароён чун нерўи беруна, бесимо, «мачаќкунандаи» фардияти инсони чудогона барраси мекунанд. Ин нуктахо минбаъд бахусус дар вучудгаройии фаронсави ба муќобилгузории шахсият ва чомеа меоварад, ки чунбишхои чавонони донишчўи фаронсавии солхои 60-ум натичаи он буд. Бештари андешахои дар заминаи орои вучудгаройи матрахшаванда барои ѓунчониданашон дар осори бадеи хеле мувофиќ буданд. Чуноне ёдовар шудем, вучудгаройи дар маркази пажўхиши худ масъалахои фардии маънои хаётидошта, аз чумла гунахкори ва масъулият, тасмимгири ва интихоб, муносибат ба рисолат ва марги худ ва ѓ.-ро гузошт. Албер Камю хатто ба сифати масъалаи асосии фалсафа зарурияти чустучўи чавоб ба саволи «оё хаёт арзиши зиндагикуниро дорад?»-ро гузошт. Ў ба сифати масъалаи воќеан арзиши фалсафидошта, масъалаи худкуширо эълом дошт ва вазифаи осори бадеиро аз он иборат медонист, ки барои маъно пайдо кардани хаёте, ки дар маърази тахдид ва хатари бемаъно аст, ба инсон кўмак намоянд. Инро худи мутафаккир дар осори бадеияш, ба монанди «Тоъун», «Бегонаги» ва ѓ. бо махорати бемисли нависандаги тачассум менамояд ва бо хамин ба дарёфти мукофоти Нобели мушарраф гардад. Ташаккули тафаккури фалсафии Камю ду зинаро пушти сар намудааст, ки онон дар ду рисолаи фалсафии ў «Устураи Сизиф» ва «Инсони исёнгар» чамъбанди шудаанд. Ѓояхои мехварии харду рисола марбут ба масоили фанопазирии рўх ва бетафовутии олам ба шавќу ангезахои инсони мебошанд. Мафхуми асли ва мехвари дар мархилаи аввали андешаронии вучудгароёнаи А. Камю ќарордошта марбут ба масъалаи бехудаги аст. Ба андешаи Камю, бехудаги эхсосе аст, ки аз бархурд бо олами ѓайриаќлони ва доштани орзуи навмедонаю амиќи инсон барои ёфтани маънои вазъиятест, ки ў дар он ќарор дорад. Тибќи андешаи Камю вокуниши мусбатро инсон ба ин вазъият дар сурати ба даст овардани дарку огохии комил нишон дода метавонад. Аз дарки равшану комили пучию бехудагии зиндагии мо се натичаро ба даст меорем, ки Камю онхоро чунин номгузори мекунад – исён, озоди ва шуур. Хар кадоме аз ин натичахои дарки огохонаи инсон аз маънии зиндагияш дорои мўхтавои муайян аст. Масалан, диди Камю аз мўхтавои мархилаи «исён» ин эхсоси зохир намудани эътироз ва нофармони аз чониби инсон дар баробари хаќиќати тираю тори вазъияти башари аст. Чунин шинохти вазъият моро батадрич аз ќайди одату русуми ќабулшуда рахои мебахшад. Бо ба даст овардани ин сифат мо хамаи чизхоро аз нав мебинем ва аз дарун, ботинан озод мешавем. Мўхтавои унвони мархилаи сеюм аз он иборат аст, ки дар ин зина эхтимоли ба даст овардани тасмими ќотеъ ва ирода ба зистан бо шиддат ва хаячони муштоќона то сархади имкон мухайё мегардад. Ин тасмим таъкидест на барои гурез аз мафхуми бехудагии ранчхои зиндаги, балки чуръати рў ба рў шудан бо он. Ин холатхоро Камю хеле мохирона дар асари бунёдияш «Устураи Сизиф» тасвир кардааст. Аввалан барои ворид шудан ба мўхтавои ин асар барои мо донистани сарчашмаи баромади ин устура хеле мухим аст ва бинобар хамин хам мо дар ин чо ичмолан дар бораи он маълумот доданро зарур мешуморем. Дар асотири юнони Сизиф хамчун шохи давлати Курнат тасвир шудааст. Ўро худоён бо гунохе азиме махкум ба чазо карданд. Мутобиќи ин чазо Сизиф мебоист то абад санги бузургеро ба боли кўхе бараду аз он ки санг боз ба поён сарозер мешуд, ў бояд аз нав онро ба хамон ќулла мебаровард. Ин корро ў бояд то охири умр такроран ичро менамуд. Дар асари Камю ичрои ин амал аз чониби Сизиф фазилати муайянеро касб мекунад. Сизиф дар асари Камю аз маъюсона, бехуда будани кори ичро мекардагияш огох аст, аммо ба хотири рў ба рў шудан бо сарнавишти худ ин корро ичро менамояд ва бо ин огохию дарки равшану шаффоф аз маънии рўзгораш бартар меистад. Мо бояд аз ин чихат Сизифро хушбахту саодатманд тасаввур намоем. Камю дар силсилаи дигари андешаронии вучудгароёнааш ба баррасии масъалае мепардозад, ки тибќи он дар сурати нишон надодани талош аз паёмадхои аъмоламон хар як корамон маънои мачозиро касб мекунад. Инро Камю дар романи «Тоъун» ва рисолаи «Инсони исёнгар» хеле мохирона тасвир намудааст. Дар ин осор Камю дар пайи он аст, ки арзишхои бисёр наздик ба арзишхои инсонгаройии озодихохонаро мавриди барраси ќарор дихад. Дар ин чо тафовути равиши Камю аз равиши вучудгароёнаи Сартр мушохида мешавад. Дар фарќият аз Сартр Камю ба чунин андеша мерасад, ки табиати инсони вучуд дорад. Камю дар мафхуми табиати инсони асоси иттиходи афроди навъи башарро меёбад. Чудойии пучгароёна аз дигарон, ки дар осори Сартр чой дорад, дар андешаронии Камю чойи худро ба ахлоќи ягонаги ва хидмат ба дигарон медихад. Баррасии масоили марбут ба вучудгаройи бидуни таваччўх ба осори яке саромадони ин равия Мартин Хайдеггер (1889-1976) нопурра ба назар мерасад. Хайдеггер дар осораш ба пурраги таваччўхи худро ба масъалаи тавзехи мўхтавои мафхуми «хасти» равона кардааст.Ў ханўз дар айёми донишчўияш ба мутолиаи бевоситаи асархои ба ин масъала бахшидашуда мароќи бепоён зохир менамуд. Махз дар хамин айём ў ба сари «Тахќиќотхои мантиќи»-и Гуссерл шиносои пайдо мекунад. Мутолиаи ин асар то охири умр ба ў таассуроти бузург мегузорад. Харчанд ў таълимоти Гуссерлро напазируфтааст, вале дар он рохеро барои наздик шудан ба дарки «хасти» пайдо мекунад. Соли 1919 Хайдегер ба сифати дастёри Гуссерл ба кор оѓоз мекунад. Тахти таъсири Гуссерл ва атрофиёнаш (Дилтей..) ў шурўъ ба ташаккули шакли хоси падидашиносияш намуд, ки рўйдодагии вучуди зинда ва зисташуда диќќаташро равона сохт. Ин назария дар китоби «Хасти ва замон» (1925) хеле муфассал баён шудааст. Ба андешаи муфассирон дар ин асар кўшиши ба ин савол чавоб пайдо карда мешавад, ки: Чи гуна рафтору бархурд бо хастандахо имконпазир аст? Посух дар мачмўъ ба ин савол чунин аст, ки он чи рафтору бархурдро бо хастандахо имконпазир мегардонад, фахми хасти аст. Бинобар хамин хам Хайдеггер фалсафаи худро тафаккур ё андеша (Denken) тавсиф мекунад. Дар ин асар Хайдеггер мўхтавои мафхуми «хасти»-ро дар алоќаманди бо хастии инсон, ки дар олами ўро ихотакарда сурат мегирад, матрах мекунад ва онро зимнан «хасти дар олам» меномад. Вай равиши мазкури хастишиносияшро падидашиноси меномад, зеро он аз шиори Гуссерл «Пеш ба сўйи худи чизхо» пайрави мекунад. Ин шиор дар худ хидояти ичозаи дида шудан, додан ба он чизе аст, ки худашро менамоёнад. Фахми хасти хама гуна амалу рафтореро дар баробари хастандахо (Das Sein des Seiendes) – хам онеро, ки ман нестам ва хам он, ки ман худам хастам- имконпазир месозад. Хасти чизе нест, ки дар доираи махдуд ќарор дошта бошад, балки дар фахм он пайваста дар холи табдил аст. Хайдеггер фахми хастиро ифшо ё бармалошудаги (Erschlossenheitdisclosendness) меномад. Масалан, «хасти дар олам»-и инсон аз «хасти бо дигарон» ва «хастии хеш барои худ» иборат буда, «хасти бо дигарон» имкони инсонро берун кардан аз доираи шахсияташ дорад ва бо хамин ўро бо дигарон омехта, ба «мисли хама» табдил дихад. Шакли ќабли (априори)-и шихсияти инсонро изтироб, тарс ва ташвиш ташкил медиханд, ки онхо чи тавре зикр намудем, хастии субъективии инсонро ифода менамоянд ва бо мафхуми «хасти дар олам» баён мегардад. Барои дарки «маънии хасти» инсонро зарур аст, ки аз кулли гаройишхои амалию маќсаднок дури чўяд ва «миранда» будани худу «пуч» будани зиндагиро бифахмад. Танхо бо мурури хисси хамешаги худ «дар рўбарўи марг» ќарор доштан инсон метавонад арзиши хар лахзаи зиндагияшро дарк кунад ва аз ќайди бутхои хастии ичтимои (хадафхо, идеалхо, интизоъот (абстраксия) – и илми) худро начот дихад. Психоанализ (тахлили равони). Тавофути миёни равияхои асосии психоанализ чист ва онхо чи гуна арзи вучуд карданд? Дар маънои васеи вожа мактабхои гуногуни психотерапияи динамикиро ( хам дар мачмўъ ва хам дар алохидаги) психоанализ меноманд. Психоанализ чун нахзат аз махфили чонибдории Зигмундт Фрейд ибтидо мегирад, ки дар атрофаш соли 1902 муттахид шуданд ва соли 1908 Чомеаи психоаналитики Венаро таъсис доданд. Ворису давомдихандагони ин чунбиш мансуб ба истилохи психоанализи « классики» ё « ортодоксали» ( шаръи) – самти нисбатан сершумору тавоно ва бонуфузи психоанализ мебошанд. Дар тархи назарияви психоанализи классики фрейдизм, таълимоти Фрейд аст. Чавхари онро консепсияхое ташкил медиханд, ки сохти дастгохи психики ва сиришти психоневроз ( чунуни рўхи) – ро шарх медиханд. Дар асоси онхо ѓояи бешуури ќарор дорад. Бешуури (« Вай») он ќисмати психика аст, ки дар он таконхои ѓаризави ( хохишхо) ва ѓояхои аз шуур махдудкардашудабароварда мутамарказ шудаанд. Бешуури аз шуур бо сохаи пешошуур (« Ман» -и оќили инсон, хотира, тафаккур) чудо карда шудааст. Он назорати хохишхои бешууриву ѓояхои пешгузоштаи онхоро амали гардонда, бо воќеияти олами беруна мувофиќ гардида, ба кўшишхои ба шуур рохёбии онхо муќовимат мекунад. Ба шумори чунин роххо хоббини, ѓалатхои гуфтор ( хазёнгўи), хачв, инчунин ходисахои амрозшиносии ( паталогияи) психики мансубанд. Дигар санги махаки назарияи Фрейд таълимот дар бораи майли чинси ( либидо) ва шаҳвонияти бачагона буд. Аз назари ин таълимот раванди рушди психикии инсон мохиятан раванди аз лихози биологи муайяншудаи табдилоти пайдархами ѓаризаи шавхонии ўст. Дигар равияхои хеле камтар ниходишудаи бонуфузи психоанализро шогирдони аз Фрейд канорачуста таъсис дода буданд. Миёни онхо А.Адлер нисбатан маъруфтар буд, ки назарияи худиашро бо номи « Психологияи фарди» кор карда баромад. Дар асоси фахмиши марази рўхи аз чониби ў ѓояи чуброни эҳсосоти беќадри ќарор дощт , ки онро ягон нуќсони чисмони тавлид мекунаду он дар одам кўшиши даркношударо ба сўйи бартаричўи бедор месозад. Адлер фрейдизмро барои муболиѓагардонии наќши шаҳватгарои ва бешуури дар муайянсозии рафтори одамон танќид кард . Дар мубќобили ин ў ба наќши омилҳои ичтимои таваччўҳ кард, самтмандии ичтимоии майлу раѓбатҳо-асоси характери инсониро таъкид намуд. «Психологияи ичтимои»-и Адлер дар солхои 20-30, бахусус, дар ИМА нисбатан бештар густариш ёфт. Истилоҳи кашфкардаи ў « мачмўи беќадри» ба ҳукми таомули ҳаррўза даромад. Дар фарќият аз Адлер Юнг шогирди Фрейд набуд, фаќат муддате чанд бо ў наздики дошт. Юнг баъди ќатъи муносибат дар соли 1913 аз назарияи либидои Фрейд интиќод кард ва назарияи худро бо номи «Психологияи аналитики» кор карда баромад. Ба Юнг типологияи характерҳои коркардааш шўҳрат овард, ки он одамонро ба «интровертҳо» ва «экстровертҳо» чудо мекард. Юнгчиги дар Швейтсария ва Англия мавќеи ќави касб кард ва дар ИМА пешниҳод гардид. Олимони соҳаи гуманитари низ ба Юнг раѓбат доштанд, ба хотири он саҳме, ки ў дар омўзиши мифология гузошт. Он ба таълимот дар бораи архетипҳои бешуурии коллективи алоќаманд буд, ки таҳти онҳо Юнг образҳои даркношудаи саршор аз ҳиссиёт, таассурот, вокунишҳои андўхтаи башариятро дар навъе хотираи « коллективи», онҳо ќабати амиќи шахсиятро ташкил медиҳанд, мефаҳмид. Архетипҳо ифодаи рамзии худро дар устураҳо, образҳо ва сюжетҳои санъат дармеёбанд. Неофрейдизми солхои 30 – 40 -ум дар ИМА пайдо гашта, ба тиб ва психология камтар реша давонд. Таъсири неофрейдизм аз бисёр чиҳат вобастаи маъруфияти бузурги таълифоти фалсафи ва ичтимои – психологии Э. Фромм – сарвари назариявии ин равия аст. Дигар намояндагони неофрейдизм Г. Саливан ва К. Харни мебошанд. Хамаи онҳоро майл ба ѓояҳо ва аҳдофи муайяни фрейдизм муттаҳид мекунад,пеш аз ҳама психологизм дар муносибат ба хаводиси чамъияти ва раѓбат ба ѓояи ангезанандагии ( мотиватсияи) бешууронаи рафтори инсон; инчунин эшонро кўшиши тачдиди дарки таълимоти Фрейд ба самти бештар ичтимоъкунонии он аз мавќеи муносибати « мадани» ба ҳам пайванд медиҳад. Ба пиндори онҳо, ҳар гуна психопоталогия барои ин маданият нисби ва махсус аст. Омили муштараке мавчуд аст, ки барои он замина фароҳам меорад ин навъи невротики ҳаракат аст. Фромм ва Хорни якчанд гуногунрангии характери невротикиро ба силки тасвир оварда, муноќишоти барангезандаи онҳоро таҳлил карданд. Агар сухан дар бораи принсипҳои асоси биравад, ки бар онҳо бояд чомеаи рўҳан солим бунёд ёбад, ин принсипҳоро Фромм дар асараш « Доштан ё будан?» ( 1976) овардааст. Нуктаи бунёдии ин асар ҳудудгузори миёни соҳиб будан ва ҳасти аст. Фромм даъват мекунад, ки маќсадгузории кунуни дар характери одам бартаридоштаи соҳиб буданро ба маќсадгузори ба ҳасти бояд иваз намуд.Психоанализ ба илму фарҳанги ќарни хх таъсир гузошт? Бе муҳобот метавон гуфт, ки ин таъсир хеле бузург ва гуногунранг аст. Дар мачмўаи «Фрейд ва ќарни хх» (1958), ки дар он кўшиши баҳодиҳии ҳаматарафа ба маќоми олими австрияги дар илму фарҳанги ќарн ба харч дода шуд, Фрейдро бо Марксу Эйнштейн дар як радиф мегузоранд ва номаш дар рўйхат якум аст. Фрейд аз ягон касе дигар бештар ба таѓйирдиҳии образи одам, дасткаши аз фаҳмиши маорифпарваронаи ў ҳамчун homo sapiens( сокинони ѓарби вожаи «психоанализ» ба муродифи калимаи «психология» табдил ёфт. Психоанализ чун фарзия арзи ҳасти кард ва муддати тўлоние мавчудияти он бо Фрейд ва гурўҳи на он ќадар калони чонибдорони олими австрияги истисноан алоќаманд буд.Дар даҳсолаи дуюми асри ХХ психоанализ аз бунбаст баромада густариш меёбад, дар мамолики гуногун пайравони чадид пайдо мекунад. Он ҳамчун назария низ инкишоф меёбад: ба соҳаҳои хеле дур аз соҳаи пайдоиши он – психотерапия сар мехалонад. Таъсири психоанализ ба соҳаҳои мухталифи шуури чамъияти меафзояд ва ибтидои соли 30 –юм он хеле маъруф мегардад. Фрейд мулоҳизоташро дар соҳаи этнография дар асари «Тотем ва табу» (1912-1913) иброз дошт. Фарзияҳои антропологии Фрейд ба бисёр олимони мардумшинос илҳом бахшиданд, бархе онҳоро рушду муназзам кардани шуданд (Геза Рохейм), баъзе пажўҳишоти саҳрои гузарондаю ба носеҳ будани ин фарзияҳо эътимод ҳосил намуда ва аз онҳо даст кашида, консепсияҳои худиро офариданд. Масалан, Б.Малиновский ба хулосае дар бораи он омад, ки мачмўи эдипи ҳаргиз дар он намуде, ки Фрейд онро баён кардааст, универсали нест, Р.Бенедикт ва М. Мид бошанд, нармию зебоии сиришти одамиро намоиш доданд, ки дар назари Фрейд таѓийнопазир аст; охириҳо инчунин ба вобастагии сахти вожаҳои психика аз хусусиятҳои фарҳанг ишора карданд. Боз як хориќае, ки Фрейдро мантиќи рушди назарияаш бо ташреҳи он тела дод, сарвари буд. Дар асари « Психологияи оммави ва таҳлили Ман» (1921) саромади психоанализ таваччўҳи равоншиносони ичтимоиро ба асоси либидии (майли чинсии) алоќаҳои миёни фардҳо дар гурўҳ мекашад. Ин ѓояҳои Фрейд заминаи назариявии таҳлили ичтимои-психологии муносибатҳои сиёсиро чун соҳаи дониш бунёд гузоштанд. Намунаи барчастаи имкониятҳои ташреҳи фрейдизм таҳлили шахсияти Леонардо да Винчи гашт. Олими австрияги таклиф ба миён гузошт , ки муаммои эчодиёт ва шахсияти ўро дар шароитҳои бачагии барваќтиаш бояд чуст. Фрейд рўзнома ва махсусан ёддоштҳои кўдакии барваќти намояндаҳои бузурги Эҳёро таҳлил карда, якчанд фарзияеро оид ба махсусиятҳои рушди рўҳи- шаҳвонии ў ба миён гузошт, «Леонардо Да Винчи ва ёддоштҳои бачагии ў» (1910).Кунчковии барваќти шаҳвони, ки дар тифли бедор гашта буд ва ѓаму ҳасрати модар, ки ўро дар тифли танҳо ятим гузошт, чунинанд аз назари Фрейд фишангҳои асосии чўшухўруши хастанопазири тадќиќотии Леонардо да Винчи. Бо ин намунаи психоанализи таърихи Фрейд ба жанри томе-жанри патограия ибтидо гузошт . Баъдан ў якчанд бор ба пажўҳишоти патографи иќдом кард,ки обекташон Ф.М.Достоевский ва президенти амрикои Вудро Вилсон шуданд. Аз ин тадќиќоти Фрейд то рўзҳои мо анъанаи чустучўҳои патографи дар соҳаи сиёсатшиноси ва санъатшиноси омада расидааст.Аммо таъсири бештаре, бешакк, ба таълимоти Фрейд дар бораи бешуури расонд. Ва ҳарчанд ў нахусткашшофи он набуд ва назарияи психотаҳлилии бешуури дар ин масъала ягона набуд, маҳз он даҳсолаҳои бутун дар таъсири ин хориќа «намунаи ибрат» буд ва ба тарѓиби проблематикаи бешуури, ҳам миёни омма ва ҳам уламо бештар мусоидат намуд. Психоанализ ҳамчун равия дар психиатрия пайдо шуд ва аксари назариётчиёнаш табибон-рўҳшиносон буданд. Он ба фалсафа чи муносибат дорад? Воќеан, ба назари аввал чунин менамояд, ки психоаназиз ба фаслсафа хеле муносибати дуртаре дорад, иртиботи онҳо ќариб намоён нест. Охир худи Фрейд дар овони донишчўи ба девори утоќаш ин шиорро овехт: «Кор бояд кард, аммо бе фалсафафурўши!». Ў дар сини андаке болиѓтар баъзан кинояомез изҳор мекард, ки файласуфонро намехонад, зеро эшонро намефаҳмад. Аммо дар солҳои донишчўи ў дар машѓулиятҳои амалии файласуф А.Брентано дармехонд ва ҳатто яке аз чилдҳои осори Д.С.Миллро ба олмони тарчума кард, дар соли1912 бошад, ба «Чомеаи фалсафаи позитивисти» шомил гашт.Ба иттилои шарҳиҳолнависон баъдан Фрейд ба осори Нитсше ва Шопенгауэр раѓбати зиёд пайдо кард. Хамин тариќ, муносибати шахсии поягузори психоанализ ба докторинаҳои фалсафи пуртазод буд. Аммо шавќу завќи шахси як чиз асту асосҳою хулосаҳои воќеии фалсафи –методологие, ки олим метавонад онҳоро пайҳам набаровараду нафаҳмад, чизи тамоман дигарест. Таълимоти Фрейд сахт фалсафи ба шумор наомада, имкони зиёди чаҳонбини дорад. Он, пеш аз ҳама, бо фахмиши махсуси инсон ва маданият аз чониби Фрейд алоќаманд аст. Дар асоси он эътиќоди Фрейд ба зиддияти оштинопазири, аз як тараф, мабдаи табии дар инсон, таконҳои шаҳвони ва тачовузкоронаи бешуури ва аз дигар чониб, фарҳанг ќарор дорад. Иллати ин зиддияти оштинопазир дар дарачаи андарунипсихики (зиддиятҳо миёни «Вай», «Ман», ва «Фавќул Ман», миёни назорат ва хоҳишҳо ) маданият бо ормонҳо, меъёрҳо талаботҳои он мебошад. Ба назари Фрейд, маданият ба дасткаши аз ќонеъгардонии хоҳишҳои бешуури асос ёфтааст ва аз ҳисоби энергияи якбора табдил додашудаи майли шаҳвони вучуд дорад. Натичаи чунин фаҳмиши маданият танќиди романтикии он гашт, ки дар аввал бар зидди ниҳодҳои чудогонаи маданият равона гардид, аммо баъдан умуман таваччўҳ ба маданият кўчонда шуд. Дар асари «Ноќаноатманди дар маданият» (1930) Фрейд ба хулосае меояд, ки пешрафти маданият ба коҳиши саодати инсони ва афзоиши эҳсоси гунаҳкори барои маҳдудиятҳои афзоянда дар татќиќи хоҳишҳои табии бурда мерасонад. Фрейд ҳангоми ташреҳи пайдоиш ва моҳияти ниҳодҳои маданият эътиќодро ба шабоҳати ќонуниятҳои психологии фардию коллективи, инчунин ба якрангии механизмҳои ташаккули ҳаводиси мўътадилу патологии психика ба асос мегирифт. Ин ба ў имкон дод, бо дидани монандии байни аломатҳои чунун (невроз)-и безоркунанда ва таомули дини динро «чунуни коллективи» эълон кунад, мавчудияти шаклҳои типии таассурэътинокуни (мачмўи эдипи) ва рамзҳои коллективи дар психикаи инсон, аз назари Фрейд, ба ҳаводиси воќеи дар таърихи башарият ишора мекунад ва ин хориќаҳои психики хотирае дар бораи онҳо баромад мекунанд.Ў фарзияро дар бораи мавчудияти мероси психикии бешууронаи коллективи ба миён гузошт, ки дар ривоятҳо, афсонаҳо, асарҳои санъат ва ѓ. зоҳир меёбад. Новобаста аз Фрейд ва нисбатан муфассалтар ин ѓояро К.Юнг дар таълимоти худ дар бораи архетипҳои бешуурии коллективи кор карда баромад. Аз ҳама намояндагони психоанализ Э.Фромм ќаробати нисбатан бештар ба фалсафа ва умќи фалсафиро намоиш медиҳад.Ў маълумоти фалсафа омодагии психоаналитикиро соҳиб шуда, таҳти таъсири ѓояҳои ҳам Фрейд ва ҳам Маркс , Фейербах, Спиноза ќарор гирифт. Барои ҳамин Фромм проблемаҳои фалсафиро ошкоро ба миён гузошта, мекўшад ба тафсирашон аз мавќеи психоанализ (неофрейдизм) пардозад. Яке аз проблемаҳои аз ҳама муҳим барои ў проблемаи озодист, ки онро ў ба психологи маҳсуб мекунад. Фромм хориќаи «тарси озоди»-ро муфассал таҳлил кард ва механизмҳои нисбатан типикии фирор аз онро ба риштаи тасвир кашид. Миёни дигар проблемаҳои характерашон фалсафи-антропологи бояд проблемаи мавчудияти инсони низ номбар гардад, ки аз сиришти биоичтимои ў бармеояд. Халли бесамари он дар таърих бо типҳои густариш ёфтани характерҳои ичтимои алоќаманд аст. Бо характерҳои истеъмоли, истисмори, пасандознамои, бозори, аммо, ба пиндори Фромм, характери самаранок ояндадор аст, ки тамоюл ба муҳаббат ва ҳасти дар муќобили соҳиб будан дораду ќодир аст, ки имкониятҳои эчодии табиати худро амали гардонад. Хангоми баррасии масъала оид ба муносибати фалсафа ва психоанализ рўшан кардани иртиботи он бо фалсафаи илм метавонист, саҳифаи чудогонаеро ташкил диҳад. Ин саҳифа дар соли 30-юм ба муҳокимаи асосҳои методологии психоанализ боз шуд, ки мубоҳисот пиромуни онҳо то ба ҳоло рафтан доранд. Образнок агар бигўем, психоанализ дар методологияи илм ҳамон наќшеро бозид , ки ба наќши бозидаи магаси дарозофил дар таърихи генетика монанд аст (бар ин магас тачрибаҳои сершумор дар бобати омўзиши ќонунҳои ворисият ичро карда шудаанд). Онҳо ба аниќ кардани маҳакҳои илмият, вусъат бахшидану амиќгардонии фаҳмиши хориќае, ба мисли илм имкон доданд. |