Главная страница

Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
АнкорТаърихи фалсафа
Дата19.12.2022
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
ТипДокументы
#851867
страница32 из 41
1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   41

Боби 11. Неопозитивизм


Тавсифи умумии позитивизм ва мархилахои инкишофи он. Позитивизм ё ба истилохи дигар мусбатгаройи ин равияи андешаронии фалсафиест, ки дар охири асрхои Х1Х-нимаи якуми асри ХХ зухур намудааст. Ба таври кулли мусбатгаройи чунин дидгохест, ки шинохти оламро танхо хос ва салохияти илм медонад. Муаррихони фалсафа дар тадќиќи тахаввули он се мавчи мусбатгаройиро фарќ мегузоранд. Нахуст позитивизм дар Фаронса дар солхои 30-юми асри Х1Х пайдо шуд. Бо решахои ѓоявиаш он ба таълимоти Даламбер, Кондиляк, Тюрго ва Кондорсе рафта мерасад ва заминахои ѓоявиашро Сен-Симон мухтасар ифода карда буд. Аммо коркарду тарѓиби консепсияхои мусбатгаройиро О.Конт амали кард ва аз ин чихат ўро поягузори позивитизм махсуб кардан ќабул шудааст. Огюст Конт (1798-1857) корро дар назди Сен –Симон ба хайси котиб сар карда, аз ѓояи асосии « фалсафаи позитиви» ва «физиологияи ичтимои» (сотсиология) бардошт намуд. Фалсафаи Конт вокунише буд ба спиритуализми Мен де Биран ва эклектизми В.Кузен, инчунин ба хама он фазои бадбинона ба илм, ба хирад ва дигар рамзхои маорифпарвари, ки дар Франсияи ибтидои асри Х1Х пойдор гашт. Мавќеи феноменалистии дар гносеология ишѓолкардаи Конт маънои тамоюли маърифат ба тасвиркунии падидахо, муайян кардани иртиботи миёни онхоро дошт, ки илм ба саволи «чи гуна», на ин ки ба саволи «барои чи» бояд чавоб дихад. Дар таълимоти Конт мавќеи асоси таъкиди вахдати методологии дониш буд, ки аз он зарурати густариши методхои физикаю нучумшиноси ба сохаи хаёти чамъият, ахлоќ ва тасфияи онхо аз хулосахои аќли(спекулятсияхо) бармеомад. Аз нигохи Конт, тачриба ягона манбаи дониш аст. Масъалаи муносибати фалсафаю илм барои Конт ахамияти ќатъи дошт. Дар маънои васеи калима «Фалсафаи мусбатгаройи»-и ў бо мачмўи илмхои позитиви мувофиќ меомад, ки дар нисбати он чун сохахои он баромад мекарданд. Ба ин сабаб хама илмхоро Конт дар маротибсилсилаи (иерархияи) муайян чой медихад: омўзиши илмхои одди барои фахмиши илмхои олию нисбатан мураккаб зарур аст (онхо хамаги хафтоанд: риёзиёт, нучумшиноси, физика, кимиё, биология, ичтимоъшиноси, ахлоќ). Таснифи илмхо инчунин чудокуниашонро ба улуми мучаррад ва мушаххас низ дар назар дошт, ки охирихо муваззафанд ба сохахои хусуси ќонунхои умумии аз чониби якумихо омўхташаванда (масалан, биология-тиб)-ро истифода кунанд.Ба аќидаи Конт, таърихи илм мебоист ќаблан аз мархилахои илохиёти ва мобаъдуттаби мегузашт то ба мархилаи «мусбат» ё «исботи» мерасид, ки дар он шинохти воќеият асоси илми пайдо мекунад. Дар таълимоти Конт ќонуни «се мархила» мавќеи маркази дорад, ки ахкоми онро таќвият мебахшад. Тибќи ин ќонун, чуноне ки зикр намудем, сабзиши аќлонии инсоният аз се мархила мегузарад. Дар мархилаи якуми теологи инсон оламро бо худоён, арвох ва ѓ. маскун карда, хама падидахоро шабехона(антропоморфи) ва мачози шарх медихад. Дар мархилаи баъдиметафизики ташрехи олами атроф аз хисоби мохиятхои мучарради хаёлан бофташуда, ки гўё паси падидахо пинхонанд, ба даст меояд. Мархилаи охири позитиви бо дасткаши аз чустучўи мохиятхо, бо кўшишхои рохёби ба сиришти чизхо ва бо гузариш ба маърифати илми дар асоси тачриба ба мушохидаю тасвири падидахо тавсиф дода мешавад.Ичтимоъшиносии Конт (офариниши истилохи «сотсиология» аз ўст) инчунин илми назарияви низ хаст, ки аз иќтисоди сиёси ва ќисми равоншиноси иборат аст. Он ба истои (статика)-и ичтимои (омўзиши шароитхои доимии мавчудияти чомеа) ва пўёи(динамика) -и ичтимои (омўзиши ќонунхои рушди пешраванда) чудо мешавад. «Фалсафаи позитиви»-и Конт дар Фронса чонибдорони зиёд пайдо кард. Таъсири позитивизм аз Фронса убур карда ба Италия (Р.Ардиго ва диг), ба Руссия( В.Лесевич, Н.К.Михайловский, М.М. Тротский ва диг.), ба Олмон( Э.Лаплас, Е. Дюринг) расид. Дар Англия, ки манфиатчўи (утилитаризм) барои позитивизм замина гузошта буд, аллакай дар соли 40-ум Ч.С. Милл, баъдтар Г.Спенсер бо ѓояхои ба Конт хамоханг баромад мекарданд.

Герберт Спенсер (1820-1903) яке аз намояндагони асосии эволютсионизми асри Х1Х буд. Ў тахаввул (эволютсия)-ро раванди кулли дар сохаи олами падидахо дониста, ќонунхои умумитарини тахаввулро ба силки тасвир меоварад. Тахаввулро бошад, ў чун раванди таѓйироти охистаю тадричие мефахмид, ки мўхтавои асосиашон гузариши аз якрангии номуайяни беалоќа ба гуногунрангии муайяни алоќадор аст. Ба пиндори Спенсер, тахаввул вобастаи ќонунхои баќои материяву энергия ва нихоятан вобастаи ќонуни универсалии доимияти миќдори нерўст. Ин ќонун пайдоиши берунитач­рибави дошта, дар сиришти тафаккури мо реша дорад. Донисташавандагии ин ќонун моро ба фахмиши он холати мухиме мебарад, ки дар олами маърифатнашаванда вучуд дораду мохияти нихонии олам ба мо дар сохаи тачриба намоён намегардад. Бо рохи тачриба, бо маърифати аќли (илми, фалсафи) мо фаќат зухуроти маърифатнашавандаро мефахмем. Маърифати аќли бояд ба дарёфти он даъво накунад, ин кори дин аст. Миёни илму дин зиддият нест, зеро махз кори дин аст, маърифат кардани мохияти барои илм дастнорас, асрори олам. Бад-ин тариќ, илму дин хамон як чизро барраси мекунад, аммо аз тарафхои гуногун.

Фасли махсуси китоби асосии Спенсер «Мабдаъхои асоси» (1862) ба таносуби фалсафа ва илм бахшида шудааст, ки дарки онро ў аз дидгохи мусбатгаройии конти ба амал мебарорад. Ў фалсафаро бо илм наздик мекунад. Аз фалсафа бояд масойили метафизики(дар бораи мохият, сиришти ашё, асосхои нихоии хасти) берун афканда шаванд, зеро фалсафа низ бо тачриба махдуд аст. Фалсафа бо хамон методхо он сохаи меомўхтаи илмро тадќиќ карда, аз илм бо дарачаи умумият хамчун дониши «комилан муттахидгашта» аз дониши «ќисман муттахидшуда» фарќ мекунад. Хаќиќатхои фалсафа ин муттахидсозии хаќиќатхои хусусии илм аст. Эволютсионизми хамагони (глобали), ќонунхои умумитарини аз чониби Спенсер коркоршудаи тахаввулро дар « Мабдаъхои асоси» ў ба сохахои биология, равоншиноси, ичтимоъшиноси, ахлоќ низ муассир мехисобад. Аммо мохиятан ин ба биологикунони низ муассир мехисобад. Аммо мохиятан ин ба биологикунонии се фанни охир овард. Принсипи умдатарини ичтимоъшиносии ў монанд кардани чомеа ба организм-созвора аст (органитсизм). Фардхо гўё, ки хучайрахо ё вохидхои физиологианд. Дар чомеа се низоми «узвхо» мавчуданд: низоми нигахдори, ки истехсоли махсулоти заруриро таъмин мекунад; низоми таќсимоти, ки иртиботи ќисмхои созвораи ичтимоиро дар асоси таќсимоти мехнат таъмин мекунад; низоми танзими (давлат), ки тобеиияти чузъхоро ба том таъмин менамояд. Чомеа шабехи созвора месабзад, на ин ки бунёд мегардад. Барои хамин Спенсер чун раќиби ќатъии хар гуна ислохот баромад кард.

Ѓояхои асосии мусбатгаройии классики дар сархади асрхои нуздахум мавчи дуюми мусбатгаройиро ба миён оварданд, ки эмпириокритизм (айнан: танќиди тачриба) намунаи он аст. Намояндагони нисбатан маъруфи ин равия физику файласуфи австраги Э.Мах, файласуфи олмони Р.Авенариус буданд. Ба ѓояхои позитивизми «дуюм» файласуф, биолог, физики англис К.Пирсон ва риёзидони франсави А. Пуанкаре низ наздик буданд. Эмпириокритикхо чун поягузорони позитивизми мавчи дуюм муътаќид буданд, ки илм муваззаф аст чавоб ба саволе дихад, ки ин ё он ходиса чи гуна рух медихад, на ин ки чаро он ходиса ба вуќўъ меояд. Вазифаи бо чунин тарз ичмолан ифодашудаи маърифати илми аз фахмиши илм чун тасвири маълумотхои тачрибави бар меомад. Ба назари позитивистон, илм бо майли посухгўи ба суоли «чаро?» бетаъхир заминаи устувори тачрибаро тарк карда, ба суханфурўшихои метафизики банд мегардад ва зимнан дигар илм хам махсуб намеёбад. Э. Мах тафаккури илмию муќаррариро ба силки ќиёс кашида, проблемаи махсусияти илм, тавофути онро аз дигар шаклхои фаъолият ба миён ниход.

Бо истилохи илми бо чунин тарз рафтор кардан имкон надорад. Мафхумхои назариви воќеиятро инъикос мекунад, онхо фаќат бо тачрибаи субъект муносибатдори карда мешаванд. Зимнан тачриба хеле махдуд фахмида мешуд, дар нихояти кор он аз мачмўъ ё мачмўи эхсосот иборат дониста мешуд. Э. Макс ва пайравонаш бар он тасдиќ буданд, ки эхсосот образхои олами айни нестанд. Тачриба хамчун « хунсо», ѓайриайни ва ѓайризехни андешида мешуд. Истехсолоти илми аломатхоеанд, ки маънояшон мачмўи эхсосотанд. Аломат ба он чи, ки онро ифода мекунад, монанд нест, он фаќат шартан бо маънои худ алоќаманд аст. Э. Макс, бо ба асос гирифтани фахмиши баённамудаи истехсолоти илми барномаи тачдиди назди истехсолоти илмиро бо маќсади муайян кардани он ба миён мегузорад, ки кадоме аз мафхумхои илми маъно дорад. Агар мафхумро бо мачмўи эхсосот ќиёс кардан мумкин бошад, он маъно дорад, дар холи бръакс ин мафхум сафсатаи холи беш нест, сафсатае, ки онро аз захираи истехсолоти илми бояд берун афканд. Азбаски позитивизми « дуюм» алоќаи дониши илмиро бо воќеияти айни инкор мекард, аз дидгохи он чудокунии ягон консепсияи илми дар асоси он, ки он то чи андозае воќеъиятро аниќ мунваќис месозад имконпазир аст. Дар иртибот ба ин принсипи захиракунии тафаккур пешниход гардид, ки тибќи он боисти он назарияеро интихоб намуд нисбатан соддатар тасвиркунандаи эхсосот – маводи ибтидои маърифати илми. Хамин тариќ, агар позитивизми « якум», классики дониши илмии ба тачриба такязанандаро мусби эълон карда, дониши ѓайритачрибави, метафизикиро рафъ мекард, позитивизми «дуюм» алоќаи андаруни дониши илми истехсолоти позитивии маънодошта ва мафхумхои сохтаро дармеёбад, ки боиси аз сохаи илм бароварда шаванд.

В.И. Ленин ба танќиди позитивизми «дуюм» яке аз асархои машхури фалсафиаш «Материализм ва эмериокритизм»-ро бахшид. Дар ин асар пеш аз хама мавќеи материалисти чонибдори мешавад, ки тибќи он эхсосоти субъект шакли инъикоси олами айнист. Аз ин бар меояд, ки дониши илми низ дар ин ё он дарачае воќеиятро инъикос мекунад. Ва ин дар навбати худ имконияти бахогузори ба назарияхои илми на фаќат аз дидгохи принсипи захиракунии тафаккур, балки аз мавќеи хаќиќат хамчун мувофиќаи воќеият бахо медихад.

Людвиг Витгенштейн яке аз мутафаккирони барчастаи мусбатгароест, ки таъсири беназир ба афкори илмии замони худ гузоштааст. Андешахои фалсафии ў хеле мураккабанд ва аз ин рў, дар шарху тафсирашон низ чунин холат мушохида мешавад. Барои нисбатан дастрасу фахмотар нишон додани мўхтавои андешахои Витгенштейн аслан бештари муфассирин аввалан ба ду давра чудо намудани даврони ташаккули афкори ўро зарур медонанд. Хар кадоме аз ин даврахо такя ба осори мушаххаси фалсафии ў доранд – яке «Рисолаи мантиќи-фалсафи» ва дигаре «Тахќиќоти фалсафи». Дар ин замина хусусиятхои зиндагии мутафаккир низ инъикоскунандаи тахаввули афкори илмии ў мебошанд.

Витгенштейн дар овони чавони муддати шаш сол дар риштаи мухандиси тахсил карда, муддати нисбатан кўтохе дар маќоми меъмор кор кардааст. Ва шояд натичаи хамин аст, ки баъзан мушаххасоти муносибати механикии ўро, аз чумла, дар китоби «Асосхои ишорот дар бораи мабонии риёзиёт» ба фалсафа метавон мушохида намуд. Вай соли 1911 тахти рохбарии Фреге ба коллечи Кембрич ворид мешавад ва дар назди Рассел ба тахсил мепардозад. Масъалахое, ки дар ваќти тахсил бештари маврид дар дафтари ёддоштхояш зикр менамуд, марбут ба масъалахое буданд, ки Рассел он солхо атрофашон андешарони мекард.

«Рисолаи мантиќи- фалсафи»-ро ў тўли чанги якуми чахони ваќти адои хизмат дар артиши Австрия навишта буд. Оид ба арзиши ин асар ў ба яке аз дўстонаш чунин навишта буд: «Асари ман аз ду ќисмат ташкил шудааст: ончи дар ин чо баён шудааст ва илова бар он хамаи ончи натавонистаам. Ва даќиќан хамин бахши дуввум бахши мухими он аст. Китоби ман хавзаи ахлоќиётро гўё аз дарун махдуд мекунад». Мўхта­вои ќазовати охир аз он иборат аст, ки арзиш хорич аз он чи мо онро «олам, чахон» меномем, вучуд дорад: «Агар арзише вучуд дорад, ки дорои арзиш аст, бояд хорич аз тамоми хавзаи он чи иттифоќ меафтад ва барќарор аст, ќарор гирифта бошад».

Ба андешаи ў, фалсафа набояд мачмўе аз назарияхо бошад ё пешниходи гузоришхои фалсафиро хадафи худ ќарор дихад. Балки он бояд фаъолияти хастанопазир дар пайи тавзехи мундаричаи фикрхо ќадам занад ва барои «шаффофкунии мантиќии андешахо» сайъ намояд. Дар ин замина аз ў чунин як хикмати арзанда ба ёдгор мондааст: «Ончи наметавонем дар борааш сухан бигўем, бояд бо сукут аз канораш бигзарем». Дар хамин замина андешаронии ў рўи равшан кардани мохияти маъно ва калимахо ташаккул меёбад. Асари ў «Китоби оби» бо чунин савол оѓоз мешавад : «Маънои як калима чист?». Дар «Рисолаи мантиќи-фалсафи» ў наздик ба чавоби ин савол навишта буд: «Як ном ба маънои як абжа аст. Абжа маънои худаш аст». Яъне ба андешаи Витгенштейн калимахо намояндаи абжахои зехни мебошанд. «Сурх» ба навъе намояндаи таъсири дарунии ман аз ќирмизи аст, «дандондард» маънои худро барои ман аз он чо меёбад, ки ман онро намояндаи дарде дар дандонам истифода бурдаам. Мохияти ин андешахо аз он иборат аст, ки дарки маънои хеч як калимае ба шиносоии мушаххас бо решаи он калима алоќаманди надорад. Зеро агар кассе хам агар «дандондард» надошта бошад онро дуруст ба хамин возехи, равшани дар баробари нафари дучори ин дард истифода мебарад. Маъно он барои истифодабарандаи калима аз тачрибаи ичтимои сарчашма мегирад. Бинобар хамин хам маънои калимахои истифодашаванда бояд ичтимои, умуми бошанд на «хусуси». Дар ѓайри ин сурат калимахо имконияти функсионали, амалкардии худро гум мекунанд.

Андешахои баённамудаи Витгенштейн минбаъд инкишофи худро дар доираи махфили Вена пайдо намуданд. Гурўхи мусбатгароёнеро, ки минбаъд дар доираи халќаи Вена тахти сарпарастии Шлик ташаккул ёфта буд, хамчун мусбатгароёни мантиќи ном бурда шуданд. Намояндагони маъруфи навмусбатгаройи, неопозитивизм О.Нейрат, Р.Карнап, К.Гёдел буданд. Позитивистони мавчи сеюм равияи позитивизми классики ва «дуюм»-ро идома доданд, вале бо вучуди ин назари онхо хусусиятхои хоси худро дошт. Халќаи Вена соли 1925 баёнияи худро нашр намуд, ки дар он «дидгохи илми»и онхо эълом шуда буд. Тўли солхои мавчудияташ халќаи мазкур чандин конгрессхои илмиро ташкил дода, доираи нуфузашро дар кишвархои дигар низ афзуд. Минбаъд мактабхое ба монанди он дар Упсала, Варшава, Амрико ва ѓайра пайдо шуданд. Нашрияи халќаи Вена тахти унвони «Шинохт» бо рохбарии Р. Карнап чоп мешуд. Пас аз зухури натсизм фаъолияти халќа дар кишвархои олмонизабон катъ гашт ва дар кишвархои дигар идома ёфт. Бо мухочирати Карнап ба Амрико минбаъд нашрияи «Доиратулмаорифи чахонии илми чадид» таъсис ёфт. Асари Томас Кун «Сохтори инќилобхои илми» зери силсилаи хамин нашрия чоп шудааст. Минбаъд анъанаи ин халќа дар доираи фалсафаи тахлили идома ёфт.

Чуноне ки тазаккур дода шуд, наќши Рудолф Карнап(1891-1970) дар тахаввул ва такомули мактаби мусбатгаройии мантиќи дар доираи халќаи Вена хеле бузург аст. Зиддият нишон додан ба орои мобаъдуттабиъа чанбаи мухими таълимоти фалсафии ўро ташкил медихад. Тибќи андешаи маърифат ду навъи асоси дорад – хаќиќат ё харзагўйихо (тавтология)-и«зарури» ва гузорахо (мулохизахо)-и нозир ба воќеият. Дар натича ду навъи гузора мавчуд аст, ки тамоми чизи ба таври маънидор баёншаванда тавассути онхо ифода меёбад. Баръакс хукму гузорахои мобаъдуттабиъаи суннати, ки аз назари тачрибави дурустии онхо ќобили исбот нест, барои тааллуќ гирифтан ба хеч кадоме аз ин ду навъи мулохизаронии илми имконият надоранд. Аз ин рў, мулохизахо (гузорахо)-и метафизики, новобаста аз он, ки дар назари аввал хеле амиќ менамоянд, дар асл холи аз харгуна маънои воќеи ва хаќиќат хастанд. Аз ин рў, Карнап метафизикхоро аз чумлаи шоирон ва мусиќидонхои нокоме меномид, ки печидагихои бунёдии забон онхоро сироят кардааст. Сарчашмаи аслии ин печидагихоро ў аз он иборат медонист, ки файласуфон маъмулан дар баёни матлаб аз чизе пайрави мекунанд, ки онро «забоншайъи» меномид, ки он наметавонад барои ба даст овардани фарќияти худи баён ва воќеияти ифодашаванда имконият фарохам орад. Ин дар натича мулохизаи «сеюм»-ро падид меорад (мулохизахои шабехшайъи), ки барои исботи дурустии онхо хеч як махаки озмоиши вучуд надорад. Аз ин рў, масоили метафизики беасолат аст ва хеч рохи хал барои онхо мавчуд нест. Аз ин рў, фалсафа бояд ба тахлили забони илм машѓул шавад, на ба омўзиши масъалахои метафизики. Пайравии илмхои инсони аз равиши тачрибагаройи мувофиќи маќсад дониста мешавад, зеро бо ин рох онхо имконияти исботи дурустии мулохиза ё гузорахои худро ба даст меоранд.

Ташаккули идеализми мантиќи. Б. Рассел: тахлили мантиќии забони илм. Чанбахои мухими мусбатгаройии мантиќи дар доираи фалсафаи тахлили, пеш аз хама, дар таълимоти Бертран Рассел (1872-1970) тачассум ёфтаанд. Мархалахои тайнамудаи ташаккули афкори фалсафии ўро дар асоси асархои хусусияти тарчумаихолидоштаи муаллиф «Рушд ва тахаввули фалсафии ман», «Хадиси нафс» чунин тасвир намудан мумкин аст: 1) то соли 1898 вай идеалисти гегели буд ва наќши ин давраро ў дар ташаккули шахсияти илмияш куллан рад мекунад; 2) ба гуфтаи худаш сипас: «охирхои соли 1898 буд, ки Мур ва ман зидди Конт ва хам зидди Гегел ошўб кардем. Мур рохкушо буд, аммо ман хам аз наздик чойи пойи ўро таъкиб мекардам». То худуди соли 1911 башиддат даргири фалсафа ва мабонии риёзиёт буд ва аз шаклхои гуногуни мобаъдуттабиа ва маърифатшиносии воќеъгаро химоят мекард; 3) соли 1911 ў бо Витгенштейн воме­хўрад. Аввалан Рассел устоди Витгенштейн буд ва каме баъдтар ба сифати хамкор бо якдигар робита барќарор карданд. Таваччўхи ў ба масъалаи забони илм дар хамин давра ба авчи камо­лоти худ мерасад; 4) Аз соли 1927 то 1938 ваќти зиёди худро дур аз таваччўх ба масоили умдаи фалсафи бо сухан­ронихо ва гузоришхо дар бораи мавзуъхои писанди доираи васеи умум сарф намуд; 5) дар солхои 1938-1950 ба кори таъли­ми фалсафа дар донишгох баргашт ва осори асосии худро вобаста ба фалсафаи илм таълиф намуд; 6) аз соли 1950 то охири маргаш машѓули фаъолияти сиёси буд. Ба андешаи Рассел, таваччўхаш ба фалсафа ду асоси зерин дорад: «аз як сў, ман муштоќи кашф ва дарёфти ин нуќта будам, ки оё фалсафа хеч гуна дифоъе аз хар гуна чизе, ки онро метавон имони дини хонд, фарохам меорад ё не ва аз дигар сў, мехостам худамро дифоъ кунам, ки метавон чизеро шинохт, фаќат дар риёзиёти махз».

Дар асархои чанбаи мусбатгаройии мантиќидоштаи Рассел таваччўхи асоси ба масъалаи муайян намудани маънои мафхум ва иборахои илми бо додахо, амри воќеи (fact) равона шудааст. Дар ин бора ў чунин андеша дорад: «Фахми калимот донистани таърифхои луѓавии онхо дар фарханги луѓот ё тавонойии мушаххас кардани чизхойе, ки он калимот бо онхо муносибанд, нест. Фахми забон бештар шабехи фахми бози аст: мавзўъ одатхое аст, ки худи одами онхоро касб карда ва ба дурусти вучуди онхоро дар дигарон низ фарз мекунад. Гуфтани он, ки калимае дорои маъное аст, инро намерасонад, ки онхое, ки он калимаро ба дурусти мавриди истифода ќарор медиханд, харгиз ба маънои он андешидаанд: ибтидо истифода аз калима пеш меояд ва маъноро бояд бо мушохида ва тахлил зарра-зарра аз он истихроч кард. Гузашта аз ин, маънои калима ба таври мутлаќ ќатъи ва мушаххас нест: хамеша камубеш миќдоре ибхом вучуд дорад». Ва баъдан чунин илова мекунад, ки: «ман ба сахми худам бар ин боварам, ки баъзан бо баррасии сарфу нахв метавонем ба шинохту дониши ќобили таваччўх дар мавриди сохтори чахон бирасем».

Шўхрати Рассел беш аз хама дар заминаи пажўхишхояш оид ба мантиќ ва фалсафаи риёзиёт устувор гашт. Чустучўи аввалини вай дар пайи ёфтани асосе мустахкам барои яќин дар дурустии риёзи ўро ба ин андеша рахнамун сохт, ки чунин асос метавонад реша дар мантиќ дошта бошад.

Хамин тавр, тахаввули минбаъдаи худро орои мусбат­гаройии навин дар фалсафаи тахлили пайдо намуд ва он дар шакли пасомусбатгаройи зохир гашт. Мусбатгароёни мантиќи проблемаи барои позитивизм классики хоси худуд­гузории илм ва дониши ѓаириилмиро тезутунд гардонида, ба коркарди махакхои илмият хеле наздик шуданд. Ба сифати чунин махак дар фалсафаи неопозитивисти принсипи тахќиќпазири ё исботпазири (верифицируемость) баромад мекард, ки тибќи он дониши илми хатман бо тасдиќпазирии тачрибави тавсиф дода мешавад. Чанбахои асосии орои фалсафии намояндагони ин равияро чунин тасвир намудан мумкин аст: 1) мухокимахои дуруст мухокимахое хастанд, ки бо истифодаи равишхои илми тахќиќпазирии онхо муайян карда мешавад; 2) мухокимахои фарзии илми ахлоќ, метафизика ва илохиёт тасдиќпазир нестанд ва бинобар ин ба таври даќиќ дар ќатори мухокимахои маънидор ќарор намегиранд; 3) мухокимахои мансуб ба мантиќ ва риёзиёт «маънодор» хастанд, аммо асоснокии онхо бо рохи тахлил муайян карда мешавад, на бо рохи пайрави аз тачриба ва мушохида; 4) вазифаи фалсафа бо назардошти ќазоватхои фавќуззикр иборат аз машѓул шудан ба метафизика ё ахкоми нофарчом дар бораи ин ки чиз чи тавр барќарор аст, нест, балки он бояд ба тахлил бештар сарукор дошта бошад.

Ташаккули афкори пасомусбатгаройи тачассуми барчастаи худро дар таълимоти Карл Поппер ва Томас Кун пайдо намуд. Дидгохи фалсафии Поппер дар асархояш «Хадсхо ва ибтолхо», «Мантиќи тадќиќоти илми», «Чомеаи кушода ва душманони он» ба шакли кулли матрах гардидааст. Дар давраи аввали фаъолияти илмияш ба ташаккули афкори ў наздики ба халќаи Вен, ки устодонаш Бюхнер ва Адлер ба он чо рахнамунаш месохтанд, таъсири намоён дошт. Дар заминаи хамкори ва ошнои бо орои фалсафии намояндагони ин мактаб ў ба чунин натича мерасад, ки иштибох ва мушкилоти намояндагони ин мактаб аз таваччўхи бештарашон ба равоншиноси ва равиши истиќройи бармеояд. Тибќи ин дидгоххо ба назар чунин мерасад, ки майли мо барои тавсифи назарияхоямон ё ба тасалсул дучор мешавад ё ба поя ва асосе дар тачрибаи ноб. Бинобар хамин хам дар муќобили равиши тачрибагаройи мантиќи Поппер ба сифати меъёри хаќиќати ќазоватхои илми усули исботпазири (верификация)-ро пешниход менамояд. Исботпазири усулест, ки дар мантиќ ва маърифатшиноси барои баёни раванди муайян намудани хаќиќати мухокимахои илми (назарияхо, фарзияхо) ва баррасии тачрибавии онхо истифода бурда мешавад. Дар таълимоти Поппер хар як ќазовати андешамандонаи илм оид ба олам бояд додахои тачрибаи нобро дарбар гирад. Пас тибќи ин усул ќазоватхои тачридии ба додахои тачрибави асоснаёфта наметавонанд муносиби хаќиќати илми бошанд.

Барои дарки мохияти диди фалсафии Поппер моро лозим меояд, ки мўхтавои боз яке аз мафхумхои дигари бунёдии он, яъне ибтолпазириро (фалсификация) тавзех дихем. Ибтолпа­зири, ба андешаи худи Поппер, «пешниходе аст барои як тавофуќ ё ќарордод шеваеро барои тамойиз ва ташхиси гузорахои илми тачрибави аз шабахилмхое чун ситорашиноси (астрология) ё мобаъдуттабиъа фарохам меорад, ки аслан бемаъно нест,

Бо такя аз ин ќазоват ў чунин андеша дошт, ки фалсафа дар ќиёс бо «илм» метавонад ва мебояд натоиче чавхари ба даст орад – назарияхое дар бораи ин ки чизе вучуд дорад, чи метавонем бидонем, ва чи гуна метавонем ба шинохти он чи метавон шинохт ноил оем. Ин фарзия дар эчодиёти ў боиси ба вучуд омадани масъалагузорихое шуд, ки ўро минбаъд аз дигар хамасронаш чудо намуд ва чехраи хосашро дар фалсафа боќи гузошт. Наќши илм дар маърифати ходисахо бояд аз он иборат бошад, ки то хадди имкон фарзияхои ибтолшавандаро пешниход намояд. Он гох онхоро ба воситаи «гузорахои асоси, яъне гузорахои шаклашон онхоро ба сурати ибтолшавандахои билкувваи фарзияхо нишон диханда мустахкам намоем. Масалан, гузораи «ин ки дар ин чо кўи сиёх вучуд дорад» агар пазируфта шавад фарзияи «хамаи кўхо сафед хастанд»-ро ибтол мекунад. Гузорахои асоси мебоист худ ибтолпазир бошанд(бинобар хамин хам дар гузораи боло хиссачаи «ин ки дар ин чо» чой дода шудааст, то ин ки ин ибораро мо набояд собитшуда тасаввур намоем». Аз ин рў, ба андешаи Поппер, харчанд мо наметавонем ќазоватхои худро чунон нишон дихем, ки онхо хатман бояд «хаќиќат дошта бошанд», вале он чиро метавонем ба сомон расонем ин аст, ки онхоро ба гунае нишон дихем, ки «шабохат ба хаќиќат дошта бошанд». Хамчунин ў аз чунин андеша пайрави менамуд, ки маърифатшиноси бояд ба омўзиши чизхои айни(объективи) вучуддошта машѓул шавад, на ин ки бо падидахои марбут ба зехн ва шуур.

Томас Кун хамчун муаррихи таърихи илм машхур аст. Осори ўро ба ду гурўх чудо мекунанд: осоре, ки ба таърихи илм бахшида шудааст ва осори ба фалсафа ва чомеашиносии илм тааллукдошта. Асари маъруфи ў «сохтори инкилобхои илми» мебошад. Мўхтавои назарияи ўро ба таври фишурда чунин хулоса кардан мумкин аст: 1) имконияти пешниходи як парадигма ба маънои булуѓ ва пухтагии илм аст; 2) парадигмахо, ки дарбаргирандаи сармашќхои пажўхишиянд, дастовардхои илмии дар мавриди ба даст овардани роххои халли мусоиди масъалахо мебошанд; 3) таѓйири парадигмахо инъикоскунандаи зухури илми инќилоби аст; 4) парадигмахои раќиб бо якдигар санчишнопазиранд, зеро хар кадоме аз онхо масоили мутафовитро хал мекунанд ва аз ин рў аз меъёрхои гуногун барои кашфи хаќиќати дониши илми истифода мебаранд; 5) илова бар ин хеч гуна додахои мушохидашавандаи муштарак вучуд надорад, ки меъёри бетарафе барои муќоисаи парадигмахо хизмат Шахсияти дигари маъруф дар ин равия Фейерабенд(1924-1981) мебошад. Ў якчоя бо Лакатос чунин андеша дошт, ки арзиши назари таърихи оид ба дигаргунихои дар илм ба амалоянда аз арзиши харгуна тахлили мантиќи камтар нест. Тибќи ин андеша чахорчўбахое аз тафакур вучуд дорад, киёснопазиранд, яъне робитаи мантиќи байни мухтавои ќолабхои фикрии мухталифро тавассути тахлили маъноии калимаю иборахои барои баёни онхо истифодашаванда барќарор кардан мушкил аст. Ў муътаќид ба плюрализми назарияхо, фарзияхо ва дигар шаклхои дониш буда, барои ин зарурияти пешниходи харчи бештари онхоро барои инкишофи илм таъкид менамуд. Аќлгаройи, ба андешаи ў, метавонад шаклхои гуногун дошта бошад ва тасаввуфи шарќи метавонад намунаи он бошанд.

Бо назардошти мухокимахои баёншуда дар аксар адабиётхо орои фалсафии намояндагони равияи мусбатгаро хамчун орои сирф моддигароёна арзёби мешавад. Барои равшани андохтан ба ин масъала дар ин чо зарурияти муайян кардани чунин умумияти байни орои фалсафии мусбатгароён ва моддигароён пеш меистад. Материализм таърихан чун равияи фалсафи аз мусбатгаройи барваќттар пайдо шуд. Он дар атомизми атиќи ва натурфалсафа реша дорад ва дар давраи маорифпарвари (материализми фаронсавии асри 18) хастии мустаќилона касб кард. Баъди инќилоби кабири фаронсави анъанаи материалисти дар Фаронса муваќќатан канда мешавад. Бозгашти материализм ба андешаи аврупои солхои 40-ми асри XIX дар Олмон оѓоз ёфт, ки дар он бо якчанд гуногуншаклихо пешниход шуд, аз ќабили материализми антропологи (Л.Фейербах), материализми табии- илми ( Л.Бюхнер, Я.Молешот, К.Фохт) ва материализми диалектики ( К. Маркс, Ф. Энгелс), хамзамон дар Фаронсаву Англия позитивизм ( О.Конт, Ч.Милл, баъдтар Г. Спенсер). Густариши материализм ва позитивизм ифодаи Эхёи натуралисти буд, ки миёнаи асри XIX дар Аврупо ба вучуд омаду дар ин ё он андозае ќариб тамоми мамолики ин минтаќаро фарогир шуд. Он ба инќилоби саноати алоќаманд буд, ки бо кашфиёти илми, комёбихои техники таассуротбахш буду дар дилхо шўълаи эътимод ба пешрафт ва ќудрати бузурги илми меафрўхт. Пайдоиши хамзамони материализм ва позитивизм дар ин шароитхо аллакай метавонад нишонаи ќаробати хамин равияхо бошад. Онхоро воќеан бисёр чизхо наздик месозад. Аввалан, материализм ва позитивизм ба илм ( табиашиноси) бахои баландро ќоиланду онро сарчашмаи мухими дониши ҳаќиќи махсуб мекунанд. Дуюм, хардуи онҳо нисбат ба фалсафа рўхияи интиќоди доранд ва онро бо як овоз «метафизикаи кўхна» ном бурда, онро бо хама проблемаю мафҳумхояш инкор мекунанд.Сеюм, ин чараёнҳо дар сохаи шинохт майл ба сенсуализм ва эмпиризми гуногунчилва доранд. Чахорум, онҳо чун шаклҳои чаҳонбинии натуралисти умуман раќибони эътирофи ягон мабдаи нисбат ба табиат моварохасти (трантседенти) мебошанд. Панчум, материализм ва позитивизм ба тасдиќи ягонагии метод, аниќтараш, ба соҳаи ҳаёти рўҳонию чамъияти густариш додани ќонунҳои методологие талош варзиданд, ки дар табиатшиноси татбиќ мегарданд. Намояндагони ҳарду равия ба мавчудияти ќонунҳои умумитарини обективии рушди на фаќат табиат, балки ҳам чомеа ва ҳам шуур мўътакид буданд.


1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   41


написать администратору сайта