Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 10. Прагматизм. Кантчигии навПрагматизм хамчун равияи мустаќили андешаронии фалсафи аз миёнаи асрхои Х1Х инчониб дар заминаи бахсхои илмии мутафаккирони сохахои хуќуќ, фалсафа, риёзиёт ва равоншиносии амрикойи, ки аслан тахти таъсири назарияи такомули дарвинизм ќарор доштанд, ташаккул ёфт. Хадафи асосии онхо, пеш аз хама, аз он иборат буд, ки барои ба вучуд омадани илми фалсафие, ки тавонад тамоми масъалахои худро бо равиши эътимодбахшии илмии роич дар илмхои дигар халлу фасл намояд, замина фарохам оранд. Истилохи прагматизм (амалгаройи)- ро ба сифати шеваи муайяни андешаронии фалсафи нахуст Чеймс Уилям соли 1898 ба кор мебарад. Интихоби калимаи «прагматик» барои унвони равияи мазкур дар асоси истифодаи он аз асари маъруфи И. Кант «Наќди хиради ноб» ба амал омадааст. Дар асари Кант калимаи мазкур барои мушаххас кардани навъе аз хукм аст, ки дар бораи он хеч гуна далели айни вучуд надорад, аммо инсон ба он амалан эътимод дорад, истифода шудааст. Дар заминаи таъкид ба чунин эътимод яке аз асосгузорони ин равия Чарлз Пирс баъдан аз дидгохи амалгаройи таърифе муносиб ба ин мафхум медихад, ки тибќи он амалгаройи: «бовариест, ки инсон омода аст бар асоси он даст ба амал занад». Чарлз Пирс дар хамин замина акнун прагматизмро барои равшан кардани тасаввурот, хаќиќат ва воќеият мавриди истифода ќарор медихад. Ба андешаи ў тахќиќи аз шакку тардид чой надоштани исбот, далел, яќин сарчашма мегирад. Аз замони зухури худ амалгаройи аз як ќатор идеяхои бунёдии фалсафаи классики даст кашида, шеваи нави андешаронии фалсафиро пешниход намуд. Дарки махсуси амали инсон яке аз мехвархои асосии ин шеваи тафаккури фалсафиро ташкил медихад. Мувофиќи ин шеваи андешаронии фалсафи амал дар ин ва ё он навъи зухураш шакли асосии хаёти ( фаъолияти) инсон ба шумор рафта, аксаран дорои хусусияти рефлектори нест, балки огохонаю маќсаднок аст. Дар мавриди чунин дарки мохияти амали инсон масъалаи зарурияти дарки он сохторхои фикрие пеш меистад, ки фаъолияти маърифатиро дар вобастаги ба воќеияти объективи (беруни) тасаввур намекунад, балки онро марбут ба равандхои ботинию рўхи алоќаманд месозад. Пирс барои тасвири заминаи зухури амали инсон танхо ба арзёбии маќоми дониш махдуд нашуда, дар ин чо маќоми бовариро (belief) арзанда мехисобад. Пирс боварро хамчун эхсоси хушоянд тавсиф мекунад. Бовар доштан ба мисли доштани майлу одат ба анчоми шаклхои хоси амал дар шароити хос аст. Аз ин рў хаќиќат он андешае нест, ки тахќиќ дар сурате ки ба миќдори кофи тулони бошад, ба он мерасад. Хаќиќат он аќидае аст, ки бар пояи натичаи нихоии тахќиќ пазируфта мешавад. Яъне ў хаќиќатро махсули натичаи тахќиќ муаррифи мекунад. Чанбаи дигари навпардозии андешаронии фалсафии амалгаройи ин инкори онхо аз зарурияти чустучўи асосу мабдаъи аз нигохи метафизики аслии ходисахо аст. Агар аз як чихат ба фалсафаи классики назар андозем мебинем, ки дар он баръакс зарурияти чустучўи чунин асосу мабдаъи устуворро барои кулли навъи ходисот таъкид менамоянд. Чон Дюи (1859-1952) чунин шеваи андешаронии фалсафаи классикиро хамчун як навъи тамоюли фундаменталисти арзёби мекунад. Аз нуќтаи назари амалгаройи чунин асосу мабдаъи устувор барои ходисоти олам вучуд надорад. Дюи заминаи бархўрди моддигароёну ѓоятгароёнро дар масъалаи эътирофи асосу мабдаъхои чудогонаи мавчудияти ходисахои олам вобаста ба зухури фарќият дар байни мехнати чисмонию маънави дар Юнон медонад. Дар замони мо, ба андешаи ў, зарурияти чунин муќобилгузорихо вучуд надорад. Тачриба ба таври бориз, аз хам чудошавии мохиятхои носозгору тавофуќнопазирро намешиносад ва дар он аслан тартиби пайдарпайи чой дорад. Хамагуна таъини худуд миёни шеваи андешаронихои фалсафи хусусияти нисби дорад ва аз ин рў карахтию бехиссии хамагуна марзбандихо миёни моддигаройию ѓоятгаройи низ беасос ба назар мерасад. Дар анъанаи афкори амалгаройии мансуб ба Дюи таваччўх ба масоили ичтимои маќоми мухим пайдо мекунад. Ба андешаи ў, вазифаи фалсафа бо дуруст истифода бурдани тачриба барои ба даст овардани маќсадхои алохида махдуд намегардад, балки бо кўмаки фалсафа бояд худи тачриба таѓйир дода шуда, дар хамаи сохахои хаёти инсони он такмил дода шавад. Шарти мухими такмил додани тачриба ин такмил додани чамъият аст ва онро Дюи реконструксияи ичтимои меномад. Дар ин чода усулу назарияхои фалсафи бояд барои халли масъалахои ичтимои мусоидат кунанд ва ба ин талабот чавобгўй будан меъёри хаќиќати ин назарияю усулхои фалсафиро ташкил медихад. Яъне усулу назарияхои фалсафи бояд ба сифати абзори мухими ташаккул додани хаёти чомеа хидмат намоянд. Бо назардошти чунин тамоюл усули фалсафии Дюи тахти унвони абзоргаройи маълум аст. Худи Дюи дар рохи такмил додани тачрибаи ичтимоии чомеаи замони худ чахду талошхои бепоён нишон медод. Чунин чахду талошхо дар самти васеъ кардани доираи вуруди аъзоёни чомеа ба муносибатхои молумулкии хоси чомеаи сармоядори тавассути эчоди ниходхои нави иќтисоди ( аз чумла, чамъиятхои саххоми), такмили сохтори давлати демократии бо рохи эхтиром гузоштан ба хуќуќи инсон, такмил додани тафаккури аъзоёни чомеа дар заминаи эчоди усулхои нави маълумоти мактабию донишгохи бевосита аз чониби ў пешниход ва пазируфта шуда буданд. Хар кадоме аз ин андешахои ба хотири такмили тачрибаи ичтимои баёншуда дар таълимоти Дюи хадафи ба худ хос дорад. Масалан, васеъ кардани доираи вуруди аъзоёни чомеа ба муносибатхои молумулкии хоси чомеаи сармоядори тавассути эчоди ниходхои нави иќтисоди мебоист на танхо барои таќсимоти одилонаи боигарихои моддии чомеа замина фарохам орад, инчунин ба ќатори таъмини суботи ичтимои мебоист тадричан барои ташаккули синфи миёна мусоидат намояд. Кантчигии нав. Мутафаккирони тахти унвони «навкантгаройи» зикршаванда аслан аз рўи шеваи андешаронии фалсафияшон як нахзати мустаќили фикриро ташкил намедиханд. Намояндагони ин мактаб мутафаккирони дорои орои гуногуни фалсафие омехта аз табиатгаройи, моддигаройи, ѓоятгаройи буданд, ки ин тамоюл дар осорашон равшан ба назар мерасад. Истилохи «навкантгаройи» аз худуди солхои 1875 ба кор гирифта шуда буд ва шиори он «бозгашт ба Кант» унвон дошта аз чониби нахустин намояндаи ин мактаб Отто Либман пешниход шуда буд. Пайравони ин равия дар атрофии мактабхои фалсафии Марбург ва Баден гирд омада буданд. Навкантгаройи мохиятан тамоюлизидди фалсафаи баъдиканти дошт ва аз ин рў пайваста усулхои маърифатии онхоро интиќод мекард. Аз нуќтаи назари навкантгароён маќсади пешгузоштаи фалсафаи баъдиканти, барои эчоди манзараи аќлонии хамаро фарогирандаи олам берун аз иќтидори илм аст. Зеро барои илм маърифати танхо чузъхо дастрасанд, кулл бошад мавзўи тахайюли эчодиест, ки рўи решахои насаби инсони ќомат меафрозад. Бинобар ин шинохти кулл метавонад мавзўи метафизика бошад. Аз ин рў метафизика марбути масоиле тавъам бо санъату дин аст ва аслан хамчун «назми мафхумхо» чилвагар мешавад. Орои фалсафии намояндагони мактаби Марбург тамоюли маърифатшиноси дошт. Ба андешаи яке аз намояндагони ин мактаб Ланге хидмати бузурги Кант дар фалсафа аз пешниходи назарияе иборат аст, ки тибќи он «тасаввуроти мо аслан мекўшад ба мавзўъ, предмети маърифат мутобиќат дошта бошад, на баръакас». Аз ин чихат моддигаройи метавонад ба сифати яке аз равишхои фикри эътибор дошта бошад, на хамчун таълимоти фарогир дар бораи табиати олами объективи. Зеро мафхумхое чун модда, харакат, фазо, атом ва ѓ. воситахои кўмаккунандае хастанд, ки онхоро барои дарки олам мо худамон месозем. Барои хамин хам олам на он тавре хаст, ки мо онро дарк мекунем, балки он бештар аз ин аст. Бо мурури расидан ба чунин дарачаи маърифат шинохти таваччўхи пайравони мактаби навкантгаройи бештар аз пештар ба чанбаи омўзиши мантиќи таълимоти Кант меафзояд. Раванди шинохт акнун хамчун амалияи сохтмони соф мафхумии предмет дониста мешуд. Масалан, Коген воќеияти маърифатшавандаро на хамчун воќеияти додашуда, балки хамчун «муносибати мантиќии ба хамдигар танидашуда» маънидод мекард. Ин воќеиятро ў ба муодилахои риёзи ташбех медод. Чунин тамоюли маърифатшинохтии навкантгаройи эътиќодманд ба усули Кант боќи монд, ки тибќи он маърифат – ин инъикоси воќеият набуда, балки дар асоси шаклхои априори (берун аз тачриба) эчодкорона сохтани он аст. Дар таълимоти ичтимоияшон навкантгароёни ин мактаб усулан пайравиро аз фалсафаи ахлоќи Кант муносибтар медиданд. Онхо бидуни рад кардани ѓояи сотсиалистии таълимоти марксисти дар айни замон сотсиализмро хамчун идеали ахлоќи тасаввур мекарданд. Дар ин сифаташ ба андешаи онхо сотсиализм натичаи муборизахои синфи набуда, балки хадафи пурра дастнораси зарурияти камолёбии маънавию ахлоќии инсон ва чомеа аст. Орои фалсафии намояндагони мактаби Баден бештар ба тахќиќи масъалахои улуми инсони, ки тибќи назари онхо хамчун «улуми фарханги» номида мешуданд, равона гардида буд. Винделбанд ва Риккерт чунин андеша доштанд, ки аломати асосии фарќкунандаи улуми инсони аз он иборат аст, ки он бештар таваччўх ба усули тахќиќот ва на худи мавзўи омўзиш дорад. Зимни тавсифи усули маърифатии улуми инсони Риккерт чунин андешаро иброз медорад, ки дар инсон майли дуќутбии маърифатшинохти нухуфтааст – яке майл ба чустучўю дарёфти чанбаи умуми ва ќонунмандии ходисахо ва дигаре майли ба даст овардани чанбаи фардию такрорнопазири онхост. Марбут ба ин ду майли маърифатшинохтии инсон дар илм ду усули маърифати мавчуд аст – усули генерализатсиякуни(умумикунанда) ё номотетики ва усули фардгаройи ё идеографи. Тибќи усули генерализатсиякунии аломатхои умуми ва ќонунмандиятии ходисахо омўхта мешавад. Ин усулро аслан илмхои табиатшиноси бештар пайрави мекунанд. Таваччўх ба дарки вижагихои фарди, такорнашавандагии ходисахо зарурияти ба кор гирифтани усули индивидуализатсиякуни, идеографиро ба миён мегузорад. Ин усул хоси илмхои инсони мебошад, ки дар асоси он мо имконияти маърифати арзишмандии ходисахои омўхташавандаро ба даст меорем. Бинобар хамин хам, маърифати чанбаи фардию такрорнашавандагии ходисахо алоќамандии онхоро бо арзишхои дорои ахамияти хамагонидошта таќозо менамояд. Тахти арзиш дар ин маврид навкантгароёни мактаби бадени на баходихии одамони мушаххас, балки, пеш аз хама, меъёрхои фархангиеро дар назар доранд, ки дорои ахамияти хамагони мебошанд. Дар асоси ин арзишхои кулли вобаста ба мавзўи омўхташаванда ќазоват пешниход карда мешавад. Дар баробари таъкиди он, ки пайдоиши арзишхо заминаи тачрибави надорад, аммо навкантгароён аз чустучўи чавоб ба масъалаи чигунагии пайдошавию ташаккули ин арзишхо канорагири мекунанд. |