Главная страница
Навигация по странице:

  • Николаи Алексадрович Бердяев

  • Павел Александрович Флоренский

  • Сергей Николаевич Булгаков

  • Лев Исаакович Шестов

  • Иван Алексадрович Илин

  • Алексей Фёдорович Лосев

  • Рушди афкори фалсафии давраи шўрави ва пасошўрави дар Россия.

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница39 из 41
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41

    Таълимоти дини-фалсафии рус Владимир Сергеевич Соловёв. Соловёв (1853-1900)барчастатарин файласуф ва адиби намоён аст, ки дар инкишофи фалсафа ва адабиёти охири асри XIX ва ибтидои асри XX-и рус наќши бузург бозидааст. Соловёв чехраест, ки дар остонаи эхёи маънавиёти ибтидои асри XX-и Россия ќарор гирифта буд.

    Соловёв нахустин мутафаккире буд, ки тавонист дар фалсафаи рус як низоми муайяну пайваста ва хуб корбасткардашудаеро ба миён орад, ки дарбаргирандаи тамоми пахлўхои донишхои фалсафи- хастишиноси, назарияи маърифат, ахлоќ, зебоишиноси, инсоншиноси ва фалсафаи ичтимои бошад.

    Бинобар ин Соловёв дар таърихи фалсафаи халќи рус чехраи дурахшоне буд, ки хамаи мутафаккирони минбаъда фаъолияти илмии худро мувофиќи низоми фалсафии ў анчом додаанд. Хамаи мавзўъхои асосии фалсафаи рус, ки аз чониби ин ва ё он мутафаккири асри XIX барраси шудаанд, дар осори ин шахсияти барчаста тачассум ёфтаанд.

    Вай бо осори худ дар пешрафти илму фарханги халќи рус ва умуман дар хазинаи маънавиёти чахони сахми беназир гузоштааст. Асархои асосии ў «Се нерў», «Хониш оид ба Худоинсон», «Асосноккунии неки», «Дар бораи таназзули чахон­шиносии асримиёнаги», «Маънои мухаббат», «Сарна­вишти Пушкин», «Маънои умумии санъат», «Се суханрони дар бораи хотираи Достоевский», «Яхудия ва масъалаи масехи», «Драмаи хаётии Афлотун», «ѓояи фавќулинсон», «Мухаммад, хаёт ва таълимоти динии ў», «ѓояи руси» ва ѓайрахо мебошанд.

    Дар фалсафаи ў мафхумхои «онтология»(« хастишиноси» ва « гносеология» ( «назарияи маърифат») хаматарафа шарх дода шуда, ягонагии байни онхо ошкор сохта шудааст.

    Ѓояи ягонаги асоси фалсафаи Соловёвро ташкил медихад.Фалсафаи ягонаги аслан таълимот дар бораи вахдати Худо ва инсон, таносуби маънавиёт ва моддиёт, вахдат ва касрат, донишхои аќлию тачрибави ва дини-тасаввуфи, ахлоќ, илм, дин, зебоишиноси мебошад.

    Асоси таълимоти фалсафаи динии Соловёвро ѓояи София (Хикмат)-рўхи чахони ташкил медихад. Мутафаккир дар зери мафхуми София хаќиќати тасаввуфи- кайхони, ки Худоро бо замин мепайвандад, дар назар дорад. Ба аќидаи ў, София ифодакунандаи отифагии човидона дар Худо ва хамзамон далолатдихандаи мохияти офариниши олам аз чониби Худо иборат мебошад. Ин намуна дар Инчил ба мушохида мерасад, аммо барои Соловёв бошад, он дар шакли руъёи ирфони барраси шудааст.

    Мутафаккир ќайд мекунад, ки София дар се вачх-Теософия, Теургия ва Теократия хувайдо мегардад. Тибќи он дар теософия ташаккули тасаввурот доир ба он; дар теургия- пайвастани зухури ў ва дар теократия тачассуми вай ба мушохида мерасад.

    Соловёв Теософияро хамчун хикмати илохи шарх дода ќайд мекунад, ки он чамъбасти кашфиётхои илми ва илхом гирифтан аз дини масехи дар радифи донишхои сахеху эътимоднок мебошад. Ба аќидаи файласуф, имону эътиќод ба аќлу хирад зид набуда, балки такмилдихандаи он аст. Ў назарияи эволютсия (тахаввул)-ро эътироф карда, онро хамчун омили рафъи гуноххо тавассути рў овардан ба Худо медонад. Эволютсия панч давра-чамоди, наботи, хайвони, инсони ва илохиро аз сар мегузаронад.

    Мутафаккир теургияро хамчун ситоиши Худо маънидод кардааст. Теургия ин амали поккунандаест, ки бе он дарёфти хаќиќат номумкин аст. Асоси теургияро вахдат ва иттиход ташкил медихад.

    Теократияро бошад, мутафаккир хамчун хокимияти илохи ќаламдод кардааст. Файласуф ќайд мекунад, ки асоси чунин хокимиятро бояд принсипхои маънави ташкил дихад ва ин принсипхо на хусусияти милли, балки арзиши умумичахониро доро бошанд. Тибќи таълимоти ў, темократия, пеш аз хама, бояд бахри муттахидсозии шохигарии рус бо калисои католики мусоидат намояд.

    Таълимоти динии Соловёв дар ташаккул ва инкишофи минбаъдаи фалсафаи динии рус, махсусан чахонбинии Н.А. Бердяев, С.Н. Булгаков, П.А. Флоренский, С.Л. Франк ва дигарон наќши бузурге расонидааст.

    Яке аз намояндагони машхури он файласуфи барчаста ва эчодкори бузург Николаи Алексадрович Бердяев (1874-1948) махсуб мешуд. Ў дар ибтидои фаъолияти эчодии худ ба «марксизми легали» майл дошта, баъдан яке аз душманони фаъоли ин таълимот гаштааст. Бердяев баъди рў гардондан аз марксизм аъзои як чамъияти дини-фалсафи шуда, дар чамъомадхои он-«Масъалахои идеализм» ва «Мархилахо» баромад мекардааст. Бердяев дар Париж як мачаллаи дини-фалсафи бо номи «Тариќат» («Путь») таъсис дода, сармухарририи онро ба ўхдаи худ мегирад. Хусусияти асосии таълимоти Бердяевро шавќу раѓбати беандозаи ў ба тахќиќи масъалахои фалсафи, ки бештар мохияти таблиѓоти доштанд, ташкил мекард. Мутафаккир ба низоми фалсафи муносибати холисона дошт. Тафаккури ў аслан андарзиву фиќрави буда, дар корбасти мавзўхои чудогона- («Доир ба таъиноти инсон», «Хадаф аз офариниш» ва «Доир ба бандаги ва озодии инсон») ифода ёфтааст.

    Бояд ќайд кард, ки Бердяев яке аз файласуфони заковатмандест, ки дар сохахои гуногуни улуми фалсафи- мобаъдуттабиа, назарияи, маърифат, антропология ва махсусан илми ахлоќ корхои назаррасеро анчом додааст.

    Павел Александрович Флоренский (1882-1937) файласуфи барчастаи дини, олими заковатманди энсиклопедист ва мутафаккири шахири рус мебошад, ки дар сохахои гуногуни илм забардасти дошта, баъзе аз ин илмхоро бо андешахои бикру тозаэчоди худ рушду инкишоф додааст.

    Флоренский шўъбаи риёзиёти Донишгохи Маскавро хатм намуда, баъдан ба Академияи динии он чо дохил шуда, ба тадриси амиќи илми фалсафа рў овардааст. Ў дар мавзўи «Аркон ва исботи хаќиќат» рисолаи илми дифоъ карда, таваччўхи ахли илмро ба худ чалб намудааст. Флоренский дар пиёда намудани ин амал аќоидашро на бевосита аз номи худ, балки хамчун хаќиќати мутлаќи калисоги ифода мекард.

    Харчанд Флоренский фалсафаи Ѓарбро хуб медонист, аммо ў бештар ба далелхои таълимоти православи такя намуда, аќидахои фалсафии худро дар доираи шуури дини инкишоф медод. Ба аќидаи ў, кайхоншиноси дар низоми васеъшудаи фалсафи махлут бо иттилооти дини-илохи ифода мешавад. Флоренский масъалаи ягонагиро ба миён гузошта, кайхонро чун вучуди ягонаву зинда ва асрори хастии табиат маънидод мекунад.

    Мутафаккир мохияти асосии илми муосир доир ба табиат ва умуман кайхоншиносиро дуруст ошкор намуда, ќайд мекунад, ки барои илми муосир дарки нерўи беинтихои табиату бешубхаи эчодкоронаи он воќеан имконпазир аст. Табиат, барои Флоренский, ягон падидаи низоми пайдошуда набуда, балки хастии воќеиву асли, беинтихо ва дорои нерўи фавќулодда бузург мебошад.

    Ба аќидаи Флоренский, табиат танхо дар дини масехи хамчун як чизи бофтаву тахайюли ва хастии фавќулодда ё таччалии дигар маънидод нашуда, балки хамчун воќеият ва хаќиќати зиндае ифода шудааст.

    Намояндаи дигари фалсафаи динии рус Сергей Николаевич Булгаков (1871-1944) мебошад. Булгаков дар таърихи фалсафаи рус хамчун файласуфи илохиётшинос шинохта шудааст. Ў факултети хукуќшиносии Донишгохи Маскавро хатм намуда, дар хамончо ба хайси профессори иќтисоди сиёси кор кардааст. Булгаков соли 1919 дар Донишгохи шахри Ќрим хам аз фанни иќтисоди сиёси ва илохиётшиноси дарс гуфтааст. Соли 1923 хангоми мухочираташ ба Париж, ба хайси декан ва профессори Донишгохи илохиётшиносии ончо кор кардааст.

    Асархои асосии Булгаков «Вазъи бозор дар истехсолоти сармоядори», «Сармоядори ва кишоварзи», «Масъалахои асосии назарияи пешрафт», «Аз марксизм ба идеализм», «Фалсафаи хочаги», «Доир ба инсонхудо» ва ѓ. мебошанд.

    Ў дар ибтидои фаъолияти худ ба марксизм майл дошта, баъдан (тавассути таълифи «Аз марксизм ба идеализм » ном асараш) аз он даст кашидааст.

    Булгаков дар асри худ дурахшонтирин чехраи рўхони ба хисоб рафта, хамчун ислохотчии шуури дини дар мазхаби православи шўхрат пайдо кардааст. Бўхрони маънавие,ки боиси рў овардани Булгаков ба дин гардид, имконияти махдуд сохтани «фалсафаи холис»-ро ба ў надод. Ин аз аќли расову заковатмандии мутафаккир шаходат медихад, чунки фалсафа хамеша бо масъалахои Мутлаќ, яъне доимо ба илохиёт робитаву сарукор дошт ва дорад. Аз ин рў,фалсафаи холис вучуд дошта наметавонад. Дар ташаккули чахонбинии Булгаков наќши таълимотхои Соловёв, Флоренский ва Шел­линг хеле бузург мебошанд.

    Ба аќидаи Булгаков, фалсафа инъикоси ибтидои ва мантиќии хаёту асрори хасти мебошад,ки онро аќл дарк карда наметавонад, балки донишхои фавќулмантиќи ва мутлаќ ќобилияти дарки онро доранд. Мутафаккир барои халли ин масъала аз фалсафа ба дин рў меорад.

    Хадафи асосии фалсафаи Булгаковро асоснок кардани олам, эътирофи арзишхо ва маќсади хастии инчахони ташкил медихад. Ў байни мутлаќ ва кайхон фарќ гузошта, дар як ќазияи худ «хасти ба олам тааллуќ надорад,вале баъдан ба он дода шудааст», ки тибќи он махз бо хамин нерўи эчодиву беинтихоии вай собит мешавад.

    Булгаков масъалаи кайхоншиносиро мавриди тахќиќу баррасии амиќ ќарор дода, бо таълимоти фалсафии худ дар рушду инкишофи минбаъдаи афкори фалсафии рус таъсири бузург расонидааст. Ў дар фалсафаи худ масоили хасти­ши­носиву кайхоншиносиро бо дин пайваста, онхоро аз нигохи дини арзёби кардааст.

    Булгаков фалсафаи вахдати кулли Соловёвро пайрави карда, таълимоти ўро доир ба София-Хикмати илохи инкишоф додааст. Мувофиќи аќидаи Булгаков, София характери муассирсозанда дошта, гохе осмониву илохи ва гохе махлуќиву инсони мебошад. Инсон шабехи Худо офарида шуда, хамчун зану мард дар мухаббатанд, ягонагии олам ва комилияти шакли Худоро барќарор менамояд.

    Лев Исаакович Шестов (1866-1938), файласуф, адиб ва чехраи дурахшони дигаре дар фалсафаи асри ХХ-и рус мебошад. Шестов вазифаи фалсафаро аз дарки асосии мохияти хаёти инсон иборат медонист. Мутафаккир дар муттако бо Навиштачоти Муќаддас кўшидааст, ки мохияти фочиабори инсонро дар олам барраси намуда, мутобиќи ин, асрори «фалсафаи фочиабори инсон»-ро кор карда баромадааст. Ў чунин мехисобид, ки аќл ва илм дар рафъи ранчу азобхои инсон бетарафанд, аз ин рў барои шахсият арзиши хаќиќие ба бор намеорад. Бинобар ин Шестов ба дин рў оварда, озодии мутлаќу хаќиќи ва начоти шахсиро дар он мебинад.

    Иван Алексадрович Илин (1882-1954) файласуф, мунаќќиди дину фарханг ва мутафаккири сиёсатмадорест, ки дар инкишофи фалсафаи рус маќоми арзандае дорад. Ў дар оѓози фаъолияти илмии худ хамчун мухаќќиќ ва пайрави фалсафаи Гегел («Фалсафаи Гегелро хамчун таълимот дар бораи мушаххасияти Худо ва инсон» омўхта, ќайд мекунад, ки ин бузургтарин асари фалсафист, ки дар адабиёти фалсафии чахон назир надорад). Илин дар зери таъсири ин асар консепсияи асосии хастишиноси ва назарияви-маърифатии худро кор карда баромадааст.

    Мутафаккир бештар дар таълимоти худ ба фалсафаи ичтимои таваччўх зохир кардааст. Фалсафаи ичтимоии ў фарогирандаи масоили миллатчиги, хизбияти, таносуби шакли давлатдории чумхуриявию мутлаќият ва ѓ. мебошад.

    Намояндаи дигари фалсафаи ќарни ХХ-и рус Алексей Фёдорович Лосев (1893-1988) мебошад. Лосев дар таърихи фалсафаи рус хамчун файласуф, забоншинос ва муаллифи якчанд корхои бунёди дар сохаи эстетикаи атиќи, мантиќ ва мутарчими адабиётхои фалсафию бадеи маъруф гаштааст. Лосев дар таълимоти фалсафии худ раванди чахонбинии диалектикии афлотуни-гегели, анъанахои фалсафаи православии рус ва инчунин усули феноменологии Гуссерлро рушду ривоч додаст.

    Умуман Илин мутафаккири заковатманду нозукбин буда, дар рушду инкишофи минбаъдаи афкори фалсафии рус таъсири бузург расондааст.

    Рушди афкори фалсафии давраи шўрави ва пасошўрави дар Россия. Баъд аз инќилоби октябри соли 1917 рушди афкори фалсафи дар Россия ба таѓйироту дигаргунихои ќатъи дучор шуд.Бисёр намояндагони чараёнхои дини-фалсафие,ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX бартарияту нуфузи беш доштанд, аз Россия бадарѓа шуданд ё ичборан хичрат карданд. Онхо дар кишвархои хоричи низ омўзишу тахќиќоти худро доир ба ѓояхои вахдати кулли,персоналисти, интуитивисти ва экзистенсиалисти идома медоданд.Барои рушди фалсафаи материалисти хам тадричан имкониятхои мусоид фарохам меомад.Чонибдорони материализм ба муќобили мактабхои гуногуни идеалисти баромада, онхоро хамчун «равияхои буржуази» ном мебурданд. Бояд ќайд намуд, ки ханўз то давраи инќилоби октябри равияхои фалсафии кантчиёни чадид, гегечиёни чадид,позитивизм ва ѓ. зухур карда буданд ва онхо то солхои 20-ум фаолияти худро идома медоданд.

    Дар ин айём муассисахои тарѓиботие таъсис дода мешуданд, ки вазифаи асосиашон ба таблиѓи ѓояхои марксизм ва тайёр кардани кадрхои илмию таълими нигаронида шуда буд. Заминаи мухими ташаккули фалсафаи давраи шўрави нашру дуборанашри асархои асосии К.Маркс, Ф.Энгелс, К.Каутский, Ф.Меринг, П.Лафарг, А. Бебел, хамчунин Г.В.Плеханов ва В.И.Ленин мебошанд.Асари «Дар бораи ахамияти материализми чанговар»-и Ленин дар мачалаи «Тахти ливои марксизм» чоп шуд,ки он хамчун васиятномаи фалсафии ў пазируфта мешуд.

    Ибтидои солхои баъдиоктябри тахќиќи фалсафаи марксисти дар Россия ханўз ба тариќи зарури сурат нагирифта буд. Аз солхои 20-ум сар карда ташаккули проблемахои диалектики-материалисти ба сифати фанхои таълимии алохидаи фалсафи ба рох монда мешавад. Дар натичаи ин худуди иттилоотии материализми диалектики ва таърихи васеътар гашта, хамзамон номи фалсафаи марксисти-лениниро гирифт. Дар мутобиќат бо ин иттилоот предмет, сохтор, хадафхо ва вазифахои фалсафа низ васеъ гардиданд. Хамчунин ба он афкори чамъиятию сиёси ва иќтисоди ворид карда шуданд. Назорати ќатъии хизбию давлати аз болои тадќиќотхои фалсафи таќвият меёфтанд.

    Дар Россия нахустин мубохисаи васеи фалсафи дар атрофи китоби Н.И. Бухарин «Назарияи материализми таърихи. Китоби оммавии сотсиологияи марксисти»сурат гирифта буд. Дар ин мухокима чихатхои мусбиву манфии китоби номбурда арзёби шуда, кўшишхои сохтакоронаи муаллифи он ошкор гардиданд. Аз ин рў,бо сабаби рох ёфтани ѓаразхои шахсии муаллиф дар ин китоб нашри минбаъдаи он махдуд карда шуд.

    Дар солхои 20-ум доманаи мубохисахо дар атрофи таносуби байнихамдигарии чахонбинии фалсафию методи он ва дигар методхои махсуси маърифати сурат гирифтанд. Намоёнтарин мубохисон И.И.Сквортсов-Степанов ва А.М. Деборин буданд. Ќисме аз ин мубохисонро «механистхо» ва ќисми дигарашонро «диалектикхо» ном мебурданд. Харчанд дар раванди ин мубохиса чонибдорони ќисми аввала батарияти бештар доштанд, вале ахиран «диалектикхо» ѓолибият ба даст меовардаги шуданд. Аз хамин солхо сар карда, наќши хосаи фалсафа бештар ба мушохида расида, вазифахои он бахри асосноккунии самти назарияви- амали ва сиёсии хизби хукмрон нигаронида шуда, барои тамоми сохахои илму фарханг рахнамо мегардид. Фалсафа хамчун фанни идеологи бахри рафъи хама гуна равияхои ѓайримарксисти то солхои 60-90-уми асри XX хизмат мекард.Назорати ќатъии хизби-давлати аз рўи омўзиш ва барномахои фанхои фалсафи бурда мешуданд.

    Дар давраи диктатураи сталини ќисмати «фалсафи»-и китоби дарсии «Курси мухтасари ВКП (б)»-и И.В.Сталин хамчун муайянкунандаи тамоюли асосии фалсафа гардида буд. Он айём дар фалсафа ва тамоми чабхахои улум то дарачаи махви бесаводи (ликбез) махлут гашта буд, вале файласуфони тахассусманде низ вучуд доштанд, ки ичборан афкори забонзадаи сталиниро «ба тариќи нихоят содда» ифода мекарданд. Рохбарияти болшевикхо усули маъмури-фармонфармои, ки мохиятан ба имконияти озоди рушди корхои эчоди ва дигар илмхои гуманитарию ичтимои монеъ мешуданд, муќаррар карда буд. Кулли ин сохахо дар атрофи мехвари идеологияи марксисти-ленини чарх мезаданд. «Марксмарказият»-у «ленинмарказият» тамоми сатху уфуќ ва худудхои хаёти маънавию фархангиро фаро мегирифт. Дурусту хаќќони танхо он чизе пазируфта мешуд, ки ба манфиати истиќрори коммунизм хизмат мекард. Мохиятан дар ин самт идеалхои «марказият» мадди назар шуда, бахри амали гардонидани он маблаѓу воситахои калони молияви харч карда мешуданд.

    Чунин усули муносибат то съезди XX ХКИШ идома ёфт. «Мўътадилкунонии хрушеви» такомули афкори эчодиро дар фалсафа танхо аз мавќеи идеологияи марксисти-ленини ба зухур меовард.Дар корхои илмиву таълимии таърихи фалсафа аз мавќеи принсипи ленини воситахои ахбори умум идеологияи даѓалонаро тахмил намуда, муборизаи материализм ва идеализмро бетанаффус арзёби мекарданд. Аз ин рў, файласуфони идеалист ба баёни фикрхои алохида андармон шуда, худро материалист хисобида дар асархояшон унсурхои диалектикаро чустучў кардани мешуданд. Вале файласуфони эътиќодманд баъзан тахти унвони атеистон худро «мувофиќ месохтанд».

    Баъзе олимони чомеашинос дар идеалогияи ќаблан зикршуда аз рўи эътиќоди худ содиќ буданд, ќисми дигарашон аз осори классикони марксизм-ленинизм иќтибос овардаву монеа эчод карда, кўшиш менамуданд, ки аќидахои шахсии худро тахти таъсири хамин иќтибосхо татбиќ созанд. Маќолахои пурмўхтаво дар мачаллахои «Масоили фалсафа» ва «Илмхои фалсафи» ба миён меомаданд.Нашри маќолаву китобхои дарси дар асоси озмунхои фалсафи ба вуќўъ мепайвастанд. Чиддитарин дастоварди шоистаи фалсафаи «шастсола»-и даврони шўрави падид омадани китоби панччилдаи «Доиратулмаорифи фалсафи» («Философский энциклопедии») ба хисоб меравад. Дар ин махзани фалсафи тамоми мактабу чараёнхо, мафхуму маќулахои фалсафи ва хамчунин кулли файласуфони олам аз ахди ќадим то замони муосир фаро гирифта шудаанд.

    Дар фалсафаи даврони шўрави наќши маъруфтарин фай-ласуфони рус Б.М.Кедров, В.Ф.Асмус, И.К.Луппол, Г.Ф.Александров, С.Л.Рубинштейн, П.В.Копнин, Э.В.Иленков, А.Н.Леонтев, Г.С.Батишев, В.С.Библер, А.Г.Спиркин, В.П.Туга­ринов, М.К.Мамардашвили, В.С.Швирев, В.С.Стёпин, Ю.В.Сачков, Н.Ф.Овчинников, И.В.Блауберг, В.Н.Садовский, Э.Г.Юдин, С.А.Яновская, П.С.Попов, Н.И.Стяшкин, Е.К.Войш­вилло, Д.П.Горский, А.Л.Субботин, А.А.Зиновев, А.А.Ивин, Ю.В.Ивлев, В.А.Смирнов, Ю.К.Плетников, В.Ж.Келле, М.Я.Ковалзон, К.Х.Момджян, Э.С.Маркарян, В.М.Межуев, Б.Т.Григорян, А.Г.Мисливченко, И.Т.Фролов, Т.И.Ойзерман, А.С.Богомолов, И.С.Нарский, А.Ф.Лосев, В.В. Соколов, А.Н.Чанишев, М.Ф.Овсянников, А.В.Гулига, Н.В.Мотрошилова, В.Н.Кузнетсов, П.П.Гайденко, Ю.К.Мел­вил, А.Ф.Зотов, Э.Ю.Соловев, М.Н.Гретский, Н.И.Лапин, М.Т.Степанянс, С.Н.Григорян ва дигарон хеле бузург мебошанд, ки аксарияти онхо сохибмактабанду садхо китобхои дарси ва рисолахои илми ба бор овардаанд. Воќеахои ибтидои солхои 90-ум дар хаёти ичтимоиву сиёсии Россия дигаргунихои ќатъи ворид кард. Дар ин кишвар давраи истиќрори давлати демократии хуќуќбунёд оѓоз ёфт.Чунин имкониятхои васеъ дар раванди озодии эчоди ва кашфи муаммохои чадиди фалсафи шароитхои мусоид фарохам оварданд. Дар мархилаи муосир мухимтарин дастоварди фалсафаи рус нашри китоби «Файла­суфони Россия дар асрхои XIX-XX» (М.,1995) мебошад.
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41


    написать администратору сайта