Главная страница
Навигация по странице:

  • Маорифпарварони дворянини солхои 30-40-уми асри ХIХ

  • Ташаккул ва инкишофи аќидахои ичтимои ва фалсафии инќилобчиёни демократ.

  • Висерион Григоревич Белинский

  • Алексадр Иванович Гертсен

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница37 из 41
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41

    Александр Николаевич Радишев (1749-1802) асосгузори афкори инќилоби дар Россия, машхуртарин мубориз бар зидди хуќуќи крепостноиву хокимияти мутлаќаи шохигари ва мутафаккири барчастаи рус мебошад.

    Радишев дар оилаи ашроф таваллуд шудааст. Ў тахсили ибтидоиро аз профессорхои Донишгохи Маскав гирифта, баъдан дар донишгохи Лейпсиги Олмон идомаи тахсил кардааст. Вай пас аз бозгашт ба ватан чанд муддате дар сенат-идораи олии маъмури ва судии Россияи подшохи хизмат кардааст. Радишев соли 80-ум асархои худ - «Хуррият» ва «Саёхат аз Петербург ба Маскав»-ро навишта ва барои нашри ин асархо дар ќалъаи Петропавловск хабс шуда аз чониби сенат ба хукми ќатл махкум гардид. Баъди таѓйири хукми ќатл ба мудати дах сол ба Илимск бадарѓа шуд ва дар ин муддат рисолаи фалсафии «Дар бораи инсон ва мурдану намурдани рўхи ў»-ро таълиф кардааст. Мутафаккир баъди бозгашт аз бадарѓа ба хайси узви комиссияи ќонунбарор кор карда, як ќатор ќонунхо ба манфиати дехќонони крепостнои ва оммаи мехнаткаш ба тасвиб расонидааст. Радишевро барои тасвиби чунин ќонунхо ба Сибир бадарѓа мекунанд ва тайи азобу машаќќатхои зиндон риштаи умраш соли 1802 канда мешавад.

    Радишев дар «Саёхат аз Петербург ба Маскав», ки бештар масъалахои ичтимои, сиёси иќтисоди ва инќилобиро фаро мегирад, ба химояи халќи истисморшуда, пеш аз хама, ба хифзи дехќонони крепостнои баромада, хуќуќи крепостнои ва хокимияти мутлаќаи шохиро мавриди интиќоди шадид ќарор медихад. Чунин усули фармонфармоиро Радишев ба табиати инсон бегона дониста, сарнагун сохтани онро тавсия мекунад. Мутафаккир мўътаќид буд, ки дер ё зуд халќ бар зидди истисморгарони худ бархоста, хокимияти шохону ашрофонро сарнагун месозад. Хамин тавр, сохти нави давлатдори барпо гардида, хамаи одамон дар назди ќонун баробархуќуќ мешаванд. Ба аќидаи Радишев, дар оянда хаёт аз рўи принсипхои шартномаи чамъияти, ќонунгузории одилона ва оќилона, хокимияти мардуми ва баробарии хуќуќиву молумулки бунёд мешавад.

    Радишев мухимтарин ќувваи пешбарандаи чамъиятро дар аќлу хирад ва илму маърифат медид. Илова бар ин мутафаккир наќши мехнатро низ дар инкишофу тарвичи чомеа омили мухим медонист ва афсус мехўрд, ки мехнат дар чомеа баробар таќсим карда намешавад, лекин ин нобаробари дар оянда аз тарафи чомеа рафъ хохад шуд. Мувофиќи аќидаи Радишев, дар раванди таърих инчунин мухити чуѓрофи, талаботи зиндаги ва шакли сохтори давлатдори низ наќши мухим мебозад. Мутафаккир роли фаъоли халќро дар таърих эътироф кунад хам, роли шахсони бузургро низ инкор намекард. Ў мегуфт, ки шахсони бузург тасодуфан пайдо намешаванд, балки онхо бо талаботу таќозои таърих ба миён меоянд. Радишев дар муборизаи озодихохона ва рушди афкори ичтимоии пешќадамонаи Россия наќши бузург бозидааст.

    Радишев дар масъалахои фалсафи суннату анъанахои фалсафии Ломоносовро идома дода, баъзе нуктахои фалсафиро инкишоф додааст. Аз асархои мутафаккир бармеояд, ки ў ба тахќиќи масъалахои табиатшиноси, химия, тиб, хокшиноси, адабиёт, фалсафа ва дигар сохахои илм рў оварда, дар ин самтхо кашфиётхои назаррасе низ кардааст.

    Фалсафаи Радишев асоси механики ва метафизики дошта, дар онхо баъзе унсурхои озодандеширо низ мушохида кардан мумкин буд. Фалсафаи Радишев асосан бар зидди идеологияи дини равона карда шуда буд. Ў калисоро мавриди танќид ќарор додааст. Зеро калисо манфиатхои хокимияти шохи ва рўхониёнро, ки хамеша бар зидди хиради инсони мебаромаданд, дифоъ мекард.

    Дар таърихи харкатхои милли-озодихохи ва афкори ичтимоию сиёси ва фалсафии ибтидои асри ХIХ –и рус фаъолияти револютсионерон-декабристон мархилаи мухиме буд.Револютсионерон-декабристони дворянин дар инкишофу тараќќиёти харакатхои озодихохона ва афкори револютсиони ќадами наве гузошта, бори аввал бо шўриши мусаллахона дар таърихи Россия бар зидди мутлаќият ва хуќуќи крепостнои баромаданд.

    Вазифаи асосии декабристон аслан бархам додани сохти феодали-крепостнои дар Россия ва истиќрори низоми сармоядори дар он равона шуда буд. Онхо ин вазифаро танхо ба воситаи шўришхои харби амали бояд менамуданд.

    Шўриши харбие, ки декабри соли 1825 дар Петербург оѓоз шуда буд, аз тарафи хокимияти шохи пахш карда шуд. Рохбарони ин шўриш П.И.Пестел, К.Ф.Рилеев, М.П.Бестужев, Муравёв ва Каховский ба дор кашида шуданд. Бештар аз сад нафари шўришгарон ба Сибир бадарѓа шуда, ба азобу уќубат гирифтор гардиданд.

    Аќидахои фалсафии декабристон шабехи хамдигар набуданд. Аксари декабристон нисбати табиат аќидахои озодандешона доштанд. Таълимоти фалсафии декабристон - И.Д.Якушкин, П.И.Борисов ва Н.А.Крюков доир ба масоили хастии олам ва ќонунхои он, пайдоишу хусусияти донишхои инсони нигаронида шуда буданд.

    Декабристон чунин мехисобиданд, ки фалсафа бояд илми мустаќил бошад ва он аз таълимоти дини вобаста набошад. Ба аќидаи Якушкин, вазифаи фалсафа аз ошкор сохтани масъалаи хаёт чист? инсон чигуна пайдо шудааст? ва иборат аст. Крюков, бошад вазифаи фалсафаро дар пажўхиши сохтори оќилонаи чомеа, маърифатноки ва тарбияи хокимону тобеони он истиќрори адолат, хаќиќат ва накўкори медид.

    Аќидахои фалсафии декабристон дар асархои Борисов - «Пайдоиши кайхон», Якушкин-«Хаёт чист?» ва Крюков «Доир ба Худо» оварда шудаанд. Мувофиќи аќидаи декабристон, ашёхо аз заррачахои хурди модди, ки Борисов онхоро атомхо мегуфт, иборатанд. Ин заррачахои модди дорои чозиба, ќувваи харакат, падидоврандаи гарми, нерўи барќ, равшани, оханрабо, пайвастшави мебошанд. Дар табиати органики ва хам ѓайриорганики ороми ва бехаракати вучуд надорад, хамаи мавчудот дар харакату инкишоф ва дигаргунианд. Тибќи аќидаи Якушкин, хастии хаёт аз «Занбурўѓ то инсон», ки дарачаи рушду инкишофи худро дорад, дар натичаи гармии баланд рўшнои, тахаввулоти олии хаёт ва тафаккур хувайдо мешавад. Борисов исбот мекунад, ки сайёрахо абадан вучуд надоранд, балки онхо тадричан аз парокандашавии атомхои хурд дар олам пайдо мешаванд. Раевский таъкид мекунад, ки эътиќод ба хастии Худо, на танхо тавасути далелхои тачрибавиву мушохидави, балки бо имдоди далелхои назари асоснок мешаванд. Ў хамчунин доир ба фанонопазирии рўх низ мулохиза меронад.

    Баратинский бошад, дар ќасидааш «Доир ба Худо» зухури тасаввурот оид ба Худоро натичаи очиз будани инсон дар назди ќуввахои табиат медонист. Декабристон чунин мехисобиданд, ки илм ва дин ду падидаи номувофиќанд, зеро илм ба далелу мушохидахо ва тачрибаву озмоишхое, ки дар бораи олами модди ба мо дониш медихад, такя мекунад. Дин бошад, ба эътиќоди кўркўрона, ки ба Навиштачоти Муќаддас ва кашфиёти завќиву шухуди асос ёфтааст, муттакост. Онхо масоили манбаи донишхои инсониро низ мавриди мулохиза ќарор додаанд. Масъалаи сарчашмаи донишхои инсониро ба миён гузошта, Якушкин ва Крюков таъкид мекарданд, ки инсон дар ибтидо оид ба олами беруна тавассути узвхои хис маълумот пайдо мекунад. Ба аќидаи Якушкин, баромади инсон аз олами хайвони сурат гирифта, тадричан дар чамъият малакаву тачриба ва махорат хосил мекунад. Инсонро берун аз чамъият тасаввур кардан имконнопазир аст. Хама нерўи инсон ва ќобилияту истеъдоди ў дар чамъият инкишоф меёбад. Танхо чамъият ба инсон имконият медихад, ки хукмфармои табиат бошад. Баъзе декабристон чонибдори таълимоти дини буданд ва аќоиди калисоро дар бораи Худо ва масоили сарнавишт эътироф мекарданд. Ба аќидаи П.Бобришев, Худо оламро офаридааст ва ба инсон калому нутќ ва рўхи оќилу намирандаи уро ато кардааст. Е.П.Оболенский ба таълимоти идеалистии Шеллинг такя карда, онро тарафдори мекунад. Аз мулохизахои М.С.Лунин бармеояд, ки ў низ намирандагии рўх ва сарнавишти илохиро мепазируфт, харчанд онхоро маърифатнопазир мехисобид. Н.Муравёв бошад, аќида дошт, ки Худо инсонро мисли худаш офаридааст.Хамин тавр, охири асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ дар Россия тамоюли озодандеши дар фалсафа, ки бо дастовардхои табиатшиноси такя мекард, инкишоф меёбад.

    Машхуртарин намояндагони чараёни славянофилхо А.С. Хомяков (1804-1860), К.С. Аксаков (1817-1860) ва И.В. Кириевский (1806-1856) буданд. Онхо аъзои яке аз равияхои афкори чамъиятии рус буданд, ки ба муќобили ѓарбгароён (тарафдорони бо роху равиши Аврупои Ѓарби тараќќи кардани Россия) мебаромаданд.Славянофилхо сохтори ичтимоии Руси ќадим ва чамоаи дехќонии онро ситоиш мекарданд. Славянофилхо аслан таълимоти диниро инкишоф медоданд. Онхо чузъиёти чудогонаи хаёти феодалии крепостноиро мазаммат намуда, шиори «Ќувваи хокимият барои шох ва нерўи фикрронию андеша барои халќ»-ро ба миён гузоштанд ва барои озодии фикр, сухан, баробархуќуќи ва баробарии таќсимоти молумулк саъю кўшиш мекарданд. Славянофилхо шакли хокимияти мутлаќаи ибтидоии русро, ки ба шартномаи байни халќ ва шох асос ёфта буд, орзу мекарданд. Онхо собит мекарданд, ки гўё ба халќи рус диндори, ирфон, зўхду гўшанишини ва итоаткориву фармонбардории шох хос аст. Славянофилхо Россияи то давраи салтанати Пётр ва чамоаи дехќонии падаршохиро, ки ба Аврупои Ѓарби пайрави мекард, муќобил мебаромаданд. Онхо аќида доштанд, ки сохтори аввала ба дўстиву мухаббат ва сохибихтиёри бунёд шудааст. Сохтори дуюми он бошад, ба мухолифату чанг ва душмани асос ёфтааст. Сохтори ибтидои муборизаи табаќоти ва шўришу инќилобро дар бар намегирифт, сохтори дуюмаш, баръакс, яъне ба он оварда мерасонад, якумаш ба таълимоти хаќиќии масехиён муттакост ва дуюми он, ба озодфикри мебарад. Славянофилхо дар тавзехи масоили фалсафи тамоили ирфониро пеш гирифта, чонибдори калисои православи, тарѓибкунандаи фалсафаи масехи, мураттабсозандаи муросои байни фалсафа ва дин, аќлу шуур бо имон буданд. Баъзе славянофилхо фалсафаи дини-тасаввуфии Шеллингро тарафдори карда, фалсафаи Гегел ва позитивизмро танќид мекарданд. Ба аќидаи онхо, Худо оламро бо иродаи хакимонаи худ офаридааст. Инсон ба мисли Худо офарида шуда ва дорои хираду рўхи илохи аст. Онхо бар зидди тамоюлоти озодандеши муборизаи шадид мебурданд.

    Маорифпарварони дворянинисолхои 30-40-уми асри ХIХ. Дар муборизаи ѓоявии солхои 30-40-уми асри ХIХ маорифпарварони дворяни- П. Я. Чаадаев (1794-1856), Н.В. Станкевич (1813-1840) ва Т.Н.Грановский (1813-1855) маќоми сазовореро ишѓол кардаанд.Чаадаев дар оилаи ашроф ба дунё омада, дар солхои чавониаш ба сўи декабристон майл дошт. Дар соли 20-уми асри ХIХ Чаадаев бо декабристон пайваст ва аз чониби ин дастаи махфиёнаи чамъияти декабристон баромад мекард. Ў соли 1825 мачбур шуд, ки ба хорича фирор кунад. Соли 1826 баъди бозгашт ба Россия, ки дар ин муддат харакати декабристон пахш карда шуда буд, Чаадаев танхо мемонад ва ба омўзиши фалсафа машѓул мешавад. Соли 1830 як силсила маќолахои фалсафии ў бо унвони «Мактубхои фалсафи» нашр мешаванд. Интишори ин маќолахо тавассути мачаллаи «Телескоп» боиси ќахру ѓазаби хукумат нисбати маориф мешавад. Хукм карда мешавад, ки Чаадаев минбаъд аз хуќуќи чоп махрум карда шавад. Сабаби ба ин мамнўъият гирифтор шудани ин маќолахо аз он иборат буд, ки Чаадаев дар онхо хуќуќи крепостноиро мавриди танќид ќарор дода, калисои православиро мазаммату сарзаниш намуда, калисои католикиро муќобили он мегузошт. Вай чунин мепиндошт, ки калисои католики химоятгари маърифатнокию озоди дар Ѓарб мебошад. Ба аќидаи Чаадаев, асоси оламро аќли кулл-хиради чахони ташкил медихад, хастии воќеиро мавчудияти рўхони ва хиради илохи мегуфт. Хасти,ќайд мекунад Чаадаев,дар шаклхои чисмони, ичтимои ва маънави хувайдо мешавад. Ў мехост фалсафаро бо дин пайвандад. Дар ин пайвастан-махлутсозии дин бо фалсафа ў манфиати асосии инсонияту маќсади нихойии хаёти худро медид.Чаадаев дар баёни масъалаи назарияи маърифат наќши донишхои хисси ва аќлиро дар шинохти хасти пурра инкор накунад хам, онхоро ноќис мешуморид. Зеро ба ќавли ў, онхо инсонро аз асрори фавќуттабиию илохи воќиф наметавонад.

    Намояндаи дигари он Станкеевич буд. Вай дар ваќти донишчў буданаш дар донишгохи Маскав махфили илми доир ба омўзиши таълимоти фалсафии Шеллинг, Фихте ва Гегел созмон дод. Дар ин махфил Белинский, Боткин, Бакунин ва дигарон низ иштирок мекарданд. Аъзои он хуќуќи крепостнои ва идеологияи расмиро махкум карда мардумро ба маърифатноки, инсондўсти ва такмили маънавиёту хулќиёти шахсият даъват намуданд. Онхо масъалаи озодии хаќиќатро дар иртибот бо хуќуќи крепостнои, бо ѓояхои маърифатноккуниву такомули аќлу хирад ва меъёрхои ахлоќии дворянхо пайваст мекарданд.Станкеевич ва пайравони ў оламро натичаи фаъолияти рўхи мутлаќ мехисобиданд. Махфили Станкеевич барои интишори фалсафаи класикии немис дар миёни чамъияти рус, ки баъзе ачанбахои диалектики низ доштанд наќши мухиме бозидааст.

    Ташаккул ва инкишофи аќидахои ичтимои ва фалсафии инќилобчиёни демократ. Пас аз шикаст хўрдани харакати озодихохии декабристон дар Россия вазъият хеле мураккаб гардид. Хокимияти мутлаќаи шохи кўшиш мекард, ки режими сиёсии худро нисбат ба ин гуна зухуроти сиёси пурра муќобил гузорад.Нимаи якуми асри ХIХ дар Россия харакати инќилобии дехќонон авч гирифт. Омма, ки аз истисмори вахшиёнаи крепостноию заминдорон ба дод омада буданд, ба муќобили тартиботи крепостнои ошўб бардоштанд. Хамин тариќ, харакати инќилобии дехќонон дар афкори чамъияти-сиёсии рус чараёни чадиди револютсионерхои демократро ба вучуд овард.Ташаккул ва инкишофи идеологияи демократхои инќилобии Россия ба номхои В.Г. Белинский, А.И. Гертсен, Н.Г. Чернишевский, Н.А. Добролюбов ва дигар ходимони машхури харакати озодихохонаи халќи рус сахт алоќаманд буданд. Онхо барчастатарин намояндагони ин чараёни инќилоби буданд. Дар мархилаи бўхрони шадид ва пошхўрии сохти крепостнои демократхои инќилоби ба хайси идеологхо ва химоятгарони манфиатхои дехќонони креспостноии истисморшуда ва дигар табаќаи мехнаткашон баромад мекарданд.

    Инќилобчиёни демократ барои сарнагун сохтани хокимияти мутлаќ ва хуќуќи крепостнои дар мамлакат мубориза бурда, заминдорону сармоядоронро сахт танќид мекарданд. Онхо пайрав ва таблиѓотчии идеалхои сотсиализми хаёли ва дехќони буданд. Инќилобчиёни демократ бо таълимоти сотсиалистони ормонии Аврупои Ѓарби хуб шинос буданд. Таълимоти онхоро омўхта ба хулосае омаданд, ки сотсиализм дигаргунихои куллии ичтимоиро таќозо менамояд ва он метавонад танхо бо рохи инќилоб амали гардад.

    Инќилобчиёни демократ як силсила фикрхои пешќадамона дар сохахои чомеашиноси, ахлоќ ва зебоишиноси пешниход карданд. Онхо ба афкори фалсафию табиатшиносии гузашта ва муосири худ такя карда, доир ба диалектика ва ќонунхои инкишофи он андешахои чолиб баён намуда, зарурияти таѓйиротхои инќилобиро асоснок мекарданд.

    Висерион Григоревич Белинский (1811-1848) яке аз мутафаккирони барчастаи рус мебошад, ки аз худ асархои илмию адабии «Димитрий Каленин» ва «Ормонхои абади»-ро аз худ ба ёдгор мондааст. Дар онхо таассуроти нафратомези худро нисбати хуќуќи крепостнои инъикос намуда, манфиатхои дехќононро химоя мекард. Белинский сохти крепостноиро хамчун низоми беадолатонаи чамъияти махкум мекард. Вай ќайд менамуд, ки «ваќте ки ќонунхо бархилофи хуќуќи табии, хуќуќи инсоният ва хуќуќи худи аќлу хирад мебароянд, он гох инсон онхоро метавонад вайрон кунад».

    Белинский ба рушди ѓояхои инќилоби ва инкишофи афкори ичтимоии мамолики Аврупои Ѓарби чиддан таваччўх намуда, аз нуќтаи назари танќиди онхоро омўхта, тачрибахои пешќадамашонро аз бар кардааст.

    Чахонбинии Белинский дар ибтидо нихоят ихтилофнок буда, мавќеи идеалистиро ишѓол мекардааст. Ба аќидаи ў, оламе, ки моро ихота кардааст, ин зухуроти «идеяи ягонаи абадист». Хамчунин ў таъкид менамуд, ки идея оромиро намедонад, он зиндаву мутахаррик Буда, пайваста чизи нав офаридава чизи кўхнаро аз байн мебарад. Хаёт, ин чунбиш, фаъолият ва муборизаи беохир аст.

    Белинский солхои 40-ум воќеахои инќилобии Ѓарбу Россия ва аќидахои сотсиалистони хаёлии Франсияро пазируфта, ба тарѓибу ташвиќи аќидахои сотсиалисти шурўъ мекунад.

    Белинский хамчун диалектик идеяи пешќадамонаи инкишофро тавассути инкор кардани чизи кўхнаву эхёи чизи нав эътироф мекард ва ќайд менамуд, ки инкор ин Худои ман аст, инкор ќонуни инкишофи таърихи аст. Зеро бе инкор дар хаёт баќоиву инкишоф вучуд надорад ва ивазшавии нав ба кўхна имконнопазир мегардад. Хамин тавр, диалектикаи Белинский дар мубориза бар зидди тартиботи мутлаќаи кўхнашудаи Россия мусоидат кардааст.

    Мантиќи мубориза бар зидди хокимияти мутлаќаву тартиботи крепостнои ва идеалогияи дини-тасаввуфии чойдошта Белинскийро дар ибтидои солхои 40-ум ба тамоили озодандеши кашонид.

    Вай заифии илмхои он замонро дар робитаи басанда надоштани онхо бо хаёт, тачриба ва химояти академизми хушкухоли медид. Аз ин рў, тарѓиб мекард, ки хосиятхои бисёрчихатаи хаёт омўхта шавад ва барои баќопазирии он чахду талоши босубот бояд кард.Белинский часурона ба химояти шахсияту озодии он, инкишофи хамачонибаи маънавию чисмонии он баромад мекард. Ў озодии шахсиятро дар музаффариятхо ва барќарор кардану тахкими тартиботи хаќиќии демократия вобаста медонист. Озоди, осудахоли ва хушбахтии шахсиятро мояи саодати чомеа медонист.

    Мутафаккир нуќтаи назари субъективро, ки наќши асосиро дар рушди таърих марбут ба шохону лашкаркашон медонистанд, танќид мекард ва оммаи халќро ќувваи асосии пешбарандаи чамъият медонист.

    Дигар намояндагони ѓояхои инќилоби-демократии рус, Алексадр ИвановичГертсен (1812-1870) ва Николай Платонович Огарёв (1813-1877) буданд. Онхо дар тўли хаёту фаъолияти худ хамфикру хаммаслак буда, аќидахои инќилоби, ичтимои, сиёси ва фалсафии Радишеву декабристонро идома медоданд.

    Гертсен ва Огарёв ханўз хангоми тахсилашон дар донишгохи Москва як махфили сиёси созмон дода буданд, ки дар он таърихи афкори инќилобии Франсия мавриди омўзиш ќарор дода шуда, хисси нафрати худро нисбат ба тартиботи хокимияти мутлаќа ва хуќуќи крепостнои ифшо мекарданд. Онхо баъди хатми Донишгох ба таъќиботи хукуматдорон дучор шуда махсуб гардиданд.

    Мутафаккирон баъди бозгашт аз бадарѓа бар зидди идеологияи дини-тасаввуфии славянофилхо мубориза мебурданд. Гертсенро барои хамкориаш бо мачаллаи «Хотирахои Ватан» ба Новгород бадарѓа сохтанд ва соли 1847 хамчун мухочири сиёси Россияро тарк намуд. Ў то охири умр дар кишвархои Франсия, Италия, Швейтсария ва Англия зиндаги кард. Гертсен дар мухочират бо инќилобчиёни хоричи алоќа пайдо мекунад ва як нашриёти руси ташкил мекунад, ки дар он як ќатор маќолахои мухими таърихи, сиёси ва фалсафии замони худро нашр мекунад.

    Онхо дар хорича чандин асархои якчоя менависанд, ба монанди: «Ситораи ќутби» («Полярное звезда»), «Зангула» («Колокол»), «Мачлиси умум» («Общее вече») ва ѓайра мебошанд. Хизмати бузургии таърихии Гертсен ва Огарёв дар он буд, ки онхо бар зидди тартиботи крепостнои ва хокимияти мутлаќа, ки чабру зулми ичтимои ва монеаи асосиву садди рохи пешрафти сиёси, иќтисоди ва маънавии Россияро дар онхо медиданд, ифода ёфта буд.

    Дар ибтидои солхои 40-ум Гертсен ва Огарёв хамчун озодфикр бар зидди хама гунна тамоюли ирфонию тасаввуфи дар фалсафа ва табиатшиноси мубориза мебурданд. Дар ташаккули тамоюли озодандеши Гертсен ва Огарёв дастовардхои табиатшиноси, ки онхо ба равиши он бадиќќат назар ва такя мекарданд, наќши мухим бозидааст.Гертсен ва Огарёв анъанахои озодандеширо дар Россия инкишоф дода, кўшиш мекарданд, ки фалсафаро бо сотсиализм пайванданд.

    Гертсен идеалистонро хамчун бехудагардон дар сахрои серхосили илм тавсиф намуда ќайд намуда буд, ки: «зарур аст, ки ба илм на аз рохи априори ва хиради соф, балки аз рохи олами аслию хаќиќати воќеи, ки объекти асосии илму дониш аст, наздик бояд шуд. Илме, ки ба табиат такя намекунад, ин илми ноќиси хаваскорон аст. Бесамарии идеалистон,ба ќавли, ў дар илм аз он иборат аст, ки онхо талаботхои аз хаёт сарзадаро ба эътибор намегиранд ва бо хаёлотхои хушку холи ќаноат карда, сояи тачаллии ашёхоро ба чои худи ашёхо ќабул мекунанд.

    Гертсен дар «Мактубхо доир ба омўзиши табиат» фалсафаи материалисти ва диалектикаро инкишоф дода, масъалаи асосии фалсафа- муносибати тафаккур ба хасти, шуур ба материяро ба ба миён гузошта, идеализмро мавриди танќид ќарор медихад.

    Вай тасаввуроти идеалистиро, дар хусуси он ки олами воќеи танхо тачаллии идеяи мутлаќ аст, ботил сохта, таълимоти материалисти доир ба олами воќеи ва табиатро, ки новобаста ба инсон вучуд дорад, пешниход мекунад. Инсон, хиссиёт ва шуури ў дар натичаи инкишофи тадричии табиати органики аз дарачаи одди то зинаи оли пайдо мешавад. Аз ин рў, Гертсен натичагир мешавад, ки шуур махсули материяи олиташкил ва вазифаи майнаи сари инсон аст. Гертсен ва Огарёв масъалаи ягонагии хасти ва тафаккурро ба миён гузоштанд, ки ин сахми назаррасе дар рушди озодандеши буд. Онхо хамчунин бар зидди фалсафаи классикии немис, баромада, таъкид мекарданд, ки олам модди, беинтихо буда, хамеша дар харакат, таѓйирот ва инкишофи абади ќарор дорад. Назарияи маърифати Гертсен ва Огарёв низ чанбаи озодфикри доштанд. Манбаи ибтидоии дониши инсонро онхо хиссиёт мехисобиданд.

    Гертсен ва Огарёв ба сифати меъёри хаќиќат гохо хасти ва гохо тафаккурро пешбари мекарданд.Онхо диалектик низ буданд ва ба ѓояхои диалектикии Гераклит, Арасту, Бруно ва Гегел бахои баланд дода, табиатро як чараёни хамеша дигаргуншаванда медонистанд. Ба аќидаи мутафаккирон, табиат сокитиву бехаракатиро намеписандад, зеро чизи хомушу бехаракат, махкумшуда ба марг аст. Хаёти табиат инкишофи пайвастаест, ки бузургии он низ аз хамин иборат аст. Инкишофи табиат дар фазо ва ваќт ба вучуд меояд.

    Гертсен ќонуни баќои ашё ва харакатро дар табиат чонибдори карда, гузариши материяро аз як холат ба холати дигар, ивазшавии як шакли харакатро ба шакли дигараш, эътироф мекунад. Ин ќонунро ў, ќонуни бузурги табиат меномад.

    Бузургтарин ва олитарин махсули табиат,- мегўяд Гертсен,– ин инсон аст, ки рохи инкишофи таърихии табиат хамеша аз шакли содда ба шакли мураккаб гузаштани онро ифода мекунад. Ў Гераклитро хамчун як мутафаккири нобиѓ тавсиф карда ќайд мекунад, ки мо ба ашё мисли Гераклит назар мекунем, яъне тамоми мавчудотро дар мубориза, робитаи мутаќобила, бахамтаъсиррасони ва таѓйироти абади мебинем. Инкишофу таѓйирпазири тавассути муборизаи бахамзидхо, ки ин ќонуни зиндаги ва инкишоф аст, ба миён меояд. Муборизаи бахамзидхо бо инкори яке ва эхёи дигарон хотима меёбад, бе инкор хаёт, рушд ва пешрафт вучуд надорад.

    Гертсен ва Огарёв диалектикаро «алгебраи револютсия» меномиданд. Онхо мегуфтанд, ки инќилоб таносуби назарияро бо амалия дар ќонуни инкор метавонад пайваст намояд. Гертсен ва Огарёв вазифаи диалектикаро аз пайвастидани фалсафа бо сотсиализм ва бурхони зарурии вожгун сохтани хуќуќи крепостнои ва хокимияти мутлаќа дар Россия ва низоми буржуази дар Ѓарб иборат медонистанд.

    Хамин тавр, Гертсен ва Огарёв дар инкишофи ѓояхои инќилобию озодихохонаи рус дар таърихи фалсафаи рус ва тамоюли озодандешиву диалектикии он сахми бузург бозидаанд.
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41


    написать администратору сайта