Главная страница
Навигация по странице:

  • Симеон Полотский

  • Рушди афкори фалсафи ва ичтимоии Росия дар охири асри XVII ва ибтидои асри XVIII .

  • Михаил Василевич Ломоносов

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница36 из 41
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41

    Боби 15. Фалсафаи рус


    Оѓози фалсафаи рус. Фалсафаи дар Руссия дар асрхои XVIII-XIX. Ташаккули халќияти Руси Ќадим ба асрхои VI-VIII рост меояд, ки оќибатуламр асрхои IX-X дар натичаи муттахид­шавии ќабилахои славянхои шарќии давлати ягонаи Руси Ќадим арзи вучуд менамояд. Заминахои ичтимоиву сиёси ва таърихии ба вучуд омадани давлати феодалии Руси Ќадим ин раванди хусусикунонии заминхо аз чониби феодалхо ва нобаробарии молумулки буд, ки муборизаи табаќотиро миёни ашрофону тобеони онхо ба зухур овард. Дар баробари рушди давлати феодалии Руси Ќадим зулму истибдоди оммаи мехнаткашон аз чониби ашрофону муфтхўрон хеле меафзуд, ки ин боиси ошўби дехќонон ва хунармандон мегардид.

    Аќидахои динии халќхои Руси Ќадим хусусияти политеисти (бисёрхудои) доштанд, ки онхо ба олами ондунёи мўътаќид буда, худохои гуногун- Перун (худои раъду барќ), Даждхудо(худои офтоб), Сворог (худои оташ), Ярил(худои офарандаи табиат) ва Велес (худои чорпоён)-ро мепарастиданд.

    Дар охири асри IX алифбо ва осори хаттию адабии славянхо ба вучуд меояд, ки ахамияти мухиме дар инкишофи фарханги рус дошт. Дар асри X расман пазируфтани дини масехи барои халќи рус хеле арзишманд буд. Зеро дини масехи русхоро ба фарханги Рим ва тавассути он ба тамаддуни атиќа ошно карда ба мустахкамшавии давлати феодалии русу равобити он бо давлатхои Аврупои Ѓарбию Шарќи Наздик мусоидат мекард. Калисохо ва ибодатгоххо дар хамон айём марказхои илмию фарханги махсуб мешуданд.

    Асрхои XI-XII дар таълимотхои динию ѓайридини акнун истилохи фалсафа ё хикмат ба мушохида мерасидаги шуд, ки ин аз вусъату инкишофи илму маърифат дарак медод. Аз асри XI то асри XV дар Россия, ки осори фалсафии Афлотун, Арасту, Демокрит, Эпикур ва мутафаккирони римию Аврупои Ѓарби маъруфу машхур буданд, тарчума карда мешуданд.

    Фалсафа дар он давра ханўз аз дигар сохахои илм чудо набуда, зери тасарруфи илохиёт ќарор дошт. Масъалахои фалсафи доир ба офариниши оламу одам, мавќеи инсон ва муносибати ў ба олам дар шакли дини мавриди тахќиќ ќарор дода мешуданд.

    Дар асари мутафаккири Руси Ќадим Нестор – «Ќиссаи солхои гузашта» («Повесть временных лет») ба тахлили ѓояхои бутпарасти ва интишору тахкими дини масехи равона шуда буд. Ў дар асари худ Худои Масехро дар муќобили бутхо ба тасвир гирифта буд.

    Ба аќидаи Нестор, Худо одамро хамчун махлуќи фанопазиру рўхчовидон ва инчунин дорои иродаи озод офаридааст. Бинобар ин, инсон худаш муайянкунандаи рафтору кирдораш мебошад. Ў хох неки кунад ва хох бади, худаш дар назди Худо барои аъмоли содиркардааш посух хохад гуфт.

    Арзиши асосии ин асар аз он иборат аст, ки Нестор дар он гузариши славянхои ќадимро аз ибтидои сохти феодали, яъне аз бисёрхудои то яккахудои, аз чахонбинии бутпарасти то чахонбинии масехи инъикос кардааст.

    Асари дигаре, ки фарогирандаи масъалахои фалсафи, ахлоќи ва динист, «Тазкираи соли 1076»-и Святослав Ярославич буд, ки аз чониби Иоан мураттаб шуда будааст.

    Пайёми митрополити киеви Никифор ба Владимир Мономах комилан дорои арзиши фалсафи буда, масоили фалсафии инсон, рўх, аќл, хирад, шуур, идрок ва эхсосоти ўро фаро мегирифт. Никифор мўътакид буд, ки инсонро Худо офарида, он аз мабдаъхои рўхони ва чисмони иборат аст. Миёни рўх ва чисм мухолифати хамешаги вучуд дорад. Ба андешаи ў, рўх файзи илохи буда, фанонопазир асту дар майнаи сари одам чой дорад. Рўх дорои се ќувва- нутќ (аќл), ѓазаб (хис) ва шахват (озоди) аст.Мавќеи аввалро дар байни онхо ќувваи нотиќа ишѓол мекунад, ки бартарияти баланд дорад. Ин ќувваест, ки инсон тавассути он аз хайвон фарќ мекунад ва тавассути он инсон олам ва худашро низ мешиносад.Ба аќидаи Никифор, хиссиёт ё ин, ки ќувваи ѓазаби–босира, сомиа, шомиа, ломиса ва зоиќа хизматгори рўханд. Бинои дар байни панч узви хис бартарияти зиёдтар дорад. Бояд ќайд кард, ки мутафаккир тамоми аќоиди фалсафиашро дар доираи таълимоти дини баён мекардааст.

    Асрхои XIII-XIV дар Россия чандин асару рисолахои фалсафие низ арзи вучуд карданд, ки машхуртарини онхо «Тафсири ќиссахои тавроти» («Толковая палея») ва «Занбури асал» («Пчела») буданд. Ахамияти мухими ин асархо аз он иборат буд, ки дар онхо доир ба офариниши олам, табиатшиноси, муносибати рўх бо тан ва ѓайра маълумот дода шудааст.

    Мувофиќи маълумоти «Толковая палея», замин чоркунчаи хамворест, ки хамаи атрофи онро об ихота кардааст. Тибќи он, замин номутахаррик буда, дар маркази олам ќарор дорад ва олам дар гирди он давр мезанад. Пайдоиши падидахои табии, монанди раъду барќ, борон, барф ва дигар хаводиси табии дар ин асар хаматарафа арзёби шудаанд.

    Дар онхо доир ба масъалаи инсон сухан рафта зикр шудааст,ки рўхи ў бархилофи рўхи хайвон модди набуда; он маншаи илохи доштаву фанонопазир аст, вале шабехи Худо нест. Рўхи инсонро Худо бо иродаву хохиши худ офаридааст. Рўх дастраси эхсосу идрок набуда, бечисм мебошад. Пайвастшавии ин ду чавхари ба хам зид, табии набуда, хикмати илохиёт аст. Тибќи онхо бо вучуди афзалияти рўх бар чисм, чисм бар рўх низ таъсир мерасонад, ба монанди бемори, шахват, ѓамгини ва ѓ. Агар аќл дар майна чой дошта бошад, шахват дар дил ќарор дорад. Гарчанде ки аќл чисм нест, лекин бо дигар узвхои бадан пайваст шуда, бо кўмаки рагхои хунгард ва тавассути дил рафтору фаъолияти инсонро назорат мекунад.

    «Занбури асал» («Пчела») мачмўаест,ки доир ба мусоидати таълимотхои Суќрот, Афлотун, Арасту, Анаксагор, Ксенофан, Демокрит, Пифагор, Эпикуру дигар мутафаккирону файласуфони атиќи ва китобхои муќаддас маълумот медихад. Ин асар масъалахои гуногуни фалсафи ва ахлоќиву зебоишиносиро низ фаро гирифтааст.

    Дар асри XIV асари дигари фалсафие, ки ба ќалами файласуфи рими- Филипп мансуб аст, масъалахои сохтори олам, Худо, таносуби рўху тан ва инсону хасоиси онро фаро гирифтааст.

    Сарфи назар аз он ки мутафаккир чонибдори таълимоти дини буд, бо вучуди ин дар ин асари ў тамоюли озодфикри низ чой дорад. Мувофиќи он, рўх ва чисм аз тарафи Худо офарида шудааст ва дар айни замон рўх чисмро идора мекунад. Чисм нисбати рўх поинтар ќарор дошта, дастраси эхсосоти беруна аст, лекин рўх бе чисм чизе нест.

    Азбаски инсон аз рўху чисм иборат аст, аз ин рў, он ба олами моддиву рўхони низ алоќаманду марбут мебошад. Олами модди аз чор унсур-об, хок, оташ ва бод иборат аст. Рўх бошад, аз се ќисм-аќл, нутќ ва худи рўх-чон таркиб ёфтааст. Рўх дорои ќувваи аќлу хирад ва ѓазабу шахват аст. Ќувваи асосии вай аќл, хирад ва шуур аст. Тибќи он инсон миранда аст, вале рўхи ў фанонопазир мебошад.

    Симеон Полотский (1629-1680) яке аз машхуртарин мутафаккирони ин давра буд. Ў чунин мехисобид, ки олами рўхони ва модди махсули офариниши Худо офаридааст. Мутафаккир вазифаи фалсафаро аз он иборат медонад, ки он одамонро хирадманду маданиятнок ва дорои ахлоќи хамидаву хасана мекунад. Мувофиќи таълимоти мутафаккир, фалсафа аз се ќисм- мантиќ, табиатшиноси (физика) ва ахлоќ иборат аст.

    Мутафаккири дигари ин давра Андрей Белоботский аст, ки шарх ба китоби схоласти машхури асри XIII Раймунд Лулий навиштааст, ки асари мустаќили фалсафист. Мувофиќи аќидаи Белоботский, олам аз рўи сарнавишт идора карда машавад. Ў заминро куррашакл медонист ва мегуфт, ки замин дар маркази олам ќарор дорад. Ва он ба ду ќисм модди ва рўхони чудо мешавад.

    Дигар асаре, ки дар ин давра арзи вучуд кард ва дорои ахамияти калони фалсафиву ичтимои буд, «Сиёсат» мебошад, ки онро мутафаккири рус Юрий Крижанич (1618-1683) иншо кардааст.

    Мувофиќи аќидаи Крижанич, чисми инсонро чор унсур об, хок, оташ ва бод ташкил додаанд. Ин унсурхо доимо байни худ дар зиддият ќарор доранд. Ба ќавли ў, инсон аз хайвон ба туфайли шуураш фарќ мекунад. Хамаи одамон ва инчунин шохону хокимон низ дар ибтидо нодону содда таваллуд мешаванд ва фаќат бо мурури замон сохиби аќлу дониш мешаванд. Бояд кўшиш намуд, ки одамонро ба оќиливу хирадманди тарѓиб кард, зеро донишу хирад онхоро саодатманд мегардонад.Чохили ва бесаводи бошад, ба одамон фаќру бенавои ва бадбахти ба бор меорад.

    Рушди афкори фалсафи ва ичтимоии Росия дар охири асри XVII ва ибтидои асри XVIII. Дар рушди иќтисодиёт ва фарханги Россия ислохоти бавуќўъовардаи Пётри-1 наќши мухим бозидааст ва ба ин васила давлати мутамаркази рус эхё гардид. Чихати мухими ин ислохот аз он иборат буд, ки Пётри I хаёти ичтимои ва маданиро аз зери тасарруфи калисо комилан озод намуд.

    Пётри I бо Аврупо робитаи зич барќарор карда, барои воридшавии Россия ба тамаддуни Ѓарб шароитхои мусоид фарохам овард. Дар оѓоз интишори ин маданият ба муќобилиятхои тезутунд ва шадиде дучор мешуд. Вале ба хамаи ин нигох накарда Пётри I пай бурд, ки раванди нуфузи тамаддуни Ѓарбро дар фарханги халќи рус тезондан зарур аст, зеро он бахри пешрафти тамаддуни Россия метавонад мусоидат намояд. Хамин тавр, ислохоти таърихии пешќадамонаи Пётри I барои тахкими хаёти моддиву маънавии халќи рус ва мутамарказонидани давлати он хуб мутобиќат кардааст.

    Мутафаккирону идеологхое, ки ин ислохоти Пётрро асоснок ва амали карда буданд, В. Н. Татишев (1686-1750), Ф. Прокопович (1681-1736), А. Д.Кентемир (1708-1744) ва И. Т. Посошков (1652-1726) буданд.

    Прокопович ва Татишев аз зумраи мутафаккиронеанд, ки дар осорашон ба муќобили хукмронии ахкоми дини-схоласти баромада, мустаќилияти донишхои табии, фалсафи ва умуман дунявиро аз зери итоати калисо химоят карда, дар сохахои хаёти ичтимои, иќтисоди, сиёси ва фархангию маънавии рус ислохотро зарур медонистанд ва роххои рушди илму фалсафаро дар Россия ба таври назарияви асоснок карда буданд.

    Ба аќидаи Прокопович, фалсафа чун илми мустаќил бояд бо хаќиќати табии сарукор дошта, на аз китобхои дини-илохи, балки хаќиќатро аз табиат хосил карда бошанд.

    Татишев чунин мехисобид, ки бояд фалсафа новобаста аз илохиёт инкишоф ёбад. Вазифаи фалсафа, ба аќидаи ў омўзиши ачсоми табии ва инчунин организми инсон мебошад. Ў зидди омехтани фалсафа бо харгуна зухуроти сохири баромад мекард.

    Тибќи аќидаи Кентемир, фалсафа, мантиќ, физика, метафизика, ахлоќ ва эстетикаро дар бар мегирад. Яке аз хизматхои Кентемир он буд, ки ў аввалин шуда ба коркарду тахияи истилохотномаи фалсафи ба забони руси пардохт ва истилоххои мафхум, мушохида, ибтидо ва ѓайраро ба он ворид кардааст.

    Ин мутафаккирон дар асархои худ бештар ба аќидахои Коперник, Декарт,Нютон, Бэкон, Галилей, Спиноза ва Лейбнитс пайрави мекарданд. Онхо схоластикаи асримиёнагиро сахт танќид карда, онро бесамар ва ботил мешумориданд. Вале бо вучуди ин онхо хастии Худоро инкор намекарданд.

    Ба аќида Прокопович, инсон аз ду чавхар - рўхони ва модди таркиб ёфтааст. Ў чавхари рўхониро намиранда ва чавхари моддиро, баръакс фони медонист. Ашёи модди худ ба худ дар табиат бехаракату бефаъолиятанд, сабаби харакат ва фаъолияти онхо шакл мебошад. Ашёхо абади набуда, танхо шакл метавонад абади бошад.

    Мутафаккири намоёни дигари ин давра И.Т. Посошков (1652-1726) буд. Ў сиёсати ислохотпаваронаи Пётрро дастгири карда, бисёр кўшишхо барои инкишофи хаёти иќтисодиву маънавии мардуми Россия мекардааст.

    Мутафаккир бештар ба тахќиќи масоили ахлоќи рў овардааст. Асоси хикмати ахлоќии ўро масъалахои инсондўсти, хамкориву ёрмандии байнихамдигари ва эхтироми зиёд ба шахсу хуќуќхои он ташкил медиханд. Нисбати занхо низ хурмату эхтироми зиёдро таъкид кардааст. Посошков коргурези ва бехудагардиро сабаби тамоми бадбахтихо дониста, мехнатро мояи хушбахтии одамон мехисобид.

    Дар хаќиќат ин мутафаккирон барои тараќќиёту инкишофи минбаъдаи афкори фалсафи, ичтимои ва фархангии рус заминаи мусоид фарохам оварданд.

    Як рўйдоди мухиме, ки боиси пешрафту инкишофи илму фарханг дар Россия гардид, ин таъсисёбии Академияи илмхо буд. Ин Академия маркази тозатаъсиси илмхои дуняви махсуб мешуд.

    Михаил Василевич Ломоносов (1711-1765) машхуртарин олим, табиатшинос ва мутафаккири озодандеши рус мебошад, ки дар рушди илмхои табиатшиноси, филологи ва фалсафи сахми босазое гузоштааст. Соли 1730 дар Академияи славяни-юнони-лотинии шахри Маскав дохил шудааст. Баъди хатми он барои идомаи тахсил ба Академияи илмхои Петербург ва сипас ба Донишнохи Марбурги Олмон равон шуда, дар он чо ба омўзиши илмхои механика, физика, химия, охангудози ва ѓайра машѓул гардидааст. Ломоносов асархои мутафаккирони ахди бостон ва дигар файласуфон- Декарт, Лейбнитс ва Волтерро омўхта аз худ кардааст. Соли 1741 Ломоносов ба ватани худ баргашта, дар Академияи илмхои Петербург ба кор шурўъ карда, ба як ќатор дастовардхои илми ноил гардидааст, ки ахамияти бузурги чахони доштанд. Аз чониби ў бисёр лоихахо ва барномахо барои дастрас кардани захирахои зеризамини, инкишофи кишоварзи, саноат, савдо ва шиновари пешниход карда шудаанд, ки хеле арзишманданд.

    Ломоносов ба авзои вазнини моддию иќтисоди нигох накарда, омўзишро муттасил давом медод ва ба яке аз олимони заковатманду энсиклопедист ва мутафаккирони барчаста табдил ёфт. Ўро муассиси Донишгохи Маскав низ медонанд ва он то ба имрўз ба номи ў мансуб аст.

    Ломоносов ќафомонии Россияи крепостнойиро мавриди интиќод ќарор дода, барои таќдири ватани худ пайваста ѓамхори мекард ва мехост, ки кишварашро дар баробари мамлакатхои пешќадами чахон бинад. Ягона рохи расидан ба ин орзухои худро ў дар илму маърифат ва мехнати самимона медид. Ў чохили, коргурези, муфтхўри ва дигар сифатхои пасти инсониро сахт мазаммат мекард ва онхоро сабаби бадбахтии одамон медонистааст.

    Ломоносов ба василаи кашфиётхои худ хазинаи маърифати инсониро ѓани гардонидааст. Чахонбини ва аќидахои фалсафии ў дар ибтидо зери таъсири осори илмию фалсафии Галилей, Декарт, Бэкон, Нютон ва дигарон ташаккул меёфт. Ў дар Россия ба табиатшиносии тачрибави ва кимиёи физики асос гузошт. Доираи маърифати Ломоносов хеле васеъ буда, сохахои гуногуни илм- физика, химия, астрономия, механика, геология, география, таърих, филология, технология ва фалсафаро дар бар мегирифт.

    Аќидахои илмию фалсафии Ломоносов мохияти озодан­дешона доштанд. Вай хастии оламро бечунучаро эътироф ме­кард ва онро маърифатшаванда медонист. Чихати мухими фалсафаи Ломоносов аз он иборат аст, ки ў оламро ягона мехисобид. Харчанд мутафаккир аз доираи тафаккури механики ва метафизики набаромада бошад хам, вай як ќатор аќидахои амиќи диалектики, аз ќабили назариёти алоќамандии нерўхои табиат, таѓйироти ќишрхои замин ва пайдоиши канданихои зеризаминиро низ баён карда буд.

    Ломоносов доир ба табиат ва ќонунхои он андешахои чолибе иброз доштааст. Ў зимни тахќиќи илмхои табиатшиноси ба тачриба ва натичахои он низ ахамияти калон медод ва ќайд мекард, ки илм бо тачриба робитаи зич дорад. Масъалахои вахдати олам ва ќонуни инкишофи он, ягонагии материя, харакат ва маърифатпазирии олам аз барчастатарин ѓояхои озодандешонаи вай мебошанд. Ломоносов материяро аз заррачахои хурд-атомхо иборат медонист ва мегуфт, ки материя он чизест, ки чисмхо аз он таркиб ёфтаанд. Мавчудияти ачсом низ аз материя вобастаги дорад.

    Мувофиќи таълимоти Ломоносов, хамаи мавчудоти олам тобеи ќонунхои табиатанд. Ў ќайд мекунад, ки амалиёт ва фаъолият, харакат ва зиддият, ќувваи чозиба ва дигар нишонахои чисм пурра аз материя вобастаги дорад. Мутафаккир наќши харакатро дар раванди табиат хеле муассир медонад ва ќайд мекунад, ки бе харакат дар материя хеч гуна таѓйироте ба амал намеояд ва харакат низ бе материя вучуд дошта наметавонад.

    Дар таълимоти фалсафии Ломоносов масъалахои диалектики низ ба миён гузошта шудааст. Мувофиќи аќидаи ў, табиат, растанихо, хайвонот ва умуман олами воќеи хамеша дар харакату таѓйирот ва дигаргуншави ќарор доранд. Ин таѓйирот хамеша буданд, хаст ва бе охир хохад монд.

    Назарияи маърифати Ломоносов мисли дигар аќидахои фалсафиаш собитќадамона буданд. Сарчашма ё зинаи аввали дониши инсониро ў эхсосот медонист ва мегуфт, ки инсон аввал тавассути узвхои хис, ки панчтоанд, дар бораи ашё ва мавчудоти олами модди маълумот пайдо мекунад.

    Мутафаккир наќши мухими тачрибаро дар раванди маърифат ба эътибор гирифта, ќайд мекунад, ки як тачриба ё он натичае, ки инсон аз донишхои тачрибави хосил мекунад, афзалтар аз хазор фикру андеша ё донишхои назарияви мебошанд. Вале бо вучуди ин ў танхо донишхои тачрибавиро махдуд медонист, дар мавриде, ки он дониш бо чамъбасти хирадмандона ва хулосахои назарияви устувор нашуда бошад. Вале ў баъдтар натичагир шуд, ки тачриба василаи нихоии бадастоварандаи донишхои сахеху эътимоднок набуда, барои маърифати комили хасти хамчунин чамъбасти оќилонаю мантиќ ин мўътамад ва баровардани хулосахои назарияви низ мухим аст. Аз ин рў, мутафаккир ба фарзияхои илми ахамияти калон медод ва онхоро хамчун манбаи шинохти ќонунхои кайхони медонист.

    Умуман наќши афкори фалсафии Ломоносов дар инкишофи минбаъдаи афкори фалсафи ва табиатшиносии рус хеле бузург аст.

    Нимаи дуюми асри XVIII як зумра маорифпарварон - Н.Н. Поповский, Д.С. Аничков, С.Е. Денитский, Я.П. Козелский ва дигарон ба майдони илму фарханги рус ворид шуданд, ки дар рушди афкори фалсафи ва ичтимоии Россия сахмгузорихо карданд.

    Маорифпарварон асосан фалсафаи Ломоносовро пайрави карда, пайдоиши оламу падидахои он ва инчунин масоили назарияи маърифатро ба таври илмиву мантиќи асоснок намуданд. Онхо Худоро хамчун офаридагори олам эътироф мекарданд, вале дар баробари ин ѓояхои озодандеширо доир ба абадияти олам ва гуногуншаклии он низ чонибдори менамуданд.

    Маорифпарварон дар тахияи назарияхои фалсафии худ ба дастовардхои табиатшиносии замонашон, хусусан кашфиётхои илмии Ломоносов ва дигар олимони Аврупои Ѓарби такя мекарданд. Онхо бо вучуди таъќиботу ихтилофоти рўхониён, таълимоти илми-фалсафии худро часурона инкишоф медоданд.

    Маорифпарварон масъалаи асосии вазифаи фалсафаро барраси намуда, кўшиш мекарданд, ки онро аз тахти итоати илохиёт рахо созанд ва онро хамчун илми мустаќил маънидод мекарданд. Тибќи аќидаи онхо, фалсафа бояд илми илмхо бошад ва ќисматхояшро аз мантиќ, метафизика, психология, этика, эстетика ва хуќуќ иборат медонистанд ва илохиёт, нучум ва сехру чодуро аз он чудо мекарданд.

    Аќидахои фалсафии Козелский, Батурин, Аничков ва дигарон доир ба масоили табиату ќонунхои он, инсон ва характери донишхои инсони асоси илми-мантиќи доштанд. Аммо фалсафаи озодандешонаи онхо онхо пурра босубот набуд ва дар бисёр холат деизммайл доштанд. Зеро онхо Худоро хамчун офаридгор инкор намекарданд. Ба андешаи онхо, рўхи инсон намиранда аст ва баъд аз марги ў рўхаш ба олами рўхони меравад.

    Дар таълимоти ин маорифпарварон баъзе унсурхои диалектики низ ба мушохида мерасад. Онхо мегуфтанд, ки табиатро Худо офарида бошад хам, лекин вай мувофиќи ќонунхои ба худаш хос инкишоф меёбад. Хамаи ашёхо асоси табии ва сабаби пайдоиши худро доранд ва онхо хамеша дар холати харакату тахаввулот ќарор доранд ва таѓйир меёбанд, аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Зеро онхо дар худ тазоди худро доранд. Ашёхо ва падидахои табиат дар робитаи байнихамдигарии доимианд. Маорифпарварон дар масъалаи кайхоншиноси ва илохиётшиноси чонибдори назарияи гелиотсентризм буда, азалияту абадияти олами моддиро эътироф мекарданд ва дар рушду ривочи афкори фалсафии минбаъдаи рус сахми босазое гузоштанд.
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41


    написать администратору сайта