Главная страница
Навигация по странице:

  • Эдмунт Гуссерл

  • Герменевтика (таъвилшиноси).

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница33 из 41
    1   ...   29   30   31   32   33   34   35   36   ...   41

    Боби 12. Феноменология. Герменевтика. Тахаввули фалсафаи динии асри XX


    «Фалсафаи арифметика» ва «Тахлили мантиќи»-и Э. Гуссерл. Поягузори феноменалогия чун равияи маъруфи фалсафаи муосири ѓарби Э.Гуссерл (1859-1938) аст, ки проблемаи фалсафаро чун илми даќиќ ва чидди ба миён гузоштааст. Падидашиноси иборат аз шаклхои зерин аст:падидашиносии воќеъгароёна, падидашиносии таъвилшинохти ва падидаши­носии вучудгароёна (экзистенсионлисти). Падидашиносии воќеъ­гароёна ба таълимоти Гуссерл такя мекунад. Падида­шиносии таъвилшинохти ин шевае аст, ки Хайдеггер шакли падидашиносии худро тавсиф мекунад, ки тибќи он падидашиноси хастишиноси аст. Падидашиносии вучудга­роёнаро Мерло – Понти ба бехтарин сурат пешниход наму­дааст. Мафхуми мехварии он «зистчахон» (Lebenswelt) аст.

    Аз назари Гуссерл, ҳама таълимотҳои фалсафии замони ў ба талаботҳои илмияти чидди мувофиќат намекарданд, зеро илмҳои мавчударо оид ба табиат ва чомеа ҳамчун намунаи илмият пазируфтанд. Хамаи илмҳоро метавон ба ду намуди асоси чудо кард илмҳои эйдетики, ки ба онҳо мантиќ, риёзиёт, фалсафа шомиланд ва илмхои далели ( фактуали ), ки муҳокимаҳои худро бо истинод ба далелҳо асоснок мекунанд. Охириҳо характери тасодуфи доранд. Муҳокимаҳои фалсафи на соҳиби аниќияти ҳаќиќатҳои риёзи, на мушоҳида­шавандагии ҳиссии ҳаќиќатҳои физики ҳастанд, зеро фалсафа ченаки билкул нави дониш аст, ки бо кўшиш ба дониши софу мутлаќ алоќаманд аст. Фалсафаи ҳаќиќи ё феноменологияи мовароҳасти (трантседенти) дар тафовут аз илмҳои фактуали илмест на дар бораи далелҳо, балки дар бораи моҳиятҳост. Аммо дар тафовут аз дигар улуми эйдетики( масалн, риёзиёт) он наметавонад аз он далел сарфи назар намояд, ки ҳама маълумотҳо ба мо тавассути шуур дода шудаанд. Фалсафа ба сифати предмети худ бо андешаи ба предмет нигаронидашуда сарукор дорад ва дар ин маъно он на аќли (дискурси), балки тафсирист ( интерпретативист). Худяќинияти мутлаќ-чунинанд вижагиҳои дониши фалсафи, аз назари Гуссерл. Илми чидди дар ин маъно номи арзишҳои мутлаќ ва берунизамониест, ки тартиби одди ва бечунучаро фаҳморо ташкил мекунанд.

    Дар зехният сохтан ё бунёд кардани моҳияти (консти­туировать) предмети фалсафа дар маънои феноменологии ин калима танҳо тавассути методи махсус - методи тахфифи (редуксияи) феноменологи имконпазир аст ва феномен ҳамон моҳиятест, ки худро дар шуур ба туфайли редуксияи феноменологи зоҳир мегардонад. Он дар ду марҳила амали гардонида мешавад: дар марҳилаи редуксияи эйдетики мо «олами берунаро ба ќавс мегирем», яъне арзиши нахуст эътиќоди барои бисёр илмҳо ибтидоиро ба воќеияти олами беруна таҳти шубҳа ќарор медиҳем. Редуксияи мовароҳасти «худшиносии тачрибавиро ба ќавс мегирад», яъне нахуст эътиќодро ба воќеияти Ман ҳамчун ќисми воќеияти олами беруни таҳти шубҳа мегузорад. Олам, бад-ин тариќ, ба феномени холис ё эйдос (дар шакли мантиќан ва шифоҳи муайяншуда), тарҳу сўроби (конфигуратсияи ) тамоми маълумоте тахфиф мегардад, ки хамчун «андозаи воќеият, амалият» баромад мекунад. Дониши падидашиносона дониши мутлаќ дар бораи мохият аст, ки хар гуна донишро доир ба далел асоснок мекунад.

    Падидашоноси бартарияти маќоми равиши табиатгаройи, равоншинохти ва таърихиятро дар фалсафа танќид менамояд. Тахти табиатгаройи дар фалсафа падидашиноси тафсири воќеият ва шуурро хамчун раванди табиие мефахмад, ки дар шакли объективи – маънодор маърифат карда мешавад. Тибќи ин андеша пайгири кардан аз намунаи табии – илми, ки барои он табиат олами чисмонии фазоию замонист, маънои нусхабардории хаётии ногузири шуурро дорад. Дар чунин муносибат ба шуур аз назари чизи аз хама мухим – алоќамандии байнисубъекти нопайдо мешавад, ки онхо мохияти шууро муайян мекунанд ва барои тадќиќоти тачрибавии хамчун асоси илмхои фактуали хизматкунанда дастнорас мешаванд. Таърихият ба мисли усули равоншинохти мекўшад фалсафаро аз тариќи такя ба таърих чун илм дар бораи далелхо асоснок кунад. Далел бошад, ба андешаи падидашиносон, наметавонад арзиши мутлаќ бошад. Хам таърихият ва равоншинохти аз дидгохи падидашиноси намунахои фалсафаи дурўѓинанд, на ин ки дониши чидди ва аниќи фалсафи. Ягона фанне, ки ќодир аст фалсафаро илми чиддию аниќ гардонад, падидашиноси аст. Падидашиноси илмест дар бораи падидахо. Падида он чизест, ки зохир гаштани он тавассути шуур ба амал меояд. Майнаи инсони ва хамаи чизхои ўро ихотакарда мохиятан падида мебошанд. Ба туфайли редуксияи феноменологи, яъне пархез аз эътиќод ба воќеияти олами объективии атроф мо эйдоси олам, арзиши идеалии онро муроќиба мекунем. Азбаски падида фаќат дар шуур ва фаќат тавассути амали шуур зохир мегардад, редуксия хамчун моварохасти (трантсенденти) низ хаст. Хамзамон дар тафовут аз тафсири кантии шуур чун офарандаи объект падидашиноси чунин мехисобад, ки шуур танхо объектро ба ман зохир мекунад ва дигар хеч.

    Эдмунт Гуссерл яке аз поягузорони падидашиноси дониста мешавад. Нахустин асари ба ин мавзуъ бахшидашудаи ў «Тадќиќоти мантиќи» (1900-1901) мебошад, ки дар асоси он равияи мазкур ташаккул меёбад. Падидашиносии аввала, пеш аз хама, тахти таъсири шиори «бозгашт ба худи чизхо» ќарор дошт, зарурияти андешарониро оид ба он, ки чизхо (ашёи модди, ниходхо, осори хунари, ашхос ва ѓ.) чи гуна бояд худро дар тачриба билфеъл нисбат ба ахкоми назария ё низомхо ифода намоянд, пайваста таъкид менамуд ў. Ин равия равиши равоншинохтиро ќабул надошт ва онро танќид мекард. Чахонбинии онхо хусусияти объективи дошт ва ба таври кулли тамоюли зиддиканти доштанд. Хусусан, дар асари «Идеяхо дар бораи падидашиносии ноб» Гуссерл зарбаи таккондихандае ба ин равияхо ворид мекунад.

    Барои дарки хусусияти андешаронии Гуссерл, пеш аз хама, мўхтавои мафхуми мехварии таълимоти ў «вачхи илтифоти» ё «ќасдият» (интенсионалность)-ро бояд шарху тавзех дод. Мафхуми аввал ба ифодаи холатхои гуногуни огохи ва шуурноки нигаронида шудааст. Огохи дар холатхои мухталифи худ хосияти огох будан «аз» чизе ё вобаста будан ба чизеро дорад. Масалан, дар чараёни андешарони дар бораи чизе андеша меравад; дар идроки хисси чизе ба таври хисс эхсос мешавад; дар тахайюл чизе ба хаёл меояд; дар тарс одами аз чизе метарсад ва ба хамин тариќ, Гуссерл ин холатхои гуногуни огохиро тачриба ё рафтори ќасди меномад. Баръакс яке аз устодонаш Брентано мавзўи огохии даруниро дар хамаи маврид зоти зехнии даруни намедонад. Ваќте ки ман оид ба тасвири зехни фикр мекунам, огохии ман ба сўи зоти зехни равона шудааст. Аммо ваќте ки ман барои мисол ин китобро рўи мизам мебинам, ин тачрибаи ќасди буда, ба сўи шайъи модди нигаронида шудааст. Он чи ман аз он огохи дорам, танхо тасвири зехнии даруни аз як китоб нест, балки даќиќан худи китоб аст. Хатто ваќте ки ман китобро бевосита дар хаёл тасвир мекунам чунин нест, ки огохии ман ба суи як тасвири зехни нигаронида шуда бошад. Хар як тачрибаи илтифоти, ки фарогирандаи истифода аз забонанд, шомили чизе аст, ки Гуссерл онро маъно ё мафхум мехонад ва хамин мафхум аст, ки сабаби мутаваччех шудани тачриба ба сўи мавзўи он аст.

    Падидашиносии Гуссерл ба тамоми фалсафаи баъдина таъсири калон расонид. Мутафаккирони бузурги асри ХХ мафхумхои асоси ва равишхои таълимоти ўро васеъ истифода мебурданд. Дар навбати аввал чунин таъсири таълимоти Гуссерл бо назардошти дар худ доштани тасаввуроти нав оид ба предмети фалсафа ва ахдофи он шарх дода мешавад. Ба андешаи Гуссерл, фалсафа ин навъе низоми мантиќи- аќлонии аќидахою исботхост, балки саъйю талошест, ки объектро ба «зохир шудан» мачбур мекунад. Барои Гуссерл, усули олии фалсафа на усули картезиани-кантии «ман фикр мекунам», балки усули «ман метавонам» мебошад, яъне фаросату хадс (интуитсия)-и яќин ва яќинкунанда. Пайвастори(корреляти) объективии «ман метавонам» ончи баромад мекунад, ки Гуссерл онро уфуќ меномад. Уфуќ ин тайф ё спектри имкониятхои зохиршавии объект аст, ки дар дохилаш доираи интенсияхои актуалии охирини як ва хамон як объект муайян карда шудааст. Сониян, хидмати Гуссерл тафсири нави шуур махсуб меёбад. Ў шуурро на аз нуќтаи назари мўхтавои он, балки аз дидгохи маќсади интенсионалии он ё ин ки ноэма тахлил мекунад. Ноэма ин як чизест, ки дар шуур зохир мегардад, аммо на худи шуур асту на ќисмати он.

    Герменевтика (таъвилшиноси). Истилохи «герменевтика аз калимаи лотинии hermeneno гирифта шуда маънояш шарх ва тафсир додан аст. Дар Юнони бостони санъати маънидоди матнхо герменевтика ном дошт. Тибќи тасаввуроти устуравии юнониён забони худоён ба раият фахмо нест. Гермес ба сифати миёнчии худоён ва одамон иродаи худоёнро тафсир мекунад, онро барои инсон фахмотар месозад. Пайдоиши санъати фахмидан ва истилохи герменевтика ба номи Гермес алоќаманд аст. Дар холи хозир герменевтика ин назарияи фалсафии фахмидан ва тафсир намудан аст. Асосхои герменевтикаи фалсафи дар осори Ф.Шлейермахер, В. Дилтей, П. Рикёр, Х.Гадамер ва диг. нихода шудааст. Дар илми муосир поягузори герменевтикаи фалсафи Ф.Шлейермахер (1768-1834) дониста мешавад, ки ў хамзамон ва харифи мунозиравии Гегел махсуб меёбад. Шлейермахер чун фаќехи протестанти ба тафсири «Инчил» шуѓли зиёд дошт ва хамчунин бо усулхои мухталифи тафсири матнхои хуќуќи, филологи, таърихи ва устурави низ шинос буд. Ў назди худ маќсади ба як методи умуми муттахид сохтани усулхои гуногунранги герменевтикиро гузошт, то ин ки раванди фахмиданро, новобаста аз он, ки дар бораи фахмидани кадом матн (хуќуќи, устурави, дини) сухан меравад, ба силки тасвир оварад. Фахмидан дар консепсияи Шлейермахер усули универсалии дарёфти маънои матн аст. Ў герменевтикаашро универсали, яъне татбиќшаванда нисбати хамаи матнхо номид. Ба андешаи ў, хар як раванди фахмидан ба як ва хамон як принсипи доира ва муколамаи герменевтики тобеъ аст. Ин принсипхо, ба фикри ў, раванди фахмиданро тасвир мекунанд. Шлейермахер мўътакид буд, ки хадафи асосии фахмидан ин фахмидани муаллиф аст ва бинобар хамин хам раѓбати ў ба фардияти муаллиф бештар буд.

    Шахсияти дигаре, ки дар вусъати ин усул сахм дорад, ин В. Дилтей (1833-1911) аст. Ў дар баррасии методхои маърифати гуманитари фарќиятхои ќатъии байни илмхои табии ва гуманитари ё «илмхо дар бораи рўх»-ро ба асос мегирфт. Дилтей фахмидани маънои падидахои фархангию таърихиро тарзи махсуси маърифати илмхои гуманитари махсуб мекард. Худро ба хайси намояндаи герменевтика надониста, Дилтей консепсияи фахмидани худро кор карда баромад ва бо ин дар рушди герменевтикаи фалсафи сахми бориз гузошт.

    Дар ташаккул ва тавсиаи герменевтика сахми Ханс Гадамер (1900-2001) файласуфи олмони, шогирди Хайдеггер бештар аст. Ў фахмиданро чун тарзи универсалии хастии инсони барраси мекунад. Инсон бо мурури дарки зарурати фахмидани худ бо зарурати фахмидани дигарон, ходисахои рухдода, таърих, санъат ва ѓ. бармехўрад. Хастии инсонро аз ин рў метавон фахмидан номид. Хамин тариќ, герменевтикаи Гадамер онтология (таълимот дар бораи хасти) мешавад. Дар ин маврид бояд ќайд кард, ки Гадамер вазифахои методологии герменев­тикаро инкор намекунад.

    Барои герменевтика вазъияти нафахмидан, нофахмо будани маънои матни бутун ё ќисмхои он ибтидоист. Фахмидан чун раванди ба даст овардан ва барќарор кардани маънои матн падидор мешавад. Герменевтикаи атиќи чун санъати тафсири манобеи дини, фалсафи, таърихи ва хуќуќие рушд кард, ки маънояш аз байн рафта ё яќин нест. Масъалаи фахмидани ќисмхои зиддиятноку гуногунмаънои китобхои дини навъи махсуси санъати тафсирро ба вучуд овард, ки онро аслан экзегетика( маънидод мекунам) меноманд. Минбаъд дар асоси герменевтикаи атиќи ва экзегетикаи дини герменевтикаи фалсафие арзи хасти намуд, ки назарияи куллии фахмиданро коркард мекунад. Барои герменевтикаи фалсафи масъалаи фахмидан чист? мухим махсуб мешавад. Дар чустучўи посух ба ин савол герменевтикаи фалсафи як ќатор проблемахоро барраси кардаю ба миён мегузорад. Оё фахмидан нисбат додани маънои матн аст ё маъно аллакай дар матн нихода шудааст ва вазифаи фахмидан иборат аз он аст, ки маъноро ошкор кунад? Оё метавон фахмиданро чун расму ќоидаи аќлони, бозтавлиди тасаввур кард? Ё ки он хамеша дарёфти хадсии маъно боќи мемонад? Ба ибораи дигар, герменевтикаи фалсафи як ќатор проблемахоеро тасвият додаю мухокима мекунад, ки бо сохтор, шароитхо ва ахдофи фахмидан, бо тавсифи субъект ва объекти фахмидан алоќаманданд.

    Хамин тавр, барои герменевтика мафхуми фахмидан мафхуми мехвари ба шумор меравад. Ба мавчудияти тафсирхои мухталифи фахмидан нигох накарда, хамаи онхо ин ё он тавр фахмиданро чун ошкор кардани маънои матн барраси мекунанд. Дар ин хол тахти матн на фаќат сарчашмахои адаби, дини, таърихи ва хуќуќи дар назар дошта мешавад, балки хаводиси таърихи, асархои санъат, амалу рафтори инсон, ходисахои сиёси низ метавонанд дар шакли аломатию рамзи хамчун матн дар маънои васеи ин калима барраси карда шаванд. Раванди фахмидан аксаран чун харакат аз рўи доираи герменевтики ба амал меояд. Аз як тараф, принсипи доираи герменевтики ба баррасикунии матн чун чузъ дар нисбати забони давр, жанри адаби, эчодиёти муаллиф ва хамчун том дар нисбати ќисматхои матн хидоят мекунад. Аз дигар чониб, матн ќисмати хаёти маънавии муаллиф аст, худи хаёти маънави бошад, ќисмати даврони таърихи ва фарханг аст. Харакат аз рўи доираи герменевтики аз том ба чузъ ва баръакс хамчун раванди фахмидани маънои матн падидор мегардад. Гадамер одилона тахмин мезанад, ки ягон раванди фахмидан аз «вараќи сафед» оѓоз намеёбад. Дар рафти азхудкунии забон, маълумотгири, андўхтани тачрибаи хаётии хар як фард беихтиёр ба анъанахои муайяни фарханги-таърихи ворид мегардад. Анъанахои азхудкардашуда он асосе мешаванд, ки бар он фахмидан бунёд мегардад. Раванди фахмидан аз нафахмидан оѓоз меёбад. Гадамер ба мисли Хайдеггер ќайдхои хомакии пешаки ё пешсувари (прообраз)-и маънои матн, интизории маъноиеро фахмидан меномад, ки дар заминаи анъанахои азхудкардашуда бархостаанд. Баъди хондани матн пешсувари маъно бо он маъно муќоиса карда мешавад, ки дар натичаи хондан ба вучуд омада буд, тасхехи пешакии лоихаи маъно сурат мегирад. Хамин тариќ, фахмидан хамчун гузариш аз пешфахмидан ба фахмидани нав ба назар меояд. Фахмидани нав минбаъд метавонад хамчун пешфахмидан барои фахмидани оянда баромад кунад. Харакат аз пешфахмидан ба фахмидан дар консепсияи Гадамер доираи герменевтикист. Гадамер дар бораи мавчудияти пешфахмидан сухан ронда амалан тасдиќ мекунад, ки пурра бартараф сохтани фосилаи таърихи ва фикран ба дигар даврон кўчидан имконнопазир аст. Одаткунии муфассир ба образхои маданияти бегона хамеша бар пешфахмидан асос хохад ёфт, ки муфассирро ба даврони ў ва анъанахои фархангии дигар алоќаманд менамояд.

    1   ...   29   30   31   32   33   34   35   36   ...   41


    написать администратору сайта