Главная страница
Навигация по странице:

  • Франс Меринг

  • Карл Каутский

  • Антонио Лабриола

  • Марксизми Ѓарб – равияи мутазоди «марксизми шарќи».

  • Антонио Грамши

  • Марксизми чадид: «диалектикаи гуманисти» ва равияи «сийентизм».

  • Дар атрофии мачаллаи югославии «Праксис»

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница29 из 41
    1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   41

    Марксизми Аврупои ѓарби. Барои фалсафаи асри 20 чунин идеяхои К.Маркс, аз ќабили назар ба ќонунхои ичтимои хамчун раванд, тадќиќи танќидии мехнати бегонашуда, шархи озоди хамчун рахо ёфтану озодшави аз муќаррароти тоќатфарсо дар шароити феълан вучуддоштаи объективи, нуќтаи назари он, ки илми ичтимои хамчун назарияи интиќодии чамъияти аст, махбубият пайдо карданд. Мухаќќиќонро тамоили мутазоде дар фалсафаи К.Маркс чалб мекард, ки мохиятан чунин аст: сотсиализм хамчун салтанати зебоию истеъдод барраси мешавад, вале таълимоти ў дар бораи субъекти инќилоби пролетари бошад ин идеали гуманизми инсондўстонаро ба шубха мегузорад. Ё ин ки зарурати ногузири таркиши инќилоби бо наќши пролетариат хамчун мунодию мубаллиѓи тамаддуни инсоният бо хам дар зиддият ќарор гирифтаанд. Дар эволютсияи фалсафаи марксизм баъд аз фавти бунёдгузорони он мархилахои зайл мушохида мешавад: инкишофи марксизм дар Ѓарби Аврупо ниммаи дуюми асри xix - асосан ин назариётчиён ва ходимони Интернатсионали 2 буданд, дуюм инкишофи марксизм аз чониби Ленин, Плеханов ва пайравони он то миёнахои асри xx ва мархилаи сеюм ин неомарксизм ва марксизми ѓарбии ниммаи дуюми асри XX.

    Харакати коргарии аврупоии охири асри 19-ро назариётчиёни Интернатсионали дуюм рохбари мекарданд, ки дар миёни онхо наќши марксистон хело ќавитар аст. Зеро ки дар рафти омодаги ба ташкили Интернатсионали 2 ва конгресси таъсисдихандаи он соли 1889, бевосита Ф.Энгелс сахм дошт ва дахсолаи аввали фаъолияти Интернатсионали 2 тахти таъсири идеявии марксизм ва иштироки мустаќими назариётчиёни марксизм сурат гирифта буд. Шинохтатарин назариётчиёни марксизм Ф.Меринг, К.Каутский, П.Лафарг, А.Лабриола ва ѓ. дар чараёни фаъолияти Интернатсионали 2 ширкат варзиданд ва хамзамон дар таќвияти идеяхои марксизм, инчунин дар таѓйиру табдили гуногунназару ихти­лоф­мазмуни фахмиши таълимоти К.Маркс бо осорашон, нигохи тоза ворид сохтанд.

    Франс Меринг (1846-1919) назариётчии марксист, яке аз дохиёни ќаноти чапи сотсиал-демократия ва яке аз бунёдгузорони Партияи Коммунистии Германия. Дар мархилаи аввали фаъолияти эчодии худ аввал идеалист, пайрави Фейербах ва сипас ба ќатори ихлосмандону алоќамандони К.Маркс ворид шуда, дар ташаккулу тавсиаи марксизм наќши хосса бозидааст. Ба ќалами ў маќолахои зиёде доир ба проблемахои фалсафаи классикии олмони, хусусан И.Кант тааллуќ доранд. Таваччўхи ўро осори Гартман, Шопенгауэр, Нитсше чалб кардааст ва оид ба материализми илмию табиатшиноси, дарвинизм, махизм, назарияи навкантиани ва навгегелчиги, инчунин доир ба муносибати марксизм ба дин, ба масехият маќолахои зиёде навиштааст. Ба тадќиќи проблемахои фахмиши материалистии таърих ханўз дар давраи зинда будани Ф.Энгелс машѓул гашта, асари ў « Ќиссахо дар бораи Лессинг» хамчун бехтарин тадќиќоти таърихи оид ба ташаккули давлати Пруссия, аз чониби Энгелс бахогузори шудааст. Маќолаи ў «Дар бораи материализми таърихи» ба муќобили П.Барт навишта шуда, ончо таълимоти Марксро аз хамлахои ў химоят менамояд ва фахмиши вулгарии материализми таърихиро, ки баъзе аз файласуфон хамчун схема, ќолибу нусха фахмида, фаъолияти мураккаби хаётии инсонро ончо чой кардани мешаванд, танќид мекунад. Ў зикр мекунад, ки материализми таърихи ба хама гуна лоихаи сарсарию худсарона тахияшуда комилан оштинопазир буда, бо формулахои урён ва бо як шона ќайчи задани хаёти хамеша таѓйирёбандаи инсоният номумкин аст. Назари Франс Меринг дар бахои ичтимои- сиёси додан ба мохияти синфии консепсияхои фалсафи, ки хамзамон тобиши идеологи доранд, зохир шудааст. Тибќи андешаи ў танхо аз мавќеи муборизаи синфи метавон ба беназмию нопайдоканории системахои фалсафи равшани андохта, дар тобиши шўълаи он чузъиётбанди ва тартибандозии ин таълимотхои фалсафи ба рох монда шавад. Дар асархои тадќиќотиаш хидмати И.Кантро дар ташаккули фалсафаи классикии олмони (хусусан назария небуляриро) ќайд карда, таълимоти баъдии «чизхои дар худ»-ро, ки маърифатнашавандаанд, хамчун яроќе зидди материализм барраси мекунад. Меринг мохияти пессимистии назарияи Шопенгауэрро натичаи мухити навмедонае медонад, ки баъди шикасти инќилоби соли 1848, байни интеллигенсияи олмони эчод шуда буд. Ўро яке аз аввалин мухаќќиќони марксисте медонанд, ки таълимоти нитсшеаниро бо идеологияи агрессивии империализми Германия дар робитаи мутаќобила ќарор медихад. Асари ў «Карл Маркс ва таърихи хаёти ў» бехтарин асари тарчумаихоли дар бораи Маркс эътироф шудааст. Вале назариётчиёни марксизм-ленинизм ўро барои ќотеона зикр накардани фарќияти принсипалии методи Гегел ва Маркс танќид намуда, дар осораш камтар истифода бурдани истилохи «материализми таърихи»-ро хамчун дур шудан аз диалектика ва заиф сохтани марксизм хукм намуданд. Баъди вафоти Ф.Меринг файласуфони олмони Брандлер ва Тальгеймер осори ўро зимни химояту татбиќи назарияхои Маркс хамчун «диалектики хаќиќи» дар баробари «хидматхои» Ленин гузоштанд, ки боиси норозигию рашки рохбарони Хизби Коммунистии Иттиходи Шўрави гашт ва хатто дар мактуби И.В.Сталин «Дар бораи баъзе масъалахои таърихи болшевизм» (1931) фаъолияти пассивонаю манфии нерўхои чапгарои олмони - зимни тадќиќотхои марксистиашон, мавриди танќид ќарор гирифт.

    Инкишофи идеявии Карл Каутский (1854-1938) аз андешахои томарксисти ба марксисти ва аз он ба сентризм ва оппортунизм чараён гирифтааст. Шиносоии ў дар ибтидо ба идеяхои Лассал, сипас афкори анархисти ва пайрави аз назарияи позитивизм сурат гирифта, дар тахияи таълимотхои ў таъсири ин ѓояхо эхсос мешавад. Хатто дар таъсири андешахои Малтус соли 1880 асари «Таъсири афзоиши ахоли ба прогресси чамъият» - ро менависад. Танхо соли 1881 бо Маркс ва Энгелс шинос шуда, алоќаманду пайрави идеяхои онхо мегардад. Аммо новобаста аз таъкидхои Энгелс ў ба афкори рўхияи опортунистона дошта, майл мекард. Харчанд, ки дар таълимоти ў унсурхои эклектики ва софистика чой дошта бошанд, хам ў ба ќатори марксистони ортодоксали дохил мешавад. Сухани машхури Энгелс дар бораи Каутский махз оид ба хамин ишора аст: «…педант ва схоласт, ба чои он ки масъалахои мураккабро халу фасл кунад, баръакс соддаро чигил месозад». Ба хотири таблиѓи марксизм солхои 80-90-уми асри 19 чанд асаре дар бораи таълимоти марксизм менависад: «Таълимоти иќтисодии Карл Маркс» (1887), «Масъалаи аграри» (1900). Дар асари аввал, ў тавзехи осонбаёни «Капитал» - ро анчом медихад, ки ба хотири тарѓибу ташвиќи марксизм наќши мусби бозидааст. Дар тафсири ќисмати назариявии «Программаи Эрфурт» (1892) муќаррароти мухими марксизмро тавзехи оммафахм дода, ногузирии иваз шудани истехсолоти капитализмро ба сотсиализм таъкид намуда, аммо дар масъалаи забт кардани хокимияти сиёси аз чониби пролетариат шубха гузошта, ба ќавле аз марксизм «аќибнишини» кард. Воситаи асосии инќилоби ичтимоиро дар муборизаи парламенти медид. Ба танќиди Энгелс оид ба чой надоштани диктатураи пролетариат дар «Программаи Эрфурт» нигох накарда, дар асари «Парламентаризм, ќонунгузории халќи ва демократияи ичтимои» (1893), ў идеяи муборизаи парламентариро дифоъ намуда, оид ба диктатураи пролетариат ба ќавли Ленин «бузургтарин дастоварди синфи коргар» хомўш меистад. Гумон меравад ин мутафаккир дахшати татбиќи дик­татураи аз номи пролетариат чори кардаи болшевиконро ќаб­лан тасаввур мекард, ки баъдхо хам идеяи диктатураи проле­тариатро ќатъиян напазируфта, ба меншевикон, ки мухо­лифо­ни болшевикон буданд, бештар таваччўх мекунад. Бо вучуди опортунизми Бернштейнро танќид карданаш, «танќиди лени­нии махизмро» низ хамовоз нашуд. Дар брошюраи «Ќуввахои харакатдиханда ва дурнамои инќилоби рус» (1906-1907) тактикаи шўриши мусаллахонаи болшевиконро махкум намуд.

    Пол Лафарг (1842-1911), яке аз назариётчиён ва мубаллиѓи марксизм, дўст ва шогирди Маркс ва Энгелс. Ба таблиѓи идеяхои марксизм дар газетаи « Egalite», ки ончо фаъолият дошт шурўъ намуда, бо маќолахои «Муборизаи синфи», «Партияи коргари ва давлати капиталисти», «Эволютсия - револютсия» ва ѓайра ташвиќу тарѓиби муназзами марксизмро дар Франсия оѓоз кард. Дар асархои ба муќобили мунаќќидони Маркс навиштааш «Хуќуќ ба кохили»(1880), « Иштихои фурўхташуда»(1884), «Пийи 9 дар бихишт»(1891) тамоми низоми ѓуломии капиталистиро, аз чумла динро хамчун химоятгари истисмори капиталисти сахт танќид мекунад. Солхои 90-уми асри 19, ваќте, ки оппортунизм бо нерўи афзоянда хизбхои дар доираи Интернатсионали 2-ро тахти таъсири худ медароварданд, Лафарг ќатъиёна ба муќобили хама гуна ревизияи марксизм мубориза мебарад. Ў хама шаклхои фалсафаи идеалистиро душмани материализм хисобида, хамагуна «оштидихии» марксизмро бо идеализм рад менамояд. Хусусан кўшиши Бернштейнро, ки марксизмро бо фалсафаи кантиани «синтез» кардан мехост инкор намуда, хамзамон лахзахои материализмро дар таълимоти Кант эътироф карда, идеализм ва агноститсизми кантианиро ба зери танќиди сахт мегирад. Ў алохида тасаввур кардани «ашёхои дар худ» -ро аз инъикоси он дар шуури инсон ва муќобилгузории мохияту зухўротро ѓайриилми бахогузори мекунад. Назарияи кантиании донишхои априориро рад карда, нисбияту вобастагии хамаи шаклхои маърифатро аз олами модди зикр мекунад. Дар асари соли 1910 навиштааш «Проблемаи маърифат» агноститсизмро танќид намуда, ба асоси гносеологии он- кандашавии тарафи хиссию мантиќии маърифат,ба хадди мутлаќ расонидани хар як тарафи он, аз робитахои воќеии он ва аз амалия чудо донистани онро ишора мекунад. Ў мавќеи Жоресро, ки марксизмро бо идеализми майлони афлотуни дошта созиш додани мешуд ва кўшишхои мўхаќќиќони дигарро, ки фалсафаи Маркс ва Гегелро шабохати хам медонанд, ќотеона ќабул надорад ва зикр мекунад, ки идея низ хамчун объект воќеист, зеро ки он инъикоси дар майнаи сар будаи хамин объект аст. Аммо Маркс хеч ваќт айнияти инъикосшаванда ва инъикос, воќеияти объективи ва идеяро тасдиќ накардааст, таъкид мекунад П. Лафарг дар асараш « «Идеализм ва материализм дар шархи таърих». Марксизм ягонагии хасти ва тафаккурро таъкид намуда, хеч гох айнияти онхоро эътироф намекунад, идома медихад ў. Дар осори П. Лафарг масъалаи ќонунияти инкишофи забон тадќиќ шуда, зарурияти забони умумихалќиро таъкид мекунад ва ѓановату ташаккули забонро вобаста ба сатхи инкишофи тафаккур медонад. Инкишофи тафаккурро бошад дар робита инкишофи ќуввахои истехсолкунанда, боигарию гуногунии алоќахою муносибатхо, мубодилаю муколамахо дар назар дорад. Ў андеша дорад, ки дар мархилахои инќилоби таркиботи забон ва фонди луѓави таѓйироти бештареро сохиб шуда, жаргони табаќоти вобаста ба мухити ичтимои ба забон дигаргунихо ворид месозад. Ташреху тавзехи нодурусти ин андешахои Лафарг боиси он шуд, ки андешахои лингвистии ўро хамчун хусусияти синфи доштани забон (дар Иттиходи Шўрави, хатто дар мухокимахою баёнияхои И.Сталин) бахогузори карданд.

    Антонио Лабриола (1843-1904) – файласуфи итолияви, назариётчи ва таблиѓгари марксизм, ходими харакати сотсиа­листи. Дар мархилаи аввали фаъолияти эчоди Лабриола пайрави фалсафаи Гегел буд ва рисолаи илмии ў тахти унвони «Химояи диалектикаи Гегел…» дифоъ шуд. Сипас Лабриола мухлиси аќидахои гегелчиёни чап мешавад ва ба мавќеи сотсиализм мегузарад. Ба осори бунёдгузорони марксизм шинос шуда, таълимоти баъдии худро бо марксизм пайваст. Дар таълифоти солхои 90-ум навиштааш андешаи онро, ки харакати сотсиалистиро наметавон берун аз назарияи марксизм тасаввур дошт, дастгири мекунад ва ахамияти таърихию умумичахонии фахмиши материалистии таърихро таъкид намуда онро ба назарияи позитивистии инкишофи чамъият муќобил мегузорад. Ў маърифати материализми таърихиро бе омўхтану фахмидану методи диалектики номумкин мешуморад. Консепсияхои мухталифи фалсафаи таърихро тахлил намуда, ў «назарияи мухити географи» ва «назарияи омилхо»-ро сахт танќид менамояд, инчунин фарќияти сифатии идеяхои сотсиализми утопияви ва сотсиализми илмиро нишон дода, хамзамон робитаи онхоро ифшо мекунад. Аз мавќеи таълимоти Маркс оид ба давлат ва муборизаи синфи, назарияи гегелии давлат ва хуќуќро танќид мекунад. Муќаррароти ў ки инкишофи халќхоро хусусияти нажодиашон халалдор месозад аз чониби Плеханов хамчун шархи биологии чараёни таърихи бахогузори мешавад ва ин андешаро Плеханов ба фахмиши материалистии таърих номувофиќ арзёби мекунад. Энгелс ўро барои айният сохтани методи диалектики ва мачмўи усулхои танќидие, ки хам идеализм ва хам материализм истифода мебаранд, кохиш медихад. Ѓайр аз ин мухокимахои ўро дар рўхияи агноститсизми навкантиани бахогузори карда, таъсири таълимотхои томарксистиро дар осори ў мушохида мекунанд. Наќши арзишманди А. Габриоларо дар ташвиќи идеяхои Маркс миёни коргарону равшанфикрони итолёви ќадр карда, ходимони баъдии харакати сотсиалистии Италия хиссаи сазовори ўро дар вусъат ёфтани рўхияи инќилобии табаќаи коргар зикр мекунанд.

    Марксизми Ѓарб – равияи мутазоди «марксизми шарќи». Ибтидои асри 20 дар Аврупои ѓарби «марксизми ѓарб» дар симои Антонио Грамши, Дёрд Лукач, Карл Корши ва диг. эчод мегардад, ки дар баробари «марксизми шарќи» хамчун равияи мутазод хисобида мешавад.

    Антонио Грамши (1891-1937) асосгузори Партияи Коммунистии Италия, яке аз шинохтатарин марксисти Аврупои Ѓарби, ки ёздах соли охири умри кўтохашро дар зиндони режими фашистии Муссолини гузаронида, рўзи аввалини аз госпитали хабсхона ба озоди баромаданаш (тахти фишори ахли чамоатчигии Италия), яъне рўзи аввали озодиаш оламро падрўд гуфтааст. Ончо дастнависхои худро дар хачми 3 хазор сахифа - дар шакли китоби 7 чилда бо унвони «Дафтархои зиндони» навиштааст. Дар маркази таълимоти фалсафии А. Грамши масъалахои ягонагии узвии материализми таърихи ва диалектика истода, фалсафаи марксисти нуќтаи баланди инкишофи афкори фалсафаи чахони бахогузори мешавад. Методи диалектикиро дар рохи халли проблемахои материализми таърихи зикр намуда, идеализми диалектикиро, хусусан майлони ба ифрот расонидаи онро аз чониби Бенедетто Кроче, ки чавхари фалсафаи Гегел – мантиќ ва натурфалсафаи ўро ба эътибор нагирифта, триадаи диалектикаи гегели ва ситези мутазодхоро эътироф намекунад, сахт танќид мекунад. Наќши интеллигенсия ва иттифоќи онро бо синфи коргар дар чамъияти капиталисти зикр намуда, пешбарандаи асосии таърихро оммаи халќ ва прогрессии хаёти оммаро хамчун меъёри прогресси таърихи медонад. А. Грамши таъкид мекунад, нофаъолии оммахо набояд хамчун заифии фаъолияти инќилобии оммахо бахогузори шавад ва ў назарияи тадричан ѓун шудани нерўи фаъоли оммахои халќро - хамчун фаъолиятнокии нухўфтаю ботинии онхо ба миён мегузорад. Ў консепсияи буржуазии «оммахои хамеша дар сукут ва танхо бо таъсири лидерхо аз хоб хезандаро» ќабул надорад ва пайдо шудани хамин лидерхоро натичаи чўш задани фишори исёнхохонаю нухуфтаи халќ медонад. Барпо шудани «давлати типи нав»-ро натичаи зухури фаъолияти бошууронаи пролетариат, ки сарвари тамоми оммахост, бахогузори мекунад. Грамши масъалаи дар дохили надстройкаи кўхна чой кардани идеологияи навро тархрези намуда, зикр мекунад, ки синфи ба сўи запт кардани хокимият раванда, бояд идеологияи ичтимоию иќтисодии худро ќаблан, дар замоне, ки ханўз хокимиятро нагирифтааст, бояд ба мухити хаёти иќтисодию ичтимоии мавчуда чой намояд. Дар «Дафтархои зиндони» фасли махсусе бо унвони «Ќайдхо дар бораи Макиавелли, сиёсат ва давлати чадид» дорад, ки ончо проблемахои давлат, хуќуќ ва сохтмони чомеаи навро арзёби мекунад. Хусусан шароитхои татбиќи инќилоби фархангиро тахлил намуда, аз мавќеи танќиди чалб кардани бузургтарин дастовархои фархангии замони гузаштаро тарѓиб мекунад. Харчанд, ки ахамияти чахонию таърихии Инќилоби Октябрро таъкид намояд хам, дар андешахои зиндониаш ду дахсолаи амалияи сохтмони сотсиализмро дар Иттиходи Шўрави, хусусан, самтхои сиёси ва идеявию назариявии сохтмони чомеаи сотсиалистиро танќид мекунад.

    Дёрд Лукач (1885–1971) – симои шинохтаи марксизми Аврупои ѓарби, муаллифи асархои зиёд оид ба проблемахои фалсафа ва таърихи фалсафа, таърих ва назарияи эстетика, адабиёт ва ѓайра мебошад. Дар тавзехи Лукач онтологияи марксисти хастиро хамчун протсесси объективи медонад. Хастии ичтимои бошад заминахои диалектикаи объективии табиати органики ва ѓайриорганикиро сохиб аст. Хар як, хатто оддитарин татбиќи мехнат аз хадафгузории бофикру боандеша шурўъ мешавад. Барои татбиќи маќсад робитахои сабабию натичави заруранд, вале фаъолияти мехнати ба амали ќонунхои табиат монанд набуда, дар худ хатман имкониятхою шароитхои интихобии гуногунро фаро гирифтааст. Инсон на танхо интихоби худро татбиќ мекунад, балки дар асоси хамин татбиќи интихобаш имкониятхои навро эчод месозад. Алтернативаи хадафгузори дар мехнат - бунёди амалияи инсонист. Аз инчо Лукач дар бораи алтернативаи хастии чамъияти дар ниходи ташкили дохилии он хулоса мебарорад. Озоди, хамин тавр на танхо зарурияти маърифатшуда, балки «майдони имкониятхои» алтернативии интихоби он ќарор мегирад. Хадафгузори, ки одамон интихоб мекунанд, дар хадди охир ба натичаи фаъолияти пештараи одамон алоќаманд аст. Бо вучуди афзоиши омили субъективи дар таърих, имкони хадафгузори махдуд хохад шуд, агар фаъолияти мехнати асоси предметию модди надошта бошад. Аз хамин мавќеъ ў зидди «онтологияи амалияи» гурўхи «Праксис», ки онтологияи материяро иваз кардани мешаванд, баромад мекунад. Тавсифи холисонаи фасафаи оламшумули Гегел аз чониби Лукач дар асари «Гегели чавон ва проблемахои чамъияти капиталисти» марксистони венгерию шуравии дар ќолаби марксизм-ленинизми догмати ќарор доштаро норози месозад ва инчунин наќши таърихии синфи коргарро дар нобуд сохтани фашизм равшан нишон надодани Лукачро дар асари «Фаноёбии хирад», ин «марксистон» хатогии идеявии ў бахогузори карданд. Ѓайр аз ин ќарори Комитети Марказии Хизби сотсиалистию коргарии Венгрия консепсияи Лукачро, ки на зиддияти сотсиализму капитализм, на муборизаи буржуазия ва коргаронро зиддияти асосии замони муосир, балки тазоди байни «демократизм ва ѓайридемократизм» - ро зиддияти асосии замони муосир тавсиф мекунад, хамчун дур шудан аз муборизаи синфи эълон кард. Аммо дар доирахои фалсафашиносии чахони маќоми Дёрд Лукач дар нисбати марксистони дигар хело болотар аст ва аз хашомати назариявии ў хатто онхое, ки дар муќобили марксизм ќарор доранд, бо эхтиром харф мезананд ва ўро хамчун файласуфи шинохтаи чахони эътироф мекунанд. Мо инчо маълумотро оид ба андешахои профессори Донишгохи Дюкенc Т.Рокмор дар даст дорем, ки дар миёни марксистони зиёд Лукачро чиддан ва хосатан хамчун мутафаккири нерўманд бахогузори мекунад. Ў дар хамон маќолаи «Кашфи Маркс баъд аз марксизм» менависад: «Дар ѓуруби садсолаи мо ду чизе равшан гаштааст. Аз як тараф, байни хама муаллифони зиёду боистеъдод Лукач, месазад хамчун файласуфи бехтарин фарќ карда шавад. Муддати дурударози марксизми «расми» дар хаќиќат бисёр файласуфони воќеан завќманди марксисте дар Ѓарб - аз ќабили Косик, Калаковскийи барваќта, Шафф, Петрович, Кожев, Альтюссер, Сартри баъди, Грамши ва дигарон фаъолият доштанд. Бо сабабхои муайяни сиёси Энгелс, Ленин, Сталин, Мао ва дигарон одатан, иштибохан хамчун мутафаккирон – файласуфони сатхи чахони муаррифи мешуданд. Беандозагии ин амал на танхо аз доираи тасаввуроту хаёл берун мебарояд, балки имкон намедихад, ки марксизмро хамчун харакати интеллектуали ќабул фармои. Ба кўшишхои наве, ки метавон гуфт - Ленинро хамчун философ аз нав эхё кардани мешаванд, нигох накарда, баъди комилан маълум аст, ки хеч як муќоисаеро ба сатхи чунин мутафаккире мисли Лукач, истодагари карда наметавонад… Дар матнхои Лукач хамеша муаллифи имкониятхои интелектуаллии фавќулодда бузургдошта, эхсос мешавад… Аз тарафи дигар, хеч гох набояд фаромўш сохт он далелеро, ки Лукач соли 1918 ба марксизм мурочиат намудааст, то охири умр комилан ба он вафодор мемонад»83.

    Т.Рокмор марксизми ба догма табдил додашуда ва дар кишвархои сотсиалисти хамчун ягона таълимоти фалсафии эътирофшударо хатто ба хувияти таълимоти Маркс муќобил арзёби мекунад. Ва дар чои дигар «марксизми расми» - ро ки дар робита ба фалсафаи муосири Ѓарб фаќат як корро раво медонист, арзёби менамояд, вале инчо хам боз аз маќоми арзишманди Лукач миёни ин марксистон ёдовар мешавад: «Бешак, осон аст агар нуќтаи назари муайянеро хамчун афкори фалсафаи буржуази гуфта инкор намои, дар нисбати кўшиши ба он харбу зарб кардан; осон аст бахонае ёфта назари муќобилро мухокима накуни, дар нисбати мухокимаи он. Баъзе аз муаллифони марксисти, бисёртар онхое, ки ба нуќтаи назари муќобил ношиносанд, аз рўи принсипе, ки одамони муайяне пайрави ин аќидаанд, бехтар медонанд онро нодуруст хисобанд. Аслан ин стратегия кашфи марксизм нест ва ханўз ба замонхои Инчил далолат мекунад, масалан ба идеяи апостол Павл, ки гумон дошт рўхи масехиятро танхо масехии хаќиќи метавонад сарфахм равад; ин муќаррарот ба эчод намудани доираи сарбастаи тавзехдихандагони ваколатдор оварда, хамаи дигаронро сарфи назар мекунад. Лукач, баръакс бо маърифати амиќи андешахои, чи тавре мегўянд мутафаккирони буржуази, фарќ мекард ва омода буд ба онхо мубохисахои мазмундореро оѓоз кунад». (Вопросы философии. -2000. -№4, с.31.).

    Марксизми чадид: «диалектикаи гуманисти» ва равияи «сийентизм». Марксизми чадид ё неомарксизм истилохи шартии мачмўи чараёнхои марксисти ва майлони марксисти доштаро ифода мекунад, ки хам ба капитализм ва хам ба «сотсиализми воќеии» солхои 30-80 ум ва идеологияи марксисти-ленинии он, назари танќиди дорад. Неомарксизм аз марксизм ба он фарќ мекунад, ки дар консепсияи чапрадикалии намояндагони он идеяхои алохидаи психоанализ ва дигар чараёнхои махбубият пайдокардаи фалсафаи аврупои бо унсурхои марксизм омехта мешавад ва бисёре аз «неомарксистон» ба Маркс на ба иќтисодшиносу инќилобгар, балки хамчун ба файласуфи гуманист ва пайѓомовари ахлоќ назар меандозанд. Неомарксизм ба ду чараёни ба хам зид таќсим мешавад: «диалектикаи гуманисти» ва «сийентисти». Барои чараёни аввал осори Д. Лукач, К. Корша, А. Грамши хамчун бунёди назарияви хизмат мекунад. Чараёни «диалектики -гуманисти» ба муќобили тавзехи объективию натуралистии материализми диалектикию таърихи баромад карда, кўшиш дорад дар маркази фалсафаи марксисти инсонро хамчун субъекти амали таърихи бигузорад. Дар ин маврид диалектика ба робитахои субъект-объект алоќаманд карда шуда, хамаи фалсафа ба сўи чамъият нигаронида шудааст, дар холе, ки табиат тавассути чахорчўбаи муносибати маърифатию амалии инсон ба он, арзёби мегардад. Бисёре аз намояндагони ин чараён ба асархои барваќтаи Маркс, ќабл аз хама ба «Дастхатхои иќтисоди-фалсафии соли 1844» ишора мекунанд, ки дар ончо проблемаи бегонашави тадќиќ мегардад. Хамзамон намояндагони ин чараён идеяхои фалсафаи ѓайримарксистиро низ истифода мебаранд, ки дар доираи чараёни «далектики-гуманисти» ба пайдо шудани равияхои гуногун низ овард. Ќабл аз хама ин мактаби Франкфурт аст, ки назарияи танќидии чамъиятро пешниход намуда, варианти «диалектикаи манфии» неогегелчигиро истифода мебарад. Ба таври анъанави намояндагони мактаби Франкфурт, фалсафагароии далектикиро аз Гегел ба Маркс ќабул намуда, мероси Марксро ба шархи Лукач, ки ончо Маркс гегелчи мегардад, инкишоф медиханд. Харчанд, ки заминахои идеявии хати фалсафии мактаби Франкфурт ин ба хам овардани ду хати мутазоди фалсафи- «фалсафаи хаёт»-и А.Шопенгауэру Ф.Нитсше ва таълимоти Гегелу Маркс аст. Дар мархилаи дуюми хеш баъд аз асари муштараки М. Хоркхаймер ва Т. Адорно «диалектикаи маориф» франкфуртихо аз марксизм дур шуда, вале аз идеяи объективи будани ќонунхои чамъият ва танќиди фетишизми моли даст накашиданд. Андешахои тахти таъсири Маркс баён шуда, бештар дар осори В. Бенямин, А. Шмидт, О.Негт ва Ю. Хабермас мушохида мерасанд. Валтер Бенямин (1892-1940) ба марксизм наздик шуда, солхои 1925-1926 ба Москва ташриф меорад. Бенямин сотсиал-демократияро барои конформизм дар сиёсат ва иќтисодиёт танќид карда, тазодхои марксизми вулгариро, ки мохиятан позитивисти буда, аз чониби ў хамчун «истисморкунандаи табиат» бахогузори мешавад, ќатъиян инкор менамояд. Дар андешахои ў парвози баланди шеърият ва фахмиши дилсўзона аз вазъияти пурандўхи табаќахои мазлум ва мухимияти харакатхои коргари, материализм дар тамоили мактаби маънави-таърихи, материализми таърихи бо мессианизм, тавзехи иќтисодии таърихи чахони тахти таъсири марксизм, инчунин зкзистенсиализми хоссаи ў, ки ханўз хам пурра тадќиќ нашудаанд, омезиш ёфтаанд. Ю. Хабермас, файласуфи олмони, намояндаи шинохтаи «насли дуюми» назариётчиёни мактаби Франкфурт аз солхои 60-ум мавкеи мўътадили реформистиро ишѓол карда, чихатхои гуманистии либерализми анъанавиро бо идеяхои капитализми «муташаккил», инчунин давлати ичтимоии хуќуќбунёдро дар таълимоташ чой додаст. Дар андешахои ў мавќеи сотсиал-демократия эхсос шуда, дар таълимоташ назарияи танќидии мактаби Франкфурт, ки ончо тахлили нав дар тасвири манзараи капитализми муосир зимни таѓйирёбии муќаррароти ичтимоии таѓйирёфтаи чомеаи сармоядори таъкид мешавад, мушохида мегардад. Ў дар сохахои хаёти фарханги, сохаи интегратсияи ичтимои, самтхои хаёти шахси тамоили бегонашавию гум шудани маънои зиндагиро дар рўхия ва таъсири консепсияи бегонашавии Маркс, арзёби мекунад.

    Назарияи фрейдо – марксизм, ки нимаи дуюми асри 20 васеъ пахн мешавад, кўшиши синтези проблемаи шахсияти неофрейдизмро бо проблемаи ичтимоии марксизм, ба миён мегузорад. Бунёдгузори фрейдизм Зигмунд Фрейд ба таълимоти Маркс ошно буд ва зимни маќоми марксизм андешахояшро чунин баён мекунад: « Нерўи марксизм, ба назар мерасад, на дар фахмиши таърих ва дар заминаи он пешгўии оянда, балки исботи равшану нуќтасанчонаи он аст, ки муносибатхои иќтисодии одамон ба муќаррароти интеллектуали, этики ва эстетикии онхо таъсири ногузиру хатми мерасонад. Ин бошад чандин робитахои мутаќобила ва вобастагихоеро ифшо месозад, ки то хол комилан маърифат намегашт»84 Дар он деформатсияи психикии шахс ва чустучўи роххои бартараф намудани онро тахлил мегардад. Яке аз аввалин мунаќќидони фашизм Вилгелм Райх аст, ки тахти унвони «Психологияи оммавии фашизм» (1933) асаре навишта, худро ногузир ба хатари таъќибот аз чониби фашистон гирифтор сохт. Омўзиши сабабхои ичтимоии асабоният Райхро ба марксизм овард. Ў кўшиш кард дар заминаи психоанализ робитаи мутаќобилаи базиси иќтисоди ва идеологияро тахлилу тавзех дихад. Методологияи мазкурро зимни тахлили фашизми олмони истифода намуд. Ў таъкид мекунад, ки фашизм хамчун типи муайяни тартиботи чамъияти бар асари холати невротики тахия шуда, дар ќишрхои заволи рўхонию асабхаробгардидаи шахсиятхо реша гирифтааст. Мувофиќи «сотсиологияи сексуали - иќтисодии» Райх деформатсияи шахс аз пахш намудани ичтимоияти табии шахс, кўшиши ў ба мухаббат, мехнати ихтиёри ва маърифат ба вучуд меояд. Ин кўшишхо метавонад бо рохи озодшави тавассути «инќилоби сексуали», ки ба худтанзимёбии ахлоќии инсон меорад, ба даст ояд. Намояндаи дигари неомарксизм Герберт Маркузе (1898-1979), яке аз бунёдгузорони мактаби Франкфурт, файласуф ва сотсиологи олмони мебошад. Ба андешахои фалсафии Маркузе таъсири идеяхои Гегел, Маркс, Хайдеггер, Фрейд мушохида мешавад. Ў худро пайрави марксизм эълон карда, даъват ба амал меорад, ки бояд марксизм бо идеяхои экзистенсиализм ва фрейдизм такмил дода шуда, озодии инсон дар мехвари он ќарор гирад. «Вазъияти инсон дар олам, мехнату хушнудии ў холо на тавассути ким - кадом сохибмўътабаре, балки бо озодии шахси ва фаъолияти хирадмандонаи ў муайян мегардад…». Маркузе мафхуми «инсони якченака»-ро пешниход кард ва дар алоќаманди ба он зикр намуд, ки бо таѓйир ёфтани талаботхои капитализми муосир, афкори конформисти пайдо мешавад, ки ин афкор муносибати танќидиро ба воќеият гум кардааст. Ў назарияи ичтимоии марксизмро шарх дода, менависад, ки дар чахони муосир типи «инсони якченака» ба таври оммави афзудааст ва ин оммахо наметавонанд пешбарандаи ташаббуси инќилоби бошанд - онхо ба гурўххои «аутсайдерхо», бекорон, донишчўён, аќаллиятхои милли ва ѓайра таќсим шудаанд, ки «онхо талаботхои худро на ба воситаи шуѓли худ, балки ба туфайли кадом чизи бегонае ќонеъ кардан мехоханд. Дар заминаи ќонеияти ў, озоди аз кор нухуфта аст»85. Дар чахони муосир амалияи инќилоби бояд ин «Раддияи бузург» бошад, ки хам аз капитализм ва хам аз сотсиализми тоталитарие, ки мохиятан симои ичтимоияти хешро тахрифу ѓалат сохтааст, даст кашид. Э. Фромм бошад бо маќсади эчоди консепсияи куллию воќеии инсон ба хам овардани назарияи ичтимои ва назарияи индивидуали – психологии инсон, мушаххасан синтези таълимоти Маркс ва Фрейдро пешниход мекунад. Инро ў бо рохи «сотсиализатсияи» фрейдизм ва «гуманизатсияи» марксизм ба даст овардани мешавад. Ў дар пайрави бо Гегел ва Маркс бегонашавии инсонро, ки ба гум шудани хувияташ меорад, тадќиќ намуда, идеяи «психоанализи гуманисти» - ро эчод мекунад, ки ба вусъат додани потенсияи (тавоноии) ботини нигаронида шуда, ба халли «тазодхои таърихи» ва эчоди чомеаи гуманистии мухаббати умум даъват мекунад. «Сохибият ( ба чизе - Ф.А.) ва хасти ду тарзи асосии мавчудияти инсон аст, ки афзалияту бартарияти яке аз онхо фарќиятро дар характери фардии одамон ва типхои характери ичтимои муайян месозад»86. Ба чараёни «диалектикаи гуманистии» неомарксизм метавон марксизми экзистенсиализмро, ки солхои 50-60 уми асри гузашта дар Франсия бо таъсири Ж.П. Сартр, хусусан асари ў «Танќиди хиради диалектики» тахия шуд, дохил намуд. Сартр интегратсияи марксизмро бо зкзистенсиализм таъкид намуда, ў идеяи «ворид намудани» зкзистенсиализми таѓйирёфтаро ба марксизм пешниход мекунад, ки мохиятан маънои табдил додани материализми таърихиро ба антропологияи фалсафии экзистенсиализм дорад. Вариантхои марксизми экзистенсиалистиро асархои Мерло - Понти «Гуманизм ва террор» (1947), «Мочарои диалектика» (1955) ба миён гузошт. Ва ў назарияи материализми диалектикиро рад кардани мешавад, ки дар робита ба ин аз чониби марксисти франсави Р. Гароди мавриди интиќод ќарор мегирад. Файласуфоне, ки дар атрофи мачаллаи «Socialisme ou barbarie», аз ќабили К. Касториадис, К. Лефор ва мачаллаи «Arguments» К.Акселос, А. Лефевр, Э. Морен, Ф.Шатле, П. Фужейролла чамъ омаданд, бо ёрии фахмиши экзистенсиалии мохияту мавчудияти инсон, диалектикаи навгегели, элементхои феноменологи ва «фалсафаи хаёт» - субъективияти инсони, бегонашави, эхё сохтани куллияти инсон ва кўшиши реабилитатсияи консепсияи гуманистии «Маркси чавон»-ро анчом доданд. Идеяхои ба марксизми экзистенсиалистии франсави наздикро Э.Фишер, Ф. Марек дар Австрия, А.Шафф дар Полша, К. Косик дар Чехословакия ба миён гузоштанд. Пайравони марксизми феноменологи Э.Пачи, П.Пиконе ва пайравони онхо кўшиш карданд аппарати категориалиеро, ки марксизм ва феноменологияро баробар фаро мегирад, тартиб диханд. Хадафи таърих аз нигохи Энсо Пачи бояд бартараф намудани «объективатсия» (истилохи Гуссерл) ё ин ки «бегонашави» (дар фалсафаи Маркс) дар рохи эчод намудани чамъияти «интернатсионалистие», бошад, ки ончо муносибатхои байнихамдигарии одамон чун субъектхо (яъне объекти истисмор набошанд) муќаррар гарданд. Капитализмро хамчун заминаи бўхрони маънавии инсоният арзёби карда, чунин эътиќод баён мекунад, ки инсоният дар хадди охир ба чомеаи адолати ичтимои – коммунизм хохад омад. Ба равияи «диалектики – гуманисти»- и неомарксизм намояндагони мактаби Будапешт А. Хелер, М. Вайда, Д. Маркуш, Ф. Фехер, А. Хегедуш ва файласуфони кишвархои дигар, ки ба асархои барваќтаи Лукач майл доштанд, дохил мешаванд.

    Дотсенти факултаи илмхои сиёси Вики Л. Хесли зимни тахлили зиддиятхои мазхабию милли наќши дуюмдарача бозидани омили иќтисодиро зикр карда, нерўманди хувияту мохият ва аслияти анъанахои таърихи ва консервативиро таъкид мекунад ва ба консепсияи неомарксистон, ки афзалияти омили иќтисодиро аввал медонанд норози аст. «Бартарии назарияи неомарксистон дар он аст, ки мухимияти омилхои иќтисодиро ба хотири фахмиши этносият ва миллатгарои нишон медихад. Дар айни замон, аз мавќеи сирф тавзехи иќтисодии фаъолияти инсони, наметавон шарх дод, ки чаро гурўххои бузурги одамон тайёранд, осудахолии иќтисодии худро ќурбони чунин арзишхое аз ќабили мустаќилияту мухторияти мазхаби ё забониашон гардонанд». ( Полис. - 1996. - №6, с.41)

    Дар атрофии мачаллаи югославии «Праксис», ки дар Загреб ба нашр мерасид Г. Петрович, П. Вранитский, М.Кангрга, Р. Супек, М.Маркович, С. Стоянович дар рўхияи идеяхои барваќтаи Маркс, Лукач, Грамши, Сартр мафхуми амалияро хамчун муносибати бунёдии байни субъект ва объект арзёби намуда, маърифатро хамчун раванди фаъоли эчоди маънидод ва назарияи инъикосро бошад «ѓайридиалектики» бахогузори карданд. Назарияи ленинии инъикосро хамчун махдудсозандаи оѓози эчодии инсон хисобида, ба хулоса омаданд, ки дар чахорчубаи ин назария наметавон дурнамоии ояндаи инсониятро маърифат сохт, зеро ки оянда ханўз наметавонад дар чараёни маърифат мустаќиман «инъикос» шавад. Хамин тавр назарияи ленинии инъикосро хамчун муносибати ѓайрифаъол ба воќеият арзёби намуда, ин марксистони чадид даъват оварданд, ки бояд ба осори барваќтаи Маркс рў овард, зеро ки махз дар ин асархо ба проблемаи гуманизм, фаъолияти инсон, озодии инсон проблемаи «бегонашави» бештар таваччўх шудааст. Онхо функсияи танќиди- ичтимоии фалсафаро хосатан таъкид намуда ба хайси объекти танќид амалияи сохтмони сотсиализмро дар кишвархои лагери сотсиалисти интихоб намуданд. Хадафу маънои сотсиализм аз нигохи онхо ин ташаккули инсони комил буда, оѓози гуманистию демократи бояд дар мехвари сохтмони сотсиалисти бошад, на муборизаи оштинопазири синфие, ки «сталинизм» дар Иттиходи Шўрави пеш мебурд. Функсияи ташкилию хочагидории давлати сотсиалисти, принсипи сентрализми демократи ва банаќша­гирии марказонидашударо танќид намуда, тахмин карданд, ки чунин тарзи идоракунии иќтисодиёт, хусусан чамъ овардани тамоми хокимияти сиёси ва нерўхои иќтисоди ба дасти давлат ногузир ба пайдо шудани ќишрхои бюрократи меорад ва он бошад ба заволи хамин давлат хохад овард. Ягона рохи бартараф намудани бегонашави дар давлати сотсиалисти аз нигохи онхо ин инкишоф додани худидоракунии чамъияти мебошад.

    «Фалсафаи умед», ки онро файласуфи олмони Эрнст Блох (1885–1977) эчод кардааст, наќши махсусро дар равияи «диалектики – гуманисти»-и марксизми чадид мебозад. Аз лихози нуќтаи назари Блох анъанаи фалсафаи томарксисти ба гузашта нигаронида шудааст, зеро ки олами мавчудро ин фалсафа хамчун идеали комилият дар Кулл татбиќ менамояд, дар сурате ки хусусияти хоси марксизм ба оянда нигаронида шудани он аст. Таълимоти Маркс ба назари Блох далели умед буда, робитаи «назарию амалия»-и мушаххас ва «имкониятхои воќеи-объективии» инкишофи оламро ба эътибор мегирад. Дар баробари чараёни «диалектики-гуманисти», ки марксизм-ленинизмро таълимоти нопурра оид ба проблемаи инсон арзёби мекунад, дар доираи неомарксизм чараёни «сийентисти» ташаккул ёфт, ки марксизм-ленинизмро чун майлони дур шудан аз илмияти таълимоти Маркс бахогузори мекунад. Ба «сийентизми» неомарксисти равияхое дохил мешаванд, ки таълимоти марксизмро оид ба чамъият хамчун таълимоти мушаххаси илми тавзех медиханд. Онхо таќозо мекунанд, ки фалсафа хамчун тадќиќкунандаи проблематикаи маърифат ва методология бояд эътироф шавад. Вазифа мегузоранд, ки материализми таърихиро хамчун шакли комили илми муќаррар сохт. Файласуфи марксисти франсави Луи Алтюссер ба хайси рохбари мактаби назариявии фалсафие шинохта шудааст, ки дар таълимоти хеш тамоили сийентистии марксизмро муаррифи мекунад ва пайравони зиёдеро дар Италия, Испания, И.М.А ва кишвархои Америкаи Лотини пайдо намудааст. Эчодиёти ўро ба ду давра таќсим мекунанд. Мархилаи аввал солхои 60-уми асри гузашта буда, ин давра тавзехи марксизм «Хамчун назария бо харфи калон», «назарияи таълимоти амали» сурат гирифта, кўшидааст марксизмро дар робита ба тачрибаи муосири маърифати илми коркарду тахия намояд. Мархилаи дуюми эчодиёти ў ба тадќиќи фалсафа хамчун асоснокунии муборизаи сиёси, бахшида шудааст. Хусусияти тавзехи марксизм аз чониби Алтюссер чунин аст: ба Маркси «болиѓ» ва мархилаи эчод шудани «Капитал» такя карда, дар муќобили шархи субъективии Маркси «чавон» мустаќилияти афкори илмиро дар баробари шуури муќаррари химоя намуд, ба функсияи методологии фалсафа нисбати илмхои мушаххас таваччўх намуд. Ба проблемаи маърифат хамчун истехсолоти маънавие, ки объекти худро дигаргун месозад, бахо медихад. Ин муќаррароти маърифати баёни худро дар консепсияи «антигуманизми назарияви» меёбад, ки мувофиќи он фарди мушаххас на нуќтаи аввалаи тахлил, балки натичаи нихоии он аст. Чамъбасти бисёре аз хукмхою хулосабарорихо ба он далолат мекунанд, ки инсон наметавонад принсипи тавзехдихандае зимни омўзиши куллияти ичтимои бошад. Ба равияи сийентизми неомарксизм Г. Делла Вольпе ва пайравони ў дар Италия дохиланд. Асари эътирофшуда ва мавриди мубохисахои зиёд гаштаи Г. Делла Вольпе «Мантиќ хамчун илми позитиви» идеяи фарќияти сифати ва мувофиќат­нопазирии методи диалектикии марксисти ва гегелиро ба миён гузошт. Ў вариантхои гуногуни проблемаи кулл ва чузъро дар таърихи фалсафа тахлил намуда, ба хулосае меояд, ки абстраксияхои фалсафи барои тадќиќотхои мушаххаси илми корношояманд. Зарурати «мантиќи махсуси предмети махсус», ки мавхумоти «муайяни» хосеро истифода мебарад, ба миён меояд.

    Чеймс Ален, сотсиолог-марксисти америкои дар адабиёти марксисти яке аз аввалинхо шуда проблемаи таъсири энергияи атомро ба авзои чамъият тадќиќ кардааст. Дар асараш «Империализми атоми» (1952) аз хатари чанги ядрои, ки капитализми давлати - монополистии ИМА хар замон шурўъ карданаш мумкин аст, хушдор медихад. Марксисти дигари америкои Герберт Аптекер дар тадќиќотхои илмии худ проблемаи хуќуќи ахолии сиёхпўсти америкоиро мебардорад. Хамин тавр, таълимоти Карл Маркс дар дигаргунихои чамъиятии асри гузашта наќши бузург бозида, имрўзхо низ ба сифати хикмати воло, бехтарин дастоварди фалсафаи умумибашари пазируфта шуда, мавриди омўзиши даќиќназаронаю тадќиќи нозукбинонаи илми гаштааст.


    1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   41


    написать администратору сайта