Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Гуманизм ва танќиди бегонашави. Омўзиши вазъияти воќеии иќтисодию ичтимоии синфи коргар дар миёнахои асри XIX ба зарурати коркарди назари наву ѓайрианъанави ба чомеаи инсони ва таърихи он, овард. Категорияе марказие, ки бо ёрии он Маркс кўшиш намуд мохияти муносибатхои капиталисти ва маќоми инсонро дар он муайян намояд, ин категорияи бегонашави буд. Онро истифода намуда, Маркс кўшиши фахмидани сохтори буржуазиро, ки ончо антагонизми байни мехнат ва капитал сурат мегирад, анчом дод. Дар муќоиса ба Гегел ва Фейербах Маркс тавачўхи хосаро ба бегонашавии мехнат ва худбегонагаштани корманд равона сохт. Аввалан аз корманд махсулоти мехнатии сохтаи ў бегона мегардад. Дуюм, раванди бегонашудани фаъолияти мехнатии коргар сурат мегирад, ки ончо мехнати дар махсулот тачассумнамудаи ў ба сохиби истехсолот таалуќ дорад. Ин равандро Маркс худбегонашави меномад. Мехнати бегонашуда «хаёти авлодии» инсонро хамчун воситаи ќонеъ шудани талабот дар рохи нигох доштани мавчудияти чисмониаш муќаррар месозад. Аммо дар муќоиса ба Фейербах тахти «хаёти авлоди» пеш аз хама «хаёти истехсоли», яъне раванди мехнатро мефахмад. Махз бо хамин сифаташ инсон хамчун авлод аз хайвон фарќ мекунад. Азбаски аз коргар мехнати ў бегона шудааст, пас аз ў мохияти инсониаш низ бегона мегардад. Маркс дар хамин асос тасдиќ мекунад, ки чомеаи буржуази коргарро то ба сатхи наќши он чун машина поин мефарорад ва ин чомеа хамчун нерўи бегонаю истисморкунандаи пролетариат баромад мекунад. Решаи хамаи бадбахти ва камбизоатии синфи коргарро Маркс дар хукмронии моликияти хусуси ба воситахои истехсолот мебинад. Дар натичаи аз функсияи худ бегонашудани субъекти фаъолият, мехнат ба шакли манфии худфаъолияти табдил меёбад: аз шакли тасдиќи худ ва зухури хеш ба тарзи худзаволёби интиќол меёбад. Дар шароити бегонашавии капиталисти инсони алохида алаккай ба маънои воќеии хеш субъекти фаъолият намегардад, чунки мехнати ў ичбориро мегирад. Дар заминаи бегонашави феномени такрории бегонашави вусъат меёбад: бегонашавии махсули мехнат аз истехсолкунанда ва бегонашавии инсон аз инсон. Бо бегонашавии махсули мехнат бойшавии олами предметхо барои инсон хамчун талафотест, ки натичаи он аз даст додани сохибият ба фаъолияти хаётии хеш аст. Агар фаъолияти хаёти барои инсон бегонаю душман гардад, агар инсон афтода бошад, пас олами инсон, мухити ў низ барои ў хусуматовар мегардад. Тамоми боигарии предметие, ки инсонро дар мухити ихотакардааш фаро мегирад, «табиати дуюм», ки офаридаи худи ўст. Хамон хеле, ки инсон аст - хамон тавр мухити ўро фарогиранда аст. Дар чамъияте, ки ончо низоми чизхо хукмрон аст, табаќабандии одамон, ашёхо, «неъматхои модди», раванди бенихоят бузурги таѓйироту шаклдигаркунии нерўхои предмети сурат мегирад, робитаи чамъиятии байни одамон дар шакли предметхо хамчун нерўи хокиму ѓайримуташаккиле аз болои одамон хумкмрону муќаррар мешавад. Натичаи ногузири бегонашавии мехнат, ин бегонашавии инсон аз инсон аст. Дар чамъияте, ки ба истисмор бунёд ёфтааст, холати бегонашавии умуми ба чахонфахмии мутаносибе меорад, ки «…хар нафаре ба нафари дигар танхо хамчун объект барои истифода бурдан назар мекунад ва дар ин самт холате рух медихад, ки нисбатан нерўманд нисбатан заифу нотавонро пахш мекунад».67 Одамон ба олами предметхое, ки худашон эчод кардаанд ё аз наслхои дигар гирифтаанд, ворид шуда, тобеъи хамон муносибатхое мешаванд, ки дар раванди мубодилаю коркарду истифодаи хамин предметхо, эчод мешаванд. Мехнати бегонашуда - муќаррароти мухими фалсафаи марксизм аст. Маркс онро дар чахор самт арзёби мекунад: дар капитализм мехнат мачбурист ва чунин мехнат наметавонад талаботро ба мехнат ќонеъ намояд ва ин мехнат «танхо воситаест барои ќонеъ намудани хамаи дигар талаботхо»; мехнати мачбури аз мехнаткашон «хаёти авлоди» - ашро мегирад, зеро ки мехнат барои ў танхо воситаи нигох доштани хаёти фарди буда, на ба хотири нигахдошти авлодаш; мехнати бегонашуда байни одамон бегонашавиро эчод мекунад, зеро ки коргарон барои имконияти мехнат намудан байни худ раќобат мекунанд; коргар дар раванди мехнат моводу ашёхои аз табиат гирифтаро истифода бурда бо натичаи мехнаташ предметхои зарурии хаётиашро аз худ мекунад. Проблемаи инсон. Нуќтаи ибтидоии тадќиќоти Маркс на танхо «инсони бегонашуда» ва «нерўхои мохиятии он», балки тахлили тамоми муносибатхои чамъияти, ќабл аз хама муносибатхои иќтисодию истехсоли, ки базиси воќеии хамаи муносибатхои баъдию гуногунранги байни одамон аст, ќарор мегирад. Ин назари методологи имкон медихад, ки чихатхои мухими инфародияти инсонро пайдо намуд. Ба сифати бунёди антропологияи Маркс метавон аз «Тезисхо оид ба Фейербах» ёдовар шуд. Ончо ў аз материализми «кўхна», ки нуќтаи назари он чомеаи шахрванди, чомеаи «фардхои абстракти», «фардхои атомари», «фардхои хусуси» буд, даст мекашад ва чанд проблемахои мухимро ба миён гузошта, аз нигохи назария онхоро халлу фасл месозад: аввалан ў проблемаи антропологияи нав, фахмиши нави инсонро хамчун мачмўи «муносибатхои чамъияти» барраси мекунад; дуюм, фахмиши нави таърихи умумичахониро, ки асоси онро таърихи иќтисоди, истехсолоти модди ташкил мекунад ва дин, оила, давлат, хуќуќ, ахлоќ, илм, санъат ва ѓайра танхо зухури навъхои истехсолот буда, ќонунхои умумиеро тобеъанд бахогузори мекунад; сеюм таъкид мекунад, ки дар бунёди истехсолоти капиталисти моликияти хусуси ќарор дорад ва натичаи он мехнати бегонашуда буда, хамеша инсону инсониятро дархам шикаста, пахш менамояд; чахорум, ногузир бояд вазъияти мавчуда тавассути «эмансипатсияи инсоният» ва берун шудан аз мехнати бегонашуда ба воситаи «амалияи инќилоби» таѓйир дода шавад; панчум, зарурати эчод кардани фалсафаи принсипан наве, материалистию амалие зарур аст, ки хамчун бунёди назариявии таѓйир додани хамин олам бошад. «Файласуфон танхо бо тарзхои гуногун оламро шарх медоданд, аммо гап сари он аст, ки ин оламро бояд дигаргун сохт».68 Дар асари «Дастхатхои фалсафи - иќтисодии соли 1844» ба дифои гуманизм, ки ба идеяи озодии универсалию эчодкоронаи инсон такя мекунад, бармехезад. Аз нигохи ў татбиќ намудани ин мохияти инсонро бегонашави - хамчун нерўи зиддиятноку муќобил, монеият мекунад. Ин бегонашави, ки натичаи дар предмет тачассум шудани фаъолияти инсониро фаро гирифтааст, аз тахти назорати инсон ва хадди салтанати инсон берун шудааст ва ин бошад ба идора намудани инсон аз чониби худи хамин бегонашави оварда, беќурбшавии инсонро дар чомеаи капиталисти вусъат мебахшад. Аз мавќеи консепсияи Маркс чанд навъи бегонашавии инсон вучуд дорад: бегона шудани инсон аз раванди мехнат ва аз натичаи хамин мехнат, аз табиат, аз мохияти авлодии хеш, бегонашавии инсон аз хештан ва аз чомеа. Дар заминаи хама шаклхои бегонашави мехнати бегонашуда нихон аст, ки ба муносибатхои моликияти хусуси бунёд ёфтааст. Проблема, аз нигохи Маркс дар он аст, ки бо рохи «канда гирифтани» бегонашави ва сохибияти инсон ба мохияти воќеии авлодии хеш, ин холат халли худро меёбад. Рохи ягонаи халли онро дар аз байн бурдани моликияти хусуси мебинад. Аз нигохи Маркс ин чизе нест, чузъ холати чамъиятие, ки маънояш «баргаштани инсон ба хештан» хохад буд. Нуќоти барќовари андешахои Маркс - ин фикр дар бораи он аст, ки оламро наметавон тавассути шуур, идея дигаргун сохт, зеро ки манфиатхои воќеии инсон аз хастии онхо, аз чараёни хаёти воќеии онхо бармеояд. Инсон хаёти воќеию чамъиятии худро муќаррар сохта, дар тафаккур бошад танхо хамин хастии воќеии хешро такрор менамояд ва хамин тавр тафаккур ва хасти аз хам фарќ дошта бошад хам, дар айни замон дар ягонаги бо хам ќарор доранд. Маркс дар фалсафаи инсоншиноси сохаи фаъолияти амалию дигаргунсозандаи одамонро, ки ќаблан файласуфон таваччўхи камтаре доштанд, ворид месозад. Инсон ба табиат таъсир расонда онро таѓйир дода, шароитхои наверо барои мавчудияти хеш мухаё месозад. Дар рафти ин дигаргунихои амали, ба ќавли Энгелс, дар чамъият талаботхои мухталифе аз ќабили талаботхои техникие пайдо мешавад ва «ин илмро дар баробари даххо университетхо пеш хохад бурд».69 Фалсафаи Маркс - ин фалсафаи ичтимоиест, ки ба озодкунии инсон нигаронида шудааст. Инсон дар ин фалсафа пеш аз хама мавчуди фаъолу амалкунанда аст, ки робитаи ў ба табиат бунёди дигар муносибатхои мутаќобилаи ў дар чамъият аст. «Фард ин мавчуди чамъияти аст. Аз ин рў хама гуна зухуроти хаёти ў - хатто агар он чун зухуроти хаёти дар шакли бевоситаи коллективие, ки муштаракан бо дигарон амали мегардад, баромад накунад хам, ин зухуроту тасдиќи хаёти чамъияти аст» Харчанд, ки инсон мавчуди ичтимоист, аммо муносибати одамонро дар чамъият касе созмон намедихад, ин муносибатхо стихияви вобаста ба ин ё он сатхи инкишофи ќуввахои истехсолкунанда самт мегиранд. Таќсимоти одамон ба синфхо низ вобаста ба сохибияташон ё махрумияташон аз воситахои истехсолот стихияви чараён мегирад. Тобеияти иддае аз одамон аз одамони дигар ва дар чамъияти капиталисти тобеияти одамон ба ашёу чизхо хамчун натичаи бегонашудаи фаъолияташон низ хамин тавр сурат мегирад. Хатто раванди тавлиди одамон хам вобаста ба талаботхои хаёти моддии онхо сурат мегирад. «Эхтиёч ба одамон, ногузир, тавлиди одамонро, мисли хар моли дигар ба танзим медарорад» - менависад Маркс дар «Дастхатхои иќтисоди - фалсафии соли 1844». (Том. 42, с. 119, 47) Озод шудан аз хокимияти чунин муносибатхо назорати бошууронаро ба ташкилу инкишофи чомеа дар назар дорад - воситаи комёб шудан ба ин - гузаштан ба моликияти чамъиятист, ки заминаи онро капитализм эчод мекунад. Барои инсони алохида ин маънои универсали будани талаботхо, ќобилиятхо, воситахои истеъмоли, ин «харакати мутлаќи ташаккули» инсон аст. Ў хар инсонро хамчун зухуроте, ки дар он мохият баён ёфтааст, дар назар дорад. Аммо ин зухурот ѓанитар аст дар нисбати мохияте, ки онро баён месозад. Одамон – винтике нестанд, ки ким-кадом машинае онро мухр зада, тавлид созанд. Хар кадоми он дар инфиродияти хеш нотакрор аст. Танхо инчо набояд фаромўш кард, ки хусусияти хоси шахсиятро бидуни маърифати он шароитхои ичтимои, ки ончо шахс ташаккул ёфтааст, фахмидан мумкин нест. Зеро ки фардхо «шароитхои муќарраршудаи хаётии хешро ќаблан пайдо мекунанд: синф холати хаётии ўро муайян месозад ва хамчоя бо он сарнавишти шахсии ўро тобеи хеш мегардонад»70 Нишонаи асосию мухими «инсон», аз нуќтаи назари марксизм ин ќобилияти боандеша ва хадафнигорона мехнат кардан ва сохтани олоти мехнат аст. Ин нишона танхо хоси инсон аст ва он инсонро аз олами хайвонот чудо сохтааст. «Хайвон танхо мувофиќи андоза ва талаботи хамон намуде, ки ба он тааллуќ дорад, месозад, дар холате, ки инсон метавонад мутобиќи ченаки хар намуд истехсол карда, ба предмет андозаи хоси онро гузошта, дар хамин замина инсон метавонад, инчунин тибќи ќонунхои зебои биофарад».71 Албатта, набояд меросияти генетикии хар фардро сарфи назар кард. Инсон хамчун мавчуди табиию биологи дар робитаи генетики ба тамоми олами хайвонот хохад монд, аммо на ќонунияту омилхои биологи, аз нуќтаи назари Маркс, мохияти ичтимоии инсонро муайян месозад. Хатто дар раванди ташаккули инсон ба ќобилияти аќлона мехнат кардани ў низ на натичаи интихоби табии, балки омилхои дигар аст. Инкишофи ичтимоии инсон на ба ќонунхои генетики, балки тавассути ќонунхои ичтимои ба мероси мегузаранд. Хамин тавр, мохияти инсон аз низоми мушаххаси таърихии муносибатхои чамъияти бармеояд, на аз чизи дигар. Шахс - ин вохиди нисбатан мустаќил буда, ончое ки ў шароитхои объективи ва ќонунхои инкишофи чомеаро маърифат намудааст, собитќадамона амал менамояд. Аммо шахс, таъкид мекунад Маркс, дар танхои амал намекунад ва дар танхои наметавонад фаъолияти хешро воќеан татбиќ созад. Танхо дар доираи коллектив ва ба воситаи коллектив метавонад худро комилан амалию татбиќ кунад. Аз ин рў, зикр мекунад ў, чунин алтернативае чун: ё коллектив ё фард ноустувор аст. Арзиши амалии шахс, арзиши сифатхои инсон танхо дар муносибати ў бо чамъият, бо одамони дигар маълум мегардад. Чунин аст чихатхои асосии проблемаи инсон дар фалсафаи марксисти: хохед, ки инсонро маърифат созед чамъиятеро, ки ў ончо зиндаги дорад, бояд донед. Яке аз хусусиятхои мухими тахлили инсон аз нигохи Маркс назари мушаххаси таърихи ба проблемаи инсон аст. Ў дар муќоиса ба андешахои мутафаккирони гузашта ва метододогияи анъанави ин ё он атрибутхои инсонро ба сифати «мохияти» бетаѓйиру абадии он зимни бахогузори ба инсон махдуд насохта, баръакс фахмиши инсонро дар робита ба таѓйиротхои хаёти, ки дар рафти фаъолияти таърихи - чамъиятии одамон ба амал омаданаш мумкин аст, арзёби мекунад. Андешаи он ки «мохияти» инсон хусусиятхои махсусро дар хар мархилаи инкишофи чамъияти ва хар низоми мушаххаси фаъолияти ичтимои дар худ касб мекунад, метавон хатто дар осори барваќтаи Маркс мушохида намуд. Бунёди мухимтари методологии баррасии проблемаи инсон ин фахмиши он аст, ки тахлили он бояд дар доираю муќаррароти таркиботи объективии ичтимои, ки инсон ончо дохил буда ба сифати воќеияти муайяни ичтимои худро эчод кардаю татбиќ месозад, сурат гирад. Дар андешаи Маркс инсон симои ичтимои дошта, «нерўхои мохияти» ва ќобилиятхои он табиати ичтимоиро сохиб аст ва фаъолияти хаётии инсон дар доираи сохаи истехсоли – иќтисоди ва сохтори ичтимоии объективи чараён мегирад. Хар чизе, ки дар инсон нухуфта аст ва хар чизе, ки инсон бо худ аз олами гузаштагони хайвону вахшиаш овардааст, аз ќабили ќобилиятхои фаъолиятии инсони, талаботхо, манфиатхо, сифат ва хосиятхояш ба ќавли Маркс махсули «чараёни то хол пешравандаи таърихи умумичахони» мебошад. Бунёдгузорони марксизм диалектикаи Гегелро хамчун таълимоти хамачониба бахогузори карда, онро бузургтарин бозёфти фалсафаи классикии олмони хисобидаанд. Онхо хидмати бузурги Гегелро дар он диданд, ки ў бори аввал тамоми олами табии- таърихи ва маънавиро хамчун раванди дар харакати муттасилу беист, таѓйирот ва инкишофу табодул дида, кўшидааст то робитаи дохилии ин харакатро ошкор созад. Вале, Гегел хамчун идеалист хама чизро «аз сар ба пой гузошт» ва барои ў андешахои инсони на инъикоси ашёву равандхо, балки баръакс ашёву равандхо хамчун инъикоси татбиќшудаи идеяи мутлаќ, ки ханўз то офариниши олам вучуд дошт, тасвир мешуд. Ф.Энгелс дар маќолаи «Диалектика»-и «Диалектикаи табиат» ном асараш тартиби низоми ќонунхо ва чараёни амали шудани ин ќонунхои диалектикаро чунин ба ќалам додааст: «Хамин тавр, таърихи табиат ва чамъияти инсони - ана аз кучо ќонунхои диалектика бармеоянд. Онхо айнан чизе нестанд, чуз ќонунхои нисбатан умумии ин мархилахои инкишофи таърих, инчунин худи тафаккур. Мохиятан онхо ба се ќонуни зайл чамъбаст мегарданд: ќонуни гузаштани миќдор ба сифат ва баръакс; ќонуни ягонаги ва муборизаи ба хам зидхо; ќонуни инкори инкор. Хамаи ин се ќонун аз чониби Гегел дар заминаи майлони идеалистии ў, танхо хамчун ќонунхои тафаккур инкишоф дода шудаанд: аввали- дар ќисми якуми «Мантиќ» -таълимот дар бораи хасти; дуюми тамоми ќисми дуюм ва ќисматхои мухимтарини «Мантиќ»- таълимот дар бораи мохиятро дар бар мегирад; дар охир сеюми ба сифати ќонуни асоси зимни эчод кардани тамоми система хузур дорад. Иштибох дар он нухуфтааст, ки ў ин ќонунхоро аз табиат ва аз таърих содир накарда, балки онхоро аз мофавќ чун ќонунхои тафаккур хукм мекунад».72Ифодаи махсуси характери мутазоди инкишоф ин ќонуни табдилёбии таѓйиротхои миќдори ба сифати мебошад, ки дар «Илми мантиќ» - и Гегел бо хама чузъиёташ тахия шудааст. Мундаричаи ин ќонунро аз тобиши ирфонии он озод намуда, марксизм зимни тахлили равандхои иќтисоди, ичтимои, сиёси ва маънави онро истифода мебарад. Ф.Энгелс масъалаи асосии фалсафаро тавсифи материалисти дода, ќонуни асосии диалектика - ќонуни ягонаги ва муборизаи ба хам зидхоро дар чараёни инкишофи таъриху табиат тавзех медихад. Дар низоми ќонунхои диалектика ќонуни инкори инкор маќоми махсусро сохиб аст. Ин ќонун механизми пайдо шудани чизи навро аз кўхна, тавассути «баровардану бардоштан» ё инкори диалектикии мархилаи гузаштани инкишоф ифода намуда, ба самти умумии нкишофи низоми табиию таърихии чамъият ишора мекунад. Аз нуќтаи назари Энгелс предмети материализми диалектики ин омўзиши ќонунхои умумитарин, ќонунхои диалектикии табиат, чамъият ва маърифат, ќабл аз хама, тафаккур мебошад. Марксро ба хотири эчоди фалсафаи «нав» зарурат пеш омад, ки ба кашфу чустучўи асосхои методологии он машѓул шавад. Ў ба масъалахои диалектикаи солхои 50-уми асри XIX диќќати махсус дода, ба тадќиќи проблемахои иќтисоди сиёси машѓул мешавад. Нодида набояд гирифт, ки Маркс чунин мафхумхои диалектикаи гегели, аз ќабили зиддият, робитаи мутаќобила, худхаракатёбиро хело васеъ истифода намудааст. Маркс харчи бештар дар фалсафаи таърихи хеш «инкори инкори» Гегелро ба эътибор гирифта, онро барои тавзехи таърихи умумичахони истифода мебарад ва бо ёрии триадаи гегели (тезис, антитезис, синтез) хусусиятхои онро шарх медихад. Маркс дар чилди якуми «Капитал» чунин категорияхои иќтисоди ва зухуроти ба он мувофиќи хаёти чамъияти, аз ќабили мехнат, капитал, мол, пул, арзиши изофа, арзиш, арзиши истеъмоли, истисмор, истехсолот, музди кор, андўхт, таќсимот, «ќувваи коргари» ва ѓ.-ро тахлил намуда, хамаи инро хамчун ягонагии манзараи олам медонад, ки диалектикаи Гегел бо чунин тарз эчод кардааст ва ханўз дар чавони ин назари диалектикиро аз худ карда буд. Усулхои методи Гегелро, ки барои тахлили равандхои воќеии табиат, чамъият, шуур ва хаёти харрўза мувофиќанд, Маркс мавриди истифода карор медихад, харчанд ки айнияти методи хешро ба методи Гегел эътироф намекунад. «Методи диалектикии ман, - менависад ў, - бунёдан на танхо аз методи гегели фарќ дорад, балки бо он ихтилоф дорад. Барои Гегел раванди тафаккур, ки ў тавассути идеяхоро ба субъекти мустаќил табдил медихад, ин демиурги воќеият аст. Барои ман бошад, баръакс, идеалиёт чизе нест, чуз материалиёте, ки ба сари инсон гузоштаю ончо таѓйир дода шудааст».73 Кашфи гениалии Гегел – ин методи диалектикии ўст, ки ба системаи идеалистии фалсафиаш аз бисёр чихатхо зиддият дорад. Идеализми Гегелро бартараф намуда, Маркс ва Энгелс ба материализм, на ба материализми метафизикию механикии асри XVII, балки ба материализми диалектики омаданд. Наќши бузургро дар бартараф намудани тасаввуроти идеалисти ба Маркс ва Энгелс фалсафаи Фейербах бозид. Танќиди идеализм хамчун чахонбинии нозуку нафиси дини аз чониби Фейербах, дар муќобили идеализм гузоштани «материализми хаќиќи» ё материализми чахонфахми як ќадами пештаре дар муќоиса ба материализми асри XVII буд, ки онро К.Маркс хамчун хидмати таърихии Фейербах ќадршиноси мекунад. Махдудияти материализми антропологии Фейербахро рафъ намуда, бунёдгузорони фалсафаи марксизм дар баробари ягонагии табиату инсон шартхои ягонагии ичтимоии инсон ва табиатро тадќиќ намуданд. Хамин тавр, Маркс ва Энгелс материализми диалектикиро эчод намуданд, ки бунёди он диалектикаи материалисти мебошад. Материализми диалектики хамчун ягонагии узвии метод ва назария мохиятан аз фалсафаи пешомади худ, аз чумла аз сарчашмахои идеявии худ фарќ дорад, харчанд, ки идомаёбанда ва инкишофи бевоситаи он хам бошад. Аз нигохи Маркс диалектика дар хадди ратсионалии худ дар хар фахмиши позитивии мавчуд фахмиши инкори он, яъне халокати ногузир, хар шакли татбиќшавии онро дар харакат дида, зикр мекунад, ки инкишофи диалектики дар таѓйирёбии хеш пеши чизе итоат надорад ва мохиятан интиќоди ва инќилобист. Бунёдгузорони марксизм борхо таъкид мекунанд, ки барои фалсафаи диалектики хеч чизе абадан муќарраршуда, бидуни шарт ва муќаддас вучуд надорад. Дар хама чиз ў мўхри фаношавии ногузирро дида ва хеч чизе пеши он наметавонад устувор бошад, чуз раванди бетанафуси пайдошавию нестшави, болошавии беохир аз сатхи поён ба оли. Хамин тавр диалектика, барои Маркс, ин «илм дар бораи ќонунхои умумии харакати чи олами беруна ва чи тафаккури инсони» мебошад. Методи диалектики хатман дар худ назари таърихиро ба тавлиди таърихи воќеи ва тасодуфхои он фарогир аст. Манбаи инкишофи диалектикаи материалистиро бунёдгузорони марксизм дар чамъбаст ва дарк намудани тачрибаи чамъиятию таърихи, дастовардхои табиатшиноси ва илмхои чамъиятшиноси мебинанд. Энгелс дар назар дошт, ки бо хар як кашфи бузург, табиатшиноси шакли худро дигар мекунад. Кашфиётхои бузург дар табиатшиносии асри XIX, пеш аз хама кашфи хучайра, ќонуни баќо ва табдили энергия, таълимоти эволютсионии Дарвин шархи худро аз мавќеи материализми диалектики дарёфт карда, аз бисёр чихат шакли табиатшиносиро дигаргун сохтанд. Дар заминаи ин кашфиётхо Энгелс тезисро дар бораи ягонагии материалии олам тахия намуда, шаклхои асосии харакати материя ва робитаи мутаќобилаи онро ном мегирад. Хамаи ин имкон дод, ки манзараи низоми ягонаи табиат мутобиќ ба тасаввуротхои илмии охири асри XIX тахия гардад. Материализми диалектикиро Маркс ва Энгелс тахия намуда, ба ѓайр аз диалектикаи субъективи (ё бошуурона) дар бораи диалектикаи объективи, ки дар тамоми табиат хоким аст, харф заданд. Диалектикаи субъективи, диалектикаи тафаккур танхо инъикоси хамон харакати зиддиятхои дар табиат хоким будааст, ки хаёти хамеша дар мубориза ќарор доштаи табиат ва раванди ба якдигар табдил ёфтани ин зиддиятхоро, мусоидат менамояд.74 |