Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 14. Фалсафаи постмодернизмТахаввули постмодернизм. Постмодерн хориќаи мураккаб, гуно-гунранги ичтимоъфарханги ва фалсафиест, ки дар чомеаи ѓарби солхои 70-80-уми асри ХХ пойдор гашт. Постмодерн истилохи байналмиллалии фанни ба шумор омада, (онро Р.Паннавитс соли 1917 ба доираи истифода ворид кард), чунин фахмида мешавад: хамчун шакли худхамшабехгардонии маданияти ѓарби-аврупои; хамчун тарзи хаёт, низоми оламэхсоскунии арзиши ва амсилаи муносибат ба олам, ки дар чомеаи пасосаноати шакл гирифт; хамчун мачмўи ѓояхои фалсафию ичтимои, ки замони «навтарин»-ро тавсиф медихад. Постмодерн дар Аврупо пайдо шуда, вазъияти нави ичтимоъфарханги-ќатъгардии алоќа бо замони гузашта, тафтиши хама лоихахои маданиро (ба шумули лоихахои фалсафи) ифода мекард. Муќобилгузори бо замони гузашта бо пешванди «пост»(ба точики-«пасо») маъмул гашт: пасомуосир (постмодерн), пасоколлективизм, давраи пасоиќтисоди, пасотамаддуни. Назариётчиёни постмодерн инхоянд: Ж.Ф.Лиотар, М.Фуко, Э.Деррида, Р.Барт, Ф.Гваттари, Ж.Делез, Р.Рорти,Ж.Бодрийар. Бисёр постмодернистон аз рўйи маълумот филологу адабиётшиносанд (У.Эко), ки ин дар сатхи бештаре таваччўх ба матн , ба характери бадеии он ва баробархуќуќии унсурхои онро, ки дар намуди бозихои забони мавчуданд, муайян кард. Постмодерни таърихи гузаришро аз Замони Нав (modern) ба муосир (modernity) ифода кард ва харифи мунозиравии арзишхои фалсафи ва мадание баромад намуд, ки дар чорчўбаи зехнияти (менталитети) аќлонии асри ХV11 ташаккул ёфт. Даврони Модерн характери аврупомаркази дорад ба сарчашмахои атиќи мерасад (Лиотар Арастуро аввалин модернист мехисобад). Саноатикунони, кўчиши дехотиён ба шахр (урбанизатсия), фардгарои (индивидидуализм) аз таъсири масочиду калисо рахои ёфтан, оммави будан, ќолаби будан ва ихтисосмандикунониро бояд параметрхои асосии чомеаи модерн махсуб кард. Дар сохаи назарияви аносири мухимтарини лоихаи модерн хиради маорифпарварона (ратсионализм), бунёдгарои (фундаментализм)-чустучўи асосхои устувор ва кўшишхо ба муайяният, универсализми наќшахои ташрехи ва назарияхои чамбасткунанда мебошанд. Барои асри хирад эътиќод ба пешрафт ва тачдиди мутассил, инсонгарои, озоди, инќилоб, яъне он чизхое хосанд, ки пасомуосир (постмодерн) инкорашон карда, хаёлпарастии хатарнокашон мехисобад. Постмодерн аз лихози ичтимои-таърихи ин «мантиќи мадании сармоядории дерист». Дар ин муносибат постмодерн чун «афзоиши идоранашавандаи мураккабият» (Ж.Ф.Лиотар), «давраи бетартибии афзояндае, ки табиати хамагони дорад», баромад мекунад. Маданияти иттилооти омили мухимтарини истиќрори постмодерн буд, сабабгори гузариш аз истехсоли чизхо (модерн) ба истехсоли аломатхо, рамзхо, иттилоот гашт. Тамоюлоти арзишии постмодерн дар нисбати тамоюлоти модерни комилан дигаранд. Агар модерн озоди, баробари, бародари, инчунин ормони «чомеаи комил» ва «инсони комил»-ро арзишхои асоси хисобад, дар постмодернизм озоди, гуногунранги, тахаммулпазири ва назаркуни ба чомеа, ки дар он «хама муаллиф ва актёранд », чунин арзишхои асосианд (Луман). Мафхумхои калидии постмодерн чандандеши (плюрализм) ва деконструктивизм мебошанд, ки ќатъиян даст кашидан аз ѓояхои том, универсали ва мутлаќ, аз «гранд-парративхо» («саргузашту наќлхои калон» ва баён (тасвир) – хои илми), инчунин аз расму тартиби тахлилии чустучўи маъноро дар назар доранд. Бо худи хамин образи «провокативи»-и илм бунёд карда мешавад, ки худро дар зарурати кардани исбот, озод намудан аз хурофот, ќонуни эътироф кардани донишхо дар тамиизоти (экспертизахои) илми, истифода бурдан аз диалектикаи аќли (спекулятиви) мукаммал мегардонад. Аммо постмодерн имконияти «парративхо»-и нав, ба мисли перфоманс-воќеанокии чори, вазъиятноки, симулакр (танзими эчодии воќеияти сунъи сохташуда); самараноки (на ин ки хаќиќат); забон ва иртибот (коммуникатсия) хамчун манбаи ќонуни эътирофшавии донишхо; мухимияти вазоифе, ки ба «ин чо ва холо» мансубанд, даст намекашад. Интеллектуализми постмодерн муносибати релятиви, ѓайриаќлони (ирратсионали), инкоркунандаги (нигилисти)-ро ба дастовардхои маданият ба думбол дорад. «Маъно на ба баландию на ба умќ мутааллиќ нест. Хама чие дар сатх рўй медихад» (Лиотар); «Хеч чизе на он ќадар аст»; «Фаромўш кардан!»; Хеч чизе кафолат дода нашудааст»; «Сухан мекунам, пас, вучуд дорам»; «Бар хамин андешаам, аммо чи хеле бихохед, метавонам». Постмодерн корхои зиёде ба сомон расонд, то ки тафаккурро аз наќшахою ќолабхои шахшуда, мифологемхои кўхна, махдудияти манзараи позитивистии олам озод кунад ва ба онхо тахайюли эчоди, фазилати таърихи-фалсафи, истеъдоди адаби, мачознокиро муќобил гузорад. Дар баробари ин танќиди мўхлики арзишхои анъанави, меъёрхо ва танзимкунихо барои он ба амал бароварда мешавад, ки ба намунаи нави истеъмолкунандаи маданияти чой озод шавад, ки барояш иттилоъ арзиши парастишист. Бо ин постмодерн худро хамчун шакли муќтадири бегонакунии инсон аз лоихарезии аќлонии маќсаднок ва амали (таъсири) ичтимои зохир намуд. Оё постмодернизм аќлгаройи (ратсионализм)-и классикиро ба майдон металабад? Постмодерн дар оѓўши дониши гуманитари ва фалсафаи ѓарбии тахлили пайдо шуда, хусусиятхои амиќи бўхрони аќлгароии классики, стсиентизм ва гуманизмро зохир кард. Манбаъхои фалсафии постмодерн феноменология, структурализм, экзистенсиализм, герменевтика хастанд. Аниќияти таърифи навоварихои ѓояви ва дидгохии (консептуалии) постмодерн ба чихати талфифи (компилятиви) будани андеша, тасвиятхои ултрадиалектики, неологизмхои зиёд, назокати услуб, вусъати мавзўии нашарот, начозпоки душвор гардидааст. Консепсияи сохтзудойи (деконструктивизм) –и Ж.Деррида. Сохтзудойи хамчун нахзати мустакили фикри дар дохили наќди фалсафи ва адаби ташаккул ёфтааст. Ин нахзат аз дили сохторгаройи, ки чонибдори айнияти илми, хифзи фосила (аз маосили мавриди барраси) ва чомеъият буд, баромада дар шикастани анъаноти роичи андешаронии суннати ќадаме пештар аз сохторгаройи гузошт. Чонибдорони аслии он аз Жак Деррида, Жак Лакан, Жулио Криставо, Чон Франсуа Лиотар, Ролан Барт бо навиштахои мутаахираш иборатанд. Ин нахзат аслан хамрадифи пасомодернизм ќадам мезанад ва оѓози он дар Фаронса ба охирхои дахаи 1970 рост меояд. Аз ин чо баъдан нахзати мазкур ба дигар ќисматхои Аврупо ва Амрико доман пахн намуд. Сохтзудойи дар баёни андеша ва интихоби ќолаби фикрияш маншаи зиддисуннати дорад ва ин дар зиддияти он бо мобаъдултабиъа ва суннатхои мафкуравии роич зохир мешавад. Дар баёни андешаи фалсафияш сохтзудойи муддаи аст, ки бештари навиштахои фалсафи дар суннати ѓарби беихтиёр худро ба далели нотавони дар хифзи мафрўзотие, ки бар пояи он устуворанд, ноустувор мекунанд. Намунае аз ин амр дар наќди Деррида аз Леви Стросс ба назар мерасад, ки дар он чо Деррида ба ин фикр моил аст, ки тобу ба зино бо махорим табии аст, аммо бо ин хол бояд бо мучозоти ичтимои зўран мувочех шавад, тазод ва муѓойирати зербинойи вучуд дорад. Намунаи дигар аз китоби «Эмил» -и Руссо ба даст меояд: чунин иддао шудааст, ки табиати равонии занон бо мардон тафовут дорад, аммо занон набояд (на ин ки наметавонанд) хамон муносибату касбхоеро пайрави кунанд, ки мардон пайрави мекунанд. Бинобар андешаи намояндагони мактаби пасосохторгаройи хеч гуна суботи маъно, ё бар асоси вожашиносии Деррида, хеч гуна «метафизикаи хузури» ё дар забон вучуд надорад. Ин мавќеи пасосохторгароён бархилофи назари Соссюр аст, ки тибќи он маънои калимахоро метавон аз тариќи маънои калимахои дигаре, ки дар хамон чумла ё ибора паси хам меоянд дарк намуд. Истидлоли пасосохторгароёна ин аст, ки маънои калима ба ин тартиб собит намешавад, зеро маънохои дигар калимахо низ ба хамон андоза бесубот аст. Хамвора бо ин мавзўъ ин назари кулли матрах аст, ки маънои матни адаби низ ба хамон тартиб номуайян аст. Ин хукмро метавон ба яке аз ду тариќи зерин дарк кард: ин ки ба ивази он, ки фаќат як тафсири ќатъи ва мўътабар аз асари адаби вучуд дошта бошад, метавон маънои зиёде барои он пайдо кард; бо ин ки матн мумкин аст ѓунчойиши хар тафсирро аз хар сухан дошта бошад. Иддаои «мўътадилтар» муфид воќеъ мешавад, зеро ба рўйкардхои чадид дар ќаламрави наќди адаби имкон медихад. Бархе аз пососохторгароён, аз чумла Деррида, аз мавзўи тадоъии калимахо дар кори Соссюр дар бораи забон бахра бурдаанд. Ин гуна тадоъи аз ончи бинобар ќавли изхоршуда табиати умуми ва ќоидамандии забон аст, рахои меёбад ва намунае бартар аз озоди ва халокият шумурда мешавад. Маќолаи Деррида «Шибулит» (дар асл ин калима дар достоне аз Китоби Муќаддас калимаи рамз ё исме аст, ки афроди Гилид барои ташхиси афроди ќабилаи Афроим (Наводгон чавонтарин фарзанди хазрати Юсуф аз ќабилаи бани Исроил), ки дар холи фирор буданд, вазъ карданд: чун афройимихо «ш»-ро «с» талаффуз мекарданд, ин собиќа дар тадоъии вожахои Деррида мўчиби тадоъии вожгуни вожахои масъалаи дигар шудааст, ки барои ташхис ва тамойизи бархе ќабилахои ќавми яхуд истифода мешавад, яъне хатнашудаги ё нашудаги ва тадоъии вожахо идома пайдо кардааст), фарогири тадоъии вожахои зерин аст: «шибулис», хатна», «шолгардхо», «халќхо» ва дар баробари онхо калимахои олмони низ тадоъи шудаанд. Ин бидуни шак бахрачўйи аз хукми Соссюр мабни бар ин аст, ки таќсим ва ба шохахо чудо шудани забонхои табии на амри ќатъи, балки дилхох аст. Дар доираи постмодернизм минбаъд равияи дигари фалсафи бо номи сохтзудойи (деконструктивизм) ба вучуд меояд. Яке аз поягузорони ин равия файласуфи фаронсави Жак Деррида мебошад. Асоси афкори ўро тачзия ва тахлили матн ташкил медихад, ки хадаф аз он нишон додани бесуботи ва набудани ќатъияти зотии маънои матн аст. Дар ин чода Деррида таваччўхро ба ошкоркунонии мохияти ичтинобнопазири матни хама гуна осори фалсафи чалб мекунад. Ў эхсос мекунад, ки файласуфон бештар аз хама сайъ дар исботи мавчудияти маънои асли, ягонаи матнхо мекунанд ва барои исботи ин силсилаи далелхоро меоранд. Деррида баръакс дар сахнаи андешаронии фалсафии баъдазафлотуни худро дар муќобили дигар файласуфон мегузорад. Зеро, ба андешаи ў, ин андешамандон ба тамоюл ба «метафизикаи хузур» чунин мепиндоштанд, ки маъно мохиятан собиту мушаххас аст ва метавон онро дар куллият пайдо кард. Фалсафаи Ѓарб дар ин маъно «калимамехвар»(logocentrism) аст, зеро он пойбанди аќидае аст, ки гўё калимахо ќобилияти интиќоли беолоиши маънои дар зехни фард чойдоштаро доранд. Ба андешаи Деррида, ин сахех нест ва бинобар ин ў тархи «овомехвари»-ро барои фалсафаи Ѓарб пешниход менамояд, ки тибќи он сухани баёншаванда бо сабаби наздиктар будан ба андешаи асли нисбат ба каломи навишташуда маънохоро ба шакли асилтар интиќол медихад. Аз чониби дигар, тибќи назари Деррида, мушаххасоти маънибози дорои тафовутхо аст ва тамоми осору таълифоти вай барои нишон додани воќеияти ин матлаб нигаронида шудаанд. Бо ин ў маќсади таккон додани зербинои андешаронии фалсафии классикиро пеши худ мегузорад ва аз ин чихат хам онро сохторзудо номидаанд. Чуноне ки маълум гашт, тахќиќотхои фалсафии Деррида аз бисёр чихатхо хусусияти забоншиноси доранд, харчанд решахои тафаккури ў дар падидашиноси ќарор дорад ва нахустин асари нашркардааш ба шарху тафсири осори Гуссерл бахшида шудааст. Яке аз хадафхои аслии танќиди Деррида аз усули андешаронии фалсафии Ѓарб ба он нигаронида шудааст, ки пояи боварии усулиро ба суботи хамешагии маънои мафхумхо, калимахо ноустувор нишон дихад. Барои татбиќи ин андешаи худ Деррида ба он таъкид мекунад, ки матни фалсафи чандинтабаќа буда, даъвои он ба ќотеъияти якмаънои беасос аст. Барои исботи ин фикр ў, пеш аз хама, дар матн маќсади пайдо кардани мафхумхои такягохи ва ќабати мачозии онхоро пеши худ мегузорад. Матни чиддан якмаъно вучуд надорад, зеро дар он замонхои гуногуни таърихи нишона, маънохо, акси худро мегузоранд. Хадафи фалсафа дар мавриди наздик шудан ба ин матнхо бояд аз пайдо кардани махз хамин нишонахо, маънохо ва аксхо иборат бошад. Зеро махз дар бозии ин маънихо тору пуди матн бофта мешавад ва матн пайваста барои хондани минбаъда бо маќсади дарёфти маънихои тоза худро дар маърази таваччўхи сохибназарон мегузорад. Масалан, симои Суќрот дар диалоги бо хамин номи донишманд маъруфи Афлотун хамчун «фармакос»(сохир, чодугар) пеши назар меояд, ки маргаш ба асари «фармакона»(захр) ўро «фармакос»(бомаки паст, гўсфанди ќурбони) намуд. Чуноне ки мушохида мешавад, Деррида дар ин китобаш тахти унвони «Дорухонаи афлотуни» дар атрофи калимаи мехварии матни классикии Афлотун «фармакос» маънохои дигари бо ин калима алоќамандро пайдо намуда, пайрохаи тайнамудаи хаётии Суќротро нишон додааст. Хамин тавр, ба андешаи Деррида, хозираи зинда, хамзамони вучуд надорад, зеро дар он гузашта хам акси худро мегузорад ва оянда низ тарху пешнависи шакли эхтимолии худро наќќоши месозад. Ин тавсифи Деррида аз замон то андозае монанди бо он тавсифе, ки дар давраи худ Августини Муќаддас ба замон дода буд, наздикии нисби дорад. Чуноне ки медонем, ба андешаи Августин, фаќат замони хозира вучуд дорад ва таќсимбандихои марбут ба гузаштаю ояндаи он аз хамин замони хозира вобастаанд. Бинобар хамин хам мо метавонем тафсири замонро чунин баён кунем: хозира, хозираи гузашта ва хозираи оянда. Вале Деррида ин масъаларо дар заминаи тахлили матнхо собит месозад. Ба назари ў, хозира бархўрди бепоён бо «тафовут» ва «деромад, таъхирпазири»(diferrent) дорад. Дар асл якумин барои он аввал аст, ки пас аз он дуюмин меояд: махз хамин «дуюм» ба хотири омаданаш имконияти мавчудияти «якумин»-ро фарохам меорад. Пас маълум мешавад, ки он чи ибтидоист ба худ шабохат надорад ва нусхаю такрор, нишонахо нисбат ба он чизе, ки асл дониста мешавад, аввалият доранд. Хамин тавр харакати махсуси такмилёбию табдилёбие, ки зохиран монанд ба диалектика мебошанд, ба амал меояд. Такмилхо аз берун ба куллияти худкифоя хамрох карда намешаванд, балки ба он чизе, ки норасоиро хис мекунанд, изофа карда мешаванд. Зеро кулл кулл нест ва ба он чизе хамрох, изофа карда шудааст ва барои чизеро ба он изофа кардан хамеша кушода аст. Тафаккури метафизики (куллигаро ва ба чустучўи асл таваччўхдошта) аслан моил пок кардани нишонахо, чизхои ба назар ноаёне аст, ки хузур доштанро имконпазир месозанд. Ин худ фахмост, зеро дар бораи хузурнадошта фикр кардан хеле душвор аст ба хотири он, ки тачрибаи андешарони озмоиш, тааммули ягон чизро дар хозира таќозо мекунад. Аз ин рў, хеч кадом тачрибаи фардии моил ба тафовутчўи наметавонад ханўз фалсафаи хузурро инкор кунад. Дар ин замина калимаи diferrent шояд яке аз шинохташудатарин ва маъруфтарин мафхуми Деррида аст, ки барои нишон додани табиати пайваста таѓйирёбандаги ва номуайяни доштани маънои истилоху калимахо аз чониби ў хамеша мавриди истифода ќарор мегирад. Мишел Фуко аслан дониши тахассусиро дар риштаи фалсафа гирифтааст, вале дар асархояш таваччўхи бештар ба масъалахои хусусияти равоншинохти дошта мушохида мешавад. Вай дар мархилахои гуногуни ташаккули афкори фалсафияш майл ба марксизм, сохторгаройи, таълимоти Фрейд дошт, харчанд ў баъдан таъсири андешахои ин ба ин равияхо хосро ба афкори фалсафии худ пайваста инкор менамуд. Фуко дар мавриди омўзиши мавзўъхои фалсафи онхоро дар заминаи таърихи пайгирона барраси намуданро афзалият медод. Истифодаи ин равиш дар баррасии масъалахое, чун: муносибат ба чунунзадаги (девонаги) дар чомеаи аврупойии пас аз замони Эхё ва вобаста ба ин тахаввули низоми зиндонхою эчоди ќонунхои ба танзими ин падида равонагардида, таѓйирёбии муносибат ба амалхои чинси дар даврони бостон ва ѓ. равшан мушохида мегардад. Дар тахќиќотхои Фуко оханги зиддиравшангаройи ё зиддимаорифпарварона огохона баланд садо медихад. Вай дар китоби «Низоми чазохо» дар шакли ошкоро «марги инсони»-и дар ќолаби аќлонияти хос тасаввуршавандаеро, ки маорифпарвари пешниход намуда буд, эълом медорад ва хаммонанди аксари андешамандони сохторгаро чунин ќазоват мекунад, ки эътимод ба мўхтавои мафхуми «инсон» бахусус «инсони нотиќ» ё «хирадпеша» ходисахои таассуфбореро (чангхои чахони, ихтирооти аслихахои маргбор, истисмор) барои чомеахои башарии муосир армуѓон овард. Фуко дар китоби «Девонаги ва бешуури» (1941) тахаввулеро дар тахлили ичтимоии падидаи чунунзадаги дар даврахои муайяни инкишофи чомеаи аврупойи, бахусус бо мурури воридшави ба давраи саноатии инкишоф, ба миён овард. Тибќи он бо мурури воридшави ба давраи саноатии инкишоф ва пайрави усулхои аќлонии танзими муносибатхо ва вокуниши чомеахо низ ба зухури рафторхои аъзои чомеа дигаргун мешавад. Масалан, муносибат ба чунунзадаги дар даврони пештар аз инкишофи соноати дар кишвархои аврупойи нисбатан тахаммулпазир буд ва онро махкум намекарданд. Бинобар ин дар зухури чунин рафтор нишонаи воридшавии халалро ба суботи низоми ичтимои мушохида намекарданд. Вале бо мурури ба зинаи инкишофи саноати боло рафтани чомеахо эхсоси тахдиди зухури ин падида ба суботи ичтимои бештар мегардад ва аз ин рў, чомеахои мазкур бо масъулият ба танзими он даст мезананд. Барои халли ин «мушкили»-и ичтимои чомеахои мазкур ба эчоди ниходхои махсус (дармонгоххою статсионархо барои беаќлхо) ва силсилаи ќонунхои барои аз атрофиён чудо кардани афроди мубталои ин вазъ даст мезананд. Акнун ин вазъе, ки дар замони пештар хамчун тачаллии ќудрати офаридгор арзёби мешуду одамон нисбати чун афрод тахаммулпеша буданд, аз ин пас зухури он хамчун бемори мафхумбанди мегардад ва нисбати атрофиёну риояи низоми рафтори машрўъиятдоштаи ичтимои хатарнок шуморида мешавад. Фуко ин тарзи муносибатро ба падидаи мазкур яке аз шаклхои зохиршавии тахдиди бартарият пайдо кардани аќлоният (ратсонализм) мешуморад, ки он барои тахкими пояи ќудрати идори хидмат мекунад ва харгуна падидаи мухолиф ба вусъати ин ќудрат минбаъд дар истилохи «беаќли», «бехиради» маънидод мешавад. Фишангхои саркўб кардани зухури чунин падидахои марбут ба «беаќли», «бехиради» ва ѓ. дар доираи ниходхои махсус, аз чумла зиндонхо, хеле нозукона тархрези мегардад. Яъне, ба андешаи ў, ниходина (институтсионализатсия) шудани ќудрат дар асоси афзалият додан ба меъёрхои аќли боиси «хатарнок» эълон шудани хамагуна зухуроти «бехиради» барои таъмини суботи ичтимоию сиёси арзёби мегардад. Хамин тавр, тахлили ќудрат ва вобастагии суботи он бо дарачаи аќлонияти тобеъонаш минбаъд яке аз чанбахои мухим дар саросари фаъолияти эчодии Фуко мегардад, ки он дар хамаи осори таълифкардааш ба чашм мерасад. Тавсифи неопрагматизми посмодернизми Р. Рорти. Ричард Рорти (1931) файласуфи амрикойи, намояндаи фалсафаи пасотахлили ва амалгаройи мебошад. Ханўз дар яке аз бобхои китоби аввалинаш «Чархиши забони» тахти унвони «Мушкилоти фарофалсафии фалсафаи забон» оид ба масъалаи хоси равиши фалсафаи пасотахлили фикри чолибро иброз дошта буд. Баъдан андешахояшро марбут ба ин масъала дар асари машхураш «Фалсафа ва ойинаи табиат» инкишоф дод. Ба аќидаи Рорти, зехн ба сифати ойинаи зехни ё субъектив аз табиати айнии хоричи хузури конеъкунанда ва ѓолиб дар андешаи ѓарби, хадди аќал аз замони Декарт, доштааст. Вай ба ин бовар буд, ки дар паси баёни масоили мутадовили маърифатшиноси навъе тазод байни зехн ва табиат вучуд дорад. Ин тазод, хангоме ки зехн (ба унвони сахнае барои бознамойихо (презентатсия) дар ќарни бистум чойи худро ба забон дод, масоили маърифатшиноси ба шакли масоили забони даромаданд. Аз ин рў, фалсафаи муосирро метавон, ба андешаи ў, хамчун «фалсафаи адаби» баён кард. Андешахои умумии ўро оид ба фалсафа чунин баён кардан мумкин аст: 1) агар хаќиќати фалсафа ноб ва безамон нест, аммо дарбаргирандаи арзишхои амали аст. Махз дар масъалаи баёни мўхтавои хаќиќат ў мансубияташро ба равияи амалгаройи эътироф мекунад; 2) Рорти зехни бознамояндаро сарчашмаи масоили зербинойи фалсафи медонад. Дар ин замина ў фалсафаро ба «манзалаи навъе аз нависандаги» тавсиф менамояд. |