Главная страница
Навигация по странице:

  • Николай Алексадрович Добролюбов

  • Дмитрий Иванович Писарев

  • Георгий Валентинович Плеханов

  • Владимир Илич Ленин

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница38 из 41
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41

    Николай Гаврилович Чернишевский (1828-1889) ва тарафдорони ў дар инкишофи ѓояхои инќилоби демократи ва фалсафаи озодандеши дар Россия мархилаи наве кушоданд.

    Чернишевский дар шахри Саратов дар оилаи рўхони таваллуд шуда, дониши ибтидоиро дар як мактаби дини гирифтааст. Баъд ба донишгохи Петербург дохил шуда онро хатм кардааст. Чернишевский ханўз давраи донишчўи ба хаёти сиёси ва мафкуравии Россия таваччўх зохир намуда, осори Белинский, Гертсен, Огарёв назар карда, Гегел, Фейербах, Фуре ва дигар мутафаккирони аврупоро омўхта аз худ карда буд.

    Чернишевский пас аз хати Донишгох дар гимназияи шахри Саратов ба хайси муаллим кор карда, хиссиёти нафратовари талабагонро нисбати тартиботи хукмфармоии он давра ба чунбиш меовард ва баъдтар ба Петербург омада ба мачаллаи «Ёдоштхои ватан» хамкори карда, сипас мачаллаи чадиде бо номи «Хамзамон» таъсис дод. Дар он асархои фалсафи, ичтимои ва адабии худро нашр мекард.

    Вай барои иштироки фаъолона дар муборизаи мафкурави бар зидди хокимияти мутлаќа ва тарѓиби аќидахои инќилоби дар ќалъаи Петропавловск хабс карда шуд.

    Чернишевский дар ќалъаи Петропавловск ќиссае бо номи «Чи бояд кард»-ро менависад, ки дар ташаккули идеологияи инќилобии Россия ва хорича наќши бузурге бозид.

    Чернишевский хамчун инќилобчии босубот бо ибтикори фидокоронаи худ дар харакатхои инќилобию озодихохонаи халќи рус таъсири бузурге расонидааст.

    Асархои ў «Муносибати эстетикии санъат ба воќеият», «Танќиди ѓалатфахмихои фалсафи бар зидди тасарруфоти чамоави», «Принсипи антропологи дар фалсафа» ва «Харак­тери донишхои инсони» мебошанд. Вай тавассути ин осораш дар коркарди назарияхои пешќадамонаву инкишофи анъанахои озодандешию диалектики дар Россия сахми пурарзише гузоштааст.

    Чернишевский чараёнхои мафкуравиро тахлил карда ба хулосае меояд, ки онхо на танхо дар сиёсат, балки дар фалсафа, чомеашиноси, иќтисодиёти сиёси ва эстетика хам ихтилофи шадидашон мушохида мешавад.Вай фалсафа, иќтисодиёти сиёси ва дигар сохахои хаётро бо сиёсат алоќаманд дониста, таъсири афкори сиёсиро дар рушду инкишофи аќоиди фалсафи, иќтисоди, эстетики ва ахлоќи эътироф мекардааст.

    Чернишевский олимонеро сарзаниш мекард, ки кўшиш мекарданд исбот кунанд, ки файласуфхо, чомеашиносон ва иќтисоддонон бояд ба сиёсат бегона бошанд. Чернишевский фалсафаи худро пурра дар хизмати инќилоби демократи гузошта, бар зидди чараёнхои зиддиинќилобию зиддихалќи муборизаи беамон мебурд. Ў вазифаи фалсафаро аз халли масоили умумии илмхо, муносибати тафаккур ба хасти, рўх, ба материя, озод будан ё набудани иродаи эшон, мурдан ё намурдани рўхи инсон ва ѓайра иборат медонист.

    Чернишевский идеализми Кант, Шеллинг, Гегел, Прудон, Конт, Милл ва дигаронро мавриди интиќод ќарор медод. Мутафаккир худашро ба он чараёни фалсафи, ки материалистон Демокрит, Лукретский, Голбах, Дидро, Фейрбах, Гертсен, Белинский пайрави мекарданд, алоќаманд медонист.

    Мувофиќи аќидаи Чернишивский, табиат новобаста аз шуур ва ќабл аз он вучуд дорад. Ба табиат он тавр бояд нигох кард, ки химия, физика ва дигар илмхои табиатшиноси мефармоянд. Дар табиат материяи мухталифчинсу гуногунсифат вучуд дорад, ки онхо бо хамдигар бархўрд карда, дар табиат хаётро ба вучуд меоранд. Аз ин рў, мавчудоти олам дар холати бахамтаъсиррасони вучуд доранд.

    Шаклхои асосии мавчудияти материя, фазо ва ваќт мебошанд. Материя метавонад аз як холат ба холати дигар гузарад.

    Чернышивский ба маълумотхои физиология, химия ва антропология такя карда, идеяи ягонагии организми инсонро инкишоф медихад. Вай тасаввуроти аз ду мабдаъ иборат будани инсонро рад кардааст, зеро инсон танхо аз як чавхари модди иборат аст ва тамоми фаъолияти рўхонии ў инкишофи чавхари моддиаш аст.

    Назарияи маърифати мутафаккир чанбаи озодфикрона дошта ва шаккокону мункирони донисташавандагии оламро танќид мекард. Барои ў манбаи дониш тачриба, эхсос ва инъикоси таъсири ашёи беруна аст.Чунин мехисобид, ки хайвонхо низ шуур доранд, вале шуури инсон ба шакли олии такомул расидааст. Аз ин рў, инсон тавассути шуури худ олами атрофро дарк мекунад ва дар он падидаву ќонунхои нав меофарад ва асрор мавчудотро ошкор месозад.

    Дар фалсафаи Чернишевский тавзехи унсурхои антропологи ба мушохида мерасад. Ў харчанд инсонро хамчун махсули муносибатхои ичтимои-таърихи намефахмид, вале ба дарки ин мафхум то андозае наздик расида буд.

    Чернишевский Канту позитивистонро низ мавриди интиќод ќарор медод, чунки онхо манбаи воќеъии дониши инсониро муайян карда наметавонистанд ва мутафаккир тасдиќ мекард, ки донишхои назарияви ба манфиати хаёт бояд хизмат кунад. Вай чун дигар намояндагони ѓояхои инќилоби демократии рус зарур медонад, ки масъалахои назарияви дуруст хал карда шаванд, зеро хатогихои назарияви, албатта, ба зиёнхои тачрибави оварда мерасонанд.

    Чернишевский Белинский ва Гертсенро пайрави карда, нуќтахои диалектики онхоро инкишоф медод. Диалектикаи Гегелро дастоварди мухими донишхои фалсафии замони нав ва силохи буррое дар мубориза бар зидди иртичоъпарастони хама гуна инкишоф мехисобид. Бо вучуди ин, Чернишевский монанди Белинский ва Гертсен низоми фалсафии Гегелро танкид карда мегуфт, ки ў диалектикаи худро ќубони низоми фалсафии худ кардааст.

    Аз таълимоти диалектикии инкишоф ва интиќоли шакли кўхна ба шакли нави он, мутафаккир хулосахои пешќадамонаи инќилоби мебаровард. Диалектика барои ў хамчун асоси назарияви, зарурияти муборизаи табаќоти, инќилоби халќи, зухури ормонхои ичтимои ва пешрафти таърих хизмат мекард. Вай ќайд мекунад, ки инкишофи ичтимои на муназаму хамвор, балки тавассути муборизаи шадиди байни фаќирону боён ва дорандагону нодорон ба миён меояд. Аз нуќтаи назари ў тафриќаандозии табаќави аз нобаробар таќсим кардани сарватхои модди сар мезанад. Чернишевский дар тараќќиёти ичтимои бештар ба амали ќонуни инкори инкор ахамият медод.

    Хамин тариќ, демократизми инќилоби, аќидахои фалсафи, эстетики ва ичтимоии Чернишевский аз он дарак медиханд, ки ў мутафаккири асили то марксистии рус буд.

    Намояндаи дигари инќилобчиёни демократи рус, шогирд ва тарафдори ѓояхои инќилоби, ичтимои ва фалсафии, Черни­шевский Николай Алексадрович Добролюбов (1836-1861) буд.

    Добролюбов дар шахри Нижный Новгород дар оилаи рўхони ба дунё омадааст. Ў дониши ибтидоиро дар як мактаби дини гирифта, сипас дар донишгохи педагогии шахри Петербург идомаи тахсил кардааст. Баъди хатми донишгох Добролюбов бо хамрохии Чернишевский ва Некрасов дар мачаллаи «Хамзамон» хамкори кардааст.

    Чахонбинии ин мутафаккири бузург тахти таъсири осори Белинский, Гертсен, Огарёв ва Чернишевский ташаккул ёфтааст. Илова бар ин Добролюбов асархои Бэкон, Руссо, сотсиалистони хаёли, Гегел, Фейербах ва дигар файласуфону мутафаккирони гузаштаро омўхта аз бар кардааст.

    Добролюбов монанди Чернишевский хокимияти мутлаќа ва хуќуќи крепостноиро мавриди танќид ќарор дода, онро душмани муборизаи озодихохона ва инќилоби демократи медонист.

    Добролюбов дар фалсафа пайрави Чернишевский буд ва анъанахои озодфикриро дар Россия идома медод. Ў инсонро мавчуди ягонае медонист, ки дар он чисм ба рўх ѓолиб меояд. Шуур бошад, асоси модди дошта, бо фавтидани чисм хама гуна фаъолияти хиссию равонии худро гум мекунад. Маѓзи сари инсон асоси моддии шуур аст.

    Ба аќидаи Добролюбов, табиати моро ихотакарда новобаста аз одамон, ќонунхои худро дорад, ки мувофиќи онхо амал мекунад. Аз ин рў, табиат на бесарусомонии тасодуфист, балки табиат як раванди ќонунист. Инсон ин ќонунхоро таѓйир намедихад, балки онхоро кашф карда, дар фаъолияти амалии худ ба кор мебарад.

    Добролюбов бар зидди онхое, ки харакатро аз материя чудо медонистанд,баромада ќайд мекунад, ки харакат берун аз материя набуда, хосияти чудонашавандаи он аст ва материя бе он вучуд дошта наметавонад. Дар табиат хамаи мавчудот аз содда ба мураккаб ва аз нопурра ба пурра тадричан мегузаранд, вале дар хамаи ин холатхо материя яксон буда, танхо дар мархилаи гуногуни рушданд.

    Добролюбов масъалаи назарияи маърифатро низ аз озодандешона шарх дода, таълимоти идеалистиро доир ба зоти ё фитри будани идеяхо танќид мекунад ва хамчунин агностик ва шаккоконро, ки дониши инсонро рад мекунанд ё зери шакку шубха ќарор медиханд, мавриди танќид ќарор медихад.

    Дар таълимоти Добролюбов баъзе унсурхои диалектики низ ба чашм мерасанд. Ў назарияи «принсипи абадият ва таѓйинопазирии хаёт»-ро инкор карда, мўътаќид аст, ки хамаи хаводис дар табиат ва чамъият гузарандаву муваќатианд. Ќобили хаёт будани ашёхо, мавчудоти табиат дар алоќамандии зич будани онхо бо олами воќеианд. Муборизаи бохамзидхо асос ва сарчашмаи инкишофу тараќќиёт аст.

    Дмитрий Иванович Писарев (1840-1868), дар ќатори мутафаккирони пешќадаму машхури инќилобчиёни демократи рус низ дохил мешуд, ки ў тарафдор ва идомадихандаи аќидахои фалсафи, ичтимои, инќилоби ва сиёсии материалисти ва диалектикии Чернишевский буд.

    Писарев рохбари ѓоявии мачаллаи «Каломи руси» («Русское слово») буд, ки хамаи фикру мулохизахо ва осори худро дар он нашр мекард.

    Вай соли 1862 барои нашри як маќолаи инќилоби, ки мазмуну мундаричаи асосии он тарѓибу таблиѓи инќилобу бархам додани хокимияти мутлаќа буд, ба муддати чорунимсол дар Ќалъаи Петропавловск хабс карда шуд.

    Вай ѓояхои инќилоби-демократии худро, ки дар шакли тамсили ё пардапўшона тачассум меёфтанд, дар матбуоте, ки тахти назорати сензура буданд, нашр мекард. Ў инќилобхои халќиро ќонуни зарури ва халкунандаи муборизаи гурўххои ичтимои мешуморид.Писарев мехнатро шарти мухиму ќатъии хаёти инсон, манбаи фароѓату хушбахтии одамон, мояи бехбудии модди ва сарвати маънави медонист. Мехнати софдилона, муборизаи табаќоти, донишандўзи ва таъмини сохибмаърифатии халќ, ин аст, ба аќидаи Писарев, сабаби пешравии ичтимои-таърихи.

    Писарев, аќидахои фалсафии Чернишевскийро чонибдори мекард. Вай дар асараш «Идеализми Афлотун» таълимоти материалисти ва дини, ки табиатро пурра аз рўх ё идея вобаста медонист, бартарияти рўхро бар модда ва шаклро бар мазмун эътироф мекарданд, ба зери тозиёнаи танќид мегирифт. Сабаби пайдоиши идеализмро Писарев, дар чудоии тахайюлот аз воќеият медид.

    Яке аз пайравон ва идомадихандагони ѓояхои марксизм дар Россия Георгий Валентинович Плеханов (1856-1918) мебошад.

    Плеханов олим, энсиклопедист, файласуфи бузург, мухаќќиќи сохаи иќтисод, чомеашиноси, зебоишиноси ва ахлоќ буда, як силсила осори Маркс ва Энгелс: «Манифести партияи коммунисти», «Людвинг Фейербах ва хотимаи фалсафаи классикии немис», «Тезисхо доир ба Фейербах» ва ѓайраро бо забони руси тарчума кардааст.

    Плеханов аз худ осори ѓани боќи мондааст, ки машхуртарини онхо: «Сотсиализм ва муборизаи сиёси», «Очеркхо доир ба таърихи материализм», «Доир ба фахмиши материалистии таърих», «Оиди ба масъалаи наќши шахс дар таърих», «Шастумин солгарди вафоти Гегел» ва «Н.Г. Чернишевский» мебошанд.

    Плеханов соли 1875 аъзои харакати инќилоби халќи ва хамзамон яке аз рохбарони дастаи инќилоби халќии рус будааст. Плеханов дар авали фаъолияти худ яке аз ёрдамчиёни фаъоли идеологияи халќчиги буда, баъдан ба марксизм рў оварда, ба танќиди чахонбинии халќчиги мегузарад.Аз соли 1880 то инќилоби феврали ў хамчун мухочир дар Аврупои Ѓарби зиндаги кардааст. Соли 1883 дар шахри Женева гурўхе аз пайравони марксизм тахти рохбарии Плеханов нахустин ташкилоти марксистони рус бо номи «Озодии мехнат»-ро таъсис доданд. Яке аз вазифахои мухими ин ташкилот аз тарѓиби сотсиализми илми ва танќиди аќидахои халќчиён, ки дар байни инќилобчиёни рус хукмрони мекарданд иборат буд.

    Плеханов хамчун яке аз фаъолтарин тарѓиботчиёни аќидахои марксизм ба хисоб рафта, бо унвони назариётчии содиќи марксизм сарфароз шудааст.

    Плеханов таълимоти марксизмро асоснок ва тарѓиб карда, дар баъзе аз ќисматхои он, аз чумла, дар ќисмати фалсафаи ичтимои, махсусан, доир ба масъалаи наќши оммаи халќ ва шахс дар таърих, таъсири мутаќобилаи базис ва надстройкаи чамъияти, наќши идеология дар инкишофи чомеа ва ѓайраро мушаххасу муайян кардааст.

    Плеханов ќайд мекунад, ки мохияти зухуроти ичтимоиро набояд дар табиати фардхои алохида, балки калиди кушоиши онро дар он муносибатхое, ки дар раванди истехсолот ба миён меоянд, бояд чустучў кард. Ба аќидаи ў, ду навъи муносибатхои истехсоли вучуд доранд,яке муносибатхои истехсолии техники,ин муносибатхои бевоситаи истехсоли дар раванди истехсолотбудаи, хусусияти синфинадошта ва дигаре,муносибатхои истехсолии молумулкии синфи характери синфинадошта мебошад.

    Плеханов аз ин ба хулосае меояд, ки давлат-дастгохи зўровари набуда, балки як чизи томи фавќуссинфии муташаккилест, ки пайдоиши он таќозои чомеа Буда, дар чараёни истехсолоти чамъияти таъсири зиёд мерасонад.

    Плеханов дар масъалахои хасти ва назарияи маърифат якчанд аќидахои чоли баён кардааст ва аќидаи ў, материя хамчун сарчашмаи эхсосот мачмўи «чизхои дар худ»-ро фаро мегирад. Узвхои хис воќеиятро на ба таври механики инъикос мекунанд, балки ахборотро аз нав коркард намуда, сипас дар шакли рамзхо ба маълумоти мо мерасонанд.

    Хамин тавр, Плеханов тавонистааст ѓояхои марксистиро бо анъаноту суннатхои гузашта пайваст намояд ва дар рушду ривоч ва интишори онхо сахми арзанда гузорад.

    Владимир Илич Ленин 22-юми апрели 1870 дар шахри Симбирск ба дунё омада тахсилоти ибтидоиро дар гимназия гирифтааст.Баъди хатми он ба факултети хуќуќшиноси дохил мешавад ва дар донишгох бо осори К.Маркс, Ф.Энгелс ва Плеханов шинос шуда, узви махфили марксисти мегардад.

    Ленин соли 1893 дар шахри Петербург як махфиле ташкил дода, ба таблиѓу тарѓиби ѓояхои марксисти машѓул мешавад. Барои ин амалаш ўро махбус сохта ба Сибир бадарѓа мекунанд. Дар Сибир Ленин ваќташро бехуда нагузаронда, ба омўзиши иќтисод, таърих, фалсафа ва махсусан, мутолиаи осори файласуфони классики немис шуѓл меварзад.

    Хангоми дар хорича буданаш Ленин бо Плеханов ва дигар аъзоёни харакати «Озодии мехнат» мубориза бурда, мачаллаи «Искра»-ро созмон медихад.

    Ленин яке аз шахсиятхое мебошад, ки таълимоти марксизмро аз хучуми душманони мафкуравии он химоят карда, онро хамачониба инкишоф додааст. Ў татбиќкунандаи назарияи илмию инќилоби дар Россия буда, химоятгари манфиати оммаи мехнаткаш ва асосхои ѓоявии инќилобхои ичтимои мебошад.

    Вай таълимоти марксизмро дар Россия инкишофу густариш дода, ќонунхои умумии рушди чомеа ва омилхои гузариш аз як сохти чамъияти ба сохти дигари онро нишон додааст.

    В.И.Ленин дар осори худ«Дўстони халќ чист ва онхо ба муќобили сотсиал-демократхо чи гуна мечанганд?», «Мазмуни иќтисодии халќчиги ва танќиди он дар китоби чаноби Струве», «Чи бояд кард?», «Як ќадам ба пеш ду ќадам ба аќиб», «Ду тактикаи сотсиал-демократхо дар инќилоби демократи», «Материализм ва эмпириокритсизм», «Дафтархои фалсафи», «Давлат ва инќилоб», «Дар бораи ахамияти материализми чанговар» ва ѓ. мухолифони фалсафаи марксизмро зери тозиёнаи танќид ќарор дода, фалсафаи материалисти ва назарияи инќилобии онхоро хаматарафа инкишоф додааст.

    Пас аз шикаст хўрдани инќилоби якуми рус дар Россия давраи зухури нобасомониву ташаннучхо ва харачу марачхои зиёде фаро мерасад, ки онхо боиси ќувват гирифтани душманони мафкуравии марксизм гашта ва зидди сотсиализму демократия муборизаро беш аз беш вусъат медиханд. Дар фазои маънавию фархангии Россия равияхои чадиди динию идеалисти ба миён омада, таълимоти Беркли, Юм, Кант ва Махро ривоч дода, ба фалсафаи марксизм хуҷум мекарданд. Аз ин рў В.И. Ленин дар асари худ «Материализм ва эмпириокритсизм» он равияҳои ҷадиди динию фалсафии дар Россия ба миёномадаро, ки дар шаклҳои гуногуни фидеизму ирфон, махизм ва кантчиёни ҷадид ном бурда мешуданд, мавриди интиќоди шадид ќарор медиҳад .

    В.И. Ленин дар ин асар нахустин бор ба материя таърифи комил дода, ёдрас кард, ки мафҳуми фалсафии материяро бо фаҳмиши илми-табии он айниятдор ҳисобидан хатои маҳз мебошад. Зеро фаҳмиши илми-табии он вобаста ба рушди илм пайваста таѓйир мепазирад. Илм беш аз пеш хосияту навъҳои ҷадиди материяро кашф мекунад, вале аз ин ҳеҷ гоҳ хислати объективии материя ва таъсири он ба шуури мо таѓйир намеёбад. Материя доимо ба сифати реалияти объективи хоҳад монд. Ленин таъкид мекунад,ки тамоми он дигаргуние, ки дар тассавуроти мо оид ба материя рўх медиҳад, гувоҳи амиќтар шудани донишҳоямон дар бораи худи материя мебошад.

    Аз ин рў, метавон гуфт, ки таърифи ленинии материя ҳанўз ҳам дорои аҳамияти бузурги методологию назариявӣ мебошад. Вай беинтиҳоии материяро собит намуда, ба тамоми кўшишҳои идеалистон, ки муќаддам будани материяро инкор мекарданд, зарба мезанад. Интиќоди чунин ибтикорот дар чеҳраи махизм, ки дар асари зикршудаи ў ќайд шудааст, дорои маќоми хос аст.

    Ленин дар ин асар доир ба табиат, ҷамъият ва ќонунҳои рушду инкишофи онҳо хулосаҳои илмӣ баровардааст. Ба комёбиҳои табиатшиносии замони худ такя карда, вай мафҳуми материяро аз чихати методологию назарияви асоснок кард ва бори аввал ба он таърифи комилан илмӣ дод, ки то имрўз арзишмандии худро маҳфуз доштааст.

    Вай ҳамчунин ягонагии материя ва ҳаракатро собит намуда, ќайд кардааст, ки ҳастии материя ва ҳаракат дар замону макон имконпазир буда, онҳо бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд.

    В.И. Ленин доир ба амалия сухан ронда, мавќеи онро дар назарияи маърифат нишон додааст. Ба аќидаи ў, тамоми донишҳо аз амалия сарчашма мегиранд. Амалия ќувваи мутаҳаррику пешбарандаи дониш ва меъёри ҳаќиќат мебошад.

    Ҳамчунин дар ин асар масъалаҳои фалсафаи иҷтимои низ мавриди таҳќиќ ќарор гирифтаанд.

    Асари дигари Ленин «Дафтарҳои фалсафӣ» мебошад, ки аз ҷиҳати мазмуну моҳият ба «Материализм ва эмпириокритсизм» ќаробат дорад. «Дафтарҳои фалсафӣ» асарест,ки дар он як силсила масъалаҳои муҳими фалсафаи марксистӣ таҳлилу баррасӣ шудааст. Он даҳ (10) дафтари конспект, иќтибоси китобҳо ва ќайду эзоҳоти мустаќили Ленин (асосан солҳои 1914-1916) доир ба масъалаҳои мухталифи фалсафиро дарбар мегирад. Асосан мутафаккир дар бораи диалектика асаре навиштани буд, зеро, аз як тараф, асосҳои фалсафаи марксистӣ дар иртибот бо шароити ҷадид тасҳеҳи тозаеро таќозо менамуд ва аз тарафи дигар, назариётчиёни Интернатсионали II ин асосҳоро рад карда, омезиши таълимоти фалсафии К. Марксро бо кантчиги талаб мекардаанд. Ленин бо ин мурод «Хонадони валиён»-и К. Маркс ва Ф. Энгелс, «Лексияҳо оид ба моҳияти дин»-и Л.Фейербах, «Лексияҳо дар бораи фалсафаи таърих», «Илми мантиќ» ва «Лексияҳо доир ба таърихи фалсафа»-и Г. Гегел, «Фалсафаи Гераклити тирабаёни эфеси»-и Ф. Лассал ва «Метафизика»-и Арасту барин китобҳоро конспект карда, доир ба масъалаҳои ҷудогонаи онҳо мулоҳизаву хулосаҳои танќидии худро зикр намудааст.

    Муҳимтарин ќисмати «Дафтарҳои фалсафӣ»-и ў фаслчаи «Доир ба масъалаи диалектика» мебошад,ки дар он Ленин моҳияти диалектикаи материалистиро мухтасаран тавсиф медиҳад. Вай дар ин асари худ ба шонздаҳ (16) унсури диалектика аҳамият дода, онҳоро шарҳи материалистӣ додааст.

    Дар ин асар инчунин ба як ќатор китобҳои табиатшиносӣ ќайду мулоҳизаҳо мавҷуданд, ки фикру андешаҳои пурарзишро доир ба масъалаҳои гуногуни фалсафӣ дарбар мегиранд. Дар он мутафаккир раванди маърифатро тавсиф намуда, агностсизм ва мантиќи метафизикиро танќид намудааст.

    Дар асар рочеъ ба диалектика сухан меравад, ки тибќи он «диалектика таълимотест дар бораи он ки баҳамзидҳо чигуна айниятдор буда метавонанд ва чигуна айниятдор мешаванд, дар чигуна шароит онҳо ба якдигар табдил ёфта айниятдор мешаванд, чаро аќли инсон ин баҳамзидҳоро бояд на дар ҳолати беҷон ва шахшуда мондае, балки дар ҳолати ҷоннок, шарти, мутаҳаррик, ба якдигар табдилёбандае бигирад». Ленин зимни таърифи диалектика ба тавсифи чавхари он диќати махсус медихад. Ба ќавли ў, махз таълимот дар бораи ягонаги ва муборизаи зидхо чавхари диалектика мебошад,чунки вай манбаи инкишофро нишон медихад.

    Дар«Дафтархои фалсафи» хамчунин як силсила масъалахои мухими фалсафи, ба монанди маншаъхои маърифатию ичтимои идеализм, ќонуну категорияхои махсуси материализми диалектики-мохияту зухурот, чузву кулл, зарурату тасодуф,имконияту воќеият, ваќту фазо, назарияи инъикос, табиати диалектикии раванди маърифат ва ѓ. мавриди мухокима ќарор ёфтаанд.

    Андешахои Ленин дар бораи вахдати диалектика,мантиќ ва назарияи маърифат, хамчунин тасхехи мантиќи диалектики барои рушди фалсафа ахамияти калон дорад. Ў инъикоси олами объективи будани тафаккурро ба инобат гирифта, мувофиќати ќонунхои объективи ва ќонунхои тафаккурро эътироф менамояд ва дар ин замина файласуфони идеалисту метафизикро барои ќонунхои тафаккурро аз ќонунхои табиат чудо намудан танќид мекунад.

    «Давлат ва инќилоб»-и В.И.Ленин фарогири шархи масъалахои чомеа, ќонунхои рушду инкишофи он, пайдоиши давлат, вазифа, мохият ва навъхои он мебошад.

    «Дар бораи ахамияти материализми чанговар» дигар асари мухими В.И.Ленин мебошад,ки идомати мантиќии ду асари ќаблан зикршудаи ў мебошад. Вай дар ин асар материализми диалектикиро бо андешахои тоза бой гардонд ва фалсафаю сотсиологияи ѓайримарксистиро танќид карда, вазифаи файласуфони материалистро дар мубориза бар зидди импе­риализм муайян намуд. Ба аќидаи мутафаккир, файласуфони марксист сирф дар заминаи комёбихои табиатшиноси метавонанд масоили назариявии материализми диалектикиро инкишоф бидиханд. Хамчунин табиатшиносон хам бо назардошти материализми диалектики метавонанд ба ин ё он комёби муваффаќ бишаванд. Аз ин рў, В.И.Ленин иттиходи байни ин ду сохаи илмро хатми мехисобад.Хамин тавр, сахми В.И.Ленин дар рушду инкишофи фалсафаи марксисти-ленинии давраи шўрави хеле бузург аст.
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   41


    написать администратору сайта