Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Мундарича БОБИ 1. МУЌАДДИМА. ФАЛСАФА: ДОИРАИ ПРОБЛЕМАХО ВА НАЌШХОИ МУБРАМИ ТАЪРИХИВУ МУОСИРИ ОН ДАР ЧОМЕА 8 Боби 2. Фалсафаи точику форс аз ахди ќадим то имрўз 31 Фалсафаи тоҷик дар аҳди бостон 33 Ҳикмати хусравони – чахоншиносии ќавмхои ориёиро гўянд, ки аз оини Маздоясно то замони зухури зардуштиро дар бар мегирад. Дар адабиётхои таърихиву фалсафи хикмати хусравони бо унвонхои хикмати каёниён, хикмати пешдодиён, хикмати ориёниён ва хикмати шохзодагон низ ба чашм мерасад. Ин чахонбини,пеш аз хама, арчгузори ба дониш ва маърифатро тараннум ва тарѓиб менамояд. Калимаи маздо аз ду ќисмат- маз ва до иборат буда, маз маънои бузург ва до маънои донишро дорад. Яъне бузургманиши ва бузургдошти донишу маърифат. Донишу маърифат сухани воло ва андешаи созандаро ба вучуд меоранд. Хамин аст, ки дар хикмати хусравони ќадри сухан бо зар ва гохо аз он хам баландтар будааст. Сухан аввалмояи чахони моддиву маънавист, ки кулли чузъиёти олами воќеиро маънии инсони медихад. Ин андешахои воло боиси пайдо гаштани таълимотхои оламшумули зардуштияву монавия ва маздакия гардиданд. 33 Хикмати мутаолия яке аз мактабхои намоёни фалсафаи точик махсуб мешавад. Асосгузори мактаби мазкур мутафаккири оздандеш Садруддин Мухаммад ибни Иброхим ибни Яхёи Шерози, маъруф ба Садрулмутааллихин ва Мулло Садро (1561-1050) мебошад. Мулло Садро дар тахсили улум истеъдоди фавќулода дошт ва аз даврони чавони ба омўзиши чиддии улуми замонаш камари химмат баста буд. Ў нахуст бо Шайх Бахои ошнои пайдо намуда, илмхои наќлиро назди ў ва улуми аќлиро бошад, аз Сайид Амир Мухаммад Боќир ибни Шамсуддин, машхур ба Мирдомод фаро гирифт. Баъд аз касби пурраи улуми роичи замон ва таълимотхои пешин, мутафаккир аз талфиќи ќисмати машшову ишроќ ва баъзе андешахои каломи аз як тараф ва бахшидани суръати мантиќи ба кашфу шухуди орифону суфиёни бузург, махсусан Ибни Араби ва шарху тафсири фалсафи-ирфонии таълимоти имомони шиа, аз тарафи дигар, мактаби наве дар хикмат таъсис дод, ки то рўзгори мо мавриди тахќиќу тадрис ќарор дорад. Худи Мулло Садро фалсафаашро «хикмати мутаолия» номидааст. Бартарии мактаби ў аз он иборат буд, ки ба осони тавонист байни ду мактаби зид ва мухолиф, яъне фалсафаи машшои ва ишроќ ошнои дихад ва он дуро ба вахдат бирасонад. Мутафаккир ин бартариро бо калимаи «муталоия» нишон медод. Дакр низоми комили мактаби мутаолия хама бахшхо ва фаслхои мухими фалсафаро метавон пайдо намуд, ки як низоми системанокро ташкил медихад. Масоили вучудшиноси ва мовароуттабиа аз хама бештар ва баъдан батартиб бахсхои нафсшиноси, илохиёт, маодшиноси, шинохтшиноси, ахлоќ, зебоишиноси ва мантиќ дар он илова мешаванд. Ин фаслхо агарчи ба хам омехта хастанд, вале хамон гуна, ки шарт як низоми фалсафии комил аст, хама бахсхои он ба тартиб аз бахси вучудшиноси ба хайси поя барои исботи дигар матолиб ва мавзуот истифода мешавад. Мохияти асосии ин мактаб аз он иборат аст, ки далелу бурхон барои тасдиќи хама назару андеша ва таълимотхо васеъ истифода мешуд. Мутафаккир харгиз бе далелу бурхон сухан намегуфт. Ќавли мазкурро ў дар «Асфор» меоварад, ки аз одати суфиён аст, ки дар ахком танхо ба завќу вичдон иктифо меварзанд, лекин мо ба он чи бурхон надошта бошад, эътимод надорем.(Садруддини Шерози. Ал-асфор-ул-аќлий-ил-арбаа.Дарнўх чилд. Интишороти «Доиратулмаорифи исломия». Ч.1. сах.21). 124 Равиши фалсафии Мулло Садро равиши хосса ва мувофиќ ба худи ўст. Нубуѓи хоси ў ин буд, ки се рохеро, ки ба хаќиќат мерасанд, яъне вахй, бурхони аќли ва тахзиби нафс бо якдигар таркиб кард ва ба сурати ягона даровард. Ба хамин далел осори Мулло Садро таркибе аз ќазоёи мантиќи, шухуди ирфони ва оёти Ќуръониву аходис аст. Вай муваффаќ шуд ба хадафе, ки Фаробиву Сино ва файласуфони мутакаллим дар таи асрхо дунболаш буданд. Он тавфиќи байни дин, бурхон ва ирфон аст, ки Мулло Садро онро амали сохт. Мутафаккир чахор рохеро интихоб кард ва онхоро ба хамдигар омехта сохт, ки ин роххои чахоргона машшоъ, ишроќ, ирфон ва калом мебошанд. 125 Дар низоми аќоиди Садруддини Шерози чанбаъхои машшои бештар мушохида мешаванд. Унсурхои завќиву ишроќи дар таълимоти ў, асосан, дар масъалаи нафс назарияи маърифат ва унсурхои машшоиву мантиќи дар масъалахои умури омма, вучуд, вучуди зехни ва ѓайра ба назар мерасанд. Дар низоми фалсафии Мулло Садро масъалаи вучудшиноси мавќеи хосса дорад. Масъалаи асолати вучуд яке аз кашфиётхои мухими мутафаккир мебошад. Ин аз масъалахои асосии ихтилофи байни мутафаккирон ва мутаккаллимони исломи аст, ки вучуд асил бошад ё мохият. Машшоиёну суфиён ба асолати вучуд, яъне ба воќеияти айни ва хоричи доштани вучуди мустаъќил ќоил буданд ва мохиятро чизе чуз аъроз намедонистанд. Мулло Садро дар ибтидои фаъолияти хеш дар пайравии устодаш Мирдомод ќоил ба асолати мохият буд, вале тадричан аз ин аќидааш даст кашида, назарияи асолати вучудро эътироф намуд. Аммо назарияи асолати вучуди ў аз назарияи машшоиён фарќ мекунад. Тибќи таълимоти машшоияи шарќи вучуди хар чиз зотан мутафовит ва мутамойиз аз вучудхои дигар аст, харчанд нисбат ба мохияти худ асолат дорад. Вале аз нигохи Садруддини Шерози, вучуд дар тамоми ќаламрави хасти чуз як чиз нест хаќиќати ягонаест, ки дорои силсилаи маротиб, шиддат ва заъф мебошад. Маслан, вучуди офаридгор, инсон, дарахт ва ѓайра хама як вучуд ва як воќеияти хоричианд, вале дарачахои заъфу шиддати зухури онхо, аз якдигар фарќ мекунанд. Садруддини Шерози мўътаќид аст, ки вучуд зотан таќсимнопазир, вале мантиќан таќсимпазир аст.Ў вучудро ба вучуди иртиботи ва вучуди нафси чудо мекунад. Вучуди иртиботи вучудест, ки мавзўъро ба махмул пайваст месозад. Вучуди нафси бошад, мустаъќил ва ќоил ба зот буда, дар навбати худ ба се ќисмат- оне, ки дар олами хорич сифати чизи дигар намебошад ва он чавхар номида мешавад, навъе, ки сифати чизи дигар аст ва он аъроз номида мешавад ва навъе, ки ба чуз худ иллате надорад ва он вучуди офаридгор аст чудо мешавад. 125 Боби 3. Фалсафаи ахди бостон 168 Хиндустон дар таърихи башарият бо тамаддуни бою кўхан ва макотиби гуногуни фалсафии худ маъруфият ёфтааст. Тибќи сарчашмаву маъхазхо мардуми хинду аз даврахои ќадим ба фалсафа ва табииёт ошнои доштанд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар риштахои дигари фалсафа, хусусан дар он риштахое, ки ба мушохида ва тачриба иртибот доранд, дар ин сарзамин пешрафти назаррасе хосил нагардид. Дар илми илохиёт ва риёзиёт бошад, баръакс, ба комёбихои бузурге ноил шуданд, зеро дини Брахма, яъне дини хиндуёни ќадим, ба чуз аз масоили дини чизи дигареро намеандешид, аммо ба гуногунандеши дар чомеаи Хинд мусоидат менамуд. 168 Ќобили зикр аст, ки афкори фалсафии мардуми хинду боиси таваччўхи чахониён гардида буд ва хатто донишмандони Юнон баъзе афкору аќоиди худро аз ин сарзамин ба даст оварданд. Чунончи, истилохи ќувва ва феъл, хаюло ва сурат аввалин бор дар фалсафаи няя ба забон оварда шуданд ва таълимоти атомистии Демокрит низ аз фалсафаи Хинд – вайшешика об мехўрад. Инчунин раќамхои хандаси ва илми хандаса (хандаса аз калимаи Хинд гирифта шудааст) ва илми риёзиёт маъруф бо хамин ном аз ин чо ба дунё пахн шуданд. 168 Адабиёти дини. Доир ба чахонбинии дини ва фалсафии мардуми Хинд асархои зиёде вучуд доранд. Осори ќадимтарини адабиёти Хинд «Веда» (Веда калимаи санскрити буда, маънии донишро далолат мекунад) ном дошта, дар охири хазорсолаи II ва хазорсолаи I пеш аз эраи мо ба забони ќадимаи хинди (яъне веди) эчод шудааст. «Веда»-хо аз чор ќисм: «Ригведа», «Самаведа», «Ячурведа» ва «Атхарваведа» иборат буда, мачмўи гимнхо, муночот ва дуохои маросимиро дар бар мегирад. Мураттабсози ва тафсири «Веда»-хо дар нимаи якуми хазорсолаи пеш аз эраи мо анчом пазируфтааст. Хондан ва аз худ кардани онон танхо ба мардони се варнаи (табаќаи) аввал раво буду халос. Занхо ва шудрахо аз ќироату азбар кардани ин махрум буданд. 170 Унсурхои фалсафи. Дар миёнахои хазораи якуми пеш аз эраи мо дар Хиндустон дар заминаи чамоаи дехоти шакли нави муносибатхои истехсоли ташаккул ёфт, ки ба чудошавии косиби аз хочагии ќишлоќ, ба вучуд омадани марказхои тичоратию косиби, ибтидои асри санг ва инкишофи муносибатхои пулию моли алоќаманд буд. Бўхрони низоми кастаги дар ин давра боло гирифта, муборизаи кшатрихо ва вайшихо ба муќобили брахманхо шиддат меёфт. Дар Хиндустон дар ин давра давлатхои зиёде вучуд доштанд, вале Магадха нисбат ба хамаи онхо афзалият дошт ва ќуллаи баланди тараќќиёти он ба давраи салтанати Ашокхо (273 - 232) рост меомад. Дар чунин шароит нахустин мактабхои фалсафии Хинд ба вучуд омаданд, ки доир ба баъзеи онхо мухтасар маълумот хохем дод. 178 Таълимоти Конфутсий. Бунёдгузори фалсафаи ќадими Чин Кун-фу-сзи (дар забони аврупои Конфутсий) соли 551 пеш аз милод дар иёлоти Шан-Тунѓ дар оилаи ашрофи махалли таввалуд ёфтааст. Конфутсий аз оилаи ашроф ба дунё омада бошад хам, хаёти камбаѓалонаро аз сар гузаронидааст ва аз ин рў, дар хурди чўпонию фарроши низ карда буд. Ў дар синни 50 – солаги мактаби худро таъсис дода, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. 195 Таълимоти Лаотсзи (даосизм).Таълимоти Лаотсзи дар ќатори хикмати Конфутсий яке аз равияхои асосии фалсафии Чини ќадим ба шумор меравад, ки дар нимаи 2-юми хазорсолаи якум таъсис ёфтааст. Баъди ба Чин сар даровардани буддоия ин се мактаби динию фалсафи дар раќобат ба якдигар ташаккул ёфта, то асри 20-ум хаёти маънавии онро муайян мекарданд. 206 Ќонунпарастон (легистхо)Таълимоти Конфутсий ва Мотсзи бо хама фарќияту гуногунии худ якдигарро инкор намекарданд. Чунончи, хар дуи онхо аз эътирофи арзишхои накўкори, адолат, инсондўсти маншаъ гирифтаанд, лекин дар фахмиши онхо дар мавќеи мухталиф ќарор доштанд. Аммо таълимоти дигари фалсафию сиёсие вучуд дошт, ки хамаи инро инкор мекард. Ин равия бо номи «Мактаби ќонун», яъне «Фа - сзя» маъруфият ёфта буд. 210 Хусусияти диалектикаи атиќа. Апорияхои Зенон. Мактаби фалсафии Элей аз охирхои асри VI оѓоз ёфта, то нимаи дуюми асри V пеш аз милод арзи хасти намудааст. Намояндагони асосии он Ксенофан, Парменид, Зенон ва Мелисс ба шумор мераванд. Аз инхо ду нафар, яъне Пармениду Зенон зодагони шахри Элей, Ксенофан аз Колофан ва Мелисс бошад, аз шахри Самоса буданд. Азбаски асоси чахонбинии ин мактаб ба Парменид ва Зенон-шахрвандони Элей тааллуќ дошт, вай бо хамин ном, яъне мактаби Элей маъруфият ёфт. 232 Ксенофан аз мутафаккирони асри VI пеш аз милоди Юнон буда, соли 569 дар шахри Колофан таваллуд ёфта, охирхои умрашро дар Элей гузаронидааст. Ў хаёти ќаландари дошт ва аз шахре ба шахре сафар карда, дар байни мардум ашъори шоиронаи худро ќироат мекард ва аз ин хисоб зиндаги мекард. 233 Парменид. Асоси фалсафии мактаби Элейро таълимоти Парменид ташкил мекунад. Ў ѓояи худои ягонаи Ксенофанро инкишоф дода, онро ба мафхуми мабдаи ягона табдил дод ва масъалаи муносибати тафаккур ва хастиро ба миён гузошт. Илова бар ин, Парменид метафизик буда, хамаи ашёхоро таѓйирнопазир мешумурд. Агар Гераклит хамаро дар чараёну таѓйирот мепиндошт, Парменид бар хилофи он хамаро орому сокит хисоб мекард. 235 Зенон. Намояндаи сеюми мактаби Элей Зенон мебошад. Ў шогирди Парменид буда, дар таърихи фалсафа бо афкори тозаи худ шўхрат ёфтааст. Зенон тахминан дар солхои 490 – 430 пеш аз милод зиндаги кардааст ва дар бораи хаёти ў маълумоти даќиќ ва муфассал вучуд надорад. Ў асархои зиёде таълиф карда буд (масалан, «Бахсу мунозирот », «Бар зидди файласуфон», «Оид ба табиат» ва ѓайра), ки аз онхо ба чуз порчахои алохида чизе боќи намондааст. Ягона манбае, ки маќоми Зенонро дар илму фалсафаи Юнони ќадим нишон медихад, «Физика» - и Арасту мебошад. 238 Мелисс. Намояндаи охирини мактаби Элей Мелисс ба шумор меравад. Мелисс фармондехи ќушунхои бахрии Самоса буда, дар чанги Афинаю Самоса (соли 440) бевосита ширкат варзида буд. Фаъолияти ў ба миёнахои асри V мансуб аст. Тахмин меравад, ки ў дар оѓоз аз файласуфони Иония сабаќ гирифта будааст. 240 Материализми атомисти. Номи ин таълимот-«материализми атомисти» аз он шаходат медихад, ки асоси чахонбинии илми-фалсафии Левкипп ва Демокритро фарзия оид ба мавчудияти заррахои хурди таќсимнашаванда, яъне «атом»-хо ташкил медихад. Онхо асоси оламро аз атом ва хало иборат медонистанд. Атомистхо таълимоти файласуфони Элейро оид ба хало инкор карда, нахустин шуда мавчудияти онро асоснок намуданд. 242 Протагор дар солхои 80-уми асри V пеш аз милод дар шахри Абдера аз оилаи сарватманд ба дунё омадааст. Ў муаллими риторика (илми баён) ва эристика (санъати мубохиса) буд. Чун дигар софистон, ў низ бештари умри худро ба саёхат бахшида, тамоми Юнонро гашта буд. Барои таълифи китоби «Оид ба худоён» мувофиќи ќонунхои мавчуда ба ќатл хукм шуда буд. Лекин хукми ќатл амали нашуда китобро сўзонданд ва муаллифро аз Афина бадарѓа карданд. Ў хангоми сафари Ситсилия дар халичи Месси ѓарќ ва халок мешавад. 254 Горгий дар шахри Леантини Ситсилия ба дунё омадааст. Ў шогирди Эмпедокл буд. Горгий зиёда аз сад сол умр дида, тамоми умр мучаррад буд. Ў нотиќи машхур буда, метавонист бадехатан дар хар гуна мавзўъ соатхои тўлони суханрони кунад ва бо санъати баланди нотиќияш диќќати оммаро ба худ чалб намояд. 255 Суќрот. Чи хеле ки маълум аст, дар асрхои VI-V пеш аз милод дар Юнони ќадим мактабхои гуногуни фалсафи арзи хасти мекарданд ва миёни онхо раќобату ихтилофоте вучуд доштанд, ки онхо боиси нашъу намо ёфтани фалсафа дар ин сарзамин гардиданд. Баъди таназзул ёфтани сохти монархисти ва барќарор шудани тарзи демократии давлатдори дар Юнон, барои ташаккул ёфтани таълимоти софистхо имкониятхои мусоид ба вучуд омаданд. Лекин баъдтар мактаби софистхо ба муќобилияти оштинопазири материалистон ва идеалистон тоб наоварда, рў ба таназзул ниход. Махз дар хамин давра Суќрот бо таълимоти пуршўри худ ба миён омад ва тавонист, ки дар муддати кўтох дар атрофи худ шогирдони зиёдеро чамъ намояд. Суќрот ва аксари пайравони ў, асосан, дар муќобили сохти афинагии демократия ќарор дошта, душмани сохти ичтимои-сиёсии мавчуда хисоб мешуданд. Ў аввалин файласуфи Афина ва бунёдгузори идеализми объективи ба шумор меравад. Суќрот хамзамони Демокрити материалист буда, дар фалсафаи чахони, хусусан, дар инкишофи чахонбинии фалсафи дар Юнони ќадим наќши мухим гузоштааст. 257 Инсон, чамъият ва давлат аз нигохи Афлотун. Аз Фалес то Демокрит дар таърихи фалсафаи Юнони ќадим чун давраи пайдоиш ва инкишофи материализм хисоб мешавад. Дар таълимоти Демокрит (охири асри V ибтидои асри IV пеш аз милод) материализми Юнони ќадим ба зинаи олии худ расид, яъне он ба материализми атомисти табдил ёфт. Таълимоти Суќрот, ки асосан дар заминаи идеализм инкишоф меёфт, то он дарачае ташаккул наёфта буд, ки муќобили материализми Эмпедокл ва Анаксагору Демокрит истодагари карда тавонад. Дар ибтидои асри IV то милод таълимоти пурќуввати идеализми объективи ба таърихи фалсафа ворид гардид, ки он ба раќиби тавонои фалсафаи материалисти табдил ёфт. Пайдоиш ва рушду такомули ин таълимот бо номи файласуфи бузурги Юнони ќадим Афлотун мансуб буд. Аз хамин давра фалсафаи Юнони ќадим ба ду шоха – идеализм ва материализм ё худ «равияи Демокрит» ва «равияи Афлотун» чудо мешавад. 266 Лекин бояд ёдовар шуд, ки Арасту ба масъалахои зиёди маърифат ва мантиќ аз нигохи материалисти бахо дода бошад хам, ба диалектикаи шаклхои дониши хисси ва мантиќи сарфахм нарафтааст. Ў дар ин масъала низ дар байни материализм ва идеализм мекалавид ва умуман, назарияи маърифати Арасту, чи хеле ки Асмум В.Ф. ќайд кардааст, ба мисли назарияи «шаклхо»-и ў, назарияи идеализми объективи мебошад. (В.Ф. Асмус. Хамон чо, с. 263). 291 Таълимоти ахлоќии равоќиён ва Эпикур. Навафлотуния. Дар охири асри IV пеш аз милод нишонахои бўхрони сохти демократияи ѓуломдории Юнон рўшантар ба чашм мерасиданд. Болоравии бўхрон ба аз даст рафтани мустаќилияти сиёсии як ќатор шахрхои юнони оварда расонд. Лекин дар як империяи бузург муттахид намудани ин халќхо аз тарафи Искандари Маќдуни ба хаёти ичтимои- сиёси ва фархангии ин кишвар бетаъсир намонд. Ин пеш аз хама дар болоравии эллинизм тасири мусбат гузошт. 292 Боби 4.Фалсафаи асримиёнагии Аврупо 300 Бояд мутазаккир шуд, ки фалсафаи асримиёнаги фаќат аз фалсафаи Ѓарб иборат нест. Дар шарќи исломи фалсафа бо тамомии ѓановати худ хеле рушд пайдо кард, он даврае буд, ки илму маърифат ба сатхи камолоти инкишофи худ расид ва ба Ѓарб низ таъсири бонуфуз расонид. Пас, метавон гуфт, ки фалсафаи асримиёнаги маќоми хос ва таъсири бонуфузе дар таърихи фалсафа ва илму тамаддуни инсони дорад. 328 Боби 5. Инкишофи фалсафаи Аврупои Ѓарби дар асрхои XV - XVII 329 Боби 6. Фалсафаи классикии немис 371 Боби 7. Ташаккули фалсафаи ирратсионали 399 Бунёдгузори ирратсионализм файласуфи маъруфи фалсафаи ѓайриклассикии ќарни 19 Артур Шопенгауэр (1788–1860) мебошад ва тавассути ў ин равияи фалсафи ба як низоми муайян ва мукаммали фалсафи ворид гардид. Калимаи лотинии irratsionalis – ѓайриќобил ба хирад, бешуурона тарчума шуда, ба маънои васеаш таълимоти фалсафиест, ки имкониятхои маърифати аќлониро махдуд сохта, наќши муроќибаю мушохида, интуитсия, ѓариза (инстинкт), эътиќодро (чун маърифати ѓайриаќли) ба он муќобил гузошта, «эхсос», «фахмиш» – ро ба тарзи муайяну махсус шарх дода, ин ќобилиятхои маърифатиро дар доираи проблемахои назарияи маърифат арзёби менамояд. Ба хамин маъно он аз фидеизм, ки эътиќоди фитрии диниро дар рохи маърифати «хаќиќат» ягона шуморида ва агноститсизм, ки маърифати «чизхои дар худ» – ро ѓайриимкон мехисобад, фарќ мекунад. Ба маънои махдудаш ирратсионализм номгўи консепсияхою мактабхои мухталифи фалсафиест, ки аввали асри 19 то замони муосир тахия шуда, як таассуру аксуламалест ба назарияи ратсионализм ва андешахое, ки имкониятхои хиради инсонро номахдуду мутлаќ мехисобанд. 399 Боби 8. Фалсафаи марксисти: идеяхои асоси ва тахаввули он 469 Боби 9. Фалсафаи ќарни ХХ: чихатхои асоси ва хусусиятхои он 537 Боби 10. Прагматизм. Кантчигии нав 559 Боби 11. Неопозитивизм 566 Тавсифи умумии позитивизм ва мархилахои инкишофи он. Позитивизм ё ба истилохи дигар мусбатгаройи ин равияи андешаронии фалсафиест, ки дар охири асрхои Х1Х-нимаи якуми асри ХХ зухур намудааст. Ба таври кулли мусбатгаройи чунин дидгохест, ки шинохти оламро танхо хос ва салохияти илм медонад. Муаррихони фалсафа дар тадќиќи тахаввули он се мавчи мусбатгаройиро фарќ мегузоранд. Нахуст позитивизм дар Фаронса дар солхои 30-юми асри Х1Х пайдо шуд. Бо решахои ѓоявиаш он ба таълимоти Даламбер, Кондиляк, Тюрго ва Кондорсе рафта мерасад ва заминахои ѓоявиашро Сен-Симон мухтасар ифода карда буд. Аммо коркарду тарѓиби консепсияхои мусбатгаройиро О.Конт амали кард ва аз ин чихат ўро поягузори позивитизм махсуб кардан ќабул шудааст. Огюст Конт (1798-1857) корро дар назди Сен –Симон ба хайси котиб сар карда, аз ѓояи асосии « фалсафаи позитиви» ва «физиологияи ичтимои» (сотсиология) бардошт намуд. Фалсафаи Конт вокунише буд ба спиритуализми Мен де Биран ва эклектизми В.Кузен, инчунин ба хама он фазои бадбинона ба илм, ба хирад ва дигар рамзхои маорифпарвари, ки дар Франсияи ибтидои асри Х1Х пойдор гашт. Мавќеи феноменалистии дар гносеология ишѓолкардаи Конт маънои тамоюли маърифат ба тасвиркунии падидахо, муайян кардани иртиботи миёни онхоро дошт, ки илм ба саволи «чи гуна», на ин ки ба саволи «барои чи» бояд чавоб дихад. Дар таълимоти Конт мавќеи асоси таъкиди вахдати методологии дониш буд, ки аз он зарурати густариши методхои физикаю нучумшиноси ба сохаи хаёти чамъият, ахлоќ ва тасфияи онхо аз хулосахои аќли(спекулятсияхо) бармеомад. Аз нигохи Конт, тачриба ягона манбаи дониш аст. Масъалаи муносибати фалсафаю илм барои Конт ахамияти ќатъи дошт. Дар маънои васеи калима «Фалсафаи мусбатгаройи»-и ў бо мачмўи илмхои позитиви мувофиќ меомад, ки дар нисбати он чун сохахои он баромад мекарданд. Ба ин сабаб хама илмхоро Конт дар маротибсилсилаи (иерархияи) муайян чой медихад: омўзиши илмхои одди барои фахмиши илмхои олию нисбатан мураккаб зарур аст (онхо хамаги хафтоанд: риёзиёт, нучумшиноси, физика, кимиё, биология, ичтимоъшиноси, ахлоќ). Таснифи илмхо инчунин чудокуниашонро ба улуми мучаррад ва мушаххас низ дар назар дошт, ки охирихо муваззафанд ба сохахои хусуси ќонунхои умумии аз чониби якумихо омўхташаванда (масалан, биология-тиб)-ро истифода кунанд.Ба аќидаи Конт, таърихи илм мебоист ќаблан аз мархилахои илохиёти ва мобаъдуттаби мегузашт то ба мархилаи «мусбат» ё «исботи» мерасид, ки дар он шинохти воќеият асоси илми пайдо мекунад. Дар таълимоти Конт ќонуни «се мархила» мавќеи маркази дорад, ки ахкоми онро таќвият мебахшад. Тибќи ин ќонун, чуноне ки зикр намудем, сабзиши аќлонии инсоният аз се мархила мегузарад. Дар мархилаи якуми теологи инсон оламро бо худоён, арвох ва ѓ. маскун карда, хама падидахоро шабехона(антропоморфи) ва мачози шарх медихад. Дар мархилаи баъдиметафизики ташрехи олами атроф аз хисоби мохиятхои мучарради хаёлан бофташуда, ки гўё паси падидахо пинхонанд, ба даст меояд. Мархилаи охири позитиви бо дасткаши аз чустучўи мохиятхо, бо кўшишхои рохёби ба сиришти чизхо ва бо гузариш ба маърифати илми дар асоси тачриба ба мушохидаю тасвири падидахо тавсиф дода мешавад.Ичтимоъшиносии Конт (офариниши истилохи «сотсиология» аз ўст) инчунин илми назарияви низ хаст, ки аз иќтисоди сиёси ва ќисми равоншиноси иборат аст. Он ба истои (статика)-и ичтимои (омўзиши шароитхои доимии мавчудияти чомеа) ва пўёи(динамика) -и ичтимои (омўзиши ќонунхои рушди пешраванда) чудо мешавад. «Фалсафаи позитиви»-и Конт дар Фронса чонибдорони зиёд пайдо кард. Таъсири позитивизм аз Фронса убур карда ба Италия (Р.Ардиго ва диг), ба Руссия( В.Лесевич, Н.К.Михайловский, М.М. Тротский ва диг.), ба Олмон( Э.Лаплас, Е. Дюринг) расид. Дар Англия, ки манфиатчўи (утилитаризм) барои позитивизм замина гузошта буд, аллакай дар соли 40-ум Ч.С. Милл, баъдтар Г.Спенсер бо ѓояхои ба Конт хамоханг баромад мекарданд. 566 Боби 12. Феноменология. Герменевтика. Тахаввули фалсафаи динии асри XX 583 Боби 13.Структурализм 592 Боби 14. Фалсафаи постмодернизм 598 Боби 15. Фалсафаи рус 610 |