Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Боби 13.СтруктурализмТашаккули лингвистика (забоншиноси)-и таркиби. Стуруктурализм (сохторгаройи) равияест дар афкори фалсафи, ки афзалан дар Фаронса солхои 60-уми асри ХХ пахн шуда буд. Намояндагони асосиаш Клод Леви Строс (тав.1908), Жак Лакан (1901-1981) буда, дар мархилаи муайяни эчодиёташ (то солхои 1968) Мишел Фуко низ ќаробати худро ба структурализм эътироф дошт. Ин равия диди наверо дар илмхои гуманитарию чамъияти, ки то ин муддат тахти таъсири ѓояхои мусбатгароию равоншинохтии фрейди ќарор доштанд, ворид сохт. Сохторгароёнро хадафи умумии методологи марбут ба афзалият додан ба тахлили сохтори ба сифати усусли пешбари пажўхиши бо хамдигар муттахид менамуд. Омўзиши на мазмун, балки шакл, на аносир, балки робитаи байни аносири объект афзалиятнок дониста мешавад. Онхо мўътакиданд, ки дар ин самт маърифати илмии ичтимоию гуманитари бояд бо методхои умумии табиатшиносию улуми даќиќ такя кунад, зеро созмони(ташкилаи) мадани чун объекти ба созмони табии мувофиќ барраси карда мешавад. Вижагии объекти мадани дар он аст, ки он сохтори амиќеро дорост, ки бешуурии дастачамъона ( коллективи) офаридааст ва асосаш ин ё он низоми аломатию рамзист. Ин андешахо сарчашмаи худро аслан дар заминаи забошиносии таркиби ва мушаххасан таълимоти поягузори он Ф. Соссюр (1857-1913) пайдо намуданд. Соссюр поягузори лингвистикаи сохтори шинохта мешавад. Ў бо китоби «Давраи забоншносии умуми» таъсири умдае ба омўзиши фалсафии забон гузошт. Ин китоб асоси шаклгирии сохтогаройии забоншиносиро фарохам овард. Нахустин манбаи таъсиргузор ба афкори Соссюр мактаби омўзиши таърихии забон буд, ки вай дар чараёни тахсилаш дар Донишгохи Лейпсиг ба он бархўрд, харчанд баъдан онро зери танкид гирифт. Ончи вай дар тахќиќоти худ чустучў мекунад, сохторхои зербинои забон аст ва ин равиш ўро аз дигар мактабхои забоншиноси чудо мекунад. Вай забонро навъи низом медонист, яъне забон, аз назари ў, аз нишонахои пайваста ба якдигар аз тариќи ќарордодхои дастури созмон ёфтааст. Замоне, ки мо ба нишонае дар даруни як низом вокуниш нишон медихем, хамчун вокуниш нисбат ба ранги чароѓаки рохнамо, ин корро мутобиќ бо дарк ва фахми худ аз дастури (грамматикаи) он низоми хос анчом медихем. Ќарордоди унвон кардани нишонахо маънои дилхох будани онхо аст – хар калимае барои тавсифи як чиз хамон ќадар хуб аст, ки калимае дигар. Дилхох будани калима ба он имкон медихад, ки дар тўли замон тахаввул ёбад. Аз ин замина Соссюр байни забон дар шакли хамзамони (синхрони) ва замони (диахрони)-и он фарќ мегузошт. Аввали ба забон ба манзалаи тамомияти статики (исто) ва тамому камол бо ачзои собиташ (дастури забони он) ишора дорад ва дуюми ба забон дар марохили такомули он дар тўли замон дар чойе, ки мумкин аст ба таѓйирот дучор ояд, масалан, дар маънои калима. Мохияти сохторгаройии фалсафи аз он ѓояе иборат аст, ки асоси объектхои маданиро сохтор ташкил медихад, ки хамчун мачмўи равобиту муносибатхои муттахидсозандаи унсурхое фахмида мешавад, ки бесимоянд, мустаќиман мушохида намешаванду дарк намегарданд, инвариантианд, яъне бетаѓйир боќи мемонанд, харчанд, ки зухуроти онхо гуногунранг ва таѓйирпазиранд. Маданият аз рўйи принсипхои ташкил ва амалкарди забони табии бунёд шудааст. Маданият худ дар маънои васеъ забон, яъне низоми мураккаб ва аломатию рамзист. Сохторхои он аксар маврид аз мадди назари инсон пинхон боќи монда, бо вучуди ин самти фаъолияти ўро равона месозанд, хамшабех ба он, ки чи гуна шаклхои забон муоширати нутќии харрўзаро имконпазир месозанд. Сохторгароён образи классики инсонро хамчун эчодкори бошуури фарханг, субъекти бохиради сохти хаёти чамъиятиро муайянкунанда дурўѓ меноманд. Онхо мавќеи худро оид ба ин масъала чунин муайян намудаанд, ки инсон не, балки забон сухан мегўяд, шахсият не, балки сохтори бесимо амал мекунад. Афкори маъруфияти чанчоли касбкардаи М. Фуко дар бораи «марги субъект», «марги инсон» дар хамин маъно тафсир карда мешавад. Аз ин рў, сохторгаройии фалсафи дар дарачаи бештари вокунише хаст ба субъективизм ва фардгаройи (индивидуализм)-и вучудгароён, ки ѓояхои онхо дар Фаронсаи солхои 60-ум шакли тундгаройии сиёси касб карда, бо хамин маъруф гашта буд. Ба андешаи сохторгароён, вучудгаройи зухуроти нихойии хаёлоти дар фалсафаи классики решадавонда дар бораи он аст, ки олами инсони дар заминаи худшиносии субъект бунёд мегардад. Ба як чунин гумрохии Декарт бо пешниходи хикматаш «Меандешам, пас вучуд дорам» ибтидо гузошт. Проблемаи маданият ва забон дар фалсафа К. Леви-Стросс. Мардумшиносу фархангдони маъруфи фаронсави Карл Леви-Стросс поягузори сохторгаройи фалсафи дониста мешавад. Асари асосиаш «Антропологияи сохтори» буда, ў дар он имконияти маърифатии усули сохторгаройиро дар омўзиши чомеахои ибтидойи татбиќ мекунад. Олим низоми хешутабори, ќоидахои издивочу никох, расму оинхо, маросимхо, ривоятхо ва ѓайраро чун забон, тарзи муошират, рамзхои иттилооти барраси мекунад. Дар асоси онхо сохтор ќарор дорад, ки принсипи нисбатан мухимашон муносибати антиноми(дузидди)-ист: хунук-гарм, худи-бегона ва ѓ. Ба назари Леви-Стросс, дузидди присипи ташкилшавии маданият аст, азбаски худи хастии инсони аз ибтидо тазоддор аст. Файласуф тахмин мекунад, ки чомеахои ибтидои дар тафовут аз чомеахои муосир тарзи пайванди мавзуни зиддиятхоро нигох доштан; онро ў зухури фавќулаќлгаройи номгузори кардааст. Ин пайванди ба устура хоси мабдаъхои аќлони ва хисси аст, ки хангоми он баёни ѓайримустаќими бахамзидхо рух медихад. Сохторхои бешууронаи хирад, ки атои табиатанд, хусусияти дузидди доранд. Ба инсони муосир фахмидани табиати худ ва барќарор сохтани тавозун(гармония)-и гумкардаи бахамзиддхо лозим аст. Психоанализи структурии Ж.Лакан. Барои бештар ба даст овардани маълумот оид ба шеваи андешаронии фалсафии намояндагони мактаби сохторгаройии давраи ба балоѓатрасида баррасии васеътари таълимоти яке аз чехрахои барчастаи он Жек Лаканро дар ин чо зарур мехисобем. Харчанд баррасии андешахои Лакан дар мавриди психоанализи таркиби бо сабаби печидагихои ќазоватхояш кори сахлу осоне нест. Бо вучуди ин рохи наздик шудан ба дарки мўхтавои андешахои ў он аст, ки аввалан таълимоташро оид ба забон мавриди таваччўх ќарор дихем ва сипас дигар мафхумхоеро, ки таълимоти вай бо онхо пайвастаги дорад, дида бароем. Дар робита бо ин Лакан чунин андеша дорад, ки забон иборат аз ду чанбаи мухим аст. Яке аз онхо сохтори умуми, ќоидаманди ва нахви забон аст. Дигаре сатхи таъодии озоди маънои дар чинсхо, бози бо калимахо мебошад. Харчанд Лакан дар ин масъала аз Соссюр пайрави мекунад, вале дар фарќият аз ў Лакан на чанбаи аввал, балки ба чанбаи дуюм, яъне таъодии озодмаънои таваччўхи бештар зохир мекунад. Дар таълимоти Лакан шархи хусусияти ичтимои доштани чанбахои дар боло зикршудаи забон мавќеи мухим пайдо мекунад ва сабаби онро ў дар он мебинад, ки аслан забон тачассумгари вижагихои ќудрати чинси дар чомеа аст. Яъне чанбаи умумии забон, ки бештар ба сохтор ва ќонунманди такя мекунад, тачассумгари афзалияти ќудрати мардона дар муносибатхои чамъияти аст. Баръакси он тамоюл ба озодмаънои, бартарияти бози бо калимаю иборахо ишора ба талошкунии ќудрати феминисти, занона дар чомеа аст. Ба андешаи Лакан, ин ду чанбаи забон хамеша дар муборизаи хамдигар ќарор доранд ва баъзан ин зиддият хусусияти харобкорона ба худ мегирад. Ба андешаи Лакан, ду чанбаи зикршудаи забон хамчунин ба мундаричаи нохудогохи ё бешуурии инсон таъсир мегузоранд. Бинобар хамин хам нохудогохи офаридаи худи забон ва тачассумгари вижагихои он аст. Чанбаи сохторию ќонунмандонаи забон сахнаи зухури нохудогохиро ба ќадри имкон махдуд месозад ва аксар маврид онро саркўб менамояд. Дар баробари ин нохудогохи низ барои зухури худ пайваста талош меварзад ва мекўшад пояи суботи сохторию ќонунмандона доштани забонро суст кунад. Нохудогохии инсон тўли хаёташ хамчунин пайваста бо нафси ормони(идеал) ё худи пўёи(self dynamic) талош меварзад ва ин талошхо зинахои муайянро пушти сар мекунанд. Дар мархилаи аввал, ки мархилаи «ойинаи» (mirror) ном дорад, кўдак нахустин бор талоши худро барои офаридани худ ё ба даст овардани мафхуме аз хуввият амали месозад. Чунин талошхо дар бисёр мавридхо бо шикаст рў ба рў мешаванд, зеро худ сирфан ќолаби мунтазам таѓйирёбанда (matrix) мебошанд ва худро ба сурати куллияти фиребдиханда ё ѓайрихаќиќи намоиш медиханд. Забон дар ин маврид навъе аз заминахо барои зухури чунин фиреб аст. Назму тартибе, ки дар забон мавчуд аст, хам имконияти чунин айниятбахшиданиро медихад ва хам онро хидоят мекунад. Лакан иброз медорад, ки он чизеро, ки мо хамчун воќеият тасаввур ва тасвир мекунем дар асл бо ёрию иштироки бевоситаи забон сохта мешавад ва дар забон тачассум ёфта бо мурури тахаввулоти забони он низ ба тахаввулот дучор мешавад. Яъне сохтори воќеиятро забон ифода мекунад ва мавчудияти воќеият ба туфайли забон аст. Хеч гуна фарозабони барои тавсифи воќеият вучуд надорад. Хамин тавр, Лакан низоми суннатии байни амри рамзии забон ва он чизеро, ки намоён менамоёнад, инкор мекунад, аввали охириро меофарад. Зимнан бояд ќайд намуд, ки даъвои сохторгароён барои эчоди методологияи аниќи илмии хос барои хосил кардани донишхои ичтимоию гуманитари аз бисёр чихатхо асоснок нагардиданд, зеро татбиќи он натичахои хеле мучаррад дод, ки санчишашон на хамеша бо натоичи эътимодбахш ба даст меояд. |