Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Субъект ва объект, идеяхои фитри ва мафхуми apriori. Дар консепсияи Шопенгауэр мафхуми субъект тобиши мухим дорад. Агар объект хамчун ифодаи сершумори (миќдори) ба шаклхои априории ваќту фазо бошад, пас субъект берун аз ваќту фазо ќарор дошта, худро чамъи ирода ба хаёт маърифат намуда, оламро аз тасаввуроти зиёде тахия месозад. Бо фано шудани он тамоми олам хамчун тасаввурот нобуд хохад шуд ва танхо як иродаи зишт, ки табиати биологи дорад, боќи хохад монд. Субъекти Шопенгауэр худхоху худбин буда, итминон ба он дорад, ки хамаи дигар субъектхо аз мавчудоти ў ва аз мавчудияти ў вобастаанд. Проблемаи муносибати субъект ба объект хамчун муносибати маърифаткунандаю маърифатшаванда яке аз проблемахои марказии фалсафа ханўз аз оѓози фалсафа гузошта шуда буд. Табиати субъект низ дар доираи халли ин ё он проблема арзёби мегашт. Дар фалсафаи аттиќа муносибати субъект ва объект ба тарзи номувофиќе натичагири мешуд: масалан хамчун робитаи дониши ботили тобеи мулохиза, мувофиќан ба ѓайрихасти ва дониши мутобиќи хаќиќату мувофиќан ба хасти алоќаманд дар назар дошта мешуд. Муќобилгузории ќатъии сахехияту мўътамадии субъективи, худшиносии шуури субъект ва олами воќеияти объективиро нахуст Р. Декарт тавсиф дода, бо хамин барои андешахои баъди масъалаи муносибати олами «ботинии» шуур ва олами «берунии» воќеияти табииро хамчун робитаи субъект ва объект дар фахмиши он ки субъект ба кулли аз объект фарќ дорад, ба миён гузошт. Фалсафаи классикии олмони муќобилгузории метафизикии субъект ва объектро, ки хамчун ду чавхари дар ниходи хеш махдудбуда тасвир мешуд, ѓайриимкон бахогузори кард ва кўшиш дошт объектро дар якчояги бо фаъолияти эчодию созгоронаи субъект маърифат кунад. Албатта чунин бахогузори дар доираи фахмиши идеалисти сурат мегирад, ки бунёди онро эътирофи объект чун махсули эчоднамудаи субъект ташкил мекунад ва баъд аз тадќиќу тавзехи ин масъала дар фалсафаи классикии олмони субъект на хамчун як «чизи идеали», балки хамчун фаъолият ва худфаъолияти фахмида мешавад ва Гегел бошад, ягонагии амалияи дигаргунсозандаи субъект ва фаъолияти маърифатии субъектро таъкид менамояд. Пештар бошад, Кант проблемаи субъекти трансенденталиро ба миён гузошта, заминаи фахмиши субъектро чун аслияти махсуси ичтимои муќаррар сохт. Хамин тавр, проблемаи робитаи объекту субъектро дар баробари даххо файласуфони дигар, Шопенгауэр зимни тасаввуроти олам ва амали ирода дар олам тахлил менамояд. Ин проблемаро Шопенгауэр дар сахифахои аввали «Олам хамчун ирода ва тасаввурот» тахлил мекунад ва азбаски мо ин китобро (А. Шопенгауэр. Мир как воля и представления», перевод А. Фета, Москва, Типография А. И. Мамонтова и К., 1888) дар ихтиёр дорем, иќтибосхоро аз ин китоб дар дохили матн меорем. Табиист, ки Шопенгауэр ин масъаларо аз лихози назарияи идеалисти тахлил намуда, маќоми махсуси субъектро дар ин муќоисагузоирии субъекту объект хоссатан боло хохад бардошт. Робитаи субъекту объект ва мохияти ин масъаларо Шопенгауэр тахлил намуда, мафхуми субъектро чунин тавзех медихад: он чизе ки маърифат месозад ва аз чониби касе мавриди маърифат ќарор намегирад, субъект аст. Аз ин рў, субъект пешбарандаи олам, пайваста шароити яклухти дарназардоштаи хама зухурот ва хама объект буда, хамзамон барои субъект хама чизи мавчуда, мавчудият аст. Чунин субъектро хар кас дар хештан низ пайдо мекунад, илова бар ин то хадде, ки ў хамон ќадар маърифат месозад, то хадде ки ў объекти маърифатро тахия кардан мехохад. Объект, хатто метавонад чисми ў бошад ва аз ин хотир ва аз ин нуќтаи назари Шопенгауэр хамин чисми ба объект табдилёфтаро тасаввурот меномад. Ва ин чисми, ки миёни объектхо ќарор доштаю тобеи ќонуни фарогири объектхост, пас он объекти бевосита бахогузори мешавад. Он мисли хамаи объектхои муроќиба, дар шакли хама гуна маърифат, дар замону дар макон нухуфта аст, ки тавассути он афзоиш хохад буд. Баръакси он субъекти маърифаткунандае, ки хеч гохе маърифат намегардад, дар ин ашкол чой надорад, зеро ки худи онхо дар назару тасаввури ўянд, аз ин лихоз ў ба куллу мутазодди ў – вохид тобеъ нахохад буд. «Мо хеч гохе ўро маърифат намекунем, он хастиест, ки агар ончо маърифатшаванда бошад, ў маърифаткунанда хохад буд. Хамин тавр, олам хамчун тасаввурот, аз кадом тарафи муфрадаш (ягонааш) нагирему мо онро барраси накунем, аз ду ниммаи мухим, зарури ва таќсимшаванда иборат аст. Яке аз инхо объект буда, дар шакли макону замон зухур дошта, ба воситаи онхо афзоиш меёбад. Нимаи (нисфи) дуюм, субъект аст - дар замону макон фарогир нест, зеро он дар хар мавчуди тасаввуршаванда ба кулли (пурра) ва таќсимнопазир хузур дорад: аз ин рў хар яки он чунон комил аст, мисли миллион вучуддоштае, ки объектхои оламро хамчун тасаввурот такмил месозад; аммо агар ин аз байн равад, олам хамчун тасаввурот мавчудияти хешро ба охир мерасонад. Аммо ин ду нисф хатто барои андеша хам чудонопазиранд: зеро хар кадоми он ахамият дорад ва воситаи мавчудияти хамдигаранд, муштаракан бо хам мавчудият доранд ва якчоя, бо хам нобуд мегарданд. Онхо мустаќиман якдигарро махдуд месозанд; ончое ки объект шурўъ мешавад, субъект ба охир мерасад» (сах. 6). Дар робита ба субъект, мафхуми apriori аз чониби Шопенгауэр борхо арзёби мегардад, ки зарурати тавзехи он ба миён меояд. Дар таърихи фалсафа мафхуми apriori ба таълимоти идеяхои фитри алоќаманд аст, зеро эътирофи он мавчудияти донишхои берун аз тачрибаро дар назар дорад. Истилохи мазкур баъди пайдо шудани «Танќиди хиради холис» - и Кант васеъ пахн шуд ва донишхои априори аз идеяхои фитри бо он фарќ мекунад, ки ин донишхо сирф ба шакл сарукор доранд, на ба мундаричаи маърифат. Барои Кант apriori шарти дониши мўътамад аст, ки дар интеллекти инсон новобаста ба ин ё он тачриба чой дорад. Кант шаклхои априории эхсосият - фазою ваќт ва шакли априории зехнро фарќ мегузорад. Ба охири 12 шакли хукм ва мутобиќи он 12 категория – сабаб, натича, зарурат, тасодуф ва ѓ. тааллуќ дорад. Шаклхои хассосият ва зехн, аз нигохи Кант донишхои беназму бетартибро, ки ба воситаи эхсос ба даст омадаанд, алоќаманду муназзам месозад. Шопенгауэр проблемаи субъекту объект ва мафхуми apriori – ро (кал. лотини – аз гузашта, яъне донише, ки ба тачриба вобаста нест, баръакси апостериори) бо истинод аз таълимоти И. Кант арзёби намуда, фарќияти назарияи хешро аз таълимоти Кант оид ба ин проблема дар робита ба ќонуни бунёди мукаммал тавзех медихад. «Умумияти ин хад махз дар он зухур меёбад, ки шакли мухим ва умумии хар объект, ки замон, макон ва сабабият хастанд, имкон дорад намоёну боз ва комилан маърифатгашта бошанд – бидуни маърифати худи объект, балки дар заминаи субъект, яъне агар ба сухани Кант арз дорем apriori дар шуури мо нухуфта аст. Ин кашфиёт хидмати асосии Кант буда, хело хам бузург аст. Аммо ман бар иловаи он тасдиќ мекунам, ки ќонуни бунёди ин ифодаю баёни умумие барои хамаи он apriori – и шаклхои маълуми объект мебошад ва бинобар ин хар чизе, ки мо холис - apriori медонем, чизи дигаре нест, магар чун мундаричаи ин ќонун ва натичаи он ва хосатан дар он хама apriori – баён шуда, маърифати боэътимод аст. Дар тадќиќи ќонуни бунёди ман муфассал нишон додам, ки ба он (яъне ба маърифати боэътимоди априори– Ф. А.) хама объекти имкондошта тобеъ мебошад, яъне хар чизе дар робитаи ногузире ба объекти дигаре ќарор дошта, аз як тараф чун муайянкунанда ва аз тарафи дигар чун муайяншавандааст: ин ба хадде мерасад, ки мавчудияти куллии хамаи объектхо (то чи андозае объектанд, дар хамон хад айнан тасаввуротанд) комилан ба таносуби ногузири онхо баробаранд, дар он сирф мавчудияти комилан нисбии онхо барќарор аст». (сах.7) Хамин тавр, Шопенгауэр дар заминаи субъект, дар шуури инсонхо хузур доштани маърифати олам ва мундаричаи ќонуни бунёди ва натичаи хамин ќонунро чўё шуда, тамоми оламро хамчун тасаввурот ва тобеъ ба иродаи тасаввуршуда тавзех месозад. Инсон тачассуми комили ирода. Инсон чун объективатсияи комилтарини ирода аст, ки мўхточтарин мавчудот буда, хаёташ аз эхтиёчоте, ки хазорон талаботу манофеъро фаро гирифтааст, иборат мебошад. Набудани хамешагии ќобилият ба он мерасонад, ки хаёти инсон дар хама шароитхо ин азияту кулфат аст. Дар заминаи хамин андеша Шопенгауэр ба хулосае меояд, ки азияту шиканча вобаста ба сатхи маърифати инсон меафзояд. Инсон аз нигохи ў, субъекти маърифаткунандаест, ки маърифат ба ў ќонеият нею азияту шиканча меорад. Бо такмили маърифат азияту андўх ва шиканчаи инсон меафзояд. «Маърифат андўхро афзун месозад», - мегўяд ў. Ин хамон замоне рўй медихад, ки дар раванди маърифат мо ба амиќияте ворид мешавем ва ончо худовандро пайдо накарда, иблисро мебинем. Иблис, яъне «Иродаи тавоною маъшуме, ки хамеша тори анкабути кулфатро бофта, офаридахои хешро озор медихад». Инсон хамчун объективатсияи комили ирода - дар амиќияти мавчудияти хеш, хайвони вахшию берахмест. Дар бунёди олам, идома медихад Шопенгауэр, оѓози шаётини ќарор дорад… Ў масехиятро инкор ва динхои хиндуиро афзал медонад. Хатто саги пудели ў Атма ( Атман - ифодаи рўхи чахони дар фалсафаи Хинд) ном дошт. Ќонеъ наёфтани ирода инсонро ба муборизаи хастахолона тела дода, ба инсон ѓорат намудани табиат ва истисмори одамони дигарро омўхта, шаклхои берахмонаи худпарастиро талќин месозад. Табиати зиштонаю чохилонаи ирода сабаби он мегардад, ки инсон хеч гохе ќаноат нахохад кард. Инсон хамеша хадафхои «бемуваффаќонаеро» пайгир буда, кўшиш дорад ба воќеият чун ба хубоби пуфаки собун назар андозад, дар сурате, ки хуб медонад, хубоби пуфаки собун хатман кафидаю аз он чизе намемонад. Хатто давлат - танзимкунандаи иродахои хусуси, наметавонад худхохию берахмии инсонро, ки дар тамоми таърихи чангу табаддулотхо худро зухур мекунад, аз байн барад. Муфассирони Шопенгауэр андеша доранд, ки ирода дар таълимоти ў иродаи гуруснаю харису бешуурест, ки ночор хешро харисона истеъмол мекунад. «Олам чун тасаввурот» ва «Олам чун ирода» ду тарафи олами порагаштаест, ки метавон онро шиканчаю азият тасвир сохт. Хамагуна азобу кулфат аз нигохи Шопенгауэр «мусби» ва хамагуна ќонеият «манфи» барраси мегардад. Хамагуна талаботу майлу хохишро мо замоне эхсос мекунем, ки онхо ќонеъ нашудаанд ва холати ѓайриќаноатбахш - ин азоб аст. Ќаноатёбии майлу хавас танхо муваќќатан азобро кохиш медихад. Ќўшиши беохири озод щудан аз азияту шиканча танхо ба он меорад, ки як шиканчаи маълум ба азияту кулфати дигаре худро иваз мекунаду халос. Агар ба иддаи ками инсонхо озодшави аз як шакли азият муяссар шавад, хамон замон хазорон азияту шиканчае мутобиќ ба синнусол ва шароити зист ба ў бармегарданд. Инсон хеч фахмида наметавонад, ки чи кулфате ўро дар пеш аст. «Мо мисли баррачахое дар марѓзор бозию шўхи дорем, дар холе, ки ќассоб бо таги чашм ин ё онеро интихоб мекунад ва мо дар миёни рўзхои хушбахтии хеш намебинем, ки кадом бадбахтиеро ба мо сарнавишт омода сохтааст - бемори, таъќиб, камбизоати, маслуќи, нобинои, чунуни ё саодатманди…мо намедонем, воќеан чи ходисае рух медихад».20 Мо медонем, ки марг ногузир аст, таъкид мекард файласуф, вале боз дар пеши худ хар маќсадеро мегузорем. Кўшиш мекунем хубоби собунро пуф карда онро калон созем, харчанд медонем, ки ин хубоб пора хохад гашт. Магар дар олам хушбахти хаст? На, чавоб мегўяд философ. Агар маќсаде, ки инсон пеши худ гузоштааст, ба даст наояд, агар хохишу хавасатон татбиќ нагардад, пас инсон худро бадбахт эхсос мекунад. Ва агар орзўи инсон ба даст биёяд - инсон ќонеияти тезгузаре эхсос мекунад ва хамон замон боз ўро ноумеди домангир гашта, дилмондагию маъюси фарогираш мегардад. Саволе ўро парешон месозад: хайр баъд чи? Шопенгауэрро дар баробари даххо масъалахои дигар масъалаи хувияти ба чинс тобеъ будаи инсон ба фикр меорад ва ў бидуни хеч як истехзое ин чанбаи хаёти инсонро мавриди барраси ќарор медихад ва хулосахои ќотеонаашро бе хеч истихолае баён мекунад. Яъне раванди ташаккули чинсии ачсоми одам ва робитаю таъсири онро дар тахаввули равонии инсон ба мехвари проблемагузории фалсафи ворид месозад. Тамоми умр, то ваќти марг, инсон кўшиши наздик шудан ба инсони чинси муќобилро дар дил мепарварад, мегўяд Шопенгауэр. Ин ѓаризаи нерўманд ва хамешавучуд ба идома додани насл меорад. Хамин тавр, аз тарафи дигар, ба зиёд шудани имконияти азият ва афзун шудани хатари марг меорад. Аз ин рў, алоќаи чинсиро ноаёну ногузир шарму хаё рохбалади мекунад. Дар робита ба хавасу шахвати чинси Шопенгауэр раванди ташаккули ачсоми инсонро, хусусан таѓйири рангу пўсти инсонро, ки натичаи эволтсияи тўлонист, тахлил намуда ба хама андешахои нажодпарастию тасаввурот дар бораи «ирќи интихобгашта», ки дар замони ў аз чониби Жозеф Гобиною Жорж де Лапуж боло бардошта шуда буданд, зарбаи ќатъи мезанад ва чунин тахаюлхои ѓайриилмиро тамасхўр мекунад. Соддатар гўем, ў яке аз аввалин муборизони алайхи миллатгароию нажодпарасти буд. «Ба маврид хохад буд, ин чо аќидаи худро гўям, ки ранги сафеди пўст барои одамон табии нест, зеро ки пўсти табиии онхо сиёх ё ќахваранг аст, мисли гузаштагони мо - хиндуён; аз ќаъру ниходи табиат дар аввал ягон одами сафедпўст набаромадааст, нажоди сафедпўст умуман вучуд надорад, новобаста ба хама гуна тафсири он: хар як одами сафедпўст одами пўстпартофтаю рангпаридаест. Ба минтаќаи сарди Шимол, ки барои ў бегона буд, замоне ноилоч танг карда шудаву кўч мебандад ва инчо ў худро чун растании экзотикие (ачоибе) эхсос мекунад, ки зимистон ба гармхона эхтиёч дорад. Инсон дар фосилаи хазорсолахо сафед гашт. Ана, барои чи дар мухаббати чинси табиат ба аќиб, ба сўи мўи сиёх ва чашмони сиёх, яъне ба сўи тимсолу намунаи аслии хеш мекўшад». Хаваси инсон ба хар чизе, ки ў сохиб нест, боло гашта, мухаббати ў ба хадафи дарёфтнагашта афзун хохад шуд. «…Хар касе, чизеро дўст медорад, ки ўро ин чиз нест». Агар ин дўстдорию мухаббат тамоили шавќу хавасу шахвати чинси дошта бошад, иштиёќу чунбиши талабкунанда хазорон бор суръат мегирад ва хатто манфиатхои мухими чамъиятию рўзгордориро ба дигар сў тела медихад. «Номусу шараф, ки то хол бар хамаи манфиатхо афзалият дошт, хамон замон майдони мухорибаро тарк мекунад, агар ба ин чода мухаббати чинси дахолат намояд, яъне манфиати насл; дар тарафи ѓайр мухаббат бартарияти ќатъи хохад гирифт, зеро ки манфиатхои насл, беохир ќувватноктаранд, дар муќобили манфиатхои мухимтарине, ки ба фардхо тааллуќ доранд».21 Хаёти хар нафар силсилаи азобу кулфатхои пайдошавандаю ивазшавандаанд. Агар Рене Декарт принсипи «Фикр мекунам, пас вучуд дорам» - ро боло бардошта бошад, Шопенгауэр муќаррароти «азоб мекашам, пас ман вучуд дорам» - ро ба миён мегузорад. Андешаи фалсафи, ки мувофиќи он дар фалсафаи атиќа бадию кулфат хамчун холати набудани неки арзёби мегардад, дар таълимоти Шопенгауэр тобиши дигарро мегирад. Барои ў неки тамоман вучуд надорад ва аз нигохи ў одамон холати муваќќатан набудани азобро маъмулан некию хайр номгузори кардаанд. Рафтори хар як субъектро худпарасти, бадхашми ё ин, ки тараххуму дилсўзии табиатан ба ў додашуда, рахнамои мекунад. Тарбия танхо метавонад раѓбату хавасмандии ботинии ўро нарм созад. Хатто санъати педагогии Песталотси, аз нигохи Шопенгауэр, наметавонад фарди бадкирдорро ба хакими некрафтор, чохилро ба рахмдил табдил созад. Давлат ва хуќуќ «пўзбанд»-ро («намордник») тахия месозанд, ки аъзоёни чомеаро имкон намедихад ихтилофи байнихамдигариро ба холати ќир сохтани хамагон бурда расонад. «Хеч як хайвоне ба хотири шиканча додан, якдигарро азият намедихад, вале инсон онро анчом медихад… Инак дар ќалби хар нафаре воќеан хайвони вахшие нухуфтааст, ки танхо интизори лахзаест, то берахмию бадхашмиро ба хотири дигареро дардманд ё нобуд сохтан равона созад»22. Хамин тавр, сабаби хама азиятхои мо - шиддат гирифтани ирода аст. Чи рохест? Аввалан, аз хамин шиддатнокию тундрави даст кашидану ба хомўшию тамкиният рўй овардан. Сипас Шопенгауэр, ду роху имконияти озодиро аз ин иродаи машъуму бад мебинад. Якум, даст кашидан аз хамагуна раѓбату хавасхо ва ба зохидиву пархезкори – Нирвана (дар фалсафаи буддоия рохи рахои ёфтан аз нафсоният) рўй овардан. Яъне, дар ниходи хеш пахш намудани ирода ба хаёт. Ќадами дуюм, дар ин рох хайрхохи ва мухаббати беѓаразона ба наздикон. Некию дилсўзи, ќобилияти эхсоси он, ки ѓами дигаронро чун ѓами хеш донистан. Дилсўзи- категорияи асосии этикаи Шопенгауэр аст. Тарзи дигар, ё ин ки рохи дуюми имконияти озодшавиро Шопенгауэр санъат мехисобад. Махз санъат инсонро аз занчири беохири нафсонияту хирс озод месозад. Дар санъат инсон ба объект фурў рафта, шиканчахои хешро фаромўш месозад. Одамон, баръакс дар рохи озодшави аз иродаи зишт ќонеиятро муќаддам мешуморанд. Мекўшанд, то азияту кулфати худро ба фарчом расонида, майлу хохиши хешро татбиќ карда, ќонеият хосил кунанд. Онхое, ки воситаи мувофиќ ва имконияти амали намудани хохишоташонро доранд ё онхое, ки доираи махдуди майлу хохиши худро ќонеъ намудаанд, баъди ќонеият ёфтанашон, онхоро эхсоси дилтангию малолат фаро мегирад, ки он азияти наверо тавлид месозад. Азобу кулфатро хамон ваќт метавон ба итмом расонд, ки аз хама майлу хохишот даст кашид ва холати «нирвана» - ро ноил гашт. Хамин тавр, таълимоти Шопенгауэр тобиши пессимистиеро фаро мегирад, ки он як таассуре ба оптимизми таърихи ва эвдемонизм (назарияи халоватхо) буда, дар баробари шоири англис Самюэл Колрич ва файласуфу математики франсави Пийер Мопертю бунёдгузорони назарияи пессимизм, хамчун система ба хисоб мераванд. Ваќте сухан дар бораи системаи пессимизм ва истилохи он меравад, бояд тазаккур дод, ки андешахои пессимисти аз худи инсоният чавонтар нестанд. Шопенгауэр пессимизмро ба таври ќотеонаю пайгирона, хамачониба ва ба таври муфассал, чун система асоснок намуд. Муодилаи фалсафаи маорифпарвари, ки ханўз аз замони Лейбнитс (дар асари Г. Лейбнитс «Теодисея», 1710) дунёи моро «бехтарин дунёи имконулвучуд» арзёби мекард ва андешаи Гегелро, ки таърихро хамчун ќадамчою гомгузории заминии Рўхи чахони, ки он чо фалокату азияти фардхо ахамияти чиддие надорад, тавсиф менамуд, дар фалсафаи Шопенгауэр тамоили баръаксро мегирад. Ў оламеро, ки инсон ончо зиндаги дорад, бадтарин дунёи имкони вучуддошта ба ќалам медихад. «Оптимизм, агар танхо, суханпардозии бемаънии одамоне бошад, ки чуз лофзани чизи дигареро онтарафтари пешонии фарохашон сохиб набошанд, барои ман на фаќат сафсатаю харзагўи, балки воќеан андешаи бевичдонона, тамасхўри талхе ба азиятхои баённагаштаи инсоният аст»23. Бадтарин чахони имконулвучудро бади фаро гирифтааст ва ончо инсони азияткашидаю ноумед зиндаги дорад. Худхохию худпарастии ў то хадде ќувват гирифтааст, ки бештаре аз харобкорихои инсон махз дар хамин худпарастиаш нухуфтааст. Агар ба одамон интихоби диллемаи халокати шахси ё халокати оламро вомегузоштанд, бисёре аз онхо халокати оламро афзал медонистанд, бо таассуф арз мекунад Шопенгауэр. Табиати инсон дар баробари худхохияш, боз пуркинагию бадхашмиро низ дар худ гирифтааст. Бадќахрию пуркинаги нисбат ба худпарасти бештар бадахлоќист ва бадкинаю пурхашм нисбат ба шахсияти худ бетафовут буда, фаќат аз фалокату халокат ва азоби дигарон ѓами худро кохиш медихад. Мушохидаи азобу кулфат, азияту нокомии дигарон хассосияти бадхохонаи онхоро заррае таскин бахшида, ичборан ба ѓам гирифтор сохтани дигаронро онхо дар наќшахояшон тархрези мекунанд. Ягона рафтори нармсозандаи ахлоќи дар муќобили бадкинагию худпарасти ќарордошта, ин дилсўзи ва амалхоест, ки ба хотири заиф сохтани азобу азияти одамон равона гардидааст. Аз дилсўзи ду аъмоли нек бармеояд: адолат ва инсондўсти. Эътирофи инсондўсти Шопенгауэрро ба ќатори гуманистон чой медихад. Вале гуманизми Шопенгауэр аз гуманизми аврупоии замони Эхё роичшуда, фарќ дорад. Дар фалсафаи ў, инсон махз тавассути ирода ботини хешро муайян месозад. Ирода дар инсон зухур намуда, характери ўро тахия месозад ва хислатхояш комилан ба ў тобеъ нест. Танхо хамон ваќте, ки инсон ба тамоми мавчудоти зинда дилсўзии бехудудро раво мебинад, танхо хамон замон ў аз холати асирии бадкинагию худхохи берун мешавад ва хичоби «майя»-ро рахна намуда, ба дарки мохияти хама чиз хохад расид. («Майя» мафхуми фалсафаи Хинди ќадим аст, ки дар мактаби веданта ба маънои тахаюл ва тасаввур меояд). Ба тавваќуфи зиёде дар таърихи фалсафа Шопенгауэр аз нав этикаро бо метафизика пайваст. Дар асари асосиаш «Олам хамчун ирода ва тасаввурот» ду олами фарќунанда пайдо мешаванд. Он чизеро, ки мо воќеият меномем, аз ќабили табиат, чамъият, маданият, таърих ва хатто хаёти шахсиамон, аз нигохи Шопенгауэр, мавчудияти воќеии объективиро сохиб нест, балки дар тасаввуроти мо вучуд дошта, хамчун тасаввури хаёл, он чизе, ки дар анъанаи хиндуён «майя» меноманд, зухури афсунгаронаю фиребдиханда аст. Олами хаќиќи - ин олами нихон, мохияти диданашаванда - ирода аст, ки хамчун «чизи дар худ» - и Кант фахмида мешавад. Шопенгауэр кўшиш дошт муосирони хешро итминон бахшад, ки набояд ба хеч тахаюли таскиномези ботил, ба хеч гипнози сухан, мукофот, тўхфа, мартаба, кайфиятхои рўзгоре побанд шуд. Онхо албатта барои одами алохида хуб аст, вале маъною мохияти хаёт дар онхо нест. Одамон ба дарки маъною мохияти он ѓановате, ки онхоро ихота кардааст, намерасанд ва хатто ќадри бузургонеро, ки хар лахзае метавонанд, аз хузури мубораки хеш ќалбхои онхоро рўхбаланду шод гардонанд - намедонанд ва дар бисёр холатхо ба озору таъќиби онхо даст мезананд. « Хамаи португалихо ханўз хам аз Камоэнс, аз ягона шоири бузурги хеш ифтихор доранд, вале ў бошад аз гадоие, ки шомгохон барои ў сиёхпўстбачаи аз Хинд овардааш ѓун мекард, рўзашро мегузаронд».24 Яъне замоне, ки инсон арзи хасти дорад, касе ба ќадри шахсияти ў намерасад ва одамон интизор мешаванд, ки то ў бимираду сипас шўхрати ўро мусодира кунанд. Дар чанд сахифаи «Афоризм» - хо Шопенгауэр исрофкориро махкум намуда, баръакс хасисиро хамчун сарфакори ба ќалам медихад ва ачоиб он аст, ки ў барои таќвияти андешааш аз Ќуръони карим далел меорад. Масалан: «…хасиси нуќсе нест, баръакс мутаззоди ў – исрофкори аст; … аз ин рў Ќуръон комилан одилона исрофкоронро «бародарони шайтон» меномад. ( сураи 17, ояи 29); Хасиси оќибате дорад, ки он фаровонист - пас он магар ќобили ќабул нест?…Исрофкори на танхо ба камбизоати, балки тавассути камбаѓали ба чиноят мебарад: хамаи чинояткорон аз табаќахои доро ба иллати исрофкори ба ин хол мерасанд». Ваќте ки Шопенгауэр барои таќвияти андешааш аз Ќуръон далел оварда, ишора ба сураи маълум ва ояи даќиќ мекунад, Ќуръонро кушода хаќќонияти далели Шопенгауэрро тафтиш мекунем: «Хамоно исрофкунандагон бародарони шайтонанд ва шайтон ба нисбати парвадигори худ кофир аст». «Макун дасти худро баста ба гардани худ (яъне бахили накун) ва макшой онро ба тамом кушода, (яъне исроф хам макун, ки дар сурати бухлу асрор) бинишини ба хасрату маломат» (Ќуръони карим бо тарчума ва тавзехот ба забони точики. Исломобод. 2002, с. 663. №17. Сураи Исро. ояхои 27; 29). Чуноне ки мебинем, Шопенгауэр дар иќтибос овардан аз Ќуръон комилан даќиќиятро риоя намуда, шиносоияш аз омўзиши амиќи на танхо китобхои хиндуёну юнониёни ќадим, балки аз омўзиши даќиќназаронаи китоби муќаддаси мусулмонон низ дарак медихад. Бо вучуди афкори пессимистиаш, ў омўзишу пазируфтани таълимотхои абадзиндаро, ки дар он «даќиќахои хаёти абадзинда, дар замин мушобехи солхост ва солхои замини мохияти як лахзаи човидона»25 тасвир мешаванд, тавсия медихад. Андешахои воќеъбинонаи Шопенгауэрро намояндаи дигари фалсафаи иратсионали Фридрих Нитсше пазируфта, аз мулохизахои ба вачдоварандаи ў илхом мегирад: «Ва одами ноилоч танхомонда, рамзи бехтаре нахохад ёфт, ба чуз аз «баходури хамрадифи марг ва иблис»,… ки метавонад дар миёни дахшатхои ўро ихотакарда рохи худро пайдо кунад, аз хузури хамсафари ачибаш хичолат накашида, вале яќин ноумеду танхое болои аспаш ва бо хамрохии саги худ. Чунин сипохии дюрери Шопенгауэри мо буд. Хама умедхояшро барбод додаю, вале ў ташнаи хаќиќат буд. Касе баробари ў нахохад шуд».26 (Инчо Нитсше мусаввараи рассоми олмонии давраи Эхё Албрехт Дюрер (1471-1528) - ро дар назар дорад, ки тасвири ритсари баходури танхоеро ба ќалам додаст). Ба осори Шопенгауэр шинос шуда аз рўхияи пессимистии андешахои ў, метавон ба назари интиќодие фарогир шуд. Вале, чуноне ки Нитсше менависад, ў сипохиеро мемонад, ки дар сахрои ѓафлат танхо мондаю ба ў сирф воќеияти дилрешкунандае хувайдо асту халос. Хамин тавр, бунёди умумие, ки моро бо Артур Шопенгауэр наздик месозад - ин умумиятхои инсонист. «Афоризмхо» - и ўро хонда, боз як бори дигар мутмаин хохи шуд, ки фарќиятхои милли, табаќќотию синфи, сиёсию дини наметавонанд чихатхои умумиинсониро, ки одамонро муттахид месозад, аз байн барад. Некию бади, орзўхои чавони ва ноумедихои пиронсоли, завќу хавасу мухаббате, ки марду занро мепайвандад, сихатию бемори, истеъдод ва камхунари, худбахогузори ва пазируфтани андешахои дигарон дар бораи ту, дўстии воќеию дўстии дурўѓин, ѓами фарзанд хўрдану номўси наздиконро бар дўш гирифтан ва хазорон проблемахои рўзгор, ки хама давру замон кўхна нагаштаю тамоми банни башарро фарогир аст, аз чониби Шопенгауэр бо хаќќонияти раъдосою нешзананда, буррою оштинопазир ва тамасхўри талхе ба ќалам оварда мешаванд. Мухаќќиќи таълимоти ў И.С. Нарский менависад: «Мо ба ояндаи инсоният ноумедонаю пессимистона назар намекунем, чуноне, ки ба он Шопенгауэр менигарист. Аммо омўзиши эчодиёти ў, – позахри баде нест дар муќобили ура - оптимизми (оптимизми ѓавѓоангез) аблахонаю бемазмуне, ки мо дар гузаштаи начандон дуре ва хатто холо хам аз он шиканча мекашем».27 Ба хотири оянда мубориза бояд бурд, вале дар миёни он монеахое, ки моро дар ин рох дучор меоянд, бешубха монеаи ноаёну муќаррарие, чун фавќулоптимизм ќарор дорад, ки Шопенгауэр махз ба муќобили он, бо як хаячони хоссае баромад мекард. Андешахои одамони бузург - ќисми асосии олами маънавии мост. Ин андешахо дар вакуум (фазои холие) пайдо намешаванд ва онро маќолахои шўрангезу тезгузари рўзномахо, хангомаю ѓавѓои митингхо ѓизо намебахшанд, балки мутолиаи мустаќилонаю мулохизахоху дурандешонаи китобхои Шопенгауэр барин мутафаккирон бунёд мегузоранд. Воќеан, танхо дахсолаи охири хаёташ осори ўро бо тиражи калон ба нашр расониданд ва фаќат охири умраш китобхои ўро витринахои маѓозахои машхури Аврупои Ѓарби ба намоиш гузоштанд. Ва худи ўро чун файласуфи шинохтаи асри 19, ки таълимоташ ба наслхои баъди тааллуќ дорад, эътироф карданд. «Барои он ки фалсафаи ман ќобил ба ишѓоли минбаре гардад, бояд тамоман замони дигаре фаро расад» - гуфтани ў аз каромоти каломаш шохиди медихад. Рихард Вагнер бастакор, драматург ва эстетики олмони дар рўхияи андешахои пессимистии Шопенгауэр аз фаъолияти зиёновари инќилобиаш, ки наздик ба халокати ў оварда буд, даст кашид ва соли 1854 тетралогияи ба Шопенгауэр бахшидааш - «Халќаи Нибелунгхо» - ро ба ў фиристод. (Хамон таълифоте, ки ба Фридрих Нитсше илхоми вачдовару туѓёнасаре дода буд). Акнун, дар университетхо системаи фалсафии ўро мехонданд ва хонаи ў зиёратгохи ихлосмандону алоќадоронаш гардид. «Ѓуруби зиндагии ман, субхи шўхрати ман шуд» - изхор мекард ў. Аз замони ў то имрўз якуним аср гузашта бошад хам, Шопенгауэр то ханўз яке файласуфони зиёдтар мутолиашаванда ба хисоб меравад. Таъсири ў танхо дар сархади фалсафа махдуд намонда, балки берун аз консепсияи фалсафиаш рох ёфт. Назарияи физиологии гулхо, ки ў пешниход кард дар табиатшиноси чои арзандаи худро пайдо намуд. Мантиќи Шопенгауэр классификатсияи хиллахои диалектикиро хамачониба ѓани гардонд. Дар ташаккули таърихи фалсафа, хусусан кантшиноси сахми ў назаррас аст. Тавсифи тасаввуротро дар луѓатхои фалсафи чунин бахогузори кардаанд: «Тасаввурот – ин образи хиссию аёнии предмет ва зухуротхои воќеият аст, ки бидуни таъсири хамон предмет ва зухуротхо ба ўзвхои хисс, дар шуур озодона нигох дошта шудаю аз нав тавлид мешавад». Тасаввуротро дар хайвонхо хамчун шакли олии инъикоси психики берун аз доираи инъикоси бевоситаи зухурот, чун шакли танзимсозандаи рафтори онхо ба эътибор мегиранд. Тасаввуроти инсонро муќаррар ба бунёди фаъолияти амалии чамъияти, тавассути низоми чамъиятии маънихои дар амал ташаккулёбандаю дар забон ифодаёфта дар назар доранд. Дар назарияи маърифате, ки мутафаккирони Замони Нав тахия сохтаанд, тасаввурот хамчун сатхи гузариш аз зохири холиси предмет ба дарки зехнии мохият арзёби мегашт. Тархи классикии чунин тавзехро Чон Локк эчод кард, ки тасаввуротро хамчун халќаи мутавассит (мобайни) дар раванди боло шудан аз эхсос ба аќл арзёби мекард. (Дж. Локк. Избр. филос. произв. Том 1, 1960, с. 168 – 169) Наќши хирад дар таълимоти ў ба амалиётхои тасаввурот тобеъ мегардад: фарќияткунони, муќоиса, пайфастшави, номгузори, хулосагирии тачриди (абстраксиякунони). Дар таълимоти Кант тасаввурот ба маънои васеи он истифода мегардад ва дар бештаре аз холатхо ба зухурот баробар дониста мешавад. (И. Кант. «Пролегомены», М – Л., 1934, с. 164) Ин зухурот на хамчун муроќибаю мушохидаи бевоситаи лахзаи хозир, балки натичаи нихоии фаъолияти шаклхои хисс чун моводе, ки зехн ба истеъмоли хеш интихоб мекунад. Маќоми тасаввуротро дар маърифат муайян намуда, Кант ба тарху намунаи тахиякардаи Локк такя мекунад. («Фикр намудан…пас тасаввуротро ба шуур пайваст кардан». Дж. Локк. Избр. филос. произв. Т. 1, 1960, с. 180 – 181) Ин андешаро Шопенгауэр таќвияту тахким бахшида, назари хоси худро ба миён мегузорад. Дар сахифахои аввали хамон китоби «Олам хамчун ирода ва тасаввурот», ки ханўз соли 188828 ба забони руси тарчума шудааст, мехонем: «Олам ин тасаввурот аст - ана хаќиќате, ки ба хама чизи зинда ва мавчудоти бошуур хукм дорад; харчанд, ки танхо инсон имкон дорад дар шуури тачридгаштаи (ба тарафи дигар чалб шудан) рефлективи ба он тоб биоварад» Ў харчи зудтару очилтар пушти сар намудани ин амалро аз чониби инсон хамчун зухури худшиносии фалсафии ў барраси мекунад. «Он ваќт равшану бешубха аст, ки ў хеч як офтобро, хеч як заминро, балки фаќат чашми офтобро бинанда, дасти заминро ламскунандаро дониста, олами ихота кардаашро танхо хамчун тассаввурот мебинад, яъне хама чо дар алоќаманди бо дигар тасаввуркунандаеест, ки он худи инсон аст. Агар имкони кадом як хаќиќатро a priori гуфтан бошад, пас махз инро; зеро он ифодаи хамон шакли хамагуна тачрибаи имкондоштаю тасаввуршавандаест, ки умумитар нисбати хар чизи дигар - замон (ваќт), макон (фазо) ва сабабият аст; зеро хамаи онхо ўро дар назар доранд ва агар хар кадоме аз ин шаклхоро, ки мо бонавбат намуди махсуси ќонуни бунёди эътироф кардем ба гурўхи алохидаи тасаввурот дохил ва хукм шуда бошад, он гох тачзияи (заволи) объект ва субъект, баъакси ин – шакли умумии хамаи ин гурўххост, хамон шакле, ки ягона дар доираи он хамагуна тасаввурот, кадом навъе ки набошад, абстракти ё интуитиви, холис ё эмпирики, метавонад имкон доштаю фикр мешуда бошад». Дар ин чо Шопенгауэр таъкид мекунад, ки хеч хаќиќати бешубхаю камтаре ба исбот эхтиёч доштае нест, чун маърифати мавчудиёт. Ва ў хамаи оламро дар муносибат ба субъект хамчун объект, мушохида барои мушохидакунанда ва хулосаи калом – тасаввурот медонад. Табиист, ки хамаи ин - хам ба хозира, хам ба хар гузаштае ва хам ба хар ояндае, ба дурию ба наздике дахл дошта, ба худи замону макон мутааллиќ буда, хар кучое ба хар шакли фавќулоддае фарќияте дорад. «Хар чизе, ки сирф ба олам тааллуќ дорад ё имкони тааллуќияташ ба ин олам аст, ба ин субъекти шарти тобеъ буда ва танхо барои субъект вучуд дорад. Олам ин тасаввурот аст». (Хамон китоб, сах. 2, минбаъд иќтибосхо аз хамин китоб дар дохили матн ишора мешаванд). Шопенгауэр ин масъаларо дар раванди ташаккули таърихии он дар таърихи фалсафа тахлил намуда, ба хар сурат чолибияти назари худро айён месозад. Оид ба арзёбии ин масъала дар осори Декарт ва Беркли харф зада, аз Кант гилагузори мекунад, ки дар тадќиќотхои баъдиаш аз ин проблема дури мечўяд. «Ин хаќиќат ханўз нав нест. Андешахои скептикие (шаккокияи), ки Декарт истинод мекард, ин мавзўро фаро мегирад. Аммо Беркли аввалин шуда часурона дар ин бора харф зада буд, харчанд таълимоти боќимондаи ў ноустувор аст. Аввалин иштибохи Кант аз мадди назар дур кардани он мебошад, ки дар замима шарх ёфтааст». Ў баррасии ин масъала ва маърифати онро дар андешахои бостонии хинди ва тасаввуроти хакимони Хинд мушохида мекунад ва онро муќаррароти бунёдии фалсафаи Веданта медонад. Веданта оѓози худро аз таълимоти Упанишад мегирад. Ќобили зикр аст, ки мархилаи мухими ташаккули таърихии Ведантаро китоби Рамануча ва пайравони ў ташкил намуда, таълимоти Шанкара бошад, бунёди назарияи идеалистии Ведантаро гузошта, ба эчод шудану тахия гаштани дини хиндуизм мусоидат карда аст. Идеяи асосии Шанкара иборат аз таълимотест, ки он чо рўхи мутлаќ – брахман бунёди нихоию ягонаи хасти эътироф мегардад. Рўхи инсон (атман) бо брахман айният дошта, зухуроти эмпирикии он мебошад. Брахман чун ягонагии хасти (сат), шуур (чит) оромии хаячоннопазиру ботамкини саодатмандию халоватгаро (ананда) тасвир шуда, мачмўан сатчитдананда ном гирифта мешавад. Олами модди - ин на чузъе аз брахман ё судури он, балки худи брахман дар зохиру ошкору намоён шудани эмпирикии он аст. Азбаски олами модди дар бунёди худ асосе барои хастии хеш надорад, пас хаќиќи набуда, танхо хаёли назар ва фиреби эхсосии (майя) брахман аст, ки шуури муќаррари чун хаќиќат ќабул мекунад, мисле он ки одами нодон ресмонеро чун мор ё милтосу дурахши як тангаро дар дасти шўъбадабоз (фокусник) чун тангахои бисёр ва ё инъикоси мохро дар мавчи дарё чун моххои зиёд гумон мекунад. Ин иштибох аз лихози Шанкара авидей – нодонию гумрохи буда, сатхи пасти маърифати эмпирики аст. Дар гумрохию иштибохи худ инсон олами тасаввуршавандаро чун олами воќеи ќабул намуда, ба ќонунхои инкишофи он тобеъ мешавад, худро чузъе аз он дониста, бо хамин комилан мутеи он мегардад. Аммо, дар сатхи олии дониш, замоне ки инсон хаќиќатро дар бораи вохидияти субстансиалии (чавхарии) брахман ва атман маърифат месозад, ў худро дигар ба олам айният намесозад ва худро аз завлонаю ишкели гирдоби эмпирикии хаёт халос карда, озод мегардад ва ба брахман якчоя шуда, зухури онро чун бозие, чун тахаюле бо як тамкинию тоќатпазирие муроќибаю мушохида хохад кард. Хамин тавр Шанкара аз зухури ду хаќиќат харф мезанад: поёни ё эмпирики, ки шуури муќаррари ва дониши муваќќатию хаёли хастии зудгузару фониро маърифат месозад ва оли ё маънави, ки танхо дар натичаи муроќиба, андешаю мулохиза ва интуитсия (фаросат), ки танхо он ба татбиќи хаќиќати нихои – брахман меоварад. Аммо ин хаќиќати оли дар бораи олам наметавонад тавассути мухокимахои мантиќи ба даст ояд, балки танхо ба воситаи кашфу шухуд ва фахмиши навиштахои муќаддас Вед ва Упанишад имкон меёбад. Хамин тавр навиштахои муќаддаси хиндуёни бостони, аз чумла китоби «Авесто» - и форсиёни ќадим низ асри XVIII ба забонхои аврупои тарчума шуда буд, таваччўхи хосаи мутафаккирони аврупоиро чалб сохта, як махбубиятеро миёни онхо дар нисбати ин навиштахо ба вучуд овард. Масалан, «Авесто» - ро соли 1771 Анкетил дю Перрон ба забони франсави тарчума карда буд ва навиштахои хиндуёни ќадимро низ ханўз дар асри XVIII ба забони олмони тарчума намуда буданд. Шопенгауэр, ки аз чавони эхсоси пессимистию ноумеди ўро фаро гирифта буд, бешак дар таълимоти хиндуёни бостони он чизеро мебинад, ки диданашро орзў мекард. Мо сипас, хохем дид ки то кадом хад Шопенгауэр ба умќи андешахои хинди ворид гашта, таълимоташро то кадом худуде ба он наздик месозад. Акнун ба андешахои Артур Шопенгауэр баргашта, мустаќиман матни тарчумашудаеро аз фасли дуюми «Олам хамчун ирода ва тасаввурот» пешниход мекунем: «Воќеан, ахамияти матлуби дар рў ба рўи ман ќарор доштае, ба сифати тасаввуроти ман, олам ё гузариш аз он, хамчун тасаввуроти соддаи субъекти маърифаткунанда аст ва чи хам метавонад, чуз он ки танхо абадан пайдонашавандаю ноаёну ноёфт бимонад, дар холе ки мухаќќиќ худ чизи дигаре набошад, чуз субъекти маърифаткунанда (каллаи пару болдори фариштае бидуни чисм). Аммо он худ дар ин чахон бунёд ёфтаю, махз дар он хештанро индивидуум эхсос мекунад, яъне ќобилияти маърифатии ў, ки заруран муаррифии кулли оламро, чун тасаввурот намояндаги дорад, дар айни хол ногузир чисмро мусоидат дорад ва аффекти ў, чуноне зикр шудааст, нуќтаи ибтидоии бунёдии мушохидаю муроќибаи олам хохад буд. Ин чисм сирф барои субъекти маърифаткунанда хамин тавр танхо тасаввурот аст, мисли хама чизи дигари объект миёни объектхо. Харакату амалаш, ба ин маъно на зиёдтар чун таѓйирёбии объектхои дигари маърифатшаванда, барои ў бегонаю нофахмо мебуданд, агар ахамияташ ба тарзи дигаре ба ў фахмонида намешуд. Ба дигар шакл ў ба амалхои хеш, ки рахсипор аз паи ќонуни хамешагии табии ва мотивхои ба миён гузошташуда аст, хамчун ба таѓйироти объектхои дигари махсули сабаб, барангезиш ва мотивхост, назар меандохт (сах.120). Ў таъсири мотивхоро дар муќоиса ба хамагуна амали ба ў тасаввуршавандаю сабабии он наздики маърифат намесохт. Ў мохияти ботинию ноаёни чунин зухурот ва амали чисми худро низ ба хамин тарзе чун нерў, сифат ё характер умуман ба хар тарзе мефахмид, вале дар бораи он маълумоте пайдо намекард. Аммо, хамаи ин комилан чунин нест: баръакс индивидуум, ки субъекти маърифат аст, каломи муаммое будаю ин калима ирода мебошад. Ирода, танхо ирода, калиди кашфи зухуроти хештанро дода, ахамияти онро ифшо сохта, ба механизми ботинии мавчудияти хештан, ба амалхои худ ишора мекунад. Субъекти маърифаткунанда ба сифати индивидиум тавассути айнияти хеш бо чисм, баромад мекунад. Ин чисм ба ду тарзи комилан фарќкунандае маълум аст: аввалан хамчун тасаввурот дар мушохида, хамчун объект байни объектхо, ки ба ќонунхои баъди итоат дорад; сипас ва айни хол комилан ба дигар тарз, махз ба хар маълумгаштаи бевоситае, ки ба калимаи ирода унвон мегирад, хар татбиќи воќеии иродаи субъект хамон замон ногузир ба харакати чисми ў мубаддал мегардад ва айни хол сарфахм намеравад, ки ба чунбиши чисм худро зухур кардааст. Татбиќшавии ирода ва амали чисм ду холати фарќкунандаи объективан маърифатшавандае нест, ки бо робитаи сабаби пайвасту аз сабабу амал иборат бошанд, балки онхо як буда бо ду тарзи гуногуне зухур мекунанд: аввали комилан мустаќиму бевосита ва дуюми дар муроќибаю мушохида барои аќл. Амали чисм чизе нест, чуз дар объект тачассум гаштан ва дар муроќиба баромад кардани зухури ирода. Баъд маълум мегардад, ки ин ба хамаи харакати чисм на танхо ба оне ки бунёдаш мотив аст, балки ба дигар муассирияти муќаррарие – беихтиёронае низ тааллуќ дорад, хулоса хама чисм чизе нест чун иродаи объективатсияшуда ва ба тасаввурот табдилёфтае (сах. 121). Аз ин рў чисме ки дар китоби аввал («Олам хамчун тасаввурот») ва дар иншои ќонуни бунёди, мутобиќи нуќтаи назари ќасдан яктарафа - объекти бевосита номида будам, инчо ба маънои дигаре, объективатсияи ирода меномем. Аз ин рў метавон ба маънои маълуме гуфт, ки ирода ин маърифати чисм apriori ва чисм – маърифати ирода aposteriori. Хукми ирода, ки ба оянда тааллуќ дорад, сирф мулохизаи хирад нисбати он аст, ки мо дар оянда чи мехохем, на татбиќу воќеи шудани ирода. Танхо ичроиш файсалаю ќарорест, ки то ханўз нияти таѓйирёби дошта, танхо дар хирад ба шакли in abstracto мавчуд аст. Танхо дар рефлексияи (беихтиёрии) ирода ва амал фарќ мекунанд, дар воќеият як хастанд. Хар як кирдори хаќиќи, воќеи ва бевоситаи ирода айни замон ва мустаќиман зухури амали чисм аст ва мутобиќи он аз тарафи дигар, хамагуна таъсире ба чисм хамзамон таъсиру нуфузи бевоситае ба ирода аст ва он ба чунин фахмише дард номида мешавад, агар хилофи ирода бошад ва халовату рохат аст, агар хамохангу мувофиќи ирода бошад. Дарачабандии хардуи онхо тамоман фарќ доранд. Аммо ба кулли нохаќанд онхое, ки хар дард ва халоватро тасаввурот меноманд. Дар хар сурате онхо чунин набуда, балки чунунияту беихтиёрии бевоситаи иродаанд ва дар зухури он – чисм; майлу раѓбати мачбурию хаминлахзаги ё бераѓбатии таассуроте, ки ў мубталлою гирифтор шудааст» (сах.122). Ирода на танхо хокими тамоми олам буда, балки чузъиёттарин хаводиси олами инсонро низ фаро мегирад, ки хар зухури амали хар чисм кирдори ирода ва таъсири иродаро бояд дид. Хар зухури дардовару азиятдихандаро Шопенгауэр холати хилоф будан ба ирода тасвир карда, хар холати халовату рохатро хамохангию мутобиќати ба ирода тавсиф мекунад. «Хар аффекти (беихтиёрию чунунии) нерўманд ё навъи дигари ин васоилхои эхсос (яъне бинои, шунавои, ломиса) дардовар аст, яъне хилофи иродаест, ки ба объективияти он хамин тавр онхо низ тааллуќ доранд. Заифмичозие ончо рух медихад, ки таасуроти вочибу лозиме танхо хамон сатхи ќувваро сохиб мегардад, ки барои ба сўи хирад овардани сатхи баландеро сохиб мешавад, ки ончо ба ирода даст мезананд, яъне дарду азиятро эхё мебахшанд ё халоватеро барќарор мекунанд, харчанд бештар дардро, ки ќисман номуайяну кунд буда, на танхо мачбур месозанд азиятмандонаю дарднок баъзе аз садохо ва рушноии дурахшандаеро эхсос кунад, балки умуман табъи азиятхохонаю гипохандрии (мабдаи хузну ѓусса) ханўз маърифатнашавандаро эхё месозад. Баъдан айнияти чисм ва иродаро он чизе исбот месозад, ки хар туѓёну изтиробу ошўби бехади ирода, яъне хар аффект ба кулли мустаќиман чисм ва таркиботи дохилии онро ба такону ларзиш меорад ва рафти адои хидмати хаётии онро халалдор месозад (сах.123). Дар хадди охир маърифате, ки ман дар иродаи хеш дорам, харчанд бевосита хам бошад, аз маърифати доир ба чисми ман чудо нест. Ман иродаи хешро на куллан, на хамчун чизи вохиде, на ба кулли мавчудияти онро, балки иродаро дар падидаи алохида рухдода, хамин тавр – дар замон, ки шакли воќеияти чисми манро ташкил мекунад, чун хамаи дигар объектхо маърифат месозам: аз ин рў бадан шарти маърифати иродаи ман мебошад. Ин иродаро бидуни бадани хеш ман шахсан тасаввур карда наметавонам. Дуруст аст, ки дар рисолаи оид ба ќонунхои бунёди ирода ё наздиктар гуем субъекти ирода хамчун дарачаи махсуси тасаввурот ё объектхо муаррифи мешаванд; аммо мо ончо мушобехияти ин объектро ба субъект мебинем, яъне он аллакай чун объект нахохад буд. Ончо мо чунин мувофиќатиро мўъчизаосо номидем: рисолаи феъли дар дарачаи маълуме танхо тафсиру тавзехи он аст. Азбаски ман иродаи хешро аслан хамчун объект дарк мекунам, ман онро чун бадан маърифат месозам: дар ин холат ман аз нав ба муќаррар намудани дарачаи аввали тасаввурот, яъне ба объекти воќеи бармегардам (сах.123). Хамин тавр дар доираи барномаи пешбинишудаи таълими ба шакли махдуде аз муќаррароти фалсафии Артур Шопенгауэр, аз назарияи ирратсионалии ў маълумотномаеро ба хонандагон пешниход сохтем, ки ба хотири дар оянда ба осори гаронбахои ин мутафаккир рў овардани алоќамандону дўстдорони фалсафаи ў, шояд заминае хидоятбахшандае гардад. |