Главная страница
Навигация по странице:

  • Таълимоти Б. Спиноза оид ба чавхар.

  • Фалсафаи Лейбнитс.

  • Фалсафаи маорифпарвари.

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница21 из 41
    1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   41

    Инќилоби илми ва фалсафаи асри XVII. Дар асри XVII мархилаи дигари инкишофи фалсафа оѓоз мешавад, ки онро Замони Нав меноманд. Ибтидои ин давра ба дигаргунихои ичтимои ва инќилоби илми дар Аврупо алоќаманд буд. Дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII инќилобхои буржуази ба вуќўъ мепайванданд. Аввал дар Нидерландия, сипас (1642-1688) дар Англия, ки кишвархои нисбатан тараќќикардаи Аврупо буданд, чунин инќилобхо ба амал меомад. Ин инќилобхо заминаи мусоиди ичтимои доштанд ва махз хамин заминахо инќилобхои мазкурро ба вучуд меоварданд. Пеш аз хама, истехсолоти мануфактурави, ки боиси босуръат инкишоф ёфтани ќуввахои истехсоли, махсусан, хосилнокии мехнат, кооператсияи кормандон, ки хар кадом як вазифаро ичро мекард, такони бузурге ба истехсолот шуданд. Саноат инкишоф ёфта, муносибатхои нав – муносибатхои сармоядори мавќеи устувортарро ишѓол карданд. Инкишофи чомеаи нави буржуази дар сиёсат ва муносибатхои ичтимои низ таѓйиротхои чидди ворид намуд ва шуури мардумро дигаргун сохт. Маќоми илм вобаста ба талаботи истехсоли афзуд. Илм дар ин давра хеле пеш рафт. Инќилоби илмие ба вучуд омад, ки таъсири он дар хама сохахои хаёт эхсос карда мешуд. Яке аз натичахо ва дастовардхои илмии ин давра табиатшиносии нав мебошад. Кашфиёти гелиосентрии Коперник таъсири баѓоят бузурге ба пайдоиши табиатшиносии нав дошт. Аз нигохи илми низ ин назария асоснок гардид ва дар инкишофи он кайхоншинос Тихо де Браге (1546-1601), олими машхури немис Иоганн Кеплер (1571-1630) сахми арзанда гузоштанд. Кеплер ба мушохидахои кайхонии Тихо такя намуда, ќонуни харакати сайёрахоро муайян кард. Ба аќидаи Кеплер, харакати сайёрахо номутаносибан анчом мегиранд ва хар ќадар сайёра аз офтоб дуртар бошад, хамон ќадар харакати он сайёра ба офтоб тезтар наздик мешавад ва ин харакат на аз рўи доира, балки аз рўи эллипс (байзошакл) сурат мегирад. Ваќте И. Нютон ќонуни чозибаи чахониро кашф кард, гуфтахои Кеплер амалан тасдиќ шуданд. Галилео Галилей (1504-1642) харакати механикиро омўхта, онро ба таври математики тасвир намуд ва асоси устувори илмро дар кайхоншиноси гузошт. Ўро асосгузори табиатшиносии илми меноманд. Ба гуфти Галилей, математика тартиби табиии кайхонро муайян мекунад ва харакати механикиро тасвир менамояд. Бо дастрас шудани асархои Галилей табиатшиносии тачрибави оѓоз меёбад. Ин комёбии илми дар табиатшиноси дар асархои олими англис И. Нютон чамъбаст ва такмили минбаъдаи худро пайдо мекунад. Комёбии мухими Нютон (1642-1727) ба вучуд овардани назарияи харакати сайёрахо ва кашфи бо он алоќаманд – ќонуни чозибаи чахони мебошад. Нютон ќонунхои механикаро ба вучуд оварда, корхои сомондодаи Галилей, Гюгенс ва дигаронро дар ин соха чамъбаст намуд. Кашфиётхои сохахои механика, астрономия ва математика асоси илмии тасаввурот дар бораи олам гардиданд.

    Фалсафа дар дар рушду вусъатёбии илм ширкати бевосита ва фаъолона дошт ва осори фалсафии Ф. Бэкон, Р. Декарт,Б. Спиноза, Г.В. Лейбнитс ва дигарон бахри инкишофи минбаъдаи табиатшиносии илми мусоидат намуданд. Ба туфайли инкишофи илм дар Замони Нав барои аз байн рафтани муносибатхои феодали ва сустгардонии таъсири калисо заминахои мусоид фарохам оварда мешавад. Фалсафа низ дорои таълимотхои нав ва кўшишу ибтикороти тоза шуда, барои асосноккунии таѓйиротхои нави хаёт мусоидат мекунад. Барои дарки Масъалахое, ки дар тахќиќи фалсафаи ин давра ќарор доштанд, бояд барои дарки хусусияти нави илм-табиат­шиносии тачрибави-математики роххои нав ба нав эчод намуд. Ба сабаби мавќеи мухим пайдо кардани илм дар фалсафа масъалахои назарияи маърифат ба мадди аввал баромада, мавќеи асосиро ишѓол намуд. Дар давраи Эхё бахси номи­нализм ва реализм ба чудои ва танќиди якдигарии онхо оварда расонда буд, ки он бахс дар фалсафаи Замони Нав доман пахн карда, дар шакли эмпиризм ва ратсионализм идома ёфтанд.

    Асосгузори эмпиризм (тачрибагарои) дар Замони Нав файласуфи англис Френсис Бэкон (1561-1626) мебошад, ки ў мухимтарин вазифаи фалсафаро эчоди методи нави маърифати илми медонист. Ба вучуд овардани методи нави тахќиќи илми дар давраи протестантизм на танхо диќќати Ф. Бэкон, балки таваччўхи аксари файласуфонро ба худ чалб кардааст. Маќсади асосии илмро дар фалсафаи ин давра манфиат овардан ба чомеа ташкил медод. Аз ин рў, ба аќидаи Ф. Бэкон, илм бояд ба хаёт ва ба амалия хизмат кунад ва хадафи он бояд бештар ба хукмронии инсон ба табиат нигаронида шуда бошад. Афоризми «дониш ин тавоноист» Ѓарб асосан дар фалсафаи ба Ф. Бэкон тааллуќ дорад.

    Ба аќидаи Бэкон, донише, ки самараи амали ба бор намеоварад, чун сарвати бехуда аст. Барои он, ки табиат аз худ карда шаваду он ба нафъи инсон хидмат намояд, бояд методхои тахќиќоти илми ба кулли таѓйир дода шаванд. Дар асрхои миёна, чун давраи атиќа илм методи дедуктивиро истифода мекард. Намунаи равшани он силлогистикаи Арасту ба шумор мерафт. Барои Ф. Бэкон дедуксияи мантиќии Арасту дар шароити кунуни ахамияти худро гум карда буд ва он, ба назари ў, натичаи дилхох намедод. Зеро, ба андешаи Бэкон, он ба тачриба такя намекунад, хар гуна тахќиќот бояд аз омўзиши ходисахои чудогона оѓоз ёбад, ба тачриба такя намояд ва баъд ба хулосахои умуми биёяд. Ин гуна метод танхо методи индуктиви мебошад. Методи индуктиви, харчанд дар мантиќи Арасту зикр шуда бошад хам, вале Арасту ба он эътибори чидди намедод. Дар воќеъ хам, харчанд усули индуктиви дар асоси тачриба хулоса барораду ба амалияи илми наздик бошад хам, дар мантиќ он хусусияти дониши намоиши дорад. Танхо индуксияи пурра метавонад касро ба хулосаи ќатъи биёрад, яъне фаќат дар асоси овардани тамоми ашёхои ин ё он гурўх метавон дар бораи хусусияти онхо хулоса баровард. Масалан, агар гуфта шавад, ки «метал ноќис аст», бояд хамаи металхо мавриди тахќиќ ќарор гиранд. Агар тамоми ашёхои ин гурўх оварда шаванд, пас метавонад дониши хаќиќи хосил кунад. Вале овардани тамоми ашёхои гурўх, агар гурўхи ашёхо чизхои хеле зиёдеро фаро гиранд, ѓайриимкон аст.

    Ф. Бэкон усули Арастуро бесамар дониста, бархилофи «Органон» и Арасту асари «Органони нав»-и худро таълиф мекунад ва методи инфинитивиро хамачониба асоснок менамояд. Барои он ки методи Бэкон натичаи дилхох дихад, метавонад ду рохро пеша намояд: бо рохи номбаркуни (овардан) ва истисно ва дар ин чо истисно ахамияти махсус дорад. Бояд ин хамаи чизхое, ки дорои ин хусусият мебошанд, оварда шаванд, агар дар ин миён фактхо пайдо шаванд, ки чунин хусусият надоштани чизхоро ба субут расонанд, пас онхоро бояд истисно намуд. Агар хосиятеро битавон пайдо кард, ки хамеша ин ходисаро бо худ дорад ва агар набошад, ин ходиса буда наметавонад, онро Бэкон «шакл» номидааст. Масалан, гарми натичаи харакати хиссачахои хурдтарин мебошад. Бэкон дар асоси имкониятхои хиради инсони ва маърифатии он – хирад, хотира, тахайюлот таснифоти илмро мурратаб намуд. Вай ба хотира таърихро хамчун хифздории фактхо ва ба тахайюлот назм, адабиёт ва санъатро мансуб донист. Хирад бошад, асоси илмхои назарияви, ба таври умуми фалсафа мебошад. Фалсафаро ба «фалсафаи аввал» илохиёт (теология), антропология (таълимот дар бораи инсон) ва фалсафаи табиат таќсим намуд. Мушкилии маърифати табиатро на дар илми табиатшиноси, балки дар аќли инсон, усули маърифат низ медид. Метод, ба фикри ў, нерўи тавоное аст, ки рохи наздиктарини расидан ба кашфиётхоро нишон медихад, ќудрати инсонро бар табиат дучанд месозад. Сабабхои аќибмонии илмро, пеш аз хама, аз хаёт ва тачриба бояд муайян кард, ки ба ин кор бояд фалсафа машѓул шавад. Чунин сабабхо идолхо ё шабаххо мебошанд. Шабаххо ин рахгум задани хирад аст, ки дар байни онхо хам шабаххои фарди ва хам умуми дар рохи маърифат вучуд доранд.

    Намуди якуми шабаххо, «шабахи чинс» мебошад, ки аз табиати инсон сар мезанад, ба номукаммалии органхои хиссии инсон вобастаанд. Он касро фиреб медихад ва хамчунин иштибохоти инсонро зохир менамояд.

    Намуди дуюми рахгумзани «шабахи ѓор» аст, ки ба табиати инсон хос нест, вале аз сўхбату тарбияти кас вобастааст. Хар як инсон, ба фикри Ф.Бэкон, аз назари худ, яъне ѓори худ ба олам менигарад, ки ба маърифати ў таъсир дорад. Ин шабахро метавон бо истифода аз тачрибаи коллективи ва мушохидаи хаёти метавон бартараф сохт. Намуди сеюми рахгумзани «шабахи бозор» аст, ки вобастаи хастии ичтимои мебошад, зеро аз рўи одат, тасаввурот ва фикри дигарон хукм карда мешавад. Ин аз хама шабахи мушкилтар аст, чунки он бо номхо алоќаманд аст. Намуди чоруми рахгумзани шабахи театр аст. Он ба бовари ва таќлид ба шахсони бонуфуз ва назарияхои нодурусти фалсафи алоќаманд мебошад. Он хаќиќатро аз назар пинхон карда, тасаввуроти нодурустро ба вучуд меорад. Ба аќидаи Ф. Бэкон, «хаќиќат фарзанди на шахсиятхои бонуфуз, балки фарзанди замон аст» (Ф. Бекон. Сочинения. Т. 2. – М.: Мысль, 1977, с. 48). Рохи дурусти маърифат индуксия аст, он рахнамои илм аст. Бо вучуди баланд бардоштани маќоми индуксия ў мухолифи дедуксия ва мафхумхои умуми нест. Вале онхо бояд пайдарпай дар асоси тачриба хосил шаванд. Дурустии хаќиќати методи дедуктиви батадрич дар натичаи усули индуктиви ба вучуд меояд. Унсурхои аввалиндарачаро омўхта, асрори табиатро метавон дарк кард. Таъсири Ф. Бэкон ба пешрафти илми замонааш хеле зиёд аст, зеро таълимоти ў ифодакунандаи табиатшиносии тачрибавии замонаш мебошад.

    Истифодаи методхои математики ба пешрафти табиатшиносии илми кўмаки зиёде намуд. Математика идеали дониши илми хисоб мешуд. Аз ин мавќеъ ратсионализми ин давра тачрибаро сарчашмаи дониши хаќиќи намедонист, зеро ба фикри онхо, тачрибаи хисси боэътибор нест, доимои­вазшаванда ва таѓйирёбанда аст. Ба фикри ратсионализми ин давра, хамчунонки дониши математики аз усули аќли-дедуктиви хосил мешавад, хамин тавр дониши фалсафи хам бояд аз аќл гирифта шуда бо он асоснок гардонда шавад. Боварии ратсионализм ба ќудрати аќлу имконияти он барои дарёфти хаќиќати мутлаќ дар ин давра хеле боло рафта буд. Дониши бо ин рох хосилшуда, ба ќавли онхо хаќиќиву хаматарафа буда, хусусияти умуми ва хатми дорад.

    Асосгузори ратсионализми асри XVII файласуф ва физики Фаронса Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Яке аз хусусиятхои фалсафаи ин давра назари танќиди на фаќат ба дониши инсонии фалсафаи асримиёнаги, балки ба вучуди воќеии худи олам буд ва онхоро зери шубха ќарор дода буд. Кўшишхои Декарт ба он нигаронида шуда буд, ки тамаддуни анъанави аз миён бардошта шуда, барои эхёи дониши нав ва бунёди тамаддуни нав рох кушода шавад. Зиддитрадитсионализм маѓз андар маѓзи фалсафаи Декартро ташкил медихад. Декарт мазмуни метод ва фалсафаи худро хеле равшан баён кардааст: «хеч чизро чизи хаќиќи набояд ќабул кард, ваќте ки ман онро хамин тавр ба таври равшан дониста нагирам, дар мухокимахои худ танхо он чиро чой медихам, ки барои аќли ман ошкор ва равшан намоён аст, ба андозае, ки хеч асоси шубха кардан нисбати онхо вучуд надошта бошад». (Р.Декарт. Избранные произведения. – М., 1956, с. 272). Принсипи ошкору равшан сохтани хаќиќат ба шеваи зиддианъанагароии Декарт пайваст аст. Дониши хаќиќи, ба аќидаи Р. Декарт, барои он лозим аст, ки дар хаёти амалиамон бо он такя намоем, хаёти худро дар асоси онхо танзим созем. Инсон бояд таърихро дар хамаи шаклхояш назорат кунад, аз сохтмони шахрхо, муассисахои давлати ва хуќуќи сар карда, тамоми чахони махлуќро Декарт ба ду чавхар чудо мекунад. Яке чавхари модди ва дигаре чавхари маънавист. Чавхари маънави таќсимнашаванда аст, аммо чавхари модди то андозаи бехудуд таќсимшаванда мебошад. Атрибути асосии чавхари маънави – тафаккур ва чавхари модди-дарози аст. Дигар атрибутхо аз ин ду атрибут пайдо мешаванд. Хаёлот, эхсосот, хохиш модусхои тафаккуранд. Шакл, вазъият, харакат – модуси дарози мебошанд. Чавхархои маънави дар худ ѓояхо доранд, ки зоти буда, дар тачриба хосил намешаванд. Дар таълимоти Декарт оид ба ѓояхои зотии дониши хаќиќии Афлотун, ки ба воситаи тазаккур (ёдовари) хосил мешавад, ифода шудааст. Ба хамин гуна ѓояхои зоти, ў ѓояи Худоро дохил намудааст. Худо мавчуди комил аст, сипас ѓояхои адад, шаклхо ва мафхумхои умуми, мисли аксиомаи «аз хеч хеч чиз хосил намешавад», дохиланд.

    Дар натича Декарт вобаста ба чавхари модди физикаи материалисти ва вобаста ба чавхари маънави психологияи идеалистиро ба вучуд овард. Алоќаи ин хар дуро, ба ќавли Декарт, Худо тарбия мекунад. Махз Худо табиатро ба харакату низом дароварда, суботи ќонунхои онро мухайё месозад. Декарт механикаи классикиро асоснок намуда, заминаи назарияви барои идеализатсияхое, ки Галилей истифода карда буд, ба вучуд овард. Таълимоти Декарт дар бораи табиат хамчун системаи механики, ки ба он Худо хамчун мухаррик харакатро офаридааст, равона мебошад. Хамаи инро дар мачмўъ бо номи «физикаи картезиани» ном мебаранд. Картезиан, номи лотинии Р. Декарт мебошад. Декарт новобаста ба таълимоти дуалистии худ дар пешрафти илми замони нав хиссаи арзишманди худро гузошта, методи ратсионализмро методи асосии фалсафаи худ ќарор додааст, харчанд, ки методи таълимоти Декарт хусусияти метафизики дошт. Ў мўътаќид аст, ки методи нави тафаккур бояд асос дошта бошад ва ин асос бояд дар хирад ва худшиносии тафаккур мавчуд бошад, аз ин чо бармеояд, ки «Фикр мекунам, пас ман вучуд дорам», ки ин тезиси машхури Декарт буд. Ин тезисро хамчун хаќиќати аз хама ошкор нишон дода, то хадде ў ба гуфтахои Августин дар бораи вучуди аќаллан касе, ки шубха дорад, наздик мешавад. Худшиноси бештар дар тамаддуни масехи мавќеи устувор пайдо кардааст, он арзише аст, ки мохияти ботинии шахсият, холати рўхонии ўро ифода мекунад. Декарт на фаќат асли тафаккур – Логосро гузошт, балки таассуроти субъективии шахсро низ асос ќарор дод. «Чизи вучуднадошта ѓайриимкон аст, ки тасаввур шавад, ки фикр кунад, аќаллан дар мавриде, ки ў фикр мекунад». (Р.Декарт. Избранные произведения,с. 479).

    Барои Декарт худшиноси рохи дарёфти субъективии дониш, дарки хаќиќат аст, ки ба объект мухолиф мебошад. Муќобилгузории субъекту объект, ки на танхо хоси фалсафаи Декарт, балки хоси фалсафаи ратсионалисти ва эмпиристии асри XVII аст. Ба аќидаи Декарт, чустучўи дониши хаќиќи дар худи субъект чой дорад ва ў худшиносиро василаи дарёфти дониш медонад, ки маърифат дар ин асос бунёд мегардад. Яъне «ман фикр мекунам, пас ман вучуд дорам», аксиомаи дурусту мутлаќе аст, ки аз он дониш бунёд мегардад.

    Бахсхо дар атрофи «ѓояхои фитри», тарзи вучудият, манбаи «ѓояхои фитри» ханўз аз аввали асри XVII шурўъ шуда буданд. «Ѓояхои фитри» чун имконияти мавчудияти дониши умуми, зарури, аз чумла илм ва фалсафа шинохта шуданд. Аз назари Р. Декарт, чон мохият ё чавхари маънави аст ва он аввалин ашёи маърифатии инсонмебошад. Дар чон ду намуди ѓояхо хастанд, ки якеро инсон дар тўли хаёти худ касб кардааст (аз худ кардааст), дигари бошад, фитри хастанд, ѓояхое, ки дорои аќлу хираданд. Мухимтарин ѓояи фитри, ѓояи Худо мебошад. Азбаски инсон ин ѓояи фитриро сохиб аст,пас, манбаи ин ѓоя низ вучуд дорад. Декарт асоси мустахкаме ба тасаввуроти механикии олам гузошт, ки дар мачмўъ ин тасаввур асоси фалсафаи Замони Нав ва маърифати метафизики гардид.

    Дар баробари Декарт файласуфи голланди Г. Гротсейн (1583-1645) яке аз файласуфоне буд, ки назарияи хуќуќи табииро чонибдори мекард. Асоси хуќуќ, барои Г. Гротсейн, холати табиии инсоният (давраи ибтидои), меъёрхоеро, ки аз тарафи тамоми инсонхо эътироф шудааст, меъёрхои фитрии инсон мебошанд. Ба аслхои хукмронии холати табии кўшиши одамон барои муттахидшави низ дохил аст. Аз инкишофи ин асл, ба сабаби набудани мехр ва адолат ба воситаи шартномаи чамъияти чомеаи шахрванди пайдо мешавад. Хамчунон ки давлат аз шартномаи одамони чудогона пайдо мешавад, хамин тавр дар асоси шартномаи байни давлатхо метавонад иттиходи халќхо ва иттиходи давлатхо ба вучуд ояд. Ба хотири он ки чунин иттиходияхо дар замони ў ба вучуд омада истодаанд, Гротсейн ба коркарди хуќуќи байналхалќи машѓул шудааст, ки чунин иттиходияхо дар асоси эгоизми халќхо ва хукуматхо ба вучуд намеоянд, пас бояд аз рўи принсипи алоќа (робита) амал кунанд. Ў бар зидди чангхои дини баромад карда, тахаммулпазирии комилро мавзўи андешаи худ ќарор додааст, ки бар чор асл бояд такя намояд: ягонагии Худо, вале на чизи ноаён, он офаридгори хама чиз ба чуз худаш ва ба инсон ѓамхор. Гротсейн интихоби хукумат, аз чумла княз, хоким ё валиахди шохро зарур мешуморад. Азбаски чумхурият шакли ќадимаи ба холати табии мувофиќ аст, пас хоху нохох хокимият бояд ба халќ баргардад. Ѓояхои Гротсейн ба пешрафти хуќуќхои табиии инсон мусоидат намуданд.

    Эмпиризми Ф. Бэкон давоми мантиќи ва инкишофи минбаъдаи худро дар таълимоти Г. Гоббс (1588-1679) пайдо кард. Гоббс намояндаи номинализм аст. Ў таъкид мекард, ки ба таври воќеи чизхои алохида вучуд доранд, мафхумхои умуми фаќат номанд. Аз ин чо сарчашмаи дониш танхо тачриба метавонад бошад. Як намуди дониш идрок, эхсосот аст, яъне он дониши аввала аст; дигар намудаш дониши номхои чизхост. Манбаи намуди дуюми дониш аќл аст, ки номгузори мекунад ва онхоро алоќаманд месозад ва дар шакли дуруст калимахоро истифода мебарад. Масалан, фалсафа чисм аст, ки пайдоиши онро ба воситаи мафхумхои илми дармеёбем. Чавхари маънави бошад, ба мо маълум нест, агар бошад хам мо дар бораи он чизе гуфта наметавонем. Ба ќавли ў, рўх бечисм наметавонад вучуд дошта бошад. «Зери мафхуми рўх гуфта мо чисми табиии нозукро мефахмем. Ба хадде он нозук аст, ки ба эхсосоти мо таъсир расонида наметавонад, вале фазоро пур кардааст». (Т.Гоббс Избранные произведения. Т. I. – М., 1965, с. 498).

    Гоббс низоми фалсафаи худро ба вучуд овард, ки ин низом баѓайр аз онтологияву назарияи маърифат, инчунин масоли давлат, ќонуният, сулх ва низоми давлатдориро фаро мегирад. Дар асари машхури худ «Левиафан» (ном аз Таврот гирифта шудааст, номи мавчуде аст, ки нерўи бузург дорад ва аз ў нерўмандтар ќуввае нест), хамчун намояндаи материализми механики ходисахои чамъиятро низ дар асоси ќонунхои табиатсшиноси шарх медихад. Азбаски методи математики методи умумии тахќиќот аст, пас он дар нисбати ходисахои чамъияти низ метавонад истифода шавад. Чамъияту давлат механизми бузургеанд, ки онхоро бо ёрии ќонунхои соддаи табии метавон баён кард. Ў ду холати чамъиятро фарќ мекунад: табии ва шахрванди. Агар хар ончи ки давлат ба муносибатхои инсони дохил кардааст, хорич карда шавад, холати табиии чамъият хосил мешавад. Дар холати табии одамон аз рўи ѓароизи табиии худ амал мекунанд, зеро табиат ба онхо тамоми чизро додааст. Ба хамин хотир, хар як нафар кўшиш дорад, ки озодии худро нигох дорад ва дигаронро мутеи худ созад. Бархўрди кўшишхои одамон доимо тазодхо ва «чанги хамаро ба хама» ба вучуд меоварад. Барои он ки инсон ѓароизи худро амали созад, аз хеч чиз рў намегардонад. Дар ин задухўрд ѓолиб ва маѓлуб нест. Одамон барои он ки хаёти худро хифз кунанд, рохи сулхро бояд пеш гиранд. Он хам аз тарси марг ва хам аз рўи талаботи аќл бармеояд. Талаботи аќлро Гоббс ќонунхои табии меномад. Аз ин чо аввалин ќонуни табии «сулхро чустучў кардан аст». Инсон бояд аз дарёфти миќдори муайяни чизхо ба хотири ба даст овардани сулх даст кашад ва шартнома имзо кунад, ки дар он хуќуќхои дигарон низ эътироф шаванд. Вобаста ба шартнома, бояд одамон шартномаи бастаашонро ичро кунанд. Барои ичрои хамин шартнома хукумати умуми лозим аст, ки одамонро дар тарс нигох дошта, ичрои шартномаро ба хотири манфиати умум мачбур созад. Чунин хокимият танхо ба воситаи дар дасти ягон нафар ва ё мачлиси одамон супурдани ќудрат ба вучуд меояд, ки дар он иродаи одамон дар иродаи нафаре ё мачлисе гирд омадааст. Дар натича давлат ба вучуд омадааст, ки вай иродаи аксариятро ба худ тобеъ сохта, ба хотири сулху амният дар чомеа аз ќудрат истифода мебарад. Давлат мисли хамон Левиафан аст, ки ќудрати тавоно дорад ва ба чои ќонунхои табии ќонунхои чамъиятро мегузорад.

    Хукумат ќонунхои шахрванди эчод мекунад ва одамонро вазифадор месозад, ки онхоро риоя кунанд. Ваќте ки хокимият интихоб мешавад, хуќуќи шахрванди ба ихтиёри хукумат мегузарад, ба чуз он хуќуќу озодихое, ки хукумат онхоро ба ихтиёри шахрвандон вогузор мекунад. (Т. Гоббс. Левиафан // Избранные произведения. Т. II. – М., 1965, с. 185-196).Ба назари Гоббс, дар хокимият шакл: монархия, аристократия, демократия мухим нест. Мухим он аст, ки хокимият ягона, мустаќил ва мутлаќ бошад. Вале таваччўхи Гоббс бештар ба хокимияти мутлаќ (монархия) нигаронида шудааст. Зеро он ќудрати сиёсии давлатро бехтар таъмин мекунад.

    Чон Локк (1632-1704) таълимоти Т. Гоббсро дар бораи шартномаи чамъияти инкишоф дода, ѓояхои либерализми иртичоиро тахким бахшид. Локк дар асари маъруфи худ «Ду рисола дар бораи хукумат» аз холати табиии чамъият бахра гирифта, онро чун «подшохи озоди ва баробари» намудор сохт. Локк ба хуќуќхои табиии инсон се навъи хуќуќро дохил намуд: хуќуќ ба хаёт, озоди ва моликияте, ки ба мехнати худ кас ба даст оварда шудааст. Баръакси Гоббс шахрванд набояд аз хуќуќхои табиии худ даст кашад ва ин корро карда хам наметавонад. Он ба андозае хуќуќхои худро метавонад махдуд созад, ки барои химояи шахсияту моликияти вай зарур бошад. Вобаста ба ин Локк хулоса мебарорад, ки хукумат наметавонад шакли мутлаќият дошта бошад. Аз ин нуќтаи назар, ў тарафдори хокимияти мутлаќа (монархия) нест, зеро ба фикри вай, холати табиии худро инсон бояд химоя кунад, вале инсон ташкили хокимияти мутлаќаро, ки хуќуќхои вай бо ќонун махдуд карда шуда бошад, рад намекунад. Ин давра дар Англия чунин хокимият ташкил ёфта буд ва мавќеи Локк бо он хеле мувофиќ буд. Ў яке аз аввалин мутафаккироне аст, ки таќсимоти хокимиятро ба шохахои хокимияти ичроия, ќонунгузори ва федерали пешниход кард. Хокимияти ичроия ичрои ќонунхо ва татбиќи сиёсати амалии давлатро бар ўхда дошта, хокимияти ќонунгузор ба танзими ќонун ва ичрои онхо мувочех бошад ва хокимияти федерали (шох, вазирхо) ба масъалахои сиёсати хоричи бояд машѓул шаванд. Хокимияти оли дар дасти ќонунгузор аст ва он бояд дигаронро идора кунад. Чунонки аз таърих маълум аст, ин нуктахо дар инќилобхои Фаронса ва Амрико дар асри XVIII татбиќи худро ёфтанд. Назарияи ичтимоии Ч. Локк таъсири зиёде ба афкори сиёси-ичтимоии давраи маорифпарвари дар Аврупо гузошт ва инкишофи минбаъдаи худро дар осори Ш. Монтескё ва Ж.Ж. Руссо пайдо кард.

    Назарияи маърифати Ч. Локк хусусияти сенсуалисти (аз лотини sensus – эхсосот: яъне асоси дониш эхсосот аст) дошт. Ба ќавли Локк, хотираи инсон ба мисли тахтаи (лавхи) холи аст, ки инсон аз рўи эхсосоти худ онро пур месозад. Ў тарафдори дониши тачрибави буд ва чизхоро дорои вучуди воќеи медонист. Ба аќидаи ў, дар хирад чизе нест, ки дар эхсосот набошад. Ч. Локк алоќаи эхсосот ва аќлро таъкид карда, бо ин рох алоќаи манфии онтология ва назарияи маърифатро нишон дод.

    Таълимоти Б. Спиноза оид ба чавхар. Хамчунон ки аз таълимоти Р. Декарт бармеояд, чавхар дар фалсафаи ў чандон равшан баён нашудааст ва муайян нест. Зеро, хастии воќеи танхо чавхари бехудуд –Худо дорад ва чавхархои худуддор, яъне чавхархое, ки аз чониби Худо халќ шудаанд. Яъне олами ашё аз чавхари бехудуд вобастаги дорад. Хамин норавшаниву номуайянии таълимот дар бораи чавхарро Спиноза мехохад тавзех дихад. Спиноза дуализми Декартро дар бораи чавхар таѓйир дода, таълимоти худро дар бораи чавхари ягона ба вучуд овард ва ин чавхарро Худо ё табиат номид. Ў чавхар будани чизхои алохидаро ќабул надорад ва анъанаи фалсафаи номинализм ва эмпиризмро дар ин бора рад мекунад. Мавќеи Спинозаро метавон чун реализми ќатъи баён кард, зеро ў чавхарро хамчун сабаби худ (causa sua) чизе, ки ба воситаи худ вучуд дорад ва тавассути худ дониста мешавад, шарх додааст. Вай чавхарро Худо ё табиат номида, аќидаи пантеистиро дастгири мекунад. Вале Худои Спиноза офаридгор нест. Зеро ў хусусияти шахсият (мисли шуур, ирода, ќудрат)-ро надорад. Он мабдаи ѓайришахси аст, ки дорои вучудият, хасти (ба сифати мабдаъ) ва сабаби хамаи мавчудот аст. Ў анъанаи фалсафаи Николаи Кузани ва Чордано Бруноро идома дода, пантеизмро инкишоф медихад. Атрибутхои (хосиятхои) чавхар - тафаккур ва дарозиро, ки Декарт муайян карда буд, Спиноза модусхои чавхари ягона медонад. Ба назари Спиноза, хамаи ходисахои олами физики, хамчун модуси атрибути дарози пайдарпай хамчуноне ки модусхои тафаккур таѓйир ва инкишоф меёбанд, дигар мешаванд. Тартиб ва алоќаи ѓоя ба тартиб ва алоќаи чизхо мувофиќанд ва харду натичаи мохияти Худованд аст. Бинобар ин, ба ќавли Спиноза, чон ѓояи чисми инсон аст. Тамоми ходисахои олам танхо бо амри зарурат ба амал меоянд ва иродаи инсон чизеро таѓйир дода наметавонад. Спиноза умуман озодии иродаи инсонро эътироф надорад, чони инсон мустаќил нест, он чавхар нест, балки модуси тафаккур аст. Бинобар он «ирода ва хирад як чиз аст». (Б. Спиноза. Избранные произведения. Т. II. – М., 1957, с. 447).

    Ба фикри Спиноза, модуси аз хама мураккаби чавхар ин инсон аст, ки дорои чон ва имконияти маърифат кардани худро дорад. Хосиятхои чавхарро Спиноза тахќиќ карда, хусусиятхои маърифатии инсонро муайян мекунад. Дар асари худ «Рисола дар бораи тоза кардани интеллектхо» Спиноза чахор тарзи касби донишро муайян кардааст. Ба воситаи намуди аввал, мегўяд Спиноза, мо аз рўи шунидамон дониш пайдо мекунем. Вале ин рохро дар дониш мухим намедонад. Онро бештар хоси дин медонад, ки дар он аз рўи Катибаи Муќаддас дониш хосил мешавад.

    Намуди дуюми касби дониш пайдо кардани он аз тачрибаи бенизом, ки аз мушохида бармеояду тачрубаи бесомон аст, хусусияти тасодуфи дорад. Ин навъи дониш бо доираи зиндагии муќаррарии инсон махдуд мешавад. Барои дониши илми ва тахќиќоти илми он ба кор намеравад.

    Тарзи сеюми касби дониш дар асоси натичахо, дарёфти сабабхо ва баровардани хулосахо дар бораи чизхо аз мафхумхои умуми мебошад, вале он дониши хаќиќи дар бораи мохияти чизхо намедихад, зеро ба воситаи мафхумхо дар бораи хосияти чизхо дониш хосил кардан мушкил аст.

    Чорум тарзи хосил кардани дониш бевосита аз мохияти чизхо бармеояд. Хамин рохи чорум дониши хаќиќи медихад, ки онро Спиноза дониши хадси (интуитиви) меномад. Хамин тавр, маърифат зинахои муайянро тай мекунад: аввал тачрибави, ки хосиятхои ѓайримухими чизхоро фаро мегирад, мохият бошад, ба воситаи аќл фаъолияти аќлони дониста мешавад. Инчунин дониши хадси аз «абстрактсияхои» барѓалат ба кулли фарќ мекунад. Новобаста ба мухокимахои зиёди назарияви дар бораи чавхар, атрибутхо, модусхо фалсафаи Спиноза чихатхои амали низ дорад. Инсон раванди оламро дарк карда, зиндагии худро бо он мувофиќ сохта, хаёти худро пеш мебарад. Ба ќавли Спиноза, «озоди ин донистани зарурат» аст.

    Фалсафаи Лейбнитс. Ба таълимоти монизми Спиноза дар бораи чавхари ягона Г.В. Лейбнитс (1646-1716) таълимоти худро дар бораи чавхархои зиёд – монадахо муќобил гузошт. Монадахо (дар юнони ба маънии ягона «як» аст) дар таълимоти Лейбнитс чизи сода, таќсимнашаванда аст. Вале ин маънои онро надорад, ки монадахои Лейбнитс чизхои модди бошанд, зеро онхо агар чизи модди бошанд, ба дарози мутааллиќ мешаванд ва дарози, яъне чизи модди бехудуд аст ва беохир таќсим мешавад. Пас мохияти монадахо аз чи иборат аст? Мохияти онхоро на дарози, балки фаъолият ташкил медихад. Ин фаъолият, ба гуфти Лейбнитс, он чизе аст, ки сабаби механики надорад, он аз тасаввурот ва кўшиш иборат аст. Хамон тавре маълум аст, тасаввурот идеали (ѓояви) мебошад. Бинобар ин онхоро аз тахлили дарози ё ба воситаи комбинатсияи физики (механики)-и атомхо наметавон хосил кард. Аз ин чо онхо воќеияти содае хастанд, ки хосияти чавхархои содаро ташкил мекунанд. Фаъолияти монадахо дар холати доимоивазшавандаи худ, ваќте ки мо хаёти чони худро тасаввур менамоем, мушохида мешавад. Ба монадахо тасаввурот ва кўшишхоро нисбат дода, онхоро дар муќоиса бо чони инсон нишон медихад ва дар воќеъ Лейбнитс мегўяд, ки монадахо чонхо хастанд, ки эхсосот ва рўх доранд, ваќте онхо дорои аќл бошанд. Дар табиати ѓайриорганики бошад, онхо ба монанди шаклхои чавхари мебошанд, ки чону рўх доранд ва тамоми табиат дар ин сурат зинда ва дорои чон аст. Хатто дар он чое, ки пораи чизеро мебинем, мавчуди дорои чон монадахо вучуд дорад. Агар дар табиат, дар хар ќатраи об ё дигар чиз хучайрахои зиёдро тасаввур намоем, пас ин суханони Лейбнитс хаќиќат пайдо мекунанд. Пас монадологияи Лейбнитс ба микромир (олами заррахо ва хучайрахои ноаён) алоќаманд аст. Он ваќте пайдо шуд, ки микроскоп ихтироъ шуд. Яке аз ихтироъкорони микроскоп А. Левенчук анатомияи микрос­копии чашм, асабхо, дандонхоро омўхта, бактерияхоро мушо­хида кард. Дар ин асос тасаввуроти нав дар бораи табиат ба вучуд омад. Агар гуфтахои Лейбнитсро аз ин нигох тахлил намоем, пас маълум мешавад, ки он дар хамон заминахои илми ба вучуд омадааст.

    Барои Лейбнитс хар як монада олами сарбастае аст, ки дар худ тамоми низоми оламро инъикос кардааст. Барои он ки монадахо тамоман аз хам чудо тасаввур нашаванд, Лейбнитс таъкид мекунад, ки принсипи хамоханги (гармония), ки аз Худо сар мезанад, вучуд дорад ва низоми дохилии монадахоро намоён мекунад. Монадахо аз тариќи табии пайдо намешаванд ва аз байн намераванд, балки аз шўоъхои нури Худованд ба вучуд меоянд. Се намуди монадахо вучуд доранд: монадахои дорои дарачаи хастие , ки чисмхои физикиро ба вучуд меоранд, монадахо – чонхо, ки дорои тасаввурот ва эхсосот хастанд ва олами растанихо ва хайвонотро ифода кардаанд. Монадахо рўххо, ки дорои дарачаи баланди инкишоф мебошанд. Онхо инкишофи табиати инсонро тачассум кардаанд. Монадахо танхо ба воситаи аќл дониста мешаванд. Лейбнитс дар мавќеи ратсионализм ќарор дошта бошад хам, онро бо эмпиризм алоќаманд сохтааст ва ду намуди хаќиќатро эътироф дорад: «хаќиќати аќл (хирад)» ва «хаќиќати бурхон». Чун Декарт «хаќиќати аќл» - ро фитри медонад, вале он бархилофи Декарт якбора хосил намешавад, балки он дар шакли имконият, номукаммал дар интеллект дода шудааст, ки батадрич инкишоф меёбад. Хусусияти «хаќиќати аќл» умуми ва зарури будан аст, ки, пеш аз хама, дар дониши математики ва мантиќи зухур меёбад.

    «Хаќиќати бурхон» умуми ва зарури нест, хусусияти эмпирики ва тасодуфи дорад ва аз рохи дедуктиви хосил карда намешавад. Усули дарёфти «хаќиќатибурхон» индуксия аст. Лейбнитс ба «хаќиќати бурхон» ќонунхои табиатро, ки табиатшиноси кашф кардааст, дохил мекунад.

    Низоми ратсионалии Лейбнитс чамъбасти фалсафаи асри XVII аст. Фалсафаи асри XVII асоси тасаввури метафизики ва механикии оламро гузошт, ки он дар асрхои минбаъда аз тарафи материалистон таќвият дода шуданд. Тасаввури метафизики оламро якранг, бехаракат ва якнавохт тасаввур мекунад, дар он шаклхои гуногуни харакат вучуд надоранд, манбаи харакат аз берун аст, сарчашмаи дохилии таѓйирот ва дигаргунихо дар ин тасаввурот ноаён мемонад.

    Фалсафаи маорифпарвари. Асри XVIII-ро бехуда давраи маорифпарвари дар Аврупо намегўянд, чунки илму маърифат аз доирахои танги олимони донишгоххову муасиссахои илми-тадќиќотии баъдиинќилобии асри XVII берун баромада, дастраси доирахои васеи ахоли гардида, дар салонхои Парижу Лондон аз комёбихои илм сўхбату мубохисахо пайваста доир мегардид ва бисёр адибон бо забони содаву фахмо кашфиётхои навини илмро маънидод мекарданд. Бовари ба нерўи аќлонии инсон хеле зиёд гардид. Он имкониятхои васеъ барои пешрафти иќтисоди, некўахволии ахоли фарохам овард. Танќиди схоластикаи асримиёнаги, ки мутафаккирони давраи Эхё ва инќилоби илмии асри XVII сар карда буданд, дар ин давра хеле вусъат пайдо кард. Асри XVIII худро чун асри аќлу хирад ва рўшнои хувайдо сохт. Бо вучудияти умумияташ бо асри ќабли давраи маорифпарвари хусусиятхои худашро дошт. Аввалан, алоќаи илм бо амалия чонибдориву таъкиди бештаре аз тарафи мутафаккирон пайдо кард, сониян ба танќиди схоластикаи асримиёнаги танќиди метафизика илова шуд. Баъди Нютон дар илм ва Локк дар фалсафа танќиди сахти метафизикаи картезиани оѓоз меёбад. Шиори ин давра илм ва пешрафт (прогресс) буд, ки ба васфи хиради илми, ки на танхо аз хурофот, балки аз фарзияхои метафизикаи ѓайритачрибави озод бошад, нигаронида шуда буд. Некбинии (оптимизми) маорифпарвари ба фаъолии табаќаи хукмрон, ки ба сахнаи таърих ворид шуда буд, алоќаманд аст. Аз хамин сабаб хам Англия, ки нисбатан кишвари пешрафта буд, инкишофи бештаре пайдо касб намуда, ватани маорифпарвари шуд. Маорифпарвари инъикоси худро дар осори маорифпарварони англис Ч. Толанд, А. Коллинз, А. Шефтбери, Т. Рид, А. Смит, Д. Юм ва дигарон пайдо кард.

    Маорифпарвари, махсусан, дар Фаронса ривочи бештар пайдо намуд ва гурўхи калони маорифпарварон - Волтер, Ж.Ж. Руссо, Д. Дидро, Ж. Доламбер, Э. Кондлияк, Б. Голбах, Ж. Ламетри бо осори гаронбахои худ ѓояхои маорифпарвариро инкишоф медоданд. Дар Германия ѓояхои маорифпарвариро Г.Е. Лессинг, И.Г. Гердер, И. Кант инкишоф доданд. Ч. Локкро аз аввалин маорифпарварон медонанд

    Ба насли аввали маорифпарварони Фаронса Шарл Волтер (1694-1778) ва Луи Монтескё (1689-1755) дохиланд, ки махз осори онхо ба инкишофи маорифпарвари дар Фаронса такони зиёд бахшид. Махсусан асари зиддисалтанатии Монтескё «Мактубхои форси» таъсири зиёд дошт. Дар солхои 40-уми асри XVIII, ваќте илмхои табиатшиноси, адабиёти бадеи, драматургия, фалсафа дар Фаронса хеле инкишоф меёбад, афкори маорифпарвари дарачаи баланди инкишофи худро пайдо мекунад. Махз дар хамин давра насли дуюми маорифпарварон - Ж.Ж. Руссо, Ж. Ламетри, Д. Дидро, П. Голбах, Э. Кондиляк, Ж. Кондорсе ба воя мерасиданд. Осори ин гурўхи маорифпарварон анъанахои илми, фалсафии мутфаккирони давраи Эхё ва Замони Навро идома дода, онро бо ѓояхои нав ба нав ѓани гардониданд. Бо вучуди умумиятхо фалсафаи маорифпарварони фаронсави, баъзе чихатхои фарќкунанда низ доранд:

    • тамоюли зиддиклерикалии онхо хеле равшан ифода ёфтааст; мавќеи онхо ба хадде буд, ки онхоро метавон на танхо зиддитеологи, балки зиддидини номид (Дидро, Голбах);

    • алоќаи зичи аќоиди фалсафаи маорифпарвари бо комёбихои табиатшиноси;

    • майли гуманистии фалсафа бо масъалахои ичтимоии инсон;

    • тамоюли аќидахои фалсафии маорифпарварон барои таѓйири воќеияти ичтимои ба манфиати пешрафти чамъият ва бехтар шудани чомеаи шахрванди.

    Маорифпарварони фаронсави муборизаи зидди хурофоти диниро хадафи асосии худ ќарор дода буданд ва мехостанд чомеаро аз таъсири таълимоти ортодоксияи католики озод намоянд. Албатта, ин хадаф аз шароити Фаронса бармеомад. Таъсири калисои католики дар ин кишвар хеле зиёд буд, калисо заминхо ва сармояи хеле зиёде дар ихтиёри худ дошт. Илова бар ин, калисо бар зидди озодфикри муборизаи беамон мебурд. Аз ин чихат, бо бархам задании ин нуфуз маорифпарварон таъмини озодии фикр, рушди илмро алоќаманд месохтанд. Бедодгарии калисоро бар аќлу хирад ва дониш, олимон, озодфикрон Ш. Монтескё, Ж.Ж. Руссо, П. Голбах, Дидро ва дигар маорифпарварони фаронсави зери танќиди сахт гирифта буданд.

    Ба таълимоти клерикали ва таассуби дини маорифпарварони фаронсави назаряи «дини табии» - ро муќобил гузоштанд. Волтер дар асархояш «Достони ќонуни табии», «Асосхои фалсафаи Нютон» ва Дидро дар асараш «Дар бораи кифоя будани дини табии» ин аќидаро асоснок кардаанд. «Дини табии» гуфта, маорифпарварони фаронсави динеро дар назар доштанд, ки ба табиати инсон мувофиќ буда, асосхои ахлоќи умумибашариро фарогир бошад. Дар он мафхумхои неки ва бади бояд мустаќил ва аз Худо вобаста набошад, ки ин аќида асосан ифодаи космополитизми ахлоќи аст. Мазмуни ин динро ахлоќи космополити, барои хамаи инсонхо мувофиќ ташкил мекунад. Ин ѓоя, чунон ки маълум аст, дар инќилоби бузурги Фаронса истифода шуд. Таваччўхи чиддии маорифпарварони фаронсави ба асосноккунии назарияи материалистии табиат равона шудаанд. П. Голбах (1723-1789) дар асараш «Системаи табиат» табиатшиносии материалистиро асоси тахќиќоти мазкур ќарор медихад ва табиатро чизи ягона ва бузурге медонад, ки аз пайвастшавии унсурхои гуногун, таркиботи мухталиф ва харакатхои гуногун хосил мешавад. Асоси хамаи равандхои табии, ба гуфти Голбах, хамаи он чизе аст, ки ба тавре ба эхсосоти мо таъсир мерасонад. (П.А. Гольбах. Избранные произведения. Т.I. – М., 1963, с. 84).

    Инчунин ў дар шархи сабабият ва зарурат низ асли материалистиро баён кардааст. Ба хамин сабаб хам Голбах кайхонро чун мачмўи сабабияту натичахо дониста тарафдори он аст, ки дар олам асли детерменизми ќатъи амал мекунад. Ходисахои тасодуфиро ў истисно карда, хукми заруратро то ба андозаи фатализм мерасонад. Албатта, чунин зарурати ќатъи, ки ба фатализм мебарад, то ба андозае натичаи таъсири тасаввуроти механики аст, ки дар ин аср дар табиатшиноси хукмрон буд.

    Хамчунон ки зикр шуд, масъалаи инсон барои фалсафаи гуманисти ва маорифпарвари мухимтарин масъалаи фалсафа буд. Дар халли ин масъала дар байни ду равияи маориф­парварони фаронсави, яъне равияи деисти – Волтер, Руссо ва материалистони фаронсави – Дидро, Ламетри, Гелветсий, Голбах фарќи чидди мушохида мешавад. Асоси равияи деис­тиро, чунон ки аз фахмиши деизм бармеояд, аќидае ташкил ме­кард, ки Худо офаридгори олам мебошад, вале баъди халќ кар­дани олам дигар ба корхои табиат дахолат намекунад. Деист­хо эътиќоди калисоро дар бораи мўъчизахо рад карда, маориф ва илмро химоя менамуданд. Бинобар он дар нисбати инсон низ човидон будани чон ва хаёти пас аз маргро эътироф доштанд.

    Волтер яке аз намояндагони барчастаи равияи деизм, адолат ва баробари дар чомеаро ба пешрафти илму маърифат вобаста мекард. Ў дар бораи маърифатнокии хукмронон сухан ронда, аќида дошт, ки хукмрони мутлаќ (шохи одил дар адабиёти классики точик) низ метавонад, адлу баробариро дар чомеа татбиќ намояд, агар ў фазои маърифати баланд ва ахлоќ бошад. «Мутлаќияти мутараќќи» шояд шакли бехтари хокимият бошад. Аз ин чо ў тарафдори монархия, вале монархияи мутараќќи ва бомаърифат буд.

    Аммо материалистони фаронсави табиат, материяро асос шумурда, хеч гуна дахолат ба табиат ва ходисахои тасодуфиро эътироф надоштанд. Барои хамин онхо дугонагии табиати инсонро рад карда, асоси фалсафаи антропологии худ ягонагии моддии онро ќарор дода буданд. «Инсон,-навишта буд Голбах, – мавчуди танхо физики аст. Хамаи ѓояхо, хохишхо, амалиёт натичаи зарурии мохият ва сифате аст, ки табиат ба мо вогузоштааст». (П.А. Гольбах Избранные произведения. Т. I. – М., 1963, с. 60).

    Табиати психики ва ќобилияти фикрии инсон мавриди бахси дигар маорифпарварон ќарор гирифта буд. Аз чумла, Клод Гелветсий (1715-1771) ва Жюлен Ламетри (1709-1751) ба ин масъала эътибори чидди додаанд. Ламетри дар асараш «Инсон-машина» таълимоти теологиро дар бораи чон рад намуда, таъкид менамояд, ки эхсосот, тафаккур пурра аз «чавхари чисми» вобаста аст, агар чисм осеб бинад, фаъолияти психики инсон низ осеб мебинад. Ў инсонро чун мошини мураккаб ва ба таври махсус ташкилшуда медонад, ки ќобилияти фикр кардан, эхсос карданро дорад. Аввалан, он ба тарзи махсус ташкил ёфтааст, сониян, тарбия ва таълим инсонро бар дигар махлуќот бартари медиханд.

    Баръакси Ламетри Денни Дидро ѓояи фитри будани ахлоќро дастгири мекунад. Инсон ба кори хайр майл дорад ва намунаи ошкори он зохиршавии мухаббат байни инсонхост. Вале ин табиати инсон дар хаёт ба воситаи тарбия боз хам такмил меёбад ва симои ахлоќии инсонро ташаккул медихад. Дидро дар асари худ «Унсурхои физиология» маводи зиёди илми-табиатшиносиро овардааст, ки назари ўро дар бораи пайдоиши табиии инсон, ташаккули психикаи ў ба субут мерасонанд.

    Аз мавќеи деизм Волтер дар бораи заифии инсон мухокима меронад. Ба назари ў, инсон ба ќонунхои табиат тобеъ аст ва таќдири инсонро хамин ќонунхо муайян мекунанд, яъне таќдири инсон мутобиќи детерменизми табии-илми амали мешавад. Инсон мавчуди ичтимои аст, «хайвони чамъияти» мебошад, ба чамъият эхтиёч дорад ва хусусиятхои ичтимои мухимтарин нишонаи инсон аст. К. Гелветсий аз равияи материалсти шакли сесуалистии мохияти инсонро тасвир мекунад. Ў чунин хисоб мекард, ки дар инсон аз хама мухим эхсосот аст. Бинобар он муайянкунандаи рафтору кирдори инсон лаззати чисмони ва азоб аст. Инсон кўшиш менамояд, ки аз хаёт ќаноатманд бошад ва азобу шиканчаро дур созад, хатто Гелветсий мачмўи амалхоеро, ки инсон дар фаъолияти худ ба онхо майл мекунад, тартиб дода буд. Бо вучуди ин Гелветсий чун хамаи маорифпарварон маќоми тарбияро дар ташаккули инсон хеле баланд мебардорад.

    Дар фалсафаи ичтимои маорифпарварон ба донишу маърифат такя карда, бехбудии чомеа, инкишофи онро ба савияи маърифат алоќаманд сохтаанд. Дар тасаввури онхо, агар хукмронон бомаърифат бошанд, адлу инсон дар чомеа хукмфармо хохад шуд ва зиндагии босаодат чори мегардад. Танхо хираду дониш, ки бо нури фалсафа нурони шудааст, метавонад такягохи устувор барои чомеаи боадолат гардад. Ламетри дин ва ахлоќро шаклхои робитаи чамъияти дониста, онхоро барои чомеаи боадолат мухим мешуморад. Вале ў чомеаи ахлоќии бединро низ истисно намекунад. Манфиати чамъиятиро ў махаки накўкори дар чомеа медонад, зеро ба чомеа хушбахти оварда кас метавонад саодатмандии худро низ таъмин созад.(Ж. Ламетри. Сочинения. – М., 1976, с. 278). Вале дар чомеа, ба ќавли ў, шахсони накўкор камтар аз шахсони бадкоранд, аксарият кўшиш мекунанд, ки фаќат бехбудии хаёти худро таъмин созанд. Аз ин чо чихати мухими тамаддун зиддияти доими дар байни табиати зишти инсон ва накўкори аст. Аќидаи Ламетри бо тасаввури адибони форсу точик дар бораи муборизаи хайру шарр наздик аст. Ж.Ж. Руссо (1712-1778) пешниход мекунад, ки хокимияти сиёси ва маориф ба хам пайваст шаванд. Танхо чунин пайвастаги имкон медихад, ки хукмрононро сохиби маърифат сохта онхоро ба накўкори барои инсоният водор созад. Руссо дар асари асосии худ «Дар бораи шартномаи чамъияти ё принсипи хуќуќи сиёси» чун дигар маорифпарварон назарияи озодихои инсонро баён кардааст. Инсон озод таваллуд мешавад, вале дар хама чо ў дар асорат мемонад. (Ж.Ж. Руссо. Об общественном договоре или принципы политического права. – М., 1938, с.3).Ў баробариро хамчун холати табиии инсон тасвир кардааст. Сабаби асосии нобаробариро дар чомеа, ў дар моликияти хусуси мебинад. Ин аќида заминае гардид, барои тарафдорони чомеаи сотсиалисти ва коммунисти. Руссо дар хама кор хадди миёнаро тарафдор аст, аз чумла зидди бехудахарчкуни, даст кашидан аз истифодаи бехуда, махдуд сохтани миќдори амволи сарватмандон ва ашрофон мебошад. Барои нобаробариро кам кардан андозхо чори намудан лозим аст, аз чумла махдуд сохтани миќдори мероси молумулк, сармоя, озод кардан аз андоз онхоеро, ки миќдори танхо зарурии воситахои мехнатро доранд. Умуман, назари Руссоро метавон чун эгалитаризми ичтимои бахо дод. Аз байн бурдани нобаробари ба воситаи таќсим кардани моликияти хусуси дар байни хама аќидаи мухими Руссо мебошад. Татбиќи озоди ва баробари дар чомеа танхо дар шакли хукмронии сохти чумхурияви имконпазир аст, зеро дар чумхурият халќ офарандаи воќеии ќонунхо мебошад. Ў аќидаи худро дар бораи ба таври табии пайдо шудани давлат баён карда нишон медихад, ки дар рафти инкишофи чомеа давлат аслихаи чори намудани бехуќуќи мегардад, боиси нобаробарии шахрвандон шуда, ба хукумати мутлаќа ва салтанат табдил ёфтааст. Ў холати табиии инсониятро чун давраи «гузаштаи босаодат» нишон додааст.

    Аќидахои Руссоро дар бораи шартномаи чамъияти на хамаи маорифпарварон дастгири намудаанд. Масалан, мохияти чамъиятро Голбах дар ќаноатманд сохтани талаботхои хаётии одамон ва таъмини манфиатхои онхо мебинад. Хамин зарурати ќаноатмандсозии талаботи одамон онхоро водор месозад, ки муттахид шаванд, шартнома банданд. Шартномаи чамъияти хам манфиатхои шахрвандон, хам манфиатхои чомеаро фаро мегирад. Вазифаи чамъият аст, ки хаёти босаодатро барои аъзоёнаш таъмин намояд ва шахрвандон низ вазифдоранд, ки ба чомеа хизмат карда, тамоми ќобилияти худро барои пешрафти он сарф кунанд. Камбудии чомеа, ба назари ў, нофахмии одамон аст, ки манфиати воќеии худро дарк намекунанд, чохилу рахгумзадаанд, рохи бехбудии хаёти худро намеёбанд.

    Яке аз чихатхои мухими аќидахои ичтимоии маориф­парварон патсифизми маорифпарвари буд. Онхо зидди харгуна чангу низоъ буданд. Хамагуна чангро махкум мекарданд, ба ѓайр аз чангхое, ки барои химояи кишвар аз хучуми истилогарон бошад. Онхо тарафдори дигаргунихо ва ислохот дар чомеа буданд, вале рохи сулхомези онро пешниход менамуданд, ки аз «хукмрони бомаърифат» бармеояд. Рохи инќилобро дар сурате имконпазир мешумурданд, ки агар хеч имкони дигари ислохи чомеа набошад, барои сарнагун сохтани хокимияте, ки аз идоракунии бомаърифат даст мекашад ва чомеаро бадбахт месозад, ягон рохи дигаре боќи намонад.

    Бояд гуфт, ки маорифпарварони фаронсави барои инќилоби бузурги Фаронса (1789-1794) заминаи мусоиди маънави омода сохтанд, алалхусус, дар сохаи озоди, баробарию бародари, адолати ичтимои ва гуманизм. Онхо умеди чомеаро барои таъмини идеалхои ичтимои ќувват бахшиданд.

    Инкишофи минбаъдаи чомеаро гурўхе аз маорифпарварони фаронсави дар рушди бемайлони иќтисоди медиданд ва чомеаи хаёлии сотсиалистиро орзу мекарданд. Бунёди чомеаи ормони дар таълимоти сотсиалистони хаёлии фаронсави, ки баробари, бародари, некўахволии тамоми табаќаи чомеаро орзу мекарданд, онхоро ба асосноккунии чунин чомеа водор сохт. Дар натича шаклхои гуногуни назарияи чомеаи ормони ба вучуд омад. Аксари маорифпарварон ислохоти чомеаро аз тариќи тарѓиби илму маърифат, маърифаткунонии хамаи табаќахои чомеа имконпазир шуморида, сулху хамкориро барои хамаи ахли чомеа асос мехисобиданд. Онхо мехостанд дар асоси боќи мондани фарќиятхои табаќоти чомеаи одилонаро бунёд созанд. Дар ин миён мутафаккироне низ буданд, ки бунёди чомеаи бетабаќаро орзу доштанд. Зери нуфузи аќидахои эгалитаризм, махсусан Ж.Ж. Руссо, назарияи «сотсиализми хаёли (утопияви) ба вучуд омад.

    Инќилоби буржуазии Фаронса ѓояхои сотсиализми хаёлиро инќилоби гардонид. Ѓояхои харакатхои оммавии эгалитаристи сабаби пайдоиши талаботхо нисбати таќсими баробари заминхо, махдудиятхо дар нисбати моликият, саноат ва савдо, зери назорати чомеа ќарор додани хуќуќи моликият ва ѓ. гардид. Таѓйироти чидди дар инкишофи ѓояхои коммунисти Г. Бабёф дошт. Ў барномаеро зери унвони «Сўиќасд ба умеди баробари» тартиб дод, ки он ба амал овардани инќилоби коммунистиро фаро мегирифт. Бори аввал ў масъалаи зарурати инќилоби коммунистиро бо рохи шўриши яроќнок ва ташкили диктатура ба миён гузошт. Идеали ичтимоии ин чомеа баробарии комил ва аскетизм буд. Чомеаи коммунистии Г. Бабёф дар асоси истехсолоти хурд , мехнати дасти бунёд шуда, чомеаи коммунистии аграри ва косиби буд.

    Бунёди чомеаи дорои баробари ва адолати ичтимои дар назарияи «сотсиализми хаёли» мутафаккирони бузурги ин давр Сен-Симон, Ш. Фурйе ва Р. Оуэн ифодаи худро пайдо кард. Онхо равияи нави танќиди –утопиявии сотсиализмро ба вучуд оварданд, анархияи истехсолиро дар чомеаи сармоядори нишон доданд, зиддияти манфиатхои моликияти хусусиро ба манфиатхои чомеа кушоданд, камбудихо ва норасоихои ин чомеаро равшан сохтанд.

    Сен-Симон (1760-1825) таѓйирёбии сохтори ичтимоиро аз рўи ивазшавии ѓояхои дини-фалсафии хукмрон маънидод карда, нишон дод, ки дар таърих индустрия маќоми муайянкунанда дорад. Зери мафхуми «индустрия» ў хамагуна фаъолияти иќтисодии одамонро мефахмид. Ба ќавли ў, инсоният аз шаклхои ноаёни ичтимои ба шаклхои баландтари он мегузарад. Даврахои асосии прогресси ичтимоиро Сен-Симон аз даврахои гузариш аз ахкомпарастии ибтидои ба политеизм ва сохти ба он алоќаманди ѓуломдори ва баъд аз политеизм ба монотеизм, яъне сохти феодали ва аз асри XV чахонбинии илми, ки барандаи он олимон ва саноатчиён мебошанд, иборат медонист. Инќилоби Фаронса хамин гуна ивазшавии пешќадам буд, вале он вазифахои худро ичро карда натавонист. Бинобар ин, ба гуфти Сен-Симон, роххои нави чомеаи боадолатро чустучў кардан лозим аст. Рохи бунёди чомеаи нав, он барои аксари ахоли фоидаовар аст, инкишофи умумичахонии ќуввахои истехсолкунандаи сохаи саноату кишоварзи ва бартараф сохтани паразитизм мебошад. Хусусиятхои мухими чомеаи нави «системаи саноати» табдили чомеа ба ассотсиатсияи умумии одамон, чори намудани мехнати мачбури, ба вучуд овардани имкониятхои баробар барои хама, барои амали шудани ќобилиятхои онхо, таќсимоти неъматхои чамъияти аз рўи ќобилият, аз чониби давлат ба наќша гирифтани инкишофи саноат, хочагии ќишлоќ ва табдили хокимияти давлати ба аслихаи ташкили истехсолот, минбаъд ба вучуд овардани ассотсиатсияи халќхо ва сулхи умуми бо аз байн рафтани худудхои милли мебошанд. Сен-Симон зиддияти манфиатхои буржуазия ва пролетариатро дарк карда, дар охирин асараш «Масехияти нав» ошкоро манфиати табаќаи коргарро дастгири мекунад. «Системаи саноати»-и Сен-Симон бо вучуди шакли илми-назарияви ва хусусияти детерменистии иќтисоди доштанаш дар доираи чомеаи хаёли ќарор дошт ва хамчун ормону орзу боќи монда, асоси илмии бунёди чомеаи навро фаро намегирифт. Сен-Симон назарияи «Масехияти нав» - ро хамчун омилу имтиёзи маънавии «Системаи саноати» истифода бурдани мешавад, зеро асоси таълимоти ахлоќии масехиятро шиори «хамаи одамон бародаранд» ташкил медихад ва ин, ба ќавли Сен-Симон, метавонад зиддиятхои синфиро аз байн барад ва барои бунёди чомеаи нав асос шавад. Аќидахои Сен-Симон ба рушди назарияи сотсиализм таъсири баѓоят зиёд дошт ва яке аз манбаъхои сотсиализми илми гардид.

    Яке аз мутафаккироне, ки кўшиш кард чомеаи нави боадолатро асоснок намояд, Шарл Фурйе (1772-1837) буд. Ў фалсафаи ичтимоии маорифпарвариро рад намуда, нишон додани он ба тачриба мухолиф аст ва сохти нодурусти ичтимоиро асоснок мекунад. Фурйе маќсади хаёти худ коркарди илми ичтимоиро чун ќисми «назарияи ягонагии умумичахони» ба ќонуниятхои умумии майли одамон ба мехнати коллективи такя мекард. Чамъият, ба фикри Фурйе, мархилахои эдимизм (чомеаи ибтидои), давраи вахшоният, барбарият ва тамаддунро тай кардааст. Ба чои давраи тамаддун (сивилизатсия) бояд давраи нав – гармония (хамоханги) биёяд. Ин сохт на танхо бо амри Худо ба вучуд меояд, балки инчунин натичаи зарурати таърихи аст. Дар сохти ормонии Фурйе моликияти хусуси нигох дошта мешавад, вале дар он рушди хосилнокии мехнат ба андозае боло меравад, ки некўахволии хамаи ахли чомеаро таъмин карда метавонад. Сохти ассотсиатсияи механиконидашудаи бузургро, ки хочагии ќишлоќи механиконидашуда дар он бо саноат пайваст аст, ба вучуд меоварад. Ин пайванд ва сохтори чамъият ба бархамхўрии фарќи шахру дехот , намуди нави иттиходи фаъолияти мехнатии одамон сабаб мешавад. Армияи бузурги пурќудрати минтаќави, милли ва байналмилали симои заминро дигаргун месозанд. Дар чунин шароит инсони нав, шахсияти аз хар чихат комил ба воя мерасад. Тасаввуроти Фурйе доир ба чомеаи ормонии ў дар асоси фахмиши идеалистии таърих ба вучуд омадааст ва прогресси таърихиро дар шакли тахайюли ифода кардааст. Бо вучуди ин таълимоти Фурйе чун дигар сотсиалистони хаёли ба афкори чамъиятии бисёр кишвархои Аврупо ва Амрико таъсири зиёд гузоштааст.

    1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   41


    написать администратору сайта