Накши корхои беруназсинфи дар ташаккули кобилияти маърифатии хон. Накши корхои беруназсинфи дар ташаккули кобилияти маърифатии хонандагони синфхои болои ба тахсил
Скачать 55 Kb.
|
Накши корхои беруназсинфи дар ташаккули кобилияти маърифатии хонандагони синфхои болои ба тахсил. Яке аз масъалахои мухими илми педагогикаи муосир ин ташаккули кобилияти маърифатчуии хонандагони мактабхои тахсилоти умуми, хусусан хонандагони синфхои болои ба тахсил мебошад. Халли ин масъала аз бисёр чихат ба сифатан дигар шудани шакл ва усулхои таълим бо рохи фаъолияти мустакилонаи маърифатчуи аз худ кардани дониш аз тарафаи хонандагон вобаста аст. Дар асоси тахлили адабиёти илми ва тадкикот оиди хусусияти чараёни таълими хонандагони синфхои болои кушиш мекунем, ки кобилияти маърифатчуии хонандагонро хамчун сифати шахсии хонанда дар аз худ намудани асосхои дониш аз сарчашмахои гуногун бо рохи хулосабарори кушода тавонистани мохияти мафхумхои нав, донистани воситахои гуногуни фаъолияти маърифатчуи, такмил додани ин воситахо ва эчодкорона истифода бурдани онхо дар халли масъалахои гуногун ва гайрахо кодир бошанд, кушода дихем. Шарти асосии ташаккули кобилияти маърифатчуии хонандагони синфхои болои ба акидаи мо ин истифода бурдани корхои беруназсинфи дар ин раванд мебошад. Корхои беруназсинфии хонандагон хангоми омузиши фанхои чамеашиноси, махсусан таърихи халки точик хамчун як намуди фаъолияти таълими буда, як бахши чараёни кори таълиму тарбия дар мактаб ба хисоб меравад ва боиси ташаккули кобилияти эчодии онхо мегардад. Аксари масъалахои халталабе, ки халли онхо аз ташаккули кобилияти маърифатчуии хонандагон сахт марбут аст, имруз дар мактаб кам нестанд. Ин гунна проблемахо ба монанди фардикунонии кори таълиму тарбия , интихоби роху воситахои самаранокии таргиботи педагоги ба хонандагони синфхои болои, максаднок интихоб намудани таълими тафрика аз тарафи хонандагони синфхои болои ва гайрахо мебошанд. Барои амали намудани ин максад ба хар як омузгор лозим аст, ки алокаи байни кобилияти маърифатчуии хонандагон ва таълимро кавъи гардонад, бе халли ин масъала дуруст ташкил кардани фаъолияти таълими, ташаккул додани дониш, махорат ва малакаи хонандагон гайриимкон аст. Зеро кобилияти маърифатчуи аз як тараф дар асоси фаъолияти таълими ташаккул ёфта бошад, аз тарафи дигар худи кобилият шарти асосии сифатан дигар шудани фаъолият мегардад. Бахисобгирии дарачаи кобилияти маърифатчуии мактаббачагон махсусан дар зинаи сеюми тахсил, яъне хонандагони синфхои болои хеле мухим аст. Дар ин синну сол шахсияти хонандагон ташаккул ёфта, онхо кушиш мекунанд, ки максадхои худро амали намуда, барои сохиб шудан ба касби интихобшудаашон тайёри мебинанд. Дар асоси характер ва самаранокии фаъолияти таълимиашон хонандагони синфхои болои метавонанд ба хаёти мустакилона гузашта мавкеи худро дар чамъият муайян кунанд. Хонандагони синфхои болои на танхо мушхидачии хаёти реалии, балки иштирокчии фаъоли он низ мебошанд. Ба методхо, воситахо ва шаклхои корхои беруназсинфии хонандагони синфхои болои, ки ба воситаи онхо кобилияти маърифатчуиашон такмил дода мешаванд инхо мебошанд: фаъолияти илми - тадкикоти. Ин намуди кор имконият медихад,ки толибилмон ба воситаи он кобилияти хешро мушохида кунанд ва дарачаи онро муаяйн намояд. Корхои тадкикоти имконият медиханд, ки шавку хаваси мактаббачагон ба тахсил зиёд шавад. экспедитсияхои илми – тадкикотии мактаби - ба ташаккули фаъолияти тадкикотии хонандагони синфхои болои мусоидат намуда, кобилияти маърифатчуиашонро равнак медихад. Максади асосии экспедитсия ин чамъ намудани маводи таърихи оиди махал (кишваршиноси( ва минбаъд ба воситаи он дар конференсияи илми – амали баромад кардан. тачрибахои сахрои, ки ба омузиши ин ё он мавод дар давоми соли хониш бахшида мешавад. конференсияхои илми – амали – натичаи фаъолияти корхои илми – тадкикотии хонандагони синфхои болои мебошанд. Конференсия натичаи кори ин гурухи хонандагонро дар экспедитсяхои таълими – тадкикоти, тачрибахои сахрои ва лаболаторияхо чамъбаст мекунад. озмунхои фаннии мактаббачагон шавку хаваси хонандагонро ба фанхои таълими зиёд намуда, хонандагони боистеъдодро муайян мекунад. шабнишинихои фанни, намоишхо, шабхои саволу чавоб ва гайрахо кобилияти маърифатчуии хонандагонро баланд бардошта, принсипи «иштироки бевоситаи толибилмон дар азхуд намудани дониш» - ро дар амал татбик мекунад. Хамин тарик корхои беруназсинфи дар ташаккули кобилияти маърифатчуии хонандагон накши мухим мебозад. Ташаккули кобилияти маърифатчуии хонандагони синфхои болои тавассути бозихои таълими. Мактаб муассисаи таълми аст ва хамаи корхои беруназсинфие, ки дар он доир мегарданд, бояд мазмуни маълумотро инъкос карда тавонад. Донише, ки хонандагон фориг аз дарс мегиранд, ба худомузии онхо мусоидат кунад. Яке аз чунин корхои беруназсинфи бозии таълими мебошад. «Дар чараёни бози, - кайд мекунад Л.С. Выготский, - кудак хама вакт нисбат аз синну солаш ва рафтори харрузааш пеш аст. Дар вакти бози кудак кушиш менамояд, ки аз рафтори харрузааш баландтар чахад». «Бози хисоб мекунад, - А.С. Макаренко, - ин на танхо давидани кудак дар майдонча, ё бо туб бози кардан хаст, балки кудан дар хар як дакикаи хаёти худ бози карда, тахаюлоти вай дар рафти бози як дарача бой мегардад». Аз ин ру накши бози дар хаёти хонандагон, дар ташаккули кобиляти маърифатчуии онхо хело калон аст ва дар ин макола мехостем намунаи бозиро ба омузгорон пешниход намоем, шояд дар кори пурифтихори онхо – дар таълиму тарбияи насли наврас руи кор ояд. Мавзуи бози «Хукуки ноболигон» Максади бози: Баланд бардоштани маданияти хукукии хонандагон Ташаккул додани усулхои фаъоли омузиши хукук дар байни хонандагон Ташвики касбинтихобкуни байни хонандагон Вазифахои бози: хонандагон дар вазъиятхои гуногуни муносибат, ки ба воситаи меъёрхои хукуки ба танзим дароварда мешаванд, бахо дода тавонанд; хонандагонро ба он водор кардан лозим аст, ки онхо конунхоро риоя намуда, хукукхои худро донанд. Иштирокчиёни бози: Довталабон - хонандагони синфхои 9-11, ки дар ду даста (команда) муттахид шуданд. Гурухи ёрирасон: се ё чор нафар хонанда, ки хар ду гурухи довталабонро дар рафти бози дастгири мекунанд. Мумайизон (экспертхо) волидони хонандагон, ки дар вакти лозими ба саволхои хукуки чавоб дода тавнанд. Гурухи таъиминкунанда: панч ё шаш нафар хонанда ташкилкунандагони бози, ёрдамчиёни барандаи бози; мусикачиён, комисияи хисоби холхо ва ташкилкунандагони фаъолият бо тамошобинон. Даъватшудагон: омузгорони мактаб, волидон, раиси кумитаи волидон, кормандони шуъбаи маориф ва гайрахо, намояндаи хукумати махалли, кормандони хифзи хукук. Мазмуни бози: Бози аз се давра иборат аст: намоиш, озмун, эчодкори. НАМОИШ: Дар ин кисм баранда хамаи довталабонро муаррифи намуда, ба сардори хар як гурух имконият медихад, ки вай номи гурухашро гуфта, мазмуни онро шарх дихад, ки барои чи чунин номро интихоб намудаанд. (мисол: мазмуни гурухи «Муътакид» - он маъно дарод, ки аъзоёни гурух муътакиданд, ки хукуки ноболигон мисли хукуки калонсолон эхтиром карда мешавад. Гурухи «Умед» мефахмонад, ки иштирокчиён умед доранд, ки хукуки онхо на танхо кабул, балки дар амал низ татбик мешаванд. Баранда мумайизон (экспертхо) ва даъватшудагонро муаррифи мекунад. ОЗМУН: Ин кисм аз 4 бози иборат аст: «Тайёри», «Муаммо, «Ту ба ман ман ба ту ва «Маслихати хукуки». Тайёри . Вазифаи ин бози аз он иборат аст, ки довталабонро ба гузаронидани бози - озмун омода мекунад. Баранда таъриф (коида)-и мафхумхои хукукиро хонда, довталабон аз руи таъриф онхоро муайян кунанд. Ба чавобхои дуруст як хол гузошта мешавад. Муаммо . Дар ин кисми бози дар шакли озмун тайёрии назарияви ва дониши хукукии довталабон оид ба хукуки ноболигон муайян карда мешавад. Барои ин пешаки дар варакахои алохида саволхо ба таври муаммо навишта шуда ба онхо ракамхо гузошта мешаванд. Баранда ба хар як даста имконият медихад, ки онхо ракамро интихоб карда аз руи он ба савол чавоб диханд. Агар гурух чавоби сахех дода натавонад, гурухи дигар имконият пвйдо мекунад, ки ба савол чавоб дихад. Дар ин холат ба гурухи дуюм хол гузошта мешавад. Ба чавоби дуруст хол гузошта мешавад. Ба дурустии чавобхо баранда бахо мегузорад. Ман ба ту ту ба ман . Дар ин бози кобилияти довталабон доир ба тарзи дар вазъияти хукуки истифода бурдани донишхои хукуки санчида мешавад. Озмун дар шакли дуэл байни довталабони гуруххо мегузарад. Баранда таклиф мекунад, ки хар як гурух вазъиятхои хукукиро тартиб дода ба гурухи дигар (ракиб) пешниход кунад ва баъди он гуруххо накши худро иваз мекунанд. Дурустии чавобро мумайизон (экспертхо) муайян намуда, ба чавобхои дуруст хол мегузоранд. Вазъиятхои хукуки хамчун вазифаи хонагии довталабон ба хисоб мераванд. Маслихати хукуки. Дар ин бози дониши довталабон оид ба хуччатхои хукуки шакл ва усулхои хифзи хукуки ноболигон санчида мешавад. Хар як довталаб накши адвокатро бози мекунад ва бояд ба яке аз тамошобинон (аз хисоби гурухи ёрирасон:) маслихати хукуки диханд. Саволи тамошобинон хамчун вазифаи хонагии гурухи ёрирасон ба хисоб меравад. Дурустии чавобро мумайизон (экспертхо) муайян намуда, ба чавобхои дуруст хол мегузоранд. ЭЧОДКОРИ. Дар ин кисми бози кобилияти эчоди ва фикрии довталабон муайян карда мешавад. Ба довталабон когази сафед ва каламхои ранга дода шуда чунин супориш дода шавад. Дар муддати муайян бояд рамзи калимахои «Бовари» ва «Умед» (номи гурух)- ро кашида онро маънидод кунанд. Дар ин муддат ба мусикачиён имконият дода шавад, то ки онхо хунари хешро барои тамошобинон ва довталабон сарф намуда, табъашонро шод гардонанд. ЧАМЪБАСТ: Баранда барои эълони холхо суханро ба аъзоёни комисияи хисоби холхо дода, барои чамъбасти озмун сухани хотимавиро ба раиси хайати акамон медихад. Раис фикри хайати доваронро оиди хамаи шартхои озмун чамъбаст мекунад. ЗАМИМА: намунаи саволхо барои бозии «Тайёри» . Барои гурухи якум. Меъёрхои рафтор, ки аз тарафи давлат мукаррар шуда, аз болои ичрои онхо назорат бурда мешавад. (Хукук). Кирдори ба чамъият хавфнок, гунахкорона ва зидди хукукие, мебошад, ки ба мукобили манфиати чамъият, давлат ё шахсони алохида равона шудааст. (Хукуквайронкуни) Дар тахти маьбурияти давлати ичро намудани ухдадорихо аз тарафи хукукивайронкунанда (Чавобгарии хукукии). Одами ба синни 18 - сола расидаро ки меноманд? (Ноболиг) Шакли зохирии ифодаёби ва мустахкамкунии меъёрхои хукукиро чи меноманд? (Сарчашмахои хукук) Саволхо барои гурухи дуюм. Коидахои рафтори одамонро, ки ба хамдигар дар муносибатхои гуногун мебошанд, ба танзим медарорад. (Меъёрхои хукуки) Муносибатхои чамъияти, ки ба воситаи меъёрхои хукук ба танзим дароварда мешаванд. (Муносибатхои хукуки) Одамеро, ки синни 14 - соларо пур накардааст, ки меноманд? (Наврас) Чораи маьбуркунии давлати барои гунохи содиршуда, ки характери тарбияви дорад. (Чазо) Меъёрхои хукукие, ки муносибатхои чамъиятии аз чихати хусусият монандро танзим мекунанд. (Сохахои хукук) Намунаи саволхо барои «Муаммо» Ба чавобгари чинояти одамон аз кадом синну сол кашида мешаванд? (Аз 16 сола ва дар баъзе холатхо аз 14 сола) Дар кадом холат нисбати ноболиг чораи мачбуркунии характери тарбиявидошта пешбини карда мешавад? (Дар холати бори авввал содир кардани чиноят ва чинояти майда ва миёна) Хонандае, ки хохиши ичро кардани кори хатти надошта, дуруг хабар медихад, ки дар мактаб моддаи тарканда гузошта шудааст. Шумо ба фаъолияти у чи гуна бахо медихед? (Чиноят) Оё корхона метавонад ба коргари 17 сола чихати зиёд будани кор рухсатии мехнати надихад? (Наметавонад) Оё ноболиги 14 сола, ки бо рохи тамаъкори аз хамсинфаш пул гирифтааст, ба чавобгарии хукуки кашида мешавад? (Ха) Аз синни чандсолаги кудак хукук дорад, ки мустакилона ба суд барои химояи хукуки худ мурочиат кунад? (Аз синни 14 сола) Нисбат ба фарзанд ки хукуки зиёдтар дорад; падар ё модар? (Баробархукуканд) Дар асоси Конвенсия дар бораи хукуки кудак ноболигон кадом хукукхо доранд? (Ба зиндаги, озодии вичдон, озодии ташкилот ва гайрахо) Тавсияхо барои тайёр кардани бозии «Ту ба ман - ман ба ту» Довталабон бо навбат ба хамдигар вобаста ба хар як сохаи хукук вазъияте, пешниход мекунанд ва ба ин вазъият аз чихати хукуки бахо диханд. Мисол: Ахмадови 13 сола аз кабинети физикаи мактаби худ магнитафонро дуздид. Оё Ахмадов ба чавобгарии чинояти кашида мешавад? Тавсияхо барои бозии Маслихати хукуки. Пешаки гурухи ёрирасон (мухлиси гурух) дар асоси сохахои хукук саволхоро тайёр намуда, ба гурухи мухолиф медихад ва довтвлвбони гурухи мухолиф хамчун муфаттиш ба онхо маслихати хукуки медиханд. Мисол: Дар Сарконун кайд шудааст, ки хар як шахс хукуки маълумот гирифтан дорад. Ин чунин маъно дорад, ки хар як шахс худаш муайян кунад , ки ин хукуки худро истифода барад ё не. Ман хондан намехохам, вале волидон маро мачбур мекунанд, ки ман ба мактаб равам. Ман чи тавр ин хукуки худамро химоя кунам . Аз муаллиф: ин як намунаи бози буд, ки омузгорон метавонанд онро хангоми гузаронидани дарсхои чамъбастию такрори ва ё дар вакти гузаронидани чорабинии беруназсинфи гузаронанд. Инчунин онхо метавонанд, ба саволхо илова намуда шумораи онхоро зиёд кунанд, ё шартхои бозиро тагир дода бозиро мувофики салохияти худ боз хам рангинтар гардонанд Парпишоев К Корманди ДТМК – и ВМКБ |