Главная страница
Навигация по странице:

  • Провиденсиализм

  • Фалсафа дар Византия (асрхои IV - XV ).

  • Маќоми таърихии фалсафаи асримиёнаги.

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница19 из 41
    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   41

    Боби 4.Фалсафаи асримиёнагии Аврупо


    Фалсафаи асримиёнагии Аврупо бо давраи нави инкишофи ичтимои, сиёси ва фархангии ин кишвари пахновари олам сахт алоќаманд аст. Асрхои миёна, хусусан, ќарнхои X - XV ба рушди феодализм, ташаккул ва ривочи тамаддуни нав, ки муносибатхои нави иќтисоди, ичтимоиро дар бар дошт, рост меояд. Хаёти маънавии чомеа, ки ифодаи муносибатхои ичтимои мебошад, ба кулли симои Аврупоро дигар сохтанд. Шикасти империяи Рими Ѓарби (476) такони бузурге ба ташаккули давраи нави хаёти ичтимои бахшид. Дини нав, дини масехи тафаккури нави фалсафи ба вучуд омад. Шартан инро метавон ба асрхои I -IV мансуб донист. Аз байн рафтани маќоми фалсафаи атиќа маънии аз байн рафтани тамаддуни давраи бисёрхудоиро низ дорад. Хамин тавр, таѓйирот дар хаёти ичтимои ва маънави дар тўли чандин аср ба вучуд омаданд ва ба пайдоишу ташаккули фалсафаи асримиёнагии Аврупо сабаб гаштанд ва бо он пайвастанд. Тўли ин асрхо дар Аврупо дар радифи хамдигар таълимоти стоикхо, эпикуреизм, навафлотуния, машшоияи ќадим - давраи атиќа ва афкори нави фалсафи-дини, илохиёт ва фалсафаи асримиёнаги вучуд дошта, дар раќобати хамдигар ќарор доштанд. Тафаккури масехи кўшиш намуд, ки бозёфтхои фалсафаи атиќаро дар шаклхои ба худ мувофиќ ќабул карда, тобеи таълимоташ созад. Фалсафаи Юнони Бостон бо тасаввуроти бисёрхудои (политеизм) алоќаманд буда, хусусияти космологи дошт, зеро табиат дар хар шакле бошад, аз чумла инсон хам хамчун чузъи он ифодаи худро дар тасаввуроти фалсафи ва динии дунёи ќадим ёфта буд. Аммо афкори фалсафаи асримиёнаги бошад, зери нуфузи дини тавхиди (монотеизм), яъне масехият ќарор дошт. Ин ходиса танхо хоси фалсафаи Аврупо нест, балки динхои тавхиди – яхудия ва ислом низ афкори фалсафиро зери нуфузи худ ќарор додаанд, пас он хоси тамоми чахони асримиёнаги аст, агар буддоияро, ки идеяи худои яккаву ягона чандон равшан дар он зохир нашудааст, сарфи назар кунем. Вале буддоия низ бисёрхудоиро тарѓиб намекунад ва ба динхои тавхиди мухолифат надорад. Дар хар сурат ба таври кулли ба тафаккуури асримиёнаги теосентризм хос аст, дар маркази он на табиату инсон, балки Худо ќарор дорад. Асоси таълимоти монотеизми масехиро ду асли мухим, ки комилан ба шуури дини-мифологии дунёи ќадим ва тафаккури фалсафии чохилият (бисёрхудои) мухолиф аст, хилќат ва вахй ташкил медихад. Хардуи ин асл, ки ба худои ягона марбутанд, бо хам алоќаманданд. Ѓояи хилќати илохи асоси онтологияи (таълимот дар бораи хасти) асримиёнаги ва ѓояи вахйи худованди асоси таълимоти он дар бораи маърифатро фаро гирифтаанд.

    Мутобиќи таълимоти масехият худо аз хеч оламро офарида, доимо онро таѓйир ва такмил медихад. Хилќат аз хеч ќудрату тавоноии Худоро нишон медихад. Хеч чиз аз назари Худо пинхон нест ва хар нафас хастиро Худованд худ меофарад ва нигох медорад. Чунин нуќтаи назарро креатсионизм (аз лотини creatio – халќ кардан, сохтан) меноманд. Дар ин таълимот таваччўх аз табиат ба фавќуттабиат (ќувваи илохи) равона мешавад. Худо дар масехият дар фавќи табиат ќарор дорад, аммо худохои атиќа хамрадифи табиат, чузъи он буданд. Азбаски Худо хислати фавќуттабии дошта, онро халќ мекунад, он хусусияти транстседенти ба худ мегирад. Аз ин чо олам дигар абади ва беинтихо нест, ки ба назари аксари файласуфони атиќа чунин менамуд ва мутобиќи аќидаи онхо ду мабдаъ – фаъол ва ѓайрифаъол, идея ва шакл, аз як тараф ва модда, аз дигар тараф, вучуд дошт. Акнун дар фалсафаи асрхои миёна ба чои ин асли дуалисти асли монисти, яъне фаќат як мабдаи фаъол – Худо хасту халос ва дигар хама чиз махлуќи ў аст. Худо абади, тавоно, басичу бузург аст, на он сифатхоро, ки файласуфони атиќа ба хасти марбут медонистанд. Дар китоби муќаддаси Ахди ќадим омадааст, ки Худо ба инсон фармудааст, ки: «Ман асли вучудам». Олами халќкардаи Худо чунин тавонои ва ќудратро надорад ва мустаќил нест, зеро вучуди он ба иродаи Худо вобаста аст. Бинобар он дониши инсон дар бораи хастии Худо ба тарзи фавќуттабии метавонад хосил шавад. Худо худро ба инсон бо хидояташ ошкор месозад ва калиди ин дониш эътиќод аст, ки барои фалсафаи атиќа чунин тасаввурот дастрас набуд. Аммо махлуќот, аз чумла олам ба воситаи аќл метавонад дастраси инсон бошад, он аз чониби инсон дониста шавад. Албатта, ки масъала хам хусусан дарачаи дарки олам бахсхои зиёдеро дар фалсафаи асримиёнаги ба вучуд овардаанд. Дарки хасти дар асрхои миёнаи Аврупо афоризмеро ба вучуд овардааст, ки бо забони лотини «ens et bonum converituntur» - хасти ва бехбуди мубаддалшавандаанд, мебошад. Азбаски Худо хастии оли ва хайри бехад аст, пас махлуќи ў низ хуб ва мукаммал аст. Пас ѓайрихасти ин бади – шарр аст. Шайтон аз ин нуќтаи назар ѓайрихасти, шарри абад аст ва дар нихояти кор неки оламро идора мекунад, зеро Худо некии бебахс аст ва хеч гох бади некиро маѓлуб намесозад, харчанд кўшиши таъсир расонидан ба он дорад. Агар мо ин аќидаро бо таълимоти эпикуреизм ва стоитсизм муќоиса кунем, афзалияташ маълум мегардад. Дар ин чо назари некбинонаро ба оянда мушохида мекунем.

    Тафаккури асримиёнагиро ду анъана- вахйи масехи ва фалсафаи атиќа муайян мекунад. Вале ин ду тамоюл на хамеша бо хам мувофиќат мекарданд. Агар юнонихо мафхуми хасти бо ѓояи хастии махдуд (пифагорихо), чавхари ягона (элеатхо) муайян ва таќсимнашаванда аст, хастии беинтихо, бехудуд дар назари онхо номукаммал менамуд, зеро юнонихо хостори чизхои мукаммал, дидашаванда, шаклгирифта буданд. Аммо дар анъанахои тавроти хастии мутлаќ- Худо хамчун ќудрати беинтихо тасаввур мешавад. Ў бо иродаи худ ба хама кор тавоно аст ва ба Ў худудеро муайян кардан, интихо доштан шоиста нест. Ќудрати Худо бемахдуд аст, махлуќи Худо махдуд ва нотавон аст. Агар як гурўх Худоро чун хиради оли тасаввур мекарда бошанд, пас гурўхи дигартавоноии Худо, ќудрати бехудуди ўрочун сифати Худованд арзёби менамуданд. Дар баробари креатсионизм ва теосентризм ба фалсафаи асри­миёнаигии Аврупо, чунон ки зикр шуд, инчунин мухаќќиќон провиденсиализм, персонализм ва консептуа­лизмро марбути ин фалсафа медонанд.

    Провиденсиализм (аз лотини –providentia-провидение) дар фалсафаи асримиёнаги донистани таърих чун наќшаи пешаки муайянкардаи Худо барои начоти инсоният дониста мешуд. Ин назарияи аз чониби файласуфи давраи аввали патристика Аврелий Августин (354- 430), ки хаёту фаъолияти ў ба давраи фурўравии империяи Рим рост меояд,то андозае асоснок гардидааст. Мувофиќи аќидаи ў, ду манбаи бади- гунахгор будани инсон ва кўшиши давлат барои афзалият пайдо кардан ба калисо вучуд дорад. Таърихи инсоният таърихи муборизаи ду нерў-кишвари рўшноии сарзамини Худованди (рўхони) ва кишвари зулмот (давлат) аст. Кишвари нур-кишвари Худованд аст. Кишвари зулмот дар асоси дўст доштани худ, худхохи ва бадбинии дигарон бино шудааст. Шикасти Рим натичаи дурусти шикасти империяи шайтон аст. Ба гуфти ў, таърих идома дорад ва бо ѓалабаи пурраи масехият, баъди дубора баргаштани Худо ва ќоим шудани ќиёмат, чори шудани хушбахтии абади, оварда мерасонад. Наќшаи Худованди амали гашта, саодати абад хукмрон мегардад.3 Хамаи таѓйирот ва гузаштхои таърих аз иродаи Худованд вобаста аст. Назарияхои Юстин ва Августин дар фалсафаи схоластика инкишофи минбаъдаи худро пайдо кард.

    Рушди фалсафаи асримиёнагии Аврупоро метавон дар даврахои инкишофи он мушохида намуд. Аксари мухаќќиќон чунин мархилахои инкишофи фалсафаи асримиёнагиро муайян кардаанд.

    Давраи аввал - патристика. Ин даврае аст, ки файласуфон, монанди Филони Александрияги, Юстин, Климент, Ориген, Тертуллиан, Евсевии Кесарияги, Арий, падарони калисо Васи­лийи Бузург, Григорий Назианзин, Григорий Нисский, Авгус­тин, Дионис Аэропагит, Максим Исповедник ва дигарон ба он дохиланд. Давраи дуюм: гузариш аз патристика ба схоластика (Северин Боэтсий), ва давраи сеюми: схоластикаро дар навбати худ ба се мархила чудо мекунанд, аз ќабили схоластикаи ибтидои, схоластикаи миёна ва схоластикаи охир.

    Оѓози патристика бо номи Филони Александри марбут аст. Вале фалсафаи Филон холо пурра аз таъсири фалсафаи атиќа чудо нашудааст, дар он таъсири бонуфузи фалсафаи Гераклит ва Афлотун дар бораи логос (хирад) нигох дошта шудааст. Масалан, агар дар фалсафаи Гераклит логос хусусияти умуми дошта бошад, дар фалсафаи Филон сифати Худо, хиради илохи мебошад. Худо ба воситаи он чахони моддиро халќ мекунад ва ба он низоми муайян дохил мекунад. Аввал аз хеч хастии беранг, ѓайрифаъолро халќ карда, сипас бо ёрии логос ашёхоро офарида , онхоро сурат мебахшад. Хамин тавр ѓояи Афлотун дар таълимоти Филон андешаи Худованд мегарданд. Дигар ќисматхои фалсафаи Филон аз таъсири ѓояхои атиќа озод нест. Филон ахлоќи масехиро мавриди бахси фалсафи ќарор дода, асосхои онро кор карда мебарояд. Ба гуфти ў, инсон дорои се андозаи хаёти - чисмони, аќлони ва маънави мебошад. Талаботхои чисмони аз асосан аз ѓароиз, ќонеъ сохтани талаботхои физиологи, чисмони, табии иборат аст. Чихати аќлони кўшишхои инсонро дар нисбати ќаноатмандии рўхи ва интеллектуали муайян мекунад ва чихати маънавии тамоми хаёти маънави, аз чумла эътиќоду имонро фаро мегирад. Чони инсон чун чисми ў миранда аст. Рохи начот ин хаёт дар дин (эътиќод ) аст.4

    Ба аќидаи мактаби патристика ва минбаъд схоластика, чахон макони тазохури фаъолияти офаридгории Худованд аст, зеро хилќати олам аз чониби Худо асли воќеият буда, шахсият, фаъолии ў на ба худи шахсият, балки дар вахдати ягона –Худо чойгир аст. Азбаски сухан дар бораи шахс меравад, ин назари теистии персонализм (аз лотини –persona-шахс) номгузори шу­дааст. Ин аќида дар ибтидо аз чониби мактаби патристика асос­нок шуд ва минбаъд дар схоластика ривочи худро пайдо кард.

    Дар фалсафаи асримиёнаги таълимоти Арасту дар бораи мохият ва вучудият тафсири нав пайдо мекунад. Арасту харчанд дар байни вучудият ва мохият фарќ дошта бошад хам, онхоро аз хам пурра чудо намекунад. Аммо дар фалсафаи асримиёнаги хастиро ба вучудият (экзистенсия) ва мохият (эссентсия) чудо мекунанд. Фарќи чиддии ин мафхумхоро файласуфи Рим Боэтсий (480-524) нишон додааст, ки дар осори фалсафаи дигар файласуфони асримиёнагии Аврупо мавќеи хос пайдо кардааст. Мувофиќи гуфтаи Боэтсий, хасти (вучудият) ва мохият ин як нест, танхо дар назди Худованд хасти ва мохият бо хам мувофиќат доранд. Махлуќот, ки чизхо аз чумлаи онхоянд, онхо содда набуда, мураккабанд, зеро хасти ва мохияти онхо айният надорад. Барои ин ки ин ё он мохият хасти пайдо кунад, бо он бипайвандад, яъне он бояд аз чониби Худо халќ шавад. Мохияти ашё дар муайянии онхо, дар мафхуми он чиз, ки ба воситаи хирад дарёфт карда мешавад, ифода мегардад. Дар бораи вучудияти ашё инсон аз тачриба фахмида мегирад, яъне бевосита мавриди бархўрд бо он надорад, зеро вучудият на аз хирад, балки аз иродаи офариниши Худованд пайдо мешавад. Барои хамин хам, ба мафхуми чиз дохил намешавад, балки аз дарки таълимоти офариниш хосил мегардад. Вале на хамаи файласуфони ин давра ба чунин навъхасти (вучудият) ва мохиятро муќобил мегузоранд, балки чун Арасту, заминаи умумии онхоро таъкид мекунанд. Масъалаи дигари бахсноки фалсафаи асримиёнаги табиати мафхумхои умуми буд, ки файласуфонро ба ду гурўх -реализм ва номинализм чудо кардааст. Бахси тезутунди онхо дар тўли тамоми асрхои миёна идома дошт. Реалистон ин гурўхи файласуфоне буданд, ки мафхумхои умумиро дорои воќеияти хаќиќи мешумориданд, яъне на ашёхои эмпирики ё чизхо, балки фаќат универсалияхо (мафхумхои умуми) дар хаќиќат вучуд доранд (universalia sunt realia). Наметавон гуфт, ки аќидаи вучуди мафхумхои умуми ходисаи нав дар фалсафа буд, балки ханўз Афлотун вучуди воќеии ѓояхои чизхоро таъкид кардааст, ѓояхое, ки таѓйирнопазир ва абадианд. Аммо тасаввуроти реалистон аз афлотуниён фарќ дошт. Универсалияхо то чизхо дар хиради илохи, ба ќавли реалистон, вучуд дошт. Фаќат ба хамин сабаб хиради инсони хозир нест мохияти чизхоро дарк кунад ва ин мохият хамон мафхумхои умуми мебошанд. Аз ин хотир, масалан, аз рўи аќидаи Акселми Кентербери, маърифати чизхо имкон дорад, зеро фаќат хирад ќодир аст чизхои умумиро дарёбад. Гурўхи дигари файласуфон, баръакс чунин хисоб мекарданд, ки вучуди воќеи чизхо доранд ва мафхумхои умуми номи он чизхо мебошанд. Аз ин номи ин равия аз лотини ‘’nomen’’,яъне ном, номинализм ба худ гирифтааст. Онхо афзалияти иродаро бар аќл таъкид мекарданд. Мафхумхои умуми номхое хастанд, ки инсон дар раванди маърифат хусусиятхои умумии чизхоро ба назар гирифта, ба мачмўи чизхо додааст. Масалан, мафхуми “инсон ”, ё хар мафхуми дигареро, ки нагиред, хусусияти умумии он объектхои фикрро ифода мекунанд ва онхо танхо чихатхои умумиро фаро гирифтаанд. Масалан, дар мафхуми инсон “мавчуди боаќл ”, “нотиќ” “ќомати ростдошта”, “бо ду по харакаткунанда” ва ѓайра дар назар гирифта шудааст. Баъзе мутафаккирон дигар хислатхои умумии инсонро низ муайян кардаанд, масалан, “баногўши нармдошта”, ‘’ќобилияти дигаронро хандонидан», «эътиќод доштан ’’, “сохибахлоќ будан” ва хоказо. Баъзе номиналистхо хатто фаќат аз мачмўи овозхо иборат будани мафхумхои умуми (Ростселин), фаќат махсули хаёлот будани онхо ва дар аќл вучуд надоштанашонро низ баён кардаанд. Бахси реалистон ва номиналистон аз таносуби вохид (ягона) ва кулл бармеояд. Масъалаи мазкур ханўз дар фалсафаи атиќа мавриди бахс буд. Аз чумла, Арасту онхоро ба мохиятхои аввал ва дуюм таќсим кардааст.

    Бузургтарин асари Августин, ки дар болои он таќрибан 30 сол захмат кашид, ”Илми масехи ё асосхои Герменевтикаи Муќаддас ва махорати суханварии калисо” ба хисоб меравад. Ин асар дар воќеъ, аввалин асари комил дар герменевтика ба шумор меравад. Ў чандин роххои амалии тафсири Катибаи муќаддасро дар асараш нишон дода, ѓояхои семиотекии аломатхоро тасвир намудааст. Герменевтика (аз юнони-шарх медихам, тафсир мекунам маъно дорад )-илме аст, ки матнхои адабиёт ,санъат, фалсафа, динро тафсир мекунад. Бештар ба тахлили грамматикии забон машѓул буда, чихатхои таърихии он матнхоро муайян месозад. Семиотика, ки ѓояхои он дар асари Августин ифода ёфтааст, илм дар бораи аломатхо ва масъалахои ба ин аломатхои забони марбут мебошад. Худи аломат масъалаи бахси мантиќ аст ва Августин фикрхои мухиме доир ба мантиќбаён доштааст. Яке аз шарххое, ки нисбати аломат Августин иброз доштааст, муайян кардани маънои аломатхо мебошад. Тасаввуротро ў мазмуни аломат медонад ва аз ин чо одамон якдигарро мефахманд ба он сабаб, ки чонхо бо хам ќаробат доранд ва бархўрди чонхо ба хамон як аломат тасаввуроти якхеларо дар онхо ба вучуд меоварад. Аломатхо инчунин дар матн якхела фахмида мешаванд.

    Минбаъд аќидахои фалсафии аттиќа нуфузи худро хеле наќши додаанд. Ба ќавли Юстин, “ Ман масехиям ва аз ин ифтихор намуда, худро чунин меномам ”. Назарияи Афлотун бо масехият созгор нест ва дигар хеч ваќт онхо бо хам наоянд, чунки он бо дигар назарияхо, на назми, на насри мувофиќ нест, фахмида мешаванд, Ў асли бисёр мухими герменевтика асли конгениалиро ба миён мегузорад, яъне мувофиќ омадани имкониятхои эчодии созандаи матн ва шархдихандаи он. Аз ин чо мазмуни ин ё он нуќтаи Катибаи муќаддасро касе мефахмад, ки башорати илохи ба ў расида бошад. Ин аќида дар ислом низ вучуд дорад ва мазмуни бисёр оятхоро танхо росехон, шахсони дорои илхоми худованди метавонанд дарк кунанд. Ѓояхои мантиќи ва фалсафии Августин то давраи Реформатсия ќариб, ки нуфузи худро аз даст надоданд. Аз оѓози асри 6 патристика ба инќироз дучор мешавад ва охиста-охиста мавќеи худро дар афкори фалсафии давр аз даст медихад. Яке аз намояндагони шинохтаи охири патристика Дионисий Ареопагит мебошад. Ў сохтори иерархии калисоро мувофиќ ба таълимоти масехи сохтааст. Ў намояндаи илохиёти манфи мебошад.

    Шахсияти машхури ин давра Максим Исповедник буд, ки мохияти дучихата ва ягона доштани Масехоро таъкид мекард. Ба ќавли ў, Масехо хам дорои чисм ва хам улухият мебошад. Барои ин аќидааш забону дасти ўро бурида, бадарѓааш намуданд ва дар ѓурбат вафот кард. Вале дере нагузашта Калисо тезисро дар бораи “Масехо хамчун инсони воќеи ва худованди хаќиќи” ќабул намуд ва ба Максим номи Исповедник, яъне шохиди эътиќоди Хаќиќи ба Масехо доданд.

    Аз оѓози асри 6, баъди он ки император Юстиниан хамаи мактабхои давраи чохили (давраи эллинизм)-ро мебандад ва мактабхои рохиби, епископи, дарбори кушода мешаванд, давраи схолистика оѓоз мешавад. Ба гузариш ба схолистика осори Северин Боэтсий (480-524) хеле мусоидат мекунад. Ўро охирин рими ва аввалин схоласт меноманд. Боэтсий ба забони лотини осори Арастуро тарчума намудааст. Хусусан, осори мантиќи Арастуро аз мачмўаи “Органон ”. Таќрибан то асри 13 ягонаи манбаи омўзиши фалсафаи Арасту тарчумахои Боэтсий хисоб мешаванд. Боэтсий дар доираи ахлоќи масехи мухокима ронда, саодати абадро дар эътиќод ба Худо мебинад. Аммо тахќиќотхои Боэтсий дар сохаи мантиќ хусусияти нав дошта, хукмхои ќатъиро бо ёрии квадратхо ба система медарорад ва ба ин система модусхои силлогизмхои шартиро дохил мекунад. Бо оѓози давраи схоластика фалсафа хусусияти нав пайдо карда, эътиќод ба хирад ва мухокимахои фалсафи бештар мегардад. Гурўхи зиёди файласуфон, мисли Иоанн Скот Эруиген (810-877), ки асосгузори схоластика дониста мешавад, Акселми Кентербери (1033-1109), Пйер Абеляр (1079-1142) ва дигарон ба фалсафаи давраи схоластика асос гузоштаанд. Иоанн Скот аслхои илохиёти апофатики (ба Худо хусусиятхои олами махлуќро нисбат додан нашояд) баён карда, онхоро бо аслхои илохиёти катафитики (хукмхоро нисбати худованд бояд чун ба вачд омадан баён дошт) пайваст ва таъкид намуд, ки низоми дуняви ба низоми илохи мувофиќат мекунад ва хукуматхои дуняви инъикоси хукумати илохи мебошад. Акселми Кентербери аз чумлаи аввалин файласуфони схоласт хаст, ки далелро барои исботи вучуди Худо меоварад, зеро мафхуми “Худо”,-мегуфт ў,-мо аз хама бузургтарин объекти фикрро мефахмем. Объекти аз хама бузурги фикр бояд вучуд дошта бошад, зеро дар акси хол боз объекти аз он хам бузургтар вучуд медошт. Барои хамин хам Худо вучуд дорад.5

    Дигаре аз мутафаккирони барчастаи асри XII Пйер Абеляр буд, ки дар бахс доир ба мафхумхои умуми мавќеи номиналистиро ишѓол мекард ва таъкид менамуд, ки ба таври воќеи танхо чизхои чудогона вучуд доранд, мафхумхои умуми дар фикр мавчуданд, чун мафхумхои абстракти. Хирад нисбатан мустаќил аст. Катибаи Муќаддас мавриди бахси аќлони набояд ќарор гирад, аммо нуќтаи назари калисо метавонад боиси танќид шавад.

    Аз асри XI дар Аврупо миќдори университетхо хеле зиёд мешаванд, ки асосан дорои чахор ќисм -фалсафа, илохиёт, хуќуќ ва тиб буданд. Инкишофи университетхо ба тадќиќотхои илми ва рушди фалсафа имкони бештар фарохам оварданд. Дар натича файлсафони асримиёнаги ќуввати бештар гирифтанд ва дар рушди баландтари афкори фалсафи мусоидат намуданд. Ин давраро давраи схоластикаи миёна меноманд. Намояндагони барчастаи фалсафаи ин давра -Фомаи Аквини (1225-1274), Рочер Бекон (1215-1292). Боневантура (1221-1274), Алберти Бузург (1206-1280), Иоанн Дунс Скот (1265-1308) ва дигарон мебошанд. Дар ин миён яке аз шахсиятхои барчаста, ки дар сохахои гуногуни илм тадќиќотхо дорад, Рочер Бэкон буд. Ў ба ѓайр аз фалсафа, ба кимиё, астрология, математика, физика, астрономия машѓул шуда, асоси табиатшиносиро гузаштааст. Ў ихтирои телескопро пешгўйи карда буд. Дониш ба гуфти ў, ба одамон манфиат меоварад. Бэкон санчиши тачрибавиро мухим шумурда, онро воситаи исботи хаќиќат медонад. Аммо ба дониши аќлони чандон бовари надошт, харчанд ки математикаро калиди дарвозаи (porta et clavis) илмхо медонист.6 Р.Бэкон таносуби фалсафа ва илохиётро омўхта, онхоро муќобил намегузорад. Ба ќавли ў, тачриба, дониш, фалсафа ба эътиќод мухолиф нестанд, зеро онхо натичаи вахйи худованди мебошанд. Фалсафаи ахлоќро дарачаи олии дониши илми мешумурд ва кашфиётхои илми бояд барои ташкили шароити хаётие, ки дар он неки хукмрон бошад, кўмак кунанд.

    Хамчунин Алберти Бузург донишманди бисёр сохахо буд ва фалсафаро хеле ба дарачаи баланд гузошта, муќобилони онро “хайвонхои нодоне, ки он чиро намедонанд, дар борааш хукм мекунанд” ном бурдааст. Ў синтези фалсафаи атиќа бо таълимоти масехиятро имконпазир дониста, мафхумхои фалсафаи Арастуро мисли “чон хамчун чавхар ”, “таконбахши аввал” ва ѓ.-ро бо таълимоти масехи мисли ”чон шакли чисм”, “хастии бехудуд” ва ѓ. мувофиќ мешумурд. Вале бовари дошт, ки фалсафа бояд тобеи дин бошад ва ба дин хизмат кунад.

    Шинохтатарин ва бузургтарин намояндаи схоластика шогирди Алберти Бузург Фомаи Аквини мебошад. Ў мероси Арастуро ба фоидаи дини масехи истифода карда, нишон дод, ки “фалсафаи Арасту асосан дуруст аст ва бо хамин сифаташ метавонад воситаи пурќуввати бунёди чахонбинии умумии дини масехи бошад.7 Маќсади Фома дар воќеъ ба вучуд овардани теологияи масехие, ки арзишмандтарин аќоиди фалсафиро, чи фалсафаи Арасту, чи фалсафаи исломию яхуди ва чи патристика, фаро гирад, буд. Вале фалсафаи Арастуро дар ин байн аз хама мувофиќтар мешумурд. Пас, зарур буд, назари калисои масехи ба фалсафа таѓйир ёбад, синтези фалсафа ва теология имконпазир бошад ва теология аз асосхои фалсафа ба фоидаи худ истифода кунад. Ин вазифаро Фома маќсади худ ќарор дода, бахри амали шудани он кўшиш намуд. Бо вучуди ин Фома вазифахои теология ва фалсафаро гуногун медонист. Он чи ки барои теология ва авторитети Катибаи Муќаддас бебахс аст, барои фалсафа мурочиат ба авторитет заифтарин далел аст аз тарафи Фома таъкид шудааст, вале бо вучуди ин хамкории онхо имконпазир ва зарур дониста шудааст, зеро фалсафа, ба ќавли ў, метавонад дониши муфид барои тасаввуроти дуруст дар системаи донишхо нисбат ба илохиёт маќоми поёнтарро ишѓол менамояд. Фомаи Аквини се намуди хаќиќатро фарќ мекунад. Хаќиќати аќлони, намуде аст ба воситаи хиради табии исбот мешавад; ѓайриаќлони (ирратсионали) ва сеюми фавќулаќ­лонист, ки дар фалсафаи исломи ин маърифати аќлро илхом ва вахй гўянд, мухокимахои Фомаи Аквини таќрибан ба хамин наздик аст. Масалан, дарёфти ягонагии Худо дар се сурат -(ипостас) офариниши олам аз хеч, маъод, (ќиёмат зиндашавии мурдахоро) бо аќл фахмидан номумкин аст. Вале ин маънои онро надорад, ки онхоро рад намудан даркор аст, балки дар хиради илохи онхо равшан ифода ёфтаанд, ин хаќиќатро танхо ба воситаи эътиќод метавон дарёфт. Фома бо хам пайвастани эътиќод ва хирадро, ки Августин баён карда буд, инкишоф дода бохамсозии (гармонияи) онхоро асоснок намуд. Фарќ гузоштан дар байни хаќиќати фалсафа ва хаќиќати дин, ба ќавли В.В. Соколов, имкон медихад, ки асосе барои теологияро аз фалсафа ва илм болотар дониста ва теологияро илм эълон карда, шавад.

    Барои исботи хаќиќатхои дин инчунин масъалаи фарќ гузоштан дар байни мохият ва вучудият дар фалсафаи асримиёнаги самаранок истифода шудааст. Фомаи Аквини низ мохият ва вучудият аз хам фарќ мекунад. Ба ќавли ў, инсон дар бораи чизе мафхум дошта бошад, вале дар бораи вучудияташ чизе надонад. Масалан, кўдак дар бораи кит ва динозавр мафхум дорад, вале ў намедонад, ки кит вучуд дорад, вале динозавр не. Шояд хукми “ашёи бо мафхумаш мувофиќ вучуд дорад” дуруст бошад, вале ин дурусти тасодуфи аст. Мувофиќати мохият ва вучудият танхо дар хиради илохи имконпазир аст. Айнияти вучудият ва мохият дар хиради илохи абади аст ,аммо дар чизхо он муваќќати мебошад.

    Чунон ки маълум мегардад, масъалаи вучудият ва мохият дар баробари масъалаи эътиќод ва хирад аз мухимтарин масъалахои бахси фалсафа ба шумор мерафт. Фомаи Аквини на танхо яке аз шинохтатарин чехрахои фалсафии ин давр, балки ба системадарорандаи ин фалсафа мебошад. Фалсафаи асримиёнагии Аврупо аз мавќеи муќобилгузорие, ки дар аввал ба миён омад, дур шуда бештар хамохангии онхоро таъкид намуд. Баръакси Тертуллиан, ки мегуфт “бовари дорам, барои он ки аз аќл берун аст”, Августин тезиси “бовари дорам, барои он ки бифахмам”- ро муќобил гузошт. Ин фикри Августинро инкишоф дода Фомаи Аквини имконияти хамкори ва мувофиќати дину хирадро ба таври зерин муайян кардааст:

    1. Дар байни методхои маърифат ва эътиќод бисёр монандихо вучуд дорад.

    - Хам эътиќод ва хам хирад он чизро -Худо ва олами офаридаи Ўро маърифат мекунанд.

    - Харду метод-хам эътиќод ва хам хирад-якдигарро истисно намекунанд, балки пурра месозанд.

    - Харду манбаи маърифатро Худованд сохтааст ва хар ду хаќќи вучудият доранд.

    2. Вале монандии ин харду манбаи дониш маънии бовари ва бовархуќуќии онхоро надорад. Байни онхо фарќиятхои чидди вучуд доранд:

    - Эътиќод хакиќатро ќабул дорад (ба эхсосот, хохиш ва ирода такя карда) пеш аз хама хаќиќати вучудияти Худои офаридгорро.

    - Хирад хамеша ба хаќиќатхои дарёфтааш шубха дорад, доимо дар чустучўи далелхо мебошад, хатто далелхо дар бораи хастии Худо.

    -Барои хамин хам эътиќод аз хирад болотар аст, ки “нури табиии илохи” мебошад, ки бевосита аз Худо бармеояд. Бо ин нур Таврот нурони ва хаќиќатхои илохиёт низ нурони шудааст. Хирад бошад, ин воситаи инсони ва ќобилияти он аст. Ин “нури табии”, ки дар хаќиќатхои фалсафи тачассум ёфтааст, ба он нигаронида шудааст, ки фаќат “хизматгори илохиёт” бошад. Фомаи Аквини ба хамин навъ таносуби эътиќод ва хирадро баён доштааст. Махз ба хирад такя карда, далелхои аќлони барои исботи вучуди Худо меоварад. Албатта, Фомаи Аквини ягона шахсе набуд, ки ба исботи вучуди Худо даст зада бошад. Дигарон низ бурхонхое дар ин маврид овардаанд. Яке аз онхо Акселми Кентербери буд. Мачмўи бурхонхоеро, ки барои исботи вучуди Худо оварда шудаанд, дар фалсафаи дин бо номи “бурхонхои вучуди” маъруфанд. Он хам дар Ѓарб ва хам дар Шарќ дар байни файласуфон ба вучуд омада, минбаъд дар тўли таърихи дурударози худ такмил ва тасхех шудааст. Аввалин касе, ки дар фалсафаи исломи ин бурхонро асоснок намуд, Ибни Сино буд. Ибни Сино исботи вучуди Худовандро ба вучуди имконот ва вочибот алоќаманд месозад. Ба фикри ў, хар имкон эхтиёч ба вочиб дорад, яъне имконулвучуд ба вочибулвучуд вобаста аст. Офаридгор «вочибулвучуд » аст, ки хама имконотулвучудро сабаб шудааст.

    Аммо бурхони вучуди дар таълимоти файласуфони Ѓарб бо навъ ё истилохоти дигар ифода шудааст. Акселм, ки ќаблан номаш рафт, аз касоне буд, ки бурхони вучудиро асоснок намуд ва он хам тарафдорон ва хам мухолифонро дар фалсафаи Ѓарб пайдо кард. Бурхони Акселм (1109-1193) чунин буд : Худованд мавчуде аст, ки бартар аз ў ќобили тасаввур нест. Чунин мвчуде, ки бартар аз ў нест, ба зарурат мавчуде аст на танхо дар зехн, балки берун аз зехн (ба таври воќеи ) вучуд дорад. Бинобар ин Худованд на танхо дар зехн, балки ба таври воќеи (берун аз зехн) мавчуд аст.

    Аз чумлаи мухолифини ин бурхон дар радифи дигарон Фомаи Аквини буд. Вале бояд зикр кард, ки умри ин бурхон хеле тўлони шуда, то имрўз аз чониби баъзе файласуфону мутафаккирони дин дастгири мешавад. Танќиди шадиди ин бурхонро файласуфи немис Кант (1724-1804) додааст. Кант заъфи бурхонро дар он мебинад, ки он танхо ба фарзия такя дорад на ба исботи воќеи, зеро хукмхои он ба зиддият мувочех мебошанд, рохи исботи вучуд хоси тачриба аст, на ин ки марбут ба таьрифхо бошад. Фомаи Аквини дар нисбати ин бурхон гўяд, ки он тавр нест, ки хар касе дарк кунад, ки Худованд бартарин мавчуде аст, ки ќобили тасаввур аст. Он шаьну мартабаи Худоро хамчун мавчуди комили мутаол исбот мекунад, на вучуди Худоро. Ба фикри аксари мутафаккирон бурхони Акселм чустучўе дар рохи вучуди Худо аст, на исботи вучуд. Фома кўшиш намуда аст, ки ба таьлимоти Арасту такя карда аслхои илохиёти масехиро нишон дихад, дар шакле, ки таьлимоти Арасту бо таьлимоти масехият ихтилоф пайдо накунад. Фомаи Аквини мабдаи Оли хастиро нишон дода, Худоро чунин хасти медонад, хастие, ки чахонро офаридааст. Ў барои далел аз таносуби мафхумхои мохият ва чавхар истифода мекунад. Ба ќавли ў, мохият хамчун чавхар, хастии мустаќил дорад. Аксидентсия (хусусият, сифат), баръакс чунин хастии мустаќил надошта, вобастаи чавхар (субстансия) аст. Аз ин чо шаклхои субстансионали ва аксиденсионали хастанд. Аз шакли субстансионали дида мешавад, ки чиз хаст ва чиз нест ва онхо хастии содда доранд. Шакли аксиденсионали манбаи сифат, хусусияти чиз аст. Аз ин чо холати фаъол (актуали) ва имконият вучуд дорад. Хасти холати аввали актуалии чиз аст. Хар як чиз он кадар хасти дорад, ки хамон ќадар холати актуали дорад. Аз рўи актуали будан (воќеи будан), чизхо чахор дарачаи хасти доранд. Дар дарачаи аввал шакл, ки муайянии зохирии чизхо (causa formalis) мебошад. Дарачаи дуюм - шакл сабаби нихои (cousa finalis) аст, ончи, ки Арасту “чони растани” меномид, хамчун чисме, ки аз дохил шакл хосил мекунонад, мисли растанихо. Дарачаи сеюм хайвонот - шакл дар ин чо сабаби фаъол аст ва нихоят дар дарачаи чорум - шакл асли воќеият бахши модда хаст, худ ба худ, новобаста ба модда (материя) вучуд дорад, яъне чони боаќл олитарин шакли офаридаи Худованд мебошад. Бинобар он чон дар баробари марги чисм намемирад, дорои хастии худ аст. Чони хайвонот бо марги онхо мемирад, чони инсон абадзинда аст. Хирадро Фома шакли олии ќобилияти инсон дониста, мавќеи онро дар иродаи инсон мухим мешуморад. Ба шарофати он инсон некию бадиро аз хамдигар фарќ мекунад ва онро аќли амали меномад. Дар нихояти фалсафаи Фома фард (индивид) ќарор дорад. Он фарде (персонае) аст, ки дар маркази фалсафаи Фома ва тамоми фалсафаи асримиёнагии Аврупо чой гирифтааст. Персонализм хусусияти мухими ин фалсафа аст. Персонализм дар фалсафа (аз лотини persona-шахсият) фардпарасти аст. Тамоми олам зухури фаъолияти эчодкоронаи шахс-Худо аст. Худованд холиќи хама чиз мебошад ва он сарчашмаи фаъолияти эчодкоронаи инсон, эчодбахши он аст.

    Персонализм асли теистии фалсафаи асримиёнагии Аврупоро боз хам равшантар намоён сохтааст. Фома ба зуди нишон додани асосхои назарияи фалсафаи схоластики нисбат ба табиат исботхои вучуди Худоро низ додааст. Ў панч бурхони вучуди Худоро асоснок кардааст.

    Далели аввал ба харакат алоќаманд аст. Чун Арасту, ў хама чизро дар харакат медонад. Вале ин харакат бояд манбаи харакатро дошта бошад, чунин манбаъ Худо аст, яъне Худо мухаррики аввал, таконбахши харакат аст. Ин далел, албатта, далели нав нест, ба хамин монанд чи дар фалсафаи гузашта ва чи замони ў дар Шарќи исломи низ вучуд дошт.

    Далели дуюми аќлони ба масъалаи сабабият иртибот дорад. Чахон аз мачмўи сабабиятхо ва натичахо иборат аст. Вале ин са­бабхои бо хам алоќаманд, дар нихояти кор ба сабаби аввала вобастаанд. Чунин сабаби аввал Худо аст. Мафхуми фалсафаи исломи “сабабуласбоб ” ин маъниро хеле равшан ифода карда аст.

    Назари файласуфони исломи иллиятро асос карда, онро бурхони вучуди Худо донистаанд, бо далели Фома наздик аст, вале фикри онхо дар фахмиши иллат ва маълул ва мартабаи онхо фарќ мекунад.

    Далели чахорум аз фахмиши зарурат ва тасодуф сар мезанад.

    Чахон дорои тасодуфот ва зарурат, ќонунманди мебошад. Олам ба ќонунхои зиёд амал мекунад. Мутобиќи ќонунхои муайян харакати сайёрахо сурат мегирад, чизхои замини, табии, хаёти инсон низ хамин гуна ќонунмандихо доранд. Ки ба олам ќонунмандиро ворид сохтааст, ќонуни якуми асосиро ки додааст? Холиќи чунин ќонунманди танхо Худо метавонад бошад. Далели чахоруми Фома ба тасаввурот дар бораи камолоти чахон марбут аст. Чахон пирамидае аст, ки зинахои гуногуни камолот дорад. Хар як зина аз дигараш афзалтар аст. Дар ин пирамида бояд нуќтаи аз хама олии камолот бошад, камолоти мутлаќ ва оли. Чунин камолоти олию мутлаќ Худо аст. Таълимот дар бораи маротиби вучуд ё хасти дар фалсафаи тасаввуф хеле барчаста зикр шудааст ва инъикоси худро дар исмоилия, хусусан тасаввуроти онхо дар бораи олам пайдо кардааст.

    Далели панчум маќсадноки, низоми муайян дар чахон аст. Олам бо тамоми дигаргунихо, гуногунрангияш ягона, бонизом, маќсаднок сохта шудааст, дар он маќсади нихои вучуд дорад. Чунин манбаъ, ки ба олам низому тартиб чори мекунад, Худо мебошад. Ин далелхо хамаашон хусусияти абстракти ва аќлони доранд. Дар байни онхо хатто як далели эмпирики ,ки вучуди Худоро аз рўи эхсосот , хохиш , тачриба нишон дихад, вучуд надорад. Ин хусусияти далелхои Фома бо вучуди таъсири зиёдашон ба фалсафаи дин, на якбору дубор мавриди интиќод ќарор гирифтаанд. Далоили исботи вучуди Худо бо номхои далели онтологи-вучуди, бурхони имкон, бурхони иллият, бурхони тартиб ва назм (маќсадноки) ва бурхони ахлоќи назди уламои исломи низ маъруфанд. Ва Фомаи Аквини фаќат як намуди аз ин бурхонхо (бурхони вучуди)-ро исбот кардааст. Вале таълимоти Фомаи Аквини ба тафаккури фалсафаи асраш ва асрхои минбаъда таъсири амиќе гузошт ва бо номи томизм то ба хол вучуд дорад. Фалсафаи расмии калисои католики-неотомизм, аз чумла, ин далелро ба субут мерасонад.

    Танќиди томизм, пеш аз хама, ба далелхои дини такя дошта, ба анъанахои масехият асос ёфтаанд. Аз рўи таълимоти дин иродаи Худованди муќтадир аз хирад болотар буда, онро муайян мекунад. Ин танќид ба давраи инкишофи номинализм рост меояд, хусусан ба асри 14, ки намояндагони он Уилиям Оккам (1285-1349), Жан Прудин (1300-1384) Николай аз Отрекур (1300-1350) дар номинализм анъанахои таълимоти аристотелизм (Алберти Бузург, Фомаи Аквини) аз нав дида баромада мешавад, аз чумла алоќамандии хасти бо категорияи мохият. Фомаи Аквини низ дар байни мохият ва хасти фарќ мегузорад, зеро онхо танхо дар хиради илохи айният пайдо мекунанд, афзалияти хирад маълум мегардад, дар айни замон структураи иерархияи чахони махлуќ ошкор мешавад.

    Номиналистхо, ќабл аз хама, ба таълимоти Дунс Скот такя мекарданд, ки афзалияти иродаро бар хирад нишон дода буд ва иродаи илохиро сабаби хар гуна хасти медонист. Ба ќавли ў, Худованд аз рўи иродаи худ аввал чизхоро халќ мекунад ва баъд ѓояи чизхо дар хиради илохи ба шакли мафхумхои умуми чой мегирад. Таълимоти Арастуро онхо тафсири нав медиханд, ба гуфти Оккам, ба таври воќеи танхо чизхои фарди вучуд доранд, танхо дар чони маърифаткунанда мафхумхои умуми пайдо мешаванд. Чавхар (субстансия) хислати мустаќили худро чудо аз аксидентсия надорад. Худо, ба гуфти номиналистхо, хар гуна аксидентсияро бе он ки эхтиёч ба субстансия дошта бошад,меофарад. Дар натича нуктаи асосии томизм -шакли чавхари ва аксидентсионали ќимати худро аз даст медихад, яъне он системаи иерархии хасти, ки томизм эътироф дошт, ќимати худро гум карда , дар фалсафа рў ба тачриба, чахони эмпирики оварда мешавад. Асосе ба вучуд меояд, минбаъд дар ин асос эмпиризм рушд ёбад. Азбаски маърифат ба зот (мафхумхо) нигаронида нашуда, ба омўзиши хаводис равона шудааст, пас маќсади маърифат донистани алоќамандии ходисахо, чизхо мебошад. Ќобилияти назарияви дар номинализм хусусияти онтологии худро аз даст медихад, аќл хамчун хастии олии махлуќ чандон эътибор надорад. Аќл на хасти, балки тасаввур дар бораи хасти аст, тасаввуроте дар бораи субъекти муќобил бар объект хосил мешавад, ки ба шархи субъективии аќл оварда, хусусиятхои психики бар физики афзалият пайдо мекунанд, зеро ба инсон бе восита тааллуќ дорад, на ба восита. Чунонки маълумот бавосита дар инсон хосил мегардад. Дар хар сурат танќиди номиналистии реализми Фома таконе зиёде ба равияи ояндаи фалсафа -эмпиризм бахшидааст. Номинализм аз бахс дар бораи мафхумхо ба нишон додани хусусиятхои дониш гузашта, донишро ба дониши абстракти ва эмпирики чудо мекунад. Дониши абстракти хаќикатхои равшан, бебахсро фаро мегирад, чунин навъи донишро реализм таъкид мекард. Дониши эмпирики бошад, аниќу муайян нест, тасаввурот на дар бораи чихатхои умуми, балки дар бораи ашёи чудогона мебошад, ки он ба воситаи индуксия хосил мегардад. Дониши абстракти, агар хакиќатхои аксиоматикиро фаро гирад, дониши эмпирики маълумот дар бораи чизхои чудогона хосил мекунад. Ташаккули мафхуми конкрети дар бораи чизхои чудогонаро ба вучуд меорад. Дунс Скот бори нахуст таќсими мафхумхоро ба конкрети ва абстракти чудо карда, табиати онхоро ошкор месозад. Ў вучуди фардхо -чизхои алохидаро эътироф карда, дар айни замон мафхумхои умумиро натичаи фаъолияти фикрии инсон медонад. Ба ќавли ў, агар инсон ба воситаи чинс, гурўх, яъне мафхумхои умуми ашёхоро ифода накунад ва онхоро аз хам чудо накунад, бесарусомони ба вучуд меояд. Мухокима ва фахмиши онхо имконнопазир мегардад. Ќобили таваччўхи таълимоти Дунс Скот дар бораи интенсия, яъне майли шуури инсон ба объект аст. Агар ин объектхо ашёхои воќеи бошанд, пас интенсия аввалин аст, агар ѓайривоќеи, объектхои фикри бошад, он дуюмдарача аст. Инчунин таълимот дар бораи суппозитсия - ин истифодаи истилохи таѓйирёбанда ба чои истилохи доими, ки аз бисёри гирифта шуда бошад, мебошад. Мафхуми суппозитсия ду навъ абстрактсия-чудокунанда ва чамъбасткунандаро фарќ мекунонад, яъне ду намуди кванторхо мисли “хама”, “баъзехо” истифода мешаванд. Ин кванторхо дар ќазияхои мантиќи хукмхои умуми ва хусуси, чузъи месозанд, мисли “Хамаи металлхо ноќиланд”; “Баъзе донишчўён фанни мантиќро мехонанд” ва ѓ.

    Мухокимаи мафхумхои умуми дар фалсафаи давраи охири схоластика низ идома ёфт. Шахсияти барчастаи ин давраи фалсафаи Ѓарб Уилям Оккам (1290-1349) мебошад. Оккам таъсири фалсафаи Шарќ, хусусан фалсафаи Ибни Сино ва файласуфи яхуди Маймонид (1135-1204) –ро эхсос кардааст. Ў аз гурўхи мухолифати калисо спритуалхо буда, папаро ба бедини махкум мекард. Ин равия шикаст мехўрад ва Оккам гурехта худро дар панохи Людвиг Баварский мегирад. Шахзода Баварский ўро ба химояи худ мегирад. Оккам, гўё гуфта бошад, ки “Ту маро бо шамшер химоя кун, ман туро бо ќалам химоя мекунам. ”Оккам намояндаи номинализми танќиди аст. Ў Худоро хамчун мавчуди озоду муќтадир, ори аз хар гуна зиддият медонист. Табиатро, баръакс, зиддиятнок, тасодуфи мешумурд. Ў навъхои гуногуни донишро эътироф дошт: аз чумла, дониши интуитиви ва абстракти, ки дар сатхи он мафхумхои абстракти ба вучуд меояд. Вале ин донишест, ки ба воситаи он инсон вучуди объектро дониста наметавонад. Мафхумхои универсали асосхои чавхари надоранд ва берун аз аќл вучуд дошта наметавонанд. Чихатхои умуми ба калимахои онхоро ифодакунанда нисбат доранд ва хам ба чонхои дар ашёхо чой дошта ва инчунин ба аломатхо, ки ба хотира барои ёфтани образи ашёхо кўмак мекунад. Оккам хизмати зиёде дар инкишофи мантиќ кардааст. Ў назарияи суппозитсияро бо тарзи ифода дар забон алоќаманд месозад. Барои он ки мазмуни мафхуми умумии дар забон истифодашуда фахмида шавад, бояд он мафхум дар шакли фарди, предмети чудогона тасаввур шавад. Масалан гуфта шавад, ки “инсон меравад”, на мафхуми умумии инсон, балки инсони мушаххас дар назар дошта мешавад. Хама мафхумхои фикр хар интентсияи дуюмдарача истифода мешаванд. Таносуби мохият ва вучудиятро Оккам ба тарзи нав хал мекунад. Ин мафхумхо, ба гуфти ў, аз хам чудо тасаввур нашаванд, зеро аз он ки мохият дар вучудият тасаввур мешавад, дониши инсон дар бораи мохият зиёд намешавад, яъне аз хусусияти вучудият бахшидан ба мафхум чизе таѓйир намеёбад. Ў вучудиятро бо тарзи тафаккури инсон дар ашёхои воќеи, яъне бо квантори вучудият дар мантиќ айният медихад. Квантори вучудият, чунон, ки аз таърихи илми мантиќ маълум аст, аз тарафи И. Кант ва Г.Фреге ба мантиќ муосир дохил карда шуд. Аз тахлили боло бармеояд, ки дар бахси тарафхо нисбати табиати универсалияхо, хохиши ошти додани харду тараф, халли мусолиматомези масъаларо бо номи констептуализм ба вучуд овард. Констептуалум (аз лотини ба маънии пайвастан, алоќаманд сохтан) аќидаи гурўхеро аз мутафаккирони асримиёнаги мисли Дунс Скот (1270-1308) гўянд, ки ягонагиии мафхумхои умуми ва чузъиро дар чизхо тарафдори мекарданд. Умуми ба таври воќеи вучуд дорад, вале танхо дар худи чизхо хамчун мохият. Вучуди мустаќили умуми ѓайриимкон аст. Таълимоти Дунс Скот таќрибан ба таълимоти Арасту дар бораи ягонагии модда ва шакл мувофиќ аст.Махз номинализм бо вучуди таълимоти дини -идеалисти буданаш асосеро барои ривочи муќобилбароии фалсафаи дин ва фалсафаи илм, идеализм ва материализм, эмпиризм ва ратсионализм дар фалсафаи эхё ва давраи нав омода сохт.

    Фалсафа дар Византия (асрхои IV-XV). Вазъият дар Аврупои шарќи нисбат ба Аврупои ѓарби фарќ мекард. Дар ин чо давлати пуриќтидори Византия (Рум) муддати тўлони мустаќилияти худро нигох дошт, аз тохтутозхои барбархо то андозае эмин монд. Агар дар Аврупои ѓарби оѓози асрхои миёнаро аз 476 мелоди, баъди он ки германхо ин сарзаминро забт намуданд, хисоб кунанд, Аврупои шарќи, яьне Византия ба ин ќатор дохил нест. Аз хамин нуќтаи назар наметавон барои минтаќа соли муайянеро барои оѓози асрхои миёна муќаррар сохт. Ин кор аз он чихат хам мушкил аст, ки чудоии тамаддуни атиќа, дар шакли эллинизм аз таммаддуни нави асри миёнаги дар он шакли ошкорое, ки дар Ѓарб мушохида мешуд, ба назар намерасад. Бо вучуди хукмронии масехият, коркарди асосхои дини рушди таълимоти он дар Византия муќобилгузории тамаддуни масехи ва эллинизм мушохида намешавад. Анъанахои тамаддуни ќадима идома доштанд. Тамаддуни Византия аз мачмўи анъанахои атиќа, халќхое, ки дар Византия иќомат доштанд, мисли мисрихо, суриягихо, арманхо, халќхои Осиёи Хурд ва Кафќоз, ќабилахои Ќрим, ќисман славяну арабхо иборат буд. Хамаи ин тамаддунхо бо хам омехта ва дар тамаддуни масехи муттахид шуда буданд. Дар мамлакат ягонагии забони, дини ва давлати хукумрон буд, ки ин хусусиятхо Византияро аз дигар ќисмати Аврупо фарќ мекунонад. Византия давлате мутараќќи ва пешрафтаи минтаќа буда, тамоми сохахои он- илм, маориф, иќтисодиёт, бемайлон пеш мерафт. Хамаи ин наметавонист ба афкори илмию фалсафи бетаъсир бошанд. Ба илм дар Византия муносибати хосе зохир мешуд. Дар ин чо анъанахои илмии давраи атиќа чори буда, бештар ба илмхои назарияви эътибор дода мешуд, тачриба ва илмхои тачрибави касб ба хисоб мерафт. Файласуфони Византия хамаи илмхоро дар фалсафа муттахид карда буданд. Фахмиши атиќии илмхоро яке аз файласуфони маъруфи Византия Юханнои Димишќи (675-753) дар китоби худ «Манбаи дониш» он фахмишеро, ки фалсафаи атиќа нисбати фалсафа муайян карда буд, бо шархи нав ва хеле мўъчаз баён доштааст. Ба фикри ў, (1) фалсафа дониши табиати хасти ; (2) фалсафа дониши кори Худо ва инсон ; (3) фалсафа тамрини марг; (4) фалсафа монандшави ба Худо; (5) фалсафа-аввали санъат ва илм ; (6) фаллсафа мухаббат ба хикмат, яъне мухаббат ба Худо мебошад. Ин гуфтахои Юханнои Димишќи мохияти муносибат ба илмро нишон медиханд, яъне илм эътибори бузург дар Византия дошт.

    Илохиётшиносони Византия боигарию дастовардхои илмии пешгузаштагонро боэхтиёт нигахдори карда инкишоф медиханд. Хамчунин нисбати нисбати таълимоти фалсафи низ эхтиёткори карда, равияхои дар Византия мавчудбудаи фалсафаи Юнонро боз хам инкишоф медиханд ва ба воќеияти Византия мутобиќ месозанд. Яке аз хамин гуна равияхои маъруф дар Византия фалсафаи навафлотуния буд. Хамчунон ки маълум аст, навафлотуния нуктахои асосии таълимоти Афлотунро хифз карда, онхоро дар партави усулхои мантиќи Арасту аз нав тахким бахшида, хусусан, ѓояи Афлотунро дар бораи хастии хаќиќи ба низом дароварда буд. Ин ѓояхо ба онхо имконият медод, ки таълимоти масехиятро ба воситаи истилохоти фалсафаи Афлотун баён кунанд. Фалсафаи навафлотуния ба мутафаккирони динии Византия таъсири босазое дошт. Яке аз ин гуна мутафаккирони шинохта Дионисий Ареопагит (асри 5) буд. Ареопагит дар фалсафа ва илохиёт равияи нави ирфони – фалсафиро асос гузошт. Тасаввурот дар бораи хастии хаќиќи –ѓояхо, назарияи тазаккур (баёдовари)-и Афлотун дар ин равия бо таълимоти масехият пайваст гардидаанд ва холати ирфони-дини ба худ гирифтаанд.

    Далелу истилохоти навафлотунияро дигар мутафаккирони Византия мисли Василий Кесари, Григории Назианзин, Григорий Нисский ва дигарон дар шарху тафсири аќоиди масехи истифода бурдаанд. Ваќте вазъи илм дар Византия тахлил мегардад, маълум мешавад, ки на хамаи илмхо баробар инкишоф ёфтаанд. Асосан он илмхое, ки ба фоидаи дини масехи, асосноккунии таълимоти он хизмат карда метавонистанд, инкишоф ёфтаанд. Илмхои табиатшиноси, хусусан математика таќрибан инкишоф наёфтаанд, балки дар хамон холате, ки онхо дар давраи атиќа ќарор доштанд боќи мондаанд. Дар Византия бо истифода аз илми атиќа таълимоти хосе дар шарху баёни масехият ба вучуд омад, масалан дар бахсхо доир ба ягонагии “сегонаи муќаддас” онтология, дар бахсхои масехишиноси, антропология ва психология, дар бахсхо доир ба шахсият таълимот дар бораи чисм ва чон ба вучуд омаданд.

    Ба таври кулли дар фалсафаи Византия ду равияи асоси мушохида мегардад, яке равияи аќлони –таълимоти (догматики) ва дигаре ирфони –ахлоќист. Дар равияи аввал ба олами улё, астрономия ва астрология эътибор дода мешуд, он бо харгуна илмхои сехрангез таваччўх зохир мекард, масалан сохтмони демонология, тафаккури инсонро мухим мешумурд, яъне дар доираи навафлотунчиги ва таълимоти масехи хулосабарори мекард. Инчунин ба таърих ва ахлоќ ќимати бузурге ќоил буд. Хамаи инро мо дар таълимоти мутафаккири тамаддуни Византия Михаил Пселл (асри 11) мушохида менамоем. Равияи дигар исихазм буд. Исихазм, аз юнони гирифта шуда, ба маънии ороми, хомўши, пархезкори аст. Исихазм ба ду маъни дар равияи ирфони – динии Византия истифода шудааст, яке таълимоти ахлоќи, аскети дар бораи рохи пайвастшавии инсон бо Худо ба воситаи “пок сохтани ботин”мебошад, ки бо ёрии гиряю зори, ба худ фурў доштан, шуурро ба худаш равона кардан техника ва усулхои махсусро истифода кардан амали мешуд. Таълимоти мазкур аз чониби Маркарии Мисри, Евагрий, Иоанн Листвичник дар асрихои IV-VII асоснок шудааст. Он аз чониби Григорий Палама (1296-1359) ба таѓйиротхо дучор шуд, эътибори чидди ба тасфияи ботинии инсон равона гардид. Минбаъд нуфузи ин таълимот дар Византия хеле афзуд. Вале бар муќобили он файласуф-гуманист Варлаами Калабри (ваф. 1348) баромад, ки тезиси афзалияти хирадро бар эътиќод тарѓиб мекард. Дар асрхои минбаъда дубора нуфузи равияи ратсионалисти бештар мегардад ва чун Аврупои Ѓарби дар Византия низ заминахои мусоиди ѓояви, фалсафи барои пайдоиш ва ривочи аќидахои гуманисти (инсонпарвари) пайдо мешаванд. Ин ќаробати ѓояви ба кўшишхои файласуфони номии ин замон Георгий Плифон (1355-1492) –навафлотуни, оташпараст ва хамчунин хамасрони ў Мануил Хрисолор (1355-1415) ва Виссариони Никеи (1403-1472) ба вучуд омад. Чихатхои хоси таълимоти онхо аз васфи инсон, тарѓиби шахсият, тамаддуни атиќа ва ѓ. иборат буд.

    Маќоми таърихии фалсафаи асримиёнаги. Дар нисбати маќоми таърихии фалсафаи асримиёнагии Ѓарб, на Шарќ, фикрхо гуногунанд. Бисёр ваќт он чиро мисол меоваранд, ки дар ин давра фалсафаи дин афзалият пайдо кард, озодандеши аз тарафи калисо махдуд карда шуд, файласуфони машхур ва озодандеш таъќиб карда мешуданд. Инквизитсия ба таъќиби озодандеши, илм, фалсафаи атиќа машѓул шуда чиноятхои зиёде содир кард, чангхои салиби ба рох андохта шуд, ки хамаи инхо доѓе дар таърих, аз чумла таърихи фалсафа гузоштанд. Вале чунин бахои манфи наметавонад яктарафа, махдуд ва нодуруст набошад, зеро он лахзахои мусбате, ки дар таърихи ин давра буд, он бозёфтхое, ки дар илму фалсафаи ин давра ба вуќўъ пайвастанд, дар чунин бахс сарфи назар карда мешаванд. Барои нишон додани маќоми таърихии фалсафаи ин давр кифоя аст, хотиррасон намоем, ки махз дар асоси фалсафаи динии асримиёнаги имкони баромадан аз бўхрони шадиди ѓоявие, ки сабаби он аз байн рафтани тамаддуни атиќа гардид, имконият пайдо шуд, махз ба шарофати дин дар ин минтаќа давлатхое пайдо шуданд, ки то имрўз арзи вучуд доранд ва идеологияи масехи яке аз нерўхои мустахками ѓоявии вучудият ва рушди ин давлатхо мебошад. Он чизро набояд аз назар соќит кард, ки фалсафаи асримиёнаги анъанахои мусбати фалсафаи атиќаро ривоч дода, замина барои давраи Эхё мухайё сохт ва андешахое доир ба маќоми инсон, ахлоќ ва хаёти ичтимои дар ин давра ба вучуд омад, ки боиси рушди фалсафаи ахлоќ ва чомеашиноси гардиданд. Ба таври кулли наметавон ин давраро, як давраи торик ва пур аз чахолат, таъќибу фишор донист, балки он маќоми муайян ва сазоворе дар рушди таърихии инсоният дорад. Маќоми фалсафаи асримиёнаги, дар пайванди таърихии меросияти фарханги, нигахдории осори мутафаккирони бузурги Юнон баръало хувайдо аст. Фалсафаи асримиёнаги дар тахќиќи мафхумхои асоси ва масъалахои мухими фалсафи хизмати шоиста кардааст, аз чумла коркарди маќулахои дин ва хирад, таносуби мафхумхои абстракти ва конкрети, исботхо ва масъалахои мухими илми мантиќ ва ѓ. аз хамин чумлаанд.

    Бояд мутазаккир шуд, ки фалсафаи асримиёнаги фаќат аз фалсафаи Ѓарб иборат нест. Дар шарќи исломи фалсафа бо тамомии ѓановати худ хеле рушд пайдо кард, он даврае буд, ки илму маърифат ба сатхи камолоти инкишофи худ расид ва ба Ѓарб низ таъсири бонуфуз расонид. Пас, метавон гуфт, ки фалсафаи асримиёнаги маќоми хос ва таъсири бонуфузе дар таърихи фалсафа ва илму тамаддуни инсони дорад.


    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   41


    написать администратору сайта