Главная страница
Навигация по странице:

  • Мактаби мегариён

  • Мактаби Элида

  • Мактаби калбиюн

  • Мактаби Киреника

  • Инсон, чамъият ва давлат аз нигохи Афлотун

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница17 из 41
    1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   41

    Софистхо, Суќрот: кашфи дониши эътимодбахш. Дар асри V пеш аз милод дар аксари шахрхои Юнони ќадим заволи системаи аристократи фаро расида, демократияи антиќи дар арсаи сиёси мавќеи онро танг намуд. Махз дар хамин давра дар Юнон софистхо пайдо шуданд. (Софист – пайрави таълимоти софизм, ки мохияти он чунин аст: мухокима ва мулохизае, ки дар тафсири духўраи мафхумхо асос ёфта, зохиран дуруст менамояд, аммо дар хаќиќат беасос ва ботил аст). Инкишофи шаклхои нави давлатдори, тарзи интихобии мачлиси халќи ва суд, ки дар хаёти сиёсии чомеа наќши мухим доштанд, зарурати таёйр кардани ашхосеро ба вучуд овард, ки ќобилияти баланди бахс ва санъати сухан дошта, аз ўхдаи халли масоили хуќуќи, сиёси ва дипломати баромада тавонанд. Бинобар ин, мауллимони кирояе пайдо шуданд, ки ба мардум санъати фикрронию суханвариро таълим медоданд ва онхо бо номи софист маъруфият ёфтанд.

    Калимаи «софист» дар Юнони ќадим ифодакунандаи донишу хирад буд, лекин сифистхо донандагони навъи дигари дониш буда, санъати ѓолиб омадан дар бахсро таълим медоданд. Барои онхо (яъне софистхо) исботи хаќиќат мухим набуд, балки мухим он буд, ки бо усули рахгумсози сиёхро сафед ва сефедро сиёх гуфта, одамонро ба ин бовар кунонанд. Онхо адвокатхои бехтарин буданд.

    Софистхо дар хаёти маънавии Юнони ќадим наќши мухим гузоштаанд. Онхо илми баёнро инкишоф дода, ба пояи баланд расониданд. Дар сохаи мантиќ низ хизмати онхо калон аст. Онхо барои кашфи ќонунхои тафаккур замина гузоштанд. Дар фалсафа бошад, ба масоили инсон, чомеа ва дониш таваччўх доштанд. Дар масъалаи назарияи маърифат софистхо аз аввалин агностикхо ба шумор мерафтанд, зеро онхо маърифати оламро барои тафаккури инсони дастнорас шумурда, онро донистанашаванда хисоб мекарданд. Ба гуфти онхо хаќиќат дар назари хар кас хар хел чилвагар мешавад. Касе онро чи тавре тасаввур мекунад, он бояд хамон хел бошад. Аз ин рў, онхо на худи хаќиќат, балки хаќиќати объективиро инкор мекарданд ва чонибдори хаќиќати субъективи буданд.

    Софистхоро одатан ба ду гурўх чудо мекунанд: софистхои насли аввал ва насли дуюм, яъне насли охир. Ба софистхои аввал Протагор, Горгий, Гиппий, Продик, Антифонт, Ксениад дохил мешуданд, ки хамаи онхо хамзамони Зенону Мелисс ва Анаксагору Левкипп буданд.

    Ба насли дуюми софистхо, ки дар охири асри V ва ибтидои асри IV пеш аз милод зиндаги кардаанд, Алкидам, Трасимах, Критий ва Калликл дохил мешуданд.

    Бояд гуфт, ки аз асархои сершумори софистхо танхо як ќисмати хурди он боќи мондааст.

    Протагор дар солхои 80-уми асри V пеш аз милод дар шахри Абдера аз оилаи сарватманд ба дунё омадааст. Ў муаллими риторика (илми баён) ва эристика (санъати мубохиса) буд. Чун дигар софистон, ў низ бештари умри худро ба саёхат бахшида, тамоми Юнонро гашта буд. Барои таълифи китоби «Оид ба худоён» мувофиќи ќонунхои мавчуда ба ќатл хукм шуда буд. Лекин хукми ќатл амали нашуда китобро сўзонданд ва муаллифро аз Афина бадарѓа карданд. Ў хангоми сафари Ситсилия дар халичи Месси ѓарќ ва халок мешавад.

    Протагор асархои зиёде таълиф карда буд. Чунончи, «Оид ба чавхар», «Оид ба илмхо», «Оид ба давлат», «Оид ба худоён», «Санъати мубохиса» ва ѓайра аз ќабили онхоанд. Лекин аз ин асархо ба чуз порчахои чудогона дигар чизе боќи намондааст. Ягона манбае, ки оид ба Протагор маълумот медихад, диалогхои Афлотун мебошанд.

    Дар заминаи релятивизм (таълимоти идеалистиест, ки имконияти дарки олами объективиро инкор мекунад ва хамаи донишхоро нисби мешуморад, ва таълимоти он оид ба нисби будани дониш Протагор фахмиши онтологии оламро пешниход намудааст.

    Мувофиќи аќидаи ў, сабаби пайдоиши хамаи ходисот дар дохили худи материя мебошанд. Хусусияти асосии материя на объективи будани он, балки таѓйирпазири ва дар чараён будани он мебошад. Агар Гераклит ба як об ду маротиб даромаданро ѓайриимкон шуморида бошад, Протагор хатто як маротиб даромаданро хам имконнопазир мешуморад. Ў таѓйирёбиро ба хадди мутлаќ расонда, онро ба рафти дарккуни хам мутааллиќ шуморидааст. Ба фикри ў, на танхо олам, балки маърифати он хам хар лахза дар таѓйирёби ва дар чараён аст.

    Хукми дигари Протагор аз он иборат аст, ки тибќи он хеч чиз бо худии худ вучуд надорад ва хамаи ашёхо махз дар заминаи алоќамандии тарафайн пайдо мешаванд ва вучуд доранд.

    Горгий дар шахри Леантини Ситсилия ба дунё омадааст. Ў шо­гирди Эмпедокл буд. Горгий зиёда аз сад сол умр дида, та­мо­ми умр мучаррад буд. Ў нотиќи машхур буда, метавонист бадехатан дар хар гуна мавзўъ соатхои тўлони суханрони кунад ва бо санъати баланди нотиќияш диќќати оммаро ба худ чалб намояд.

    Горгий ба фалсафа таваччўхи хос дошта, онро аз фанхои даќиќ, ки акнун аз фалсафа чудошавиро сар карда буданд, боло гузоштааст. Ба ў асархои зеринро мансуб медонанд: «Поло­мед», «Доир ба табиат» ва ѓайра.

    Дар масъалаи хастию тафаккур бар хилофи файласуфони Элей, ки тафаккур ва хастиро айниятдор мешумориданд, Горгий онхоро аз хам чудо тасаввур мекард. Ў мавчудияти хама чизро инкор мекард ва ба фикри ў агар хастиро эътироф кунем, он гох бояд донем, ки он барои мо дастнорас ва донистанашаванда аст.

    Горгий мавчудияти фикр ва ашёи фикрро чудо мекунад. Аз он ки касе хаёл мекунад, ки одам парвоз мекунад ё фойтун дар уќёнус шино мекунад, харгиз хулосае барнамеояд, ки дар асл одам парвоз ва фойтун дар уќёнус шино мекарда бошад. Зеро мо метавонем дар бораи чизе биандешем, ки дар асл он тамоман вучуд надошта бошад. Дар ин чо Горгий аќидаи Парменидро ислох кардааст, ки он мавчудияти ашёро бо худии худ, яъне мавчудияти воќеи ва мавчудияти фикр дар бораи ашёро як чиз медонист.

    Дар масъалаи ахлоќу хуќуќ Горгий дар мавќеи релятивизм меистод. Ў низ чун дигар софистхо таълими медод, ки арзишхои ахлоќи ва хуќуќи меъёрхои шартие мебошанд, ки одамони заифу чисман камќувват барои химояи худ дар чомеа фикр карда баровардаанд.

    Таълимоти софистхо диќќати мутафаккирони бузурги Юнони ќадимро ба худ чалб карда буд. Хусусан, Афлотун ва Арасту-ин ду донишманди бузурги Юнони ќадим фалсафаи онхоро мавриди омўзиши чидди ќарор дода, онро зери тозиёнаи сахти танќид гирифтаанд.

    Афлотун дар асархои худ намояндагони мухталифи софистхоро хамчун мардумфиребу дурўѓгўй ончунон саркўб ва махкум кардааст, ки онхоро то имрўз мардуми лаќќи ва сафсатагў номида, бо бади ёдовар мешаванд. Афлотун дар муколама (диалог)-и «Эвтидем» намунаеро аз сўхбати софистхо, яъне мусохибаи Эвтидеми маккор ва Ктизиппии соддаро овардааст, ки он чунин аст:

    «- Шумо бигўед, ки саг доред?

    Бале, дорам ва нихоят бадчахл аст.

    Саги Шумо бача дорад?

    Бале , онхо низ бадчахланд.

    Ва, бешубха, падари онхо низ саг аст? – мепурсад софист.

    Бале.

    Ин падар низ аз они шумост?

    Ха, аз они ман», - чавоб медихад Ктизиппи

    Софист дар ин чо хулосае ѓайричашмдошт мебарорад: «Маълум мешавад, ки ин падар аз шумост, пас падари ту саг ва бачахояш (яъне кучукхо) бошанд, бародарони туанд». (Платон. Сочинение в 3-х т., ч.1. –М., 1968, с.204).

    Аз ин мисол маълум мешавад, ки онхо ќасдан нишонаву хосиятхои як чизро дар муносибат ба чизи дигар нишон медиханд. Масалан, падари сагбачахо дар муносибат ба онхо ( кучукхо) – падар, лекин дар муносибат ба сохиби худ моли ў хисоб мешавад. Лекин софистхо барќасд саволро дар чунин шакл намегузоранд: «Падари ин сагбачахо аз они шумост?», балки махз мепурсанд: «Ин падар аз шумост?», ки баъди ин дархол ифодаи «Ин падари шумост» – ро хосил кардан осон мешавад.

    Арасту доир ба мантиќ асари махсус «Оид ба радди софистхо» - ро таълиф кардааст, ки дар он софистика чунин таъриф дода шудааст: «Софистика – ин хиради ќалбаки аст, на воќеи ва софист он касест, ки аз хиради ќалбакии худ манфиат мечўяд, на аз хиради хаќиќи». (Античные риторики. –М., 1978, с. 183). Арасту дар ин асар усулу найрангхои софистхоро ошкор месозад. Масалан, софист аз хад зиёд тез харф мезанад, то ки мусохиби ў ба мохияти фикр сарфахм наравад. Софист ќасдан нутќи худро дарозу тумтароќ баён мекунад, то ки мусохиби ў тамоми чараёни гуфтори ўро дар хотир гирифта натавонад. Софист дар ибтидо бо хушсухани чиддияти харифашро бартараф месозад, баъд онро ба хаячону саргуми меандозад ва баъд аз он фавран ба охангу хулосаи чидди мегузарад. Чунинанд нишонахои зохирии софистика.

    Суќрот. Чи хеле ки маълум аст, дар асрхои VI-V пеш аз милод дар Юнони ќадим мактабхои гуногуни фалсафи арзи хасти мекарданд ва миёни онхо раќобату ихтилофоте вучуд доштанд, ки онхо боиси нашъу намо ёфтани фалсафа дар ин сарзамин гардиданд. Баъди таназзул ёфтани сохти монархисти ва барќарор шудани тарзи демократии давлатдори дар Юнон, барои ташаккул ёфтани таълимоти софистхо имкониятхои мусоид ба вучуд омаданд. Лекин баъдтар мактаби софистхо ба муќобилияти оштинопазири материалистон ва идеалистон тоб наоварда, рў ба таназзул ниход. Махз дар хамин давра Суќрот бо таълимоти пуршўри худ ба миён омад ва тавонист, ки дар муддати кўтох дар атрофи худ шогирдони зиёдеро чамъ намояд. Суќрот ва аксари пайравони ў, асосан, дар муќобили сохти афинагии демократия ќарор дошта, душмани сохти ичтимои-сиёсии мавчуда хисоб мешуданд. Ў аввалин файласуфи Афина ва бунёдгузори идеализми объективи ба шумор меравад. Суќрот хамзамони Демокрити материалист буда, дар фалсафаи чахони, хусусан, дар инкишофи чахонбинии фалсафи дар Юнони ќадим наќши мухим гузоштааст.

    Доир ба зиндаги ва фаъолияти илмии Суќрот маълумоти амиќу кофи вучуд надорад. Чунки ў аслан дар бахсу мунозирахо фаъолона ширкат меварзид, лекин чизе наменавишт, аз ин рў, аз ин мутафаккири бузург асаре боќи намондааст. Азбаски аз Суќрот дар шакли хатти чизе боќи намондааст, баъзе муаллифон кўшиш кардаанд, ки ўро на шахси таърихи, балки чун образи бадеи ќаламдод намоянд. Бинобар ин, дар омўзиши таълимоти Суќрот асархои шогирдони ў-Ксенофанти муаррих ва Афлотуни файласуф манбаи асоси ба шумор мераванд. Ѓайр аз ин, дар асархои теъдоде аз муаллифони ахди антиќа оид ба Суќрот ишораю маълумотхое вучуд доранд, ки дар омўзиш ва тахќиќи таълимот ва шахсияти файласуф аз ахамияти холи нестанд.

    Суќрот соли 469 пеш аз милод дар шахри Афина ба дунё омадааст. Падари ў устои сангтарош буд ва тибќи маълумотхо худи Суќрот хам дар овони чавони дар ин касб шуѓл варзидааст ва хатто сохтани мучассамаи Грасхоро ба ў нисбат медиханд. (Грасхо- номи худоёни зебои дар Юнони Қадим аст, ки мучассамахояшон дар ќалъаи Афина гузошта шуда буданд. Онхо Аглоа, Тесали ва Уфрузинанд). Модараш Фенарст момодоя буд. Инчунин, тибќи маълумотхо ў ду маротиб издивоч карда, се писар доштааст. Суќрот дар чангхои Пелопонес бо сарбозони Афина дар мухорибахо ширкат меварзид. Ў се маротиба дар задухўрдхои зидди Спарта, дафъаи охирон соли 422 пеш аз милод дар мухорибаи Амфинол иштирок намуда буд. Дар давраи дуюми чанги Афина бо Спарта Суќрот шахсан иштирок надошт, лекин воќеае рух дод, ки ўро низ шарики бевоситаи он гардонд. Соли 406 то милод афинагихо баъди ноомадихои пай дар пай дар мухорибаи назди чазирахои Аргинус ба ѓалаба ноил шуданд, лекин бар асари тўфони сахт онхо натавонитанд, ки мурдахои худро чамъ оварда гуронанд. Барои чунин амал бошад, ќонуни онваќтаи Афина чазо муќаррар карда буд ва мувофиќи ќонуни мазкур ѓолибони мухорибаро ба суд кашиданд. Суќрот, ки дар ин давра ба сифати машваратчи дар суд иштирок дошт, бар зидди ќонуни мавчуда баромад карда, рахо намудани фармондехонро талаб кард. Лекин ба муќобилияти Суќрот нигох накарда, суд хамаи хашт нафар лашкаркашро ба ќатл хукм кард.

    Агар иштироки ўро дар чанг сарфи назар кунем, пас Суќрот дар тўли зиндагияш хамаги як маротиба сафар кардааст ва ин хам бошад барои ширкат варзидан дар бозихои Истимк (бозихои Истимк – чашну мусобиќахои анъанавии Юнони ќадим, ки ба хотири бузургдошти худои олимпи Посейдон дар ду сол як маротиба дар гарданаи Истмик барпо мегардид). Дигар тамоми умр аз Афина хорич нашудааст. Лекин аз рўи одат, ў ваќти ками худро дар хонааш сипари мекард ва тамоми рўз дар кўчахои Афина, дар байни издихом, дар сўхбати одамони гуногун буд.

    Суќрот ба фаъолияти ичтимои чандон мароќ зохир накардааст. Ў хамчун файласуф зиндагии муќаррари, оддию хоксорона дошт. Бар хилофи софистхо, ў аз шогирдон хаќќи таълим намегирифт. Чи тавре ки шогирдаш Ксенофант ёдовар мешавад, ў рўзгори фаќирона дошта, аксари ваќт пои барахна мегашт ва фаќат дар рўзхои ба мехмони рафтанаш кафше мепўшид. Бояд гуфт, ки Суќрот низ чун Демокрит ба оила ва зану фарзандон эътибор намедод. Чунки ў тамоми ваќти хешро дар сўхбату бахсхои фалсафи сипари мекард.

    Чи тавре ки дар боло зикр кардем, Суќрот душмани сохти ичтимои-сиёсии мавчуда буд ва ин оштинопазирии ў дар синни пири ба сараш тўхматеро овард, ки он боиси марги файласуф гардид. Тибќи маълумотхо шоири фочианавис Мелет, чармгари сарватманд Анит ва нотиќи афинаги Ликон ўро ба бехудои гунахгор карда, овоза пахн карданд. Соли 399 пеш аз милод Суќротро ба суд кашиданд. Хангоми суд Мелет ба сифати даъвогар баромад карда, Суќротро ба он гунахкор донист, ки ў (Суќрот) худоёни мардуми Афинаро парастиш ва эътироф намекунад ва худоёни навро тарѓиб мекунад. Ба ѓайри ин, бо нутќхои худ шуури чавононро фосид мекунад ва аз ин рў, ў сазовори марг аст.

    Суќрот бо маќсади исбот намудани бегунохии худ ду маротиб нутќ мекунад, лекин харду баромадаш низ натичаи мусбат надоданд. Ва нихоят, дафъаи сеюм нутќ мекунад ва ба хозирон изхор мекунад, ки ў ба марг омодааст ва аз он дар харос нест (дар ин лахза ў 70 сол дошт).

    Суд ба Суќрот ќатлро хукм кард, лекин ичроиши он си рўз тўл кашид. Ин аз он сабаб рух дод, ки дар арафаи суд киштие аз Афина ба чазираи Делос барои ичроиши муќаррароти дини ба сафар баромад ва мувофиќи анъана, то гашта омадани он дар ин чо ќатли инсон мамнўъ буд. Рўзи бозгашти кишти фаро мерасад ва пагохии барваќт дўсти Суќрот Критон вориди махбас шуда, ўро гурезонидани мешавад. Суќрот таклифи дўсташро рад мекунад ва таъкид мекунад, ки ин кор хилофи ќонун аст ва ў амалеро алайхи ќонун раво намебинад. Дар хаќќи ў беадолати карда бошанд хам, лекин вай эхтироми ќонунро хатми медошт. Дар ин хусус дар муколама (диалог)-и «Критон»-и Афлотун маълумот дода шудааст. Дар муколамаи «Федон» бошад, Афлотун лахзахои охири хаёти Суќротро наќл мекунад. Мувофиќи он файласуф ин рўзро бо шогирдонаш мегузаронад. Ў занаш Ксантиппи ва хар се писаронашро даъват карда бо онхо хайрухуш мекунад ва баъд дар хузури шогирдонаш пиёлаи захрро менўшад ва оромона чон медихад. Хуллас, Суќрот на танхо таълимоти фалсафи, балки зиндагии начибонае дошт. К. Маркс махз хаминро дар назар дошта, ќайд карда буд, ки фалсафаи Суќрот тачассуми зиндагии худи ў мебошад. (Ниг.: К.Маркс., Ф. Энгелс. Из ранных произведений, с.131-132).

    Доир ба Суќрот наќлу ривоятхои зиёде вучуд доранд, ки тавассути онхо мо ба хаёти ботинии файласуф ошнои пайдо мекунем. Суќрот бо хама донишманди ва афкори олии худ нигох накарда, зимни суханрони бо алфози содда ва далелу исботхои оммафахм ибрози андеша мекард. Бо хамин васила, сомеонро ончунон шефтаи сухани хеш мегардонд, ки онхо муќовиматро аз даст медоданд ва гуфтахои ўро бечунучаро мепазируфтанд.

    Суќрот шогирдони зиёде дошт, ки онхо ба синфу табаќоти мухталиф мансуб буданд. Дар байни онхо ашрофзодагон, анархистхо, сотсиалистхо, софистхо ва чавонону ашхоси солхўрда низ дучор мешуданд. Дар сўхбатхо бештар масоили дин ва муќаррароти он, тарсу шучоат, давлату сиёсат, саодат ва хулоса, он чи ки дастраси ахли башар буд, барраси мешуданд. Аќли тез ва дониши фавќулоддаи ў файласуфро дар байни шогирдонаш махбуб гардонда, маќомашро баланд бардошта буд. Лекин худи ў бошад, харгиз даъвои донишманди намекард, балки худро хоксорона танхо дўстдори хирад хисоб мекард. Ў дар хусуси донишманди ва маъруфияти худ дар байни мардум бисёрхо мешунид, лекин вай бо тавозўъ афзалияти худро бар дигарон чунин шарх медод: «Ман фаќат як чиз медонам ва он ин ки хеч чиз намедонам».

    Дар маркази диќќати Суќрот масъалаи инсон меистод. Ў танхо ба чанбаи ахлоќии инсон мароќ зохир мекард. Аз ин рў, фалсафаи Суќротро антропологизми ахлоќи номидан мумкин аст. Суќрот ба асотир ва масоили марбут ба табииёт таваччўх зохир накардааст. Лекин ба хукми таќдир лозим омад, ки барои «Физика»-и Анаксагор ба чои ў Суќрот чазо гирад. Зеро ки махз баъди пахн шудани назарияи Анаксагор доир ба чирмхои осмони дар Афина ќонуне ќабул карда шуд, ки тибќи он парастиш накардани худохои анъанави ва ба таври илми шарх додани ходисоти осмони чинояти давлати хисоб карда мешуд. Суќротро ба он низ гунахкор карда буданд, ки гўё мувофиќи таълимоти ў Офтоб-санг ва Мох-хок мебошанд. Суќрот дар рафти суд харчанд кўшиш кард, ки мансуби ў набудани ин таълимот ва ба Анаксагор тааллуќ доштани онро исбот намояд, аммо натичае надод. Ў мохияти фалсафаи худро дар ифодаи зер ошкор сохтааст: «Ман хеч наметавонам мувофиќи навиштачоти маъбади Делф худро дарёбам». (Платон. Соч. в 3-х т., т.2, с. 163). Хамин тариќ, баъди тасдиќи он, ки «Ман як чиз медонам ва он ин ки хеч чиз намедонам» даъвати «Худро бишнос» шиори дуюми Суќрот ба шумор мерафт ва бояд гуфт, ки хар дуи ин мохияти асосии фалсафаи ўро муайян менамуданд.

    Худшиноси барои Суќрот маънои амиќ ва рўшан дошт. Худро шинохтан, яъне худро хамчун мавчудоти ичтимои ва ахлоќи, на хамчун шахсияти чудогона, балки умуман хамчун инсон шинохтан. Ахдоф ва мазмуни асосии фалсафаи Суќротро масоили марбут ба ахлоќ ташкил мекунанд. Дар ин хусус баъдтар Арасту дар «Метафизика» ёдовар шудааст: «Суќрот ба масоили ахлоќ сару кор дошта, табиатро умуман тахќиќ накардааст». (Аристотель. Соч., т.1, с.79).

    Аз нигохи фалсафи усули Суќрот хангоми тахќиќи масоили ахлоќи хеле мухим аст. Усули онро, умуман, усули диалектикаи субъективи номидан мумкин аст. Суќрот устоди бахс, сўхбати шифохи ба шумор мерафт. Ў бештар ба мохият такя мекард ва ба шакл чандон диќќат намедод. Алкибадис дар ин бора ќайд мекунад, ки ваќте кас ба харфхои ў гўш мекунад, нахуст ба назараш хандаовар мерасад. Аммо ваќте ки ба мазмуни онхо сарфахм рафтанд, иќрор хоханд шуд, ки суханоне хастанд пур аз маъно. Ў, бешубха, суханвари варзида, устоди бахс буд ва идеализми субъективии ў низ хамчун усули маърифати илми ба хамин иртибот дорад.

    Суќрот аввалин касе буд, ки наќши мафхумхоро дар хосил кардани дониш ќайд кардааст. То Суќрот низ файласуфон ба мафхумхо мурочиат карда буданд, лекин он дар шакли стихияви буд. Суќрот таъкид мекард, ки агар мафхумхо набошанд, дониш низ буда наметавонад.

    Эътирофи хаќиќати объективи дар таълимоти Суќрот чун эътирофи меъёрхои объективии ахлоќ чилвагар шудаанд, ки мувофиќи он тафовути байни неки ва бади нисби не, балки мутлаќ мебошад. Суќрот ба мисли софистхо саодат ё хушбахтиро бо манфиат айниятдор намедонист. Ў саодатро бо некўкори айниятдор медонист. Барои неки кардан аввал фахмидан лозим, ки неки чист. Танхо шахсе шучоат зохир карда метавонад, ки медонад шучоат чист. Донистани он ки шучоат чист, одамро шучоъ мекунад. Фахмиши он, ки хуб чисту бад чист инсонро ба некўкори хидоят мекунад. Чохили ин натичаи надонистани неки аст. Ахлоќ, ба аќидаи Суќрот натичаи дониш аст.

    Дар боби сиёсат ва давлатдори низ Суќрот фикрхои чолиби диќќат дорад. Дар ин давра дар Афина ахзобу гурўххои мухталифе вучуд доштанд, ки нерўмандтарини онхо хизби милли, ки аз хукумати мардуми чонибдори мекард ва хизби олигархи, ки сохти аристократиро пуштибони мекард, ба шумор мерафтанд. Аммо Суќрот дар муќобили хар ду гурўх ќарор дошт ва таъкид мекард, ки: «Он чи ки барои як хукумати хуб лозим мебошад, хамоно дониш асту бас». Аз ин рў, хар ду дастаро низ дар идоракунии давлат бесалохият мешуморид.

    Суќрот хусусан нисбат ба сохти давлатдории демократи бадбин буд ва аз ин рў, онро истехзо ва масхара мекард. Масалан, бо усули ќуръа кашидан интихоб намудани рохбаронро ў танќиду масхара мекард, ки бо ин усул хар гуна шахси тусодуфи метавонист ба сари ќудрат барояд.

    Идеализми Суќрот дар таълимоти ў ба таври ошкоро зухур накардааст. Имконияти зухури идеализм дар услуби Суќрот чой дошт. Ѓайр аз ин, дар фаъолияти Суќрот объекти фалсафа таѓйир ёфт. То Суќрот мавзўи асосии фалсафа-табиат ба шумор мерафт. Суќрот тасдиќ мекард, ки он (табиат) донистанашаванда буда, фаќат нафс донисташаванда аст ва аз нигохи ў вазифаи фалсафа низ махз аз донистани он (нафс) иборат аст.

    Баъди марги Суќрот шогирдону пайравонаш барои химоя ва идома додани таълимоти устодашон бархоста, мактаби фалсафии худро таъсис доданд, ки баъдтар бо номи суќротиён ё худ мактаби суќроти маъруфият ёфтанд, ки дар зер доир ба хар яки он дар шакли мухтасар маълумот дода мешавад.

    1.Мактаби мегариён. Асосгузори ин мактаб сокини шахри Мегар, шогирд ва пайрави Суќрот Евклид (Евклиди математик дар назар дошта нашудааст) ба шумор мерафт. Ин мактаб то миёнахои асри 3 пеш аз милод арзи хасти намудааст. Асоси мактаби мегариёнро таълимот дар бораи «навъи бечисм» ва масоили мантиќу санъати бахс ташкил медоданд.

    2.Мактаби Элида. Асосгузори он сокини Элида Федон ва намояндаи дигари он Менед мебошанд. Федон ва Менед устоди бахс ва суханвари буданд. Лекин мактаби онхо чандон ривоч наёфт ва дар фалсафа низ онхо аќидаи чолибе ба вучуд оварда натавонистанд.

    3.Мактаби калбиюн. Муассиси ин мактаб Антисфен (нимаи дуюми асри V ва нимаи аввали асри IV пеш аз милод) мебошад. Ў дар ибтидои фаъолияташ пайрави софистхо буда, баъд аз ин ба таълимоти Суќрот рў овард. Антисфен зидди Афлотун ва таълимоти ў дар бораи «навъхо» ё худ «идеяхо» буд. Намояндаи машхури ин мактаб шогирди Антисфен Диогени синопи буд. Пайравони ин мактаб воќеияти кулро инкор карда, мавчудияти ашёхои чузъро эътироф доштанд. Мувофиќи аќидаи онхо вазъи на танхо ќашшоќона, балки аз хад зиёд тахќиромез тарзи бехтарини хаёт ба шумор меравад. Онхо тамоми намуди фаќри чисмониву рўхониро аз зиндагии бохаловат боло медонистанд.

    4.Мактаби Киреника. Асосгузори ин мактаб Аристиппи кирени буд. Аристипп ва пайравони ў мўътаќид буданд, ки хисхо манбаи ягонаи дониш мебошанд. Хисхо, мувофиќи аќидаи онхо на хосияти ашёхо, балки холатхои гуногуни вазъи инсонро инъикос мекунанд. Пайравони Киреника, асосан ба тахќиќи саодат, яъне мачмўи лаззатхои табии хамчун хайри оли ва маќсади хаёт машѓул буданд. Маќсади асосии хаётро танхо дар хузуру халоват медиданд ва чунин халовате, ки махз тавассути хисхо ба вучуд ояд.

    Инсон, чамъият ва давлат аз нигохи Афлотун. Аз Фалес то Демокрит дар таърихи фалсафаи Юнони ќадим чун давраи пайдоиш ва инкишофи материализм хисоб мешавад. Дар таълимоти Демокрит (охири асри V ибтидои асри IV пеш аз милод) материализми Юнони ќадим ба зинаи олии худ расид, яъне он ба материализми атомисти табдил ёфт. Таълимоти Суќрот, ки асосан дар заминаи идеализм инкишоф меёфт, то он дарачае ташаккул наёфта буд, ки муќобили материализми Эмпедокл ва Анаксагору Демокрит истодагари карда тавонад. Дар ибтидои асри IV то милод таълимоти пурќуввати идеализми объективи ба таърихи фалсафа ворид гардид, ки он ба раќиби тавонои фалсафаи материалисти табдил ёфт. Пайдоиш ва рушду такомули ин таълимот бо номи файласуфи бузурги Юнони ќадим Афлотун мансуб буд. Аз хамин давра фалсафаи Юнони ќадим ба ду шоха – идеализм ва материализм ё худ «равияи Демокрит» ва «равияи Афлотун» чудо мешавад.

    Афлотун соли 427 дар чазираи Эгина воќеъ дар наздикии Афина дар оилаи ашрофи бузурги юнони ба дунё омадааст. Номи асли ў Аристокл буд ва бинобар чуссаи бузург, синаи фарроху шонахои пахн доштанаш бо лаќаби Афлотун маъруфият ёфт. Афлотун дар забони юнони маънои пахн, васеъро ифода мекунад. Афлотун ду бародар ва як хохар дошт ва азбаски ў дар умраш издивоч накарда буд, насле низ аз худ боќи нагузоштааст.

    Афлотун дар чавони чун дигар чавонони Афина ба варзиш ва шеъру мусиќи машѓул буд. Муаллимони ў оид ба фалсафа Кратил ва Суќрот буданд. Афлотун дар бистсолаги бо Суќрот шиносои пайдо кард ва баъди ин аз шуѓли пештарааш ба тамом даст кашида ба омўзиши фалсафа пардохт.

    Хангоми марги Суќрот Афлотун бисту хашт сол дошт. Баъди марги устодаш (399) ў тарки ватан мекунад, ки ин мусофираташ дувоздах сол давом мекунад. Дар тўли мусофират ба мамолики Миср, Италияи Чануби ва Ситсилия сафар мекунад ва инчунин як муддат дар Мегара, ки сарварии олимон ва файласуфони чавони онро Евклид (хамноми Евклиди математик) ба ўхда дошт, сукунат варзида, ба омўзиши таълимоти фалсафаи мактаби мазкур мепардозад. Соли 387 пеш аз милод дар синни чилсолаги ба Афина баргашт. Дар ин асно, яъне баъди мусофирати дувоздахсола ў марди тачрибадоре шуда буд ва доир ба илмхои замон тасаввуроти амиќ дошт. Баъди бозгашт Афлотун аз махалли Академа замине хирадори намуда, дар он чо мактаб бино кард, ки баъдтар бо номи Академия маълуму машхур гардид. Дар муддати кўтох дар атрофи Афлотун чавонони зиёде чамъ омаданд, ки теъдоде аз онхо барои аз худ кардани илм ва теъдоди дигар ба маќсади маълумоти умуми гирифтан ва ба фаъолияти сиёси тайёр шудан ба ин мактаб рў меоварданд. Бояд гуфт, ки аксари кулли ин чавонон фарзандони ашрофони Афина буданд. Мактаби Афлотун бо мурури ваќт ба манбаи асосии инкишофи риёзиёт табдил ёфт, зеро ки ў дар инкишофи фалсафа донистани ин фанро зарур мешуморид. Бинобар ин, шарти асосии ворид шудан ба ин мактаб донистани математика хисоб мешуд. Бо хамин маќсад, Афлотун дар болои даромадгохи он навишта буд: «Касе, ки риёзиёт намедонад, ворид намешавад!».

    Афлотун то охири умраш дар Академия монда, бо хамрохии шогирдонаш зиндагии шоду хуррамона дошт. Ў дар 81 – солаги (с. 347 пеш аз милод) дар рўзи таваллуди худ ва тўи арўсии яке аз шогирдонаш, ки харду якчоя чашн гирифта мешуданд, вафот мекунад.

    Асархои Афлотун дар шакли пурраашон то имрўз боќи мондаанд. Дар байни онхо инчунин асархое низ хастанд, ки ба Афлотун тааллуќ доштани онхо шубхаовар аст. Асархои ў аз як монолог – «Апологияи Суќрот» ва 34 диалог (муколама) иборат мебошанд. Ќариб хамаи асархои Афлотун дар шакли бадеии муколама таълиф шудаанд.

    Вобаста ба мазмун ва замони таълиф шудани асархо онхоро ба тариќи зайл гурўхбанди мекунанд:

    Гурўхи аввал, «муколамахои суќроти» ном дошта, дар давраи шогирди Суќрот буданаш таълиф шудаанд ва инхоро дар бар мегиранд: «Лахес» (оид ба шучоат), «Хармид» (оид ба аќлманди), «Лисис» (оид ба мухаббату дўсти), «Критон», «Евтифрон», «Протагор» ва ѓайра.

    Гурўхи дуюм, муколамахое мебошанд, ки давраи гузариш аз таълимоти Суќрот ба таълимоти худи Афлотунро дар бар мегиранд. Инхо «Горгий», «Кратил» ва ѓайра мебошанд, ки дар онхо афкори мухимтарини ў доир ба маърифат инъикос ёфтаанд.

    Ба гурўхи сеюм он муколамахое дохил мешаванд, ки тачассуми таълимоти пухтарасидаи Афлотун мебошанд. Масалан, «Менексен», «Пир», «Федр», «Федон» ва «Давлат».

    Гурўхи чорумро бошад, муколамахои «Теэтет», «Софист», «Парменид», «Тимей», «Критий» ва «Филеб» ташкил мекунанд.

    Ба гурўхи панчум асархое дохил мешаванд, ки Афлотун дар охири умраш эчод кардааст. Ин гурўхро асосан «Ќонун» -хо ташкил медиханд.
    1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   41


    написать администратору сайта