Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Калом вожаи араби буда, маънои сухан-нутќро далолат менамояд. Он таълимоти фалсафи ва мафкуравии асрхои миёнаи халќхои Шарќи Наздику Миёна аст, ки мабдаи бунёдии фалсафаи ислом махсуб мешуд. Чонибдорони каломро мутакаллим меноманд. Мухаммади Шахристони дар асари худ «Ал-милал ван-нихал» ду маънои таърихияти пайдоиши каломро зикр кардааст: «намоёнтарин масъалае, ки мутакаллимон сухан дар бораи он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи Хаќ, яъне ќуръони Шариф, ки «оё ќадим аст ё ходис», «ё аз он чихат, ки онхо бо фалсафа муќобила карданд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиќ ном кардаанд ва азбаски мантиќу калом ду лафзи мутаќорибанд дар маъни, эшон ин илмро калом ном кардаанд» (Ал-милал ван-нихал, сах-46). Калом дар асри VIII ба вучуд омадааст. Дар ин аср дар заминаи дини мубини ислом фирќаю мазхабхои зиёди мухолифин пайдо шуданд: бахсу мунозираи онхо имони суннатро ба ислом заиф мегардонданд. Густаришу нашр ёфтани афкори фалсафии юнони эътиќоди мусулмононро ба заифи меовард. Дар чунин вазъияти муборизаи ѓояви бо таќозои муќовимати зидди бидъати мазхабхои мухталиф калом ба вучуд омад. «Пайдоиши илми каломи исломи дар баробари хамлахои пайравони динхои дигар ва билхоса масехиён, ки ба харби мантиќи юнони худро мусаллах карда буданд» (Саид Хусайн Наср. Илм ва тамаддун дар ислом-Техрон, 1972, сах.334). Мавзўи бахси калом хамчун илохиёти ислом зоту сифатхои Худо, офариниши инсон, нубувват ва чазову подоши охират мебошад. Ташаккули калом дар се мархила сурат гирифтааст. Дар ибтидо калом бо унвони мўътазилия маъруф буд, ки баъдхо он асоси каломи ташшаюъ ќарор гирифт. Дар мархилаи дуюм каломи ашъари ва мотуриди ба вучуд омад, ки харду хам каломи тасаннуни буда, ба онхо дар ибтидои асри X Абдулхасан Али Ибни Исмоили Ашъари ва Абумансур Мухаммад ибни Махмуди Мотуридии Самарќанди асос гузоштаанд. Маъруфтарин чонибдорони каломи сунни Абўбакри Боќилони Ифароини ва Абдулмалики Чувайни буданд. Вазифаи каломи сунни бо бурхону далелхои мавхуми аќли ва аќоиди дини маънидод кардани асосхои фалсафи иборат буд. Мутакаллимон «аќоиди ахли суннатро аз рахнаву дастандозии ахли бидъат хифз намуда» (Мухаммади Ѓазоли), мекўшиданд, ки «бидъатхо аз миён биравад ва анвои шакку шубхахо аз ин аќоид зоил (нобуд) гардад» (Ибни Халдун). Калом дар мархилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафаву хикмат махлут гашта, ѓайр аз мухокимаи масъалахои тахассусияшон ба тахќиќи муаммохои хастишиносию маърифатпазири рў овард ва минбаъд раќиби фалсафа гардид. Ин амалро Мухаммади Ѓазоли оѓоз кард ва баъдхо Мухаммади Шахристони, Фаридаддини Балхи, Фахриддини Рози, Иззаддини Ичи ва Тафтозони равияи ўро идома ва таќвият доданд. Принсипхои асосии калом мохиятан ба машшоия мухолифанд. Дар маркази хастишиносии калом масъалаи офариниши олам ќарор мегирифт. Мутакаллимон баръакси машшоия, ки оламро ќадим ва маоди чисмониро номумкин мешумурданд, офариниши олам ва маоди чисмониро эътироф мекарданд. Дар асоси ин таълимот мутакаллимон робитаи зарури ё сабабият ва ќонунмандии табииро инкор мекарданд. Онхо мегуфтанд, ки хаводиси олам тобеи сабабият ва ќонунияти табии нестанд. Ќудрат ва ихтиёри озоди Худованд раванди ходисахоро хамеша ва бевосита таѓйир дода метавонад. Пас, инсон низ дар амалиёти худ фаъол ва сохибихтиёр нест. Вай ичрокунандаи амри илохист. Аќли инсон барои маърифати мўътамад ва сахех очиз аст. Хамин тавр, агар машшоия ба маърифати олам эътимоди комил дошта бошанд ва ратсионализмро тарѓиб намоянд, мутакаллимон баръакси онхо дар баёни назарияи маърифат рафтор мекарданд. Машшоия маълумоти хиссиётро хамчун дарачаи аввали маърифат ба асос мегиранд, мутакаллимон баръакс, наќши хиссиётро паст мезананд ё нодида мегиранд. Машшоия ќадим будани оламро ба асоси ќадимияти модда исбот мекарданд. Вале мутакаллимон, ки ба офариниши олам мўътаќид буданд, таълимоти таносуби моддаю суратро написандида, назари номутачуззи (атомизм)-и пифагориро маъќул донистанд. Машшоия вучуди халоъро ѓайримумкин мешумурданд, аммо мутакаллимон ба вучуддошти он мункир набуданд. Ба ќавли машшоиён замон мавчуд аст, мутакаллимон бошанд, айнияти замонро эътироф намекарданд. Дар натичаи мунтазам ба фалсафаи машшоия фишор овардани калом он истиќлоли худро тадричан аз даст дода, оќибат дар худуди асрхои XV-XVI ќариб комилан аз миён рафт ва калом бошад, хамчун фалсафаи ноби ислом шинохта шуд. Калом холо хам дар кишвархои исломи нуфузу эътибори хос дорад ва дар шакли «илми каломи чадид» тарѓиб карда мешавад. Вазифаю наќши «илми каломи чадид»-ро метавон ба наќшу вазоифи неотомизми аврупои ќиёс кардан мумкин аст. Он хам мисли неотомизм чахонбинии диниро тарѓиб мекунад (Саид Ахмад Сафо ва диг.), комёбихои илмро ба манфиати таълимоти дини эзох дода, онхоро бо хамдигар ошти додани шуда,аниќтараш илми муосирро ба дин тобеъ гардондани мешавад. Мўътазила вожаи араби ва маънояш дуршуда ё чудошуда мебошад.Он яке аз аввалин чараёнхои бонуфузи калом аст, ки муассисонаш Абўхузайфаи Восил ибни Ато (699 – 748) ва Амр ибни Убайд (ваф.744) мебошанд. Онхо нахустин илохиётшиносони исломанд, ки ба таълимоти дини тамоюлоти хирадгароёна ворид сохта, усули умдаи динию фалсафиро ба вучуд овардаанд. Баъзе мухаќќиќони асрхои миёна, аз чумла Навбахти таълимоти мўътазиларо равияи бар зидди хилофати уммавиён равонашуда мехисобанд, зеро мўътазилиён баробари эътироф намудани халифахои рошиди халифати Алиро низ мепазируфтанд. Навбахти афродеро, ки аз Али чудо шуда ба муќобили ў начангидаанд, бунёдгузорони маънавии мўътазила медонад. Шиблии Нўъмони дар хусуси воридшавии бахси адл дар чомеаи исломи мегўяд: «Дар замони Хишом бини Абдулмалик, ки дастур дод Fелони Димишќиро куштанд, Чахм бини Сафвон ќиём намуд ва ўро ба чурми амр ба маъруф ба ќатл расонанд, лекин ин хун ба хадар нарафт. Масъалаи адл ва амр ба маъруф махкам реша давонд ва он ба ќадре ќувват гирифт, ки чамъияти анбўхе, ки билохира бо лаќаби мўътазила хонда шудаанд онро дохил дар усули аввалияи ислом карданд. Бояд донист, ки дар миёни усули панчгона фирќаи мўътазила, ду асл, ки иборат бошад аз адл ва амр ба маъруф, оѓозаш аз хамин чост» (Шиблии Нўъмони. Таърихи илми калом, тарчимаи Саид Мухаммадтаќии Фахри Доъи, сахифаи 15). Дар ахди уммавиён, ки ахли хоричшудагон, мураччахиён ва ќадариён зухур карданд ва дар охирхои хамин аём, Восил бини Ато (ваф.131 х.) мазхаби мўътазиларо таъсис дод. Мўътазила дар давраи хулафои бани Аббос, аз замони Маъмун то замони Мутаваккил химоят мешуданд ва дар хамон замон ахли хадис мухолифати худро бо мўътазила шурўъ карданд. Хорис бини Асади Мухосаби (ваф. 243 х.) ва Абдулло бини Саид бини Кўлоб аз пешќадамони мухолифат бо мўътазила буданд. Мўътазила нахуст дар Шому Ироќ ва Мадина тавассути шахсоне, ки зохиран аз афкори юнонию масехи ва зардушти огох буданд, зухур кард ва минбаъд дар гўшаю канори сарзаминхои арабу Ачам пахн шуд. Мўътазилиён бахсхои асосии байни фирќаву чараёнхои диниро рочеъ ба ќазову ќадар, озодии ирода хал кардани шуда, ахкоми асосии диниро ташаккул доданд, вале минбаъд зимни инкишофи таълимоти мўътазила байни пайравони он рочеъ ба як силсила масъалахои назари ихтилоф ба вучуд омад ва боиси ба шохахои гуногун чудо шудани он гардид. Адади чунин шохахоро Абдулќодири Баѓдоди аз 22 фирќа, Али Абўмухаммади Фахри аз 18 фирќа ва Мухаммади Шахристони аз 12 фирќа иборат донистаанд. Сохибназарони дини асрхои миёна мўътазиларо бо номи асхоби адл ва тавхид низ ёд кардаанд ва сабаби мўътазила унвон гирифтани ин чараёни диниву фалсафиро чунин тавзех додаанд: Восил ибни Ато, ки дар Мадина зода шудааст, барои тахсили илм ба Басра омада, ба махфили Хасани Басри рох меёбад. Дар яке аз бахсхои махфил рочеъ ба масъалаи чазои шахсе, ки гунохи кабира кардааст, бо устодаш ихтилоф варзида, бо шеваи эътироз аз махфил чудо шуд ва ба гўшае омада, бо онхое, ки дар наздаш хозир шуда ва андешахои худро хилофи аќидахои Хасани Басри буданд, баён намуд. Бинобар ин, пайравони Восил ибни Аторо (699–748) чудошудагон (ахли эътизол ё худ мўътазила) меномидаги шуданд. Усули панчгонаи мўътазила аз тавхид, адл ваъду ваъид манзалати байни манзалатайн ва амр ба маъруф ва нахй аз мункар иборат буданд. Назариётчии мўътазила Ибни Баён дар «Интисор» ном асараш нигоштааст, ки иддаи афрод бо мо рочеъ ба адли илохи хамраъянд, вале назари мушоббехро пазируфтаанд, дар тавхид бо мо хамаќидаанд, аммо ќазоро ќоиланд ва хамвора азалияти сифоти илохиро ќабул доранд. Чунин афрод аз ахли эътизол нестанд. Танхо онхо пайрави мо мебошанд, ки хар панч рукни асосии мўътазиларо мўътаќид бошанд. Масъалаи тавхид ё худ вохидияти Худо яке аз масъалахои марказии таълимоти мўътазиларо ташкил медихнд. Ахли суннат ва чамоат Худоро ягона дониста, сифатхои ўро низ ќадиму азали медонад. Ба аќидаи мўътазила бошад, танхо зоти илохи азали мебошад. Афроде, ки илохиро азали шуморида, ќадимию азалии зот ва ќадимию азалии сифатро низ мўътаќид хастанд, ба дугонагии Худо оварда мерасонад. Аз ин рў, мўътазилиён таъкид мекарданд, ки Худо зотан якест ва ќисматнопазир асту сифати азали надорад, яъне ў хаким аст, ба зоти хеш ќодир аст ва ба ќудрате, ки айни зоти ўст, на ба илму ќудрате, ки ќадиму азали бошад. Дигар сифати илохи фурўи хамин сифоти зоти ўянд. Аз хамин нуќтаи назар, мўътазила назарияи мушоббехи диниро рад карда, Худоро аз тамоми хислатхои чисмонии инсон хорич месозад. Чунин муносибати мўътазилиён барои гурез аз тамоми таълимоти таслис (Худо падар, Худо писар ва Рўхулќудс)-и масехият аст, ки он мохиятан ширки илохиро ифода мекунад. Дар гузориши масъалаи адли илохи бошад, мўътазилиён тамоюлоти хирадгаронаро пеша кардаанд, ки адл ба хасби интиќоли аќл ва риояи далели мантиќи сурат мепазиранд. Масалан, онхо мегуфтанд, ки ба холиќи одилу оќил нисбат додани аъмоли шарру беадолати аз рўи мантиќ нест, зеро хусну ќубх сифати аќлист ва Худо наметавонад, ки бандагонашро ба гунох водор созад ва ба итоати худ мачбур намояд, чунки чунин аъмол аз чониби ў зулм аст. Аз ин таълимоти мўътазила масъалаи озодии ирода сар мезанад, ки мувофиќи он мардум дар кору аъмоли худ озоданд, рафтори баду некашон на ба Худо, балки ба худашон вобастааст. Худо дар одамон он ќадар озодию ихтиёр иноят кардааст, ки хаќќу ботил, савобу иќоб будани амреро фарќ кунанд. Инкори ихтиёрро мўътазилиён комилан раво намедонанд. Бинобар ин, мўътазиларо баъзан фирќаи хуррия (озод) низ меноманд. Онхо дар бораи маънои адл мегуфтанд, ки Худованд одил аст ва модоме ки инсонро мутакаллиф месозад, адолати Ў иќтизо мекунад, ки инсон дорои ќудрат ва ирода бошад, то масъули афъоли худ ба шумор ояд. Ин аќида зидди аќоиди чабария буд, ки Худовандро холиќ ва фоили хама чиз хатто афъоли инсони медонистанд ва бинобар ин, инсонро мачбур ва беихтиёр мешумурданд. Мўътазила вучуди шурурро низ аз файзи хикмати илохи медонистанд. Баъзе аз намояндагони мўътазила, монанди Абўхузайли Аълоф мегуфтанд, ки Худованд ќодир бар зулм ва чавр аст, аммо онро анчом намедихад; чун Ў хакиму рахим аст ва чун чунин афъоле, ќабех аст. Вале касоне баъд аз ў ба миён омаданд, монанди Иброхими Наззом мункири ќудрати Худо баршурур шуданд, зеро шурурро муќтазии нуќс ва муноќизи камоли зоти илохи медонистанд. Иддае, ки бо ин раъй мухолиф буданд ва мегуфтанд ќудрат ва иродаи мутлаќи Худованд бар хамаи афъол ва хаводис ихота дорад, аз мўътазила рўйгардон шуданд ва онхоро мачус хонданд. Сабаби ин ном он буд ки мўътазила иродаи инсонро дар афъолаш мустаъќил аз иродаи Худованд медонистанд ва ин лозими эътиќод ба ду фоил буд: яке фоили хайр, ки Худованд бошад ва дуюми фоили шарр, ки инсон бошад. Дар хадисхо низ омада буд, ки ќадария (ќоил ба ќудрати инсон дар афъолу хулќи онхо) мачусанд (Дайбур. Таърихи фалсафа дар ислом, сах. 50-54). Дигар масъалае, ки мавриди таваччўхи таълимоти мўътазила будааст, масъалаи ваъду ваъид мебошад, ки сирф чанбаи ахлоќи дорад. Дар масъалаи ваъду ваъид доир ба сазову чазо ба аъмоли неку зишт сухан меравад. Мувофиќи аќидаи мўътазила, асос ва сарчашмаи таълимоти ахлоќи Ќуръони карим аст, вале дурустии рафтори инсон бояд ба мизони мантиќ санчида шавад. Агар рафтори инсон оќилона набошад, он баќо надорад. Худо муртакиби (он, ки аз вай коре сар задаст) гунохи кабираро бетавба авф намекунад ва ў пайваста дар ваъду ваъиди худ содиќу собит аст. Аммо ахли мўътазилиён мегўянд: «Ваъидхо ќатъан анчом хоханд шуд. Гунахкор мучозот хохад шуд. Хеч кас муъоф нахохад буд, ин амре аст, ки бо ахбор расида аз Худованд мутобиќат дорад. Зеро ваќте маншаи ахбор Худованд аст ва бавижа ин ахбор умумият доранд, монанд «ва хамонро бадкорон ва гунахпешагон дар дўзаханд» (сураи мубораки Инфитор, ояи 14) « Пас хар ки хамзаррае неки кунад, онро бубинад ва хар ки заррае бади кунад, онро бубинад (Сураи мубораки Зилзол \Оёти 7 ва 8), мухол аст ин гуна ахборро бар касоне, ки масодиќи онхо хастанд, ќобили аъмол надонем (Ашъари, Хамон сах. 279). Таълимоти мўътазила дар масъалаи манзал байнал манзалатайн ба ошкор сохтани кирдори бади инсон равона шудааст. Мувофиќи аќидаи онхо, мусулмони фосиќ ё худ шахсе, ки гунох содир кардааст, на мўъмину на кофир, балки дар миёни ин ду рохгум мебошад. Таълимоти мўътазила амри маъруф ва найхи мункарро ба хар як мўъмин вочиб медонад. Агар Худованд ба кори одамон амр накарда бошад ва аз онхо найх нанамуда бошад, пас ў инро нахостаст. Вале чун Худо вайхе, ки ба анбиё мефиристад, он вахй аз нури файзи илохист. Аз ин рў, бандагон бояд мутобиќи фикру аќидаи хеш рафтор кунанд ва агар коре ба чамъият дахл дошта бошад, онро бояд имом ё зимомдори давр анчом дихад. Нуќтаи дигари таълимоти мўътазила, ки ба афкори мавчудаи дини мухолиф буд, махлуќ будани Ќуръон аст. Фирќахои сунни даъво доштанд, ки чун каломи Аллох аз нури илохи бархурдор аст, азали дониста мешавад. Мўътазилиён абадияту азалияти Ќуръонро иштибохи махз шуморида, фаќат Худоро ќадиму абадию азали мепиндоштанд ва вахйро чун паёми Аллох ва Ќуръонро чун натичаи он ходисахо мехисобиданд. Ибни Ато «каломи Аллохро ходис ва махлуќ» гуфта буд. Аз ин муносибати мўътазилиён пай бурдан душвор нест, ки онхо дар садади ошти додани аќлу дин ва ба илохиёти исломи пўшонидани пирохани фалсафи будааст. Бамиёноии мўътазила як падидаи сирф дини набуда, он инъикоси ихтилофхои ахкомпарастона ва хирадгароёнаи исломи ибтидои буд, ки зимни халли бисёр мушкилоти бахсталаб ба далелу бурхонхои мантиќи мурочиат менамуд. Таълимоти мўътазила дар асрхои миёна боз хам густариш ёфт. Дар Баѓдоду Басра ду мактаби калони мўътазила таъсис ёфт. Дар Басра Восил ибни Ато, Амр ибни Убайд, Иброхими Наззом, Чохиз ва дар Баѓдод Башир ибни Мўътамар, Абўмусои Мурдор, Самома ибни Ашрас, Ахмад ибни Абудовуд ба чои фикру аќидахои гуногуну номураттаби фикрию чараёнхои дини низоми ягонаи ахкоми динию фалсафиро ба вучуд овардаанд. Баъдхо нуктахои гуногуни таълимоти онхоро Искофи, Чуббои, Ибод ибни Сулаймон, Абдулќосим Ахмади Балхи, Ахмади Хамадонии Астарободи, Абўмухаммад Аббоси Ромхурмузи, Мухаммади Нишопури, Махмуд ибни Умари Хоразми ва дигарон дар гўшаю канори мамолики Араб ва Хуросону Мовароуннахр ривоч додаанд. Бинобар ин, дар адабиёти динию фалсафи мўътазилиёнро аввалин мантиќиёни исломи ё мутакаллимон меномиданд. Онхо дар саросари кишвархои исломи мактабхои худро бунёд намуданд ва дар замони хилофати ал-Маъун мўътазила дини расмии давлати эълон карда шуд. Ба маќсади зуд роич гардидани мўътазила халифа-ал-Маъмун «Мадина» ном созмонеро таъсис намуд, ки хамрадиф бо девони муќаддасоти аќоид буд ва тавассути он касоне, ки аз он таълимот саркаши мекарданд, таъќиб мешуданд. Таќрибан дар хамин давра, фирќахои гуногуни мўътазила-восилия, хузайлия, наззомия, муаммария, искофия, чаъфария, баширия, мурдория, хошимия, чохизия, хобития, химория, хайётия, шахомия, каъбия, чуббория ва ѓайра ба вучуд омадаанд. Дар ин мавзўи бахс алаккай аз доираи сифати Худо берун баромада, масоили фалсафию чахоншиноси мавриди тадќиќу тахќиќи мўътазилиён ќарор гирифта буд. Бо вучуди ин, ахли эътизол дар тамоми хилофат пирўз шуда натавонист ва дар ахди халифа ал-Мутаваккил он боз чараёни илходомез эълон карда шуд. Дар замони истилои муѓул бошад, мўътазилия рў ба завол овард. Новобаста ба хамаи ин, мўътазила хамчун таълимоти динию фалсафи барои инкишофи минбаъдаи афкори фалсафи ва озодандеши наќши босазо гузошт. Ашъария аз дуюмин равияхои бонуфузи калом ба шумор меравад ва он равияи динию фалсафиест, ки асосгузораш Абдулхасан Али ибни Исмоили Ашъари (873–941) будааст. Дар Басра ба дунё омада, аз шогирдони фаќехони машхур – Абўисхоќи Марвази ва Абўалии Чуббоист. Дар ибтидо мўътазили будааст, вале таќрибан дар чихилсолаги дарк кардааст, ки асосхои ислом аз таълимоти мўътазила фарсаххо дур аст. Бинобар ин, аз ахли эътизол чудо шуда, ба интишори таълимоти худ пардохт, ки баъдан бо номи ашъария машхуру маъруф гардид. Ашъари дар низоми илохиёти исломи рошиди усули далоили мўътазиларо ба кор бурда, зимни он рўхи интиќоди ва бахсу мучодалахои диниро ба эътибор гирифтааст ва таълимоти динию фалсафиеро таъсис додааст, ки он асоси назариявии мазхаби сунни гардидааст. Ашъари дар ин таълимот кўшидааст, ки аќидаи чабарияи сунниро бо озодии иродаи мўътазила мусолихатомезона хал намояд. Аввал ў дар ради аќоиди мўътазила як силсила асархо таълиф намуда, баъд дар «Маќолот-ул-исломийн ва ихтилоф –ул-мусаллмийин», «Китоб-ул-ибона» ва дигар асархояш шаклу усули фўрўъи назарияи сунниро муфассал оварда, химояи нуќтахои асосии онро аз хамлахои хирадгароёнаи ахли эътизол таъмин намудааст. Ў муносибати сирф оќилонаи мўътазилиён ва хам рафтори шаклпарастонаю зохирии асхоби хадис ва ахли ахборро инкор кардааст. Масалан, вай назарияи чахмияро-асосгузораш Чахм бини Сафвони Тирмизи (ваф. 746, Чахм –дўзах, номи яке аз хафт дўзах) оид ба рафтору фаъолияти инсон, ки пурра онро ба амри Худо вобаста менамуд, инкор карда, назарияи худро пешниход намудаааст. Муфофиќи назарияи Ашъари, инсон дорои ихтиёр ва ќудрати офаридани кирдору касбро интихоб намудан аст, ки он робитаи имконияти фаъолияти инсон ва амали анчомдодаи ўро барќарор месозад, вале ин робита натичаи таъсири имконият ба воќеият набуда, балки ба зоти Худо вобаста мебошад ва аз ќудрати ў бармеояд. Ашъари дар ин бора навиштааст: «Одами чун дар мабодии хилќати хеш тафаккур кунад, ки аз чи синф обе афсурда ва ба мухќари рутубате афшурда, ба чи сон пояи манзалати ў тараќќи ёфт ва ќадари рутба мутасоид гашт, дар атвор ба асноф сайр намуд… яќин бидонад, ки ба зоти хеш мутассадии инчунин тадбири дилпазири ин гуна хикмати азиз натавонад шуд, лочарам лозим гардад, ки инчунин пайкари нурофарин ва инчунин сурати латоифи заминро сонеъ бояд ќодир, доно, мурид, ки ба иродату ихтиёр мутаваччехи як навъ хилќати комил ин гунна сунъи мутассил гардад». Хамин фикри худро таќвият дода, Ашъари дар хусуси илми илохи навиштааст: «Илми ў якест ва мутааллиќ ба чомеи маълумоти мухолу чоиз, вочибу мавчуд ва маъдум аст. Ва ќудрати ў якест ва мутааллиќ ба чамеи он чиз, ки вучуди он дар чоизот ба даст ояд». Аз гузоришоти Ашъари бармеояд, ки ќудрату кирдори худро аз Худо касб мекардааст. Иктисоб инсонро водор месозад, ки худро сохибихтиёр ва дар эчоди аъмолаш мухтор тасаввур намояд. Аммо ин тарзи халли масъала мохиятан инкори ихтиёрро ифода мекард ва аз назари мухокимаронихои мантиќи хеле чолиб намояд хам, аз чихати фалсафи тасдиќи фикри чабариён рочеъ ба иродаи илохи буд ва ихтилофи мавчударо рафъ намекард. Чунин андешаи Ашъари, бо каме таѓйирот хамоханг бо таълимоти ќазову ќадари ханбалиён буд. Минбаъд ин таълимоти Ашъари борхо аз тарафи файласуфон ва дигар намояндагони фирќаву равияхои хирадгароёна мавриди интиќоди шадид ќарор гирифт. Барои мисол, муносибати мўътазилиён ба ин нуќтаи таълимоти Ашъари ва ё аќидаи Хоча Насирро овардан кофист. Онхо кушоду равшан ба аќл рост наомадани аќидаи Абдулхасани Ашъариро баён карда, истинод (ба чизе такя кардан, далел, санад) ба Ќуръону хадис ва далели мантиќии ўро шеваи тозаи дифои масъалаи ќазову ќадар донистаанд. Масалан, агар мўътазилия афъоли хайрро аз Худову афъоли шарро аз нсон донад, Ашъари хама корхои баду некро офаридаи Худованд эълон мекунад; агар ахли эътизол имонро ибодат аз эътиќод ба ќалб, гуфтор ба забон ва амал ба аркон донад, Ашъари имонро ќабл аз хама, тасдиќ ба ќалб медонад ва аз хамин нуќта хамчун фурўъхои он иќрор ба забон ва амал ба арконро мепазиранд. Мўътазилиён фарќи мантиќии хусну ќубхи ашёро бидуни муованати (ба хамдигар ёри кардан) шаръи мўътаќиданд, вале Ашъари Худоро олим ба илм ва ќодир ба ќудрат дониста, аз муносибати оќилонаи маърифати ашё рўй метобанд ва аќлро боиси адами (нести) дин мепиндоранд. Ашъари бархилофи мўътазила, ки имоматро ба нас (сухани возех аз ояти Ќуръон, ки сарех аст) ва таъйин медонад, силсилаи имоматро ба тартиби фазилати эшон ва ичмоъ (чамъ) хавола мекунад. Ашъари мушаббех (антроморфизм)-и илохиётшиносони собиќ ва таътил (инкори сифати Худо)-и мўътазиларо низ инкор карда, онро ширку илход медонанд, вале дар айни хол, худаш ба Худо сифатхои инсониро нисбат медихад. Ба фикри ў, хар мусулмон бояд Худоро он тавре, ки дар Ќуръони карим тавсиф шудааст, бишносанд ва ба вай имон оварад. Ў Ќуронро на харф, на савт, балки зоти ќадим медонад. Мувофиќи аќидаи ў, Ќурон каломи Аллох аст ва чун Аллох азалист. Ў сифатхои чавхарии зоти илохи ва мохияти онро хамчун мафхумхои кулли эътироф намуд. Ашъари мегуяд: Аз миёни ахли ќибла наметавон касеро ба сабаби гунохе, ки муртакиб шудааст, хатто аз гунохи кабира, аз ќабили зинои ѓайримухасана ва зинои мухосана бошад, тахфиф кард. Хамчунин муракабии ин гунна муставчиби оташ намешавад ва на мутеъ ба бихишт меравад. Бо Худост, ки онхоро хар чо дўст дорад, бифиристад. Агар Худо бихохад, метавонад онхоро танбех кунад ё бубахшад. Хамон гунна аз ахборе, ки наби аз Худованд овардааст бармеояд, Худованд гунохе аз муваххидонро аз оташи дўзах начот хохад дод. Мо хаќ надорем бигуем, ки подоши мўмин ва чазои кофир бар Худованд вочиб аст, балки хамаи инхо дар дасти Худост. Агар ў ирода кунад, бар онхо рахмат меоварад ва онхоро ба бихишт ворид месозад ё онхоро ба оташи дўзах махкум мекунад (Ашъари, Маќолот ал-исломин, сах. 279). Таълимоти Ашъари минбаъд дар осори пайравонаш Абўбакри Боќилони (ваф. 1013), Ибни Фуроќ (ваф.1015), Абўисхоќи Асфарони (ваф.1027), Абдулмалики Чувайни (ваф.1085), Мухаммади Fазоли (ваф.1111), Абдулќодири Баѓдоди (ваф. 1037), Фахруддини Рози (ваф. 1209), Мухаммади Шахристони (ваф.1143) инкишоф ёфтаст. Мазхаби шофеъия ашъараияро асоси таълимоти худ ќарор дода, дар ќарни 10-и Эрон мавќеи мухим пайдо кард. Бисёр нуќтахои таълимоти ашъария дар эчодиёти Фахруддини Рози, Мотридии Самарќанди, Мухаммади Шахристони ва дигарон такомул ёфта, ба худ тобишхои нав ба нави фалсафи гирифтаанд. Мухамад Fазоли (1058-1111) аз чумлаи бузургтарин мутафаккирони точику форс аст, ки дар рушду ривочи тамаддуни тамоми халќхои Шарќи мусулмони наќши нихоят бузург бозидааст. Таъсири осори ў, аз чумла «Маќосид-ул-фалосифа», «Тахофут-ул-фалосифа», «Кимиёи саодат», «Эхё ул-улумуд-дин», «Ал-мунќизмин -аз зулол» ва «Насихат ул-мулук» дар такомули афкори фалсафи, каломи, дини, ахлоќи сиёси ва тасаввуфии халќхои гуногун ва мутафаккирони равияхои мухталифи фикри дар тўли таърих равшан мушохида мешавад. Мухаммади ѓазоли дар такомули афкори худ ду мархиларо тай кардааст. Мархилаи аввал, солхои 80 ќарни XI ва нимаи аввали солхои навади ќарни XI -ро дар бар мегирад. Дар ин давра, ў аз пайравони собитќадами калом будааст. Мархилаи дуюм, нимаи дуюми солхои навадуми ќарни XI ва ибтидои садаи XII - ро фаро мегирад. Fазоли каломро беш аз пеш бо фалсафа омехта, онро аз доираи бахсхои соф каломи берун бурд ва ба усули равиши фалсафи даровард. хадафи ў дар ин маврид иборат аз ин буд, ки каломро ба як низоми афкори аќлони, мантиќи ва истидлоли табдил дихад, то ки вай ба фалсафа ва бидъатхои гуногун муќовимат карда тавонад. Ин тамоюлоти афкори ў ханўз дар «Маќосид ул-фалосифа» ном асараш зохир шуда буд. «Аз ман менависад, - ў,- хасти, ки сухане дар боби намудор сохтани иштибохот ва хатохои фалсафа баён кунам. Чун иттилоъ ёфтам бар мазохи фосила пеш аз ихота бар мадраки он номумкину мухол менамуд ва ба тирандози дар торики монанд буд, бехтар он дидам нахусторо ва мўътаќидоти фалосифаро бишноси, то бар таноќуси аќоиди эшон беќтар воќиф гарди. Аз ин рў, бар он шудам, ки сухане бар сабили эчоз дар баёни аќоиди фалсафа эрод кунам, ва танхо маќсуди ман тафхими назариёти онхост... Ба хамин чихат, бе он ки ташхис дода шавад, ки кадоме аз суханони эшон бардхаќу савоб ва кадоме мухолиф ба хаќ ва носавоб аст, мўътаќидот ва адилаи эшон дар ќалам омада ва хашву завоид хифз гардидааст» (Маќосид-ул фалосифа, – Техрон, 1331, сах.5). Баъди омeхтани фалсафаи машшоъe дар асархои машхураш «Тахофут-ул-фалосифа», «Эхё-ул-ул ум-уд-дин», «Кимиёи саодат» ва «Ал-мунќиз» арза медорад, ки вай бештар он усули фалсафаи дахриён, асхоби хаюло ва машшоиёнро мавриди наќд ќарор додааст, ки ба дини ислом ва назариёти калом созгор набудааст. Масалан, хангоми халли масъалаи оё оламро Худо офаридааст ва ё он аз ќадим мавчуд буд?, Fазоли аќидаи динии каломро дар бораи хилќати (офариниши) олам ва фанопазирии он бешаку шубха ќабул намуда, назарияи машшоии азалият ва абадияти оламро инкор кардааст. Яке аз далелхои файласуф барои исботи офариниши олам ин аст, ки: «Дар олам хаводисе, ки рух медиханд, илали худро доранд. Мухол аст гуфта шавад, ки баъзе аз хаводис иллати баъзеи дигар бошанд ва ин билнихоя идома ёбад. Иисони оќил инро бовар надорад. Агар чунии амр имкон дошта бошад, дар он сурат шумо холиќро метавонед инкор бикунед ва метавонед аз Вочибулвучуд, ки мумкинулвучуд маълуми ўст, харф назанед. Вале агар силсилаи хаводис хад дошта бошад, пас ин хад бояд мавчуди азали бошад. Дар ин сурат файласуфон аз тарафи мавчуди азали офарида шудани он чизеро, ки ибтидои замони дорад, бояд эътироф кунанд» (Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока, стр.437). Fазоли дар ин фикри худ яке аз заъфхои фалсафаи машшоъро, ки тамоми вучудро ба Вочибулвучуд ва мумкинулвучуд чудо мекунад, ба таври сахех муайян карда, ба асли илмият хамчун бурхони офариниши олам истинод мекунад. Боиси таваччўх, аст, ки Fазоли усули илмиятро барои офариниши олам далел оварда, баъдан, чунон ки дида мешавад худ онро инкор мекунад. Фахриддини Рози (1149-1209) намояндаи машхури мактаби фалсафии калом аст, ки дар рушду равнаќи ин мактаб хизматхои шоён кардааст. Мутафаккир аќидахои фалсафию илмияшро дар асари худ «Мабоихис-ул-машриќия», «Мухассалу афкор ил-мутаќаддимин вал мутаахирин мин ал-уламо вал хукамо вал мутакаллиммин», «Рисолат-ул-камолия фил хаќоиќ ил-илохия», «Матолиб-ул-олия», «Асос-ут-таќдис», «Асрор-ут-танзил», «Китоб-ул-арбаин фиусул-ид-дин», «Барохин дар илми калом», «Мафотих–ул-ѓайб», «Чомеъ-ул-улум» ва ѓайра баён намудааст. Фахриддини Рози давомдихандаи равияи фалсафии Мухаммади Ѓазоли аст назариёти худро дар хилофи файласуфони машшои равона сохтааст. Ў таълимоти машшоиёнро оид ба «вочиб-ул-вучуд» ва «имкон-ул-вучуд» ќабул кардааст, вале бар хилофи онхо, ки вочиб-ул-вучудро иллати муассири эчоби мешуморанд, ў онро фоили билихтиёр медонад. Ба хамин тариќ вай робитаи сабабии байни вочиб-ул-вучуд ва имкон-ул-вучудро рад намуда, исбот мекард, ки олам ба амри зарурат пайдо нашудааст, балки онро Худо мувофиќи иродаю ихтирои худ офаридааст. Бинобар ин харакат, замон ва мамон низ на абади, балки офаридашудаанд. Мутафаккир назарияи азалияту абадияти оламро, ки файласуфони машшоъ пешниход карда буданд танќид карда, ба ѓазоли хам фикр мешавад. Худо ба аќидаи ў на ба амри зарурат, балки аз рўи ќудрат ва ихтиёраш таъсир мерасонад. Вай асаркунандааст хам дар мохияти ашё ва хам дар вучуди ашё. Худо офаридгарест, ки оламро аз хеч падид овардааст ва ўст, ки хасткунандаву парвардигори хама аст. Фахриддини Рози хамагуна таѓйироти чисмхоро харакат меномад. Харакат аз сукун фарќ дорад, зеро сукун дар як холат ќарор гирифтан аст ва ин сифати мавучудист. Пас харакат ва сукун сифатхои мавчудиятанд. Мутафаккир дар хамин асос хосияти чудонашавандаи чисмхо будани сукун ва харакатро эътироф мекунад. харакат кардан аз назари ў «машрут» бувад ба хайизе ва маконе, зеро харакат кардани чисм аз чое ба чои дигар бувад (Н.Арабзода. Фахриддини Рози.-Душанбе,1999,сах.25). Тахлили замон низ дар фалсафаи Фахриддини Рози ягона нест. Дар аввал мисли файласуфони машшоъ замонро ба харакат вобаста мефахмид, вале минбаъд аќидаашро дигар намуда, дар асараш «Мафох-ул-ѓайб» ќайд намудааст, ки «замон иборат аст аз муддате, ки ба сабаби он ќаблияю баъдия хосил гардад. (М. Арабзода. Хамон чо, сах.28). Таносуби нафсу тан дар фалсафаи Фахриддини Рози мавќеи асоаро ишѓол мекунад. Ў нафсро хамчун камоли чисм, мабдаи мухаррики мавчудоти зинда ва омили раванди он рўхи дониста, онро ба навъхои наботи, хайвони ва инсони чудо мекунад Нафси наботи дар ќобилиятхои ѓизоия, молия ва муваллида зохир мегардад. .Нафси хайвони бошад, ќобилияти харакат ва идрокро дорад. Нафси инсони ќобилияти назари ва амалиро дорад. Вазифаи ќобилияти назари идроки куллиёту чузъиёт буда, ќобилияти амали танро ичро мекунад. Фахриддини Рози дар мавриди маърифат ва мохияти дониш низ назари чолиб дорад. Тибќи таъминоти ў илм аз манбаи файз сарчашма мегирад. Аз ин чихат, дар хусуси мохияти дониш бо машшоиён мухолиф буд. Агар дар фалсафаи машшоъ дониш хамчун инъикос шудани сурати ашё дар хис, нафс ва аќли инсон бошад, пас Фахриддини Рози бо далелхои зерин маънавиётро аз моддиёт ва ашёро аз сурати он, ки амри зехни ва аќлист дарк мекунонад: 1. Баъзе аз файласуфон гумон доранд, ки дониш муртасим (инъикос) шудани сурати ашё дар маѓзи сари инсон аст. Онхо фаромўш кардаанд, ки мо фалак ва заминро ба ќувваи фахм дарк мекунем. Агар идроки ин ашё инъикос шудани сурати онхо дар маѓи сар бошад, пас маълум мешавад, ки он ашёи бузург дар ин махалли худ мутамаккин гаштааст. Вале ин мухол аст, зеро он ашё дар ин макони кўчак муртасим (инъикос) шуда наметавонад. 2. Агар муртасим (инъикос) шудани сурати ашё дар олоти дониш бошад, пас барои дарк кардани хатти рост мо бояд худамон рост ва барои дарк кардани курра куррашакл бошем. Вале агар хохем, хардуяшонро дар як замон дарк кунем, мо бояд дар як ваќт хам рост ва хам куррашакл бошем, ки ин мухол аст. Агар мо эътироф кунем, ки донистани мохияти харакату сукун, хатти рост ва доира кори нафс аст, дар он сурат худи нафс бояд дар як ваќт хам мутахаррику сокин ва хам росту доира бошад, ки ин мумтанеъ аст. Фахриддини Рози дар таърихи фалсафаи точик намояндаи фалсафаи дини буд. Ў фалсафаро бо калом пайваста, каломи наќлиро ба каломи аќли-фасафи табдил дод. |