Главная страница
Навигация по странице:

  • Фалсафаи то ҷ ик дар а ҳ ди бостон Ҳ икмати хусравони

  • Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеФалсаф а таърихи фалсафа
    АнкорТаърихи фалсафа
    Дата19.12.2022
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлакисми 1. таърихи фалсафа..docx
    ТипДокументы
    #851867
    страница3 из 41
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   41

    Боби 2. Фалсафаи точику форс аз ахди ќадим то имрўз


    Тавсифи умумии таърихи фалсафаи точик. Фалсафаи точику форс ва ќавмхои хамасли онхо дорои таърихи беш аз ду хазорсола мебошанд. Нахустин мактабхои фалсафии онон - хикмати хусравони, фалсафаи муѓон, зурвония ва машшоияи даврони сосонианд, ки дар ахди бостон ва ибтидои асрхои миёна роич буданд. Аќоиди зардуштия, монавия ва маздакия, ки дар он даврон ривочи тоза доштанд, саршор аз маънихои фалсафи буданд.

    Фалсафаи точику форс ва ќавмхои хамасли онхо махсусан дар ќарнхои 1Х-Х -и мeлоди, яъне дар айёми тахкими чомеаи феодали ва рушди он такомули бештар касб намуд, зеро феодализм нисбат ба ѓуломдори низоми рушдёфтатар буда, чихати густариши нерўхои тавлидоти ва хаёти моддию маънави шароити мусоидтар фарохам меоварад. Дар натичаи пешрафти чомеа ва тахаввули он бинобар талаботу ниёзхои навини мафкуравии хаёт дар фалсафаи асрхои Х-ХV-и мелоди таѓйироти кулли ба миён омад: (1) баъзе мактабхои пешини фалсафи ва фалсафи-дини - фалсафаи муѓон, зардуштия, монавия ва маздакия аз байн рафтанд; (2) ќисме аз мактабхои фалсафи таѓйири мавзўъ ва масоил карда, шакл ва мазмуни тоза пазируфтанд, ба таври мисол зурвонияи материалисти ба сурат ва сирати дахрия ва фалсафаи асхоби хаюло даромаданд, мактаби машшоияи сосони бо сабабхои ичтимои, сиёси ва мафкуравии давраи чадиди таърихи дар таснифоти Абўнасри Фороби ва Ибни Сино чилва ва бозтоби тоза касб намуд; (3) як силсила мактабхои навини фалсафи - дини арзи вучуд намуд, ки калом, тасаввуф, исмоилия ва хикмати ишроќ, аз чумлаи машхуртарини онхо аст. Омўзиши таърихи фалсафаи точик нишон медихад, ки тайи асрхои Х-ХV-и мелоди дахрия, фалсафаи асхоби хаюло, машшоия, калом, тасаввуф, исмоилия, Ихвон-ус-сафо, хикмати ишроќ, хикмати мутаолия мухимтарин мактабхои бонуфузи фалсафи ва фалсафи-мазхаби будаанд.

    Фалсафаи точику форс ва ќавмхои хамтабори онхо баъд аз асрхои – Х–ХV низ вусъате доштааст. Ибтикороти ба хам омехтани усули низомхои фалсафии гуногун ва тадвини як фалсафаи пайвастаю дархамрафта беш аз пеш ривоч гирифтааст. Тамоили мазкурро дар фалсафаи Мирдомод, Ходии Сабзавори ва махсусан дар осори Садриддини Шерози (Мулло Садро) ба возехи метавон мушохида намуд. Садриддини Шерози бунёдгузори низоми фалсафии хоссаест, ки дар он хикмати бахсия ва хикмати кашфия ба таври фавќулодда омезиш ёфтааст. Нимаи дуюми асри ХIХ дар афкори ичтимоии Осиёи Маркази, Эрон ва Афѓонистон мактаби фалсафии маорифпарвари ё равшангари ба вучуд омад, ки ин низ далели он аст, ки фалсафаи точику форс ва аќвоми хамтабори онхо баъд аз асри XV низ инкишоф ва такомул доштааст.

    Бояд таъкид кард, ки такомули пурвусъати фалсафаи точику форс ба таъсири равобити мутаќобилаи он бо афкори фалсафии халќхои мутамаддини чахон сурат гирифтааст. Дар ахди бостон ва ибтидои асрхои миёна фалсафаи точику форс бо афкори фалсафии хиндустон, Хитой ва Юнон дар робитаи ќави ќарор дошт ва таърих гўвохи бисёр далелхои таъсири мутаќобилаи онхост. Баъд аз истилои арабхо ва истиќрори ислом миёни тамаддуни маънавии точик ва форс, аз як чониб, тамаддуни арабхо, аз чониби дигар, равобити бисёр фишурда барќарор гардид, ки он мазмун ва тарзи тафаккури фалсафиро барои чандин асри баъди таъин намуд. Аз нимаи дуюми асри XIX ва баъд такомули афкори фалсафии точик тахти таъсири фарханги мутараќќии демократи ва инќилобии рус сурат гирифт. Яке аз заминахои дар нимаи дуюми асри XIX пайдо шудани мактаби маорифпарварии точик махз таъсири самарабахши фарханги мутараќќи ва демократии рус ба афкори фалсафи ва ичтимоии точик буд.

    Омўзиши муфассали фалсафаи точику форс шархи хамачонибаи макотибу назариёти гуногуни фалсафи ва фалсафи-мазхаби, тахќиќи ќонунхои такомулу ташхиси хусусиятхои инкишофи онро хатми менамояд. Вале дар ин мавзўъ кўшиш ба харч додем, ки рочеъ ба мухимтарин мактабхои фалсафии точик аз ахди ќадим то давраи камолоти онхо ва мўхтавою хусусиятхои хоси онхо маълумот дихем.


    Фалсафаи тоҷик дар аҳди бостон

    Ҳикмати хусравони – чахоншиносии ќавмхои ориёиро гўянд, ки аз оини Маздоясно то замони зухури зардуштиро дар бар мегирад. Дар адабиётхои таърихиву фалсафи хикмати хусравони бо унвонхои хикмати каёниён, хикмати пешдодиён, хикмати ориёниён ва хикмати шохзодагон низ ба чашм мерасад. Ин чахонбини,пеш аз хама, арчгузори ба дониш ва маърифатро тараннум ва тарѓиб менамояд. Калимаи маздо аз ду ќисмат- маз ва до иборат буда, маз маънои бузург ва до маънои донишро дорад. Яъне бузургманиши ва бузургдошти донишу маърифат. Донишу маърифат сухани воло ва андешаи созандаро ба вучуд меоранд. Хамин аст, ки дар хикмати хусравони ќадри сухан бо зар ва гохо аз он хам баландтар будааст. Сухан аввалмояи чахони моддиву маънавист, ки кулли чузъиёти олами воќеиро маънии инсони медихад. Ин андешахои воло боиси пайдо гаштани таълимотхои оламшумули зардуштияву монавия ва маздакия гардиданд.

    3ардуштия – аќоиди дини-фалсафист, ки асосгузораш Зардушт мебошад. Осораш «Авесто» аст, ки иборат аз панч китоб: «Ясно» – рочеъ ба масоили шаръия ва даврахо буда, «Готхо» (сурудхо)-ро низ фаро мегирад, «Виспарад» - мачмўаи намозхо ва матнхои маросими, «Яштхо» - ситоишу ниёиши Ахурамаздо, «Вандидод» – ќонуни зидди девхо, ки дар хусуси масъалахои бехдошт ва ахкоми хуќуќи бахс менамояд ва «Хурд–Авесто» дар бораи дуохову намозхост.

    Зардуштия яке аз нахустин мактабхои фалсафаи бостонии мардуми точику форс хисоб мешавад. Хусусияти умдаи ин чахонбини аз ин иборат аст, ки он на танхо масоили хикмати амали, балки масъалахои хикмати назари-хастишиносию маърифатшиносиро хам фаро мегирад ва тархи масъаларо аз диди ахлоќ арзёби мекунад, нуру зулматро ду чавхари баробари хасти медонад. Бинобар ин, дутопарастиро метавон аз хусусиятхои асосии чахонбинии ин мактаби дини-фалсафи донист. Вале бо гузашти замон, чахонбинии дутопарастии зардуштия ба чахонбинии яктопарасти табдил шудааст.

    Масъалаи хастишиносию аслияти он аз масъалахои марказии фалсафаи зардуштия мебошад. Тибќи ин таълимот, оламро ду мабдаи хасти аст. Чунончи, дар китоби «Ясно» омадааст: Дар ибтидо ду чавхар вучуд дошт, ки дар пиндор, гуфтор ва рафтори хайр ва шарр зидди якдигар буданд. Чун ин ду чавхар тамос гирифтанд, аз чавхари аввал бинои пуршукўхи хасти падид омад ва аз чавхари дуюм маскани зулмати нести оѓоз ёфт. Ва хар яке аз ин чавохир одамонро ба дин ва парастиши Худо даъват мекард.

    Мазмуни овардашуда далолат бар он мекунад, ки зардуштияи ибтидои чахонбинии дутопарастист, ки он аз дутопарастии мазхаби ќадимии Маздаясно маншаи ѓояви мегирад. Дутопарастии зардуштияи ибтидои решахои амиќи маърифати ва ичтимои дорад, ки он, пеш аз хама, натичаи маърифат намудани ихтилофхои ичтимои ва ахлоќи мебошад. Хамин ќабил зиддиятхо (масалан, байни ахлоќи хамида ва ахлоќи замима, миёни пиндори нек ва пиндори зишт) барои ташаккул ва вусъати чахонбинии дутопарасти шароити мусоид фарохам овард.

    Умуман, дутопарастии зардуштияи ибтидои аз тафаккури интихоб байни хайр ва шарр, Ахуромаздо ва Ахриман, пиндори нек ва зишт, гуфтори нек ва зишт, рафтори нек ва зишт саршор аст.

    Масъалаи дигаре, ки дар фалсафаи зардуштия мавриди таваччўхи хоса ќарор гирифтааст, масъалаи инсону маќоми ў, муќаррар намудани хуќуќи одилона дар нисбати вай мебошад. Мувофиќи зардуштия, олам майдони рамзи Ахуромаздо ва Ахриман, хайр ва шарр аст. Дар ин рамз инсон, ки махлуќи Ахуромаздост, бояд майли ў дошта бошад, то дар олам хайр ва адл пойдор шавад.

    Тибќи аќидаи Зардушт, таркиби инсонро ду унсур ё мабдаъ ташкил додааст. Яке мабдаи модди ва дигаре мабдаи рўхони ё осмони. Мабдаи модди ќисми инсонро ташкил медихад, ки чун аз ин рўх хорич гашт, ба як мурдор ё ба чизи нодаркоре мубаддал мешавад. Мабдаи рўхони ё осмонии он бошад, чон ва ё рўх аст, ки аз чониби Ахурамаздо офарида шудааст ва дар нихояти кор ба сўи ў равона хохад шуд.

    Зардуштия инсонро дар содир кардани аъмол комилан сохибихтиёр медонад. Вай аз рўи ихтиёри худ дар набарди байни Ахуромаздо ва Ахриман, хайр ва шарр, нур ва зулмат ширкат меварзад. Дар ин набард, чониби Ахуромаздо хайр - ростиро интихоб карда, барои аъмоли худ масъулиятро бар дўш мегирад. Махз ба сабаби дар чониби Ахуромаздо ќарор гирифтани инсон пирўзии Ахурамаздо бар Ахриман, нур бар зулмат, хайр бар шарр таъмин мегардад.

    Умдатарин масъалае, ки дар таълимоти Зардушт хама­чониба арзёби гардидааст, тавзехи фалсафаи амали мебошад. Махз дар хамин пахлўи фалсафиаш Зардушт кўшидааст, ба мубрамтарин масъалахои хаёти инсони равшани андозад. Фалсафаи амалии вай аз хидоят ба ахлоќи хамидаву хасана, ки ба гуфтору пиндор ва рафтори нек асос ёфтааст, сар шуда, то масоили бунёди оилаи солеха, кишоварзию ободонии олам ва истиќрори чомеаи адолатпеша ва ѓайра доман пахн кардааст.

    Кишоварзию чорводори, ки дар таълимоти зардуштия мартабаи хеле баланд дорад, аз шарифтарин машѓулиятхо дониста шудааст. Хушбахтии одамон аз кишоварзию муќаддас доштани замин вобаста аст. Ба аќидаи Зардушт, хосилхез гардонидани замин ба дах хазор дуохони ва сад ќурбони баробар аст. Парвариши чорвои нафърасонро низ аз аъмоли неки инсони медонад.

    Бунёди оилаи солеха дар таълимоти зардуштия ќави таъкид ёфтааст. Тибќи ин аќоид, занон бо мардон хуќуќи баробар доранд. Аз ин рў, истиќрори оила низ бо ризоияти баробару тарафайни зану мард бояд сурат гирад. Хар мард як зан дошта метавонад. Танхо дар холати безурёти бо ризоияти зан мард метавонист аз нав хонадор шавад. Никох бе ризоияти тарафайн гунохи афвнопазир дониста мешавад.

    Муќаррар сохтани низоми чомеаи адолатпеша аз муждаву ормонхои хамешаги ва нихоии Зардушт ба хисоб меравад. Бинобар ин, Зардушт аќида дошт, ки чилави хукумат ба дасти шахриёре дода шавад, ки одилу оќил бошад ва ба василаи сифатхои пок ва ахлоќи хамидаву хасанаи худ мардумро ба рифохияту хамоханги ва салохияту мурувватпешагии доими таъмин намуда тавонад.

    Наќши таълимоти фалсафии зардуштия дар рушду ривочи мактабхои фалсафии минбаъдаи точику форс -монавия, маздакия ва хамчунин хикмати ишроќ бехамто бузург аст.

    Зурвония. Зурвон дар Авесто-zrvana, дар забони пахлави- zurvana маънии замонро далолат менамояд. Дар Авесто Зурвон исми Худои марг ва нигахбони рохи пули Сирот мебошад. Зурвония мабдаи тамоми хастиро зурвони беканора - замони беканора, чавхари ба асли зоти худ пойдор медонад. Замон ба шакли низом ва ќонуни табии дар тамоми хасти таъсири ќави дорад. Аз ин зурвони беканора зурвони беканораи чахони модди пайдо шудааст. Худи олами модди, моддаи нахустин, хаюлои нахустин ё моддае аст, ки тамоми мавчудот аз он падид омадааст. Аз ин моддаи нахустин, аввал сурати нахустин ё унсурхои чоргона - оташ, бод, об ва хок пайдо шудааст. Дар «Бундахишн» омадааст: Аз рўшноии беканор оташ ва аз оташ бод ва аз бод об ва аз об хок ба вучуд омадааст. Сипас, аз моддаи нахустин табоеъи чоргона (хушки, гарми, тари, сарди) ё сурати дуюм ва дар анчом сурати сеюм - яъне зиндагии оли (узви)-чонварон ва инсон ќадам ба арсаи хасти гузоштанд. чахоне, ки аз моддаи нахуст фарохам омадааст, баъди дувоздах хазор соли кайхони пора-пора шуда, ба сурати ѓояти (нихояти) худ табдил меёбад ва ин дигаргунии навини он ба Зурвони беканора аст. Аз ин гуфтахо метавон натича гирифт, ки яке аз нуќтахои умдаи назариёти зурвониён эътирофи чабр ва ќонунияти табии аст. Зеро назариёте, ки хастии Худоро инкор мекунад, ногузир ба ради сарнавишти илохи ва эътирофи ќонуният мерасад.

    Эътирофи зурвони беканора аз он дарак медихад, ки зурвониён ба азали ва абади будани замон ва модда эътиќод доштаанд ва собит мекарданд, ки замон на дар гузашта оѓозе, дар оянда анчоме надорад.

    Азбаски зурвониён зурвони бекаронаро мояи хасти ва чавхару тўъмаи моддаи нахустин медонистанд, бинобар ин ба азалият ва абадияти моддаи нахустин эътимоди комил доштанд. Эътирофи азалият ва абадияти моддаи нахустин нуќтаи мухими озодандешии зурвони аст.

    Зурвония тарафдорони назарияи чавхарияти замон буданд, зеро зурвонро чавхари пойдор ва устувор ба сари худ медонистанд.

    Онхо моддаро аз рўи мартаба ва хам аз рўи замон бар сурат муќаддам медонистанд. Моддаи нахустин, ба ќавли зурвониён, сурати муайяне надошта, зимни пойдор шудани унсурхои чоргона, табоеъи чоргона ва нафс суратхои мушаххасе касб кардаанд. Зурвониён моддаи нахустро азали ва абади медонистанд. Кайхон, ки аз моддаи нахуст таркиб меёбад, азали ва абади нест. Вай баъди дувоздах хазор соли кайхони бархоста, ба асли мояи худ, яъне моддаи нахуст бархохад гашт. Ин нуктаи назариёти зурвониён талаб менамояд бигўем, ки бархостани кайхон барои онхо бенишоншави нест, балки фаќат баргаштан ба сўи мояи аслии худ аст.

    Монавия – таълимоти мазхаби-ахлоќи ва фалсафиест, ки дар ќарни сеюми мелоди ба миён омадааст ва аз кишвари пахновари хиндустон то императории Рум доман пахн кардааст. Муассиси вай Мони аст ва бинобар ин бо унвони монавия маъруф аст.

    Масъалаи илохию роххои васл ба он яке аз марказитарин масоили хикмати Мони хисоб мешавад. Мувофиќи таълимоти вай, хикмати илохи он аст, ки сари чанд ваќт расулони Яздон барои тарѓиби паёмхои навини худохо ба замин фурўд меоянд. Хамин тавр, ба аќидаи Мони, Буддо дар хиндустон, Зардушт дар Эронзамин ва Исои Масех дар ѓарб пайихам ворид гардида, аз розу ниёзи илохи башорат додаанд. Ва инак, ман, -мегўяд Мони, – ба кишвари Бобул омадам, то аз хаќиќати илохи хабар дихам.

    Чавхари хикмати илохии монавияро таълимот рочеъ ба ду сарманшаъ ва се мархилаи хасти ташкил медихад. Ду сарманшаи хасти нур аз зулматанд. Нур холиќи хайр ва зулмат офаридгори шарр аст. Тибќи таълимоти монавия, оламро ду асли абади – нур ва зулмат идора мекунад. Онхо ду холиќанд-холиќи хайр ва шарр. Нур ва зулмат хар яке дорои хосиятхои хос (ранг, бўй, мазза, ламс ва самъ) хастанд ва ба василаи онон мешунаванд, мебинанд ва медонанд. Он чи хайр ва нек аст, махлуќи нур мебошад ва он чи шарр аст, самараи эчоди зулмат мебошад. Ин ду сарманшаъ дар оѓоз аз хам чудо буданд ва баъдан ба хам махлут гаштанд. Барандаи човидона будани ин ду сарманшаъ он аст, ки агар танхо яке аз ин ду сарманшаъ хаќиќат дониста шавад, пас аз он ду амали мухталиф падид намеомад. Чунончи, оташ, ки сўзон ва гарм аст, сард кардан наметавон, хамчунин он чи сард мекунад, гарм кардан наметавон; шарр натичаи нек ба бор намеоварад. Ин ду сарманшаъ зинда ва фоиланд. Неки натичаи феъли нек, бади натичаи феъли бад аст. Ин гуфтахо далолат бар онанд, ки монавия низ чун зардуштия мохиятан чанбаи дутопарасти дорад.

    Мувофиќи назарияи монавия, мархилахои хасти-гузашта (мози), кунун (хол) ва оянда (мустаќбал) мебошанд. Дар мархилаи мози, ки ханўз хилќат оѓоз наёфта буд, олами нур ва олами зулмат аз хам чудо буданд ва хеч гуна хамзоди ба хамдигар надоштанд. Мархилаи дуюм (кунун ё хол) давраи омезиши ду мабдаъ, яъне нур ва зулмот ба шумор меравад. Ин давра замони шурўи муборизахои нуру зулмот дониста мешавад. Мархилаи сеюм (оянда) ѓалабаи пурраи нерўхои хайр ва рушнои бар торикию зулмот мебошад, ки идораи чахон пурра ба дасти ќуввахои неки мегузарад.

    Масъалаи дигаре, ки мавриди таваччўхи Мони ќарор гирифтааст, масъалаи идрок ё худ маърифат аст. Вай мўътаќид буд, ки инсон фаќат бо шарофати маърифат покии ботиниашро таъмин намуда метавонад ва хамчунин, он воситае аст, ки инсон ба саодату пирўзии човидони комёб мегардонад.

    Дар таълимоти монавия доир ба масъалахои хикмати амали низ бисёр аќидахои чолиб рафтааст. хикмати амалии монавия бо чанд меъёру ќоидахо устувор аст. ќоидаи аввал аз хафт мохият иборат аст. Чахор мамнўъият ба масъалахои дину ахлоќ ва се манъкуни ба масъалахои феълу амал дахл дорад. Сеи охир аз манъи сухан (эхтироз аз суханони куфр ва бидъатомез), манъи даст (даст кашидан аз амале, ки ба амри нур мухолиф бошад) ва манъи дил (хазар аз хавову хавас ва майлхои зишт) иборатанд.

    Мони бунёди оиларо хамчун яке аз унсурхои таркиби ичтимои намедонист. Агар таълимоти зардуштия никох ва тавлидро кори нек хисобад, дар монавия кори зишт дониста мешавад. Ба аќидаи монавиён, муносибатхои чинси ва тавлид бадтарин навъи фахш мебошанд.

    Мувофќи ахбори баъзе сарчашмахо, дар таълимоти Мони рочеъ ба сарзамини мусовоти (баробарии) хамагони, ки аќидаи тахайюлии ќадимии дехќонист (гўё ин замон дар гузашта, дар «ахди тиллои»-и башарият арзи вучуд намудааст), низ сухан рафтааст.

    Маздакиятаълимоти дини - фалсафи ва ахлокию ичтимоист, ки таќрибан дар ќарни 1V-V-и мелоди пайдо шудааст. Бунёдгузори ин таълимот Маздаки Бомдод буд, бинобар ин бо унвони маздакия машхур гардидааст.

    Аз тахлили чахонбинии Маздак бармеояд, ки фалсафаи ў дар ду самт –хикмати назари ва хикмати амали корбаст шудааст. хикмати назарии вай дар тавзехи масъалахои хастишиноси ифода ёфтааст. Мувофиќи аќидаи Маздак, нур ва зулмат ду омили асосии хасти ва офаринишанд. Нур офаридгори хайр, зулмат холиќи шарр аст. Ин ду омил ва чавхар аз рўи маќом хамоханганд. Вале тафовуташон ин аст, ки нур омил ва чавхари бошуур, сохиби эхсос ва ирода буда, зулмат омил ва чавхари бешуур ва нодон аст. Аз ин чихат, нур бар зулмат бартари дорад ва пирўзии аввалин бар дуввумин амрест азалан ногузир. Бо ин далел метавон гуфт, ки агарчи Маздак ду омил ва чавхари хастиро ќоил аст, вале таваччўхи вай бештар на ба дутопарасти, балки ба вахдоният аст. Дар оѓоз нур ва зулмат аз хам чудо буданд, сипас бо амри тасодуф ба якдигар махлут гаштанд. Аз омехташавии тасодуфии онон олами модди ба вучуд омад, ки аз се унсур-об, оташ ва хок бино ёфтааст. Хайр ва шарре, ки дар олам вучуд дорад, махсули хамин се унсуранд. Хайр аз чузъхои соф ва шарр аз ачзои касиф падид омадааст. Вале хадафи асосии тараќќи ва такомули ин олам озод кардани заррахои нур аз зиндони зулмат аст. Аммо то даме, ки олами модди вучуд дорад, дар чахон шарр ва бенизоми вучуд хохад дошт ва набарди хайр ва шарр идома хохад кард.

    Тавре ки аз ин гузориши Маздак бармеояд, усули чахонбиниаш ба назариёти Зардушт ва Мони басе шабех аст. Вале дар айни хол, байни таълимоти онхо тафовутхои мохияти низ вучуд доранд. Яке аз тафовутхои он ин аст, ки Мони пайдоиши оламро махсули амали шудани наќшахои ќабли медонист, вале Маздак бар ин аќида буд, ки омехта шудани нур ва зулмат ва ба вучуд омадани чахон амри комилан тасодуфист. Ва таъсири ин омехташавии нур ва зулмот амри аразист, на чавхари. Озод шудани заррахои нур аз махбаси зулмат низ корест тасодуфи. Агар Мони барои нур чанд унсур -бод, оташ, хаво, рўшнои ва обро муќаррар карда бошад, Маздак фаќат се унсури нур –бод , оташ ва хокро эътироф мекард.

    Бо андешаи Маздак ва пайравонаш, Худованди олами барин чун подшохи муќтадир бар тахте нишаста, ба василаи чор ќувва, ки аз аќл, шуур, хофиза ва шоди иборатанд, чахонро идора мекунад. Ин чор ќувва хафт вазир доранд, ки дар ботини дувоздах вучуди рўхони дар харакатанд. Хар кас, ки хамаи ин омилхоро дар вучуди худ гирд оварад, ба камолот ноил хохад шуд ва тачаллии Худо дар рўи замин хохад гашт. Вале барои рахои аз махбаси зулмат ин кофи нест. Барои растагории комил, инсонро зарур аст, ки фирефта ва дилбохтаи неъматхои модди нашавад ва аз хамаи чиз, ки ин дилбохтаги ва дилбастагиро вусъат медихад, хазар кунад. Дар рохи начоти рўх, аз махбаси нафс зурур аст, ки хаво ва хавас ба кулли саркўб карда шаванд. Вале Маздак (бархилофи Мони) барои ноил шудан ба ин хадафхо бекори ва узлатнишиниро тарѓиб накардааст.

    Назариёти ичтимоии Маздак нисбат ба таълимоти хастишиносиаш бештар чанбаи бозчўиву навпардози дорад. Вай аз чумлаи нахустин мутафаккиронест, ки дар таърих бори аввал аќидаи дар чомеа муќаррар кардани моликияти чамъияти ва баробарии ичтимоиро бамиён гузоштааст.

    Масъалаи марказие, ки дар назариёти ичтимоии Маздак мавриди тавччўхи хосса ќарор гирифтааст, масъалаи адолату баробарии ичтимои мебошад. Мувофиќи таълимоти маздакия, неъматхои моддиро Ахуромаздо якнавохт дастраси мардум ќарор додааст ва нобаробари аз он бархост, ки касоне аз тариќи ќахр ва чабр хостаанд амволи дигаронро тахти тасарруфи худ дароваранд.

    Маздак таълим медод, ки хамаи одамон бандагони Худоянд ва бандагони Худо баробархуќуќ мебошанд. Бинобар ин неъматхои моддие, ки Худо дар рўи замин барои онхо офарид, бояд ба таври яксон таќсим шаванд. Вале агар дар чомеа ба сабабе таќсими нобаробар муќаррар шуда бошад ва хар гох касеро амвол, занон ва ѓуломон зиёда гардад, бояд ба мусови байни дигарон ќисмат шавад, то касеро бар дигаре бартари набошад.

    Шубхае нест, ки Маздак аќидаи таќсими баробари неъматхои моддиро аз вазъи ичтимоии худ сарчашма дода бошад, зеро чунон ки аз манбаъхо бармеояд, дар давраи Маздак кишвар ба як ќахтсолии мудхише рў ба рў шуда буд. Аз ин рў, метавон чунин натича гирифт, ки шояд Маздак барои нигох доштани камтарин оромиши ичтимои аќидаи таќсими баробари неъматхои модди ва назорати ќатъи дар ичроиши онро пешниход карда бошад.

    Аз масъалаи маќоми таќсимоти баробари неъматхои моддию танзими адолати ичтимои тавзехи хамачониба ёфтани ахамияти оила, заношўию хонадори хам дар назариёти ичтимоии Маздак хеле чолиб мебошад.

    Назариёти ичтимоии Маздак хамчун дастурамали фаъолияти амалию инќилоби, низомномаи баробарию додгустари ва инсонпарвари дар ташаккули афкори чамъиятию сиёсии минбаъдаи халќхои Шарќи Наздику Миёна наќши боризе дорад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   41


    написать администратору сайта