Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Фалсафаи точик дар асрхои миёна Дахрия. Аксари сарчашмахои таърихи, адаби ва фалсафии баъди истилои араб дар хусуси дахрия ба сифати яке аз мактабхои фалсафии озодандешона сухан меронанд ва нуктахои моддии онро мавриди интиќоди шадид ќарор медиханд. Мутаассифона, аз осори худи дахриён осори хаттие боќи нест ва таърих номи намояндагони онро низ махфуз надоштааст. Гузашта аз ин, доир ба даврони зухури ин мактаб ва муносибати он ба Зурвония маълумоту далелхои эътимодбахш дар даст надорем. Фаќат аз рўи баъзе оёти ќуръон бочураътона метавон гуфт, ки ин мактаби фалсафи дар ибтидои зухури ислом ривоч ва нуфузи зиёд дошта, усули он ба аќидахои ислом мухолиф будааст. Чунончи , дар оёти 23-24-и сураи «Ал-Чосия» - и ќуръони карим доир ба дахрия сухан рафтааст: «(Эй Расули мо!) Менигари онро, ки хавои нафсашро Худои худ ќарор дода ва Худо ўро дониста, гумрох сохта ва мўхр бар гўш ва дили ў нихода ва ба чашми вай пардаи зулмат кашида. Пас ўро баъд аз Худо дигар ки хидоят хохад кард. Гуфтаанд, ки зиндагии мо чуз хамин нишоти дунё ва марг хаёти табиат нест ва чуз дахр ва табиат касе моро намемиронад...» (ќуръони Карим, сах 501). Мувофиќи ахбори сарчашмахои фалсафи, дахрия оламро ќадим ва абади медонистааст, ки бисёр нукоти усули фалсафиаш ба усули фалсафии зурвония мувофиќ меояд. Тибќи иттилои сарчашмахо, усули умдатарини фалсафаи дахрия инкори Худо, хаёти охират, вучуди рўхони, эътирофи сабабияти модди ва ѓайра будааст. Муассиси хикмати ишроќ Шахобуддин Сўхраварди аз хусуси дахриён ёдрас шуда, нуктаи дигари назариёти дахриёнро таъкид мекунад. Ин нукта иборат аз он аст, ки дахриён нубувват ва пайѓамбаронро низ инкор мекарданд. Ба аќидаи Сўхраварди, «дахриён касонеанд, ки Офаридгор, пайѓамбарон, рўзи махшар, растохез, охират ва азобу рохати баъди маргро инкор мекунанд». Аќидаи дахрия доир ба таносуби нафсу тан низ бо тобишу оханги тамоили озодандешидошта ба назар хувайдо мегардад. Тибќи назарияи дахриён, нафси мардум пас аз он, ки аз чисм чудо шавад, ночиз шавад, хамчун нафсхои наботию хайвони ва бечасад ўро вучуде нест. Хол он ки гузориши ин масъала дар фалсафаи дунёи ќадим ва асрхои миёна ба кулли дигар буд. Ба аќидаи онхо, нафси наботи ва хайвони ба чисм зич пайвастаанд ва бо фанои он фосид мешаванд. Аммо нафси нотиќаи инсони хосияти чисм нест ва бо нестшавии колбади он фосид намешавад. Дар масъалахои тавзехи маќоми аќл бошад, назари дахриён ин буд, ки аќлро сифати аълои одами медонистанд. Мартабаи олии инсонро аз аќл иборат медонистанд ва мўътаќид бар он буданд, ки фарќи инсон ва хайвон аз хамин бармеояд. Умуман, наќши фалсафаи дахрия дар рушди афкори фалсафии минбаъда, махсусан, фалсафаи табоия ва асхоби хаюлло хеле калон аст. Табоия. Дар хусуси усули фалсафаи табоия Носири Хусрав чунин овардааст: «Ахли табоеъ мар оламро азали гуфтанд ва гўянд, ки чизхо аз ин чахор табъ хамебуда шавад, чун гарми, сарди, тари ва хушки, бе он ки тадбире ва таќдире аз чуз эшон халле бад-эшон пайванданд. Ва хамегуянд: Ин чахор чиз, ки ёд кардем, сифатро аз мавсуф чора нест, то бар ў падид ояд. Он мавсуф, ки мар ин чахор сифатро дар бар гирифтааст, чисм аст, мар ўро харакати касри аст ва гаштани ахвол ва маконгиру ќисматпазир аст» (Носири Хусрав. «чомеъ-ул-хикматайн», сах.97). Аз чунин гузориши табоиён бармеояд, ки бисёр нукоти усули фалсафиашон бо назариёти дахрия хамоханг мебошад. Зеро, онхо низ чун дахриён, оламро чисмони ва дар таѓйироти доими дониста, барои он Офаридгоре ќоил нестанд. Дар баёни масъалаи чавхар ва араз хам табоиён тамоюлоти озодандеширо тахким бахшиданд. Ба андешаи онхо, чавхар дар хастии худ ба араз эхтиёчманд нест, вале араз дар хастияш ба чавхар ниёзманд мебошад. Тавре ки аз тахлили назариёти зурвония, дахрия ва табоия бармеояд, манбаъхои иттилооти рочеъ ба усули хастишиносии ин мактабхои фалсафи бахс ба миён гузошта, аз баён ва интиќоди аќоиди маърифатии онхо сарфи назар намуданд. Фалсафаи асхоби хаюло хикмати он мутафаккиронест, ки хаюлоро ќадим медонанд ва мўътаќиданд, ки тамоми вучудоти олам аз чузъхои чудонопазир таълиф ва таквин мегарданд. Ин мактаби фалсафи, ба иттилои манбаъхо, таќрибан дар охири асри IX ва ибтидои асри X-и мелоди зухур кардааст. Фалсафаи асхоби хаюло самти асосии фалсафаи дахриёну табоиёнро идома додаст.Забардастарин намояндагони он Ибни Рованди ва Эроншахри махсуб мешванд. Абдулхасан Ахмад ибни Яхё ибни Исхоќ маъруф ба Ибни Рованди (816-899) аз шахиртарин намояндаи фалсафаи асхоби хаюло махсуб мешавад. Вай дар оѓози фаъолияти илмию фалсафии худ ба чараёни мўътазилия майл доштааст. Баъдан ба хикмати дини мубини ислом - калом рў овардааст. Ибни Рованди баъди гузашти айём аз он хам канорагири карда ба ботил сохтани усули онхо пардохтааст. Ба туфайли аќоиди илходии худ дар таърихи фарханги исломи бо номи Ахмади Зиндиќ шўхрат ёфтааст. Ба иттилои сарчашмахо, Ибни Рованди беш аз 114 асару рисолахо таълиф кардааст,ки онхо ба тахќиќи масъалахои мухиму бахсталаби аќидатию мафкуравии замони худ равона карда шудаанд. Осори ў аз «Китоб ут –точ», « Китоб уз- зумуррад », «Наът ул-хакима», «Китоб ул -ќасаб», «Китоб ул - фарид», «Китоб ул- марчон», «Китоб ул-лўълу» ва ѓ. иборат аст, ки аксарияташон дар ќураи оташ сўзонда шудаанд. Аз омўзишу баррасии баъзе порчахои осори фалсафии Ибни Рованди, ки он порчахо тавассути манбаъхо хифз шудаанд,бармеояд,ки усули аќоиди фалсафии мутафаккир аз инхо иборатанд : (1) Ибни Рованди монанди дахриёну табоиён ќадим будани оламро эътироф карда, хастии Худовандро инкор менамуд. Ў хамчунин худуси оламро рад карда собит менамуд,ки олам бо ин офтоб,мох ва ситорахояш бе хеч гуна сонеъ ва мудаббиру холиќ ќадим аст. Касоне,ки барои олам ба ќадим будани Офаридгор ќоил шудаанд, бо таноќузу мухол сухан гуфтаанд. (2) Ибни Рованди ба хеч яке аз динхои маъмул мўътаќид набудааст ва аз ин рў,усули дини тавхиди ва хакиму рахим будани Худоро бо далелхои аќливу мантиќи рад мекунад. Ба аќидаи ў, Худое,ки бандагони худро бо касаливу заифи ва фаќири мубтало карда , ба онхо бо назари рахмат наменигарад,хаким нест. Касе,ки ба Ў мутеъ набудани бандагонро дониста,онхоро ба тоат даъват мекунад,набояд хаким бошад. Зеро хар касе,ки бандаи гунахкори худро то абад дар оташ сўзонданист,харгиз набояд хакиму олим бошад.Ба ќавли Абулхасани Хайёт, ин файласуф китобхои зиёде дар исботи илход, ботил сохтани тавхид, инкори нубувват ва пешвоён навиштааст,ки якеи онхо «Китоб ут-точ» мебошад. (3) Азбаски Ибни Рованди ба аќоиди дини мўътаќид набуд, китобхои диниро хам муќаддасу осмони намехисобид.Вай собит мекард,ки Ќурон дар шакле,ки ба мо расидааст,на китоби муќаддасу осмони ва хакимона,балки китобест пурихтилоф ва ба далелхои аќливу мантиќи носозгор. Дигар намояндаи ин мактаби фалсафи Абулаббос Мухаммад бини Мухаммад Эроншахри (ваф.873) мебошад,ки хамчун хакими забардасти фарханги исломи маъруф мебошад.Тибќи иттилои сарчашмахо,вай китобе бо номи «Чалил ва асир» навишта будааст,ки он бо сабабхои номаълум боќи намондааст. Носири Хусрав дар асари худ «Зод ул мусофирин» аз Эроншахри ном бурдааст ва номгўи осори ўро зикр кардааст. Аз ишорахои ў бармеоянд,ки ин Эроншахри илова бар ин ки дар хайат, нучум ва риёзи устод будааст,хаким ва файласуф низ буда, нисбат ба Мухаммад бини Закариёи Рози хаќќи устоди доштааст. Дар бораи чахонбинии Эроншахри лозим донистем, ки мулохизахои Носири Хусравро аз «Зод ул- мусофирин» ва «чомеъ - ул – хикматайн»-и ў айнан биёварем, зеро ба чуз ин сарчашмахо дигар маълумоти басандае доир ба афкори фалсафии Эроншахри пайдо накардем. Носири Хусрав мегўяд:(1)…асхоби хаюло, чун Эроншахри ва Закариёи Рози ва чуз эшон гуфтанд, ки хаюло чавхари ќадим аст»ва Мухамад бини Закариё панчи ќадимро собит кардааст, яке хаюло,дуи дигар замону макон ва дуи дигар нафсу Бори субхона. (2)…чумлае,ки ёд кардем, ќавли он гурўхе хаст,ки арконро ќадим гуфтанд. Чун Хаким Эроншахри, ки маънихои фалсафиро ба алфози дини иборат кардааст, андар китоби «Чалилу асир» мардумро бар дини хаќ ва шинохти тавхид таблиѓ кардааст. Пас аз ў чун Мухаммад бини Закариёи Рози ,ки ќавлхои Эроншахриро ба алфози зишти мулхидона бозгуфтааст ва маънихои устод ва муќаддами хешро андар ин маъони ба иборатхои муваххаш бигзоридааст, то касонеро,ки китобхои хакимонро нахонда бошанд, ба шубха афтанд,ки ин маънихо худ истихроч кардааст. Ва аз он ќавлхои неку, ки Эроншахри гуфтааст,яке доир ба ќидамии макон аст, ки гуфтааст «макон ќудрати зохирии Худост»ва далел ба дурустии ин ќавл овардааст, ки ќудрати Худой он бошад,ки маќдурот андар ў бошад.Ва маќдуроти ин ачсоми мусаввар аст ,ки андар макон аст. Ва чун ачсоми мусаввар,ки маќдурот аст, аз макон берун нестанд. Дуруст шуд,ки халоъ ,яъне макони мутлаќ ќудрати Худой аст. Ќудрати зохири,ки хамаи маќдурот андар ўянд ва зишт кардани Мухаммад Закариё ин ќавли некўро чунон аст, ки гуфтааст: «ќадим панч аст,ки хамеша буданд ва хамеша бошанд, аз ин ќарор: Худой, нафс, хаюло,макон,замон»ва зиштгўитар аз он бошад,ки Холиќро бо махлуќ андар як чинс шумурд. (3) Ва аз ќавлхои некў, ки Хаким Эроншахри андар ќадимии хаюло ва макон гуфтааст, Закариёи Рози онро зишт кардааст, он аст, ки Эроншахри гуфт: «Эзид таъоло хамеша сонеъ буд ва ваќте набуд, ки ўро сунъ набуд то аз холи бесунъи ба холи сунъ омад ва холаш бигашт, ва чун вочибаст, ки хамеша сонеъ буд, вочиб омад, ки ончи сунъи ў бар ў падид омад, ќадим бошад. Ва сунъи ў бар хаюло падид ояндааст, пас хаюло ќадим аст. Ва хаюло далели ќудрати зохирии Худой аст. Ва чун хаюлоро аз макон чора нест ва хаюло ќадим аст, вочиб ояд, ки макон ќадим бошад».Ва зишт кардани Закариёи Рози он ќавлро бад –он аст,ки гуфт: «Чун андар олам чизе падид хаме наояд магар аз чизи дигар, ин хол далел аст бар он ки ибдоъ (офариниш) мухол аст ва мукин нест,ки Худой чизе падид оварад на аз чизе, ва чун ибдоъ мухол аст вочиб ояд,ки хаюло ќадим бошад.Ва чун хаюлоро,ки ќадим аст, аз макон чора нест, пас макон кадим аст». Он сухани некў ва маънии латифро бад- ин иборати зишт бозгуфт то мутобеони ў аз бединон ва мудаббирони олам хамепиндоранд,ки аз зоти хеш илме истихроч кардааст,ки он илми илохи аст, ки чуз ў онро касе надошт ( аз сахифахои 73,98,102-103 ва 443-и китоби «Зод ул-мусофирин»-и Носири Хусрав иќтибос гирифта шудааст). Дар китоби «Баён ул- адён» низ омадааст: « Ин мард Мухаммад бини ал- Эроншахри буд ва даъвои нубувват дар Ачам кард ва маводе чамъ карду ба форси гуфт,ин вахй аст, ки ба ман расидааст. Харчанд Ибни Рованди ва Эроншахри асхоби хаюло буданд, вале дар назария ва аќидахои фалсафиашон тафовутхои мухим ба назар мерасад. Масалан, Ибни Рованди баъд аз пайвастан ба фалсафаи асхоби хаюло Офаридгорро ба кулли эътироф намекард ва на танхо хаюло, балки оламро низ човидони медонист. Эроншахри бошад,ба ќадимияти хаюло ќоил буд, вале аќида дошт, ки он далели ќудрати Худованд аст. Бархилофи таъсири амиќи фалсафаи юнони дар миёни мутафаккирони исломи, гурўхе низ буданд, ки аз пазируфтани бечунучарои он канорагири чуста, мекўшиданд то бо илтифоту озмоиши мактабхои фалсафи ва мафкуравии гугогун равиши фалсафии мустаќиле падид оваранд. Аксари онхо озодандеш буданд. Ин мутафаккирон- Абўбакри Рози, Абўалои Маъари ва Абўрайхони Беруни буданд. Абўбакр Мухаммад бини Закариёи Рози (865-925) табиби хозиќ, кимиёгари варзида, файласуфи барчаста ва мутафаккири озодандеши точику форс ва умуман чахони ислом буда, дар шахри Рай, ки дар наздикии шахри Техрони имрўза воќеъ аст, таваллуд шуд. Илова бар онки, бинобар суннати он рўз, дар мусиќии назари ва амали махорату тачрибаи хубе касб кард, гуфтаанд, ки ќабл аз тарбияти расмиаш дар пизишки кимиёгар буд. Дар Рай ва баъдан дар Баѓдод раиси бемористон буд. Тибќи иттилои манбаъхо, худуди дусад китоб навишта, муаллими файласуф буда ва «табиби беназири мусулмон» шинохта шудааст. Аммо баъдан аксарияти мутафаккирон назариёти фалсафии ўро зохиран бо нафрат инкор кардаанд, харчанд хатто дар ин кор тахти таъсири ў будаанд. Осори фалсафии Абубакри Рози «Самъ-ул-каён», «Ал-хаюло ас-саѓир ва ал-хаюло ал-кабир», «Фи-з-замон вал-макон», «Ал-лаззат фил-одата ал-мадхалу ило ал-мантиќ», «Китоб-ул-бурхон», «Фил фалсафати ал-ќадими кайфият-ал-истидлол», «Ас-сират-ул-фалсафа», «Ат-тиб Ур-рўхони» ва ѓайра мебошанд. Танхо теъдоди нихоят ками рисолахои мухтасар аз осори фалсафии Абубакри Рози боќи мондаанд. Аз асархои боќимондаи ў бармеояд, ки ў фалсафаро хадафи нафс ё рўхи инсони медонистааст.Аслан Абўбакри Рози дар ибтидои чавони ба илми кимиё шуѓл варзида, сипас тарки он намуда, пизишкиро пеша кардааст. Абўбакри Рози аз рўи усули тачриби кор мекард. Назари ў асосан назари модди буд ва аз хурофот сахт нафрат дошт. Аз хамин сабаб даъвогарони мафкуравии ў таънаю маломаташ мекарданд. Масалан, яке аз ин муддаиён Каъби буд, ки дар бораи ў чунин гуфта будааст: «Ту кимиёгари карди, дар холе ки натавонисти дах динори ќарзии занатро дар махзари ќози бипардози. Ту муддаии табобат хасти, дар холе ки натавонисти чашмонатро дармон куни ва нобино шуди». Дар холе ки Али Асѓари Халаби Розиро яке аз ситорахои дурахшони илми тиб ном бурда, мегўяд: «Пизишки набуд, Буќрот онро ба вучуд овард, мурда буд,Чолинус онро зинда кард, пароканда буд, Абўбакри Рози онро фарохам овард, ноќис буд,Ибни Сино онро комил кард».Ин гуфта нодурустии таънаву маломати Каъбиро доир ба махорати фавќулоддаи Абўбакри Рози собит менамояд. Абўбакри Рози мухолифи тамоми динхо буд ва анбиёро бошиддат танќид мекард. Онхо, ба ќавли мутафаккир, омили аслии эчоди нифоќ ва харачу марач дар миёни чомеаи башари хастанд. Вай мўътаќид буд, ки барои рахоии чомеаи башари аз харачу марач ва нифоќ бояд аз фалсафаву истидлоли мантиќи мадад гирифт. Усули аќоиди Абўбакри Рози бинобар наќли Абўхотами Рози ин аст, ки Худованд хамаи бандагони худро мусови халќ карда ва хеч касро бар якдигар бартари надодааст. Ва агар бигўем, ки барои рохнамоии онон хочат ба интихоби кесе дошт, хикмати болиѓаи Вай мебоист чунин иќтизо кунад, ки хамаро ба манофеъ ва мазореи ониву отиашон огох созад ва касеро аз миёни эшони баргузидагон бартари надихаду мояи ахлоќу низои онон нагардад ва интихоби имом ва пешво боиси он шавад, ки хар фирќа аз пешвои худ пайрави ва дигаронро такзиб кунаду ба назари буѓз бад-онон нангарад ва чамооти бузурге бар сари ин ихтилоф аз миён бираванд. Мўъчизоти мутаннабиён низ чуз хидъаву найранг нест ва ѓолиби онхо аз маќулаи афсонахои дини аст, ки баъд аз он падид омад. Мабониву усули адён бо хаќоиќ мухолифату муѓойират доранд ва ба хамин сабаб хам миёни онхо ихтилоф дида мешавад ва иллати эътимоду эътиќоди мардум ба адёну итоат аз пешвоёни мазхаби танхо одат аст. Адёну мазохиб иллати асосии чангхову мухолиф бо андешахои фалсафи ва тахќиќоти илми хастанд. Китобхое, ки бо номи кутуби муќаддаси осмони маъруфанд, кутубе холи аз арзишу эътиборанд ва осори касоне аз ќудамо, монанди Афлотун, Арасту, Уќлидус ва Буќрот хидмати мухимтару муќаддастаре ба башар кардааст(Забехуллохи Сафо. Таърихи улуми аќли дар Эрон.-Техрон, 1331х., сах. 187). Чунонки аз «Сират ул-фалсафа»-и Абўбакри Рози бар меояд, усули фалсафии мутафаккир бар исботи ќадимияту абадияти чавохири панчгона-модда (хаюло), замон, макон, Худованд ва нафс равона шудааст. Хастии хаюло ва бартарияту абадияти онро Абўбакри Рози чунин баён намудааст: «Падид омадани табоеъ аз чизе будааст ва он чиз ќадим будааст. Ва он хаюло будааст. Пас хаюло ќадим аст ва хамеша будааст. Валекин мураккаб набудааст, балки кушода будааст. Ва ба охири кор, ки олам бархезад, хаюло хамчунон ки будааст кушода шавад ва хамеша кушода бимонад» (Очеркхои таърихи фалсафа, сах. 33). Абўбакри Рози шаклхои хастии хаюло-макон, замон ва харакатро низ азалию абади шуморида ва дар ин бобат чунин гуфтааст: «Чун, мар хаюлоро, ки ќадим аст, аз макон чора нест, пас макон ќадим аст» (Хамон чо). Ба аќидаи мутафаккир, далели аввалини ќадамияту абадияти хаюло ва шаклхои хастии он аст, ки чизхои чисмони ба хеч вачх наметавонанд бесабаб пайдо шаванд. Хар як чизи моддии пайдошуда бояд хатман сабаб, моя ва асоси моддии дошта бошад, яъне «хаюло ќадим аст ва бахри он ки раво нест, ки чизе ќоил ба зот (ки чисм бошад), на аз чизе мавчуд шавад, ки аќл мар ин суханро напазирад» (Носири Хусрав. Зод ул-мусофирин, сах. 74). Масалаи ќадимияту абадияти хаюло Абўбакри Розиро ба тахќиќи масъалаи ибдоъ ё хилќат (офариниш)-и олам овард, ки дар иртиботи ин гуфтааст: «Ибдоъ мухол аст ва мумкин нест, ки Худой чизе падид оварад аз чизе … » ва «…чун ибдоъ мухол аст, вочиб ояд, ки хаюло ќадим бошад» (Носири Хусрав. Хамон чо, сах. 103). Назарияи ќадимияти олам ва мухол будани офариниши он файласуфро ба эътирофи назарияи атомисти овардааст. Ба аќидаи ў, хаюлои мутлаќ аз чузвхои номутаччазо (атомхо) иборат аст. Хар як номутаччазо узмо (бузург)-и хосе дорад, ки аз он хурдтар шуда наметавонад, яъне ба чузвхои аз он хурдтар таќсим намешавад. Олам аз ачсому хаводиси рангини он аз хамин ачсо таркиб ёфтаанд ва дар охир гусехта боз ба онхо бархоханд гашт. Хаюлои мутлаќ чузвхо будааст номутаччазо,-навиштааст мутафаккир,-чунонки хар якеро аз ў ачмо будааст…Ва хар чузверо аз он узмо расо набошад, аз он хурдтар ачмо раво бошад, ки бошад, чи агар чузви хаюлоро чузв бошад, ў худ чисми мураккаб бошад, на хаюлои мабсут бошад…Таркиби ачсом аз он ачзои номутаччазо аст ва кушода шудани таркиби ачсоми (олам) сўи он чузв бошад ба охири кор» (Очеркхои таърихи фалсафа, сах. 34). Хамчунин Абўбакри Рози гуногунияти ачсоми оламро дар асоси назарияи атомисти чунин шарх додаст: «Аз он чузвхои хаюло он чи сахт фароз омадааст, аз ў чавхари замин омадааст. Ва он чи кушодатар фароз омадааст, аз ў чавхари об омадааст. Ва он чи аз ў низ кушодатар омадааст, чавхари хаво омадааст. Ва он чи аз чавхари хаво кушодатар омадааст, чавхари оташ омадааст…Таркиби чирми фалак хам аз он чузвхои хаюло аст. Вале ин таркиб бархилофи он таркиб аст…Аз бахри он ки чисми ў сахт кушода нест, чун чавхари оташ ва чавхари хаво» (Хамон чо). Хамин тавр Абўбакри Рози зимни халли масоили гуногунияти олам, инчунин масъалаи мизон (андоза)-ро ба миён гузошта, кўшиш кардааст нишон дихад, ки хар як ачсому хаводис мизони хастии худро дорад ва бо таѓйири андоза мохияташ низ таѓйир хохад ёфт. Абўбакри Рози дар баёни масъалаи назарияи маърифат донисташавандагии оламро эътироф кардааст. Ў дар асари худ «Тибби рўхони» наќши аќл ё хирадро дар раванди маърифати олам чунин тафсир намудааст: «Хеч чизе дар судманди бар мо бартар аз хирад нест. Мо бо ёрии хирад бар чорпоёни ногўё бартари ёфтаем то бар онон чираги меварзем, ононро ба кори худ мегардонем ва ба шевахое, ки хам барои мо ва хам барои онхо судбахш аст, бар онон фармонравои мекунем. Бо ёрии хирад ба хамаи он чи, ки моро бартар месозад ва зиндагии моро ширину гуворо мекунад, даст меёбем ва ба хосту орзуи худ мерасем. Бо мадади аќл аст, ки сохтанд ва ба кор бурдани киштихоро дарёфтем ва ба сарзаминхои дур, ки ба василаи дарёхо аз якдигар чудо шудаанд, мерасем. Пизишки ба хамаи судхое, ки барои тани мо дорад ва тамоми улуми дигари ба мо фоидабахш дар партави хирад маро хосил шудааст. Бо хирад умури ѓализ ва чизхоеро, ки аз мо нихон ва пўшида будааст, дарёфтаем. Бо ёрии он шакли замину осмон азамати онхоро донистаем…хуллас, хирад чизест, ки бе он холи мо хамоно холи чорпоён, кўдакон ва девонагон хохад буд. Ва чизест, ки бо ёрии он афъоли аќлии худро пеш аз он ки дар хавас ошкор шаванд, тасаввур мекунем ва онхоро гуногун дармеёбем, ки гўё эхсосашон карда бошем. Сипас ин суратхоро дар афъоли хисси худ намоён мекунем ва мутобиќати онхоро бо он чи пештар суратгири ва тахайюл карда будем, ошкор мекунем»(Хамон чо, сах.35). Аммо ин иќтибос чунин маъни надорад, ки файласуф наќши эхсосотро дар маърифати олам нодида гирифта бошад. Баръакс, ў чунин мешуморид, ки аќл танхо дар сурате василаи мўътамади маърифат шуда метавонад, ки ба эхсосот ва маълумоти аз он бадастомада такя намояд. Аз ин чихат, назарияи маърифати Абўбакри Рози ба назарияи инъикоси дигар мутафаккирони хикмати машшои хеле шабохат дорад. Чунончи, Абўбакри Рози дониши хиссиро натичаи таъсири ашёву ходисахо ба эхсосхои ин медонад, яъне инсон, ба таъбири ў, ба донистани хамаи мавчудот ќодир аст ва дар олам чизе нест, ки аќли инсон онро дониста натавонад. Абўбакри Рози масъалахои тарбияи аќлию ахлоќи роху воситахои хайрияти умум ва саодати одами, адлу инсоф ва маќсаду мароми хаёти инсонро низ мавриди тахќиќ ќарор додаст: «Мартабаи бартарини мо,-навишта буд ў,-на ба лаззати чисмони ѓутавар шудан, балки касби илм, татбиќи адолат ва комёб шудан ба хайри умум аст. Ин бошад на бо зўхду таќво, балки дар натичаи иштироки фаъолона дар хаёти чамъият ва ба туфайли омўхтани фалсафа муяссар мешавад. «Он кас лоиќи рохи хаќиќат аст, ки чахд карда фалсафаро биомўзад. Нуфуси инсони фаќат тавассути омўхтани фалсафа метавонад аз зиштию чахолати дуняви начот ёбад. Хар гох, ки марг онро омўхт ва хатто камтарин ќисматашро баргирифт, нафсаш аз разолату чахолат софи ва начот хохад ёфт» (Абўбакри Рози.Расоил ул-фалсафия.-Ќохира, 1939,сах. 65). Наќши афкори фалсафии Абўбакри Рози дар рушду инкишофи минбаъдаи фалсафаи асримиёнагии Шарќ хеле калон аст. Абўрайхон Мухаммад бини Ахмади Беруни (973-1048) дар хоричи Синд, ки рустое аз тобеоти Хоразм аст, таваллуд ёфтааст. Вай бо сабаби вазнинии авзои ичтимои аз зодгохаш ба Гурганч рафт ва сипас рахсипори Гургон шуд. Ў пас тасаллути Султон Махмуди Ѓазнави ба Хоразм ва баъдтар ба Хинд рафтааст. Беруни дар тамоми муддати умр машғули тахќиќу омўзиш буд. Вай забонхои сурёни, санскрити, форси, араби ва ибриро медонистааст. Абўрайхони Беруни хакими риёзидону олими хуби нучум буд ва хамчунин дар фалсафа, тиб, чуғрофия, таърих, адаб, шеър ва луғат низ махорат доштааст.. Осори Абўрайхони Беруни аз «Осор-ул-боќия», «Китоб фит-тахќиќи мо лил-хинд», «Ал-ќонун-ул-масъуди фи-л-хайат ва –н-нучум», «Китоб-ус-сайдана фит-тиб», «Китоби тахдид нихоят ул- амокин ли тасхехи масофат ил-масокин», «Китоб ут-тафхим ли авоили саноат ит- танчим» ва ғ. иборатанд. Беруни дар афкори илмиаш аќидахои пешгузаштагони худ-Фарғони ва Хоразмиро идома дода, бештар масъалахои табиию илмиро тахќиќ кардааст. Ўро яке аз асосгузорони илмхои тачрибави дар Шарќи Миёнаву Наздик медонанд. Абўрайхони Беруни дар бораи абадияти материя аќидае пеш нагузошта бошад хам, ба он хос будани харакатро зикр намуда, дар асархояш аз Арасту ва Батлимус ном бурдааст.Ў ба масъалахои харакати нур, гарми ва хосиятхои он диќќати махсус додааст. Мутафаккир офтобро як чисми гарми оташин пиндошта, харакати нурхои онро нихоят сареъ медонад. Гармии заминро, ки дар натичаи харакати моддахо дар ќишри замин падид омадааст, ба миён мегузорад. Дар сохаи кайхоншиноси бошад, ў ба назарияи Батлимус шак оварда, аз рўи мухосибаи риёзи дар мехвари худ давр задании заминро имконпазир мешуморид. Хамчунин Абўрайхони Беруни масоили маркази оламро мавриди тахќиќ ќарор дода, ба чунин хулоса меояд, ки аз чихати системаи гелиотсентри он ќобили ќабул аст, вале то охир дар ин фикраш собит намонд ва назарияи Батлимусро дар ин масъала пазируфт. Мутафаккир барои ошкор сохтани арзу тўли махалхо усулхои нав эчод кард ва тўли чуғрофиро бо усули мушохидаи гирифтани Мох аз ду нуќтаи замин мегузаронад. Наќши ў дар муайян намудани бисёр хаводису масъалахои гуногуни табии низ хеле бузург аст. Абўрайхони Беруни доир ба масоили забоншиносиву омўзиши истилохоти илмии он, назарияи шеър ва дигар масъалахои таърихиву хаёти хам як силсила фикрхои мухиму пурарзиш баён намудааст. Пурсишхои Абўрайхони Беруни аз Ибни Сино фарогири дах масъала аст,ки онхо аз эътирозоти мутафаккир бар китоби «Самои табии»-и Арасту иборат мебошанд,. Хашт масъала доир ба саволхои риёзи ва фалсафии мутафаккир аст, ки ќисмате аз он пурсишхоро шогирди Ибни Сино Абдуллохи Маъсуми аз чониби устодаш посух гуфтааст (Али Асғари Халаби. Таърихи фалсафаи эрони аз оғоз то имрўз, сах. 358). 1. Чаро фалак бевазн аст? 2. Ба чи далел осмон кавну фасод намепазирад Ин бахси фалсафи, сароғози ин бахс гашт, ки оё асоси эхтиёчи маълул ба иллат, худус аст ё имкон? Бахси робитаи эхтиёчи маълул ба иллат, аз мухимтарин масоили фалсафи аст. Ин масъала дар даврахои гузашта ба хеч сурат матрах нашуда буд. 3. Арасту чахонро махдуд ба шаш чихат донистааст. Дар холе ки дар мукааб, беш аз шаш чихат хаст, дар курра низ шаш чихат фарз намешавад. Зеро курра беш аз як сатх надорад. Дар чавоб бояд гуфт, ки шаш чихат, таќрибии хос аст ва худуд надорад. 4. Чузъи таќсимнопазир: Абўрайхони Беруни чузъи таќсимнопазирро низ инкор кардааст. Вай дар ин бора мегўяд: Назари ќоилон ба чузъи таќсимнопазир аз айб холи нест, валекин ќавли тарафдорони инќисоми чисм ба ачзо ғайринихояву ќабехтар аст. Муртазо Мутаххари пас аз баёни назариёти сегонаи чузъи таќсимнопазир мегўяд: Нух савол дархўри эътибори Абўрайхон аст ва се савол дархўри эътибори Ибни Сино (Маќолоти фалсафи, сах. 96). 5. Маънии аќли билќувва чист? Аќл будан бо билќувва будан созгор нест. Чавоби Ибни Сино ин аст, ки ду навъи мучаррад-том ва ғайритом дорем. Мучарради ғайритом монанди нафс, ки аз ќувва ва истеъдоди чизи дигар шудан холи нест. Ба ќавли Мутаххари, ин посухро чуз дар фалсафаи Мулло Садро дар дигар афкор наметавон ёфт. 6.Оё пас аз феълият, истеъдод хам аз байн меравад? Дар чавоб бояд гуфт, ки истеъдод, имкони истиќболи аст, вале дар хаќиќат, истеъдод имкони истеъдоди аст. 7.Чи гуна нафс, пас аз чудо шудан аз бадан, аз ќувваи хаёл бениёз мегардад ? 8.Оё аќли фаъол, мустаќил хам мешавад? 9. Оё ќувваи фоила, басити комил нест, дар холе ки хар ќувваае, ки маъќулот (куллиёт)-ро дарк мекунад, мучаррад ва басит аст? Хаќиќат ин аст, ки Ибни Сино дар посухи он нотавон аст ва ин масъала дар фалсафаи Мулло Садро хал шудааст ва он хам устувор ба назарияи харакат дар чавхар ва иттиходи оќилу маъќул аст, ки Ибни Сино ба он асл пойбанд набуд, агарчи мутафаккири машшои дар китоби «Мабдаъ ва маъод», иттиходи оќил ва маъќулро пазируфта бошад хам, вале дар нихоят онро инкор кардааст (Мулло Садро.Мабдаъ ва маъод, сах. 122). 10.Чи гуна аќл, сувари хаёлияро мутолиа мекунад? Аз чавоби Ибни Сино маълум аст, ки ин посухро метавон дар фалсафаи Мулло Садро чуст. 11.Чи тафовуте байни аразхои маъќулот ва аразхои вучуду вахдат хаст? Ин масъала бар бурхони маъруфи Арасту дар китоби «Ан-нафс» аст, ки аз рохи таќсимпазирии сувари маъќула бар исботи тачриди нафс оварда шудааст ва Ибни Сино ба он чавоб додаст. Шайхи ишроќ дар китоби «Муторахот», чавоби Ибни Синоро басанда намедонад. Вале Мулло Садро, чавоби Бўалиро кофи дониста ва посухи Шайхи Ишроќро медихад. Дар миёни мусулмонон, аввалин касе, ки тавассути адами инќисоми сувари маъќула, бар тачриди нафс истидлол кардааст, Абўнасри Фороби дар китоби «Фусус ил-хикам» мебошад (Фусус ил-хикам,фасли 54,сах. 15). 12.Чи бурхоне бар тачриди аќлхои фаъола вучуд дорад? Савол ќадре душвор аст. Мулло Садро дар китоби «Ал-мабдаъ вал-маъод» хаммонанди Ибни Сино посух додаст (Мулло Садро. Хамон чо,сах. 207). Саволхои дигаре низ дар бораи аќл ва маъќул омадааст, ки матлаби онхо такрори аст (Муртазо Мутаххари. Маќолоти фалсафи,чилди 1,сах. 137). Хамин тавр, наќши афкори табии-илми ва фалсафии Абўрайхони Беруни дар густариши минбаъдаи аќоиди фалсафии асримиёнагии точик нихоят бузург мебошад. |