Таърихи фалсафа. кисми 1. таърихи фалсафа.. Фалсаф а таърихи фалсафа
Скачать 0.9 Mb.
|
Хикмати машшоия. Машшоъ вожаи арабист ва маънияш одами тезгард ё тезрав мебошад. Чун истилохи фалсафи мутафаккирони шарќии пайрави Арастуро дар шакли машшоиён гўянд. Дар мачмўъ мактаби гурўхе аз файласуфони Юнони ќадим, ки масъалахои мураккаби фалсафиро бо рохи музокираву мубохиса хал мекарданд. Фалсафаи машшоъ хикмати Арасту ва пайравони ўст. Бунёдгузораш дар Шарќи исломи Абўюсуфи Яъќуб бини Исхоќ ал-Кинди-файласуфи ќарни IX мелодии араб ба шумор меравад. Вале дар Шарќи Миёнаву Наздик фалсафаи машшоъ ќабл аз ќарни IX низ маълум буд. Масалан, дар Фархангистони Гунди Шопур, ки тайи ќарнхои V-VI аз чумлаи мухимтарин маркази илми ва фалсафии давлати Сосониён буд, ин мактаби фалсафи нуфузи амиќ ва хаводорони зиёд доштааст. Аз пайравони бузурги фалсафаи Арасту метавон Павлуси Форс (асри VI) - файласуфи дарбори Хусрави Аввали Анўшервонро (531 - 569м.) ном бурд, ки чи дар улуми дини ва чи дар улуми фалсафи дасти ќави дошт, вале ба улуми дуняви эътимоди бештаре зохир мекард, зеро мўътаќид буд, ки мавзўи илм чизест ба фахми мо басе наздик ва мудрик ба аќл, вале мавзўи дин чизест бо аќл дарнаёфтани. Дар илм чои шак нест, вале дин шакки зиёд ба бор меоварад. Павлуси Форс китобхои Арастуро ба пахлави тарчима кард ва худ чандин таълифоти асил низ эчод намуд. Вале вусъати баланди фалсафаи машшоии точику форс ва араб, бешак, ба садахои 1Х-ХV рост меояд ва ба фаъолияти файласуфони номвар ал-Кинди, ал-Фороби, Ибни Сино, Ибни Мискавайх, Умари Хайём, Ибни Рушд, Ибни Боча, Ибни Туфайл, Насируддини Туси, Чалолуддини Давони, Ќутбуддини Шерози, Афзалуддини Кошони ва дигархо сахт марбут аст. харчанд хама номбаршудагон ахли ин мактабанд, вале фалсафаи машшоъ дар таълифоти хар яки эшон бозтоби хосса дорад. Масалан, ал-Кинди бунёдгузори фалсафаи машшоии Шарќ хисоб мешавад, лекин назарияи арастуии азалияти оламро ќабул надорад. Фороби дар баъзе аз таснифоти худ ба созиш додани фалсафаи Афлотун ва Арасту мутамоил буда, ба тахќиќи масъалахои фалсафаи ичтимои бештар шуѓл доштааст. Ибни Сино дар навбати худ аз чумлаи чонибдорони назарияи арастуии азалият ва абадияти олам буд. Назарияи нузул (фурўд омадан, поён рафтан) ва тазаккур (баёдовари)-и Афлотунро инкор мекард ва ба созгор додани фалсафаи Афлотун ва Арасту эътимод надошт. Гузашта аз ин, ў дар тахќиќи масъалаи фалсафаи ичтимои ва хикмати мадани саъю кўшиш накарда, хама заковату ќудрати худро сарфи омўзиши масоили мантиќ, табииёт ва фалсафаи назари намудааст. Ибни Мискавайх, ки хамзамони Ибни Сино буд, аслан масъалахои ахлоќро мавриди барраси хос ќарор дода, ба ин васила чун муассиси хикмати ахлоќии Шарќи исломи шўхрат ёфтааст. Мутафаккирони минбаъда, чун Насируддини Туси ва чалолуддини Давони аз осори ў бахрахои зиёд бардоштаанд ва дар зери таъсири ў хикмати ахлоќро рушду такомул додаанд. Ибни Рушд барои химояи фалсафаи машшоъ зидди Имом ѓазоли бархоста, сарфи назар аз пуштибонии фалсафаи Ибни Сино, аќоиди ўро дар бораи таќсими хасти ба вочиб-ул-вучуду мумкин -ул-вучуд ва назарияи вайро дар мавриди човидонии нафси шахси напазируфтааст. Хоча Насируддини Туси харчанд аз чонибдорони бисёр собитадами фалсафаи машшоъ буд ва хикмати Бўалиро аз хамлаи Мухаммади ѓазоли, Мухаммади Шахристони ва Фахруддини Рози часурона дифоъ кардааст, вале, дар айни хол, мавзўи созиш додани фалсафаи машшоъ бо калом дар осори ў возех ба назар мерасад. Абўнаср Мухаммад бинни Мухаммади Фороби (873-950) якеаз саромадони хикмати машшоии давраи тасаллути ислом махсуб мешавад. Вай дар сохахои гуногуни илми замонаш дасти ќави дошт ва осори зиёде чун «Шархи мантиќи Арасту», рисолахое дар ахлоќ, сиёсат, тарбият, дин, риёзиёт, табииёт, мусиќи, таърихи табаќабандии улум, омўзиши артиш ва ѓайра ба ёдгор мондааст. Бинобар хамин вусъати фарогир ва шабохаташ ба Арасту буд, ки ўро Муаллими сони (дуюм) лаќаб додаанд. Бисёре аз осораш дар ќарнхои минбаъда ба ибораи лотини тарчима шудааст. Фороби асархои зиёди фалсафи низ таълиф намудааст, ки мухимтаринашон -«Эхсо-ул-улум», «Маќола фи маъони ул-аќл», «Китоб-ул-чамъ байна-л-хакиматайни-Афлотун-ул-Илохи ва Аристотолис», «Китобу орои ахли-л-мадинат-ил-фозила», «Китоб-ут-танбех, ало сабили-с-саода», «Китоб ул-сиёсати-л-мадания», «Китобу фусул-ул-мадани» мебошанд. Умдатарин асли фалсафаи ў назарияи Мавчуд (Сабаби аввал, аќли аввал) аст. Аз рўи ин назарияи вай, Мавчуди аввал пойдор ба зоти худ, дур аз хама нуќс, хамеша билфеъл, азали, абади, ѓайримодди, бесурат, беѓоят, бешарик, якто дар хасти ва дар мартаба бехад, хаким, олим, хаќ ва мутлаќ, аст. Аз ин таърифот ва тавсифот, пеш аз хама, чунин натича метавон гирифт, ки Мавчуди аввали Фороби асосан хамон Аллохи ислом ва Вочиб-ул-вучуди дигар файласуфон аст. Ва ў ба василаи Мавчуди аввал фалсафаи худро тибќи таќозои замон ба сўи ислом мутаваччех сохтааст. Натичаи дигар ин аст, ки Мавчуди аввали Фороби як чавхари комилан рўхони, ѓайримодди ва ѓайричисмони аст. Аз назари Фороби, хамин Мавчуди мутлаќан рўхони ва аќлони «сабаби нахустини хастии хама мавчуд аст», хох ин мавчудот рўхони бошад, хох модди, вале ин чо саволе ба миён меояд, ки Мавчуди аввал, ки зотан мавчуди рўхони, ѓайримодди ва ѓайричисмони аст, чи гуна метавонад сабаби нахустини хамаи мавчудоти рўхони, модди ва чисмони бошад. Барои ба ин савол чавоб додан, Фороби ба назарияи судур ё файз мурочиат мекунад. Тибќи он, баробари илми Мавчуди аввал бар зоти худ ва файзу рахмати Вай мавчуди дуюм (аќли дуюм) падид меояд, ки чавхари мутлаќан ѓайримодди аст. Вай зоти мавчуди аввал ва зоти худро тааќќул (фахмишу идрок, фахм кардан) мекунад. Бар асари тафаккур дар бораи зоти мавчуди аввал, аз он аќли сеюм ва бар асари тааќќули зоти худ аз вай самои аввал ё фалак-ул-афлок ногузир содир мешаванд. Силсилаи судурот ба ин шева идома меёбад, то дах аќл ва нўх фалак содир гардад. Уќули (чамъи аќл) дахгона ва сабаби тафаккури хар як аќли минбаъда дар бораи зоти мавчуди аввал, фалаки нўхгона (фалак-ул-афлоки кавокиби собита, Зўхал, Муштари, Шамс, Зўхра, Уторид, Ќамар) бар асари зоти худро тааќќул кардани хар як аќл заруратан пайдо мешаванд. Аз мантиќи ин андешахои Фороби бармеояд, ки аз назари ў илм бар офариниш аст, зеро кофист, ки чизе тасаввур шавад, то мавчуд ёбад. Фороби монанди дигар файласуфон мўътаќид аст, ки судуроти мавчудоти мутлаќ ва комил, ки зотан собитанд ва кавну (хасти) фасод намепазиранд, ба фалаки ќамар анчом меёбад. Аммо олами зери ќамар, яъне олами модди-чамодот (чамъи чамод-санг, минерал, чизи бечон), наботот, хайвоноти ногўё,хайвони гўё (инсон) чахони кавну фасод ва табаддулоту тахаввулот аст. Муваккили он аќли ёздахум аст, ки чун уќули дигар чавхари ѓайримоддист ва аќли фаъол номида мешавад. Фороби рочеъ ба ќадимияти олам, масъалаи модда ва сурат, таносуби нафсу тан, назарияи маърифат ва масоили фалсафаи ичтимои низ андешахои басе чолиб баён намудааст. Зимни тахќиќи хастишиноси Фороби ба баррасии маърифатпазирии олам низ пардохтааст. Ин тахќиќ ўро ба чунин натича овардааст, ки тамоми мавчудот донистани аст ва инсон тавассути хис ва аќли худ ба донистани олам рох меёбад. Инсон,-навишта буд ў, - тавассути аќл ва хис тахсили маърифат мекунад. Махсусот бо ёрии хаввос (чамъи хис-ќуввае, ки ба воситаи он чизхоро хис мекунанд), маъќулот (ба воситаи аќл даркшуда) тавассути аќл дониста мешавад. Аз ин чо метавон чунин натича гирифт, ки Фороби ду шакли маърифат хисси ва аќлиро шинохтааст. Масоили хикмати ичтимои дар осори файласуф ба сифати яке аз масъалахои маркази ва басе доманадор тахќиќу барраси шудааст. Инсон, ба ќавли Фороби, дар мавчудияти худ барои ба камолоту саодат расидан, ба чизхои зиёде ниёз дорад. Вале ў наметавонад хамаи чизхоро ба танхойи омода бисозад. Аз ин рў, вай фаќат тавассути иттиходи ашхос-мадади хамдигар ба камолот ноил мешаванд. хамин тавр, башар тавлид шуда, ќисмати кураи арзро маскан кард ва дар натича чомеаи башари ба вучуд омад. чомеаи башари комила ва ѓайрикомила мешавад. чомеаи комила се навъ дорад: чомеаи бузург-иттиходи хамаи одамони ќисмати ободи кураи арз, чомеаи кураи арз, чомеаи хурд-иттиходи аќли ин ё он шахр, ки чузъе аз маскани халќхост. Масъалаи аввалине, ки Фороби хангоми баррасии мохияти мадина ба риштаи тахќиќ кашидааст, масъалаи сохтори он аст. Ў сохтори мадинаи фозиларо ба сохтори бадани томи инсон ташбех медихад, ки хар як узви он барои тамомият ва хифзи хаёти вай хидмат мекунад. хамчунон, ки бадани як узв Раиса (дил) дошта, тамоми аъзои дигари он хидмати вайро адо мекунанд ва яке бар дигаре аз рўйи табиат ва ќобилият бартари доранд, айнан ба мисли хамин дар чомеа хам як шахсе раис аст, ки тамоми аъзои дигари ичтимоии мадина тибќи таќозои хадафи ў амал мекунанд ва яке аз дигаре ба асари вазъи ичтимоии худ тафовут дорад. Аз назари Фороби масъалаи бисёр мухими хаёти мадинаи фозила масъалаи сарвар ё раиси он аст.Ў мўътаќид аст, ки дар сари мадинаи фозила наметавонад хар шахсе, ки иттифоќ афтод, ќарор дошта бошад, зеро идора аз ду чиз вобаста аст: аввал, аз он, ки шахсе табиатан барои идораи мадина омода бошад, дуюм, аз вазъ ва ќобилияте, ки манбаи ирода аст, бархўрдор бошад. Идораи мадина ба ўхдаи касе хохад афтод, ки табиатан ба ин кор мутамоил бошад. Хамин тариќ, сохтори ичтимоии мадинаи фозила, аз назари Фороби, ин зайл аст: 1.Бузургони мадина (файласуфон, оќилон ва сохибназарони корхои мухим). 2.Суханварон ва рўхониён (воизон, хатибон, шоирон, мусиќидонон, нависандагон ва ѓайра). З.Муќаддирон - оморшиносон, мухосибон, риёзидонон, табибон, муначчимон. 4.чанговарон -размандагон, посбонон. 5.Сарватмандон, ки дар мадина ба касби мол машѓуланд, чун кишоварзон, чорводорон, бозаргонон (точирон) ва амсоли инхо. Зимни баррасии мадинаи фозила Фороби масъалаи мадинаи ѓайрифозиларо низ тахќиќ мекунад. Аз назари ў, мадинаи ѓайрифозила чор навъ мешавад, аз чумла:Мадинаи чохила, ки чандин навъ дорад, чун мадинаи зарурия, мадинаи мубодалла (бадал кардан), мадинаи хиссат (хасиси, пасти) ва шаќоват (бадбахти), мадинаи каромат, мадинаи таѓаллуби (пурра ѓолиб шудан), мадинаи чамоия (чамоъ - муоширати марду зан). Дигар масоили нихоят мухими хикмати сиёсии Фороби масъалаи чанг ва сулх аст. Таъмини сулх ва амнияти мардум, ба андешаи ў, аз сифатхои лозимаи мадинаи фозила аст. Мадинаи фозила фаќат дар сурати зарурати мухофизати худ ва ба хотири таъмини амният дар ќаламрави кишвар мачбур аст даст ба чанг занад. Ба аќидаи файласуф, фаќат чангхое одилона мешаванд, ки хадафашон хифзи кишвар ва истиќрори адолат бошад. Ибни Сино (980-1037) номдортарин аллома ва барчастатарин файласуфи машшоии точик аст, ки дар сохаи фалсафа ва хикмат таълифоти зиёде ба ёдгор мондааст. Мухимтарини онхо- «Китоб уш-шифо», «Китоб-ун-начот», «Ишорот ва -т-танбехот» ва «Донишнома» мебошанд. «Донишнома» ягона асарест, ки Ибни Сино онро ба забони точикии форси навиштааст, дигар асархояш пурра бо забони араби таълиф ёфтаанд. Масъалахои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклхои хасти, сурату модда, нафсу тан, сабабият, маърифати олами модди ва тахќиќи масоили гуногуни мантиќ мазмун ва мўхтавои асосии осори ўро ташкил медихад. Масъалаи маъмуле, ки мавриди таваччўхи хакимони асримиёнаги буд, ин масъалаи оё оламро Худо офаридааст, ё он азаливу абади вучуд дорад?, мебошад. Назари Ибни Сино ба ин масъала ин аст, ки олам аз мохияти илохи судур карда, дарачахои гуногунро гузашта, намуди хозираашро гирифтааст. Вале таносуби Худо ва табиат, на чун таносуби холиќ ва махлуќ, балки чун таносуби иллат (сабаб) ва маълул (натича) мебошад. Ба андешаи файласуф, Худо оламро на аз рўи иродаи худ, балки бо амри зарурат офаридааст. Чунин натичагирии Ибни Сино аз тахлили робитаи иллат ва маълул сар мезанад, зеро тибќи он алоќаи иллат ва маълул на робитаи тасодуфи, балки зарурист. Сабаб танхо дар холате сабаби воќеи шуда метавонад, ки натичае ба бор оварад. Агар он натича надошта бошад, пас хамеша дар хукми сабаби имкони боќи хохад монд. Аз ин рў, барои он ки Худо сабаби воќеи шавад, Ўро вочиб буд, ки оламро биофарад. Вай борхо таъкид мекард, ки «харчи аз иллате ояд, ба вочиб ояд». Ин аќидаи Ибни Сино дар назарияи судури ў возехан ифода ёфтааст. Дар назарияи фалсафии Ибни Сино ба тахќиќи масъалаи мохияти харакат, замон ва макон, ки шаклхои хастии модда ва оламанд, таваччўхи зиёд зохир шудааст. Ба аќидаи ў, чисм хамеша дар таѓйирот аст. То даме, ки чисм пурра таѓйир наёфтааст, холати навро нагирифтааст, он имкони аст. хамин, ки вай пурра таѓйир ёфт, воќеи шуда, ба чисми дигар табдил мешавад. Аз ин сабаб, харакат таѓйири хол ва камоли чисм аст. Файласуф харакатро аз рўи зухурот дар хасти ба чунбиши камми (миќдори), кайфи (сифати), макони ва вазъи таќсим кардааст. Эътирофи робитаи модда, харакат ва замон яке аз лахзахои мухими фалсафаи ўст. Мутафаккир замонро ба мисли моддаю харакат айни ва воќеи донистааст. Дар назари Ибни Сино, замон ба мисли модда ва харакат азалию абадист ва барои исботи ин масоил далелхои боэътимоди аќлию мантиќи овардааст. Масъалаи назарияи маърифат ва мантиќ низ яке аз масъалахои мухиму марказии фалсафаи Ибни Синост. Файласуф дар хусуси маърифат сухан ронда навишта буд, ки: «Ба аќидаи ман идрок иборат аст аз ин, ки идроккунанда сурати идрокшавандаро ба нахве аз онхо бигирад. Ва агар идрок шайъи бошад, хамин ки идроккунанда идрокшавандаро тачрид аз модда кард, идрок хосил мешавад» («Донишнома».- Техрон, 1337х., сах. 83-87). Ибни Сино дар халли масъалаи таносуби маърифати хиссию аќли низ кўшиши зиёде ба харч додааст. Ба аќидаи вай, дар корхо хис нафси нотиќаро кўмак мекунад. Аз чумлаи кўмакхои он яке ин аст, ки он чиро ин ќувва аз чузъиёт хис кардаанд, бар он ворид мекунад. Масъалаи бисёр мухими назарияи маърифати файласуф масъалаи мохияти хадс ( ходис шудани чизи нав) мебошад. Ба андешаи Ибни Сино, хадс он аст, ки ба як бор ва хар гуна таълим ва тааллум хадди васати ќиёс дар зехн ояд. Дониши хадси донишест, ки як бор пайдо мешавад, донишест, ки бефикру андеша ба вучуд меояд. Дониши хадси маърифати ѓайритачрибави буда, гўё бе таълиму тааллум (илмомўзи) сурат мегирад. Файласуф бо масъалаи хадс, масъалаи дониши тачрибави ва ѓайритачрибавиро алоќаманд менамояд. Ибни Сино дониши ѓайритачрибавиро пояи тамоми дониши инсони, заминаи маърифати тачрибави медонист. Ибни Сино масъалаи мантиќу масоили ба он марбутро хеле эчодкорона дида баромадааст. Харчанд Ибни Сино дар масъалаи хикмати амали таълифоти мустаќиле анчом надода бошад хам, вале баъзан ба назар чунин мерасад, ки андешахои ичтимоиаш зимни баёни масъалахои умумифалсафии ў арзёби шудааст. хикмати амалии Ибни Сино- тахзиби ахлоќ, тадбири манзил ва сиёсати мудунро фаро гирифтааст. Ба ќавли файласуф, мурод аз тахзиби (ислох кардан) ахлоќ саодати шахс, аз тадбири манзил саодати оила ва аз сиёсати мудун (шахр) саодат ва танзими кишвар аст. Файласуф дар рисолааш «Тадбири манзил» ва дигар асархояш рочеъ ба мухимтарин рукнхои хикмати амали имтиёзу афзалияти инсон ва мохияти он, бунёди оилаи солеха, роху тариќи тарбияи фарзанд, маќоми мурабби дар тарбияи фарзанд, сабабхои истиќрори чомеа, таркиби ичтимои, хокимияти сиёси, фарохам овардани адолату амният ва ѓайра сухан рондааст. Ибни Сино сабаби асосии пайдоиши ичтимоъро дар зарурати фарохам овардани шароитхо ва омилхо барои фаъолияти хаётии одамон ва дар пойдориву баќои хастии насли инсони мебинад. Ба андешаи ў, ин зарурияти устувору пойдор одамонро мачбур менамояд, ки дар иттиходия гирди хам оянд ва бо усули иштирок, хамкори, ёрмандии байнихамдигарию мубодилот неъматхои истехсол кардаашон шароите барои мавчудияти афроди инсони ва насли он мухаё намоянд. Агар файласуф яке аз шартхои зарурии иттиходи ичтимоъро дар муованати (мададгори) доимиву мунтазами одамон донад, шарти дуюмини рушду ривочи онро дар мехнати софдилонаи шахрвандони чомеа дидааст. чомеа бояд ногузир бар зидди хама гуна тазохуроти номатлуб -муфтхўрону ришвахўрон, дуздону фохишагон ва ѓайра муборизаи беамон барад. Аз назари Ибни Сино, таркиби чомеа аз ахли мудаббирон (тадбиркунанда-подшох), аъёну ашроф, сипохсолорхо), ахли сайф (шамшер - лашкар) ва ахли чокар (хидматгорхо) иборат аст. Файласуф дар хусуси дороиву сарватманди ва инчунин дар маќому манзалат хамоханг набудани одамонро яке аз шартхои мухими пойдории чомеа медонад ва дар ин боб гуфтааст: «...агар хамаи мардум подшоху шахриёр бишаванд, хамаги аз байн мераванд. Ва агар хамаашон ранчбару коргар ва тобеу раият бишаванд, подшоху султоне дар байн набошанд, хамаги фано ва халок мешаванд» (Рисолаи тадбири манзил, сах. 13). Аз тахлили андешахои ичтимоию сиёсии Ибни Сино сарехатан бармеояд, ки баќову пойдории кишвар на фаќат ба василаи муованату хамкории шахрвандони он сурат мепазирад, хамчунин ба танзими ќонунхои одилона низ робитаи зич дорад. Вай таъйид менамояд, ки дар кишвар ќонун ва меъёри адолат бояд чори бошад. ќонунгузор бояд аз болои ќонун ва татбиќи мунтазами он дар хама сатхи умури чомеа назорати доими барад. Аз назари файласуф, хар шахрванде, ки ба беадолативу беинсофи рох медихад, хатман бояд ба чазо кашида шавад ва дар ичрои ин амали хайр ахли чомеа хатман бояд муштарак бошанд ва ба манфиати хайрияту рифохияти умум мадад расонанд. Маълум аст, ки татбиќи хамаи ин амалиёти хайр ва таъмини мувозинат дар кишвар бе хузури сарвари одилу оќил сурат намегирад. Аз ин рў, файласуф ба тахќиќи масоили хокимияти сиёси ва асоси хуќуќии он пардохтааст. Чомеаи Ибни Сино бо назариёти ахкомиву шариатии ислом комилан созгор аст. Он чомеа, дар зери фармони пайѓамбар ќарор дорад. Аз назари ў, пайѓамбар ду вазифаро ба чо меорад, яке барќароркунии низоми зиндагонии инчахони ва дигаре таъмини саодати чахони уќбои (охирати) одами аст. Ба хамин вачх, пайѓамбар рохбари чомеаи одилона ва таъмини файзи илохиро дар замин ба ўхда дорад. Наќши афкори фалсафи, ахлоќи ва ичтимоии Абўали ибни Сино дар ташаккули таълимоти файласуфони минбаъдаи чахони исломи баѓоят бузург аст. Абулвалид Мухаммад ибни Рушд (1126-1198) аз барчастатарин файласуфони машшоии араб хисоб мешавад, ки дар шахри Курдоби Испониё ба дунё омадааст. Вай дар чавони илохиёт, фиќх, адабиёти араб, фалсафа ва тибро омeхт. Ибни Рушд соли 1153 ба Марокаш рафта, мадраса таъсис кард. Солхои 1168-1171 ќозии Севил, солхои 1171-1182 ќозиюлќузоти Курдоб, 1182-1194 табиби дарбор буд. Соли 1195 барои озодандешb ба uазаби амир Абуюсуф дучор шуда, худашро хабс карда китоб хояшро сўзонданд. Ибни Рушд дар сохахои гуногуни илм асархои зиёд таълиф кардааст, ки як ќисмаш - 38 асар ба шархи осори Афлотун, Арасту, Фороби ва Ибни Сино, ќисми дигараш тадќиќоти ўст. Асари мухимтарини ў «Тахофут ут-тахофут» аст, ки дар радияи «Тахофут ул-фалосифа» -и Имом ѓазоли навишта шудааст. Ибни Рушд дар бахс бо ѓазоли чихатхои озодандешонаи фалсафаи машшоъро бештар инкишоф додааст, ки он аз халли масъалаи таносуби Худо ва олам маълум мегардад. ў бархилофи ислом ва калом, ки назарияи офаринишро ќоил буданд, исбот мекунад, ки хаюло ќадим ва абадист, зеро пеш аз хастии хозир хастии дигаре ва баъд аз он хам хастии дигаре вучуд хохад дошт. Азбаски хаюло ќадим аст, олам ва шаклхои хастии он харакат, макон ва замон низ ќадиманд. Бинобар ин, офариниши олам аз хеч мухол аст. Худо оламро на аз хеч офарид, балки суратхои ба модда зотан хосро аз холи имкон ба холи воќеият овард. Ибни Рушд дар хамин асос далелхои Fазолиро дар бораи офариниши олам рад мекунад. Яке аз далелхои мухими ѓазоли дар хусуси пайдоиши олам машхур ва маќбули умум будани ин ѓоя аст. Ибни Рушд ин даъвои ѓазолиро рад карда, баён мекунад, ки шарти хаќиќат будани ин ё он нукта на машхур ва маќбули умум будани он, балки ба хасти мутобиќ будани вай аст. Ибни Рушд далелхои оќилонаи ѓазолиро дар радди ќадимии олам тахлил карда, камбудии онхоро фош кардааст. ѓазоли ба он аќида буд, ки имконияти хастии абади харгиз далел ќадимии олам шуда наметавонад, зеро имконият мафхуми сирф аќли аст. Назарияи маърифати Ибни Рушд бо назарияи сабабияти ў зич алоќаманд мебошад, зеро маърифат дар назари ў донистани сабаби ашё ва ходисахост. Вай дар назарияи маърифат пайрави назарияи инъикос буд. ў бар хилофи ѓазоли, ки лафзхои куллиро мафхумхои сирф аќли мепиндошт, андеша дорад, ки онхо натичаи инъикоси хосиятхои умумии ашёву ходисот дар зехн ва аќл мебошанд. Чизхои фарди аз рўи хасти бар умури кулли пеши доранд ва бе онхо мафхуме дар зехну аќл пайдо шуда наметавонад. Дониш,- навишта буд ў, -на дарки умури кулли, балки донистани ашёи фард аст, ки дар сурати хосияти муштараки онхоро таxрид кардани аќл пайдо мегардад. Вале умури кулли мавзeи дониш нест, балки махз тавассути онхо ашё дониста мешавад. Ибни Рушд назарияи тазаккури Афлотун, ки онро ѓазоли вусъат дода навишта буд: «хамаи ин гуфторхо бемаѓзанд, зеро шакке нест, ки лафзхои аќли фаќат дар сурате маъни доранд, ки аќл тавассути онхо дар бораи табиати хаќиќии ашё тасаввур пайдо кунад». Вай дар мубохиса бо ѓазоли таълимоти фалсафаи машшоъро дар бораи маърифати хиссию аќли низ тараќќи ва вусъат додааст. Мулохизахои ў дар ин хусус далели онанд, ки вай дар назарияи маърифат пайрави назарияи инъикос буд. Ба аќидаи ў, дониши хисси натичаи дар узвхои хис инъикос шудани сурати ашёи фард буда, дониши аќли дарки мохияти онхост. Абўчаъфар Мухаммад ибни Мухаммад Насируддини Туси (1201-1274) аз чехрахои дурахшонтарини афкори фалсафи ва чамъияти-сиёсии асримиёнагии точик ба шумор меравад. Вай дар вусъати минбаъдаи фалсафаи машшоъ наќши бузурге дорад. Агар Ибни Рушд фалсафаи машшоъро аз хамлахои ѓазоли химоя карда бошад, Насируддини Туси онро аз зарбахои Фахруддини Рози ва Мухаммади Шахристони дифои намудааст. Осори фалсафии ў «Асос-ул-иќтибос», «Равзат-ут-таслим», «Ќавоид-ул-аќоид», «Ахлоќи Носири», «Ахлоќи Мўхташами», «Тачрид-ул-калом», «Тачрид-ул-аќоид», «Шарх-ул-ишорот», «Авсоф-ул-ашроф», «Насихатнома ба Обокохон» мебошанд, ки дар онхо пеш аз хама, масъалахои хасти ва ахлоќу ичтимоъ харчониба барраси ва тадќиќ гардидаанд. Масъалаи асосии фалсафаи асрхои миёна-масъалаи таносуби Худо ва табиат буда, мисли Фороби, Ибни Сино ва Ибни Рушд собит намудааст, ки: «Аллохи таъоло хамеша холиќ буд ва чун холиќ гуфти, махлуќ хам бояд бувад, яъне ин олам хам худ лозим бошад. Пас, харгиз набувад, ки ин олам набуд. Агар касе гўяд: Худой ва олам харду ба ин вачд ќадим бошанд ва ин ширк бошад, гўем: Мо на инкори ќадимии олам кунем ва на инкори мўхдасиаш (рўйдоди нав) Пас гўем: Олам ба ихтиёр ва эътибори худ мeхдас аст ва ба эътибор бо мукаммалу мукаммил (такмилшуда)-и худ ќадим. Ва худуси ў имкон ва нуќсони ўст ва ќидами ў расидан аз имкон ба вучуд ва аз нуќсон ба камол» (Равзат-ут-таслим. Бомбай, 1950, сах.59). Чунин халли масъала зотан муќобили назарияи ибтидои замони доштан ва фони будани олам равона карда шудааст, ки он яке аз ахкоми мухими дини ва нуктаи асосии фалсафаи каломи Мухаммади ѓазоли ва Фахруддини Рози мебошад. Таъбири масъалаи таносуби Худо ва олам хамчун таносуби сабабу натича Насируддини Тусиро ба шархи илмии мохияти ходисахои олам хидоят кардааст. Аз хамин сабаб, вай хангоми тахќиќи ходисахои кусуфу хусуф (гирифтани офтобу мохтоб), харакати саёрахо, барф, борон, жола, абр, шамол, тиру камон, зилзила, инъикос ва инкисори (шикаста шудани) нур, пайдоиши чавохирот, субхи козибу содиќ (субхи нимравшану равшани комил) ва назири инхо кўшидааст, ки сабабхои айни ва табиии онхоро ошкор созад. Назарияи маърифати Насируддини Туси аз танќиди назарияи маърифати калом, махсусан, аз танќиди назарияи маърифати Фахруддини Рози сар задааст, ки ў ба ќобилияти оламро донистани одам шубха дошт. Масъалаи хикмати амалии Насируддини Туси хам бисёр мухим аст. Вай дар асари барчастааш «Ахлоќи Носири» рочеъ ба хар се бахши хикмати амали-тахзиби ахлоќ, тадбири манзил ва сиёсати мудун (шахрхо) изхори андеша намудааст ва дар ибтидо мохият ва хадафи ин хикматро ошкор сохтааст. Файласуф назарияи фитри будани ахлоќро рад намуда, ќайд мекунад, ки он бо таъсири мухит ва таълиму тарбия таѓйир меёбад. ў инсонро дар содир кардани чи афъоли нек ва чи бад сохибихтиёр дониста, онхоро барои кирдорашон масъул мешуморад. Насируддини Туси масъалаи пайдоиши оилаю муносибатхои оилавиро хам мавриди тахќиќ ќарор додааст. Вай сабабхои пайдоиши оиларо дар таъмини маош, молумулк ва бардавомии насли башар дидааст. Нуќтаи назари ў дар бораи муносибати байни зану шавхар, фарзандон, хочаву хизматгор то андозае аз махдудиятхои таърихи холи нест. Вале андешаи мутафаккир дар хусуси пос доштани хотири кўхансолон, волидайн, таъмини хушхолии зан ва адолату шафќат нисбат ба ў чихатхои пешќадамии таълимоташро ташкил медиханд. Насируддини Туси доир ба масъалахои иќтисоди, ичтимои, сиёси ва хуќуќи низ таваччўхи хос зохир намудааст. Ба аќидаи вай, эхтиёчоти хаётии ахли чомеа (пўшок, хўрок ва дигар молхои ниёз) бо ёрии хамдигар ва бе истиќрори таовун рафи намешаванд. Одамон мачбуранд, ки муттахид шаванд ва хамин иттиход мадина (чомеа) аст. Мувофиќи андешаи мутафаккир, мадина чанд навъу хел дорад, ки бехтаринаш мадинаи хуррият аст. Шахрвандони ин гуна мадина комилхуќуќ ва озоданд. Мардум танхо дар ин гуна чомеа хушбахт ва саодатманд шуда метавонанд. Насируддини Туси дар назарияи ичтимоию сиёси таълимоти Форобиро идома дода, аќидахои ўро дар хусуси маќоми истехсоли неъматхои модди дар баќои насли башар, нуфузи хунар, тичорат ва пул дар хаёти чамъият, сабабхои пайдоиши чамъияти инсони ва ѓайра вусъат додааст. Наќши афкори фалсафаи Хоча Насируддини Туси дар рушду инкишофи таълимоти фалсафии минбаъда хеле калон аст. |