Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 74. Ҳуқуқҳои мутахассисони тибби оилавӣ. Мутахассисони тибби оилавӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд: - бо тартиби муқарраргардида бо идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба хизматрасонии тиббӣ шартномаҳо банданд, инчунин молу мулки амбулаторияи тибби оилавӣ, марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотро истифода баранд ва барои хизматрасонии тиббӣ тибқи шартнома маблағ гиранд; - оид ба беҳтар намудани кумаки тиббию санитарӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд; - дар ҷаласаҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, анҷуманҳо ва симпозиумҳо ширкат варзанд, аъзои ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва тахассусӣ бошанд, ки фаъолияташон ба мақсаду уҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ мухолиф намебошанд. Моддаи 75. Уҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ. 1. Уҳдадориҳои асосии мутахассисони тибби оилавӣ иборатанд аз: - амалӣ гардонидани тадбирҳои санитарию маърифатӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии беморшавии аҳолӣ; - муоинаи саривақтии бемориҳо ва ошкору бартараф намудани онҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ; - таъмини муоинаи мунтазами аъзои оила ҳангоми амалӣ намудани чораҳои солимгардонӣ; - расонидани кумаки таъхирнопазири тиббӣ ҳангоми зарурат; - бо тартиби муқарраргардида машваратдиҳӣ ва бистарикунии саривақтии беморон, назорати ҷараёни табобат; - дар ҳаҷми муқарраргардидаи тахассусӣ амалӣ намудани чораҳои табобатӣ, ташхисӣ ва барқарорсозии саломатӣ; - бо тартиби муқарраргардида муайян намудани корношоямии муваққатии беморон ва ба комиссияи тиббию иҷтимоӣ равон кардани онҳо; - якҷоя бо кормандони хадамоти иҷтимоӣ ба шахсони танҳо, калонсолон, маъюбон ва беморони мубталои бемориҳои музмин расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ; - расонидани кумаки машваратӣ ба оилаҳо оид ба масъалаҳои эмкунӣ, ғизодиҳии кӯдакон, тарбияи онҳо, омодасозӣ ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таълимӣ, мавқеи тахассусии онҳо, банақшагирии оила, одоб, психология, гигиенӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҷинсии ҳаёти оилавӣ; - дар мавридҳои зарурӣ сари вақт ҳамкорӣ намудан бо дигар мутахассисони соҳавии тандурустӣ ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ; - истифодаи дурусти ҳуҷҷатҳои бақайдгирию ҳисоботии шаклҳои тасдиқшуда. 2. Мутахассисони тибби оилавӣ ҳангоми робитаи аввал бояд масъалаҳои тиббии беморро ҳал намоянд ва ба бемор дар сурати пайдо шудани зарурати кумаки машваратии мутахассисони дигар барои муроҷиат намудан мусоидат намоянд. Табиби оилавӣ беморро оид ба натиҷаҳои машварат огоҳ намуда, ба ӯ дар бораи ҳамаи намудҳои хизматрасонии тиббӣ ва шакли самарабахши онҳо иттилоъ медиҳад, иҷрои ҳамаи маслиҳату тавсияҳоро танзим менамояд. БОБИ 12. ТИББИ ХАЛҚӢ Моддаи 76. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд. Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд: - оид ба бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, кумаки тиббии халқӣ расонанд; - усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд; - ба табобати беморон баъди бо усулҳои тибби муосир, ки тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, маълум гаштани натиҷаи ташхис машғул шаванд; - бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, барои расонидани кумаки тибби халқӣ якҷоя фаъолият намоянд; - бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дорувории тибби халқиро тайёр ва истифода кунанд; - ба тадқиқотҳои илмии соҳаи тибби халқӣ тибқи самтҳои афзалиятноке, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, машғул шаванд. Моддаи 77. Уҳдадории шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд. 1. Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, уҳдадоранд: - барои амалӣ гардонидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ шинос шаванд; - ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки вазъи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои кумаки ба ӯ расонидашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд; - ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияташон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумотро пешниҳод намоянд; - усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва дорувориҳои тибби халқиро, ки ба истифодаи онҳо дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода шудааст, истифода баранд; - ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори тандурустӣ ҳодисаҳои ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом, заъфати пӯст, шукуфаи мӯйчин, хоришак, сил, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои саратон, нашъамандӣ ва равониро хабар диҳанд; - бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар панҷ сол як маротиба аз аттестатсия гузаранд. 2. Табиби халқӣ дар сурати аз рӯи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардан, ба фаъолияти тибби халқӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳ дода мешавад. 3. Ҳангоми фаъолияти тибби халқӣ амалҳои зерин манъ аст: - истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои тибби халқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нагардида, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода нашудааст; - таъйин намудани воситаҳои нашъадор ба беморон ва тавсияи истифодаи онҳо; - гузаронидани сеансҳои табобатии оммавӣ аз ҷониби табибони халқӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма. Моддаи 78. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони халқӣ. 1. Табибони халқӣ метавонанд мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд. 2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъсис ва ташкили фаъолияти ташкилотҳои тибби халқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии табибони халқӣ метавонанд саҳмгузор бошанд. Моддаи 79. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ. 1. Барои дар соҳаи тибби халқӣ фаъолият кардан шахсоне ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ, сертификати мутахассиси тибби халқӣ ва иҷозатнома доранд. 2. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи табиби халқӣ ва сертификати мутахассиси тибби халқиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Шаҳодатномаи табиби халқӣ ва сертификати мутахассиси тибби халқӣ дар сурати баъди зиёда аз 6 моҳи гирифтани он, нагирифтани иҷозатнома ё нагузаштан аз аттестатсияи давлатӣ аз эътибор соқит дониста мешавад. 3. Додани иҷозатнома барои фаъолият кардан дар соҳаи тибби халқӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад. Моддаи 80. Ташкил кардан ва барҳам додани ташкилот ва муассисаи тибби халқӣ. 1. Ташкилот ва муассисаи тибби халқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. 2. Тартиби ташкил ва барҳам додани фаъолияти касбии ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеии ба тибби халқӣ машғулбударо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Моддаи 81. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ. 1. Табибони халқӣ уҳдадоранд, ки ба бемор оид ба сифат, судмандӣ, бехатарӣ ва таъсири аксуламали маводи дорувории тибби халқӣ ва усулҳои табобат иттилоот диҳанд. 2. Маълумоте, ки ба бемор ба таври ҷиддӣ таъсир мерасонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, дар ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд. 3. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ бояд дуруст, саҳеҳ, мукаммал, саривақтӣ, дақиқ, касбӣ ва тахассусӣ бошад. 4. Ба тибби халқӣ хизматрасониҳои дорои хусусиятҳои сеҳру ҷодугарӣ, инчунин гузаронидани маросимҳои динӣ дохил намешаванд. Моддаи 82. Озмоиши клиникӣ, бақайдгирии давлатӣ ва талабот ба маводи дорувории тибби халқӣ. 1. Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 2. Баъди бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқӣ номгӯи он ба Феҳристи маводи дорувории тибби халқӣ, ки тартиби пешбурди онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд, ворид карда мешавад. 3. Истифодаи маводҳои дорувории тибби халқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст. 4. Маводи дорувории тибби халқӣ бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки барои онҳо тасдиқ карда шудаанд, мувофиқ бошад. 5. Ҷамъоварӣ, коркард ва тайёр кардани маводи дорувории тибби халқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. БОБИ 13. СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВИИ АҲОЛӢ Моддаи 83. Ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1. Солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошад. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба хизматрасонии ҳифзи солимии репродуктивӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои давлатии илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ роҳбарӣ намуда, стратегияи ҳифзи солимии репродуктивии аҳолиро таҳия менамояд ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ масъул мебошад. 2. Тартиби ташкили фаъолияти ташкилотҳои давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Моддаи 84. Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон ва кафолати амалишавии онҳо. 1. Ҳуқуқҳои репродуктивӣ аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона оид ба шумораи фарзандон, вақти обистанӣ ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарурӣ, ноил гардидан ба солимии репродуктивӣ замина мегиранд. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона: - масъалаи шумораи фарзандонро ҳал намоянд; - нисбат ба фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошти ҳолатҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, қарор қабул намоянд; - аз усул ва воситаҳое истифода баранд, ки инсонро аз беморшавӣ ва ё маъюбшавие, ки ба фаъолияти шаҳвонӣ ва репродуктивии онҳо зарар мерасонад, эмин доранд. 2. Аз тарафи давлат кафолатҳои зерин дода мешавад: - имтиёзҳои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон; - ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои маҷбуркунии шаҳвонӣ ва таъқиби шаҳвонӣ; - дастрастрасии маълумоте, ки ба ҳавасмандгардонии иҷтимоӣ, беҳбудии маънавию ахлоқӣ, солимии ҷисмонию рӯҳӣ барои таваллуди фарзанд равона гардидаанд. Моддаи 85. Озодии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктивӣ. 1. Шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озод мебошанд. Солимии репродуктивӣ барои нигоҳдории саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктивӣ ба занон ва мардон мусоидат менамояд. 2. Муносибати байни зану мард, масъалаҳои банақшагирии таваллуди фарзандон ба принсипҳои баробарӣ, озодӣ, масъулияти байниҳамдигарӣ ва эҳтироми тарафайн асос меёбанд. Занро барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур кардан манъ аст. Моддаи 86. Ҳуқуқҳои шахсони ба ташкилотҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда. Шахсони ба ташкилотҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд: - гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи банақшагирии оила ва таваллуди кӯдак; - дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила; - интихоби озодонаи корманди тиб; - изҳори озодонаи ирода, нисбат ба истифодаи усулҳои бехатар; - махфӣ нигоҳ доштани мукотибот ҳангоми гирифтани машварат ва муоинаи ҷисмонӣ; - ибрози ақида нисбат ба усулҳои пешгирикунандаи ҳамл ва хизматрасонӣ; - гирифтани маълумот оид ба истифодаи воситаҳои муайяни пешгирикунандаи ҳамл ва намудҳои хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешаванд. Моддаи 87. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбат ба ҳомиладоршавӣ ва пешгирии он. 1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, нисбат ба ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл мустақилона қарор қабул намоянд. 2. Шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби воситаҳои пешгирии ҳамл, аз ҷумла бо роҳи ҷарроҳӣ ва ё худдорӣ намудан аз истифодаи онҳоро доранд. 3. Ба зан ҳуқуқ дода мешавад, ки масъалаи модар шуданашро худаш ҳал кунад, бо хоҳиши зан ба ӯ усулу воситаҳои зидди ҳомиладорӣ тавсия карда мешаванд, ки онҳо ҳомиладоршавии номатлуби ӯро пешгирӣ менамоянд. Тартиби расонидани усулу воситаҳои зидди ҳомиладоршавиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 4. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл ҳамчун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳӣ ва ё усули бебозгашти пешгирии ҳамл танҳо бо розигии хаттии ҳамсарон, барои заноне, ки ақди никоҳ надоранд, ихтиёрӣ дар асоси забонхат, барои ноболиғон бо розигии падару модар ва ё намояндаи қонунии онҳо сурат мегирад. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. 5. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл ҳамчун усули бебозгашт танҳо баъд аз гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоӣ сурат мегирад. Тартиби гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Моддаи 88. Ҳуқуқи наврасону ҷавонон ба ҳифзи солимии репродуктивӣ 1. Наврасону ҷавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ҳуқуқ доранд. 2. Барномаҳои таълимӣ оид ба таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҳифзи солимии репродуктивӣ, омода намудани ноболиғону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таҳия карда мешаванд. 3. Таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ташкилотҳои дигар аз рӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои инкишофи равонию ҷисмонии онҳо ба назар гирифта, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, аз ҷониби шахсони тайёрии махсусдошта амалӣ гардида, наврасону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода карда мешаванд. 4. Ба наврасону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои осебпазир, хизматрасонии машваратии тиббӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Моддаи 89. Ҳуқуқ ба табобати безуриётӣ. 1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки безуриётиро бо истифода аз технологияи ҳозиразамони репродуктивӣ, ки истифодаи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода шудааст, табобат намоянд. 2. Шаҳрвандоне, ки дар ақди никоҳ мебошанд, ҳуқуқ доранд танҳо бо розигии тарафайн аз технологияи репродуктивӣ истифода баранд. Ҳамзамон, онҳо бояд доир ба технологияи репродуктивӣ, самарабахшии он, муҳлатҳои мувофиқи истифода аз он, эҳтимолияти мушкилот ҳангоми истифода аз он, оқибатҳои тиббию ҳуқуқӣ, инчунин оид ба мавҷудияти дигар воситаҳои табобати безуриётӣ маълумоти комил гиранд. Моддаи 90. Донорӣ ва тарзи нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ. 1. Донори ҳуҷайраҳои ҷинсӣ метавонанд шаҳрвандони аз 18 то 35 - сола бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим буда, аз машварати тиббию генетикӣ гузаштаанд. 2. Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд. 3. Тартиб ва шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. 4. Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктивӣ ё хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касбӣ ва ё иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ бармеоянд, инчунин дар сурати мавҷуд будани нишондодҳои тиббӣ, хизматрасонии ройгон оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. 5. Номгӯи намудҳои фаъолияти касбӣ ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат ҷиҳати ройгон нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Моддаи 91. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин. 1. Ҳар як зани қобили таваллуди ба балоғатрасида, ба ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ҳуқуқ дорад. 2. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ба шаҳрвандоне, ки дар ақди никоҳ мебошанд, танҳо бо розигии тарафайн ва ба зани бешавҳар бо хоҳиши ӯ гузаронида мешавад. Тартиби шарти ҳомиладоркунии сунъӣ ё кӯчонидани ҷанинро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 3. Ҳангоми истифодаи технологияи репродуктивӣ ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад. 4. Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин аз ҷониби ноболиғон ва занҳое, ки ғайри қобили амал ва ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст. Моддаи 92. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ. 1. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. 2. То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст. 3. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад. 4. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 5. Тартиби гузаронидани ҷарроҳии қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. 6. Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад. 7. Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. |