Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 21. Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ. Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба танзим дароварда мешавад. Моддаи 22. Аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ. 1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади мутобиқати хизматрасониҳои тиббию фарматсевтии онҳо анҷомдиҳанда ба стандартҳои тандурустӣ аз аккредитатсия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. 2. Аккредитатсия хусусияти ҳатмӣ дошта, аз ҳисоби маблағҳои субъекти аккредитатсияшаванда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Моддаи 23. Аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ. 1. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ, ки дорои таҳсилоти олии тиббию фарматсевтӣ ва мутахассисони тиббию фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. 2. Меъёрҳои асосии арзёбӣ дар раванди аттестатсия ин мувофиқати шахсони аттестатсияшаванда дар иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ба шумор меравад. 3. Ҳамаи мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ, пас аз се соли хатми муассисаи таълимии тиббӣ ва минбаъд ҳар панҷ сол, инчунин мутахассисони тиббии дигар давлатҳо, ки ба ташкилотҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шудаанд, бояд аз аттестатсия гузаранд. БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 24. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ. 1. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ қисми таркибии таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. 2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини экспертиза дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешаванд: - экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ; - экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимӣ; - экспертизаи коршоямии касбӣ ва экспертизаи алоқамандии беморӣ бо касбият; - экспертизаи тиббию иҷтимоӣ; - экспертизаи ҳарбии тиббӣ; - экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологӣ; - экспертизаи санитарию эпидемиологӣ; - экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ; - экспертизаи илмии тиббӣ. 3. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Моддаи 25. Экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ. 1. Экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба дохилӣ ва берунӣ ҷудо мешаванд. 2. Барои гузаронидани экспертизаи дохилӣ дар ташкилоти тандурустӣ Комиссия оид ба сифат ва бехатарии кумаки тиббӣ таъсис дода мешавад. Сохтор ва ҳайати Комиссия бо назардошти ҳаҷми хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешавад, аз ҷониби роҳбарияти ташкилот тасдиқ карда мешавад. Аз ҷониби Комиссия оид ба сифат ва бехатарии кумаки тиббӣ, таҳлили ҷории ташкили кумаки тиббӣ, фаъолияти клиникии ташкилоти тандурустӣ, ошкорсозии омилҳои вайронкунии тартиби хизматрасонии тиббӣ ва стандартҳо, инчунин баррасии муроҷиати табобатгирандагоне, ки табобат мегиранд, дар давоми 5 рӯз баррасӣ ва аз натиҷаи он ба роҳбарияти ташкилоти тандурустӣ оид ба бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои пастшавии сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таклиф пешниҳод карда мешавад. 3. Экспертизаи берунӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар шакли санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, инчунин аккредитатсияи ташкилотҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалӣ карда мешавад. 4. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи дохилӣ ва берунии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Моддаи 26. Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимӣ. Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимии шаҳрвандон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Моддаи 27. Экспертизаи коршоямии касбӣ ва экспертизаи алоқамандии беморӣ бо касбият. 1. Экпертизаи коршоямии касбӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати саломатии корманд бо имконияти иҷрокунии корҳои ба ӯ вобасташуда, аз ҷониби комиссияи табибию машваратии ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи экспертиза ба корманд хулоса дар бораи коршоям ва ё корношоям будани ӯ вобаста ба иҷрои намудҳои кориаш дода мешавад. 2. Экспертизаи алоқамандии беморӣ ба касбият аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ дар соҳаи бемориҳои касбӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи экспертиза хулоса дар бораи мавҷуд будан ё набудани бемориҳои касбӣ дода мешавад. Моддаи 28. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ. 1. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо мақсади муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тавонбахшӣ дар асоси арзёбии маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, ки дар натиҷаи коҳиши устувори вазифаҳои организм ба вуҷуд омадааст, гузаронида мешавад. 2. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад. 3. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва рӯҳии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад. 4. Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 5. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ гузаронида мешавад. Низомномаи мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Моддаи 29. Экспертизаи тиббии ҳарбӣ. Экспертизаи тиббии ҳарбӣ бо мақсади муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ (хизмати ба он баробар) ва таълим аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси ҳарбӣ, инчунин муайян намудани алоқаи сабабҳои маъюбӣ ва беморӣ дар хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба гузаштани хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Моддаи 30. Экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологӣ. Тартиби ташкил ва таъйини экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Моддаи 31. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ. 1. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ қисми таркибии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ буда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешавад. 2. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ оид ба арзёбии таъсири омилҳои муҳити зисти инсон ба саломатии ӯ ва бо супориши сартабибони давлатии санитарӣ, инчунин аз рӯи аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. 3. Тадқиқоти озмоишии санитарию эпидемиологӣ қисми экспертизаи санитарию эпидемиологӣ буда, нишондодҳои органолептикӣ, санитарию гигиенӣ, токсикологӣ, кимиёвӣ, биокимиёвӣ, серологӣ, микробиологӣ, эпидемиологӣ, бактериологӣ, вирусологӣ, паразитологӣ, ташхиси энергетикӣ ва арзёбии биологии маҳсулоти ғизоӣ, санҷиши садо, ларзиш, майдончаи электрикӣ, ташхиси радиатсионӣ ва дозиметриро дар бар мегирад. 4. Маблағгузории экспертизаи санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти (мол, кор, хизматрасонӣ) онҳо таҳти тадқиқоти мазкур қарор мегирад ва дар ҳаҷми ҳароҷоти иҷрошуда таъмин карда мешавад. 5. Истифодаи моддаҳои кимиёвӣ ва биологие, ки барои саломатии инсон ва наслҳои оянда имконияти хатар оварданро дорад ва дар натиҷаҳои санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ, ё ин ки тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Номгӯи маводи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъкардашуда дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ мунтазам нашр карда мешавад. 6. Мақомоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва экспертизаи санитарию эпидемиологӣ хулосаи санитарию эпидемиологиро барои иҷрои корҳои зерин медиҳанд: - ҷойгиронӣ, таҷдид ва васеъкунии иншооти саноатӣ, иншооте, ки дорои партовҳои кимиёвию биологӣ, омилҳои физикӣ, иншооти минтақаҳои офатзадаи экологӣ ва иншооте, ки технологияҳои муосири беназир доранд; - ҷойгиронии нақшаҳои генералии сохтмони маҳалҳои аҳолинишини шаҳрак ва деҳот, минтақаҳои истироҳатӣ, лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншооти саноатӣ, таъйиноти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ; - арзёбии маҷмӯи таъсири омилҳои муҳити зист ба вазъи санитарию эпидемиологӣ; - лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба ашёи хом, маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо, лавозимот, мавод, механизмҳо, мошинҳо, дастгоҳҳо, инчунин инкишофи физиологӣ, меҳнат, зиндагӣ, истироҳат, ғизо, обтаъминкунӣ, хизматрасонии тиббии табақаҳои мухталифи аҳолӣ; - шароити истеҳсолот, интиқол, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва фурӯши ашёи хом, оби нӯшокӣ, маводи сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум, маводи заҳрнок, радиатсионӣ ва биологӣ, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонӣ; - маводи тавсифдиҳандаи вазъияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолати солимии аҳолӣ, оид ба бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавиҳо; - мавод оид ба таркиби кимиёвӣ, биологӣ, заҳрнокӣ ва радиологии хок, обанборҳо ва ҳавои атмосфера; - лоиҳакашии иншооти саноатӣ ва таъйиноти шаҳрвандии сохтмонаш давомёфтаистода ва ба истифода додашаванда, лавозимоти саноатӣ ва нақлиёт, инчунин дигар иншооте, ки эҳтимоли хатарнокӣ барои солимии аҳолӣ доранд; - маҳсулоти ғизоӣ, мавод ва маснуоте, ки бо маҳсулоти ғизоӣ, ки ба мутобиқати тасдиқгардидаи ҳатмӣ пешбинӣ нашудааст, алоқамандӣ дорад; - меъёрҳои машғулиятҳои таълимию меҳнатӣ ва реҷаи дарсҳо дар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм; - молҳои таъйиноти кӯдакона, ғизо ва иловагиҳои ғизо; - лоиҳаҳои банақшагирии зерсохтмони маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои муҳофизи санитарӣ, шароити истифодаи об ва равиши обҳои корезӣ, нобудкунӣ ва гӯронидани маводи заҳрнок ва радиоактивӣ, стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои ҳама гуна ашёи нав, таҷҳизоти технологӣ, равандҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, ашёи хоми озуқаворӣ, маснуоти саноатӣ, маводи сохтмонӣ, манбаъҳои афканишоти иондор, маводи кимиёвӣ, маводи биологӣ, дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ, иммунобиологии тиббӣ, зарфҳо, маводи борпечӣ ва полимерӣ. 7. Дар асоси экспертизаи санитарию эпидемиологӣ хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои лоиҳаҳои мавҷудбуда, таъсири омилҳои муҳити зист, соҳибкорӣ ва дигар хизматрасониҳо дода мешавад. Моддаи 32. Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. 1. Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 2. Арзиши хизматрасониро барои додани хулосаи экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ тасдиқ менамояд. Моддаи 33. Экспертизаи илмии тиббӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи корҳои илмии тиббию фарматсевтӣ, барномаҳои мақсадноки илмии тиббии ҷумҳуриявӣ, натиҷаи барномаҳои илмии тиббии анҷомёфта, китобҳои илмию таълимии тахассусии тиббию фарматсевтӣ аз экспертизаи илмии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад. Моддаи 34. Ташхиси озмоишӣ. 1. Ташхиси озмоишӣ маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ буда, ба муқаррар намудани воқеият ва ё набудани беморӣ (ҳолат) бо роҳи муоинаи озмоишии маводи биолигии аз бемор гирифташуда равона шудааст. 2. Тартиби фаъолияти ташкилоти тандурустӣ, ки ташхиси озмоиширо мегузаронанд, инчунин ҳаҷм ва намуди тадқиқоте, ки онҳо мегузаронанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад. Моддаи 35. Ташхиси анатомии патологӣ. 1. Ташхиси анатомии патологӣ тариқи таҳлили маҷмӯи тағйироти дар бофтаҳо ва узвҳо ҳангоми ташреҳ, инчунин дар узвҳо ва бофтаҳои бемор дар рафти ҷарроҳӣ ва биопсия гирифташуда гузаронида шуда, бо натиҷаҳои бевоситаи муоина, тадқиқот бо истифодаи асбобҳои калонкунанда ва дигар таҷҳизот, муқоисаи клиникию анатомӣ асоснок карда мешавад. 2. Ташхиси анатомии патологӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои фавт ва дақиқ кардани ташхиси беморӣ гузаронида мешавад. 3. Дар ҳолати набудани гумон ба марги маҷбурӣ ва пешниҳоди аризаи хешовандони наздики марҳум (зан, шавҳар, фарзандон) ё намояндаи қонунии фавтида, додани ҷасад бе ташреҳ иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои зерин ташреҳи ҷасад ҳатмист: - марги маҷбурӣ ё гумони он; - фаро расидани марг ҳангоми гузаронидан ё дар алоқамандӣ бо гузаронидани ҳамаи навъи амалиёти тиббӣ, ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ, гумони аз андоза зиёд таъйин намудани доруворӣ; - фаро расидани марг аз бемориҳои сироятии хатарнок ё гумон бар онҳо; - фаро расидани марг дар таҷрибаи табибони шахсӣ; - ҳангоми ташхиси муқаррарнагардида ё нодуруст ё сабаби бевоситаи марг (вақте, ки ташхис дар таърихи беморӣ асоси кофии объективона надорад); - ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллудкунӣ, марҳилаи пас аз таваллудкунӣ; - фавти кӯдаки навзоди вазнаш зиёда аз 500 грамм ва кӯдакони то яксола; - кӯдаки мурда таваллудшудаи то 500 грамм ва ҷанинҳои мурда ҳангоми муҳлати ҳомиладории то 22 ҳафтаина ё бо нуқсонҳои модарзодӣ; - зарурати гузаронидани тадқиқоти тиббию судӣ. 4. Ҳуҷҷатҳо дар бораи натиҷаи ташреҳ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ омода гардида, ба мақомоти дахлдор супорида мешаванд. 5. Бо талаби ҳамсар, хешовандони наздики фавтида ё намояндаи қонунии онҳо ташреҳ аз тарафи коршиноси мустақил гузаронида мешавад. 6. Тартиби ташреҳи патологии анатомӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН, БЕМОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 36. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кумаки тиббию санитарӣ дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад. 2. Шаҳрвандон ба интихоби озоди муассисаи тиббӣ ва табиб ҳуқуқ доранд. 3. Шаҳрвандон бо кумаки таъҷилии тиббӣ дар ташкилоти тандурустии наздиктарин, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. 4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Моддаи 37. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ ҳуқуқ доранд. 2. Ин ҳуқуқ аз тарафи давлат бо роҳи нигоҳдории муҳити мусоиди зист, ки ба вазъи саломатии наслҳои имрӯзаю оянда таъсири манфӣ намерасонад, таъмин карда мешавад. Моддаи 38. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ ва истифода бурдани муассисаҳои солимгардонӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода бурдани муассисаҳои истироҳатгоҳию курортӣ, хонаҳои истироҳат, муассисаҳои табобатӣ ва пешгирии беморӣ, осоишгоҳҳо, иншооти варзишӣ ва дигар муассисаҳои солимгардонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. 2. Тартиби интихоби тиббӣ ва равон кардани беморонро ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд. Моддаи 39. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд. 1. Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба вазъи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, дар ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд. 2. Маълумот дар бораи вазъи саломатии бемор аз тарафи табиби муоинакунанда ва табобаткунанда, ҳамчунин мудири шуъба ва роҳбари ташкилоти тандурустӣ, ки беморро муоина ва табобат мекунанд, пешниҳод карда мешавад. 3. Шаҳрвандон оид ба усулҳои пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ, сатҳи бемории аҳолӣ ва омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оид ба ҳолати муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат барои гирифтани маълумот аз мақомот, ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ ҳуқуқ доранд. Моддаи 40. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расонида шудааст. Шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар (аз ҷумла зарари маънавӣ) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Моддаи 41. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ. 1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ ҳуқуқ доранд. 2. Гурӯҳи шахсонеро, ки ба таъминоти имтиёзноки доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ, маснуоти имдодӣ, асбобҳои шунавоӣ, воситаҳои варзишии табобатӣ ва махсуси ҳаракаткунӣ ҳуқуқ доранд, инчунин шарту шароит ва тартиби таъминоти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. |