Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 109. Чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд.

  • БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ

  • Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ.

  • Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологӣ.

  • Моддаи 113. Бақайдгирӣ ва таҳқиқи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ.

  • Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ.

  • Моддаи 115. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Моддаи 116. Ҷорӣ намудани карантин ҳангоми пайдошавии эпидемияи бемориҳои сироятӣ.

  • Моддаи 117. Чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ.

  • Моддаи 118. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.

  • Моддаи 119. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд.

  • Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсионӣ.

  • БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТӢ Моддаи 121. Муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими фаъолияти фарматсевтӣ.

  • Моддаи 122. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо.

  • Моддаи 123. Таҳлили этикии маводи доруворӣ.

  • БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун.

  • Моддаи 125. Гурӯҳҳои донорони хун.

  • Моддаи 126. Ташкили ҳаракати донорӣ.

  • Моддаи 127. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он.

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата27.12.2018
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #62034
    страница8 из 14
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   14

    Моддаи 108. Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ.

    Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

    - пешгирии омилҳои хатарноки бемориҳо ва баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ;

    - пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва осеббардории кормандон;

    - таҳқиқ ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемории касбӣ;

    - суғурташавии ҳатмии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш ва аз бемориҳои касбӣ;

    - тарғиби ҳаёти солим ва ғизои солим;

    - фаҳмондадиҳии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма доир ба пешгирии бемориҳо;

    - ташкил намудани мактабҳои саломатӣ барои омӯзиши шахсоне, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ азият мекашанд;

    - муваққатан гузаронидан ба кори сабук вобаста ба вазъи саломатӣ ба муҳлати дар хулосаи тиббӣ қайдшуда;

    - пешгирии осеббардорӣ дар сатҳи байнисоҳавии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳои онҳо;

    - назорати доимӣ ва сари вақт солимгардонии шахсони ба бемориҳои музмин, аз он ҷумла касбӣ гирифторшуда;

    - гузаронидани муоинаҳои тиббӣ;

    - мониторинги омилҳои хатарноки бемориҳо дар байни аҳолии вобасташуда дар ҳудуд аз тарафи мутахассисони кумаки тиббию санитарӣ, бемориҳои касбии кормандон – мутахассисони идораҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

    - ҳадди ақал кам намудани омилҳои хатарноки истеҳсолӣ аз тарафи идораҳои давлатӣ дар доираи ваколатҳо, инчунин дигар идора ва ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ;

    - ошкор намудани беморони гирифтори бемории музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла беморони касбӣ бо роҳҳои гузаронидани аҳолӣ аз муоинаҳои тиббӣ, ҳавасмандкунии муроҷиати барвақтӣ.

    Моддаи 109. Чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд.

    1. Мақомот ва ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, инчунин кормандони тиб чорабиниҳои махсуси пешгирӣ ва ошкорсозии бемориҳоеро, ки барои атрофиён хатарноканд (бемориҳои сил, рӯҳӣ ва ҷинсӣ, ҷузом, бемории пайдошудаи норасоии масунияти бадан, карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ) амалӣ менамоянд.

    2. Тартиби амалӣ намудани чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
    БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

    Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ

    Амнияти санитарию эпидемиологӣ ба таври зайл таъмин мегардад:

    - пешгирии бемориҳо мувофиқи вазъияти санитарию эпидемиологӣ ва пешгӯии тағйирёбии он;

    - таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, миллӣ ва минтақавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва солимгардонии муҳити зисти инсон ва шароити фаъолияти ӯ;

    - иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалигардида;

    - ташкил кардани ҳавасмандии иқтисодии шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, таъмини чорабиниҳо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;

    - бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ;

    - назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати истеҳсолию ҷамъиятӣ;

    - сертификатсияи мол, кор ва хизматрасоние, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфи имконпазир дорад;

    - пешниҳоди хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ба он намудҳои фаъолияте, ки ба ҳаёту саломатии инсон ва вазъи муҳити зист хавфи имконпазир дорад;

    - бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба саломатии инсон таъсири зараровар мерасонанд;

    - гузаронидани мониторинги санитарию эпидемиологӣ;

    - чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оид ба рух додани бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, ҳолати муҳити зист ва чорабиниҳои пешгирикунандаи гузаронидашаванда;

    - чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим.

    Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ.

    1. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ инҳоро дар бар мегирад:

    - таҳия, экспертиза, тасдиқкунӣ ва нашри ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ;

    - ташкил ва дохил намудани маълумоти ягона оид ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ;

    - мутобиқ намудани ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ бо талаботи байналмилалии умумии қабулшуда.

    2. Қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, дастурамалҳо, дастурҳо ва нишондодҳои методӣ, фармоишҳо, регламентҳои техникӣ, қоида ва стандартҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳисоб мераванд.

    3. Таҳия, тасдиқ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

    Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологӣ.

    Талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:

    - нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, дастгоҳ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт;

    - интихоби қитъаи замин барои сохтмон;

    - лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва таҷҳизот;

    - молҳои таъйиноти истеҳсолию техникӣ;

    - маҳсулот ва маводи ғизоӣ, шароити истеҳсолии онҳо, борпечкунӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш, несту нобудсозӣ;

    - муассисаҳои ислоҳӣ, маориф ва илм, табобатию пешгирӣ, кӯдакона, ғизои парҳезӣ ва ҷамъиятии аҳолӣ;

    - истифодабарии маводи кимиёвӣ, биологӣ ва навъҳои алоҳидаи молҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок;

    - таъмини оби нӯшокию таъйиноти хоҷагӣ ва ҷойҳои маданию маишии истифодаи об;

    - ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои аҳолинишин, дар ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, ҳаво дар биноҳои истеҳсолӣ, манзил ва дигар объектҳо;

    - ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, истеъмол, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ;

    - шароити кор бо манбаъҳои омилҳои физикӣ, ки ба инсон таъсир мерасонанд;

    - шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, ибтидоӣ, асосӣ, миёна ва олии касбӣ;

    - таълим ва тарбияи гигиении аҳолӣ;

    - коркард, озмоиш, тайёркунӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифода, хизматрасонӣ ва таъсири маводи дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;

    - шароити гузаронидани тамйизкунӣ ва дезинфексияи маснуоти таъйиноти тиббӣ;

    - ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ дар самти ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани карантин, аз ҷумла маҳдудият нисбат ба беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, оид ба гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, эмкунии пешгирикунандаи аҳолӣ;

    - обҳои корезӣ, равшаннокӣ, ҳавоивазкунӣ ва гармидиҳии объектҳо;

    - шароити интиқол ва нигоҳдории бағоҷҳо, маводи заҳрнок;

    - воситаҳои нақлиётӣ ва шароити кашонидани мусофирон;

    - истифода ва истеъмоли иловагиҳои фаъоли биологӣ ба ғизо.

    Моддаи 113. Бақайдгирӣ ва таҳқиқи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ.

    1. Ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии дарёфтшуда дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба қайд гирифта шуда, ба ҳисобгирии давлатӣ, ҳисоботи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дохил карда мешаванд. Тартиби бақайдгирӣ, ҷорӣ намудани ҳисоботи ҳолатҳои бемориҳои нишондодашуда, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ, инчунин тартиби ҷорӣ намудани ҳисоботи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.

    2. Ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ, касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳқиқ карда мешаванд.

    Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ.

    1. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ низоми назоратии давлатӣ буда, вазъияти саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳлили онҳо, арзёбӣ ва пешбинӣ, инчунин сабабу оқибатҳои алоқамандии вазъи саломатии аҳолиро бо таъсири омилҳои муҳити зист муайян менамояд.

    2. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.

    Моддаи 115. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, инчунин пешгирӣ намудани воридоти мол, маводҳои кимиёвӣ, биологӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки барои аҳолӣ хатарнок мебошанд, амалӣ карда мешавад.

    2. Номгӯи бемориҳои сироятӣ, ки гузаронидани чорабиниҳоро оид ба ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад.

    3. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои санитарию карантинии мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

    4. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳо оид ба анҷом додани муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    5. Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантиниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

    Моддаи 116. Ҷорӣ намудани карантин ҳангоми пайдошавии эпидемияи бемориҳои сироятӣ.

    1. Дар ҳолати таҳдиди воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо амри Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудудҳои муайян карантин ҷорӣ карда мешавад.

    2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати ҷорӣ намудани карантин ба зиммаи комиссияи давлатии байниидоравӣ ва зиддиэпидемикии ҳудудӣ оид ба пешгирӣ, маҳдуд ва нест кардани эпидемия ва заҳролудшавии оммавии аҳолӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.

    3. Карантин дар иншооти алоҳида бо қарори Сартабиби давлатии санитарӣ ҷорӣ карда мешавад.

    Моддаи 117. Чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ.

    1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ба истиснои шахсони имтиёздор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби худ вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ ва дастурҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронанд.

    2. Ҳангоми пайдоиши ҳолатҳои фавқулодаи эпидемикӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ чорабиниҳои ғайринавбатии ҳатмии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронида мешавад.

    3. Дезинфексияи макон аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ, инчунин шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои дезинфексионии профилактикӣ гузаронида мешавад.

    Моддаи 118. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.

    Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» амалӣ карда мешавад.

    Моддаи 119. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд.

    1. Навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар доранд, бояд дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, ки ба онҳо дохил мешаванд:

    - маводи мавҷуда ва бори аввал дар истеҳсолот ҷоришаванда ва қаблан истифоданашуда ва воситаҳои дар асоси онҳо таҳияшаванда, ки барои саломатии аҳолӣ эҳтимолан хатарноканд;

    - иловаҳои хӯрокворӣ, рангомезиҳо, мавод ва моли бо об алоқаманд ва дорои маҳсулоти озуқа, ё ин ки бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда.

    2. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд, тибқи асосҳои зерин гузаронида мешавад:

    - арзёбии экспертии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли барои инсон ва муҳити зист хатарнок;

    - муқаррар намудани меъёрҳои гигиенӣ ва дигар меъёрҳои таркиби мавод ва унсурҳои алоҳидаи маҳсулот;

    - таҳияи чорабиниҳои махсус, аз ҷумла шартҳои партов кардан ва нобуд сохтани мавод ва навъҳои алоҳидаи мол, оид ба пешгирии таъсири зараровари онҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист.

    3. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли дар ҳамин модда зикршуда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.

    4. Номгӯи мавод ва маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабариашон иҷозат дода шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар маҷаллаҳои расмӣ нашр карда мешаванд.

    Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсионӣ.

    Таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» амалӣ карда мешавад.
    БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТӢ

    Моддаи 121. Муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими фаъолияти фарматсевтӣ.

    Муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва танзими фаъолияти фарматсевтӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Муомилоти маводи дорувории нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба амал бароварда мешавад.

    Моддаи 122. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо.

    1. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии назорати фаъолияти фарматсевтӣ назорат карда мешавад.

    2. Ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо ҳуқуқ надоранд:

    - бо роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ доир ба таъйинот ва додани тавсияҳо ба беморон оид ба дорувории ширкатҳои дахлдор шартнома банданд ё ҳамкорӣ намоянд;

    - барои беҳтар ба роҳ мондани фурӯши маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, ё худ истеҳсолкунандаи онҳо мебошанд ва ё ширкатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии номҳои тиҷоратии маводи дорувориро доранд, туҳфа ва маблағҳои пулӣ пешниҳод намоянд;

    - бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ конфренсияҳо, семинарҳо ё машваратҳо гузаронанд, маълумотро доир ба маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, диҳанд;

    - намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии худро ба роҳбарон ва ё кормандони ташкилотҳои тиббӣ пешниҳод намоянд;

    - барои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии дахлдор иттилооти нопурра ё бардурӯғ пешниҳод ва ё маълумотро нисбат ба онҳо рӯйпуш намоянд.

    Моддаи 123. Таҳлили этикии маводи доруворӣ.

    1. Таҳлили этикии маводи доруворӣ бо мақсади риоя намудани этикаи гузаронидани озмоишҳои клиникии доруворӣ аз ҷониби Шӯрои этикӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

    2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои этикиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
    БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН

    Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун.

    1. Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65 сола, ки ҳангоми аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавиаш ба бемориҳои зидди нишондоди донорӣ ошкор нашудааст, донори хун шуда метавонад.

    2. Донорони хун шахсоне дониста шуда метавонанд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донори хун аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд.

    3. Хун ва ҷузъҳои он, ки бо мақсади табобатӣ истифода мешавад, танҳо аз инсон гирифта мешаванд.

    4. Гирифтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он дар ҳолате мумкин аст, ки ба саломатии донори хун зиён расонида нашавад.

    Моддаи 125. Гурӯҳҳои донорони хун.

    Гурӯҳҳои зерини донорони хун мавҷуданд:

    - донорони фаъоли хун;

    - донорони эҳтиётии хун;

    - донорони қарордодии хун.

    Моддаи 126. Ташкили ҳаракати донорӣ.

    1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон мусоидат намудан ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, якҷоя дар ташкили ҳаракати донорӣ, тарғиби хундиҳии ройгон ихтиёрӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади табобатӣ, иштирок ва мусоидат мекунанд.

    2. Маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ташкил, рушд ва тарғиби донории оммавии хун, аз ҷумла моҳияти иҷтимоии он дар доираи маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ, ки дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби кумакҳои эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

    Моддаи 127. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он.

    Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ иҷрои барномаҳои давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он, маблағгузорӣ ва таъмини заминаи моддиву техникии ташкилотҳои тандурустиро, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, истифодаи имтиёзҳои муқарраршударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донори хун таъмин менамоянд.
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   14


    написать администратору сайта