Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 154. Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил.

  • Моддаи 155. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил.

  • Моддаи 156. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

  • Моддаи 157. Уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

  • Моддаи 158. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

  • Моддаи 159. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд.

  • БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ

  • Моддаи 161. Азназаргузаронии тиббӣ.

  • Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

  • Моддаи 163. Ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

  • Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

  • Моддаи 165. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

  • Моддаи 166. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ, инчунин чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

  • Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон


    Скачать 1.07 Mb.
    НазваниеКодекси тандурустии умурии Тоикистон
    Дата27.12.2018
    Размер1.07 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаКодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017.doc
    ТипКодекс
    #62034
    страница10 из 14
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   14

    Моддаи 153. Назорати диспансерӣ.

    1. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

    2. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил новобаста ба розигии бемор ва ё намояндагони қонунии онҳо муқаррар карда мешавад.

    3. Қарор дар хусуси зарурати назорати диспансерӣ ва ё қатъ намудани онро комиссияи тиббӣ, ки роҳбарияти ташкилоти тандурустӣ таъйин кардааст, қабул менамояд ва дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт гардида, дар ин хусус шахси таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, хаттӣ огоҳ карда мешавад.

    Моддаи 154. Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил.

    1. Беморони шакли гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти бемории сил ва табобати он саркашӣ намуда, дар асоси санади судӣ дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил барои ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурӣ бистарӣ кунонида мешаванд.

    2. Ҳалнома оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил аз тарафи суди маҳалли истиқомати ин шахсон ё ҷойгиршавии ташкилоти тиббии зидди бемории сил, ки дар он беморони сил таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, қабул карда мешавад.

    3. Аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, хешовандони наздик ё роҳбари муассисаи тиббии зидди бемории сил пешниҳод менамоянд.

    Моддаи 155. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил.

    1. Ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушоҳидаи давлатии оморӣ мебаранд.

    2. Ташкилотҳои зидди бемории сил уҳдадоранд оид ба ҳолатҳои ошкор намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи худ маълумот диҳанд.

    Моддаи 156. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

    1. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, ҳангоми ба онҳо расонидани кумаки зидди бемории сил ҳуқуқ доранд:

    - ба муносибати эҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок доранд;

    - ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи табобат;

    - ба интихоби табиб ва беморхона барои табобат новобаста аз ҷои истиқомати бемор;

    - ба нигоҳ доштани сирри тиббӣ;

    - ба ташхис ва табобат дар ташкилотҳои зидди бемории сил бо шароити ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ;

    - ба табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ;

    - ба табобат дар ташкилотҳои тиббии зидди бемории сил дар муҳлати муайяншудаи зарурӣ барои ташхис ва табобат.

    2. Шахсоне, ки барои ташхис ва ё табобат дар ташкилоти тиббии табобати бемории сил бистарӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд:

    - аз роҳбарони ташкилотҳои тиббӣ оид ба табобат ва ташхиси бемории сил маълумот гиранд;

    - таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд;

    - бо адвокат, равоншинос ва ходими дин танҳо вохӯранд;

    - расму оини диниро ба ҷо оваранд, агар онҳо ба ҳолати саломатии бемор таъсири манфӣ нарасонанд.

    3. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дорои ҳуқуқҳои дигаре мебошанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

    Моддаи 157. Уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

    Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта уҳдадоранд:

    - реҷаи чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ ва ташхисии муайяннамудаи кормандони тибро риоя намоянд;

    - қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилоти тиббии зидди бемории силро ҳангоми бистарӣ шудан дар ин гуна ташкилот риоя намоянд;

    - қоидаҳои санитарию гигиениро, ки барои беморони сил муқаррар шудааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷро намоянд.

    Моддаи 158. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта.

    1. Корношоямии муваққатии беморони сил бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

    2. Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

    3. Дар давраи аз кор (вазифа) озод гардидани корманд вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ дода мешавад.

    4. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ройгон таъмин карда мешаванд.

    5. Беморони силе, ки дар беморхона таҳти табобат қарор доранд, мувофиқи меъёри махсуси муайяншуда барои чунин гурӯҳи беморон бо хӯроки серғизо ройгон таъмин карда мешаванд.

    6. Барои беморони гирифтори шакли фаъоли бемории сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба муҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.

    7. Барои беморон истиқоматкунандагони хобгоҳҳои умумӣ ва хонаҳои бисёрошёна, ки бемориашон гузаранда аст, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили алоҳида ҷудо карда мешавад.

    Моддаи 159. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд.

    1. Кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил бевосита иштирок менамоянд, ба чунин имтиёзҳо ҳуқуқ доранд:

    - рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хатарнок барои саломатӣ ва ба вақти кори кӯтоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    - иловапулӣ ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) дар ҳаҷми 100 фоиз;

    - табобати имтиёзнок дар истироҳатгоҳҳо ва курортҳо;

    - ҳангоми марг аз бемории сил ба оилаи фавтида пардохти 100 фоиз музди меҳнати ӯ то ба балоғат расидани фарзандонаш.

    2. Номгӯи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд ва тартиби додани кафолатҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
    БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ

    ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ

    Моддаи 160. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

    2. Давлат кафолат медиҳад, ки:

    - тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд;

    - назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардад;

    - ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида шавад;

    - азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дастрас ва бехатар бошад;

    - воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводи тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхисӣ, табобатӣ ва илмӣ истифода бурда мешаванд, таъмин карда шавад;

    - тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният инкишоф дода шаванд;

    - мунтазам ба аҳолӣ вобаста ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният иттилоот дода шавад;

    - ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният рушд дода шавад;

    - кумаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ дастрас ва саривақтӣ бошад;

    - Барномаи даврии давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қабул карда шавад.

    3. Чорабиниҳои муқовиматро ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо тартиби муқарраргардидаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

    Моддаи 161. Азназаргузаронии тиббӣ.

    1. Азназаргузаронии тиббӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад.

    2. Азназаргузаронии тиббӣ ихтиёрӣ ва махфӣ баргузор мегардад ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8 – 10 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд. Дар азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ӯ низ ҳуқуқи иштирок карданро дорад.

    3. Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям эътироф шудаанд, бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор мешавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.

    4. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

    5. Шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин ташкилот, инчунин дар ташкилоти дигари низоми давлатии тандурустӣ, новобаста аз муҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

    6. Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ӯ ошкор шудааст, оид ба кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кумаки якдигарии сирояти вируси норасоии масунияти одам маълумоти пурра дода мешавад.

    7. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо хоҳиш ё розигии онҳо гузаронида мешавад.

    8. Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд.

    9. Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донорони хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.

    10. Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти вируси норасоии масунияти одам мегузаранд.

    Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Назорати тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси махфӣ дар ташкилотҳои дахлдори давлатии низоми тандурустӣ гузаронида мешавад.

    2. Иттилооти бадастоварда оид ба сирояти вируси норасоии масунияти одам махфӣ (сирри тиббӣ) мебошад ва мумкин аст бо дархости мақомоти тандурустӣ, агар ҳифзи саломатии аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда инро талаб кунад, дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ чунин иттилоот дода мешавад. Истифодаи чунин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Моддаи 163. Ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

    1. Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

    - муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

    - талаби махфӣ нигоҳ доштани иттилоот дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наорад;

    - ҷуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар ифшо кардани иттилоот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;

    - фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;

    - ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кумаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кумаки доруворӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ;

    - ҳимоя аз табъиз, аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;

    - иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он;

    - гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар аз тарафи падару модар ё намояндагони қонунии кӯдаконе, ки аз модарони вируси норасоии масунияти одам сироятёфта таваллуд шудаанд, аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд паст намудани хатари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам.

    2. Дар ташкилотҳои табобатӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кумаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният роҳ дода намешавад.

    Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кардани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, манъ аст.

    2. Шахси гунаҳгор инчунин зарареро, ки бинобар расонидани кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

    Моддаи 165. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.

    1. Ба озод кардан аз кор, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам, ҳамчунин маҳдуд кардан аз ҳуқуқи манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.

    2. Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

    3. Табъиз дар асоси мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

    4. Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ манъ аст.

    5. Маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигар тибқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дониста мешаванд.

    Моддаи 166. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ, инчунин чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

    1. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар асосҳои умумӣ, аз рӯи нишондодҳои клиникӣ расонида мешавад.

    2. Кумаки иҷтимоию равоншиносӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, инчунин дар ташкилотҳои хусусии тандурустии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ менамоянд, расонида мешавад.

    3. Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан, ҳуқуқи гирифтани кумаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад.

    4. Маҳбусон ва дастгиршудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигӣ огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои табиб дастрас буда ва бо розигии маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо бояд ошкор карда шавад. Поймолкунии ҳуқуқи маҳбусони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда манъ аст.
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   14


    написать администратору сайта