Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Моддаи 203. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 1. Нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд ва ҳамзамон эҳтиёҷ ба табобати бемории тасдиқшудаи наркологӣ доранд ва аз табобати ихтиёрӣ дасткашӣ менамоянд, дар асоси қарори суд чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, андешида мешаванд. 2. Табобати маҷбурии шахс дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Табобати маҷбурии шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 3. Ҳолатҳое, ки ба амалӣ намудани табобати маҷбурӣ мухолифат менамоянд: - шахсоне, ки ба 18 солагӣ нарасидаанд; - занҳои ҳомила ва модароне, ки фарзандони то 8 сола доранд; - шахсоне, ки ба синни нафақа расидаанд; - маъюбони гурӯҳҳои I ва II; - беморони рӯҳӣ; - шахсоне, ки гирифтори бемориҳои ҳамрадифи вазнинанд ва аз ин сабаб монеагӣ ҷиҳати амалӣ намудани табобати маҷбурӣ вуҷуд дорад. Рӯйхати чунин бемориҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ менамояд. 4. Ташкили табобати маҷбурии бемориҳои наркологӣ дар асоси чорабиниҳои маҷмӯии тиббию иҷтимоӣ, табобати меҳнатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва офияти иҷтимоӣ бо риояи реҷаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад. 5. Реҷаи нигоҳдорӣ дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ тарзе муқаррар карда мешавад, ки барои табобати маҷбурӣ, табобати меҳнатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин қатъи дастрасии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам оварад. Моддаи 204. Ҳамкориҳои муассисаҳои наркологӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Муассисаҳои наркологии мақомоти тандурустӣ ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои расонидани кумаки наркологӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, пешгирии содир намудани кирдори барои онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд. Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ баъди қабули даври табобат дар ташкилотҳои наркологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба тавонбахшии рӯҳӣ ва тиббию иҷтимоӣ дар марказҳои давлатӣ ва ғайридавлатии тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд. Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадагӣ, заҳрмандӣ ё нашъамандӣ. 1. Шахсро танҳо дар асоси хулосаи комиссияи тиббии муассисаи тахассусии тандурустӣ майзада, заҳрманд ё нашъаманд донистан мумкин аст. 2. Аз болои қарори комиссия, шахс ба мақомоти тандурустии болоӣ ё суд шикоят карда метавонад. Моддаи 207. Мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ. 1. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ бо ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад. 2. Тартиби ташкили мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Моддаи 208. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ. 1. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртиро инҳо дар бар мегиранд: - ташвиқи маълумот оид ба зарари суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ бо назардошти оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он; - манъ кардани рекламаи муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ташвиқи тарз ва усули тайёр, истифода ва макони дастрас кардани он, инчунин маҳдуднамоии рекламаи намунаи маводи доруворие, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро дорад. 2. Чорабиниҳои пешгирикунанда аз вобастагии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешаванд. БОБИ 27. ҲИМОЯИ ТИББИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД Моддаи 209. Асосҳои сиёсати давлатӣ ва принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд соҳаи афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад: - дастгирии давлатии ин гурӯҳи шаҳрвандон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳаёт, ҳимояи ҳуқуқ, муҳайё кардани шароити зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеа; - муқаррар ва риоя кардани стандартҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ; - дастгирии давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мубталои диабети қанд фаъолият мекунанд. 2. Принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо мебошанд: - расонидани кумаки ройгони кафолатноки тиббию иҷтимоӣ; - дастрасии ҳимояи тиббию иҷтимоӣ новобаста ба маҳалли истиқомат ё будубоши шаҳрвандон; - риояи ягонагии манфиат ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд; - афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, калонсолон ва маъюбон; - дастгирии давлатии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи пешгӯӣ ва тадқиқи тарзу усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии бо он алоқаманд; - муҳайё намудани шароити баробари фаъолияти тиббию иҷтимоӣ барои ҳамаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд. Моддаи 210. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 1. Ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо дохил мешаванд: - гирифтани кумаки ройгони тиббии махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ, пешгирии оризаҳои музмини диабети қанд; - дастрасии нақшаҳои муайяни табобати диабети қанд, аз ҷумла таъмини ройгони доруворӣ ва воситаҳои худназораткунӣ дар доираи муқаррарнамудаи барномаи кафолатҳои давлатӣ, ба аҳолӣ расонидани кумаки тиббию санитарӣ; - интихоби ташкилот ва шакли хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ; - гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ; - гирифтани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ё рад намудани он; - дар навбати аввал истифода аз хизматрасонии ташкилотҳои табобатию пешгирии беморӣ, дорухонаҳо ва инчунин ҳуқуқи истифода кардани рухсатии меҳнатии навбатӣ дар вақти мувофиқ. 2. Хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, дигар намояндаи қонунӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияи ҷамъиятии таъсисдодаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд расонида мешавад. Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастрасӣ ба маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 1. Таъмини дастрасии маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд тибқи рӯйхати маводи дорувории асосӣ дар доираи барномаҳои миллӣ ва минтақавии таъмини ин гурӯҳи беморон ва суғуртаи ҳатмии тиббӣ анҷом дода мешавад. 2. Таъмин намудани шаҳрвандони мубталои диабети қанд бо маводи доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда мешавад. 3. Таъминоти кафолатноки маводи доруворӣ чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд: - қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар доираи маблағҳои пешбинишуда ба инсулинҳои аълосифати генно-инженерӣ ва воситаҳои инсулингузаронӣ (аз ҷумла автоматонидашуда) ба беморони диабети қанди навъи 1 ва ҳамчунин ба навъи 2, ки инсулингузаронӣ барояшон мумкин аст; - танҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ аз як намуди инсулин ба намуди дигари он гузаронидани беморони мубталои диабети қанд; - ҳуқуқи шахси мубталои диабети қанд ба интихоби инсулин бо маслиҳати табиби табобаткунанда. Моддаи 212. Таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 1. Давлат ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро кафолат медиҳад. 2. Қоида ва тартиби расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад. 3. Чораҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳоро дар бар мегиранд: - таъмини имконоти баробари шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба таҳсил, варзиш ва фаъолияти касбӣ; - мусоидат намудан ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба ҷудоии иҷтимоӣ; - расонидани кумаки зарурии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд; - тавонбахшии иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. Моддаи 213. Таъмини ҳуқуқи кӯдакони мубталои диабети қанд ба ҳифзи саломатӣ. 1. Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кӯдакони мубталои диабети қанд ба ҳифзи саломатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ барои расонидани кумаки ройгони тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон чораҳо меандешанд, ки дар онҳо пешгирии беморӣ, ташхиси тиббӣ, корҳои табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла назорати диспансерӣ, тавонбахшии тиббии кӯдакони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудаанд. 2. Ба падару модари кӯдакони то 14 солаи мубталои диабети қанд пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи табобат ба андозаи 100 фоизи музди меҳнат кафолат дода мешавад. Моддаи 214. Ташхиси пешакии диабети қанд. 1. Ташхиси пешакии диабети қанд бо роҳи таҳқиқи оммавии (скрининги) шаҳрвандон ва татбиқи тарзу усулҳои ташхиси оҷили моил будан ба ин беморӣ, бо мақсади ошкор намудани шахсони мубталои беморӣ ё мансуби гурӯҳи таҳти хатар қарордошта анҷом дода мешавад. 2. Гузаронидани санҷиши оммавӣ (скрининг) дар байни кӯдакон бояд дар навбати аввал муоинаи кӯдаконеро пешбинӣ намояд, ки хешовандони наздики онҳо мубталои диабети қанди навъи 1 мебошанд. Моддаи 215. Пешгирии оризаҳои вазнини диабети қанд. Чорабиниҳои ҳатмии пешгирии оризаҳои вазнини диабети қанд инҳо мебошанд: - мониторинги беморони диабети қанд, ки моили нефропатияи диабети қанд мебошанд; - муайян кардани гурӯҳи шахсон бо аломати пойи диабетӣ ва таъмин кардани беморони диабети қанде, ки шомили гурӯҳи таҳти хатари буридани дасту пойҳо қарор доранд, бо маводи доруворӣ, пойафзол ва патаки ортопедӣ; - муоинаи ҳарсолаи шабакаи чашми беморони диабети қанд ва дар баробари ин, гузаронидани таҳқиқоти зарурии пешбининамудаи меъёрҳои (стандартҳои) хизматрасонии тиббӣ; - муоинаи ҳарсолаи беморони диабети қанд барои муайян кардани миқдори холестерин ва таҳлили гемоглобини глюколизатсияшуда барои беморони диабети қанди навъи 1 дар як сол на камтар аз се маротиба ва барои беморони диабети қанди навъи 2 дар як сол як маротиба. Моддаи 216. Феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 1. Бо мақсади таъмини ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд сохторҳои соҳаи диабети қанд феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қандро ба роҳ мемонанд. 2. Маълумоти феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд хусусияти шахсӣ дошта, махфӣ мебошад ва набояд ошкор карда шавад. БОБИ 28. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ Моддаи 217. Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 1. Фаъолияти ташкилотҳо ва муассисаҳои низоми тандурустӣ новобаста аз шакли моликият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти дахлдор назорат карда мешавад. Гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 2. Назорати давлатӣ дар соҳаҳои зерин амалӣ карда мешавад: - фаъолияти тиббӣ; - фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ; - бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ. 3. Ба мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатие, ки назорати давлатиро дар соҳаҳои фаъолияти тиббӣ, фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ амалӣ менамоянд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ мебошанд, таъйин карда мешаванд. 4. Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар шакли санҷиш амалӣ карда мешавад. Санҷиш тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. 5. Мақомоти давлатие, ки назорати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ амалӣ менамоянд, шаклҳои ҳисоботи омории идоравӣ, варақаҳои санҷишӣ, меъёрҳои арзёбии дараҷаи хатарнокӣ, нақшаҳои ҳарсолаи санҷишро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамоянд. Моддаи 218. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ. 1. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ба огоҳонидан, муайян кардан, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти тиббӣ, ҳамчунин назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ аз ҷониби субъектҳои тандурустӣ равона шудааст. 2. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ амалӣ карда мешавад. 3. Мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд. 4. Объектҳои назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ хизматрасониҳои тиббие мебошанд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешаванд. 5. Номгӯи хизматрасониҳое, ки ба назорати давлатии фаъолияти тиббӣ фаро гирифта мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешаванд. Моддаи 219. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. 1. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ намудан, ошкор сохтан ва бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, ҳамчунин ба назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти фарматсевтиро ба танзим медароранд, равона шудааст. 2. Назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ менамояд. 3. Мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд. 4. Номгӯи масъала ва маҳсулоти назоратшавандаро дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ муайян месозад. Моддаи 220. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ. 1. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба огоҳонидан, ошкорсозӣ ва пешгирии вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ равона шуда, инчунин назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои гигиенӣ бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва муҳити зисти аҳолӣ дар бар мегирад. 2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, биноҳо, сохтмонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ашё, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, об, ҳаво, маҳсулоти ғизоӣ, объектҳои дигари фаъолият, истифодабарӣ, истеъмол, қабул намудан ва истифодабарии онҳо, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист метавонанд зарар расонанд, объектҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мебошанд. 3. Гузаронидани муоина ва таҳқиқи санитарию эпидемиологӣ барои муайян намудани сабаб ва ошкорсозии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ дар байни аҳолӣ равона карда мешавад. 4. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар шакли санҷиш амалӣ карда мешавад. Санҷиши бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 5. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мекунанд, инҳо мебошанд: - Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ; - роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ; - роҳбарони мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар ҳудуди дахлдор ва нақлиёт; - сартабибони давлатии санитарӣ дар сатҳи ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо, нақлиёт ва муовинони онҳо; - роҳбарони зерсохторҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ. 6. Сартабибони давлатии санитарии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудудҳои муайян ва нақлиёт фаъолият менамоянд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. 7. Сохторҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии дигар вазорату идораҳо оид ба таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар назди Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. 8. Ба вазифаи роҳбарони мақомот ва ташкилотҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии касбии тиббии санитарию эпидемиологӣ, тиббию пешгирӣ ё тандурустии ҷамъиятӣ мебошанд, таъйин карда мешаванд. 9. Сартабибони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд: - баррасии мавод дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - пешниҳоди мавод ба суд бо тартиби муқарраршуда, ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки тибқи Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст; - ба мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ даъват намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати баррасии мавод ҳангоми вайрон кардани талаботи бехатарии санитарию эпидемиологӣ; - ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани амрномаҳо, ки иҷрои онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳатмӣ мебошанд; - мутобиқи фаъолияти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда, гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, муоина, таҳқиқ ва озмоиши токсикологӣ, гигиенӣ ва дигар навъи арзёбиҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур. 10. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳангоми ошкорсозии вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки ба пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавӣ таҳдид мекунанд, баровардани қарори асоснок дар бораи то бартараф намудани чунин вайронкунӣ боздоштани истифодаи он ё оид ба манъ кардани маблағгузории суратҳисобҳо ва ҳисобномаҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар ҳолати имконнопазирии бартарафкунии онҳо, манъ кардани он ҳангоми: - лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонии техникии объектҳо ва ба истифода додани онҳо; - истифодаи объектҳо, сехҳо ва қитъаҳои истеҳсолӣ, биноҳо, иншоот, иморатҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, иҷрои корҳои алоҳида ва хизматрасонӣ; - таҳия, истеҳсол, воридот, нигоҳдошт, интиқол, фурӯш ва истифодаи молу ашёи истеҳсолӣ, иловагиҳои озуқавӣ, молҳои ғизоӣ, оби нӯшокӣ, пеститсидҳо; - истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади таъмини обҳои нӯшокӣ, хоҷагию маишӣ ва эҳтиёҷоти дигар; - ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳое, ки дар мавриди мутобиқат ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ дорои хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд ё маводи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтимолан барои инсон хатарнок ба қайд гирифтанашудаи кимиёвӣ, биологӣ, навъҳои алоҳидаи маҳсулот, партовҳои радиоактивӣ, молҳо ва борҳо. 11. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии барои атрофиён хатарнок дар мавриди зерин қарорҳои асоснок мебароранд: - бистарикунонӣ барои муоина ё алоҳида нигоҳ доштани шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатарноканд ё шахсони ба чунин беморӣ гумонбаршуда; - гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббӣ, бистарикунонӣ ё алоҳида нигоҳ доштани шаҳрвандоне, ки бо шахсони мубталои бемориҳои сироятии ба атрофиён хатарнок робита доранд; - муваққатан аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд манбаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гарданд; - аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд вобаста ба хусусиятҳои корҳои аз ҷониби онҳо иҷрошаванда ё истеҳсолӣ, паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ шаванд; - гузаронидани эмкуниҳои пешгирикунанда дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемикӣ; - ҷорӣ намудани (бекор кардани) карантин дар ташкилотҳо ва объектҳо. 12. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз ҷониби шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ қарори асоснок дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад: - дар хусуси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан; - ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристодани мавод барои ҳалли масъала оид ба гузаронидани санҷиши дахлдор ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ. 13. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо тартиби зерин таклифҳо пешниҳод менамоянд: - ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин пешниҳодот оид ба лоиҳаҳои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист; - ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷорӣ намудани (бекор кардан) карантин; - ба шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ вобаста ба татбиқ намудани қарорҳо, фармоишҳо ва дастурамалҳо оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - ба мақомоти масъули сертификатдиҳанда дар бораи боздоштани амал ё бозхондани сертификати мутобиқати корҳо, хизматрасонӣ, маҳсулот, ҳангоми ошкорсозии номутобиқатии чунин корҳо ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ; - ба мақомоти масъули иҷозатномадиҳанда дар бораи боздоштани амали иҷозатнома ба намудҳои алоҳидаи фаъолият ё гирифтани чунин иҷозатномаҳо ҳангоми ошкорсозии вайрон кардани қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми амалӣ намудани чунин намуди фаъолият; - ба корфармоён дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба кормандоне, ки ба риоя накардани қоидаҳои санитарӣ роҳ додаанд; - ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ҷуброни зарар ба шаҳрванде, ки дар натиҷаи аз ҷониби онҳо роҳ додан ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ расонида шудааст, инчунин дар бораи ҷуброни хароҷоти иловагие, ки мақомот, ташкилотҳои тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологии аҳолӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба рафъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавӣ вобаста ба риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ зикршуда сарф намудаанд; - ҳангоми мувофиқаи лоиҳаҳои меъёрҳои лоиҳакашӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ, лоиҳаҳои қоидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ, ҳифзи меҳнат, ҳифзи муҳити зист, лоиҳаи стандартҳои таълимӣ, лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мегарданд, хулосаи санитарию эпидемиологӣ диҳанд; - ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷорӣ намудани (бекор намудани) карантин дар ҳудуди кишвар; - тасдиқ намудани дастурамалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби иҷрои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар иншооти нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, мудофиа ва дигар иншооти таъйиноти махсус. 14. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳуқуқ доранд: - бе мамониат ба ҳудуд ва дохили иншооти ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият оид ба назорати иҷрои чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дохил шаванд; - бо розигии шаҳрвандон, бо мақсади санҷиши шароити зист ба хонаҳои истиқоматии онҳо ворид шаванд; - барои таҳқиқи озмоишӣ, намунаҳои ғизо, аз ҷумла маҳсулоти хоми хӯроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд; - воситаҳои нақлиёт ва борҳои интиқолшаванда, аз ҷумла ашёи хоми озуқаворӣ ва молҳои озуқаро бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ аз назар гузаронанд; - тадқиқот ва санҷиши омилҳои муҳити зистро бо мақсади ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯй будани онҳо гузаронанд; - дар бораи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ санад тартиб диҳанд; - воридот, истеҳсол, истеъмол ва фурӯши хӯроквориро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намоянд; - истеъмоли ғизо, ғизои кӯдакона, маҳсулоти ба таври генетикӣ дигаргуншуда, молҳо ва маснуотеро, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, манъ намоянд; - ба мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ даъват намоянд; - дар бораи муваққатан аз фаъолият барканор намудани шахсони ба гурӯҳи мухталифи аҳолӣ, ки манбаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва инчунин, сари вақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, қарори дахлдор бароранд; - карантинро дар иншооти алоҳида бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намоянд; - шахсонеро, ки манбаи асосии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ мебошанд, муоина намоянд ва то гирифтани натиҷаи ташхиси озмоишӣ муваққатан аз кор барканор намоянд; - ба шахсоне, ки манбаи бемориҳои сироятӣ ва паразитарианд, тибқи нишондод роҳхат барои бистарикунонӣ диҳанд; - эмкунии ҳатмии аҳолӣ, пешгирӣ ва гузаронидани дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсияро дар ҳудуд ва дохили биноҳо, нақлиёт ва манбаҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ талаб намоянд; - истеҳсол, истеъмол ва фурӯши маҳсулоти хоми намуди нав, маводи кимиёвӣ, таҷҳизоти технологӣ, моҳият ва равиши асбобу анҷомҳое, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зарар доранд, манъ намоянд; - барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ оид ба омӯхтани таъсири иншоот ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ ашёро дархост намоянд ва бо миқдори даркорӣ намунаи ашёро муваққатан барои гузаронидани санҷиш бе пардохти нархи онҳо гиранд; - назорати радиатсиониро дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд; - риоя намудани талаботи бехатарии биологӣ ва ҳимояи биологиро дар озмоишгоҳҳои микробиологӣ, санитарии кимиёвӣ ва биокимиёвӣ назорат намоянд; - минтақаи муҳофизати санитарӣ ва дигаргун намудани ҳудуди онҳоро муайян намоянд; - истифода ва ҷорӣ намудани маводи дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва иловагиҳои фаъоли биологиро ба ғизо назорат намоянд; - чорабиниҳои огоҳкунӣ ва ҷории назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ташкил намоянд; - дар бораи тақсими маблағҳои хазинаи эпидемиологӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, идора намудани ашёи ба хадамот вобасташуда, таклифҳо пешниҳод намоянд; - амали хулосаи санитарию эпидемиологиро, ки барои пешбурди намуди муайяни фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, боздошт намоянд; - истифодаи намаки йоднокнашударо ба истиснои ҳолатҳои муайян намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ намоянд. 15. Барои қабул намудани қарор вобаста ба натиҷаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз тарафи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ба ғайр аз санадҳое, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, санадҳои зерин бароварда мешаванд: - санади муоинаи санитарию эпидемиологӣ, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар натиҷаи санҷиши иншоот мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ тартиб дода мешавад; - амрнома дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - протокол оид ба вайронкунӣ дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ; - қарори сартабибони давлатии санитарӣ дар бораи гузаронидани чорабиниҳои санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ, муваққатан манъ намудани фаъолияти шахсони воқеӣ, манъ намудани воридот, истеҳсол, истифодабарӣ ва фурӯши маҳсулот барои қабул ва истифода бурдани аҳолӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолият, манъ намудани истеҳсол, истеъмол ва фурӯши маҳсулоти хоми намуди нав, маводи кимиёвӣ, таҷҳизоти техникӣ, моҳият ва равиши асбобу анҷомҳое, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зарар доранд, инчунин манъ намудани фаъолият ва дигар намуди фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. |