Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ КӮДАКОН БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ Моддаи 93. Таъмини занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод бо кумаки тиббию санитарӣ. 1. Занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод тавассути муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тандурустӣ бо кумаки тиббию санитарӣ таъмин карда мешаванд. 2. Муассисаҳои тандурустӣ занонро бо назорати тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, аз ҷумла бо машварати тиббию генетикӣ ва машварат дар соҳаи танзими оила, кумаки тиббӣ ҳангоми таваллуд, кумаки табобатию пешгирӣ ба модарон ва кӯдакони навзод бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамоянд. Занони ҳомиладор, падару модари кӯдакони навзод бояд сари вақт барои гирифтани кумаки тиббию санитарӣ ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянд. Моддаи 94. Назорати таълими меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнати кӯдакон. 1. Таълими меҳнатию истеҳсолии кӯдакон аз рӯи он касбҳое иҷозат дода мешавад, ки ба синну сол, инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқат мекунад. Таълими меҳнатӣ ва истеҳсолии кӯдакон таҳти назорати мунтазами тиббӣ сурат мегирад. 2. Риояи шароити меҳнатии кӯдакон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, инчунин гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои пешгирии садама ва бемории онҳо равона карда шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташкилотҳои тиббӣ якҷоя бо мақомоти соҳаҳои маориф, меҳнат, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назорат карда мешаванд. Моддаи 95. Муоинаи тиббӣ ва эмкунии ҳатмии кӯдакон. 1. Бо мақсади амалӣ намудани назорати мунтазами вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон ба кор қабул намудани онҳо баъди муоинаи пешакии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 2. Минбаъд то ба 18 - солагӣ расидан кӯдакон бояд ҳар сол на камтар аз як маротиба аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. 3. Кӯдакон бояд аз бемориҳо ба воситаи эмкунии пешгирикунанда бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар кардааст, ҳифз карда шаванд. БОБИ 15. ҲИМОЯИ ҒИЗОИ КӮДАКОН Моддаи 96. Муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ. 1. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ карда мешавад. 2. Фурӯши яклухт ва чаканаи ғизои таъйинотӣ бо риояи меъёру қоидаҳои амалкунандаи савдо, санитарӣ ва дигар меъёру қоидаҳо анҷом дода мешавад. Моддаи 97. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ. 1. Ба истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ бевосита ё ба воситаи шахсони дигар иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст: - истифодаи усулҳои фурӯши ғизои таъйинотӣ ба монанди ташкили намоиши махсус ва фурӯши ғизо, мукофотонӣ, гузаронидани бозиҳо ва озмунҳо, аз арзиши аслӣ пасттар фурӯхтани ғизо, агар он ҷорӣ намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо мақсади ба муддати дароз, бо нархи нисбатан арзон фурӯхтани ин ғизо маҳдуд накунад; - ба шахс супоридани намунаи ғизои мазкур; - туҳфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурӯхтан, агар чунин нарх эълон нашуда бошад, на камтар аз 80 фоизи нархи чакана фурӯхтани ҳар гуна ғизои таъйинотӣ ба кормандони тиб ё ба муассисаҳои тиббию санитарӣ; - туҳфа кардан ё дар муассисаҳои тиббию санитарӣ ба кор бурдани таҷҳизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи ғизои таъйинотӣ алоқаманд аст ё мусоидат ба он; - дар муассисаҳои тиббию санитарӣ туҳфа кардан ё паҳн кардани мавод, аз ҷумла қалам, тақвиму плакатҳо, дафтар, ҷадвали ченаки қад, бозичаҳо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи ғизои таъйинотӣ дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд; - бо усулҳои гуногун ҳавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), ки бо масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак сарукор доранд, аз ҷумла ҷудо кардани гранту идрорпулиҳо, кумакпулӣ барои тадқиқот ё маблағгузории маҷлису семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос ё конференсияҳо; - сарпарастӣ дар чорабиниҳо, мусобиқаҳо ё маъракаҳои вобаста ба масъалаҳои занони ҳомила ё заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, падару модари кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол ё аъзои оилаи онҳо, инчунин мусобиқаву маъракаҳои марбути ҳомиладорӣ, таваллуд, ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ки бо ин масъалаҳо алоқаманданд; - ҳамроҳ кардани ҳаҷми фурӯши ғизои таъйинотӣ ба ҳисоби мукофотонӣ ё иловапулии кормандон ё муқаррар намудани супориши камтарин барои фурӯши ғизои таъйинотӣ; - туҳфа ё паҳн намудани маводи иттилоотӣ ё маърифатии санитарӣ нисбати ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол ё иҷрои уҳдадориҳои вобаста ба ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо иттилоотро оид ба ғизои таъйинотӣ манзури кормандони тиб менамоянд ва бо маводи илмӣ ва воқеӣ маҳдуд буда, ба ҷиҳатҳои техникӣ ва усулҳои истифодаи ғизои мазкур дахл доранд ва танҳо агар онҳо ҷавобгӯи талаботи Кодекси мазкур бошанд. 2. Сертификатсия, бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ карда мешавад. Моддаи 98. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои ғизои таъйинотӣ дахл доранд. 1. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ҳуқуқ надорад ғизои кӯдаконро, ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази онҳо ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад: - таркиб ва миқдори моддаҳои ғизоӣ; - синну соли зарурӣ (бо рақам ишорашуда), ки баъди расидан ба он ғизо тавсия карда мешавад; - хатаре, ки дар сурати нодуруст пухтан ё ғизодиҳӣ то синну соли тавсияшуда ба саломатии кӯдак таҳдид менамояд; - ҷузъу таркибҳои истифодашуда бо ишораи ҷои истеҳсоли шир ё ғизои ширмонанди истифодашаванда; - шароити зарурии нигоҳ доштани ғизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо назардошти вазъи иқлим; - рақами намуд (гурӯҳ), таърихи истеҳсол ва санае, ки ғизо бояд пеш аз гузаштани он, бо назардошти вазъи иқлим ва шароити нигоҳдошт мавриди истеъмол қарор гирад; - ном ва нишонии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда; - талаботи дигари тавсиянамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 2. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад ғизои омехтаи кӯдаконро ба истиснои шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази он ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад: - дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кӯдак; - дар бораи зарурати маслиҳати табиб, қабл аз оғози истифодаи ғизои иловагӣ; - дар бораи тарзу усули пухтан, ҷадвали ғизодиҳӣ, риояи гигиенӣ ва шуста партофтани пасмондаи омехтаҳои пухташуда. 3. Дар борҷома ё тамғақоғаз сабт намудани чунин истилоҳот ба монанди «мисли шири модар», «беҳтар аз шири модар» ё истилоҳоти ба ин монанд, инчунин қиёс бо шири модар ё матнҳое, ки бо ин ё он усул барои ғизодиҳии табиии кӯдак монеъ мешаванд ё аҳамияти онро паст мезананд, манъ аст. 4. Дар борҷома ё тамғақоғази ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синнашон калонтар ғайр аз шартҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин ғизоро ба кӯдакони аз шашмоҳа хурд низ додан мумкин нест. 5. Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ғизои таъйинотии дар ҳамин модда пешбинишуда дар борҷома ё тамғакоғази онҳо маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шавад. Моддаи 99. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳо дахл доранд. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳоро ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғақоғази он маълумоти зерин ба забони давлатӣ возеҳу равшан сабт нашуда бошад: - афзалият ва фоиданокии шири модар барои саломатии кӯдак; - зарурати риояи қатъии дастури шустан ва тамйиз кардан, ки бояд бо навиштаҷот ва суратҳо ифода ёфта бошанд; - муддати дароз истифодабарии маккаку пистонакҳо, истеъмоли ғизои моеи ширин, аз ҷумла ғизои омехта, ки боиси пӯсидани дандони кӯдак мегардад; - суроғаи ҳуқуқии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда. Моддаи 100. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ). Маводи иттилоотӣ ё маърифатӣ (хаттӣ, сабтӣ ё аёнӣ) марбут ба ғизодиҳии табиии кӯдакон бояд: - ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ), фоида ва эҳтимоли зиёни онро ҳангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар тарғиб намояд; - танҳо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) ғизо доданро ташвиқ менамояд ё монеаи ғизодиҳии табиии кӯдак мегардад, истифода нашуда бошад; - ба забони давлатӣ баён гардида бошад; - таассурот ё тасаввуротеро, ки ғизои таъйинотӣ баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз он, ё беҳтар аз ғизодиҳии табиӣ аст, ба миён наоварад; - дорои ном ё тамғаи (нишонаи) ягон ғизои таъйинотӣ ё ягон истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ набошад; - аҳамияту манфиат, арзиш ва бартарияту афзалияти ғизодиҳии табииро хусусан дар давоми шаш моҳи аввал ва минбаъд то ду сол ё бештар аз ин возеҳу равшан фаҳмонад. Моддаи 101. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ва дар бораи шишачаҳои шир (ширдӯшӣ). Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ оид ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ё ғизо ё моеи дигар барои аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак бояд маълумоти зеринро бо забони давлатӣ дошта бошанд: - дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани ғизо, аз ҷумла шустушӯ ва тамйиз намудани зарф ва макак, аз пиёла хӯронидани кӯдакони ширмак; - дар бораи аҳамияти тахминан аз шашмоҳагӣ ба кӯдак додани ғизои иловагӣ, чӣ тавр ва чаро аз шишаи шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак ё худ барвақт ба кӯдак додани ғизои иловагӣ ба ғизодиҳии табиии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, дар бораи ба саломатии кӯдак хатар доштани маконидани ӯ аз шишачаи шир (ширдӯшӣ) ва нодуруст пухтани ғизо. Моддаи 102. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи солимии модару кӯдак машғуланд. Ба кормандони тиб, ки дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак фаъолият мекунанд, иҷрои амалҳои зерин манъ аст: - гирифтани туҳфаҳо, пардохту ҳадя дар ҳар гуна шакл аз истеҳсолкунанда ё аз паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ё аз шахси дигаре, ки аз номи онҳо фаъолият мекунад; - гирифтани намунаи ғизоҳои таъйинотӣ ё тақсими онҳо ба ягон шахс, инчунин намоиш додани истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон ба ягон шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои истисно ва ҳангоме, ки зарур аст ва дар ин ҳолат низ ҳатман дар хусуси хатари истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон бояд равшану фаҳмо тавзеҳ дода шавад). БОБИ 16. ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶАМЪИЯТӢ Моддаи 103. Мақсад ва намудҳои пешгирии бемориҳо. 1. Мақсади пешгирии бемориҳо ин огоҳкунии пайдоиш ё авҷгирии бемориҳо, инчунин оқибатҳо ва зиёни мушкилоти онҳо мебошад. 2. Пешгирии бемориҳо ба аввалиндараҷа, дуюминдараҷа ва сеюминдараҷа тақсим мешаванд. 3. Пешгирии аввалиндараҷаи бемориҳо (оммавӣ ва фардӣ) барои ташкили шароити мусоиди зиндагӣ бо мақсади огоҳкунии пайдоиши бемориҳо равона карда шудааст. 4. Пешгирии дуюминдараҷаи бемориҳо барои огоҳкунии бемориҳо дар ҳолатҳои аввали авҷгирӣ ва оқибатҳои онҳо равона карда шудааст. 5. Пешгирии сеюминдараҷаи бемориҳо барои назорати оқибатҳои аллакай пайдошуда, узвҳо ва бофтаҳои зарардида равона карда шудааст. Моддаи 104. Ташаккули тарзи ҳаёти солим. 1. Ташаккули тарзи ҳаёти солим тарғиби ҳаёти солим, ғизои солим ва пешгирии бемориҳоро тариқи таъмини маълумот, таълими гигиенӣ, омӯзиши аҳолӣ дар масъалаҳои устувор намудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳое, ки ба ҳаёти солим алоқамандӣ доранд, дар бар мегирад. 2. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар таъмини ҳамоҳангсозӣ ва дастурҳои методии роҳбарикунандаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад. Моддаи 105. Муоинаҳои тиббӣ. 1. Бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ, бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд. 2. Муоинаҳои тиббӣ метавонанд ҳатмӣ ва пешгирикунанда бошанд. 3. Муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ба қаблӣ ва давравӣ тақсим мешаванд. 4. Муоинаҳои тиббии ҳатмии қаблӣ аз ҳисоби шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан бо мақсади ба кор ё ба хондан лоиқ будан, инчунин пешгирии бемориҳои касбӣ ва умумӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд. 5. Муоинаҳои тиббии ҳатмии давравӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо бо мақсади мушоҳидаи вазъи саломатии кормандон, сари вақт муайян намудани нишонаҳои аввали беморӣ, пешгирии бемориҳои касбӣ ва паҳн нагаштани бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд. 6. Номгӯи омилҳои зараровари истеҳсолӣ ва касбҳое, ки гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмиро талаб менамояд ва тартиби онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 7. Муоинаҳои тиббии пешгирикунанда оммавӣ ва интихобӣ мешаванд. 8. Муоинаҳои тиббии пешгирикунандаи оммавӣ бо таври пурра дар гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ оид ба муайян намудани беморӣ дар зинаҳои саршавӣ ва пешгирии онҳо, омилҳои хатарнок, ки боиси ба вуқӯъ омадани беморӣ мегарданд, бо мақсади таҳкими саломатии аҳолӣ гузаронида мешаванд. 9. Муоинаҳои тиббии интихобӣ бо мақсади назорати амалисозии танзими чорабиниҳои табобати беморӣ ва барқарорсозии саломатии шаҳрвандони гирифтори бемориҳои алоҳида ё ба гурӯҳҳои хатарнок мансуббуда гузаронида мешаванд. 10. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи гурӯҳҳои шахсони мақсаднокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 11. Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бояд шахсонеро, ки аз муоинаи тиббии қаблӣ ё мавсимӣ нагузаштаанд, ё ин ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ба кор лоиқ нестанд, ба кор қабул накунанд. 12. Тартиби додан, ҳисобот ва бурдани дафтарчаҳои шахсии тиббиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 13. Сари вақт гузаронидан ва гузаштани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ва пешгирикунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад. Моддаи 106. Эмкуниҳои пешгирикунанда, нақшавӣ ва ҳатмӣ. 1. Эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад. Номгӯи бемориҳо, ки алайҳи онҳо эмкуниҳои пешгирикунанда сурат мегирад, тартиб, муҳлати гузаронидан ва гурӯҳҳои аҳолии эмшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. 2. Шахсони воқеии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, уҳдадоранд, ки мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ, эмкунии пешгирикунандаро ба таври ройгон гиранд. 3. Талабот, нишондод, муҳлати гузаронидан, гурӯҳи аҳолӣ ва номгӯи бемориҳое, ки бар зидди онҳо эмкунии пешгирикунандаи нақшавӣ ва ё дар асоси нишондодҳои эпидемиявӣ гузаронида мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 4. Эмкуниҳои пешгирикунандае, ки ба Тақвими миллии эмкунӣ дохил нашудаанд ва нишондодҳои эпидемиявӣ надоранд, ба шаҳрвандон, бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҳисоби онҳо гузаронида мешавад. 5. Назорати нигоҳ доштан, интиқол ва истифодаи воситаҳои пешгирикунанда, иммунобиологӣ, ташхисӣ ва безараркунандаро мақомоти ваколатдори давлатии назоратӣ таъмин менамояд. 6. Эм накардан боиси оқибатҳои зерин мегардад: - сафари шаҳрвандон ба мамлакатҳое, ки бинобар будубошашон дар он ҷо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эмкунии мушаххас шарт аст, манъ карда мешавад; - ҳангоми хурӯҷи оммавии бемориҳои сироятӣ ё пешомади хатари эпидемия, шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ муваққатан қабул карда намешаванд; - шаҳрвандон ба корҳое, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ алоқаманд аст, қабул намегарданд ё аз чунин корҳо дур карда мешаванд. 7. Номгӯи корҳоеро, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ шудан алоқаманд аст ва эмкунии ҳатмиро талаб мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 8. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати номатлуби баъдиэмкунӣ экспертизаи корношоямии шаҳрванд тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Алоқамандии беморӣ, маъюбӣ ва фавт бо эмкунӣ бо назардошти хулосаи шӯрои экспертӣ оид ба эмкунии назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Моддаи 107. Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ. 1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гузаронидани чорабиниҳои зарурии ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, табобатию пешгирикунанда, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба анҷом додани ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани карантин, анҷом додани назорати истеҳсолӣ, чораҳо нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ, доир намудани муоинаҳои тиббӣ, эмкуниҳои пешгирикунанда, тарбия ва таълими гигиении шаҳрвандон анҷом дода мешавад. 2. Шахсоне, ки ба бемориҳои давомноки сироятӣ, паразитарӣ гирифторанд ва ҳомилони доимии барангезандагони бемориҳои сироятианд ва барои атрофиён хатарноканд, дар асоси қарори сартабиби давлатии санитарӣ ва муовинони он (дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) муваққатан аз фаъолият барканор карда ва ё ба кори дигаре, ки ба атрофиён хатар надоранд, гузаронида мешаванд. |