Кодекси тандурустии Чумхурии точикистон 2017. Кодекси тандурустии умурии Тоикистон
Скачать 1.07 Mb.
|
Моддаи 167. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо. 1. Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъйин кардан ва пардохтани нафақаю кумакпулиҳо, расонидани кумакҳои иҷтимоию маишӣ, гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъмин намудани онҳоро таҳия ва татбиқ менамоянд. 2. Мақомоти маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ятим ё бепарастор мондаанд, таҳия ва татбиқ менамоянд. 3. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ба вируси норасоии масунияти одам сироят шудаанд, таъйини нафақа, дар навбати аввал гирифтани манзил, дар сурати набудани он ё дар ҳолатҳои зарурии беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 4. Барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа таъйин карда мешавад. Тартиби додани кумакпулӣ ва ҳаҷми онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз рӯи нишондодҳои тиббӣ таълими кӯдаконеро, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд ва онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ё дар хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд. 6. Зараре, ки ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии ташкилотҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Моддаи 168. Ҳуқуқи падару модароне, ки кӯдакони онҳо мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд. 1. Падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунандаи кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд: - ҳамроҳи кӯдакони то 14 сола дар беморхонаҳо бошанд ва дар ин давра аз кор озод буда, ба онҳо барои муваққатан ба кор набаромадан кумакпулӣ дода мешавад; - дар ҳолати аз кор озод кардани падар ё модар бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16 сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ, агар то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад; - рафту омади ройгони падар ё модар ва ё дигар намояндаи қонунии кӯдак ба ҷои табобат. 2. Модароне, ки кӯдаки то 16 солаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар, ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад. Моддаи 169. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд. 1. Кормандоне, ки бо расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки ҷиҳати расонидани кумак ба шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҷалб шудаанд, дар ҳолатҳои мубталои вируси норасоии масунияти одам, инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз чунин беморӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд. Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурӯҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. 2. Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам тадқиқоти ташхисӣ мегузаронанд ва ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, уҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизатӣ таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам мунтазам муоина кунанд. 3. Дар вақти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фарматсевтӣ ва дигар кормандон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд. Моддаи 170. Ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 1. Кормандони тиббие, ки дар натиҷаи ба таври дахлдор, бинобар иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд: - дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; - ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масуният ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат; - ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ; - ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои санаторию курортӣ новобаста ба тобеияти идоравии онҳо; - ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. 2. Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд, ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 3. Кормандони тиббӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ барои хунукназарона ба ҷо овардан ва сироят кардани шахси дигар (якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам ҷавобгар мебошанд. Моддаи 171. Имтиёзҳои меҳнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд. Кормандони дахлдори ташкилотҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ ё дигар кумакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли дорувории биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд: - мутобиқи рӯйхати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида оид ба истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба нафақа бароянд; - иловапулӣ ба маоши вазифавӣ дар ҳаҷми 100 фоиз гиранд; - ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ бароянд; - ба рӯзи кӯтоҳи корӣ (рӯзи кории 6 соата). Моддаи 172. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 1. Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, таҳияи барнома ва нақшаҳои фаъолият, омода намудани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад. 2. Мақомоти дахлдори иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва инчунин барои кӯдакони бесарпараст таҳия ва татбиқ менамоянд. Моддаи 173. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 1. Муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният маълумоти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд. 2. Муассисаҳои давлатии тандурустӣ бо мақомоте, ки назорати ғайриқонунии муомилоти воситаҳои нашъадорро ба уҳда доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, барномаҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одамро барои истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор тариқи сӯзандору ва дигар гурӯҳҳои осебпазир таҳия ва амалӣ мегардонанд. Моддаи 174. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқҳои зерин кафолат дода мешавад: - муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ; - азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ, махфӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият; - мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба табобат, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният; - баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ. 2. Ба гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ барои тағйирёбии рафтори хатарнок хизматрасониҳо ва иттилооти махсус дода мешавад. 3. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти адлия барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд. БОБИ 25. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ Моддаи 175. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ. 1. Ғайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рӯҳӣ, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 2. Шахсоне, ки дар натиҷаи бемории рӯҳӣ муваққатан ғайри қобили амал эътироф шудаанд, барои анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо қарори комиссияи тиббӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд. 3. Номгӯи бемориҳои рӯҳиро, ки монеаи амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгӯи зикргардида бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илмӣ давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) аз нав баррасӣ мегардад. 4. Маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ танҳо дар асоси муоинаи табиби бемориҳои рӯҳӣ, таҳти назорати диспансерӣ ва дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор доштани ӯ, манъ аст. Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ. 1.Ташхиси бемории рӯҳӣ мувофиқи стандартҳо ва таснифҳои (классификатсияҳои) маъмули байналмилалӣ муқаррар карда мешавад. 2. Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ восита ва усулҳои тиббие истифода бурда мешаванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода шудаанд. 3. Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсади ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти беморӣ истифода гардида, набояд барои ҷазо додани шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ ё ба манфиати шахсони дигар истифода карда шаванд. Моддаи 177. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо кумаки тиббии рӯҳӣ расонида мешавад. 1. Ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон бо хоҳиши худ адвокат ё шахси дигари ваколатдорро даъват намоянд. 2. Роҳбари муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, таъмин менамояд. 3. Намояндагони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат ҳар вақт ба иҷрои уҳдадориҳои худ шурӯъ намоянд, ба шахсе, ки манфиатҳои ӯро ҳифз менамояд, муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба чорабиниҳои тиббӣ ва дигар чорабиниҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин, адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббии ба бемор дахлдошта шинос шавад. 4. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо ҳуқуқ доранд, инчунин адвокат ё шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд. 5. Барои ноболиғон, падару модари онҳо, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онҳо ва барои шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд, намояндагони қонунӣ мебошанд. Моддаи 178. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳие, ки кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намудаанд. 1. Бо таъйиноти судӣ маҷбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба таври беморхонагӣ дар ташкилотҳои бемориҳои рӯҳӣ, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурустӣ, ба амал бароварда мешавад. 2. Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур истифода мекунанд. 3. Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба гирифтани кумакпулӣ ё нафақа дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд. 4. Суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ доштаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд. Моддаи 179. Муоинаи тиббии рӯҳӣ барои ҳалли масъалаи муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ. Асос ва тартиби муоинаи дармонгоҳӣ ва беморхонавии бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рӯҳӣ муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Моддаи 180. Ҳамкории муассисаҳои кумаки тиббии рӯҳӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ. 1. Муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ барои расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, пешгирии аз ҷониби онҳо содир намудани амалҳои ба ҳаёти онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд. 2. Дар сурати даст кашидан аз табобат, муассисаҳои мазкур уҳдадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд. Моддаи 181. Кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад. 1. Ба шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ аз ҷониби давлат кафолатҳои зерин дода мешавад: - кумаки тиббии рӯҳии таъхирнопазир; - кумаки машваратию ташхисӣ, табобатӣ, пешгирикунанда, тавонбахшии саломатӣ дар шароити беморхона ва берун аз он; - тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои рӯҳӣ, додани корношоямии муваққатӣ; - нафақа, кумаки иҷтимоию маишӣ ва мусоидат оид бо кор таъминкунӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ; - ҳалли масъалаҳои васоят; - маслиҳат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар намуди ёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб; - беҳтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо; - таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ. 2. Таъмини кумаки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. 3. Таъмин намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ваколатҳои oнҳo, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, анҷом дода мешавад. |