тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
5.24. Унсурулмаолии Кайковус Унсурулмаолии Кайковус бо пандномааш «Кобуснома» шухрат пайдо намудааст. Ин асарро у солхои 1082-1093 навиштааст. «Кобуснома» сипас ба забонхои туркй, уйгурй, тоторй, фаронсавй, олмонй, узбекй. русй тарчума гаштааст. Асари мазкур, ба гуфти худи мавсуф, ба бахшхои чудогонаи илм, санъат ва хунар бахшида мешавад, аз кабили имон ба Худо, пизишкй, тичорат, санъати шохй, вазирй. санъати чанг, сипохсолорй, кишоварзй, санъати мусикй ва г. Андешахои сиёсиву хукукии Кайковус такя ба ахкоми дин доранд, аз кабили имон ба Худой ягона, хилкати олам аз тарафи Худованд ва м.и. Хадафи хилкати оламро у дар таъмини тартибу низом мебинад. Хиради илохй чавхари олам эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки Худованд олами хастиро бахри назму субот, анчом додани амали солех офаридааст. Ба гуфти Кайковус, «одамон бе давлат ва тартибот вучуд дошта наметавонанд». Равобити байни давлат ва тартиби устувор пазируфта мешавад. Ишора ба он мешавад, ки сохти давлат ба сохти олами офаридаи Худованд шабохат дошта, давлат ва тартибот бе сарвари ягона гайриимконанд. Вазифаи сарвариро Худой холик, сипас паёмбарон ва нихоят, шохон ба чо меоранд. Кайковус аз давлат ва Хокимияти исломй пуштибонй мекунад, аз чумла таъкид ба он мекунад. ки ба гайр аз хокимияти исломй дигар ягон намуди хокимият бонуфузу тавоно буда наметавонад. Кайковус чонибдор ва мухофизи шохигарии исломист. Ба кавли у, «Парвардигор шохро чунон хилкат намудааст, ки оламиён ниёз ба хидматашро доранд». Мутафаккир табакахои чавонмардон, айёрон, аскарон, факехон, суфиён, дехконон, хунармандон, точиронро чудо намуда, хамзамон таъкид мекунад, ки хамаи ин табакахои ахолй бандагони Худо, фар- зандони хазрати Одам мебошанд. Дар натича баробарии одамон назди Худованд эълон мешавад. Аммо дар хамаи бахшхои дигари зиндагй нобаробарии одамон эътироф мешавад, аз чумла байни ашрофон ва одамони каторй, одамони тоифаи баланд ва поён, чанобон ва гуломон, хокимиятдорон ва фармонбардорон. Кайковус муфассал коидахо ва шартхои шохигарй, вазирй, сипохсолорй, надимй, дабириро муайян мекунад, ки якчоя санъати идораро ташкил медиханд. Чунончи, дар бобати шартхои шохигарй чунин маслихатхо дода мешаванд: бархак будан, ахлоки хамида, аклу хиради воло, рох на- додан ба шитобкорй хангоми халли корхои давлатй, нармдилй, хакгуй будан, кам ran задан ва кам хандидан; ба ваъда вафо кардан, мехрубонй дар хакки раият ва талабкорй нисбат ба вазир. 205 Хамчунин шартхои таъини вазирон аз тарафи шох муайян мешаванд, аз кабили ошкор накардани ниёз ба маслихатхои вазир; ба вазир додани тамомй салохияти лсзима; ба вазифаи вазир таъин накардани шахеи солхурда; ба мансабхо таъин накардани хеаювандо- ни вазир; назорати мунтазам аз кори вазир. Дар «Кобуснома» як катор маслихатхои муфид дар бахши хид- мати шохй дода мешаванд, аз кабили пешниходи таклифхои муфид ба шох; хиёнат накардан; худдорй аз фахрфурушй, гайбат, тухмат, фиреб, хасад; инрои фармонхои шохй; фош накардани сирри давлат; хамаруза хозир будан дар дарбори шохй ва г. Ба андешаи Кайковус, адои вазифаи надим бо риояи як катор талаботхо имконпазир мегардад, чунончи доштани намуди хуби зохирй; донистани забони даватй ва форей; доштани донишхои мукаммал дар бахшхои назм, тиб, ситорашиносй, мусикй; бархурдорй аз К>ръон, хадисхо, шариат ва фикхи исломй ва г. Дабир бояд нутки хуб, хати зебо, санъати баланди китобат дошта бошад, чунончи дар матн аз оятхои Куръон ва хадисхо мохирона истифода барад, чумлахоро то хадди имкон кутох ва оммафахм нави- сад, ба хусусиятхои забони арабй ва форей эътибор дихад. Боби алохвдаи «Кобуснома» ба коидахои вазирй бахшида шудааст. Шартхои вазирй инхо мебошанд: хуб ба рох мондани хамаи корхои хидматй, хакгуй будан, нигох доштани номи некй шох; адолатпешагй дар муносибат бо шох, лашкар ва раият; эътибори чиддй ба ободии мулк, махсусан таъминоти лашкар ва раият; вокиф будан аз холи шохони хамсоя; таксими одилонаи мансабхо; худдорй аз истеъмоли май. Сипас, шартхои сипохсолорй муайян мешаванд, ба мисли гамхорй дар хакки лашкар ва раият; анчоми кори нек; мехрубонй ба раият; азхуд намудани санъати чанг; шучоату далерй хангоми амалиёти харбй; хавасаманд гардонидани аскарон ва г. Кайковус мутмаин аст, ки хамаи коидахову шартхои зикршу- даи шохигарй, вазирй ва г. танхо дар холати риояи дакики конунхои илохй ва давлатй, таъмини тартибу интизом имконпазир мегарданд. Аз ин ру, мавсуф ба риояи ахкоми дин, шариат, конунхои давлат, тахдими тартибу интизом дар давлат эътибори чиддй медихад. Куръон чун конуни асосии давлат, сарчашмаи аввалиндарачаи шариат пазируфта мешавад. Хамчунин сарчашмахои дигари шариат тавсиф мешаванд, аз кабили ичма ва циёс. Намудхои алохидаи фармонхои хокимият, аз кабили фармонхои шохон. вазирон, мансаб- Ьорони дигар чудо карда шуда, волоияти фармонхои шох ва зарурати ичрои хамаи фармонхо бо далелхои кофй исбот мешавад. Ба умумихатмй будани фармонхои шох эътибори чиддй дода мешавад, зеро ба кавли Кайковус, эътироф накардани фармони 206 шох маънои «тахкири шохро» дорад. Мавсуф мутмаин аст, ки хар як холати сарфи назар гаштани фармони шох боиси паст шудани нуфузи шох мегирдад, ё тавре худи мутафаккир мегуяд, «шохе, ки фармонхояш амалй намешаванд, шох нест». Хамчунин зарурати аз хам фарк кардани фармонхои шох ва фармонхои мансабдорони дигар таъкид мешавад. Айни замон хукукй вазирон ба ирсоли фармонхо ва зарурати ичрои онхо химоя мешавад. Таъкид мешавад, ки фармонхои шох ва вазир эътибори мухим доранд. Ба гуфти Кайковус, «Шохон ва вазирон бояд як фармон, вале фармони катъй ирсол намоянд, то ин ки сазовори эхтиром гардад». Дар «Кобуснома» инчунин андешаву маслихатхои муаллифи он дар бобати тартиби халли бахсхои хукукй ва ирсоли фатво, шартхои хатибй, фаъолияти козй, гузаронидани мурофиа ва кабули хукм, татбики чазо, бастани ахдномахо зикр гаштаанд. Чунончи, таъкид мешавад, ки козй бояд мучтахид бошад, дониши баланд дошта бошад, аз хусусй мазхабхои фикхй бархурдор бошад. Инчунин тартиби бастани шартномаи хариду фуруш (харидории манзил, замин, гулом, асп), карз, амонат, коидахои бастани никох ва тарбияи фар- занд муфассал тавсиф мешаванд.
Нуриддин Абдурахмон ибни Низомиддики Ахмад ибни Шамсид- дини Мухаммад (1414 - 1492) - мутафаккири барчастаи форсу точик мебошад, ки таълимоти хешро рочеъ ба масоили назариявии давлат, сиёсат, санъати идора. конун, конуният пешкаш намудааст. У соли 1414 дар дехаи Хучард, ки байни Хирот ва Машхад вокеъ буд, ба дунё омаддааст. Чом марказй вилоят буд, ки дар он зодгохи мутафаккир карор дошт. Аз ин хотир, мавсуф минбаъд тахаллуси Чомиро ба худ мегирад. Абдурахмони Чомй назди падараш Низомиддини Ахмад, ки конундон буда, вазифаи маъмуриро ба ухда дошт, таълими ибтидо- иро мегирад. Дар синни 11-солагй хамрохи волидайнаш ба Хирот, ки марказй фархангии Хуросон буд, куч мебандад. Дар Хирот таъли- машро дар мадрасахои Низомия идома медихад. Дар синни 12-солагй тафсири хешро ба асари нучум навишта. онро ба Самарканд мефири- стад. Сипас, бо таклифи олими сохаи нучум Козизода ба Самарканд таклиф мегардад. Соли 1436 таълимашро дар мадрасаи Улугбек идома медихад. Соли 1451 дар ш. Хирот маскан гирифта, ба шахрхои Каршй, Бухоро, Самарканд, Тошкант, Фаргона, инчунин шахрхои Ирок ва Сурия сафархон хешро анчом медихад. Соли 1472 сафари хачро ба чо меорад ва дар тули якуним сол аз Нишопур, Сабзавор, 207 Димишк, ва шахрхои дигар дидан ба чо меорад. Соли 1469 дар Ху- росон ба садри кудрат Султон Хусейни Байкаро меояд, ки шогир- ди Абдурахмони Чомй буда, дар хакки мутафаккир гамхорй зохир мекунад. Соли 1492 Абдурахмони Чомй дар Хирот аз олам чашм мепушад. Абдурахмони Чомй аз худ мероси ганй бокй гузоштааст. Асархои машхури у «Саламон ва Абсол», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлй ва Мачнун», «Хирадномаи Искандарй» шухрати чахониро касб намуда, то ин дам ахамияти хешро нигох медоранд. Абдурахмони Чомй акидахояшро рочеъ ба давлат, хокимият, сиёсат, конун, конуният дар робита бо афкори фалсафию чамъиятии замонаш ва пеш аз хама ахкоми дини Ислом пешбарй мекунад. У аз чумла бо гояхои асосии фалсафаи машшоъ, фалсафаи калом, таълимоти суфиён, андешахои фалсафаи юнонй хуб шинос буд, аз кашфиётхову дастовардхои илми табиатшиносии замонаш бархурдор буд. Мавсуф акидахои сиёсиву хукукии хешро зимни эхтиром ва риояи ахкоми дин пешбарй мекунад, ба монанди шинохти Худой холик, офарида шудани олам аз чониби Худованди кодиру тавоно ва м.и. У нуфузи воло ва тагйирнаёбанда будани Куръони мачидро, зарурати риояи хамарузаи онро эътирофу таъкид мекунад, аз чумла сураи машхури Куръонро бахшида ба саргузашти паёмбар Юсуф хеле мохирона дар асараш «Юсуф ва Зулайхо» истифода мебарад, оятхои Куръониро рочеъ ба Зулкарнайн заминаи асараш «Хирадномаи Искандарй» карор медихад. Дар робита бо тасаввуф аз андешаи «шохи хирадманди суфй» пуштибонй мекунад, оид ба беш аз 600 суфиён маълумот медихад. Хамзамон дар хусусй эчодиёти як зумра шоирони форсу точик (Рудакй, Фирдавсй, Низомй ва диг.) маълумот медихад. Мавсуф дар асархояш ишора ба Афлотуну Арасту ва мутафаккирони дигари юнонй мекунад. Хамаи ин гуфтахо далолат ба он мекунанд, ки Абдурахмони Чомй шахеи донишманди замонаш буда, аз равияхову таълимоти гуногуни замонаш бархурдор буд. Ин чахонбинии васеи мутафаккир дар пешбарии таълимоти сиёсиву хукукии эшон накши мухим мебозад. Абдурахмони Чомй давлатро дар робита ва дар чахорчубаи Ислом баррасй мекунад, аз чумла пайдоиши хокимияти шохиро чун Чузъи чудонашавандаи офариниши олам аз чониби Худой холик, эътироф мекунад. Айни замон давлат на чун сохтори мустакили сиёсиву хукукй, балки дар робитаи ногусастанй бо шахсияти шох тахлил мешавад. Тавре таъкид гашт, чунин тарзи дарки давлат, аниктараш хокимияти шохй хоси умуман афкори сиёсии исломй буд. Мутафаккир муътакид ба он аст, ки хокимияти шохон аз хокимияти хазрати Одам сарчашма мегирад. Дар асараш «Юсуф ва Зулайхо» у даврахои зиндагиву фаъолияти паёмбарони Худованди холикро 208 (хазрати Одам, Шис, Идрис, Нух, Иброхим, Исхок, Яъкуб, Юсуф) баён намуда, таъкид ба он мекунад, ки Худованд хокимиятдориро ба паёмбарон ато намуда, сипас хокимият ба дасти шохони мерос- бар мегузарад. Хокимият, ба андешаи мутафаккир, сарчашма ва табиати илохй дошта, тибки фармудаи Худованд амалй мешавад. Хамчунин меросй будани хокимияти шохй таъкид мешавад. Ин масъала муфассал дар асари дигари мутафаккир «Саломон ва Абсол» тахлил мешавад. Роххои мухталифи сохиб шудан ба хокимият баррасй мешаванд. Яке аз онхо интихоби шох мебошад, ки дар асари мутафаккир «Хи- радномаи Искандарй» баён гаштааст. Ба андешаи мутафаккир, имкони интихоби шох низ вучуд дорад, ба шарте агар шох чун падар гамхори раият бошад, дар хидмати мардум бошад. Аммо дар интихоби шохи хирадманду гамхор на раият, балки ашрофон ширкат меварзанд. Дар асархои Абдурахмони Ч,омй ду рохи сохиб гаштан ба хокимият эътироф мешаванд: меросй будани хокимият ва интихоби шох. Дар хар ду маврид аз хирадмандии шох пуштибонй мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки шохи интихобшаванда бояд хирадманд, гамхори мардум ва накукор бошад. Ба зиммаи шохи интихобшаванда як катор вазифахо гузошта мешаванд, аз кабили адолатварзу хакчуй будан, хокимиятдорй ба манфиати мардум, хифзи хакки мардум. Зимни баррасии пайдоиши хокимият Абдурахмони Чомй хамеша ба сарчашма ва табиати илохии хокимияти шохон ишора мекунад. Дар ин бобат у робитаи ногусастании байни хокимият ва адолатро махсус кайд мекунад. Ба андешаи мавсуф, хокимият, ки аз чониби Аллох мукаррар гаштааст, боадолат аст. Аз ин хотир, хама гуна хокимияти беадолат табиати илохй дошта наметавонад, хокимияте, ки мохияти зиддиилохй дорад, беадолат аст. Дар ин замина таъмини адолат аз чумлаи вазифаи аввалнндарачаи хокимият пазируфта мешавад. Ба тафаккури Абдурахмони Ч,омй акидахои гузаштагон, аз чумла гояхои «мадинаи фозилаи» Форобй, Сино ва дигарон таъсир накар- да наметавонистанд. Аз ин чост, ки дар асархои Абдурахмони Чрмй истилохи «мадина» чун шакли маскани одамон борхо вомехурад. Мутафаккир, ки хаёту фаъолияташ дар шахрхои бонуфузи замонаш Самарканду Хирот гузаштааст, борхо ишора ба беадолатии хокимиятдории шахр мекунад. Хамзамон ба ахамияти кишоварзй ишора мешавад, аз чумла дар як катор газалхои мутафаккир мам- лакат ба «макони кишт» ва адолат ба «абри бороновар» шабохат дода мешаванд. Абдурахмони Ч,омй борхо таъкид мекунад, ки шох низ ба мисли одамони дигар як «бандаи Худо» буда, хокимиятдориаш абадй 209 нест. Дар «Хирадномаи Искандарй» у ишора ба он мекунад, ки шохони зиёд кишвархои дунёро забту истило намуданд, тиллову дигар ганимат чамъ оварданд, вале пас аз фавташон хама хокимияту дороияшон барбод рафту, аз худ номи нек нагузоштанд. Аз ин хотир, накукорй хислати мухими хокимиятдории боадолат пазируфта шуда, некй аз хокимят дида арзиши баландтар эълон мешавад. Махсус таъкид мешавад, ки «хаёти инсон кутох буда, вале номи нек абадзинда аст». Бо ин суханонаш мутафаккир шохонро ба накукорй даъват мекунад. Накукорй ва идолатварзй аз чумлаи вазифахои аввалиндарачаи давлат эълон мешаванд. Абдурахмони Чомй дар «Бахористон» менависад, ки «сахифахои хаёт сахифахои аъмоли нек» буда, дар онхо «танхо амалхои некро мебояд навишт». Дар «Хирадномаи Искандарй» ишора бо он мешавад, ки «дархои чаннат барои онхое кушодаанд, ки бо амалхои нек шухрат касб намудаанд». Дар «Саламон ва Аб- сол» у махсус таъкид мекунад, ки таваччухаш бештар ба «шохони гамхору адолатпеша» нигарон аст. Адолат гахкурсии давлат эълон гашта, дар ин замина назарияи «Хокимиятдории адолатпеша» тавассути истифодаи коидахои «санъати шохй» пешбарй мешаванд. Хифзи хакки раият, пеш аз хама факирон, кишоварзон, гуломон вазифаи мухими давлат эълон мешавад. Дар яке аз рубоихои мутафаккир таъкид мешавад, ки инсони бехтарин «пуштибони мардум аст». Зимни чунин тарзи дарки хокимиятдорй Абдурахмони Чомй, ба мисли мутафаккирони дигари форсу точик, давлатро чун падидаи хайр, сохтори некхох, василаи таъмини адолат, химояи хищи раият арзёбй мекунад. Чунин тарзи дарку эхсоси давлат яке аз хусусиятхои мухими афкори сиёсиву хукукии форсу точик аст. Абдурахмони Чомй назарияи ахлокии давлатро пуштибонй мекунад. Гояи марказии ин назария «шохи хирадманд» мебошад, ки зимни адолат ва сифатхои хуби инсонй хокимятдорй мекунад. Чунин шохи хирадманд, ба назари у, Анушерзон буд, ки «агарчанде дур аз дини бархак бошад хам, вале дар адолатпешагиву хакчуй хамто надорад». Мутафаккир ба санъати шохй таваччухи махсус зохир намуда, коидахои онро муфассал тахлил мекунад, ки иборат аз инхоянд:
210
хамеша вокиф будан аз вазъи вокеии кишвар ва раият; назорати доимй аз болои фаъолияти кормандони андоз, душ- мани шох ва мулк эълон кардани шахсоне, ки андози аз меъёр зиёд меситонанд. Абдурахмони Ч[омй дар «Хирадномаи Искандарй» махсус таъкид мекунад, ки хокимияти шахеи бевичдонро «Куръон лаънат мекунад». Мавсуф шахеи бевичдон гуфта «сохибмансабонеро» дар назар дорад, ки «дар хакки бенавоён зулм мекунанд», хакикатро бахри манфиати шахей руйпуш мекунанд. Аз ин ру, аз шох талаб карда мешавад, ки ба мансабхо «афроди хирадмандро» таъин намояд. Дар масъалаи шакли давлат Абдурахмони Чомй чонибдори шохигарист. Ин шакли давлатдорй зимни ахкоми ислом баррасй мешавад. Усули тавхид ба сохаи сиёсат низ пахн карда мешавад, яъне ба мисли он ки оламро Худой холик идора мекунад, хокимятдорй низ мутааллик ба шох аст. Намудхои алохидаи шохигарй чудо карда мешаванд. Барои таснифи намудхои шохигарй махакхои мухталиф истифода мешаванд. Вобаста ба тарзхои сохиб шудан ба хокимият ду намуди шохигарй чудо карда мешаванд: 1) шохигарии меросй ва 2) шохигарии интихобй. Шохигарии меросй анъанвй хисоб мешавад ва зимни гузаш- тани хокимият аз паёмбарон ба шохон ва сипас, ба ворисонашон арзи вучуд дорад. Х°кимияти шохон аз хокимияти паёмбарон ва хокимияти хазрати Одам сарчашма гирифта, то замони киёмат истифода мешавад. Ворисии хокимияти шохй, бино ба ишораи мутафаккир, дар доираи сулолахои шохон (Сосониён, Темуриён ва диг.) мегузарад. Агар шохигарии меросй тибки тачрибаи сиёсии Мовароуннахру Хуросон ва умуман, кишвархои Шарк тахлил гардад, пас шохигарии интихобй дар робита бо кушиши пешкаши давлати ормонй сурат мегирад. Ин андеша дар асари машхури мутафаккир «Хирадномаи Искандарй» дар мисоли шохи адолатпеша Искандар чомаи амал мепушад. Шохи интихобии мутафаккир шохи намунавй, ормонй, шах- си адолатпеша аст. Аз эхтимол дур нест, ки дар баррасии ин шакли давлатдорй ба Абдурахмони Чомй афкори юнонй, ки инъикоси тачрибаи давлатдории юнонй буд, накш гузошта бошад. Дар хар сурат, мутафаккири форсу точик гояи «шохи интихобиро», аз як та- раф, зимни андешахои ормонияш, аз тарафи дигар, бо риояи ахкоми Ислом пешбарй мекунад. 211 Хангоми таснифи шаклхои шохигарй ма.\ак.\ои дигари аксона ва динй низ истифода мешаванд. Дар ин замина ду намуди шохигарй чудо карда мешаванд: 1) шохигарии адолатпеша ва 2) шохигарии золимона. Шохигарии адолатпеша ва шохигарии золимона чун шаклхои давлат арзёбй мешаванд, ки хамдигарро истисно мекунанд. Мутафаккир пуштибони шохигарии адолатпеша буда, хонандаро ба адолатпешагии даврони Фаридун. Анушервон ва умуман шохони ачам чалб мекунад. У таъкид ба он мекунад, ки шохи адолатпеша, агарчанде Куръонро чонибдорй накунад хам, вале бех аз шохи золим аст. Нафрати мутафаккир ба шохони золим то хадде мерасад, ки конуни адолатро авлотар мешуморад. Аммо ин танхо яке аз усулхои танкид ва инкори мутлаки шохигарии золим буд. Аз ин усул мутафаккирони дигар низ (Низомулмулк, Захири Самарканда, Мовардй ва диг.) дар аснои танкиди хокимияти золимона васеъ истифода намудаанд. Истифодаи ин усул харгиз маънои бидъати мутафакки- ронро надошт. Абдурахмони Чомй, ба мисли гузаштагону иайра- вонаш, аз ин усули танкидй мохирона истифода бурда, айни замон пуштибон ва мухофизи ахкоми шариат дар масоили сиёсатмадорй ва хокимиятдорй буд. Абдурахмони Ч°мй тоифахои гуногуни цомсаро чудо мекунад. Барои таснифи тоифахо, аз як тараф, тачрибаи вокеии ичтимой. аз тарафи дигар, андешахои тасаввуф истифода мешаванд. Дар ин замина байни ахолй сарватмандон ва бенавоён, одамони озод ва гуломон фарк карда мешаванд. Тибки андешахои тасаввуф се тоифаи одамон чудо карда мешаванд: 1) паёмбарон', 2) авлиё; 3) одамони фосщ. Авлиё дар навбати худ ба ду тоифа чудо карда мешаванд: шайхоне, ки то хадди наздикй ба паёмбарон расидаанд ва шайхони ба ин камолот норасида. Баробарии хамаи одамон дар назди Парвирдигори олам таъкид мешавад. Гузашта аз ин, баробарии илохй аз худуди чомеаи инсонй берун баромада, хислати оламшумул дорад. Ба кавли Абдурахмони Чомй, ки дар яке аз касидахояш ифода гаштааст, «одамон, чинкиён, ситорахо, осмон - хамаи мо пеши Парвардигор баробарем». Мутафаккир дар «Бахористон» чомеаро чун «иттиход», яъне иттиходи одамон тасаввур мекунад. Ба андешаи у, суботи чомеа аз накукориву олихиммагии аъзоёнаш вобаста аст. Дар ин чода ишора ба хислатхои накуии бенавоён карда мешавад. Аз чумла дар яке аз газалхои мавсуф таъкид мешавад, ки сарватмандон «накуиву олихимматиро» бояд аз бенавоён омузанд. Абдурахмони Чомй инсонро бехтарин мавчудоти офаридаи Худованд эътироф намуда, кадру арзиши баландашро дар чомеа ме- пазирад, ишора ба кобилияту заковати беинтихои инсонй мекунад. 212 Махсус таъкид мешавад, ки арзиши инсон на дар «тиллову нукра», балки дар «истеъдод ва хунари инсон» аст. У гуломиро рад намуда, аз шохону сохибмансабон эхтироми инсон, гамхориву химояи хакки мардумро талаб мекунад. Чомеаи солим, ба назари у, аз шох доштани сифатхои пеш аз хама инсониро талаб мекунад. Мавсуф муътакид аст, ки хушбахтии инсон дар чомеа аз панч чиз вобаста аст: саломатй, амният, осудахолй, дусти вафодор ва субот. Дар «Хирадномаи Искандарй» гояи «мадинаи ормонй» таргиб мешавад. Тибки накли мутафаккир, Искандарй Макдунй дар аснои сафархояш бо мадинае вомехурад, ки сокинонаш озод буда, ба сатхи баланди такомули ахлокй расидаанд, бе шох ва конунхо зиндагй мекунанд, бо хам баробаранд, якчоя мехнат мекунанд ва натичаи мехнаташонро баробар таксим мекунанд. Дар ин мадина харисй ба мол вучуд надорад, сарватмандону факирон арзи хастй надоранд, хама бо хам бародаранд. Асоси чомеаро оила ташкил медихад. Хар як оила манзил ва 6ofh худро дорад, ки кулф надоранд, зеро ахлоки баланди аъзоёни ин чомеа хар гуна чиноятро истисно мекунад. Абдурахмони Чомй мафхумхои «к,онуни илох,й» ва «амри Хатмиро» чудо мекунад. Зери мафхуми «конуни илохй» ахкоми ислом, фармудахои Худованд дар назар дошта шуда, риояи хатмии онхо дар хокимиятдорй талкин мешавад. Алокаи байни цонун еа ак,л эътироф гашта, робитаи байни хирадмандй ва конуният, бархурдории шохи хирадманд аз конунхои илохй пазируфта мешавад. Хамчунин алокамандии байни к;онун ва ахлок,, зарурати ахлоки хамида чун заминаи конуният дар хокимиятдорй таъкиду таргиб мешаванд. Зимни чунин андеша ба тафовути «цонун%ои хуб» ва «к,онунх;ои бад» ишора мешавад. Чунончи, дар «Юсуф ва Зулайхо» таъкид мешавад, ки шохон аз худ номи некро махз ба туфайли «конунхои хуб ва амалхои нек» мегузоранд. Дар асархои мутафаккир хамчунин волоияти шариати исломй, риояи хатмии он дар хокимиятдорй ва дар фаъолияти хар инсон Химоя мешавад. У хамачониба ахамияти шариатро исбот мекунад. Тавре мавсуф менависад, «шариат ба рохи баркак хидоят мекунад». Мутафаккир чун пайравй мазхаби ханафй менависад, ки макони волоияти шариат мисли «богест», ки вориди он гашта, мисли хазрати Идрис ба идроки «лолаи Нуъмон» мушарраф гаштан мумкин. Абдурахмони Чомй аз волоияти Куръон пуштибонй мекунад. Ба кавли у, инсони муътакид ба Куръон хакикатро «дар дигар китобхо намечуяд». Таъкид мешавад, ки шохон ва умуман хокимиятдорон ухдадоранд Куръонро сармашки амали хамарузаи хеш карор диханд. Тавре дар «Хирадномаи Искандарй» таъкид мешавад, хокимиятдоре, 213 ки бархилофи Куръон амал мекунад, «одами оси» буда, хокимияташ тибки Куръон «лаънат гаштааст». Дар «Саломон ва Абсол» ба шох хушдор дода мешавад, ки аз майл ба «майнушй» худдорй намояд, зеро ин амал боиси ирсоли «фармонхои беандеша» мегардад. Хамзамон «факехи шахр». ки майл ба «худнамой» дорад, инчунин «муфтихои майнуш» мавриди танкиди мутафаккир карор мегиранд. Мутафаккир «хиради мусулмонх,оро» махз дар он эхсос мекунад, ки онхо тибки фармудахои Худованд ва Паёмбари ислом (с) амал мекунанд. Бо хамин хислат мавсуф «хиради мусулмонхоро» аз «хиради юнонихо» фарк мекунад, зеро юнонихо, ба гуфти у, майл ба «неъматхои дунё» доранд. Дар асархои Абдурахмони Чомй зарурат ва ахамияти риояи фармудахои Худованд ва шариат аз чониби хар аъзои чомеа борхо таъкид мешавад. Дар «Бахористон» борхо таъкид мешавад, ки хар гуна амали зишт вокеан мукобили фармудаи Худованд аст. Махсус ишора ба он мешавад. ки тасарруфкунандаи амволй мардум вокеан кофир аст. Тавре дар «Юсуф ва Зулайхо» мутафаккир менависад, чинояткор аслан шахсест, ки «фикри бад дорад». Хамчунин кайд мешавад, ки чиноят натичаи амали шайтон аст. Мутафаккир муътакид аст, ки «инсони дорой хусни зебо» айни замон «калби зебо» дошта, майл ба амали бад надорад. Баръакс, «одами зиштруй» табиату калби бад дошта, мисли «одами нафрато- вар» аст ва майл ба амали зишту чинояткорона дорад. Мутафаккир чонибдори муборизаи беамон мукобили чинояткорй ва татбики чазохои боадолатона буда, аз чумла таъкид ба он мекунад, ки чазо чун талаби адолат бояд мутобики амали содиркарда, гунох, вазъи рухй ва синни чинояткор татбик шавад. Аз ин хотир, ба санъати татбики чазо таваччух карда мешавад. Тавре у дар «Бахористон» менависад, «танхо инсони хирадманд козй буда метавонад». |