тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
5.20. Ибни Чамоа Ибни Чамоа (1241 - 1333) - яке аз факехони намоёни замонаш, аз зумраи пайравони назарияи сиёсии Газолй буда, дар Копира ва Димишк вазифаи козиро адо намудааст. Асари у бо номи «Тахрир ал-ахком фи тадбир ахл ал-ислом» аз 17 боб иборат буда, 5 боби ав- валаш ба назарияи сиёсй бахшида шудааст. Назарияи мавсуф ба гояи суннатии табиати илохии хилофат такя мекунад. У ба мисли Газолй вазифахои имом ва султонро чудо мекунад. Таъкид мешавад, ки имом вазифахои марбут ба химояи дин, риояи шариат, таъмини адолатро дар хидмат ба Худованд адо мекунад. Вазифаи таъмини адолат бо максади таъмини манфиати умумии динй, мубориза бар зидди ахли бидъат ва куффор, пешгирии ришваситонй ва фасод ичро мешавад. Аз ин ру, имом «сояи Худо дар замин» эълон мешавад. Султон бошад, вазифаи таъмини назму суботро дар хилофат адо мекунад. Барои ичрои ин вазифа султон бояд аз масъалахои сиёсат ва давлат бархурдор бошад. Айни замон калимахои «имом» ва «султон» бидуни тафовут истифода мешаванд. Ба ин нигох накарда, хангоми баррасии вазифахои давлатй, аз чумла молиявй, маъмурй истилохи «султон» бештар истифода мешавад. Аз ин хотир, хислати сиёсии вазифахои султон ва мухтавои динии вазифахои имом чудо карда мешаванд. Ба хар хол, ягонагии пахлухои диниву сиёсии сохибихтиёрии давлати исломй эътироф мешавад. Ибни Чамоа зимни баррасии таносуби дин ва давлат ба ноу- стувор будани мувозинати байни дин ва хокимияти сиёсй ишора мекунад. Ин холатро у дар мисоли дахолати султонхо ба кори имомон ва кушиши султонхо ба хокимияти беандоза исбот мекунад. Дар ин замина зарурати низому тартиботи кавй дар давлат химоя шуда, таъкид мешавад, ки чил соли зулм аз як соли бехокимиятиву бенизомй бехтар аст. Мутафаккир се рох,и таъсиси хилофатро чудо мекунад: 1) интихоби халифа, 2) таъини халифа, 3) сохиб гаштан ба мансаби халифа бо истифода аз кувваи харбй. Бахри соддатар намудани рохи таъсиси хокимияти халифа у таъкид ба он мекунад, ки халифаро гурухи интихобкунандагон аз чумлаи уламо интихоб намуда, вале ягон ахд бо халифа баста намешавад. Эътирофи халифа аз чониби уламо маънои эътирофи кулли чомеаро дорад. Айни замон таъкид мешавад, ки худпешбарй ба мансаби халифа рохи конунй буда. бояд аз тарафи хама пазируфта шавад. Ба андешаи мавсуф, дар ин холат низ итоат ба халифа зарур аст, пеш аз хама ба хотири таъмини ягонагии давлат. 188 Дар хамаи холатхо итоат ба халифа вазифаи мутлаки уммати мусулмонон эълон мешавад. Бахри исботи ин андеша таъкид ба он мешавад, ки итоат ба халифа айни замон итоат ба Худованд аст. Дар назарияи сиёсии Ибни Чамоа тачрибаи чойдоштаи сохиб шудан ба мансаби халифа пурра ба эътибор гирифта мешавад. Аз ин ру, роххои мухталифи ба мансаби халифа мушарраф гаштани султонхову амирон химоя мешаванд. Ибни Чамоа назарияи хешро бахри таъмини нуфузи аз даст рафтаи хилофат пешкаш мекунад. Вале зимни чустучуи усулхои муваффак гаштан ба ин хадаф конунй будани хама роххоро эълон мекунад. Барои хамин у таргиби интихоби халифаро то хадди имкон соддатар мегардонад. У хатто талаботи ба халифа пешкашшу- даро низ содда мекунад, аз чумла аз ахли авлоди Курайш будани халифаро зарур намешуморад. Дар хар сурат зимни баррасии таносуби вазифахои халифа ва султон у аз нуфузи бештари халифа пуштибонй мекунад. Чунончи, халифа адои вазифахои дунявиро ба зиммаи султон гузошта. хамзамон бояд талаб намояд, ки нуфузаш пазируфта шавад. Эътирофи нуфузи халифа кафолати нигох доштани ягонагии давлати исломй эълон мешавад. Тибки акидаи Ибни Чамоа, халифаву намояндзгонаш ва уламо хокимияти диниро муаррифй мекунанд, сохтори вазорат ба халифа ва султон дар идораи давлат кумак мекунад. Мавсуф ба вазифахои вазир таваччух зохир мекунад, аз чумла масъулияти уро дар таъмини адолати казо ва тартиби молиядорй махсус кайд мекунад. У вазоратхоро зимни салохият, нуфуз ва адои кувваи мучрия чудо мекунад. Назарияи сиёсии Ибни Чамоа дар пояи фикх пешбарй шадааст. Хамзамон як катор гояхо ва анъанахои назарияи сиёсии суннатй сарфи назар мешаванд. Чунончи, мавсуф гасби мансаби халифаро бо истифода аз силох рохи конунй мешуморад.
Шайхулислом Абулаббос Точиддин Ахмад ибни Абдулхалим ибни Мочидиддин ибни Абдуссалом Ибни Таймия (661 / 1263 - 728 / 1328) мутафаккир ва факехи намоён, аз зумраи ахти суннат ва чамоат. пай- рави ас-салаф ал-солехун буда, дар Хдррон (Шимоли Сурия) таваллуд шудааст. Падараш Шайх Шахобиддин Абдулхалим донишман- ди фикх, хадисдон, муфассири Куръон буда, дар мадрасаи Димишк, ки он чо Ибни Таймия таълим мегирад, даре гуфтааст. Ибни Таймия дар хурдсолй Куръон, хадис ва фикхро азбар намуда, илмхои риёзй, мантик, фалсафаро меомузад. 189 У намояндаи мазхаби ханбалй буда, назарияи ашъарихо, хамчунин таълимоти вахдат-ул-вучуди суфихоро зери танкид мегирад. Мавсуф ба унзонии шайхусислом мушарраф гашта, хакки ичтиход дошт. Барон андешахои танкидияш борхо мавриди таъкиб карор гирифта, дар махбас вафот мекунад. Дар мачмуъ 300 асар эчод намудааст. Баъд аз 400 сол таълимоти Ибни Таймия асоси фаъолияти Абдул Ваххобро (соли ваф. 1787) ташкил медихад. Тавре маълум аст, гояхои Абдул Ваххоб аз чониби Мухаммад ибни Саудй - поягузорн давлати Арабистони Саудй - амалй мешаванд. Ибни Таймия хама гуна навовариро дар ислом бидъат дониста, мукобили мутаккалимхо, файласуфон ва таълимоти мухталифи озодандеш баромад мекунад. Навоварй дар ислом кори шайтон, илла- ги чудоии диниву сиёсй эълон мешавад. Дар тафовут аз Мовардй, Чувайнй, Газолй, Ибни Чамоа, ки тарафдорони ба шароити нави сиёсй мутобик намудани шариат буданд, Ибни Таймия, баръакс, муътакид буд, ки созиши назарияхои сиёсй бо шароити нав хата- ри калон ба ислом дорад. Ба акидаи мавсуф, назарияхои сиёсиро аз хама гуна гояхои мухолиф ба Куръон ва суннат мебояд тоза намуд. Андешахои сиёсии Ибни Таймия дар ду асараш ифода гаштанд
Дар назарияи мавсуф табиати хилофат ва суфоти халифа мавриди тахкик карор намегиранд. У муътакид буд, ки Худованд хокимро зимни ицмаи бардак, таъин мекунад, бинобар ин, тамомй хаёту фаъолияти халифа мутобик ба шариат буда, нуфузи давлат ва раият аз халифа, нуфузи халифа бошад, аз ичма вобастагй дорад. Аз ин ру, вазифахои динии давлат, ухдадорихои динии халифа ва мусулмонон баррасй мешаванд. Ибни Таймия назарияи илохии давлати исломиро пешкаш мекунад, ки зимни риояи дакики анъанахои замони Паёмбар Мухаммад (с) амалй мешавад. Ва^дати динии мусулмонон дар замони Паёмбари акрам (с) аз чумлаи хислатхои намунавии чомеа ва давлати исломй эълон мешавад. Риояи тартиби интихоби халифа зимни шартнома химоя мешавад. Ин шартнома байни халифа ва чамоати мусулмонон баста шуда, василаи назорати доимии фаъолияти халифа, кафолати устуворй, сулх ва пешрафти хилофат эътироф мешавад. Халифа, ки вазифаи аввалиндарачаи таъмини адолатро мутобики шариат адо мекунад, чонишини Худованд эълон мешавад. Айни замон дар холати ба Куръон, суннат ва анъанахои ахли салафи солехин 190 мукобил будани фаъолияти халифа баромадан аз хадди итоат раво дониста мешавад. Дар хамаи дигар холатхо итоат накардан ба халифа фитна эълон мешавад, ки худ гунохи кабира аст. Риояи тарти- бу низом химоя мешавад, зеро ба кавли мутафаккир, «тартиби бад бех аз бетартибиву бенизомист». Дар назарияи Ибни Таймия адолат дар робита бо дин тахлил шуда, мохияти диниро касб мекунад, аз чумла зимни дунёи фонй ва охират арзи вучуд дорад. Ба акидаи у, хар ду чахон бидуни адолат арзи вучуд надоранд, бинобар ин Худованд паёмбаррон ва Куръонро махз барои он мефиристад, ки инсон адолатро дар робита бо хакки Аллох ва хакки одамон эхсос намояд. Ибни Таймия аз вахдати диниву сиёсии давлати исломй пуштибонй мекунад. Ба кавли мавсуф, «танхо зимни вахдат фарзандони Одам манфиати хешро таъмин мекунанд», аз ин ру, «мухточи хамдигаранд». Зарурати хоки-xt низ дар танзими муносибатхои байни одамон, аз чумла дар таъмини некй (хайр) ва аз байн бурдани бадй (шар) эхсос мешавад. Барои ичрои ин вазифа хокимро мебояд хокимият ва нуфуз дошта бошад. Корхои некй хоким асосан корхои диниро дар назар доранд, аз кабили чиход, намоз, рузадорй, хач, додани закот. Хама он чизе, ки барои ичрои ин амалхои нек халал мерасонад, бадй (шар) эълон мешаванд. Аз ин хотир, химоя ва таквияти ислом вазифаи мухими хилофат эълон мешавад. Ибни Таймия Мадинаи Паёмбари исломро (с) нахустин ва ягона давлати боадолати исломй эълон намуда, таъкид ба он мекунад, ки дар даврахои минбаъда давлатдории исломй аз ин давлати намунавй тобора дуртар мешавад, давлати ягонаи исломй бо гу- ногунии сиёсй иваз мешавад, аморатхои мустакил ташкил мешаванд. Хамчунин таъкид мешавад, ки якчоя бо инкишофи давлатдории исломй кушиши ба шароити нав мутобик намудани шариат ба вукуъ мепайвандад, ки хилофи ислом аст. Аз ин ру, мавсуф талаб мекунад, ки бозгашт ба тозагии дин, адолат ва давлатдории авва- лини исломй мувофики максад аст. Ибни Таймия акидаи Газолиро дар хусусй бародарони дугоник будани дин ва давлат намепазирад ва гояи анъанавии исломиро оид ба цудонашаванда будани дину давлат аз нав эхё мекунад. Айни замон тафсири нави ин гоя дода мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки инсон ба хокимияти бонуфуз мухточ буда, дар хама холатхо бояд ба халифа итоат кунад, хатто агар халифа боадолат набошад хам, зеро хокимият вазифахои мухими диниро ичро мекунад. Зарурати хокимият бо шариат исбот мешавад, таъкид мешавад, ки химояи дин аз хам чудонашаванда будани дину давлатро талаб мекунад. Ягонагии дин ва давлат то андозае химоя мешавад, ки итоат ба хокимият дар хама холатхо, хатто дар холати беадолатии хоким 191 низ зарур шуморида мешавад, чунки хокимият хамеша кафили хифзу тахкими дин аст. Ба кавли Ибни Таймия, «шаст соли хокимияти имоми беадолат бех аз як шаби бидуни хокимият уст». У акидаи хиричиёнро дар хусусй итоат накардан ба хокими беадолат рад намуда, таъкид мекунад, ки мусулмон набояд бар зидди бародари динии худ ярок бигирад. Дар назарияи Ибни Таймия ягонагии дину давлат, якум, ба хисси вахдати динии мусулмонон, дуввум, зарурати кумаки хамдигарии онхо асос меёбад. Ба ибораи дигар, омилхои динй ва сиёсии ягонагии дину давлат истифода мешаванд. Кумаки хамдигарй чун омили сиёсй ба табиати сиёсии инсон такя мекунад. Назарияи сиёсии Ибни Таймия аз дигар назарияхои сиёсй фарк дорад. Ба андешаи у, хилофат сохтори сиёсии хатмй кабуда, дар як вакт якчанд имомхо метавонанд арзи вучуд кунанд. Ба акидаи мавсуф, интихоби халифа ва бастани ахд танхо бо гурухи уламо махдуд нашуда, иштироки баробари аъзои бонуфузи чамоати мусулмонон- ро пешбинй мекунад. Хамчунин таъкид мешавад, ки хатман аз ав- лоди Курайш будани халифа шарт нест. Ба халифа ду талаби асосй пешкаш мешаванд: имон ба ислом ва кобилияти идораи давлат. Дар холати набудани ин ду сифати зарурй дар як шахе имкони интихоби якчанд хоким имконпазир шуморида мешавад. Шуро бо ширкати уламо шарти мухими давлатдорй эълон мешавад. Нуфузи баланди уламо хамчун ворисон ва химоятгарони исломи пок махсус таъкид мешавад. Ислохоти хаёи шахеиву чамъиятй ба мисли хилофати Хулафои Рошидин вазифаи уламо дониста мешавад.
Абуалй Хасан ибни Исхок ибни Аббоси Туей, бо тахаллуси Низомулмулк (1018 - 1092) - мутафаккири барчастаи форсу точик ва умуман, афкори чахон, муаллифи асари машхури «Сиёсатнома» мебошад. У дар тули кариб 30 сол (1063 - 1092) мансаби баланди вазири султонони Салчукиро ба ухда дошт. Хануз дар садаи XIII дар як катор сарчашмахои таърихиву чугрофии Шарк ба «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ишора шуда буд. Дар садаи XVII ин асар дар Фаронса шухрат пайдо мекунад, дар садаи XIX ба руйхати дастхатхои осор- хонаи Бритониё дохил карда мешавад. Ин асар соли 1883 аз чониби Ш. Шеффер ба забони франсавй, соли 1932 бо калами Абдурахими Халхакй ба забони форей, соли 1949 аз тарафи Б.Н. Заходир ба забони руей тарчума мешавад. Таваччухи мухаккикони манотики гуногуни чахон ба «Сиёсатнома» аз нуфузи баланди ин асар далолат мекунад. 192 Дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк якчоя бо назарияи сиёсй хамчунин тафсири оятхои Куръон, хадисхои Паёмбар Мухаммад (с), хикояхо аз хаёту фаъолияти паёмбарон ва сахобагон, саргузаш- ти шохон, акидахо рочеъ ба масоили назариявии давлат, сиёсат, конун, конунгузорй, хукук, волоияти хукук, конуният ва м.и. дарч ёфтаанд. Ба кавли худи Низомулмулк, хар як хоким «бояд аз ин китоб бархурдор бошад»,/ Пайдоиши уокимиятро Низомулмулк тибки назарияи исломй, мутобики ахкоми дини ислом тавсиф мекунад. Пайдоиши хокимият ва хокимиятдорй дар робита бо назари ислом дойр ба хилкати олам аз тарафи Аллох таъоло баррасй мешавад. Таъкид мешавад, ки хокимият аз замони хазрати Одам сарчашма гирифта, то киёмат бокй мемонад. Зарурати хокимият дар таъмини назму суботи чомеа эхсос мешавад. Ба кавли мавсуф, Аллох «дар хар замена яке аз одамонро интихоб намуда, уро бо сифатхои подшох кадршиноей мекунад». Айни замон таъкид ба он мешавад. ки подшох аз чумлаи одамон буда, ягон сифати фавкултабий надорад. Ак;л ва дониш чун сифатхои мухими подшох пазируфта шуда, зарурати касб намудани донишхои динй ва умуман, бархурдор будан аз дини ислом заминаи идораи давлат эътироф мешавад. Акл рохи шинохти Худованди холик, чудо намудани неку бад пазируфта мешавад. Пешбурди умури хам динй ва хам дунявй вазифаи подшох эълон мешавад. Тибки назарияи Низомулмулк, подшох ба мисли одамони дигар дорой аклу дониш буда, айни замон сифатхои хоси шахей дорад, ки барои адои вазифааш заруранд, аз кабили итоат ба Худо, намуди хуби зохирй, ахлоки хамида, адолатварзй, хирад, химояи манфиатхои одамон ва г. Низомулмулк таъсис ва таъиноти хокимиятро вокеъбинона дарк намуда, холатхои хокимиятдории подшохони бефаросат ва беадола- тро низ имконпазир мешуморад. Илова ба ин, у бо мисолхои таърихй ин гуфтаашро исбот мекунад. Таъкид мешавад, ки хокимони беаклу беадолат нафароне мебошанд, ки аз фармудаи Худованд берун баро- мадаанд, ахкоми динро намепазиранд, меъёрхои шариатро дагалона поймол мекунанд. Ин зайл хокимон, ба андешаи мавсуф, аз дин, шариат, аклу дониш фарсангхо дуранд. Бетартибй, бенизомй, фасод, зулм, бадахлокй, поймол гаштани шариат ва дигар ходисахои но- матлуб - натичаи хокимиятдории чунин хокимони золим эътироф мешавад. Дар назарияи Низомулмулк давлат на ба сифати падидаи ичтимоиву сиёсй, ё сохтори сиёсии хокимият, балки чун падидаи шахей, сохтори сиёсии шахей тахлил гашта, аз шахсияти шох чудо карда намешавад. Аз ин хотир, назму суботи чомеа ва ё, баръакс, за- 193 воли чомеа пурра аз шахсияти шох вобаста карда мешаванд. Дар ин замина таъкид ба он мешавад, ки ободии мулк бо хукмронии шохи хуб алокманд аст. Хамзамон кайд мешавад, ки тахаввули шохигарй раванди бо хам иваз гаштани замони хуб бо замони пурошуб буда, саркашй аз риояи амри Худованд ва меъёрхои шариат, исён ва беадолатй сабабхои асосии cap задани замони исёну балво мебошанд. Низомулмулк ба якчанд роххои таъсиси хокимияти шохй ишора мекунад: ба тарики меросй; зимни истифодаи кувва; тавассути ахднома. Хар яке аз роххои зикршуда дар робита бо шароити мушаххаси хаёти чомеа имконпазир ва раво дониста мешаванд. Дар назарияи мавсуф давлат ба оила шабохат дода мешавад, ки сарварии онро подшох ба ухда дошта, раият чун аъзои оила дар хид- мати подшох карор доранд. Илова ба ин, давлат чун маскани мусулмонон, ашхоси имондор, такводор ва хирадманд тавсиф мешавад. Таъкид мешавад, ки дар давлат ду тоифа арзи вучуд доранд: тоифаи боло ва тоифаи поён. ХаР ДУ тоифа нобаробар буда, аз хамдигар бо сарвату дорой фарк мекунанд. Ин ду тоифаи нобаробар заминаи давлатдорй эътироф мешаванд. Ба кавли Низомулмулк, «агар амвол умумй гардад, пас тоифаи боло ва поён аз байн мераванд» ва окибат «хокимияти подшох бархам мехурад». Айни замон гояхои маздакй овд ба зарурати баробарии амвол зери танкид карор мегиранд. Дар нихояти кор, назарияи идораи давлат пешкаш мешавад, ки ба хокимияту тобеият, вучуди тоифаи болову поён, нобаробарии амвол такя мекунад. Пешкаши чунин назария бесабаб набуд. Низомулмулк, ки солхои тулонй вазифаи вазири салтанаги Салчукиёнро ба ухда дошт, наметавонист услуби дигари идораи сиёсиро химоя намояд. Айни замон мутафаккир аз назму суботи чомеа пуштибонй намуда, назарияи сиёсиашро ба хамин хадаф тобеъ мегардонад. Чунончи, таъкид мешавад, ки хокимияту тобеият омили асосии таъмини назму устувории чомеа буда, одамон бояд хамеша аз амру фамонхои хокимият итоат ба чо оранд, аз чумла доимо шариати исломиро риоя кунанд. Яке аз роххои таъмини чунин вазъи сиёсй дар он эхсос мешавад, ки подшох ва мансабдоронро месазад нуфуз дошта бошанд, вагарна амру фармони онхо аз чониби мардум сарфи назар мешаванд. I Низомулмулк мутмаин буд, ки ягона кувваи таъминкунандаи нуфузи подшох ва мансабдорон махз хокимият мебошад. Се сатхи Хокимият чудо карда мешаванд: 1) хокимияти волои шохй, ки дар кулли каламрави салтанаг пахн мешавад; 2) хокимияти дохили дар- бор; 3) хокимияти махаллй дар вохидхои марзй#1 Мебояд зикр намуд, ки ин тасниф шартй аст. зеро Низомулмулк чонибдори хокимияти мутлаци шохй, ё шохигарии мутлак мебошад. Дар таснифи зикршуда сатхи дахлдори хокимияти ягонаи шохй 194 дар назар дошта мешавад, аз чумла хокимияти даборй, ё хокмияти махаллй низ мутааллик ба подшоханд, вале сатхи амалй шудана- шон аз дарбор ё худуди чудогона вобасга аст. Ишораи махсус ба хокимияти волои шохй ба хотири он анчом меёбад, ки бори дигар нуфузи волои ин хокимият, ки ба кулли мардум пахн мешавад, таъкид гардад. Низомулмулк наметавонист масъалаи дар хамон вакт мухими таносуби хокимияти динй ва дунявиро, ё дин ва давлатро сарфи назар намояд. Хокимияти динй ва дунявй мутаносибан имон ва хокимияти подшох номида мешаванд. Ба гуфти мутафаккир, «хокимияти подшох ва имон мисли ду бародаранд». Накши мухими дину имон дар чомеа таъкид мешавад. Чунончи, кайд мешавад, ки хангоми исён «имон заиф гашта, ахли бидъат арзи вучуд мекунад», дар холати халалдор гаштани имону дин бошад, давлат ноустувор гашта, нуфузи подшох паст мешавад, исёну балво пахн мегарданд. Низомулмулк, агарчанде пуштибони шохигарии мутлаки исло- мист, хамзамон макоми машваратии назди шохро зарур мешуморад. Ба кавли у, машварат бо «ашхоси хирадманд, кухансол, тачрибадор» хело муфид аст. Мавсуф чонибдори истифодаи маслихати муфиди нафарони лоик буд, ки хам дар умури динй ва хам дар бахши илму амалияи дунявй дорой дониш, малака ва тачрибаи кофй буданд. Бояд зикр намуд, ки Низомулмулк зимни исботи ин андешахояш аз оятхои Куръон ва хадисхои Паёмбари Ислом (с) иктисбос меорад. Хамин тарик, бурхони динй ва аклона бахри химояи гояи машварат дар давлатдорй васеъ ва мохирона истифода мешавад. Низомулмулк х°кимияти шохиро аз хокимияти золимона фарк мекунад. Хокимияти шохй ба адолат, дин ва имон такя дошта, хокимияти золимона беадолат аст. Ба кавли мавсуф, шохигарй хатто дар холати беимонй хам вучуд дошта метавонад, вале дар холати зулм ру ба нестй меорад. Мутафаккир табиист, ки чонибдори шохигарии исломист, аммо назари танкидии у нисбат ба зулм то хадде мерасад, ки хатто беи- мониро бех аз зулм медонад. Ин усули танкидй нисбат ба зулм, ки хоси як катор мутафаккирони чахонй ислом буд, аз чониби Низомулмулк низ ба хотири инкори мутлаки зулм дар давлатдорй истифода мешавад. Илова ба ин, шохигарии акдона ва шохигарии пурошуб фарк карда мешаванд. Шохигарии аклона боадолат буда, зимни хира- ди шохй ва бо риояи коидахои муайян идора мешавад. Шохигарии пурошуб бошад, баръакс, беадолат буда, истифодаи хама гуна коидаи хокимиятдориро сарфи назар мекунад. 195 Дар баробари шаклхои зикршудаи шохигарй хамчунин шохигарии хубу бад низ чудо карда мешаванд. Ба назари Низомулмулк, шохи хуб шахеи адолатварз буда, зимни адолат хукм мебарорад ва нутк арча мекунад, шикояти мухточонро конеъ мегардонад. Ба кавли мавсуф, шохоии хуб аз худ номи нек, шохони бад бошанд, номи бад ме- гузоранд. Тибки назарияи Низомулмулк, давлат вазифахои динй ва дуня- виро ба ичро мерасонад. Риояи фармоиши Худованд ва суннатхои набавй, омузиши дин, эхтироми уламову мударрисон, таъминоти онхо аз байтулмол, муборизаи доимй бо ахли бидъат аз чумлаи вазифахои мухими динии мулк эълон мешаванд. Якчоя бо онхо як катор вазифахои дунявй низ бояд ичро шаванд, аз кабили адолатпешагй, риояи анъанахои кадим ва коидахои шохигарй, пешгирии одатхои манфй, назорати даромаду харочоти байтулмол. сохтмони каналхо, пулхо, шахрхо, манзил, инчунин му- дофиаи мулк, кушиши таъмини сулх хангоми амалиётхои харбй ва г. Хамчунин вазифахои дигар дар сохаи пешгирии чиноят, химояи раият аз рохзанону горатгарон, мавриди чазо карор додани мансаб- дорони конуншикан ва диг. номбар мешаванд. Дар робита бо ин вазифахо хамчунин як катор ухдадорихои бе- воситаи шох низ кайд мешаванд. аз кабили хондани намоз, махсу- сан намози шаб, рузадорй, додани садака, кироати Куръон, анчом додани амали нек. Низомулмулк гояи «шохи одилро» пешкаш мекунад. Ба назари у, «шохи одил» бояд чавобгуи талаботи ахлокиву аклона бошад. Дар ин замина мафхуми адолат тахлил мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки адолатпешагии шох аз адолати илохй сарчашма мегирад. Барои исботи ин акида як катор оятхои Куръони мачид дар бахши адолат оварда мешаванд. Адолат чун падидаи таърихй, унсури хатмии чомеаи инсонй ва давлат тавсиф гашта, номгуи шохони одил оварда мешавад, аз кабили Фаридун, Искандар, Ардашер, Нушервон, хазрати Умари Хаттоб, Умар ибни Абдулазиз, Х,орун, Муттасим, Исмоил ибни Ахмадн Сомони, султон Махмуд. Як кдтор сифатхои шахсии «\шохи одил» муайян мешаванд, ки мутааллик ба ахлок, аклу дониш, фарханг, вазъи рухй, маънвиёт. намуди зохирй, рафтор, тафаккур мебошанд. Дар ин робита сифатхои лозимаи «шохи одил» мушаххас мешаванд, аз кабили имон ба Худо, адолатпешагй, аклу дояиш, ахлоки хамида, олихимматй, мардонагй, шучоат. далерй, азбар намудани санъати чангй, гамхорй дар хакки мардум, химояи раият аз золимон, муносибати эхтиромона бо хид- матгорон ва г. Байни сифатхои «шохи одил» махз имон ба Худованд. имондорй ва такводорй чои мухимро сазоворанд. Хамчунин накши мухими дониш хамчун махаки фаъолияти аклонаи шох кайд мешавад. 196 Низомулмулк назарияи идоракуниро пешкаш мекунад, ки аз унсурх,ои зайл иборат аст: тартиби таъин ва назорати мансабдорон; вазъи ичтимоиву хукукии мансабдорон; идораи дарбор; баррасии аризаву шикоятхои раият; ташкили кори сохибхабар, мушриф; идораи сохаи молия ва андоз; идораи лашкар. Дар робита бо унсурхои низоми идора як катор андешахо баён мешаванд. Чунончи таъкид мешавад, ки таъини мансабдорон зимни кобилияту истеъдод, адолатварзй, имондорй ва дигар сифатхои хуби онхо сурат мегирад. Хдмчунин дарацахои олй, миёна ва поёнта- ри мансабдорон чудо карда шуда, макоми баланди вазир байни мансабдорон ва салохияташ тавсифу тахлил мешаванд. Вазъи ичтимоиву хукукии надим, амил, мутасарриф, мукта, мухтасиб, вакил, амири харос низ тахлил мешавад. Ба баррасй ва конеъ гардонидани аризаву шикоятхои мардум низ таваччух карда мешавад, аз чумла зарурати баррасии шикоятхо бевосита аз чониби шох ду маротиба дар давоми хафта таъкид мешавад. Зимни барасии ин масъала таваччух ба анъанахои шохони ачам зохир мешавад, аз чумла анъанаи кабули одамон дар рузхои Мехргон ва Навруз. Низомулмулк к,онуну;ои дини ва амру фармонхои шохонро аз хам фарк мекунад. Волоияти к;онуихои динй, пеш аз хама шариат химоя мешавад. Мутобикат ба шариат нишонаи асосии конунхои шохй, аз чумла боадолат буданашон эътироф мешавад. Аз шохон даъват бо он оварда мешавад, ки конунхои диниро мунтазам риоя намоянд. Таъкид ба он мешавад, ки фармонхо ва фармоишхои шохй бояд дар робита бо талаботи мушаххас кабул шаванд, бархак бошанд, дар каламрави давлат нуфуз дошта бошанд, аз тарафи хама ичро гарданд. Конунхои шохон ба боадолат ва беадолат чудо карда мешаванд. К,онунхои боадолат мутобик ба шариати исломй буда, адолати вокеиро дар чомеа таъмин мекунанд конунхои беадолат дар чомеаи беадолат хукмфармо буда метавонанд. Кайд мешавад, ки конунхои замони подшохии Яздигурд бинобар конунхои бад буданашон ба беадолатй дар чомеа оварда буданд. Дар ин замина таъкид ба он мешавад, ки шохи адолатпеша аз конунхои боадолат пуштибонй мекунад. Нишонаи дигари боадолатии конунхои давлат - мувофикати онхо ба анъанахои кухан эътироф мешавад. Дар баробари конунхои диниву шохй хамчунин анъанахои аж- додй, аз чумла анъанахои шохигарй чун унсури санъати шохй чудо карда шуда, накши онхо дар таъмини амнияти одамон ва адолат дар идораи мулк талкин мешавад. Айни замон анъанахои боадолат ва бад чудо карда шуда, таъкид мешавад, ки анъанахои боадолат идораи давлатро мутобики адолат таъмин мекунанд. Ба андешаи Низомулмулк, анъанахои боадолатро шохони адолатпеша, аз кабили 197 Фаридун, Искандар, Нушервон, Исмоил ибни Ахмада Сомонй, султон Махмуд ва дигарон чорй ва истифода намудаанд. Анъанахои подшохии бад бошанд, баръакс, зимни навоварии шохони беадолат вориди давлатдорй гашта, боиси низову бесомонй мегарданд. Ба назари мутафаккир. акди расо, фармон ва к,увва пеши рохи воридшавии одатхои бадй подшохиро гирифта метавонанд. Низомулмулк фармощои псдшо.уон ва фармоишуои дарборро аз хам фарк карда, таъкид ба он мекунад, ки фармонхои шохон бояд чавобгуи як катор талабот бошанд, аз кабили хислати воло дошта- нашон дар каламрави мулк: кабул шуданашон дар холатхои зарурй. зеро шумораи зиёди фармонхо боиси паст шудани нуфузашон мегардад; пешбинй намудани талаботи баробар барои хама, хам мансабдорон ва хам раият; бархак будани фармонхо; хатман ичро шуданашон; такя ба чазохои сазовор бахри таъмини ичроиши фармонхо. Хамчунин таъкид мешавад, ки фармонхои шохй дар шакли хагтй ир- сол гашта, тавассути гуломон ва ба ивази хакки хизмат ба мансаб- дорони дахлдор фиристода мешаванд. Низомулмулк чонибдори тартибу низом дар идораи далат. риояи .saniMuu коидахои шохигарй буда, хамаи шохонро аз хатари тагйири табиати давлат хангоми сарфи назар намудани тартиби мулкдорй огох мекунад. Мутафаккир аз к,онуният ва таъмини мунтазами он дар давлат химоя намуда. аз чумла таъкид мекунад. ки «ичрои амри Худованд, суннат ва ахкоми дин» вазифаи аввалиндарачаи подшохон аст. Дар ин замина гояи волоияти шариат, риоя ва ичрои хатмии шариати исломй дар фаъолияти шохону сохибмансабон химоя мешавад, аз шохон даъват карда мешавад, ки дар як хафта як ё ду ма- ротиба дар хузури донишмандон тафсири Куръон ва хадисхои на- бавиро шу на ван д. мунтазам дониши диниии хешро афзун намоянд. Тибки назари Низомулмулк, подшох бояд фак,е% бошад, Куръон, хадисхои набавй, шариати исломиро донад, бо тафсирхои Куръону хадисхо шинос бошад. Низомулмулк зимни пайразии дакик аз афкор ва фикхи исломй аз волоияти шариат дар мулкдорй хамачониба пуштибонй мекунад, аз шохон даъват ба чо меорад, ки дониши баланди динй дошта бошанд. аз ахкоми дин ва шариати исломй бархурдор бошанд. дар фаъолияти хамарузаашон шариатро риоя намоявд Шариат василаи таъмини рохи бархак дар мулкдорй, дурй аз хар гуна зухуроти бидъ- ат. таъмини адолат дар чомеа, ягона манбаи имконпазири конунхои боадолати давлат, заминаи ирсоли фармонхои боадолати шохй эълон мешавад. Низомулмулк хамчунин ба масъалаи таъини цозй, риояи адолат дар фаъолияти козй, аз мансаб дур кардан ва мавриди чазо карор 1% додани козии беадолат, роххои таъмини нуфузи казо дар давлат таваччух мекунад. Дар робита бо тавсифи чиноят ва цазо як катор масъалахо баррасй мешаванд, аз кабили гунох чун асоси чавобгарй, максади чазо, ногузирии татбики чазо барои чиноят, мутобикати чазо ба табиати чинояти содиршуда. Хамчунин масъалахои мурбут ба сиёсати хоричии давлат, тар- тиби таъин ва кабули сафирон, талаботи ба сафирон пешкашшаван- да, ахлоки дипломатй. чанг ва сулх, ташкил ва вазифахои лашкар, коидахои чанг, муносибати этиромона бо ахолии осоишта ва аси- рони чангй тахлил мешаванд. Дар поёни тахлили назарияи Низомулмулк ба як нуктаи мухим мебояд таваччух намуд. Тавре мушохида мешавад, Низомулк ва умуман мучтахидин, фак,ех,ону донишмандони чахонй ислом гоя ва назарияи волоияти ХУКУКРО дар давлат, ки нишони давати хукукбунёд аст, Хамачониба пуштибонй ва асоснок намудаанд. Ин гоя дар чахонй ислом, дар робита бо Ислом ва фикхи исломй, зимни ичрои фармудаи Худованд ва Расули акрам (с) дар бобати риояи шариат, дар шароити хоси мамолики ислом, чун чузъи афкор. фикх ва фалсафаи исломй пешбарй гашта, дар асархо ва умуман, эчодиёти хамаи сахобагон, мучтахидон, мутафаккирон, файласуфон, донишмандони чахонй ислом, дар хамаи давру замок, аз замони Паёмбари Ислом (с) cap карда, то инчониб химоя мешавад. Аз ин ру, танхо бо минтакаи Гарб пайвастани гояи волоияти ХУКУК ва давлати ХУКУК& хилофи вокеияти таърихист. Мутассифона, дар мак,олаву асархои илмии мухак;к;ик;они чудогонаи кишвирамон холо Хаи руоварии мутлак, ва яктарафа ба афкор ва амалияи Гарб мушохида мешавад, андешаву назарияхои гарбй чун манбаи ягонаи афкори чахон, мамолики гарбй бошанд, чун ватини гуё аслии аксари ак,идаву гояхои мухими сиёсиву ХУКУКЙ пазируфта мешаванд. Бар заммин ин, дар тахлилхои муосир акидахои мутафаккирони Гарб дар хусусй амали якчояи конунхои илохй ва давлатй, волоияти конунхои хам динй ва хам давлатй сарфи назар мешаванд. Хангоми баррасии афкори гарбй волоияти танхо конунхои давлатй ё хукукй дунявй пазируфта мешавад, хол он ки хануз мутафаккирони Юнонй кадим аз конунхои динй чун зухуроти тафаккури илохй пуштибонй мекарданд, хатто мутафаккирони замони инкилобхои буржуазй, аз чумла Б. Спиноза, Г. Гротсий, Т. Гоббс ва диг. амали Конунхои илохиро, волоият ва нуфузи аз хама баланди онхоро дар низоми конунхо таъкид карда буданд. Низомулмулк ва донишмандони чахонй Ислом низ аз волоияти шариати исломй дар давлат, мутобики шариат будани хамаи Конунхову фармонхои сохторхои давлатй, риояи хатмии хам шари 199 ат ва хам конунхои давлат чун заминаи таъмини адолат пуштибонй кардаанд. Онхо чонибдори риояи дакик ва хамарузаи шариат ва ахкоми дин дар фаъолияти пеш аз хама сохибмансабон ва сониян. раият буданд, шариатро чун манбаи бархакки конунхои давлат, нишо- ни боадолат будани конунхои давлат пазируфта, омузиши Куръону хадисхои набавй, кироат ва тафсирхои Куръону хадисхоро заминаи таъмини волоияти шариат эъироф мекарданд. |