тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
5.15. Абуалй ибни Сино Абуалй Хусейн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Алй ибни Сино файласуфи фарзонаи тонику форс, олим, табиби машхур 16 августа соли 980 дар дехаи Афшанаи наздики Бухоро таваллуд шудааст. Падари у Абдуллох зодаи Балх буда, дар давраи хукмронии Нух ибни Мансури Сомонй ба Бухоро омадааст. Модараш Сито- рабону аз дехаи Афшана буд. Соли 986 оилаи Абдуллох ба Бухоро мекучад. Дар давраи наврасй Сино риёзиро аз Махмуди Массох, мантику фикхро аз Исмоили Захидй, тибро аз Абумансури Камарй меомузад. Ибни Сино дар синни 15 ё 16 солагй аз илмхои замонаш бархурдор буд. Ба чахонбинии фалсафии у асархои Форобй накши мухим мегузоранд ва аз ин хотир Сино Форобиро «муаллими сонй» (пас аз Арасту) меномад. Сино дар сини 21 солагй «Китоб ал-мачмуъ»-ро менависад, ки дар он хамаи илмхоро, ба гайр аз риёзй, чамъоварй мекунад. Сипас китоби «Ал-Хосил ва-л-Махсул»-ро менависад, ки иборат аз 20 чилд буда, фалсафаро шарх медихад. Соли 1002, дар давраи Карохониён, у Бухороро тарк намуда, ба суи Хоразм рох пеш мегирад ва дар он чо ба халкаи олимони машхур Абурайхон Берунй, Абусахли Масихй, Абунасри Аррокй мепайван- дад. Баъди тахдидхои Султон Махмуди Газнавй сафархои Сино ба Гургон, Хамадон ва шахрхои дигари Эрон 0F03 мегардад. Баъди та- бобати амири Хамадон у ба вазифаи вазирй таъин мешавад, вале бинобар кушишхои ислохоти сохаи идораи давлатй аз он озод карда мешавад. Пас аз махбаси чормоха Сино соли 1023 ба Исфахон меояд ва то соли 1037 дар он чо истикомат мекунад. Дар Исфахон асари машхураш «Донишнома»-ро ба забони точикй менависад. Дар натичаи хамлаи Газнавиён асархои зиёди Сино, аз чумла китобаш «Китоб-ул-инсоф» («Китоби адолат») нест карда мешаванд. Абуалй ибни Сино соли 1037 хангоми хамрохй кардани ами- ри Исфахон дар сафараш наздакии Хамадон вафот мекунад. У дар Хамадон ба хок супориду шуда, сипас бар кабраш макбара бунёд мегардад. Соли 1952 бинобар чашни 1000-солагии Ибни Сино макбари у дар Хамадон аз нав сохта мешавад. Абуалй ибни Сино хамагй 57 сол умр дида, чараёни зиндагии у пурмашаккат, дар оворагиву дарбадарй гузашт. Бо вучуди ин у осори ганй аз худ бокй гузошт. Тибки маълумоти олими Эрон Саида Нафисй, бо калами Сино 456 асар ба забони арабй ва 23 асар ба забони точикй (форсй) эчод шудаанд. Дар байни онхо асараш «Китоб-уш- Шифо» (иборат аз 18 чилд) ахамияти калони фархангй дорад. Ин асар ба масъалахои мантик, физика, геометрия, арифметика, мусикй, нучум бахшида мешавад. Дар асараш «Китоб-ул-Инсоф», ки гум шудааст, у кариб 28000 масъалаи илмиро зимни мубохисаи олимони Шарку Fap6 тахлил намуда буд. Дар ин бора худи Ибни Сино дар мукаддмаи яке аз асархояш «Мубохисот» иттилоъ медихад. Акидахояшро, ки дар «Китоб-ул-Инсоф» ифода карда буд, кушиши мекунад дар асараш «Хикмат-ул-машрикийин» баркарор кунад. Сино дар сохаи тиб 40 асар иншо мекунад. Дар байни онхо «Конун-фи-т-тибб» шухрати чахониро касб мекунад, ки дар гули шаш карн дар Аврупо истифода мешавад, аз чумла ин асар хануз дар карни II ба забони лотинй тарчума шуда, танхо дар асрхои XV
Асархои дигари Абуалй ибни Сино «Донишнома», «Ишорот ва танбехот», «Китоб-ун-Начот», «Китоб-уш-Шифо» номи уро дар таърихи афкори фаЯсафии башар абадй гардониданд. Абуалй ибни Сино дар асараш «Донишнома» дар бахши «Ило- хиёт» ду намуди илмхои хикматро чудо мекунад: 1) илми амалй, ки «аз холи куниши мо» огохй медихад ва «фоидаи вай он аст, ки би- донем, ки моро чй бояд кардан то кори ин чахонии мо сохта бошад ва кори он чахонй умедвор бувад»; 2) илми назарй, ки «аз холи хастии чизхо моро огохй дихад, то чони мо сурати хеш биёбад ва некбахти ончахонй бувад». Илми амалиро Ибни Сино ба се намуд чудо мекунад: 1) «илми тадбири оми мардум, то он анбозе, ки эшонро бад-у ниёз аст бар низом бувад». Хамзамон ду намуди ин илм тавсиф мешаванд. «Яке илми чигунагии шароеъ ва дуввум чигунагии сиёсот»; 2) «илми тадбири хона» (дар боби низоми хаёти волидайн ва фарзандон); 3) «илми худ» (дар боби танзими нафси хеш). Азбаски холи мардум, ба акидаи Шайхурраис, «ё ба танхоии хеш бувад, ё ба анбозй ва анбозй, ё ба хамхонагон бувад, ё ба хам- шахриён» илми амалй се гуна мешаванд: «Яке илми тадбири шахр, дигар илми тадбири хона ва саввум илми тадбири худ». Илми назарй низ, тибки акидаи Ибни Сино, се гуна мешавад: «Якеро илми барин хонанд ва илми пешин ва илми он чи сипаси табиат аст, хонанд. Ва яке илми миёнагин ва илми фархангу риёзат хонанд ва илми таълимй хонанд. Ва якеро илми табий ва илми зе- рин хонанд». Абуалй ибни Сино дар рисолааш «Дар ацсоми улуми ацлия» хикмати назарй ва хикмати амалиро чудо намуда, се к,исми хикмати амалиро тахлил мекунад: 160
Дар кисми саввуми хикмати амалй хамчунин эхтиёчи мардум «ба шариати хакка» шинохта мешавад, «худуд ва ахкоми куллияи муштаракаи миёни афроди башар» маълум мешавад, «тафрика миёни набии хакикй ва миёни муддаиёни ботил ва мардумони шайёд ва шайётини иней» дониста мешавад, ки «Худованди таоло хам хабар дода ва мардумро огох сохта». Дар идомаи суханаш Ибни Сино мегуяд: «Ва бидон, ки муроди номус дар истилохи фалсафа он маънии машхур миёни авом нест, балки мурод аз номус иборат аст аз суннату шариат ва кайфияти ну- зули вай ва муайяди истилохи фалосифаи каломи араб аст, ки но- зилкунандаи вахйро «номус» меноманд ва Чдбраилро «номуси ак- бар» меноманд». Хамин тарик, дар хикмати амалии Ибни Сино масоили сиёсату давлат якчоя бо шариат омухта мешаванд. Абуалй ибни_Сино макоми баланди инсонро дар олами хастй эътироф мекунад. У дар асараш «Тадбири манзил» аз чумла менависад: «Худованди кодири мутаол хасоисе аз неъматхои худро ба бани навъи инсон ихтисос дода ва сабаби онхо макоми одамиро дар миёни коинот аз бисере аз махлукоташ бартару болотар намудааст». Зимни ин акида Шайхурраис таъкид ба он мекунад, ки ахди башар, якум, зеботарин махлук мебошад, дуввум, комилтарин табиат дорад, саввум, таркибаш муътадилтарин аст. У дар ин хусус чунин менависад: «Дар асари ин имтиёзу бартарй вучуди башар зеботарин махлук шуда ва табиаташ комилтарин табоъ гашта ва таркибаш муътадилтарин таркиб шудааст». Ибни Сино сифатхои волои инсонро муайян мекунад, аз кабили акду басират, одоби хасана, ахлоки карима, малакоти фозила. Ин сифатхои зотии инсонй асоси зиндагии одамиятро ташкил медиханд ва аз ин ру, яъне бинобар доштани чунин фазилатхо инсон зиндагии бехтарин дорад. 161 Дар ин бора Ибни Сино менависад: «Зиндагии одами ба сабаби ин мавзоё бехтарин ва пурнеъматтарин зиндагонй шуда ва кушиту саъяш дар сахнаи зиндагй бар тибки аклу басират, ки мояи нерумандй ва тавоной аст, сурат гирифта ва бо одоби хасана ва ахлоки хари- ма ва малакоти фозила, ки мучиби чамолу зебой ва асбоби зебу зи- нати одамй аст, мувофику мунтабик гардидааст». Тавре маълум мешавад, Абуалй ибни Сино макоми баланди инсонро байни дигар мавчудоти олам кайд намуда, инсонро чун зе- ботарин ва комилтарин махлук,и Худованд арзёбй мекунад. Барта- рии инсон аз мавчудоти дигар бинобар сифатхои аклонаву ахлокии у муайян мешавад. Тафовути инсон аз мавчудоти дигари олам дар он зохир мешавад, ки инсон дорой акл, одоб ва ахлок буда, зимни ин сифатхои зотиаш хусни зебой, неруву тавоной дорад, зиндагии пурнеъматтарин мебарад. Ибни Сино кадри инсонро, арзиши во- лои уро мепазирад. Ин акидахои Абуалй ибни Сино дар шароити имрузаи эътирофи арзиши олии инсон дар хуччатхои байналмилалй ва конститутсияхои демократа аз ахамият холй нестанд. Маълум мешавад, файласуфи точик якчанд карн пеш аз афкори Аврупо оид ба арзиш, макоми баланд. кадри инсон харф зада буд. Ва танхо пас аз якчанд асрхо, асо- сан дар давраи инкилобхои буржуазии Аврупо (асрхои XVII-XVIII) андешаи хукукхои фитрии ичсон дар робита бо макоми баландаш дар хуччатхои азрупой (Эъломняи хукуку озодихои шахрвандй Фа- ронса аз с. 1789, Конститутсияи Фаронса аз с. 1791 ва диг.) эътироф мешаванд. Абуалй ибни Сино якчанд к,арн пеш-пар аз мутафаккирони Аврупо макрм, кадр ва арзиши инсонро дар байни хи.чаи дигар мавчудоти олам боло мебардорад. Ин гуфтахо бори дигар исбот мекунанд, ки андешаву гояхо дар хусусй арзиши волои инсон, эхтироми кадри инсонй, макоми баланди инсон дар Шарк ташаккул ёфтаанд, аз чумла чузъи назарияву таълимоти мухталифи фалсафию сиёсй буда, аз нигохи назариявй муайяну асоснох гаштаанд. Бояд зикр намуд, ки Ибни Сино андешахояшро оид ба макоми баланди инсон дар чахонй Ислом иброз намуда, онхоро, тавре маълум гардид, дар робита бо кудрати Худованд пешбарй ва асоснок мекунад. Ин бесабаб нест, чунки Куръон дар вокеъ макоми волои инсонро дар олам эълон мекунад, инсонро ба дарки олам, зиндагии аклонаву ахлокона водор месозад. Дар робита бо ин масъала хотирнишон бояд намуд, ки назарияхои фитрй-хукукй, ки дар Fap6 пахн гашта, арзиш ва кадри инсонро мепазиранд, хукукхои фитрии инсонро ба табиати Худо, ё табиати инсон мепайванданд. Бештари намояндагони назарияхои гарбй офа- 162 ряда шудани хукукхои фитрии инсонро, алокаи мабдавии онхоро бо Худо эътироф мекунанд. Аз ин хотир, акидахои Абуалй ибни Сино дар хусусй робитаи макоми волои инсон бо Худованд хайратовар ва тасудуфй нестанд. Дар хар сурат, Абуалй ибни Сино якчанд карн пеш аз афкор ва амалияи сиёсии Аврупо ин гояро аз лихози назариявй пешбарй мекунад. Абуалй ибни Сино хамзамон таъкид ба он мекунад, ки инсон би- нобар доштани акл, ахлок, одоб ва фазилатхои дигари инсонй кодир аст амалхои неку бадро чудо намуда, тибки неъматхои атонамудаи Худованд зиндагии бехтарину пурнеъматтарин барад. Равиши зин- дагии инсон зимни фарк намудани неку бад чараён дорад, ки онро Худованд муайян намудааст. Инсон тибки фармудаи Худованд, аз чумла зимни тафовути неку бад зиндагй мекунад. Дар ин бора Шай- хурраис мегуяд: «Худо ба инсон кувваи тамйиз дода, ба сабаби он фарк байни хайру шар ва тафовут байни рашаду гумрокиро барои у маълуму равшан намудааст». Дар давоми суханаш Ибни Сино иброз мекунад: «Ва низ ба са- баби хамин кувваи фазл сонеъро бар маснуъ ва моликро бар мам- лук ва зимомдори сиёсатро бар касоне, ки дар тахти сиёсату тадби- ри вай вокеанд, фахмондааст». Хуллас, Худованд ба инсон неруе бахшидааст то рохи росту гум- рохиро, хайру шарро аз хам чудо намуда. равиши зиндагии аклонаву боадабонаро интихоб намояд. Абуалй ибни Сино муътакид аст, ки инсон ба туфайли хамин неруи атонамудаи Худованд, вазифадор аст Офаридагорашро бишносад, уро пазирад ва хилкаташро исбот кунад. «Инсон, - таъкид мекунад Ибни Сино, - ба василаи ин кувва мучаххазу мутамаккин шудааст бо ин, ки Он чиро, ки байни холику махлук мебошад, бишиносад ва офаридагору сонеъи кадимро ба- рои олам исбот кунад». Абуалй ибни Сино зимни тахпили таркиби ахди башар таъкид ба нобаробарии вокеии одамон аз руи амвол, макозил, мартаба, акл ишора мекунад. У нобаробарии вокеиро, табитан чой доштаро эъ- тироф мекунад. Хамчунин офаринанда будани нобаробарии вокеии байни одамон эхсос мешавад. Ибни Сино дар ин хусус чунин мена- висад: «Худованд пас аз он ки ин мазоё ва фазоилро ато фармуда, ба фазлу рифъати худ неъмати дигаре низ ба онон додааст. Ва он иборат аз ин аст, хамон тавр, ки мардумро аз хайси амлоку мано- зил ва маротиб мутафовут карор додааст, аз хайси укул ва ороъ низ ононро мутафовут офаридааст». Ибни Сино муътакид аст, ки ин низоми офаридашудаи барй бояд риояву танзим гардад. Натичаи халалдор ми мукаррарии нобаробариро Шайхурраис чунин тасаввур «Баробарй ва тасовии ахвол ва наздикии андозахои афроди башар мунчар ба фасодашон гашта, билохира сабаби фанову измихлол ва инкирозашон мегардад». Пас аз тавсифи низоми умумии нобаробарии вокей, Ибни Сино ба баёни таркиби иц/тшой-сиёсии ахолй мегузарад. У дар «Тадбири манзил» менависад: «Хирадмандон медонанд, ки агар хамаи мардум подшоху шахриёр бишаванд, хамагй аз байн мераванд. Ва агар хамаашон ранчбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоху султане дар байн набошад, чумлагй фонй ва халок мешаванд». Ибни Сино, хамин тарик, хокимияту тобеиятро дар чомеаи инсонй зарур ва мухим мешуморад. Ин низоми хокимияту тобеият эхтиёч ба табакахои хоким (подшоху шахриёр) ва тобеъ (ранчбару коргар, тобею раият) дорад. Хамаи ахолй хоким буда наметавонад, чунки ниёз ба коргару раият дорад. Ахолй пурра ранчбару коргар ва раият шуда наметавонад, чунки ниёз ба хокимон дорад. Окибат табакабандии ахолй ба хокимону тобеон зарур мешавад. Ин хулосахо, ки аз мантики суханони Ибни Сино бармеоянд, дало- лат ба он доранд, ки чомеаи инсонй хамеша зимни хокимияту тобеият инкишоф меёбад. Чунин хулоса аз нуктаи назари илми муосир низ пазируфта мешавад. Маълум асг, ки чомеаи инсонй дар хамаи давру замон, хам дар мархилаи тодавлатй ва хам дар шароити вучуди давлат ниёз ба хокимияту тобеият, идораи чомеа, одамон ва давлат дорад. Аммо мохияти хокимият ва хокимиятдорй дар давру замонхо аз хам фарк мекунад. Чунончи, дар чамоаи авлодй, ки давлат чой надошт, хокимият арзи вучуд дошт, вале хислати ичтимой (гайри сиёсй) дошт. Дар ин чамоа хокимият барои идораи аъзоёни авлоду кабилахо, на- зорат ва таъмини ичрок коидахои рафтор, татбики мучозоти мухталиф зарур буд ва снро мачлиси умумии авлоду кабила, шурои кухансолон, пешвоёни авлоду кабила, пешвоёни харбй амалй мекарданд. Бо баробари пайдоиши давлат хокимият хислати сиёсй касб мекунад ва бо пешрафти давлатдорй хамеша такмил меёбад. Аз ин чо маълум мешавад, ки акидахои Абуалй ибни Сино рочеъ ба хокимияту тобеият, хокимону тобеон ва ниёзи онхо ба хамдигар аз нигохи тахлилхо ва далелхои илмии имруза дурустанд. Сипас Ибни Сино ба шархи нобаробарии ицтисодй гузашта, зарурати онро низ исбот мекунад. У мегуяд: «Хамчунон ки агар хамагй дар тавонгари ва сарват мусовй ва баробар бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дуст аз дуст мункатеь мегардад. Ва агар хамагй факиру мухточ бошанд, аз факру фалокат ва бечорагй чон месупоранд. Пас, тафовути ахвол ва ихтилофи икдор сабаби бакои зиндагии одамизодагон мебошад». >64 Абуалй ибни Сино таъкид мекунад, ки тафовути ахвол ва ихтилофи ивдор хислати чудонопазири зиндагии одамизодагон буда, хар аъзои чомеа бо вазъи вокеии амволй, ичтимой, сиёсй ва дига- раш каноатманд мегардад, тавре ки яке бехирад буда, насибаи худро ба даст меорад, дигаре хирадманд буда, махрум аз мол мемонад, сеюмй сарватманди но дон аст, чорумй санъаткрест, ки аз хунараш бахра мегирад, панчумй подшох аст, шашумй давлатманди бузург аст ва хоказо. Дар ин хусус Ибни Сино чунин менависад: «Марди бехирад ва беадабе, ки ба кучактарин сабабе бахраву насиби худро аз дунё ба даст меоварад, чун дар холи хирадманди махрум аз мол ва дар кудуратхои марди бобасират, ки дар тахаввулот ва татавуроти рузгор ба хузну биноие кадам бармедорад, тааммул мекунад, гумон ва балки якин мекунад ба ин ки моле, ки у ба даст овардааст, аз аклу хирад, ки фокиди он аст, бештар сохибэътибор аст ва сохибадаб. Вакте ки холи молдор ва сарвантманди нодонро тахти муголиаву назар карор медихад, ба таври якин худро бартару болотар аз у медонад. Дастварзу санъатгоре, ки аз санъату даствар- зии худ ба андозаи зарурат ва садци рамак оид ва даромаде ба даст меоварад, вазъу холи подшох ва давлатманди бузургро орзу намекунад ва ба холи онхо гибта намехурад». Билохира, Ибни Сино ба хулоса меояд, ки чунин низоми ичтимой, аз чумла тафовути ахвол ва ихтилофи икдор иллати бакои зиндагии одмон буда, хар кас бо вазъи доштааш каноатманд мешавад. Дар ин бора у менвисад: «Ихтилофи ахвол ва тафовути ивдор хама кас- ро ба олами худ конеъ намудааст. Хамаи инхо аз далоили хикмат ва тадбиру шавохиди лутфи рахмату рифъати офаридагори чахон аст». Абуалй ибни Сино таркиби ичтимоии ахолиро тахлили намуда, якчанд табака ва гуруххои ахолиро чудо мекунад. Дар навбати аввал у ба подшохону шахриёр он таваччух зохир мекунад. Ин табака ба корхои сиёсй пардохта, дониши сиёсй дорад, барои танзими хаёти бандагон масъулият ва ваколату кудрат дорад. Тавре худи Ибни Сино менависад: «Дар тадбири умур ва хусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшохону шахриёронанд, ки Худо ононро за- мимдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод до- рои тасаллут ва кудрат кардааст». Пас аз подшохону шахриёрон касони дигар аз сиёсатмадоро- ну фармондорои меистанд, ки вазифахои алохидаи сиёсиро дар давлат ба ухда дошта, дарачоту мартабаашон гуногун аст. Дарачоту мартабаи онхо аз вазифаи ичрокарда вобаста аст. Хар кадар вазифаи давлатй мухимтар бошад, мартабаи сиёсатмадор ба хамон ан- доза наздиктар ба макоми салтанат мегардад. Инро Ибни Сино чунин шарх медихад: |